Мансабдор будан осон нест!


МАНСАБДОР БУДАН ОСОН НЕСТ!
Памфлет
Рӯзи якшанбе бо ҳамсабақон дар яке аз тарабхонаҳои дараи хушманзараи Варзоб истироҳат доштем, ки сабукрави «Мерседес-600»-и сип-сиёҳ омада истод. Аз он ҷӯраи давраи донишҷӯиамон Хошоки Сабзаалӣ баромад. Ӯ моро дида рост сӯямон омад ва оғӯш кушода вохӯрӣ кард. Ба ростӣ, мо вохӯрии мазкурро интизор набудем. Зеро пас аз соҳибмансаби калон шудани Хошок байни мо дигар муносибати дӯстона намонда буд. Пас аз хатми донишгоҳ Хошоки коммунист ба кори ҳизбӣ гузашт ва дар як муддати кӯтоҳ мансабдор шуд. Пас аз истиқлолият низ Хошок аз зини мансаб нафаромад, баракс ба зинаҳои баландтар баромад. Аввал муносибаташ бо мо ҳамсабақон хуб буд, худро аз мо боло намегирифт, дар маҳфилҳои мо иштирок мекард. Вале бо гирифтани мансаби навбатӣ гуиё моро дигар намешинохт, худро канор мегирифт. Агар мабодо тасодуфан аз рӯи кор вохӯрем, бо мо расмӣ гап мезад, гӯё бори аввал медида бошад. Ин муносибати сарди Хошокро дида мо, ҳамсабақон аз ӯ риштаи дӯстӣ кандем. Барои мо дигар Хошок вуҷуд надошт. Акнун, ӯ якбора чун тарошаи аз бом афтода, дурустараш чун «Тангем» аз куҷое пайдо шуд. «Изои мӯъмин ҳаром», гуфтаанд. Хошокро сари миз хондем. Ӯ бо ҳар яки мо он чунон гарму ҷӯшон салому ҳолпурсӣ кард, ки гӯё дӯсти қиёматӣ бошад.
— Маро мебахшед, андак дер кардам, аз Маскав меҳмон доштам, то ӯро ба фурудгоҳ бурда гусел кардам, ки дер шуд. Вагарна сари вақт ба гаштак расида меомадам, — узрхоҳӣ кард Хошок.
Ҳама ҳайрон будем, ки Хошокро касе ба маҳфили ҳамсабақон даъват накарда буд, аз куҷо ӯ хабардор шудааст. Саъдулло, ки гапашро бе ибо ба рӯи кас мегуфт, ногаҳонӣ ба оши мо қатиқ шудани Хошокро тоқат накарда гуфт:
— Кадом шамол ҷаноби раисро ба сӯҳбати почалучон оварда бошад? Шамоли Файзобод-ку то ба ин ҷо намевазад. Ё ҷанобашон ғайбдонанд, магар ки аз гаштаки мо огоҳ шудаанд?!
— Мулло Саъдулло, соддаед дӯсти азиз! Дар ҳукумат кор карда аз чунин майда чуйдаҳо огоҳ набошем, номаъқул карда пули халқро мегирем? Мо бисёр чизҳоро медонем. Агар дар таги замин мор ҷунбад, хабардор мешавем.
— Воҳима накунед, Хошокбой!- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Рустам. –Дар таги замин ҷунбидани морро медонед, вале ҷунбидани худи заминро намедонед. Аҳсант ба шумо, ғайбдонҳо!- киноя кард Рустам, ки дар вақти овозаи заминларзаи моҳи январ шабро бо аҳли байташ дар ҳавлӣ рӯз карда, дар дил алами зиёд дошт.
— Мо медонистем. Ин як навъ санҷиши омодагии сохторҳои марбута дар ҳолатҳои фавқуллодда буд, — паст наомад Хошок. – Магар аз телевизор надидед, ки пас аз ин санҷиш чанд нафар масъулин аз вазифаи дӯстдоштаашон сабукдӯш шуданд?
— Биёед, бачаҳо аз сиёсат гап назанем, мо ин ҷо истироҳаткунӣ омадаем, — риштаи суханро ба дигар сӯ тоб дод, Ниёзбеки тоҷир, ки дар бозори «Корвон» чанд дӯкон дошт.
— Бе сиёсат намешавад, — луқма партофт Равшан. -Зиндагии имрӯзаи мо ҳама сиёсат шудааст. Ҳатто баланд шудани нархи пиёзу картошка низ ба сиёсат иртибот мегирад.
— Дуруст мегӯяд Ниёзбек. Биёед, як дами беғам занем. Ман бо дасти холӣ наомадаам, — гуфт Хошок ва ба сӯи мошинаш рафт. Ӯ пас аз лаҳзае ду халтаи пур аз анвои гуногуни ғизо, нӯшоба ва коняки гурҷиву вискии америкоӣ овард.
— Як маротиба одам барин истироҳат кунем,- гуфт Хошок газаку нӯшокиҳоро болои миз гузошта. Ӯ шишаи вискиро ба даст гирифта даҳони онро ба осонӣ кушод ва ба қадаҳҳои аҳли нишаст рехт.
— Мулло Саъдулло, як сухан гӯед, — хоҳиш кард Хошок.
Саъдулло, ки аз ҳузури Хошок ҳоло ҳам нороҳат буд, бадеҳатан гуфт: — Мо, ки омадем, душманон наоянд!
Пас аз ин фотеҳаи Саъдулло қадаҳҳо пайи ҳам холӣ мешуданду дастархон лайс. Ниҳоят сарҳо гарм шуданд ва Хошокро аҳли нишаст чун «бачаи худӣ» қабул карданд. Хошоки ширакайф ҳаминро интизор буд магар, ки алами дилашро пеши онҳо кушод:
— Буродарҳо, шумо мансабдоронро дӯст намедоред ва ба ин ҳақ ҳам доред. Вале моро ҳам бояд фаҳмед. Кори мо осон нест. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки мансаб ин калид ба дари утоқи кайфу сафо, майишат аст. Иштибоҳ мекунанд эшон. Мансаб пеш аз ҳама ин масъулият аст. Масъулият пеши ҷомеа. Бинобар ин ҳар як мансабдор бояд вазифаашро сидқан иҷро кунад.
— Агар ин хел мебуд, олам гулистон мешуд, — луқма партофтСаъдулло.
— Ин ҳама ободиро намебинед, магар. Андаке сабр кунед, Тоҷикистон гулистон мешавад!- гуфт омирона Хошоки Сабзаалӣ.
— Ман, ки имрӯзам бояд биҳишти нақд ҳосил шавад. «Ба ваъдаи фардои зоҳид чаро бовар кунам»,- паст наомад Саъдулло.
-Буродарони Азиз! Мо надидем, фарзандонамон мебинанд. Бояд барои дигарон зист, — посух дод Хошок.
-Мулло Хошок дуруст мегӯянд. Мансабдорон ояндаро фикр мекунанд ва ин қасру кӯшкҳоро барои набераву абераҳои таваллуднашудаашон сохтаанд. Вагарна барои худашон як хонаи панҷутоқа дар бинои «80-солагии пойтахт» басу барзиёдатист, — киноя кард Рустам, ки ба синни 50 даромада бо 5 фарзандонаш дар хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекард.
— Боз ба сиёсат мегаравед, биёед, ман суханбода мегӯям, — гуфт Ниёзбек ва аз соқӣ хоҳиш кард, ки қадаҳҳо лабрез карда шаванд. — Ҷӯраҳо, ҳар кӣ аз моли дунё чӣ дорад, ош шавадаш. Зеро барои ба даст овардани он заҳмат кашидааст. Биёед, ин қадаҳро барои он менӯшем, ки мо ҳам ба онҳо баробар шавем! Дурустараш барои баробарии мардуми Тоҷикистон!
— Барои коммунизм менӯшем, гуй, — луқма партофт Саъдулло.
Дигар касе чизе нагуфта қадаҳ бардоштанд. Хошок аз фурсат истифода карда боз лаҷоми суханро ба даст гирифт:
— Одамони бехабар гумон мекунанд, ки мансабдорӣ осон аст. Бовар кунед, ки ҳамин мансабдор шудӣ, хешу таборат зиёд мешудааст. Баъзеашонро намешиносӣ, лекин худашонро хеш гирифта ба умед дари хонаатро охурча мекунанд. Агар проблемаашонро ҳал накунӣ, ба ҳолу зорат намемонанд, хонахез меҳмонӣ меоянд. Хона ҳамеша серодам. Рафиқ занак аз пухту паз ба дод омадааст. Майлаш, инаш бахайр аст. Вале…- Хошок даме хомӯш монд, то таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба худ ҷалб намояд ва афзуд:
-Ҷун мансабдор шудӣ, муоширати ҳамкорон ҳам дигар мешавад. Зердастони тамаллуқкор пеши поят меафтанд, хушомад мезананд, дурӯғ мегӯянд, худро дӯсти вафодор вонамуд мекунанд, то барояшон имтиёзе бидиҳӣ. Дар ҳамин ҳол бояд худ ба мансабдори калонӣ хушомад занӣ, дар пешаш чорқат шавӣ, чоплусӣ бикунӣ. Вагарна дар мансаб монданат зери суол мемонад. Гумон мекунед, хушомад задану чоплусӣ кардан осон аст?!- ба ҳаяҷон омада аз миз бархост Хошок ва лаҳзае карахт монд. Ӯ ба қадаҳи худ виски рехт ва боз ба ҷояш нишаст.- Барои ин аламро аз дил берун кардан як ҷуръагӣ бояд нӯшид, гуфт ӯ ва қадаҳро ба лаб бурд. Аз ин каме таскин ёфта Хошок афзуд:
— Мансабдор шудӣ, ёру ҷӯраҳои нонӣ, маъшуқаҳои долларӣ худ пайдо мешаванд. Аз онҳо ҷои гурез нест. Ба ҳамаи ин тоқат карда, боз симои одамиро гум накардан осон нест, буродаро.
— Ҳамин худат моро ёфта омаданат аз он дарак медиҳад, ки одамгариатро гум накардаӣ, ҷӯра, — гуфт Ниёзбек дар тақвияти суханони Хошок.
-Хунаш вайрон нашуда будааст,- гуфт ширакайф Орифи шоир, ки то ҳол хомӯш менишаст. Ӯ одат дошт, ки пас аз 150 грамм арақ нӯшидан ба олами хаёлот ғӯтавар мешуд ва дар диёри орзуҳо парвоз мекард. Ҳоло суханони Ниёзбек Орифро ба худ оварда буд. – Бачаҳо қадаҳи навбатиро барои дӯстии абадӣ менӯшем. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Дӯстӣ бимонад ҷовидон!». –Бардоштем, -гуфт Ориф ҷомро ба лабонаш бурда.
-Ташаккур, дӯстон, ки маро бегона намехонед, фаромӯшам накардаед,-хушҳол гуфт Хошок.
-Мо худатро фаромӯш накардаем. Вале ту моро, ки вақти донишҷӯӣ як бурда нонро ба ҳам медидем, фаромӯш карда будӣ. Аз вохӯрӣ бо мо канораҷӯӣ мекардӣ. Дидори мубораки туро мо танҳо дар телевизор медидем, — алами дил кард Саъдулло.
Буродаро, шумо, ки корафтода нашудаед, намедонед. Аз дасти мухбирони шилқини телевизион халосӣ нест. «Раис шуморо дар телевизион нишон додан даркор», гуфта ҳар сари чанд вақт занг мезананд ё ба идора меоянд. Ночор розӣ мешавам, зеро агар дар телевизон нишон надиҳанд, вазир гумон мекунад, ки мо кор намекунем. Набошад, ман ҳеҷ орзуи телезвезда шудан надорам. Ҳа, фаромӯш накунед, ин чеҳранамоӣ ройгон нест. Мухбиру наворбардорро «ба як пиёла чой» даъват карда боз ба кисаашон чанд пули дигар «роҳпулӣ» додан лозим аст, вагарна вазир ҳам бошӣ, симоаатро дигар дар телевизион намебинӣ.
Ҳар чӣ бошад ҳам, телевизион мо, мансабдоронро ба мардум наздик мекунад. Вагарна кӣ моро мешиносад. Ана, ҳамин заҳмати мухбирони телевизион аст, ки ҳоло маро ҳама мешиносанд, ба қавле шахси публичный шудаам ва дигар ягон ҷо рафта намешавад. Баъзан мехоҳам ба бозор рафта хумори дил шиканам, бо фурӯшандаҳо савдо кунам, нархро арзон карда, маҳсулоте харам, лекин ҳама мешиносанд ва бо ангушт нишон медиҳанд. Савдогарон маро шинохта мансабдори серпул гумон мекунанд ва нархи маҳсулоташонро қимат мегӯянд. Ман ноилоҷ онро мехарам, вагарна боз «зихна будааст», гуфта санги мамломатам мезананд. Барои ҳамин ҳам худ ба бозор намеравам. Аз ронанда ё ягон зердастам хоҳиш мекунам, ки бароям харид кунад. Ба тарабхона ҳам равӣ, пешхизматон фиреб мекунанд, агар ба 300 сомонӣ ғизо хӯрӣ, ҳатман ба 400 сомонӣ хатҳисоб меоранд, ки ин нисфи маоши ман мешавад.
— Маошат ин қадар кам бошад, чаро тарабхона меравӣ? – суол кард Рустам ва афзуд: — Мо барин ба карамшӯрбои ошхона қаноат бикун.
-Дар тарабхона ғизо нахӯрам, маро зердастон намефаҳманд. Этикети мансабдорӣ ҳаминро тақозо мекунад,- посух дод Хошок.
— Маошат кам бошад, пас аз кадом ҳисоб зиндагиатро пеш мебарӣ? –ҳайрон пурсид боз Рустам.
Хошок хомӯш монд, намедонист чӣ гӯяд. Агар гӯяд, ки чанд фирма дорад ва аз даромади он майишаташро ба роҳ мондааст, ҳамсабақонаш намефаҳманд. Зеро мувофиқи Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба тиҷорат машғул шудани ӯ мумкин нест.
Хомӯш мондани Хошокро дида Саъдулло луқма партофт: — Мансаб, ки гирифтӣ, Худо худаш медиҳад.
— Худо меҳрубон аст,-ғурунгид Хошок пораи кабобро ба даҳон бурда.
— Одамон гумон мекунанд, ки аз дасти мо — мансабдорон ҳама кор меояд, боз алами дил кард, Хошок. — Иштибоҳ мекунанд. Масалан, мансабдор шуда, писари ягонаатро бо «Лексус»-и наваш ба дарс рафтан намонанд ва ту барои ҳалли ин масъала ягон кор карда натавонӣ, алам намекунад? Сахт алам мекунад.
— Барои ҳамин ҳам ғам мехӯрӣ?- тасаллӣ дод Ниёзбек.- Ин масъала кирои гап ҳам намекунад. Писари ман ҳам бе мошин ба донишгоҳ меравад, агарчи «Мерседес»-и наваш харидаам.
— Писарам, мегӯяд, ки ота, чӣ хел мансабдорӣ, ки аз дастат ягон кор намеояд? Ман намедонам, ба писарам чӣ посух диҳам. Охир, мо ҳам одами хокием, иҷрои ҳама корро наметавонем, — маҳзунона гуфт Хошок ва афзуд:
— Ҷӯраи ҷонам бошед, шумо азоби мансабдориро намедонед ва барои ҳамин ҳам моро сарзаниш мекунед. Масалан, фақат ҳамин дар пеши мардум моро танбеҳ додани вазир чӣ азоб аст, медонед? Намедонед. Дар ҷаласаҳо, вақте чун мактаббача рост мемонанд ва бо сари хам танбеҳи вазирро сурху сафед шуда гӯш мекунӣ, осон аст? Баъзан чунин маҷлисҳоро аз телевизион на танҳо 7 миллион аҳолии Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони дунё тамошо мекунанд. Дар ҳамин хел ҳолатҳо мехоҳӣ, ки замин кафаду дароӣ. Вале «замин сахту осмон баланд аст».
-Ҳоло ҳам дер нашудааст, аз мансаб бирав Хошок, -гуфтам ман, ки то ин вақт хомӯш ба сӯҳбати ҳамсабақони ширакайфам гӯш медодам.
— Не, бародар. Намешавад. Аз мансаб равӣ, хору зор мешавӣ, дигар касе саломат намедиҳад, эҳтиром намекунад. Билохира ба ин азобҳо тоқат накарда инфаркт мешавӣ, — гуфт Хошок бо алам. Беихтиёр дар чашмони ӯ ашк ҳалқа зад.
Ба арзи дили Хошок ва шашқатор шудани ашки чашмонаш, ба рӯйи аз ғаму ғусса чун арғувон сурх шудаи ӯ раҳмам омад ва аз чашмони ман ҳам беихтиёр ашк ҷорӣ шуд.
-Бубахш, дӯсти азиз! Мо ҷӯраҳо ин азоби туро намедонистем, вагарна ҳеҷ маломатат намекардем, — гуфтам ман.

Ҷовид Муқим, узви маҳфили «Ҳамсабақон»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: