ВАҚТЕ МАРД МЕГИРЯД


ҶОВИД МУҚИМ

ВАҚТЕ МАРД МЕГИРЯД

Душанбе- 2007

МАРГИ МЎЙСАФЕД

ҲИКОЯ

Се шабу се рўз аст, ки мўйсафед аз сухан монда, овои ҳаракат намекунад. Дасту пояш сард, лабонаш хушк. Нафаскашиаш эҳсос намешавад. Гўиё ҷон ҷисму танашро тарк карда бошад. Танҳо чашмони кушоду як-як мижазаниҳои ў аз зинда буданаш дарак медиҳанд. Сари болинаш наздиконаш нишастаанд. Хоҳараш Мастура гоҳ-гоҳе бо латтаи тар лабони мўйсафедро тоза карда, бо пахта ба ҳалқаш об мечаконад.
Таи ин се рўз дар забони хурду калони ин деҳаи кўҳистон бемории нобаҳангоми Ҳоҷӣ Расул: — Мўйсафеди сипа-сиҳат якбора аз пову забон монд,- мегуфтанд бо таассуф. Ҳоҷӣ Расул 63 сол дошт ва беш аз 40 соли умри худро ба тарбияву тадриси шогирдон бахшида, аз ҷумла 30 сол директори мактаби деҳа буд. Ба нафақа баромада бошад ҳам, бо амри дил дарс мегуфт. Зеро ҷавонон ба маоши ночизи омўзгорӣ тоб наоварда, барои дарёфти рўзии худ паи корҳои дигар шуданд. Ва ў ягона муаллими фанни кимиё дар мактаб монд. Ҳоҷӣ Расул барои меҳнати шоёнаш бо медалу орденҳо, бо унвони Аълочии маорифи халқи СССР қадр гардид. Тўли ин солҳо борҳо депутати шўрои ноҳия ва вилоят интихоб шуд. Пас аз баромадан ба нафақа қатори мeйсафедони деҳа масҷидрав шуда, соли гузашта бо кўмаки писаронаш Каъбаи муқаддасро зиёрат кард.
Ҳоҷӣ Расулро аҳли деҳа ҳурмату эҳтиром мекарданд ва аз ин рў, таи ин се рўзи беморӣ пои мардум аз хонаи ў канда набуд. Ҳатто шиносонаш аз деҳоти ҳамсоя ба аёдаташ меомаданд. Ў ҳамаи онҳоро медиду мешунид, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад, вале ёрои сухангўӣ надошт. Вопасин лаҳзаҳои умр буданашро эҳсос менамуд. Инро дигарон низ дарк мекарданд. Фарзандонаш аз шаҳр расида омаданд. Хешу ақрабои дуру наздик низ хабар ёфта, пасу пеш ҳамагӣ хозир шуданд. Аҳли 8 масҷиди деҳа гўш ба қимор буданд, то ки аз ҷанозаи Ҳоҷӣ Расул дер намонанд. Таи ин рўзҳо ниёзмандони сафари дур низ ба хотири ў ба роҳ намебаромаданд. Бародари Ҳоҷӣ — Султон бо фарзандони вай каму кости хонаро буд карданд, то ки баъдан осемасар нашаванд. Cардори маҳалла, собиқ раиси шўрои деҳот — мeйсафеди Саидбой бо пайвандони ў масъалаҳои ташкилиро маслиҳат карда, хабарчиву гўрканонро таъин намуд. Хуллас, барои дафни Ҳоҷӣ Расул ҳама омода буданд. Вале вай ҷон ба Ҷаббор таслим намекард ва ё Худо ҷони ўро гирифтан намехост. Сардухтури беморхонаи деҳа, хоҳарзодааш Аҳмадxон, ки ў низ таи ин рўзҳо аз ҳоли бемор хабар мегирифт, мутаҳайир буд, ки бо чунин вазъ тағояш ҳоло ҳам зиндагиро падруд нагуфтааст. Одатан чунин ҳолати пешазмаргӣ як чанд соат тўл мекашад, на чанд шабонарўз.
Дар фароварди намози пешин имоми масҷид Ҳоҷӣ Раҳим Комилзода дуо кард, ки худо марги дўсташ Ҳоҷӣ Расулро осон гардонад, то ки мeйсафед азоби зиёд накашад. Пас аз адои намоз мўйсафедони маҳалла дар ин бобат гап кушоданд: — Шояд дидори касеро интизор бошад?- суол кард яке.
— Ҳамаи хешу ақрабояш ҳаминҷоанд — посух дод Раҳматбой, ки бо Ҳоҷӣ Расул риштаи хешӣ дошт.
— Як дўсти дерин доштанд-ку дар шаҳр, пайваста нома навишта, нома мегирифтанд. Шояд ўро мунтазир бошанд? — гуфт Бобо Зариф, ки солҳои тўлонӣ бо Ҳоҷӣ дар мактаб кор карда буд.
— Ба фикрам он кас гузаштагӣ. Даҳ соли охир нома намегиранд, -посух дод Исмати почтачӣ.
* * *
Расул Азизов дар курси сеюми Донишкадаи омўзгории Душанбе таҳсил мекард, ки ўро ба назди котиби ташкилоти комсомолӣ даъват карданд. Танаффуси калон буд ва ў дар ин вақт дари котибро кўфт. Дар ҳуҷра ба ғайри котиб боз ҷавони 25-30-сола менишаст, ки ба Расул ношинос буд.
— Марҳамат, биншинед. Шинос шавед, ин кас рафиқ Мэлс Раҳимов аз ЦК. Бо шумо сўҳбат кардан мехоҳанд — гуфт котиб ва онҳоро танҳо гузошта аз ҳуҷра берун шуд.
-Рафиқ Азизов, деканат ва ташкилоти комсомолӣ ба шумо характеристикаи хуб доданд,- хомўширо халалдор кард, намояндаи ЦК. -Ба мо шумо барин одамон заруранд, Расулҷон,-афзуд ў. -Ман аз ЦК не. Ман корманди КГБ. Мехоҳам, ки шумо бо мо ҳамкорӣ бикунед. Ин ба ҳар кас насиб намешавад. Мо ҳар хоҳишмандро ба ҳамкорӣ даъват намекунем. Партияву ҳукумат ба одамони содиқу вафодор такя мекунад. Шумо ҷавон бошед ҳам, ба боварии мо сазовор шудаед. Расулҷон, акнун вақти он расидааст, ки ҳамин садоқати худро дар амал нишон диҳед. Мо аз шумо талаби бисёр надорем. Ҳар сари чанд вақт дар бораи кайфияти донишҷўён, чӣ гуфтани омўзгорон дар бораи сиёсати партияву давлат гузориш диҳед, бас. Мо дар навбати худ ба тақдири шумо бетараф намеистем. Насиб бошад, худи ҳамин сол узви Партияи Коммунистӣ мешавед. Гирифтани мансаб, ордену медал, унвонҳои фахрӣ, сайри курортҳои овозадори хориҷӣ низ ба мо вобастагӣ дорад. Минбаъд бо як ишораи мо ҳамаи мушкилоти шумо ҳал хоҳад шуд. Ман ҳоло ҷавоби шуморо интизорам.
Дар байн хомўшие ҳукмфармо гардид. Расул намедонист чӣ гeяд. Ў филмҳои ҷосусиро тамошо карда, ба корнамоиҳои кормандони Кумитаи бехатарии давлатӣ аҳсант мехонд, вале дар бораи ҳамкорӣ бо КГБ боре ҳам фикр накарда буд, ба гўшаи хотираш ҳам чунин андеша пайдо нашудааст.
— Расулҷон, гумон накунед, ки шумо танҳо ҳастед дар ин кор,-хомўширо халалдор кард Раҳимов. — Аксари мансабдорон, масъулони партияву комсомол бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамин котибатон ҳам одами мо. Давлат ба чунин одамон такя мекунад. Охир шумо патриот-ку.
Расули ҳайратзада намедонист, чӣ гўяд? Ҳамаи ин гуфтаҳоро наметавонист ба якборагӣ дар мизони ақл баркашад. Беҷуръатии ў намояндаи амниятиро шерак кард. — Сукут аломати ризост. Ана, ин варақро хонеду имзо кунед,- гуфт вай варақеро аз кифаш бароварда. Дар варақ гуфта мешуд, ки ў -Азизов Расул минбаъд бо номи мустаори «Студент» ба таври махфӣ бо КАД ҳамкорӣ мекунад ва дар сурати аз ҷониби вай ифшо шудани ин сир, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Расул ғайри хоҳиш авторучкаи дарозкардаи Раhимовро гирифта, ба варақ имзо кард ва бо ин тақдирашро бо дасти худ навишт. Ҳамин тавр ҳамкории ў бо ин идора шурўъ шуда, беш аз 30 сол — то аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ идома ёфт.
* * *
Вазъи cаломатии Ҳоҷӣ Расул бетағйир буд. Ба қавле «на зиндаву на мурда». Шабонарўзи чорум аст, ки чашмонаш кушодаанду нигоҳаш гоҳе ба атрофу гоҳе ба сақф. Ба атроф, ба ҳозирон менигараду гўё касеро бо нигоҳаш меҷўяд. Ба сақф менигараду гўё ба хаёл меравад, дафтари аъмолашро варақгардон мекунад.
Баҳори соли 1983 буд. Азизов замини ҳавлиашро, ки хоси кўҳистон чандон калон набуд, киштан мехост. Додарзодааш Анвар ваъда дода буд, ки рўзи якшанбе омада, ба ў дар ин кор кўмак мерасонад. Фарзандонаш ҳамагӣ пас аз маълумоти олӣ гирифтан хонадор шуда, дар шаҳр монда буданд. Додарзодааш Анвар ягона дастёри ду хонадон маҳсуб мешуд. Ў ба ғайри корҳои хонаашон боз ба алафдаравӣ, кишту кор ва шикасту рехти хонаи амакаш низ кўмак мекард. Анвар соли гузашта мактаби деҳаро бо баҳои аъло хатм карда, озими Душанбешаҳр шуд, то донишҷўи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардад. Ў имтиҳонҳоро бе кўмаки касе бо баҳои хуб супорид, вале комиссияи мандатӣ бо баҳонаи надоштани собиқаи корӣ вайро напизируфт. Анвар малўл ба деҳа баргашт ва ба кори саҳро баромад. Баъди анҷоми кори саҳро зимистони дароз аз меҳмонхонаашон набаромада барои дохилшавӣ ба донишгоҳ омодагӣ гирифт ва бовар дошт, ки имсол албатта, донишҷўи риштаи ҳуқуқ мешавад.
Рўзи якшанбе аз вақти ваъдагӣ гузашта бошад ҳам, аз Анвар дарак набуд. Расул Азизов аз ваъдахилофии ҷиянаш дар қаҳр шуда намедонист аз чӣ шурўъ кунад: Аввал картошка шинонад, ё ки барои кўчати помидору қаламфури булғорӣ ҷўя бигирад. Билохир ба хулоса омад, ки бояд аввал тухми пиёзро корад, зеро он нисбат ба дигар зироат дертар месабзад. Вай акнун пали пиёзро омода карда буд, ки ба якборагӣ борон ба боридан сар кард ва дар андак муддат шиддат гирифта, ба зудӣ заминро лой кард. Пиёз нокишта монд. Азизов аз зоеъ рафтани заҳматаш дар ғазаб шуда, ба ҳуҷраи кориаш даромад ва сари миз нишаст. Ў аз ғаладон коғази сафед гирифта, дар бораи додарзодааш Анвар ба навиштани маълумот шурўъ кард:
«Салом, Устоди азиз! Вазъи деҳа ором аст. Мардум паи кишту кори баҳорӣ овораанд. Муаллимону шогирдони мактаб бошанд, ба имтиҳоноти солона омодагӣ мегиранд. Дар правленияи колхозу шўрои ҷамоа низ дигаргуние нест. Ҳама ба даҳон об гирифта гаштаанд. Дар ин муддати сипаришуда дар деҳа ҳодисае рўй надодааст ва ягон нафари бегона ба деҳа наомадааст.
Шуморо боиси он ташвиш медиҳам, ки дар деҳа ҷавонони бекоргард зиёд шудаанд. Баъзеи онҳо масалан, Анвар Азизов бо ҳар баҳона аз хидмати аскарӣ саркашӣ карда, дар сояи давлати падараш, саркори колхоз — Султон Азизов бекоргардӣ мекунад. Шахси бекор ба ҳар амали ношоям даст заданаш мумкин. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мақомоти дахлдор расонед, то ки зудтар чора бубинанд. Вагарна ин касали вай ба дигарон ҳам сироят мекунад. Агар ҳама аз хидмати аскарӣ сарпечӣ кунанд, он гоҳ кӣ Модар -Ватанро ҳимоя мекунад?
Бо эҳтиром: Студент. 15 апрели соли 1983.»
Расул Азизов номаашро ба лифофа андохт ва ширеш карда суроғаро навишт. Ў аз тиреза ба берун нигоҳ кард: борон ҳанўз ҳам меборид. Вай номаро ба ҷайбаш андохт, борониашро пўшид ва ба даст чатр гирифта аз хона берун шуд. Завҷааш, ки дар айвон тараддуди хўрокпазӣ дошт ба кўча баромадани ўро дида, пурсид: — Дадош, дар ин борон куҷо меравед?
-Ҳозир меоям,-ғурунгид ў дар ҷавоб ва аз дари ҳавлӣ берун шуда сўи маркази деҳа, ки он ҷо почтаю мактаб, чойхонаву мағоза ҷойгир буд, роҳ гирифт. Вай ба боридани борон аҳамият надода, тез-тез қадам мегузошт ва баъди чанде ба почта расид. Ў аз ҷайбаш эҳтиёткорона мактубро бароварда ба қуттӣ андохт ва пас гашт. Ҳамин вақт аз чойхона Фахрии шофир баромада баъди салому ҳолпурсӣ гуфт: — Шунидед-мӣ, гови додаратон аз ҷар паридааст?
— Не-е. Ба хайр аст?
— Ба хайр. Анвари ҷиянатон бо шунидани ин хабар зуд ба ҷои ҳодиса расида, говро ҳалол кардааст. Вақте ки ман аз Гузари Боло мефаромадам, ў бо ҷўраҳояш барои овардани гўшти гов мерафт. Гови нағзи сершир буд. Нав ду гўсола карда буд, — серҷоғӣ кард Фахрӣ.
— Бубахш, ман саросемаам- гуфт Расул Азизов ва сўи хонааш раҳсипор шуд.
Вақти пешин Анвар бастае дар даст вориди хонаи Расул Азизов шуд. — Амак, узр. Омада натавонистам. Говамон аз ҷар парид. Аз паи он овора шудам. Ягон рўзи дигарро муайян кунед, омада ба кишт карданатон кўмак мерасонам.
-Нохуширо шунидам. Ба ҳар ҳол ба хайр, ҳалол кардетон. Дар бораи кишт фикр накун, рўзи Худо бисёр. Ҳоло ба кишт дер нашудааст- гуфт Азизов.
-Ба шумо каме гўшт овардам, куҷо монам? -гуфт Анвар ба бастае, ки қариб 5 кило гўшти лаҳм дошт, ишора карда.
-Ташаккур. Ҳеҷ зарурате надошт, гўштамон ҳоло ҳаст.
-Ба бегона наовардаам-ку. Падарам ғайри шумову аммаам дигар хеши наздике надорад.
-Дуруст. Ба қадри ҳамдигар расидан даркор. Гўштро болои мизи айвон мон, янгаат гирифта намак мекунад. Ҳоло шин, чой менўшем.
-Не. Ташаккур, саросемаам. Ба хона баргаштанам даркор.
Пас аз ҳафтае ба Анвар аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома омад ва ўро ба синни 18 надаромада бошад ҳам, ба аскарӣ гирифтанд. Волидонаш ҳайрон буданд: Анвар танҳо моҳи сентябр ҳаждаҳро пур мекард ва он вақт метавонистанд аз рўи қонун ўро ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд. Вале то он вақт Анвар донишҷў шуда, чун писарони амакаш аз аскарӣ халос мешуд.
Анвар се моҳи аввал дар шаҳри Термизи Ўзбакистон машқи ҷангӣ омўхт ва сипас бо ҳамяроқонаш ба Афғонистон фиристода шуд. Ў дар музофоти Парвон, дар наздикии шаҳраки Багром, дар қисми пиёданизом меҷангид. Охири моҳи октябри ҳамон сол нобаҳангом ба деҳаи Симгун тобути Анварро оварданд. Ба гуфти ҳамсилоҳонаш Анвар дар як амалиёти ҷангӣ ҳадафи гулўлаи минамёти душман шудааст. Майит дар чӣ ҳолат буд, касе намедонист. Низомиён намонданд, ки тобути тунукапўшро кушода, ҷасади Анвари ғўрамаргро бо русуми тоҷикӣ ба хок супоранд.
Расул Азизов ҷома пўшидаву миён баста дар баробари бародараш навҳаи мотам мекашид. Навҳа мекашид аз боиси он ки яккаписари додараш, нури хонадон ғўрамарг шудааст. Он рўз аҳли деҳа дар баробари хонадони Султон Азизов мотам дошт: Анвар аввалин қурбонии ҷанги Афғонистон дар ин деҳаи кўҳистон буд. Баъдан бо ташаббуси директори мактаб Расул Азизов як отряди пешоҳангон ба номи Анвар Азизов гузошта шуд. Лавҳаи ёдгорие низ дар мактаб эъмор карданд.
Ҳоҷӣ Расул хотироти мазкурро варақгардон намуда, аз кардаи худ пушаймон буд. Ў эҳсос менамуд, ки ба бародараш хиёнат кардааст. Хиёнати бузург. Бародараш бехабар аз ҳамаи ин ўро дўст медорад. Ва ин чанд рўз аз сари бистараш дур нарафтааст. Бадии Ҳоҷӣ Расулро подош некист: насиб бошад, ўро бародараш Султон ба гўр мемонад. Русуми аҷдодӣ ҳамин аст. Агар вай ҳоло сухан гуфта метавонисту ёрои ҳаракат медошт, сари худро ба девор мезад, бахшиш мепурсид аз ҳама. Вале қудрати инро надошт.
* * *
Вазъи cаломатии Ҳоҷӣ Расул бетағйир буд. Ба қавле «на зиндаву на мурда». Шабонарўзи панҷум аст, ки чашмонаш кушодаанду нигоҳаш гоҳе ба атрофу гоҳе ба сақф. Ба атроф, ба ҳозирон менигараду гўё касеро бо нигоҳаш меҷўяд. Ба сақф менигараду гўё ба хаёл меравад, дафтари аъмолашро варақгардон мекунад.
Ҳоҷӣ Расул дар назди хоҳараш Мастура низ гунаҳгор аст. Аз ин ҳодиса 20 сол гузаштааст, вале, гўё ки дирўз бошад, ҳамааш дар пеши назараш: Расул Азизов огоҳ шуд, ки ба мағозаи деҳа туфлиҳои чехӣ овардаанд. Ў пас аз нисфирўзӣ вориди мағоза шуд. Аз дар ворид шудани вайро дида, мудири мағоза аз паси тахта берун шуд ва гарму ҷўшон ҳолпурсӣ кард: -Муаллим, сиҳатиатон хуб аст? Аҳли оила, фарзандон чӣ ҳол доранд?
-Ташаккур, ҳамааш хуб аст. Аз шумо пурсем, почо. Хоҳарам, ҷиянҳо cиҳат саломатанд?
-Раҳмат, ҳама сиҳат саломатанд. Мактаб наздику камнамоед муаллим, -гила кард Сорбон ва афзуд: -Ягон хизмат бошад, гўед, ба қадри тавоноиамон иҷро мекунем.
-Шунидам, ки туфлиҳои чехӣ овардаед. Дар пои раис дидам, хушдўхту зебо. Маъқул шуд. Агар бошад, ягонтоашро гирем.
-Шумо, андозаи 42 мепўшидед-а?
-Не, 41.
-Боз ман барои шумо туфлии андозаи 42-ро нигоҳ дошаам. Тирамоҳ мўзаи 42 гирифта будед-ку.
-Пойафзоли зимистонаро як андоза калон мегиранд, почо.
-Ба ҳар ҳол як чен кунед-чӣ. Шояд мувофиқ ояд, -гуфт Сорбон ва аз таги пештахта як қуттиро баровард.
Расул Азизов туфлиро андоза кард, ки ба пояш калон. -Не, калон. Поям дарунаш баҳузур рафтуо мекунад. Хуллас, барои мо туфлӣ намондам гўед, мулло Сорбон.
-Бовар кунед, ки андозаи 41 умуман наовардаам.
-Пас раис аз куҷо гирифт? Ў ҳам мисли ман андозаи 41 мепўшад-ку.
-Ба раис туфлии поямро кашида додам. Андозаи 41 дифетсит будааст. Мудири анбор якто ҷўрагӣ карда дод. Туфлиро аз ҳамон ҷо пўшида омадам. Раисро ба Душанбе ба маҷлис даъват карда будаанд. Туфлии дуруст надоштааст. Раис маҷбур онро аз поям кушода гирифт.
-Раис ҳар рўз раис нест. Хешутаборӣ якумрӣ, мулло Сорбон!
-Ба дил нагиред, муаллим, охири моҳ ба анбори вилоят меравам. Аз он ҷо насиб бошад, як туфлии кори калон меорам бароятон.
-Майлаш, интизор мешавем,- гуфт Азизов ва аз мағоза берун шуд.
Сорбон охири моҳ аллакай дар маҳбас менишаст. Пас аз як ҳафтаи гуфтугўи боло аз пойтахт ревизор омада, мағозаро тафтиш кард. Ошкор шуд, ки мудири мағоза сӣ сўм камомад доштааст. Барои ин ўро се сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар ин муддат зану 5 нафар фарзандони ноболиғи Сорбон азоби зиёд кашиданд. Азизов барои аз гуруснагӣ раҳонидани оилаи хоҳараш ўро чун фарроши мактаб ба кор гирифт. Ба қавли мардум дар рўзҳои сахтӣ мададгор шуд. Бо қарори додгоҳ Сорбон пас аз маҳбас озод шудан, 5 сол ҳақ надошт, ки дар фурўшгоҳ кор кунад. Бинобар ин ў андовачии бригадаи сохтмонии колхоз шуд.
Ҳоҷӣ Расул ин ҳодисаро, ки тақдири як оиларо бо дасти худ дигар карда буд, ба ёд оварда сахт таассуф хўрд. Дарди ҷонкоҳе вуҷудашро сўзонд. Аз чашмонаш ашк ҳалқа зада, сару рўяшро арақи сард зер кард. Ҳалқаш қоқ шуд. Хоҳараш-Мастура бехабар аз хиёнати бародараш бо сачоқ сару рўи Ҳоҷиро пок карда, бо пахта ба ҳалқаш об чаконд.
* * *
Рўзи ҳафтум буд, ки Ҳоҷӣ Расул аз забон монда дар дами марг аст. Баданаш сард, дасту пойҳояш чун шахси беҷон карахт. Аз гулўяш об ҳам намегузарад. Вале чашмонаш бинову гўшонаш шунаво. Ба қавли мардум «на зиндаву на мурда», ҷонканӣ дорад. Таи ин муддат имоми масҷиди маҳалла Ҳоҷӣ Раҳим ҳар рўз омада Ҳазрати Ёсинро тиловат мекард, то ки дўcташ бе фотиҳа наравад. Имрўз ҳам имом пас аз намози бомдод омада Ҳазрати Ёсинро қироат кард: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ёсин вал қуронил ҳаким иннака ламинал мурсалина. Ъало сиротим мустақим… Ҳозиҳи ҷаҳаннамул лати кунтум туъадун. Ислав ҳал явма бимо кунтум такфурун. Ал явма нахтиму ъало афвоҳиҳим ва тукаллимуно айдиҳим ва ташҳаду арҷулуҳум бимо кону яксибун…».
Ҳоҷӣ бо ин дўсташ-Раҳим Комилзода, ки то барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ котиби райком буд, нону намакхўрдаанд. Вале бехабар аз ў, дар борааш маълумоти зиёде навиштааст. Дар додани танбеҳҳо ба вай саҳми Ҳоҷӣ Расул низ ҳаст. Вале, акнун, агар Худо насиб кунад, ҷанозаи ўро ҳамин Ҳоҷӣ Раҳим мехонад.
Дар деҳаи Симгун кам андар кам касонанд, ки Ҳоҷӣ Расул дар бораашон маълумот надода бошад. Агар ҳамаи навиштаҳои ўро ҷамъ бикунӣ, чанд ҷилд китоби ғафс мешавад.
Азоби марг кашидани Ҳоҷӣ Расул дар тамоми ноҳия овоза шуд. Эшони Солеҳ, ки ў ҳам замоне муаллимӣ карда буд ва Ҳоҷиро мешинохт, барои аёдаташ ба деҳаи Симгун омад. Эшон баъди дидани авзои бемор ба фарзандони ў суол кард: -Ҳоҷӣ аз касе қарздор нестанд?
-Не. Додом чунин одат надоштанд.- посух дод Рауф, гуё ки падараш аллакай фавтида бошад. — Мо инро аз модарам ва хешу табор ҳам пурсидем. Он кас қарздор не. Ба қарзгирӣ эҳтиёҷ ҳам набуд. Шукр, аз чизе камӣ надоштанд. Мо ҳам ба қадри имкон кўмак расонида меистодем.
Эшони Солеҳ лаҳзае ба андеша рафта афзуд: -Раҳматӣ падарам нақл карда буданд, ки чунин як ҳодиса аввали солҳои панҷоҳум дар деҳаи Бедак рўй додааст. Раиси колхоз Миралибек ҳамин тавр (ба Ҳоҷӣ ишора карда) чил шабу чил рўз ҷон кандааст. Мегўянд, ки ў солҳои ҷанг ба ҳаққи беваю бечораҳо зомин шуда будааст. Охирин бурдаи нони ятимонро кашида гирифта ба фронт фиристодааст. Аз гуруснагии мардум истифода карда, занону духтаронро ба ҳамхобагӣ мекашидааст. Шавҳари келинчакҳои ҷавонро ба ҷанг фиристода, онҳоро ба доми фиреби худ медаровардааст. Солҳои баъдиҷангӣ низ мардум аз дасти ин золим азоби зиёд кашида будаанд. Барои ҳамин ҳам чил шабонарўз Парвардигор ҷони ўро қабул накардааст. Баъди мурданаш, рўзи сеюм гўраш оташ гирифта сўхтааст. Мегўянд, ки барои гуноҳи азим дар дўзах ҳам ҷой нест.
Лаҳзае хонаро хомўшӣ фаро гирифт. Ҳамагон ба хаёл фурў рафтанд.
-Ҳоҷӣ Расул шояд пеши Худованд гуноҳи азиме содир карда бошанд, ки чунин азобро сазовор донистаанд,- гуфт Эшони Солеҳ баъди фурсати хомўшӣ. -Аслан ҳар яки мо бегуноҳ нестем-ку. Барои он ки Парвардигор марги Ҳоҷиро осон кунад, ўро бахшидан лозим,-гуфт Эшон ба сўи бемор нигоҳ карда. Баъди шунидани ин суханон чашмони Ҳоҷӣ дурахшиданд ва инро эшон низ пай бурд. -Гумон мекунам, ки ҳалли ин муаммо наздик аст. Биёед, аввал хешовандон гуноҳи Ҳоҷӣ Расулро бахшанд.
-Аком ба мо ҳеҷ бадие накардаанд,-эътироз кард Султон.-То тавонанд ба мо кўмак мекарданд. Дастгириву дилбардории он кас буд, ки мо вақти марги Анварҷони ҷавонмарг девона нашудем.
-Ин хел нагўед, Эшон, -ба муколама ҳамроҳ шуд Мастура. -Аком пашшаро ҳам озор намедиҳанд. Чӣ нағзиҳое, ки накардаанд он кас барои мо.
-Ҳамшира дуруст мегўянд. Ҳоҷӣ дар умрашон касеро наранҷондаанд. Аз дасти он кас бадӣ намеояд. Он кас коммунисти ҳақиқианд,-ба сўҳбат ҳамроҳ шуд имоми масҷиди маҳалла Ҳоҷӣ Раҳим.
-Ман, Ҳоҷӣ азоб накашанд, гуфтам. Ихтиёр ба шумост,-гуфт Эшони Солеҳ ва афзуд: — Ба ҳар ҳол бахшишро савобаш зиёд аст дар назди Худованд.
Ин гуфтаҳо ҳозиринро водор кард, ки маслиҳати Эшонро ба ҷо оранд.
-Ҳар чӣ буду набуд, -шурўъ кард Султон,-бахшидем шуморо. Парвардигор маргро осону охирататонро пурнур гардонад. -Дар чашмони ў ашк ҳалқа заданд.
Аз чашмони Ҳоҷӣ Расул низ ашк баромад. Эшони Солеҳ ин лаҳзаҳоро назора мекард.
Зану фарзанд, хешу ақрабо ва ҳамаи онҳое, ки имрўз дар ҳавлии Ҳоҷӣ ҳузур доштанд, ўро бахшида, барояш аз Худованд омурзиш хостанд. Вале бо ин ҷон тани пургуноҳи Ҳоҷиро тарк намекард.
Эшони Солеҳ ин ҳолро дида, ба худ андешид: Расулбой пеши Худованду бандагонаш гуноҳи азим карда будаанд. -Хоҳед, ки дўстатон азоби бисёр накашанд, мардуми деҳаро хабар кунед, то омада гуноҳҳои Ҳоҷиро бахшанд,-ба имоми маҳалла, Ҳоҷӣ Раҳим муроҷиат кард ў.
Зуд ин хабар дар деҳа овоза шуд. Зану марди аз бистсола болои деҳа ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда ҳамагон озими хонаи муаллим мешуданд. Онҳо ба бегуноҳ будани Ҳоҷӣ Расул бовар дошта бошанд ҳам, баҳри осон кардани марги вай, барои бахшиданаш меомаданд. Қарибии шом, баъди канда шудани пои одамон, Ҳоҷӣ Расул як нафаси сабуке кашиду чашм пўшид. Ҷон вуҷуди пургуноҳи ўро тарк кард.

Феврали с. 2003.

ОШПАЗ
ҳИКОЯ

Аз шурўи ҷуфти аввал аллакай 5 дақиқа гузашта буд. «Устод одати дер карда ба дарс омадан надоштанд. Чӣ шуда бошад?»- ба худ андешид Асрор Акбаров аз балкони ошёнаи сеюм ба сўи роҳи калон нигоҳ карда. Ў худ низ дарс дошт. Баъзе аз донишҷўён аз набудани муаллим истифода карда, ба роҳрав баромада буданд, ки садояшон то ба ин ҷо мерасид. Акбаров боз як бори дигар ба роҳ нигоҳ кард: волгаи сафед наменамуд. Ў ба сўи синфхона равон шуда буд, ки сардори гурўҳ ба истиқболаш баромад. Вай баъди салому ҳолпурсӣ суол кард:
-Муаллим дарс мешавад?
-Мешавад. Лексияатонро варақ зада истед, баъди андаке ман меоям,- гуфт Акбаров ва аз нав ба сўи балкон роҳ гирифт. Ў ба балкон расида боз ба роҳи калон нигоҳ кард: Борон сим-сим меборид. Волгаи шинос наменамуд. -Устод агар наоянд, хўрок ҳайф мешавад,- андешид Акбаров.
Ў дирўз ба ду нафар донишҷўдухтари сустхон, ки ҳамеша бо ёриаш баҳои имтиҳонотро мегирифтанд, хўрок фармуда буд. Имрўз бояд соати 12 яке мастоба пухта меоварду дигаре кабоб.
-ҳайф-ку намешавад. Хўроки тайёрро кӣ нахўрдааст? Муаллимони гурусна пур. Бўи хўрокро, ки фаҳмиданд, бе пушт-пушт бо ҳар баҳона ба кафедра даромада меоянд. Лекин ин ду нафар аз як имтиҳонӣ халос мешаванд-дия,- таассуф хўрд Акбаров, гўё ки аллакай чунин амал рух дода бошад.
Волгаи сафед наменамуд. Вале аз дур марди пиҷакпўше бе чатр сўи донишгоҳ меомад. — Ин аблаҳ кӣ бошад, дар борон бе чатр ва боронӣ, боз таги пиҷак меояд?- ба худ андешид Акбаров, бодиққат сўи мард нигоҳ карда. Аз дурии масофа чеҳраи мард ба назар намоён набуд. Лекин роҳравиаш шинос менамуд. Кифаш ҳам шинос, хориҷӣ. Аҳён- аҳён зиёиёни ба хориҷа сафар карда чунин киф доранд. — О-о…, ин устод-ку!- нидо кард ў. -Дар борон тар мешаванд,- ба майнааш зад ва ғайри ихтиёр ба истиқболаш шитофт. Ў осемасар ба синфхонае, ки дарс дошт, даромада гуфт: -Зуд ду чатр диҳед!- Аз қатори пеш ба ў ду чатр дароз карданд. Акбаров чатрҳоро гирифта, бадав аз ошёнаи сеюм поин шуд. Ў дар як лаҳза аз бино берун шуда ба роҳи калон баромад. Ин шитобзадагии ўро касе бинад, гумон мекард, ки ин мард девона шудааст.
Аз донишгоҳ тақрибан сад қадам дур шуда буд, ки вай ба устод расид. — Ассалом, устод!- Салому ҳолпурсӣ карда, ҳамзамон яке аз чатрҳоро кушода ба устод дароз кард:- Чатрро гиред, тар нашавед.- Чатри дуюмро ба сари худаш кушод Акбаров. -Устод, тинҷӣ аст? Пиёда омада истодаед? -пурсон шуд ў.
-Дар гардиш баллони мошин кафид. Ронанда чархи эҳтиётиро монданӣ шуд, ки ҳавои вайаш ҳам холӣ шуда будааст. -Ба дарс дер нашавад гуфта, мунтазир наистодам ва пиёда равон шудам. Аз саросемагӣ борониамро аз мошин нагирифтаам.
Асрор Акбаров бо устод сўи донишгоҳ қадам зада ба сараш зад, ки хомӣ кардааст. Ў бояд касе аз донишҷўёнро ба истиқболи устод мефиристод. Вай шогирди дирўза нест. Мудири кафедра аст. қадри худашро бояд бидонад.
-Устод, имрўз пас аз дарсҳо бо ҳузури шумо як пиёла чой карданием.- гуфт Акбаров, нишастро матраҳ карданӣ шуда.
-Асрорҷон, шумо мудири кафедра шудагӣ, худро ба ташвиш нагузоред.
-Ташвиш куҷо? Муаллимон бо шумо як чақ-чақ карданӣ будаанд. Барои ҳамин гуфтам-да.
-Канӣ, дарс тамом шавад, ягон гап мешудагист, -гуфт устод. Аз ин посух Акбаров хавотир шуда, сўҳбати ҳафтаи гузашта бо декану муовинаш доштаро ба ёд овард. ҳини як нишаст, баъди садто-садто кардан, декан ба ў гуфт: «Устодро ба серкориашон намонда, розӣ кунондем, ки омада ба донишҷўён дарс гўянд. Он кас «не» нагуфта, розӣ шуданд. Лекин аз мо одамгарӣ набаромада истодааст. Чӣ мешавад, ки солҳои пешинро ба ёд оварда, якто ошча мепухтеду устодро даъват мекардем. Масолеҳаш аз ҳисоби мо». — Ман мудири кафедра шуда, ба бўи дуду равған печида, ба устод ош мепухтаам-мӣ?! — посух дод ў. Вале чизе ба ёдаш расид, ки розӣ шуд, нишасте ба ин хотир барпо кунад. -Ин гапҳоро касе ба устод расонда бошад-мӣ? Устод ранҷидахотир менамоянд- хавотир шуд Акбаров. -Не, декану муовинаш хабаркаш не. Борҳо инро тўли 15 соли фаъолияташ собит кардааст. Бо ин андешаҳо ба ошёнаи сеюм баромаданашонро пай набурда монд, Акбаров. Ў устодро то синфхона ҳамроҳӣ карда -Устод баъди дарс ҳатман ба кафедра биёед,- гуфт.
-Майлаш, канӣ, дарс тамом шавад-чӣ.
Акбаров ба синфхонае, ки дарс дошт баргашт ва сардорро ба берун хонда, пурсид: -Аз бачаҳо кадомаш пулдор?
-Бобоҷон. Дар бозори «Корвон» сето дўкон дорад.
-ҳозир дар дарс ҳаст?
-ҳа, вай ҳафтае як бор, рўзҳои шанбе худашро нишон медиҳад.
— ҷеғ зан, вайро.
Пас аз лаҳзае Бобоҷон аз синф берун шуда, гуфт: -Хизмат, устод?
-Мошин дорӣ?
-ҳа, ягон хизматай?
-Меҳмон меояд. Як бозор рафта меоӣ.
-Чӣ бухарум?
-Ду шиша коняки нағзи хориҷӣ, ду шиша арақ, нўшоба, салат, як қуттӣ шоколад, мева ва боз як шаш дона нон, -гуфт Акбаров ва даст ба кисаи холиаш бурд, гўё ҳамёнашро мегирифта бошад.
— Устод, ташвиш накашен, пул ҳастай. ҳамаш садай.
Бобоҷон ба бозор рафту Акбаров ба дарс даромад.
Асрор Акбаров баъди хатми факултаи географияи донишгоҳ бекор монд. Ба зодгоҳаш- ноҳияи Чашмасор рафтан намехост. Равад ҳам дар мактаб ба ў кор набуд. Ба қавле «сангро партоӣ болои муаллим меафтод», ба вижа муаллимони география дар макотиби гирду атрофи деҳаашон аз штат зиёд буданд. Баъзе географҳо аз суруду меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ дарс мегуфтанд. Дар факултаи географияи донишгоҳ ҳамшаҳриашон Расулӣ дотсент буд. Бинобар ин аксари чашмасориҳо барои дипломгирӣ ба ин факулта дохил мешуданд.
Ў баъди хатми донишгоҳ ба муддати як ҳафта ба зодгоҳаш рафта, волидонаш ва завҷаву писарчаашро хабар гирифта омад. Аз рўи тақсимоти Вазорати маориф Асрор барои таъмини кор ба ихтиёри Шўъбаи маорифи ноҳияи Бешканд гузошта шуда буд. Вале ў дар ин ноҳияи ба қавлаш «тасфон чун дўзах» кор кардан намехост. Хоҳиши ў дар Душанбе монда «одам шудан» буд. Дар макотиби пойтахт бошад, ҷои холӣ набуд. ҳамшаҳриаш Расулӣ ваъда кард, ки каме тоқат кунад, бо шурўи дарсҳо дар донишгоҳ барояш коре пайдо мекунад. Ин мутаккои дили Асрор буд. Вай ду моҳи тобистонро дар шаҳр беҳуда нагузаронд: Дар бозори «Баракат» ба харбузафурўшӣ машғул шуд. Аз деҳқонон кўтара ва арзон мехариду сипас гаронтар мефурўхт.
Аввали моҳи сентябр Расулӣ дар назди мудири кафедра, профессор Шарифзода аз Асрор гап кушод: -Устод, лаборантамон Гулноз ба мурахассии сесола рафтагӣ. ҷояш холӣ. Шояд ягон касро ба кор гирем?
-Ягон духтари боодоби босаводро ёбед, ба кор мегирем.
-Устод, Асрорҷонро мешиносед-а?
-Кадом Асрорҷонро?
-Акбаровро.
-Кӣ вай? Равшантар гап занед.Чӣ мехоҳед?
-Студенти худамон. ҳамин сол хатм кард. Дар пахта ошпази муаллимон буд-ку.
-ҳа. Оши бомазза мепухт-а?
-Бале, худи худаш. Асрорҷон бекор мондагӣ. Дар мактабҳои зодгоҳаш ҷо нест. Дар мактабҳои шаҳр ҳам муаллим шудан осон не. Вайро ба ҷои Гулноз ба кор гирем, мегўям.
-Ошпази хуб. Ба ягон ресторан ё ошхона ба кор дарояд намешавад -мӣ? Маоши лаборант кам, боз вай оиладор, рўзаш намегузарад.
-Бекор нагардад мегўям-да. Бачаи гапгиру дидадаро, панҷ ангушташ ҳунар. Дегу табақро ҷумбонда мегардад.
-Майлаш, биёред.
-ҳамин тавр Асрор лаборанти кафедраи географияи табиӣ шуд. Дар кафедра ҳар ҳафта, рўзи шанбе, баъди дарс оши ҳарифона мепухтанд. Дегу табақ дар ихтиёри Асрор буд. Ба қавле «муаллифи ош» ҳамеша ў буд.
Мўҳлати аз рухсатӣ баргаштани Гулноз наздик мешуд. ҷои вайро холӣ кардан лозим меомад. Расулӣ боз аз барои Асрор аз профессор Шарифзода хоҳиш кард: -Устод, вақти ба кор баромадани Гулноз шуд. Чӣ мекунем?
-Чӣ мекардем? Омада дар ҷояш кор кардан мегирад.
-Асрор чӣ?
-Асрор ягон кори дигар ёбад. Бас-да лаборант гаштанаш. Дар ягон мактаб ба кор дарояд. Мактаб маъқул набошад, ба ягон ошхона ба кор равад. Ошхонаи кооперативӣ ҳоло мўл. ҳунарашро хор накунад.
-Устод, Асрор шогирди худамон. Дар кафедра монад-чӣ? Ассистент гирем, ягон мавзўи илмӣ диҳемаш, майда-майда кор кунад. ҳоло ҷавон, меомўзад.
-Шумо чиҳо гуфта истодаед?-дар ғазаб шуд Шарифзода.- Охир вай суп-сурх бесавод. Каллааш каду. Номашро дуруст навишта наметавонад. Дар панҷ соли донишҷўӣ ва се соли лаборантӣ ғайри биринҷу сабзӣ чизеро наомўхта бошад, кай меомўзад?! Канӣ вай ошпаз?!- нидо кард профессор, аз курсиаш хеста. Аз ғояти хашм дастонаш меларзиданд. Агар ин вақт Асрор ба чашмаш менамуд, аниқ буд, ки Шарифзода бо асояш ўро мекуфт. Вале дар кафедра ба ғайри Шарифзодаву Расулӣ дигар касе набуд.
-Устод, ором шавед. Ин кирои гап не,- гуфт Расулӣ зуд аз чойник як пиёла чойи кабуд дароз карда.
Шарифзода пиёларо базўр ба даст гирифт. Дастонаш то ҳанўз меларзиданд. Ў аз кисааш доруи «Валидол» бароварда як ҳубба нўшид ва то дер хомўш монд.
Шарифзода марди бекинаву дилсоф, аз шахсоне буд, ки гармиву сардии зиндагиро дидаанд. Рўзи дигар ў дар танҳоӣ ба Расулӣ гуфт: -Майлаш, гуфтагии шумо шавад. Лекин савобу гуноҳаш ба гардани шумо. Худатон роҳбараш мешавед.
Пас аз ду соли ин ҳодиса профессор Шарифзода, ки шоҳсутуни илми географияи тоҷик буданд, аз олам гузаштанд. Дотсент Расулӣ мудири кафедра интихоб шуд. Пас аз панҷ соли дигар Асрор Акбаров таҳти роҳбарии профессор Расулӣ дар мавзўи «Релефи кўҳистони Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Баъдан дар рўзномаи «ҳақиқат» Рауфӣ ном олиме аз академия рисолаи ўро зери танқид гирифта, навишт, ки он аз пажўҳиши олими рус Борис Андреев «Релефи кўҳистони Кафкази Шимолӣ» рўйбардор шудааст. Вале дар ин замона кӣ ба ин эътибор медиҳад? Агар не, имрўз «калу кўр» ҳама олим намешуд.
Тўли ин солҳо Асрор Акбаров корчаллониашро собит намуд. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ба бўҳрони иқтисодӣ гирифтор шудани ҷумҳурӣ аз камии маош бисёре аз омўзгорони макотиби оливу миёна ба нони хўрданӣ зор шуданд. Вале ў роҳашро ёфт. Аз донишҷўён ришваситониро ошкору пинҳонӣ ба роҳ монд. Махсусан, ҳини имтиҳоноти дохилшавӣ барояш мавсими зархез фаро мерасид. Ба ивази аз 500 то 1000 доллар ришва довталабонро ба риштаҳои гуногуни донишгоҳ дохил мекард. Онҳо баъди донишҷў шудан муриди доимии ў гардида, тўли панҷ соли таҳсил бо кўмакаш аз курс ба курс мегузаштанд. Донишҷўён вайро дар ғайбаш Асрори пора меномиданд. Ў инро шунида бошад ҳам, парвое надошт, кордаш аз ришваситонӣ болои равған буд. Аз ришва хонаву мошин харид. Сабукрави «Мерседес». Вале мошиндориашро аз чашми бад пинҳон мекард. Бахилҳо нагўянд, ки «Муаллими оддӣ мошини хориҷӣ дорад». Мошинро ба зодгоҳаш бурда, дар хонаи падараш монда буд. ҳар гоҳ ки ба деҳа равад, чанги мошинро тоза карда, сари фармон менишаст ва худро дар курсии мудири кафедра медид. «Насиб бошад, мудир ки шудам, туро гирифта ба Душанбе мебараму чархота тоб медиҳам»- мегуфт ба сабукрав дар гараж ғўтавари орзуҳои ширин шуда.
Соли гузашта ғайричашмдошт профессор Расулиро муовини вазири маориф таъин карданд. Баъд маълум шуд, ки вазири нав дар аскарӣ ҳамхизмати Расулӣ будааст. Профессор ба вазорат гузашту курсии мудирӣ холӣ монд. Муаллимони босаводу арзандаи унвондор дар кафедра буданд, вале Расулӣ «девор афтад, ба дарун афтад» гуфта, ба ин вазифа ҳамшаҳр ва шогирдаш дотсент Асрор Акбаровро пешбарӣ намуд. Ректори донишгоҳ то интихоботи шўрои илмӣ Акбаровро бо фармонаш иҷрокунандаи мудири кафедраи географияи табиӣ таъин намуд. Ин албатта, ними кор буд. Мудир шудани ўро Шўрои илмии донишгоҳ ҳал мекард. Интихобот мувофиқи нақша аввали соли оянда баргузор мешуд. То он вақт шаш моҳ мўҳлат буд. Акбаров дар ин муддат бекор нанишаст. Аввал, «Мерседесаш»-ро рафта аз деҳа овард ва акнун савори он ба кор меомад. Сипас, кабинети мудирро ба қавлаш аз мебели кўҳнаи «давраи рукуд» холӣ кард. Мебели кўҳнаро ба хонааш бурду ба ҷояш бо кўмаки муридонаш мебелу ҷиҳози нав овард. Акнун кабинетро мизи нави корӣ барои мудир, миз ва даҳ курсӣ барои корафтодагон, диван бо ду курсии роҳат, шкафи китоб, сандуқи оҳанин, яхдон, телевизиор, видеомагнитафон ва магнитола оро медоданд. Акбаров пардаи тирезаро низ нав кард. Ба фарш қолини нав андохта, ба девори паси курсиаш қолинчаи «Даҳ соли истиқлол»-ро овехт. Компютерро надонад ҳам, аз куҷое як компютери кўҳнаро оварда барои салобаташ болои мизаш гузошт. Кафедра дар таърихаш рўи телефонро надида буд. Вале ў дар бадали як ҳафта хати телефон гузаронда, дар кабинеташ дастгоҳи телефон-факс васл намуд. Дари нав шинонданро ҳам фаромўш накард. Дари чўбинро канда, ба кабинеташ дари оҳанин шинонд ва бо ҳарфҳои зарҳалин «Мудири кафедраи географияи табиӣ- дотсент Мирасрор Акбаров» нависонд. Барои мудири серғайрат котибаи ҷавони чусту чолок лозим буд. Деканро розӣ кунонд, ки ойтиро пуртаҷриба гуфта, диспетчери деканат таъин намояд. Ойтӣ, ки беш аз бист сол дар ин кафедра кор карда буд, бо дили нохоҳам ба ҷои нав гузашт. Акбаров фурсатро аз даст надода, зуд аз курси яки ғоибхон духтараки хушандоми мўрчамиёнро котиба гирифт.
Вазифа, ки баланд шавад, харҷ ҳам зиёд мешудааст. Тобистон Акбаров хуб заҳмат кашид. Аз ҳарсола бештар довталабонро ба донишгоҳ қабул кунонд. Пул ки бошад, проблемаҳо ҳал мешаванд. Ба мавзўи докторӣ гирифтанаш ҳашт сол мешавад. Тўли ин солҳо саҳифаеро ҳам сиёҳ накардааст. Барои навиштани рисолаи докторӣ узви вобастаи академия Мирзои Шарифро ба ду ҳазор доллар киро кард. Насиб бошад, баҳор рисола омода мешавад ва ў доктор хоҳад шуд. Доктор, ки шуд барояш дари дигар мансабҳо боз мешавад. Вале ҳоло ў бояд мудири кафедра интихоб шавад.На ҳамаи аъзои шўрои илмии донишгоҳ ўро чун олим мешиносанд. Барои ҳамин ҳам ба ў райъ доданашон дар гумон. Боз доктор Исмоилниё аз академия ба ин курсӣ муддаӣ шуда, ҳуҷҷатҳояшро ба озмун супоридааст. Барои пеши обро чим бастан, Акбаров моҳи декабр зодрўзашро таҷлил кард. Ба зодрўз, ки дар тарабхонаи «Ситора» гузашт, ҳамаи аъзои шўрои илмиро даъват кард, то ўро аз наздик бишносанд ва ҳини райъдиҳӣ ба вай овоз диҳанд. Профессор Расулӣ пас аз табрик ўро наздаш хонда дар гўшаш гуфт:-Мулло Асрор, зодрўзатон тобистон буд-ку?
-Бале, устод. Лекин тобистон на ҳамаи дўстонро пайдо карда мешавад, вақти мураххасӣ. Барои ҳамин ҳам дар арафаи соли нав бо ҳамин баҳона ба ёру дўстон як зиёфатча диҳем, гуфтем-да.
Акбаров ба ин «зиёфатча», ки аз нуқлу навои яккачин тахассус шуда буд, ҳазор доллар харҷ кард. Кош, ин ҳазор доллар ба бод наравад. Интихобот наздик мешуд. ҳафтаи оянда шўрои илмии донишгоҳ баргузор мегардад. Барои дастгирии вай як ишора аз боло ба ректор лозим аст. Яъне, агар Расулӣ аз вазорат ба ректор як даҳан гўянд, аъзои шўро ба ҷонибдории вай райъ медиҳанд. Ин амал аз бисёр ҷиҳат ба нишасти имрўза, ки пас аз ҷуфти сеюм ба нақша гирифта шуда буд, вобаста аст.
Акбаров ҷуфти дуюму сеюм дарс надошт, бинобар ин аз паи омода кардани дастурхони зиёфат шуд. Бо маслиҳати вай котиба дастархонро оро медод. Расулӣ, ки паиҳам се ҷуфт дарс дошт, ҳини танаффуси аввал барои «гармшавӣ» ба кафедра, ба кабинети мудир даромад. -Мирасрор, дар ин синфхонаҳои чун яхдон сардатон хунук накашем, мегўям-а?- гуфт Расулӣ.
-Илоҷаш ҳаст, устод. қитӣ-қитӣ мегирем- гуфт Акбаров аз рўи миз шишаи конякро ба даст гирифта.
-Хуб намешавад-ку. Дар пеш ду ҷуфт дарс.
-«Зарур бошад, раво бошад»-гуфтаанд.
-Дуруст-ку. Лекин бўяш аз даҳон меояд-да.
-Устод, мисли мо бо студенткаҳо бўсобўсӣ намекунед, ки бўяшро фаҳманд. Ё…
-Вазорат будагиҳош бароямон кифоя. Майлаш резед, розӣ кунондед. Лекин ман танҳо наменўшам.
Акбаров барои Расулӣ ба як қадаҳ коняку барои худаш ба қадаҳи дигар арақ рехт.
-Мулло Асрор, одати арақхўриатонро партоед. Арақро бемансабҳо менўшанд. Мансаб этикети худро дорад. Ба конякнўшӣ одат кунед. Зинҳор ба ошхона наравед, танҳо дар ресторан ғизо хўред. Ба тўю сур, маргу мурда бе костюму галстук наравед. Доираи ҳамнишастатонро низ мувофиқ ба мансаб интихоб кунед. Шумо муаллими оддӣ не, мудири кафедра.
-Акбаров коняк наменўшид. Аз коняк фишори хунаш боло мерафт. Сухани муовини вазирро ба замин монда намешавад. Ў ноилоҷ ба қадаҳи дигар ба худаш низ коняк рехт.
-Бе сухан менўшем.
-Не, устод. Барои сиҳатии сари шумо.
Расулӣ баъди ду қадаҳ нўшидан ба дарс рафту Акбаров аз паи омода кардани зиёфат шуд. -То зиёфат як танаффуси дигар. Расулӣ ҳатман дар танаффус «гармшавӣ» меоянд. Як шиша коняк то зиёфат тамом мешавад. Илоҷашро ёфтан даркор- ба худ андешид Акбаров. Ба ёдаш муовини декан Салими Носир расид. Дар ин хел ҳолатҳо вай ҳамеша мушкилкушо аст. Ў ба назди Салими Носир рафт. ғайричашмдошт дар кабинеташ ба ғайри вай касе набуд. -Салимҷон як проблемача пайдо шуд-ку.
-Тинҷӣ?
-Масъалаи зиёфати имрўза. Ду шиша коняк фармуда будам, оварданд. Яктояш чўтам то зиёфат тамом мешавад. Боз ягон касро фиристам, гўям, ягон студенти дуруст нест.
-ҳамин ҳам проблема шуду… Ман баъдтар ба дасти котиба ду коняки итолиёвӣ мефиристам. Дигар камбудӣ нест-мӣ?
-Не. Дер накарда биёед. Баъди ҷуфти сеюм сар мекунем- таъкид кард Акбаров.
Баъди анҷоми дарс муаллимони кафедра хона ба хона рафтанд. Акбарову котибааш, ки дар хизмат буд, танҳо монданд. Соати 12 дастархони зиёфатро омода карданд. Мастобаю кабобро низ оварда буданд. Баъди фурсате паи ҳам Расулӣ, декан- Юсуфзода ва Салими Носир даромада омаданд. Акбаров ба котибааш фармуд, ки дари кафедраро аз дарун қуфл кунад ва хўрокро ба косаҳо кашида ба кабинеташ дарорад.
Зиёфат бо мадҳияи Акбаров шурўъ шуд: -қадаҳи аввалро барои саломатии устоди бузургвор, профессор Расулӣ менўшем. Менўшем, ки ҳаргиз кам нашаванд. Боз ба мартабаҳои баландтар расанду дар сояи эшон мо ҳам ризқу рўзиамонро ёфта хўрем. Устод ба мо ҳаққи падарӣ доранд. Устод ҳастанду мо ҳастем. Менўшем, ки чун арчаи кўҳсорони Тоҷикистон сарсабзу хуррам бошанд.
-Бале, менўшем барои устод,- ҳамовоз шуданд дигарон.
қадаҳҳо холӣ шуданд. Акбаров худ дар хизмат буд. Зуд қадаҳҳоро пур кард. Ў ва Расулӣ коняку дигарон арақ менўшиданд. Баъди тановули мастоба котиба кабобро ба як лаълии калон кашида болои дастархон гузошт. -Баҳ-баҳ, кабоби гўшти гўсфандӣ чӣ хуш аст,-як пора гўштро ба даҳон бурда, гуфт Расулӣ. -Боби дили мо шудаст-да. Ин душанбегиҳо маззаи гўшти гўсфандро намефаҳманд. Ба инҳо гўшти гов бошад, бас. Аҳсант, завқи моро фаромўш накардаанд мудир.
-ҳоло куҷо мудир? Интихобот нашудааст-ку, устод. ҳоло аъзои шўро ба ман овоз медиҳанд, ё не? -сари мақсади зиёфат омад Акбаров.
-Хавотир нашавед. Гап пухтагӣ, ман ба ректор гуфта будам. Боз як рўз пеш аз шўрои илмӣ ба ректоратон ёдрас мекунам. Сад дар сад шумо мудир мешавед- Акбаровро хотирҷамъ кард Расулӣ. -Ин қадаҳро барои мудир менўшем. Барои садоқати Мирасрор ба устодон ва ёру дўстон. Кам нашавед, уко!
Зиёфат тасфид. Дар ҳавои мусиқӣ қадаҳҳо холиву дастархон лайс мешуд.
-Чизи мехўрданӣ намонд, акнун хезем ҳам мешавад- гуфт ширакайф Расулӣ пораи охирини гўштро ба даҳон бурда.
-Устод, боз ягон чиз ташкил мекунем. ҳамаш дасти худамонба,- даст бар сина зад Акбаров.
-Не, басе. Гов барин хўрдем. «Зӣ кам хўрдан шифои тан бош»,-гуфтааст ким -кадом шоири классик. Ишкам мисли ишками сағера шуд,-даст ба ишками пураш бурд Расулӣ ва аз ҷо бархост.
Аҳли зиёфат аз бинои факултаи география берун шуданд. -Устод, шуморо то хонаатон барам?- пурсид Акбаров.
-Не, ташаккур. Ронандаи ман мошинро соз карда омадагист.-Дар ҳақиқат ронанда дар истгоҳи мошинҳо Расулиро интизор буд.
-Мо, пиёдаҳоро то пештар мебаред?- пурсид Юсуфзода.
-Албатта, гап нест. То хонаҳоятон мебарам.
Онҳо Расулиро гусел карда ба «Мерседес» нишастанд. Акбаров ба якборагӣ бо суръати баланд мошинро аз ҷояш ба ҳаракат даровард. Юсуфзода аз ин дар хавотир шуда гуфт: -Асрорҷон, оҳистатар. Саросема нестем-ку.
-Хавотир нашавед, ман маст нестам-ку. Ин асп лаҷом дорад.
Акбаров ҳамроҳонашро дар истгоҳи бозори «Саодат» фароварда, узр хост: — Мебахшетон, ки то хонаатон бурда наметавонам. ҳоло ба ёдам омад, ки кори заруре дорам. Як одами калонро диданам даркор, ў маро дар пажўҳишгоҳ интизор аст.
-Ҳеҷ гап не, ба ҳаминаш ҳам ташаккур, — изҳори сипос кард Юсуфзода.
— Шумо аз паи коратон шавед, -илова кард Салими Носир. — Ин тарафаш худамон меравем.
Акбаров зуд мошинро пас гардонд. ҳисси шаҳваташ боло гирифта буд. Мехост тезтар ба факулта баргардад. Котибааш ҳоло он ҷо ба ғундоштани дастархону шустани зарфҳо банд буд. Ў бо суръат мошин ронда ба роҳ диққат намедод. Пеши назараш тани нафису урёни котиба ҷилвагар мешуд ва ў ҳар чӣ зудтар мехост нафси ҳайвониашро қонеъ гардонад. Ў дар чорроҳа сурх будани чароғакро надид ва «Мерседес» бо суръати баланд ба мошини «Камаз»-и пурбор, ки аз кўчаи ҳамшафат баромад, бархўрд.

Моҳи марти соли 2003.

ПАЙМОНАИ УМР

ҲИКОЯ

Саломатии кампири Сунбул баъди бемории тўлонӣ беҳ шуд. Бо фарорасии фасли баҳор гўё ба ҷисмаш нерўи тозае даромад, ки аз бистари беморӣ хест. Инак, ҳафтаест, ки ба пои худ мегардад. Ҳатто ба фотиҳаи соли кампири Муҳиба рафта омад. Занҳо ўро дар маърака дида, худ ба худ пичир-пичир мекарданд: -Аҷал, ки нарасад, намемурдааст кас. Тамоми зимистон бистарӣ буд, фарзандонаш умедашонро канда буданд, — мегуфт яке.
— Ҳоло бардам, тиринг. Боз чанд соли дигар умр мебинад,- мегуфт дигаре.
— Ба соли вай арча намонд. Дар пеши вай чӣ қадар ҷавонҳо мурданд, — мегуфт сеюмӣ.
— Аз мурдани вай гўристон сер мешавад магар? Бигзор гардад, ҷойи касеро танг накардааст-ку, — ба ин гуфтугў хотима бахшид Бибӣ Заҳро.
8 март — рўзи Иди занон, мавлуди кампири Сунбул буд. Ҳаштодсола мешуд ў. Он рўз фарзандону наберагон аз дуру наздик ба табрикаш омаданд. Ҳамагон сари дастурхони пурнозу неъмат хушҳолӣ доштанд, ки кампири Сунбул шифо ёфтааст. – Оча, ба баҳор, ки расидед, акнун сиҳат шуда меравед,- изҳори хушҳолӣ кард, духтари калонии кампир-Гуландом.
-Инро Худованд медонад, ҷони оча,- табассуми малеҳе кард кампири Сунбул ва афзуд: – Агар зарур бошад, амонаташро пас мегирад.
— Оча, куҷо саросемаед? Бар сари фарзандону наберагон саломат бошед. Тўйи арўсии набераҳои хурдиро ҳам бинед,- гуфт Гуландом.
Он рўз то бегоҳ нишастанд ва баъд хона ба хона пароканда шуданд.
Шабона борон ба боридан сар кард. Субҳ низ борони майда меборид. Кампири Сунбул ба келинаш фармуд, ки ҳаммомро гарм кунад. – Хола, дина сар шушта будед-ку?- ҳайрон аз ин хоҳиши хушдоман пурсид келин.
— Меҳмонӣ меравам, — посух дод ў ва ба писараш, ки дар тараддуди корравӣ буд, гуфт: — Бегоҳӣ барвақттар биёед, ба деҳа меравем. Мошини додаратонро гиред.
Кабир аз «деҳа» гуфтани модараш пай бурд, ки ў ба зодгоҳаш деҳаи Сангоб рафтанист. Кампири Сунбул якумр дар деҳа зиндагӣ карда бошад ҳам, барои вай танҳо зодгоҳаш «деҳа» буд. – Оча, мошини ман меравад: роҳ асфалт-ку? — ҳайрон пурсид Кабир.
— Мошини шумо ба кўтал намебарояд.
-Хуб, майлаш,- гуфт Кабир ва аз паи кораш шуд.
-Дар ин ҳавои боронӣ куҷо меравед? Чанд рўз тоқат кунед, ҳаво гармтар шавад, баъд меравед, — маслиҳат дод келин.
— Ин борони баҳор аст, мемонад. Шаб модарамро хоб дидам. Гўрашонро зиёрат кунам, мегўям.
Дар ҳақиқат борон монд ва офтоб нурафшонӣ намуда, лойи кўчаҳои деҳаро хушк кард. Вақте ки Кабир аз кор омад, кампири Сунбул аллакай омодаи сафар шуда, либоси нав пўшида буд. Калўшу маҳсӣ ва рўймоли сараш низ нав буданд.
«Нива» бо роҳи асфалтпўш аз байни талу теппаҳо гузашта ба камари қаторкўҳи Ҳисор наздик шуд. Деҳаи Сангоб буд ин ҷо. Кабир медонист, ки модараш ҳини сафари Сангоб фақат ба зиёрати гўристон меояд ва боре ҳам ба деҳа надаромадааст, вале ба ҳар ҳол дар дуроҳаи даромадгоҳи деҳа мошинро дошт. Кампир, ки дар банди хаёл буд, аз исти мошин ба худ омада гуфт:- Ба мазор меравем.
Кабир мошинро сўи гўристони деҳа, ки дар қисмати шарқӣ, дар баландӣ ҷойгир буд, гардонд. Баъди чанде ба гўристон расиданд. Кабир мошинро дар назди дарвоза нигоҳ дошт. Модару писар аз мошин поин шуда, роҳ ба гўристон гирифтанд. Модар пеш-пеш ва писар аз қафо аз байни гўрҳои кўҳна гузашта, ба миёнаи қабристон расиданд. Ин ҷо дар атрофи садаи бузурге модару бибӣ ва дигар хешу ақрабои кампири Сунбул хок шуда буданд. Гўри падарашро намедонист. Соли 1938 бо тўҳмати чанд нафар бахили сиёҳдил, Кабири Назирро, ки раиси колхоз буд, душмани халқ хонда, ба марг ҳукм карданд.
Кампири Сунбул гуппичаашро аз танаш кашида болои сабзаи навхез густурд ва болои он нишаста аз писараш хоҳиш кард: — Додо, фотеҳа хонед.
Кабир, порае аз Ҳазрати Ёсин ва Таборак қироат кард. Пас аз дуои фотиҳа лаҳзае водии хомўшонро хомўшӣ фаро гирифт. Модару писар ҳудуди чоряк соат ҳарфе нагуфта банди хаёлот шуданд. Ниҳоят кампир хомўширо вайрон кард: -Додо, бархезед, меравем.
Онҳо бо роҳи омадаашон пас гашта аз гўристон берун шуданд ва ба мошин нишастанд. Кабир муҳаррики мошинро гирон карда, мунтазири амри модар шуд. Кампир инро пай бурда, — Ҳо, он дўлонаро дар болои теппа мебинед, — гуфт ў, бо даст ба офтобшин ишора карда. — Ба он ҷо ҳай кунед мошинро.
«Нива» чун сангпўшт оҳиста ҳаракат карда болои теппа шуд. Кабир мошинро дар назди дўлона манъ кард. Модару писар аз мошин берун шуданд. Кампир ба дўлонаи солхўрда назар андохт. Тана ва шохҳои дўлона ҷо-ҷо хушк шуда буданд. Вале дар атрофи он чанд дўлонаи ҷавон қад мекашиданд. Аз ин кампир хурсанд шуд ва гуппичаашро болои сабза густурда рў ба деҳаи Сангоб нишаст. Кабир назди модар диккак нишаст ва ў ҳам дида ба деҳа дўхт.
Деҳа аз баландӣ чун дар кафи даст менамуд. Офтоб ғуруб мекард ва охирин нурҳои он ба деҳа мерасид. Рўди Сангоб, ки аз кўҳ сарозер шуда аз байни деҳа мегузашт, лойолуд буд ва чун дар тобистон аз шуъои офтоб нуқрафом наменамуд. Хонаҳои мардум аксаран дар паси сафедорони сарбафалаккашида ва ё дарахтони кўҳансоли чомағзу тут пинҳон буданд ва ё шифти онҳо ба назар мерасиданд. Танҳо бинои дуошёнаи мактаб, ки дар миёнаи деҳа, дар соҳили чапи рўд, дар ҷои нисбатан ҳамвору васеъ ҷойгир буд, аз ин ҷо пуршукўҳу босаловат ба назар мерасид. Нигоҳи кампир дар миёни деҳа чанорро меҷуст. Ў ҳарчанд ба тахмин онро ҷўё мешуд, пайдо карда наметавонист. Вай нигоҳ ба тамоми деҳа бурд: Чанори азиме, ки ў дар ёд дошт, наменамуд. – Як чанори калоне буд, назди чашма, дар миёни деҳа, — хомўширо халалдор кард кампири Сунбул. – Назди чанор масҷид буд, ки мактабаш карданд. Паси масҷид аввалин хона, хонаи мо буд.
Кабир деҳаи Сангобро хуб медонист. Бехабар аз модараш барои дарёфти решаҳои аҷдодӣ борҳо омадааст ин ҷо. Аз сўҳбат бо пирони деҳа дар бораи бобояш ва шаҷараи вай маълумоти зиёде гирифтааст. Ноҳақ бо тўҳмати кали Азим ҳабсу кушта шудани бобояшро шунида буд. Баъди ин раиси колхоз шудани кали Азим ва мардуми деҳаро бо баҳонаи пахтакорӣ ба водӣ кўчониданашро низ медонад. Деҳаи Сангоб аз аввали солҳои панҷоҳум то аввали солҳои ҳаштодуми садаи бист харобазор буд. Касе сукунат надошт ин ҷо. Дар водӣ барои аҳолии афзудаистода ҷой камӣ кард ва сангобиҳои пиракӣ як-як ба зодгоҳашон баргаштанд. Дере нагузашта ин амал расмият ёфт ва оилаҳои ҷавон низ аз Навобод ба Сангоб кўч бастанд. Бо ибтикори ҳукумат дар назди мактаби кўҳна мактаби нави дуошёнаи замонавӣ сохта шуд. Ҳамчунин биноҳои дигари маъмуриву маишӣ қомат рост карданд. Сангоб аз нав обод шуд.
Кабир ҳамчунин медонист, ки пас аз ҳабси бобояш, бибиаш-Шарифабону ба водӣ кўчида ба зудӣ аз олам гузаштааст. Ва имрўз дар ин деҳа касе аз шаҷараи бобояш зиндагӣ намекунанд. Танҳо чанд нафар аз хешовандони дури модараш дар Навобод, ки сангобиҳо он ҷо кўчида буданд, сукунат доранд.
— Чанори пир чанд сол пеш дар шамоли сахт афтодааст,- сухан оғоз кард Кабир. — Чашма барҷосту масҷид обод. Дар паси бинои мактабанд, — бо дасташ сўи ягона бинои дуошёнаи деҳа ишора кард ў. — Ҳавлиятон ҳам ҳаст. Писари хурдии кали Азим хона кардааст он ҷо, — гуфт Кабир ва хомўш монд.
Кампир ба он сў дида дўхта, давраи ҷавониашро ба ёд овард. Аз он айём ба назараш кўдакиву наврасӣ барояш беҳтарин рўзҳои зиндагиаш буданд. Рўзҳои беғаму ташвиш ва нисбатан осуда буданд он солҳо. Вале ба зудӣ бори зиндагӣ ба дўшаш афтод. Падарашро ҳабс карданд. Муносибати дўстони дирўза бо оилаи душмани халқ сард гашт. Ҳатто кали Азим намонд, ки модараш ва ў дар колхоз кор бикунанд. Рўзҳои сиёҳ ба сарашон омад он вақт.
Инженери МТС, ҷавони бисту панҷсола, Абдусалом, ки Кабири Назирро хуб мешинохт, барои хостгории Сунбул омад. Сунбули шонздаҳсола чӣ будани ишқу ошиқиро намедонист ва ба касе дил набохта буд. Модар розӣ шуд. Тўйи хоксоронае карданд. Абдусалом модарарўсашро кўчонда ба водӣ бурд, то ки бо онҳо зиндагӣ бикунад.
Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳаёти осоишта хотима гузошт ва душвортарин рўзҳо сар шуданд барои мардум. Абдусалом брон дошта бошад ҳам, бо хоҳиши худ ба фронт рафт. Сунбул, ки бо раҳнамуни шавҳараш тракторронӣ омўхта буд ва кор карда малака ҳам дошт, дар назди МТС як гурўҳи занону духтаронро ба ин касб ҷалб кард. Ҳамин тавр бо сарварии вай бригадаи тракторчизанон таъсис ёфт. Дар ақибгоҳ нерўи корӣ намерасид. Ҳама мушкилот ба дўши занону кўдакон ва пиронсолон афтода буд. Онҳо шабро- шабу рўзро-рўз нагуфта, барои ғалаба меҳнат мекарданд. Ва ин ғалаба ба осонӣ ба даст наомад. Миллионҳо нафар барои ғалаба ҷон нисор карданд. Дар ақибгоҳ низ одамони зиёде аз беморӣ ва ё гуруснагӣ вафот карданд. Оилае набуд, ки мотам надошта бошад. Дар ҳамин вақт нахустфарзанди Сунбул – Асадҷон, ки пеш аз оғози ҷанг таваллуд шуда буд, аз беморӣ вафот кард.
Абдусалом ҳамчун афсари танкчӣ то ба Берлин расид. Дар муҳорибаи ин шаҳр захм бардошт ва пас аз се моҳи ғалаба, моҳи августи соли 1945 аз ҷанг баргашт. Дасти чапашро аз бозу поён дар госпитал бурида буданд. Сунбул ба ҳаминаш ҳам шукр мегуфт. Ҳазорҳо нафар тоҷикистониён аз ин ҷанг барнагаштанд. Зиндагӣ аз нав ба маҷрои худ даромад. Абдусалом сардори МТС таъин шуд. Баъди барҳам хўрдани МТС то ба нафақа баромаданаш сардори Идораи техникаи кишоварзии ноҳия буд. Сунбул бо шурўи ҳаёти осоишта ба кори нисбатан сабук гузашта, сардори бригадаи пахтакорӣ шуд. Бо таваллуди фарзандон ў корро муваққатан қатъ мекард, вале чун андаке калон мешуданд онҳо, дар колхоз заҳмат мекашид. Ҳамин тавр Абдусалому Сунбул шаш нафар фарзандашон — се духтару се писарро ба воя расониданд, таҳсилот доданд, соҳиби оила карданд. Умр вафо накард: 15 сол пеш Абдусалом вафот кард. Барои кампири Сунбул осон набуд вафоти ҳамсараш, шахсе, ки як умр ҳамдаму ҳамнафасаш буд. Лек чӣ илоҷ, зиндаҳо ба хотири дигарон бояд зиндагӣ бикунанд. Ў китоби зиндагиашро варақгардон кард. Талхиву шириниҳо, ғаму шодӣ дорад зиндагӣ. Ба ҳар ҳол ў аз умри худ розӣ буд: Нони ҳалоли меҳнатӣ хўрдааст ў. Ба касе бадӣ накардааст, то тавонад ба мардум кўмак мекард. Ва дар ин рўҳия фарзандонашро тарбия кардааст.
— Оча, офтоб шишт,- гуфтани Кабир кампирро аз банди хаёл берун кард.
— Ҳозир, ҷони оча, — гуфт ў ва аз ҷо бархост. Кампири Сунбул охирин маротиба ба деҳа, ба сўи мактаб, ба ҳавлиашон, ки аз ин ҷо наменамуд, назар кард. Офтоб аллакай паси кўҳ ғуруб карда, болои деҳа торикӣ мефаромад. Дар хонаҳои сокинони деҳа чароғи барқӣ фурўзон гардида буд. – Маро овора шуда ин ҷо наоред. Дар қабристони Гулистон, пеши падарат гўр кунед, — гуфт ў ба писараш ва гуппичаашро аз замин бардошт.
Кабир ба ин хоҳиши модараш посух нагуфта аз дасти ў гирифт, то ки ба мошин савор кунад.
Вақти намози шом ба хона баргаштанд. Кампири Сунбул таҳорат карда ба ҳуҷрааш барои намозхонӣ даромад. Баъди адои намоз ўро сари дастархон хонданд. – Шумо бемалол хўрок хўрдан гиред. Ман иштиҳо надорам, каме дам мегирам, — гуфт ў ба наберааш Шарифабонуи шонздаҳсола.
— Бибим хўрок намехўрам, мегўянд,- хабар дод Шарифабону ба волидонаш, ки сари дастархон кампирро мунтазир буданд.
— Монда шудагистанд, раҳи дароз рафта омаданд,- хулосагирӣ кард келин.
Кабир дар хавотир афтода худ ба ҳуҷраи кампир гузашт. Модараш болои кат дароз кашида буд. –Оча, биёед хўрок хўрем, гуфт ў.
— Шумо бе ташвиш хўрдан гиред, ман каме дам мегирам, — гуфт ў ба даъвати писараш.
Кабир ноилоҷ сари дастархон баргашт. Аз гулўяш хўрок намегузашт, агарчӣ гурусна буд. Ба ҳар ҳол чанд чумча аз оби шўрбо хўрд.
Баъди тановули хўрок Шарифабону барои аз ҳоли бибияш хабаргирӣ ба ҳуҷраи вай даромад. Кампири Сунбул бедор буд. Ў набераашро дида, хоҳиш кард: -Як пиёла оби хунук биёр, ҷони бибӣ.
Шарифабону аз банка як пиёла оби хунуки ҷўшомада гирифта ба ҳуҷраи кампир баргашт ва онро ба бибияш дароз кард: — Бибӣ, овардам, нўшед.
Кампири Сунбул аз ҷояш нимхез шуда обро нўшид ва пиёларо ба наберааш баргардонда гуфт: –Барака ёбӣ, духтарам. Хушбахт шавӣ. Акнун рафта, модару падаратро гўй.
— Оча, тинҷӣ аст?- суол кард Кабир, ки аз паси духтараш вориди ҳуҷра шуда буд.
— Ман меравам, ҷони оча.
— Ин хел нагўед.
— Паймонаи умр пур шудааст.
Ҳамин вақт келин низ ба ҳуҷра даромад. – Хола, чӣ шуд?-суол кард вай.
-Ҷони хола, барака ёбӣ. Хушбахт бошӣ ва хушбахтии фарзандонатро бинӣ. Нони додаатро пиҳил кун, духтарам, — ба келинаш муроҷиат кард, кампир.
— Ман ҳазор бор розӣ, -гуфт келин ва фиққос зада ба гиря даромад.
— Гиря накун, духтарам. Мурдан меросӣ аст.
— Писарам, шумо ҳам барака ёбед, ҳамеша хушбахт бошед, — Ба Кабир муроҷиат кард, кампири Сунбул. – Пас аз сари ман бо апаю хоҳаронатон ва додаронатон рафтуоро канда накунед. Тифоқу ба ҳамдигар мададгор бошед.
Аз васияти модар дар чашмони Кабир ашк ҳалқа зад.
— Таҳорат доред? – пурсон шуд модар.
— Ҳа.
— Пас Ҳазрати Ёсинро хонед.
— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, – шурўъ кард Кабир. — Ёсин вал қуронил ҳаким иннака ламинал мурсалина. Ъало сиротим мустақим. Танзилал ъазизир раҳими, литунзира қавмам мо унзира обоуҳум фаҳум ғофилун….
Кабир қироатро хатм накарда буд, ки кампири Сунбул ҷон дод. Келин, ки сари болини кампир меистод, манаҳи ўро баст ва дасту пояшро рост кард.

Моҳи марти соли 2003.

ДАР ГИРДОБИ ЗИНДАГӣ

ҳикоя

Саодат бо дамидани субҳ аз хоб хеста дар тараддуди омода кардани ношто шуд. Шавҳараш Зарифҷон субҳи барвақт ба кор меравад ва шом пас аз фаромадани торикӣ ба хона меояд. Кори хоҷагии деҳот ҳаминро тақозо мекунад. Ба вежа, вақте ки хоҷагӣ пас аз боронҳои пайдарпай кишти такрории пунбадона мегузаронад. Худи ў низ ба кори саҳро мебарояд. Вале имрўз Саодат ба кори хоҷагӣ рафтанӣ набуд. Мехост, ки як тана гелоси рўи ҳавлиро чида ба бозор барад ва ба пули он анвои хўрдание бихарад.
-Вақте ки дар хона анвои хўрдание нест, саргаранг мешавӣ, ки чӣ пазӣ? — дар андеша монд ў. Ба ёдаш нақли бибиаш аз гуруснагии давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ расид. «Баъзан як мушт орд намеёфтем, ки ордоб кунем. Одамони камбағал аз гуруснагӣ варам карда мемурданд», ба ёд меовард бибӣ. –Имрўз ҳам ҳоли мардуми камбағал аз он давра беҳ не. Мағозаву бозор пури хўрокворӣ, вале пул нест. Касе заҳмати ҳалол мекунад, пул надорад, ки аз он анвои ғизо баҳравар шавад. Аз саҳар то шом меҳнат кунию боз гуруснагӣ кашӣ, чӣ зиндагӣ аст ин?! –аз дил гузаронд Саодат ва хориаш омада гиря гулўгираш кард. Ў пас аз лаҳзае ба худ омад ва суфраро аз токчаи ошхона гирифта кушод. Дар он камакак орд буд. Вай суфраро такида ҳамагӣ як нимкоса орд ҷамъ кард. Дегро обгардон карда болои плитаи барқӣ монд. Бидони равғангириро ба даст гирифт. Сабукии он аз холӣ буданаш гувоҳӣ медод. Саодат пас аз хушк шудани оби дег сарпўши бидонро гирифта онро сарозер кард, ба умеде, ки каме ҳам бошад, аз он равған метаровад. Ба дег се-чор қошуқ равғани пунбадона чакид. Ў равғанро тасфонда ба он орди нимкосаро андохта бо кафгир тез-тез кофтан гирифт, то ки аз камии равған орд ба дег часпида насўзад. Баъди сурх шудани орд вай ба дег як қарабоӣ обу як қошуқ намак андохта он ҳамаро омехт ва гўшаки барқафзоро баланд кард. Саодат мунтазири ба ҷўш омадани ордоб болои чорпояча нишаст ва ба андеша рафт: «Ордобро бо шир мепазанд, тамъи он дигар аст. Вале ҳоло куҷост шир?!». Тирамоҳи соли гузашта писарчаи калонии Саодат- Акбарҷон домана шуд. Пас аз футбол кардан аз ҷўй об нўшида гирифтори ин беморӣ шудааст. Говро фурўхта сарфи доруву дармони писарашон карданд. Агар ин ҳодиса намешуд, гов баҳор гўсола мекард ва ҳоло кўдакон серӣ ширу ҷуғрот мехўрданд.
Садои ҷўшидани дег ўро аз андешаҳо раҳо намуд. Саодат аз ҷо бархоста гўшаки барқафзоро паст кард, то ки паст ҷўшад дег. Сипас қошуқро гирифта намаки ордобро чашид. Камнамак буд ордоб. Ў ба дег чоряк қошуқ намак андохт ва ордобро бо кафгир кофт. Пас аз ин вай чойники барқиро ба розеткаи ҳамшафат васл кард, то ки об ҷўшонда чой дам бикунад. Саодат аз фосилаи то обҷўшӣ баамаломада истифода карда болои кати ҳавлӣ, ки таги воичи ток буд, аз хона палосу кўрпача бурда барои чойнўшӣ ҷой густурд.
Ҳамин вақт Зарифҷон, ки аз хоб хеста дасту рўй мешуст, тараддуди завҷаашро дида гуфт:
— Ташвиш накашед, ман чой наменўшам.
— Чой ҳозир меҷўшад. Ордоб тайёр аст. Бе ношто наравед, — гуфт Саодат ва ба ошхона рафт. Оби чойник ҷўшида буд. Ў сими чойники барқиро аз розетка канд ва аз паи чойдамкунӣ шуд.
Зарифҷон либоси кориашро пўшида рафтанӣ буд, ки Саодат як коса ордобу охирин фатирхамири сиёҳро болои дастурхон гузошт ва ўро ба ношто хонд. Вай хоҳиши завҷаашро рад карда натавониста сари дастархон нишаст.
— Шумо ношто кардан гиред, ман гелосро мечинам. Ягон сатил ҳам шавад, бурда мефурўшам ва орд мехарам, — гуфт Саодат ба шавҳараш.
Зарифҷон, ки ордоб мехўрд, сар ҷунбонда «хуб» гуфт. Ў хуб медонист, ки дар хона орд нест. Пул нест, ки орд бихарад. Хоҷагӣ чанд моҳ боз маош надодааст. Раис барои нонвойхонааш 80 халта орд овардааст, ки хамири хуб нашуда аз танўр мешоридааст. Ў ин ордро ба ҷои ҳаққи меҳнат ба баъзеҳо тақсим кардааст. Рўзи тақсимот Зарифҷон бо чанд нафар механизаторони дигар дар қитъаи дурдасти хоҷагӣ пунбадона мекиштанд ва аз ин рў, аз орд бенасиб монданд. Як моҳ пеш падараш аз гандуми ҷойдориаш як халта дода буд. Онро дар осиёби деҳа орд карданд ва то имрўз нон пухтанд. Сарҳисоби Зарифҷон гум буд, намедонист аз ин ба баъд аз бепулӣ ҳолашон чӣ мешавад? Дар хоҷагӣ заҳмати сангин кашӣ ҳам, рўи маоши хубро намебинӣ. Агар раис ҳиммат кунад, охири тирамоҳ шояд ба ҳар рўзи корӣ 50 ё 60-дирамӣ ҳақ диҳад. Вагарна ҳаминро ҳам умедвор шудан нашояд. Чанд бор ба сараш хаёли чун дигар ҷавонмардон барои мардикорӣ ба Русия рафтан омад. Вале мушкилоти молӣ ба ин амал даст намедод. Барои сафари Русия камаш дусад доллари ИМА пул лозим буд. Нисфи ин пулро роҳпулӣ карда ба қисми дигараш бояд барои оилааш ғизо мехарид. Вале ў чунин маблағ надошт ва намедонист, аз кӣ қарз бигирад. Зарифҷон сари ин андешаҳо ордобро хўрд, вале даст ба нон набурда онро барои завҷаашу фарзандонаш монд. Ў ба дастурхон фотеҳа карда онро печонд ва ба завҷааш, — Ман ба кор рафтам, — гуфта аз дари ҳавлӣ баромад.
Дарахти навниҳол чандон ҳосил надошт. Саодат як сатил гелос чид. Дар шохҳои дарахт боз як тоқӣ барин гелос «ҳаққи кўдакон» монд. Ў даҳони сатилро бо миёнбанде баста барои ба бозор бурдан омода кард ва сипас писари калониаш Шарифҷонро аз хоб бедор кард: — Ҷони оча, хез, саҳар шуд.
Шарифҷони даҳсола бо шунидани садои модараш аз хоб бедор шуд: — Оча, ҳоло барвақт нест?- пурсон шуд ў.
— Барвақт аст. Вале ман бозор меравам. Ту хоҳару додаратро нигоҳ кун. Ҳоло хез, якҷоя ношто кунем.
Саодат дастурхонро боз кард ва ба ду коса, ба худашу писараш ордоб кашида овард. Шарифҷон пас аз дасту рўяшро шустан омада сари дастархон нишаст. Саодат нонро пора кард ва пеши писараш гузошта гуфт: — Гир, хўр писарам. Кўдакҳо, ки бедор шуданд, ба онҳо низ аз дег ордоб кашида те, хўранд.
Ношто хомўш гузашт. Саодат косаҳоро ғундошт то бурда бишўяд. Инро Шарифҷон дида, гуфт:– Оча, ман худам мешўям. Шумо аз паи коратон шавед.
Саодат ба хона даромада зуд тағйири либос кард ва ҳинни ба бозор рафтанаш Шарифҷонро бори дигар таъкид кард: — Кўдакҳо, ки аз хоб хестанд, хўрок те. Гелоси шохи дарахтро чида хўред ва дар ҳавлӣ бозӣ кунед. Ба кўча набароед. Ман зуд меоям.
Саодат ду сомонии аз ҳамсоязан қарз гирифтаашро роҳкирои маршрутка дода ба шаҳри Душанбе расид. Аз маршрутка дар маҳаллаи 82-юм фаромада сўи бозор роҳ гирифта буд, ки ҳаннотзанон миёнагираш карданд:
— Гелоса чандӣ метӣ? – пурсон шуд яке.
— Нархи бозор.
— Баъд мора чӣ мемона?!
— Ман кафили шуморо гирифтаам?!
-Хай, ҷои мешудагиша гап зан- гуфт ҳаннотзани дигаре, ки аз фарбеҳӣ бочкаи пиворо мемонд.
Саодат аз ҳамсоязан шунида буд, ки килои гелос дар бозорҳои Душанбе аз 5 сомонӣ кам нест. Бинобар ин, ў — 5 сомонӣ- гуфта посух дод.
-Чӣ? Хестай, ки хобӣ, — изҳорӣ норизоӣ кард фарбеҳзан. – Гелосута ай 2 сомонӣ зиёд намегирем.
— Хоҳед, ҳамин. Нахоҳед, худам мефурўшам.
— Мебинем, ки чӣ хел мефурўшӣ. Чекпулии бозору штрафпулии милиса худуш ба нархи гуфтагит баробар меша, — гуфт ҳаннотзани дигаре.
Пас аз ин гуфтугузор ҳаннотон гўиё Саодатро ба ҳоли худаш гузоштанд. Ў вориди бозор шуда дид, ки растаҳо ҳама банданд. Ҳатто барои сатилро рўи замин мондан ҷой набуд. Саодат ноилоҷ аз бозор берун шуд. Кўча ҳам бозорро мемонд: Дар ду тарафи он мардум маҳсулоташонро мефурўхтанд. Танҳо ин ҷо растаҳо набуданд. Ў назди гелосфурўше ҷои холӣ ёфта сатилашро сари кўча, қатори дигарон гузошт ва миёнбандро аз даҳони он гирифт.
— Ба ҷаллобо надодӣ? –пурсон шуд зани гелосфурўш.
— Арзон нарх карданд. Ду сомонӣ килояш мегўянд.
— Ин гўрсўхтаҳо имон надоранд. Дар бозор гелоси мову ту аз 6 сомонӣ кам нест. Ман ин ҷо 5 сомонӣ фурўхта истодаам. Мехоҳам, ки тезтар тамом кунам. Ин гўрсўхта милисаҳо ҷалобоя ҳиҷчӣ намегўяну моя ин ҷо намемонан моли худмона фурўшем.
«Гург гўи, гўшаш пайдо мешавад», гуфтагӣ барин ҳамин вақт садои дашноми милисаи бозор, майор Ҷоруб Ҷангалиев баланд шуд. Ў фурўшандаҳои сари роҳро, ки аксарашон занон буданд, дашноми қабеҳ дода, сатилу лагандашонро чаппа мекард. Садои ўро шунида фурўшандаҳо чун гунҷишкони аз боша рамида, маҳсулоташонро гирифта пароканда мешуданд. Саодат аввал сарфаҳм нарафт, ки чаро ҳама мегурезанд. Ў дар ҷояш лол монда буд.
– Бугрез, духтар, ки сатили гелосута чаппа мекуна,- гуфтани зани ҳамшафаташ ўро ба худ овард ва вай сатилашро ба даст гирифта саросема ба сари роҳи мошингард гузашта ҳайрон монд, намедонист чӣ кор бикунад? Милиса Ҷангалиев фурўшандаҳои сари роҳро пароканда карда чашмаш ба Саодат афтод. Ў ба Саодат бо нигоҳаш теғ кашида фарёд кард:
-Ҳой, занаки падарлаънат, ту чӣ шах шуда мондӣ? Ҳе, очата… Канӣ, гум шав аз чашмум.
Инро ҷавонмарди 40-45 – солае, ки ба бордони сабукрави «Мерседес» маҳсулоти аз бозор харидаашро бор мекард, шунида ғайричашмдошти Саодат ба моҷаро дахолат намуд:
— Ҳой, акаи милиса, дашном накун. Ин гелоса ман харидаам.
Милиса ҷавони ҳузарби босалобатро дида, раъйи пеш омадан накард ва барои «иҷрои вазифааш» пас гашт.
Ин ҷавонмард барои Саодати ҳайронмондаро аз ҳиҷолат баровардан муштарии гелосаш шуд: — Хоҳар, гелосат ба ман маъқул, сара будааст. Бар намекашаму нархашро ҳам намепурсам. Ба ҳамааш 50 сомонӣ медиҳам. Агар аз мо равад, савоб аст. Агар аз шумо ҳам равад, савоб мешавад, зеро гелосатонро дар маъракаи хайр истифода мекунем.
Саодат ба хушнудӣ розӣ шуд, зеро харидор ба гелоси вай, ки 10 кило ҳам намешуд, пули нағз медод.
— Майлаш.
Харидор сатили гелосро ба борхалтаи селофаниаш, ки дар бордони мошин буд холӣ кард ва ба Саодат якто панҷоҳ сомонӣ дод.
Саодат ба харидор изҳори миннатдорӣ карда ба сўи растаи ғизофурўшии бозор роҳ пеш гирифт. Пагоҳ зодрўзи духтарчааш Моҳрў буд. Ў сараввал ба 3 сомонӣ ним кило конфетҳои гуногун гирифт, то ки кўдаконаш хурсанд бишаванд. Ба тўҳфаи дигар пул надошт. Вале духтараш бе тўҳфа намемонад: шавҳараш барои Моҳрў зочае аз чўб тарошидааст. Ў барои ин зоча сару либос дўхта мондааст. Пагоҳ тақдимаш мекунанд.
Саодат ба 3 сомонӣ ним кило гўшти гов, ба 9 сомонӣ 10 кило орди навъи дуюм ва ба 4, 5 сомонӣ 1, 5 кило равғани пунба харида аз бозор берун шуд. Ў бо ду дасти пурбор ба истгоҳи маршруткаҳо омад. Маршруткае, ки ба Гулистон мерафт нимахолӣ буд. Пулчинак фарёд мекард:
-Гулистон. Боз се нафари саросема биё! Хола, биё раҳакӣ мешавем, — гуфт ў Саодатро ба маршрутка хонда.
Саодат ба маршутка савор шуда ба хаёл рафт: Аввал пули харҷкардаашро хисоб кард. Ба 21 сомонӣ харид кардааст. 2 сомонии дигар ба маршрутка медиҳад ва боз 2 сомонии дигар қарзи ҳамсояро баргардондан лозим. Ҳамааш 25 сомонӣ мешавад. Аз 50 сомонии пули гелос 25 сомониро гирем, 25 сомонии дигар мемонад. Ин 25 сомонӣ шояд то аввали моҳи дигар танҳо барои харидани орд расад. Ва ин моҳ онҳо фақат «чою чаппотӣ» мехўранд. Хоҷагӣ кай маош медиҳад, маълум не.
«Газел» аз мусофирон пур шуд ва ронанда онро ба ҳаракат даровард.
— Хола, шумо пул намедиҳед?- гуфтани пулчинак Саодатро аз хаёл раҳонд. Ў ба вай дуто яксомонӣ дароз кард ва аз нав ғўтавори фикру андешаҳо шуд: Ҳоло ба хона расидан замон бояд, аз орди харидааш хамир кунад ва барои шом дами гарме пазад. Дар хона ҳатто картошка набуд. Ба пиёба пухтан қарор кард ў. Аз нимкило гўшти харидааш устухонашро ҷудо мекунад ва онро меҷўшонад. Ба он пиёзу кашниз меандозад, то ки дами гарме шавад. Пагоҳ бошад, дар рўзи таваллуди Моҳрў мантуи гўштӣ мепазад. Бигзор кўдакон як серӣ хўроки серғизо хўранд. Чанд моҳ аст, ки хўроки гўштӣ нахўрдаанд.
Саодат бо ин хаёлу андешаҳо ба деҳа расиданашро нафаҳмида монд. Ўро дар пеш пастиву баландиҳои зиндагӣ, ноҷўриҳои ҳаёт домангир буд.

Майи соли 2003.

ГИРЯИ МАРД

ҳИКОЯ

Сиёвуш боз ғаш кард. Хўроки шомро намехўрд. Вақте ки Ориф оши палавро ба табақчааш, ки ҳамеша аз он хўрок мехўрд, кашид, -Ман аз ин табақча намехўрам. Ман калон шудагӣ, бо шумо мехўрам,-гуфт.
Ориф, ки ба ин хўрдагириҳои вай одат карда буд, -Майлаш писарам, ҳар ду хўрок мехўрем,- гуфта, ба табақи калон ош кашид. Вале аз табақи калон ҳам вай ош хўрданӣ набуд. Якчанд чумча ош хўрда, -Ман сер шудам, акнун велосипедамро аз гараж мебарорам- гуфт ва ба велосипедаш, ки дар кунҷи ошхона монда буд, савор шуд.
Ў дар велосипедронӣ моҳир шуда буд. Ба осонӣ аз ошхона ба даҳлез ва аз он ҷо ба залу хонаи хоб, ё ҳуҷраи кории Ориф велосипедсавор мерафт. -Писарам, дар хона велосипед ҳай накун, ҳамсояи қабати поён шикоят мекунад- мегуфт Ориф. Вале кўдаки чорсола магар мефаҳмад таъкидро. ҳоло низ Сиёвуш ба қавле «дар гирди дегу табақ» велосипед меронд.
Аз гулўи Ориф дигар ош нагузашт, агарчи гурусна буд: чошт нахўрда буд. Ў табақи ошро ба дег чаппа кард ва онро аз болои плитаи газ гирифта ба ҷои салқин, балкон гузошт. Табақро шуста монд ва акнун як пиёла чой гирифта буд, ки аз зал садои телевизор баланд шуд. Сиёвуш телевизор монда, тугмачаҳояшро пахш мекард ва ба худ барномаи мақбул меҷуст. -Дада, дада! Бед, «Вести» сар мешавад, — фарёд кард Сиёвуш.
-ҳозир меравам,- посух дод Ориф ва ба ғундоштани дастархони болои миз сар кард.
-Дада, тез бед, сар шуд, -боз нидо кард Сиёвуш.
Вақте ки Ориф корҳояшро дар ошхона анҷом дода омад, гўянда сархати ахборро аллакай хонда тамом карда буд. Репортажи аввал дар бораи омодагирии ИМА ба ҷанги зидди Ироқ иттилоъ медод. Хабарҳои дигар ҳам дар иртибот ба ин мавзўъ таҳия шуда буданд. -Дада, боз чиба ҷанг мешавад? — кунҷкобӣ кард Сиёвуш.
-Барои он ки Америка мехоҳад Ироқро гирад,- посух дод Ориф.
-Барои чӣ Ироқа мегирад? — боз суол кард Сиёвуш.
-Барои нафт.
-Нафта чо мекунад?
-Аз нафт бензин мегиранд.
-Чӣ мошиншона бензинаш тамом шудаст?
-ҳа.
— Ба чиба аз заправка бензин намегирад? Пул надорад?- суолборон кард Сиёвуш.
-ҳа, пул надорад.
Барномаи «Вести» маъқул нашуд, магар ки -Дада, ман видео мемонам,-гуфт Сиёвуш ва барномаи ахборро қатъ кард. Ў аз ғаладони мизи зери телевизиор фитаи ба худ мақбулро пайдо карда, ба видеомагнитафон гузошт ва тугмачаашро пахш кард. Фитаи мазкур барои падару писар аз ҳама азиз буд ва онро қариб ҳамарўза тамошо мекарданд. Дар он тўи арўсии Орифу Гулрў ва ҳама маъракаҳое, ки дар он Гулрў ҳузур дошт гирдоварӣ шуда буданд. Сиёвуш тўи арўсии падару модарашро тамошо карда, пурсон шуд: -Дада, фақат шумою аям, ман канӣ? Чиба мана нагирифтед?
-Писарам, ту ҳоло он вақт набудӣ.
-Куҷо будам ман?
-Ту ҳоло таваллуд нашуда будӣ.
-Дар ишками аям будам?
Ориф ба ин кунҷковии писараш намедонист чӣ гўяд. Бинобар -ҳа,- гуфта посух дод ва сўҳбатро ба маҷрои дигар гардонд: — Писарам, биё давоми кассетаро тамошо кунем, туро ҳам мебинем. Сиёвуш боз ғўтавари тамошои лаҳзаҳои ҳаёти оилавӣ шуд.
Охирин сабт ду сол қабл, ҳини бозгашт аз шаҳри Исфара дар ағбаи Шаҳристон наворбардорӣ шуда буд. Моҳи июл буд. Ориф бо завҷааш ва писари дусолааш як қисми рухсатиашро дар зодгоҳи Гулрў гузаронда ба Душанбе бармегашт. Дар ағбаи Шаҳристон Ориф «Жигули»-ашро дошт, то каме истироҳат карда, куфти роҳро бароранд. Онҳо дар лаби об, дар сояи арчаи бузурге палосу кўрпача партофта, дастурхон кушоданд ва ғизои чошт хўрданд. Ориф пас аз ғизохўрӣ Сиёвушро, ки мехост шабпараки болои гулҳоро дорад, наворбардорӣ кард. Гулрў аз тарси он, ки Сиёвуш ба об наафтад, аз паи вай мегашт. Ногоҳ пои Сиёвуш лағжид ва ў қариб ба дарёча сарозер афтида буд. Гулрў дар охирин лаҳза тавонист аз куртаи Сиёвуш дорад. Ў Сиёвуши шўхро сахт ба оғўш гирифт ва бўсаборонаш кард. Сиёвуш хатари паси сар шударо эҳсос карда буд, магар ки навозишҳои модарашро ба хомўшӣ мепазируфт ва худро ба оғўши гарми вай зич мекард. Гулрў гирифтори ҳаяҷони сахте шуда, ранги рўяш канда буд. Ў дар банди эҳсосот карахт монда, овои сухангўӣ надошт. Ориф инро дарк кард ва аз рўд як каф об гирифта ба рўи ҳамсараш пошид, то ки ў ба худ ояд.
— Хонум, ба худ оед! Хатаре нест. Агар меафтид ҳам, об намебурд. Рўд як осиёб ҳам об надорад. Сонӣ, ман-ку ҳамин ҷо. Зуд аз об мегирифтамаш,- гуфт Ориф ва аз бозуи завҷааш гирифта сўи палос бурд.
— Нишаста дам гиред. -Ў аз зарфи пластикӣ як пиёла оби маъданӣ рехта, ба Гулрў дароз кард, то ки нўшаду ҳаяҷонаш паст шавад.
— Имрўз аз хўрокпазӣ озод шумо,-шўхӣ кард Ориф ва афзуд:- Ба шумо ғизои равғанӣ хўрдан мумкин не.
-Пас шумо оши турш мепазед,- гуфт дар ҷавоб Гулрў.
-Ба ҷон. Камина ҳамеша дар хизмати паричеҳраҳост.
-Боз ин кадом паричеҳраҳо? Дадош ягонто навашро ёфтаанд-чӣ? -нимшўхиву нимҷиддӣ, рашкомез гуфт Гулрў.
Ориф дар ҷавоби суоли завҷааш ин байти ҳилолиро қироат кард: —
То умр бувад, дар ҳаваси рўи ту бошам,
В-ар хок шавам, хоки сари кўи ту бошам.
Гулрў ҳам паст наомад ва бо байти дигари ҳилолӣ посух гуфт:-
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд,
Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд.
— Кам нашавед, бону. Боз мегўянд, ки ман одамшинос нестам,-гуфт Ориф ва рубоиеро боз аз ҳилолӣ суруд, то ки хотири завҷааш болида гардад:-
Чун сурати зебои ту ангехтаанд,
Сад ҳусну малоҳат ба ҳам омехтаанд,
Алқисса, ки шакли оламорои туро
Дар қолиби орзуи мо рехтаанд.
— Суханфурўширо монеду шумо ҳам нишаста, дам гиред, то Душанбе роҳ дароз аст,- гуфт Гулрў ва худ ин абётро хонда, шавҳарашро ба нишастан даъват кард:-
Эй ёри азиз, паҳлўям шин,
То чашм ба чашми ту нишинам.
Хоҳам зи нигоҳи гарму ширин
Туғёни дили туро бубинам.
-Банда ғуломи ҳалқабаргўши шумост,- гуфта Ориф рўи палос нишаст.
-Писаракам сахт тарсид,-гуфт Гулрў ба Сиёвуш ишора карда. Сиёвушро дар оғўши модар хоб бурда буд.
-ҳамин тавр таҷрибаи зиндагӣ меомўзад. Хатарро эҳсос мекунад. Афтидаву хеста калон мешавад, фарзанд, -таскин дод завҷаашро Ориф. -Магар мо наафтодаем?
-Дада, аям кай меоянд?- гуфта аз дасташ кашидани Сиёвуш ўро аз банди хаёл берун кард. Сабти фита тамом шуда буд.
-Аям кай меоянд?- боз суол кард Сиёвуш. Ин суолест, ки тўли ду соли охир ҳамарўза такрор мекунад ў.
-Намедонам,- посух дод ў ва беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд.
— Шумо чиба гиря мекунед? Шумо ҳам аяма ёд кардед?
-ҳа.
-Аям дури бад рафтагӣ аст? Омада наметонад?
-ҳа, дури бад рафта аст. Биё писарам, хоб равем. Вақт дер шуд. Пагоҳ, саҳар туро ба боғи ҳайвонот мебарам.
— Зоопарк меравем?
— ҳа.
— Фил ҳаст?
-Не.
-Шер чӣ?
-ҳаст.
— Ман хоб надорам. Шумо нависед, ман бозӣ мекунам.
Ориф телевизиорро хомўш кард ва ба ҳуҷраи кориаш гузашт. Сиёвуш аз ў пештар гузашта компютери болои мизро гирон кард ва гуфт:- Аввал ман менависам, баъд шумо. Шумо бисёри бад менависед.
Сиёвуш гирону хомўш кардани компютерро омўхта буд. Ў ҳамчунин ному насабашро метавонист нависад. Ориф дар компютер навиштану тоза кардани Сиёвушро пуртоқатона тамошо мекард. Ў хаста шуд, магар ки -Акнун шумо нависед,- гуфта компютерро дар ихтиёри Ориф гузошт ва худ бозичаҳояшро болои қолини фарш паҳн карда, ба мошинчабозӣ пардохт.
Ориф пас аз кори асосиаш дар мактаб, дар хона ба тарҷума аз забони англисию русӣ ба тоҷикӣ машғул мешуд ва бо даромади он аробаи рўзгорашро мекашид. Ў қаблан дар созмони хайрияи хориҷии «Шафқат» ба ҳайси тарҷумон кор мекард. Вале баъди танҳо мондани Сиёвуш маҷбур шуд, ки аз кор равад. Зеро сафарҳои доимӣ ба деҳот имкон намедод, ки ў сари вақт омада писарашро аз кўдакистон гирад. Баъзан ҳини сафарҳои чандрўза, ў Сиёвушро ба зодгоҳи худаш, ба деҳаи Гулоб, ки дар атрофи Душанбе воқеъ буд, мебурд. Вале Сиёвуш дар хонаи бобою бибиаш, ки кўдаки хурд надоштанд, зиқ мешуд ва — пеши падарам меравам,- гуфта гиря мекард. Барои ҳамин ҳам Ориф дар мактаби назди хонааш омўзгори забони англисӣ шуд, то ки баъд аз нисфирўзӣ фориғ аз дарсҳо бошад. Маъмурияти «Шафқат» мушкилоти Орифро ба назар гирифта, бо вай қарордод бастанд, то ки ба маоши муайян ҳуҷҷату асноди онҳоро тарҷума бикунад.
Ориф ғўтавари тарҷума лаҳзае фаромўш кард, ки Сиёвуш хоб нарафтаасту пешаш бозӣ дорад. Ў ба пасаш баргашта нигоҳ кард. Сиёвуш дар даст мошинча такя ба девор нишаста, гарданаш каҷ, хобаш бурда буд. Ў аз ҷо бархост ва Сиёвушро бардошта хонаи дигар бурд ва ҷўробу либоси рўяшро кашида ба ҷогаҳи болои диван хобонд. Ориф болои писарашро бо кўрпа пўшонид ва ўро аз пешониаш бўсида баргашт ба сари компютер.
Ориф то як поси шаб машғули тарҷума буд, ки садои Сиёвуш баланд шуд: -Аяҷон, истед! Ман шумоя ёд кардам. Аяҷон, наравед! Аяҷон, ая…, — гиря кард ў.
Ориф зуд аз ҷо бархост ва ба хонаи хоб сари болини ҷигарбандаш шитофта гуфт:-Писаракам, гиря накун! Дадош ҳамин ҷо.
Сиёвуш эҳтимол дар хобаш модарашро дида буд, ки гиря мекард. Ў сари Сиёвушро сила карда навозиш намуда буд, ки вай ором шуд. Бори якум нест, ки Сиёвуш дар хобаш Гулрўро мебинад ва гиря мекунад. Кўдак ҳеҷ ба набудани модараш тан намедод. Ба танҳоӣ бе вай одат намекард. Меҳраш ба вай рўз ба рўз афзун мешуду кам не. Ориф ҳар қадар Сиювушро бо меҳр парварад ҳам, кам буд он. Ба ў меҳри модар, навозишҳои вай намерасид. Ориф азоб кашидани кўдакро дида, дилаш мушавваш шуд ва беихтиёр аз чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Субҳ баъди ношто мувофиқи ваъда Ориф Сиёвушро ба боғи ҳайвонот бурд. Сиёвуш тўли ду соли охир камаш ҳар се моҳ бо падараш ба ин ҷо меомад ва барояш бисёр чиз ошно буд. Вале ў боз ба завқ тамошо карда, кунҷкобӣ менамуд. Вақте ки ба панҷараи маймунҳо расиданд, ў пурсид: — Маймун одамаст?
— Не.
— Либос пўшонӣ одам мешавад?
— Не.
— Набошад, чиба ранги одамаст?
— Барои он ки хеши дури одам аст.
— Агар хешомон дури бад раван маймун мешаван?
— Ҳа.
Падару писар баъди тамошои маймунҳо сўи панҷараи палангон равон шуданд. Аз пешорў ду нафар зан бо ду духтарчаи 4-5-сола меомаданд. Ориф ба онҳо эътибор намедод. Ҳушу ёдаш ба Сиёвуши шўх буд, ки мабодо «корнамоӣ» нишон надиҳад. Ҳамин вақт Сиёвуш –Ая, аяҷон! – гуфта сўи занҳое, ки рў ба рўяшон меомаданд, тохт. Ў худро ба яке аз онҳо расонда, оғўш кушод ва –Аяҷон, куҷо будед? Чиба наомадед? Ман шумоя ёд кардам,- гуфта гиряро сар дод. Зан аз ин дар ҳайрат афтод ва лаҳзае худро гум кард. Вале ба худ омада, Сиёвуши майдаякро аз замин бардошт ва ба оғўшаш гирифта, бўсид. –Писаракам, ҷону дилакам, ман омадам. Гиря накун,-гуфт ў, Сиёвушро навозиш карда.
Ин лаҳзаро атрофиён дида, гумон карданд, ки модару писар баъди дурии тўлонӣ ҳамдигарро ёфтаанд. Ориф лаҳзае моту маҳбут дар ҷояш карахт монд. Ў ба чашмонаш бовар намекард. Сиёвушро Гулрў ба оғўш гирифта навозиш дошт. Бале, Гулрў буд ин зан. Ў худ лаҳзае хост чун писараш Гулрўи азизашро оғўш гирад.–Не, ин ғайриимкон аст,-ба худ омад Ориф ва назди зан рафта, узр пурсид: -Бубахшед густохии бачаро. Вай шуморо ба модараш монанд кардааст.
— Пай бурдам. Боиси бахшишпурсӣ нест, — гуфт зан бо як лаҳни малеҳе.
Садои ў ошно буд. Ориф гумон кард, ки бо ў Гулрў дар сўҳбат аст. Вай ҷуръат карда ба рўи ин зан нигоҳ кард. Гулрў ва ў як себи дукафон ба ҳам монанд буданд. Танҳо ў андаке ҷавонтар менамуд.
-Бубахшед, шуморо нороҳат кардем,- ларзид садои Ориф. –Сиёвуш, писарам биё,- гуфт ў ва писарашро аз оғўши зан гирифтанӣ шуд.
-Не, намеравам. Аяма ёфтам. Аям мана бардорад,-гуфта Сиёвуш занро сахт оғўш кард.
— Шумо рафтан гиред, ман баъд расида меравам,- гуфт зан ба шариконаш ва афзуд ба Ориф:-Бигзор бо ман бошад, Сиёвуш.
-Сиёвуш, биё «Сникерс» мехарам. Яхмос мехарам,- гуфта, писарашро гирифтанӣ шуд Ориф.
-Не, яхмос хўрам гулўям дард мекунад, — якравӣ мекард Сиёвуш.
-Монед, истад. Кўдак рафтан намехоҳад.
-Дастатон дард мекунад, биёед ягон ҷо нишинем, — ба қаҳвахонаи канори боғ ишора кард Ориф.
— Ташаккур, одати ба чунин ҷойҳо рафтан надорам, — рад кард зан ва афзуд:- Беҳтараш дар сояи ана, он бед мешинем.
— Майлаш,- розӣ шуд Ориф ва онҳо дар хараки канори роҳ, зери сояи маҷнунбед нишастанд.
— Бубахшед, ташвиш додем шуморо,- сухан оғоз кард Ориф.- Аз шериконатон ҷудо кардем. Кори хуб нашуд.
— Дугонаам Соро бо экизакҳояш Фотимаю Зўҳро буданд онҳо. Ману Соро ҳамсинфу ҳамсоя будем. Ў баъди хатми мактаб ба як хеши дурашон шавҳар карда ба деҳа рафт. Ҳоло ба меҳмонӣ ба хонаи волидонаш омадааст. Вай ба ҳолу ҷонам намонда бо худ ин ҷо овард. Ба ў мегўям, мефаҳмад маро. Аз ин хусус ташвиш накашед.
Сиёвуш шояд бори аввал бошад, ки шўхӣ намекард ва дар бағали зан ором буд. Вай сари Сиёвушро сила мекард, навозиш менамуд.
— Рости гап, шумо ба модари Сиёвуш бисёр монанд. Ҳатто ман ҳам дар аввал худамро гум кардам.
-Медонам. Ман апаи Гулрўро мешинохтам. Ману он кас ҳамномем.
— Чӣ? –ҳайрон шуд Ориф.
— Ман аз зиндагии шумо огоҳам. Апаи Гулрў дар курси чорум таҳсил мекарданду ман дар курси якум. Азбаски ба ҳам бисёр монанд будем, моро дар донишкада апаву хоҳар мепиндоштанд. Апаи Гулрў ҳам маро хоҳар мехонданд. Ҳатто таҷрибаомўзиро дар синфи он кас, дар мактаби № 56 гузаштаам. Шуморо ҳам мешиносам. Ҳини курси охирон будани апаи Гулрў баъзан ба назди он кас ба донишкада меомадед. Ман дар тўи арўсиатон, ки дар тарабхонаи «Ҷавонӣ» гузашт, ширкат доштам. Ба ростӣ, ҳоло дар аввал шуморо нашинохтам, мўи саратон сафед шудааст. Сиёвушро, вақте ки бори охир дида будам, ҳоло дусола нашуда буд. Ман ўро дар аввал нашинохтам. Вале, аз он ки «ая» гуфт, пай бурдам, писари апаи Гулрў аст.
Сиёвуши маҳрум аз навозиши модар дар оғўши Гулрў ба хоб рафта буд. Шояд аввалин бор тўли ду соли охир Сиёвуш чунин бароҳат хобида бошад.
— Хоби Сиёвуш бурдааст. Биёед ман вайро гирам.
— Не, бедор мешавад. Монед, хоб равад.
— Шуморо ташвиш додем.
— Боке нест. Рўҳи апаи Гулрў болида мешавад.
— Пас шумо аз фоҷиаи бар сари мо омада, хабар доред?
— Бале, аз ҷанҷоли милиса бо гурўҳӣ ғоратгарони силоҳдор дар назди бозор ва аз тири онҳо кушта шудани чанд нафар мардуми бегуноҳ тамоми сокинони Душанбе огоҳанд. Ман бо муаллимаҳои мактаби апаи Гулрў дар ҷаноза ва фотиҳаҳои он кас будам,- гуфт ў ва беихтиёр фиқ-фиқ ба гиря даромад.
— Ором шавед, гар тақдир ҳамин будаст, чӣ тадбир кунем?- гуфт Ориф Гулрўро таскин дода. Ў худ ба риққат омад ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ориф гиряаашро Гулрў набинад, гуфта аз ҷо бархост ва узр пурсид: -Бубахшед, ман як сигор дуд диҳам.
— Ҳамин ҷо кашед. Падари ман ҳам сигоркаш. Ба дуди тамоку одат кардаам.
— Ташаккур, намехоҳам дигаронро заҳролуд бикунам.
Ориф дуртар аз онҳо рафта, сигор даргиронд. Пас аз марги ҳамсараш ў ба майнўшиву сигоркашӣ шурўъ кард. Дар аввал бисёр менўшид. Вале баъдан худро ба даст гирифт ва ба хотири писараш ин одати бадро тарк кард. «Сигоркаширо ҳам партофтан даркор» ба худ андешид ў. «Бо сигоркашӣ ғам кам намешавад».
Вақте ки Ориф аз сигоркашӣ баргашт, Сиёвуш аз хоб бедор шуда бо Гулрў гуфтугў дошт: — Ая, медонед, чиба фил нестаст дар зоопарк?
— Не, ту медонӣ?
-Ҳа. Фила паррондан вақти ҷанг. Дадам гуфтанд. Ман фила тилвизорда дидагиам, калони бадаст.
— Сиёвуш аз хоб хестааст. Нисфирўзӣ ҳам шуд, ба ошхонаи «Шодиёна» рафта, ғизои чошт хўрем-чӣ,- таклиф кард Ориф.
— Ман бо шумо меравам, вале ғизо намехўрам. Одати дар кўча хўрокхўрӣ надорам. Апаи Гулрў мегуфтанд, ки шумо ҳам чунин одат доред.
— Рости гап, ба хотири шумо гуфтам. Вагарна ман ин одатамро напартофтаам. Табъам намебардорад, хўроки ошхонаро. Пас, хона ба хона меравем. Ё шумо ягон пешниҳоди дигар доред?
— Ба гумонам, ҳамин қадар таассурот ба як рўз кифоя аст. «Шаҳдро камаш ширин»,-гуфтаанд.
— Мо мошин дорем. Шуморо бурда мемонем. Куҷо истиқомат мекунед?
— Сари роҳатон. Ба шумо наздик, дар маҳаллаи 91. Лекин ман ба мошинатон савор намешавам. Одамон чӣ мегўянд?
— Шавҳаратон бадрашк аст, магар?
— Ман ҳоло шавҳар накардаам. Баъди хатми донишгоҳ дар мактаб кор карда истодаам. Мо, пирдухтаронро назари касе намегирад, ҳоло ҷавонон духтарони шонздаҳсола мекобанд, талабгорони пири нафақахўрро бошад, мо хуш надорем,- шўхӣ кард Гулрў.
Сиёвуш гуфтугўи мазкурро шунида, аз дасти Гулрў маҳкам дошт ва гуфт: — Не, шумоя ман дигар сар наметиям. Ман кофта-кофта базур шумоя ёфтам. Дигар ҳеҷ куҷо намеравед.
Гулрў ноилоҷ бо Сиёвуш ба курсии қафои «Жигулӣ» нишаст ва Ориф онро ба роҳ даровард. Сиёвуш даруни мошин маҳмадоноӣ мекард:- Ана, «Некси», ана, «Ҷип», «Газел»,- гуфта мошинҳоро номбар менамуд.
Дар як фурсати кўтоҳ ба маҳаллаи 91 расиданд. — Шуморо куҷо фарорам?- пурсид Ориф.
-Назди бинои нўҳқабатаи «кондитсионер». Мо дар ошёнаи сеюми ҳамин бино зиндагӣ мекунем. Дар хонаи № 12.
Ориф мошинро дар ҷои гуфта шуда нигоҳ дошт. Гулрў Сиёвушро бўсида бо ў хайрухуш кард ва аз мошин фармаданӣ шуд. Сиёвуш ин ҳолро дида, аз домани куртаи Гулрў дошт:-Не, намеравед. Ман намемонам,- гуфт.
— Мон, холааш фарояд. Ғам надеҳ, писарам.
-Хола не, аямаст. Намемонам. Қати мо равад аям.
— Акои Ориф, монед ман Сиёвушро бо худ барам. Рости гап, пештар ҷуръат накардам гўям инро. Аслан кайҳо боз ман орзуи ўро дидан доштам. Сиёвуш, бо ман меравӣ?
— Куҷо?
— Ба хонаи мо.
— Хонаи худамон?
— Ҳа.
— Биё, мефароем.
— Не, хонаи мо ин ҷо нестаст,-гуфт Сиёвуш ва домани Гулрўро маҳкамтар дошт.
— Не, шуморо ташвиш медиҳад. Вай кўдаки шўх аст.
— Ташвиш намедиҳад. Дар хона ба ғайри волидонам касе нест. Панҷ хона холӣ. Ман духтари кенҷагӣ.
— Мани танҳоро танҳои танҳо гузоштаниед? Медонед, ки вай ягона таскини дил, ягона умеди зиндагонии ман аст.
— Танҳо намегузорем. Сиёвушро пагоҳ ба хонаатон бурда мемонам.
— Ин гуфтаҳоро шунида,- Баъд хонаи худамон мерем? –суол кард Сиёвуш.
— Ҳа, меравем.
Ориф ба ҷуз розӣ шудан, дигар илоҷе надошт. Танҳо барои он ки Сиёвуш оромӣ ёбад, розӣ шуд, ки Гулрў ўро бо худ барад: -Майлаш. Лекин, агар ғам диҳад, ба ман занг занед. 36-36-63. Омада мебарам. Рақами телефонамонро фаромўш намекунед?
— Не. Ман рақами телефонатонро аз ёд медонам. Ман ба хонаатон рафтаам бо апаи Гулрў. Телефонӣ низ робита доштем.
Гулрў Сиёвушро ба оғўш гирифта аз мошин фаровард ва онҳо сўи бинои «кондитсионер» равон шуданд. Сиёвуш роҳравон, -хай, хай,- гуфта ба падараш дастафшонӣ мекард.
Ориф бо нигоҳаш онҳоро то аз назар нопадид шудан гусел кард ва боз чанд вақти дигар беҳаракат монд. Ў худро барҳақ танҳои танҳо эҳсос мекард. Дарди ҷонкоҳе вуҷудашро месўхт. Беихтиёр дар чашмонаш ашк ҳалқа зад, гиря карданаш омад. Мехост, ки дар дашти бекароне танҳо бошаду дод зада, бигиряд. Бигиряд, то садояш ба фалак печад. Не, ў ба худ тараҳҳум намехост аз Офаридгор. Ў адолат меҷуст. Адолат аз дунёи бевафо.
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале чун гул ҷавон гардад, бимирад.

Марти соли 2003.

МУҲАББАТ ВА ХИЁНАТ

ҳикоя

Базми наврўзии устодону донишҷўёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба авҷи аълои худ расида буд. Овозхони ансамбли донишгоҳ Асламшоҳ обу адо шуда суруди ишқӣ мехонд ва дар ҳавои он гулдухтарони донишгоҳ мечархиданду мечархиданд. Ин ҳама сурудхонӣ ба гўши Муҳаммаддовуд намедаромад, ҳатто рақси зебои духтарон, ки чун кабкони баҳорӣ мехиромиданд, таваҷҷўҳи ўро ҷалб намекард. Ҳушу ёди ў ба духтари чаканпўши навча, ки чун лолаи навбаҳор миёни гандумзор рустааст банд, буд. Дар ин рўзи ид ҳамаи духтарон либосҳои шинаму зебо ба бар карда аз ҳаррўза дида хушрўй ва дилкаш шуда буданд. Ба ҳар ҳол ин духтари қоматбаланди рўяш чун гули олуча сафед дар байни гулҳои наврўзӣ яккаву ягона менамуд. Муҳаммаддовуд ба ягон духтар чунин таваҷҷўҳи зиёд надошт. Барояш ҳамагон василаи дилхушӣ буданд. Аммо имрўз мафтуну шайдои ин духтар шуда буд. Ў дигар тоқат карда натавониста аз дўсту ҳамсабақаш Дилшод пурсид:
— Ин олиҳаи наврўзӣ кист, ки ман намедонам?
— Чӣ хел намедонӣ? Ин Нозгул аст аз курси сеюми форматсевтон. Соли нав дар дискоклуби «Шаби Ялдо» бо вай рақс карда баъд бо худ бурда будӣ.
-Ҳафтафаҳм, ман Нозро намегўям. Ҳо, анна он духтари чаканпўши паризод мара кушт.
— Ҳа, барвақттар гўӣ намешавад. Ин духтарак курси ду. Ҳамшаҳри мо. Бо квотаи президентӣ омадагӣ.
— Номашро намедонӣ?
— Дар ёдам нест. Дилором ё Дилбар бошад. Ман ба ў диққат надодаам. Маро медони-ку, ба ҳамшаҳриҳо бо чашми бад нигоҳ намекунам.
— Ҳа, ту пеши ҳамшаҳриҳоят махсумӣ. Ҳамшаҳрат бошад, чаро чаканпўш аст?
— Медонӣ, ки чаканпўшӣ ҳоло мўд шудагӣ. Ҳатто дар Хўҷанду Конибодом куртаи чакан серхаридор аст.
— Дар борааш чӣ медонӣ?
Аз деҳаи Рухак аст. Бо як ҷавони ҳамдеҳааш доим ҳамроҳ медидам. Аз ҳамдигар канда набуданд. Ҳоло, пас аз соли нав танҳо мебинамаш.
— Пас танҳо аст, ошиқе надорад?
— Инашро аниқ намедонам.
— Донистан даркор. Маро медонӣ, ки ба амонати касе хиёнат намекунам.
Муҳаммаддовуд дар донишгоҳ бо духтарбозӣ маъруф шуда буд. Баъзан ба коллеҷи тиббиву донишгоҳи омўзгорӣ ҳам ба «духтаршикор» мерафт. Вале, бо ҳама ин бадахлоқиаш ба зани шавҳардор ва духтари покдоман наздикӣ намеҷуст, ба хешу ақрабои ёру дўстонаш бо чашми бад нигоҳ намекард. Ин хислати ўро ҳамсабақонаш меписандиданд.
— Биё, шиносат мекунам, — гуфт Дилшод.
-Кош, чунин марҳамат намуда, савоби бандаро мегирифдед, — хурсанд шуд Муҳаммаддовуд, ки чунин илтифотро интизор буд.
Онҳо ҳар ду аз байни издиҳом берун шуда ба ҷониби дигари базмгоҳ гузаштанд.
— Наврўзатон фирўз бод, духтари хола! (Дилшод ба духтарони ҳамшаҳриаш чунин муроҷиат мекард).
— Ҳар рўзатон Наврўз бод! – бадеҳатан посух дод, духтар ва ба пас нигарист. – Ин шумоед, акаи Дилшод?!
— Бале, ин худи ман. Шуморо бо ин ҷавони зебо, ки ҳамкурси бандаанд шинос мекунам. Шинос шавед, Муҳаммаддовуд.
— Шодам, аз шиносоӣ бо шумо. Ман Дилбар,- барои салом даст дароз кард духтар.
Муҳаммаддовуд бо духтарону занон аз пеши худ дастакӣ салом намекард. Агар ин иқдом аз ҷониби онҳо сар занад, ў ночор даст дароз мекард. Ин лаҳза низ ночор дасти Дилбарро фишурд. Гўиё ҷараюни барқ дасти ўро зад ва ҷисму ҷонашро такон дод. Дар вуҷудаш эҳсосоти ширине пайдо шуд, ки кайҳо фаромўш карда буд. Муҳаммаддовуд ин эҳсосотро базўр ниҳон дошта гуфт: — Воқеан ҳам Дилбаред. Бояд шумо маликаи Наврўз мешудед.
— Хушгўӣ накунед, акаи Муҳаммаддовуд. Мо куҷою, малика куҷо?! Духтарони хушрўй дар донишгоҳи мо лак-лак.
— Ба ҳар ҳол, шумо зеботарини онҳоед. Ба қавле, якто шумо.
-Монед, ин гапҳоро ва беҳтараш мафтуни ҳусни маликаи Наврўз шавед. Бинед, чӣ қадар вай зебо.
— Ман ба ҷуз шумо дигар зебоиро намебинам.
Нигоҳҳо ба ҳам хўрданд ва туғёни наве вуҷуди Муҳаммаддовудро фаро гирифт. Лаҳзае хомушӣ ба вуҷуд омад. Касе ҷуръати ҳарфзанӣ надошт. Муҳаммаддовуд худро ба даст гирифта гуфт: — Шояд ин базмгоҳро тарк кунем ва барои худ базми дигари наврўзӣ биороем, Маликаи Наврўз?
— Аз ин ҷо рафтан беҳтар, ман чунин издиҳоми одамон ва базми пурмағалро хуш надорам. Акои Дилшод куҷост?
— Дилшод кори муҳиме дошт шояд, ки ҳинни сўҳбати мо базмгоҳро тарк карда бошад.
Воқеан ҳам Дилшод онҳоро шинос карду одати ҷўраашро, ки медонист ба сўҳбати онҳо халал нарасонида танҳояшон гузошт.
-Пас, ҳамфикр будаем ва зуд ин ҷоро тарк мекунем.
Онҳо ҳар ду аз базмгоҳ берун баромада сўи истгоҳи мошинҳо равон шуданд. Муҳаммаддовуд дари сабукрави «Мерседес»-ро кушода, Дилбарро дар курсии пеш шинонд ва худ сари фармон нишаста муҳаррикро ба кор даровард.
— Куҷо равем, олиҳаи наврўз?
— Куҷое, ки хоҳед. Фармони мошин дар дасти шумост.
— Фармони мошин дар дасти мост, вале ин дил ба фармони кист?- гуфт Муҳаммаддовуд ба сўи Дилбар ишора карда.
— Ихтиёр дар дасти бахтиёр, албатта, -ҳозирҷавобӣ кард Дилбар.
— Ҳаминро, ки медонем, хапем.
— Ба хоҳиши ман бошад, Наврўзро дар оғўши табиат бояд ҷашн гирифт.
— Бале, ҳамачиз бояд табиӣ бошад, акаи Муҳаммаддовуд.
— Маро кўтоҳакак Довуд гўед, мешавад.
-Чаро аз номи пайғамбар алайҳу салом даст мекашед?
— Пургунаҳам. Беҳтараш биёед, аз зебойи табиат ҳаловат барем, -гуфт Муҳаммаддовуд ва мошинро сўи дараи Варзоб тоб дод.
Пас аз 15 дақиқа онҳо ба бўстонсарои хусусие, расиданд, ки тарабхонааш карда буданд. Бўстонсарои мазкур дар даромадгоҳи дара, дар ҷои кушоди хушбоду ҳаво, начандон дур аз шаҳри Душанбе воқеъ буд. Бўстонсарои мазкур дар ҳамаи фаслҳо ҷои айшу ишрати майишатпарастон буд. Зимистон ҳуҷраҳои гарму рўшан, хўроки серғизову лазиз, тобистон сояи маҷнунбеду ҳавзи оббозӣ ва фаввораҳояш мизоҷонро ҷалб мекард.
Муҳаммаддовудро, ки ин ҷо меҳмони доимӣ буд, ҳама мешинохтанд. Ў бо мошинаш вориди бўстонсаро шуд. Мошини ўро дида зуд пешхизматҳо ҳозир шуданд.
-Ҳуҷраи мо холӣ аст?- пурсид Муҳаммаддовуд аз мошин фаромада.
— Бале, — посух дод, пешхизмат духтари ҷавоне ва афзуд,- куҷо мешинед?
— Кати, таги маҷнунбед, дуртар аз садои дарё.
Ин вақт духтари дигаре дари «Мерседес»-ро кушод, то ки Дилбар аз мошин фарояд. Муҳаммаддовуд аз дасти Дилбар гирифта сўи кат хонд.
— Боз духтараки нав ёфтааст. Ин қадар зебо, чашму абрўяша бин. Рўяш сап-сафед ширмоҳӣ барин,- ғайбат кард яке аз пешхидматдухтарон.
— Кӣ ин хел ҷавони зебою серпулро намехоҳад? Агар туро ҳоҳад, ҷон-ҷон гуфта медавидӣ, то ҳамхобааш бошӣ,- гуфт пешхидмати дуюм.
Муҳаммаддовуд дар курси 6-уми донишгоҳи тиббӣ таҳсил карда 4 сол боз дар фирмаи доруфурўшии бародараш мудири бахши тиҷорат аст. Фирмаи мазкур калонтарин дар ҷумҳурӣ буда барои муассисаш даромади калон меовард. Муҳаммаддовуд аз фоидаи акояш бебаҳра намемонд. Моҳе то 2-3 ҳазор доллар кисапулӣ мегирифт. Аз деҳа омада, зуд соҳиби хонаи шахсӣ ва мошин шуд. Ҳар шаш моҳ мошинашро ба наваш иваз мекунад.
Ў фарзанди кенҷаи оила буд ва синнаш аз 25 гузашта. Волидонаш бисёр мехостанд, ки ўро хонадор кунанд. Вале бо ҳар баҳона аз издивоҷ саркашӣ мекард. Ба гуфти худаш духтари мақбулашро пайдо накарда буд. Дилбар ба ў хеле хуш омада буд. Мақбули дилаш буд. Шояд ў ҳамон духтарест, ки солҳо интизораш буд.
Онҳо рўи кат нишастанд. Пешхидмат барои фармоиши таъом омад.
— Дилатон чӣ мехоҳад аз ин ғизоҳо?- суол кард Муҳаммаддовуд таъомномаро ба Дилбар дароз карда.
— Худатон интихоб кунед.
— На, мо мизбонем.
— Пас шаробу кабоб, -нимшўхиву нимҷиддӣ гуфт Дилбар.
— Шароби «Мартинӣ»-и фаронсавӣ ва кабоби тоҷикӣ, хўришҳо боқӣ худ медонед, -гуфта фармоиш дод Муҳаммаддовуд.
Муҳаммаддовуд ба қадаҳи Дилбар шароб рехта мурооти нўшидан кард ва гумон дошт, ки ин духтари кўҳистонӣ не мегўяд. Вале Дилбар бе ибо аз дасти Муҳаммаддовуд ҷомро гирифт.
Барои шумо менўшем, олиҳаи ҳусн. Наврўз муборак бод!
Баъди чанд қадаҳ сўҳбат қур гирифт ва Дилбар гуфт:
— Ман шуморо дер боз мешиносам, аз рўзи аввали донишҷўиям. Вале назари шумо мани деҳотиро намегирифт. Шумо духтарони шаҳриро меписандидед.
Муҳаммаддовуд аз ин суханон лол монда, намедонист чӣ гўяд. Ў худро дар дил коҳиш дод, ки чаро он вақт ба Дилбар таваҷҷўҳ накардааст. Шояд ин вақт меҳри онҳо ба муҳаббати бузурге табдил меёфт ва имрўз хонадор мешуданд онҳо. Аммо шаробнўшӣ ва бепарда ҳарфзании Дилбар ўро аз андешааш дур кард. Дилбар сархуш шуда худро ба Муҳаммаддовуд наздик мекард. Ў чун гурги болондида эҳсос кард, ки Дилбар чӣ мехоҳад.
— Ба ҳуҷра мегузарем, гуфт ба Дилбар ва аз дасташ дошт, то наафтад. Онҳо вориди ҳуҷраи озодае шуданд, ки бо роҳаткурсиву кати калони хоб ва телевизор муҷаҳаззонида шуда буд.
Ба ҳуҷра ворид шудан замон Дилбар худро ба оғўши Муҳаммаддовуд андохт ва лабонашро моили бўса кард. Дастонаш тугмаи шими ўро мекушоданд. Муҳаммаддовуд инони ихтиёрро аз даст дод ва нафаҳмида монд, ки чӣ хел урён болои кат шудаанд. Дилбар дар ҷогаҳ хеле гарму тасфон буд, чун алангаи оташ печутоб мехўрд ва гўиё ҷони Муҳаммаддовудро аз танаш мегирифт. Пас аз ишқбозиҳои тўлонӣ ҳар дў мондаву беҳол шуданд.
Муҳаммаддовуд пас аз чанде ба худ омада, пурсид: — Ин меваи биҳиштро пеш аз банда кӣ чашидаст ва ин лабони ширинро кӣ газидаст?
— Донистани ин шавқовар нест.
-Ба ҳар ҳол ман мехоҳам бидонам, ки ин хушбахт кӣ будаст.
— Тўлонӣ аст ин қисса.
— Мо куҷо саросемаем. Дар пеш шаб аст ва чанд рўзи истироҳат.
Онҳо ғусл карданд ва Муҳаммаддовуд боз шаробу кабоб фармуд.
Қадаҳҳо пур мешуданду холӣ.
Дилбар ба қисса сар кард:
— Ману Нозим дар як моҳ таваллуд шудаем. Ў аз ман ду ҳафта калон аст.Нозим писарамакам мебошад ва дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем. Байни хонаамон девор ҳам нест. Мо якҷоя калон шудем. Маро ба ў гаҳворабахш кардаанд ва дар оилаи онҳо аз хурдиам келин мегўянд. Аввалҳо ман ба ин эътибор намедодам. Вале, вақте ки духтари қадрас шудам, инро хуб фаҳмидам.
Ману Нозим дар як синф мехондем ва дар як парта менишастем. Агар лаҳзае якдигарро набинем, худро нороҳат ҳис мекардем. Воқеан мо ҳамдигарро дўст медоштем. Волидонамон инро хуб дарк мекарданд ва мехостанд, ки пас аз хатми мактаби миёна моро хонадор бикунанд. Вале ман азми таҳсил дар Душанбе кардам ва онҳо ба ҷуз розӣ шудан дигар чора надоштанд. Агарчи то ба ҳол аз деҳаи мо ягон нафар таҳсилоти олӣ нагирифтааст.
Ман духтур шудан мехостам ва падарам даву геҷ карда бароям квотаи президентӣ дарёт намуд. Нозим ҳуқуқшинос шудан мехост, вале ба хотири ман ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи тиббӣ супорид. Мо квотадорон бо сўҳбат донишҷў шудем. Вале барои Нозим дохил шудан ба ин донишгоҳ осон набуд. Ў ба хотири ман шабҳо хоб накарда китоб мехонд, то ки донишҷў шавад. Нозим аз имтиҳонҳо гузашт, вале барои донишҷўи гурўҳи буҷавӣ шуданаш балаш нарасид. Амакам ду говашро фурўхт, то маблағи яксолаи таҳсили шартномавии Нозимро пардозад. Ҳамин тавр мо ҳар ду боз ҳамкурс шуда ҳамеша бо ҳам будем.
Соли якуми таҳсилро хуб ҷамъбаст карда дар таътил ба деҳа омадем. Волидонамон хурсанд буданд. Боз гапи тўйи арўсӣ баромад. Ҳам оилаи мо ва ҳам оилаи амакам мехостанд, ки дар ҳамин таътил Моро хонадор кунанд. Вале ман шарт гузоштам, ки ақалан курси сеюмро хатм кунам, баъд майлаш. Ҳоло дарсҳо мушкил ва ман бо хонадор шудан онҳоро аз худ карда наметавонам. Волидонам розӣ шуданд. Онҳо маслиҳат карданд, ки то он вақт боа макам пул ҷамъ бикунанд ва бароямон дар шаҳр хона бихаранд.
Як ҳафта пеш аз таҳсил ба Душанбе баргаштем. Нозим иҷорахонаашро вақти таътил супорида буд ва ҳоло ҷойи хоб надошт Мо ба хобгоҳ омадем. Ҳамхонаҳоям ҳоло аз деҳа барнагашта буданд. Бинобар ин аз Нозим хоҳиш кардам, ки маро танҳо нагузорад ва то омадани духтарон ин ҷо бимонад. Шаби аввал мо дар катҳои алоҳида хоб кардем. Хоби ман намебурд. Аз печутобхўрии Нозим маълум буд, ки ў ҳам бедор аст. Ҳар ду хуб мефаҳмидем, ки чӣ мехоҳем. Вале худро дошта истиҳола мекардем. Ҳамон шабро бо сад азоб рўз кардем.
Рўзро бо квартиракобӣ гузарондем. Аз рўи эълон 7 хонаро дидем. Аз он якеаш маъқул афтод. Якхонагӣ дар назди донишгоҳ. Моҳе 100 доллар. Агар се нафар истанд, 100 сомонӣ мешавад. Аз ин нархи арзон набуд. Нозим ба ин розӣ шуд ва маблағи семоҳаи иҷораро пешпардохт намуд.
Шаби дуввум низ аввал хомўш ҳар ду дар катҳои худ хоб намудем. Боз хоб аз чашмонамон парида буд. Ҳар ду дар ҷогаҳи худ пучутоб мехўрдем, вале хомўш будем. Ягон нафарамон ҷуръат намекардем, ки ба ҳам наздик шавем. Дилам дар сўзу гудоз буд. Гўиё дар оташ месўхтам. Билохир ман ҷуръат карда аз катам хестам ва ба ҷогаҳи Нозим даромадам. Ў магар инро интизор буд, ки маро ба оғуш гирифт. Ман ҳам сахт ба оғушаш гирифтам. Бўсаву канор сар шуд. Лабҳо ба ҳам омаданд. Вале ин ҳама ташнагии маро намешикаст. Ман аз ин бештарро интизор будам Ва нафаҳмида мондам, ки чӣ хел либосҳои худамрову Нозимро бадар кардам. Он шабу шабҳои дигар бароямон шабҳои ялдо буд. Пас аз як ҳафта оқибати ин амаламонро андешида ба ваҳм афтодам. Шаби якуми арўсӣ шарманда мешавам. Инро ба Нозим гуфтам. – То он рўз ягон бало мекунем. Духтар буданатро ман медонам. Ҳамин бас аст, посух дод ў.
Ба ҳар ҳол ман дар ҳарос будам ва чораашро аз ҳамхонаам Чинигул ноайён карда пурсидам. Ў гуфт, ки бо роҳи ҷарроҳӣ пардаи исмати духтаронро медўзанд. Ҳамчунин ў роҳҳои обистан нашуданро бароям фаҳмонд.
— Ҳоло Нозим куҷост?- суол кард Муҳаммаддовуд.
— Дар аскарӣ.
— Чи хел?
Моҳи октябр буд. Вақти дарси амалӣ муаллими микробиология ба ман гап партофт. Инро шунида Нозим ба биннии ў як мушт фаровард. Муаллим бо биннии хуншор ба деканат рафта шикоят кард. Қариб Нозимро суд мекарданд. Ҳамкурсҳо ба миёна даромада баёнот доданд, ки айби муаллим шуд. Нозимро маъмурият аз донишгоҳ хориҷ кард ва ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуд, ки ўро ба аскарӣ гиранд. Нозимро ба аскарӣ гирифтанд ва ҳоло дар Мурғоб хизмат карда истодааст.
Муҳаммаддовуд аз шунидани ин қисса карахт шуд. Ҳеҷ намефаҳмид, ки чаро бо ин қадар дўстдориҳо Дилбар қиссаи мазкурро ба чунин осонӣ нақл мекунад. Гўиё байни вай ва Нозим чизе набошад. Наход оқибати муҳаббат чунин хиёнат бошад?! – аз худ мепурсид Муҳаммаддовуд.
Дилбар хомўш мондани Муҳаммаддовудро дида, бо нозу ишва худро ба оғўши ў андохт ва лабонашро ба лабони вай пайваст. Муҳаммаддовуд бо баҳонаи он ки нафастанг шудааст ва ҳоло қай мекунад, худро аз оғуши Дилбар раҳо кард.
Ў ба ташноб рафта дасту рўяшро шуст ва баргашта ба Дилбар гуфт:
— Ҳозир ба ёдам расид. Ин бегоҳ бародарам бо як нафар роҳбари фирмаи дорубарории Ҳиндустон мулоқот дорад. Маро ҳам ба ин мулоқот даъват кардаанд. Агар наравам, бародарам хафа мешавад. Либосҳоятро пўш меравем.
— Шаб меистем, гуфта будед,- норизо гуфт Дилбар.
— Ягон вақти дигар. Ҳоло гуфтам-ку бояд равем.
— Ягон вақти дигар, кай? – шилқинӣ кард Дилбар.
— Ба ҳамин наздикиҳо.
Онҳо аз ҳуҷра берун шуданд. Шом шуда буд. Муҳаммаддовуд ба дасти пешхизматдухтар ду дона садсомонӣ дода Дилбарро ба мошин шинонд ва муҳаррикро ба кор даровард. Пешхидмат ҳайрон шуд: Ў одатан бо духтарон шабро рўз мекард. Чаро ин шаб наистод?…
Дилбар дар роҳ шилқинӣ мекард:- Бароям имрўз беҳтарин рўз буд. Ҳаётро ман нав фаҳмидам. Чӣ қадар гуворост бо шумо будан.
— Муҳаммаддовуд ба гапҳои Дилбар, ки сархуш буд, эътибор надода хомўш мошин меронд. Ҳоло ҳам вай аз ин рафтори Дилбар мутаҳайир буд. Ин рафтори Дилбар ҳеҷ ба тарозуи ақл намеғунҷид.
Муҳаммаддовуд мошинро назди хобгоҳи Дилбар нигоҳ дошта гуфт: — Анна, ба хобгоҳатон расидем.
Дилбар пеш аз мошин фаромадан аз лабони Муҳаммаддовуд як бўса ситонида суол кард:
— Кай вомехўрем, ҷонакам?
— Ман туро худам меёбам, — посух дод Муҳаммаддовуд ва пас аз дари хобгоҳ даромадани Дилбар мошинро ба ҳаракат даровард.
Муҳаммаддовуд ҳеҷ хел мулокот надошт. Инро барои аз Варзоб баргаштан гуфта буд. Баъди шунидани қиссаи муҳаббати Дилбару Нозим ў мушаввашхотир гардида, худро гунаҳкор медонист. Агар ў намебуд, Дилбар ба Нозим хиёнат намекард, меандешид Муҳаммаддовуд. Ў бо ин андешаҳо як ҳафтаи ид аз хона берун набаромад. Телефонии мобилӣ ва хонагиро хомўш кард. Телевизиор ҳам тамошо намекард. Ҳатто шабона чароғро дар намегиронд. Тўли ин ҳафта ба ҷуз об луқмае ба даҳон набурд. Танҳо ба тоату ибодат машғул шуд.

Душанбе, 21 марти соли 2007.

ДАРД
ҚИССА

Обида номаи шавҳарашро бори сеюм буд, ки мехонд:
«Салом, очаи Раҳимҷон! Саломатиатон чӣ хел аст? Мо шабу рўз аз Худованди меҳрубон сиҳатии шуморо талаб дорем ва умед бар он мебандем, ки дуои мо мустаҷоб мегардад. Аз сиҳатии мо пурсед, ҳамаамон сиҳату саломатем. Сиҳатии ман ба худатон маълум. Аз дастам коре намеояд ва ба ҷуз тамошои телевизиору шунидани радио дигар шуғле надорам. Шукр, ки бачаҳо мададгорам мешаванд. Кори хона ба дўши Нилуфар бор аст. Каримҷон низ ба ў кўмак мекунад. Раҳимҷон бошад, пас аз дарсҳояш ба тағояш Аҳмадҷон ёрӣ расонда, нонпулӣ меёбад. Ҳамсояҳо ва хешу табор низ меҳрубонӣ мекунанд, аз ҳоламон хабар мегиранд.
Ин ҷо навигарие нест. Зиндагӣ ба маҷрои пешинааш ҷорист. Давраи имтиҳонот наздик мешавад. Аз ин рў, Раҳимҷону Нилуфар ва ҳатто Каримҷон серташвишанд, ба имтиҳонот тайёрӣ мебинанд. Раҳимҷон ният дорад, ки дар таътили тобистона пурра бо Аҳмадҷон кор бикунад. Нилуфар бошад, мактабро хатм карда ба факултаи филологияи донишгоҳ дохил шуданӣ аст. Бинобар ҳамин ҳам, онҳо фурсат надоранд, ки худашон нома нависанд ва ҳоло хоҳиш доранд, ки салому пайғоми онҳоро ба шумо расонем.
Дигар, чӣ ҳам гўям? Ҳамагон интизори шумоем. Шаб дар хобу рўз дар бедорӣ аз Худованди кариму бахшоянда тавалло дорем, ки ҳар чӣ зудтар ба наздамон баргардеду ба дидори якдигар расем.
Бо камоли эҳтиром: Шарифҷон, 5 марти соли 2003.
Очаҷон, ёд кардам шуморо!».
Обида аз ҳусни хат фаҳмид, ки мактубро шавҳараш ба дасти писарчаи хурдиаш Каримҷон нависондааст. Зеро шавҳараш баъди маъюб шуданаш ба даст қалам гирифта наметавонад.
Шарифҷону Обида 20 сол пеш ҳар ду бо роҳхати Донишкадаи омўзгории Душанбе ба мактаби № 205- и пойтахт ба кор омаданд. Шарифҷон аз фанни физикаву математика дарс мегуфту Обида аз забон ва адабиёти тоҷик. Ду омўзгори ҷавон дар ин ҷо ба ҳам шинос шуданд, якдигарро дўст доштанд ва риштаи умрашонро ба ҳам пайвастанд. Зиндагиашон хуб буд. Волиди се фарзанди дўстрўю қобил ва соҳиби хонаву дар шуданд. Шарифҷон аз муаллими оддӣ то ба дараҷаи директори мактаб расид. Оташи ҷанги ҳамватание, ки як идда мансабхоҳон бо кўмаку дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон дар ҷумҳурӣ барафрўхтанд, ба оилаи онҳо низ нохушӣ овард.
Аввали моҳи январи соли 1997, давраи таътили зимистонаи мактабиён буд. Пас аз нисфирўзӣ ба ғайри Шарифҷон дар мактаб касе намонда буд. Ў дар кабинеташ нақшаи кории мактабро барои нимсолаи дуюми таҳсил омода мекард. Ҳамин вақт се нафар силоҳбадасти ниқобпўш ба кабинети директор зада даромаданд. Яке аз онҳо ҳарфе нагуфта бо қундоқи автомат ба сари Шарифҷон зад. Ў аз зарбаи ногаҳонӣ аз курсӣ афтод ва лаҳзае аз худ рафт. Сараш кафида аз бари рўяш хун мешорид. Силоҳбадаст Шарифҷонро аз гиребони пиҷакаш бардошта ба ҷояш нишонд ва пурсид: — Калиди кабинети информатика ку?
Шарифҷон акнун мақсади силоҳбадастонро фаҳмид. Онҳо барои дуздӣ омада буданд. Ў бо кўмаки созмонҳои байналхалқӣ як ҳафта пеш дар мактаб синфи компютерӣ кушод. Синфхона бо 20 адад компютери нав ва 2 принтер муҷҷаҳазонида шуда буд. Синфи информатика дар ошёнаи дуюм бошад ҳам, ба тирезаҳояш панҷараи оҳанин шинонда, дарашро низ оҳанин кард.
— Ку калид? — суол кард силоҳбадаст ва мунтазири посух нашуда гарданбанди Шарифҷонро тоб дод. Гарданбанд гулўгираш кард, нафасаш гирифт ва ў бо ду дасташ аз дасти силоҳбадаст дошта, зўр зад, то худро аз чанголи гурги одамсурат раҳо кунад. Муқобилати Шарифҷон дузди дигарро ба хашм овард ва ў бо қундоқи автомат сахт ба миёнаш зад. Ин дафъа низ Шарифҷон аз курсӣ афтод ва ба тамом аз ҳуш рафт. Силоҳбадастон кисаи пиҷаки директорро тагурў карда калиди сейфро ёфтанд. Аз афташ онҳо хуб медонистанд, ки калиди синфи компютерӣ дар сейф маҳфуз аст.
Шарифҷонро бегоҳ фаррош оғуштаи хун дарёфта бо кўмаки посбони мактаб ба беморхона фиристод. Ў беш аз як моҳ табобат гирифта бошад ҳам, пурра сиҳат нашуд. Зарбаи қундоқи автомат ба сутунмуҳрааш асар карда, дасту пои росташ аз ҳаракат монда буд. Духтурон гуфтанд, ки баъди табобати тўлонӣ шояд сиҳат шавад. Ҳамин тавр Шарифҷон маъюб шуда ба нафақа баромад. Нафақапулӣ хеле ночиз буд мисли маоши имрўза. Ҳоло ў бо зиёд шудани нафақа моҳе 9 сомонӣ мегирад, ки ба 3 доллари америкоӣ ҳам баробар намешавад. Ба ин пул наметавон як қуттӣ доруи оддитаринро ҳам харид. Бепулӣ маҷбур кард, ки «жигули»-ашро фурўхта сарфи дорую дармон кунад. Пас аз як соли табобат Шарифҷон аз бистар хеста, вале ҳанўз ҳам дасту пояш карахт буданд, роҳ рафта наметавонист. Бори зиндагӣ пурра ба дўши Обида афтода буд. 10 сомонӣ маоши вай ба нонпулии ҳафтаина ҳам намерасид. Ҳунари аз модар омўхтааш дар солҳои мушкили зиндагӣ ба Обида мададгор шуд. Ў чевару чокдўзи хуб буд. Либоси худашу духтарашро медўхт. Дўхтаҳояш ба ҳамкорону ҳамсояҳо ҳамеша писанд буд. Вале ҳеҷ ошкор намекард, ки куртаҳои зебову шинамро худаш дўхтааст. Акнун зиндагӣ маҷбур кард, ки ин ҳунарашро ошкор кунад. Обида пас аз кори мактаб хаста ба хона бармегашт, вале дар талоши зиндагӣ то як поси шаб курта медўхт. Аз мизоҷон, ки ҳама шинос буданд, хизматонаи зиёд талаб намекард. Чанд пуле, ки диҳанд, қаноат мекард. «Худо ба ҳар кас инсоф диҳад»,-мегуфт. Даромаде, ки аз ин кор ба даст меомад, базўр ба ғизопулии оила мерасид.
— Апаи Обида, язна гапои нағз навиштай-чӣ? Такрор ба такрор мехонӣ, — гуфтани Ҳусния ўро аз банди хаёлот берун кард.
— Суханони хуб, тасаллобахш. Вале ман хавотир: се моҳ боз на Раҳимҷон мактуб менависаду на Нилуфар. Модарашонро фаромўш кардаанд, ё ки ор мекунанд аз ман.
— Ита нагў, апа. Фарзанди хуб ҳеҷ гоҳ очаша фаромўш намекна.
— Ҳамин тавру, лекин дилам хавотир. Чӣ ҳол дошта бошанд бе ман? Бо як нафақаи шавҳарам чӣ хел зиндагӣ мекунанд онҳо?
— Хурўс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезана. Ҳоли камбағал дар ҳама ҷо як хел. Нимсеру гурусна мегардан. Ба сахтӣ калон мешаван фарзандо. Умрашон дароз боша, бо ягон рўз Худо ризқшона мета. Вой ҷони худмон. Уноя гуфтему ба ин бало гирифтор шудем. Камтар фикр кун уноя, ки да ин 11 соли дига кампир мешӣ, апа.
Обида ба имои сар гуфтаҳои Ҳуснияро тасдиқ кард. Ҳамин вақт капитан Гулбегим Ҳақназарова, ки имшаб навбатдор буд вориди хобгоҳ шуда, амр дод.
— Духтарҳо, канӣ саф кашед, ҳисоб кунам!
Занҳо, ки то ин дам бо ҳам сўҳбат доштанд, ё бо кори дигаре банд буданд, ба ҷунбиш омаданд. Обида мактуби шавҳарашро бо эҳтиёт қат карда ба лифофааш андохт ва ба кисаи дарунии кителаш гузошт. Занҳои отряди якум дар долон саф кашиданд. Капитан аз китоб рўйихати маҳкумшудагонро хонда, тафтиши шомгоҳиро, ки тибқи муқаррарот пеш аз хоб сурат мегирад, оғоз намуд:
— Абророва Садафмоҳ.
— Ман.
— Азимова Гулрў.
— Бахтиева Моҳпарӣ.
— Ман.
— Сангакова Лола.
— Ман.
Хамин тавр ҳар яке аз маҳкумшудагон бо шунидани ному насаби худ қадаме аз саф берун мемонданд ва «Ман» гуфта, аз ҳузурашон дарак медоданд. Навбатдор тафтишро ба охир расонида гуфт:
-Чароғро хомўш карда, хоб равед. Хоби ширин бинед духтарҳо.
— Шавҳарошона бинанд? – луқма партофт нафаре.
Гулбегим ба ин луқма посух нагуфта аз хобгоҳ баромад. Занҳо ба палатаҳои худ, ки барои 30 нафар муқаррар шуда буд, даромаданд. Баъди чанд дақиқа чароғи палатаҳо хомўш шуд. Соати 10 магар хоб мебарад? Занҳо даруни ҷогаҳ бо ҳамсояҳои худ сўҳбати қатъгаштаашонро идома доданд. Вале, акнун гуфтугўи онҳо ба садои паст, ки танҳо ҳамсояашон мешунид, сурат мегирифт. Ҳусния, ки «оилаатро фикр накун», гуфта маслиҳат дод, хомўш буд. Худ ёди фарзандон мекард. Се писару се духтар дошт ў. Писари калониаш 17-сола буду писари кенҷагиаш 4-сола. Магар мешавад онҳоро фаромўш кунӣ?!
Обида низ ба банди хаёлот рафт. Хотираҳояшро варақгардон кард.
Охири моҳи октябри соли гузашта тасодуфан дар бозори «Саховат» собиқ муаллимаи мактабашон Сабзагулро вохўрд. Ўро шинохта намешуд. Сабзагуле, ки пеш ба тамом либоси миллӣ мепўшид, ҳоло дар тан беҳтарин пўшоки аврупоӣ дошт. Мўйи сарашро калтаву ранги малла карда буд. Гўшвору ангуштарин ва занҷиракҳои тиллояш аз 100 грамм кам набуданд. Ў бо Обида гарму ҷўшон ҳолпурсӣ карда, гуфт, ки пас аз мактаб рафтанаш ба тиҷорат машғул шудааст:
— Маоши яксолаи муаллимиро дар як рўз ёфтан мумкин. Пеш ман худам савдо мекардам. Ҳоло дўкон дорам. Аз Бишкек, Урумчӣ ё шаҳрҳои дигар бор меорам. Зиндагиам хуб. Шумо чӣ ҳол доред?
— Як навъ. Мисли кулли мардуми Тоҷикистон.
— Аз касалӣ шудани акои Шарифҷон хабар дорам. Зиндагиатон вазнин будагист. Шояд шумо ҳам бозоршин мешавед?
— Не, ман наметавонам. Шогирдон чӣ мешаванд? Ба ғайри ин барои савдогарӣ пул даркор,- посух дод Обида.
— Бозор шиштан нахоҳед, рафта бор оред. Ба шиносҳо тақсим мекунем, фурўхта пулашро медиҳанд. Ман ҳафтаи оянда барои бор ба Бишкек меравам. Хоҳед шуморо ҳам бо худ мебарам. Барои борхарӣ 500 доллар қарз ҳам медиҳам. Баъди соли нав баргардонед, мешавад. Дар пеш таътил. Дар як ҳафта рафта меоем.
Обида аз ин пешниҳоди Сабзагул ҳайрон шуд:
— Ба ростӣ, намедонам чӣ гўям. Бо акоатон маслиҳат кунам, чӣ мегўянд он кас.
— Ман пагоҳ субҳ, то соати 8 ба шумо занг зада, ҷавобатонро мефаҳмам. Рақами телефонатон дигар нашудааст-мӣ?
— Не, ҳамон: 55-32- 31.
— Хуб, то пагоҳ. Албатта, маслиҳат кунед, — гуфт Сабзагул, хайрухуш карда.
Шарифҷон пешниҳоди Сабзагулро шунида, ба завҷааш чунин маслиҳат дод: — Майлаш, як маротиба рафта биёед, бинем, ки чӣ натиҷа медиҳад. Агар барор кунад, ба тиҷорат машғул шуданатон мумкин. Ин кор ҳеҷ бадие надорад. Вақте ки давлат ба маориф таваҷҷўҳ намекунад, вақте ки муаллим қашшоқтарин табақаи ҷомеа аст, ҳеҷ айбу нанге нест, ки вай барои пешбурди рўзгораш ба тиҷорат машғул шавад. Айб он аст, ки аз шогирдон бо ҳар баҳона ришва биситонӣ.
Обидаву Сабзагул мувофиқи ваъда рўзи сафар дар назди даромадгоҳи Бозори «Шоҳмансур» вохўрданд. Сабзагул шиноснома ва билети тайёраро ба Обида дода, гуфт:
— Ба шиносон, тоҷирони бишкекӣ мева харидан лозим. Дасти холӣ рафтан хуб нест.
— Дар Бишкек ҳам меваҳои мо мерўяд-ку, ҳайрон шуд Обида.
— Бале, вале тамъи меваҳои мо дигар.
— Гуфтаи шумо шавад.
Сабзагул аз ронандаи «Волга» ГАЗ-3102, ки ҳамроҳаш буд, хоҳиш кард, сумкаҳоро аз мошин бигирад. Ронанда аз мошин ду сумкаи якхелаи гуногунранг баровард. Сабзагул сумкаи сабзро худ гирифта, сумкаи сиёҳро ба Обида дод ва ҳар ду вориди бозор шуданд. Сумкаи дасташонро дида чанд нафар бачаҳои 10-12-сола онҳоро гирд карданд:
— Апа, ёрдам кунем.
Сабзагул барои кўмак ду нафарашонро интихоб кард. Онҳо аввал яктогӣ харбузаи зимистона ва сипас секилогӣ анору хурмою ангур ва дукилогӣ мавизу бодому писта хариданд. Пули меваро Сабзагул ҳисобӣ мекард. Ҳини аз бозор баромадан Сабзагул пеш-пеш, ҳаммолони наврас дар миён ва Обида аз дунбол мерафтанд. Ҳамин вақт тоҷирбачаи шилқине ба ҳолу ҷони Обида намонда ба ў ба 20 дирам 2 дона лимўи калон фурўхт. Обида лимўҳоро ба сумкааш андохт. Ин хариди ўро Сабзагул, ки аз байни издиҳом роҳ мекушод, надид.
Ронанда дар назди «Волга» онҳоро интизор буд. Ў сумкаҳоро гирифта ба бордон гузошт ва Сабзагулу Обида савори мошин шуданд. Дар аэропорт ронанда ба онҳо гуфт, ки пешопеш рафтан гиранд, вай сумкаҳоро бардошта мебарад. Вақте ки онҳо вориди бинои фурудгоҳ шуданд, эълон карданд, ки пас аз чанд лаҳза саворшавӣ ба тайёраи хати парвози «Душанбе – Бишкек» қатъ мегардад.
Онҳо ба растаи қайдгирӣ омаданд. Сабзагул билету шиносномаашро барои сабти ном дод. Ҳамин вақт ронанда ҳам расида омад ва ба Сабзагул сумкаи сабзу ба Обида сумкаи сиёҳро дароз кард.
Сумкаҳоро ба бағоч супориданд ва худ барои анҷоми расмиёти дигар ба толори назорати гумрукӣ ворид шуданд. Онҳо аз назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ гузашта ба толори парвоз омаданд ва мунтазири даъват ба тайёра истоданд. Ҳамин вақт як нафар афсари гумрук вориди толор шуда гуфт:
-Мусофирони азиз, вақти аз мошини назоратӣ гузаштан занҷираи сумкаи сиёҳе руст монда ба он осеб расидааст. Хоҳиш мекунам, ҳар касе, ки сумкаи сиёҳ дорад бо ман ояд, то онро дуруст карда ба бағоч супорем.
Танҳо 3 нафар мусофирони тайёра сумкаи сиёҳ доштанд, ки якеашон Обида буд. Афсар онҳоро ба утоқи назорати гумрукӣ бурд. Дар утоқ боз ду нафари дигар буданд, ки либоси низомӣ доштанд. Ў сумкаро ба мусофирон нишон дод. Сумкаи сиёҳ аз Обида буд.
— Ин сумкаи кист? – пурсид афсари гумрук.
— Мумкин аз ман бошад. Ярликашро бинед, — гуфт Обида.
— Ярлики сумка ва билети тайёра рақами якхела доштанд.
-Мо ҳоло шуморо дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар медонем,- гуфт як нафар корманди гумрук, ки афсари баландрутба буд ба Обида нигариста.
-Шумо ҳоло шоҳиди ин гуфтаҳои ман мешавед, -муроҷиат кард ў ба он ду нафар мусофир.
— Шурўъ кунед, -амр намуд ў ба лейтенант.
Лейтенант аз сумка анореро гирифта бо корд онро чок кард. Аз даруни анор хокаи сафед рехт.
-Ба назари мо ин героин аст, -гуфт афсари баландрутба ва афзуд-Аниқашро дар ташхисгоҳ муайян мекунанд.
Лейтенант ҳамаи анорҳоро аз сумка бароварда чок кардан гирифт. Аз дохили ҳамаи онҳо хокаи сафед мебаромад. Ин хокаро дар халтачае гирифта бар кашиданд. 3 килою 200 грамм баромад. Протоколи боздошт тартиб доданд ва имзои шоҳидонро гирифта онҳоро барои парвоз рухсат доданд. Ҳамаи инро як нафар наворбардорӣ намуд.
Обида аз ин лаҳзае моту маҳбут шуд ва пасон ба худ омада гуфт:
-Дар сумкаи ман анор буд. Ману дугонаам Сабзагул соате пеш аз бозори Шоҳмансур ин меваҳоро харида будем. Бовар накунед, аз Сабзагул пурсед.
— Боз кадом Сабзагул?- пурсид як нафар аз кормандони гумрук.
— Ҳамоне, ки бо ман ба Бишкек парвоз дошт, — посух дод Обида.
— Самолёт аллакай ба Бишкек расид, — гуфт он корманди гумрук ва афзуд:- Ищи ветера в поле (бодро дар саҳро биҷўй).
Дигар касе ба гуфтаҳои Обида гўш надод ва ўро ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам карда ба боздоштгоҳ бурданд. Ҳамон бегоҳ навори бардоштаро дар телевизион намоиш доданд ва ўро чун муаллимаи кочоқбари героин муаррифӣ намуданд.
Ҳарчанд дар тафтишот Обида ба гуноҳаш иқрор нашуда бошад ҳам, ўро ба қочоқи героин муттаҳам мекарданд. Тибқи кодекси ҷиноятӣ Обида бояд камаш ба 15 сол аз озодӣ маҳрум карда мешуд. Суд ба зудӣ баргузор гардид. Обида ба гуноҳаш иқрор нашуд. Адвокати вай бо исрор талаб мекард, ки шоҳидон Сабзагул, фурўшандаҳои бозор ва ронандаи «Волга» пайдо карда пурсида шаванд. Сабзагулро пайдо накарданд ва касе ронандаву фурўшандаро ҷустуҷў накард. Обида дар баёноташ навишта буд, ки онҳо 3 кило анор харида буданд, вале вазни героини аз дохили анорҳо гирифта шуда 3 килою 200 грамм аст. Худ ин аз он далолат мекунад, ки сумкаро касе иваз кардааст. Ҳамчунин дар рўйихати маҳсулоти дохили сумка лимў набуд. Ин нуктаро борҳо Обида ба муфаттиш гуфта буд. Дар суд ҳам Обида аз ин факт нақл кард, вале инро касе ба инобат нагирифт.
Суд намоиши театриро мемонд. Додситон гуноҳи Обидаро бо факту далел собит карда наметавонист. Обида низ худро гунаҳкор намеҳисобид. Дар суд ҳатто напурсиданд, ки героинро Обида аз кӣ гирифтааст ва ба Бишкек барои кӣ мебарад? Ягон нафар набуд, ки ба Обида мутааллиқ будани героинро шоҳидӣ диҳад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Обидаро «говсуд» карданд. Шавҳари маъюб ва фарзанди ноболиғ доштанашро ба инобат гирифта ба 12 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Шикояти ў ба додгоҳи шаҳрӣ ва додгоҳи олӣ ҳукми суди ноҳияро дигар накард. Касе аз масъулин ба адвокат гуфтааст, ки ин ҳамаи даву ғеҷҳо беҳуда аст. Бояд як нафарро чунин намоишкорона барои қочоқи маводи мухаддир суд мекарданд, то ки пеши роҳбарият ва созмонҳои хориҷӣ муборизаи беамон бурданашонро собит намоянд.
Инак, соли якум мешавад, ки Обида дар маҳбаси занонаи шаҳри Гулистон, маҳкум аст. То адои ҳукм беш аз 11 соли дигар мондааст. Аксари маҳбусон сарнавишти Обидаро доранд, бо қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Вақте авроқи зиндагии онҳоро саҳифагардон мекунӣ, мебинӣ, ки чӣ қадар сиёҳбахтанд ин занҳо. Шавҳарашон бо чанд кўдак партофта рафтаанд ва аксари онҳо аз бекориву ночорӣ барои дарёфти қути лоямуте фирефтаи наҳангҳои қочоқбар шудаанд. Ин занҳои сиёҳбахт аз кардаи худ пушаймон гардида, орзуи ҳар чи тезтар пеши фарзандон баргаштанро доранд. Ҳамагон ба он умед мебастанд, ки дар арафаи 15-солагии истиқлолият президент авфи умумӣ эълон мекунад ва онҳо бармаҳал озод мешаванд. То 15 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон бошад, ҳоло беш аз 3 соли дигар аст. Обида борҳо ба хаёл рафта андешидааст, ки агар ҳамаи мўҳлати муқарраркардаи додгоҳро дар маҳбас гузаронад, вақти озод шуданаш синнаш ба 54 мерасад. Дар ин вақт ҳамаи фарзандонаш оиладор мешаванд. Ҳатто Каримҷони кенҷагӣ ҳам хонадор мешавад. Обида аз як чиз бим дошт: суд шудани вай ба ҳаёти фарзандонаш зиён наорад. Нилуфарро модараш судшуда гуфта келин накунанд. Раҳимҷонро модараш доғи судӣ дорад гуфта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба кор нагирифтанашон мумкин.
Кордониву босаводии Обидаро ба назар гирифта ўро сардори бригадаи чеварон монданд. Дар сехи дўзандагии маҳбас танҳо либоси корӣ, рўйпўши кўрпаву болишт ва рахти хоб медўхтанд. Ҳунари дўзандагии Обида кор дод: ў барои занону духтарони афсарони маҳбас куртаҳои зебо медўхт. Капитан Гулбегим Ҳақназарова низ барои худашу духтараш ба Обида курта фармоиш медод. Ҳамаи онҳо худ матои дилхоҳашонро меоварданд. Обида барои онҳо либосҳои шинами милливу урупоӣ медухт. Ин заҳмати ўро зиндонбонон қадр мекарданд ва нисбати ў таҳқиру шиканҷаро раво намедиданд.
***

Хоби Обида намебурд, фикру хаёлаш ба оилааш банд буд. Ҳамин вақт шарфаи пойи касе ўро аз банди хаёлот рабуд. Касе аз назди кати вай гузашта сўи баромадгоҳ рафт.
— Бо беваи манҷалақ хабаркашӣ рафт,-гуфт Ҳусния ба Обида, ки ў ҳам бедор буд.
— Боз киро сиёҳ мекарда бошад? –дар посухи сухани Ҳусния суоломез гуфт Обида.
Муҳаббат, зани 35 – солаи фарбеҳ, ки дар маҳбас аввал хук ва баъди хабаркашиаш буз мегуфтанд, ба қаллобӣ ва фиребгарӣ маҳкум шуда буд. Ў ҳар сари чанд вақт ба сардори маҳбас Олимтой Тоҷихонов аз болои маҳбусон ва фаъолияти зиндонбонон хабаркашӣ мекард. Баъзан дар вақти навбатдории сардор шабро дар утоқи ў рўз менамуд. Ба қавле бо сардор ҳамхоба мешуд. Дар маҳбас оддитарин хабар зуд паҳн мешавад ва қиссаи ҳамхобагии Муҳаббат бо сардори зиндон ва хабаркашиҳои ў аз гўшҳои сомеъон пинҳон намонд. Баъзеҳо дар бораи завқи сардор мегуфтанд:
– «Дар ин модагови зотӣ чӣ ёфта бошад?»
Дар маҳбас хабаркашҳоро дўст намедоранд. Бо онҳо ягон муносибати хуб намекунанд ва ба ҷомеаи худ роҳ намедиҳанд. Он чунон мекунанд, ки хабаркаш худро танҳову ғариб ҳис кунад. Аз ин пеш як зани духтарҷаллоб, ки духтаронро бо фиреб ба Дубай барои танфурўшӣ мебурдааст, ба сардор хабаркашӣ мекард. Пас аз ошкор шудани сирри мазкур ин тоҷирзанро «аз бе эҳтиётӣ» барқ зад. Ўро ба беморхона бурданд ва вай дигар барнагашт.

***
Ба отряди онҳо ҷавонзани 17-соларо оварданд, ки ба 100 грамм қочоқи героин муттаҳам шуда, ба 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Ў чун гули навшукуф зебо буд. Волидонаш чунин зебо шудани ўро магар медонистанд, ки Моҳпарӣ номаш монда буданд. Моҳпарӣ ҳамагӣ 2 моҳ қабл ба ҳамдеҳааш Расул, ки ба қарибӣ аз Русия аз мардикорӣ баргашта буд, издивоҷ кард. Пуле, ки Расул тўли ду соли мардикориаш захира карда буд, харҷи тўйи арўсӣ шуд ва ў боз азми сафари Русия кард. Волидонаш гуфтанд, ки арўси ҷавонро чаро партофта меравӣ, ҳамин ҷо ҳам кор пайдо мешавад.
— Кор пайдо мешавад, вале маошаш ночиз, ба харҷи якҳафтаинаи рўзгор ҳам намерасад,- посух дод Расул ва аз амакаш, мудири фермаи хоҷагӣ 500 доллар қарз гирифта барои билетхарӣ рафт.
Мавсими мардикорӣ шурўъ шуда буд. Барои ҳамин ҳам ба тайёра билет гирифтан кори осон набуд. Ба ҳар ҳол ў баъди чанд рўзи даводав ду билет пайдо кард. Яке ба худаш ва дигаре ба занаш. Ҳар ду билет барои як рўз буд, вале вақти парвоз фарқ дошт. Билети Расул барои субҳ буд. Моҳпарӣ бошад, шом ба Маскав парвоз мекард.
Барои гусели Расулу Моҳпарӣ волидонашон ба аэропорти Душанбе омаданд. Расул субҳ парвоз намуда, аҳд кард, ки дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав завҷаашро интизор мешавад.
Шомгоҳ парвози тайёраеро, ки Моҳпарӣ бо он ба Маскав парвоз мекард, эълон намуданд. Моҳпарӣ билети тайёраро аз қайд гузаронда вориди толори назорати гумрукӣ шуд. Ин ҷо сагчае мусофирон ва ҷиҳози онҳоро бўй мекашид. Сагча ба назди Моҳпарӣ омада, туфлиҳояшро бўй кашида истод. Корманди гумрук ба ин таваҷҷўҳ карда Моҳпариро ба ҳуҷраи кофтуков хонд. Он ҷо зане аз Моҳпарӣ хоҳиш кард, ки туфлиҳояшро кашад. Корманди мард бо як устокорие бо истифода аз асбоби махсуси мўзадўзӣ пошнаи туфлиро ҷудо кард. Он ҷо дар селофан маводи сафеде буд. Аз туфлии дуввум ҳам чунин пакет пайдо карда шуд. экспертиза муайян кард, ки дар пошнаи туфлӣ 100 грамм героин пинҳон карда шуда будааст. Кӣ ба туфлиаш пинҳон кардани героинро Моҳпарӣ намедонист. Баъдан Расул низ гуфтааст, ки аз ин кор хабар надорад. Умуман касе дар оилаи онҳо ба истеъмол ва қочоқи маводи мухаддир кор намегирифт ва аз ин амал огоҳ набуданд. Шояд вақти аз бозор харидани туфлӣ пойафзоли мазкур бо моли каси дигар иваз шуда бошад, тахмин карданд хешу ақрабо. Вале дар додгоҳ касе дар ҷустуҷўи гунаҳкори асосӣ нашуд ва ҳамин тавр акнун гули баҳори наварўс дар зиндон пажмурда мешавад.
Ба маҳбас омадан замон, Моҳпариро зиндонбон Асрорхон таги чашм кард ва ҳар лаҳзаи қулай ба ў гап партофта ба доми худ мекашид: — Инҷа ҳайф меши духтар, шав баъде, ки ҳама хов меша, пеши ман биё. Тура дига ҳеҷ кас ғам намета.
Наварўси деҳотӣ ба шилқиниҳои зиндонбон намедонист чӣ бигўяд ва хомўш мемонд. Имрўз ҳам Асрорхон Моҳпариро ба ҳамхобагӣ даъват карда гуфт, ки агар шаб наояд, худаш ба ҷогаҳи Моҳпарӣ медарояд.
Нисфирўзӣ вақти хўроки чошт табъи хираи Моҳпариро дида Обида пурсид: — Духтарам, ба ту чӣ шуд? Чаро табъат хира? Касе ранҷонд магар?
Моҳпарӣ, ки аз шилқиниҳои зиндонбон ба ҷон омада буд, қиссаи ба ҳамхобагӣ даъват кардани Асрорхонро ашкрезон нақл кард.
— Агар вай ба ман даст расонад, худамро мекушам,- гуфт Моҳпарӣ.
— Ин хел нагўй, ва аҳмақӣ накун! Вай ба нохуни пойи ту намеарзад. Илоҷашро меёбем ва худашро шармандаи ду дунё мекунем, — тасалли дод Обида.
Шаб нисф мешуд, ки касе дари даромадро кушода вориди хобгоҳи маҳбусон шуд. Ў дари палатае, ки дар он бригадаи Обида хоб мекард, кушод ва вориди он шуда сўи кати Моҳпарӣ, ки дар кунҷи хона буд, роҳ гирифт. Вай аз хоб будани Моҳпарӣ истифода карда, либосҳояшро кашида худро даруни ҷогаҳ гирифт. Ин вақт садои додзании Моҳпарӣ баланд шуд:- Ёрӣ диҳед, ёрӣ диҳед, ёрӣ…!!!
Ҳамин вақт касе чароғро даргиронд. Асрорхони зиндонбон худро ба ҷогаҳи Моҳпарӣ андохта буд. Маълум шуд, ки аҳли палата бо сарварии муовини сардори маҳбас Гулбегим Ҳақназарова нақшаи дастгир кардани «ошиқи шайдо»-ро тарҳрезӣ карда дар камин интизор будаанд.
Капитан Ҳақназарова посбононро даъват кард, то ки Асрорхони мастро ба боздоштгоҳ бубаранд. Ў ҳамчунин аз ин ЧП сардори маҳбас, Олимтой Тоҷихоновро низ огоҳ кард. Пагоҳ аллакай барои аз кор рондани прапоршик Асрорхон Наимов фармон омода шуда буд.
Ин рафтори Гулбегим Ҳақназарова обрўи ўро назди маҳбусон боз ҳам афзун намуд. Гулбегим воқеан ҳам барои маҳбусон наздик буд, онҳоро мефаҳмид. Зеро тақдири худи ў ба онҳо қаробат дошт. Шавҳари ўро, ки муовини сардори яке аз маҳбасҳо буд, вақти ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданд ва ў духтарашро танҳо калон мекард. Гулбегим, ки таҳсилоти олии филологӣ дошт ва он вақт дар маъмурияти маҳбас кор мекард, минбаъд зиндагии худро пурра ба ин соҳа бахшид.
***
Пас аз маҳкум шудани Обида бадбахтиҳо пайи ҳам оилаи ўро думболагир буданд, ки худи вай то ба ҳол аз ин огоҳ нест.
Дар арафаи иди Соли нав бадбахтии аввал ба сари Нилуфар омад. Ў бо ҳамсинфаш Наргис аз мактаб баромада дар истгоҳ интизори маршрутка буданд. Ҳамин вақт ба гуфти Наргис як мошини «Ҷип»- и сиёҳ назди онҳо омада истод ва аз даруни он ду марди ниқобпўш баромада Нилуфарро маҷбурӣ кашола карда ба мошин андохтанд. Мошин дар як лаҳза аз назар нопадид шуд. Наргисро муште заданд ва ба замин афтод. – Мошин рақам надошт, — гуфт вақти пурсиш Наргис дар милиса. Ҷасади ба хоку хун оғуштаи Нилуфарро рўзи дигар дар боғи «Ғалаба» пайдо карданд. Ташхиси экспертӣ муқаррар кард, ки ў дар дигар ҷо аз зарбаи сахт хўрдан фавтидааст ва баъдан ба ин ҷо ҷасадаш интиқол дода шудааст. Милиса гунаҳкорони ин ҷиноятро пайдо накард.
Вақте ки ниқобпўшон Нилуфарро ба мошин бор карданд, ба бинии ў бо тампон маҳлўлеро дошта мадҳуш намуданд. Ў вақте ба ҳуш омад худро дар хонаи ноошно дид.
-Ҳа, ба худ омадӣ, кабки даштӣ!- ба ў муроҷиат кард марди ғафси тоссари ғўлмонанд.
Нилуфар чизеро нафаҳмида, лол монд. Ҳоло ҳам ў зери таъсири дору буд.
— Гуля, ин моҳпариро бар оббозӣ дарор, бўйи дору равад, — гуфт тоссар ба зани 23-25 солаи малламўй. -Ин аҳмақҳоро салла гўӣ, калла меоранд. Талофии 3 кило сафедакро қариб куштаанд.
-Хуб шудааст,- гуфт Гуля ва аз дасти Нилуфар гирифта ба ташноб бурд. Ў ваннаро аз об пур карда ба он шампун рехт ва ба либоскашии Нилуфар кўмак намуд. Нилуфар чизеро нафаҳмида аз Гуля пурсид: -Апа, ман дар куҷоям?
— Ба ту бойтарин шахси Душанбе таваҷҷўҳ кардааст. Агар шабро бо ў нағз гузаронӣ, ояндаат нек мешавад. Вай маъшўқаҳояшро фаромўш намекунад.
Нилуфари 16-сола ҳоло ба доми чӣ бало афтоданашро намедонист.
Гуля Нилуфарро оббозӣ даровард ва ба танаш атр пошида хилъати сафеди оҳарии нав пўшонид. Мўйи сарашро бо «Фен» хушк кард.
— Абрўятро қалам кашидану лабонатро сурх кардан зарурат надорад. Ту бе ин ҳам зебоӣ. Рашид Боевич зебоии табииро меписандад,- гуфт Гуля ва Нилуфарро назди тоссар овард.
— Гулпариро овардам, акнун ба мо рухсат будагист?-иҷозати рафтан пурсид Гуля.
— Метавонӣ биравӣ.
— Ташаккур, шабатон хуш бод!
Дари баромад кушодаву пўшида шуд, садои маҳкам кардани қуфл ба гўш расид. Гуля онҳоро танҳо монда рафт.
— Ку биё, наздам, эй кабки даштӣ, — тоссар Нилуфарро сари мизи пурнозу неъмат хонд, роҳаткурсии наздашро нишон дода.
Нилуфар ҳаракате накарда сари миз рост меистод. Тоссар аз ин дар ғазаб шуд ва аз дасти Нилуфар дошта, сўи роҳаткурсӣ кашид. Тани нозуки Нилуфар ба дастони сахту тануманди тоссар муқобилат карда натавониста аз ҷой ҷунбид. Тоссар Нилуфарро ба зўрӣ сари зонуяш шинонд ва бо як дасташ ўро дошта ба дасти дигараш ду қадаҳи рўи мизро бо май пур кард.
— Барои саломатии ту менўшем, кабки даштӣ,- гуфта як қадаҳро ба дасти
Нилуфар қапонд тоссар.
-Ман наменўшам.
— Майлаш, ин дафъа ман менўшам,- гуфт тоссар ва қадаҳро бардошт. Ў ҷоми холиро болои миз гузошта газак хўрд. Сипас барои ром кардани Нилуфар даст ба хилъати ў андохта бадани ўро ба маҳс кардан шурўъ кард. Дастони панҷшоха барин дағали ў ба пистони Нилуфар наздик мешуд. Ин ҳама ғаши духтарро меовард ва ў пучутоб хўрда аз оғуши тоссар халос шудан мехост.
Тоссар дид, ки духтари ҳушёрро бо чунин усул ром карда намешавад, боз қадаҳро пур кард ва ин дафъа ҷоми Нилуфарро пеш оварда бо қатъият гуфт:
— Менўшӣ ва баъд ман ба ту баъзе чизҳоро дар ҷогаҳ нишон медиҳам, ки ҳеҷ вақт фаромўш намекунӣ. Хумораш, ки омад худат давида меоӣ. Ту духтарӣ, а ?
Нилуфар акнун фаҳмид, ки ин тоссар чӣ мехоҳад. Ў илоҷи халосӣ меҷуст. Вале тоссар ба ҳолаш намонда, қадаҳи майро ба даҳони Нилуфар рехтанӣ мешуд. Нилуфар аз бўйи май дилбеҳузур шуда қай кард. Ин ҳолатро дида тоссар ўро раҳо намуд, то ба либосҳояш қай накунад. Нилуфар дар яке аз филмҳо чи тавр аз дасти таҷовузкор халос шудани духтареро дида буд. Барқосо ин ба ёдаш омад. Ў аз ин фурсати муносиб истифода карда шишаи шаробро ба даст гирифт ва сахт ба сари тоси Рашид Боевич зад.
Тоссар чунин зарбаро интизор набуд ва лаҳзае худро гум кард. Нилуфар ба сўи дар давид. Дари баромадгоҳ қулф буд. Ў аз дари ошхона ба балкон баромад. Тоссар ба худ омада ўро таъқиб мекард. Нилуфар наздик шудани тоссаро эҳсос карда аз панҷараи балкон қадам ба берун монд. Ҳуҷраи мазкур дар ошёнаи 7-ум буд. Ў сарозер ба замин афтод ва ҷон дод.
Дастнишондагони Рашид Боевич, ки дар ҳуҷраи ҳамсоя амнияти хўҷаинро ҳифз мекарданд, дар як лаҳза нишони ин ҷиноятро аз он ҷо бардоштанд.
Марги муфоҷои Нилуфар зарбаи ҷонкоҳе ва аз бадбахттарин рўзҳо буд барои оила. Шарифҷон намедонист чӣ бикунад, то ки қотилон боздошт бишаванд. Касе ба доду имдодаш намерасид. Дар милиса ҳар дафъа «Кофта истодаем, агар ҷинояткорро боздошт намудем, ҳатман шуморо барои пурсиш даъват мекунем», мегуфтанд.
***
Аз вазорати адлия ба сардори маҳбаси занона Олимтой Тоҷихонов занг зада гуфтанд, ки мумкин дар иди Наврўз аз вазорат комиссия меравад, то бо ҳаёти маҳбусон ва раванди ислоҳшавии онҳо шинос шавад. Шояд ба ҳайати комиссия нозирон аз созмонҳои байналхалқии дифоъ аз ҳуқуқи инсон низ шомил шаванд. Сардор Гулбегим Ҳақназароваро назди худ даъват карда гуфт: — Аз вазорат дўстон занг зада гуфтанд, ки шояд дар иди Наврўз аз Душанбе комиссия барои тафтиши вазъи ислоҳшавии маҳбусон ояд. Ба ин тайёр шудан лозим. Корҳои техникӣ, шикасту рехт таъмиру ободонии маҳбасро ман ба ўҳда мегирам. Шумо масъалаи фарҳангӣ ва тарбияро бинед.
— Хуб шудааст, рафиқ подполковник!
— То Наврўз қариб як моҳ мондааст. Чӣ пешниҳод доред?- Суол кард сардор.
— Вақт кам аст, вале гумон мекунам, ки Наврўзро хуб истиқбол мекунем, — гуфт Гулбегим ва афзуд,- Барномаи консертӣ таҳия мекунем. Рақсу суруд, саҳначаҳои ҳаҷвӣ омода менамоем. Агар ягон дег суманак монем, оши палов пазем, нону кулча бандем, хуб мешавад. Занҳоро хумори ин корҳо гирифтааст.
— Як дег суманак чӣ мешавад барои ҳазор нафар зан. Ду деги ҳаштод килогӣ монда суманак пазед. Палов ҳам ба миқдоре пазед, ки ба ҳама расад. Ман ба сарпарастамон занг мезанам, ягон сад кило гандум меоранд, ки барои майсаи суманак ва сабзаи гандум барои маърака басанда будагист.
— Ба шумо рухсат. Ҳа, истед, қариб фаромўш кардаам: Навиштани плакату овезаҳои Наврўзиро фаромўш накунед.
— Не, ин хел чиз магар фаромўш мешавад, — гуфта Гулбегим аз назди сардор баромад.
Гулбегим Ҳақназарова бегоҳ пас аз тановули хўроки шом фаъолонро ба хонаи сиёсӣ даъват карда дар бораи нияти ҷашнгирии Наврўз хабар дод ва дар бораи чӣ тавр хубу зебо ва хотирмон гузаштани он маслиҳат пурсид.
Маҳбусзанон ин иқдомро хуш пазируфтанд ва аксар пешниҳоди худро иброз намуданд. Як қисми онҳо ба пешниҳоди худи Гулбегим монанд буданд.
-Биёед, озмуни ороиши мўйи зеборо гузаронем, — пешниҳод кард Латофат ки то ба маҳбас афтиданаш машшота будааст.
— Ин хел бошад, чаро озмуни «Мисс маҳбас» нагузаронем? – суол кард яке.
-Бо ин либосҳои махсус, ки ба челонгарон монандем, магар мешавад чунин озмун гузаронем? – суол кард дигаре.
-Либосҳои шинаму зебо дўхтанамон мумкин, агар маъмурият иҷозати овардани матои рангаву гулдорро диҳад,-гуфт Обида ва афзуд – Албатта ман матои читу сатинро дар назар дорам. Мо дар курорт нестем, ки либосҳои гаронбаҳои рангаву ҳарир пўшем.
Пешниҳоди мазкур пазируфта шуд ва Гулбегим ваъда дод, ки ин масъаларо назди сардор матраҳ мекунад. Ба занони кордону ташкилотчӣ вазифаҳои мушаххас дода шуд. Ҳусния аз байни занони боистеъдод ансамбл сохта барномаи консертӣ омода мекард. Обида ба ўҳда гирифт, ки барои аъзои ансамбл ва довталабони озмуни «Мисс маҳбас»- либоси зебои миллӣ медўзад. Фотимабону ўҳдадор шуд, ки дастаи кадбонуҳоро барои суманакпазӣ ва ғайра омода мекунад. Тасмим гирифта шуд, ки ҳар шом ва рўзҳои истироҳат ба таҷлили Наврўз омодагӣ мегиранд.
***
Ниҳоят Наврўз ҳам фаро расид. Барои таҷлили он дар маҳбаси занонаи Гулистон ҳамаи шароитҳо муҳайё буд. Аз даромади маҳбас овезаҳои идона шурўъ мешуданд. Барои базмгоҳ саҳни маҳбас – платсро интихоб карда онро идона оро дода буданд. Дар як тараф дегҳои суманак ва оши палав меҷўшиданд. Чанд нафар кадбону шаб хоб накарда суманакпазӣ карда буданд. Дар саҳнае, ки барои консерт омода карда буданд, омодагӣ ба оғози барнома мерафт. Ҳамаи маҳбусон либоси идона ба бар карда буданд. Барои баъзе маҳбусон аз хонаашон либос оварда буданд. Ба онҳое, ки хонаашон дур буду хешовандон аз ҳолашон имкони хабаргирӣ надоштанд, аъзои бригадаи Обида либосҳои шинами миллӣ дўхта буданд. Дар нигоҳи аввал касе занони имрўз болидарўйро маҳбус гумон намекард. Агар симхори девор ва посбонони силоҳдори дидбонгоҳҳоро ба назар нагирем, гўиё ягон муассисаи мулкӣ Наврўзро ҷашн мегирифт. Барои ин хел таҷлил кардани Наврўз сардори маҳбас Олимтой Тоҷихонов иҷоза дода буд. Зеро фаъолияти минбаъдаи ў аз хулосаи комиссияи имрўза вобастагии зиёд дошт. Агар комиссия таъриф кунад, шояд ба ягон мансаби волотар тавсия шавад. Агар не, то нафақа аз ин маҳбас халос намешавад.
Комиссия дар вақти таъиншуда омад ва соати 10 базми наврўзӣ дар маҳбас шурўъ шуд. Дар ҳайати комиссия дар қатори кормандони вазорати адлия намояндаҳо аз СММ ва САҲА низ буданд. Як нафари онҳо базми наврўзиро ба видео наворбардорӣ кард, то ки аз тариқи телевизиони Евронюс пахш намояд.
Базми наврўзӣ хеле пуршукўҳ гузашт. Консерту саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба тамошобинон хеле ҳам мақбул буд. Ба вижа озмунҳои «Нони миллӣ» ва «Мисс маҳбас» хеле хотирмон буд. Барои баҳогузории ҳаққонӣ ба ҳайати доварон чанд нафар аз аъзои хориҷии комиссия шомил карда шуданд. Ҳориҷиён аз фаъолияти зиндон ва ислоҳшавии маҳбусон қаноатманд гардиданд. Ҳатто як нафар намояндаи САҲА гуфт, ки шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳои Аврупо хуб аст, вале ҳаст баъзе чизҳое, ки мо бояд аз шумо омўзем. Намояндаҳои вазорат ва созмонҳои байналхалқӣ тасмим гирифтанд, ки коромўзии муштараки зиндонбонҳои Аврупо ва Тоҷикистонро ба роҳ монанд. Аз ҷумла, онҳо ваъда доданд, ки Олимтой Тоҷихонов моҳи май барои боздид аз маҳбасҳои Олмон даъват карда мешавад.
***
Ҳамаи ин хурсандӣ ба дили Обида намеғунҷид. Се шаб боз ў хобҳои даҳшатнок дида, бедор мешуд. -Тинҷӣ бошад дар хона. Ҳоли Шарифҷон чӣ хел бошад? — хавотир мекашид ў.
Обида як рўз пеш аз Раҳимҷон мактуб гирифта буд. Ў аз таҳсили худ, омодагиҳои Нилуфар ба имтиҳон, шўхиҳои Каримҷон ва хуб будани саломатии падараш навишта буд. Раҳимҷон дар охир модарашро бо фарорасии Наврўз табрик карда, барояш хушиҳои рўзгорро таманно дошт.
Номаи мазкур низ хавотирии ўро кам накард. Ин ҳоли ўро Ҳусния пай бурда пурсид: — Апа, чува хурсандӣ намекунӣ, ид аст. Наврўз аст. Бояд хурсандӣ кунем. Меган, ки кас бояд дар Наврўз ҳамаи ғамоша фаромўш куна, то ки тамоми сол хурсанд боша.
— Аз хона хавотирам. Ҳар шаб хобҳои пурдаҳшат мебинам. Таги дилам сиёҳ аст, хоҳар, — посух дод Обида.
— Апа, ай мо дида дига сиёҳбахт нест, ки худмон инҷаю фарзандомон унҷа. Мага ай ин дида бадие ҳаст?! Не!!! Пас биё, ғам хурда худта обу адо накун, апа.
Ин дилбардории Ҳусния лаҳзае ўро аз банди хаёлот ва ёди хонаводааш дур кард. Вале боз ҳам таги дилаш сиёҳ буд ва аз сар задани нохушие дарак медод.
***
Ҳабс шудани модар ва кушта шудани хоҳар дар ҳаёти Раҳимҷони 18-сола шикасти сахте буд. Ў камгапу асабонӣ шуда буд. Раҳимҷон дар курси дуввуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил мекард ва аз беҳтарин донишҷўён маҳсуб мешуд. Ў бим дошт, ки аз ин воқеаҳо устодону ҳамсабақҳояш огоҳ мешаванд. Чанд моҳи аввал касе дар донишгоҳ аз ин ҳодиса ёд намекард. Дар нимсолаи дуввум як нафар корманди додситонӣ ба онҳо курси махсус дарс медод. Ў дар як лексияаш аз қочоқи маводи мухаддир ҳарф зада дар бораи боздошт шудани Обида ва эҳтимолан аз дасти мафияи қочоқбарон кушта шудани Нилуфар нақл кард. Обида баъди издивоҷ бо Шарифҷон фамилияи духтариашро нигоҳ дошта буд. Раҳимҷон бошад, фамилияи падариашро гирифта буд. Аз ин рў, ҳамкурсон аз он ки муаллим дар бораи модари Раҳимҷон қисса карда истодааст, пай набурданд. Муаллим ин ҷо Обидаро гунаҳкори асосӣ меҳисобид. Раҳимҷон базўр дандон ба дандон монда тоқат мекард.
Гулноз, шарикдарси Раҳимҷон чизе магар пай бурд, ки сўи ў нигоҳ кард. Вай аз марги муфоҷои Нилуфар огоҳ буд. Раҳимҷон худаш дар бораи кушта шудани хоҳараш нақл карда буд. Раҳимҷон ба Гулноз дил бохта буд. Гулноз ҳам нисбати Раҳимҷон бе таваҷҷўҳ набуд. Ў ҳам Раҳимҷонро дўст медошт. Ҳар ду аҳду паймон карда буданд, ки якумр бо ҳам мешаванд.
Ҳамон шом Гулноз аз падараш, ки дар раёсати умури дохилаи шаҳр кор мекард, тафсилоти ин ҳодисаро пурсон шуд.
— Ота, ба мо муаллим ҳодисаи қочоқбарии як зани нашъаҷаллобро бо номи Обида ва кушта шудани духтари мактабхони вай нақл кард. Шумо тафсилоти ин ҳодисаро намедонед?
— Духтарам, ин хел ҳодисаҳо бисёр мешаванд, ҳамааш бо тафсилоташ дар ёд намемонад. Ба ҳар ҳол дар ин бора ман шунидаам. Ту чиро фаҳмидан мехоҳӣ?
— Ман дар бораи оилаи ин зан маълумот гирифтаниам.
— Чаро?
— Чанде пеш хоҳари як ҳамкурсамро кушта буданд, ки номаш ба ин духтар монанд аст. Шояд ин ҳодиса ба ҳамкурси ман ягон алоқа дошта бошад.
— Офарин, духтари ота, аз ҳоло маълум, ки муфаттиши хуб мешавӣ. Ман фаҳмам ба ту мегўям.
-Ҳозир метавонед, ки фаҳмед?
— Майлаш, кўшиш мекунам.
Ў гушаки телефонро бардошта рақамҳои заруриро гирифт. Аз он тараф садо омад:- Навбатдори раёсати умури дохилаи шаҳр, майор Мустафоев гўш мекунад.
— Мустафоев, ин ман, полковник Зардодхонов. Зуд аз маълумотнома тафсилотеро дар бораи аҳли оилаи Нилуфар Зарифҷонова ном духатари ноболиғе, ки охири соли гузашта вақти кўшиши таҷовуз ба номус кушта шуда буд, пайдо кунед ва ба ман занг зада гўед.
— Итоат, рафиқ полковник, -гуфт навбатдор ва гўшаки телефонро монд.
Пас аз ним соат телефон занг зад. Майори навбатдори милиса барои сардораш Зардодхонов маълумот дод:
— Нилуфар Зардодхонова, 16-сола, сокини кўчаи Туғрал, хонаи 27, ҳуҷраи 8. Ҷасадаш 25 декабр дар боғи «Ғалаба»-и шаҳр ёфт шудааст. Модараш, Обида Ҷаҳонгирова, муаллимаи мактаби миёнаи 125 барои қочоқи маводи мухаддир соли гузашта ба 12 сол маҳкум шудааст. Падараш собиқ муаллими ҳамон мактаб ҳоло маъюби дараҷаи якум. Бардари калониаш Раҳимҷон Зарифҷонов донишҷўи курси дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, бародари хурдиаш Каримҷон талабаи синфи 8-уми мактаби рақами 125. То ҳол ин ҷиноят ошкор нашудааст.
Маълумоти мазкурро Гулноз шунида сад дар сад муайян кард, ки сухан дар бораи оилаи Раҳимҷон меравад.
Рўзи дигар Гулноз Раҳимҷонро пеш аз оғози дарс дида гуфт: — Чаро ба ман нагуфтӣ, ки модарат барои қочоқи маводи мухаддир маҳбас шудааст?!
— Вай бегуноҳ аст. Ўро тўҳмат кардаанд.
— Бегуноҳ касеро маҳбас намекунанд.
-Барои ту чунин менамояд. Магар намебинӣ, кӣ мо дар кадом ҷомеа зиндагӣ мекунем?!
— Ман инро намедонам. Вале инро медонам, ки хушдомани ман бояд доғи судӣ надошта бошад. Бо чунин хушдоман ҳеҷ гоҳ вазифа намегирӣ. Умедата аз ман кан! Байни мо чизе набуд.
— Ин кори ту. Вале илтимос, инро ба шарикдарсон нагўй ва маро шарманда накун, Гулноз,- илтиҷо кард Раҳимҷон.
Гулноз сар ҷунбонда ризоият дод ва аз назди Раҳимҷон дур шуд.
Пеш аз ҷуфти охирини дарс сардори гурўҳ донишҷўёнро бо рўйихати таҷрибаомўзии тобистона шинос кард. Аз рўи тасмими пешакӣ Раҳиҷон чун донишҷўи аълочӣ бояд таҷрибаомўзиашро дар додситонии шаҳр мегузаронд. Ҳоло ўро барои таҷрибаомўзӣ ба заводи шаробкашӣ мефиристоданд.
Раҳимҷон пас аз дарс барои сабаби инро фаҳмидан назди мудири кафедра даромада суол кард:- Устод, Мерган Зардолуевич чаро ҷои таҷрибаомўзии ман тағйир ёфтааст?
— Чи хел тағйир ёфтааст?
— Маро бояд ба додситонии шаҳр мефиристоданд. Ҳоло тибқи рўйихат маро ба заводи шаробкашӣ навиштаанд.
— Ҳафтафаҳм будаӣ, Раҳимҷон. Магар намедонӣ, ки модарат суд шуда ба кори минбаъдаи ту дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот хати батлон кашид. Дигар туро ба ягон мақомоти интизомӣ ба кор намегиранд. Бинобар ин дар кафедра маслиҳат кардем, ки беҳтараш ту ҳуқуқи хоҷагидориро омўзӣ ва дар ин соҳа мутахассис бишавӣ.
Раҳимҷон сархам аз кафедра берун шуд. Ҳамаи орзуҳояш ба бод рафтанд. Вай мехост, ки хонда додситони поквиҷдон шавад ва ба халқу давлаташ хизмат кунад, зидди ҷинояткориҳо муборизаи беамон барад. Қотилони хоҳараш Нилуфарро пайдо бикунад. Вале ҳайҳот. Ба ў касе бовар намекунад. Ҳатто маҳбубааш Гулноз, ки аҳду паймон баста буданд, бевафоӣ кард. Зиндагӣ барояш дигар маъно надошт. Дилсард гашта буд аз он. Ба қавле мардкушу модапарвар шуда буд ин рўзгор. Ҳар касе, ки мардонавор мезист, хору залил буд. Баръакс даври дузду ришвахўр ва чоплусу косалесон омада буд.
Раҳимҷон бо ин фикру хаёл ба пули болои дарёи Душанбе расид. Алам гулўгираш мекард. Миёни пул омада истод. Чашм ба дарёи пуртуғён бурд. Дарё дар ин фасли зебои баҳор пуроб буд. Мавҷи об ўро афсун карда ба коми худ мехонд. Раҳимҷон сар боло кард ва ба атроф нигарист. Қаторкўҳи Ҳисор сабзу хуррам менамуд. Чашм поёнтар кард. Дарахтони боғи донишгоҳ сарсабзу шукуфон буданд. Болои пули ҷазира донишҷўён равуо доштанд. Як гурўҳ духтарони атласпўш аз пули ҷазира баромада сўи пули дарёи Душанбе меомаданд. Дар тарафи рост дар резишгоҳи оби ГЭС, зери маҷнунбед ҷавоне ба духтаре изҳори муҳаббат мекард. Раҳиҷон ба осмон нигарист. Осмон софу беғубор ва чун баҳр кабут буд, дар дуриҳо абрҳои сафед гўиё шино мекарданд ва болои сараш гунҷишку парастуҳо дар парвоз буданд. Ҳамаи ин зебоӣ ба дили ғамзадаи Раҳимҷон намеғунҷид.
— Маро бубахшед, очаҷону додоҷони азиз, — гуфт Раҳимҷон ва кифашро болои пул монда, худро сарозер ба дарё андохт. Мавҷҳо ўро ба коми худ фурў бурданд.
Ин ҳодиса дар пеши духтарони атласпўш рух дод. Онҳо аз дафтарони дохили киф шахсияти ғарқшударо муайян карданд ва ба милисаву донишгоҳ хабар доданд.
Ҷасади Раҳимҷонро рўзи дигар аз канали калони Ҳисор дар мавзеи Чептураи ноҳияи Шаҳринав пайдо карданд. Хонаи Шарифҷон боз мотамхона буд. Тўли се моҳ ду фарзанди ин хонадон фавтида буд. Гиряву нола ба фалак мепечид. Бо ёрии хешу табор ва ҳамсояҳо ҷасади аз сад гул як гулаш нашукуфтаи Раҳимҷонро ба хок супориданд.
Дар милсахона ин ҳодисаро чун худкушӣ ба қайд гирифтанд ва парвандаи ҷиноӣ ҳам боз накарданд. Касе напурсид, ки чаро як ҷавони сиҳату соҳибақл даст ба худкушӣ задааст? Мудири кафедра Мерган Зардолуевич аз сўҳбати пешазмаргии Раҳимҷон ба касе лаб накушод ва ягон нафар ҳам дар ин бора аз ў напурсид. Ў дар марги Раҳимҷон худро ягон зарра ҳам гунаҳкор намедонист.
Гулноз бошад, ҳафтаи аввал худро дар марги Раҳимҷон гунаҳкор медонист, вале пас аз шинос шудан бо Орзу ном ҷавоне, ки як курс боло таҳсил мекард, билкул гузаштаро фаромўш кард. Орзу писари додситони вилояти Меҳробод буд ва ба дарс савори сабукрави «Лексус» меомад. Ишқи нав дар дили Гулноз лона карда ҷавонӣ дар ҷўшу хурўш буд.

***
Марги муфоҷои ду фарзанд ва маҳбас шудани завҷа барои Шарифҷон азоби алиме буд. Тақдир барояш имтиҳони ҷиддие омода карда буд. Ё ҳамаи ин ғаму аламро аз дили хунчаконаш берун карда ба умеди фардои неки ягона нури чашмонаш Каримҷон ва завҷаи меҳрубонаш Обида зиндагӣ мекард, ё дар мубориза барои зистан шикаст хўрда ба ҳамаи ин нобасомониҳои рўзгор тан медод ва аз Худованд барояш марг металабид. Шарифҷон аз он нафароне набуд, ки ба осонӣ ба мушкилот тан бидиҳад. Аз волидонаш дар кўдакӣ ятим монда дар интернат калон шудааст. Сардиву сахтиҳои зиндагиро бисёр дидааст. Ў роҳи якумро пеш гирифт.
Шарифҷон бояд аввал проблемаи таъминоти моддии оиларо пайдо мекард, зеро нафақаи ў барои нонпулии ҳафтаина ҳам намерасид. Эълоне дар газета роҳи ҳалли ин масъаларо барояш кушод. Муаллиме барои қабули шогирдон барои дарси иловагии англисӣ эълон дода буд. Ба сараш омад, ки баъзеҳо барои дарси иловагӣ аз фанҳои физикаву математика низ ниёз доранд. Ў маъюб бошад ҳам, бо аробача ҳаракат мекунад ва метавонад дар хонааш ба шогирдон дарс гўяд. Ў Каримҷонро назди худ даъват карда гуфт:
— Писарам, қаламу коғаз гир, ҳар ду як эълон менависем.
— Хуб шудааст, додо. Ҳозир як лаҳза, — гуфт Каримҷон ва рафта коғазу ручка оварда сари мизи хатнависӣ нишаст.
Шарифҷон омода будани писарашро дида ба ў гуфт: — Ба ҷои сарлавҳа навис:
« Дарси арзон барои шогирдони нодон!».
— Аз сархат илова бикун: «Онҳое, ки мехоҳанд фанҳои физикаву математикаро об карда хўранд, барои сайқали донишашон ба телефони рақами 55-32- 31 муроҷиат намоянд.»
— Додо, чаро худатонро дар азоб мемонед?! Ман, шукри худо нонпулӣ ёфта истодаам. Аз гуруснагӣ намемурем.
Каримҷон пас аз марги бародараш масъулияти кашидани бори рўзгорро эҳсос карда, пас аз дарс ва рўзи истироҳат дар бозори назди хонаашон селофанфурўшиву ҳаммолӣ карда нонпулӣ меёфт.
Шарифҷон инро медонист. Вай аз бедарак шуда рафтани Каримҷон хавотир шуда, боре аз писари ҳамсоя Амирбек пурсида буд:
— Каримҷони мо, рўзҳои охир пас аз дарс аз хона баромада меравад ва бегоҳ меояд. Шумо намедонед, ки ҷўраатон куҷо меравад?
— Амак, вай баъди дарс дар бозор селофан мефурўшад, ба харидорону фурўшандаҳо кўмак карда ду –се сомонӣ кор мекунад. Ман ҳам мехоҳам мисли вай кисапулӣ кор кунам ва мўҳтоҷи падарам нашавам. Лекин модарам намемонад. Як маротиба дар бозор селофанфурўшиамро дида ҷанг карда гуфт, ки ҳоло ман фикри корро накарда танҳо дарс хонам.
— Модарат дуруст мегўянд. Ҳоло вазифаи шумо дарс хондан. Кор кардани шумо дар пеш аст, — гуфт Шарифҷон ва андешаи фардои Кариҷонро карда худ дар ҷустуҷўи таъмини оила шуд.
— Писарам навишта шудед?
— Бале, додо.
— Пас ин эълони навиштаатонро 10 нусха навишта дар ҷойҳои серодами кўчаву бозор бо ширеш часпонед. Як ҳафта интизор мешавем, агар мизоҷон пайдо нашаванд, эълонро ба газета мебаред.
Каримҷон худи ҳамон рўз эълонро дар ҷойҳои серодами шаҳр часпонид.
Бегоҳ аллакай чанд нафар талабгорон занг зада шарти сабақгириро пурсиданд. Шарифҷон онҳоро рўзи дигар ба сўҳбат даъват карда аз рўи дараҷаи дониш ва вақти холиашон барои дарсхонӣ ба гурўҳҳои хурди чорнафара ҷудо кард. Қимати дарсашро арзон муайян кард – 50 дирам барои як соат. Ин имкон медод, ки хоҳишмандон аз оилаҳои камбизоат ҳам сабақ бигиранд. Ў барои худ панҷ рўзи кории дусоата муқаррар намуд, то ки ба дарсхонии Каримҷон халал нарасонад. Маблағе, ки аз ин ҳисоб ба даст меомад, кам бошад ҳам, ба хариди маводи оддии ниёзи рўзгор басанда буд.
Шарифҷон аз Каримҷон хоҳиш кард, ки дигар ба бозор нарафта вақти холиашро ба дарсхонӣ гузаронад. Вале Каримҷон баръакс заҳмат кашидани падари майюбашро дида, масъулияти бештаре назди оила эҳсос мекард. Ў дарсҳояшро ҳамеша сари вақт омода карда аз беҳтарин шогирдони мактаб маҳсуб мешуд. Корҳои хона аз пухту паз то ҷомашўӣ пурра ба ўҳдааш буд. Селофанфурўшиашро низ идома медод. Ба ғайри ин вақт ёфта ҳафтае се маротиба машқи каратэ мекард.
Ба варзиш машғул шудани Каримҷонро дида Шарифҷон ҷавонииашро ба ёд овард. Ў дар вақти донишҷўияш ба йога таваҷҷўҳ карда, китоби машқҳои онро харида буд. Аз Каримҷон хоҳиш кард, ки ҷевони китобҳоро кофта онро пайдо бикунад. Вай ҷевонро тагу рў карда билохир китоби машқҳои йогаро ёфт.
Шарифҷон китобро аввал як ҳафта бодиққатона пурра хонд ва сипас ба машқ кардан пардохт. Барои Шарифҷони маъюб, ки як дасту пояш ҳаракат намекарданд, ин кори осон набуд. Аъзои баданаш аз дард месўхтанд, ба обу арақ меғўтид. Вале машқҳоро такрор мекард. Ба ҳар ҳол заҳмати сангинаш бесамар нарафт, ў идора кардани мушакҳои баданашро омўхт, дасту пойи маъюбаш ҳам аз худ дарак доданд.

Душанбе, 21-26 марти соли 2007.

ТАҚДИР

қисса

Аз истгоҳи Университет духтари шимпўши 17-18 сола, ки дар китфаш сумкаи борхалта дошт, вориди автобус шуда рў ба рўи Носир нишаст. Чашми Носир ба ў афтод ва моту маҳбут шуд. Лаҳзае карахт монд. Таппиши дилаш афзуд. Ў ба чашмонаш бовар намекард. Рў ба рўи ў Анора нишаста буд. Бале, Анора. Ҳамон Анорае, ки беш аз ҷон дўсташ медошт.
-На. Ў нест, — андешид вай ба худ омада. – Аз байн 20 сол гузашт.
Носир боз ба ин духтар нигоҳ кард: як себи дукафон буд вай ба Анора.
Ин қадар ба ҳам монанд, агар ин вохўрӣ 20 сол пеш мешуд, ў Анораро аз ин духтар фарқ карда наметавонист.
— Мебахшӣ духтарам. Модари ту муаллимаи забон ва адабиёт нест?- тоқат карда натавониста пурсид Носир аз ин духтар.
— Бале, чӣ буд? – ҳайрон шуд духтар.
— Модарат аз Ҳисор аст ва дар донишгоҳи миллӣ таҳсил кардааст?- ба суол бо суол ҷавоб дод Носир.
— Шумо аз куҷо медонед?
— Аз ту. Модарат ба ту монанд аст?
— Модаркалонам низ ҳамин хел мегўянд. Ба суратҳои давраи донишҷўии модарам монандам.
— Номи модарат Анора аст?
— Бале, шумо модари маро аз куҷо медонед?
-Як вақтҳо ман бо модарат ҳамкурс будем.
— Чӣ хел шумо ҳамкурс, ки мўйи саратон сап-сафед. Модари ман ҳоло ҷавон.
— Ман мўйи сарамро ранг кардаам. Ҳоло ин мўд шудагӣ, -шўхӣ кард Носир ва лаҷоми гапро ба дигар сў бурда пурсид:- Номат чӣ?
— Дурдона.
— Номи зебо.
— Модарам интихоб кардаанд, -гуфт Дурдона ва боз ба мавзўи аввалаи сўҳбат баргашт. — Ман ҳамаи ҳамкурсҳои модарамро медонам. Онҳо ҳамкурси падарам ҳам ҳастанд. Шумо пас падарамро ҳам мешинохтед. Номи падарам Азим. Он кас дар донишгоҳ муаллим буданд.
-Бале, мешиносам. Ҳоло падарат чӣ кор мекунанд?
— Падарамро боевикҳо парронданд. Соли 1998.
— Мебахшӣ, духтарам. Ман хабар надоштам. Худо раҳматаш кунад, даст ба дуо бардошт Носир.
— Чӣ хел? Ҳамаи ҳамкурсҳои падарам ба худоиҳои он кас меомаданд. Ҳатто аз Бадахшону Хуҷанд омаданд.
— Духтарам, ман дар Тоҷикистон набудам. Пас аз 20 сол ҳоло омадам ба сафари хидматӣ.
— Дар куҷо будед ин қадар солҳо?
— Дар хизмати аскарӣ.
— Ман ягон сурати шуморо дар албоми падару модарам надидаам.
— Дуруст мегўӣ. Ман ҳамагӣ 2 сол бо онҳо таҳсил кардаам.
-Амак, ман дар истгоҳи оянда мефароям. Биёед, ба хона меравем. Модарам хурсанд мешаванд.
— Ташаккур, духтарам. Ман ҳоло ба деҳа ба аёдати падару модарам рафта истодаам. Дафъаи дигар ҳатман меоям.
— Амак, хонаамон дар бинои нуҳқабатаи назди таваллудхона, ҳу он ҷо,- бо даст ишора кард духтар. – Модарам дар мактаби назди хонаамон кор мекунанд. Ба он кас чӣ гўям? Номи шумо чӣ?
— Гўй, ки як мўйсафедро дидам.
Духтар дар истгоҳи маҳаллаи 101-ум аз автобус берун шуд.
Истгоҳи Носир ҳам наздик мешуд. Ў дар назди бозори «Зарнисор» аз автобус берун шуд, то ба деҳааш Лолазор, ки дар ноҳияи Ҳисор воқеъ буд, равона бишавад. Ҷомадони ўро дида, таксичиҳо парвона шуданд. – — Раис куҷо меравед, арзон мебарем,- мегуфтанд.
Носир ба онҳо таваҷҷўҳ накарда ба истгоҳи маршруткаҳо рафт. Ў ба таксӣ ниёз надошт. Дар вазорат ба ў мошини хидматӣ ҷудо кардаанд, ки ў метавонад аз он шабу рўз истифода бикунад. Ҳамсабақаш дар академияи олии низомӣ, генерали тоҷик Шўҳрат Боқиев ҳатто пешниҳод кард, ки худаш бо мошини шахсиааш ўро ба деҳа мебарад. – Шодикома гирифтан мехоҳӣ-а? –шўхи кард ба вай Носир ин илтифоти рафиқашро қабул накарда. Вай мехост бо мошини роҳ ба хонаашон биравад, чун 20 сол қабл.
Дар истгоҳ маршруткаҳои самти Ҳисор қатор буданд. Ў ба маршруткаи аввал, ки ҷои холӣ дошт, нишаст. Ба ҳамсафаронаш дида дўхт. Ягон чеҳраи ошноро надид. Тўли ин қадар солҳо як насл ба воя расид ҷавонон миёнсолу, минсолон пир шуданд. Албатта, чеҳраҳо тағйир меёбанд. Ба ў низ касе таваҷҷўҳ накард. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия яке аз воситаҳои асосии рўзгузаронии мардум гаштааст. Аз аксари оилаҳо камаш як нафар ҳамеша дар Русия заҳмат мекашад. Ўро низ аз ҷомадонаш яке аз муҳоҷирон гумон карданд.
Ниҳоят маршрутка аз мусофирон пур шуд ва ронанда онро ба ҳаракат даровард. Пулчинак ба ҷамъ кардани роҳкиро шурўъ намуд. Носир чанд сомонӣ будани роҳкироро намедонист, вале аз он ки мусофирон 5 сомонӣ дода, бақя гирифта истодаанд, аниқ кард ки он аз 5 сомонӣ камтар аст. Ў ҳамёнашро ба даст гирифта онро кушод. панҷсомона набуд. Як даҳсомониро аз ҳамён гирифта ба пулчинак дароз кард.
— Амак, пули майда надоред?- суол кард пулчинак даҳсомониро гирифта истода.
— О, ҳамин худаш майда-ку,- шўхиомез гуфт Носир, ки беқурб шудани пули тоҷикиро медонист. – Ҳоло ба ин пул як кило гўшт ҳам намедиҳанд.
— Бале, бачам пул беқурб шуд, — ба сўҳбат ҳамроҳ шуд мўйсафеде, ки дар оқиби маршрутка менишаст.- Нархҳо ҳар рўз ракета барин боло мераванд, маошу нафақа бошад, мисли сангпушт мехазад.
— Аз дасти мо чӣ меояд? Замин сахту осмон баланд. Барои ҳалли ин масъалаҳо калонҳо ҳастанд, — гуфт як марди дигар.
-Амак, ман пули майда дорам, лекин агар инро бакя диҳам, тамом мешавад. Баъд вақти бо гаишник салом кардан, маҷбурам пули калон диҳам, — гуфт пулчинак ва ба Носир бақя дод.
Бо ҳамин би ин сўҳбат хотима гузошта шуд ва Носир дар курсӣ бо фароғат нишаста ба андеша рафт.
Носир аз ин бозии тақдир гоҳе хурсанд буду гоҳе ғамгин. Ин вохўрӣ бо духтари Анора гузаштаи ўро ба ёд овард.
Носир дар вақти ҳуҷҷатсупорӣ барои шомил шудан ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо Анора шинос шуд. Ин духтари деҳотии ситорагарм аз нигоҳи аввал дар дили ў туғёне бедор кард. Маълум буд, ки Анора ҳам аз шиносоӣ бо Носир шод аст. Ҳар ду аз як ноҳия буданд. Анора дар маркази ноҳия зиндагӣ мекарду Носир дар деҳа. Пас аз ҳуҷҷатсупорӣ онҳо дар шаҳр намонда ба хонаҳояшон баргаштанд. Зеро ба ин ҳеҷ ниёз набуд: аз ноҳияи онҳо, ки ба Душанбе наздик аст, рўзе бо автобус 10 маротиба ҳам рафта омадан мумкин.
Онҳо вақти имтиҳони дохилшавӣ боз вохўрданд. Бо ҳам сўҳбат мекарданд, сари баъзе мавзўҳои имтиҳон баҳс менамуданд. Имтиҳонҳо паси сар шуданд ва ҳар ду бомуваффақият ба як гурўҳ қабул шуданд. Барои донишҷўёни навоҳии атрофии Душанбе хобгоҳ намедоданд ва ба ин зарурат ҳам набуд. Онҳо ҳар рўз ба ноҳия рафта меомаданд. Ин қаробати онҳоро бештар кард. Носиру Анора ба ҳам унс гирифтанд. Маълум буд, ки онҳоро ба ғайр аз ҳамкурсу ҳамшаҳр будан чизи дигаре ба ҳам мепайвандад ва ин аз дўстӣ ҳам бештару гуворотар аст. Онҳо ҳар ду эҳсос мекарданд, ки дигар як лаҳза ҳам бе якдигар буда наметавонанд, ҷудоӣ барояшон сангин аст.
Баҳори гулфишон, баҳори ошиқон расид. Дили Носир лабрези муҳаббат туғён мекард. Наврўзро гурўҳи онҳо дар хонаи ҳамсабақашон Фирўза ҷашн гирифтанд. Ҳамсабақон то як поси шаб нишастанд. Вале Анораву Носир вақти шом аз базм хестанд, то ба Ҳисор бираванд. Ҳавлии Фирўзаино дар қисми шимолии шаҳр ҷойгир буд. Аз он ҷо то ба истгоҳ расидан мебоист, ки қариб 500 метр аз байни боғу гулгашт гузашт. Вақти ин ҷо гузаштан ба ногоҳ Анора пешпо хўрд ва қариб ба замин афтода буд. Носир аз дасти ў гирифт, то ки дигар пешпо нахўрад. Анора низ аз зери бағали чапи Носир дошт. Ба тани Носир гармии ҷонсўз ва ҳаловатбахше расид. Онҳо ба ин минвол чанде қадам зада, ба зери Маҷнунбеде, ки кокулонаш то замин мерасид, омаданд ва ҳар ду беихтиёр аз ҳаракат монданд. Дилҳои саршор аз муҳаббат чун оҳанрабо тани онҳоро ба ҳам мекашид. Онҳо ба оғуши ҳам омаданд ва лабони ҳар ду моили бўса шуданд. Ҳар ду аввалин маротиба мебўсиданд. Бетаҷриба буданд онҳо. Ҳатто дуруст бўсида наметавонистанд. Пас аз ин ў садҳо лабонро бўсидааст. Бо садҳо хонумони зебо шабро дар ҷоггаҳ рўз кардааст. Вале то ба ҳол дар ёдаш ин бўсаҳо. Бўсаҳои самимиву табиӣ. Чӣ ширин аст бўсаи аввал аз лаби ёр. Ҳар кӣ ошиқ буд, таъми бўсаи аввал як умр дар забонаш хоҳад монд.
Онҳо зери ин маҷнунбед ба ҳам аҳду паймони муҳаббат бубастанд. Ва аз ин шом қиссаҳои ишқи ин ду навҷавон шурўъ шуд. Аз муҳаббати онҳо шарикдарсон низ огоҳ шуданд. Базеҳо ба онҳо тамасхур мекарданд, як идда рашк мебурданд, дўстон ҷонибдорӣ менамуданд.
Аз аҳди онҳо соле сипарӣ шуд. Дар ин муддат муҳаббати онҳо воқеан ҳам ба ишқи бузурге табдил ёфта буд. Ҳатто баъзе устодон инро пай бурда буданд.
Ин иди Наврўзро дар хонаи ҳамсабақи ромитиашон Каримбек таҷлил намуданд. Ба деҳа шабхорав рафта буданд. Пас аз рақсу суруд ва ҳазлу шўхиҳо касе дар бораи вазъи Артиши Шўравӣ дар Афғонистон ҳарф зад. Ин мавзўи доғ боиси баҳси домандор гашт. Сухан дар бораи далериву матонат ва нодониву камҳунарии сарбозону афсарон мерафт. Як идда аз ҷавонон, ки хизмати аскарӣ карда буданд, шикасти моро ба афсарон вобаста медонистанд.
— Ба Афғонистон нерў даровардан хатои ҷиддӣ буд,- ба баҳс ҳамроҳ шуд Носир. – Агар пас аз Инқилоби Савр мо танҳо кўмаки моддиву техникӣ мекардем, ҳоло ин қадар талафот намедидем, — афзуд ў.
— Ту патсан (бача) аскария надида ин хел мегӣ, — луқма партофт Азим, ки ширакайф буд. – Мо барин ду сол- 730 рўз мўза мепўшидӣ, ин хел намегуфтӣ. Дар паси домани духтаро баҷо шуда гап задан осунай.
— Маро чӣ аз аскарӣ метарсонӣ?
— Агар натарсӣ, мерафтӣ аскарӣ. Ай тарсе, ки Афғонистон набарат студент шидай.
— Акаи Азим, кӣ метарса ва кӣ наметарса гуфтан барвақт аст.
Носир рўзи дигар бо ариза ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат кард, то ки ўро ихтиёрӣ ба Афғонистон фиристанд. Он вақт солҳои охири ҷанги нерўҳои ҳарбии шўравӣ дар ин кишвари ҳамсоя буд. Пас аз шикастҳо шумораи ками ҷавонон ихтиёран озими ҷанг кам мешуданд. Бинобар ин хоҳиши Носирро қонеъ карда пас аз як ҳафта ўро ба сафи артиш даъват намуданд.
Носир бо ин даъватнома ба маъмурияти донишгоҳ бо ариза муроҷиат кард, ки муваққатан ўро то хатми аскарӣ аз сафи донишҷўӣ хориҷ намояд.
Аз ин азми Носир Анора дилтанг буд. Ў ҳеҷ намехост, ки маҳбубаш ду сол аз бараш дур бошад: — Маро танҳо монда меравед. Инсоф надоред шумо, — гуфт ў вақти гусел ба Носир.
— Не, ҷонакам. Ман туро танҳо намегузорам. Ту ҳамеша пеши назарам хоҳӣ буд. Ман мардам ва аз аскарӣ наметарсам. Ман намехоҳам, ки тамоми умр кинояи мардони занакмизоҷро шунавам, ки ба аскарӣ нарафтаам.
Носирро тамоми гўрўҳашон бо роҳбарии кураторашон Фозилӣ гусел карданд. Дар гусел танҳо Азим набуд. Ў аз ғазаби ҳамкурсон тарсида ба гусели Носир наомад.
Носир 3 моҳ дар Тирмиз дар қисми ҳарбии таълимии пиёданизом машқи низомӣ омўхта рутбаи сержантиро дарёт намуд. Пас аз хатми таълим онҳоро ба Афғонистон бурданд. Ўро ба қисми ҳарбие, ки дар Багром мустаққар буд фиристоданд. Носирро ба ротаи кашшофӣ гирифтанд. Ба онҳо сарбози чусту чолоку бақувват ва забондон лозим буд.
Носир зуд бо ҳамяроқонаш унс гирифт. Онҳо ба ҳам чун бародар буданд. Зеро агар дар ҷанг ба ҳам бовар надошта бошӣ, дар лаҳзаи мушкилу пурхатар ҳамдигарро дастгирӣ накунӣ, зафар намеёбӣ.
Ротаи кашшофӣ қариб ҳамеша дар амалиёти ҷангӣ буд. Онҳоро барои дарёфти маълумот ноайён ба ақибгоҳи душман мепартофтанд. Кошифон дар лаҳзаҳои зарурӣ либосҳои муҷоҳидонро мепўшиданд, то ки онҳоро нашиносанд. Носир дар як чанд амалиёт иштирок карда аз худ далериву матонат нишон дод ва барои ин бо нишони « Барои шуҷоат» қадр гардид.
Дар ин муддати хизмати аскарӣ ҳамеша Носир бо Анора иртибот дошт. Ба ҳамдигар пайваста нома менавиштанд. Номаҳои саршор аз меҳру муҳаббат. Вале пас як сол Носир якуякбора номанависиро қатъ кард. Аз Носир ба ҳамсабақҳо низ нома намеомад. Анора аз ин дар ташвиш буд. Намедонист чӣ бикунад? Аз сиҳатии Носир дар хавотир буд. Анора чӣ будани ҷангро хуб дарк мекард. Агарчи Носир дар номаҳои худ аз иштирокаш дар амалиёти ҷангӣ ҳарфе намегуфт.
Шарикдарсон чанд маротиба ба хонаи волидони Носир рафта аз ҳоли ў пурсиданд. Онҳо низ иттилое надоштанд.
Анора ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат кард, то иттилое дар бораи Носир пайдо бикунад. Муовини комиссар, майор Раҳим Эшонҷонов ба ў ваъда дод, ки пас аз як ҳафта ояд, то он вақт маълумоте пайдо мекунад.
Анора пас аз як ҳафта, вақти ваъдагӣ ба комисарриати ҳарбӣ ҳозир шуд.
— Хоҳари азиз, ман шуморо хурсанд карда наметавонам,- ба Сухан оғоз кард майор Эшонҷонов. — Ман аз ҳамаи каналҳо истифода карда, маълумоти зиёде пайдо карда натавонистам. Ҳатто ба командири қисми ҳарбӣ дар тамос шудам.
— Ҳар чӣ медонед бигўед, илтимос,-хоҳиш кард Анора.
— Дар бораи ў қариб ки маълумоте нест. Ба гуфти командири қисми ҳарбӣ ротаи онҳо дар ақибгоҳи душман амалиёт мегузаронидааст. Аз ин муҷоҳидон огоҳ гардида онҳоро ба муҳосира мегиранд. Дар ин ҷанги нобаробар аксари сарбозону афсарони мо кушта мешаванд. Вақте ки чархболҳои мо ба кўмак меоянд, ҷанг аллакай ба охир расида буд. На зинда будану на ҳалок шудани сержанти калон Носир Мирзоев маълум нест. Пас аз ҷанг дар саросемагӣ шояд ҷасади ўро ба чархбол бор накарда бошанд. Шояд ў захмӣ шуда бошаду муҷоҳидон асир гирифта бошанд. Дар ҷанг чунин ҳолатҳо низ мешаванд.
— Хоҳари азиз, агар маълумоти наве пайдо кунам, шуморо ҳатман огоҳ мекунем, — гуфт майор Анораро гусел карда истода.
Анора аз комиссариати ҳарбӣ ошуфта баромад. Дилаш аз ғаму андўҳ пур буд. Ба кушта шудани маҳбубаш бовар намекард. Ба асорат афтидани Носирро низ ҳеҷ пеши назар оварда наметавонист. Ў дар ин ду соли шарикдарсӣ Носирро хуб омўхта буд. Барои Носир марг аз асорат беҳтар аст. Ў беҳтараш тире ба синааш мезанад, ки ба асорат наафтад.
Анора пас аз як моҳ боз ба комиссариати ҳарбӣ омад. Майор Эшонҷонов ўро хуш пазируфта гуфт, ки маълумоти наве надоранд ва агар иттиллое ба онҳо рассад, ҳатман вайро огоҳ мекунанд.
Ба волидони Носир низ аз қисми ҳарбӣ дар бораи дар ҷанг бедарак шудани фарзандашон нома омад.
***
Аввали моҳи май буд. Ротаи кашшофӣ супориш гирифт, ки дар дараи Панҷшер анбори силоҳу муҳимоти ҷангии муҷоҳидонро муайян бикунад. Ба амалиёти ҷангии кашшофӣ ба ақибгоҳи душман рафтани як рота пурхавф буд. Инро ба назар гирифта, тасмим гирифтанд, ки аз тактикаи худи муҷоҳидон истифода баранд: бо гурўҳи хурд ба амалиёт бираванд.
Рўзи дигар гурўҳи 9-нафараи кашшофон бо сарварии командири рота капитан Руслан Назаров омодаи амалиёт шуданд. Командири полк подполковник Александр Сергеев амр кард, ки аз чархболи Ми -8 истифода накунанд. Душман аз дар ақибгоҳ пайдо шудани чунин чархбол десант фаровардани шўравиҳоро метавонад пай барад. Бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки барои десантфарорӣ аз чархболи ҷангии Ми-24, ки тимсоҳаш мегўянд, истифода бикунанд. Ҳамаи гурўҳ то фурудгоҳ ба либоси низомӣ омада сенафарӣ ба ҳар як чархбол нишастанд ва дар дохили он тағйири либос намуданд. Акнун онҳоро аз муҷоҳидон фарқ карда намешуд.
Пас аз ним соати парвоз чаҳор чархболи ҷангӣ ба миёнаи дараи Панҷшер расиданд. Онҳо барои саргум задании душман ба чанд нуқта аз тўпҳояшон оташ кушоданд ва ба яке аз дараҳои ҳамшафат гузаштанд. Се чархбол ба якборгӣ дар паси кўҳ паст шуданд ва ҳудуди де – се дақиқа дар як ҷо истоданд. Чархболи дигар ин вақт аз боло онҳоро посбонӣ мекард. Ин вақт кифоя буд, ки кашшофон худро аз тайёра берун партоянд. Чархболҳо боз ба ҳаво хестанд ва сўи дараи дигар парвоз карданд. Пас аз чанд лаҳза аз он ҷо садои гулўлапартоӣ баланд шуд. Боз чархболҳо барои саргум кардани душман ба он ҷо чанд снаряди реактивӣ зада буданд.
Гурўҳи кашшофон пас аз пиёда шудан зуд худро даруни арчазор гирифтанд, то ки аз чархбол фаромадани онҳо ноайён монад. Пас аз чанде ҳаракат кардан кашшофон дар як ҷои бехавфе истоданд ва капитан Назаров харитаро аз бағалаш гирифта ба он назар дўхт.
Аз ин ҷо то мавқеи тахминшуда, ки бояд онҳо ҷустуҷў мекарданд, беш аз 20 км буд. Онҳо бояд то торикӣ фаромадан ба ин ҷо мерасиданд.
Бо амри Назаров гурўҳ ба роҳ баромада сўи кўҳе, ки дар сўи офтобнишин буд равон шуданд. Дар пайроҳаҳои ноошно ҳаракат кардан хавфнок буд. Аз як тараф ба камини душман афтодан мумкин буд, аз тарафи дигар пайраҳаҳоро муҷоҳидон метавонистанд минагузорӣ бикунанд. Барои ҳамин ҳам онҳо боэҳтиёт масофаи байниҳамдигариро риоя карда ҳаракат менамуданд. Ин имкон метод, ки дар ҳолати яке дар мина таркидан дигарон камтар зарар бинанд.
Дар нимароҳ барои хўроки чошт истоданд. Хўрокашон аз нону гўшти бирёншудаи камнамак ва оби рўд иборат буд. Интихоби ин хўрок бесабаб набуд: Онҳо барои худро ошкор накардан бояд ягон нишоне намемонданд. Барои ҳамин ҳам дар чунин амалиёт ба кашшофон хўроки маҳаллӣ ё консерваҳои хориҷӣ медоданд, ки аз хўроки муҷоҳидон фарқе надошт.
Қарибии шом онҳо ба болои кўҳ баромада дар ҷои қулай дуртар аз роҳи корвонгузар камин гирифтанд, то водиро назорат карда тавонанд. Мувофиқи маълумоти асирон ва хабаркашон амбори номбаршуда дар ин мавзеъ, дар ғоре ҷойгир аст. Зеро аз ин ҷо пайраҳаҳои корвонгузар ба Покистон мебарад. Муҷоҳидон силоҳу муҳимоти ҷангиро аз Покистон рост ба ин ҷо меоранд ва баъд қисм –қисм ба дастаҳояшон тақсим мекунанд. Вазифаи онҳо ҳоло омадани корвонро интизор шудан ва ба куҷо фаровардани борро муайян кардан буд.
Шаби кўҳистон хунук аст. Бар замми ин аз куҷое абри бороние пайдо шуд ва болои онҳо як даҳ дақиқа борон борид. Либоси кашшофон тар шуд. Оташ гирондан ва ҳатто сигор кашидан ин худро ошкор кардан буд. Илоҷи дигаре надоштанд онҳо ба ҷуз дандон ба дандон монда тоқат кардан. Шаб тўл мекашид ва он сў ягон ҳаракате шунида намешуд. Қарибиҳои субҳ ниҳоят садои ҳаракати корвон ба ғуш расид. Навбатдор аз ин капитан Назаровро огоҳ кард. Ў аз дасти навбатдор шаббинро гирифта ба пайраҳа назар дўхт. Дар он қатори шутуру аспҳо ба чашм мерасид. Аз қуттиҳои болои онҳо маълум буд, ки силоҳ бурда истодааст корвон. Капитан корвонро ҳисоб кард. 10 шутур ва 2 асп. Ҳар як шутурро нафаре аз лаҷомашон медошт, то аз пайраҳа берун нашаванд. Ба ғайри ин боз 5 нафари силоҳдор. Яке бо асп аз пеш мерафту дигаре савора аз пас. -Чӣ лаҳзаи қулай барои ҳамла карда нест намудани корвон,- андешид Назаров.- Вале ҳоло бояд хомўшона назора бикунанд, ки ба куҷо меравад он.
Корвон аз назди кашшофон гузашта буд, ки як фикре ба сари капитан Назаров омад: Агар ҳоло корвон дар ин торикӣ нопадид бишавад, онҳо даҳони ғорро ёфта наметавонанд. Шояд дар ин торикӣ пайдо шудани он нишони наздик будани амбор бошад?
Капитан Носир ва Алабердии туркманро даъват карда супориш дод, ки ноайён аз пайи корвон бираванд ва ҷойи анборро муайян бикунанд.
— Носир, ин маякро бигир ва дар наздикиҳои анбор руст бикун. Пеш аз онро мондан, гўшакашро тоб дода ба ҳолати корӣ биёр, супориш дод Назаров. – Худро эҳтиёт бикунед. Дар ҳолати ошкор шуданатон нақши муҷоҳидони раҳгумзадаро бозӣ кунед. Фаромўш накунед, ки барори амалиёт аз шумо вобаста аст, — таъкид кард капитан ва афзуд:- Худо мададгоратон!
Носиру Алабердӣ ба пайраҳа баромаданд ва ноайён дар масофаи 80- 100 қадам аз паси корвон равон шуданд. Пас аз борон ҳаво соф буд ва моҳи пурра нурафканӣ мекард. Аз рўшноии он масофаи наздикро хуб дидан мумкин буд. Ҳамин вақт аз паси буттаҳои атрофи пайраҳа садои по баланд шуд. Онҳо зуд худро ба канор гирифта дар ҷои худ чун санг шах шуданд. Як нафари силоҳдор ба пайраҳа баромад, аз афташ аз қазои ҳоҷат хеста буд. Ў ба онҳо наздик мешуд. Бояд зуд чорае меандешиданд, вагарна вай онҳоро ошкор мекард.
Носир даст ба ғилофи кордаш бурда ба Алабердӣ ишора кард. Ў фаҳмид. Вақте ки муҷоҳид ба Носир наздик шуд, ў якбора аз ҷояш ҷаста хест ва бо корди говкушӣ зарбае аз таги қафаси синааш зад. Аз ин зарбаи ногаҳонӣ муҷоҳид «ҳиқ» гуфту ба оқиб афтод. Алабердӣ зуд ўро дошт, то афтода сангҳоро нағелонад. Носиру Алабердӣ ҷасадро боэҳтиёт бардошта паси ҳамон ҳарсанге, ки аз он ҷо вай баромада буд, бурда такя ба он шинонданд. Носир акнун кордро аз синаи мақтул берун кард ва онро ба либоси вай пок карда ба ғилофаш гузошт. Агар аз ин пеш кордро мегирифт, аз ҷароҳат хун баромада ба пайраҳа мерехт. Носир ба рўйи мақтул нигоҳ кард. Аз тарҳи рўяш ў марди 35-40-солаи аврупоӣ буд. Аскари зархарид будагист, андешид Носир. Ў кисаҳои мақтулро кофта аз бағалкисааш ҳуҷҷат ва ҳамёни пулро пайдо кард. Носир ҳуҷҷатро гирифту ҳамёни пулро дар ҷояш монд. Силоҳи ўро, ки милтиқи нишонзанӣ буд, Алабердӣ гирифт.
Вақте ки онҳо ба корвон наздик шуданд. Уштурҳои пеш аллакай да куҷое нопадид шуда буданд. Носир бо диққат ба сўи шах нигарист. Уштурҳо ба назди он расида нопадид мешуданд. Ў Алабердиро барои ҳимоя монда худ ба пештар хазид. Уштури охирин ба байни шах даромада гум шуд ва садои ғиҷҷирос кардани санг баромад. Носир борҳо шунида буд, ки муҷоҳидон дар таги харсангҳо шинак сохта сўи сарбозони мо тир мекушоянд. Ва вақти ошкор шуданашон бо дамкрат сангро болояшон меоранд. Дар ин ҳолат гўлўлаи минамёт ҳам ба онҳо таъсир намерасонад. –Ғор ҳамин ҷо аст ва дарашро бо санг устокорона маҳкам кардаанд, андешид Носир. Ў аз кисааш маякро баровард ва гўшаки онро тоб дода фаъол кард. Сипас онро миёни алафҳо пинҳон кард.
Вақте ки Носиру Алабердӣ ба мавзеи камингирифтаашон баргаштанд, субҳ медамид.
— Рафиқ капитан, супоришро иҷро кардем,- ба таври низомӣ, вале пинҳонкорона гуфт, Носир.
— Хуб ин ҷо нишинед ва нақл бикунед, гуфт Назаров.
Онҳо ба харсанг такя карда нишастанд ва Носир воқеаи рухдодаро пурра нақл карда аз кисааш ҳуҷҷати гирифтаашро берун кард. Назаров онро хонда гуфт: — Ин як бори дигар собит мекунад, ки зидди мо на халқи оддии афғон, балки зархаридони хориҷӣ меҷанганд. Ин ҷангӣ шаҳрванди фаронса будааст. Ташаккур бачаҳо. Инро мо марказ мефиристем. Албатта, барои ин амалиёт ҳамаатонро ба орден пешниҳод мекунам.
— Маяк ба кор даромада бошад, баъди ягон ду соат амалиёт оғоз мешавад. Баъди ягон соат мо ба алоқа баромада хабар медиҳем. Аз ин пеш худро огоҳ кардан лозим нест. Ҳоло шумо, ношто бикунед ва дам бигиред, дар пеш моро чӣ интизор аст, маълум нест.
Пас аз ба кор даровардани мухобира, муҷоҳидон аз мавҷудияти десанти шўравӣ дар пеши биниашон огоҳ шуданд. Солҳои охири ҷанг муҷоҳидони афғон бо қумаки хоҷаҳои хориҷиашон бо навтарин дастгоҳҳои мухобиротӣ муҷаҳҳаз буданд ва алоқаи артиши шўравиро гўш мекарданд. Ин имкон медод, ки аз шурўи амалиёти ҷангӣ ва нақшаҳои онҳо огоҳ бишаванд.
— Духи (арвоҳҳо), — гуфтани навбатдор Носирро, ки пинак рафта буд, бедор кард. Аз поёни кўҳ як гурўҳ муҷоҳиддин дар пайраҳа пайдо шуда буданд. Капитан Назаров ба сарбозонаш амр дод: — Ба фикрам аз ин ҷо будани мо душман хабар ёфт. Ҳоло ҳама ба ҷанг омода шавед, вале аз худ дарак надиҳед. Танҳо дар ҳолати моро ошкор кардан метавонем ба ҷанг дароем. Бояд мо то оғоз шудани амалиёт худро ошкор нанамоем. ва парвози тайёраву чархболҳоро интизор шавем. Агар моро иҳота карданӣ шаванд, мудофиаи давродавр мегирем. Иванов ва Сидоров шумо ба ҳар ҳол аз ақибгоҳамон бохабар бошед. Максимов ва Петров шумо ба амнияти тарафи чап ҷавобгаред. Володин ва Никитенко шумо дар ҳолати зарурӣ тарафи ростамонро ба нишон мегиред. Боқимонда ҳама ба пеш, фронтро назорат бикунед.
Муҷоҳидон бо пайраҳа боло шуда, ҷасади зархариди хориҷиро ёфтанд. Ин албатта, аз он далолат медод, ки десант дар ин наздикиҳост. Муҷоҳидон аз назди кашшофон гузашта онҳоро ошкор накарданд.
Пас аз чанде дар пайраҳа гурўҳи дигари муҷоҳидон пайдо шуданд. Онҳо рост ба сўи кашшофон меомаданд. То лаҳзаҳои охир маълум набуд, ки кашшофон ошкор шудаанд ё на. Ба ҳар ҳол ҳама гўшу ҳуш шуда ҳаракати душманро назора мекарданд. Ба ногоҳ ба сўи камингирифтаи кашшофон муҷоҳидон аз гранатамёт гулўла андохтанд ва пас аз ин аз силоҳи автоматӣ низ тир кушода шуд. Акнун айён буд, ки душман мавқеи кашшофонро ошкор карда будааст. Аз ҷониби дигар гурўҳи аввалаи муҷоҳидон низ ба ҳуҷум гузашта будаанд. Ин маънои онро дошт, ки душман аз аввал мавқеи кашшофонро муайян карда будааст. Ба ҳар ҳол аз тирпарронии бенизому ба нишон нарасанда маълум буд, ки душман мавзеи ҷойгиршавии кашшофонро тахмин карда тир мекушоянд ва камингоҳи онҳоро аниқ намедонанд.
Капитан Назаров инро таҳлил карда ба сарбозонаш фармон дод: — Душман ҷои аниқи моро намедонад. Бинобар ин то нишонрас нашудани муҷоҳидон тир накушоед. Ҳар яке бояд ду се шинаки тирандозӣ дошта бошад. Аз як шинак доим тир кушода худро ошкор накунед. Аз ҷониби дигар, вақте ки ҷои худро иваз карда тир меандозад, душман гумон мекунад, ки теъдоди мо зиёд аст.
— Тирҳоро сарфакорона истифода намоед. Кай ба кўмаки мо мерасанд, маълум нест, гуфт Назаров ва афзуд,-Максименко, зуд мухобираро ба кор андоз ва аз ҳуҷуми душман хабар деҳ. Тезтар тайёраҳоро фиристанд, ки то омадани онҳо мо истодагарӣ карда метавонем ё не.
Максименко мухобираро ба кор андохт. Ба ў хабар доданд, ки тайёраҳои бомбаандоз ва чархболҳои ҷангиву десантӣ ҳоло ба ҳаво мехезанд.
Душман наздик мешу два тирҳои онҳо акнун рост сўи кашшофон меомаданд. Гўрўҳи Назаров ба тирпарронии ҷапвобӣ гузашт. Муҷоҳидон аз чаҳор тараф онҳоро иҳота карданӣ буданд. Шумораи душман 6-7 маротиба аз кашшофон зиёд буд. Ҷанги хунине шурўъ шуд.
Кашшофон қаҳрамонона истодагарӣ мекарданд. Зарбаи авали муҷоҳидон баргардонида шуд. Онҳо қурбонии зиёде дода ба ҷои тирнорас ақиб ниастанд. Хомўшии муваққатие ба вуқўъ омад.
Капитан Назаров амр кард, ки сарбозон аз худ дарак диҳанд. Садои сарбоз Николаев набаромад. Ўро дар шинакаш кушта ёфтанд. Тири мерган ба пешониаш расида буд.
— Бачаҳо бо баҳои ҷони Иван мо ин ҳуҷумро гардондем. Шояд душман тактикаи набардашро дигар бикунад. Акнун ба зарбаи навбатӣ бояд омода шуд. Чӣ қадар тир мондааст, сержанти калон Мирзоев?
— Ҳамагӣ ду тирдонӣ ва 15 норинҷак, посух дод Носир.
— Силоҳу тири раҳматӣ Иванро низ гиред ва тақсим кунед. Аз милтиқи ғаниматгирифта низ истифода баред.
-Итоат, рафиқ командир.
— Максименко, боз ба алоқа бароед ва вазъиятро фаҳмонед, — супориш дод, капитан Назаров ба мухобирачӣ.
Максименко мухобираро фаъол карда супориши командирро иҷро кард. Баъди чанд дақиқа вай гуфт: — Рафиқ капитан, тайёраву чархболҳо дар
ҳавоянд. Пас аз чанд дақиқа расида меоянд.
Ҳамин вақт ба якборагӣ душман аз минамёти сайёр мавзеи кашшофонро ба гулўлаборон кардан шурўъ намуд. Акнун маълум шуд, ки барои чӣ душман пас гашта будааст.
— Максименко, мухобираро эҳтёт бикун, зери харсанг даро!- дод зад Назаров.
Як чанд гулўла дар наздикии камингоҳи кашшофон таркид. Аз он боз як нафар кушта шуд ва 3 нафари дигар захм бардоштанд.
Пас аз чанде гулўлапартоӣ бас шуд ва хомўшии ба миён омад.
Амонгелдиву Носир аз истифода намуда ҷароҳати захмиёнро бастанд. Володин аз сараш ҷароҳати вазнин бардошта буд ва беҳуш мехобид. Максимов ва Петров аз пояшон захм бардошта буданд ва пас аз гузаронидани сўзандоруи рафъи дард метавонистанд дар сангар истодагарӣ бикунанд.
Хомўшӣ тўл накашид, душман боз ба ҳуҷум гузашт. Нерўҳои душман аз чаҳор тараф ба камингоҳи кашшофон наздик мешуд. Ин дафъа набард сангинтар буд. Душман ба талафот нигоҳ накарда наздик мешуд. Кашшофон муқобилати сахт нишон медоданд. Вале нерўҳо нобаробар буданд. Душман ба мавзеи кашшофон аз грантамёт гулўла партов карданд. Аз таркиши он чанд нафар захм бардоштанд.
Ҳамин вақт садои тайёраҳо ба гўш расид. Назаров ба осмон нигарист. Аз дур тайёраҳои бомбаандоз ба назар мерасиданд. Онҳо аз рўи сигнали маяк бояд бомба мепартофтанд. Вале мухобирачӣ бояд мавқеи афтидани бомбаҳоро аниқи муайян карда ба сарнишинони тайёра хабар медод. Назаров Максименкоро барои омода кардани ратсия амр дод. Вале аз он ҷониб садое набаромад. Мухобирачӣ ҳалок шуда буд. Аз ҷанговарон танҳо Носиру Алабердӣ осеб надида буданд.
— Носир, Алабердӣ! Ҳуҷуми душманро баргардонед, ман бояд ба алоқа бароям, -гуфт капитан Назаров ва худро ба шинаки Максименко гирифт. Мухобара дар таги харсанг пинҳон буд. Ў онро аз он ҷо берун кашид ва ба кор даровард.
— Лочин, Лочин! Ин Соланг. Мо дар квадрати 71, дар баландии 2600. Шумо ба квадрати 72 бомба андозед.
Пас аз чанде як эскадрияи райёраҳо расида омаданд ва минтақаи гуфтаи Назаровро бомбаброн карданд.
— 50 метр шимолтар бомба андозед, — гуфт Назаров пас аз афтидани бомбаи аввал. Бомбаҳои дигар рост ба болои ғор меафтиданд. – Рост ба ҳадаф расид, офарин Лочин, хурсанд шуд, капитан.
Ин замон душман кашшофонро иҳота карда наздик мешуданд. Тири автомату милтиқҳои нишонзан тамом шуда буданд. Алабердиву Носир ба сўи душман норинҷаки Ф-1 мепартофтанд.
Назаров мавҷи ратсияро дигар карда, ба қисми худашон хабар дод, ки дар иҳота мондаанд ва вазъият муташанниҷ аст.
-Пас аз чанде ба кўмак мерасем. Чархболҳо дар наздикиҳои шумоянд,- хабар доданд аз қисми ҳарбӣ.
Воқеан ҳам дар осмон чархболҳои ҷангии Ми-24 ва чархболҳои десантии Ми-8 пайдо шуданд. Дар сангар бошад набард идома дошт. Кашшофон охирин норинҷакҳоро сўи душман мепартофтанд.
Аз тарафи муҷоҳидон низ гулўлае аз гранатамёт партов шуд. Дар камингоҳи кашшофон садои таркиш баланд шуд.
Вақте ки кўмак расида омад, муҷоҳидон мавзеи кашшофонро саросемавор тарк карданд. Десант ҷасади кашшофони ҳалокшуда ва маҷрўҳшударо ба чархбол бор карда ба Багром бурданд.
Носир низ дар қатори маҷрўҳшудагон буд. Дар госпитали саҳроӣ захмҳои маҷрўҳонро бастанд ва ҳамзамон ба тайёрае, ки ба Тошканд мепарид ба госпитали округи ҳарбӣ фиристоданд.
Носир беҳушу ёд мехобид. Ў аз таркиши гулўла контузия гирифта буд. Носир пас аз як моҳ ба ҳуш омад. Ҷароҳати баданаш рў ба сиҳатшавӣ дошт, вале ў чизеро ба хотир оварда наметавонист. Ҳатто номашро фаромўш карда буд. Вақте ки кашшофони маҷрўҳро аз кўҳ гирифтанд, онҳо бо худ ягон ҳуҷҷат надоштанд. Дар Багром ҳам бо саросемагӣ ному насаби онҳоро муайян накарданд. Ҳатто онҳоро бо ҳамон либосҳои ба амалиёт рафтаашон оварда буданд. Носир пас аз се моҳ ба по хест, вале ҳоло ҳам хотирааш барнагашта буд. Ў чизеро дар ёд надошт ва ҳатто сухан гуфта наметавонист. Дар ин муддат касе набуд, ки шахсияти Носирро муайян бикунад.
Носирро барои табобат ба пансионати вазорати дифоъ, ки дар соҳили дарёи Волга воқеъ буд, фиристоданд. Дар ин ҷо асосан сарбозону афсарони захмбардошта пас аз госпитал сиҳатии худро пурра барқаррор мекарданд. Пансионат ба ду қисм иборат буд. Дар яке афсарон табобат меёфтанду дар дигараш сарбозон.
Носир вақти таркидани гулўла аз дасту пояш сабук захм бардошта буд, ки ба зудӣ шифо ёфтанд. Вале пораи харсанге, ки аз таркиш ҷудо шуда ба сараш зад, корашро кард. Аз ин Носир хотираашро гум карда буд. Табибон мегуфтанд, ки мо мурури вақт хотирааш барқарор мешавад. Забонаш низ бояд гўё бишавад.
Дар пансионат Носир танҳо табобати физиотерапевтӣ мегирифт ва боқӣ вақташро ба варзишу сайругашт сарф мекард. Вақти гармои тобистон буд ва Носир ҳар рўз ба дарёи Волга рафта соатҳо оббозӣ мекард. Оббози хуб ҳам буд ў. Рўзе Носир дар соҳил офтоб мехўрд, ки садои –Ёрӣ диҳед, ғарқ мешавам, -гуфтани касе ба тоҷикӣ баланд шуд.
Носир аз ҷой барҷаста хест ва чашм ба дарё бурд. Як нафар аз соҳил 40 – 50 метр дур рафта буд ва ҳоло овои баргаштан надошт.
— Дасту пой зада исто, ба ту кўмак мекунам, — фарёд зад Носир ва ба ёрӣ шитофт. Ў ба зудӣ шино карда ба сарбози ғарқ мешуда расид. Вай аз тарси ғарқшавӣ худро ба гардани Носир партофтанӣ буд. Дар ин ҳол аксаран худи наҷотдиҳандагон якҷоя бо ҷабрдида ғарқ мешуданд. Носир, ки инро медонист аз паси сари ғарқшаванда рафт ва аз як дасташ дошта сўи соҳил шино кард.
— Шино карда наметавонӣ, чаро аз соҳил дур меравӣ!- сарзаниш кард Носир сарбозро ба соҳил бароварда.
— Ман аз куҷо донам, ки он ҷо чуқур аст.
— «Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ!»-, гуфтааст шоир. Фаҳмидӣ, акнун сухани бузургонро, -афзуд Носир ва худ аз ҳарфзаниаш ҳайрон шуд. Аз ҳаяҷон ва тарси он, ки сарбоз ғарқ мешавад, забони ў фаъол шуда буд. Акнун ў бояд хотираашро барқарор мекард.
— Раҳмат, ака, -изҳори миннатдор кард сарбоз. – Номи ман Шариф. Пас аз ярадор шудан дар Афғонистон омадаам ин ҷо, -худро муррифӣ кард ў.
— Мегўянд, ки ман ҳам дар Афғонистон захмӣ шудаам. Лекин инро дар ёд надорам.
— Чӣ хел?
— Пас аз контузия чизеро дар ёд надорам. Ҳатто номамро.
— Не, шўхӣ мекунед.
— Чаро шўхӣ кунам? Ягон ҳуҷҷатам нест.
— Шумо аз куҷо мешавед?
— Ба ростӣ, намедонам.
— Аз он ки тоҷикӣ гап мезанед, шумо аз Тоҷикистонед. Шояд аз Ўзбекистон бошед?. Не, не. Аз лаҳҷаатон маълум, ки шумо аз Душанбе ё Ҳисоред. Падару модари ман ҳам ҳисорианд. Лекин мо дар Душанбе зиндагӣ мекунем.
Ин гуфтаҳои Шариф дар дили Носир шарораи умедро барафрўхт. Ў пас аз ин мулоқот назди сардори пансионат полковники солхўрда Радионов даромада гуфт:
— Рафиқ полковник, ба ман кўмак кунед, то бидонам кистам ман.
— Эҳе, ба гап даромадӣ-ку йигит, -хурсанд шуд полковник. – Канӣ, бигўй чӣ тавр якбора булбул шудӣ, шўхи кард ў.
Носир қиссаи аз ғарқшавӣ наҷот додани сарбозро нақл кард.
— Барои ин корнамоиат ба медали «Наҷоти ғарқшавандаҳо» пешниҳод кардан лозим, лекин ба номи кӣ? Ному насабат маълум нест.
— Ман ҳам барои ҳамин омадам, ки барои ному насабамро муайян кардан кўмак намоед. Ба гуфти он сарбози тоҷик ман ҳам тоҷикам ва аз Душанбе ё Ҳисор ба аскарӣ даъват шудаам. Шумо ба округи ҳарбӣ мактуб фиристед, то муайян бикунанд, ки аз ҳамин ҷо кӣ дар Афғонистон хизмат мекард? БА комиссариати ҳарбӣ низ нома равон бикунед. Шояд ҳоло номи ман дар рўйихати бедаракшудагон бошад. Билохир суратамро фиристонед, ягон кас маро мешинохтагист. Охир ман танҳо набудагистам, хешу табор доштагистам.
— Турусӣ хуб ҳарф мезанӣ, боз аз афсарони тарҷумон набошӣ? Ҳоло дар Афғонистон тоҷикони зиёде тарҷумонӣ мекунанд.
— Шумо медонед, ки ман чизеро дар ёд надорам.
— Майлаш писарам, асабонӣ нашав. Ин корро мекунем, ваъда дод полковник.
Воқенан ҳам полковник ба ваъдааш вафо кард. Пас аз як моҳ маълум шуд, ки ў сержанти калон Носир Мирзоев будааст. Дар қисми ҳарбӣ сурати ўро шинохтаанд ва баъди муқоиса бо билети ҳарбиаш инро тасдиқ намудаанд.
Сардори пансионат, полковник Руденко Носирро ба ҳузури худ хонда гуфт: — Мирзоев номатро аниқ кардем. Ҳоло сиҳатиат хуб. То адои хизматат ним соли дигар мондааст. Хотираат бо мурури вақт барқарор мегардад. Бинобар ин мехоҳам, ки туро ба хонаатон ҷавоб бидиҳам.
— Барои ин некиатон ташаккур, вале ман ба хона рафтан намехоҳам. Мехоҳам, ки ба қисми ҳарбиамон баргардам. Шояд ҳамяроқонро дида хотираам зудтар барқарор шавад.
— Ҳамин қадар ҷанг кардӣ бас. Ман бо характеристкаи аз полкатон омада шинос шудам. Барои як сарбоз ин қадар корнамоӣ зиёд аст.
— Агар воқеан ҳам, хурсандии маро хоҳед, маро ба қисми ҳарбиам фиристед, -исрор кард Носир.
— Майлаш, мебинем, — ваъда кард полковник.
Носир пас аз як ҳафта аллакай ба қисми ҳарбиаш баргашт. Аҳли ротаи кашшофӣ ўро хуш қабул карданд. Собиқ командираш Александр Назаров рутбаи майорӣ гирифта, командири баталён таъин шуда буд. Взифаи ўро командири взвод, лейтенанти калон Савченко иҷро мекард. Он бегоҳ ҳамсилоҳон сўҳбаткунон то дер нишастанд. Майор Назаров ҳам дар сўҳбат иштирок дошт. Назарову Аллабердӣ аз он амалиёти охироне, ки захмӣ шуда буданд, қисса карданд. Назаров гуфт, ки барои амалиёти мазкур ҳама бо ордени «Ситораи сурх» қадр гаштаанд. Ба номи Носир низ орден омадааст. Онро пагоҳ вақти сафкашии саҳарӣ командир бо тантана месупорад.
-Ҳа, қариб фаромўш кардам. Он зархариде, ки нобуд кардед, одами калон будааст ва ўро дер боз кашшофони мо ҷустуҷў доштаанд. Барои ин корнамоӣ ҳам бояд бо орден қадр мекарданд. Вале кадоме аз каламушҳои штаб «Чаро ду орден барои як амалиёт» гуфта розӣ нашудааст. Барои ҳамин ҳам фармондеҳи армия, худи генерал Громов ба ту ханҷари номнависшударо тўҳфа кардааст, ки онро низ пагоҳ аз дасти командир мегирӣ, -хушхабар дод майор.
— Воқеан, Носир чизҳои шахсии ту аз қабили медалу мактубҳо ҳоло ҳам дар сейфи ман. Пагоҳ биёву гир, -гуфт Назаров.
Баъди ин сўҳбат баъзе лаҳзаҳои ҷангӣ ба хотири Носир омад. Ин фоли нек буд. Хотираи вай барқарор мешуд.
Рўзи дигар пас аз гирифтани ордену ханҷар Носирро Назаров ба кабинеташ бурда қуттие, ки дар он чизҳои шахсиаш нигоҳ дошта мешуданд, дод. Носир ба қароргоҳашон омада, сараввал ба суратҳои аз Тоҷикистон фиристода шуда нигарист. Чеҳраҳо шинос буданд, вале ў касеро ба ёд оварда натавонист. Дар байни ин суратҳо акси духтари зебое низ буд. Дар паси сурат чунин навишта шуда буд: «Ба умеди висол. Анора». Ў номаҳоро мутолиа карда аз рўи он шахсиятҳоро муайян намуд. Анора маҳбубааш будааст.
Носир қаламу коғаз гирифта аввал ба волидонаш нома навишт:
«Падару модар ва хоҳару бародарони азиз! Маро мебахшед, ки бо тақозои хизмати ҳарбӣ ин муддат наметавонистам ба шумо нома навишта аз ҳоли худ хабардор намоям. Инак, чунин фурсат даст дод ва ман ин коғази сафедро сиёҳ карда истодаам. Аз саломатии ман пурсед, сиҳатиам асп барин. Аз чизе шикоят надорам. Хизмати аскарӣ хуб рафта истодааст. Ба наздикӣ бо ордени «Ситораи сурх» ва ханҷари номнавис маро қадр карданд. Вақти мукофот додан маро сурат гирифтанд, ки дар мактуби оянда онро ҳатман ба шумо мефиристам. Дигар чӣ гўям. То адои хизмат кам мондааст.
Ба умеди дидор, Носири шумо. 20 сентябри соли 1987.».
Носир мактуби мазкурро ба лифофа андохта аз рўи номаҳои пеш гирифтааш адреси хонаашонро болои он навишт.
Пас аз ин Носир ба ҳамсабақаш Ориф мактуб навишта аз худ дарак дод. Ў коғази дигареро пешаш монд, то ба Анора мактуб нависад. Қалам болои коғаз лол монд. Ў намедонист, ки чӣ бинависад? Дар хотирааш аз гузашта чизе набуд. Ў номаҳои Анораро, ки қариб 100 адад буданд, аз нав мутолиа намуд. Фосилаи байни ин мактубҳо ду — се рўз буданд. Аз моҳи апрели соли 1986 шурўъ шуда, моҳи майи соли 1987 ба охир мерасиданд. Дар ин номаҳо Анора қиссаи ишқашонро шамма-шамма нақл мекард. Аз мутолиаи номаҳо Носир аз нав ошиқи Анора шуд. Дар лавҳаи хотираш бўсаи аввал, ки дар таги маҷнунбед ситонида буд, омад. Дилаш лабрези ишқ шуд. Қалам ба даст гирифт Носир ва ба маҳбубааш нома навишт:
«Азизи дилам, Анора! Маро бубахш, ки тўли ин 5 моҳ бароят номае нанавиштам. Ба ростӣ, ман ин муддат пас аз захмдор шудан дар госпитал будам. Пас аз зарб хўрдани сарам хотираамро гум кардам. Ҳатто номамро намедонистам. Қариб 4 моҳ гап зада ҳам наметавонистам. Ҳоло акнун пас аз ба саф баргаштан сурататро дидам ва номаҳоятро мутолиа карда туро шинохтам. Бовар мекунӣ, акнун ба кундӣ хотираам барқарор шуда истодааст. Имрўз ман танҳо бўсаи аввале, ки аз лабонат таги маҷнунбед ситонида будам, ба ёд овардам. Дигар чизе ба хотирам нест. Гумон мекунам ба ин зуддӣ аз ту нома мегирам ва он марҳами дили ранҷурам гашта, хотираамро барқарор менамояд.
Ба умеди дидор, Носир. 20 сентябри соли 1987.».
***
— Бачаҳо хушхабар!- фарёд кард Ориф вақти танаффуси калон ба ҳамсабақонаш, ки дар синф интизори занг будаанд.
— Чӣ хушхабар? Боз ягон кас зан мегирад? – суол кард, Фотима, ки дар болои миз газета паҳн карда буд ва гўиё чизеро аз он мехонд.
-Носир ёфт шудааст.
— Чӣ? –якбора чанд нафар ҳайрон шуда ба Анораву Азим, ки назди тиреза истода ба берун нигоҳ доштанд, назар дўхтанд.
— Ба ман вай нома навиштааст, — гуфт Ориф лифофаи дар дасташ бударо нишон дода.
— Куҷо будааст вай ин қадар вақт? Ориф, канӣ хон чӣ менависад ў- хоҳиш кард Мастура.
— Бале, хон. Мо ҳам шунавем, хоҳиш кард Файзулло.
Ҳамсабақон зуд Орифро гирд карданд, то ки ба чашми худ номаи Носирро бинанд.
«Бародари азиз, Ориф! – оғоз мешуд номаи Носир.- Маро бубахш, ки ин муддат натавонистам ба ту мактуб нависам. Моҳи апрел дар як амалиёти ҷангӣ маро захмдор карданд. Ба ғайр аз ин сарам сахт лат хўрда хотираамро гум карда будам. Вақти амалиёт ҳуҷҷатҳоям бо ман набуданд. Аз ин рў, дар госпитал ному насаби маро касе намедонист. Худам бошам, чизеро дар ёд надоштам. Ҳатто забонам ҳам лол монда буд. Барои ҳамин ҳам ман бедарак шудам.
Инак, ман шифо ёфтам. Хотираам ҳам барқарор шуда истодааст. Ҳоло аз нав ба қисми ҳарбиам баргаштам. Сиҳатиам хуб аст, аз чизе шикоят надорам. Хизмати аскарӣ хуб рафта истодааст. Барои ҳамон амалиёт маро бо ордени «Ситораи сурх» ва ханҷари номнавис мукофотониданд.
Ту аз дўстони қадрдони ман ҳастӣ. Аз номаҳоят маълум мешавад, ки пас аз бедарак шуданам ҳам дар суроғам будаӣ. Дўсти ҷонӣ ҳамин хел мешавад. Ташаккур, бародари азиз!
Ба ҳамсабақон саломи маро бирасон. Насиб бошад, пас аз 6 моҳи дигар бо ҳам вомехўрем.
Ба умеди дидор, Носир. 20 сентябри соли 1987.».
Пас аз қироати номаи Носир лаҳзае дар синфхона хомўшӣ ҳукмфармо гашт. Ҳамагон боз беихтиёр ба Анораву Азим нигаристанд. Аз чашмони Анора ашк мешорид. Ў ба нигоҳи ҳамсабақон тоб наоварда бо шаст тохта аз синфхона берун шуд. Азим, ки карахт монда буд ба худ омад ва аз паси Анора рафт.
— Бечора, Носир. Як ҳафта дер кард, — ба афсўс гуфт Фотима.
— «Дунёи номард», гуфтанаш ҳамин аст, — афзуд Файзулло.
— Тақдиру насибашон ҳамин будааст, чӣ илоҷ?- таскин бахшидани шуд Бахтиёр.
— Тақдиру насиби ҳар кас дар дасти худаш аст,- ба суханони бахтиёр розӣ нашуда гуфт Ориф.
— Бале, — Орифро тақвият дод Холбӣ.- Магар кам хондаем, ки занон дўстдоштаҳои худро солҳо интизор шудаанд?!
Як ҳафта қабл тўи арўсии Анораву Азим дар тарабхонаи Тоҷикистон баргузор шуда буд. Ба тўй ҳамаи ҳамкурсон даъват шуда буданд, вале аз
гурўҳи онҳо ягон нафар дар он иштирок накарданд. Онҳо, ки аз ишқи Анораву Носир огоҳ буданд. бо ҳар баҳона ба тўй нарафтанд. Азим барои пеши волидон ва ҳамшаҳриҳояш шарманда нашудан донишҷўёни гурўҳҳои дигарро даъват карда, чун шарикдарс муаррифӣ намуд.
Азим аз курси аввал Анораро таги чашм карда буд. Вале Носир нақшаи вайро барбод дод. Пас аз он ки Носир ба аскарӣ рафт, майдони бозии Азим фаррох шуд. Ў пайт ёфта ба Анора хушомад зад. Агар Анора мегуфт, омода буд, ки хоки пояшро бибўсад.
Бедарак шудани Носир барои Азим фоли нек буд. Дигар касе ба амалӣ шудани нақшаи вай халал намерасонд. Ў ба котибаи мудири кафедра шоколад дода розӣ кунонд, ки таҷрибаомўзии ўро бо Анора аз шевашиносӣ ба як ноҳия нависад.
Анора ба хушомадгўиҳои Азим бепарво буд. Азим аз усули санҷидашуда истифода кард. Волидонашро барои хостгорӣ ба хонаи Анораино фиристод. Волидони Анора ба хостгорон ҷавоби аниқ надоданд. Гуфтанд, ки ҳоло барвақт аст. Ақалан духтарамон курси чорумро хатм мекард.
Азим пай бурд, ки ин баҳонае беш нест. Бинобар ин ду пояшро ба як мўза монда ба волидонаш исрор мекард, ки танҳо бо Анора издивоҷ кардан мехоҳад. Падари Азим, ки дар Рашт раиси колхоз буд, пас аз пурсуҷў аниқ кард, ки бо амаки Анора шиноси қарин будаанд. Дар мактаби партиявии Тошканд ду сол якҷоя таҳсил кардаанд. Ў амаки Анораро, ки котиби райком буд, ба миён даровард.
Волидони Анора ба ҷуз розӣ шудан илоҷе надоштанд. Анора ҳам зидди раъйи волидонаш истодагарӣ карда натавонист.
***

Старшинаи ротаи кашшофӣ хизмати аскариро адо карда ҷавоб шуд. Бо тавсияи Майор Назаров Носир старшинаи рота таъин шуд. Ба зуддӣ ба вай рутбаи старшинагӣ доданд. Носир вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро мекард. Ў ба ҳаёти аскарӣ аз нав ворид шуда хотирааш барқарор шуда буд.
Носир овардани почтаро интизор нашуда ҳар нисфирўзӣ худ барои гирифтани он ба штаб мерафт, то паёме аз Анора бигирад. Қариб ҳар рўз ба ў нома меомад. Хешу ақрабо, ҳамсинфону ҳамкурсон ба ў нома менавиштанд. Вале аз Анора ягон номае намеомад. Носир аз издивоҷи Анораву Азим бехабар буд. Шарикдарсон барои ошуфта накардани хотири Носир инро бу ў намегуфтанд. Ва ў ҳар рўз ба Анора номае мефиристод.
«Шояд ба вай номаи ман нарасад», андешид Носир ва билохир номаи пурсўзу гудозе навишта онро даруни лифофаи мактуби ба Ориф иншо кардааш гузошт. Ў аз Ориф хоҳиш кард, ки номаашро ҳатман ба Анора бирасонад.
Ориф ин хоҳиши дўсташро иҷро кард.
Анора номаи Носирро гирифта намедонист, ки чӣ тавр онро пинҳонӣ аз Азим бихонад. Ў доим бо вай буд. Вақте ки аз дарс онҳо ба хона омаданд, Анора Азимро ба бозор фиристод ва из ин фурсати пайдошуда истифода карда, лифофаи мактуби Носирро кушод.
«Ҷону дилам, Анора!
Туро пазмон шудам. Номаҳои пешинаатро ҳар рўз такрор ба такрор мехонам. Ҳоло хотираам барқарор шудааст. Лаҳзаҳои бо ту буданамро пеши назар меорам ва умеди висол мекунам. Ба ёдам ҳанўз рўзи гусел ва аҳди вафодории мо. Вале намедонам, чаро ту хомўшӣ? Шояд номаҳои ман ба ту намерасанд, ки посухашон намедиҳӣ? Шояд аз ман ранҷидаӣ? На, ба ин бовар надорам. Шояд дигар маро дўст надорӣ ва дар дили ту ишқи дигаре лона карда бошад? Агар ин хел аст, рост бигўй. Ман ҳаргиз намеранҷам. Аз фанни физика хонда будам, ки чизе абадӣ нест. Шояд ишқ ҳам чунин бошад? Инро ман намедонам. Ман як бор ошиқ шудаам ва ба гумонам он то абад аст, то он лаҳзае, ки дар синаам дил метаппад.
Носир. 30 октябри соли 1987.»

Анора номаро хонда дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Худро нафрат мехонд, ки ба муҳаббати Носир хиёнат кардааст. Намедонист, чӣ бикунад? Як умр зиндагӣ кардан бо Азим, бо шахсе ки дўсташ намедорад, барояш мушкилу тоқатфарсо хоҳад буд. Барои тарки ў кардан низ қувваи иродааш намерасад. Волидон, хешу ақрабо, дўстон чӣ мегўянд? Дар ҷомеа инро намефаҳманд. Ва аз ин амали ў магар барои Носир беҳ хоҳад буд. На, оби рехтаро бардошта намешавад. Чӣ бояд кард? Дасту дилаш аз зиндагӣ сард гашта буд.
Садои занги дар Анораро аз банди хаёлот берун кард. Ў зуд номаро пинҳон кард ва рафта дарро боз намуд. Азим аз бозор гашта буд.
Анора бо хоҳиши шавҳараш оши палов пухта, Азимро, ки телевизиор тамошо мекард, сари дастархон хонд. Аз гулўи Анора чизе намегузашт. Ғаму ғусса онро банд карда буданд. Барои шубҳа накардани шавҳараш чанд чумча ош ба даҳон бурд ва бо баҳонаи он ки сер аст, ба зуддӣ аз хўрдани ғизо даст кашид, агарчи хўроки чошт нахўрда буд.
— Оша хўрда, қувват гирифтем. Бегаҳи ҷумъаяй, тарадуди шаб кардан даркор, — гуфт Азим пас аз ҷамъ кардани дастархон ва Анораро ба ҷогаҳ кашид.
Анора аз рўзи аввали издивоҷ ба ишқбозиҳои Азим бепарво буд ва лаззате аз он намебардошт. Ў аз ҳамхобагӣ бо Азим нафрат дошт. Азим каме сўхтаму пухтам гуфта Анораро навозиш кард, то коми дил ба даст орад. Анора бетафовут ба ин навозишҳо чун кунда дар ҷогаҳ мехобид ва Азим нафси ҳайвонии худро қонеъ мекард. Пас аз чанд маротиба такрори ин амал Азим мондаву лакот ба мурдахоб рафт. Анора аз ҷогаҳ хест ва рафта ғусл кард. Сипас ў ба хонаи дигар гузашт, то ба Носир нома нависад.
***
Сарбозони ротаи кашшофӣ силоҳашонро тозаву равған мекарданд. Пагоҳ бояд ба амалиёти ҷангӣ мерафтанд. Носир ҳамчун старшинаи рота ба дуруст омодагӣ гирифтани сарбозон назорат мекард. Ҳамин вақт сарбози навбатдор ба ў номаи Анораро овард. Носир мунтазири танҳоӣ нашуда, лифофаро боз кард.
«Салом, Носир! Маро бубахш, ки туро ҳатто наметавонам, «ҷонакам», «маҳбубам» гуфта ин мактубро оғоз бахшам. Ба ин ман ҳақ надорам. Ман ба ишқи поки ту хиёнат кардаам. Моҳи сентябр, як ҳафта пеш аз он ки номаи ту расид, ман тўи арўсӣ доштам. Маро волидонам ба шавҳар доданд. Албатта, ман онҳоро гунаҳкор намекунам. Агар ман онҳоро рўйихотир намекардам ва дупоро ба як мўза андохта розигӣ намедодам, касе маро ба издивоҷ маҷбур карда наметавонист. Вале, чӣ илоҷ, иродаи ман сустӣ кард.
Маро бубахш, ки аҳдшиканӣ кардам, агарчи ин амал нобахшиданист. Ман низ як умр худро маломат хоҳам кард.
Аз ту фақат як хоҳиш дорам, дигар маро ёд макун ва бароям беҳуда ғусса махўр. Ман ба ин намеарзам…
Анора. 31 октябри соли 1987.»
Носир ин номаро хонда бовар намекард, ки ў хоб аст ё бедор. Магар ҳақиқат аст, ки Анораи ў шавҳар кардааст. На, ў ба ин бовар намекард. Наход, ин мактубро Анора навишта бошад? Ҳеҷ шубҳа набуд, ки ин мактубро Анора навиштааст. Носир ҳусни хати ўро хуб мешинохт.
Носир лаҳзае карахт монд. На чизеро мешунид ва на чизеро медид. Ҳатто мағзаш аз фикрронӣ монда буд.
— Рафиқ старшина, рота силоҳтозакуниро анҷом дод, — гуфтани дўсташ, сержанти калон Алабердӣ Дурдиевро, ки наздаш рост меистод, нашунид. Ин ҳолро дида, Алабердӣ бо ду дасташ аз китфони Мансур дошта, нидо кард: — Ҳей ҷўра, ба ту чӣ шуд? Ба худ ой!
Носир пас аз ин ба худ омад ва мактуби дасташро қат карда ба лифофа андохт.
— Тинҷӣ аст? Чӣ менависанд, ки ин хел карахт шудӣ. Ягон ҳодисаи нохуш рух додааст? – саволборон кард Алабердӣ.
— Маҳбубаам шавҳар кардааст, — кўтоҳ посух дод Носир.
— Ту на аввалиниву на охирин. Барои ҳамин ҳам ғусса хўрда шиштӣ. Алорағми онҳо мебояд зист,- тасалло дод Алабердӣв афзуд: – Хез аз ҷоят. Ба анбор меравем ва ин ғамҳоро аз дил мебарорем. Вагарна бо чунин ғусса пагоҳ ҷанг карда наметавонем.
Онҳо ҳар ду ба анбори рота омаданд. Алабердӣ аз киссааш 40 рубл бароварда ба анборчӣ Антон Петров дода гуфт: — Канӣ, Антон як ғизонда ба авторота рав ва як шиша аз гардандарозҳо гирифта биёр.
— Хуб шудааст, рафиқ сержанти калон.
Сарбозони ротаи автомобилӣ пайваста аз Термиз бор меоварданд ва аз ин имконияташон истифода карда ба тиҷорат низ машғул мешуданд. Аз Термиз арақи русӣ меоварданд, ки дар Афғонистон серхаридор буд. Як шиша арақ, ки дар Термиз 3 рублу 50 тин арзиш дошт, дар ин ҷо ба 35 –40 рубл ба савдо мерафт. Аз Афғонистон бошад, ба Термиз шими ҷинс ва рўйсарӣ бурда чанд маротиба гаронтар мефурўхтанд. Албатта, тиҷорати мазкур пурхавф низ буд. Зеро дар ҳар сафар чанд ронанда аз тири муҷоҳидон ба ҳалокат мерасиданд.
Алабердӣ то омадани Антон аз консерваҳои гўштӣ газак тайёр кард.
Антон шишаи арақро ба Алабердӣ дода худ барои хўроки шом хўрдан ба ошхона рафт.
Он бегоҳ Носиру Алабердӣ сўҳбаткунон як шиша арақро нўшиданд, то андаке бошад ҳам ғаму андўҳи дилашонро фаромўш кунанд. Алабердӣ ҳоло иқрор шуд, ки ў ҳам барои поси нангу номус ба аскарӣ омадааст. Ў аз овони мактабхонӣ ба духтари ҳамсояашон ошиқ шуда будааст. Пас аз хатми мактаб Алабердӣ ба Ишқобод омада дар донишкадаи омўзгорӣ таҳсил мекардааст. Дар ин вақт маҳбубаашро ба бойбачае ба шавҳар додаанд. Ў низ таҳсилро ба анҷом нарасонида ихтиёрӣ ба аскарӣ омадааст. Тақдири ин ду рафиқ қариб ки якхел будааст.
Пас аз номаи Анора дигар зиндагӣ барои Мансур маънои худро гум карда буд. Ў аз тир хўрдану ҳалок шудан тарсе надошт. Ба қавле ба чашми марг менигарист. То адои хизмат ў дар ҳамаи амалиётҳои ҷангӣ иштирок карда, боз ба як ордени «Ситораи сурх» ва нишони «Барои шуҷоат» қадр гардид.
Дар ин муддат ў ҳеҷ Анораро фаромўш карда наметавонист. Ба Ориф нома навишта фаҳмид, ки Анораро Азим ба занӣ гирифта будааст. Мансур гумон мекард, ки баргаштан ба Душанбе ва дар донишгоҳ таҳсил кардану чашм ба чашм расидани онҳо дигар маъно надорад. Аз ин рў, қавл кард, ки дигар ба Тоҷикистон барнамегардад. Ў ва дўсташ Алабердӣ аҳд карданд, ки ба омўзишгоҳи олии ҳарбӣ шомил гардида ҳаёти хешро ба артиш мепайванданд.
Пас аз адои хизмати аскарӣ ҳар ду ба Омўзишгоҳии олии шаҳри Воронеж дохил шуда онро бомуваффақият хатм карданд. Носирро барои идомаи хизмат ба қитъаи Африка, ба Ҷумҳурии Сомалӣ фиристоданд. Ў ду сол барои манфиатҳои Русия аз як ҷониби даргир ҷангид. Пас аз он ҷо баргаштан Носир шомили Академияи олии ҳарбии Ба Номи М. В. Фрунзе шуд. Ҳамин вақт ў бо донишҷўдухтари тоҷик, ки дар Донишкадаи тиббии Маскав таҳсил мекард, шиносоӣ пайдо кард. Парвина ятимдухтар буд. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ аҳли оилаашонро камонмардон парронда буданд. Бо амри тақдир ўро вақти таътил, тобистони соли 1992 бардараш Далер, ки дар Маскав зиндагӣ мекард бо худ барои тамошо овард. Пас аз шурўи даргириҳо дар Қўрғонтеппа ва кушта шудани аҳли оилаашон Далер Парвинаро дар хонаи худ гирифта монд. Парвина ин ҷо синфи 10-умро хатм кард ва ба донишкадаи тиббӣ дохил шуд.
Вақте ки Носир бо Парвина шинос шуд, ў дар курси дуюм таҳсил мекард. Парвина бар акси Анора духтари бовафо буд. Носир пас аз хатми академияи ҳарбӣ ду сол дар Чеченистон хизмат кард. Ў ин вақт Мансурро интизор шуд. Мансур пас аз донишкадаро хатм кардани Парвина ба ў издивоҷ кард. Ҳоло онҳо ду писару як духтар доранд. Фарзанди калониашон Фирдавс ҳоло ҳафтсола аст. Анўша, фарзанди хурдии хонадон дусола мебошад.
Тўли ҳамаи ин солҳо Носир боре ҳам ба Тоҷикистон наомад. Вале бо волидон ва хоҳару бародаронаш иртиботи қавӣ дорад. Онҳо ҳар сол ба Маскав ба хонаи ў меоянд. Зану фарзандони Носир бошад, тобистонро дар хонаи волидонаш дар Ҳисор мегузаронанд.
Чанд маротиба Носир Мирзоевро барои адои хизмат ба двизияи 201 Артиши Русия, ки дар Тоҷикистон мустаққар буд, фиристоданӣ шуданд, вале вай аз фармондеҳӣ хоҳиш кард, ки ўро бигзор ба минтақаи ҷангӣ фиристанду ба ватанаш не. Аз ин рў, Носир ҳамеша дар майдони набард буд. Пас аз анҷом ёфтани амалиёти артиш дар Чеченистон Носирро барои идомаи хизмат ба саридораи истихбороти Вазорати дифои Русия даъват карданд. Ҳоло ў мудири бахши истихбороти кишварҳои Шарқро ба ўҳда дошт.
Носирро барои ҳамоҳангсозии фаъолияти истихборотии артиши Русия ва Тоҷикистон фиристода буданд. Ў бояд тўли 10 рўзи сафари хидматӣ аз фаъолияти двизияи 201 шинос шуда, бо ҳамтоҳои ҳуд аз Вазорати дифои Тоҷикистон нақшаи ҳамкориҳои тарафайнро таҳия мекарданд.
Инак, ў дар рўзи истироҳат ба зодгоҳаш рафта истодааст.
— Амак, ба Лолазор расидем, — гуфтани пулчинак Носирро аз банди хаёл берун кард.
— Дар наздикии чанор, мошинро нигоҳ доред, -хоҳиш кард Носир ва аз маршрутка фаромада рост ба тарафи шимол равон шуд. Деҳаи онҳо сари роҳ воқеъ гашта аз ин ҷо то хонаашон тақрибан 200 қадам буд.
Носир вақте ба деҳа расид, ки дар кўча касе набуд. Шояд вақти ғизои чошт буд, ё ки ҳама ягон телесериали шавқовар тамошо мекарданд.
Агар шабона мебуд, шояд ў раҳгум мезад. Зеро дар поёни деҳа, дар замини кишти пахта хонаҳои нав бунёд шуда буданд. Аз чормағзи сари роҳ ҳавлиашонро шинохт. Деворҳои пешинаи ҳавлиро афтонда онро аз хишти бетонӣ сохта буданд. Ба шунидаш тўли ин солҳо бародаронаш дар қатори хонае, ки онҳо калон шуда буданд, як хонаи дигари дуошёна бардоштаанд. Як қисми қабати аввали бинои мазкур, ки ду ҳуҷраву пешайвон дошт, меҳмонхона буд.
Носир дар ҳавлӣ сабукравҳои «Мерседес»-у «Опел» ва «Ниссан»-ро дида хулоса кард, ки бародаронаш ба аёдати волидон омадаанд. Воқеан ҳам, дар саҳни ҳавлӣ кўдакони зиёде бозӣ мекарданд. Духтарон ба зочабозиву бачаҳо ба тўббозӣ овора буданд ва ба ҳавлӣ даромада омадани ўро пай набурданд.
-Канӣ, шербачаҳо ба ман тўбро партоед, — ба бачаҳо муроҷиат кард Носир.
Яке аз онҳо, ки 7-8 сола буд, тўбро рост ба сўи Носир партофт. Носир ҷомадонро зуд ба замин монда тўбро бо чолокӣ бо сараш баргардонд.
— Амак, ба сар зўр бозӣ мекардед, — гуфт бачаи дигарӣ, ки дарвозабон буд.
Ин гуфтугўро шунида аз хона бародари хурдиаш Анис баромад. Ў Носирро дида бо шодӣ гуфт: — Акаҷон омаданд. Дар оила бародарону хоҳарон ҳама Носирро, ки фарзанди калонии хонадон буд, «Акаҷон» мегуфтанд. Инро шунида, ҳамаи аҳли оила, ки дар хона нишаста буданд, ба саҳни ҳавлӣ баромаданд.
— Писаракам, омадӣ? – гуфта Носирро модараш ба оғўш гирифт ва аз пешониаш бўсид. Модар то ба ҳол бовар надошт, ки писараш ба хона баргаштааст. Падараш низ Носирро ба оғўш гирифта вохўрӣ карданд. Бародарону хоҳаронаш низ аз омадани Носир хушҳол буданд.
— Хушдоманат нағз медидааст, ки болои оши палав омадӣ, писарам, -хўрок тайёр, ҳозир мекашем, гуфт модар.
— Агар зинда мебуд, шояд нағз медид, — бо таассуф гуфт Носир.
— Сари вақт омадӣ, имрўз зодрўзи падарат.
— Медонам, оча. Барои ҳамин ҳам маҳз ҳамин рўз омадам, то якбора ҳамаи аҳли оиларо бубинам.
Дар ҳақиқат дар зодрўзи падар ҳамаи фарзандон ҷамъ омада буданд.
— Амакатонро дидед? Ана, ҳамин кас амаки генералатон, — ба набераҳо муроҷиат кард падари Носир.
— Либосотон ҳарбӣ не-ку? – ҳайрон пурсид, Фаридун, ки аз набераҳои шўхи бобо буд.
Дар хизмат либоси ҳарбӣ мепўшем. Боз ба меҳмонӣ ҳам бо либоси низомӣ равем?!
Носирро ба хона хонданд. Ў пеш аз он ки ба хона дарояд, ҷомадонашро болои кати ҳавлӣ кушод ва ба ҳозирон тўҳфаҳои овардаашро тақсим кард.
Дар хона дастурхони идона густурда шуда буд. Носир аз шодӣ сер шуда буд ва ғизо хўрдан намехост, вале барои наранҷонидани модараш чанд чумча ош хўрд ва чой нўшид.
— Омадани маро шунида хоҳ- нохоҳ ҳамсояҳо, ёру дўстон меоянд. Онҳоро зиёфат додан даркор.
— Бале, ин ҳеҷ ташвиш надорад. Бародаронат ҳамин ҷо дар як дам ташкил мекунем, гуфт падари Носир.
Носир аз кисаааш як бандча 50-сомонӣ бароварда ба додари миёнааш Нодир дода гуфт: — Ин пулро гирифта барои зиёфат харҷ кунед.
-Лозим нест. Пули худамон мерасад,- гуфт Нодир ва пулро нагирифт.
Носир пулро ба падараш дод.
— Ба ман пул чӣ даркор?- гуфт падар низ пулро нагирифта.
Он қадар чизи зиёд харидан лозим нест, қариб ҳамааш аз худамон мебарояд. Буқае, ки поида истодаем, мекушем. Гўшт, ки аз ҳама қимат аст аз худамон мебарояд.
Носир базўр пулро ба дасти падараш қапонд: — Додо, ин пули ҳалоли худам кор кардагӣ. Вай ин қадар пули зиёд нест, ними маошам ҳам намешавад, гиред онро.
Воқеан ҳам, дидорбинии Носир тўйро мемонд. Ҳамон рўзи шанбе ва рўзи дигар одамони зиёде ба дидораш омаданд, гўиё вай чун давраи шўравӣ нав аз аскарӣ омада бошад.
***

Анора нисфирўзӣ аз мактаб ба хона омада духтараш Дурдонаро дар ошхона ҳангоми пухтани хўроки чошт дарёфт. Ў тағйири либос намуд ва ба ошхона омад, то ки ба духтараш кўмак бикунад.
— Оча, ман имрўз дар автобус як ҳамкурсатонро вохўрдам, — гуфт Дурдона чой дам карда истода.
— Кадом ҳамкурсамро?
— Номашро намедонам. Як марди дарози бузургҷуссаи мўйсафед.
— Чӣ хел мўйсафед?
-Ҳамин хел. Ҳамаи мўйи сараш сап-сафед. Риши кўтоҳ дорад, ки он ҳам барф барин сап-сафед.
— Мо ин хел ҳамкурси мўйсафед надорем.
— Ў бо шумо ду сол таҳсил карда будааст, шумо вайро фаромўш кардагистед.
Якбора чизе ба ёди Анора расид ва дилаш шуввӣ кард. – Чӣ гуфт вай?
— Ў худаш маро шинохта пурсид, ки духтари Анора намешавӣ? Ман «ҳа» гуфтам.
-Ў куҷо мерафт?
— Дар даст ҷомадон дошт. Гуфт, ки нав аз аскарӣ омадааст ва ба дидорбинии падару модараш ба деҳа меравад.
— Дигар чизе нагуфт?
— Не. Ман вақти аз автобус фаромадан номашро пурсидам. Вай нагуфт.
Анора аз аввал пай бурда буд, ки мўйсафеди мазкур Носир аст ва ҳоло ба ин шубҳа надошт. Пас аз ин сўҳбат Анора ба фикру хаёл рафт ва чӣ тавр хўроки чошт хўрданашро нафаҳмида монд. Ба ёдаш чун лентаи навор ҳаёти 20-солааш омад. -Агар бо Носир издивоҷ мекард, шояд тақдираш дигар мешуд, — меандешид ў.
Пас аз нисфирўзӣ дасти Анора дигар ба ягон кори хона намепечид. Шом ў газетаҳоро ба даст гирифт, то бихонад. Чашмонаш ба газетаву ҳушу ёдаш ба Носир буд. Дар телевизион барномамаи «Сарбози Ватан» пахш мешуд. Навори мусоҳиба бо чанд тан афсарони рус ва тоҷик шурўъ шуд. Мухбир ба як нафар афсари рус дар бораи фаъолити муштараки артиши русу тоҷик савол кард. Афсари рус бар акси мухбир ба забони тоҷикӣ озоду равон сўҳбат мекард.
— Оча, ана ҳамин мўйсафед ҳамкурсатон будааст, — нидо кард Дурдона ба генерал – майори Артиши Русия.
Анора ба телевизион нигоҳ кард. Пеши ў Носир истода буд Ўро аз чеҳрааш метавон шинохт, вале вай Носири 19-сола набуд. Ў марди ба камолрасида буд. Анора навори мазкурро то ба охир тамошо кард ва пас аз он боз ба хаёлу андеша рафт. Ўро он шаб хоб набурд. Аз як тараф, ишқе, ки 20 сол қабл дар сина кушта буд, бедор шуда туғён мекард. Аз тарафи дигар, худро маломат мекард, ки бюа ишқи беолоиши Носир аҳдшиканӣ кардааст. Аз кардаи худ пушаймон омурзиш мехост ў.
Анора, ин ҷавонзани танҳо намедонист чӣ бикунад? Ба суроғи Носир биравад ва пеши пояш афтида омурзиш хоҳад ва ё ишқи дар сина туғёнкардаашро хомўш карда, бе ишқ, тани танҳо зиндагӣ намояд. Анора ба ин ҳар ду қисмати тақдир омода буд.
***

Носир рўзи Душанбе субҳи барвақт ба пойтахт баргаштанӣ шуд. Аҳли оила ба гуселаш баромаданд. Ҳамаи бародарони Носир дар Душанбе зиндагӣ мекарданд ва ҳар яке мехост, ки ў бо мошини вай биравад. Носир барои он ки бародарон наранҷанд, мошини додари калониаш- Маъруфро интихоб кард.
-Писарам, тез омада исто. Мо ҳам ғаниатем мисли офтоби сари кўҳ, — насиҳат кард падар.
— Падарат, дуруст мегўянд. Мо имрўз ҳастем, пагоҳ не, — суханони шавҳарашро тақвият дод модари Носир.
— Оча, омада меистам. Насиб бошад, ин тобистон дар вақти таътил бо аҳли оилаам меоям. То адои хизмат 5 соли дигар монтааст. 25 сол шавад, ба истеъфо меравам ва ба Ватан бармегардам. Магар ман беҳуда дар Душанбе хона харида мондаам?! Ба гумонам ғарибӣ бас будагист.
-Кош, кош,- хурсанд шуд модар.
— Ман пеш аз ба Маскав баргаштанам омада бо шумо хайру хуш мекунам, — гуфт Носир ва ба сабукрави «Мерседес»-600 нишаст. Маъруф муҳаррикро ба кор даровард.
Онҳо пас аз чанде ба роҳи Ҳисор — Душанбе баромаданд. Маъруф оромона мошин меронд ва Носир ба фикру хаёл ғўтавар шуд. Ба ёдаш Анора ва он рўзҳои ҷавониаш омад. Ҳоло ў зани танҳову озод аст ва Носир метавонад беибо ба мулоқоташ биравад. Намедонист чӣ бикунад? Ўро бубинад ё на. Оё ў ба ин ҳуқуқи маънавӣ дорад? Агар бубинад, пас чӣ? Магар ин хиёнат ба Парвина намешавад?
Бо ин суолҳои бепосух ба Душанбе расиданд. Маъруф бародарашро ба назди Вазорати дифои Тоҷикистон оварда фаровард ва гуфт, ки бегоҳ омада ба хонааш мебарад. Носир ба вазорат даромад ва гирифтори вазифаҳои хидматӣ ҳаёти шахсиашро фаромўш кард.

Душанбе, 1-5 апрели соли 2007.

МУНДАРИҶА

1. Пешгуфтор С.
2. Мариги мўйсафед С.
3. Ошпаз С.
4. Паймонаи умр С.
5. Дар гирдоби зиндагӣ С.
6. Гиряи мард С.
7. Муҳаббат ва хиёнат С.
8. Дард С.
9. Тақдир С.

ҶОВИД МУҚИМ

ГИРЯИ МАРД

Муҳаррири техникӣ –
Тарроҳи компютерӣ –
Ба чоп 12.04. 2007 супорида шуд. Бачопаш 20.04. 2007 имзо шуд.
Андозаи 60х84 1/16. ҳаҷм ҷ. Ч. коғази офсетӣ.
Адади нашр 500. Супориши №

Реклама

2 комментария

  1. Салом, муаллим! Хело оли. харчанд ин киссаро хонда будам, аммо дар торнигор бори дигар мутолиа кардам. Ман нишонии блоги Шуморо дар блоги худам мондам. Хамеша муваффаку комгор бошед, муаллим!!!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: