ЧӢ ТАВР БОЯД НАВИШТ?


Ҷовид Муқим, Нӯъмон Абдулахмедов

ЧӢ ТАВР БОЯД НАВИШТ?

Дастури таълимӣ барои журналистон оид ба инъикоси ВНМО ва БПНМ

Душанбе-2009

Вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

(ВНМО ва БПНМ)

Таърих. Санадҳо

1981
 Ҳодисаи аввал. Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА дар бораи аввалин ҳолатҳои гирифтории одамон ба намуди нодири амрози илтиҳоби шуш ва саратони пӯст байни ҷавонмардон, ки бо ҳам алоқаи ҷинсӣ доштанд, хабар дод.
1982
 Пайдоиши номи беморӣ. Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА расман истилоҳи навро “acquired immune deficiency syndrome” (AIDS) мавриди иистифода қарор дод, ки ба забони тоҷикӣ «бемории пайдошудаи норасоии масуният» (БПНМ) ном дорад.
1984
 Олимон вируси навро кашф карданд. Олимон Люк Монтане аз Пажӯҳишгоҳи Пастеровски Фаронса ва Роберт Галло аз Маркази миллии саратоншиносии ИМА аз гурӯҳи ретровирусҳо вирусеро ҷудо карданд, ки системаи масунияти одамро хароб карда ба инкишофи БПНМ меорад. Вирус “human immunodeficiency virus”(HIV) – «вируси норасоии масунияти одам» (ВНМО) ном гирфт.
1985
 Санҷишномаи ташхиси ВНМО таҳия гардид. Идораи санитарии назорати сифати ғизо ва дорувории ИМА санҷишномаи аввалинро барои муайян кардани ангезандаи ВНМО-ро тасдиқ кард. Аввалин санҷиши хун барои муайян кардани ВНМО дар ИМА ва Япония гузаронида шуданд.

 Афзоиши теъдоди гирифторони ВНМО дар олам то 2 миллион нафар. Дар авали соли 1985 теъдоди умумии гирифторони ВНМО ба 2 миллион нафар расид.
1986
 Аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба ВНМО дар СССР. Дар СССР ҳодисаи гирифторӣ ба ВНМО сабт карда шуд.
1987
 Аввалин дору барои табобати ВНМО. Идораи санитарии назорати сифати ғизо ва дорувории ИМА аввалин доруро барои табобати ВНМО бо номи AZT («Зидовудин») тасдиқ намуд.
1988
 Муқаррар кардани Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи БПНМ. Бо ташаббуси СҶТ 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи БПНМ эълон карда шуд.
1989
 Ҳодисаи сироятёбии оммавии кӯдакон. Дар беморхонаҳои шаҳрҳои Элиста, Волгоград и Ростов лаби Дони Федератсияи Россия бо айби кормандони тиб кӯдакони зиёде ба ВНМО сироят ёфтанд.
1990
 Афзоиши ВНМО. Дар авали соли1990 аз рӯи маълумоти ЮНЭЙДС дар теъдоди гирифторони ВНМО дар олам аз 9 миллион нафар гузашта буд.
1991
 Лентаи сурх-нишони ҳамраъйӣ бо гирифторони ВНМО. Рассом Франк МУР соли 1991 лентаи сурхро ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ба гирифторони ВНМО кашид. Худи ӯ ба ВНМО сироят ёфта 17 сол бо он зиндагӣ кард. Ӯ соли 2002 дар сини 48-солагӣ вафот кард.

 Аввалин ҳодисаи сироятёбӣ дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон аввалин ҳодисаи сироятёбӣ ба ВНМО сабти ном гардид.
1995
 Пешравӣ дар табобат. Идораи санитарии назорати сифати ғизо ва дорувории ИМА истифодаи доруи «саквинавир»-ро бо адвои дигар барои табобати ВНМО тасдиқ намуд. Ҳамин тавр давраи табобати фаъоли антиретровирусӣ, ки истифодаи се ва зиёда аз он доруҳоро дар бар мегирад шурӯъ шуд. Ин имкони идора кардани ВНМО-ро имконпазир кард.

 Таъсисёбии UNAIDS. Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО ва БПНМ — UNAIDS (ЮНЭЙДС) таъсис ёфт. Вазифаи асосии созмони мазкур ҳамоҳанг кардани кори барномаҳои гуногуни СММ мебошад, ки барои муқовимат зидди ВНМО ва БПНМ равона шудаанд. ЮНЭЙДС аввали соли 1996 ба фаъолият шурӯъ кард.

1996
 Таҳияи санҷишнома ВНМО барои таҳқиқи пешоб. Идораи санитарии назорати сифати ғизо ва дорувории ИМА санҷишномаи ВНМО-ро барои таҳқиқи пешоб тасдиқ кард.
1997
 Комёбиҳои ИМА. Бинобар истифодаи табобати фаъоли антиретровирусӣ фавти сироятёфтагони ВНМО дар ҳолати ба БПНМ расидан 40 фоиз нисбати соли 1996 кам шуд.
1998
 Озмоиши ваксина. Дар Америкаи Шимолӣ бори аввал озмоиши ваксинаи зидди ВНМО ба теъдоди зиёди одамон шурӯъ шуданд.
1999
 ИМА маблағ ҷудо мекунад. ИМА дар бораи ҷудо кардани маблағ барои мубориза алайҳи пандемаи ҷаҳонии ВНМО эълон кард. Маблағ бо ташаббуси созмони «Сарварӣ ва маблағгузорӣ бар зидди эпидемия» (LIFE) ҷудо карда мешавад.

2000
 Таҳдиди бехатарӣ дар олам. ИМА ва Шурои амнияти СММ ВНМО ва БПНМ-ро таҳдид ба бехатарии ҷаҳон меноманд.

 Конфоронси навбатӣ. Дар Дурбан (ҶАҶ), Конфронси XIII-уми Байналхалқӣ оид ба БПНМ таҳти шиори «Хомӯширо қатъ мекунем» баргузор гардид. Конфронс таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба оқибатҳои густариши эпидемияи сартосарии ВНМО дар кишварҳои рӯ ба рушд ҷалб кард.

 Дастрасӣ ба табобат. ЮНЭЙДС, СҶТ ва дигар созмонҳои байналхалқии соҳаи сиҳатӣ муштаракан бо панҷ ширкати бузурги дорусозӣ ташаббуси кам кардани нархи доруҳоро барои табобати ВНМО дар кишварҳои рӯ ба рушд эълон доштанд.
2001
 Даъвати аввалин сессияи вижаи СММ оид ба ВНМО ва БПНМ. Сессияи генералии ассамблеяи СММ сессияи якуми вижаро оид ба ВНМО ва БПНМ баргузор менамояд.

 Даъват ба таъсиси Фонди глобалии мубориза алайҳи ВНМО ва БПНМ. Котиби генералии СММ Кофи Аннан барои таъсиси Хазинаи мубориза бар зидди ВНМО ва БПНМ даъват мекунад. Аввалин шуда ИМА барои дастгирии фонди мазкур маблағ ҷудо мекунад.

 Дастрасӣ ба табобат воқеият мегардад. Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар бораи иҷозати истеҳсоли доруҳои бепатенти арзон (ҷенерикҳо) дар кишварҳои рӯ ба рушд барои табобати ВНМО қарор қабул мекунад. Исиеҳсолгарони доруҳои бепатент нархи доруҳояшонро барои табобати гирифторони ВНМО дар кишварҳои рӯ ба рушд арзон мекунанд. Ширкатҳои машҳур низ тасмим мегиранд, ки нархи доруҳояшонро минбаъд арзон мекунанд.
 Тоҷикистон ба эъломияи СММ оид ба БПНМ ҳамроҳ шуд. Тоҷикистон ба Эъломияи ӯҳдадориҳо оид ба мубориза алайҳи БПНМ, ки сессияи вижаи 26-уми Ассамблеяи генералии СММ оид ба БПНМ қабул карда буд, ҳамроҳ шуд.
2002
 Оғози кори Фонди глобалӣ. Фонди глобалии мубориза алайҳи БПНМ, вараҷа ва сил фаъолияти худро шурӯъ карда аввалин бурсҳоро ҷудо менамояд.

 Сабаби афзоиши фавти одамон дар олам. Бемориҳое, ки бо ВНМО алоқаманданд, яке аз сабабҳои афзоиши фавти одамони аз 15 то 59-сола дар дунё мегардад.

 ВНМО ва занон. Аз рӯи маълумоти ЮНЭЙДС қариб нисфи гирифторони ВНМО дар олам занон мебошанд.

 Санҷиши зудамал оид ба таҳқиқи хун барои муайян кардани ВНМО. Идораи санитарии назорати сифати ғизо ва дорувории ИМА санҷиши зудамалро барои таҳқиқи хуне, ки аз ангушт гирифта шудааст, тасдиқ намуд.
2003
 Нақшаи президент Буш. Президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар бораи оғози нақшаи ҳалли проблемаҳои ВНМО ва БПНМ дар дунё, ки 15 миллиард доллари ИМА-ро фаро мегирифт, эълон дошт.
2005
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бар зидди ВНМО ва БПНМ»қабул гардид. Қонуни нави ҶТ «Дар бораи муқовимат бар зидди ВНМО ва БПНМ» қабул карда шуд, ки риояи ҳуқуқи гирифторони ВНМО, табобати ройгон ва баргузории чорабиниҳоро барои пешгирии ВНМО кафолат медод.

2006
 25 соли эпидемияи ВНМО ва БПНМ. Аз соли 1981 то соли 2006 дар дунё аз бемориҳои ба ВНМО алоқаманд 25 миллион нафар вафот карданд.

2007
 33 миллион нафар гирифторони ВНМО. Аз рӯи маълумоти ЮНЭЙДС жар ҷаҳон 33 миллион нафар гирифторони ВНМО сукунат доштанд.

 Барномаи муқовимат алайҳи ВНМО ва БПНМ дар Тоҷикистон. Барномаи муқовимат алайҳи ВНМО ва БПНМ дар Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 қабул гардид.
2008
 Афзоиши эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Тоҷикистон. Аз соли 1991 то 31 декабри соли 2008 дар Тоҷикистон 1422 нафар гирифторони ВНМО сабти ном гардиданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2008-ум 373 нафар сироятёфтагони ВНМО ошкор карда шуданд.

 Ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бар зидди ВНМО ва БПНМ» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

 Мукофоти Нобел барои пажӯҳиши пешгирӣ ва табобати ВНМО. Олимони франсуз Люк Монтане ва Франсуаза Баррэ-Синуси барои кашфи пешгирӣ ва табобати ВНМО барандаи Мукофоти Нобел гардиданд.

ВНМО ва БПНМ
Суолу→ посух

Инфексияи ВНМО чист?
Инфексияи ВНМО – ин бемории якумрии сустинкишофи вирусӣ мебошад ки системаи ҳифозати организми инсонро хароб мекунад. Барангезандаи инфексия вируси норасоии масунияти одам мебошад. Тӯли инкишофи инфексияи ВНМО панҷ давраро дар бар мегирад: давраи ноайён, давраи зуҳуроти аввал, давраи беаломат, давраи бемориҳои дуюм ва давраи БПНМ.
Аксаран одамон ВНМО-ро бо БПНМ як медонанд, ки ин НОДУРУСТ аст! Аз ин боб шумо тафовути байни ВНМО ва БПНМ-ро хуб мефаҳмед, то ки баъдан истилоҳи мазкурро дар ВАО дуруст истифода намоед.

ВНМО чист?
ВНМО – ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. ВНМО ба вирусҳои сустинкишоф(лентивирус)-и зергурӯҳи ретровирусҳо шомил аст. ВИЧ относится к лентивирусам («медленным вирусам»), к подгруппе ретровирусов. Ба хуни одами сиҳат омезиш ёфтани ВНМО ба афзоиши инфексияи ВНМО меорад.
Вақти сироят ёфтан ба инфексияи ВНМО дар организми одам чӣ рӯй медиҳад?
ВНМО ба хуни одам омезиш ёфта ҳуҷайраҳои лимфоцитии Т (ҳуҷайраҳои Т ё CD4)-ро ҳадафи худ қарор медиҳад. Ҳуҷайраҳои мазкури хун масъули ҳифозати организми инсон аз микробу вирусҳои зиёновар аст. ВНМО озодона вориди ҳуҷайраҳо шуда онҳоро вайрон мекунад. Дар натиҷа теъдоди ҳуҷайраҳои CD4 муттасилан кам мешаванд ва ин ба коҳиш ёфтани масунияти шахс меорад. Бо гузашти айём ҳуҷайраҳои CD4 ба теъдоди зиёд аз байн мераванд ва масуният (иммунитет)-и организм суст шуда шахсро гирифтори БПНМ мекунад.

БПНМ чист?
БПНМ– ин бемории пайдошудаи норасоии масуният, давраи охирин, ё ин ки панҷуми инфексияи ВНМО мебошад. Дар ин давра дар натиҷаи коҳиш ёфтани системаи масунияти организм шахс ба бемориҳои сироятии вазнин ва амрози ғайрисироятӣ аз қабили намудҳои гуногуни саратон гирифтор мешавад.

Роҳҳои сироятёбӣ ба ВНМО кадомҳоянд?
ВНМО танҳо аз одам ба одам мегузарад. Яъне аз шахси гирифтори ВНМО одами солим сироят меёбад. Вирус дар моеъҳои биологӣ ва физеологии инсон: хун, пешоб, ашк, шири модар, арақ, фис, нутфа ва оби маҳбал метавонад бошад. Вале дар хун, нутфа, оби маҳбал ва шири модар теъдоди вирус зиёд аст ва тавассути онҳо шахси дигар метавонад ба ВНМО сироят ёбад. Яъне аз моеъҳои номбаршуда вирус ба организми шахси солим (ахиран ба хун) гузашта ӯро сироят мекунад. Роҳҳои зерини сироятёбӣ ба ВНМО мавҷуд аст: 1) тавассути хун (роҳи уфуқӣ); 2) бо алоқаи ҷинсӣ; 3) аз модар ба кӯдак дар вақти ҳомила, таваллуд ва синамаконӣ (роҳи амудӣ).
Аз хун сироятёбӣ чӣ гуна сурат мегирад ?
Сироятёбӣ тавассути хун дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:
1. Дар вақти гузаронидани хуни санҷиданашудаи донорӣ ва ё доруҳои моегӣ, ки дар таркибашон вируси ВНМО доранд;
2. Дар вақти васл кадани органи донории санҷиданашуда;
3. Дар ҳолати анҷом додани амалиёти тиббӣ ба пӯст ва пардаи луобии одам бо асбобу дастгоҳҳои тамизнашудаи ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ ва ғайра, ки дар худ вирус доранд.
4. Дар вақти истифодаи асбобҳои тамизнашудаи тазриқӣ. Инро роҳи тазриқии сироятёбӣ меноманд. Ба ин усул бештар дар вақти истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ ба ВНМО сироят меёбанд. Зеро бо як шпритс ҳам шахси сироятёфта ва ҳам солим маводи мухаддирро истифода мебаранд. Дар як зарф шустани шпритс ва ғайра низ метавонад ба сироятёбӣ мусоидат намоянд.
5. Дар ҳолати истифодаи асбобҳои тамизнашуда барои пирсингу татуаж, сӯрох кардани гӯш барои ҳалқа ва ҳамчунин алмосу покуи шахси дигар метавон ба ВНМО сироят ёфт.
Феълан тавассути хун аз тариқи тазриқӣ сироят ёфтан ба ВНМО дар Тоҷикистон аз ҳама маъмул аст.

Роҳи дуюми маъмулан ба ВНМО сироят ёфтан дар мамлакат кадом аст?
Роҳи дуюми маъмулии сироятёбӣ ба ВНМО дар Тоҷикистон тариқи алоқаи ҷинсӣ сурат мегирад. Сироят ёфтан ба ВНМО метавонад тавассути ҷимои ҷинсҳои гуногун (гетеросексуалӣ: марду↔зан ♂♀), ва ҳамҷинсӣ (байни марду мард: марду↔мард ♂♂), ҳамчунин алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда (бе истифодаи рифола) ба амал ояд.

Сироятёбии амудӣ чист?
Сироятёбии амудӣ ин аз модар ба кӯдак гузаштани ВНМО мебошад, ки дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад: 1)дар вақти ҳомила; 2) дар вақти таваллуд; 3)дар вақти синамаконӣ. Албатта, истифодаи истилоҳи тиббии мазкур ҳаргиз дар сироятёбӣ зан-модарро гунаҳгор намедонад.
ВНМО чӣ тавр сироят мекунад?
ВНМО ба муҳити беруна устувор нест ва берун аз организми инсон тобовар нест. ВНМО тавассути туф, ашк, арақ, қайкунӣ, ахлот ва пешоб сироят намекунад, агарчӣ дар онҳо теъдоди ками вирусҳо буда метавонанд (то ба ҳол тавассути моеъҳои номбурда сироят ёфтани шахс дар амал собит нашудааст). Аз ин рӯ, бо эътимод метавон гуфт, ки ВНМО тавассути роҳҳои мазкур намегузарад:
• Тавассути пӯсти осебнадида, ки садди хубест;
• Тавассути ҳаво ё ҳавою қатрагӣ;
• Вақти дастфишорӣ (салом кардан), бӯса ва оғӯшгирӣ;
• Тавассути об, ғизо ва зарфҳои умумӣ
• Тавассути либос, сачоқ ва рӯйҷо;
• Тавассути бозичаҳои умумӣ, қаламу дафтар ва ғайра;
• Дар вақти истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳоҷатхонаи умумӣ, ҳаммом ва ғайра;
• Дар вақти парастории гирифторони ВНМО агар шартҳои бехатарӣ риоя шаванд. Масалан, пешгирии омезиши хун, дуруст безарар кардани сӯзанҳо, дуруст бастани захмҳо ва ғайра шахсро аз сироятёбӣ эмин медорад;
• Ба кӯдакон, вақте ки калонсолон онҳоро ба даст мегиранд ё ғизо медиҳанд. Ҳамчунин аз онҳо калонсолон сироят намеёбанд;
• Аз газидани хомушак ва дигар ҳашароти хунмак ва ҳайвонот.

Дар Тоҷикистон чӣ теъдод одамон ба ВНМО сироят ёфтаанд?
Ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ аз соли 1991 то 31 декабри соли 2008 дар Тоҷикистон 1422 нафар (1148 нафар мардва 274 нафар зан) гирифторони ВНМО сабти ном шудаанд. Аз ин теъдод 802 нафар (56,3%) тавассути хун ва 364 нафар (25,5%) бо алоқаи ҷинсӣ ба ВНМО сироят ёфтаанд.

Дар дунё чӣ теъдод одамон ба ВНМО сироят ёфтаанд?
Ба маълумоти ЮНЕЙДС аз ибтидои кашфи вирус то охири соли 2007 дар дунё 33 миллион нафар гирифторони ВНМО сабти ном шудаанд. Аз ин теъдод 15,5 миллион нафар занон ва 2 миллион нафар кӯдакони то 15-сола буданд. Аз ҷумла, дар соли 2007-ум 2,7 миллион нафар гирифторони нави ВНМО ошкор шуданд.
Чӣ тавр ба ВНМО гирифтор будани шахсро муайян кардан мумкин аст?
Ба ВНМО гирифтор будани шахсро танҳо тавассути ташхиси хуни ӯ, ки санҷиши ВНМО меноманд, муайян кардан мумкин аст. Санҷиши ВНМО ба ғайри талаботи моддаи 9-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат зидди ВНМО ва БПНМ» ба таври ихтиёрӣ ва пинҳонӣ гузаронида мешавад. Барои ташхиси оммавии одамон як намуди санҷиш истифода мешавад, ки онро ташхиси иммуноферментӣ меноманд. Тавассути санҷиши мазкур на худи ВНМО, балки ҷисмҳои бегона муайян карда мешаванд. Ҷисмҳои бегона ё ин ки зидди ҷисм –ин сафедаҳои махсуси ҳифозатӣ мебошанд, ки организми инсон барои ҳимоя аз вирусҳои воридшудаи бегона истеҳсол мекунад. Натиҷаи мусбати санҷиш аз мавҷудияти ҷисмҳои бегонаи зидди ВНМО далолат медиҳад. Яъне ба ВНМО сироят ёфтани шахсро собит мекунад. Ҷисмҳои бегона бар зидди ВНМО аз баъди 2-3 ҳафтаи сироятёбӣ то 6 моҳ пайдо мешаванд ва ба ҳисоби миёна мӯҳлати мазкур 3 моҳро ташкил медиҳад. Дар ҳолати мусбат арзёбӣ шудани натиҷаи санҷиши иммуноферментӣ хуни шахси ташхисшаванда аз нав бо усули бештар ҳассос, ки иммуноблот (ИБ) меноманд, мавриди таҳқиқ қарор меёбад. Натиҷаи мусбати ташхиси ИБ сироят ёфтани шахсро ба ВНМО тасдиқ мекунад.
Натиҷаи манфии санҷиш аз он далолат медиҳад, ки: 1) шахс ба ВНМО сироят наёфтааст; 2) эҳтимолияти сироятёбии шахс ба ВНМО, дар ҳоле ки теъдоди кифояи ҷисмҳои бегона истеҳсол нашудаанд. Ин ҳолатро давраи «равзана» меноманд. Бинобар ин маслиҳат медиҳем, ки дар мӯҳлати 6 моҳ ё вақти аз ин бештари эҳтимолии сироятёбӣ аз санҷиши нав гузаред. Дар ин ҳол шахси ташхисшаванда ҳатман аз чораҳои пешгирии сироят огоҳ карда мешавад.

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ИНЪИКОСИ МАВЗӯИ ВНМО ВА БНММ ДАР
ТОҶИКИСТОН

Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо ВНМО ва БПНМ ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонун «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 27 декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)» қабул гардида буд, ки он бо тақозои замон кӯҳна шуд. Бинобар ин, 28 декабри соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният» қабул гардид. 31 декабри соли 2008 ба қонуни мазкур тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, вай Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ном гирифт.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар мегирад. Ҳамчунин қонуни номбурда барои пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, коҳиш додани оқибати он барои ҳар як шахс ва аҳли ҷомеа нигаронда шудааст.
Тибқи моддаи 4-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» давлат риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳоро нисбати одамони аз ВНМО сироятёфтаю мубталои БНММ ва аъзои оилаи онҳо кафолат медиҳад. Ҳамчунин дастрас ва ройгон будани ҳамаи намудҳои ёрии тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ кафолат дода мешавад.

Муоинаи тиббии шахс барои муайян кардани гирифторӣ ба ВНМО дар куҷо ва чӣ тавр гузаронида мешавад?

Муоинаи тиббии шахс аз гирифторӣ ба ВНМО дар муассисаҳои давлатӣ ё хусусии тандурустӣ, ки иҷозатнома доранд, сурат мегирад.
Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд, ба истиснои баъзе ҳолатҳо метавонанд ба таври ихтиёрӣ ва ё пинҳонӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд
Шахс ҳуқуқ дорад, ки дар ҳамин муассиса, ё дар муассисаи дигари системаи давлатии тандурустӣ мавриди муоинаи такрории тиббӣ қарор гирад.
Дар ҳамин ҳол мувофиқи моддаи 9-уми Қонун «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан муоинаи ҳатмии тиббиро мегузаранд.
Шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муоинаи ҳатмии пинҳониро барои сирояти ВНМО мегузаранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ барои кор, таҳсил, иқомати доимӣ ё дигар мақсадҳо меоянд, дар муддати даҳ рӯзи баъди омаданашон ба истиснои шахсоне, ки бо шаҳодатномаи бемории ВНМО ва БПНМ омадаанд, бояд мавриди муоинаи тиббӣ қарор гиранд.
Шахсоне, ки дархости дар хусуси гуреза дониста шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраркардаи мақомоти тандурустӣ муоинаи ҳатмии тиббиро бояд гузаранд.
Кормандони дипломатии намояндагиҳои хориҷии дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзҳо ва масунияти дипломатӣ истифода мебаранд, мумкин аст барои ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам танҳо бо розигии онҳо, пинҳонӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд.
Мувофиқи талаботи пешинаи қонун дар сурати ошкор шудани ба ВНМО гирифтор будани шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави кишвар қарор доранд, онҳо аз Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҷумҳурӣ бадарға (депортатсия) карда мешуданд. Пас аз қабул шудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз 31 декабри соли 2008 ин амал бекор карда шудааст.
Аз рӯи моддаи 7-уми қонуни номбурда ба шахсе, ки ба ВНМО сироят ёфтанаш ошкор шудааст, дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти ӯ, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурӯҳҳои кӯмаки якдигарии сирояти ВНМО маълумоти пурра дода мешавад.

Оё ба ВНМО гирифтор будани шахсро ошкор кардан мумкин аст?

Дар семинаре, ки дар шаҳри Душанбе доштем, яке аз журналистон ба масъули Маркази ҷумҳуриявии муқовимат зидди ВНМО ва БПНМ пешниҳод кард, ки рӯйихати занони гирифтори ВНМО-ро ошкор намояд, то ки онҳо танфурӯшӣ накунанд. Чунин як ҳодиса дар вилояти Суғд низ ба вуқӯъ пайваст. Яке аз журналистони музофотӣ, вақте фаҳмид, ки дар ноҳияи онҳо низ гирифторони ВНМО сукунат доштаанд, аз масъули Маркази муқовимат зидди ВНМО ва БПНМ-и вилояти Суғд хоҳиш кард, ки суроғаи онҳоро диҳад, то ӯ барои телевизион барномае омода намояд. То кадом андоза аз нигоҳи қонун ин журналистон ба ошкор кардани гирифторони ВНМО ҳуқуқ доранд?
Мувофиқи моддаи 11-уми қонуни мазкур маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам ё мубталои БПНМ шудан сирри хизматӣ буда, онро қонун ҳифз мекунад. Ҳамин аст, ки банди дуюми моддаи 145-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ошкор намудани маълумот оид ба гирифтории шахс ба ВНМО ё мубталои БПНМ аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ ҷазо муайян кардааст. Аз ҷумла, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Агар ҳамин кирдор боиси оқибатҳои вазнин шуда бошад, гунаҳкор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
Бояд гуфт, ки гирифтории шахс ба ВНМО ҳамчунин метавонад сирри ҳаёти шахсӣ дониста шавад ва барои ифшои он низ мутобиқи моддаи 144-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҷозот пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи банди якуми моддаи мазкур барои ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигар буда, бидуни иҷозати ӯ сурат мегирад, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар ё воситаҳои ахбори омма, шабакаи Интернет бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, — (КҶТ аз 17.05.04 №35, аз 30.07.07 №301) бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
Мувофиқи банди дуюми ин модда агар ҳамин кирдор аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шуда бошад, — бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).

Шахсоне, ки ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният гирифтор шудаанд чӣ гуна ҳуқуқ доранд?

Тибқи моддаи 12-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ашхоси мазкур дорои чунин ҳуқуқҳоянд:
— муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;
— талаб кардани махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наоварад. Додани иттилоот оид ба вазъи саломатии шахсони гирифтори чунин бемориҳо бе розигии онҳо танҳо бо қарори суд ё дархости мақомоти тафтишотӣ имкон дорад;
— ҷуброни зараре, ки бинобар фош кардани маълумот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст;
— фаъолияти касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд;
— ба гирифтани ҳамаи намудҳои кӯмаки ройгони тахассусӣ ва махсусгардонидашудаи тиббӣ, инчунин таъмини доруворӣ;
— ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия), аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;
— ба иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он.
Ҳамчунин тибқи қонун дар муассисаҳои муолиҷавӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои ВНММ ва БПНМ роҳ дода намешавад.
Моддаи 13-уми қонуни мазкур маҳдуд кардани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасои масунияти одамро манъ мекунад. Аз ҷумла, аз кор озод кардан, нагирифтан ба кор, нагирифтан ба кори муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи ВНМО бо сабаби мубталои ВНМО буданашон, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сироятшудаи ВНМО роҳ дода намешавад.
Ҳамчунин истифодаи шахсони сироятшудаи ВНМО ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.
Дар ҳамин ҳол тибқи моддаи 13-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои одамоне, ки мубталои вируси норасои масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, ҳуқуқ ва озодии дигарон раво дониста мешавад.
Ҳамчунин тибқи моддаи 14-уми қонуни мазкур шахси гирифтори ВНМО ҳангоми дар зиндон ё боздоштгоҳ буданаш ҳуқуқи гирифтани кӯмаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад. Ҳамчунин маҳбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки танҳо барои кормандони тиб дастрас буда, фақат бо розигии худи маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони зиндонҳо бояд ошкор карда шаванд.
Аз рӯи нишондоди моддаи зикргардида табъизи маҳбусон дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.
Имрӯз дар аксари табобатхонаву дармонгоҳҳои Тоҷикистон табобати шаҳрвандон қариб пурра пулакӣ сурат мегирад. Табобати гирифтори БПНМ хеле гарон аст ва на ҳар шахс чунин имконият дорад. Бинобар ин тибқи моддаи 14-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсусгардонидашуда, аз ҷумла кӯмак бо доруворӣ, ба шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустӣ ройгон расонда мешавад.
Мувофиқи моддаи 15-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ бо оилаашон таҳти ҳифзи иҷтимоӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, мақомоти идораи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи тандурустӣ, маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъин кардан ва пардохтани нафақаю кӯмакпулиҳо, расонидани кӯмаки иҷтимоию маишӣ, расонидани кӯмак барои гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъминкунӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.
Ҳамчунин мақомоти идораи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконеро, ки дар натиҷаи сирояти ВНМО ятим ё бе парастории волидон мондаанд, таҳия ва татбиқ мекунанд.
Барои кӯдакони то 16-сола, ки мубталои ВНМО ва БПНМ мебошанд, кӯмакпулии давлатии ҳармоҳа таъин карда мешавад.
Тибқи нишондоди ҳамин моддаи қонуни номбаршуда ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ВНМО сироят кардааст, таъминоти нафақавӣ ва ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани манзил дар сурати набудани он ё зарурати беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.
Воқеан ҳам, аз рӯи банди 11-уми моддаи 34-уми Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (12 декабри соли 1997) шахсоне, ки ба ВНМО дар мавриди гузаронидани амалиёти расмии тиббӣ гирифтор шудаанд, бо хонаи истиқоматӣ дар навбати аввал таъмин карда мешаванд.

Оё зараре, ки ба саломатии шахс дар натиҷаи вазифаи касбии худро вайрон кардани кормандони тиб расидааст, ҷуброн карда мешавад?

Мувофиқи моддаи 20-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ( 15 майи соли 1997) кормандони тиб ва фармасевтӣ барои зараре, ки ба саломатии шаҳрванд расонидаанд, вазифаҳои касбиашонро вайрон кардаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маънавии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд, ба шарте, ки барои ин вайронкуниҳо аз рӯи қонун ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар нашуда бошад.
Тибқи моддаи 28-уми қонуни номбурда шаҳрвандон ба гирифтани товони зарар, аз ҷумла зарари маънавие, ки давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ё шахсони дигар ба саломатии онҳо расондаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Ҷуброни товони зарар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоронро аз ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноӣ озод намекунад.
Тибқи моддаи 17-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» зараре, ки ба шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Кӯдакону наврасони гирифтори ВНМО дар куҷо таҳсил мекунанд?

Ҳодисаҳои ба вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтани кӯдакон ва наврасон низ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (17 майи соли 2004) аз муҳассилини мактабҳои умумӣ ва миёна ҷудо таҳсил кардани кӯдакон ва наврасони гирифтори ВНМО муайян нашудааст. Танҳо дар моддаи 23-юми қонуни мазкур, ки ба таҳсилоти махсус бахшида шудааст, сухан аз таълими кӯдакону наврасони гирифтори иллати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ меравад. Барои чунин шогирдон, ки дар мактабҳои умумии муқаррарӣ имкони таҳсил надоранд, мактабҳои махсуси таълими умумӣ, мактаб-интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Мактабҳои мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию иҷтимоии ҳамин гуна кӯдакону наврасонро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.
Тарбия ва таҳсили кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти махсус ройгон сурат мегирад.
Аз нишондоди қонуни мазкур бармеояд, ки ба муассисаҳои таҳсилоти махсус танҳо он кӯдакону наврасоне фаро гирифта мешаванд, ки агар гирифтори иллати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ бошанд. Бинобар ин тибқи моддаи 15-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» вазорати маориф якҷоя бо вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таълими кӯдакон ва наврасонеро, ки мубталои ВНМО ё БПНМ буда, дар муассисаҳои тандурустӣ ё шароити хона қарор доранд, аз рӯи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд.

Волидоне, ки кӯдакашон гирифтори ВНМО ё БПНМ мебошад, чӣ ҳуқуқу имтиёз доранд?

Мувофиқи моддаи 16-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» волидони кӯдаконе, ки мубталои ВНМО ё БНММ мебошанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:
— дар беморхонаҳо ҳамроҳи кӯдакон (то 14-сола) бошанд ва онҳо дар ин давра аз кор озод шуда, ба онҳо барои корношоямии муваққатӣ кӯмакпулӣ дода мешавад;
— дар ҳолати аз кор озод кардани яке аз волидон бинобар нигоҳубини кӯдаки то 16-сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ ба шарте, ки то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошад;
— рафту омади ройгони яке аз волидон ё дигар намояндаи қонунии кӯдаки то 18-сола ҳангоми ба ҷои табобат бурда овардани ӯ.
Модароне, ки кӯдаки то 16-солаи мубталои ВНМО ё БПНМ доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

Оё кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки ба пешгирӣ ва табобати гирифторони ВНМО ва БПНМ машғуланд аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои иловагӣ бархурдоранд?

Қонунгузории Тоҷикистон дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фармасевтӣ ва дигар кормандонро ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста, барои онҳо ҳуқуқу имтиёзҳо муайян кардааст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 19-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» кормандоне, ки бо расонидани кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рӯи масъалаҳои ВНМО ва БПНМ ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки баҳри расонидани кӯмак ба шахсони сироятшудаи ВНМО ва БПНМ ҷалб шудаанд, аз ҳолатҳои сирояти ВНМО ва инчунин маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз БПНМ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.
Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти ВНМО таҳқиқоти ташхисӣ мегузаронанд, ба шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ кӯмаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, ӯҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизат таъмин намоянд ва онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти ВНМО мунтазам муоина кунанд.
Ҳамчунин тибқи моддаи 20-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» кормандони тиббие, ки дар натиҷаи сидқан иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё бемори норасоии муҳассили масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:
— дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ;
— ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз БПНМ ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;
— ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ;
— ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои муолиҷавию истироҳатӣ новобаста аз тобеияти идоравии онҳо;
— ба ҷуброни зарар, ки ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузорӣ муқаррар мекунад.
Дар ҳамин ҳол агар ба ВНМО сироят ёфтани корманд ҳангоми ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаи касбӣ ё дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ сурат гирад, ҳуқуқи ӯро барои ҷуброни зарар қонунгузорӣ муайян менамояд.
Аз рӯи моддаи 21-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» кормандоне, ки ба шахсони мубталои ВНМО ва БПНМ кӯмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар хел кӯмак мерасонанд, ба ташхиси озмоишгоҳии сирояти ВНМО, гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятшуда, истеҳсоли маводи биологӣ барои ташхис, инчунин ба муолиҷа ва пешгирии БПНМ машғуланд, дорои чунин имтиёзҳои меҳнатӣ низ ҳастанд:
— ба баромадан ба нафақа мутобиқи рӯйхати №1-уми истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад;
— ба иловапулии музди кор дар ҳаҷми 100-фоиз;
— ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ;
— ба рӯзи кории кӯтоҳ(рӯзи кори 6-соата).
Бояд гуфт, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» як нофаҳмие ба назар мерасад. Масалан, тибқи моддаи 20-уми қонуни мазкур кормандони тиббие, ки дар натиҷаи сидқан иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё бемори пайдошудаи норасоии масуният шудаанд, ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ ҳуқуқ доранд.
Аз рӯи моддаи 21-уми қонуни номбурда бошад, кормандоне, ки ба шахсони мубталои ВНМО ва БНММ кӯмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар хел кӯмак мерасонанд, ба ташхиси озмоишгоҳии сирояти ВНМО, гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятшуда, истеҳсоли маводи биологӣ барои ташхис, инчунин ба муолиҷа ва пешгирии БПНМ машғуланд, ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ доранд. Яъне, аз рӯи нишондоди ин моддаҳо табибе, ки дар натиҷаи сидқан иҷро кардани вазифаи хидматии худ ба ВНМО сироят ёфтааст, танҳо ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ ҳуқуқ дорад. Ҳол он қи вай то сироят шуданаш ҳуқуқи рухсатии ҳарсолаи 56-рӯза дошт ва агар ҳоло ҳам дар ин муассисаи тиббӣ аз рӯи ихтисосаш кор кунад, ин ҳуқуқро нигоҳ медорад. Албатта, ин номувофиқатӣ дар қонун аст.

Оё барои бо ВНМО сироят кардан шахс ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад?

Мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (15 майи соли 1997) барои паҳн кардани вируси норасоии масунияти одам ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст.
Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бошад, барои ин амал муҷозоти гуногун муайян шудааст. Масалан, тибқи моддаи 125-уми КҶТ барои
1) Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ гузоштани шахси дигар,-
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Бо инфекцияи ВИЧ сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки:
а) нисбати ду ё зиёда ашхос;
б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шудааст,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
Мувофиқи моддаи 129-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиётӣ ба саломатии бемор зарари вазнин ба саломатӣ ё марги бемор ё мубталои сирояти инфекцияи ВИЧ гардидани бемор шуда бошад,- (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:
а) боиси марги одамон;
б) дигар оқибатҳои вазнин гардидааст, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 17.05.04 №35)

Оё корманди тиб барои ёрӣ нарасонидан ба бемор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?

Мувофиқи моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» бемор ҳангоми муроҷиат кардан ба кӯмаки тиббию санитарӣ ва гирифтани он чунин ҳуқуқҳо дорад:
— ба муносибати эҳтиромона ва башардустонаи кормандони тиб ва хизматгузорон;
— ба интихоби табиб, аз ҷумла табиби оилавӣ ва табобаткунанда, бо ризояти ӯ;
— барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қо¬нунии ӯ;
— ба меъёрҳои дигари нисбати шаҳрвандон (беморон) пешбиникардаи ҳамин қонун.
Тибқи моддаи 128-ум Кодеси ҷиноятии Тоҷикистон бошад, барои
–1) Бидуни сабабҳои узрнок ёрӣ нарасондан ба бемор аз ҷониби шахсе, ки вазифадор буд мутобиқи қонун ё қоидаҳои махсус ёрӣ расонад ва он аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии бемор расонидани зарари миёна гардидааст,-
бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ марги бемор шуда бошад ё ба саломатӣ зарари вазнин расонда бошад, — (КҶТ аз 17.05.04 №35)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё маҳрум карда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад (КҶТ аз 17.05.04 №35).

Оё шаҳрвандони хориҷие, ки ба ВНМО гирифторанд, метавонанд дар Тоҷикистон сукунат кунанд?

Тибқи банди чоруми моддаи 21-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» (11 декабри соли 1999) ба ашхоси мубталои беморие, ки он метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад, додани иҷозат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ барои истиқомат дар кишвар рад шуданаш мумкин аст.

Оё гирифторони ВНМО ҳуқуқи издивоҷ карданро доранд?

Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ҳуқуқи издивоҷ кардани гирифторони ВНМО ва БПНМ манъ карда нашудааст. Дар Кодекси оилаи Тоҷикистон (13 ноябри соли 1998) низ барои издивоҷи гирифторони ВНМО, ки ба синни никоҳ расидаанд монеае вуҷуд надорад. Танҳо тибқи моддаи 14-уми КОТ агар суд гирифтори ВНМО-ро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё ноқисулақлиаш ғайри қобили амал, ё бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф карда бошад, никоҳи ин шахс манъ аст.
Дар таҷрибаи ҳуқуқӣ он чӣ манъ нест, иҷозат аст. Аз ин рӯ, гирифторони ВНМО дар сурати огоҳ кардани ҷониби дуюм ва ризояти ӯ метавонанд издивоҷ кунанд. Албатта, ин ҷо танҳо сухан дар бораи оила барпо кардани зану марди мубталои ВНМО ё БПНМ намеравад. Гирифторони ВНМО метавонанд ба шахси солим низ бо ризоияти тарафайн издивоҷ кунанд. Зеро мувофиқи банди сеюми моддаи 15-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон агар яке аз издивоҷкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё «вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар (охирин) метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани никоҳро талаб намояд (моддаҳои 28-31-уми КОТ).
Дар баъзе кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии ВНМО қабл аз ақди никоҳ аз ҷонибҳои издивоҷкунанда маълумотнома оид ба саломатӣ талаб карда мешавад. Моддаи 15-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон ба муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда бахшида шудааст. Мувофиқи банди якуми он муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳали истиқомати онҳо ба таври бепул ва танҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода мешавад.
Аз нишондоди моддаи мазкури қонун бармеояд, ки гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳангоми издивоҷ ихтиёрӣ аст. Аз ҷониби дигар, тибқи банди дуюми моддаи 15-уми қонуни номбурда натиҷаҳои муоина сирри тиббӣ буда, ба шахси дигари издивоҷкунанда танҳо бо ризоияти шахси муоинашуда маълум гардонида шуданаш мумкин аст.

Оё шахси гирифтори ВНМО ҳуқуқи фарзанддор шуданро дорад?

Мувофиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» (2 декабри соли 2002) шаҳрвандон дар интихоб ва назорати ҳаёти репродуктивии худ озоданд. Муносибати байни зану мард, масъалаҳои танзими таваллуди фарзандон дар баробарӣ, озодӣ, масъулияти байниҳамдигарӣ ва эҳтироми тарафайн асос меёбад. Зан набояд барои ҳомиладор шудан ва ё барои исқоти ҳамл маҷбур карда шавад.
Тибқи моддаи 11-уми ҳамин қонун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои репродуктивии худро бояд аз рӯи ирода ва манфиатҳои худ амалӣ созанд. Ба амалбарории ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон набояд ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони дигарро халалдор намояд.
Ҳуқуқҳои репродуктивӣ аз эътироф намудани ҳуқуқҳои асосии зану шавҳар дар қабули қарори озодона ва масъулона нисбати шумораи фарзандон, вақти обистанӣ ва фосилаи байни таваллуди онҳо, дар пайдо намудани воситаҳо ва маълумоти барои он зарурӣ, ноил гардидан ба солимии репродуктивӣ замина мегиранд. Ба ҳуқуқҳои асосии репродуктивӣ ҳамчунин ҳуқуқи инсон оид ба озодона ва бе маҳдудкунӣ ҳал намудани масъалаҳое, ки ба таваллуд вобастагӣ доранд, дохил мегардад.
Чӣ хеле ки аз қонуни мазкур бармеояд фарзанддор шудани гирифторони ВНМО манъ нашудааст. Зеро аз волидони бемор таваллуд шудани кӯдакони сиҳат эҳтимол дорад. Дар ин бора аз бахши тиббии дастури мазкур маълумоти бештарро метавонед бихонед.

Оё гирифторони ВНМО ҳуқуқи меҳнат карданро доранд?

Тибқи моддаи 12-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» гирифторони ВНМО ҳуқуқи фаъолияти касбиро аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд, доранд.
Моддаи 13-уми қонуни мазкур маҳдуд кардани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасои масунияти одамро манъ мекунад. Аз ҷумла, аз кор озод кардан, нагирифтан ба кор, нагирифтан ба кори муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи ВНМО бо сабаби мубталои ВНМО буданашон, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сироятшудаи ВНМО роҳ дода намешавад.
Дар моддаи 7-ум ва 29 -уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон (15 майи соли 1997) ин нукта ба эътибор гирифта шуда, ғайриқонунӣ ба кор қабул накардани чунин ашхос манъ аст.
Дар сурати рад кардани қабул ба кор, корфармо вазифадор аст бо талаби корманд дар мӯҳлати 3 рӯз ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Оид ба чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Оё гирифторони ВНМО дар назди ҷомеа вазифаю ӯҳдадориҳо доранд?

Тибқи моддаи 42-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ» шаҳрвандони мубталои бемориҳоиҳои сил, ҷузом (лепра), вируси норасоии масунияти одам, таносулӣ ва дигар бемориҳоиҳои хавфнок вазифадоранд, бо талаби муассисаҳои тиббӣ муоина шаванд ва худро табобат кунанд.
Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо ба беморхона маҷбуран оваронда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобат карда мешаванд.
Мувофиқи моддаи 67-уми қонуни номбурда бо пешниҳоди мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ барои сари вақт ошкор ва табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои венерикӣ ва вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) лабораторияҳои махсус, кабинетҳо, аз ҷумла барои табобати маҳрамона, беморхона ва диспансерҳо ташкил карда мешаванд. Дар сурати саркашии шахс аз табобати ихтиёрӣ чораҳои маҷбурӣ татбиқ карда мешавад. Шахсоне, ки аз омадан барои муоина ва табобат саркашӣ менамоянд, инчунин бемориҳои венерикӣ ва ВНМО-ро паҳн мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгарӣ қарор мегиранд.

Оё ҷомеа дар бораи ВНМО ва БПНМ ҳуқуқи иттилоъ гирифтанро дорад?

Тибқи моддаи 4-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» давлат мунтазам ба аҳолӣ додани иттилоотро вобаста ба ВНМО/БПНМ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма кафолат медиҳад.
Аз рӯи моддаи 6-уми қонуни номбурда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд мунтазам гирифтани маълумоти пурра ва босифат дар бораи усулҳои сирояти ВНМО ва тарзҳои пешгирии ВНМО/БПНМ, барномаҳои амалкунанда ва хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сирояти ВНМО ва БПНМ, инчунин табобат, кӯмак ва дастгирии шахсоне, ки мубталои ВНМО ва БПНМ мебошанд, кафолат дода мешавад.

Оё Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ВНМО чораҳо меандешад?

3 марти соли 2007 Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасои масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуниятро барои солҳои 2007- 2010 қабул кард. Ҳадафи барномаи мазкур боздоштани суръати паҳншавии сирояти ВНМО бо роҳи таъмин намудани дастрасии умумии аҳолӣ ба пешгирӣ, муолиҷа ва кӯмаку дастгирии табақаҳои заъфпазир мебошад.
Мувофиқи моддаи 4-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» давлат таъмини воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО, инчунин назорат ба бехатарии маводҳои тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхис, муолиҷа ва илмӣ истифода бурда мешаванд, кафолат медиҳад.
Тибқи моддаи 5-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва БПНМ тавассути ҷалби воситаҳои молиявӣ ба Фонди миллии бемории пайдошудаи норасоии масуният амалӣ мегардад.
Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ хусусияти афзалиятнок дорад.
Маблағгузории чорабиниҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии ВНМО/БНММ аз ҳисоби манбаъҳои зерин сурат мегирад:
— маблағи буҷети давлатӣ;
— маблағи фондҳои мақсаднок;
— маблағҳое, ки барои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ равона карда мешаванд;
— саҳмияҳои ихтиёрӣ ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Мувофиқи моддаи 4-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» чораҳои муқовиматро бо ВНМО ва БПНМ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорати тандурустӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо ВНМО ва БПНМ корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.

САРЧАШМАҲОИ ИТТИЛОЪ БАРОИ ИНЪИКОСИ МАВЗӮИ ВНМО ВА БПНМ

Солҳои охир бо афзоиши ВАО дар Тоҷикистон ба журналистика аксаран онҳое рӯ оварданд, ки аз мактаби касбӣ нагузаштаанд ва ё малакаи зарурии корӣ надоранд. Ҳамин боис гаштааст, ки баъзан аз камтаҷрибагӣ маводи дуруст санҷида нашуда ва ё иттилои ноаниқ ба аудитория паҳн карда мешавад. Яке аз сабабҳои асосии ин амал ба сарчашмаҳои дуюмдараҷа ва камаҳамият муроҷиат карда, иттилоъ гирифтани журналистон аст. Набояд фаромӯш кард, ки журналист бояд ҳамеша бикӯшад, ки аз иттилои сарчашмаҳои якумдараҷа истифода намояд. Масалан, вақти дар мавзӯи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мавод омода кардан бояд аз кадом сарчашмаҳои иттилоъ истифода кард?

Сарчашмаҳои аввалиндараҷа:

— Мутахассисони масъули Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ ва мақомоти он дар маҳалҳо;
— мутахассисони масъули Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо;
— коршиносони барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО ва БПНМ дар Тоҷикистон;
— мутахассисони масъули ТҒД ва созмонҳои ҷамъиятии хориҷиву маҳаллӣ, ки оид ба ВНМО дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд;
— шахси гирифтори ВНМО ё БПНМ;
— духтуроне, ки гирифторони ВНМО ё БПНМ-ро табобат мекунанд.

Набояд фаромӯш кард, ки истифода аз ин сарчашмаҳо вобаста ба мавзӯе, ки шумо мехоҳед баррасӣ кунед, сурат мегирад. Масалан, шумо дар бораи теъдоди умумии гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон ва вазъи саломатии онҳо иттилои навтаринро танҳо аз Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ ва ё аз шӯъбаи вазорати тандурустӣ, ки бевосита маркази мазкурро сарпарастӣ мекунад, гирифта метавонед. Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ дар бораи паҳншавии ВНМО ва чораҳои пешгирии он метавон маълумот гирифт. Албатта, дар ин ҳолат бояд ба он шахси масъул муроҷиат кард, ки сарпарастии Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ-ро ба ӯҳда дорад.
Агар шумо дар бораи гирифторони ВНМО дар вилояти Хатлон мавод омоданӣ карданӣ бошед, албатта, бояд ба Маркази муқовимат ба ВНМО-и вилояти Хатлон ё Раёсати тандурустии вилояти Хатлон муроҷиат намоед. Зеро дар ин ҷо ба шумо метавонанд маълумоти аниқ ва охиринро пешниҳод бикунанд. Дар ин бора дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ маълумот буданаш мумкин аст, вале шояд вобаста ба вилояти Хатлон ҳоло иттилои охирин дастрас нашуда бошад. Ба ин монанд шумо аз марказҳои вилоятии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ дар бораи тамоми кишвар маълумот гирифта метавонед, вале он мумкин кӯҳна ва носаҳеҳ бошад.
Аз коршиносони Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО ва БНММ дар Тоҷикистон низ дар бораи теъдоди умумии гирифтони ВНМО ва вазъи саломатии онҳо, чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани сирояти одамон метавон иттилоъ гирифт. Зеро ин ташкилот бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ ҳамкории амиқ дорад. Дар ҳамин ҳол иттилои ташкилоти мазкур низ метавонад кӯҳнаву носаҳеҳ бошад. Дар бораи фаъолияти бевоситаи Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО ва БПНМ дар Тоҷикистон аз мутахассисони худи ин ташкилот маълумоти саҳеҳ ва пурра гирифтан мумкин аст.
Як нуктаи дигари асосиро набояд фаромӯш кард: маълумот бояд аз он шахс гирифта шавад, ки вай масъули асосии ин соҳа бошад. Масалан, дар Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ директор ва ё муовини ӯ ба тамоми иттилооти соҳа дастрасӣ доранд. Албатта, лаборанти ин ташкилот наметавонад ба шумо маълумоти аниқ ва саросариро пешниҳод бикунад, зеро ӯ сарчашмаи аввалини иттилоъ нест. ӯ танҳо метавонад дар бораи кори худ ба шумо иттилоъ диҳад. Ҳамчунин мудирони шӯъбаҳои маркази мазкур низ танҳо дар бораи фаъолияти шӯъба метавонанд маълумот пешниҳод кунанд. Агар иттилои зарурӣ ба фаъолияти ин шӯъбаҳо вобаста бошад, албатта, шумо метавонед, ки ба мудирони онҳо муроҷиат намоед. Бояд гуфт, ки баъзан журналистон барои маълумот гирифтан дар бораи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба кадом духтуре, ки пеш омад муроҷиат мекунанд. Дар натиҷа мусоҳиб, ки худ иттилои дуруст надорад, ба журналист маълумоти носаҳеҳ медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи табибон аз ин мавзӯъ огоҳии комил надоранд. Бинобар ин, дар бораи роҳҳои пешгирӣ, сироят ва табобати гирифторони ВНМО ва БПНМ танҳо ба мутахассисон, ки дар ин соҳа кор мекунанд, муроҷиат кардан лозим аст.
Мутахассисони масъули ТҒД ва созмонҳои ҷамъиятии хориҷиву маҳаллӣ, ки оид ба ВНМО дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, низ метавонанд сарчашмаи асосии иттилоъ бошанд. Ин дар ҳолест, ки шумо дар бораи фаъолияти бевоситаи онҳо мавод омода мекунед. Яъне онҳо метавонанд, дар бораи кори худ, амалӣ кардани лоиҳаашон ба шумо маълумоти аниқ ва пурра диҳанд. Вале иттилои онҳо дар бораи фаъолияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии муқовимат оид ба ВНМО ва БПНМ ва мақомоти он дар шаҳру вилоятҳо метавонад, ки саҳеҳ набошад. Барои ҳамин ҳам бояд ҳамеша аз сарчашмаҳои асосии иттилоъ истифода кард. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки сарчашмаҳои номбаршуда аксар вақт ба журналистон маълумоти ба худ манфиатоварро пешниҳод мекунанд. Ба вижа фаъолияти худро аз будаш бештар тавсиф мекунанд ва дар бораи камбудиҳо ҳарф намезананд. Бинобар ин ба сарчашмаҳои дигари иттилоъ низ муроҷиат карда, маълумоти гирифтаатонро санҷед ва пасон маводи журналистиатонро омода намоед.
Бояд ба хотир гирифт, ки худи гирифторони ВНМО ё БПНМ низ метавонанд, ки сарчашмаи асосии иттилоъ бошанд. Албатта, агар шумо дар бораи онҳо мавод омода карданӣ бошед, иттилои аниқро танҳо аз худи гирифторони ВНМО ё БПНМ метавонед бигиред. Зеро вақте ки дигар кас дар бораи ҳаёти онҳо нақл мекунад, вай метавонад, ки чизеро фаромӯш кунад ва ё илова намояд. Дар ин ҳол албатта, маводи шумо дақиқ ва беғараз нахоҳад буд. Баъзан дар ВАО-и Тоҷикистон мусоҳибаҳо бо гирифторони ВНМО дарҷ мегарданд, ки чандон эътимодбахш нестанд. Шахс гумон мекунад, ки касе нақши гирифтори вируси норасоии масунияти одамро бозида истодааст. Ба вижа, вақте ки садову симо ва ному насаби шахси гирифтори ВНМО тибқи одоби журналистӣ тағйир дода мешавад, ин амалро ошкор кардан мушкил аст. Баъзан мавзӯъро дуруст надонистани муаллиф қиссапардозӣ кардани ӯро ошкор мекунад. Масалан, ин амал дар маводи «Ҳамагӣ 26 сол дорам»-и ҳафтаномаи «Asia-Plus» (3 декабри соли 2008) рӯшан маълум мешавад. Қаҳрамони қисса ба журналист мегӯяд, ки аз шавҳараш ба ВНМО сироят ёфтааст. ӯ чун мефаҳмад, ки гирифтори ВНМО шудааст, табобат мегирад. Албатта, ин саҳеҳ нест. Шахси сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам танҳо дар ҳолати ба бемории пайдошудаи норасоии масуният гирифтор шудан ва бад гардидани саломатиаш табобат карда мешавад, ки он минбаъд якумрӣ идома меёбад. Дар маводи «Вақте механизми марг ба кор медарояд…» («Нигоҳ», 1 октябри соли 2008 низ қиссапардозии журналист маълум мешавад. Қаҳрамони маводи мазкур мегӯяд, ки пас аз се маротиба алоқа кардан бо гирифтори ВНМО саломатиаш нохуб шудааст. Воқеан, ба гуфти директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза зидди ВНМО ва БПНМ М. Рӯзиев нишонаҳои беморӣ хеле дер зуҳур мекунад ва шахс онро дар ҷисмаш пас аз 5-10 сол эҳсос мекунад («Миллат», 27 ноябри соли 2008). Мутаассифона, чунин қиссабофиҳо дар матбуоти кишвар кам нестанд ва онҳо ба ҷои ба ҳалли проблема мусоидат кардан, мушкилоти гирифторони ВНМО-ро афзун менамоянд.
Бояд зикр кард, ки на ҳама асрори гирифторони ВНМО ва БПНМ-ро ифшо кардан мумкин аст. Баъзан гирифторони ВНМО сироят ёфтани худро ифшо мекунанд ва ҳатто мехоҳанд, ки онҳоро аз тариқи телевизион нишон диҳанд, ё дар бораашон дар газета нависанд. Тибқи қонун ин мумкин аст, вале пеш аз он ки мо ин шахсро дар ВАО муаррифӣ кунем, бояд табиати ахлоқии мардуми худро ба эътибор гирем. Аз ифшо шудани ин сир оё ба аҳли оилаи ин шахс, хешовандони ӯ зиён намерасад. Оё онҳоро дар ҷомеа фишор намеоранд? С. Комилова, директории ТҒД «Гули сурх» дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки духтари гирифтори вируси норасоии масунияти одамро модари худаш тазъйиқу фишор меовардааст. Пас аз дигарон чӣ гила? Шояд ифшои сирри гирифторони ВНМО дар кишварҳои Ғарб, ки мардум якдигарро кам мешиносанд ва дар ҷомеаҳо иртиботи қавӣ надоранд, раво бошад. Зеро он ҷо мардум камтар ба ҳаёти шахсии дигарон дахолат мекунанд ва онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар Шарқ, ба вижа дар Тоҷикистон ин амал боиси радди маърака шудани гирифтори ВНМО ва аҳли байти ӯ дар маҳалла шуда метавонад.
Пизишки табобаткунананда низ метавонад сарчашмаи аввалиндараҷаи иттилоъ бошад. Масалан, духтуре, ки давраи ҳомиладории зани гирифтори вируси норасоии масунияти одамро назорат мекунад ва барои солим таваллуд шудани тифл табобат мекунад, метавонад дар бораи раванди мазкур иттилои ҷолиб диҳад. Ҳамчунин аз духтуре, ки гирифтори бемории пайдошудаи норасоии масуниятро табобат мекунад, дар бораи таъсири доруҳо ба мариз маълумот гирифтан мумкин аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки ифшои сирри тиббӣ мамнӯъ аст. Бинобар ин, духтур танҳо дар маҷмӯъ, бе ифшо кардани сирри беморон метавонад маълумот диҳад.
Журналист бояд ҳамеша (агар шахси иттилоъдиҳанда зид набошад) сарчашмаи иттилоъро номбар кунад, то ки аудитория ба кадом дараҷа воқеӣ будани маълумот эътимод намояд. Ҳамчунин дар мавод бояд гуфта шавад, ки ин факту рақамҳо то кадом давраро дар бар мегиранд. Масалан, иттилои кӯҳнаи порсоларо оварда, хонандаро гумроҳ кардан лозим нест. Зеро дар ин муддат шояд дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омада бошанд.

Сарчашмаҳои дуюмдараҷаи иттилоъ

Сарчашмаҳои дуюмдараҷа низ барои журналист муҳиманд, зеро онҳо барои пайдо кардани мавзӯъ, манбаъҳои аввалияи иттилоъ, мусоҳибони эҳтимолӣ, таҳлили маводи ғункарда ва ғайра ба ӯ кӯмак мерасонанд. Ҳоло мо шуморо бо чанд номгӯйи сарчашмаҳои дуюмдараҷа шинос мекунем:

Тақвими редаксия

Дар аксари ВАО, ки корашонро дуруст ба роҳ мондаанд, сармуҳаррир ё ягон нафар аз муовинони ӯ (мудири шӯъбаи ахбор) тақвими редаксионӣ дорад. Дар тақвим пешакӣ таърихи баргузории чорабиниҳо қайд мешаванд, то ки сари вақт ба он мухбирон фиристода шаванд. Ин тақвим асосан аз рӯи даъватномаи дафтари матбуотии идораву корхонаҳо мураттаб мегардад. Котибони матбуотӣ барои баланд бардоштани имиҷи идораашон кӯшиш мекунанд, ки ба чорабиниҳои камаҳамият ҳам мухбиронро даъват кунанд. Баъзан аз тақвим чорабинии ба шумо зарурро низ дарёфт кардан мумкин аст. Масалан, идораи тандурустии шаҳри Душанбе бо ТҒД «Спининфо» маъракае оид ба пешгирии ВНМО дар байни нашъамандони тазриқӣ доир менамояд. Шумо дар ин чорабинӣ иштирок карда ба худ маълумоте пайдо мекунед, ки пасон онро дар баррасии мавзӯи интихобкардаатон метавонед истифода баред.

Мушоҳидаҳои шахсӣ ва хабаркашҳо

Журналисти асил мушоҳидакор аст. ӯ чизеро мебинад, ки дигарон мушоҳида намекунанд ва ё ба он эътибор намедиҳанд. Ҳамин аст, ки журналист ба атроф, ба одамон бо таваҷҷӯҳ менигарад ва чизеро кашф мекунад. Як муаллими донишгоҳии мо 30 сол қабл мегуфт, ки агар хабари навро донистан хоҳед, ба бозор равед. Воқеан, ҳоло ҳам дар Тоҷикистон хабари даҳонӣ нисбат ба ВАО пештар паҳн шуда, муассиртар аст. Шумо агар ба ин овозаҳо таваҷҷӯҳ кунед, баъзан иттилои ба худ ҷолибро мешунавед, ки он низ барои баррасии мавзӯъ кӯмак менамояд. Масалан, дар автобус ё бозор мешунавед, ки дар кадом як беморхона бо айби пизишкон чанд нафар кӯдакон ба ВНМО сироят ёфтаанд. Ё ин ки як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатиро бинобар гирифтори ВНМО буданашон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргардондаанд.
Набояд фаромӯш кард, ки иттилои аз кӯчаву бозор гирифтаатон метавонад таҳриф шуда бошад. Бинобар ин шумо иттилои мазкурро танҳо пас аз санҷидан бо манбаъҳои мӯътамад бояд истифода кунед. Зеро баъзе манбаъҳои иттилоъ боварибахшанд, вале дигарашон не. Агар дурустии иттилоотро то лаҳзаи чоп кардану ба эфир рафтан имконн тафтиш намудан набошад, онҳоро истифода накардан беҳтар аст. Ягон хел таъҷилият мусоҳилакории моро сафед карда наметавонад. Аниқӣ маҳаки муҳимтарини кори журналист аст. Ҳеҷ гоҳ ба ҷои хабар овозаҳоро истифода набаред. Фиреб додани аудитория ва таҳрифи иттилоъ ҳеҷ мумкин нест. Кӯшиши якумин шуда ба эфир сар додан ё чоп кардани хабарҳои ба қадри кофӣ тафтишнашуда баъзан оқибатҳои нохуш меорад. Фаромӯш накунед, ки барои дурустии хабари додашуда маҳз муаллиф масъул аст.

Нишастҳои матбуотӣ ва брифингҳо

Нишастҳои матбуотӣ ва брифингҳо низ метавонанд сарчашмаи иттилоъ шаванд. Масалан, вазири саноат, сардори идораи омори шаҳр ё ягон нафари дигар оид ба рушди иқтисодӣ нишасти матбуотӣ доир мекунад ва дар он ба сиҳатии омма низ дахл менамояд. Шумо ба ин нишаст рафта метавонед ба ягон суоли мавриди таваҷҷӯҳатон посух гиред ё барои навиштани мавод дар мавзӯи ВНМО паҳлӯи наверо барои баррасӣ интихоб намоед.
Дар брифингҳо одатан ба журналистон пресс-релиз медиҳанд ва ё сари ягон мавзӯи мушаххас шахси масъул мушаххасу кӯтоҳ сӯҳбат мекунад. Вақти истифода аз пресс-релизҳо бояд эҳтиёткор бошед. Зеро онҳое, ки ин пресс-релизро омода кардаанд, дар он манфиати идораи худро пеш гузоштаанд ва баъзе маълумот метавонад кӯҳна ё таҳрифшуда бошад.

ВАО

Телевизиону радио, матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва Интернет низ метавонанд сарчашмаи дуюмдараҷаи маълумот бошанд. Ба вижа дар ноҳияҳо журналистон дар навиштани маводашон аз иттилои ВАО-и ҷумҳуриявӣ истифода мекунанд. Албатта, дар ин ҳол эҳтимолияти иштибоҳ вуҷуд дорад. Масалан, хабареро, ки шумо аз радио ё телевизион фаҳмидаед, кӯр-кӯрона нусхабардорӣ кардан лозим нест. Паҳлӯҳои нави мавзӯъро ҷустуҷӯ намоед ва онро ба шароити маҳалатон мувофиқ карда, барои аудиторияатон кушоед.
Дар бораи он, ки оё меарзад нашрияҳои чопиро чун манбаи иттилоот истифода барем, дурудароз баҳс кардан мумкин аст, зеро онҳо аз ҷиҳати фаврият аз телевизиону радио ва Интернет ақиб мемонанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мухбирони ВАО-и электронӣ аз навиштаҳои рӯзномаҳо фаровон истифода мебаранд.
Маводи интернетӣ бар хилофи оҷонсиҳои иттилоотӣ ройгону осон дастрасанд. Аксарияти сайтҳои иттилоотӣ рӯйбардори (на ҳамеша қонунии) ахбори сайтҳои дигаранд. Ғайр аз ин, нафароне, ки иттилоотро ба ин гуна захираҳои ройгон ворид мекунанд, на ҳама вақт барои тафтиши он имконият ва майлу хоҳиш доранд. Бинобар ин вақти истифода аз маводи интернетӣ эҳтиёткор бошед. Маълумоти мазкурро дар муқоиса бо сарчашмаҳои дигар санҷед ва вақти истифода манбаашро номбар кунед.

Мусоҳибон

Баъзан мусоҳибон ба саволҳои мо посух гуфта, ягон маълумоти ғайричашмдоштро медиҳанд, ки барои омода кардани маводи дигар замина мегузорад. Масалан, директори ТҒД ҳини мусоҳиба дар бораи фаъолияташон дар омади гап мегӯяд, ки Фонди глобалии мубориза алайҳи БПНМ, сил ва вараҷа барои соли 2010 ба Тоҷикистон 25 миллион доллар ҷудо мекунад. Шумо албатта, дуруст будани иттилои мазкурро аз вазорати тандурустӣ ва ё идораи марбута месанҷед.

Шоҳидони воқеа

Шоҳидони воқеа низ метавонанд сарчашмаи иттилоъ бошанд. Вале маълумоти онҳоро ҳатман санҷидан лозим аст. Масалан, ба гуфтаи шахси нав аз табобатхона баромада, як нафар гирифтори бемории пайдошудаи норасоии масуният вафот кардааст. Пизишкон пас аз вафоти бемор фаҳмидаанд, ки ӯ ба БПНМ гирифтор будааст. Шоҳид мегӯяд, ки чанд нафари дигар дар беморхона ба ВНМО сироят ёфтаанд. Албатта, шоҳид мутахассиси тиб нест ва ба гуфтаҳои ӯ пурра наметавон эътимод кард. Дуруст будани факти мазкурро журналист дар ҷои воқеа месанҷад.

Маводи бойгонӣ, хазинаи аудиовизуалӣ ва навиштаҳои худи журналист

Журналист барои омода кардани мавод дар бораи ВНМО ва БПНМ аз бойгонии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди ВНМО ва БПНМ, идораҳои дигари марбута, ҳамчунин бойгонии худи редаксия метавонад истифода бикунад. Маълумоти бойгонӣ ва оморӣ барои рӯшан кардани баъзе иттилоъ ё муқоиса намудани нишондиҳандаҳо кӯмак мерасонанд. Ҳамчунин журналист барои пайдо кардани маълумоти илмӣ метавонад аз китобҳои соҳавӣ низ истифода намояд. Журналисте, ки дар мавзӯи ВНМО маводи зиёд навиштааст барои муқоиса кардан метавонад аз маводи пешинааш низ истифода намояд. Албатта, дар ин ҳол маълумоти кӯҳнашударо набояд истифода кард. Ҳамчунин агар аз масъуле иқтибос меоварда бошед, ҳатман муайян кунед, ки оё ӯ ҳоло дар ин вазифааш кор мекунад.
Шумо барои омода кардани маводатон маълумоти зарурӣ ҷамъ кардед, акнун онро бояд ба забони фасеҳу оммафаҳм ба аудитория пешниҳод намоед. Дар вақти навишт ё гуфтор кӯшиш кунед, ки аз истилоҳоти душворфаҳм истифода набаред. Агар чунин илоҷ набошад, пас истилоҳи мазкурро шарҳ диҳед. Зеро на ҳар хонандаву бинанда ва шунаванда истилоҳоти мушкили тиббиро мефаҳмад. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки дар вақти пешниҳоди маводатон набояд сарлавҳаатон хушунатомез ё ваҳмангез бошад. Маводи шумо бояд дар дили хонандаву бинанда ё шунаванда раҳму шафқат, инсондӯстӣ ва дӯст доштани ҳаётро бедор кунад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: