БОЗОР ВА МАТБУОТИ ОЗОД


3 май Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод буд. Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқукии озодии матбуот ҳанӯз соли 1990 дар Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» гузошта шуда буд. Тибқи моддаи 2-юми қонуни мазкур матбуот ва дигар ВАО дар ҷумҳурӣ озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар ин нукта дар моддаи 30 –юми Сарқонуни Тоҷикистон (1994), ки Қонуни асосии ҷумҳурӣ буда ҳамаи асноди ҳуқуқӣ аз он сарчашма мегиранд, зикр гардид. Инак, дар Тоҷикистон 19 сол боз сонсури давлатӣ нест, вале чаро то ҳол мардум ақидаи худро дар ВАО озодона баён карда наметавонанд?
Сонсури сармуҳаррир
Чӣ тавре ки дар боло зикр кардем, дар Тоҷикистон сонсури давлатӣ нест. Вале дар ВАО на ҳама суханашонро озодона баён мекунанд. Сабаби ин ба ду омил иртибот мегирад: сансури худи журналист ва сонсури сармуҳаррир. Дар ҷумҳурии мо то ҳол синдроми ҷанги шаҳрвандӣ дар психологияи одамон боқӣ мондааст. Он вақт, ки силоҳдор ҳоким буд ва барои ҳар як сухани номақбул журналистро метавонистанд ба марг маҳкум кунанд, то ҳол аз ёдҳо нарафтааст. Ана ҳамин чиз, то ба ҳол журналистро ба худсонсурӣ маҷбур мекунад. Журналист, то он вақте ки маводеро барои чоп пешниҳод кунад, худ чанд маротиба сари навиштаҳояш андеша мекунад, ки чиро монаду чиро қайчӣ занад. Агар мабодо журналист нотарсу ҷасур бошад ва маводи воқеан танқидии хуберо аз рӯзгори имрӯзаи мо нависад ҳам, чопи он дар ҳамон шакл низ зери суол аст. Зеро дар пеш сонсури дигар – сармуҳаррир бо қайчии тезаш истодааст. Вай барои дифои манфиатҳои худ аз ҳеҷ чиз рӯй наметобад.
«Тағабозӣ» дар ВАО
Мутаассифона, аксари ВАО-и кишвар хусусияти маҳаллӣ ва хешу таборӣ касб кардааст. Агар бо штати кормандони ин ё он газета ошно бишавӣ, ин зуд айён мегардад. Муассис ё сармуҳаррир аз кадом маҳале бошад, аксари кормандони асосиаш аз ҳамон маҳал гирд омадаанд ва ё хешу табори ӯ мебошанд. Дар ин ҳолат албатта, ин гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки аз хати маши роҳбар берун набароянд ва он чизеро нависанд, ки ӯ тақозо мекунад. Ин ҳолат то андозае ба худсонсурии журналистон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, дар чунин редаксияҳо нафароне ҷамъ мешаванд, ки қобилият ва истеъдоди баланди журналистӣ надоранд. Албатта, дар ин ҳолат чунин ашхос аз ӯҳдаи навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидӣ намебароянд. Барои ҷолибу хонданбоб шудани нашрия муассис ва сармуҳаррири оқил мекӯшад, ки дар редаксияааш журналистони боистеъдод фаъолият кунанд, то ки газетааш серхаридор бошад. Вале, вақте ки кормандони редаксия аз рӯи мақоли «Аввал хеш, баъд дарвеш» интихоб шудаанд, худи муассис ё сармуҳаррир ба камистеъдодии хешу ақрабо ва ҳамшаҳриҳояш чашм мепӯшад. Чунин ҳолат албатта, ба мазмуну мундариҷаи нашрия таъсири манфӣ мерасонад.
Бе пул суханат асар надорад!
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки дар Тоҷикистон мавзӯи доғ нест, ки онро мавриди баррасии ҷомеа намоӣ. Ин ақида билкулл хато аст. Ҳар як қадами мо мавзӯи доғ аст. Аз хона набаромада проблемаҳои доғ шурӯъ мешаванд: Пули обро мепардозем, вале аз ҷумак оби лой мерезад. Газпулӣ пардохтаем, газ нест. Хоҷагии коммуналӣ ба ғайр аз партовро гирифтан (он ҳам шояд дар як моҳ як маротиба сурат гирад) дигар кореро анҷом намедиҳад, вале ба ғайри ин боз талаби идорапуливу ғайра мекунад, ки аз партовпулӣ чандин маротиба зиёд аст. Таҳсил ройгон аст, вале фарзандон мактабпулӣ мепурсанд. Аз хона бароӣ, проблемаи нақлиёт пеш меояд. Хулоса, зиндагии мо ҳама масъалаи доғи ҳалталаб аст. Мутаассифона, ин масъалаҳо на ҳамеша дар матбуот баррасӣ мешаванд. Агар яке аз сабаби ин ба сийсати редаксия, ки намехоҳад худро назди ҳукуматдорон бад кунад, вобаста бошад, пас масъалаи дигар ҳавасманд набудани худи журналистон аст. Онҳо ба маоши ночизе, ки ношир медиҳад, ҳаргиз сарашонро ба дард монда, масъалаҳои доғро намебардоранд. Воқеан ҳам имрӯз ноширон, кӯшиш мекунанд, ки ба маоши ночиз мухбиронро кор фармоянд. Онҳо бештар донишҷӯёнро ба кор мегиранд ва ё чун мухбири ғайриштатӣ истифода мебаранд ва дар ин ҳол ба онҳо маоши ночиз –аз 100 то 200 сомонӣ моҳона медиҳанд. Донишҷӯён, ки дигар илоҷе надоранд, маҷбуранд ба ин маош розӣ шуда кор кунанд. Ҳамин аст, ки онҳо бо ёфтани кори беҳтар тарки ин нашрия мекунанд ва ё ба навиштани маводи таърифии пулакӣ мегузаранд.
Зинда бод Интернет!
Пӯшида нест, ки дар қиёс бо матбуоти давраи бозсозии горбачёвӣ имрӯз аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва сифати маводи пешниҳодшуда матбуоти тоҷик нисбатан қафо мондааст. Аз ин нигоҳ ҳоло ҳатто баъзе нашрияҳои ҷумҳуриявӣ наметавонанд бо газетаҳои ноҳиявии ҳамон давра «Коммуна» (н. Ваҳдат», «Байрақи Ленинизм» (н. Ҳисор), «Набзи Файзобод» баробар шаванд. Албатта, ҳоло сатҳи нашрияҳои ноҳиявӣ низ паст рафтаанд. Инро метавон ба омилҳои гуногун вобаста кард. Вале омили асосӣ ин кадрҳоянд. Насли журналистони калонсол, ки он вақт дар матбуот кор мекарданд, ҳоло дар нафақаанд ва ба ҳаққи қалами ночиз, ки аксаран онро ҳам нашрияҳои хусусӣ намепардозанд, ба навиштан ҳавасманд нестанд. Насли миёнсол ва ҷавони он давра ба худ шуғли сермаош ёфта ё тарки журналистика кардаанд ва ё худ ношир шуда, ба эҷод кардан вақт надоранд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ чанд сол матбуоти тоҷик дар таназзул буд ва ин албатта, ба пароканда шудани кадрҳо мусоидат кард. Баъдан бо афзоиши ВАО талабот ба журналистон афзуд ва аз нарасидани кадрҳи баландихтисос ба журнлистика нафароне омаданд, ки таҷриба ва малакаи хуби касбӣ надоштанд. Ҳамчунин барои сарфа кардани маблағ муассисони нашрияҳои хусусӣ бар он мекӯшанд, ки бо теъдоди ками кормандон газета ё маҷалла чоп кунанд. Масалан, 20 сол қабл дар штати редаксияи ҳафтаномае, ки 16 саҳифа чоп мешуд на камтар аз 20 нафар кор мекарданд ва беш аз 15 нафари онҳо аҳли қалам буданд. Ҳоло дар чунин ҳафтанома 5-6 нафар ва аз ин ҳам камтар журналистон кор мекунанд. Ин албатта, ба паст рафтани сатҳи маводи нашрия меорад. Аз ҷониби дигар, барои ҷамъоварии фактҳо ва навиштани як мақолаи хуби таҳлилӣ баъзан ҳафтаҳо лозим аст. Журналист ҳоло чунин имконият надорад. Ӯ маҷбур аст, 3 ё 4 саҳифаи газетаро ба чоп омода кунад. Албатта, ин кори осон нест. Журналист барои саҳифапуркунӣ маҷбур мешавад ба Интернет муроҷиат кунад. Ин барои нашрияҳои русӣ осон аст. Онҳо бе ҳеҷ заҳмате аз сомонаҳои интернетӣ мавод гирифта, дар нашрияаашон чоп мекунанд. Вале кормандони нашрияҳои тоҷикӣ маҷбуранд, ки аз он ҷо маводи мақбулашро гирифта тарҷума намоянд. Албатта, на ҳама ба ин вақт доранд ва ё аз ӯҳдаи ин амал мебароянд. Ҳамин аст, ки онҳо ба сомонаи радиоҳои «Озодӣ» ва Би-Би-Си рӯй меоранд. Аксаран маводи мазкур дар матбуоти Тоҷикистон бе нишон додани номи муаллиф ва сарчашма нашр мешаванд. Бинобар пажӯҳиши мо ҳоло дар матбуоти тоҷикӣ аз 20 то 30 фоизи матлаби шумора аз сомонаи интернетӣ гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда дар матбуоти русӣ боз ҳам бештар аст.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: