ДАСТУР БАРОИ РАДИОЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН


ҶОВИД МУҚИМ

АБДУРОФЕЪ НЎЪМОНОВ

ДАСТУР БАРОИ РАДИОЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН

ДУШАНБЕ 2008

ББК тоҷик

Ҷовид Муқим, Абдрофеъ Нўъмонов. Дастур барои радиожурналистони ҷавон.- Душанбе: Озар, 2008. – 120 с.

Муҳаррир: Иззатманд Саломов

Дар китоби мазкур асосҳои журналистикаи радио барои журналистони ҷавон оварда шудааст. Ҳамчунин барои шинос шудани журналистон бо қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба ВАО мо зарур донистем, дар боби дуюм дар бораи асосҳои ҳуқуқии журналист ҳарф занем. Дастури мазкур барои донишҷўёни шўъба ва факултаҳои журналистика, журналистони ҷавон ва умуман барои доираи васеи хонандагон, ки мехоҳанд бо рўзноманигорӣ ошноӣ пайдо бикунанд, пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкур бо кўмаки молиявии Интернюс Нетуорк чоп шудааст.

ISBN

© Филиали Интернюс Нетуорк дар Тоҷикистон.

© Ҷовид Муқим, Абдурофеъ Нўъмонов, 2008.

Боби 1. АСОСҲОИ ЖУРНАЛИСТИКАИ РАДИО

КОДЕКСИ КАСБИИ АХЛОҚИ ЖУРНАЛИСТӣ

Пеш аз он ки шуморо бо асосҳои радиожурналистика ошно намоем, хуб мебуд, агар бо чанд талаботи Кодекси байналхалқии касбии ахлоқи журналистӣ шинос мешудед. Зеро фаъолияти шумо аз бисёр ҷиҳат ба риояи талаботи мазкур вобастагӣ дорад.
Ба гўш гиред, ки ҳар як журналист новобаста аз вазифаи дар редаксия доштааш, бояд ҳамеша дар хотир дорад, ки аз таъсири хуб ва ё бади маводи вай теъдоди шунавандагони радио кам ё зиёд мегардад. Ин дар навбати худ ба вазъи молиявии редаксия таъсири манфӣ ё мусбат мерасонад.

Бовиҷдонӣ аз талаботи асосии касбӣ маҳсуб шуда, журналист набояд роҳҳои нодурусти ба даст овардани маълумотро истифода барад.

Ҷавобгарӣ талаботи дигари ахлоқӣ буда, журналист барои ҳамаи материалҳои чопшаванда ва дар эфир пахшшаванда ҷавобгар аст.

Саҳеҳӣ маҳаки асосии кори журналистӣ буда, эътимоди аудитория аз ин вобастагӣ дорад. Журналист метавонад аз чоп намудани маълумоти саҳеҳ даст кашад, вале ў наметавонад маълумоти нодурустеро, ки худ аз нодурустиаш хабардор аст, чоп намояд.

Истифодаи дурусти фактҳо аз талаботи дигари ахлоқи касбӣ маҳсуб мешавад. Журналист набояд моҳияти ҳодиса ё ин ки маълумоти ба даст овардаашро таҳриф бикунад. Вай ҳамчунин набояд моҳияти матнҳои таҳриркардаашро тағйир диҳад.

Эҳтироми шахсият низ дар кодекси ахлоқӣ аз журналист тақозо мешавад. Масалан, дар вақти пешниҳод намудани маълумоте журналист наметавонад бе асос шахсро ҷавобгар намояд ё ин ки ўро таҳқир кунад. Зеро гунаҳкор будани шахсро танҳо суд бо қарори худ муайян мекунад.

Асардуздӣ, яъне маводи шахси дигарро аз номи худ чоп кардан бадтарин кирдори журналист маҳсуб мешавад. Ҳамчунин журналист дар навиштаҳояш вақти иқтибос овардан бояд номи муаллифон ва асарро ишора бикунад.

Мустақилият талаботи асосии кодекси ахлоқӣ мебошад. Вале дар ҳамин ҳол журналист бояд ҳиссиёти ҷавобгарӣ дошта бошад ва кореро, ки виҷдонаш иҷозат намедиҳад, иҷро накунад.

Шаъну шараф талаботи дигар аст, ки аз журналист тақозо мешавад.
Журналист набояд бе огоҳ кардани аудиория ба манфиати касе ё гурўҳе кор бикунад, ҳарчанд барои ин аз онҳо мукофот (пул) гирифта бошад. Ҳамчунин ў набояд мақола ё гузоришеро, ки манфиати тиҷоратӣ дорад, бе ишора ба он чоп ё пахш бикунад.

Эҳтиёткорӣ дар махфӣ нигоҳ доштани сирри давлатӣ аз журналист тақозо карда мешавад. Журналист бояд барои ҳифзи манфиати давлати худ ва ё шахси алоҳида эҳтиёткориро пеш гирифта, маводе, ки нисбати ин ё он масъала дорад, махфӣ нигоҳ дорад. Дар ҳолати зарурӣ ў ҳақ дорад барои нигоҳ доштани маҳорати касбӣ сирро фош накунад.

Ҳамдилӣ низ аз меъёрҳои ахлоқии касбӣ маҳсуб мешавад.
Журналист ҳақ надорад ба ҳамкасбони худ зарари моддӣ расонад. Ў бояд дар асоси ҳамдилии коллективӣ ва манфиати касбӣ рафтор кунад.

ДАРЁФТИ МАВЗЎЪ

Аксари журналистони ҷавон барои дарёфти мавзўъ мушкилӣ мекашанд. Зеро мушоҳидакор нестанд, сарчашмаҳои дарёфти мавзўъро намедонанд. Агар онҳо мушоҳидакор мебуданд ва ба атрофи худ таваҷҷўҳи бештар мекарданд, чандин мавзўъро медиданд, ки барои гузориш кардан аҳамиятноканд. Ҳамчунин мавзўъ ҳангоми шунидани сўҳбати одамон, тамошо кардани телевизион, гўш кардани радио, мутолиаи газета ва ғайра пайдо мешавад.
Мисол: Шумо субҳ вақти ба дарс ё кор рафтан мушоҳида мекунед, ки маршруткаҳо кам меоянд ва онҳо пури мусофиронанд. Ана ҳамин мушоҳида оғози идеяи гузориш шуда метавонад. Шумо ба худ суол медиҳед, ки чаро маршрутка нисбат ба ҳарвақта кам аст? Сабаб дар чист? Шумо метавонед пурсуҷў намуда муайян кунед, ки нархи сўзишворӣ афзудааст ва ё он камчин шудааст. Ҳамчунин корпартоии оммавии ронандаҳо ё бемор шудани онҳо метавонад сабаби кам шудани маршруткаҳо бошад.
Набояд фаромўш кард, ки вақти интихоби мавзўъ бояд ба аҳамиятнокии он барои ҷомеа диққат дод. Зеро на ҳар гуна хабари нав барои ҷомеа пураҳамият ва диққатҷалбкунанда аст.

Омилҳое, ки арзиши навигариро муайян мекунанд

Омилҳои мушаххас Ахамияти ками
иттилоотӣ Ахамияти зиёди
иттилоотӣ

предмет Ба манфиати қисми маҳдуди одамон дахл мекунад Ба манфиати одамони зиёд дахл мекунад
Вақти инкишофи ҳодиса Воқеаи кўҳна, ки ба охир расидааст Лаҳзавӣ ва актуалӣ барои замони ҳозира
Шўҳрати воқеа Ба ҳама маълум аст Факти нави ҳанўз номаълум
Сарчашмаҳо Одамони ҷудогона Одамони ба сарчашмаи навигарӣ наздик: экспертҳо, сиёсатмадорон ва ғайра
Омилҳои умумӣ
Аудитория Ба манфиати аудитория созгор нест Ба манфиати аудитория мувофиқ аст.
Матн Воқеаи оддӣ Воқеаи ғайричашмдошт, фавқуллода

Воқеаи қобили пахш дар радио бо сифатҳои зерин фарқ мекунад:
— саривақтии ҳодиса, аҳамияти пахши таъҷилии он:
— наздикии ҳодиса ба аудиторияи мушаххас, печдарпечии мавзўи он ба манфиати хоси аудитория (синну сол, касб);
— аҳамиятнокии аниқи воқеа барои ҳама новобаста аз манфиатҳои махсус;
— самарнокии «такони эҳсосӣ» дар ҳодисаҳои ғайриоддӣ;
— ҷанҷолӣ будани ҳодиса;
— алоқамандии ҳодиса бо номҳои машҳур ё одами обрўманд;
— манфиати инсонӣ: ягон ҳодисаи зиндагӣ, ки одамонро бе тафовут намегузорад.

САРЧАШМАҲОИ ИТТИЛООТ

Вақте ба журналистони ҷавон мудири шўъба ё сармуҳаррир барои омода кардани маводе супориш медиҳад, онҳо намедонанд барои баррасии мавзўъ аз куҷо иттилоъ гиранд. Агар баъзеашон донанд ҳам, ба сарчашмаҳои дуюмдараҷа ва камаҳамият муроҷиат карда, вақти худро беҳуда сарф мекунанд. Ҳоло манбаъҳои иттилоотро, ки Елена Филимонова, тренери курси журналистикаи радиои Мактаби журналистикаи Би-Би-Си дар шаҳри Екатеринбурги Россия пешниҳод кардааст, бароятон меорем:

Тақвими редаксия

Дар он ҳамаи ҳодисаҳое, ки редаксия пешакӣ огоҳӣ меёбад, навишта мешаванд. Дар баъзе шаҳрҳо котиботи матбуоти маъмуриятҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ аввали ҳар ҳафта ба журналистон нақшаи чорабиниҳоеро, ки дар онҳо раиси вилоят ё мири шаҳр иштирок мекунанд, мефиристанд. Дар чунин нақшаҳо чизҳои нодаркор бисёранд, лекин чизҳои фоиданок низ вомехўранд: масалан, кушодани мактаб ё корхонаи нав. Тақвими редаксия аз ҳисоби афишаҳо, эълонномаҳои гуногун, ахбори рўзномаҳо ва ғайра пур карда мешавад.

Хабаркашҳо

Инҳо ҳамон одамоне мебошанд, ки дар бораи онҳо ВАО-и пойтахт асроромез мегўянд: «Чӣ тавре ки аз манбаъҳои мўътамад дар Кремл ба мо хабар додаанд…» Радиостансияҳои тиҷоратӣ метавонанд дар сохторҳои гуногун системаи бутуни агентҳоро дошта бошанд. Ин ба кори хадамоти махсус андаке монанд аст. Одамони озмудашуда дар суд, маъмурияти Президент, дар клубҳои спортӣ, дар заводҳо, донишгоҳҳо, галереяҳои санъати тасвирӣ ё театрҳо – бо пул ё бе пул – ба мо доимо хабар мефиристанд. Мо баъзе аз хабарҳоро дар эфир пахш мекунем, баъзеашонро мепартоем.

Мутахассисон, экспертҳо
Хадамоти матбуотии ВМ, ВҲФ, ВКД, БДА, идораи сўхторнишонӣ ва ғайра
Шохаҳои гуногуни ҳокимият

Вақте ки мо бо ягон нюсмейкер сўҳбат мекунем, – ў метавонад корманди ВҲФ, губернатор, ноиби сарвазир бошад – мефаҳмем, ки ў моро бо мақсадҳои шахсӣ ё касбии худ истифода мебарад. Масалан, ба ў нишон додан лозим аст, ки чӣ тавр идораи ў хуб кор мекунад. Ин яке аз мақсадҳои ўст. Ё ў мехоҳад, ки аз айбдоркунӣ ба коррупсия худро сафед кунад, ин мақсади дигари ўст. Вай аз мо истифода мебарад. Дар ин ҷои тарс нест. Мо низ аз ин барои худ манфиате мебардорем.

Ҳизбҳои сиёсӣ
Намояндагони CҒД, иттифоқи касаба
Ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, СҒД ва иттифоқҳои касаба ба паҳн кардани маълумот оид ба фаъолияташон манфиатдоранд. Бинобар ин дафтари матбуоти созмонҳои номбаршуда ва ё масъулини кор бо матбуоти онҳо ҳамеша кўшиш мекунанд, ки аз чорабиниҳояшон журналистонро огоҳ намоянд.

Мусоҳиба

Аксар вақт мусоҳибони мо ба саволҳои ба нақша гирифтаамон посух гуфта, ягон маълумоти ғайричашмдошт медиҳанд. Масалан, дар бораи амалиёти омодашаванда иттилоъ мерасонанд ё ба ягон чиз баҳогузории ғайрианъанавӣ мекунанд.

Барномаҳои шахсии шумо
Стрингерҳо
Конференсияҳои матбуот, брифингҳо
Агентиҳои иттилоотӣ, Интернет

Маводи интернетӣ бар хилофи агентиҳои калони иттилоотӣ ройгону осон дастрасанд. Аксарияти сайтҳои иттилоотӣ рўйбардори (на ҳамеша қонунии) иттилооти сайтҳои дигаранд. Ғайр аз ин, онҳое, ки иттилоотро ба ин гуна захираҳои ройгон ворид мекунанд, на ҳама вақт барои тафтиши он имконият ва майлу хоҳиш доранд.

Хадамоти матбуот. Факсҳо, рўйихати маводе, ки бояд таъҷилан чоп шаванд

Вақти омода кардани мавод ахборро аз реклама ва клипҳои рекламавӣ фарқ кунед! Зеро хадамоти матбуот аксар вақт танҳо ҳамон маълумотро дар пресс-релизи худ чоп мекунанд, ки ба манфиати худи онҳост. Вақти навиштани мавод танҳо бо истифодаи пресс-релиз иктифо накунед. Аз манбаҳои дигар низ барои пурра кардани матлабатон истифода намоед.

Радиостансияҳо, каналҳои телевизионӣ
Хабарҳоеро, ки шумо аз эфири рақибонатон фаҳмидаед, кўр-кўрона нусхабардорӣ кардан лозим нест. Паҳлўҳои нави мавзўъро ҷустуҷў кунед, нақлро инкишоф диҳед!

Рўзномаҳо

Дар бораи он, ки оё меарзад нашрияҳои чопиро чун манбаи иттилоот истифода барем, дурудароз баҳс кардан мумкин аст, зеро онҳо аз ҷиҳати фаврият аз радио ақиб мемонанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки журналистони радио аз рўзномаҳо низ ягон чизи фоиданок пайдо карда метавонанд.

Шоҳидон
Маводи бойгонӣ, хазинаи аудиоӣ
Мушоҳидаҳои шахсӣ

Шумо метавонед ҳатто ҳангоми сайругашт дар кўча хабари заруриро пайдо намоед. Баъзе манбаъҳои иттилоъ эътимодноктаранд, дигарашон камтар эътимоднок мебошанд. Кўшиши якумин шуда ба эфир сар додани хабарҳои ба қадри кофӣ тафтишнашуда баъзан хеле гарон меафтад. Барои дурустии хабари додашуда маҳз журналисти радио масъул мебошад. Ба назар нагирифтани ин аз камбуди ихтисосмандӣ дарак медиҳад.
Агар дурустии иттилоотро то лаҳзаи ба эфир рафтани барномаи нави ахбор тафтиш намудан аз имкон берун бошад, онҳоро пахш накардан беҳтар аст. Ягон хел таъҷилият мусоҳилакории моро сафед карда наметавонад. Аниқӣ маҳаки муҳимтарини кори журналист аст. Ҳеҷ гоҳ ба ҷои хабар овозаҳоро истифода набаред. Фиреб додани аҳли ҷомеа ва таҳрифи иттилоот комилан ҷоиз нест.
Эҳтимол нафаре аз шумо ин рўйхатро идома диҳад, зеро вобаста ба мавзўи интихобшуда ва ҳадафи журналист манбаъҳои иттилоот низ гуногун мешаванд. Акнун, ки сарчашмаҳои иттилоъро донистед, дар поён мо шуморо бо се жанри маъмули журналистика шинос мекунем.

ХАБАР

Хабар аз маъмултарин жанрҳои журналистика буда, ба аудитория маълумоти мухтасари иттилоотӣ медиҳад. Хабар шунавандаро аз факт ва ҳодисаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ огоҳ менамояд. Хабари радиоӣ ба хабари газета монанд буда, танҳо бо истифодаи овоз аз он фарқ мекунад. Хабари хроникавӣ чун дар газета кўтоҳ буда 10 -15 сония садо медиҳад. Хабари васеъ дар бораи воқеа иттилои бештар дода 30-40 сония ва баъзан аз ин бештар идома меёбад. Ҳамзамон дар чунин хабар дар баробари овози гўянда садои шоҳиди воқеа, садои табиӣ метавонад истифода шавад. Чунин хабар ба гузориш (репортаж)-и кўтоҳ монанд аст. Ҳамчунин баъзан дар барномаҳои ахбор хабари васеъ, ки тафсир шудааст, пахш мешавад. Чунин хабар ҳаҷман калон буда, танҳо ҳамон вақт пахш мешавад, ки ҳодиса ба шарҳ ниёз дошта бошад. Маъмулан дар радио шарҳи чунин хабарҳо пас аз барномаи ахбор дар табсираи мутахассисони соҳаи баррасишаванда пахш мешавад.
Махсусияти хабар аз мухтасар будани баён, таъҷилияти баланд, нав будан ва тозагии мавод иборат мебошад. Агар дар хабар калимаҳои ҳоло, имрўз, дирўз мавҷуд бошанд, арзиши иттилоот бештар мегардад. Иттилои кўҳнашуда набояд дар хабар истифода шавад. Баъзан баҳри таъҷилият журналистон саҳеҳиятро қурбон мекунанд. Иттилооти бардурўғ, тафтишнашуда, овозаҳо набояд истифода шаванд. Дар хабар чун дигар жанрҳо ба дурустии ному насаб, номи ташкилот, маълумоти рақамӣ бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Ба вижа вақти гуфтани рақам бояд онҳоро яклухт кард. Зеро шунаванда имкони дар хотир нигоҳ доштани рақамҳои дарозро надорад. Масалан, на 1998 тонна, балки қариб ду ҳазор тонна гуфтан лозим аст. Воқеан, рақамро бояд бо ҳарф навишт, зеро гўянда якбора наметавонад рақами бисёрададаро бихонад. Ҳамзамон ихтисораҳоро чун ИДМ, ҲХДТ, ҲСДТ ва ғайра бояд пурра навишт, зеро дар радио онҳоро пурра мехонанд. Ба ғайри ин на ҳар гўянда шарҳи ихтисораро медонад.
Ҳамчунин вақте хабари шумо ба ягон мавзеи ҷуғрофӣ ё маъмурӣ дахл мекунад, бояд ҳатман гуфт, ки он дар куҷо ҷойгир аст. Масалан, чунин бояд гуфт: Дар мавзеи Сангпари ноҳияи Варзоб, дар 45 километрии шимоли шаҳри Душанбе яхч фаромад. Дар ин хабар номбар кардани шаҳри Душанбе барои он лозим аст, ки на ҳамаи шунавандагон (ба вижа хориҷиён) дар куҷо будани ноҳияи Варзобро медонанд.
Вақти навишт ва таҳрири матн барои хабар ва умуман маводи радиоӣ бояд бар он кўшид, ки калима ва истилоҳоти душворфаҳми техникӣ кам истифода бурда шавад. Албатта бе истифодаи истилоҳот намешавад. Аз ин рў, истилоҳи душворфаҳм бояд ба шунаванда шарҳ дода шавад.
Барои навиштани хабар ҳатман сабаби воқеӣ зарур аст. Дар хабар навигарӣ факти нави аҳамияти ҷамъиятидошта басо муҳим мебошад. Зеро мақсади асосии хабар иттилоъ расондан ба аудитория мебошад.
Хабар бештар бо усули «пирамидаи чаппа», яъне бо принсипи то рафт паҳн шудани шавқи хонанда сохта мешавад. Мувофиқи қоидаи «пирамидаи чаппа» ё ин ки «ҳарами воруна», ғояи асосӣ ё хулосаҳо дар ибтидои мавод навишта мешавад ва тамоми мўҳтавои хабар аз ҷумлаи аввал вобаста мебошад, ки онро лид ном мебаранд. Лид асоси хабар, маркази маъонии он, муаянкунандаи сохтори матн мебошад. Бинобар ин, муҳаррирон аз хабарнигорон талаб мекунанд, ки лиди онҳо диққати хонандаро ба худ кашида, ҳамчун чизи рағбаткунунда хизмат намояд. Ҷумлаи аввали хабар бояд барҷаста, назаррабо ва дар айни замон соддаву фаҳмо, мухтасар бошад. Ҷумлаҳои пасин бо усули тадриҷан кам шудани аҳамиятнокӣ сохта мешавад. Фактҳои дуюмдараҷа, ҷузъҳои иловагӣ ва шарҳҳо одатан дар охири мавод оварда мешавад. Дар бораи «пирамидаи чаппа» баъдан муфассал нақл мекунем.
Хабар бояд ба чунин саволҳо ҷавобгў бошад: «ширкаткунандагони воқеа кистанд?», «чӣ ҳодиса рўй дод?», «дар куҷо?», «кай?», «чӣ гуна?», «дар он чӣ навигарие ҳаст?».
Ҳар як маводи навин ҳанўз аз ибораҳои аввал бояд ба саволҳои асосии «чӣ»?, «дар куҷо?», «кай?» ҷавобгў бошад. Мумкин аст, ки хабар дар ибтидо ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гўяд (абзатси пурмаъно, лиди ҷамъбасткунанда, лид – маълумот, лиди хулосавӣ) ва ҳамчунин ба ягон саволи он ҷавоб гуфта, лид яке аз ҷузъҳои муҳимтаринашро барҷастатар нишон диҳад. Агар дар навигарӣ ҷиҳати хеле барҷастатарро нишон додан лозим бошад (ҳама чиз барои ному натиҷа ё вақти содиршавии ҳодиса нигаронда мешавад) журналист ҳуқуқ дорад ҷавоби яке аз саволҳоро барҷастатар намояд ( «кӣ?» ё «чӣ?», «кай?», «дар куҷо?», ё «чӣ хел?» воқеа содир шудааст ва ба ҳамдигар алоқаманд аст).
Оғоз аз «чӣ?» — муҳимияти натиҷаро, пеш аз ҳама мушаххасоти ҷамъбасти воқеаро дар мадди аввал мегузорад. Маводи хроникавии варзишӣ аз посухи саволи «чӣ хел?» — оғоз мегардад. Дар навигариҳои огоҳонанда, эълонӣ (навигариҳои барои пагоҳ) ба масъала аз ҷавоби саволи «кай?» ворид мешаванд. Ба хроникаи ҳодисаҳо одатан аз посухи саволи «дар куҷо?» ворид мешаванд. Вуруди маъмултарин дар хабар аз «кӣ?» оғоз шуда, қаҳрамони асосиро дар ҳамагуна вариантҳои навигариҳо таъкид менамояд.
Дар сохтани лиди «як ҷузъ» ба таҳрифи факти асосӣ роҳ додан нашояд.
Барои навишти лид чунин талабот пешбинӣ шудааст:
— бояд тасаввурот ва шавқи аудиторияро бедор кунад;
— мавзўи асосӣ, ҷузъи муҳимтарини хабарро инъикос намояд;
— сабки хабарро муайян мекунад.
Баъди лид сатрҳои мўъҷази иборат аз ҷумлаҳои кўтоҳ давом меёбад. Онҳо мўҳтавои дар лид бударо инкишофу тақвият мудиҳанд, ҳангоми зарурат иттилооти иловагӣ ворид мекунанд.
Чунин сохтори мавод барои ба хонанда расондани мазмуни хабари иттилоотӣ хизмат мекунад. Ҳатто онҳое, ки радиоро сатҳӣ гўш мекунанд, имконияти ба мазмуни асосии хабар шинос шуданро пайдо мекунанд. Лид водоркунандаву бедоркунандаи шавқи шунаванда мебошад, ки ҳангоми гўш кардани он аз мўҳтавои асосии мавод огоҳ мешавад.
Маъмулан дар вақти омода кардани лиди хабар журналистони камтаҷриба ба чунин ғалатҳо роҳ медиҳанд:
— лиди бесарусомони номураттаб. Муаллиф дар он якбора бисьёр чизҳоро хабар додан мехоҳад, аммо дар натиҷаи номураттабӣ фаҳмидани маънои асосии хабар душвор мегардад;
— лиди бо матн омехташуда. Чунин ҳолат дахолати муҳаррирро талаб мекунад, то ки тамоми сохтори лидро ислоҳ намояд;
— ба таври сунъӣ якҷоя кардани чизи муҳим бо камаҳамият.
Бояд зикр кард, ки саҳеҳият, муҳимият, фаврият ва таъсирнокӣ аз талаботи асосии хабар мебошад. Ин сифатҳоҳоро аксари радиоҳои байналхалқӣ талаботи асосӣ дар омода кардани хабар медонанд. Масалан, аз кормандони Радиои «Озодӣ» талаб карда мешавад, ки хабарҳо чунин бошанд:
1. Ҳаққонӣ ва фаврӣ бошанд. Хабарҳои мубоҳисанок ва мухолифи
ҳам бояд камаш аз ду манбаи гуногун гирифта шаванд.
2. Дар хабар бояд фикри шахсии журналист истифода нашавад.
3. Нигоҳ доштани мувозинат. Яъне дар давоми инъикоси мавзўъ
фикру ақидаҳои тарафҳои мухолиф ба назар гирифта шавад.
4. Барои шунавандагон шавқовар ва муҳим будани хабар.
5. Наву ҳозиразамон будани хабар.

Мавқеъи аввалро дар иттилоот моҳият ва нав будани он ишғол мекунад. Агар моҳият ба мобайн ва ё охири хабар гузошта шавад, он дараҷаи таъсири худро дар байни аудитория гум мекунад. Хабар бояд аз аввал то охир бояд ба шунаванда таъсир расонда, шавқи ўро нигоҳ дорад. Инчунин хабар бояд бо забони соддаву равон ва фаҳмо гуфта шавад, зеро ки шунавандаи радио имконияти аз сари нав гўш кардани барномаро надорад.

МУСОҲИБА

Мусоҳиба аз жанрҳои маъмул ва серистеъмоли радио мебошад. Агар мусоҳиба аз як ҷониб чун жанри журналистӣ истифода шавад, аз ҷониби дигар он ҳамчун воситаи иттилоъгирӣ барои омода кардани жанрҳои дигар хизмат мекунад. Асоси мусоҳиба аз суоли хабарнигор ва посухи мусоҳиб вобаста аст, ки ба як мавзўи алоҳида бахшида шудааст. Мусоҳиба аз ҷузъ шурўъ шуда пай дар пай ба кулл мерасад ва дар якҷоягӣ як масъалаи томро фаро мегирад. Аз рўи сохтор мусоҳиба аз се қисм – муқаддима, асос ва хотима иборат аст. Дар муқаддима шунавандагон бо мавзўи мусоҳиба ва мусоҳиб шинос мешаванд. Дар қисми асосӣ мавзўи мусоҳиба ва ҳадафи он барои шунаванда рўшан карда мешавад. Дар хотима мусоҳиба ҷамъбаст мегардад. Дар анҷом ҳатман бояд номи мусоҳиб ва мавзўи баррасишуда такрор карда шавад. Агар мусоҳиба беш аз 10 дақиқа тўл кашад, бояд ҳатман дар байни он мусоҳиб ва мавзўи баҳс номбар гардад. Зеро баъзе шунавандаҳо дар аввал онро гўш накардаанд. Бояд гуфт, ки маъмулан мусоҳиба дар радио аз 2 то 8 дақиқа садо медиҳад ва дар ин муддат 5-6 суол баррасӣ мегардад.
Мусоҳибаи радиоӣ аз мусоҳибаи матбуотӣ бо он фарқ мекунад, ки онро метавон ҳамзамон мустақиман пахш кард. Аз ҷониби дигар мусоҳибаи матбуотиро муаллиф метавонад таҳрир бикунад, гуфтори лаҳҷавиро ба шеваи адабӣ гардонад. Вале дар радио иҷрои ин амал ғайриимкон аст. Муҳаррири радио метавонад мусоҳибаро кўтоҳ кунад, калимаҳои такрор ва садои зиёдатиро тоза намояд, вале вай наметавонад, ки лаҳни мусоҳибро дигар бикунад.

РЕПОРТАЖ

Репортаж ё ин ки гузориш солҳои пеш яке аз жанрҳои маъмули радио маҳсуб мешуд. Мутаассифона, ҳоло жанри мазкур дар радиоҳои Тоҷикистон, чӣ радиоҳои давлатӣ ва чӣ радиоҳои хусусӣ хеле кам истифода мешавад. Гузориш ду намуд мешавад: мустақим ва сабтшуда. Репортажи мустақим (масалан, аз бозии футбол, ҷашни Наврўз) ҳамзамон аз ҷои воқеа пахш карда мешавад. Репортажи сабтшуда бошад, пас аз чанде аз студия ба эфир меравад. Дар ин ҳол хабарнигор метавонад, баъзе садоҳои зиёдатӣ ва матнро ихтисор намуда, ҳаҷми гузоришро кўтоҳ кунад. Ҳамчунин ў метавонад дар гузориш баъзе эффектҳои овозиро илова намояд. Дар ҳамин ҳол репортажи мустақим бештар муассир буда, таваҷҷўҳи шунавандаро зиёдтар ҷалб мекунад. Яке аз махсусиятҳои репортаж аз ҳузури хабарнигор ва микрофон дар ҷои воқеа иборат аст. Махсусияти асосии жанрии гузориш бошад, ба аснодӣ будани воқеа, ҳаққоният ва таъҷилият иртибот гирифта он ба шунаванда иттилои нав ва муҳимро мерасонад.
Ҳоло барои мисол ба шумо як гузоришеро меорем, ки моҳи феврали соли 2008 дар Радиои «Озодӣ» пахш шудааст. Гузориши мазкур аз проблемаи рақами яки ҳамон давра- маҳдуд будани интиқоли нерўи барқ ба аҳолӣ ва мушкилоти мардум нақл мекунад.

Проблемаи рўз

Садои табиӣ: Овози одамон, ки аз набудани барқ шикоят мекунанд.

ГЎЯНДА: Пас аз он ки турбинаи аввали Нерўгои обии барқии Сангтуда-1 ба кор даромад, ба аксари аҳолии деҳоти Тоҷикистон интиқоли барқ қатъ гардид. Ин дар навбати аввал ба сокинони биноҳои бисёрошёна, ки барқ ягона воситаи хўрокпазӣ ва гарм кардани манзилашон аст, мушкилот эҷод кард. Сокинони биноҳои бисёрошёнаи ҷамоати деҳоти 40-солагии Тоҷикистони ноҳияи Рўдакӣ омадани мухбиронро шунида, моро гирд карданд ва арзу шикояти худро изҳор доштанд. Аз ҷумла сокини деҳаи мазкур Розиябону, ки дар бинои дуошёна зиндагӣ мекунад, дар ин бора чунин шикоят кард:
САБТ: Ақалан, аз мо касе мепурсид, ки дар кадом шароит зиндагӣ мекунем. Мо дар шароити ниҳоят бад зиндагӣ дорем. Тоҷикистон манбаи барқ аст. Манбаи об аст. Вале дар мо барқ нест.
ГЎЯНДА: Деҳаи мазкур ҳамагӣ 3 километр дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ буда, дар биноҳои дуошёна ва чорошёнаи он 192 оила истиқомат доранд. Ин биноҳо дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ аз ҷониби заводи пахтатозакунӣ сохта шуда, ҳоло хусусӣ карда шудаанд. Беш аз 15 рўз аст, ки сокинони биноҳои мазкур дар баробари аҳолии деҳот барқ надоранд, мегўяд сокини дигари ин маҳалла Гулмаҳмад Саидов:
САБТ: Хонаҳо хама семблокай хунукира мекаша. Обҳо ях кардагианд. Оба дар даруни хона мемонӣ, то тагша ях мекуна. Ай 21-ум ису барқ надорем. Намедонем аиҷа усу чи хел зиндагӣ мекунем.
ГЎЯНДА: Чунин вазъият дар аксари деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад. Вақте ки мо ба деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рўдакӣ омадем, баъзе аз сокинони биноҳои чорошёна дар хонаҳояшон бухорӣ монда буданд, то ки бо он манзилашонро гарм кунанд. Биноҳои мазкур аз ҷониби фабрикаи мурғпарварии ноҳия сохта шуда, ҳоло хусусӣ гардидаанд. Сокинони маҳаллаи мазкур дар як шабонарўз ҳамагӣ 4 соат барқ доранд. Як нафар сокини бинои чорошёна, ки нахост номашро ифшо кунем, мегўяд, ки рузи 14 – январи соли равон духтари 10-моҳаи ў аз хунукӣ вафот кардааст.
САБТ: Шаб хунук, алов мекунем дуд. Намешава сексияда алов када. Дар сексияда бо ҳезумам проблема. Шав духтарчаам гиря кард, гиря кард. Хонам хунук аз тарси хунукия мегум бушком, мегум бе нашкомуш, ки хай бо хунук мешава ай хунукира. Пагоҳӣ ховай, хунук шох.
ГЎЯНДА: Сокинони маҳаллаи мазкур мегўянд, ки на ҳама имконияти дар хонаашон бухорӣ мондан доранд, зеро қимати ангишту ҳезум дар ин рўзҳои сармо ду-се маротиба боло рафтааст ва барои як шабонарўз ба 10-12 сомонӣ сузишворӣ масраф мешавад. Аз ҷумла Хуршед Зокиров дар ин бора чунин мегўяд:
САБТ: Килои аловира 70-80 дирам мефурўшанд кумура. Ҳамура мехарем, истифода мебарем.
ГЎЯНДА: Нозир Ёдгорӣ, котиби матбуотии Ширкати холдингии «Барки тоҷик» оид ба тақсим намудани нерўи барқ чунин мегўяд:
САБТ: Лимита «Барки тоҷик» муайян намекуна, лимита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. «Барқи тоҷик» намега аз соати фалон то соати фалон свет дода мешавад. Мо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунем, ки ҳамин қадар барқ дода метонем. Ҳамина ҳукумати ҷумхурӣ ба ноҳияҳои тобеи марказ, ба вилоятҳо тақсим мекунад. Ина фарз кардем, ноҳияи Рўдакӣ бад уҷа бо ҳукумати ноҳияда онҳо мебина фалон ҷо ба барқ зиёдтар эҳтиёҷ дорад, тақсим мекунад.
ГЎЯНДА: Ба гуфти Шарифхон Самиев, раиси Ширкати холдингии «Барқи тоҷик» аз 7 феврал дар шаҳри Душанбе низ лимити қатъии интиқоли барқ барои аҳолӣ ҷорӣ шудааст. Акнун сокинони пойтахт рўзона аз соати 5 –и субҳ то 10 –и субҳ ва шом аз соати 17 то 22, яъне ҳамаги 10 соат дар як шабонарўз бо барқ таъмин карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол ба гуфти Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази пешгўии боду ҳавои Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои кишвар сард боқӣ мемонад.
САБТ: Рўзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда, камтар абрнок шуда, дар бисёр ноҳияҳо барф меборад.

Раҳматуллоҳи Одина, махсус барои Радиои «Озодӣ».

ТАРҲРЕЗИИ ГУЗОРИШ

Барои таҳияи маводи хубе, ки одамонро ба шунидан маҷбур кунад, банақшагирӣ зарур аст. Дар поён доир ба раванди инкишофи идеяи нақл ва чӣ тавр табдил додани он ба барномаи хабарии ҷолиби радиоӣ, ки на фақат иттилоотӣ, балки барои шунаванда шавқовар ҳам бошад, баъзе маслиҳатҳо медиҳем. Ҳамчунин набояд фаромўш кард, ки маводи радио аз маводи рўзнома ё телевизион ба куллӣ фарқ мекунад.

1. Аввало нависед, ки шумо бо гузориши худ чӣ ҳадаферо ба даст овардан мехоҳед. Масалан, шумо донистан мехоҳед, ки чаро дар кўчаҳои шаҳр маршруткаҳо каманд?
2. Рўйхати одамонеро, ки бо онҳо мусоҳиба карданӣ ҳастед, тартиб диҳед.
3. Барои мусоҳибони худ рўйихати пешакии саволҳоро мураттаб намоед.
4. Вақти сўҳбат ба суханони мусоҳиби худ гўш диҳед. Аз посухи ў суолҳои нав пайдо шуданаш мумкин аст.
5. Сабти садоҳои табииро низ пешакӣ тарҳрезӣ кунед. Зеро истифодаи онҳо гузориши шуморо ҷолиб менамоянд. Масалан: садои ронандаи маршрутка ё пулчинаки вай, садои мусофирон, овози пўшида шудани дари маршрутка, овози тормози мошин, садои ба ҳаракат даромадани микроавтобус ва ғайра.

Фаромўш накунед, ки тарҳрезии пешакии гузориш кори шуморо осон мекунад. Вақте ки малакаи касбии шумо афзуд, дигар барои дар коғаз ба нақша гирифтани гузориш ҳоҷат намемонад. Зеро идеяҳо зуд дар майнаи шумо пайдо шуда, тарҳи гузориш он ҷо нақш мебандад. Вале журналистони фаромўшхотир ҳамон вақт ҳам баъзе чизҳоро дар дафтарчаашон ёддошт мекунанд.

ТЕХНИКАИ МУСОҲИБА

Пеш аз ба мусоҳиба рафтан бояд худ бо мавзўъ шинос шавед ва маълумоти заруриро доир ба проблемае, ки баррасӣ мекунед ва шахсияти мусоҳибатон ғун бикунед. Пасон барои гирифтани посухи зарурӣ саволҳои эҳтимолиро ба мусоҳиб тайёр карда, барои фаромўш накардан дар дафтари ёддоштатон нависед. Ҳамчунин техникаи сабтгириро санҷида ба мусоҳиба омода бикунед. Масалан, батареяҳои диктафонатонро санҷед. Агар барои ҷамъоварии овозҳо вақти бисёр сарф карданӣ бошед, батареяҳои иловагӣ гиред.
Кўшиш кунед мусоҳибаро дар ҷои ором гузаронед. Барои ин сабти санҷишӣ гузаронед. Зеро баъзан дар дафтари корӣ садои кондинсионер, радио ва овози хатти телефон ба сифати сабт халал мерасонад. Инро дар истилоҳи журналистӣ «наводка» мегўянд, ки дар ҳолати ором будани кабинет диктафон сабт мекунад. Дар ин ҳол ҷои мусоҳибаро тағйир диҳед. Ногуфта намонад, ки агар шумо гузориш (репортаж) аз ҷои ҳодиса (сўхтор) мекарда бошед, дар он мавҷудияти садои табиӣ аз қабили овози мошини сўхторхомўшкунӣ ва ғайра зарур аст. Зеро маҳз ҳамин садоҳо гузоришро барои шунаванда табиӣ мекунанд.
Пеш аз оғози мусоҳиба ному насаби мусоҳиб, вазифа, ҷои кор ва телефонҳоро барои тамос дар дафтарчаи ёддоштатон нависед. Сипас онро ба мусоҳибатон нишон дода пурсед, ки оё шумо дуруст навиштаед. Зеро ҳодисаҳои нодуруст навиштани ном ва вазифаи мусоҳиб дар фаъолияти журналистони ҷавон зиёд мушоҳида мешавад. Вақти шурўъ кардани сабт боз як бори дигар дуруст кор кардани микрофон ва сифати сабтро санҷед.
Ҳамин ки ба мусоҳиба оғоз намудед, аз мусоҳиби худ хоҳиш кунед, ки ба диктафон ному насаб ва мансаби худро аз нав пурра бигўяд. Агар ў нимғурма посух гўяд, аз вай хохиш кунед, ки аз нав ва саҳеҳ онро такрор намояд. Бо ин роҳ муайян кардани ҳар як мусоҳиб дар сабти диктафони шумо осон мешавад.
Мусоҳибаро аз саволҳои осон шурўъ карда, саволҳои душворро дар охир диҳед. Ҳамзамон аз саволҳои баҳсангез парҳез кунед. Баъзан ба мусоҳиб имкон диҳед, ки суханашро то охир бигўяд. Зеро баъзан посухи асосӣ ё иттилои иловагиро мусоҳибон дар охир мегўянд.
Дар аввал як ё ду саволе, ки ҷавобашро медонед, пурсед. Ба ин восита то чӣ андоза ба саволҳо дуруст ҷавоб додани шахсро мефаҳмед. Дар ҳамин ҳол ба дурустии ҳар як ҷавобе, ки онро тафтиш карда намешавад, шубҳа бикунед ва агар зарур донед, аз нав пурсед.
Агар шумо гузориш мекарда бошед, муҳити мусоҳиба, либоспўшии мусоҳиб (агар ин зарур бошад) ва ҷузъиёти дигарро, ки барои шунаванда ҷолиб аст, нақл бикунед, то ки аудитория саҳнаи муҳитро тасаввур карда битавонад.
Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳамаи ҷавобҳо бароятон фаҳмоанд. Агар шубҳа кунед, пурсед, ки бори дигар онро фаҳмонанд. Агар ҳоло ҳам шубҳа бикунед, ки нафаҳмидед, онро такрор карда аз мусоҳиб пурсед, оё гуфтаҳои шумо дуруст аст?
Саволҳоро ба чунин тарз диҳед, ки ба онҳо ҷавоби фақат «ҳа» ё «не» дода нашавад. Дар акси ҳол посухи «ҳа» ё «не» шарҳи муфассал мехоҳад.
Имконияти чунин савол доданро ҷўед «барои чи?», «чӣ хел?» ё ин ки «ҳозир худро чӣ хел ҳис мекунед?», «оё бори дигар чунин қарорро қабул мекардед?» ва ғайра. Чунин саволҳо барои бештар омўхтани шахсияти мусоҳиб ва иттилои иловагӣ ёрӣ мерасонанд.
Агар зарур бошад, мусоҳибро ҳавасманд кунед, ки дар бораи худаш нақл бикунад. Барои ба умқи мавзўъ ворид шудан ба ин монанд суол бидиҳед: «дар фаъолияти кории шумо аз ҳама мушкилтарин чӣ буд?».
Ҳамавақт, ба дигар савол чунон гузаред, ки гуё ҷавобро қабул кардед. Напурсед, ки «илова доред…», зеро мусоҳиб метавонад, ки «не» бигўяд.
Агар мусоҳиб аз ҷавоб додан ба пурсиши шумо даст кашад, ҷумларо дигаргун сохта, бори дигар ин саволро бидиҳед, вале он набояд ба саволи минбаъда монанд бошад.
Мувофиқи маълумоте, ки то мусоҳиба ҷамъ карда будед, чунин саволҳоро диҳед: «Фалонӣ дар бораи шумо чунин мегўяд. Шумо ба ин гуфтаҳо чӣ гуна муносибат доред?».
Агар дар аввал мусоҳиб ба саволҳо пурра ҷавоб надиҳад, оромона интизор шавед ва чунин вонамуд кунед, ки посухи пурратарро интизоред. Баъзан бо гузаштани андаке вақт мусоҳиб тахмин мекунад, ки шумо меҳоҳед чузъиёти бештарро бифаҳмед ва ба ҷавоби кўтоҳи худ равшанӣ меандозад.
Ҳамсўҳбати шумо метавонад баъди як-ду савол бепарво шавад. Агар чунин шавад, баъзан саволи якумро бори дигар додан мумкин аст. Саволҳо бояд кўтоҳ бошанд. Фаромўш накунед, ки шунавандагон мусоҳибро гўш кардан мехоҳанд, на шуморо. Саволҳоро ихчам ва возеҳ диҳед: «чаро?», «чӣ хел?» ва ҳоказо.
Саволҳое, ки мақсадашон саросемаву ошуфта кардани мусоҳиб аст, ба монанди «Сабаби ба ин воқеаи ногувор кашида шуданатон он аст, ки шумо одами бадбахт ҳастед ё ин аз беақлист?» нафақат беодобона, балки бефоида аст. Чунин «ҳуҷумҳо» шунавандагонро муқобили шумо мегузоранд.
Шумо метавонед бо гуфтаҳои мусоҳиб баҳсу мунозира кунед, лекин инро чун фикри худ арзёбӣ нанамоед.
Агар мусоҳиб чизеро гўяд, ки шумо онро намефаҳмед, аз мусоҳиб хоҳиш намоед, ки суханонашро шарҳ диҳад.
Агар ба саволатон ҷавоб нагирифтед, онро такрор кунед. Кўшиш намоед, ки онро ба таври дигар ифода созед.
Агар ба далелҳо истинод кунед, дурустӣ ва манбаи онҳоро санҷед.
Кўшиш намоед, ки гапи мусоҳибро дар вақти ҷавоб доданаш набуред. Ин танзимро душвор мегардонад.
Самти интихобнамудаатонро нигоҳ доред ва бо мусоҳиб имкон надиҳед, ки аз ҷавоб рўй тобад. Дар мавридҳои зарурӣ ба гапи ў ҷасурона, вале боодобона дахолат кунед.
Мусоҳиби шумо метавонад ягон чизи ғайричашмдошт бигўяд. Шумо бояд барои нишон додани вокуниш ба он тайёр бошед.
Агар мусоҳиба барор нагирад, таваққуф намоед. Фаҳмонед, ки шумо чӣ мехоҳед ва аз нав сар кунед.
Бетараф, холис ва боодоб бошед. Бо сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳо, мансабдорони зинаҳои гуногуни ҳокимият холисона муносибат кардан лозим аст. Зеро мо ҳақ надорем, ки ин ё он тарафро ҷонибдорӣ кунем. Агар мусоҳиба шиддати эҳсосӣ пайдо кунад, эҳсос бояд аз мусоҳиб сар занад, на аз мусоҳибакунанда. Журналист метавонад ҷўянда, қатъӣ, нобовар, пурдон бошад – вале на ғаразнок, беодоб ё пойбанди яке аз тарафҳои баҳскунанда. Ба ҳар як мусоҳиб барои ҷавоб додан ба савол бояд имконияти баробар дода шавад.
Барои он ки дар вақти сўҳбат боғараз ва пойбанд нанамоед, бояд бо ҳамаи ақидаҳои дигар хуб шинос бошед, то вақти зарурӣ онҳоро озодона истифода баред ва худро чун ҳамсўҳбати сазовор нишон диҳед.
Дар охири мусоҳиба саволҳои душворро диҳед – он саволҳоеро, ки ба фикри шумо мусоҳиб ҷавоб додан намехоҳад.
Мумкин аст, ки саволи аз ҳама мушкилтарин дар ҷараёни мусоҳиба саволи минбаъда бошад. Ин аз журналист онро талаб менамояд, ки шахси суханкардаистодаро бодиққат гўш диҳад. Саволи минбаъда бояд ҷавоб ба ҷавоби он шахс бошад. Ва инро албатта, шумо интизор набудед ва он дар дафтарчаи номгўи саволҳои шумо нест.
Масалан, агар шумо чӣ тавр ба амал омадани сўхторро аз касе пурсон шудед ва ў ҷавоб дод, ки ҳоло намедонад. Саволи хуби минбаъда чунин шуда метавонад: Шумо дар ин бора ягон ақида доред? Ё ин ки ягон нишонае ҳаст, ки касе ин корро қасдан кардааст? Саволи минбаъда ба журналист имкон медиҳад, ки воқеаро амиқтар таҳқиқ намояд ва бисёртар маълумот пайдо кунад.
Сўҳбатро давом диҳед, агарчи дафтарчаатонро пўшида, микрофонро ғун карда бошед ҳам. Барои ҷавобҳои самимӣ ин айнан вақти мувофиқ аст. Зеро баъзан мусоҳибон баъди гирифтани микрофону дафтарчаашро пўшидани мухбир ба суолҳо бе ҳарос посух мегўянд.
Дар охир ба мусоҳибатон изҳори миннатдорӣ карда, гўед, ки агар нофаҳмие дар мусоҳиба пайдо шавад, шумо боз бо ў дар тамос мешавед. Воқеан ҳам агар дар ҷавобҳо ягон камбудӣ ёфтед, ё ин ки ягон маълумоти дигар даркор шавад, шумо метавонед бо мусоҳибатон дар тамос шуда, ҷавоби пурратар гиред. Ҳамчунин минбаъд низ ин шахс агар мансабдор ё коршинос бошад, барои гирифтани ягон маълумот ба шумо лозим мешавад. Барои ҳамин ҳар чанд вақт метавонед ба ў занг зада, аҳволпурсӣ бикунед, то ки шуморо фаромўш накунад.

МУСОҲИБ ВА МИКРОФОН

Вақти сабти мусоҳиба микрофонро аз даҳони гўянда дар кадом масофа нигоҳ доштан лозим аст? Ба ин суол журналистони соҳибтаҷриба гуногун посух медиҳанд. Масалан, мегўянд, ки бояд микрофон аз даҳони мусоҳиб дар масофаи 10-15 сантиметр қарор гирад. Ба гуфти Геннадий Сырков, продюсери ХРМ ҳангоми сабти мусоҳиба микрофонро то метавонед ба гўянда наздик нигоҳ доред, беҳтараш дар назди даҳон, вале андак яктарафатар ва поёнтар, то ки садои «пуф», ё ба истилоҳ «поппинг»: таркиши ҳамсадоҳои «п» ва «б» сабт нашавад.
Чаро ин қадар наздик? Г. Сырков инро фарқияти муҳим ва ҷиддии сабти мусоҳиба аз сабти гузориш медонад. Гап дар сари он аст, ки ҳангоми сабти мусоҳиба журналистро манбаи ягонаи овоз мутаваҷҷеҳ месозад. Аз ин рў вазифаи хабарнигор бурида партофтани ҳамаи овозҳои бегона, ҳамаи фазои овозие мебошад, ки гўяндаро иҳота кардаанд, аз ҷумла бо чунин усули оддӣ: ба гўянда ҳатталимкон наздик кардани микрофон. Мусоҳибон, албатта, метавонанд ду ё се нафар бошанд, вале онҳо ҳама вақт бонавбат гап мезананд. Агар баробар гап зананд, ин маводи ғашнок ва сақат аст.
Воқеан, шавқунро тавассути усулҳои оддитарин нест кардан мумкин аст: дар вақти сабт дару тирезаҳоро сахт пўшед, хоҳиш кунед, ки кондитсионер, чароғи рўзона равшанидиҳанда ва ҳатто агар имкон бошад, телефонро, хомўш намоянд. Ё сабтро дар вақти садо додани занги телефон қатъ созед, сонӣ аз мусоҳиб хоҳиш намоед, ки ҷумлаҳои осебдидаро аз нав такрор намояд. Дар ниҳояти кор, агар хусусиятҳои овозии хона барои хушсифат сабт кардан халал расонанд, сабтро дар хонаи дигар анҷом диҳед.
Мусоҳибаро дар заминаи шавқун фақат дар ду маврид гузарондан мумкин аст: агар мавзўи мусоҳиба воқеае бошад, ки дар вақти он сабт гузаронда мешавад, ё он мусоҳиба-портрет бошад. Агар шунавандаро огоҳ карда бошед, ки бо шахсе дар вақти митинг сўҳбат мекунед (мавзўи сўҳбат ҳам бо митинг алоқаманд аст), шавқуну мағал даркор аст, акустикаи тоза дар ин маврид сунъӣ ба гўш мерасад.
Мусоҳибаи портретӣ бошад, аз рўи жанри худ бояд на фақат олами ботинии мусоҳиб, балки олами атрофи ўро низ нишон диҳад: шумо бо коргардони машҳуре дар хонааш сўҳбат мекунед, дар паҳлўи ў тўтие дар қафас ҷастухезкунон хониш дорад. Магар ин портрети ҳамсўҳбати шуморо пурра намекунад?
Овозҳои бегона дар сабти мусоҳиба проблемаи маълум аст. Дар асл, чунин талаби дар боло зикршударо, ки дар мусоҳиба набояд фазои холӣ (беовоз) вуҷуддошта бошад, ба маънои ҳақиқаш фаҳмидан лозим аст. Ман чиро дар назар дорам? Сабти олиҷаноби мусоҳиба чунин аст: ревербератсия (танини торафт хомўшшавандаи садо), овози гўё аз даруни чалак ё банкаи косерв меомадагӣ шунида намешавад ва манбаи овоз ба шунаванда ҳатталимкон наздик карда, дар плани пеш, дар сатҳи пеши радиоприёмник ҷой дода шудааст.
«Садо бояд бақувват, ширадор, вусъатнок ва чандир садо диҳад, гўё аз умқи радиоприёмник озодона мебаромада бошад» – мегўяд Г. Сырков. Ба ин фақат бо як усул ноил шудан мумкин аст: дар вақти мусоҳиба микрофонро ҳатталимкон ба даҳони гўянда наздиктар баред, то ки нутқи ў дар иҷрои акустикӣ афзалият пайдо карда, ҳамаи овозҳои бегонаи фазоро пахш намояд.

ВАҚТИ ОМОДА КАРДАНИ МУСОҲИБА ИНРО БА ХОТИР ГИРЕД

1. Тайёрӣ ба мусоҳиба, омўзиши мавод – донед, ки чӣ мехоҳед.
2. Дар ёд ё дар рўи коғаз нақшаи мусоҳибаро дошта бошед.
3. Мавзўи сўҳбатро бо мусоҳиб муҳокима намоед.
4. Ба ҳамсўҳбат гўед, ки мақсади мусоҳиба чист, чӣ қадар вақтро мегирад ва ҳоказо.
5. Мусоҳибро огоҳ созед, ки сўҳбат барои кадом аудитория пешбинӣ шудааст.
6. Агар мусоҳиба мустақиман сурат гирад, бандҳои асосии мусоҳибаро тартиб диҳед, то ки вақти зарурӣ ба он назар кунед.
7. Кўшиш кунед, ки саволҳо оддӣ ва кўтоҳ бошанд.
8. Саволҳоеро, ки аз якчанд қисм иборатанд, надиҳед.
9. Тахмин ва баҳс накунед.
10. Кўшиш кунед, ки ҳамсўҳбатро ба худ моил намоед, то ки ў худро озод ҳис кунад
11. «Уҳу», «ҳа», «бале, бале» ва ғайра нагўед, беҳтараш ба ҷои ин табассум кунед ва сар ҷунбонед.
12. Бо ҳамсўҳбат робитаи босиравӣ барқарор кунед.
13. Ба ҳамсўҳбат нишон диҳед, ки сўҳбат бароятон мароқовар аст ва дар амал бетараф нашавед.
14. Бодиққат назорат кунед, ки овозҳои нодаркор набароред, бо ангушт тақ-тақ назанед ва ҳамсўҳбататон ҳам чунин накунад.
15. Аз ёд набароред, ки дар ҳолати мушаххас кадом овозҳои бегона пайдо шуда метавонанд, кўшиш намоед, ки онро пешгирӣ кунед.
16. Барои ҳарчӣ бештар фаро гирифтани мавзўъ кўшиш накунед: фақат баъзе воқеаҳо сазовори онанд, ки ба онҳо 3-4 дақиқа вақт ҷудо намоед ва бо се ё чор лаҳзаи асосӣ маҳдуд шавед.
17. Аз жаргонҳо истифода набаред.
18. Фақат он саволҳоеро диҳед, ки барои шунавандагонатон мароқоваранд.
19. Вақте ки шумо «имрўз», «фардо», «дирўз» мегўед, аз ёд набароред, ки то вақти ба эфир баромаданатон инҳо метавонанд тағйир ёбанд.
20. Вақте ки ҳамсўҳбататон гапашро тамом кард, дарҳол ба ў миннатдорӣ баён кунед, ҳатто агар алоқа ҳанўз қатъ карда нашуда бошад.
21. То вақти тарк намудани студия ё офисе, ки дар он ҷо мусоҳиба гузарондаед, доимо тафтиш кунед, ки оё сабтро дуруст анҷом додаед.

КОР ДАР СТУДИЯ

Муассирӣ ва ҳадафрас будани маводи радиоӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти журналист дар студия низ вобастагӣ дорад. Дар «Дастурамал оид ба журналистикаи Радиои «Озодӣ» ба кормандон барои кор дар студия чунин тавсияҳо дода мешавад:
1. Оё шумо баҳузур нишастаед – озодона ҳаракат карда метавонед, нафаскашиатон душвор нест?
2. Оё ҳаҷми қувваи сарфакардаи овозии шумо бо ин барнома мувофиқат мекунад? Ба таври дигар гўем, оё шумо дар ҳақиқат бо шунавандаатон сўҳбат мекунед ё панду насиҳат медиҳед, хархаша мекунед, ё ба вай фақат матн мехонеду бас.
3. Ҳангоми тез гап задан возеҳию фаҳмоии он гум мешавад, шумо дар нутқ дакка мехўред ва гапи шуморо намефаҳманд. Оё диапазони овози шумо кофист, то ки қатори овозиро барои шунавандагон шавқовар гардонед? Одатан шунаванда аз якнавохтӣ зуд хаста мешавад.
4. Оё шумо таваққуфҳоро барои ҷудо кардани қисмҳои маъноӣ самаранок истифода мебаред, то ба шунаванда имкон диҳед, ки ба суханҳои гуфташуда сарфаҳм равад.
5. Пеш аз эфир аз ширинӣ ва шоколад худдорӣ намоед, зеро қанд оби даҳонро ғафс мекунад.
6. Ҳама вақт барои қайд намудан, ислоҳ кардан, хат задан ва ғайра дар дастатон бояд ручка ё қалам бошад.
7. Бандаки фулузини остин дастпона ё ягон чизеро, ки ба миз бархўрда, овоз мебароварда бошад бо худ нагиред, дар наздатон як стакан об гузоред.
8. Агар аз айнак истифода мекарда бошед, бовар ҳосил кунед, ки онро фаромўш накардаед.
9. Тафтиш кунед, ки сенария доред ва саҳифаҳояш пешу қафо нестанд.
10.Ҷои кори худро тавре ташкил кунед, ки имкон дошта бошед варақҳои аллакай хондашударо алоҳида гузоред. Соат, дурустии лавҳаи сигнал, тугмаи хомўшкунаки микрофон ва гўшмонакҳоро – барои тавзеҳи муҳаррир ва луқмаҳо, ҳамсўҳбатҳои имконпазири берун аз студия (масалан, шунавандагоне, ки ба студия занг мезананд) санҷед.
11. Дар мавриде, ки вақти муайяншударо риоя кардан ҳатмӣ аст, дар матн дақиқаи охирини сенария – 180 калима ё тақрибан 18 сатри мошиннависро ишора кунед. Ба шумо зарур аст, ки то ин ишора бо як дақиқа вақти иловагии захиравӣ рафта расед. Барои он ки як дақиқа вақт захира монад, эҳтимол як қисми матнро ихтисор кардан лозим меояд. Ин корро пеш аз ба студия даромадан анҷом диҳед.
12. Барномаро оғоз намуда, тасаввур намоед, ки шумо бо шунавандаи дар он тарафи микрофон буда муошират карда истодаед.

ХАБАРНИГОР ВА ЭФИРИ МУСТАҚИМ

Аксарияти талаботи эфири мустақим ҳангоми тайёр кардани барномаи радио бо сабт дар плёнка ё ягон ноқили дигари иттилоот монанд аст. Масалан, бо диққат таҳия намудани мавод, маҳорати самтгирӣ, муайян кардани задаҳои маъноӣ ва ҳиссӣ, дуруст интихоб намудани назму суръати нақл дар ин ҷо низ чун ҳангоми кор дар эфири мустақим муҳим аст. Дар бораи зарурати дар радио доимо нигоҳ доштани рағбат ба нутқи садодиҳанда аз ҷумлаи аввал то ҷумлаи охир он чизро ба назар гирифтан лозим аст, ки мувофиқи маълумоти равоншиносон баъди бештар аз ду дақиқаи оғоз ёфтани барнома таваҷҷўҳи шунаванда аксар вақт камтар мегардад. Бинобар ин, маводро барои сабт тайёр намуда, «авҷҳои» рағбатро дар тўли тамоми барнома бояд муайян кард. Барои ин усулҳои гуногун вуҷуд доранд: сар додани сабти мусиқии шавқовар, сурудҳо, шўхиҳо, манзараи акустикие, ки дар ҷои лозимӣ садо диҳад. Маълум аст, ки овоз назар ба тасвир ба тахайюлоти одам бештар таъсир мекунад. Ҳамин аст, ки истифодаи эффектҳои овозӣ дар гузориш муассирии онро барои шунаванда меафзояд.
Аксар вақт журналист имконияти мустақиман ба эфир баромаданро надорад. Журналистоне, ки малакаи хуби касбӣ доранд, садои худро дар гузориш дар ҷои ҳодиса сабт мекунанд, ки ин нисбат ба сабти студиёӣ беҳтар ва барои шунаванда табиӣ аст. Чунин гузориш ба гузориши мустақим наздик аст ва ҳангоми танзим низ камтар ба коркард дучор мешавад.
Фарқияти куллии эфири мустақим ва барномаи сабтшуда пеш аз ҳама дар гуногун будани вазифаҳои онҳост. Хусусияти асосии эфири мустақим дар он аст, ки ҷараён ва муҳити ҳодиса ба воқеият ҳатталимкон наздиктар инъикос карда мешавад. Ҳангоми тайёрӣ ба барномаи сабтӣ ин мақсад аз байн намеравад, вале боз як мақсади дигар пайдо мешавад: журналист бояд моҳият ва аҳамияти воқеаро амиқтар таҳлил кунад, миқёси онро аниқтар муайян намояд, барои ин бошад, доираи тасаввури воқеаро ҳатман васеътар созад. Вагарна бо барномаи сабтӣ иваз кардани эфири мустақим маъно надорад, он фақат сензураро таъмин менамояд, ки метавонад барномаи ояндаро пешакӣ «тафтиш» кунад, ё ба усули расмии техникии осон гардонидани меҳнати муҳаррирони барнома ва барандагони канали радио табдил меёбад.
Маҳз барномаи сабтӣ имконият медиҳад дар ҳодиса ё далели маҳаллӣ ва хусусӣ тамоюл ва анъанаҳое ошкор карда шаванд, ки ба ҳаёти тамоми ҷомеа ва аъзои алоҳидаи он таъсири муайян мерасонанд.
Аксар вақт барандаи бетаҷриба аз сўҳбат ба муддати тўлонӣ «ғайб мезанад». Ин боиси он мегардад, ки шунаванда ўро фаромўш мекунад.
Ҳеҷ гоҳ аз нарасидани вақт ба мусоҳиб шикоят кардан мумкин нест. Ҷумлаи зерин дар радио ва телевизион низ бисёр такрор мешавад: «Мутаассифона, ҳамагӣ як дақиқа вақтамон монд ва мо маҷбурем, ки сўҳбатамонро қатъ намоем». Бояд гуфт, ки ҷудо кардани вақти эфир кори худи журналист аст.
Агар журналист якбора бо якчанд нафар одам сўҳбат кунад (дар назди микрофон ин корро хеле эҳтиёткорона бояд кард), ў бояд вақти суханронии ҳар яки онҳоро лоақал тақрибан баробар тақсим кунад, вагарна шунаванда гумон хоҳад кард, ки ба яке аз иштирокчиёни барнома бартарият дода шудааст.
Муносибати ҳамдигарии хабарнигор ва ҳамсўҳбати ў метавонад мураккаб бошад, вале ин ҳаргиз набояд ба лаҳни орому боэҳтиромона таъсир расонад, беодобии ҳамсўҳбатро фақат ботамкинона таъкид кардан мумкин аст, албатта агар ў ба чунин беодобӣ роҳ диҳад. Ва бешак журналист вазифадор аст ҳамон саволи асосиро диҳад, ки ҳамсўҳбати ў ба сўҳбат дар назди микрофон ба хотири он розӣ шуда буд.
Чӣ тавре ки дар «Дастур барои таҳиягарони барномаҳои Би-Би-Си» гуфта шудааст, «иштирокчиёни барнома набояд шубҳа дошта бошанд, ки бо онҳо холисона муносибат мекунанд. Онҳо, хоҳ ходимони ҷамъиятию сиёсӣ бошанду хоҳ шаҳрвандони қаторӣ, набояд чунин эҳсос кунанд, ки онҳоро то барнома, дар вақти барнома ё баъди он гумроҳ сохтаанд, фиреб додаанд ё наҳ задаанд».
Боз як тафовути муҳими кори «сабт» аз эфири мустақим дар талаботи ҷиддӣ ба сифати техникии он аст: он чизе, ки дар гузориши мустақим табиӣ ва бахшидашаванда мебошад, дар барномаи дар студия таҳияшуда саҳлангорӣ ва ҳатто сақат ҳисоб карда мешавад.
Ҷиҳати техникии сабти сўҳбат фақат дар назари аввал оддӣ менамояд, вале он чандон кори осон нест. Хабарнигор пеш аз ҳама бояд кўшиш намояд, ки таҷҳизоти ў ҳамсўҳбатро мушавваш насозад. Ин кори осон набошад ҳам, комилан иҷрошаванда аст. Ва муҳимаш бояд аввало журналист дар назди микрофон худро озод ва табиӣ ҳис намояд.
Барои ин як қатор «сирҳои» соф техникӣ вуҷуд доранд: микрофонро дар даст тоб надиҳед, чунки ба болои суханони гўянда овози хишир-хиширу қарсосзанӣ сабт мегардад; аппарат ва микрофонро дар як сатҳ нигоҳ надоред (овози механизми лентакашӣ ё кори худи диктафон эҳтимол сабт шавад); агар дар магнитофон танзимкунандаи автоматии сатҳи овоз вуҷуд надошта бошад, аз мусоҳиб хоҳиш кунед, ки аз микрофон дар масофаи муайян истода, ба ягон тараф тоб нахўрад…
Ниҳоят ҳамааш гўё сомон ёфт: Сабт хуб, шавқовар ва табиӣ гузашт. Хабарнигор ба редаксия бармегардад ва дар диктафон ғуввоси холиро мешунавад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Хусусан агар барнома соатҳои наздик бояд пахш карда шавад. Дар ин маврид ба қайдҳои дар блокнот нигошта ва ҳофизаи худ рў овардан ва худро сабт кардан лозим аст. Лекин бо сабт чӣ ҳодиса рўй додааст? Барои журналисти радио «наводка» ном истилоҳи ногуворе вуҷуд дорад. Он худро дар хонаҳои пур аз таҷҳизоти электронӣ, симҳои баландбасомад ва ғайра маълум мекунад. Ба ҳодисаи рўйдода пеш аз ҳама худи мухбир гунаҳкор аст. Пурсидан зарур буд, ки оё дар ин бино чунин таҷҳизот вуҷуд надорад? Ғайр аз ин дар вақти сўҳбат сабтро гоҳ-гоҳ ва дар анҷоми сўҳбат бошад, ҳатман гўш кардан лозим аст.
Аксар вақт журналист бисёр мехоҳад мусоҳибашро дар вазъияти корӣ сабт намояд. Дар ин маврид эътидолро бояд риоя кард. Манзараҳои овозӣ ҳар қадар муҳим ва пуробуранг бошанд ҳам, онҳо набояд нутқи одамро пахш намоянд. Беҳтараш, барои сўҳбат ягон ҷои сокиту ором интихоб карда шавад.
Як қоидаи барои журналист ҳатмие, ки дар он ҳеҷ истисно нест, ин аст: ў дар кадом ҳодисае, ки ҳузур дошта бошад, вазифадор аст ҳамаи овозҳои шунидаашро барзиёд навишта гирад: ғавғоҳои ба ҳамон корхона, муассисаи таълимӣ, воситаи нақлиёт ва ғайра хосбуда; овози дисплейҳои компютерӣ; занги соат дар осорхона ё хонаи кори қаҳрамони гузориш; садои оби аз дарғот рехтаистода; ғингоси хомўшак ҳангоми ғуруби офтоб… Хуллас, журналист бояд ба коргоҳи танзим ҳамаи он овозҳоеро, ки вақти сўҳбат бо одамон – қаҳрамонҳои ҳикоя гўшаш ва микрофонаш мешунаванд, биёрад.
Ин шарти хеле муҳим аст, иҷрои он имкон медиҳад он муҳити ҳодиса, ки рост ба эфир нарафта, дар плёнка ё ноқили дигар сабт меёбад, нигоҳ дошта шавад.
Ғайр аз ин, махсус қайд мекунем, ки «оромӣ»-ро, аниқтараш, акустикаи ҳамон биноро (он дар ҳама ҷо баробар нест) сабт кардан ҳатмист. Баъзан ҳангоми танзими барнома барои навиштани ягон савол ё ягон маводи иловагӣ талабот ба миён меояд (аксар вақт ғайри хоҳиши журналист); ин корро дар заминаи овозҳое кардан лозим аст, ки дар ҷои воқеа навишта шудаанд, дар акси ҳол суханони мухбир, хусусан суханони дар плёнка сабтшуда ғайритабиӣ садо хоҳанд дод.

САДОИ ТАБИӣ ВА ИСТИФОДАИ ОН ДАР ГУЗОРИШ

1. Садои табиӣ ин ҳама гуна овози дар ҷои мусоҳиба ё воқеа сабт гардида мебошад, ки ба шумо дар муассир шудани гузоришатон ёрӣ мерасонад.
2. Мисолҳои овози табиӣ: бонги мошини сўхторнишонӣ, овозҳои тоза кардани барф, садои пой кўфтани гўштингирон пеш аз гўштин, сурудхонӣ ё овози пазироии мухлисон, садои тоб хўрдани чархҳои мошин дар рўи ях, бозии кўдакон, овози мушт кўфтани сиёсатмадор ба рўи миз, паридани тайёра, садои занги телефон ва ғайра;
3. Ҳар як овози табииро чанддақиқагӣ нависед, то ки аз сабтатон қисми беҳтарини овозҳоро интихоб карда тавонед. Дар оғоз ва охири гузориш низ ҳатман овози табииро истифода бикунед. Ҳамчунин овози табииро дар дохили гузориш ҳангоми гузаштан аз як сужа ба сужаи дигар низ метавон истифода кард. Масалан, вақте ки шумо бо директори корхона мусоҳиб мешавед, пеш аз шурўи савол ба мусоҳиби худ метавонед овози кушода шудани дари кабинети директор, занги телефонро гузоред. Дар ин ҳол шунаванда худро чун шумо дар утоқи кории директор эҳсос мекунад.
4. Агар овози табииро зуд шинохтан душвор шавад, он гоҳ шумо бояд чӣ гуна овоз будани онро ба шунаванда фаҳмонед. Ба назар гиред, ки шумо барои он овози мазкурро зуд шинохтед, ки онро худатон сабт кардаед, вале бисёре аз шунавандагон шояд инро шинохта натавонанд. Барои ҳамин овозро шарҳ диҳед. Масалан, агар ин садои муҳаррики барқӣ дар осиёб бошад, онро ба шунавандаҳо гўед.
Истифодаи садои табиӣ малакаи касбии шуморо дар расонидани хабар ва ҷалби шунавандаҳо нишон медиҳад Дар гузорише, ки садоҳои табиӣ истифода шудаанд, шунаванда чанд лаҳза онро тасаввур мекунад. Вақти истифодаи садои табиӣ фикр кунед, ки кадом овоз бештар ба шунаванда таъсир расонда метавонад. Аз ин нигоҳ садои табииро интихоб бикунед.
Истифодаи садои табиӣ дар аввал ва охири барнома аз 2 то 3,5 сония ва байни барнома 2 то 3 сония тавсия дода мешавад. Вобаста ба матни гузориш садои табииро аз ин вақт кам ё зиёд низ истифода бурдан мумкин аст.

НАВИШТАНИ МАТН Ё СЕНАРИЯИ ГУЗОРИШ

1. Дар усули муколама нависед. Ба ибораи дигар гўем, тавре нависед, ки шумо гўё қиссаеро ба дўсти беҳтарини худ нақл карда истодаед.
2. Нақли худро аз хабари муҳимтарин оғоз намоед. Дар ин ҳол аз усули пирамидаи чаппа истифода бикунед.
Пирамидаи чаппа ё сабки ҳарами воруна аз қисмҳои асосии зерин иборат аст:

Титр ё сарлавҳа баёнгари матлаби асосии рўйдод аст. Он набояд тўлонӣ бошад. Бинобар ин аз як ҷумла иборат будани титр ба мақсад хеле мувофиқ аст. Ҳар он қадар ки титр барҷастатар бошад, қисми хабар ҳамон гуна зиёдтар мегардад.
Сархати нахустини хабар, ки баъд аз сарлавҳа навишта мешавад, лид ном дорад. Лид қисмест, ки факти асосӣ ё масъалаи муҳими рўйдодеро, ки хабар баҳри он навишта шудааст, фаро мегирад. Лид баёнгари ҳамон нуктаест, ки дар титр гуфта шудааст. Вале лид нисбат ба титр васеъ ва комилтар оварда мешавад.
Собиқа яке аз қисмҳои охири сабки пирамидаи чаппа ба шумор меравад, ки чун эзоҳ баёнгари якчанд матлаб аст. Инчунин собиқаи хабарҳо ва маълумоти қаблӣ барои ташреҳ ва хотиррасон намудани хонанда дар сабк ҷой дода мешавад.
Дар охири хабар маълумоти камаҳамият ҷой дода мешавад. Онро метавон ихтисор кард. Аз ихтисори он мундариҷаи асосии хабар қиматашро гум намекунад.
Яке аз талаботи сабки ҳарами воруна ҷавобгў будани он ба саволҳои «чӣ?», «кӣ?», «дар куҷо?», «кай?», «чаро?» ва «чӣ гуна?» мебошад. Оғози хабар метавонад ба яке аз саволҳои зикршуда ҷавоб гўяд.
3. Тасаввур кунед, ки шунавандагонатон дар бораи мавзўи шумо кам медонанд ва ё умуман чизе намедонанд. Бинобар ин ҳамаашро ба шунаванда фаҳмонед.
4. То охири нақл аз овози табиӣ истифода баред.
5. Барои гўш сабт кунед. Аз ёд набароред, ки шунавандаи шумо барои шунидани нақл фақат як маротиба имконият дорад. Вай наметавонад, ки нақлро дубора гўш кунад.
6. Ба хотир гиред, шумо чашми шунаванда ҳастед, ашё, бўй, ҳиссиётро ба таври айёнӣ тасвир кунед. шумо бояд тасаввуроти шунавандаро обуранг диҳед. Аз он тасвирҳое, ки муҳити шуморо аниқ инъикос мекунанд, ба таври илова истифода баред. Масалан: аз хонаи оташгирифта дуди ғализе мебаромад. Дуд чунон сиёҳу ғафс буд, ки даҳ қадам дуртарро дида намешуд. Аз баъзе тирезаҳо оташи норинҷӣ берун зада мебаромад.
7. Бовар ҳосил намоед, ки шумо ҳамаи далелҳоро мегиред. Агар касе ба шумо чизе гўяд, ки ба дурустии гуфтаҳои ў шубҳа кунед, инро бо ёрии манбаъҳои мустақили дигар тафтиш намоед. Дар гузоришҳои ҷиддӣ ва масъулиятнок манбаъҳоро думаротибагӣ тафтиш мекунанд, то бовар ҳосил намоянд, ки маълумот дақиқ аст.
8. Изофанависӣ накунед. Масалан: Шумо чунин намегуфтед: Ба қарибӣ баъди тарма фаромадан дар ноҳияи Варзоб понздаҳ нафар мусофирон, ки ба вилояти Суғд сафар доштанд, ҳалок шуданд. Ба ҷои ин мегуфтед: Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 22 декабри соли равон дар натиҷаи фаромадани тарма дар километри 67 –уми роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Варзоб 15 нафар мусофироне, ки ба вилояти Суғд сафар доштанд, ҳалок шуданд.
9. Дар гузориш фикри шахсиатонро ҷой надиҳед. Ҳамаи далелҳоро илова кунед. Дар хотима аз тафсирҳои шахсӣ худдорӣ намоед. Кори ягонаи шумо, ҳамчун журналист, хабар додани рўйдоду далелҳост.
10. Бовар ҳосил намоед, ки гузориши шумо одилона ва бетарафона аст. Ҳамаи ҷузъиёт ва тарафҳои гузоришро фаро гиред.
11. Вақти омода кардани гузориш ё маводи дигар аз чунин амали номатлуб даст кашед:
А). Барои шавқовартару илҳомбахштар гардондани нақлатон аз худ далелҳо фикр карда набароред;
Б). Ба ҳамсўҳбататон пешакӣ нагўед, ки чӣ бояд гуфт;
В). Фикри шахсии худро дар маводатон ҷой надиҳед. Бинобар талаботи журналистикаи байналхалқии муосир вақти таҳияи хабар бояд дар он назари муаллиф набошад. Дар ҳолати акси ин гуфтаҳо хабар ғаразнок шуморида мешавад;
Г). Далелҳо ва ашхоси дар гузориш истифода нашударо зикр накунед;
Д). Асардуздӣ накунед. Имрўз дар ВАО-и Тоҷикистон баъзан маводе пахш мешаванд, ки муаллифонашон номаълум аст. Аксари ин мавод аз сайтҳои радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си гирифта шудаанд. Агар шумо маводи ВАО-и дигарро истифода баред, ҳамеша инро зикр намоед. Масалан: «Чуноне ки Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, дар натиҷаи як инфиҷор 17 ноябр дар шаҳри Кобул 5 нафар аз нерўҳои эътилофӣ ба ҳалокат расиданд».
Ҳоло барои мисол ба шумо матни як гузоришро меорем, ки дар Радиои «Озодӣ» моҳи апрели соли 2008 пахш шудааст. Агар ба гузориш таваҷҷўҳ кунед, дар он қариб ҳамаи талаботи журналистикаи радио риоя шудаанд.
Чаро донишҷў вафот кард?
Садои табиӣ: Овози донишҷўён дар майдони варзиш.
ГЎЯНДА: Рўзи 16-уми апрели соли равон Хуршеди Абдураҳим (дар матни мазкур ному насаби шодравон тағйир дода шудааст. Ҷ. М.),- донишҷўйи соли аввали факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо сабабҳои номаълум дар дарси тарбияи ҷисмонӣ аз олам чашм пўшид. Маҳмадризо Исмоилов, шоҳиди ин воқеа дар бораи марги нобаҳангоми ҳамкурсаш чунин мегўяд:
САБТ: Исмоилов. Дар дуюм пар, дар дарси тарбияи ҷисмонӣ рафтем, либосҳомона иваз кардем. Маллим парат кард ва гуфт, ки касе касал аст, бурояд аз парат. Касе, ки касал буд баромад. Ҳамкурсамон Хуршед, ваям аз парат баромад. Мо як-ду куруг давидем. Доду фарёд заданд, ки Хуршед афтидай, рафтем, ки пуштакӣ ғалтидай. Бардоштемуш обаш задем, дастоша молидем, пеши духтур бурдемаш. Баъди 20 дақиқа буд, ки духтур баромаду гуфт, ки Хуршеди Абдураҳим мурд.
ГЎЯНДА: Ба гуфти муаллими варзиш Маҳмадулло Гадоев ин ҳодиса дар ҷараёни дарс ғайри чашмдошт ба амал омадааст.
САБТ: Гадоев. Ҳодисаи дина руйдодагӣ аввали дарс буд. Мо донишҷўёнро қатор карда, пурсидем: касалӣ хаст? Ду нафар баромад, гуфтанд мо касал. Мо онҳоро як тараф монда, бо дигарон ба машғулият сар кардем. Оҳиста донишҷўён гирди майдончаи баскетбол як давр заданд. Баъд дар ҷо ду гурўҳ буд. Ман ин гурўҳро гуфтам, ки назди турник ва брус рафта истед ва бе иҷозати ман ба ягон чиз нарасед. Дар ҳолати ман дигар гурўҳро нишон додан, писаро мана ҷеғ заданд. Ман давида рафтам. Алакай писарбача беҳуш буд. Баъд мо вайро гирифта ба дармонгоҳи донишгоҳ бурдем. Пас аз чанд вақте духтурон ба мо гуфтанд, аллакай вай вафот кардааст.
ГЎЯНДА: Ба гуфти мудири кафедраи варзиши Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тошқул Намозов дар маълумотномаи тиббии донишҷў ягон хел беморӣ қайд нашудааст.
САБТ: Намозов. Вая мо нафаҳмидем бемор-мӣ. Вакте ки дафтарчаи тиббиша дидем, моҳи сентябр ҳақиқатан ҳам сиҳат, саломат гуфта, навистагӣ. Охир, мо нафаҳмидем ба чӣ сабаб ин хел шид.
ГЎЯНДА: Ин гуфтаҳоро шоҳиди воқеа, муаллими калони кафедраи варзиши донишгоҳи мазкур Маҳмадулло Гадоев низ тасдиқ менамояд:
САБТ: Ҳар соле, ки дарс сар мешавад дар донишгоҳ, пеш аз оне ки мо дарси тарбияи ҷисмонӣ гузарем, тамоми донишҷўёнро бурда дар дармонгоҳи донишгоҳ аз муоинаи тиббӣ мегузаронем. Ҳамаро гузаронида мо ҳамуҷада дидем, ки дар ҳақиқат дар карточкаи вай сиҳат навиштагӣ будааст. То ҳол ба мо ягон маълумоти тиббӣ омадагӣ набуд.
ГЎЯНДА: Ба гуфти мудири дармонгоҳи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Меҳриниссо Шарипова шодравон Хуршеди Абдураҳим зуком шуда барои муолиҷа ҳамагӣ як маротиба 11-уми марти соли 2008 ба онҳо муроҷиат кардааст.
Садои табиӣ: кушода шудани дари дафтари корӣ.
ГЎЯНДА: Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатманд Кабутов марги донишҷў Хуршеди Абдураҳимро ҳодисаи нохуш медонад:
САБТ: Кабутов. Барои ба назди падару модараш бурдан раёсати донишгоҳ чораҷўии зиёде карданд. Мо мошин ташкил кардем бо ҳамроҳии як гурўҳи ҳамкурсонаш, ҳамроҳи муовинони ректор оид ба таълим ва тарбия, декани факултет марҳум собиқ донишҷўи худамонро гирифта ба назди падару модараш ба ноҳияи Панҷ бурда расонидем. Он чӣ, ки дедему шунида будем ба падару модараш, хешу таборонаш фаҳмонидем, ки ин ҳодисаи нохуш ҳамин хел рўй додааст. Ва ба қадри ҳол раёсати донишгох вобаста ба имконияташ ба падару модари марҳум кўмаки моддӣ ҳам расониданд.
ГЎЯНДА: Дар ҳамин ҳол сабаби фавти донишҷў Хуршеди Абдураҳим номуайян мемонад зеро барои аниқ кардани он ташхиси тиббӣ гузаронида нашудааст.
Ба гуфти муфаттиши прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Парвиз Маҷидов барои тафтиши ин воқеа делаи ҷиноятӣ боз нахоҳад шуд.
Абдурасули Абдумаҷид, махсус барои Радиои «Озодӣ».
Дар баррасии мавзўи мазкур хабарнигор кўшидааст, ки бо манбаъҳои дастраси иттилоъ сўҳбат кунад. Дар ҳамин ҳол мудири дармонгоҳ ва муфаттиш розӣ нашудаанд, ки садои онҳоро хабарнигор сабт намуда пахш бикунад. Аз ин рў, хабарнигор аз қавли онҳо худаш сухан кардааст, ки чунин тарзи истифодаи назари мусоҳиб иҷоза дода мешавад. Дар ин ҳол албатта, журналист сухани айнаннақлшудаи мусоҳибро бе таҳриф ва илова меорад. Албатта, ихтисор кардани мусоҳиба мумкин аст, вале дар ин ҳол набояд маънои сухани мусоҳиб дигар шавад.

ФАЪОЛИЯТИ ХАБАРНИГОР ДАР ШАРОИТИ ФАВҚУЛОДДА

Дар китоби «Радиожурналистика» (МГУ, 2000.) муаллифон барои кор дар шароити фавқулодда ба хабарнигорон баъзе маслиҳатҳо додаанд, ки онро бо таҳриру иловаҳо дар поён меорем.
Амалиёти ҷангӣ, оташфишонии вулқонҳо, обхезӣ, тармафуроӣ, сўхтор, фалокатҳои автомобилӣ, ҷиноят – ҳамаи инҳо ҳолатҳои фавқулодда ба ҳисоб мераванд.
Барои журналист мавзўи аз ҳама мудҳиш ва фоҷианок мавзўи ҷанг аст. Аз он, ки дар олами муосир сухан дар бораи низоъҳои ҳарбии маҳаллӣ меравад, чизе тағйир намеёбад: дар ҳамаи «нуқтаҳои даргир» одамон ҳалок мешаванд, ҳар як ҷони талафшуда бошад, бебозгашт аст. Ба марг, дард ва хун одат кардан амрест муҳол. Аз ин рў, ҳангоми инъикос кардани амалиётҳои ҷангӣ нақли оромонаву холисона вуҷуд дошта наметавонад. Барои нақл кардани мусибатҳои инсонӣ онро худ эҳсос кардан лозим аст. Вале хабарнигор ҳуқуқ надорад, ки ҳаёти худро зери хатар монад ва шумораи қурбониёни ҷангро зиёд намояд.
Чунин қоидаи қатъиро низ фаромўш набояд кард: журналист ҳеҷ гоҳ ва дар ягон шароит дар минтақаи амалиётҳои ҷангӣ набояд ба даст яроқ гирад! Силоҳи ў – микрофон, камера ва қаламу коғаз аст. Дар «нуқтаҳои даргир» кор карда, набояд чунин қоидаҳои оддитаринро аз ёд баровард: Ҳоло аксарияти мухолифатҳо дар заминаи проблемаҳои этникию динӣ сар мезананд. Усулҳои инъикоси онҳо ҳамеша таваҷҷўҳи зиёд ва саволҳои сершуморро ба вуҷуд меоранд. Амалияи ҷаҳонии журналистикаи радио чор навъи муносибат ба проблемаҳои инъикоси мухолифатҳои байни миллатҳоро медонад.
Мухолифатро метавон умуман инъикос накард, он гоҳ мухолифат худ ба худ хомўш мегардад. Аммо матбуотро наметавон маҷбур кард, ки дар бораи амалиётҳои террористӣ ва гаравгонгириҳо хабар надиҳад. Дар ин маврид равонасозии афкори умум бар рағми яке аз тарафҳои муқобил сурат мегирад. Ин усули дуюми инъикоси мухолифати байни миллатҳоро ҷоиз донистан мумкин нест.
Муносибати сеюм, ин дар эфир ҳузур доштани ду (ё зиёда) тарафи мухолифаткунанда мебошад, вале ин ҷо хавфе ниҳон аст: тарафе «ҳақтар» дониста мешавад, ки ҳукмронии бештар дорад.
Муносибати чорум, ин ба вуҷуд овардани манзараи равшану бетарафонаи «мухолифати маҳаллӣ», таҳлили манбаъҳои он ва ҷустуҷўи роҳҳои имконпазири бартараф кардани мухолифат мебошад. Ин роҳи душвортарине мебошад, ки беғаразию маҳорати баланди касбиро талаб мекунад.
Ҳангоми инъикоси мухолифатҳо ба ҳар як сухан, ба ҳар як далел хеле бодиққат муносибат кардан лозим аст. Журналистони америкоӣ ҳеҷ гоҳ «сиёҳ» («сиёҳпўст») намегўянд, дар матбуоти Россия бошад, дар солҳои ҷанги Чеченистон даркору нодаркор «ашхоси миллаташон кавказӣ» мегуфтанд. Дар ВАО-и Тоҷикистон бошад, дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ҷонибҳои даргирро «юрчик» ва «вовчик» ё «гурўҳи силоҳбадастони сиёҳкор», «хоинони миллат» меномиданд. Мутаассифона, имрўз ҳам баъзан нафарони мухолифи ҳукуматро «хоинони миллат» ном мебаранд.
Дар ҳамаи стансияҳои радиоӣ қоидаи қатъие вуҷуд дорад: ба инъикоси амалиётҳои ҷангӣ, мухолифатҳои этникӣ ва динӣ журналистони махсус тайёр кардашударо ҷалб мекунанд. Ҳолатҳои фавқулоддаро бошад, метавонанд амалан ҳамаи ходимони штатию ғайриштатӣ инъикос кунанд.
Хабарнигор бояд донад, ки дар редаксия кай ва чӣ гуна маводро аз ў интизоранд. Муассиртарин маводи овозӣ ҳам аҳамияти худро гум мекунад, агар ба эфир дер кунад. Бинобар ин доимо бо муҳаррири пахши барномаҳо дар тамос будан зарур аст.
Хабарнигор ба ҷои воқеа ҳозир шуда, бояд вазъиятро маълум кунад ва дарҳол бо намояндагони мақомоти муҳофизати ҳуқуқ, ки дар он ҷо ҳузур доранд, сўҳбат кунад (дар вақти ҳодисаҳои фавқулоддаи тўлонӣ – сўхтор, гаравгонгирӣ ва ғайра дар ҷои воқеа афсарони умури матбуоти раёсати сўхторнишонӣ, ВКД, ВАД ҳамеша ҳузур доранд). Агар барнома мустақим ба эфир набарояд, таассуроти аввалини худро ба диктафон сабт карда, сонӣ заминаи овозиро нависед, ки онро баъд метавонед ба матни ровӣ ҳамроҳ кунед. Ин сабт набояд аз 2 дақиқа зиёд бошад, вале онро дарозтар кардан мумкин аст, агар садои таркиш, сиренаҳо ва дигар овозҳои характернок шунида шаванд.
Кўшиш кунед, ки дар байни издиҳоми ашхоси кунҷков шоҳидони воқеаро пайдо намоед, онҳо метавонанд дар бораи ҳодиса нақл кунанд. Ному насаби шоҳидро дар дафтарчаи ёддоштатон сабт кардан лозим аст. Аммо пеш аз он, ки дар барнома сабти нақли шоҳидонро истифода баред, дурустии онҳоро санҷед. Ин суханро аз ёд набароред: «Ягон кас мисли шоҳид хатои сахт намекунад». Инро низ фаромўш накунед, ки шоҳидон на ҳамеша қасдан хато мекунанд.
Журналист набояд ба хадамоти рафъи садама дар иҷрои корҳои муҳимашон халал расонад, аз далели дар назари аввал қотеонаи «Шумо вазифаи худро иҷро мекунед, ман вазифаи худро!» суистифода намояд. Дар бораи воқеа беҳтараш аз сўхторнишон ё милисае, ки ин лаҳза бо кор машғул нест, пурсон шудан лозим аст. Бо репортёрҳои дигаре, ки ин воқеаро инъикос мекунанд, сўҳбат кардан, мубодилаи ахбори расмӣ бо ҳамкорон муфид аст. Ин ба ҳамаи ВАО имкон медиҳад, ки рафти воқеаро як хел инъикос намоянд. Вале агар журналист ахбори нодиреро дар ихтиёр дошта бошад, ин бозёфти ўст ва ба дигарон додани он ҳатмӣ нест.
Хуб аст, ки агар радиошунавандагон гузориши якумро дар бораи воқеа баробари ба ҷои воқеа расидани репортёр шунаванд. Барои ин аз телефони дастӣ истифода бурдан мумкин аст.
Агар нақлро дар бораи воқеа ба эфири мустақим пахш кунанд, ба саволҳое, ки аз студия ба шумо дода мешаванд, бо диққат гўш диҳед. Дар ҷавоб аз худ чизе бофтаву илова кардан лозим нест, ҷавоби холисона ҳамеша беҳтар аст.
Журналист ба редаксия баргашта, бояд сабти ҳамаи хабарҳои худро аз ҷойи воқеа ҷамъ кунад. Агар сухан дар бораи воқеаҳои мавриди таваҷҷўҳ равад, боз як ё якчанд маводе тайёр кардан лозим аст, ки ҳам аз ҷиҳати дараҷаи фаҳмиши мавзўъ ва ҳам аз ҷиҳати тозагии коркард аз маводи пештара фарқ кунад. Барои интихоби порчаҳои овозии аҷоибтар ҳамаи сабтҳоро гўш кардан зарур аст. Фақат баъди ин сенарияро навишта, гузоришро танзим намуда, ба он матни худро илова кардан мумкин аст. Порчаҳоеро, ки то ба эфир баромадан метавонанд кўҳна шаванд, истифода бурдан лозим нест. Шунавандаи радио ҳар қадар худро бештар иштирокчии воқеа ҳис кунад, ҳамон қадар беҳтар аст.
Журналист ба шунавандагон хабари муҳим расонда, бояд ба қадри имкон шунавандаро аз ҷараёни минбаъдаи воқеа воқиф карда истад.

САРЧАШМАҲОИ ИТТИЛОЪ БАРОИ ОМОДА КАРДАНИ МАВОДИ ИҚТИСОДӣ

Дар ВАО-и муосири Тоҷикистон масоили иқтисодӣ чандон зиёд баррасӣ намешаванд. Ин аз як ҷиҳат ба кам будани журналистони иқтисоддон иртибот мегирад. Ин нуктаро ба назар гирифта, ба шумо барои омода кардани маводи журналистӣ дар мавзўи иқтисод чанд маслиҳат медиҳем.
Кор бо сарчашмаҳо барои инъикоси масоили ширкатҳо ба мисли мавзўҳои дигари журналистӣ сурат мегирад. Ҷараёни кор аз шиносоии хабарнигор бо одамон ва мақомоте шурўъ мешавад, ки дар бораи онҳо вай минбаъд менависад. Инро метавон ба таври гуногун анҷом дод:
• Боздид аз офиси асосии ширкат;
• Боздид аз фабрикаи маҳаллӣ ва миёнравҳои яклухтфурўш (дестибютерҳо)-и ширкат;
• Мусоҳиба бо роҳбарони воломақам, менеҷер ва кормандони ширкат;
• Мусоҳиба бо роҳбарият ва кормандони собиқи ширкат;
• Мутолиаи бодиққати нашрияҳои ширкат, дастурамалу ҳисоботҳои солона ва маълумоти дигар дар бораи фоида;
• Мусоҳиба бо саҳмиядорони бузурги ширкат;
• Мусоҳиба бо аъзои шўрои идораи директорон, ки ба роҳбарият маслиҳат медиҳанд ё фаъолияти ширкатро назора мекунанд (агарчӣ онҳо ҳар рўз он ҷо кор намекунанд);
• Мусоҳиба бо молфиристондаҳо ва дестибюторон;
• Мусоҳиба бо котибони матбуотӣ ва намояндаҳои шўъбаи маркетинги ширкат;
• Мусоҳиба бо намояндаҳои мақомоти танзимкунандаи давлатӣ ва ё вазорате, ки фаъолияти ширкатро назорат мекунад;
• Мусоҳиба бо рақибони ширкат.

Барои гирифтани ин мусоҳибаҳо ё пажўҳиш вақти зиёде масраф мешавад. Агар шумо гузорише омода накунед ҳам, ин беҳуда нест. Шумо бо «бозингарони асоси»-и ширкат шинос мешавед ва онҳо низ шуморо мешиносанд, ки ин барои фаъолияти минбаъдаи шумо муфид аст. Шумо минбаъд тавассути шиносонатон ба осонӣ иттилои заруриро метавонед бигиред.
Дар мамлакатҳое, ки бозори рушдкардаи коғазҳои қиматбаҳо доранд, одатан танзимкунандаи ҳолатҳои ифшои иттилоъ мавҷуд аст. Ширкатҳое, ки шомили рўйихати биржаҳои фондианд, соле се ё чаҳор маротиба ахбори навро дар бораи фаъолияташон пахш мекунанд. Ҳамчунин онҳо дар охири сол ҳисоботи расмии молиявиашонро барои матбуот пешниҳод менамоянд. Ширкатҳое, ки тибқи қонун бояд чунин иттилоъ бидиҳанд, одатан бо намояндагони ВАО ҳамкорӣ мекунанд, зеро ин маълумот барои ҷомеа аст.
Воқеан, бартарии кор бо ширкатҳои кушода дар он аст, ки шумо метавонед аз онҳо иттилои бештаре бигиред. Вале ин кор камбудӣ низ дорад: Намояндагони ширкат баъзан бо усули кори ВАО хеле хуб ошноанд ва аз ин рў, онҳо пресс-релизҳое омода мекунанд, ки дар онҳо махсус фаъолияти хуби ширкат нишон дода шуда, маълумоти барои ҷомеа муфид сарфи назар шудааст. Дар ин ҳолат хабарнигорро мебояд, ки ба дарки масъала «амиқтар» фурў рафта, суолҳои мушкилкушо бидиҳад, то ки онҳо ахбори хубро ба манфиати ширкат такрор накунанд. Барои рўшан кардани воқеият шуморо мебояд, ки бо сарчашмаҳои мустақил сўҳбат карда, назари онҳоро вобаста ба масоили баррасишаванда бигиред.
Ширкатҳое, ки ба рўйихати биржаҳои фондӣ шомил нестанд, онҳо нисбатан пўшидаанд ва аксаран ширкатҳои давлатӣ метавонанд умуман маълумоти дақиқу эътимоднок надошта бошанд. Масалан, дар Ветнам маълумот дар бораи вазъи молиявии ширкат аксаран танҳо ба роҳбарияти воломақоми ширкат дода мешавад. Вақте ки шумо дар бораи чунин шикатҳои махуф менависед, бояд бо сарчашмаҳо дар дохили ширкат ва берун аз онҳо, бо молфиристон, рақибон ва дистрибютерҳо сўҳбат бикунед.
Бояд гуфт, ки дар бораи фаъолияти ширкатҳои хусусӣ омода кардани мавод нисбатан мушкил аст. Зеро роҳбарияти аксари ширкатҳо бо ҳар баҳона кўшиш мекунанд, ки баъзе паҳлўҳои фаъолияти онҳо аз назари ҷомеа дур монад. Махсусан, агар сухан сари ягон таҳқиқоти журналистӣ ё танқиди фаъолияти ширкат равад, маъмурият бо баҳонаи сирри тиҷоратӣ будани маълумот онро ба журналистон пешниҳод намекунад.
Пас худи сирри тиҷоратӣ чист? Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», ки моҳи июни соли 2008 ба тасвиб расидааст, иттилои дорои сирри тиҷоратӣ гуфта, иттилои илмӣ- техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, молиявию иқтисодӣ ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратиро меноманд. Дар ҳамин ҳол аз рўи моддаи 5-уми қонуни номбаршуда на ҳамаи маълумот метавонад сирри тиҷоратӣ бошад. Аз ҷумла, низоми сирри тиҷоратӣ наметавонад аз тарафи шахс нисбати маълумоти зерин муқаррар карда шавад:
а) маълумоти ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ ва маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки дар феҳристи дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта шудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тасдиқ менамоянд;
б) маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки ба шахс ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро медиҳад;
в) маълумот дар бораи таркиби молу мулки корхонаи давлатӣ, муассисаи давлатӣ, инчунин мавриди истифода қарор додани маблағи буҷетии дахлдор;
г) маълумот дар бораи олудашавии муҳити атроф, ҳолати бехатарӣ аз сўхтор, вазъи санитарию эпидомологӣ ва радиатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дигар омилҳое, ки ба фаъолияти бехавфи объектҳои истеҳсолӣ, бехатарии ҳар як шаҳрванд ва тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд;
д) маълумот дар бораи ҳайати кормандон, низоми пардохти музди меҳнат, дар бораи нишондиҳандаҳои маъюбшавӣ дар истеҳсолот, касалиҳои касбӣ ва дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ;
е) маълумот дар бораи қарздории корфармоён оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
ж) маълумот дар бораи риоя нашудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва далелҳо оид ба ҷавобгарӣ барои содир кардани ин қонуншиканиҳо;
з) маълумот дар бораи шарту шароитҳои озмунҳо ва савдо дар музояда оид ба хусусгардонии объектҳои давлатӣ, хариди давлатии мол ва кору хизматрасонӣ;
и) маълумот дар бораи андозаи фоида ва сохтори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҳаҷм ва таркиби молу мулки онҳо, хароҷот, шумораи кормандон ва музди меҳнати онҳо, истифодаи меҳнати беподоши шаҳрвандон дар фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратӣ;
к) маълумот дар бораи рўйихати шахсоне, ки ҳуқуқ доранд бе ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ амал кунанд;
л) маълумоте, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ошкор карда шавад ё дастрасии он маҳдуд нагардад.
Аз ин талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» бармеояд, ки роҳбарони муассисаву ташкилот, ширкатҳои тимҷоратӣ аксаран он маълумотро аз журналистон пинҳон медоранд, ки тибқи қонун дастрасии он озод аст ва ҷомеа бояд аз он огоҳ бошад.

ИСТИФОДАИ ИТТИЛОИ ДАФТАРҲОИ МАТБУОТӣ

Аксари ширкатҳо дар шўъбаҳои робита бо ҷомеа мутахассисони аз нигоҳи касбӣ пурқувват доранд, ки ҳамарўза бо журналистон кор мекунанд. Намояндагони ширкат барои шумо шахсони зарурианд бинобар ин хеле муҳим аст, ки бо онҳо муносибати хуби касбиро ба роҳ монед. Онҳо метавонанд, ки барои шумо бо ягон нафар аз кормандони масъули ширкат мусоҳиба ташкил бикунанд ва ё зуд иттилоъ бидиҳанд. Ҳамчунин дар ҳоле ки роҳбарияти ширкат бо шумо вақти вохўрдан надорад, онҳо метавонанд маълумоти муҳими «манзарӣ» бидиҳанд.
Вале набояд фаромўш кард, ки вазифаи кормандони ин шўъба иттилоъро ба манфиати хеш пахш кардан аст. Бинобар ин тасаввуроти онҳо вобаста ба муҳимияти хабар метавонад аз нуқтаи назари журналист фарқ бикунад. Намояндагони ширкат асосан мехоҳанд, ки дар бораи онҳо маводи мусбат чоп бикунанд. Аз ин рў, онҳо метавонанд арзиши проблемаро коҳиш бидиҳанд ва ё умуман мавҷудияти онро дар ширкат инкор бикунанд.
Вақте ширкат ягон коре мекунад, ки ба фоида ё нархи саҳмияҳо таъсир мерасонад, шўъбаи робита бо ҷомеа пресс-релиз пахш мекунад. Ҳамчунин кормандони ин шўъба бо шумо дар тамос шуда, хоҳиш мекунанд, ки дар бораи нақшаи ширкат оид ба тавсеаи истеҳсолот ё баровардани маҳсулоти нав нависед. Дар ин ҳол шумо бояд бидонед, ки оё ин нақшаи ширкат воқеият дорад? Масалан, агар кормандони ширкат бигўянд, ки онҳо ба истеҳсоли автомобил шурўъ мекунанд, зеро аксари аҳолии кишвар қашшоқанд ва кам одамон мошин доранд, шумо бояд суол бикунед, оё ин арқоми пешниҳодшуда воқеӣ аст? Ширкат дар чунин ҳолат албатта, қоил намешавад, ки пешбинии онҳо хеле ҳам оптимистӣ аст. Вале шумо метавонед ба мақола маълумот ва матни фаҳмо ворид карда, ба хонандаву шунаванда ва бинандаҳои худ нуқтаи назари дигарро бигўед. Чунин намуди гузориш ба аудитория иттилои муфид дода, ба худбаҳодиҳии онҳо нисбати изҳороти ширкат водор мекунад. Агар шумо бо рақибони ширкат ва ё бо сарчашмаҳои объективӣ сўҳбат бикунед, ин барои тавозуни мақолаатон вобаста ба изҳороти ширкат кўмак мерасонад.
Ҳамчунин сухангўёни дафтарҳои матбуотӣ барои журналистон пакети иттилоотӣ медиҳанд. Пакети иттилоотӣ аз маҷмўи маълумоти чопӣ ва аудиовизуалӣ иборат аст. Аз ҷумла, ба пакети иттилоотӣ суратҳо, мақолаҳои дар матбуот чопшуда оид ба ширкат, тақвими ҳодисаҳои ба ширкат дахлдошта, пресс-релиз, брюшюра, тарҷумаи ҳоли ашхоси масъули ширкат ва маводи дигари иттилоотӣ дохил карда мешаванд. Албатта, маълумоти мазкур аз нигоҳи манфиати ширкат омода карда мешаванд, вале ба ҳар ҳол омўзиши ин мавод барои пайдо шудани ягон фикри нав дар баррасии мавзўи шумо кўмак мерасонад.

Боби 2. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ЖУРНАЛИСТ

Журналист
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» зери мафҳуми журналист шахсе фаҳмида мешавад, ки бо ҷамъоварӣ, таълиф, таҳрир ё таҳияи мавод барои воситаҳои ахбори умум, ки бо онҳо воситаҳои меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ дорад ва ё тибқи ваколати он бо чунин фаъолият машғул мебошад, фаҳмида мешавад.

Ҳуқуқҳои журналист
Мутобиқи моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» журналист ҳуқуқ дорад:
1. Иттилоотро ҷустуҷў намояд, гирад ва паҳн кунад;
2. Вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбии журналистӣ аз тарафи шахси мансабдор қабул карда шавад;
3. Ҳама гуна сабтро бо истифодаи воситаҳои техникаи аудиовизуалӣ, кино ва суратгирӣ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонун, баҷо оварад;
4. Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи журналист дар маҳалҳои офатҳои табиӣ ҳузур дошта бошад;
5. Барои тафтиши далелҳо ва ҳолатҳои вобаста бо маводи воридшуда ба мутахассисон муроҷиат кунад;
6. Аз таҳияи мавод бо имзои худ, ки хилофи эътиқодаш мебошанд, даст кашад;
7. Имзои худро аз зери маводе, ки ба ақидаи ў дар рафти таҳияи редаксия таҳриф гардидааст, гирад;
8. Дар бораи нигоҳ доштани сирри муаллиф аҳду паймон кунад.

Вазифаҳои журналист
Мутобиқи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» журналист вазифадор аст:
1. Барномаи фаъолияти воситаи ахбори умумро, ки ў бо он муносибатҳои меҳнатӣ дорад, ба амал барорад, оинномаи редаксияро ба роҳбарӣ гирад;
2. Дурустии хабарҳои ба ў додашавандаро тафтиш кунад;
3. Хоҳиши шахсонеро, ки дар бораи нишон додани муаллифӣ хабар додаанд, қонеъ гардонад, агар чунин хабар бори аввал интишор карда шавад;
4. Супориши муҳаррир (сармуҳаррир) ё редаксияро, ки он бо вайрон кардани қонун вобаста бошад, иҷро накунад;
5. Ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунӣ, шарафи миллии шаҳрвандон, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад.
Журналист инчунин вазифаҳои дигаре низ дорад, ки аз Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» бар меоянд.

ҲУҚУҚИ ҶУСТУҶЎ ВА ГИРИФТАНИ ИТТИЛООТ

Тартиби гирифтани иттилоот аз мақомоти давлатӣ
Журналист ҳуқуқ дорад аз мақомоти давлатӣ, чӣ дар бораи фаъолияти худи мақомот ва чӣ дар бораи шахсҳо ва ташкилотҳои алоҳида, иттилоот гирад, агар он дорои сирри шахсӣ, тиҷоратӣ, ё сирри махсуси аз тарафи қонун ҳифзшавада надошта бошад. Қонунгузорӣ дар бораи ВАО ҳамагӣ як сабабро пешбинӣ мекунад, ки бо он ба журналист додани иттилоот рад карда мешавад. Ин дар иттилоот мавҷуд будани маълумотҳоест, ки ба сирри давлатӣ ё сирри дигари аз тарафи қонун ҳифзшаванда нисбат дода шудаанд. Рўйхати маълумотҳое, ки ба сирри давлатӣ нисбат дода шудаанд, дар моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўйхати маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил мекунанд» баён гардидааст.
Ғайр аз ин, кушода будани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва барои гирифтани иттилооти дуруст имконият доштани шаҳрвандон аз нуқтаи назари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани назорати давлатӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ҳамчун асос баррасӣ мегардад.
Агар ба журналист дар гирифтани иттилоот ғайриқонунӣ иҷозат надода бошанд, пас сухан метавонад дар бораи он низ равад, ки дар амалиёти кормандони мақомоти давлатӣ таркиби ҷиноятҳое дида мешаванд, ки бо моддаи 162 (монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист) ва моддаи 316 (суистифода аз мансаб) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
Дар бораи аз тарафи мақомоти давлатӣ надодани ахбори дастрас ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Тартиби гирифтани иттилоот аз суд

Умуман мурофиаҳои судӣ кушода баргузор мегарданд, ба истиснои мавридҳое, ки ба манфиатҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ мухолиф бошанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як одам, аз он ҷумла журналист низ, метавонад дар мурофиаи судӣ ҳузур дошта бошад. Аз рўи қонун барои ин гирифтани ягон хел иҷозат талаб карда намешавад.
Ҷаласаҳои пўшидаи суд бо қарори асоснок кардашудаи суд ё қарори судя гузаронда мешаванд.
Ҷаласаҳои суд фақат дар мавридҳои зерине, ки қонун муайян кардааст, пўшида буда метавонанд.

• Аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин аз рўи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар бо мақсади пешгирӣ намудани ошкоршавии маълумот дар бораи тарафҳои маҳрамонаи ҳаёти ашхоси дар парванда иштироккунанда, ва дар мавридҳое, ки таъмини бехатарии ҷабрдида, шоҳид ва дигар шахсони дар парванда иштироккунанда, аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо талаб карда мешавад;

• Аз рўи парвандаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла эълон намудани қарор, ҳангоми қонеъ гардондани дархости шахсони дар парванда иштироккунанда, ки ба зарурати муҳофизати сирри тиҷоратӣ ё сирри дигари аз тарафи қонун муҳофизатшаванда, фош накардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрвандон ё ҳолатҳои дигар, ки муҳокимаи ошкорои онҳо метавонад ба баррасии дурусти парванда халал расонад;

• Дар судҳои иқтисодӣ барои нигоҳ доштани сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигар, инчунин ба манфиати адолати судӣ.

Дар ҳамаи мавридҳо ҳукм (қарор)-и суд мутобиқи банди 5-и моддаи 10-и КШП Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври оммавӣ эълон карда мешавад.
Кодексҳои просессуалӣ рўйхати пурраи мавридҳоеро, ки дар онҳо таъин намудани ҷаласаи пўшидаи суд имконпазир аст, пешбинӣ мекунанд. Мурофиаи пўшидаи баррасии парванда ҳангоми мавҷуд набудани асосҳои дар кодексҳо номбаршуда вайронкунии сарқонун ва қонунҳои дигар ба шумор меравад. Дар кодексҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, ки дар мурофиаи кушодаи судӣ шахсе, ки дар ҷаласаи кушодаи суд ҳузур дорад, ҳуқуқ дорад рафти мурофиаи судиро хаттӣ ё бо ёрии садонавис сабт кунад. Наворбардории кино ва видео бошад, дар маҷлисгоҳи суд бо розигии суд ва бо назардошти фикри шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, иҷозат дода мешавад. Ин набояд ба рафти мўътадили ҷаласаи суд халал расонад ва он аз ҷиҳати вақт маҳдуд буда метавонад.
Судяҳо вазифадор нестанд, ки парвандаҳои баррасишаванда ё дар истеҳсолотбударо ба ягон кас барои шиносшавӣ диҳанд, ғайр аз мавридҳое, ки бо қонунҳои просессуалӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар қонуни просессуалӣ журналист ба сифати шахсе, ки ҳуқуқ дорад бо маводи парванда шинос шавад, нишон дода нашудааст.
Қонун журналистонро барои аз судя дархост намудани ягон иттилоъ манъ намекунад. Масалан, хоҳиш дар бораи додани маълумоти омориро ҳеҷ гоҳ наметавон чун таъсиррасонии ғайриқонунӣ ба судяҳо баррасӣ намуд. Аммо ба назар гирифтан лозим аст, ки дар ягон ҷои қонун мақомоти давлатӣ вазифадор карда нашудаанд иттилоотеро диҳанд, ки таҳлили иловагӣ, гузарондани ягон хел тадқиқотро, ки дар натиҷаи он иттилооти нав гирифтан мумкин аст, талаб мекунад. Мақомоти давлатӣ вазифадоранд фақат он иттилоотеро диҳанд, ки дар даст доранд.

Сирри давлатӣ ва муҳофизати он

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 22 апрели соли 2003 мафҳуми сирри давлатиро муайян мекунад. Сирри давлатӣ маълумоти аз тарафи давлат муҳофизатшавандаи соҳаи мудофиа, иқтисод, муносибатҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, ки паҳн кардани онҳо метавонад ба бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён орад.
Аз рўи тартиби бо Қонун муқарраршуда ба сирри давлатӣ маълумотҳои зеринро дохил намудан мумкин аст:
1. Дар соҳаи мудофиа:
а) дар бораи нақшаҳои стратегӣ ва оперативӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, ҷойгиркунонии стратегӣ ва сафарбарии қўшунҳо, инчунин дар бораи дигар нишондиҳандаҳои муҳимтарине, ки ташаккули миқдор, ҷойгиршавӣ, тайёрии ҳарбӣ ва ҷангӣ, яроқу аслиҳа ва таъминоти моддию техникии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамоянд;
б) дар бораи самтҳои инкишофи намудҳои алоҳидаи яроқ ва техникаи ҳарбӣ, миқдор, хусусиятҳои тактикию техникӣ, ташкил ва технологияи истеҳсоли онҳо, корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторие, ки бо ихтирои намунаҳои нави яроқ ва техникаи ҳарбӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дигар корҳое, ки ба манфиати мудофиаи мамлакат ба нақша гирифта ё ба амал оварда мешаванд;
в) дар бораи қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, имкониятҳои маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва объектҳои алоҳида барои муҳофизат, кўчондан ва ҷобаҷо намудани аҳолӣ, таъмини фаъолияти ҳаётии он ва фаъолияти истеҳсолии объектҳои хоҷагии халқ дар вақти ҷанг ё дар шароитҳои дигари ҳолатҳои фавқулода;
г) дар бораи маълумотҳо ва тавсифномаҳои геологӣ, гравиметрӣ, харитасозӣ, гидрографикӣ ва обуҳавосанҷие, ки барои мудофиаи мамлакат аҳамияти калон доранд.
2. Дар соҳаи иқтисод:
а) дар бораи нақшаҳо ва иқтидорҳои сафарбарии хоҷагии халқ, захираҳо ва ҳаҷми интиқоли намудҳои стратегии ашёи хом ва масолеҳ, инчунин дар бораи ҷойгиркунонӣ ва ҳаҷми захираҳои моддии сафарбарии давлатӣ;
б) дар бораи истифодаи нақлиёт, алоқа, дигар соҳаҳо ва объектҳои инфраструктураи мамлакат ба манфиати таъмини бехатарии он;
в) дар бораи мўҳтаво, ҳаҷм, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоишҳои давлатии мудофиавӣ;
г) дар бораи нақшаҳо, ҳаҷм ва дигар хусусиятҳои муҳимтарини истихроҷ, истеҳсол ва фурўши намудҳои алоҳидаи стратегии ашёи хом ва маҳсулот;
д) дар бораи захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳои гурўҳи монетарӣ, сангҳои қиматбаҳо, арз ва сарватҳои дигар, амалиёти алоқаманд бо тайёр кардани пул ва коғазҳои арзишнок, муҳофизат ва ҳимояи онҳо аз нусхасозӣ, муомилот, мубодила ё аз муомилот гирифтани онҳо, инчунин дар бораи дигар тадбирҳои махсуси фаъолияти молиявии давлат.
3. Дар соҳаи муносибатҳои хориҷӣ:
а) дар бораи фармонҳо, нақшаҳо, дастурҳо ба ҳайати вакилон ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти берунии сиёсӣ ва берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) дар бораи ҳамкории ҳарбӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, агар ифшо намудани ин маълумотҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
в) дар бораи содирот ва воридоти яроқ, техникаи ҳарбӣ, намудҳои алоҳидаи ашёи хом ва маҳсулоти стратегӣ.
4. Дар соҳаи амнияти давлатӣ ва муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ
а) дар бораи мўҳтаво, нақшаҳо, ташкил, маблағгузаронӣ, таъминоти моддию техникӣ, воситаҳо, шаклҳо, методҳо ва натиҷаҳои фаъолияти разведка, контрразведка ва фаврию ҷустуҷўӣ, дар бораи шахсоне, ки дар асоси пинҳонӣ бо мақомоти чунин фаъолиятро баамаловаранда ҳамкорӣ мекунанд ё пештар ҳамкорӣ карда буданд;
б) дар бораи ташкил ва тартиби ба амал баровардани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, муассисаҳои давлатии банкӣ ва дигар ва шахсони мансабдори олирутбаи давлатӣ;
в) дар бораи системаи алоқаи ҳукуматӣ ва махсус;
г) дар бораи таҳия ва истифода бурдани шифрҳо, кор бо онҳо, гузарондани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи криптография;
д) дар бораи дигар воситаҳо, шаклҳо ва методҳои муҳофизати сирри давлатӣ.

Шикоят барои надодани иттилоот
Додани иттилооти талабкардашавандаро рад кардан мумкин аст, агар он маълумотҳое дошта бошад, ки сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил кунанд.
Журналист метавонад аз рўи ҳама гуна шахсоне, ки ба вай ғайриқонунӣ додани иттилоотро рад кардаанд ё худ додани иттилоотро ба таъхир гузоштаанд, шикоят кунад.
Тартиби шикоят аз болои амалиёте, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро вайрон мекунанд, дар қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, Кодекси шаҳрвандию просессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятию просессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Мутобиқи Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва мақомоти дигар, роҳбарони онҳо, инчунин дигар шахсони мансабдор вазифадоранд, ки аризаю шикоятҳои шаҳрвандонро аз рўи тартиби бо қонун муқарраршуда қабул кунанд, дида бароянд, ба онҳо ҷавоб диҳанд ва чораҳои зарурӣ бинанд.
Аз рўи қоидаҳои умумӣ шикоятҳо ба органҳо ва шахсони мансабдоре пешниҳод карда мешаванд, ки шахси аз болояш шикоятомада бевосита ба онҳо тобеъ мебошад.
Шикоятҳоро дар шакли хаттӣ бо нишон додани фамилия, ном, ҷои истиқомат ва мазмуни шикоят пешниҳод кардан лозим аст.
Муроҷиати шаҳрвандон дар мўҳлати як моҳи баъди ворид шудани он, муроҷиатҳое, ки омўзиш ва тафтиши иловагиро талаб намекунанд, – на дертар аз 15 рўз баррасӣ мегарданд.
Ба ҳамин тариқ, мутобиқи меъёрҳои муқарраршудаи қонунҳои ҷорӣ барои яктарафа намудани ҳолатҳои мухолифатноке, ки бо иҷрои ҳуқуқҳои дастрасӣ ба иттилоот марбутанд, муроҷиат кардан лозим аст:
• ба роҳбари ташкилот;
• ба роҳбари болоӣ аз рўи тобеият;
• ба мақомоти прокуратура;
• ба суд;
• ба ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқ.
Ҳангоми пешниҳод намудани шикоят дар хотир бояд дошт, ки исбот намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба зиммаи шахси шикояткунанда гузошта мешавад. Пас, агар шикоят пешниҳод кардан лозим бошад, ин корро дар гармогармиаш бояд кард.

ҶАВОБГАРӣ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲО ОИД БА
ВАО

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии афкор ва сухан дода мешавад. Ба тарғибу ташвиқе, ки нафрат ва адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва диниро бармеангезад, роҳ дода намешавад. Ягон кас барои ифода намудани афкору эътиқоди худ ё даст кашидан аз онҳо маҷбур карда намешавад. Ҳар кас ҳуқуқ дорад иттилоотро бо ҳама гуна усулҳои қонунӣ озодона ҷўяд, гирад, интиқол диҳад, таҳия намояд ва паҳн кунад. Рўйхати маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ ба шумор мераванд, қонун муайян мекунад.
Чӣ тавре ки дар боло таъкид карда шуд, Сарқонун ҳуқуқи шаҳрвандонро барои мустақилона қабул кардани қарор дар бораи ҳуқуқи худ барои озодии сухан кафолат медиҳад. Ба ҳама гуна мақомоти давлатӣ ва шахси мансабдор маҷбур кардани шаҳрванд барои ибрози ин ё он ақида ва эътиқод манъ мебошад. Озодии сухан инчунин маънои онро дорад, ки шаҳрванд метавонад эҳсосот ва фикру ақидаи худро шифоҳӣ ё хаттӣ, дар сўҳбати шахсӣ ё ба таври оммавӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори умум бо ҳама гуна усулҳои қонунӣ ифода намояд, интиқол диҳад ва паҳн кунад. Аммо суханронии оммавии шаҳрванд бояд ҳақбинона бошад ва ба далелҳое асос ёбад, ки шаҳрванд шахсан худаш пайдо кардааст ё аз ягон манбаи мўътабар гирифтааст. Дар айни ҳол шаҳрванд ҳангоми зарурат бояд номи манбаеро, ки чунин далелҳо аз он гирифта шудаанд, гўяд.
Мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо қарзи ҷомеа мебошад ва ҳар як шаҳрванд бояд дар ин кор иштирок кунад. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор набояд ба чунин фаъолияти шаҳрвандон монеъ шаванд. Баракс, онҳо вазифадоранд ба ҳар кас имконият диҳанд, ки бо маводу ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон шинос шаванд.
Ходимони редаксияҳои ВАО аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои номбаршуда бархурдор мебошанд. Мақоми ҳуқуқии ВАО-ро оинномаи он ва дигар меъёрҳои қонунҳои амалкунанда муайян менамоянд.
Редаксия фаъолияти худро дар асоси мустақилияти касбӣ ба амал мебарорад. Он метавонад субъекти мустақили соҳибҳуқуқ, яъне шахси ҳуқуқии дорои баланс ва сметаи худ бошад.
Муносибатҳои ҳамдигарии редаксияи ВАО бо муассисон, паҳнкунандагон ва тарафҳои дигар мутлақо дар асоси шартнома муқаррар карда мешаванд.
Редаксия ҳуқуқ дорад муассис, ношир, соҳиби ВАО бошад.
Воситаҳои ахбори умуме, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд, вазифадоранд, ки иттилооти ин мақомотро бепул хабар диҳанд. Интишори ахбори оммавӣ танҳо баъди иҷозати дахлдори шахси масъули мақомоти ВАО мумкин аст. Боздоштан ва манъ кардани интишори маҳсулоти ВАО фақат бо қарори суд мумкин аст. Фаъолияти ВАО бо қарори муассис ва дар мавридҳои вайрон кардани талаботи қонун бошад, бо қарори суд боздошта ё қатъ карда мешавад. Қарор дар бораи боздоштан ё қатъ намудани фаъолияти ВАО-ро аз рўи тартиби муқарраршуда метавонад суд таҷдиди назар кунад.

МОНЕЪ ШУДАН БА ФАЪОЛИЯТИ ВАО ВА ЖУРНАЛИСТ

Маҳдуд намудани озодии ахбори омма, яъне ба фаъолияти қонунии муассисон, редаксияҳо, ноширон ва паҳнкунандагони маҳсулоти ВАО, инчунин журналистон монеъ гардидани шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ хоҳад гашт. Амалҳои зеринро монеъшавӣ ба фаъолияти редаксияҳо ва ходимони ВАО донистан мумкин аст:
 Ба амал баровардани сензура;
 Ғайриқонунӣ қатъ кардан ё боздоштани фаъолияти ВАО;
 Вайрон намудани ҳуқуқҳои редаксия барои дархост додан ва гирифтани иттилоот;
 Мусодираи ғайриқонунӣ, инчунин нобуд кардани тираж ё як қисми он;
 Маҷбур сохтани журналист ба интишор ё рад кардани интишори ахбор.

Қонунҳо барои вайрон намудани ҳуқуқҳои журналист, таҳқири шарафу номуси ў, таҳдид, зўроварӣ ва сўиқасд ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти журналист вобаста ба амалӣ гардидани фаъолияти касбии журналист ҷавобгарӣ муқаррар кардаанд.
Мутобиқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар маълумот, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро пинҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист, – бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор агар:
бо зўроварӣ, несту нобуд ё вайрон кардани амвол, бо истифодаи мақомоти хизматӣ содир шуда бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Бо мақсади худмуҳофизаткунӣ редаксияҳо бояд дар штатҳои худ ҳуқуқшиносҳо дошта бошанд. Мутаассифона, редаксияҳо дар суд на ҳама вақт ҳақ будани худро исбот карда метавонанд, ҳатто агар журналистон ба дурустии айбдоркуниҳои худ бовар дошта бошанд. Мурофиаҳои мураккаби судӣ, норавшании баёни қонунҳо, ноаниқии начандон зиёди мақолаҳо ба ин мусоидат мекунанд. Ҳамаи инро бояд редаксияҳо, сармуҳаррирон ва журналистони онҳо ҳангоми иҷрои фаъолияти касбии худ ба назар гиранд.

ВАЙРОН КАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ШАХСИИ
ҒАЙРИАМВОЛИИ СУБЪЕКТҲОИ ВАО

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро барои дахлнопазирии ҷисмонӣ ва маънавӣ кафолат медиҳад, яъне ин ҳуқуқҳоро давлат ҳимоя мекунад. Дахлнопазирии маънавӣ чунин маъно дорад: ягон кас набояд ба муомилае, ки шарафи инсонро паст мезанад, дучор карда шавад. Бинобар ин дар мавриди вайрон карда шудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ки бо ҳуқуқҳои шахсии амволӣ вобаста мебошанд, ҳам ҷавобгарии шаҳрвандию ҳуқуқӣ ва ҳам ҷиноятию ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ зери мафҳуми муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ муносибаҳои ҷамъиятии аз ваҷҳи сарватҳои ғайримолумулкӣ ба вуҷуд омадаеро фаҳмидан лозим аст, ки дар онҳо фардикунонии шахсияти шаҳрванд ё ташкилот бо роҳи ошкор намудан ва баҳо додан ба сифатҳои ахлоқӣ ва дигар сифатҳои иҷтимоии онҳо ба амал бароварда мешавад. Барои сарватҳои ғайриамволӣ аломатҳои бо якдигар алоқаманди зичи зерин хос мебошанд: мавҷуд набудани таъмини моддӣ ва робитаи ногусастанӣ бо шахси соҳибмулк, ки мусодиранашавандагӣ ва ба каси дигар доданашавандагии ин сарватро пешакӣ муайян мекунад.
Аз тарафи ВАО вайрон карда шудани ҳуқуқҳои ғайриамволии шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ВАО интишор намудани иттилооти бадномкунандаи обрўю эътибори шаҳрванд ва ташкилот ба шумор меравад.
Зери мафҳуми обрў худбаҳодиҳии шахсият, ки ба баҳодиҳии ҷомеа ба ў асос ёфтааст, фаҳмида мешавад. Худбаҳодӣ бояд ба маҳакҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими сифатҳои ахлоқӣ ва дигар сифатҳои шахсият асос ёбад. Обрў баҳодии субъективии шахсиятро муайян мекунад.
Шараф – баҳодии аз ҷиҳати иҷтимоӣ мусбат ба хислату хусусиятҳои ахлоқӣ ва дигар хислату хусусиятҳо, симои шаҳрванд мебошад, ки вазъияти муҳими шахсро ба таври мусбат муайян мекунад.
Обрўю эътибор – фикри дар муҳити муайяни ҷомеа бартариятдошта дар бораи сифатҳо, ҷиҳатҳои хуб ва камбудиҳои шаҳрванд, гурўҳи одамон ва ташкилот мебошад.
Маълумотҳои бадномкунанда маълумотҳое мебошанд, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд, дар онҳо оид ба вайрон карда шудани қонунҳои амалкунанда ё принсипҳои ахлоқӣ аз ҷониби шаҳрванд ё ташкилот (дар бораи содир намудани кирдори бешарафона, рафтори нодуруст дар коллектив, эътибор ва ғайра) фикрҳое вуҷуд доранд, ки обрўю эътиборро паст мезанад.
Мутобиқи банди 6-и моддаи 174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки нисбати ў маълумотҳое интишор шудаанд, ки обрўю эътибор ва номи неки ўро паст мезананд, ҳуқуқ дорад дар баробари радномаи чунин маълумотҳо инчунин ҷуброни зарар ва зиёни маънавиеро, ки бо интишори онҳо ба вай расонда шудааст, талаб намояд.
Хотиррасон мекунем, ки зиёни маънавӣ ин ғайриқонунӣ кам кардани ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволӣ, сарватҳои шаҳрванд, шахси ҳуқуқӣ, манфиатҳои давлат мебошад.
Зиёни моддиеро, ки воситаҳои ахбори умум дар натиҷаи паҳн кардани иттилооту маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ ва шарафу номусро пастзананда ба шаҳрванд ё ташкилот расондаанд, бо қарори суд воситаҳои ахбори омма бо пул ҷуброн мекунанд, ки андозаи онро суд муайян менамояд.
Зиёни маънавӣ аз рўи қоидаҳои умумӣ дар мавриди мавҷуд будани гуноҳи шахсе, ки зиён расондааст, ҷуброн карда мешавад. Вале дар ҳамаи мавридҳо барои зиён ва таарруз ба обрўю эътибор ва номи неки шаҳрванд сарфи назар аз гуноҳ ҷуброни зиёни маънавӣ пешбинӣ карда мешавад.

ҶАВОБГАРӣ БАРОИ ҶИНОЯТҲОЕ, КИ БА МУҚОБИЛИ ОБРЎЮ
ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ РАВОНА ШУДААНД

Кодексҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 таркиби ҷиноятеро пешбинӣ менамоянд, ки дар онҳо объекти таарруз обрўю эътибор ва номи неки шаҳрванд ба ҳисоб мераванд: моддаи 135 – тўҳмат ва моддаи 136 – таҳқир. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 137 низ вуҷуд дорад, ки муҳофизати обрўю эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад ва он мутобиқан бо моддаҳои 135 ва 136 меъёри махсус ба шумор меравад.
Тўҳмат дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурўғ аст, ки обрўю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад. Тўҳмат амалиёти фаъолонаест, ки бо дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурўғ, яъне бо маълумоти ба ҳақиқат мувофиқнабуда алоқаманд мебошад. Зери мафҳуми паҳн кардан хабар додани ин маълумот лоақал ба як шахс фаҳмида мешавад. Агар маълумоти бардурўғ, вале бадномнакунанда паҳн карда шавад, он гоҳ ин кирдорро тўҳмат шумурдан мумкин нест.
Тўҳмат қасдан содир карда мешавад, яъне шахси гунаҳгор пешакӣ дурўғ будани маълумоти расондаашро дарк мекунад, инчунин дарк менамояд, ки маълумоти паҳнкардааш обрўю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад, аммо бо вуҷуди ин кирдори зикршударо содир мекунад. Қисми дуюми моддаи 135-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аломатҳоро тасниф менамояд: тўҳмате, ки дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори умум инъикос ёфтааст. Оммавиятро дар он мавридҳо низ эътироф кардан лозим аст, ки дар ҷойҳои намоёни маҳалли аҳолинишин варақаҳо ё тасвирҳои дигари дорои тўҳмат ба ҷабрдида овехта мешаванд. Зери мафҳуми тўҳмат дар воситаҳои ахбори умум асарҳоеро фаҳмидан лозим аст, ки бо усули типографӣ чоп шудаанд, дар радио ё телевизион садо додаанд ва обрўю эътибори шаҳрвандро паст мезананд.
Дар моддаи 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиби ҷиноят – таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрў ва эътибори шахси дигар пешбинӣ шудааст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба шакли беадабона чунин гуфта шудааст: «Шакли беадабонаи бадномкунии ҷабрдида маънои онро дорад, ки ба шахсияти ў бешармона, аз рўи он тарзи муомилае, ки хилофи одоби ҷамъиятӣ мебошад, баҳо дода мешавад. Ин, пеш аз ҳама, алфози қабеҳ, муқоиса кардан бо персонажҳои маълуми таърихӣ ва адабӣ мебошад».
Калимаю ибораҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма бо мақсади таҳқир кардан истифода бурда мешаванд, дар адабиёти ҳуқуқӣ одатан «лексикаи берун аз меъёр» (дашном) номида мешаванд.
Чуноне ки мебинем, тўҳмат ва таҳқир, ҳарчанд ҳадафи умумӣ доранд, яъне паст задани обрўю эътибори шахсият, бо вуҷуди ин аз якдигар фарқ мекунанд: Таҳқир бевосита ба паст задани обрўю эътибори одам равона шудааст; тўҳмат обрўи шахсро дар ҷомеа мерезонад ва ба эътибори ҷамъиятии шахс иснод меорад. Ҳангоми таҳқир паст задани обрўю эътибори одам дар шакли беадабона ва бешарафона кирдорест, ки барои он ҳамчун ҷиноят ҷазо дода мешавад; тўҳмат моҳияти далелҳои ҷойдоштаро таҳриф менамояд ё тасаввуроте ба вуҷуд меорад, ки дар ҳақиқат вуҷуд надошта буд. Таҳқир шакли баҳодиҳӣ ба обрўю эътибор аст, тўҳмат бошад, моҳияти он.
Қонун ҳуқуқҳои шаҳрвандро барои ҳимояи обрў ва эътибори худ бо усулҳои ҳам шаҳрвандию ҳуқуқӣ ва ҳам ҷиноятию ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунад. Яъне дар мавридҳои аз тарафи як шахс паҳн кардани маълумоте, ки шахси дигарро бадном мекунад, шахси ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки ба суд дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани он шахс бо ариза муроҷиат кунад, инчунин дар бораи ҳимояи обрўю эътибор, ё шарафи хизматии худ аз рўи тартиби муҳокимаи судии шаҳрвандӣ даъво пешниҳод намояд.

ЧОРАҲОИ ҲИМОЯИ ОБРЎЮ ЭЪТИБОР ВА ШАРАФИ
ХИЗМАТИИ ШАҲРВАНД

Ҳимояи обрўю эътибор ва шарафи хизматии шаҳрванд бо усулҳои танзими шаҳрвандию ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз воситаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвадон аз ҳама гуна айбдоркуниҳои бардурўғ аз тарафи дигар шаҳрвандон, шахсони мансабдор, воситаҳои ахбори умум, ки обрўю эътибор ва шарафи хизматиро паст мезананд, ба шумор меравад. Тасодуфӣ нест, ки дар моддаи 174-и Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳимояи обрўю эътибор ва шарафи хизматӣ алоҳида дарҷ ёфтааст. Мутобиқи меъёрҳои ин модда шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба воситаи суд раддияи маълумотҳоеро, ки обрўю эътибор ё шарафи хизматии ўро паст задаанд, талаб намояд, агар шахси чунин маълумотро паҳнкарда ба ҳақиқат мувофиқ будани онҳоро исбот накунад.
Агар маълумотҳои пастзанандаи обрўю эътибор ё шарафи хизматии шаҳрванд тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн шуда бошанд, бояд худи ҳамон воситаҳои ахбори омма доир ба ин маълумотҳо бепул раддия диҳанд. Агар маълумотҳои мазкур дар ҳуҷҷатҳои ташкилоте дарҷ ёфта бошанд, бояд чунин ҳуҷҷатҳо иваз ё гашта гирифта шаванд. Дар мавридҳои дигар тартиб додани раддияро суд муқаррар мекунад.
Тасрифи маълумотҳои бадномкунанда хеле васеътар буда метавонад. Масалан, на фақат вайрон кардани принсипҳои ахлоқӣ обрўи одамро дар назди онҳое, ки фикри онҳоро ў қадр мекунад, паст зада метавонад. Ягон кас ҳуқуқ надорад ба одам мамониат расонад, ки обрўи худро дар назари атрофиён дар сатҳи нисбат ба меъёрҳои дар ҷомеа қабулшуда нигоҳ дорад ва онро ҳимоя кунад. Бинобар ин зери мафҳуми паст задани обрўю эътибор ва шарафи хизматӣ паҳн кардани маълумотҳое фаҳмида мешавад, ки ин сифатҳоро нисбат ба он сатҳе, ки даъвогар барои онҳо кўшиш мекард ва онҳоро ба даст овард, паст мекунанд. Масалан, агар хизматчии давлатӣ бо рафтори худ ба шахсони дигар ё тобеони худ имкон надиҳад, ки ба вай чизе тўҳфа кунанд, маълумот дар бораи он, ки ба ў тўҳфаи ночизе кардаанд, бешубҳа эътибори ўро паст мезанад.
Ба ҳамин тариқ, меъёрҳои Кодекси шаҳрвандӣ тасдиқ мекунанд, ки шаҳрванд метавонад барои маълумотҳои ўро бадномкунанда ба воситаи суд раддия талаб намояд. Мутобиқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» шаҳрванд ё ташкилот ҳуқуқ дорад аз мақомоти воситаи ахбори омма барои маълумотҳои чопшудае, ки ба ҳақиқат мувофиқ набуда, обрўю эътиборро паст мезананд, раддия талаб намояд. Агар мақомот барои исботи ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳнкардашуда далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддия диҳад.
Агар дар воситаи ахбори омма маълумотҳое паҳн шуда бошанд, ки обрў, эътибор, номи нек ва шарафи хизматии шаҳрвандро паст мезананд, инчунин маълумотҳое, ки шахсӣ ва оилавӣ мебошанд ва бо ин дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ халалдор карда мешавад, воситаи ахбори омма ҷавобгар дониста, ҷуброни зиёни моддӣ ба зиммаи он гузошта мешавад.
Аксар вақт ҳамзамон бо пешниҳоди даъво дар бораи раддияи маълумоти бадномкунанда оид ба ҷуброни зиёни моддӣ низ масъала гузошта мешавад.
Ба маълумотҳое, ки обрўю эътиборро паст мезананд, инҳо дохил мешаванд: таҳқири ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттию аёнӣ. Паҳн кардани маълумотҳои дуруст, вале шармсоркунандае низ, ки сирри шахсӣ ё оилавӣ мебошанд, барои ба ҷавобгарӣ кашидан асос шуда метавонанд.

МАСЪУЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТ БАРОИ ФОШ КАРДАНИ
МАЪЛУМОТИ ДАСТРАСИАШ МАҲДУД ВА ҒАЙРА

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ
1. Агар шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад, шаҳрванд ҳақ дорад аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.
Бо талаби ашхоси манфиатдор ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст.
2. Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн гардида бошанд, онҳо бояд дар ҳамон воситаҳои ахбори омма бемузд рад карда шаванд.
Агар маълумоти мазкур дар ҳуҷҷати ташкилот дарҷ гардида бошад, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозхонда шавад.
Тартиби раддияро дар ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.
3. Шаҳрванде, ки воситаҳои ахбори омма дар хусуси ў маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаашро нашр кардаанд, ҳақ дорад дар ҳамон воситаҳои ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад.
4. Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори омма дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори омма нашри онро рад кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад.
5. Агар Қарори суд иҷро нашуда бошад, суд ҳақ дорад гунаҳкорро ҷарима бандад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнида мешавад. Пардохти ҷарима гунаҳкорро аз ўҳдадории иҷрои амали дар қарори суд пешбинигардида озод намекунад.
6. Шаҳрванде, ки дар хусуси ў маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд.
7. Агар муайян намудани шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат намояд.
8. Қоидаҳои ҳамин модда дар хусуси ҳифзи эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд.
Моддаи 175. Ҳуқуқи ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ
1. Шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рўзномаҳо, қайдҳо, руқъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонд, таваллуд, сирри тиббӣ, адвокатӣ ва сирри пасандозҳо ҳуқуқ дорад.
Фош кардани сирри ҳаёти шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи асноди қонунӣ мумкин аст.
2. Нашри рўзномаҳо, руқъаҳо, қайдҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар танҳо бо ризоияти муаллифи онҳо, нашри мактубҳо бошад, бо ризоияти муаллиф ва унвонӣ (адресат) роҳ дода мешавад. Дар сурати вафот кардани яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкурро бо ризоияти ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ва фарзандони марҳум нашр кардан мумкин аст.
Моддаи 176. ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ
1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе ризоияти ў, дар сурати вафоти ў бошад, бе ризоияти ворисонаш истифода намояд.
2. Нашр намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ў иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад, чунин ризоият талаб карда намешавад.

КОДЕКСИ ҶИНОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 135. Тўҳмат
1) Тўҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурўғ, ки обрўю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад,-
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2) Тўҳмате, ки дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори омма ва ё дар шабакаи Интернет инъикос ёфтааст,-
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35, аз 30.07.07 №301).
3) Тўҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин, алоқаманд аст, — (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 136. Таҳқир
1) Таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрў ва эътибори шахси дигар;
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2) Таҳқире, ки:
а) дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори омма ва ё дар шабакаи Интернет инъикос ёфтааст;
б) вобаста бо иҷрои қарзи ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷабрдида, —
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35, аз 30.07.07 №301).

Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў
1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў, —
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ба корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ва ё шабакаи Интернет содир шуда бошад, —
бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 30.07.07 №301).

Моддаи 144. Ғайриқонунӣҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ
1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ў, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар ё воситаҳои ахбори омма ва ё шабакаи Интернет агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, — (КҶТ аз 17.05.04 №35, аз 30.07.07 №301).
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35)
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст, —
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ
1) Ошкор намудани маълумот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то паҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани маълумот оид ба гирифтории шахс ба бемории инфекцияи ВИЧ ифода меёбад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешаванд.

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот (КҶТ аз 17.05.04 №35)
1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобироти шаҳрвандон,-
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумотот пешбинӣ шудаанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).

Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон
1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, Ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2 )ҳамин кирдор, агар:
а) бо зўроварӣ;
б) несту нобуд ё вайрон кардани амвол;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 173. Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ)
1) Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда, ки аз ҷониби шахсе, ки воқеияти писархондиро (духтархондиро) ҳамчун сирри хизматӣ ё касбӣ вазифадор аст ҳифз кунад ё аз ҷониби шахси дигар агар ин кирдор бо ғараз ё бо дигар ниятҳои қабеҳ содир бошад,- (КҶТ аз 17.05.04 №35
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (КҶТаз 17.05.04 №35).
2) Ҳамин кирдор, агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).

Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурўғ оид ба кирдори террористӣ
Иттилооти баръало бардурўғ оид ба рух додани таркиш, сўхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба амвол ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад,-
бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 189. Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ
1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори умум анҷом дода шуда бошад,- (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат, агар: (КҶТ аз 17.05.04 №35)
а) такроран;
б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) аз ҷониби гурўҳи ашхос ё гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар: (КҶТ аз 17.05.04 №35)
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;
в) ба зўран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;
г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 277. Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ
Ҷамъоварии маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бо роҳи тасарруфи аснод, ришвадиҳӣ ё таҳдид нисбати ашхосе, ки сирри тиҷоратӣ ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онҳо, дошта гирифтани мавҷи воситаҳои алоқа ё ғайриқонунӣ тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи компютерӣ ё истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ, ҳамчунин бо роҳи дигари ғайриқонунӣ бо мақсади ифшо ё истифодаи ғайриқонунии ин маълумотҳо, -бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ
Ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бидуни розигии молики он аз ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд ва ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба миқдори калон зарар расондааст (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таъқиби ҷиноят барои содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи аризаи корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродии зарардида оғоз меёбад.

Моддаи 301. Ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилооти компютерӣ
1) Нусхабардории ғайриқонунӣ ё бо дигар усули ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилоот, ки дар система ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, ҳамчунин дошта гирифтани иттилооте, ки ба воситаи алоқаи компютерӣ фиристода мешавад, (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Маҷбур кардан барои додани иттилооте, ки дар системаи ё шабакаи компютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо таҳдиди ифшо кардани маълумоти беобрўкунанда нисбати шахс ё наздикони ў, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, Ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ў ё бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани амволи шахс, наздикони ў ва шахсони дигар, ки чунин иттилоот ба онҳо бовар карда супорида шудааст ё таҳти муҳофизати онҳо қарор дорад, —
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) бо истифодаи зўроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ў алоқаманд бошад;
б) аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад;
в) ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонида бошад;
г) бо мақсади ба даст овардани иттилооти ниҳоят арзишнок содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳии муташаккил содир шуда бошад;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 302. Тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои гирифтани тамоси ғайриқонунӣ ба система ё шабакаи компютерӣ
Тайёр кардан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси барнома ё таҷҳизоти барои ғайриқонунӣ даромадан ба система ё шабакаи компютерии муҳофизатдор, (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ва ё шабакаи Интернет;
д) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 02. 12. 02. №89)
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 02. 12. 02. №89, аз 30.07.07 №301).
Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет;
д) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 02. 12. 02. №89, аз 30.07.07 №301).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 02. 12. 02. №89)

Моддаи 3071. Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)
1) Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет содир шуда бощад-,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35, аз 30.07.07 №301).)

Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ
1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар ашхос шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад, —
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, — бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият
1) Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо, —
бо корҳои ҳатмӣ бо мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз ду моҳ то як сол ҷазо дода мешавад (КҶТаз 17.05.04 №35).
2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ва ё шабакаи Интернет ё дар воситаҳои ахбори умум,-
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мўҳлати аз ду то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 30.07.07 №301).

Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ
Бе иҷозати шахси таҳқиқи ибтидоиро гузаронанда, муфаттиш ё прокурор маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фош накардани онҳо огоҳонида шуда буд, —
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ХАРИДУ ФУРЎШИ
ОДАМОН

Моддаи 17. Чораҳо оид ба ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон
1. Дар асоси қарори мақоми анҷомдиҳандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотчӣ, муфаттиш, прокурор ва суд дастрасӣ ба маълумот дар бораи шахсияти ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон дар хадамоти маълумотӣ ва фондҳои иттилоотию маълумотӣ бояд манъ карда шавад.
2. Паҳн кардани иттилоот дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ё дар бораи ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон, ё хешу табори наздики вай хатар ба вуҷуд оварда метавонад, инчунин дар бораи шахсоне, ки бо хариду фурӯши одамон мубориза мебаранд, манъ аст.
3. Дар сурате, ки агар ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон хатари воқеӣ таҳдид кунад, дар асоси қарори суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқотчӣ, мақоми амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бо хоҳиши ин шахс бояд ба ӯ имконият дода шавад, ки вай ном, насаб, номи падар, сана ва ҷои таваллудашро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир диҳад.
4. Паҳн кардани маълумот дар бораи чораҳои амният ва махфияти иттилоот дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ҳамчунон маълумоти тафтишоти пешакӣ ва маълумот дар бораи чораҳои бехатарие, ки нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ карда мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқиб карда мешавад.
5. Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин кормандони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки дар фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон иштирок мекунанд, барои паҳн кардани иттилооти махфӣ дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва барои нарасонидани ёрӣ ба ин гуна шахсон, ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашида мешаванд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РЕКЛАМА

Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама
Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷўҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурўшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан “ҳамчун реклама”) иҷозат дода намешавад.
Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгир кардани реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.
Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зўроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
Реклама набояд ба амалҳое, ки қонунгузории ҳифзи табиатро вайрон мекунанд, оварда расонад.

Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:
суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;
барномаҳои динӣ;
барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;
гузоришҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон;
барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;
барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.
Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври “сатри муҳаррик”, андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр зиёд набошад.
Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарўзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.
Дар барномаҳои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.

ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ

1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2005, 2006, 2007, 2008.
2. Аҳмад Таввакалӣ. Гузоришнависӣ дар матбуот. – Теҳрон, 1376 (1999).
3. Бараневич Ю. Д. Жанры радиовещания (проблемы становления, формирования, развития) — Киев- Одесса: Вища школа, 1978.
4. Барманкулов М. Сравнительный анализ жанров. — Алма-Ата, 1975.
5. Время работать на радио. Современная радиожурналистика в разных жанрах.- М.: Фонд независимого радиовещания, 2002.
6. Дастури ҳуқуқӣ барои журналист.-Душанбе: «Мир полиграфии», 2006.
7. Дзялошинский И. Формы и методы работы журналиста с источником информации.-М.: Пульс, 2001.
8. Дозорцев В.А. Интеллектуальные права.- М., 2003г.
9. Журналист в поисках информации. -М.: Права человека, 1997.
10. Журналистика в Таджикистане. Профессионалный справочник для журналистов. – Душанбе: Мир полиграфии, 2006.
11. Защита чести и достоинства: Теоретические и практические вопросы (под ред.Г. В. Винокурова, А.Г. Рихтера, В. В. Чернышева).-М.: «Шаг», 1997.
12. Ибодов. Дж. Основы правовых знаний для журналистов Таджикистана.-Душанбе, 2004.
13. Инструкция по радиожурналистике.- Радио «Свобода»/ «Свободная Европа». – 2002.
14. Корконосенко С. Г. Основы журналистики. -М.: Аспект Пресс, 2001.
15. Лаврентьева Е.В., Накорякова К.М. Электронная журналистика. Редакционная обработка журналистских материалов.-МГУ, 1991.
16. Лазутина Г. Основы творческой деятельности журналиста.-М.: Аспект Пресс, 2004.
17. Летунов Ю.А. Что скажешь людям? -М.: Мысль, 1980.
18. Лукина М. Современные журналистские технологии в работе с новостями. – М.: Пульс, 2001.
19. Лукина М. Технология интервью. – М.: Аспект Пресс, 2005.
20. Маҷмўаи қонунҳо дар бораи васоити ахбори умум.-Душанбе: «Деваштич», 2006.
21. Меликов У. Ҳуқуқи муаллифии журналист.-Душанбе, 2006.
22. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда.-Душанбе: Деваштич, 2005.
23. Муким Ҷ. Мақоми жанрҳо дар Радиои «Озодӣ».-Душанбе: Сино, 2000.
24. Муқумов Н. Ҳуқуқи муаллиф.-Душанбе, 2004.
25. Нуралиев А. Асосҳои ҳуқуқии журналистика.- Душанбе: Деваштич, 2005.- С. 203.
26. Нуралиев А. Жанрҳои ахбории матбуот.-Душанбе: Деваштич, 2004.
27. Нуралиев А. Саъдуллоев А. Усмонов И. Гулмуродов У. Журналистикаи советии тоҷик. – Душанбе: Ирфон , 1989.
28. Основы радиожурналистики. – МГУ, 1984.
29. Полетаев Э. Рўзноманигории байналхалқӣ: раҳнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказӣ. — Душанбе, 2005.
30. Радиожурналистика.-МГУ, 2000.
31. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрҳои журналистикаи радио.–Душанбе, 1997.
32. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрҳои журналистикаи радио.– Душанбе: Эҷод, 2005.
33. Саъдуллоев А., Давронов Д., Муродов М. Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист.-Душанбе: Деваштич, 2004.
34. СМИ, конфликты и терроризм.-Берлин, 2003.
35. Смирнов В. В. Жанры радиожурналистики. –М.: Аспект пресс, 2002.
36. Усмонов И. К. Назарияи публицистика. – Душанбе: Шарқи озод, 1999.
37.Сўҳроби Мирзоалӣ. Равзанаи иттилоотӣ. –Душанбе, 2007.
38. Фихтелиус Э. Десять заповедей журналистики.-Вэрнамо, Швеция, 2003.
39. Шостак М. Репортёр: профессионализм и этика.-М.: РИП-холдинг, 2003.

МУНДАРИҶА

1. Боби 1. Асосҳои журналистикаи радио 3

2. Боби 2. Ҳуқуқ ва вазифаҳои журналист 35

3. Феҳристи адабиёт 55

Ҷовид Муқим
Абдурофеъ Нўъмонов

ДАСТУР БАРОИ РАДИОЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН

Муҳаррири техникӣ: Фаррухи Файзулло

Тарроҳи компютерӣ: Манучеҳри Ғайратшоҳ

Ба чоп 07.07.2008 супорида шуд. Ба чопи китоб 10.07.2008 имзо шуд.
Андозаи 60 х 84 1/16. Ҳаҷм ҷ.ч. Коғази офсетӣ.
Адади нашр 500. Супориши №

Суроға ш. Душанбе, кўчаи Деҳотӣ 50.

Нашриёти «Озар»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: