ИШҚИ ДЕРОМАДА

ҶОВИД МУҚИМ

ИШҚИ ДЕРОМАДА

Душанбе 2008

ББК тоҷик

Ҷовид Муқим. Ишқи деромада.- Душанбе: Озар, 2008. – 120 с.

Муҳаррир: Саъуллоҳи Ҳайдар

Дар маҷмўаи мазкур қисса ва ҳикояҳои ба тозагӣ эҷод кардаи муаллиф гирд оварда шудаанд, ки бардошти ў аз зиндагии имрўзи мардум аст. Ҳодисаҳое, ки дар китоб нақл карда мешаванд, маҳсули тахаюли нависандаанд, вале онҳо дар зиндагии воқеӣ низ ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамонони китоб хеле табиӣ рўи коғаз омада, таваҷҷўҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Китоби «Ишқи деромада» барои доираи васеи хонандагони аз синни 17-сола боло пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкур бо маблағи муаллиф чоп шудааст.

ISBN

© Ҷовид Муқим, 2008.

ҲАЙКАЛ
Ҳикоя

Моҳи июл, вақти тасфи тобистон буд. Як гурўҳ истироҳаткунандагони Осоишгоҳи «Баҳри тоҷик» дар Сирдарё оббозӣ доштанд.
-Ҳой бачаҳо! Канӣ дур истед!- ба наврасони оббозӣ карда истода нидо кард, ҷавони ҳузарб, ки бо чанд каси дигар марди тануманди девҷуссаро ҳамроҳӣ менамуд.
Девҷусса ҷуволи пурбори росткардаро мемонд, ки ҳар лаҳза аз гаронии вазнаш ба тарафе моили афтидан буд. Ўро ду нафар аз шариконаш дошта аз зинапояҳо поин шуданд. Девҷусса пой бар лаби дарё монд. Зинапояҳо, ки ба дарё поин мешуданд, лағжонак буданд. Баногоҳ пойи девҷусса лағжид ва ў ба дарё сарозер шуд. Он ду нафаре, ки дастонашро дошта буданд, низ ба вазни даҳпудаи девҷусса тоб наоварда ба об афтоданд. Девҷусса шиноварӣ намедонист ва дар ин пастоб низ аз бардошта натавонистани вазни худ эҳтимоли ғарқ шудан дошт. Ин ду нафар ҷуволи пурбори девҷуссаро рост карда наметавонистанд. Инро дида ду ҷондори дигар худро бо либосҳояшон ба об партофтанд. Чор нафар бо як азоби алим девҷуссаро бар пой монданд. Акнун ў ба пояш устувор буд ва ду нафар аз ҷондоронаш, ки бо либос худро ба баҳр партофта буданд аз об берун шуданд. Онҳо либосҳои худро кашида офтоб карданд, то андаке бошад, ҳам намашон парад.
-Падарлаънати гов безор кард: ҳар бегоҳ пас аз масти аласт шуданаш мегўяд, ки ҳатман пагоҳ ба хона бармегардем. Вале чун субҳ ҳушёр шуд, аҳди худро фаромўш мекунад, -лаб ба шиква кушод яке аз ҷондорон ба шарики худ.
-Дарвоқеъ, хуни ҷигар кард,- гуфтаҳои шарикашро тақвият бахшид дуввумӣ .- Аз дасти ин хук ягон лаҳза оромӣ надорем. Аз кор нагирифтанаш, ки халос шавем.
Дар ин вақт девҷусса то миён даруни об рост меистод ва аз худ ягон ҳаракат зоҳир наменамуд. Ў ба ҳайкале шабоҳат дошт, ки миёни об насб кардаанд.
Ба оббозӣ омадани девҷусса ва бо ҷондоронаш сарозер ба дарё афтидани ў таваҷҷўҳи атрофиёнро ҷалб карда буд. Мавзуна, ки бо дугонааш Латофат дар соҳил офтоб мехўрданд, аз ин амали девҷусса чизеро намефаҳмид: ў оббозӣ мекунад, ё даруни об рост меистад? Агар оббозӣ мекунад, ин чӣ оббозӣ аст? Агар рост меистад, аз ин чӣ суд?
Мавзуна дар яке аз барномаҳои «Олами ҳайвонот»-и Телевизиони Русия дида буд, ки говҳо дар ин кишвар худро даруни дарё андохта аз тасфи ҳаво эмин мешаванд. Ин ҷо тафовут аз девҷуссаву говҳо дар он буд, ки говҳо қариб тамоми танашонро дар об пинҳон мекарданд. Ў бошад, танҳо то миён даруни об буд.
Пас аз чанде девҷусса ба ҳаракат даромад ва пой ба сўи соҳил монд. Ў аз об баромада, дар соҳил ҳайкал шуд. Ин ҳайкале буд, ки бо он кўдаконро тарс дода мешуд. Ин мард воқеан ҳам, тани дағал дошт: Сари калони ў дар гардани кўтоҳаш гўиё кафшер шуда буд. Ҳамин буд, магар ки ў базўр сарашро тоб медод. Ишкамаш ишками шутури ҳомиларо мемонд ва он то зонуяш фаромада мардиашро мепўшонид. Девҷусса тагэзори хонапўшии сафед дошт, ки он ба думбаи фарбеҳаш часпида буд.
Мавзуна ин ҳоли девҷуссаро дида ба муҳофизони соҳилбудаи ў шунавонида гуфт: — Ин падарлаънати ҳаромро бинанд-а, тагэзори дуруст надораду ба оббозӣ меояд. – Пасон ба Латофат бо овози паст афзуд: — Ҷондоронаш то бо ин тани бесулуқай овора шудан мемуранд, ки як тагэзори дуруст харанд ва пеши мардум шармандааш накунанд.
— Шояд ҷондорҳо думбаи шефашонро ба тамошо монда, пул кор карданӣ мешаванд, — шўхиомез гуфт Латофат.
Девҷусса магар ин сўҳбати дугонаҳоро эҳсос кард, ки базўр сарашро сўи онҳо гардонид. Ду зани миёнсоли зебо яке мавзуну дигаре чун худи вай ишкамкалон сўяш менигаристанд. Зани мавзунқомат мақбулаш шуд. – Ана ҳами химчамиёнша гапзанон кунен ба шаба, чанд пул буга метем,- амр намуд ў ба ҷондоронаш.
-Хуб шудаст, раис,- гуфт ҷондор ва афзуд:- Беваҳо ин ҷо мардакёбӣ омадагӣ . Ҳалуш мекунем.
Мавзуна ба сўяш нигоҳ кардани девҷуссаро дида, сўи ў песонид ва рўяшро тоб дод. Инро ҷондорон дида дудила шуданд, магар чунин зан ба ҳамхоба шудан бо ғўл розӣ мешавад?
— Раис, ин кампирҳоро чо мекунед? Ҳозир телефон мекунам, аз Қайроққум нозанинҳои паризодро меоранд, ки на шуморо мешиносанду на моро. Инҳо агар шиносанд, хуб намешавад,- гуфт яке аз ҷондорон, ки чунин шаҳватхоҳии девҷусса ба ҷонаш оварда буд.
-Майлаш, зуд телефон кун!-амр дод девҷусса.
Ҷондорон ба либоспўшии шефашон кўмак карда, ўро дар хараки соҳил шинонданд.
— Ин дев бо ишками калонаш бо занҳо чӣ хел хоб мекарда бошад? Дар таги шикамаш ягон чиз бошад? – пурсид Латофат аз дугонааш.
— Ман аз куҷо донам? – посух дод Мавзуна ва бо киноя аз ишкамкалонии дугонааш афзуд: — Шавҳарат бо ту чӣ хел хоб меравад?
— Намурдӣ . Ба ин ту чӣ кор дорӣ ?
— Ту ҳам чӣ кор дорӣ ба ин мард, ки аз ман мепурсӣ ? Агар ин ба ту рағбатовар бошад, рав аз худаш пурс.
— Ман ҳамту гуфтам.
Девҷусса дар зери соябон аз нурҳои офтоб паноҳӣ ёфта, нақшаи майишати шабро тарҳрезӣ мекард. — Саидхон телефон кардӣ ?- пурсон шуд ў аз ҷондораш.
— Бале, пас аз ним соат меоянд.
— Онҳоро аввал дар дарё чарх занондан даркор, то ки ишқи мо табиӣ шава. Яку якбора ба ҷогаҳ барем, хуб намеша. Набоша, аз паси ёфтани катер шавен,- амр намуд девҷусса.
Пас аз чанде як ҷавони ҷингиламўй 4 нафар духтари сабукпойро ба пеши девҷусса оварда барои интихоб пешниҳод кард.
— Ана, ин малламўй ва ҳо ана вай гандумгунуш меша,- ду духтари 18-20-соларо интихоб намуд девҷусса ва афзуд: -Пагоҳ соати 8-и саҳар омада мегиришон.
-Хуб раис, -гуфта таъзим кард ҷингиламўй.
— Агар шаб нағз кор накунан, раисатро гўшмол метем, фаҳмидӣ бача, -таъкид кард девҷусса.
Латофат, аз тамошои ин манзара рамуз бурд, ки барои девҷусса фоҳиша оварданд. – Ин дев болои ин духтарони нозукҷусса барояд, тоқат мекарда бошанд?- суоломез пурсид Латофат аз дугонааш Мавзуна.
— Тоқат мекардиян, ки омадиян. Ба ту чӣ ? Ҳавасат рафт чӣ ?
— Э, намурӣ ту. Аз гапҳои хунукат намондӣ .
-Мон ин гапҳорову спектаклро тамошо кун! — ба сўи дарё ишора карда, хитоб намуд Латофат.
Девҷусса ба катер савор шудан мехост, вале бо вазни даҳпудиааш ин ба вай даст намедод. Ду нафари ҷондоронаш катерро медоштанд, то ки аз ҷояш наҷунбад. Ду нафари дигарашон дар соҳил ўро эҳтиёт мекарданд, то ки наафтад. Аҷибаш ин буд, ки он ду духтари сабукпой пешакӣ ба катер савор шуда аз дасти девҷусса мекашиданд, то ки вай низ савор шавад. Ин ду духтар албатта, вазни девҷуссаро бардошта наметавонистанд. Худи ў бошад, базўр пояшро мебардошт. Агар дар ҳамин ҳолат мабодо катер ҷунбад, девҷусса ба дарё меафтод ва ин ду духтарро низ бо худ ба об мекашид. Ниҳоят бо як азоб девҷусса ба катер савор шуд ва он ба ҳаракат даромад.
— Мабодо катер аз вазни ин дев чаппа шавад, ў чӣ кор мекарда бошад? – пурсон шуд Латофат.
— Оббозиро намедонад, ғарқ мешавад ва ин ҷондоронаш ўро халос карда наметавонанд,- гуфт Мавзуна ва афзуд: — Бало ба пасашон, боз ғами ҳамихелакоя мехўрем? Ҳозир ин хел ишкамкалонҳо пур шудагӣ . Рафтем, пас аз чанде вақти шомхўрӣ мешавад.
Ба аз осоишгоҳ баргаштани Мавзунаю дугонааш қариб як моҳ гузашт. Як шом дугонааш Латофат ба ў занг зад:
— Дугона, канали якумро мон.
— Хуб, чӣ шудааст?
-Девро мебинӣ .
-Кадом девро?- ҳайрон пурсид Мавзуна.
— Ҳамонеро, ки дар осоишгоҳ дида будем.
— Ҳа-а, ҳозир, — гуфт Мавзуна ва тугмачаи шабакаи аввалро пахш кард. Телевизион гузоришро аз ҷараёни маҷлиси васеи ҳукумат пахш мекард. Девҷусса мисли дигарон дар гармии 40-градусаи чиллаи тобистон костюм пўшида буд ва гарданбандашро таранг баста, дар раёсат менишаст.
— Дидӣ ? Болонишин аст. Ягон вазифаи калон дорад, — садо омад аз телефон.
— Шояд, ҳоло замони ҳаминхелакҳо омадагӣ . Афташ хушк шавад, -гуфт ба нафрат Мавзуна ба дугонааш ва телевизорро хомўш кард.

Хоҷа Оби Гарм, 14-16 августи соли 2007.

ҚАҲРИ МОДАР
Ҳикоя

— Бибӣ , бибӣ ! Ба хонаи тағоям меравед?- пурсид Садоқат гўшии телефонро болои миз гузошта.
— Чӣ , ҷони бибӣ ? – нафаҳмида суол кард кампири Саодат.
Гўшҳои кампир вазнин шуда буданд. Ба қавли ў гўшҳояш баъзан хуб мешунаванд ва баъзан қуфл мезананд. Ҳоло кампир хуб намешунавид. Бинобар ин наберааш Садоқат наздиктар рафта ба бибиаш гуфт:
-Тағоям занг зада мепурсанд, ки ба хонаашон меравед? Мехоҳанд, ки омада шуморо баранд.
— Не, намеравам. Пурс, ки чӣ ҳол дорад? Зану фарзандонаш сиҳатанд? Намераванд гўй, бачам.
Садоқат ба назди телефон баргашта гўширо бардошт ва ба тағояш посухи бибиашро расонд.
— Чаро бибиат ба хонаи ман рафтан намехоҳанд? – пурсид тағо аз ҷиян.
— Намедонам. Намеравам мегўянд.
— Боз ман пагоҳ он касро ба хона оварданӣ будам. Мехостам, ки дар Иди Наврўз бо ҳам бошем.
— Бибиам ба хонаи шумо рафтанӣ не. Агар сабабашро донистан хоҳед, худатон омада пурсед, — гуфт Садоқат ва гўшии телефонро монд.
Аз ин иқдоми бибӣ худи Садоқат низ ҳайрон буд. Инро магар кампир фаҳмид, ки набераашро наздаш хонд:
— Ҷони бибӣ , биё, наздам шин!
Садоқат ба назди кампир омада дар кўрпачаи рў ба рў нишаст ва гўшу ҳуш шуд.
— Бачам, ман аз тағоят хафа. Писар шуда, ду моҳ боз ақаллан боре ҳам ба суроғам наомад.
-Бибӣ , тағоям серкор. Ба як вазорати калон роҳбар, — тағояшро пуштигирӣ кард Садоқат.
— Чӣ дигар вазирҳо модар надоранд? Ё вазифа аз модар болотар аст?! Дар таги пояш ду мошин. Агар дилаш ба мошини худаш нашавад, мошини идора ҳаст. Агар мехост дар як рўз даҳ маротиба ҳам метавонист биёяд. Агар наояд, телефон карда мепурсид. Ин ҳамааш баҳона. «Агар дил сўзад, аз чашми кўр ҳам ашк мерезад», мегўянд.
Садоқат хомўш буд. Намедонист ба ин ҳарфҳои бибиаш, ки рост буданд, чӣ гўяд.
— Аслан айби худам. Пас аз марги бобоят вайро гуфта, ман, беваи 27-сола дигар шавҳар накардам. Бо нўги сўзан ўро калон кардам. Худам нимсер мегаштаму луқмаи ёфтаамро ба ў медодам, то худро аз дигарон кам надонад. Бо сад азобҳо ўро хонондам, то ки одам шавад. Ана, ҳоло одами калон шудааст, вале модарашро фаромўш кардааст, — рози дил кард кампири Саодат.
— Ба ёдат бошад, дар Иди занон – 8 март ҳамаатон маро табрик кардед. Набераву абераҳои духтарӣ маро фаромўш накарданд. Ҳатто абераам- Фаридун аз Кўлоб ба табрикам омад. Вале писари яккаву ягонаам маро фаромўш кард. Шояд он рўз ў табрик кардани занашро фаромўш накарда бошад, — гуфт кампир ва лаҳзае хомўш монд.
— Ба ман тўҳфаи вай даркор не, — алами дил кард бибӣ ба наберааш. — Дар ин синну сол ба ман чизе лозим нест. Ақаллан ҳамон рўз, ки истироҳат буд, омада аз ҳолам пурсон мешуд, сарам ба осмон мерасид. Вале вай ёди модари пири муштипараш накард. Акнун маро ба хонааш даъват мекунад. Не, ман дигар ба хонаи вай намеравам. Худо умрашро дароз кунад, дигар ба хонаи вай қадам намегузорам. Агар ҳамин рафтораш бошад, ба ҷанозаам ҳам мумкин наояд. Шояд рўзи ҳафтам чун меҳмонони раҳдур биёяд, — гуфт кампир ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
— Бибӣ , барои ҳамин ҳам зиқ мешавед? Чӣ тағоямро намедонед? – тасаллӣ дод кампирро Садоқат.
— Мани гўл гумон кардам, ки вазир шуда ақлаш даромадагист. Пурмеҳру бошафқат шудагист. Майлаш, бигзор маро ёд накунад! Сараш аз санг бошад. Худо барори корашро диҳад! Ман аз вай хафа не, — гуфт кампир ва афзуд: — Бачем, хез аз пайи корат шав. Бегоҳ мешавад. Хўрок паз. Вақти аз кор омадани шавҳарат ҳам наздик шуд. Шавҳаратро эҳтиром бикун. Вай инсони хуб.
— Майлаш, зиқ нашавед, — гуфт Садоқат ва аз ҷой бархост, то ки ба ошхона рафта хўрокпазиашро идома диҳад.
Кампир танҳо монда ба дунёи фикру хаёл рафт. Ў ҳеҷ гоҳ аз писараш ба касе чунин алам намекард. Умедҷон фарзанди кенҷагӣ , эркаи модар буд. Ба ў Умедҷон ном монданд, то ки умеди хонадон бошад. Саодат то ба ҷанги Гирмон рафтани шавҳараш соҳиби ду духтар шуда буд. Соли 1943 шавҳараш Мирзо Сафар, ки директори мактаби деҳа буд, ихтиёрӣ ба фронт рафт. Саодат азоби зиёде кашид, саробонии хусуру хушдоман ба дўшаш буд. Ба шогирдон дар мактаб дарс мегуфт ва вақтҳои холиаш дар қатори дигарон дар саҳро кор мекард. Дар ин солҳо духтарчаи хурдиаш гул баровард ва ба он тоб наоварда вафот кард. Он вақт чунин мусибат ба сари аксари мардум омада буд. Яке шавҳар, дигаре фарзандашро дар ҷанг талаф медод. Дар ақибгоҳ ҳам бисёр одамон аз гуруснагӣ ва бемориҳо мефавтиданд.
Мирзо Сафар пас аз ду соли ғалаба, соли 1947 аз аскарӣ баргашт. Пас аз як сол писарашон Умедҷон таваллуд шуд. Хушбахтии оила дер давом накард. Аз байн се сол гузашта буд, ки Мирзо Сафар нобаҳангом вафот кард. Духтурон гуфтанд, ки ў сактаи дил шудааст ва ин албатта, осори ҷанг мебошад. Саодат дигар шавҳар накард. Ҳаёташро ба фарзандонаш бахшид. Кўшиш мекард, ки онҳо аз дигарон кам набошанд, худро ятим эҳсос накунанд. Ҳар чӣ меёфт, сарфи онҳо мекард. Махсусан, ба писараш таваҷҷўҳаш бештар буд. Кўшиш мекард, ки ў хуб таҳсил кунад. Умедҷон мактаби деҳаро бо медали тилло хатм кард ва барои таҳсил ба Душанбе рафт. Ў ба донишкадаи техникӣ дохил шуда бо баҳои аъло таҳсил мекард. Маъмурияти донишкада ин қобилияти Умедҷонро ба назар гирифта, ўро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи техникии Маскав фиристод.
Чун духтараш Бибисоро омўзишгоҳи омўзгории ноҳияро хатм кард, ўро ба гаҳворабахшаш ба шавҳар дод. Бибисоро панҷ духтар таваллуд кард ва ҳамаи духтаронашро ба шавҳар дод. Вале аз дасти набераҳояш як пиёла об ҳам нанўшида вафот кард. Ў нав ба панҷоҳумин баҳори умраш расида буд. Саодат ба марги ҷигарбандаш сўхта обу адо шуд. «Наход модари 70 — сола зинда бошаду духтар бимирад»,- наҳва мекашид кампир. Инак, аз вафоти ҷигарбандаш 15 сол мегузарад. Духтараш Бибисоро дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард ва нигоҳубини модарро ба дўш дошт. Пас аз вафоти ў кампир яккаву танҳо монд. Писараш Умедҷон дар Душанбе зиндагӣ мекард ва аз аҳволи модараш дар ду –се сол ягон маротиба хабар мегирифт. Ин ҳам бошад, агар бо тақозои кор гузараш ба ноҳия афтад, ба муддати кўтоҳ ба аёдати модараш меомад. Аз ҷиҳати моддӣ писар модарро дастгирӣ намекард. Агар ягон вақт рўсарӣ ё матоъ барои курта орад, ин баландтарин ҳиммати ў маҳсуб мешуд. Кампир аз ҳисоби боғ ва гови дўшоаш зиндагиро базўр пеш мебурд. Нафақааш барои хариди нони якҳафтаина ҳам намерасид. Ў шукр мекард, ки набераҳояш ва хоҳарзодаву додарзодагонаш кўмакаш мекунанд. Агар ба умеди писари ягонааш Умедҷон мешуд, кайҳо аз гуруснагӣ вафот мекард.
Кампир хотираҳояшро варақгардон карда зиқ шуд ва барои ҳавохўрӣ ба айвон баромад. Ў назди тирезаи кушодаи айвон нишаста чашм ба теппаҳои атрофи шаҳр бурд. Ҳама сабзу хуррам менамуд, табиат дар ҳукми баҳор буд.
«Шукри Худо, ки ба баҳор расидам», андеша кард кампир. Ба баҳор расиданро пиронсолон беш аз ҳама интизор мешаванд. Ҳар қадар кўҳансол шавӣ , ҳамон қадар зиндагӣ ширину гуворо менамояд. Мехоҳӣ , ки боз як солаки дигар зиндагӣ бикунӣ , тўйи набераи хурдиатро бубинӣ . Чун сол пур мешавад, мехоҳӣ , ки акнун арўсии абераатро ҳам бубинӣ . Зиндагӣ ҳамин аст. Вагарна чунин дилкашу гуворо намебуд.
«Дар пеш гармӣ . Иншоолоҳ, акнун то зимистони дигар мерасам», ба худ меандешид кампири Саодат. Ў чашм болотар аз теппаҳо бурд. Қаторкўҳи Ҳисор ҳанўз ҳам аз нима боло пурбарф буд. «Ҳоло барф бисёр. Шояд ағба маҳкам бошад, набераҳо дурўғ намегўянд. Туннел сохтем, роҳ тамоми сол кушода меистад, гуфта дағдаға карданд, вале бо боридани як барфи калону фаромадани тарма роҳ маҳкам шуд. Ин ҳама воҳима ба кӣ даркор! Чаро домани мардумро бо чормағзи пуч пур мекунанд? Агар медонистам, ки роҳ маҳкам мешавад, ҳаргиз намеомадам ба Душанбе», фикр мекард кампир.
Охири тирамоҳи соли гузашта буд. Кампири Саодат намози бомдодро хонда акнун дар чойники электрикӣ об меҷўшонид, ки барқ хомўш гардид. Кампир ҳайрон монда, намедонист чӣ кор кунад? Барқ нест, газ нест. Плитаи карасинӣ бо салярка базўр дуд карда месўзад. Дар оташдон об ҷўшонад, ҳезумаш кам. Барои зимистон сарфа мекунад онро. Ҳамин вақт наберааш Рафоқат, ки дар гузари ҳамсоя зиндагӣ мекард, аз дар даромад:
— Ҳа, бибӣ , чӣ ҳайрон истодаед?
— Чой ҷўшонам гўям, барқ хомўш шуд. Беинсофҳо ҳамагӣ ним соат барқ доданд, — шиква кард кампир.
— Бибӣ , бо ин аҳвол дар деҳа дигар зиндагӣ карда намешавад. Дар як шабонарўз ҳамагӣ 2-3 соат барқ медиҳанд. Асрҳои миёна шудааст. Он вақт мардум барқро намедонистанд, ба чароғи сиёҳ одат карда буданд. Ҳоло барқ нест, зиндагӣ нест.
— Чӣ кор кунем, бачам. Замин сахт, осмон баланд.
— Либосҳоятонро гиред, ба Душанбе меравем.
— Чӣ хел ба Душанбе?
— То зимистон баромадан дар шаҳр меистем. Он ҷо светро намекушанд.
— Дар шаҳр хона надоред, дар куҷо меистед?
-Як хонаро иҷора мегирем. Бибӣ ғами инро нахўред. Ҳамааш ҳал шудагӣ . Домодатон як хонаи сеҳуҷрагиро иҷора гирифтааст.
— Бо кадом пул дар шаҳр зиндагӣ мекунед? Он ҷо ҳама чизро мехарӣ .
— Медонед, ки дар деҳа зимистон кор нест. Домодатон мошинашро таксӣ карда мусофиркашӣ мекунад. Рўзамон мегузарад.
— Гову молатон чӣ мешавад? Онҳоро ба шаҳр намебаред-ку?
— Хонаро ба авсунам супоридам. Ў нигоҳ мекунад.
— Майлаш, рав бачем, — даст ба дуо бурд кампир.
— Бибӣ , ман барои бурдани шумо омадам. Шуморо ҳам бо худамон мебарем.
— Не, ҷони бибӣ . Ман ба шаҳр намеравам. Ман он ҷо зиндагӣ карда наметавонам.
— Бибӣ , мо шуморо ин ҷо танҳо монда намеравем. Кӣ ба шумо нигоҳ мекунад?
— Додарзодаву хоҳарзодаҳоям. Худо умрашонро дароз кунад.
— Бибӣ , онҳо ҳар рўз наметавонанд аз ҳоли шумо хабар гиранд. Онҳо ҳам хонаву дар доранд, ба кори худ овораанд.
— Не, ман намеравам. Боз дар шаҳр намурам. Мурдаам аз ҳамин хонаи аҷдодӣ барояд.
— Бибӣ , бо мо равед, бо ҳамин баҳона набераҳои дигаратонро ҳам хабар мегиред. Ба хонаи тағоям ҳам меравед. Ба шаҳр нарафтанатонба ҳам ягон даҳ сол шудагист.
— 11 сол шуд. Ба хатнасури абераам Ардашер рафта будам, — аниқ ба ёд овард кампир ба пириаш нигоҳ накарда. Синни кампири Саодат ба 85 расида бошад ҳам, сиҳатиаш хубу хотирааш қавӣ буд. Дар ин синну сол аксари кўҳансолон хотирпарешон мешаванд ва бе кўмаки касе ба ҷойи дур рафта наметавонанд. Вале кампири Саодат худ пиёда метавонист аз ин тарафи деҳа ба канори дигари деҳа равад. Ў чун кампири оқилаву доно сари сабади маъракаҳои деҳа буд. Ягон маърака бе иштироки кампири Саодат намегузашт. Ҳамагон ўро дўст медоштанду эҳтиром мекарданд, зеро ба аксари ҳамдеҳагон ҳаққи устодӣ дошт.
— Ин қадар соли зиёд шудааст. Бо ҳамин баҳона як шаҳрро ҳам мебинед, — кампирро ба сафар розӣ кунониданӣ мешуд Рафоқат.
— Бачам, маро ба ҳолам мон. Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам.
— Бибӣ , мошин тайёр. Бо мо меравед ва ягон ҳафта меистед. Агар маъқул нашуд, боз домодатон оварда мемонад.
— Аниқ боз маро ба деҳа меорад?
— Бибӣ , наход ман дурўғ гўям. Ҳамин ки шаҳр ба дилатон зад, домодатон бо мошинаш оварда мемонад. Дигар зимистон роҳ баста намешавад. Имсол туннел тамоми сол кушода.
— Майлаш, ин тавр бошад, меравем. Биё, ба ман кўмак кун, барои абераҳо савғотӣ гирам,- гуфт кампири Саодат. Онҳо ба анборхона даромаданд. Кампир як халта ғулинги сарачин ва як халта чормағзро аз байни захираҳои зимистонааш ҷудо карда гуфт:
— Боз ягон қуттӣ себу нок ва ягон ду халта картошка гирем, мешавад.
— Бибӣ , ҳамаи ин дар мошин намеғунҷад. Ҳамин ғулингу чормағзро гиред, бас. Мо ҳам ғулингу мева ва картошка гирифтаем.
Ҳамин тавр, кампир ба Душанбе омад ва дар давоми як ҳафта ба хонаи чаҳор набераи дигараш, ки дар шаҳр сукунат доштанд, меҳмон шуд. Ба хонаи писараш, ки 11 сол боз нарафта буд, низ омад. Ўро келину набераҳояш хуш қабул карданд, вале ў аз ду рўз бештар он ҷо истода натавонист. Худро дар ин оила бегона медонист. Маълум буд, ки набераҳои писариаш ба ў меҳр надоранд. Аз писараш хоҳиш кард, ки ўро ба хонаи наберааш Рафоқат бурда монад, то ки бо домодаш ба деҳа баргардад.
Насиби ба деҳа баргаштанаш набудааст. Мегўянд, ки тарма фаромада чанд мошин таги он мондааст. То тоза кардани тарма роҳро баста эълон кардаанд. Ба гуфти домодаш боз чанд маротиба тарма фаромадааст ва акнун танҳо баҳор роҳ кушода мешавад. «Ҳамин маҳкам шудани роҳ сабаб шуду ба деҳа нарафтам, вагарна дар зимистони қаҳратуни имсола аниқ мемурдам», ба худ меандешид кампир.
Воқеан ҳам, зимистони имсола сард омад. Чунин хунукии бардавом дар ин 40 соли наздик нашуда буд. Мардум, ки ба ин гуна хунукӣ омода набуданд, азоби зиёд кашиданд. Дар деҳот беш аз ду моҳ умуман барқ набуд. Ба гуфти наберааш Рафоқат, ки аз телевизор шунидааст, аз хунукӣ одамони зиёде мурдаанд. Аз деҳаашон ҳам чанд нафар пиронсолон вафот кардаанд. «Бибӣ , хайрият, ки шуморо бо худ ба шаҳр овардем, набошад баҳор болои гўратон сабза медамид», шўхӣ кард боре наберааш Рафоқат дар яке аз рўзҳои сарди зимистон. Он рўзҳо дар Душанбе низ барқро хомўш мекарданд. Хонаҳо ончунон сард мешуд, ки шабҳо ду ё се кўрпа пўшида хоб мерафтанд. Ҳамон рўзҳо телевизор такрор ба такрор ҷаласаи ҳукуматро намоиш медод. Президент барои ба зимистон омода набудани шаҳр калонҳоро сарзаниш мекард.
— Бачам, ин мансабдорҳоро аз кор гирифта суд карданд?- пурсид кампир аз наберааш пас аз тамошои телевизор.
-Не, бибӣ .
— Барои чӣ ?- ҳайрон шуд кампир. — Охир бо айби онҳо мардум дар азобанд.
— Ҳозир ҳамин хел. Гап бисёру кор нест, бибӣ .
— Тартиб нест. Қонун нест, гўй. Агар дар давраи Сталин мансабдорон ин хел рафтор мекарданд, ҷояшон ҳатман Сибир мешуд, — изҳори нигаронӣ кард кампир.
Кампир ҳамин тавр ночор дар Душанбе монд. Барои он ки зиқ нашавад ба навбат ба хонаҳои набераҳояш меравад. Онҳо ўро хуш қабул мекунанд. Ҳар яке мехоҳад, ки бибиаш дар хонаи ў бимонад. Вале ў бештар дар хонаи набераи калонӣ Рафоқат ва набераи хурдӣ Садоқат истоданро хуш дорад. Дар ин ҷо ў зиқ намешавад. Инак, ду ҳафта аст, ки кампир дар хонаи Садоқат меҳмон аст. Ўро ин ҷо эҳтиром мекунанд. Рўзи Иди занон домодаш дар қатори завҷааш ба ў ҳам тўҳфа овард. Гўшвори нафиси тиллоӣ . Кампири Саодат хурсанд шуд. Ў пас аз вафоти духтараш Бибисоро 15 сол боз гўшвора намекард. Вале он рўз аз хурсандӣ гўшвора андохт.
Ба ёди кампир боз рафтори писараш омад. «Шояд айби ман ҳам бошад», меандешид кампир. «Агар дар вақташ исрор мекардам, ки зани урус нагир, шояд мисли фарзандони дигарон мешуд. Модарашро фаромўш намекард».
Он солҳо зани рус гирифтану коммунист шудан, ин роҳхат ба вазифаҳои баланд буд. Инро кампири Саодат хуб медонист ва вақте ки писараш ба урусдухтари ҳамкурсаш издивоҷ карданӣ шуд, монеъгӣ накард.
«Не, худаш бемеҳр аст. На ҳамаи тоҷиконе, ки зани урус доранд, волидонашонро фаромўш мекунанд», ба хулоса омад, кампир.
— Бибӣ , хўрок тайёр шуд, биёед сари дастурхон, — гуфтани аберааш Манучеҳр кампирро аз дунёи фикру андешаҳо берун кард.
— Додот аз кор омаданд?
— Ҳа, ҳозиракак омаданд. Ба ман шоколад оварданд, — хушҳолӣ кард Манучеҳри панҷсола.
— Ба ман шоколадата медиҳӣ ?
— Ана, гиред,- ба бибикалон шоколади «Сникерс»- ашро дароз кард Манучеҳр.
Кампир аз дасти абера шоколадро гирифта ба қади ў боло кард.
— Ана, ҳамин хел калон шавӣ , бачам. Раҳмат. Ман дандони шоколадхўрӣ надорам. Худат хўр, ош шавад, — гуфт кампир шоколадро ба аберааш баргардонда. Аз ин рафтори бибикалон Манучеҳри хурдсол ҳайрон монд. То ба ин вақт касе чунин рафтор накарда буд.
-Биёед, рафтем, — гуфт Манучеҳр аз домани кампир дошта.
— Ҳозир, — гуфт кампири Саодат ва пеш аз он ки аз ҷояш бархезад, ба берун нигоҳ кард. Шом шуда пардаи торикӣ мефаромад. Чашм ба қаторкўҳи Ҳисор бурд. Теғаи он аз ғуруби офтоб шўълаи гулханро мемонд. Нурҳои офтоб ба барфи қуллаҳо мезад, вале онҳо чун вақти тулўъ ҷило намедоданд. «Пагоҳ рўзи офтобӣ мешавад», аз дил гузаронид кампир нигоҳашро поин бурда. Дар доманакўҳ деҳаҳо чароғон шуда буданд.

Душанбе, 24 -25 марти соли 2008.

ҒУЛОМИ ШАҲВАТ

Ҳикоя

Роҳила дар ҷогаҳ печутоб мехўрд, андешаҳо азобаш медоданд. Муносибати шавҳараш бо ў тағйир ёфтааст. Як сол мешавад, ки шавҳараш аз ҳамхобагӣ бо ў канораҷўӣ мекунад. Барои ин ў ҳар шаб баҳонае меҷўяд: дар кор хаста шудааст, табъаш хира аст, хоб дорад ва ё билохира мардиашро гум кардааст. Роҳила хуб дарк мекард, ки шавҳараш дурўғ мегўяд. Ўро ҳеҷ бало назадааст: кори вазнин намекунад, сарвари корхона аст. Мардияш ҳам дар ҷояш, пайваста ойимбозӣ мекунад. Ойимҳояш дар хона ҳам ба телефони дастиаш доим занг мезананд ва ў ба рўйи ҳавлӣ баромада бо онҳо дуру дароз гап мезанад.
Роҳила хуб медонад, ки шавҳараш Қосим пайваста камаш бо ду нафар зан робита дорад. Боре шавҳарашро дар сари хиёнат дошта буд.
Се моҳ қабл ў эҳсос кард, ки шавҳараш рўзҳои корӣ даст ба кори фаҳш мезанад. Барои ин кор ў яке аз квартираҳояшонро дар шаҳри Чкаловск истифода мекунад. Роҳила ба ин квартира рафта бо калиди худ онро кушод. Анҷоми хона, рахти хоб ва яхдони пур аз ғизо аз он далолат медод, ки касе ба ин ҷо равуо дорад. Маълум буд, ки ў танҳо намеояд, занеро барои ҳамхобагӣ меорад. Шубҳа набуд, ки ин шахс шавҳараш аст, зеро нусхаи дуюми калиди хона танҳо дар дасти вай буд.
Роҳила ба дари ҳамсоя занг зад. Дарро зани 60-65-солаи рус боз намуд.
— Бубахшед, ки шуморо ташвиш медиҳам,- сухан оғоз намуд Роҳила. –Мо ҳамсояи шумоем, ин хонаи мо аст. Лекин мо дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Ба шумо як гап доштам.
-Хеле хуб, биёед дар остонаи дар сўҳбат накунем. Ба хона гузаред, -таклиф кард ҳамсоя.
Онҳо ба хона даромада сари миз нишастанд.
— Боз бубахшед, — сухан оғоз намуд Роҳила.- Шумо зан ҳастед ва бояд маро бифаҳмед. Ман бовар дорам, ки шавҳарам ба ман хиёнат мекунад. Ў ба ҳамин ҳуҷраамон ойимчаҳоро оварда майишат мекунад. Гўри ойимбозиаш, маро тамоман фаромўш кардааст. Бо ҳар баҳона аз ман канораҷўӣ мекунад.
— Бале, шуморо мефаҳмам. Аксари мардҳо ҳамин хел, — сухани Роҳиларо тақвият дод рускампир.- Раҳматӣ Ивани ман ҳам хамин хел буд. Ягон доманро сар намедод. Лекин хиёнат кунад ҳам, то охири умраш бо ман буд.
— Шумо пас маро хуб мефаҳмед. Аз шумо як хоҳиш дорам. Вақте ки шавҳарам бо ягон ойимча ба ин ҷо меояд, ба ман занг занед. Ба шумо рақами телефони дастиамро медиҳам. Албатта, дар хонаатон телефон будагист.
— Бале, телефон дорам.
— Ман ин хизмати шуморо қадр мекунам, — гуфт Роҳила ва як 50-сомониро аз ҳамёнаш бароварда, ба кампир дароз кард. – Ин аз нўги хамир фатир.
— Не, ба ман пули шумо даркор нест. На ҳама чиз бо пул хариду фурўш мешавад. Ман ҳамту, барои ҳамраъйии занона ба шумо кўмак мерасонам.
— Ташаккур, ин некиатонро фаромўш намекунам, — гуфт Роҳила бо кампир хайру хуш карда.
Роҳила занги кампирро дер интизор нашуд. Рўзи дигар вай занг зада хабар дод, ки шавҳараш занеро овардааст. Роҳила осемасар либосҳои кўчаравиашро пўшида, ба берун баромад ва таксӣ гирифта, аз шаҳри Хуҷанд ба Чкаловск омад. Ў ба шаст ба ошёнаи сеюм баромад ва калидро ба қуфл андохта, тоб дод. Қуфл кушода шуда бошад ҳам, дар маҳкам буд. Маълум, ки дарро аз дарун баста буданд.
— Дарро кушо, к….и ҳаром! Медонам, ки ту дар хона, — гуфта дарро бо ғазаб куфт Роҳила. – Падарлаънати ҳезалак, кушо дарро!- бори аввал буд, ки тўли 25 соли хонадорӣ шавҳарашро ҳақорат медод ў. – То дарро накушоӣ , ман ҳамин ҷо меистам ва шармандагиатро пеши мардум мебарорам.
Ниҳоят пас аз даркўбиҳои тўлонӣ он боз шуд. Шавҳари Роҳила дар даҳлез ҳайрону тарсзада рост меистод. Роҳила ба вай эътибор надода рост ба ҳуҷраи хоб даромад. Он ҷо касе набуд. Рахти хоби болои диван поймол шуда буд. Маълум буд, ки болои он хоб кардаанд. Ў ҷевонро кушода маъшуқаи шавҳарашро он ҷо ҷўё шуд. Ҷевон низ холӣ буд. Роҳила аз он ҷо баромада хонаи дуюмро дид. Он ҷо низ холӣ буд.
Дар айвону ошхона низ касе набуд. Ҳамин вақт аз паси дар духтараки малламўйи рус, ки нимурён буд, берун ҷаст ва тозон аз зинапояҳо поин шуд. Роҳила интизор буд, ки ин ҷо шавҳарашро бо наварўсе медорад. Дар бораи чунин маъшуқа доштани шавҳараш дугонаҳояш хабар дода буданд. Вале бо ин русдухтар дар сари хиёнат дошт. Пас маълум мешавад, ки вай якчандто маъшуқа доштааст.
Роҳила ба шавҳараш чизе нагуфта, ба хона баргашт ва беш аз як ҳафта бо ў гапӣ нашуд. Пас аз ин ҳодиса ҳам, муносибати шавҳараш тағйир наёфт. Ў ҳамон «Аҳмади порина» буд. Аз ҳамхобагӣ бо завҷааш канораҷўӣ мекард. Роҳила бошад, дар хумори мард намедонист чӣ кор бикунад? Тарки шавҳари бевафо карда наметавонист. 5 фарзанд доштанд. Як писару як духтараш оиладору фарзанддор буданд. Агар аз шавҳараш ҷудо шавад, мардум чӣ мегўянд. Ин амал обрўю эътибори фарзандонашро низ паст мезанад. Ҳамин тавр, Роҳила дар фикру андешаи зиндагӣ бедорхобӣ мекашид.
Ба ёдаш сухани ҳамкораш, муаллимаи фанни риёзӣ Мушаррафа омад. Ў, ки аз қиссаи заношўйии Роҳила огоҳ буд, ба вай чунин маслиҳат дод. «Агар шавҳарат ба ту хиёнат кунад, ту ҳам ба вай хиёнат кун. Чӣ , ту аз вай кам-ми?».
Ин гуфтаи Мушаррафа дар гўшаш садо дода, ниҳоят нафси ҳайвонӣ ба ақли солим ғолиб омад. Дар дили Роҳила қасди хиёнат ҷой гирифт. Ў омодаи хиёнат ба шавҳараш буд. Вале онро намедонист, ки чӣ хел амалӣ бикунад. Ў пас аз овони донишҷўӣ ягон марди дурусте, ки ба вай таваҷҷўҳ дошта бошад, надошт. Пас аз издивоҷ ба ғайри шавҳари худ ў дигар касеро намедид. Ў чунин марде, ки мехоҳад бо вай ба шавҳараш хиёнат кунад, надорад. Вале оё ў таваҷҷўҳи касеро ба худ ҷалб кардааст? Ҳар қадар дар ин бора андешид, ба ғайр аз маъшуқони давраи донишҷўияш дигар касеро ба ёд оварда натавонист. Онҳо низ ба ғайр аз бўсобўсӣ ба чизе ноил нашуда буданд. Роҳила домани исматашро барои шавҳараш Қосим ҳифз карда буд.
Субҳи рўзи одина Роҳила ба қасди хиёнат ба ҷумъабозор рафт. Бо баҳонаи хариди сару либос растаҳоро чарх мезад, ба умеде, ки ягон мард ба ў таваҷҷўҳ мекунад. Ў бозорро ба қавле тагу рў гашт, вале ягон кас ба вай ҳатто гап ҳам напартофт. Ҳама овораи кори худ буданд. Ў аввал марди зиёӣ меҷуст. Вале ҳоло канӣ зиёии мард? «Рўзгор оинаро мўҳтоҷи хокистар кардааст». Акнун барои вай фарқе надошт, кист ин мард: деҳқон ё ҳаммол. Фақат мард бошад, бас. Фақат ба Қосим шох монда тавонад, бас.
Аз куҷое шунида буд, ки фоҳишаҳо дар боғи шафати бозори «Панҷшанбе» дар харакҳо мунтазири мизоҷонашон мешинанд. Ў ҳам чунин карданӣ шуд. Рўзи шанбе пас аз бозорӣ карданаш дар яке аз харакҳои боғ интизор нишаст. Қариб як соат мунтазир истод. Вале касе ба вай таваҷҷўҳ накард. Ба кӣ зани қариб 50-сола ва боз фарбеҳи ишкамкалон лозим аст? Ҳамин тавр дар кўчабоғи ошиқон низ ў марде пайдо карда натавонист.
Роҳила дар ҷустуҷўи мард барои хиёнат рўзи якшанбе ба бозор рафт. Бозор пурталотум буд. Ба қавле сўзан партоӣ ба замин намеафтод. Одамон аз шаҳр ва навоҳии атроф ба бозор рехта буданд. Роҳила чанде растаҳоро чарх зада мондаву лакот дар гўшае нишаст. Ў ба мардони савдогар ва харидор бо таваҷҷўҳ менигарист. Вале касе ўро нигоҳ намекард. Ҳамин вақт як марди ғўлсифат, ки дар китфаш хурҷин дошт, ба ў муроҷиат кард: — Келиноя куҷонда гурунҷ мефурўшанд? Мо меҳмон, бозоратона намедонем.
— Биринҷ дар дохили бозори рўйпўш. Аз тарафи рост растаи биринҷфурўшҳо.
Мард чизе нафаҳмид магар, ки боз пурсид: –Ин кадом тарафанда?
— Ман ба шумо нишон медиҳам, -гуфт Роҳила ва аз ҷой бархост. Онҳо сўи растаи биринҷфурўшон роҳ гирифтанд. Раҳораҳ мард гуфт, ки Эшмирзо ном дорад ва дар хоҷагии «Истиқлол»-и ноҳияи Шаҳристон даҳмарда, аниқтараш сарчўпон аст. Ба Хўҷанд ба аёдати чўпонаш, ки дар беморхонаи марказии вилоят бистарӣ мебошад, омадааст. Эшмирзо субҳ ду гўсфанди чории овардаашро ба қассобҳо фурўхтааст ва сипас сари раҳ аз бозор меваю ғизо харида ба аёдати бемор рафтааст. Ҳоло мехоҳад, ки барои ба айлоқ рафтан харид бикунад. Орду равған ва намак харидааст. Акнун мехоҳад, ки биринҷ бихарад.
Роҳилаву Эшмирзо ба растаи биринҷфурўшон расиданд. Эшмирзо 20 кило биринҷи девзираи Исфара харид. Ў барои изҳори сипос ба Роҳила гуфт:- Келинойи, шумо ба ман хизмат кардед, ман қарздор намонам, мегўм. Ҷуред шумоя то хонаатон бо мошинам бурда монам.
Роҳила магар инро интизор буд, ки ба ин пешниҳод розӣ шуд. Эшмирзои даҳмарда мошини «Нива» дошт. Роҳила савори он шуд.
— Куҷо барам шумоя?- пурсон шуд Эшмирзо муҳаррики мошинро ба кор дароварда.
— Ба куҷое хоҳед, — гуфт Роҳила нохост.
Аз ин Эшмирзо рамуз гирифта гуфт:- Куҷое хоҳам? Боз пушаймон нашавед. Ба ман бошад, шуморо сари рама мебурдам. Ду моҳ боз рўйи занакро надидаам.
— Барои ин сари рама рафтан шарт нест. Ин корро ҳаминҷонда ҳам кардан мумкин.
Эшмирзо ин гапҳоро шунида, мошинро аз шаҳр берун ронд ва ба назди юнучқазор омада истод. Ў аз мошин поин шуд ва дари ҷониби Роҳиларо кушода, гуфт: — Канӣ биёед, ташнагиамонро шиканем.
Роҳила бо фарбеҳиаш аз «Нива», ки аз сабукравҳои дигар баланд аст, фаромада наметавонист. Эшмирзои ташнаи шаҳват ин ҳолро дида Роҳиларо болои дастонаш гирифт ва ўро болои юнуҷқазор хобонид. Ў, ки шаҳваташ боло гирифта буд, шимашро поин карда ба Роҳила дарафтод. Ў поҷома надошт ва Эшмирзо барои кашидани тагэзор душворӣ накашид. Вай чун гурги гурусна буд, ки соҳиби тўъма шудааст. Эшмирзои шаҳватзада ҳеҷ серӣ надошт. Як соат боз аз болои Роҳила намефаромад. Роҳила бори аввал лаззати шаҳватро мечашид. Ў бо шавҳараш инро боре ҳам эҳсос накарда буд. Ниҳоят, Эшмирзо ташнагиашро шикаста, аз болои Роҳила хест ва барои ғусл кардан ба ҷуйе, ки аз наздикӣ ҷорӣ буд равон шуд. Роҳила аз лаззати шаҳват нафаҳмида монд, ки ба шавҳараш хиёнат карда бадном шудааст. Вай ба ҷуз лаззати шаҳват дигар ба ягон чиз парво надошт. Пеши чашмаш симои девмонанд, вале ширину гуворои Эшмирзо буд.
Эшмирзо аз ғуслкунӣ баргашта, Роҳиларо дарозкашида дарёфт. Ў аз дасти Роҳила гирифт ва ба по хезонида, гуфт: -Рафта дар оби ҷўй ғусл кунед, ҳаром ба мошин савор шудан хосияти хуб надорад.
Роҳила ночор дар оби хунук ғусл карда омад ва ба мошин савор шуд. Эшмирзо мошинро аз саҳро ба роҳи калон баровард. –Акнун гўед, ки шуморо то куҷо бурда монам, -пурсид Эшмирзо.
— То маршруткаи ба шаҳр мерафтагӣ бошад, бас.
— Ихтиёратон. То хонаатон ҳам бошад, мебарам.
— Не, ташаккур.
-Ман агар ба Хўҷанд оям, шуморо чӣ хел меёбам?
— Ба телефони дастиам занг занед. Вай шабу рўз гирон.- Роҳила рақами телефони дастиашро гуфт: 1929094424
-Ин хел дар ёдам намемонад. Бардачокро кушоед, он ҷо қаламу коғаз ҳаст. Ба он нависед.
Роҳила бардачокро кушода рақами телефони худро дар ёддоштдафтари Эшмирзо навишта пурсид: — Шумо телефони дастӣ надоред? Ҳоло ҳама, деҳқонҳо ҳам доранд-ку.
— Дорам, ин телефон мушкилкушои мо-ку. Ягон проблема шавад, аз чарогоҳ ба раис ё хонаамон занг мезанем.
— Рақамашро намегўед?
— Чаро не? Нависед: 1929078866.
Роҳила рақами телефони Эшмирзоро ба телефони худ сабт намуд ва барои санҷиш занг зад. Садои занги телефони Эшмирзо баланд шуд.
Эшмирзо Роҳиларо ба хатсайри маршруткаи шаҳрӣ оварда фаровард.
— Фаромўш накунед, занг занед. Ба Хўҷанд, ки омадед, ҳатман маро пайдо кунед,- гуфт ҳангоми хайрухуш Роҳила.
-Ҳатман, пайдо мекунам шуморо.
Ниваи сурх роҳ сўи Шаҳристон гирифт ва дар андак вақт аз чашм пинҳон шуд.
«Аз куҷо меёбад маро, ҳатто номамро напурсид»- андешид Роҳила ва чанд муддат сари роҳ ҳайрону карахт монд.
Пас аз чанде маршутка омад ва Роҳила савори он шуд. Як зан ба куртаи ў ҳайрон менигарист. Роҳила чашм ба куртааш бурд. Куртааш ғиҷим ва ранги сабзи юнучқаро гирифта буд. Ў ба сўи тирезаи мошин нигариста, чашмонашро аз чашмони ин занак гурезонид.
«Бо ин аҳвол чӣ хел ба хонаам меравам», андешид Роҳила ва акнун чӣ амали манфур карданашро дарк кард. Вале лаҳзаҳои лаззатвори ҳамхобагӣ бо Эшмирзо аз шавҳару фарзандон ва нангу номус боло мегирифт.
Аз хиёнати Роҳила дар оила касе пай набурд. Ҳама овораи худ буданд. Касе гумон намекард, ки зани панҷнаберадор ба шавҳараш хиёнат мекунад. Роҳила бошад, пас аз он рўз дигар шабҳо хоб надошт. Агар пеш аз хиёнати шавҳараш бедорхобӣ мекашида бошад, акнун дар ёди Эшмирзо дар ҷогаҳ печутоб мехўрд. Пеши ёдаш он лаҳзаҳои гуворо буд. Сад афсўс мехўрд, ки чаро Эшмирзоро барвақт вонахўрдааст. Шавҳарашро лаънат мехонд, ки чаро лаззати шаҳватро ба ў надодааст.
Роҳила худи ҳамон рўзи бо Эшмирзо вохўрданаш ба ў телефон карда пурсид, ки вай кай боз ба Хуҷанд меояд? Эшмирзо ваъда дод, ки чунин имконият шавад, дар аввалин фурсат хоҳад омад.
Аз байн як моҳ мегузашт, вале Эшмирзо ба ваъдааш вафо намекард. Роҳила аз ин дилтанг шуда, ҷой намеёфт, ки нишинад. Ҳар рўз ба Эшмирзо занг мезад. Вай шояд аз зангҳои пайдарпаи Роҳила хаста шуда буд, ки бо ҳар баҳона аз сўҳбат мегурехт. Роҳиларо бошад, хумори шаҳват мегирифт ва ў намедонист чӣ кор кунад? Ў дигар тоқат карда натавониста ба «шикор» мебаромад ва дар кўчаҳои шаҳр сарсону овора мегашт. Чанд рўз ба ин минвол гузашт, вале мурод ҳосил нашуд.
Пас аз ҳамхобагӣ бо Эшмирзо ҳамеша эҳсоси шаҳвати Роҳила аз ақли солим боло мегирифт. Боре ба ёдаш яке хушдорони давраи донишҷўияш расид. Шафқат се курс аз вай боло мехонд. Онҳо қариб ду сол бо ҳам вохўрданд. Ў ба Роҳила хонадор шуданӣ буд. Вай барои арўсбинӣ хоҳарбузургашро фиристод. Ҳамон рўз яке аз дугонаҳои Роҳила маслиҳат дод, ки вай мўйи сарашро майдабофӣ карда, либоси миллӣ ба бар кунад. Хостгорон чунин духтаронро хуш мекунанд. Роҳила ба гапи дугонааш гўш кард. Вале хоҳарбузурги Шафқат ўро дида «қишлоқӣ будааст», гуфта, хуш накард. Ҳамин тавр Шафқат ба духтари дигаре хонадор шуд. Вале ин издивоҷ тўл накашид. Шафқати яккаписар дар байни ним сол ду маротиба хонадор шуд. Издивоҷи дуюми Шафқат низ бобарор набуд. Зани дуюми вай ҷанҷолӣ баромад. Баҳудаву беҳуда хархаша мекард. Барои нарехтани обрўи хонадон Шафқат дандон ба дандон монда тоқат мекард.
Як сол қабл Роҳила тасодуфан дар як ҷаласа Шафқатро вохўрд. Пас аз ҷаласа онҳо бо ҳам сўҳбат карданд. Шафқат аз зиндагиаш шикоят карда изҳор дошт, ки ў ҳоло пушаймон аст. Агар ҳамон вақт вай Роҳиларо мегирифт, зиндагиаш дигар хел мешуд. Ў вақти хайру хуш ба Роҳила рақами телефони дастиашро дод. Ҳоло ин ба ёдаш омада ў ба Шафқат занг зад. Шафқат аз занги Роҳила хурсанд шуда гуфт, ки бегоҳ занг занад, ҳатман мулоқот мекунанд. Роҳила ҳамон бегоҳ бо баҳонаи ба меҳмонӣ ба хонаи ҳамкораш Ҷамила меравад, аз хона баромад ва ба Шафқат занг зад. Шафқат узри зиёд пеш овард: — Ман имрўз кори зиёд доштам, бинобар ин мондаву лакотам, хоб дорам. Омада наметавонам.
Инро шунида тарбуз аз бағали Роҳила афтод.
Роҳила қиссаҳои ишқбозиҳоро дар осоишгоҳҳо аз ҳамкоронаш бисёр шунида буд. Ин ба ёдаш омада рўзи истироҳат озими «Баҳри тоҷик» шуд. Рўзҳои шанбеву якшанбе соҳили баҳр пур аз истироҳаткунандагон аст. Онҳо барои оббозиву офтобхўрӣ ба ин ҷо меоянд. Роҳила наметавонист худ танҳо ба офтобхўрӣ биравад. Аз ҳамкораш Мушаррафа хоҳиш кард, ки ўро ҳамроҳӣ кунад. Ў вақти холӣ надоштааст, ба тўйи додарзодааш даъватӣ будааст. Роҳила тавакал карда, духтари хурдиаш Зеборо, ки ба синфи 11-ум гузашта буд, бо худаш бурданӣ шуд. Вале дар пеши духтараш магар метавонад, ки ў бо марди бегона мулоқот бикунад. Албатта, не! Илоҷи ин низ пайдо шуд. Зебо қариб як сол боз бо як ҷавони 25-солаи тоҷир мулоқот мекард. Хушдораш ўро шомгоҳон ба мошинаш савор карда соатҳо дар шаҳр чарх мезанонд ва аз ин Роҳила хуб огоҳ буд.
— Зебоҷон, Абдурасул куҷост? Намегўӣ , ки моро рўзи якшанбе ба баҳр барад?- ночор ба духтараш муроҷиат кард Роҳила.
Зебо аз қиссаи ошиқиаш хабардор будани модарашро медонист ва аз ин рў сир бой надода гуфт: -Буваҷон, ман ба Абдурасул занг зада мегўям, вай моро мебарад.
Рўзи якшанбе Абдурасул модару духтарро ба хонаи истироҳатии «Баҳри тоҷик» овард. Онҳо, ки якрўза барои оббозиву истироҳат омада буданд, зуд ба соҳили баҳр рафтанд. Духтару модар либоси оббозӣ пўшида худро зуд ба об партофтанд. Пас аз каме оббозӣ барои офтобхўрӣ ба соҳил баромаданд. Абдурасулу Зебо Роҳиларо миёни издиҳоми истироҳаткунандагон монда, худ дуртар барои офтобхўрӣ дароз кашиданд. Роҳила нафаҳмида монд, ки миёни мардҳо танҳо мондааст. Дар аввал аз ин ғашаш омад, вале мақсади ба ин ҷо омаданаш ба ёдаш омада, ҳатто хурсанд шуд.
Як марди фарбеҳӣ тоссари 55-60-сола ба Роҳила таваҷҷўҳ карда гап партофт: — Хонуми ширин, шумо нав омадед?
— Бале, чӣ буд?
-Шумо дар кадом хона истодаед, ки ман нав мебинам?
— Ман якрўза офтобхўрӣ омадаам.
— Пас шуморо дида намешудааст?
— Чаро? Дил хоҳад пой мебарад.
— Гапатон дурусту фурсат кам аст.
-То ин қадар гапфурўшӣ кўҳро чаппа кардан мумкин буд, -гуфт Роҳила ба омода буданаш ба ишқбозӣ ишора карда.
Марди рамузфаҳм чӣ мехостани Роҳиларо пай бурда гуфт: -Пас чаро кори имрўзаро ба фардо гузорем. Биёед рафтем ба ҳуҷраи мо.
Онҳо зуд либосҳояшонро пўшида, раҳсипор шуданд. Дар ҳуҷраи тоссар шарикаш набуд. Ў дарро қуфл карда, Роҳиларо ба сари миз барои нишастан таклиф кард. Тоссар аз ҷевон як шиша коняки арманӣ баровард ва ба қадаҳҳо рехта, гуфт: -Ин қадаҳро барои шиносоӣ менўшем. Номи ман Абдулло, дар налоги Конибодом кор мекунам. Исми шарифи шумо чист, хонуми зебо?
-Ман, Роҳила. Дар мактаб кор мекунам.
-Пас менўшем, — гуфт Абдулло қадаҳҳоро ҷанг андохта.-Аз ин шоколад гиред.
Қадаҳи дуюм барои саломатӣ бардошта шуд. Ба қавле андаке сархуш шуданд ва ҳаяҷону изтироб аз байн рафт.
-Хуб шурўъ мекунем, канӣ кашед он чизе ки ба мо халал мерасонад,- хоҳиш намуд Абдулло либосҳои худро кашида истода.
Роҳилаи ба ишора маътал зуд либосҳояшро бадар кард ва ба ҷогаҳ дароз кашид. Абдулло ба болои Роҳила баромад ва кўшиши ком гирифтан кард. Ҳарчанд мекўшид, ин ба вай даст намедод. Ишками калонаш халал мерасонид ва мардиаш зуд латта мешуд.
— Бо занҳои бегона бори якум, то одат кардан ҳамин хел мешавад. Ҳаяҷон мегирад, — худро сафед мекард Абдулло.
Боқимондаи конякро низ нўшиданд ва Абдулло боз чанд маротибаи дигар кўшиши комситонӣ кард, вале ҳар дафъа мардиаш шармандааш мекард. Билохира Роҳила аз ин ҳезалакии Абдулло дилтанг шуда ўро тарк намуд.
Ҳамон рўз Роҳила асабонӣ ба хона баргашт. Ба ёдаш лаҳзаҳои комситонии Эшмирзо расида дилаш гум зад. Телефонро гирифта ба ў занг зад. Садои духтаре баланд шуд: «Муштарӣ дастнорас аст.». Телефони Эшмирзо хомўш буд.
Ҳамон ҳафта Роҳила асабонӣ буд, ба чашмаш на хона менамуду на фарзанду набераҳо. Ҳар рўз даҳҳо маротиба ба Эшмирзо занг мезад. Ин суботкории вай барабас нарафт. Эшмирзо пайдо шуд. Аккумулятори телефонаш тамом шудааст ва то аз айлоқ ба деҳа фаромадан телефонаш хомўш будааст. Ў мужда дод, ки ба наздикӣ ба Хўҷанд меояд. Ҳамон рўзи ба сафар баромаданаш Роҳиларо аз ин огоҳ мекунад. Роҳила аз ин хабар болида дар куртааш намеғунҷид. Набераҳояшро, ки тўли ҳафта ғам медиҳанд, гуфта сарзаниш мекард, акнун бо худ ба кўча бурда яхмос харида меҳрубонӣ мекард.
Ниҳоят, Эшмирзо занг зада, гуфт, ки пас аз як ҳафта дар Хуҷанд мешавад ва танҳо шаб вақти холӣ барои мулоқот бо Роҳила дорад. Ин як ҳафта барои Роҳила чун як сол тўл кашид. Ў шабу рўз ин лаҳзаи мулоқотро пеши назар меовард ва онро тарҳрезӣ мекард. Ҷойи мулоқот барои Роҳила фарқ надошт. Вай омода буд, ки бо Эшмирзо дар саҳро, болои алафҳо, болои санг, дар чакалакзори пурхомушаки соҳили Сирдарё ҳамхоба шавад. Фақат мисли пешина лаззат барад бас. Танҳо барои Роҳила ба шаб аз хона баромадан проблема аст. Шавҳараш албатта, ўро шабона ба ҷое рафтан намемонад. Ў фикр карда-фикр карда роҳи ҳалли ин масъаларо ҳам ёфт.
— Додош, аз ҷоғи ҳамин набераҳо ба ҷон омадам. Имрўз — пагоҳ таътил тамом шуда мактаб ҳам сар мешавад. Чӣ мешуд, ки бо Зебоҷон як-ду рўз ба «этаж» рафта дам гирем,- гуфт Роҳила ба шавҳараш рўзи омадани Эшмирзо.
Қосим, ки хиёнат карда пеши завҷааш муттаҳам буд, розӣ шуда гуфт: -Майлаш, ман худам шуморо бо мошин бурда мемонам.
Қосим зану духтарашро ба «мерседес»-аш савор карда, раҳораҳ ғизои дурўзаи онҳоро, ки аз анвои гуногун иборат буд, харид. «Этаж» гуфта дар ин оила хонаи панҷҳуҷрагии дар маркази Хўҷанд доштаашонро мегуфтанд. Дар ин хонаи пурра ҷиҳозонидашуда касе зиндагӣ намекунад. Баъзан зимистон, вақти дар маҳаллаҳо қатъ кардани интиқоли барқ ба ин ҷо муваққатан омада зиндагӣ мекунанд.
Духтару модар баъди ба ин хона омаданашон аз рўбу чин сар карданд. Тўли панҷ моҳи набуданашон ҳамаро чангу хок зер карда буд. Тоза кардани хона ва афшондани чанги гилемҳо беш аз нимрўзи вақти онҳоро гирифт. Модару духтар пас аз чошт хўрдан барои истироҳат дароз кашиданд. Роҳиларо хоб намебурд, Эшмирзоро ёд мекард. Бегоҳӣ Роҳила аз гўшти гўсфанд хомшўрбо андохта ба духтараш гуфт, ки Абдурасулро гўяд як лаган оши думбагӣ биёрад.
— Буваҷон, баъди ош овардани Абдурасул мо метавонем, ки ба сайру гашт биравем?
— Метавонед. Фақат вақти омаданатон ба ман занг занед, то ки ними шаб аз тақ-тақи дар натарсам, — ба духтараш иҷозати шабгардӣ дод Роҳила.
Абдурасул соати 7-и бегоҳ як лагани калон оши палов, ки бо равғани думба пухта шуда буд, овард. Зебою Абдурасул хўроки шом нахўрда ба сайру гашт рафтанд. Гуфтанд, ки дар ягон тарабхона ғизо мехўранд.
Эшмирзо пас аз фаромадани торикӣ омад. Ўро Роҳила дар роҳи калон интизор шуда, баъд ба хона овард. Бо вориди хона шудани Эшмирзо хонаро бўи гўсфанд гирифт. Аз либосаш бўи бад меомад. Маълум буд, ки вай кайҳо боз шустушўй накардааст. Ҳавои хона ғализ шуд. Инро Роҳилаи нозуку тоза эҳсос намекард. Фикри вай ба комситонӣ банд буд. Инро ҳар ду эҳсос карданд. Аз дар даромадан замон Роҳила худро ба оғўши Эшмирзо зад. Ў Роҳиларо болои гилеми роҳрав хобонид ва худро болояш партофт. Роҳила тани бадбўйи Эшмирзоро эҳсос намекард, барояш комситонии вай лаззатовар буд. Ў инону ихтиёр аз даст дода буд. Ҳатто фикр намекард, ки садои доду войяшро ҳамсояҳо мешунаванд.
Пас аз сер шудан Эшмирзо аз ҷой бархоста, — Дар куҷо ғусл кунам?- гуфта пурсид.
— Дар ванна оббозӣ мекунед, — гуфта аз ҷой бархост Роҳила. – Либосҳоятонро ин ҷо кашед ва ба ванна дароед. Ман шуморо оббозӣ медарорам.
Роҳила Эшмирзои даҳмардаро, ки кўрбарзангиро мемонд ба ванна даровард. Вай базўр дар он меғунҷид. Ў оби термексро гарму хунук кард, то тани Эшмирзо насўзад. Эшмирзо ғўлро мемонд, танаш пурпашм буд. Роҳила сару танаи Эшмирзоро собун зада шуст, аз чирки танаи вай, ки қабат-қабат хобида буд, об сиёҳ шуд. Пас аз чанд маротиба собуну шампун задан тани Эшмирзо андаке тоза шуд. Эшмирзо либосҳояшро пўшиданӣ шуд, ки ўро Роҳила боздошт: -Ман ба шумо либосҳои тоза медиҳам ва ин либосҳоятонро мешўям.
— Шустан чӣ даркор? Боз дар айлоқ ҳамин хел мешавад, — норозигӣ кард Эшмирзо.
Роҳила ба ин гапи Эшмирзо эътибор надода ба вай аз ҷевон хилъату эзори хонапўшии шавҳарашро оварда дод. Ин либосҳо андаке ба Эшмирзо танг буданд, вале пўшида мешуданд.
Роҳила Эшмирзоро сари дастархони пурнозу неъмат даъват карда, аввал ба ў як коса хомшўрбо кашид. – Шумо хўрдан гиред, ман либосҳоятонро ба мошинаи ҷомашўӣ андохта меоям, — гуфт Роҳила.
Эшмирзо ба сухани Роҳила эътибор надода, ба хомшўрбо хўрдан даромад.
Роҳила мошини ҷомашўйиро ба кор дароварда либосҳои Эшмирзоро ба он андохт. Вақти куртааи Эшмирзоро ба мошин андохтан Роҳила дид, ки дар таги каши курта ким чихел ҷондоракҳои сафед часпидаанд.
Ў оби мошинаро тасфон карда ним қуттӣ хокаи ҷомашўиро ба он андохт. Об дар як замон сип-сиёҳ шуд. Ў обро иваз карда боқимондаи хокаи ҷомашўиро ба он андохт. Сентрофугаи мошин чарх мезад ва боз об чирк мегирифт. Пас аз чанд маротиба шустан либосҳои Эшмирзо тоза шуданд. Роҳила либосҳоро барои хушк шудан овехт, то пас дарзмол бикунад.
Роҳила дар ин миён ба Эшмирзо як табақ оши палов ҳам кашид, ки онро низ даҳмардаи гурусна паққос зад. Пас аз фориғи либосшўӣ шудан Роҳила низ нимкоса хомшўрбо хўрд. Иштиҳояш баста буд. Ба назараш хўрок наменамуд. Дилаш ҳамхобагӣ мекашид.
Пас аз ғундоштани дастархон Роҳила Эшмирзоро ба хонаи хоб болои дивани нарм ва рахти оҳарӣ хонд. Эшмирзо худро ба болои Роҳила партофта ба комситонӣ шурўъ кард. Аз вазни даҳпудаи даҳмарда диван ғиҷирос мезад ва гўиё алвонҷ мехўрд. Ин ба Эшмирзо нафорид ва вай Роҳиларо бо рахти хоб ба фарш кашид. – Ана, ин гапи дигар,- гуфт Эшмирзо қаноатманд аз комситонӣ .
Ин шаб барои Роҳила шаби ялдо буд. Ў сарҳисоби комситониҳои Эшмирзоро фаромўш кард, ки 10 ё 12 маротиба буд. Ниҳоят, нисфи шаб мондаву лакот даҳмардаро хоб бурд. Хурроккашияш садои булдозерро мемонд. Роҳила низ хаста шуда буд, вале хобаш намебурд. Хурроки Эшмирзо халал мерасонид. Ба хонаи дигар рафта хобиданӣ шуд, аммо ба умеде, ки Эшмирзо бедор шуда боз комситонӣ мекунад, садои хурроки ўро шунида, бедорхобӣ кашид. Вале ҳайҳот, даҳмардаро чун гўсфанд хоб бурда буд.
Зебову Абдурасул шаб наомаданд ва ҳатто занг ҳам назаданд. Аз ин Роҳила хурсанд буд, ки майишаташро халалдор намекунанд.
Роҳила субҳдам аз ҷойгаҳ хест, то ки либосҳои Эшмирзоро дарзмол кунад ва барои ў ношто омода созад, зеро вай барвақт рафтанӣ буд.
Роҳила барои Эшмирзо 10 дона тухм зирбонид ва ба дастурхон дар қатори нуқлу наво як чиникоса асали кўҳӣ низ монд. Роҳила чунин хизматро ҳатто ба шавҳараш намекард. Қосим аз Роҳила барвақттар хеста, худаш ношто тайёр мекард ва ё баъзан вақташ кам бошад, гурусна ба кор мерафт.
Вақте ки Эшмирзо аз хоб бедор шуд, либосҳояш дарзмол гардида, ношто тайёр буд. Ў ҳарфе нагуфта, ношторо зад, чиникосаи асалро «бомазза будааст», гуфта бо нимта нон печонид.
-Ман акнун равам, мешавад, дер шуд. Барвақт ба айлоқ расидан даркор,- гуфт Эшмирзо аз сари дастархон хеста.
— Боз кай меоед? — пурсон шуд Роҳила, ки ҳоло ҳам ба комситонии Эшмирзо умедвор буд.
— Намедонам.
— Чаро намедонед? Магар ихтиёратон дар дасти худатон нест?
— Гуфтам-ку намедонам. Инро худо медонад. Агар тақдиру насиб бошад, боз меоям, — фалсафафурўшӣ кард Эшмирзо ва аз дар берун шуд.
Роҳила мехост бо ў биравад. Ҳатто ба айлоқ. Ў омода буд, ки аз баҳри ҳама чиз бигзарад. Шавҳар, фарзанду набераҳо, хешу ақраборо фаромўш карда буд. Барояш ғайри Эшмирзо дигар касе вуҷуд надошт. Обрў, нангу номус пеши лаззати комситонии Эшмирзо ҳеҷ буд. Вале Эшмирзо ўро бо худ намехонд.

Хоҷа-Оби Гарм, 17-18-уми августи соли 2007.

ИШҚИ ДЕРОМАДА
Қисса

Рухшона бо дугонааш Наргис дар соҳили «Баҳри тоҷик» пас аз оббозӣ офтоб мехўрданд. Ҳамин вақт як гурўҳ наврасон ба оббозӣ омаданд. Онҳоро ду мард — яке 30-35-сола ва мўйи сараш рехта ва дигаре марди тануманди тақрибан 50-сола, ки ришу мўйи сари кўтоҳи сафед дошт, ҳамроҳӣ мекарданд.
— Касе, ки шиноварӣ намедонад, аз соҳил дур наравад, баҳр чуқур аст, ғарқ мешавед, — омирона огоҳ кард наврасонро марди ришдор ва худро ба об андохт.
Аз соҳил ба баҳр зинапояҳои бетонӣ сохта буданд, то ки шахс барои оббозӣ оҳиста-оҳиста поин шавад. Бо тамом шудани зинапояҳо якбора об чуқур шуда қади одамро гўр мекард.Аз гурўҳи понздаҳнафара, ки 8 нафарашон духтар буданд, танҳо 2 нафар шиноварӣ медонистанд. Аз писарҳо як нафар бачаи регарӣ , ки аз доногиаш дар гурўҳ «профессор» меномиданд, шино карда наметавонист. Марди ришдор як 50 метр аз соҳил дуртар шино карда баргашт ва дар наздикии шогирдонаш оббозӣ карда бехавфии ҳаёти онҳоро таъмин менамуд. Ҳамин вақт Маҳбуба, ки шиноварӣ намедонист, аз зинапояҳо поин шуд. Ў бехабар аз он ки об якбора чуқур мешавад, аз зинаи охир пой бардошт ва сарозер ба баҳр афтод. Марди ришдор, ки дар наздикӣ шино дошт зуд Маҳбубаро аз об берун кашид. Ин вақт ба кўмак ҷавонмарди тоссар низ омад. Ба Маҳбуба чизе нашуда буд, вай танҳо андаке тарсид. Пас аз лаҳзае ў ба худ омад ва боз ба об даромад.
Ин ҳамаро ду нафар зани 40-45-сола, ки дар соҳил офтоб мехўрданд, тамошо доштанд. Онҳо ҳайрон буданд, ки дар ин осоишгоҳи калонсолон мактаббачаҳо аз куҷо пайдо шудаанд?
Марди ришдор низ аз даруни об ин ду нафар занро, ки яке фарбеҳи бесулуқай ва дигаре мавзунқомат буд, таги чашм кард. Ў аз об баромада ба наздики онҳо рафт ва иҷозати нишастан пурсид: — Бубахшед, мумкин аст, ки барои офтобхўрӣ ба паҳлўятон нишинам.
— Ин ҷоро мо харидагӣ не, шинед, — ҳозирҷавобӣ кард зани фарбеҳ.
— Ҳа, шинед, шумо ба мо халал намерасонед, — илова намуд зани мавзунқомат.
— Ташаккур, меҳрубонӣ кардед. Лутфи шумо зиёд аст, — ширинсуханӣ кард марди ришдор ва пас аз нишастан лаҳзае хомўш монд.
— Шумо оббозӣ намекунед? – суол кард марди ришдор аз занҳо.
— Мо шино карда наметавонем,- посух дод зани мавзунқомат, ки ба мард наздик нишаста буд. – Мо дар ҷои паст ба об медароем, то ки ғарқ нашавем. Вақти шумо омадан мо нав аз баҳр баромада будем.
— Агар хоҳед, дар ду рўз шино карданро меомўзонам.
— Не, дер шуд. Пир шудем, — посух дод зани мавзунқомат.
— Чӣ хел пир? Ҳоло аз сад гулатон яктояш ҳам нашукуфтааст.
— Хурсанд накунед, бовар мекунам.
— Гапи ростро гўям, шумо ҳоло ҷавон. Ин маро пир гўянд, мешавад.
— Шумо ҳам пир не. Агар ришатонро тарошед, шумо ҳам ҷавон мешавед.
— Ришамро – ку метарошам, вале мўйи сафедамро чӣ кунам?
-Мўйатонро ранг мекунед.
-«Мазан ўсма ба мўйу абрўи хеш,
Ки ҷавонӣ ба дуздидани сол нест»,
гуфтааст шоир.
— Ба ҳар ҳол мўйи сафед нишони пирӣ нест. Золи Зард модарзод сафедмўй буд.
— Шумо ба фикрам филологед?
— Магар «Шоҳнома»-ро фақат филологҳо мехонанд? –ба суол бо суол посух гуфт зани мавзунқомат.
— Не, албатта! Ба ҳар ҳол шумо аз аҳли зиёед. Агар хато накунам, муаллима ҳастед дар мактаб.
— Аз куҷо фаҳмидед?
— Кори мо ҳамин хел.
— Прокурор-ку нестед?
-Худо нишон надиҳад. Гунаҳкор кардани одамонро бад мебинам.
— Пас чӣ кораед шумо?
— Ман ронандаи «КАМАЗ»-ам.
— Не, бовар намекунам. Ба ронанда монанд нестед. Кадом ронанда мактаббачаҳоро ба осоишгоҳ меовардааст? Шумо ҳам муаллимед.
— Қариб ёфтед. Лекин ман дар мактаб кор намекунам. Ин бачаҳо ба семинар омадаанд ва ман бо ҳамкоронам ба онҳо дарс мегўем.
— Пас чаро худро «камазист» мегўед?
— Гап сари он ки ман расмиятчигиро дўст намедорам. Аз ҷумла, дар фасли гармо шиму костюм пўшида таранг бастани гарданбандро хуш надорам. Бароям либосҳои сабуки ба варзишӣ монанд мақбул аст. Аз ин рў, маро аксар ронанда ё варзишгар ва ҳатто авбош гумон мекунанд.
— Мо шуморо ронанда ё авбош гумон накардем.
-Ташаккур ба илтифотатон. Агар хоҳед, қиссаи ронандаи «КАМАЗ» шуданамро нақл мекунам.
— Майлаш, гўши мо ба шумо.
— Ду сол пеш дар чиллаи тобистон ба шаҳри Қўрғонтеппа сафари хидматӣ доштем. Нисфирўзӣ шариконам ба тамошои бозор рафтанд. Ман, ки хуши бозоргардӣ надорам, берун аз бозор дар гўшае, дар сояи дарахтон онҳоро интизор истодам. Дар наздикӣ аз бочка пиво мефурўхтанд. Ташнагиам боло гирифту барои пивонўшӣ рафтам. Пивофурўш бакалро ба ман дароз карда пурсид:- Ако, шумо ронандаи «КАМАЗ» ҳастед?
-Ҳа, чӣ буд?-посух додам ман.
— Шумо Россия рафта меоед?
-Бале, аз куҷо фаҳмидӣ ?
— Афтатон монанд.
-Чӣ ягон хизмат буд?
— Падарам палак доранд. Тарбузҳоро чида ба Душанбе бурдан даркор. Мошин мекобанд.
— Ҷўра, муттаассифона ман ҳоло бо мошини майда омадагӣ , — гуфта посух додам.
Ана, баъди ин ҳодиса ман худро ронандаи «КАМАЗ» гуфта муаррифӣ мекунам, -нақли қиссаро ба охир расонид Анис ва афзуд:
— Ин қадар ман серҷоғӣ кардам, мебахшед. Воқеан, гапи бисёр гуфтему шинос нашудем. Номи ман Анис. Номи шумо чӣ ?
— Номи ман Рухшона. Номи дугонаам Наргис. Мо ҳар ду дар мактаб кор мекунем.
— Номҳои зебо ба мисли соҳибонашон, — хушгўӣ кард Анис.
-Илтифот мекунед. Вале вақти рафтан шуд, шом мешавад, — гуфт зани мавзунқомат, ки Рухшона ном дошт.
— Дида ба дидор мерасидагист?
— Дар ошхона вомехўрем.
— Барои мо дар толори хурд хўрок медиҳанд, ки вай аз ошхонаи асосӣ қариб 200 метр дуртар аст. Аз ин рў, дар ошхона вохўрдани мо ғайри имкон аст.
— Пас бегоҳ, дар рақс вомехўрем.
— Магар осоишгоҳ дискотека дорад?
— Дискотека нест. Вале дар бари «Авасто» бегоҳиҳо суруду мусиқии шўх мемонанд, то ки истироҳаткунандагон бирақсанд.
— Пас то дидор, — гуфт Анис бо умед аз паси онҳо нигоҳ карда. Ў лаҳзае пас ба худ омад ва афзуд:
— Бачаҳо, канӣ оббозиро бас кунед, вақти шомхўрӣ наздик шуд,- амр намуд Анис ба шогирдон.- Либоси оббозиатонро иваз кунед, ки касал мешавед,- таъкид кард ў духтаронеро, ки бо либосҳояшон ба об даромада буданд.

* * *

Ҳини хўроки шом шарики Анис — Абдусалом ба як чойник арақ рехта овард. – Барои профилактика менўшем. –Ў арақро чун чой ба пиёлаҳо рехт. Ҳамкорашон Гулгуна гуфт, ки бас кардааст арақнўширо.
— Ман ҳам чандон хоҳиши арақнўшӣ надорам, — гуфт Азиз, маъмури семинар.
— Бисёр наменўшем, — гуфт Абдусалом ва афзуд: — пиёлаҳоро ҷанг намеандозем. Қиёфаатонро баъди нўшидани арақ турш накунед, ки бачаҳо мефаҳманд.
Азиз ҳамагӣ ду пиёлача арақ гирифт. Абдусалому Анис, ҳар ду боқимондаи чойники арақро нўшиданд.
Анис аз ошхона ширакайф баромад. Дар бари тобистонаи «Авасто» мусиқии шўх танинандоз буд ва баъзе аз истироҳҳаткунандагон мерақсиданд. Ў ҳам ба сафи тамошобинон пайваст. Ҳамин вақт чашмаш ба Рухшона афтод, ки бо як зане мерақсид. Кадоме аз занҳо Анисро ҳам ба майдон кашид. Мусиқӣ боби Анис буд. Ў мусиқии тезро хуш дошт. Аниси ширакайф дар ҳавои мусиқӣ ба рақсидан даромад. Аз ҳозирин ба ғайр аз ҳамкоронаш касе намедонист, ки Анис хуб мерақсад. Рақси ў магар ба тамошобинон писанд омад, ки кафкўбӣ мекарданд. Анису Рухшона то тамом шудани мусиқӣ рақсиданд.
Пас аз ин Анис Рухшонаро ба сайругашт даъват кард: — Хонуми зебо биёед андаке чарх занем. Ман дар баробари ҷавонон рақс карда монда шудам.
— Дар рақс аз ҷавонон монданӣ надоред.
— Дар дигар корҳо ҳам ҳавсалаам пир нашудааст.
-Намуред шумо, гапро ба дигар сў мебаред.
-Чӣ гапи бад гуфтам? Дар сари шумо занҳо фақат як фикр.
— Чӣ мардҳо дар ин бора фикр намекунанд? Агар не, чун аз назди занатон дур шудед, чаро ба занҳои бегона чашм ало мекунед? Шумо ҳоло бо ман сайругашт доред, дар хона зану фарзандонатон интизор будагист.
-Бале, ҳақ бар ҷониби шумост. Ман зан ва панҷ фарзанди ноболиғ дорам.
— Пас чаро хиёнат мекунед?
— Табиати мардҳо ҳамин аст. Он чиро ки дар хона нагирифтанд, дар берун ҷустуҷў мекунанд. Барои ҳамин ҳам занони азиз, агар хоҳед, ки шавҳаратон ба шумо вафодор бошад, талаботашро қонеъ кунед. Ба намуди зоҳириву ботинии худ диққат диҳед. Ҳамин хел кунед, ки барои шавҳаратон чун соли аввали хонадорӣ тару тоза ва бофаросат монед. Панҷ фарзанд дорем, бе ресмон баста мондагӣ , гуфта фикр накунед. Пеши роҳи марди қайсарро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад. Воқеан, ин ба мардҳо низ дахл дорад. Талаботи занро низ қонеъ бояд кард. Ба хиёнат кардани занҳо асосан шавҳарҳояшон гунаҳкоранд.
— Бале, дуруст мегўед.
— Воқеан, шумо дар бораи худ чизе нагуфтед. Ин хел зани зебо ва боақл албатта шавҳару фарзанд доштагист?
— Ба фавти шавҳарам ду сол мешавад. Як писару як духтар дорам.
— Бубахшед, аламатонро тоза кардам.
— Аз марг гурез нест. Одат кардаам ба фавти шавҳарам. Одам ба ҳама чиз одат мекардааст.
— Бале, табиати инсон ҳамин аст, ки ба шароит мувофиқ мешавад.
Онҳо қадам зада ба ҷойи камодами осоишгоҳ расиданд. — Биёед ба лаби баҳр равем ва онро тамошо кунем, — пешниҳод кард Анис.
— Не, он ҷо касе нест. Ман метарсам.
-Аз чӣ метарсед?
-Аз баҳр боз ягон дев баромада маро ба об накашад,- шўхӣ кард Рухшона.
— Ин ҷо танҳо манам дев. Ваъда медиҳам, ки шуморо намехўрам.
— Агар ваъда диҳед, меравем.
— Қасами пионерӣ мехўрам.
Вақти сўи баҳр ҳаракат кардан Рухшона пешпо хўрда, қариб меафтод. Анис чобукӣ карда аз дасташ дошта гуфт: — Биёед аз дастам доред, дар ин торикӣ боз наафтед.- Ў чизе нагуфта аз зери бағали Анис гирифт. Анисро як ҳолати фараҳбахш фаро гирифт, ки вақтҳои охир эҳсос намекард. Онҳо қадамзанон ба соҳили баҳр, ба он ҷое, ки шинос шуда буданд, расиданд ва ба харак рў ба баҳр нишастанд. Шаббода мевазид. Дар рўшании моҳтоб мавҷзании баҳр зебову гуворо буд. Аз тамошои он асаб ором мегирифт.
Онҳо чанд лаҳзае ба талотўпи мавҷҳо нигариста хомўш буданд. Анис аз дасти Рухшона дошта оҳиста-оҳиста маҳс мекард, то ки ҳолати ўро ба ин амал фаҳмад. Дастони Рухшона тасфон буданд. Ў низ аз дасти Анис гирифта амали вайро такрор кард. Анис лаб ба гесувони Рухшона бурда, оҳиста — оҳиста лабонашро поин фароварда аз баногўшаш бўса зад. Рухшона муқобилат намекард. Анис аз ин шерак шуда, лабашро ба лабони Рухшона бурд. Лабҳо ба ҳам омаданд. Онҳо чун навошиқон мебўсиданд. Ин бўсаҳои самимӣ ва беолоиш буданд. Анис одаму оламро фаромўш карда бўса меситонид. Рухшона бори аввал буд, ки бо марди бегона бўса мекард. Бўсаи ошиқона. Аз ин рў, каме дасту по мехўрд ва ҳатто шарм мекард. Ў 25 сол бо шавҳараш зиндагӣ карда бошад ҳам, чунин бўсобўсӣ накарда буд.
— Ман аз ин бештар мехоҳам, — изҳори дил намуд Анис лаб аз бўсобўсӣ гирифта.- Мо 16-сола нестем, ки дар кўча бўсобўсӣ кунем. Ман марди танҳои шабам. Шумо зани озод. Пас чаро мо ба ҳам напайвандем?
-Чӣ , дар ҳамин ҷо?
-Чаро не?! Болои санг, таги дарахт. Ин корро дар ҳама ҷо кардан мумкин, — шўхӣ кард Анис.
-Не, е…? – ҳайрон шуд Рухшона.
— Албатта, ман шўхӣ мекунам. Дивани мулоимро дар хона монда, рўйи сангро интихоб кардан аблаҳӣ мебуд. Таги сангу болои санг дар давраҳои ҷавонӣ буд.
— Дар болои сангу болои дарахт бисёр кардагӣ будагистед?
— Пургунаҳем. Он чӣ буд, буд. Ба гузашта рашк намекунанд. Биёед рафтем ба хона. Вақти пурқимати мо гузашта истодааст. Онҳо аз ҷой бархостанд.
— Дугонаам, чӣ мегўяд? Ў маро мекобад.
— Ба вай ҳам мард меёбем. Шумо вайро ба гап дароред, ман ин тарафашро ҳал мекунам.
-Шарикатон чӣ мегўяд? Шумо дар хона танҳо нестед-ку.
— Ягон бало мекунем. Рақами телефони дастиатонро гўед, ман онро дар телефони худам сабт мекунам ва баъд ба шумо занг мезанам.
Рухшона рақами телефонашро гуфт ва онро Анис сабт кард.
-Шумо, ки занг задед, ман рақами телефонатонро сабт мекунам. Инро мехоҳед?
— Чаро не?!
Онҳо сўҳбаткунон ба корпуси А-и осоишгоҳ расиданд.- Шумо дар қабати чандум зиндагӣ мекунед? — пурсид Анис.
— Дар ошёнаи панҷум.
— Мо ҳам дар ошёнаи панҷум. Дар хонаи 517.
— Мо дар хонаи 520. Қариб ҳамсоя будаем.
— Ин хуб аст. Ҳоҷати аз тиреза даромадан намемонад. Худо оҳи бечорагонро мефаҳмад.
Анис ба ҳуҷраашон омада шарикаш Абдусаломро машғули тамошои телевизор дарёфт. –Абдусаломҷон ягон соат хонаро холӣ намекунед?
— Танҳохўр ҳастед-да ако. Дугонаашро ба ман шинос кунед, намешавад?
— Ҳамон фарбеҳро мехоҳед? Вай аз шумо ягон 10 сол калон будагист.
— Дар ишқу ошиқӣ ҳамсол намеҷўянд.
— Майлаш, гап нест. Ман ҳозир занг мезанам, — гуфт Анис телефони дастиашро гирифта.
— Рухшонахон, шумоед. Бо дугонаатон илтифот карда як ба кулбаи муҷаррадонаи мо қадам ранҷа намекунед? Мо интизори шумо.
— Ҳозир меоянд. Ана ин пулро гирифта як ба бар ғезонед. Шаробу кабоб биёред, — гуфт Анис ба Абдусалом як бистсомониро дароз карда.
— Ако, ман пул дорам.
— Инаш зарар намекунад. Зиёдтар ғизо мехаред.
Абдусалом барои анвои зиёфат ба поин фаромад.
Анис мизеро, ки дар кунҷи хона меистод, миёни хона монд, то ки аз як тарафаш болои кат нишаста шавад. Аз ҷониби дигари миз курсиҳоро монда барои чор нафар ҷои нишаст омода намуд. Ҳамин вақт Рухшонаву Наргис ҳам омаданд. Аз паси онҳо Абдусалом низ даромада омад. Бо кўмаки занҳо дастархон ороста шуд. Абдусалом шаробро кушод.
-Ман наменўшам, гуфт Рухшона.
— Камакак гиред,- хоҳиш кард Анис. – Ё, коняк кушоям?
— Не! Ман умуман нўшокии спиртӣ истеъмол намекунам.
-Ба ман ҳам кам резед,- ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Наргис.
-Майлаш ба мо бисёр мерасад, — шўхӣ кард Анис.
Шаробу кабоб нўши ҷон шуд ва ин муддат дар мавзўҳои гуногун сўҳбат карданд. Маълум шуд, ки Рухшонаву Наргис як ҳафта пеш ба истироҳат омада будаанд. Онҳо — дугонаҳои дерин, дар як мактаб таҳсил карда, сипас дар донишгоҳ низ ҳамкурс будаанд. Ҳоло бошад, дар мактабҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегуфтаанд. Анис низ дар бораи дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор карданаш ва ин ҷо барои ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронидани семинари панҷрўза омаданашро нақл кард.
— Бисёр нишастем, вақти хоб шуд, — гуфт Рухшона, нишастро хотима бахшиданӣ шуда.
— Наход шумо ин қадар барвақт хоб равед?- суол кард Анис.- Ман имшаб хоб надорам.
— Рўзона хоб карда будед магар?- ҳайрон пурсид Рухшона.
— Не, ман рўзона хоб карда наметавонам.
— Пас чаро хоб намеравед?- боз пурсид Рухшона.
— Аввал, ин ки дар ҷои бегона хобам намебарад. Дуюм, ман танҳо хоб рафта наметавонам.
— Магар танҳо метарсед? Шарикатон ҳаст-ку, — ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Наргис.
— Бе зан хоб рафта наметавонам, мегўям.
— Ин хел бошад, занатонро бо худ наовардед, — киноя кард Наргис.
— Наргисбону, занамро орам, бачаҳоро кӣ нигоҳ мекунад?! Сонӣ , шумо магар нашунидаед, ки «Унҷангиҳо барои унҷа ва инҷогиҳо барои ин ҷо», гуфтаанд.
— Шумо бало.
— Воқеан, шумо Наргисбону гуфтед, ки дар китфҳоятон намак ҷамъ шудааст,-афзуд Анис. — Абдусаломи мо маҳсгари зўр, дипломдор. Се моҳ дар Хитой хондагӣ . Бо иҷозаи шумо вай ба хизмат тайёр.
-Не, шўхӣ накунед?
— Ако рост мегўянд. Ман донишкадаи варзишро хатм кардагӣ . Хуб медонед, ки ба мо масҳгариро меомўзанд. Масҳ барои варзишгарон хеле зарур аст.
— Рухшона шумо ин ҷо истед. Абдусалом дар хонаи шумо Наргисбонуро масҳ мекунанд. Наргисбону, Абдусаломро бо худ баред, канӣ чӣ ҳунар доранд?
Абдусалому Наргис рафтанд. Рухшонаву Анис дастархонро ҷамъ карда мизу курсиҳоро ба ҷояшон монданд.
— Хуб, мо ҳам ба масҳ шурўъ мекунем?- пурсон шуд Анис.
-Чӣ хел масҳ?
— Либосҳоятонро бадар кунед, нишон медиҳам.
— Не, шарм мекунам. Боз шарикатон даромада наояд.
— Дарро аз дарун қуфл мекунам.
— Чароғро хомўш кунед.
-Ман дар торикӣ шуморо намебинам.
-Моҳтобшаб аст. Равшаниаш аз тиреза ба хона меояд.
Рухшона куртаашро кашида болои кат хоб рафт.
Анис ба ҷуз тагэзор ҳамаи либосҳояшро кашид ва худро ба оғўши Рухшона андохт. Ў лабонашро ҳамоили лабҳои Рухшона карда бўсид. Сипас лабонашро ба баногўш ва сари пистони Рухшона бурд. Аз ин шаҳвати Рухшона бедор шуд. Инро Анис, ки гурги болондида буд, фаҳмид ва аз Рухшона хоҳиш кард, ки боқимондаи либосҳояшро низ кашад. Рухшона масти бўса ин хоҳишро иҷро кард. Анис фурсатро аз даст надода ба комситонӣ даромад. Ҳар ду болои кат ба ҳам мепечиданд. Пас аз чанд дафъаи комситонӣ онҳо ба обу арақ ғутида ором гирифтанд.
Баъди чанд муддати истироҳат Анису Рухшона ба худ омаданд ва рафта дар ташноб ғусл карданд.
— Ман акнун меравам, боз шарикатон наояд,- хавотир хоҳиши рафтан кард Рухшона.
— Шарикам бо Наргис мемондагист. Ба ҳар ҳол шумо бо ман монед, хуб мешавад.
— Не, одамон бинанд чӣ мегўянд?
-То омадани Абдусалом, истед. Ба хона рафта айши онҳоро вайрон кардан чӣ лозим?
Ҳамин вақт дар тақ-тақ шуд. Анис дарро кушод. Абдусалом ошуфта паси дар меистод.- Дароед, чӣ меистед?
— Халал нарасонам, мегўям.
-Аллакай халал расондед. То саҳар дар оғуши Наргисбону мемондед, чӣ мешуд?
— Ман дипломи масҳгариамро ба шумо месупорам, ако. Агар масҳгариаш ҳамин бошад, аз баҳри диплом гузаштам. Масҳгарӣ ба шумо насиб кунад.
-Ман меравам, — худро ноҳинҷор ҳис карда гуфт Рухшона.
— Майлаш. Ҳозир ман роҳравро бинам боз касе набошад.
Дар роҳрав касе набуд. Анис аз Рухшона як бўса ситонида ўро гусел кард. Бо рафтани Рухшона гўиё нисфи ҷону танаш бо ў рафт. Анис ғамзадаву парешон омада болои каташ дароз кашид.
— Ако, маро хуб боб кардед, — ба сухан оғоз кард Абдусалом, ки аллакай ба ҷогаҳаш даромада буд.
— Чӣ шуд, боз?
— Ба худатон ҷавону химчамиёнашро гирифтед. Ба ман бучкаро додед.
— Аввал, ин ки арўси шумо аз Рухшона як сол хурд. Дигар, ин ки худатон ҳунар надошта бошед, ҳамин хелаш мерасад. «Ҳунар нест, хонақоҳ танг», гуфтаанд.
— Ако, вай фили тайёр. Ягон саду бист кило вазн доштагист. Болои поям баромад, устухонҳоям қасарос заданд. Ба болои фарбеҳиаш дар пушташ картошка барин хол ё гўшти зиёдатӣ доштааст. Инро дида дилам беҳузур шуд. Агар маст намебудам, мурам, ки ба вай нигоҳ кунам. Дигар вайро ба ин ҷо наоред, набинамаш.
— Акнун тамом ҷўра, хоҳед – нахоҳед, то рафтанамон хизматашро мекунед.
— Не, ако ин хел гуфта маро ғамгин накунед.
— Бас, беҳуда ҷоғ задан. Хоб меравем, — гуфт Анис ва чароғро хомўш кард.

* * *
Рухшона ба ҳуҷраашон омада Наргисро хушҳол ёфт. Тўли як ҳафтаи ин ҷо буданашон бори аввал ўро чунин хурсанд медид.
-Ҳа, ба ту чӣ шуд? Тилло ёфтӣ чӣ ?- пурсон шуд Рухшона.
-Аз тилло ҳам қиматтар. Ниҳоят ба шавҳарам «шох» мондам. Вай лаънатӣ як сол боз ойимчабозӣ карда ба ман нигоҳ намекунад.
— Хайр, масҳ кард?
-Масҳҳро намедонад. Лекин хуб кор мекардааст. Ба ман маъқул шуд. Шавҳарам ин хелак карда наметавонад. Пагоҳ боз меравем?
— Ман куҷо донам. Ту медониву Абдусаломат.
— Аз Анис хоҳиш кун, ба вай гўяд.
— Майлаш, канӣ пагоҳ шавад. Биё хоб равем, дер шуд,- ба сўҳбат хотима бахшид Рухшона.
Рухшонаро хоб намебурд. Ў дар ҷойгаҳ печутоб мехўрд. Вай аз кори кардааш ҳайрону пушаймон буд. Ҳайрон аз он буд, ки вай як зани миёнасоли боақл нафси худро дошта натавониста гирифтори шаҳват шудааст. Ба чанд сухани ширини Анис фирефта шуда ба домаш афтодааст. Ў худро намешинохт. Наход зане, ки фарзандони болиғ дорад, ба чунин шармандагӣ даст занад. Ў тўли 25 соли издивоҷ ба шавҳараш хиёнат накардааст. Ҳатто ба мардони бегона таваҷҷўҳ надошт. Шавҳару фарзандон барояш аз ҳама азиз буданд. Ў зани шаҳватӣ нест. Дувуним сол боз ў мардро надидааст. Шавҳараш пеш аз марг нимсол бистарӣ буд. Вай дар ин муддат боре ҳам дар бораи шаҳват фикр накардааст. Имрўз ба ў чӣ шуд, худаш нафаҳмида монд. Тўли як ҳафтаи дар осоишгоҳ буданашон чанд маротиба мардҳо ба онҳо гап партофтанд, вале Рухшона худро канор мегирифт. Ҳатто боре аз тарс худро дар паҳлўи Наргис пинҳон кард. Агар вай мард мехост, кайҳо бо ягон нафар ҳамхоба мешуд. Пас аз вафоти шавҳараш чандин мардҳо ба ў хушомад мезаданд. Вале вай ба онҳо рўи хуш намедод. Ҳатто чанд нафар занмурдаҳо ба хостгорӣ ҳам омаданд. Ба миён додари корчалонаш Муҳиддинро андохтанд. Рухшона ҳар дафъа калўши онҳоро пеш гузошта мегуфт, ки ду фарзанди калон дорад. Айб аст шавҳар кардан.
«Пагоҳ, субҳ муносибатамро бо Анис меканам», ба худ меандешид Рухшона. «Ин чӣ номаъқулие буд, ки ман кардам. Худоё гуноҳамро бубахш».
Субҳ медамид. Рухшона аз ҷойгаҳ бархост ва рафта таҳорат кард, то ки намози бомдод бихонад.

* * *

Анисро низ имшаб хоб набурд. Дар ҷойи бегона хоб накардан одат шуда бошад ҳам, ин дафъа вай дар бораи Рухшона фикр карда бедорхобӣ мекашид. Онҳо бори аввал вохўрда бошанд ҳам, Рухшона барои Анис шахси хеле наздик менамуд. Гўё онҳо ҳамдигарро даҳсолаҳо боз мешинохтанд. Анис, ки ба қавле мўйи сарашро дар занакбозӣ сафед кардааст, бори аввал ба тақдири маъшуқааш бетараф набуд. Ўро чизе пойбанди Рухшона мекард, ки ин чӣ бошад, намедонист. Наход ин бештар аз ҳавою ҳавас бошад?! Не. Ў як зани муқаррарӣ аст. Дар ҷогаҳ низ аз худ «қаҳрамонӣ » нишон надод. Ҳатто чун наварўсон таҷрибае надошт. Бо ин андешаҳо Анис шабро рўз кард.
Субҳ пас аз ношто семинар шурўъ шуд. Соати аввал бо шиносоӣ ва фаҳмидани дараҷаи дониши шогирдон гузашт. Сараввал Абдусалому Гулгуна, ки масъули буду боши шогирдон буданд, онҳоро бо тартиби иштирок дар семинар, рафтор дар осоишгоҳ шинос карданд. Аз рўи реҷа соати 8- ношто, аз соати 9 то 13 — дарс, аз соати 13 то 15 — хўроки чошт ва истироҳат, аз соати 15 то 17 — боз дарс ва соати 19 — хўроки шом муқаррар шуда буд. Шогирдон бояд соати 23 хоб мекарданд. Воқеан, ин вақт дари корпуси истиқоматӣ баста мешуд, то ки осоиши истироҳаткунандагон халалдор нашавад.
Анис бисёр мехост, ки Рухшонаро бубинад. Вале дар семинар банд буд, ба шогирдон машғулият мегузаронд. Анис тибқи нақша бояд шогирдонробо қоидаи навишти матни озод, нақли хаттӣ , иншо ва ҳикоя шинос мекард. Мувофиқи реҷа ў имрўз бояд ба онҳо танҳо аз назария дарс гўяд ва аз фардо онҳо аз рўи супориш худашон мустақилона дар ин жанрҳо мавод менавиштанд. Мувофиқи талаботи семинар тўли панҷ рўз ҳар яке бояд камаш як матни комил, ки дар матбуот чоп карда шавад, менавиштанд. Ин барои мактаббачаҳо, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекарданд, хеле душвор буд.
Анис ба шогирдон соддаву фаҳмо дарс мегузашт ва ин ба онҳо мақбул буд. Онҳо худро дар дарс озод ҳис мекарданд ва боҷуръатона савол дода, посух мегирифтанд.
Анис бо шогирдон банд бошад ҳам, як пораи дилаш ба ёди Рухшона буд. Дар вақти танаффус чанд маротиба ба ў занг зад. Рухшона дар корпуси муолиҷавӣ табобат мегирифт, ў то нисфирўзӣ банд буд. Онҳо аҳд карданд, ки пас аз нисфирўзӣ вомехўранд. Акнун Анис ин мулоқотро интизорӣ мекашид.
Рухшона шаб аҳд карда буд, ки бо Анис иртиботашро меканад. Дигар бо ў мулоқот намекунад. Барои ҳамхобагии дишаба худро мазаммат мекард. Вале симои Анис, шўхиҳояш ҳеҷ аз пеши назараш дур намерафтанд. Рухшона субҳ мехост ба Анис занг бизанад, вале ғурураш баландӣ кард. Ў занги Анисро интизорӣ мекашид. Пас аз занг задани Анис ў худаш надониста монд, ки ба мулоқот бо ў розӣ шудааст.
Анис соати якуним аз чоштхўрӣ баромада ба Рухшона занг зад: — Хонуми зебо ман то соати се бекорам ва аз рўи ваъда шуморо дар лаби баҳр интизорам.
— Майлаш, ҳозир меоям. Лекин Наргисро чӣ кунам?- садо омад аз телефон.
-Бигзор дар ин гармӣ хоб карда истироҳат кунад.
-Вай бе ман намеистад.
— Рухшона, ба мо янга лозим нест. Агар хоҳиши сайругашт дошта бошад, Абдусаломро ёбад. Боз мегўям, ба мо нозир даркор не.
— Ҳозир меоям.
Нисфирўзӣ соҳили баҳр қариб холӣ буд. Истироҳаткунандагон аз гармои рўз дар хонаҳояшон паноҳ бурда буданд. Танҳо чанд нафар бачаҳо, ки бо волидонашон ба осоишгоҳ омада буданд, дар баҳр оббозӣ доштанд. Рухшона Анисро дар лаби баҳр дар сояи маҷнунбед болои харак нишаста дарёфт. Ў рў ба сўи баҳр ғарқи андеша нишаста буд. Рухшона ўро диду поёни нофаш ба дард даромад, вуҷудашро як гармии гуворо фаро гирифт. Рухшона инро пеш ҳеҷ эҳсос накарда буд. Аз он ки бори аввал Анисро дид, ин ҳиссиёти гуворо дар қалби ў пайдо шуд. Ҳатто вақте ки дар бораи Анис фикр мекард, ин ҳиссиёти гуворо ўро пахш мекард. Рухшона ҳеҷ намефаҳмид, ки ин чӣ ҳиссиётест.
Анис аз пасаш омадани Рухшонаро пай бурда бошад ҳам, сир бой надод. Ў бо дастонаш чашмони Анисро маҳкам кард.
— Чунин дастони пурҳароратро албатта, Рухшонаи азиз дорад, — хушгўӣ кард Анис.
Рухшона ба назди Анис гузашта нишаст ва беихтиёр бўсае ба лабҳои ў зад. Ин бўсае буд, ки ҷараёни барқро мемонд. Аз ин бўса вуҷуди Анисро оташ гирифт. Мехост ба лабони ў бўса занад. Вале аз бачаҳо, ки дар баҳр оббозӣ мекарданд, шарм кард. Аз ҳаяҷон забонаш лол монд.
Рухшона панҷаи дасти Анисро ба панҷаи худ гирифт. Ин ноқили эҳсоси дилҳо буд. Ҳардуро эҳсоси гуворо пахш кард.
Ниҳоят Анис ба худ омада гуфт:- Ин эҳсос маро мекушад. Биёед, ба хона рафта онро гуворотар кунем.
— Шарикатон дар хона нест, магар?
— Вай пас аз чоштхўрӣ саққобозӣ дорад.
Рухшона, ки шаб дигар мулоқот накардан бо Анисро аҳд карда буд, аҳди худро шикаста бо ў рафт. Онҳо ба ҳуҷра даромадан замон Анис дарро баст ва либосҳояшро кашида ба Рухшона гуфт: — Ҷони ширин либосҳоятонро бадар кунед, барои ишқбозӣ мо расо як соат вақт дорем.
Рухшона чун шахси ҷодушуда ва ё масти афюн бечуну чаро хоҳиши Анисро иҷро карда худро болои кат гирифт. Анис назди ў дароз кашида, лабашро моили бўсаситонӣ кард. Лабҳо ба ҳам омаданд. Хоҳиши комситонии Анис боло гирифт. Ў даст ба тагэзори Рухшона бурда онро поин кард. Қариб як соат кати Анис майдони ҳарбро мемонд. Ин ду тан он ҷо чаппаву роста мешуданд, ком меситониданд. Чӣ лаҳзаҳои гуворо буд барои онҳо.
Анис ниҳоят аз ҳолати ҷунунии ишқ ба худ омада, ба соат нигарист. Соат 20 дақиқа кам 3 буд. Ў аз ҷогаҳ хест ва рафта ғусл кард. Баъди вай Рухшона низ ба ташноб даромад.
— Чаро ин қадар саросемаед? Ҳоло вақт ҳаст-ку,- шитоб доштани Анисро дида пурсид Рухшона.
— Ҷонакам, вақти дарси ман ҳам наздик шуд. Дер кунам хуб намешавад. Ҷавонон аз рафтори калонсолон ибрат мегиранд.
-Бегоҳ вомехўрем-а?- пурсон шуд Рухшона, ки ҳеҷ хоҳиши аз Анис ҷудо шудан надошт.
— Албатта, ҳатман шом вомехўрем, ҷонакам.
Анис ба семинар ва Рухшона ба ҳуҷраашон рафтанд.
Вақте ки Рухшона ба ҳуҷраашон меомад, Наргисро дар даромадгоҳ бо як марди ғўлмонанд дид.
— Ту рафтан гир, ман ҳозир меоям, — гуфт Наргис ба Рухшона калиди ҳуҷраро дода.
— Майлаш.
Рухшона ба ҳуҷра омада, тағйири либос кард ва худро ба каташ партофт, то андаке пас аз ин ишқбозиҳо истироҳат кунад. Ў хаста шуда бошад ҳам, хобаш намебурд. Побанди андешаҳо буд. Худро намешинохт. Чаро вай як зани баркамоли соҳибобрў дар осоишгоҳ бо марди бегона ишқварзӣ мекунад? Магар ў ақлашро хўрдааст? Аксари истироҳаткунандагон аз Хуҷанданд ва ин ҷо чанд нафар шиносҳо низ ҳастанд. Магар овозаи ишқи ў дар шаҳр паҳн намешавад? Магар обрўи оилаи онҳо намерезад? Дар Хуҷанд як одати бад ҳаст. Агар номи ў ба ҷалабӣ барояд, одамони баобрў ба писараш духтар намедиҳанд. Духтарашро ҳам касе хостгорӣ намеояд. Ин ҳамаро Рухшона хуб дарк мекард, вале пеши Анис инону ихтиёрро аз даст дода буд.
Омадани Наргис ўро аз банди андешаҳо раҳонд.
— Мурад, ин дев, қариб таҷовуз карда буд, — аз дар даромадан замон сухан оғоз кард Наргис.
— Ҳа, ба ту чӣ шуд? Кадом дев? – пайи ҳам суол дод Рухшона чизе нафаҳмида.
— Ҳоло як дам ист, ман нафасамро рост кунам, — гуфт Наргис ва аз чойник як пиёла чой рехта нўшид. – Ҳо, ана вай, девсифатро бо ман дидӣ -ку, вай маро ба хонааш барои зирачойнўшӣ таклиф кард. Мани аҳмақ бо ў ба ошёнаи чорум баромадам. Вай ба ман як пиёла зирачой рехта дод. Нўшидам. Маъқул нашуд. Диламро ғаш овард. Пас аз чойро нўшидан ў гуфт, ки «Оймулло, акнун як кунем-чӣ ». Аз дастам гирифта қариб ба кат хобонида буд. «Ман ҳозир либосҳоямро иваз карда биёям. Ин либосҳоям ноқулай», гуфта кандам. Вай падарлаънат қариб таҷовуз мекард.
— Худат мард кофта гашта будӣ -ку?
— Ин хелакаша не-да.
— Воқеан, ўро аз куҷо ёфтӣ ?
— Аз хоб хезам, ту нестӣ . Ба телефонат занг занам, набардоштӣ . Ба лаби баҳр рафтам, набудӣ . Дигар ҷойҳои сояи нишастро низ дидам. «Аз ту на пай буду на Ҳайдар». Воқеан, куҷо будӣ ту?
— Ман бо Анис будам.
— Дар ҳуҷраашон?
— Бале.
— Абдусалом ҳам буд?
-Не, чӣ кор мекунад вай.
— Рўзонаям кардед-чӣ ?
-Э намур, ту. Ин гапро мону гўй, ки вай «зирачой»-ро аз куҷо ёфтӣ ?
— Туро наёфта дар сояи дарахтон нишаста будам, ки ин дев аз куҷое омада наздам нишаст. Дар дасташ як пакет зира буд. Ў зирачойро таъриф карда барои нўшидани он маро ба ҳуҷрааш даъват кард.
— Ту ҳам ба ишора маътал, чашмонат рўшан шуда, давида рафтӣ . Ту шарм намекунӣ , ки як занаки наберадор аз паси мардҳо медавӣ ?!
— Шавҳарам ба ман нигоҳ намекунад. Чӣ мурам-мӣ , акнун? Ман ҳоло ҷавон. Дилам мард мехоҳад. Ман ранги ту ба бемардӣ одат накардаам.
— Барои як лаҳзаи шаҳват шуда обрўятро як пул мекунӣ ?
— Инро кӣ медонад?
— Аз Худо тарс, ту зани шавҳардор.
— Бисёр ҷоғ назан, ман кўдак не. Худаша бину боз носеҳӣ мекунад.
— Бале, ту дуруст мегўӣ . Ман худ ҳуқуқи маънавии ба ту насиҳат кардан надорам. Худ пургунаҳу нопокам. Ман даст ба амали фаҳш задаам. Ҳеҷ намефаҳмам, ки чӣ хел ман, як зани боиффат бо марди бегона ҳамхоба шудам. Маро Худо зад, чашмонам кўр шуданд, нафси ҳайвониам боло гирифт. Ман пургунаҳам, кош Худо бубахшад маро, -гуфт Рухшона ва якбора ҳунгос зада гирист.
— Гиря накун! Наход як зани калон гиря кунад.

* * *

Анис пас аз нисфирўзӣ низ дарси назариявӣ гузашт. Ў дарс гузашта истода бошад ҳам, фикру ёдаш ба Рухшона буд. Мехост, ки ҳар чӣ зудтар ба дидори Рухшона расад. Ба семинар асосан бачаҳои донову зирак аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар гирд омада буданд. Онҳо бо завқ дарсро гўш мекарданд ва баҳсу мунозира менамуданд. Анис пеш аз дарсро ҷамъбаст кардан ба онҳо вазифаи хонагӣ дод.
— Муаллим, моро баъди дарс ба оббозӣ мебаред? – пурсид, Беҳрўз, ки аз бачаҳои шўхи гурўҳ буд.
— Масъули шумо Абдусалому Гулгунаанд. Аз онҳо хоҳиш кунед, — гуфт Анис.
— Онҳо моро дар хонаҳоямон қава карда берун баромаданӣ намемонанд. Шумо баред, муаллим, — хоҳиш кард Комрон. Ба ин хоҳиши вай духтарҳо низ ҳамроҳ шуданд: — Муаллим, не нагўед.
— Майлаш, фақат бетартибӣ накунед ва аз соҳил дур наравед, мебарам.
— Урра, оббозӣ меравем, -хушҳолона нидо кард Беҳрўз.
— Пас аз 15 дақиқа дар сохили баҳр ман шуморо интизор мешавам.
Анис аз дарс баромадан замон ба Рухшона занг зад: — Хонуми зебо, як ба соҳили баҳр намеоед? Ман бо бачаҳо ба оббозӣ рафта истодаам.
— Майлаш, ман ҳозир меоям,- розӣ шуд Рухшона.
Рухшона то ин дам газета мехонд. Дурусттараш худашро бо газетахонӣ андармон мекард. Вале ҳушу ёдаш ба Анис буд. Гуфтугўи телефонии Рухшона Наргисро аз хоб бедор кард: — Ҳа, киба ҳозир меоям, мегўӣ ?
— Анис занг зад. Ба оббозӣ мерафтааст.
— Навакак тавбаву надомат кардӣ , боз давида меравӣ ? Буз дар вақти зоидан аз азоби дард тавба мекардааст, ки дигар ба така наздик намешавад. Вале чун чанд вақт мегузаштааст, боз думашро рост карда ба така хушомад мезадааст.
— Намурӣ ту. Чӣ ман туба буз-мӣ ?
— Ту бечора марди бегонаро, ки надидаӣ , Анис бароят тиллоӣ менамояд.
— Гапро кам кун, ман меравам.
— Абдусалом ҳам он ҷо мешавад, ки ман равам?
— Ман аз куҷо донам? Ба худаш занг зада фаҳм.
Наргис ба Абдусалом занг зад: — Абдусаломҷон, шумо куҷонда?
— Ман дар хона.
— Ман биёям?
— Не, ман ба саққобозӣ меравам. Он ҷо маро ҳамкорамон Азиз интизор.
Наргис аз ин ошуфта шуда ба Рухшона муроҷиат кард: — Исто, ман бо ту меравам. Ҷанобашон банд будаанд, ба саққобозӣ дер мекардаанд. Ҳе саққоят аз сарат монад, ношукрбанда!
Наргис низ зуд либоси оббозиашро ба бар карда аз болояш хилъат пўшид ва дугонаҳо ба сўи баҳр равон шуданд.
Вақте ки онҳо ба соҳили баҳр расиданд, Анис бо шогирдонаш оббозӣ мекард. Анис онҳоро дида ба сўяш хонд:- Хонумҳои зебо ба мо ҳамроҳ шавед.
Рухшонаву Наргис худро ба об андохтанд. Онҳо. ки шиноварӣ намедонистанд, дар ҷойи пастоб оббозӣ мекарданд. Анис ба назди онҳо шино кард ва аз дасти Рухшона дошта гуфт:- Биёед, ба ҷои чуқуртар. Ман шуморо шиноварӣ меомўзам.
— Не, ман ғарқ мешавам!
— Натарсед! Ман шуморо ғарқшавӣ намемонам.
— Не. Дастамро сар диҳед, шогирдонатон чӣ мегўянд?
Анис дасти ўро сар дода гуфт: – Майлаш, шуморо ташвиш намедиҳам. Ягон рўзи дигар ҳатман шиновариро меомўзонам.
— Биёед, ба офтобхўрӣ мебароем, — даъват кард Рухшона. Онҳо ба соҳил баромаданд. Наргис ҳам назди онҳо омада нишаст. Аз ин табъи Анис хира шуд. Ў наметавонист дар ҳузури Наргис бо Рухшона сўҳбати маҳрамона бикунад. Бинобар ин онҳо ба мавзўъҳои гуногун дахл мекарданд. Анис сўҳбат карда истода бошад ҳам, ҳушаш ба баҳр ба шогирдонаш буд, то кадоме аз онҳо ба дур шино карда наравад ва ё ғарқ нашавад. Инро Рухшона низ дарк мекард ва ў ҳам чашм ба баҳр бурда ҳар сари чанд вақт нигоҳ мекард, ки шогирдон дар куҷо оббозӣ карда истодаанд. Баъзан ягон нафар аз соҳил дур шавад, «Ин шогирди шумо нест магар», гуфта мепурсид ў аз Анис.
— Вақти хўроки шом шуд, намеравем?- гуфт Наргис, ки аз сўҳбат зиқ шуда буд.
— Соат чанд?- пурсид Анис.
— 20 дақиқа кам 7.
— Бале, вақти рафтан шудааст.
— Бачаҳо, зуд аз об бароед, вақти хўроки шом шуд!- нидо кард Анис шогирдонашро.
— Муаллим, боз камакак оббозӣ кунем, — илтимос кард Абдурасул.
— Оббозӣ ишкамсерӣ нест. Боз пагоҳ оббозӣ мекунед.
Бачаҳо аз об баромаданд.
-Зуд либосҳоятонро иваз кунед ва ба ошхона дер накарда биёед, — гуфт ба шогирдонаш Анис. Ў худ низ либосҳояшро пўшид ва бо Рухшонаву Наргис аз паси шогирдонаш равон шуданд.
— Пас аз шомхўрӣ дар рақсгоҳ вомехўрем-а?- пурсид Анис аз Рухшона.
— Ҳа, бале.
— Боз рақс мекунам, гўед.
— Ин аз табъам вобаста. Агар мусиқии хуши дилам бошад ва агар шумо ҳамроҳӣ кунед, албатта мерақсам.
— Пас то дидор.
Дар ошхона барои иштирокчиёни семинар 4 миз омода карда мешуд. Дар 3 миз шогирдон — писарону духтарон алоҳида менишастанд. Барои устодон низ мизи алоҳида буд. Вале ба ҳама як хел хўрок медоданд. Абдусалом боз чойникро пури арақ карда овард ва ба пиёлаҳо рехта гуфт: – Хуб, барои профилактика мегирем.
— Ҳар шом арақ менўшем, боз алкаш нашавем, — норизоӣ кард Азиз.
— Як шиша барои се нафар алкаш намекунад,- посух дод Абдусалом. -150 грамм ин барои иштиҳо овардан аст.
— Мулло Абдусалом, кори хуб накардед, имрўз навбати ман буд, — хиҷолатомез гуфт Анис.
— Ако, хиҷолат накашед. Ҳамин аз ҳисоби шумо аст. Аз бақияи 20 сомонии додаатон, — гуфт Абдусалом.
— Ин тавр бошад, об барин аз гулўям мегузарад.
Пас аз тановули хўроки шом Анис ба ҳуҷраашон рафта тағйири либос кард ва ба рақсгоҳ омад. Мусиқии шўх баланд садо медод ва дар ҳавои он чанд нафар мерақсиданд. Рухшона бо Наргис дар каноре болои харак нишаста тамошо доштанд. Рухшона Анисро дид. Чашмҳои онҳо ба ҳам бархўрданд. Анис бо ишораи чашм ўро ба сўяш хонд.
— Ту шин, ман ҳозир меоям, — гуфт Рухшона ба дугонааш Наргис аз ҷояш хеста.
— Куҷо меравӣ ?
— Ҷоятба ист, меоям гуфтам.
Наргис ба атроф нигоҳ карда Анисро дид.- Ба назди домодтўра меравам, гўй.
— Намурӣ ту.
-Абдусалом нест?
— Ман аз куҷо донам. «Ба уштур янтоқ даркор бошад, гарданашро дароз мекунад», гуфтаанд.
-Ҳоло Абдусалом кобам, гўй?
Рухшона ба ин гапи Наргис эътибор надода назди Анис омад. Анис аз дасти ў гирифта гуфт: — Рафтем, ба он алвонҷак нишаста тамошо мекунем.
Онҳо ба алвонҷак, ки даҳ қадам дуртар аз рақсгоҳ буд, рафта нишастанд. Анис панҷаи дасти Рухшонаро ба панҷаи худ гирифт ва онҳо хомўш ғарқи тамошо шуданд. Ҳар ду рақсро тамошо мекарда бошанд ҳам, ҳушу ёдашон ба якдигар буд.
-Биёед, аз ин ҷо меравем. Сайругашт мекунем, — пешниҳод кард Анис.
Онҳо аз ҷой бархостанд.
— Яхмосхўрӣ меравем?- пурсон шуд Анис.
— Не, ман ба яхмос хуш надорам. Агар шумо мехоста бошед, майлаш.
-Ман тасфи диламро паст кунам, мегўям. Вагарна ман ҳам чандон ошиқи яхмос нестам.
— Пас меравем.
-Не. Шумо ба даҳони ман нигоҳ карда мешинед? Ман ин хел наметавонам.
— Ба ростӣ , ман шир ва маҳсулоти шириро хуш надорам. Аз ин рў, узр.
— Аҷиб, ман ҳам ширу ҷуғротро дўст намедорам. Вале баъзан яхмос мехўрам. Пас рафтем ба соҳили баҳр, он ҷое, ки шиносоии мо оғоз гирифтааст.
Онҳо дар соҳили баҳр қадам зада ба хараке омада нишастанд. Баҳр ором буд. Шамол намевазид. Бинобар ин, дар як дам селаи хомўшакҳо ба онҳо ҳуҷум карданд.
— Ин ҷо нишинем, пас аз як соат сару рўямон варам мекунад, -гуфт Анис, ки ба чунин газидани хомўшакҳо одат накарда буд.- Биёед, ба хона меравем, — пешниҳод кард ў.
Онҳо аз ҷой бархостанд. Раҳораҳ Анис аз бари «Соҳил», ки воқеан дар соҳили баҳр ҷойгир буд, ду банка пивои «Балтика- 9» гирифта якеро ба Рухшона дароз кард.
— Медонед, ки ман наменўшам, — рад кард Рухшона.
— Як мироати самарқандӣ кардам. Пас ба ман бисёртар мерасад.- гуфт Анис як банкаи пиворо, ки ях барин буд, кушода.
— Ман ҳеҷ ба ин оби шумо одат накардам. Барои ҳамин ҳам оби «Зулол» ё пиво нўшида ташнагиамро мешиканам. Оби «Зулол» ҳам агар хунук набошад, нўшида намешавад. Пиво ҳам ким чӣ хел аз пивои асл фарқ мекунад. Шояд онро ҳамин ҷо дар ягон таҳхона истеҳсол мекунанд?
— Мумкин. Ҳозир аксари маҳсулот қалбакӣ , -тасдиқ кард Рухшона.
— Барои ҳамин ҳам, мазааш нест. Менўшӣ , ташнагиат намешиканад, -гуфт Анис ва боқимондаи пивои бонкаро нўшид.
Онҳо сўҳбаткунон ба кўчабоғ ворид шуданд. Кўчабоғ бояд аз ду тараф бо чароғҳо рўшан мешуд. Вале аксари чароғҳо шикаставу хомўш буданд. Аз пеш суроби се мард намудор шуд.
— Ким-кӣ меояд, — ин суробҳоро дида хавотиромез гуфт Рухшона.
— Омадан гиранд, ин ҷо осоишгоҳ аст, одамон истироҳат мекунанд.
Се нафар ҷавони 25-30-сола ба онҳо наздик шуданд. Яке аз онҳо ба Анис муроҷиат кард: — Старик, сигарет дорӣ ?
— Сигарет намекашам.- Анис аз рафтори ҷавонон эҳсос кард, ки онҳо ҷанг мекобанд.
— Пивая танҳо мехўрия, — нафари дигаре аз ҷавонон шилқинӣ кард.
— Пиво мехўрӣ -ми?
— На ин ки пиво, ойимчаатро ҳам мехўрем.
-Ма, нўш,- гуфт Анис ва бо дасти чап банкаи пиворо дароз кард. «Беҳтарин муҳофизат – ҳуҷум аст», хуб медонист Анис ва аз ин рў, чолокиро аз даст надода, аз дасти барои пиво дароз кардаи ҷавон дошта ўро сари китф кард ва сахт ба замин зад. Ин ду нафар аввал ҳайрон монданд ва баъд ба худ омада ба Анис ҳуҷум карданд. Анис аз фурсати баамаломада истифода карда, омодаи ҳуҷум шуда буд. Ў ҷаҳида аз ҷояш хест ва бо пояш яке аз ҳуҷумкунандагонро зад. Вай ба пушт ба замин афтод. Анис ҷавони сеюмро чапғалат дода бо усули самбо дасташро ба пасаш тоб дода, пурсид: — Шуморо ки фиристод? Ў аввал сир бой надод, вале вақте ки Анис дасташро сахттар тоб дод, ба гап даромад: — Ғафур.
-Кӣ вай? Ман ўро намешиносам.
— Шиноси муаллима.
— Чӣ гуфт вай?
— Ғафур ба мо нимта арақ рехта зиёфат дод. Баъд ў 50 сомонӣ дода гуфт, ки шуморо лату куб карда тарсонем.
-Ба Ғафур расонед, ки ман вая дошта буваша фалон мекунам. –Анис ба думбаи ин ҷавон як шатта зада, — Тез гум шав!- гуфт. Он ду нафари дигар аз ҷой хеста думро хода карда буданд. Анис аз замин банкаи пиворо гирифта – Пиво намехоҳед?! – гуфта нидо кард. Онҳо ба пасашон нигоҳ накарда гурехтанд.
Рухшона аз ин ҳодиса ҳайрону лол монда буд. Аз тарс маҷоли гап задан надошт. Ин ҳодиса он қадар тез гузашт, ки ў чизеро нафаҳмид. Анис аз дасти Рухшона, ки дар гўшае карахт меистод, гирифта гуфт: — Рафтем аз ин ҷо. – Онҳо каме қадам зада ба хараки сари роҳ нишастанд. Рухшона ҳанўз ҳам хомўш буд. Анис банкаи дуюми пиворо кушода ба Рухшона муроот кард: — Нўшед, шумо тарсидед.
— Не, ман машрубот наменўшам.
— Ин шароб не, пиво.
— Фарқаш чӣ , спирт дорад.
— Майлаш, маҷбур карданро дўст намедорам. Худам менўшам, — гуфт Анис ва чанд ҷуръа пиво нўшид.
— Чӣ ҳодиса шуд? Чаро онҳоро задед?
— Магар шумо надидед, ки чӣ ҳодиса шуд? Онҳо маро зада, тарс доданӣ буданд.
— Шумо онҳоро зада афтондед-ку?
-Ман онҳоро назадам, андаке гўшмол додам, то дигар ба касе зўрӣ накунанд.
— Онҳо чӣ мехостанд?
— Кадом Ғафур ном хушдоратон ба инҳо фармоиш додааст, ки маро лату кўб кунанд. Ин хел одамро мешиносед?
— Чӣ хел хушдор?
— Ман аз куҷо донам?
— Ғафури пастак будагист. Вай ҳамсинфи ман. Дар ҳамин ҷо истироҳат дорад. Дирўз, вақти дар соҳили баҳр сўҳбат кардан моро дида буд. Вай ба ман чӣ кор дорад?
— Ҳозир рафта аз вай мепурсем. Онҳо аз ҷой хестанд.
— Беҳтараш ба милиса хабар диҳем-чӣ ? – пешниҳод кард Рухшона.
— Чӣ хел милиса? Рафта аз худаш мепурсем.
Онҳо ба қайдгоҳ омаданд. Анис аз навбатдор пурсид: — Мебахшед, дар ин ҷо ҳамсинфи ин кас Ғафурҷон истироҳат мекардиян. Намегўед, ки дар хонаи рақами чандум?
— Фамилияашон чӣ ?- ба рўйихат нигоҳ кард зани навбатдор.
— Бобоев, — посух дод Рухшона.
— Ин хел одам буданд. Лекин ҳамин бегоҳ рафтанд.
— Боз меоянд?
— Мўҳлаташон адо шуд, рафтанд.
— Ташаккур, мебахшед, ки шуморо ташвиш додем.
— Ҳеҷ гап не, саломат бошед.
Онҳо аз қайдгоҳ баромаданд. –Рафтем ба ҳуҷраи мо, -пешниҳод кард Анис.
— Чӣ кор мекунем он ҷо?
— Сўҳбат мекунем. Сабаби ин сўиқасд ба ҷони бандаро муайян мекунем.
— Дигар кор намекунед?
— Не. Вайяш бо иҷозати шумо.
Вақте ки Анису Рухшона вориди ҳуҷра шуданд, Абдусалом аз саққобозӣ баргашта китоб мехонд.
— Шумо ин ҷо китоб хонда шиштеду, шарикатонро дар кўча се кас заданӣ шуданд, — ба Абдусалом изҳори норизоӣ кард Рухшона.
— Тинҷӣ , ако?
— Ҳеҷ гап не. Се нафар ҷавон сигарет пурсиданд. Надоштам, мушташон додам.
— Ба ако гап нест. Дар Афғонистон хизмат кардагӣ . Ин хелиноша як худашон ҷавобашона медиҳанд, — таъриф кард Анисро Абдусалом.
— Абдусалом, як ин ҷо биёед, — ба роҳрав даъват кард Анис ва худ аз ҳуҷра берун баромад.
— Ако, чӣ хизмат?
— Ба пеши Наргис равед, вай шуморо интизор.
— Ҷон акоҷон, маро ба ҳолам монед. Аз беойимӣ мурам ҳам, пеши вай намеравам. Ако, агар хонаро холӣ кунед, гўед, ман ҳозир меравам ба кўча.
— Тамоми шаб дар кўча намегардед-ку? Майлаш, рафтем, — афзуд Анис.
Онҳо ба ҳуҷраашон баргаштанд.
— Хонуми зебо, меҳмони шумо мешавем, — ба Рухшона муроҷиат кард Анис.- Бо чӣ меҳмондорӣ мекунед?
— Имрўз писари Наргис омада буд. Баъд ҳамсояи ман Сарвиноз омад. Мурғу моҳибирён дорем.
— Беҳтарин, рафтем. Дар хонаи мо муш пораи нони қоқ ҳам намеёбад.
Наргис дар хона танҳо буд.Ў дар кат дароз кашида, кроссворд ҳал мекард. Вай Анисро дидан замон барҷаста аз ҷой хест ва гуфт – Биёед, акои Анис.
-Абдусалом, он ҷо сўхтаву пухта нишастаасту ин кас ин ҷо баҳузур поя дароз карда шиштиян, — гуфт Анис хоҳиши мулоқоти Абдусалом доштани Наргисро дониста.
— Ҷиддӣ мегўед?
— Наход ман, як марди каппа-калон дурўғ гўям?
— Аниқ-мӣ , Рухшона?
— Ҳа, туя поида шиштиян. Аз зиқӣ китоб хонда истодаанд.
— Ман занг зада будам, саққобозӣ мекард.
-Тез фароед, мардакро интизор накунед, — Наргисро шерак кард Анис.
Наргис ба шўхии Анис бовар карда ба назди Абдусалом шитофт.
— Чаро дурўғ гуфтед ва ба ин дурўғатон маро ҳам шарик кардед?- норозӣ пурсид Рухшона пас аз дар баромадани Наргис.
— Ҷонакам, «Дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез», гуфтаанд. Агар ин хел намегуфтам ин ҳуҷра барои мо холӣ намемонд. Ё шумо танҳо будани моро намехоҳед? Худи ҳозир ба хонаамон меравам ва Наргисро пас мегардонам, — гуфт Анис худро рафтанӣ вонамуд карда. Рухшона аз дасти Анис дошта ўро рафтанӣ намонд.
— Гузаред, сари миз шинед, ман шуморо меҳмондорӣ мекунам.
— Ман ин ҷо зиёфатхўрӣ омадагӣ не. Хўроки шом хурда будам. Ба ёд гиред, ки ман ба ин танумандӣ кам ғизо мехўрам.
— Дар хонаатон меҳмондорӣ кунед, гуфта будед-ку.
— Ман назди Абдусалом ҳамту гуфтам.
-Боз мани содда бовар кардиям.
-Майлаш ин гапҳоро як сў монда, сари масъалаи асосӣ оем. Ин Ғафур чӣ мехоҳад? Бо вай шумо чӣ муносибат доред?- рашкомез гуфт Анис.
— Ғафурро ман як 15 сол боз надидаам. Баъди хатми мактаб гоҳ-гоҳ дар кўча ё ягон маъракаи ҳамсинфон медидам. Ўро ман ин ҷо дида худро ба нодонӣ задам. Шояд барои ҳамин ин қилиқро карда бошад?
— Барои салом надодан ин корро намекунанд. Ҳамсинфатон будааст, чаро салом намедиҳед? «Салом қарзи Худо», мегўянд. Ин ҷо шояд сирри дигарест.
— Росташро гўям, вай вақти мактабхонӣ аз пасам медавид. Ин паканаи мундуқи сиёҳ ба ман маъқул набуд.
— Шояд дигараш маъқул буд?
— Дар вақти мактабхониҳои мо ин хел набуд-ку. Худатон нағз медонед.
— Ғафур ҳоло ҳам шуморо дўст медоштааст. Ман ин эҳсосотро хуб мефаҳмам. Бахшидамаш. Ба ин масъала нуқта гузошта шуд.
-Афшураи себ дорем, менўшед?- суханро ба дигар сў бурд Рухшона.
— Аз дасти шумо заҳрро ҳам менўшем, агар хунук бошад, — хушгўӣ кард Анис.
— Ях барин не. Барои роҳхат пули калон мегиранду, мемуранд, ки дар хонаҳо яхдон монанд.
— Агар яхдон монанд, истироҳаткунандагон аз таъомхўрӣ дар ошхона даст мекашанд. Кӣ хўроки бемазаи пастсифати онҳоро мехўрад?
Рухшона ба Анис як стакан афшура рехта дод. Анис, ки ба ин гармои Қайроққум тоб надошт ва бисёр ташна мемонд, онро ба якборагӣ нўшида гуфт: — Дастатон дардро набинад.
Ў аз дасти Рухшона, ки рост меистод, кашида сари зонуяш шинонд ва лаб ба бўса бурд. Рухшона инону ихтиёр аз даст дод.
– Ҳамин хел бусобўсӣ карда мешинем, хонуми зебо? – гуфт Анис ба гўши Рухшона. Онҳо аз ҷой бархостанд. Ҳар ду ташнаи шаҳват омодаи комситонӣ шуданд. Анис аз кисаи шимаш рифола баровард. Рухшона онро аз дасти Анис гирифта болои миз гузошт ва гуфт:- Чӣ ? ман барои шумо фоҳишаам?! Ман зани покдоманам. Ба ғайр аз шавҳарам ягон мардро надидаам. Дувуним сол боз ҳамхоба нашудаам. Ё шояд ба худатон боварӣ надоред?
Анис ҳайрон монд. Вай танҳо бо завҷааш бе рифола ҷимоъ мекард. Дигар аз тарси гирифтор шудан ба СПИД ва амрози ҷимоъӣ танҳо бо рифола аз занон ком меситонид. Ҳоло ў дар ҳолати ногувор монд. Зане, ки танҳо ду рўз боз мешиносад, ба ў чунин мегўяд. Анис, ки дар занакбозӣ таҷрибаи бой дошт, дудила шуд. Вай борҳо дучори бевафоии занҳо гардида буд ва ин байтро ҳамеша дар хотир дошт:
Дарахти макри зан сад реша дорад,
Фалак аз макри зан андеша дорад.
Анис чашм ба дидаҳои Рухшона дўхт. Нигоҳи беолоиш ва маҳзунонаи вай дили ўро об кард. «Шояд ў рост гўяд», ба худ андешид Анис ва худро болои Рухшона гирифт. Лаҳзаҳои гуворо оғоз шуданд. Ҳар ду, ки ташнаи шаҳват буданд, то дер комситонӣ мекарданд. Кати бечора ба ҷунбуҷули онҳо базўр тоб меовард, қариб ки мешикаст. Агар Анис як маротиба лаззати ҷимоъ гирад, дар ин вақт Рухшонаи ташнаи комситонӣ 3-4 маротиба аз худ мерафт. Ин амал ҳамон шаб 6 маротиба такрор шуд, ки ин миқдор комситониро Рухшона дар давраи наварўсиаш ҳам ба ёд надошт. Ниҳоят онҳо мондаву лакот шуданд. Анис як одат дошт, ки баъди анҷоми ҷимоъ ҳатман ғусл мекард. Вагарна худро ноҳинҷон ҳис мекард. Ў аз ҷогаҳ бархоста ба ташноб рафт, то ки ғусл кунад. Ин рафтори ўро Рухшона дида вай ҳам зуд аз паси ғусл шуд.
Онҳо либоси тагашонро пўшида боз ба кат дароз кашиданд. Рухшона сарашро ба сари синаи рости Анис монд. Ин барояш хеле гуворо буд. Ў ҳатто бо шавҳараш дар чунин ҳолат нахобида буд. Анис дасти чапашро ба сари Рухшона бурда навозиш мекард. Пас аз чанд муддат ҳардуро хоб бурд.
Садои тақ-тақи дар онҳоро аз хоб бедор кард. Касе оҳиста-оҳиста дарро нохун мезад. Рухшона хилъаташро пўшида назди дар рафт. Аз берун садои Наргис омад: — Дарро кушо, ин ман.
— Ҳоло дарро накушоед, ман либосҳоямро пўшам,- хоҳиш кард Анис.
Пас аз либосҳояшро пўшидани Анис Рухшона дарро боз намуд. Наргис рафта истодани Анисро дида, — Ҳамин ҷо хоб кунед, ман ба шумо халал намерасонам, — гуфт.
— Ташаккур, ман худам кат дорам, — гуфт Анис бо истеҳзо, ки аз бармаҳал омадани Наргис дар қаҳр буд.
Баъди рафтани Анис Рухшона ба соати телефони дастиаш нигарист. Соат 3 -и шаб буд. -То саҳар меистодӣ , мемурдӣ , -коҳиш кард Наргисро Рухшона.
— «Аввал пурсиш баъд кушиш», гуфтаанд, — сухан оғоз намуд Наргис худро болои каташ ҳаво дода. — Вақте ман ба ҳуҷра даромадам, Абдусалом бо компютераш ғарқи шоҳмотбозӣ буд ва базўр бо ман салом кард. Ман ҳам худро ба беномусӣ зада рафта наздаш нишастам. Вай қариб як соат шоҳмот бозид ва то бой надод, аз сари новтбукаш нахест. Сипас гўё маро нав дида бошад, «нав омадед?», гуфта пурсид. Ман ҳам бо ишораи сар «бале», гуфтам. «Пас мекунем», гуфт ў ва либосҳояшро кашид. Ҳамагӣ як маротиба кардем. Баъди ин вай пушташро гардонида хоб рафт. Баъд аз лаҳзае садои хурроккашиаш баланд шуд. Ман дар наздаш дароз кашидам. Ин кат барои ду кас хурд аст. Нашуд, хеста сари миз нишастам. Ба умед нишастам, ки вай бедор мешавад. Вале ўро мурдахоб бурда буд. Нишастан ба ҷонам расид, хобам омад. Барои ҳамин ҳам хеста омадам. Фаҳмидӣ ?!
— Фаҳмидам, дод назан! Ҳамсояҳоро бедор мекунӣ .
— Худат хуб майишат кардӣ -а? – бо ҳасуд пурсид Наргис.
— Ғафури сиёҳро медонӣ -а? – маҷрои сўҳбатро ба дигар сў бурд Рухшона.
— Мундуқи ҳамсинфат? Ман вайро дар осоишгоҳ дида будам.
— Ў се ҷавонро пул доааст, ки Анисро зананд.
— Афту андоми Анис дуппа дуруст-ку.
-Онҳо ба Анис дарафтоданд, вале ў адабашонро дод. Ҳар се гурехтанд.
— Чиба Ғафур ин хел мекардааст?
-Ман аз куҷо донам?
— Вай мурдани шавҳаратро медонад. Ба ту ҳоло ҳам дилбастагӣ дорад. Дар мактаб аз пасат медавид-ку…
— Э, мурад вай.
-Хайр, бо Анис хоб рафтетон-ми? Ё фақат гап задед?
-Туя корат чӣ ?
-Хайр, пурсидам-да. Носеҳи мо худаш чӣ кор мекунад?
-Як чӣ гўям, намехандӣ ?
-Не, чӣ буд?
— Ман Анисро дўст доштаам. Бе вай наметавонам. Бовар кун, ман ба шавҳарам ин хел меҳр надоштам. Анис ҳар чӣ гўяд, чун шахси ҷодушуда иҷро мекунам. Омодаам аз пасаш ба кунҷи дунё ҳам равам.
— Ақлатро ба ҷояш гир, вай марди оиладор аст. Бо ту майишат мекунаду мепартояд. Ин қадар ба вай наздик нашав! Ба ту марди танҳои занмурда даркор, ки ба қадрат расад. Анис ин як дилхушии чандрўза аст, ки пас аз як ҳафта фаромўш мекунӣ .
— Не, ин тавр нест. Ба гумонам, Анис ҳамон шахсест, ки як умр дар орзуяш будам.
— Ҳе, Рухшонаи содда. Анис барин мардҳо лак дар лак. Фақат кофтан даркор. Аз вай ҳам беҳтарашон ҳаст. Фақат мову ту ҳунари онҳоро ба худ ром кардан надорем.
— Ту дар ин корҳо анча ҳунарманд. Шавҳардор бошӣ ҳам, ягон мардро аз даст намедиҳӣ .
— Дар дунёи дурўза ҳамин майишат мемонад.
-Обрўю виҷдон чӣ мешавад?!
— Чашмота дурустар кушода бин, ҷомеаи мо чӣ қадар ба фаҳш ғўтидааст. Инаш бо зани ваяш ҳамхоба мешавад. Бо танфурўшӣ мансаб гирифтани занҳо як кори муқаррарӣ шудааст. «Теҳрони махуф»-и Козимӣ дар пеши фисқу фуҷури шаҳри мо як афсонаи кўдаконаро мемонад.
— Ҳама ин хел не–ку?
— Бале, ҳама ин хел не. Ту баринҳо як-як ҳастанд, ки дунё чаппа нашудааст. Биё, фалсафафурўшӣ накарда хоб равем, субҳ медамад.

* * *

Анис аз ҳуҷраи Рухшона баромада рост ба соҳили баҳр рафт. Ба хараки ошно рафта нишаст ва дида ба баҳр дўхт. Шаббода мевазид, мавҷҳо аз он алвонҷ мехўрданд. Ў ишқбозиашро бо Рухшона ба риштаи таҳқиқ кашид. Барояш Рухшона зани донову боиффат ва дар баробари ин соддаву зудбовар менамуд. Аз рафтораш маълум буд, ки Рухшона ба ў дил бохтааст. Инро ошкоро изҳор накунад ҳам, аз чашмонаш он ҳувайдост. «Боз ин намерасид», ба худ андешид Анис. «Мо ягон аҳд накардаем». Аз он ки ба ў ин зан дил бохтааст, мушавваш шуд. Вай чанд дил надорад ва худашро наметавонад чанд пора бикунад. Ў ҳеҷ гоҳ намехоҳад занеро фиреб диҳад ва аз худ умедвор кунад. Анис ҳар вақт агар бо зане иртибот мекард, мегуфт, ки ин амали вай танҳо барои дилхушӣ аст ва бояд он оқибати нохуше аз худ нагузорад. Вале ин ҷо тамоман чизи дигар аст. Рухшонаро гўё вай дер боз мешиносад. Вай барояш наздик аст. Ба ў дилкашолие дорад. Чизе ҳаст, ки онҳоро ба ҳам меорад.
Бо ин фикру андешаҳо Анис дамидани субҳро нафаҳмида монд. Анис ба соати телефони дастиаш нигарист. Соат 4-у 30 дақиқа буд. Ў аз ҷой бархост, то машқи бадан кунад. Аввал ў дар соҳили баҳр ба дарозии қариб як километр давид ва сипас аз лаби баҳр санги мувофиқеро ёфта вазнбардорӣ кард. Пас аз анҷоми машқи бадан ў либосҳояшро кашида ба баҳр даромад. Оби баҳр нисбат ба берун гарм менамуд ва шиноварӣ дар ин субҳ хеле гуворо буд. Аз ором ва мусаффо будани баҳр моҳиҳои даруни он менамуданд. Ў беш аз ним соат шино карда буд, ки дар соҳил дўстдорони оббозии субҳона пайдо шуданд. Анис аз об баромада либосҳояшро пўшид ва ба ҳуҷрааш равон шуд.
Абдусаломи луб лучи модарзод хобидаро хомушакҳо газида буданд. Анис ин ҳоли ўро дида раҳмаш омад:
— Абдусалом, хезед. Хомўшакҳо тўй кардаанд-ку.
Ин садои Анис ўро бедор кард:
— Ако, чӣ шудааст?
— Ҳеҷ чиз нашудааст. Ба худатон як нигоҳ кунед.
Пас аз ин суханон Абдусалом чашм кушода худро лучи модарзод дарёфт. Ў «мебахшед», гуфта тагэзорашро гирифт ва ба душ барои ғусл давид.
Абдусалом пас аз либосҳояшро пўшидан ба Анис шикоят кард:
— Ако, боз ҳамин говро ба назди ман фиристодед.
— Кадом говро?
— Наргисро мегўям.
— Ман Наргис- паргисро нафиристодаам. Ўро умуман пас аз рақс надидаам.
— Шумо магар дар хонаи онҳо набудед?
— Дина шаб, ба пеши Наргис равед гуфтам, нарафтед. Мо шабро дар берун, дар лаби баҳр рўз кардем.
— Не, шўхӣ накунед.
-Чӣ ҷои шўхӣ . Шумо ҷавонон танбал шудаед, хобро дўст медоред.
-Ако, шоҳмотбозӣ доштам, ки якбора Наргис даромада омад. Худро ба нодидан задам. Чашмонаш мулўҳ нишаст. Ноилоҷ як даст гирифтам ва пуштамро гардонда худро ба хоб андохтам ва дурўғакӣ хуррок ҳам кашидам, вале вай нигоҳ карда нишаст, ки ман кай бедор мешавам. Ба фикрам интизорӣ ба ҷонаш зад, ки рафт.Танҳо баъди рафтани вай хобам бурдааст.
— Ҳа, шумо ин ҷо майишат кардед. Мо бошем, дар болои сангу алаф шабро рўз намудем. Хомўшакҳо хуншорамон карданд. Акнун монед, ки каме то ношто хоб равам. Вагарна дар семинар хобам мебарад.
— Ако, шумо дам гиред, ман як бачаҳоро хабар гирам, — гуфт Абдусалом ва аз дар берун рафт.
Анис либосҳояшро кашид ва худро болои кат партофт. Зуд хобаш бурд.
— Ако, вақти ношто мешавад,- гуфтани Абдусалом ўро аз хоб бедор кард.
Анис аз хоб хеста дасту рўй ва дандон шуста либосҳои дигарашро пўшид. То ношто ҳоло 10 дақиқа вақт буд.
Анис семинарро бо пурсидани вазифаи хонагӣ сар кард. Шогирдон мавзўи супоришро муайян карда, нақшаи корӣ тартиб дода буданд. Баъди баррасии мавзўъ шогирдон ба навиштани матн шурўъ карданд.
Анис онҳоро назорат мекард ва ба суолҳояшон посух медод. Ба ҳамин минвол вақти хўроки чошт шуд. Пас аз ғизохўрӣ Анис бо шогирдонаш ба оббозӣ рафт. Ў мехост, ки Рухшонаро ба соҳили баҳр даъват кунад. Вале аз бадном кардани ў ибо мекард. Истироҳаткунандагон онҳоро пайваста ҳамроҳ бинанд, ягон гумон мекунанд. Анис бо ҳамин андешаҳо дар соҳил нишаста буд, ки Рухшона омада салому ҳолпурсӣ кард ва гуфт:
– Маро фаромўш кардед-чӣ , даъват накардед.
— Шуморо магар фаромўш карда мешавад? Шумо шаб хоб накарда будед, истироҳат кунед, гуфтам.
-Баҳонаҷўӣ накунед. Дар соҳили баҳр ягон хонуми навро ҷоду карданӣ будагистед, -шўхиомез гуфт Рухшона.
— Мани мўйсафед ба кӣ даркор?
— Кампиракҳо бисёранд-ку ин ҷо.
— Наход маро ба ҳамин кампирҳое, ки базўр пояшонро кашола карда мегарданд, рашк кунед?
-Ҳазл кардам. Ман шуморо ба касе намедиҳам, — гуфт Рухшона ва дар бари Анис ба харак нишаст.
Онҳо ҳар ду оббозии шогирдонро назора намуда сўҳбат мекарданд.
— Мехоҳам, ки ҳамин хел доим дар баратон бошам.
— Ин ғайриимкон аст. Аввалан, ман зану фарзанд дорам. Дуввум, шумо дар Хуҷанду ман дар Душанбе зиндагӣ мекунем.
— Медонам, вале чунин хоҳиш дорам. Магар орзу кардан мумкин нест?
— Орзу кардан гиред, ҳар қадар ки мехоҳед. Вале аз воқеият дур наравед. Он чӣ , ки амалӣ ношуданист, орзу накунед. Мо рўзи шанбе меравем ва шумо маро фаромўш хоҳед кард. Табиати инсонӣ ҳамин аст. Беҳуда «Меҳр дар чашм аст», нагуфтаанд.
Ин суханони Анисро шунида Рухшона чизе нагуфт. Ў хомўш буд. Дар дидагонаш ашк ҳалқа заданд.
Вақти дарс наздик мешуд. Анис шогирдонро хоҳиш кард, ки аз об бароянд.
— Ман ба дарс меравам. Шумо ба ҳуҷраатон рафта истироҳат кунед, бегоҳ пас аз хўроки шом вомехўрем, — гуфт Анис ба Рухшона.
— То шом мулоқот намекунем? Шумо ба баҳр намеоед?
-Меоям. Қариб фаромўш кардам. Ба шумо ваъда дода будам, ки шиновариро меомўзонам.
— Албатта, биёед.
— Меоям,- ваъда дод Анис ва ба семинар рафт.
Рухшона бошад, ба ҳуҷрааш омад.

Шогирдон бо шавқ дар дафтарҳояшон чизе менавиштанд. Маълум буд, барои вазифаро иҷро кардан сидқан мекўшанд. Аз ин Анис хурсанд мешуд. Ба ин минвол дарс зуд гузашт.
— Муаллим, ҳоло ба оббозӣ меравем-а?- хоҳиши дигаронро изҳор намуд Беҳрўз дар охири дарс.
— Меравем. Хоҳишмандони оббозӣ пас аз 15 дақиқа дар соҳили баҳр ҷамъ шавед, — гуфт Анис.
Анис Рухшонаро дар лаби баҳр мунтазир дарёфт. Вай либоси оббозӣ ба бар дошт. – Хонуми ширин, шуморо мунтазир кардам, бубахшед,- узр пурсид Анис.
— Ман бахшӣ не, — шўхӣ кард Рухшона.
-Як бор бахшӣ шуда, маро бахшибонӣ кунед, ки гирифтори ҷину аҷинаҳо гардидаам.
— Ҳаққи марди шабгард ҳамин аст.
— Ман танҳо шабгардӣ накардаам.
— Ба об дароед, бахшибонӣ мекунам.
— Аз шумо гап намемонад,- хандида гуфт Анис. – Хуб рафтем ба об медароем, то ки ман ба ваъдаам вафо бикунам,- гуфт Анис либосҳояшро бадар карда.
— Якум, дар даруни об бояд озод истоданро омўзед, — гуфт Анис ва афзуд,- Ана, ман даруни об бемалол хоб мекунам ва андаке дасту поямро ба ҳаракат дароварда мувозинатро нигоҳ медорам. Канӣ шумо ҳам мисли ман кунед. Натарсед ин ҷо чуқур нест. Ман шуморо медорам. Болои дастони ман дароз кашед.
Рухшона ба мисли Анис дароз кашида, гуфтаҳояшро иҷро намуд. Ў болои об меистод. Вай аз ин муваффақият хеле хурсанд шуд.
-Акнун, шино карданро меомўзем. Маъмулан, қулочак кашида шино мекунанд. Барои ин чӣ хеле ки нишон дода будам, ба об дароз мекашанд ва якдафъа бо дасти рост ва маротибаи дуюм бо дасти чап обро ба пас тела медиҳанд. Барои тезтар шино кардан аз пойҳо низ истифода мебаранд,- гуфт Анис ин усули оббозиро нишон дода.- Канӣ акнун такрор кунед.
Рухшона ин амали Анисро такрор кард. Вай дар об нағўтид. Ҳамин тавр Рухшона каму беш оббозӣ карданро омўхт.
— Як чанд рўз ин амалро такрор кунед, шиновариро меомўзед.
— Бо мадади шумо албатта.
— Ман ҳамеша ба хизмати мардум тайёр, қасами пионерӣ хўрдаам.
Вақти хўроки шом шуд ва онҳо аз баҳр баромаданд.

* * *

Рухшона бо Наргис пас аз хўроки шом ба рақсгоҳ омаданд. Мардум ҷамъ шуда давра меистоданд ва чанд нафар дар ҳавои мусиқӣ мерақсиданд. Дигарон онҳоро тамошо доштанд. Гулноз, ҷавонзани 30-сола бо бармени 15-сола Фарҳод ким чӣ гуфта механдиданд. Гулноз мувофиқи табъи худ мусиқиҳоро интихоб карда мемонд.
— Рухшона, ту ягон чиз пай бурдӣ ?- Гулнозро нишон дода гуфт, Наргис.- Ўро шаб касе засос мондааст. Гарданаш каб-кабуд. Мумкин дар дигар ҷойҳояш ҳам бошад. Ин корро кӣ карда бошад-а?
-Ман аз куҷо донам.Ў бо бувааш ва духтарчааш омадагӣ .
-Гулноз шабҳо ба назди касе меравад. Дина шаб вақти ман назди Абдусалом меравам гуфта баромадагиба як таги куртаи шабхорав дар роҳрав мегашт. Намедонам ба кадом хона даромад.
— Бало ба пасаш, мо вайба қаравул-мӣ ?- сўҳбатро хотима бахшиданӣ шуд Рухшона.
-Ҳамтую худро покгириҳои буваашба мегўям.
Рўзи аввали ба истироҳатгоҳ омаданашон Рухшонаву Наргис бо модари Гулноз шинос шуданд. Онҳо бо Гулнозу модараш, зани қариб 60-сола чанд рўз якҷоя сайру гашт мекарданд. Гулнози аз шавҳараш ҷудо шуда, духтарчаи 5-солаашро бо худ оварда буд. Маълум шуд, ки Гулноз дар бораи оилаи рухшонаино маълумоти зиёде доштааст. Махсусан, бародари Рухшона Муҳиддинро хуб мешинохтааст. Рухшона таҳлил карда фаҳмид, ки хоҳарбузурги Гулноз ойими Муҳиддин аст. «Гулноз ҳам ба бучааш рафтагист», андешид Рухшона.
Ниҳоят Анис сархуш ба рақсгоҳ омад. Маълум буд, ки боз вақти хўроки шом «барои профилактика» нўшидаанд. Сархуш будани Анис чандон маълум набуд. Баъзеҳо агар арақ нўшанд, шердил мешаванд. Баъзеи дигар лаққӣ , як тоифа хари тайёр мешаванд. Анис баракс дар ҳолати мастӣ хушгап ва беозор аст. Мастии ў тўл намекашад. Вобаста ба миқдори арақи нўшидааш 2-3 соат давом мекунад. Рухшона мардҳои арақхўрро бад медид. Шавҳараш ҳар шом арақ нўшида меомад ва ҷанҷолу хархаша мекард. Аз чӣ бошад, ки Анис ҳар шом сархуш бошад ҳам, Рухшона ба вай таваҷҷўҳ дошт.
-Бубахшед, хонуми зебо, мо дер кардем. Хўрокро дер оварданд.
— Ҳеҷ гап не. Гузаред ба назди мо.
Анис гузашта назди онҳо нишаст.
-Абдусалом куҷост?-пурсид Наргис аз Анис.
— Абдусалом бо Азиз саққобозӣ доранд.
— Чӣ вай ин қадар ба саққобозӣ шавқ дорад?
— Барои он ки дигар кор надорад.
— Омада одам барин рақс тамошо кунад, намешавад.
— Мешавад. Вале вайро ба ин одат кунондан даркор.
— Ту рафта биёрӣ чӣ ?- пешниҳод кард Рухшона ба Наргис.
— Аз ростӣ ?
— Бале, шумо рафта аз дасташ гирифта оред. Вай раққоси хуб аст,- ба оташи шавқи Наргис карасин рехт Анис.
— Хез, рав. Ин ҷо мешинӣ ? Шаб пешаш меравию ҳозир шарм мекунӣ ?- илова намуд Рухшона.
Ин гап магар ба Наргис асар кард, ки ў аз ҷояш бархоста ба сўи саққохона рафт. Анис ин гапро барои аз Наргис халос шудан гуфта буд. Бинобар ин, вақте ки Наргис аз назар нопадид шуд ба Рухшона гуфт: — Хонуми зебо, рафтем акнун.
— Ба куҷо.
— Ба он ҷо, ки дил мекашаду по мебарад.
— Пас бирафтем аз ин ҷо, — гуфт Рухшона ва аз ҷой бархест.

* * *

Наргис Абдусаломро дар саққохона ёфт. Вай ғарқи бозӣ буд ва ба Наргис эътибор намедод. Ниҳоят бозӣ тамом шуд ва Наргис ўро ба рақс даъват кард: — Абдусаломҷон, биёед ба рақс равем. Шуморо он ҷо шарикатон, акои Анис интизор.
— Ман рақс карда наметавонам.
— Шуморо таъриф карданд,-ку.
— Ако гуфта бошанд, шўхӣ мекунанд.
-Хуб, барои тамошо меравем.
— Шумо рафтан гиред, ман ин бозиро барам, меоям.
Наргис ба умед ба рақсгоҳ баргашт ва мунтазири Абдусалом истод.

* * *

Анису Рухшона рақсгоҳро тарк карда қадамзанон ба кўчабоғ, ки ба соҳили баҳр мебурд, баромаданд.
— Анис, бинед касе моро мепояд, — гуфт Рухшона ба пас нигариста.
Анис ба оқиб нигарист. Ду зан ва духтарчае аз паси онҳо меомаданд.
— Онҳо сайру гашт мекардагистанд,- бепарво гуфт Анис.
— Ин Гулнозу бувааш. Моро мепоянд, ки чӣ кор мекунем.
— Ҳозир инро месанҷем, ки онҳо аз паси мо меоянд, ё не. Ба роҳи дигар тоб мехўрем.
Онҳо ба роҳи дигаре, ки низ ба соҳил мебурд тоб хўрда қадамзаниашонро тез карданд ва паси дарахтон пинҳон шуда назора намуданд. Гулнозу модараш низ ба ин гардиш тоб хўрданд. Онҳо тез-тез қадам мемонданд. Бечора духтари Гулноз аз ин қадамзании модару бибиаш монда шуда буд. Онҳо аз дасти кўдак кашола карда қадам мезаданд. Ин ҳолро дида хандаи Рухшона омад.
— Хомўш истед, нахандед, — гуфт Анис.- Бигзор аз мо гузашта раванд. Мо пас мегардем.
Духтару модар кўдакро аз дасташ кашола карда саросема аз назди онҳо гузашта рафтанд. Баъди аз назар нопадид шудани онҳо Анису Рухшона аз паси дарахтон баромада ба ақиб баргаштанд.
— Аҷиб одамоне. Мо ба онҳо коре надорем. Чаро аз паси мо мепоянд?- ҳайрон суол кард Рухшона.
— Ин мардум ба гапбофӣ ва тўҳмату иғво одат кардаанд. Бинии худро намебинанд, гиребонашонро бўй намекунанд, вале ба оши дигарон қатиқ мешаванд, — посух дод Анис ва афзуд: — Биёед, ба он харак рафта менишинем.
Онҳо ба хараки таги маҷнунбед рафта паҳлўи ҳам нишастанд. Рухшона сарашро ба китфи Анис моил кард ва панҷаи ўро фишурда гуфт: — Анисҷон, ман касал шудам. Комситонӣ адо.
— Магар ман фақат барои ҳамин бо шумо муносибат мекардам. Барои ман дилхушӣ чизи асосӣ нест. Магар ҳамин нишасти мо хуш нест?
— Ин нишастҳо ғанимат аст. Шумо меравед ва кай боз ҳамдигарро мебинем, Худо медонад. Шумо маро фаромўш мекунед, мисли даҳҳо нафар занҳое, ки бо онҳо ишқварзӣ кардаед. Ва ин хобу хаёле мешавад.
— Чаро ин хел мегўед?
— Шумо марди озод нестед.
— Магар ба ин ман гунаҳкорам?
— Ман касеро гунаҳкор карданӣ нестам. Аз ҷониби дигар ҳеҷ намехоҳам, ки оилае вайрон шавад. Ман бахти худро аз бадбахтии дигарон сохтанӣ нестам. Ман то имрўз нагуфтам. Ин шояд хандаовар тобад. Ман шуморо дўст медорам. Маро «ин зан девона шудааст», нагўед. Ман мисли духтарони 16-сола ошиқ шудаам. Ба гумонам ман шуморо солҳо боз мешиносам. Зеро ман як умр орзуи чунин шавҳарро мекардам.
— Хонуми зебо шумо иштибоҳ мекунед. Ман ба ишқи шумо арзанда нестам. Ман марди пургунаҳам. Ба қавле ягон доманро аз даст намедиҳам. Марди гандаам. Занамро мезанам. Ин ҷо, ки мо бо ҳам зиндагӣ надорем ва аз ҳам вобаста нестем, бароятон мақбулам. Шумо маро ҳамагӣ 3 рўз боз мешиносед. Барои шахсро шинохтан бо ў як пуд намак хўрдан ҳам кам аст.
— Барои донистани шумо ба ман як нигоҳатон кифоя буд. Вақте ки шумо рўзи якум ба оббозӣ омада, либосҳоятонро кашидед, занҳое, ки дар соҳил офтоб мехўрданд, шуморо дида моту маҳбут шуданд. Яке аз занҳо нидо кард, ки вай мардро бинеда, ин қадар калони тануманд ва боз пашмин. Барои ман шумо ҳамон лаҳза мақбул шудед. Пас аз он ки шумо аз об баромада нишастед ва ба ман гап партофтед, ман бе тарсу ҳарос ва бе дудилагӣ бо шумо сўҳбат кардам. Нигоҳи шумо беолоишу самимӣ ва пуртараҳҳум аст. Чашмони шумо фиреб намекунанд. Ба чунин одамон метавон эътимод дошт.
Анис хомўш Рухшонаро гўш мекард ва дилаш ба ў реш-реш мешуд. Ин зани бечораи муштипар воқеан ба вай ошиқ шудааст. Ин ҳиссиёти бузургест, ки берун аз хоҳишу иродаи шахс сурат мегирад. Ў намедонист ба ў чӣ гўяд? Анис дурўғгўиро дўст намедошт. Ў наметавонист ба ў ягон ваъда диҳад. Зеро шиораш ин байти Низомии Ганҷавӣ буд:
Дасти вафо дар камари аҳд кун,
То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун.
— Чӣ хомўш мондед?
— Чӣ гўям, ки ногуфтанам беҳтар аст. Медонам, ки ишқро манъ карда намешавад. Ман хушбахтам, ки касе маро дўст медоштааст. Вале то кай ин ишқ давом мекунад, муаммо аст. Ман ин мўйямро дар осиёб сафед накардаам. Пастиву баландии зиндагиро бисёр дидаам. Барои ҳамин ҳам аз муҳаббату дўстдориҳо дилам мондааст. Чандон ба занҳо эътимод надорам. Чун беҳтаре аз туро диданд, ба як пули сиёҳ мефурўшанд.
— На ҳама чунинанд.
— Бале. Вале ошиқони вафодорро хеле кам дидаам. Медонам нафаронеро, ки якдигарро дўст дошта издивоҷ карданд, вале чун муддате гузашт ҳар ду ҳам ба якдигар хиёнат менамуданд. Ишқи самимиро танҳо дар филмҳои ҳиндӣ мебинед.
-Ман бо шумо розиам. Вале ишқи ман дурўза нест. Шумо маро дўст медоред ё не, вале ман то охири умр ишқи шуморо дар дил мепарварам.
-Ба ростӣ , сарамро ба осмон бардоштед. Акнун ман медонам, ки касе маро дўст медорад ва ҳамеша ба ёди ман аст. Анис лабонашро ба лабони Рухшона бурда як бўса ситонид.
–Биёед, биравем, дер шуд. Имрўз дарбон Соро аст. Ин зани ҷиддӣ дарро соат 11 шавад, мебандад. Як рўз ману Наргис ва Гулнозу бувааш соати 12 аз сайругашт баргаштем. Дар баста буд. Онро кўфтем. «Чӣ дарро дар ними шаб мекўбед, дар болои харакҳо хоб накардед-мӣ !», гуфта базўр дарро кушод.
-Ҳозир ҳам дер шудагист, — гуфта Анис ба соати телефони дастиаш нигарист. Соат 5 дақиқа кам 12 буд. – Соат 12 шуда истодааст.
— Дарро накушояд, чӣ кор мекунем?
— Дар болои харакҳо шабро рўз мекунем.
Вақте ки Анису Рухшона ба бинои истиқоматӣ омаданд, дар аз дарун баста буд. Анис дарро кўфт. Аз дохил ҷавобе нашуд. Ў аз тиреза ба дохил нигоҳ кард, Соро дар ҷояш набуд.
— Кор чатоқ, касе нест, ки дарро кушояд. Воқеан ҳам, шабро дар кўча рўз мекунем-чӣ , — гуфт Анис ва ба сараш як фикр омад. Ў телефонашро ба даст гирифта ба Абдусалом занг зад. Занг мерафт, вале касе намебардошт. Рухшона ин ҳолро дида гуфт:
— Ман ҳозир ба Наргис занг мезанам.
Телефони Наргис муваққатан дастнорас буд.
Ба сари Анис фикри дигаре омад. Ў ба шифти пешайвон ва айвони ошёнаи дуюм нигоҳ кард. Агар пойро ба панҷараи тирезаи ошёнаи якум монӣ , аз шифти пешайвон ба айвони ошёнаи дуюм баромадан мумкин буд. Албатта, ин чусту чолокиро талаб мекард.
-Шумо ҳамин ҷо истед, ман ҳозир дарро мекушоям, — гуфт Анис ба Рухшона, омодаи ба панҷараи тиреза пой мондан карда.
-Набароед, боз наафтед.
— Ҳамин ҷо то саҳар меистем?
— Хайр, эҳтиёт кунед.
Анис бо як чолокӣ ба ошёнаи дуюм баромад ва пас аз лаҳзае аз дохил омада дарро кушод. Рухшона вориди бино шуд.
— Биёед, ба хонаи мо рафта андак мешинем, — таклиф намуд Рухшона.
— Мо ҳам хона дорем.
— Дар хонаи шумо Абдусалом хоб кардагист.
— Чӣ ба гуфти шумо Наргис бедор аст?
— Шояд вай дар пеши Абдусалом бошад?
Онҳо ба ҳуҷраи Рухшона омаданд. Наргис бедор буд, кроссворд пур мекард.
— Салом, Наргисбону! Ҳамин тобанда қалай шумо?-пурсупос кард Анис, гўё вайро имрўз бори аввал медида бошад.
— Сари миз гузашта шинед, ман ҳозир чой мемонам, — таклиф кард Рухшона.
— Медонед, ки ман аз ин об чой наменўшам.
— Ин душанбегиҳо нозук, ба оби лойи Варзоб одат кардаанд, оби софи моро нўшида наметавонанд, -киноя кард Наргис.
-Бале, ҳақ бар ҷониби шумост. Мо ба оби лойи қанд барин ширини Душанбе одат кардаем.
— Ман аз оби «Зулол» чой мемонам. Ин оби Истаравшан аст.
— Майлаш, шумо чой мондан гиред, ман аз Соро пиво харида меоям. Агар пиво нанўшам имшаб ҳам хобам намебарад.
Анис ба ошёнаи якум фаромад. Дар ин ҷо дўконе буд, ки аз яхмос сар карда то шоколаду пиво мефурўхтанд. Моли ин дўкон дар ихтиёри дарбонҳо буд. Онҳо дар вақти навбати худ савдо карда пулро ба дўкондор медоданд. Соро дар ҷои кораш буд, молҳои дўконро ҳисоб мекард, зеро субҳ навбатро ба дарбони нав месупорид.
— Соробону пивои хунук доред?
— Бале.
— Ду банка «Балтика- 9» диҳед. Ман аз ин пеш фаромадам, набудед.
— Ҳа, ман дар душ будам. Ин ҷойҳоро рўбу чин кардам, чанг шудам. Барои ҳамин ҳам ба душ даромадам.
Анис барои пиво ба Соро 7 сомонӣ дода ҳисобӣ кард ва ба назди Рухшона баргашт.
— Наргисбону ба шумо пивои ях овардам, нўши ҷон кунед, — як банка пиворо ба ў дароз карда, гуфт Анис.
— Шумо яктода, таги дили касро мефаҳмед.
— Таги дили шуморо мефаҳмему, таги дили дигарҳоро не, — рашки Рухшонаро оварда гуфт Анис.
— Ман баромада равам? Хонаро барои шумо холӣ кунам.
— Чаро не?
— Хестед, ки хобед. Намур ту, Наргис! Дугона шуда, ба ман хиёнат мекунӣ -а?
— Ҷанҷол накун, ман Абдусаломи худамро бо касе иваз намекунам.
— Шўхӣ бас, духтарҳо. Ман ҳозир ба шумо як маслиҳат медиҳам,- гуфт Анис ва бонкаи пиворо кушода чанд ҷуръа нўшид. – Ин гуфтаҳои маро дар ёд доред: Ҳеҷ вақт дар пеши дугонаатон, ё каси дигар шавҳар, ё хушдоратонро таъриф накунед. Ин таърифи шумо таваҷҷўҳи дугонаатонро ба он мард зиёд мекунад ва ў мехоҳад, ки вайро аз худ намояд. Чунин ҳодисаҳо, ки занҳо шавҳари дугонаашонро ҷудо карда гирифтаанд, зиёданд.
Анис боз чанд ҷуръа пиво нўшид ва афзуд:
— Дар пеши марди бегона ҳаргиз шавҳаратонро бад нагўед. Он мард гумон мекунад, ки шумо шавҳаратонро дўст намедоред ва ба хиёнат қодиред. Воқеан ҳам зане, ки шавҳарашро носазо мегўяд, вайро ба хиёнат равона кардан хеле осон аст.
— Ҳаминро барвақттар мегуфтед, намешуд. Боз ман шуморо пеши Наргис таъриф кардам. Ана, оқибаташ,- шўхиомез гуфт Рухшона.
— Ҳамаи ин гапҳоро як сў монеду гўед, ки Абдусалом дар куҷо аст? Ман занг мезанам, гўширо намебардорад.
— Воқеан, чаро ту худат телефонатро намебардорӣ ?
-Кай?
— Пеш аз омаданамон. Гуфтагӣ барин мисли онрўза мо дар кўча мондем. Дарбон дарро бастааст ва худаш нест. Ба ту занг задем, набардоштӣ . Абдусалом ҳам телефонашро набардошт. Мо гумон кардем, ки ҳар дуятон дар якҷоед.
— Телефонамро зарядаш тамом шуд, ба барқ васл карда будам. Ҳоло ҳам истодааст.
— Абдусалом дар хона шуморо интизор аст, — ниҳоят ба суоли Наргис посух дод Анис.
— Бе ҳазл-мӣ ?
— Ҳа, бо компютер шоҳмот бозӣ карда шиштааст.
— Равам-мӣ ?
— Бояд кайҳо мерафтӣ . Шиштӣ ин ҷо кроссворд ҳал карда, — гуфт Рухшона дастурхон густурда. – Шин, чой нўш, баъд меравӣ , -афзуд ў.
-Не, ман меравам, боз хобаш набарад, — гуфт Наргис ва аз ҷояш бархост.
-Гиред, ягон чиз хўред ба дастархон муроот кард Рухшона.
— Ман пивоямро нўшам, пас якто себ мехўрам. Шумо хўрдан гиред.
Рухшона бо чой чанд дона шоколади истеҳсоли русӣ хўрд. Ў пас аз ғизо бо чой хўрдани шоколадро дўст медошт. Онҳо то дер сўҳбат карда нишастанд ва сипас ҳар ду дар кати Рухшона дароз кашиданд. Рухшона сарашро ба синаи Анис монда хоб кард.

* * *

Вақте ки Наргис ба ҳуҷраи анисино омад, Абдусалом бо як тагэзор луч хоб карда буд. Тирезаҳо маҳкам ва боддиҳак хомўш буд. Наргис курсиро назди Абдусалом монда нишаст. Ў барои салқин шудани ҳуҷра хост, ки боддиҳакро монад, вале андешид, боз Абдусалом шамол нахўрад. Наргис ба гармии хона тоқат накарда куртаашро кашид ва бо он худашу Абдусаломро бод додан гирифт. Абдусалом аз ин ҳаловат бурда хуррок мекашид. Наргис беш аз як соат Абдусаломро бо куртааш бод дода, мунтазири бедор шудани вай шуд. Ниҳоят Абдусалом бедор шуд ва дар болои сараш Наргисро дида ҳайрон гуфт:
— Ин хоб аст, ё бедорӣ ?
— Бедорӣ .
— Омадед, — гуфт Абдусалом чашмонашро молида.
— Омадам.
Омада бошед, кор мекунем,- гуфт Абдусалом ва Наргисро ба бағалаш кашид. Пас аз як маротибаи комситонӣ Абдусалом ба Наргис гуфт:
— Ман хеле хастаам, хоб мекунам. Агар истодан хоҳед, дар кати ако хоб кунед. Он кас камхоб ҳоло дар кўчаҳо гаштагистанд. – Абдусалом инро гуфт ва рўй ба девор гардонда хоб кард.
Наргис умедашро аз комситонӣ канда ба ҳуҷраашон баргашт.
Анис, аз садои тақ-тақи дар бедор шуд. Ў зуд либосҳояшро пўшида гуфт:- Рухшона, ба фикрам Наргис омад. – Рухшона аз ҷой бархост ва ба даркушоӣ рафт. Дар паси дар Наргис меистод.
— Ин чӣ хел мардак?-аз дар даромадан замон ба шиква шурўъ кард Наргис.- Чӣ хел занаш вайро тоқат мекунад?
— Ҳа, чӣ шуд туба? –пурсид Рухшона.
— Равам, Абдусалом хуррок кашида хоб кардааст. Як соат бо куртаам бод додам. Бедор шуда мегўяд, ки ман монда шудагӣ , хоб дорам. Агар ин ҷо истодан хоҳед, дар кати ҳамсоя хоб кунед, гуфт. Хеста омадам. – Наргис ҳамаи ҳодисаро нақл накард.
Анис ба ҳуҷраашон рафтанӣ шуд. Рухшона оҳиста аз дар сар баровард, то бубинад, ки дар роҳрав касе нест. Ў дид, ки дар роҳрав Гулнозу Фарҳод аз як хонаи холӣ мебароянд. Истироҳаткунандагони ин хона бегоҳ аз осоишгоҳ рафта буданд. Сир ошкор шуд. Баъди рафтани Анис Рухшона ба Наргис гуфт: -Медонӣ -чӣ , Гулнозро кӣ засос мемондааст? Фарҳодча.
— Не,е вай бачача- ку. Ҳоло 15-сола нашудагист.
— Ман ҳозир ҳардуи онҳоро вақти аз хона баромаданашон дидам. Гулноз боз таги куртаи шабхобрав буд.
— Намураде, бачаи аз худаш 15 сол хурд кати ҳамхоба мешавад. Ҳамин хел будааст, ки вақти рақс бо Фарҳодча пичир-пичир карда, мусиқии дилхоҳашро мемонд.
— Бало ба пасашон. Мо магар дигар коре надорем. Биё хоб равем, — гуфт Рухшона ва чароғро хомўш кард.

* * *

Субҳ пас аз хоб хестан Абдусалом ба Анис шикоят кард:
— Ако, ман ин Наргисро чӣ кор кунам?
— Чӣ коре, ки мекардед, кардан гиред.
— Вай маро безор кардааст. Ҳатто ба саққохона рафта мекобад маро. Дирўз, нисфи шаб омада болои сарам нишастааст. Бедор шавам, як дев болои сарам. Қариб дилкаф шуда будам. То як даст нагирифтам, нарафт.
— Айби худатон, агар шаби аввал мазаатон намешуд, вай дигар намеомад. Не, не мегўеду чун омад, хурсандаш мекунед.
-Хайр чӣ кор кунам?
— Ба ў росташро гўеду пешаш кунед.
-Ин аз рўи одамгарӣ нест.
-Пас тоқат кунед, бародар. Дандон ба дандон монда тоқат кунед.
— Ин ба гуфтан осон. Боз ду рўзи дигар.
— Шумо на тоқати гармӣ дореду на тоқатӣ хунукӣ .
— Шумо ба ҷои ман мешудед, чӣ кор мекардед?
— Ман ба ҷои касе намешавам. Ҳар кас дар ин ҳаёт ҷою мақоми худро дорад.
— Ба ҳар ҳол вазъияти маро фаҳмед.
— Аввалан, ман бо хонуме, ки мақбулам нест ишқварзӣ намекунам. Сониян, шумо рост мегўед. Баъди харатон аз лой гузаштан пеш кардани ў ҷавонмардӣ нест. Бинобар ин, савобгириатонро идома додан гиред.
— Пас шумо маро барои бо ин бучка ҳамхоба шуданам маҳкум намекунед.
— Ман шайх нестам, ки шуморо маҳкум кунам. Ман худ пургуноҳам ва ҳуқуқи маънавии касеро маҳкум кардан надорам.
— Шумо одам не, тилло ако.
— Ман мисли ҳама одами хокиам. Биёед, сари ин мавзўъ дигар сўҳбат накунем. Вақти ношто мешавад, аз он дер намонем,- гуфт Анис ва тағйири либос кард.
— Мебахшед ако, ман бо ин гапҳо саратонро гиҷ кардам.
— Ҳеҷ гап не. Шумо пурсидед, ман ҷавоб гуфтам. Ин муоширати ҳазорсолаи инсонист. Яке бо дигаре алами дил мекунад ва бо ин таскин меёбад. Тағйири либос карда биёед. Ман дар ҳавлӣ шуморо интизор мешавам, -гуфт Анис ва аз ҳуҷра баромад.
Он рўз ҳам чун рўзҳои қаблӣ гузашт. Анис тўли рўз чанд маротиба бо Рухшона вохўрд. Ин мулоқотҳо маҳрамона бошанд ҳам, бе ҳамхобагӣ сурат мегирифт. Сўҳбати ду шахсе, ки якдигарро мефаҳмиданд хеле самимиву гуворо буд. Онҳо метавонистанд соатҳо дар мавзўъҳои гуногун сўҳбат кунанд ва ин ҳеҷ ба дилашон намезад.

* * *

Рўзи охирини семинар буд. Шогирдон то нисфирўзӣ маводи навиштаашонро пешниҳод карданд. Анис навиштаи ҳар яки онҳоро хонда маслиҳат медод. Шогирдон маводашонро ислоҳ намуда онро аз нав дар компютер рўйнавис мекарданд. Қариб аксар аз ўҳдаи супориш баромаданд. Акнун пас аз хўроки нисфирўзӣ бояд муаррифии маводи навиштаи шогирдон ва ба онҳо супоридани сертификатҳо сурат мегирифт.
Нисфирўзӣ , вақте ки Анис шогирдонро ба оббозӣ бурда буд, Рухшона низ чун ҳарвақта ҳозир шуд. Онҳо дар хараки соҳил нишаста буданд, ки ҷавонзани 30-35-солаи мавзунқомати зебо аз оббозӣ баромада омад. Ў Анисро дида ҳолпурсӣ кард:
— Салом, акои Анис! Шумо сиҳат саломатед? Хуб истироҳат карда истодаед?
— Ташаккур, хуб. Шумо чӣ хел?
— Ташаккур, хуб. Чаро оббозӣ намекунед?
— Ҳоло ҳаво бисёр гарм аст. Насиб бошад, бегоҳӣ .
— Мо ҳамин рўз омадем. Дар ҳуҷраи 417 истодаем. Биёед. Шумо дар кадом хона?
— Ман як ошёна боло, дар ҳуҷраи 517.
— Ман шуморо ҳатман меёбам, — гуфт ҷавонзан ва ба либоспўшӣ рафт.
Аз ин сўҳбат Рухшона моту маҳбут шуда пурсид:
— Ин занак кӣ ?
— Намедонам. Шинос метобад. Вале ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам.
— Чӣ хел намедонед, ки номатонро медонад вай? Боз «Ман шуморо меёбам», мегўяд.
— Ба ростӣ , намедонам. Чӣ инстинтоқ мекунед? Хотираам нисбати одамон заиф аст. Симову номашон дар ёдам намемонад.
— Ҳоло маро ҳам зуд фаромўш мекунед?
Анис хомўш монд. Намедонист чӣ гўяд, аз ин рашки беҳудаи Рухшона ба ҳайрат афтода.
— Чӣ хомўш мондед, виҷдонатон ба сўз омад?
— Рашкатон беҳуда аст. Ба ростӣ , намедонам. Шояд ягон шинос бошад. Вале инро ман ба хотир оварда натавониста истодаам.
Онҳо то дер хомўш монданд.
Анис кўшиш мекард, ки ин ҷавонзанро ба хотир орад, вале ин ба ў муяссар намешуд.
Рухшона низ мехост бифаҳмад, ки Анис бо ин зан чӣ муносибат дорад. Ў роҳи маълумотгириро фикр мекард. Ниҳоят чизе ба ёдаш омада хурсанд шуд ва ба Анис гуфт:
— Вақти дарси шумо ҳам шуд, рафтем.
— Ҳа, хуб,- ба худ омада гуфт Анис.
Ў аз ҷо бархоста ба шогирдонаш нидо кард:
— Аз об бароед, вақти истироҳат тамом. Зуд либосҳоятонро дигар карда ба толори семинар биёед.
Анису Рухшона танҳо баъди он, ки охирин шогирд либосҳояшро пўшида ба сўи истироҳатгоҳ равон шуд, соҳилро тарк карданд.
Анис ин бегоҳ низ сархуш буд. Вақти хўроки шом бо ҳамкоронаш арақ нўшид. Ў пас аз ошхона баромаданаш ба Рухшона занг зада фаҳмид, ки вай бо Наргис дар рақсгоҳ аст. Анис ба он ҷо рафта Рухшонаро ёфт ва бо ишораи сар ба назди худ даъват кард. Рухшона зуд омад.
— Чӣ ин ҷо мешинед? Рафтем ба соҳили баҳр, пешниҳод кард, — Анис.
— Майлаш рафтем, танҳо бошем беҳтар, -гуфт Рухшона ва афзуд:- Аз ин мусиқии баланд сарам ба дард меояд.
— Ман ҳам агар сархуш набошам, ба садои чунин мусиқӣ тоб намеорам, -тақвият дод суханони Рухшонаро Анис.
Онҳо ба хараки зери маҷнунбед омада нишастанд. Рухшона панҷаашро ба панҷаи Анис андохта гуфт:
— Медонед, ман фаҳмидам кист он ҷавонзан.
— Хуб, кӣ будааст?
— Муаллима аз донишгоҳи шумо. Боз мегўед, ки намешиносам.
— Донишгоҳи мо калон аст. Қариб ду ҳазор корманд дорад. Ман ҳамаи онҳоро намешиносам ва ба ин зарурат ҳам нест.
— Акнун мешиносед. Нилуфари Сўҳроб аз факултаи шарқшиносӣ .
— Аз куҷо ин маълумотро гирифтед?
— Нисфирўзӣ баъди аз шумо ҷудо шудан аз дарбон пурсидам, ки дар хонаи рақами 417 кӣ истиқомат мекунад. Вай гуфт, ки зану шавҳар муаллимони донишгоҳ, аз Душанбе омадаанд.
— Мумкин шавҳарашро шиносам.
— Шавҳараш Неъмат Атоев.
— Профессор Атоев. Мешиносам. Аспиранташро гирифтааст.
— Ба шогирдаш хонадор шудани профессорро медонеду занашро намешиносед.
— Ин ғайбати муаллимонро шунидаам. Ҳа, акнун ба ёдам омад, чанд сол қабл дар ҳимояи рисолаи номзадиаш ширкат доштам. Зеро ҳамон рўз як муаллими мо ҳам ҳимоя карда буд.
— Майлаш, худатонро сафед накунед, гуноҳатонро бахшидам, — гуфт Рухшона ва аз лаби Анис бўсае ситонид.
Аз ин дар дили Анис туғёне хест. Шаҳваташ бедор шуд. Вале ў худро ба даст гирифт. Лаҳзае хомўшӣ ба миён омад.
-Пагоҳ шумо меравед, -гуфта хомўширо шикаст Рухшона.- Ман танҳо мемонам. Боз меоед-а?
— Намедонам. Ин танҳо аз ман вобаста нест.
— Чӣ хел?
— Ман бекор нестам, ки ҳар вақте хоҳам, ба Хуҷанд оям. Ин Ҳисор ё ақаллан Қўрғонтеппа нест, ки кадом вақте дилат хоҳад, биравӣ .
— Пас мо дигар вонамехўрем?
— Инро Худо медонад.
— Ба ҳар ҳол ман шуморо интизор мешавам. Ба ёди шумо зиндагӣ мекунам.
— Шумо магар дигар коре надоред?
— Чӣ кор кунам? Фарзандҳоям маро партофта рафтанд, танҳо мондаам. Сиёвуш 6 сол боз дар Англия. Баъди хатми мактаб пеши тағояш рафта ҳамон ҷо донишгоҳро хатм кард. Ҳоло дар биржаи молӣ кор мекунад. Имсол вақти таътил духтарам Манижа бо баҳонаи тамошо пеши тағояш рафта, ў ҳам он ҷо монд. Ин ҷо дар донишгоҳ курси дуюми забони англисиро хатм карда буд. Ҳоло ба коллеҷи технологӣ дохил шудааст. Додарам Собир 10 сол боз дар Лондон зиндагӣ мекунад. Ў дар як фирмаи молиявӣ менеҷер аст. Ў фарзандонамро аз ман ҷудо кард. Акнун мегўяд, ки бачаҳоят ин ҷо, худат ҳам биё. Ман рафтан намехоҳам. Дар давлати бегона кас зиқ мешавад. Се сол пеш Собир даъват карда буд, рафтам. Қариб як моҳ он ҷо истода дилтанг шудам. Ман аз ватан берун зиндагӣ карда наметавонам.
— Бале, ман ҳам дар берун аз кишварамон наметавонам зиндагӣ бикунам. Дар куҷое набудам, ба ёди ватан будам. Дар хориҷа муҳоҷирон сад пулдор бошанд ҳам, касе нестанд. Охир пулдорӣ маънои зиндагонӣ нест!
Ман медонам одамонеро, ки дар хориҷа зиндагӣ карда пул доранд, вале онҳо барои ҷомеаи ин кишвар бегонаанд. Ин ҷо ман дар ватан дар киссаам як пули сиёҳ ҳам набошад, худро хушбахт эҳсос мекунам. Агар дар кадом кўчаи шаҳр қадам назанам, шиносҳо мебароянд, бо ман салому ҳолпурсӣ мекунанд. Сарам ба осмон мерасад. Дар хориҷа ба қадри саги кўча қадр надорӣ .
— Бале, гапи шумо рост. Ана, ҳамин хел тани танҳо мондам. Акнун ягона умедам шумо. Чӣ хеле гуфта будам, ман шуморо як умр меҷустам. Агар шумо муҳаббати маро нахоҳед, намедонам чӣ кор кунам?
Анис хомўш буд. Дилаш ба Рухшона месўхт. Ў барҳақ ошиқ шудааст. Муҳаббати Рухшонаро инкор кардан баробари ба марг маҳкум кардани ўст. Сари қаҳр Рухшона метавонад худро ягон кор кунад. Аз нақли Рухшона пас аз ҷанҷол кардан бо шавҳараш ў чанд маротиба худро ба Сирдарё партофтанӣ шудааст.
-Чаро хомўшед?
— Худатон медонед, ки ман як маротиба ошиқ шудаам. Дар дили ман ду муҳаббат намеғунҷад. Зеро ишқи нахустин самимӣ буд.
— Наход, шумо дуюмбора дўст надоред?
— Ин ба мисли муҳаббати аввал намешавад.
— Бигзор! Шумо ишқи маро «не» нагўед, шуд. Ман шуморо дўст медорам, ҳамин кифоя аст. Ин шаби охирини мо аст ин ҷо. Ин шабро якҷоя мегузаронем, то ки ҳамеша бо ҳам бошем, майлаш, — пурсид Рухшона аз Анис.
— Ман ғуломи ҳалқабаргўши шумо. Вале Наргисро чӣ кор мекунем?
— Ўро ба пеши хушдораш Абдусалом мефиристем. Рафтем ба хона, — таклиф кард Рухшона.
Дари ҳуҷраи рухшонаиино баста буд. Рухшона дарро тақ-тақ кард, Наргис хомўш буд. Рухшона ба вай занг зад: -Ту куҷонда, ки дарро намекушоӣ ?
— Ман, дар пеши Абдусаломҷон.
— Хобӣ ё бедор, ки калидро гирам?
-Не, мо шиштагием. Шумо ҳам биёед.
-Ҳозир калида биёр.
Пас аз чанде Наргис калидро гирифта овард ва дарро кушода гуфт:
— Шумо ҳам меомадед, хуб мешуд. Имрўз Абдусаломҷон хоб дидааст чӣ , зиёфат дода истодааст. Арақу хуриш ва шашлик овард, нўшида шиштем.
— Ҳамон ҷо то саҳара исто. Набиё, ки дарро намекушоям. Фаҳмидӣ .
— Ҳа.
— Ин хел бошад, зиёфат хунук нашуда рав.
Наргис зуд ба назди Абдусалом баргашт.
— Ба сари миз шинед, ман чой мемонам, -Анисро ба нишастан таклиф кард Рухшона.
— Аз оби «Зулол»?
— Бале, шумо дигар хелашро наменўшед-ку?
Рухшона зуд дастархон густурда онро аз нуқлу наво пур кард. –Хонум, ҳамон рўйихати чизи доштагиатонро биёред, шуд. Донистем, ки ғизои зиёд доштаед. Ман сер. Танҳо чой менўшам, -гуфт Анис.
Рухшона дар «Тефал» об ҷўшонда, чой дам кард ва сари дастархон нишаст. Анис чойникро гирифта чойгардон кард ва ба пиёлаи ҳардуяшон чой рехт. Онҳо сўҳбаткунон чой нўшиданд. Сўҳбати онҳо мавзўъҳои гуногунро фаро мегирифт. Аз таъриху адабиёт сар карда, то ба сиёсат ҳарф мезаданд онҳо. Дар бисёр масъалаҳо маълум мешуд, ки ҳар ду ҳамфикранд.
Пас аз чойнўшӣ Рухшона таклиф кард, ки хоб раванд:
— Дар болои кат ҳардуямон намеғунҷем, биёед кўрпаро дар фарш партофта хоб меравем.
-Барои ман фарқ надорад, на дар болои кат ва на дар фарш хобам намебарад.
— Дар оғўши ман хобатон мебарад.
— Мебинем.
Рухшона дар фарши хона, байни ду кат ҷогаҳ партофт. Онҳо либосҳои рўяшонро кашида ба ҷогаҳ даромаданд. Рухшона мисли ҳаррўза сарашро ба синаи рости Анис монд. Ҳар ду чанде хомўш буданд. Андешаи ояндаи муносибаташонро мекарданд. Рухшона мехост, ки бо Анис бипайвандад.
– Ақаллан шумо дар ду моҳ як маротиба меоед, ки ба дидори ҳам бирасем. Ман бе шумо дигар зиндагиро тасаввур карда наметавонам. Ба ман аз шумо чизе даркор не. Ман аз ҷиҳати моддӣ таъминам. Ба ман фақат шумо лозимед. Наход, наоед-а? –арзи дил кард Рухшона.
Анис намедонист, ки чӣ гўяд? Ў сарҳисобашро гум карда буд. Ишқварзӣ бо Рухшона самимиву табиӣ буд. Ў тамоми вуҷудашро ба Анис мебахшид. Аз чунин зан рўй тофтан, ишқи ўро пеши пой задан гуноҳ буд. Гуноҳи азим. Вале ў марди оиладор аст. Магар метавонад, ки меҳру муҳаббати доштаашро ду пора бикунад? Магар ў пеши зану фарзандони ноболиғаш гунаҳкор намешавад?! Дар ҳар ду ҳолат ҳам Анис пургунаҳ мешуд.
— Чаро хомўшед?- пурсон шуд Рухшона.
— Суолҳои осон диҳед, муаллима,- гапро ба шўхӣ бурд Анис ва лабонашро ба лабони Рухшона пайваст. Онҳо то дер бўсаситонӣ карданд ва ниҳоят хобашон бурд.
Вақте ки Анис аз хоб бедор шуд, субҳ нав медамид. Ў аз ҷой бархост. Рухшона низ аз хоб бедор шуд ва тарадуди рафтан кардани Анисро дида пурсид: — Дар ин субҳи содиқ ба куҷо рафтаниед?
-Ба соҳили баҳр меравам, то ки хобамро ба об гўям ва аз файзи саҳар барака гирам,- шўхӣ кард Анис.
— Пас ман ҳам бо шумо меравам, -гуфт Рухшона аз ҷогаҳ бархоста. Пас аз дасту рўй шустан ва ҷогаҳро ҷамъ кардан Рухшонаву Анис аз хона баромаданд.
Субҳ баҳр ором буд. –Шумо дар соҳил шинед, ман пеш аз рафтанамон як маротиба дар баҳр оббозӣ кунам, -гуфт Анис ва либосҳошро кашида ба об даромад. Рухшона шино кардани ўро дида ҳавасаш омад. Мехост худи ҳозир ба об дарояд, вале ҳайз буданаш пеши роҳашро мегирифт. Анис як 20 дақиқа шино карда ба соҳил баромад. Оби баҳр аз берун гарм менамуд. Ў зуд либосҳояшро пўшид ва онҳо омада дар ҷойи дўстдоштаашон, хараки зери маҷнунбед нишастанд. Ҳар ду хомўш буданд. Хуб дарк мекарданд, ки ин лаҳзаҳо ғанимат аст. Боз кай вомехўранд номаълум. Телефони Рухшона занг зад. Наргис ўро мекофт.
— Рафтан намехоҳам, вале чӣ илоҷ? Наргис калиди хонаро мепурсад.
— Пас рафтем. Ман ҳам бояд анҷомҳоямро ҷамъ бикунам. Имрўз ношто як соат пеш ва мо соати 8 аз ин ҷо мебароем, то ки ба фурудгоҳ равем. Соати 10 ба Душанбе парвоз мекунем, -гуфт Анис аз ҷо бархоста.
Рухшона аз зери бағали Анис гирифт ва онҳо сўи бинои истиқоматии осоишгоҳ равон шуданд.
Анис пеш аз рафтанашон бо Рухшона хайру хуш кард. Ў дар танҳоӣ бўсае аз лабони Рухшона ситонид ва бо гурўҳашон ҳамроҳ шуда сўи маршрутка равон гардид. Анис то савори мошин шудан ба Рухшона телефонӣ гуфтугў мекард. Рухшона ба айвони бино баромада, то аз назар нопадид шудани ў гуселаш кард. Ҳар ду худро чизе гум карда ҳис мекарданд. Анис гумон мекард, ки пораи дилашро ин ҷо мондааст.
Пагоҳ мўҳлати истироҳати Рухшонаю Наргис ҳам ба охир мерасид. Вале онҳо тасмим гирифтанд, ки имрўз ба хонаашон баргарданд. Наргис ба шавҳараш телефон кард, то омада онҳоро бубарад. Ў гуфт, ки пас аз нисфирўзӣ меояд. Аз ин Рухшона дилтанг шуд. Ў дигар лаҳзае ҳам ин ҷо истодан намехост. Мехост, ки худи ҳозир осоишгоҳро тарк кунад, вале сумкаҳои вазнинаш садди роҳ мешуданд. Бо ин сумкаҳо дар маршрутка рафтан мушкил аст. Ў худро болои сўзан нишастагӣ барин эҳсос мекард. Ба ҳамин минвол нисфирўзӣ шуд. Вале аз шавҳари Наргис дараке набуд. Наргис ба шавҳараш занг зад. Вай гуфт, ки пас аз ним соат меояд. Онҳо ба беруни осоишгоҳ баромада тайёр истанд. Наргису Рухшона, ки ҳар якашон ду сумкагӣ доштанд, онҳоро базўр қариб 300 метр кашола карда бурданд. Ниҳоят пас аз интизориҳо шавҳари Наргис бо «Мерседес»-и наваш омада сумкаҳоро ба мошин бор кард. Наргис дар пеш, дар бари шавҳараш ва Рухшона дар курсии қафои мошин нишастанд. Раҳораҳ шавҳари Наргис чанд маротиба бо оина ба қафо нигарист ва ба Рухшона чашмакӣ зад. Рухшона чашмонашро аз нигоҳи шаҳватомези ў дур карда, даруни дил гуфт: «Падарлаънати ҳезалак бо зани худат хоб намеравию ба дигарон чашм ало мекунӣ . Мур ту барин мард, ки занат ҳамхобаи дигарон аст!».
Ба назди хонаи Рухшона расиданд. Ў хоҳиш кард, ки мошинро дар кўча нигоҳ доранд. Шавҳари Наргис сумкаҳои Рухшонаро аз бордони мошин гирифта гуфт:
— Келиноя биёед, сумкаҳоятонро то хонаатон бурда монам.
— Ташаккур, дур не. Ман худам мебарам,- рад кард Рухшона нияти нопоки ўро дарк карда.
Барои он ки дар кадом бино зиндагӣ кардани Рухшонаро шавҳари Наргис нафаҳмад, ў як гузар пештар аз мошин фаромада буд. Ду сумкаи калонро бардошта бурдани ўро дида, писарҳои ҳамсоя ба Рухшона кўмак карданд. Ў ба хона ворид шудан замон худро болои диван партофт ва ҳунгос зада ба гиря даромад. Хориаш омад, ки ба зани бешавҳар калу кўр ҳам ба чашми харидорӣ менигарад.
Рухшона хуб гириста алами дилашро холӣ намуд ва ба худ омада тағйири либос кард. Бегоҳ шуда буд. Ў аввалин коре, ки кард ба Анис занг зад. Анис дар деҳа будааст. Ў пас аз омадан ба Душанбе барои аёдати волидонаш ба Файзобод рафта буд ва ҳоло бо маршрутка ба хонааш бармегашт. Баъди сўҳбати телефонӣ Рухшона ором гирифт ва аз пайи кори рўзгораш шуд.
Онҳо ҳар рўз чанд маротиба ба ҳам занг мезаданд ва ҳар дафъа Рухшона лаб ба шиква мекушод, ки Анисро ёд кардааст. Ў ҳамеша як суол дошт: «Кай меоед?». Анис дар донишгоҳ буд ва ҳеҷ наметавонист, ки корашро монда, ба назди Рухшона ояд. Аз як тараф набудани вақти холӣ ба ин монеъ шавад, аз тарафи дигар роҳкирои тайёра, ки хеле гарон аст, садди роҳ мешуд. Як маоши муаллимии Анис ба рафтуомад, ки камаш 500 сомонӣ буд, намерасид.
Рухшона чанд маротиба гуфт, ки агар вай омадан хоҳад, роҳкироро ў мепардозад. Анис инро ба худ номус медонист. Ў тўли 45 соли ҳаёташ аз ҳисоби занон майишат накардааст. Инро ба худ ор медонад.
Анис 25 июл ба рухсатии меҳнатӣ баромад ва қариб як ҳазор сомонӣ маошу рухсатпулӣ гирифт. Ў зуд рафта барои фардо субҳ билети тайёра харид ва занг зада Рухшонаро огоҳ кард. Рухшона аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Ниҳоят дўстдоштааш барои дидор меомад. Рухшона Анисро ба хонааш даъват кард, вале ў танҳо набуд. Ҳар шаб духтари додараш, Муҳиддин – Замираи 15-сола барои ҳамроҳхобӣ ба хонаи Рухшона меомад. Ба Замира чӣ хел мегўяд, ки вақти омадани Анис ба хона наояд. Аз ин албатта, Муҳиддин, ки марди бадрашк аст, огоҳ шуда, ҷанҷол мебардорад. «Беҳтараш аз ин ҳодиса бояд худи Муҳиддинро огоҳ кард», ба хулоса омад Рухшона. Ў ба додараш, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард, занг зада «ба хона биё», гуфта хоҳиш кард. Баъди чанде Муҳиддин расида омад:
— Буча, чӣ кори зарур доштӣ , ки саросема даъват кардӣ ?
— Гузашта шин, сўҳбат мекунем.- Рухшона намедонист, ки аз чӣ сар кунад? Муҳиддин аз вай ду сол хурд бошад ҳам, аз кўдакӣ ба корҳои Рухшона дахолат мекард.
— Ҳаёти ман ба ту маълум. Ман бо раҳматӣ шавҳарам чӣ рўз доштам, медонӣ . Ту ҳар рўз омада маро аз таги мушту лагади вай халос мекардӣ .
— Буча, ту ягон рўзи хушбахтиро надидаӣ , ҳаётат бо чунин шавҳар хазон шудааст.
-Инро, ки донӣ бояд маро фаҳмӣ . Ман дар осоишгоҳи «Баҳри тоҷик» бо як марди душанбегӣ шинос шудам. Вай ба ман маъқул. Дўсташ медорам. Ман як умр орзуи чунин шавҳарро мекардам. Акнун ўро ёфтам. Вай пагоҳ ба хонаи ман меояд.
— Ту чӣ , ҷиннӣ шудӣ -мӣ ? Ақлат дар ҷояш. Ба хонаат марди бегонаро меорӣ . Ту фоҳиша-мӣ ?! – дод зад Муҳиддин ба сари хоҳарбузургаш. –Ким вай? Чикора? Зану фарзандаш ҳай-мӣ ?
— Вай муаллим аст дар донишгоҳ. Ҳамсинну ҳамсоли худам. Зану 5 фарзанд дорад.
— Ту ҷиннӣ -мӣ , ки марди оиладорро дўст медорӣ . Агар дилат шавҳар хоҳад, ҳамин ҷо мардҳои безан пуранд. Ҷон-ҷон гуфта туя мегиранд. Загс карда зани якум мекунанд. Дилат чӣ хелакаша мехоҳад гўй, ман меёбам.
— Ба онҳо зан не, хизматгори хона даркор. Ман девона шудаам, ки шў мекунам гуфта, ба ким кӣ чўрӣ шавам. Ба ман мардакҳои ин ҷо маъқул не.
— Туя зани якум мекунад-мӣ хушдорат? Ё хуб ишқбозӣ карда сонӣ мепартояд. Нигоҳ кун, буча. Боз моя ин ҷо шарманда накунӣ ? Моя шаҳранда обрўямон ҳай. Боз номат ба фоҳишагӣ набурод. Ин марда ба хонаат набиёр, ки ҳамсояҳо фаҳманд, обрўи доштагиамон як пул мешавад. Аз ин ниятат гард, ҳоло дер нашудааст. Пагоҳ ягон марди дуруста меёбӣ , баъд пушаймон мешавӣ . Ман зид. Дар бораи ин рафторат додому бувамро огоҳ мекунам. Оқат мекунанд. Фаҳмидӣ ?! –ба хашм гуфт Муҳиддин.
— Чӣ ин қадар дод мезанӣ ? Ҳаёти маро додому бувам сўхтанд. Маҷбурӣ ба як алкаш шавҳар доданд. Акнун, ки ман озодам, наход боз тақдири маро шумо ҳал кунед?!
-Ман туя огоҳ кардам, агар вай ба хонаи ту биёяд, пояшро зада мешиканам. Ту ҳам бенасиб намемонӣ !
— Натарсон, Анис ту баринҳоро даҳтояшро якҷоя лату кўб мекунад. Ту дар хона ба занат зўрӣ мекунӣ . Паҳлавони гирди дастархон ту.
Муҳиддин аз ин ба ғазаб омада, дари оҳанини баромадро сахт пўшида рафт.
Рухшонаи хомўшу ором, бори аввал буд, ки барои хаёти худ ба наздиконаш садо баланд мекард. Ҳар дафъа вай дар ҳолати яъсу ноумедӣ телевизорро баланд монда баланд-баланд гиря мекард. Ҳоло бошад, ў гиря кардан намехост. Баръакс, агар ҳоло Муҳиддин наздаш мебуд, ўро бо чизи ба дасташ омада мезад.

* * *

Анис пеш аз парвоз ба Хуҷанд чанд маротиба ба Рухшона занг зад. Аз он сў садои «Телефони муштарӣ қатъ карда шудааст ва ё берун аз фарогирии мавҷ қарор дорад», меомад. «Дар куҷо бошад, Рухшона? Чаро телефонаш хомўш аст?», ба худ суол мекард Анис. «Шояд аз раъйаш баргашта бошад ва омадани ўро нахоҳад? Ҳоло ҳам дер нашудааст, метавонад ба тайёра савор нашавад», меандешид Анис. Ў таваккал карда ба тайёра нишаст. Агар Рухшонаро пайдо накунад, бо рейси бегоҳӣ ба Душанбе бармегардад.
Анисро дар фурудгоҳ Рухшона интизор буд. Ў Анисро дидан замон ба сўяш давида мехост, ки оғўш карда бибўсад. Вале Анис андеша кард, ки боз обрўи маҳбубааш нарезад. «Рухшона кадом як мардаки ношиносро бо бўса пешвоз гирифт», нагўянд, гуфта бо ў танҳо салом кард. Воқеан, пасон Рухшона гуфт, ки дар фурудгоҳ чанд нафар шиносро дидааст.
Онҳо ба маршрутка нишаста ба хона омаданд. Барои он ки ҳамсояҳо онҳоро якҷоя набинанд, Рухшона як 5 дақиқа пештар рафта дарро кушод. Чун Анис вориди хона шуд, Рухшона дарро аз дарун баст ва худро ба оғўши ў партофт. Лабҳои онҳо ба ҳам омаданд. Пасон вай Анисро сари миз хонда гуфт: — Ман хомшўрбо андохтаам, ҳозир мекашам.
Шўрбо аз гўшти гусфанд буд. Бинобар ин Анис гўшти шўрборо нахўрд.
— Чаро гўшт намехўред?- аз ин ҳайрон пурсид, Рухшона.
— Гўшти гўсфанд намехўрам, фишори хунам баланд мешавад.
-Гўшти буз мехўред?
-Не.
— Кўлобиҳо гўшти бузро дўст медоранд-ку?
— Хуб медонед, ки ман кўлобӣ нестам.
— Мебахшед, ман ҷанубиҳо гуфтанӣ будам.
— Фарқаш чӣ , ҷанубӣ ё шимолӣ . Ман гўшти буз намехўрам.
— Чаро?
— Метарсам, ки боз буз нашавам,- сўҳбатро ба шўхӣ бурд Анис.
-Мана гўшти говам ҳай. Аз он хўрок пазам?
— Ман сер шудам. Чизе дигар намехоҳам.
Вақти хўрокхўрӣ Рухшона бо додараш ҷанҷол карданашро нақл карда гуфт: — Вай имрўз омадани шуморо медонад. Ҳар вақт ба ин ҷо омада бо шумо ҷанҷол карданаш мумкин. Биёяд, чӣ мегўед?
-Ҳеҷ чиз.
-Чӣ хел? Ягон чиз намегўед?
— Чӣ гўям? Ман вайро намешиносам ва ба вай коре надорам.
-Шумо ҳамин қадар гапдону чизе намегўед?
-Биёяд, мебинем.
Рухшона аз шунидани шарфаи пой дар роҳрави бино ва ё тақ-тақи дари ҳамсоя парешон шуда, гумон мекард, ки додараш омада истодааст, ё ин ки дари ўро мекўбанд.
Пас аз чоштхўрӣ Рухшона Анисро ба хонаи хоб даъват кард. Дар болои дивани дукаса рахти хоб густурда шуда буд. Кондитсионери «Самсунг» ҳавои хонаро дар ин чиллаи тобистон салқин нигоҳ медошт. Онҳо либосҳои рўяшонро бадар карда болои диван дароз кашиданд. Лабҳо ба лаб омаданд, шаҳват бедор шуд. Анис ба комситонӣ шурўъ кард. Аз ҷумбуҷули ин ду тан дар ҷогаҳ диван ғиж-ғиж садо мебаровард. Ба ин минвол рўз бегоҳ шуд.
— Пас аз ин қадар кор гурусна шудагистед. Шумо дароз кашед, ман хўроки шом мепазам, — гуфт Рухшона ва ба ғуслкунӣ рафт. Анис ҳам аз хоб хеста ба ташноб рафт, то ки ғусл кунад.
— Чӣ пазам? Ош, манту ё ягон чизи дигар?
— Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Шумо кадбонуед.
— Оши палов пазам?
— Вақт дер шудааст. Ягон хўроки осонпаз бошад, мешавад.
— Гўшту картошкаро зирбонам мешавад?
— Мешавад. Гўштро тунук-тунук реза кунед. Картошкаро ҳам тунук пора кардан лозим. Баъди зирбондан каме дам партоед, тез мепазад.
Рухшона аз рўи маслиҳати Анис хўрок пухт. Дар ним соат ин хўрок тайёр шуд. Пас аз тановули хўроки шом Рухшона Анисро ба хонаи хоб хонд ва либосҳои рўяшро кашида худро ба диван партофт. Анис ҳам ташнаи муҳаббат буд ва ў дар бари Рухшона хоб карда лабонашро ба лабони ў бурд. Ҳисси шаҳват бедор шуд ва онҳо ба комситонӣ шурўъ карданд. Ҳамин вақт садои кушода шудани дар ба гўш расид. Рухшона аз ҳаракат бозмонд ва лаҳзае шах шуд.
-Чӣ гап? – аз ин амали Рухшона ҳайрон пурсид Анис.
-Касе дарро мекушояд, боз Муҳиддин набошад?
— Дар қулф-ку?
— Вай калид дорад.
— Аз дарун маҳкам кардаед, вай кушода намешавад.
-Вай бо калидаш кушода мефаҳмад, ки дар бастааст. Медонад, ки мо дар хонаем.
— Бигзор фаҳмад.
Садои кушодани дари ҳамсоя баромад. Маълум шуд, ки ҳамсоя дарашро мекушодааст.
-Натарсед, ин ҳамсоя аст, — ором кард Рухшонаро Анис ва ўро аз нав ба оғўш гирифт. Шаб бо комситониҳо рўз шуд.

* * *

Рўзи дигар Анису Рухшона хўроки чошт мехўрданд, ки Муҳиддин занг зад.
— Куҷонда ту? – Аз Рухшона пурсид вай.
— Ман аз хона баромадам, ҳозир ба дармонгоҳ рафта истодаам, -дурўғ гуфт Рухшона, то ки додараш ба хона наояд.
— Ман кўчаи калонанда, пеши мошинам меистам, зуд биё, кор дорам, -бо ҳаяҷон мегуфт Муҳиддин.
-Чӣ шуда бошад вайба? Парешон менамояд, — гуфт Рухшона ва зуд либосҳои кўчаравиашро пўшида аз дар баромад.
Анис ҳайрон монд, намедонист, ки чӣ кор бикунад? Аз болои мизи газетмонӣ маҷаллаи «Фирўза»-ро гирифт, ки як сол қабл чоп шуда буд. Онро варақгардон кард ва ягон маводи хонданбоб наёфта, ба ҷояш гузошт.
Пас аз ним соат Рухшона аз кўча баргашт. Вай мушавваш буд.
— Тинҷӣ аст?-пурсид Анис.
— Боз гапи ман. Ёдатон бошад, ман нақл карда будам, ки ҳафтаи гузашта ба аёдати холаи беморам ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтам. Бегоҳ шумо ба ман занг задед. Ман телефонамро гирифта аз хона берун баромадам ва бо шумо гап задам. Келини холаам Моҳрў аз ин ҳайрон шуда пурсид:-Ягон гапи секретнитон буд, ки аз ҳавлӣ баромада гап задед?
Мани аҳмақ қиссаи дўст доштани шуморо ба ў нақл карда, гуфтам, ки инро дар оилаамон намефаҳманд. Махсусан агар Муҳиддин фаҳмад, қабрамро меканад, гуфтам.
— Зиқ нашавед, ман худам инро ба Муҳиддин мефаҳмонам,- гуфт Моҳрў.
Мани аҳмақ ҳеҷ фикр накардаам, ки додарам маро гўш намекардаасту ба гапи келини холаамон медаромадааст. Моҳрў ба Муҳиддин чӣ муносибат дорад?! Ҳоло мефаҳмам, ки Моҳрў имрўз ба Муҳиддин занг зада вохўрдааст, то дар бораи ман ба вай гап занад. Дар асл бошад, ў барои тиҷорат бор мегирам гуфта аз Муҳиддин ҳазор доллар қарз гирифтааст. Муҳиддин вайро ба хонааш бурда, як ним соат шинондааст ва пас пул додааст. Пас аз ин Муҳиддин вайро барои паловхўрӣ ба соҳили рости Сирдарё бурдааст. Онҳо дар ҳуҷраи алоҳида нишаста ош мехўрдаанд, ки аз куҷое шавҳараш Олимҷон дар даст видеокамера омадааст. Вай Муҳиддинро чанд мушт задааст ва занашро кашолакунон ба мошин бор карда бурдааст. Акнун Муҳиддин маро гунаҳкор мекунад, ки агар ҳамин гапи ту намешуд, Моҳрў намеомад ва ин ҷанҷол намехест.
— Дар ин ҷанҷол ягон зарра гуноҳи шумо нест. Агар Моҳрў ба Муҳиддин дар бораи шумо гап мезад, чаро аз вай пул қарз гирифтааст ва чаро дар ҳуҷраи алоҳида нишаста ош хўрдаанд. Ин ҷо таги коса нимкосае ҳаст. Ба гумони ман Моҳрў бо Муҳиддин ягон робита доштаанд. Агар не, чаро Моҳрў ба шумо ваъда додааст, ки Муҳиддинро розӣ мекунад?
Муҳиддин ба қавли шумо занакбоз аст ва ягон доманро сар намедиҳад, аз ин рў эҳтимол аст, ки онҳо пеш аз ин ҳам вомехўрдаанд.
— Воқеан ҳам, чаро Моҳрў ба ман чунин ваъда дод? Инро ман пеш фикр накардам. Ба ҳар ҳол акнун ман гунаҳкор.
— Парво накунед, ҳамааш хуб мешавад.
— Ман як ба Шаҳрбону, бучаи Олимҷон занг зада фаҳмам, чӣ гап? – гуфт Рухшона ва ба духтари холааш, ки дар ҳамсоягии бародараш зиндагӣ мекард, телефон кард.
— Шаҳрбону, шумо, почою фарзандҳо нағз-ми? Холаам чӣ тавр?
— Раҳмат ҳама нағз, аз шумо пурсем.
— Тинҷӣ аст, вале Олимҷон бо занаш ҷанҷол кардааст. Дар ин байн Муҳиддин ҳам шалоқ хўрдааст.
— Бале, инро медонам,- ба нақли ин қазия шурўъ кард Шаҳрбону. -Олимҷон чизеро пай бурда, як моҳ боз занашро мепоидааст. Ин саҳар низ аз паи Моҳрў шудааст. Ў ҳар як қадами занашро ба видео мегирифтааст. Вақте ки Муҳиддин Моҳрўро ба хонааш овардааст, Олимҷон ба занаш занг зада пурсидааст, ки дар куҷоӣ ? Вай гуфтааст, ки дар бозори «Панҷшанбе»-ам. Ҳини ошхўрӣ гуфтааст, ки ман дар бозори яклухтфурўшиам. Олимҷон аз дурўғ гуфтани занаш шубҳа карда, онҳоро дар ошхона доштааст. Ў Моҳрўро ба хона оварда он чунон куфт, ки сару рўяш кабуд шуд. Олимҷон якчанд мактуби ишқии ба Моҳрў навишташударо ёфта будааст. Баъди шалоқ хўрдан Моҳрў қоил шудааст, ки ин номаҳоро марди ҳамсоя Зафари Олус навиштааст ва онҳо алоқа доштаанд. Акнун Олимҷон занашро пеш карданӣ аст. Ба додою буваи занаш телефон кардааст, ки омада духтаршонро гирифта баранд.
Бувам мегўянд, ки худи ҳозир Моҳрўро пеш кун. Кўдакҳоро гирифта мон, нянка мегирем. Нигоҳашон мекунад. Ба ту бошад, ягон духтари 17-соларо гирифта метиям, мегўянд. Олимҷон аз ин гап шерак шуда, занашро бо се кўдакаш пеш карданӣ .
— Пас ин ҷо Муҳиддин ягон гуноҳе надоштааст?
— Моҳрў бо акои Муҳиддин ягон муносибат доштааст ё не, маълум нест. Олимҷон хафа, ки писари хола шуда, бо зани вай вохўрдааст ва боз пул қарз додааст. Агар ба занам пул даркор мешуд, ман худам медодам, мегўяд.
— Хуб майлаш, боз ягон гап шуд, бо ҳам гап мезанем, — сўҳбатро хотима бахшид Рухшона.
Ў гўширо монда ба назди Анис омад ва мухтасари ин сўҳбати телефониро нақл карда афзуд:
— Аз ин ҳодиса келинамонро огоҳ кардан даркор, боз фаҳмида бо Муҳиддин ҷанҷол накунад.
Рухшона ба хонаи додараш занг зад. Гўширо келинашон бардошт. Баъди салому ҳолпурсӣ Рухшона ҳодисаи бо Муҳиддин рухдодаро нақл кард.
— Ман аз ин хабардорам. Ман саҳар ба хонаи додотон рафта, ҳавлиро рўбучин кардам. Хўрок пухтам. Чанде пеш акотон хафа омада ҳодисаи шударо худашон нақл карданд.
— Пас шумо имрўз Моҳрўро надидед?
— Не, ман дар хонаи додотон будам.
— Парво накунед. Ҳеҷ гап нест. Ман бо Шаҳрбону телефонӣ сўҳбат кардам. Вай гуфт, ки Моҳрў бо ҳамсояашон Зафари Олус алоқа доштааст ва ин ҷо Муҳиддин гуноҳе надорад.
-Боз Муҳиддин тарсида дар хонаи додотон нишастааст.
— Не, натарсад, ҳамааш дуруст,- ба сўҳбат хотима бахшид Рухшона.
-Хуб чӣ навигарӣ ?- пурсид Анис.
— Келинамон дар хонаи додом будаанд. Муҳиддин худаш рафта дар бораи ҳодиса нақл кардааст.
— Чӣ ў вақти Моҳрўро ба хона бурдани Муҳиддин набудааст?
— Не. Вай духтарашро гирифта саҳар ба хонаи додом омада будаанд. Вай бечора ҳар саҳар ба хонаамон рафта, рўбу чин мекунад, хўрок мепазад.
— Маълум шуд, ки Муҳиддин Моҳрўро дар набудани зану духтараш ба хонааш бурдааст. Албатта, ин бесабаб нест. Вай ҳам бо Моҳрў алоқа дорад. Ҳоло бошад, худро мусичаи бегуноҳ мегирад.
-Дуруст гапатон. Ду рўз пеш ман пул надорам, гуфта бечораҳолӣ мекард. Ба ин ойимча бошад, ҳазор доллар додааст. Албатта, ҳамту набудагист.
— Шумо айби ман, гуфта тарсида нашинед, бало ба пасашон, — маҷрои суханро ба дигар сў бурд Анис.

* * *

Анис пешакӣ билети бозгашт нахарид, зеро вақти баргаштанаш маълум набуд. Ҳоло низ намедонист, ки боз чанд рўз мемонад. Ин аз хоҳиши Рухшона вобаста буд. Шояд ин ишқварзиҳо ба дили Рухшона мезанад ва ў кафшашро пеши пояш мемонад.
— Ман билети бозгашт надорам, — гуфт Анис ба Рухшона вақти наҳорӣ .
— Ин хуб аст, меистед доимӣ .
— Ман бекор нестам-ку?
— Саросема нашавед, ҳоло то саршавии дарс як моҳ.
— Ман метарсам, ки маро пеш мекунеду дар кўча мемонам.
— Ман шуморо нав ёфтам ва акнун аз даст раҳо намекунам.
— Аз даст ё аз оғўш?
— Аз оғўш албатта, — ҳозирҷавобӣ кард Рухшона.
— Ман агар аз хона бароям, ҳамсояҳо мебинанд. Дар бораи шумо ягон гап мегўянд. Бинобар ин, беҳтараш худатон ба ман рафта чиптаи тайёра харед. Дераш барои охири ҳафта. Агар аз ин барвақттар хоҳед, ихтиёратон.
— Майлаш.
Анис ба Рухшона 250 сомонӣ ва шиносномаашро дод.
Пас аз ним соат Рухшона занг зад:
— Ба шумо барои субҳ чипта гирам, ё шом.
— Барои шом гиред, то ки бо шумо боз як рўзи дигар бошам.
— Майлаш, барои шоми якшанбе чипта мегирам.
Пас аз чанде Рухшона дар даст ду борхалта ба хона баргашт. Ў мева, нон, шашлик ва чанд банка пиво харида буд.
— Ана, шиносномаатон бо чиптаи тайёра,- ба Анис дароз кард онро. – Шашлик овардам. Гарм аст. Ҳозир чой мемонам. Хўроки чошт мехўрем.
— Ташаккур, илтифоти шумо зиёд аст.
Рухшона дастархон густурд ва онҳо ғизои чошт хўрданд. Пас аз сарфи ғизо онҳо барои истироҳат ба хонаи хоб гузаштанд. Аввал ҳамту болои диван дароз кашиданд ва сипас тоқат карда натавониста ба ҳам печиданд. Лаҳзаҳои гуворо то дер идома ёфт. Анис аз усулҳои гуногун истифода мекард, ки Рухшона дар ин бора тасаввурот ҳам надошт. Ў ба ҷуз усули классикӣ – мард болои зан дигар чизеро намедонист.
— Ман бори аввал лаззати шаҳватро мечашам,- ба сухан оғоз кард Рухшона пас аз комситонӣ мондаву лакот шуда. — Ман намедонистам, ки комситонӣ ин қадар гуворост. Бо шавҳарам ҳеҷ гоҳ инро эҳсос накарда будам. Бо ў ҳамхоба шуданро аслан хуш надоштам. Ў пас аз нафси ҳайвонии худро қонеъ кардан пушташро гардонда мехобид ва ман ба ин одат намуда, гумон мекардам, ки ҳамхобагӣ ҳамин аст. Намедонам ба ин ду фарзанд чӣ хел ҳомиладор шудам. Аслан дар зиндагии ман аз аввал ба шаҳват ҷой набуд. Пас аз ду ҳафтаи издивоҷ шавҳарам барои тахассусгирӣ шашмоҳа хондан ба Душанбе рафт. Пас аз се моҳ, ба иди Инқилоби Октябр, моҳи ноябр омад ва ҳафтае истода рафт. Дар ин вақт писарам дар қадам шуд. Пас аз таваллуди Сиёвуш ҷогаҳамон алоҳида буд. Ў шабҳо кўдак гиря карда хобравӣ намемонад, мегуфт ва дар хонаи дигар мехобид. Барои Манижа чӣ хел ҳомиладор шудам, худам нафаҳмида мондам. Шавҳарам чанд маротиба рафта аборт кун, дигар ба ман фарзанд даркор не, гуфта исрор мекард. Ман бошад, истодагарӣ мекардам. Пас аз он ки Манижа чун як себи дукафон ба додояш монанд шуд, шавҳарам ўро дўст дошт.
Як рўз дар мактаб занҳои калонсол дар бораи комситониашон нақл карданд. Ҳар яке қувваю тавоноии шавҳарашро таъриф мекард. Ман хомўш будам. Аввалан, дар бораи ҳаёти шахсиам гап заданро дўст намедоштам. Сипас, дар бораи комситонии шавҳарам чӣ ҳам мегуфтам? Ҳамон шаб пас аз хоб рафтани бачаҳо ба ҷогаҳи шавҳарам омада меҳрубониаш кардам. «Ман аз навбатдорӣ омадагӣ , мондаам, вақти саҳар мекунем. Он вақт ман аз хоб сер мешавам», гуфт. Саҳарро интизор шуда, наздаш омадам. Хоб буд ў, хуррок мекашид. Оҳиста дасташро гирифта навозиш кардам. Аз хоб бедор шуда «Бувата фалон кунам, маро тарсондӣ », гуфта ҳақорат дод. Пас аз ин ман дигар бо ў ҷимоъ карданро намехостам. Ў ҳам танбал буд. Баъзан моҳе як маротиба бо ман наздикӣ меҷуст ва ин ҳам ҳамагӣ чанд дақиқа давом мекард. Худи ў ҳамагӣ ҳафтае ду маротиба дар хона буд. Дигари умраш дар навбатдорӣ , дар беморхона мегузашт. Шояд вай ба ман ҳамин хел гуфта пеши ойимчаҳояш мерафт. Мани содда боре ҳам инро насанҷидам. Ҳаминро медонам, ки доим бо хоҳарони шафқати зебову ҷавон навбатдорӣ мекард. Ман ба ў рашк намекардам. Шояд аз он ки дўсташ намедоштам. Ба ҳар ҳол ман ба шавҳарам хиёнат накардаам. Ҳаётамро ба тарбияи фарзандон бахшидам ва имрўз онҳо маро танҳо гузошта рафтанд, — инро гуфт Рухшона ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.
– Ман тўли 25 соли оиладориам рўзи хушро надидаам, — аз нав ба нақли қиссаи зиндагиаш шурўъ кард Рухшона.- Шавҳарам аз кор ҳамеша маст меомад ва ҷанҷолу хархаша мекард. Ман аз тарс дар кунҷе хомўш меистодам. Вай баҳонаи ҷанг мекофт. Агар сухане гўям, ба бало мемондам. Чойнику пиёла ва ё табақча ба сарам меборид. Ў маст ҳар куҷо меафтид, бо либосҳояш хоб мекард. Баъзан ў чунон маст мешуд, ки дар шимаш мешошид. Як бегоҳ масту аласт омада ба зал даромада дар фарш афтид. Хабаргирӣ дароям, поям дар қолин тар шуд. Бинам боз шошидааст. Дилам сўхт, гуфтам: «Додош, либосатонро иваз карда дар ҷоятон хоб кунед». Ў бедор шуда ҳақорат дод, ки ман ба ў об рехтаам. Сипас торсакие фаровард, ки аз он сарам ба девор зад. Ҳамон шаб ду кўдаки хурдсоламро гирифта гирякунон пиёда ба хонаи додарам, Муҳиддин рафтам, ки он вақт дар соҳили рости Сирдарё зиндагӣ мекард. Ҳар дафъае, ки шавҳарам ҷанҷоли сахт мекард, ба хонаи додарам рафта халосӣ меҷустам. Чун саҳар мешуд, ба хона меомадам, кўдакҳоро ба боғча ё мактаб мебурдам. Хонаро рўбу чин мекардам ва худ низ ба дарс мерафтам. Аз кор омада хўрок мепухтам ва гўё чизе нашуда бошад, ўро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирифтам.
Як маротиба вақти ҳамин хел ҷанҷол карда заданаш Муҳиддин даромада омад.
-Ҳа, чӣ гап, почо? Хоҳарам чӣ гуноҳ дорад, ки вайро мезанед? Ҷалабӣ кард-мӣ , ки доштед? Хўрокатон тайёр нест ва ё либосҳоятон дарзмол нокарда? – ба сари шавҳарам дод зад Муҳиддин. Пас аз ин беш аз як сол онҳо гапӣ нашуданд. Аслан додарҳоям шавҳарамро эҳтиром мекарданд, барои ҳамин қадар лату кўб кардани ман ўро чизе намегуфтанд. Додову буваам ҳам мегуфтанд, ки «ба сарат чормағз шиканад ҳам, тоқат кун. Ба хона набиё, ки шармандаамон мекунӣ . Дар авлоди мо аз шавҳараш ҷудо шудагӣ зан нест». Ва ман ҳамин қадар сол ба азобу уқубати ба сарам омада тоқат мекардам, ба касе лаб ба шиква намекушодам. Аз чунин зиндагии сангини ман на дар ҷои кори шавҳарам ва на дар мактаб, ки ман кор мекардам, огоҳ набуданд. Ҳама гумон мекарданд, ки мо зиндагии хуб дорем.
-Сабаби ин ҳама ҷанҷолҳо чӣ буд? — аз ин нақли Рухшона ба риққат омада пурсид Анис.
— Сабабашро намедонам.
— Бесабаб ҷанҷол намешавад.
— Шояд аз он бошад, ки ҳамеша аз кор маст меомад.
— Бисёриҳо арақ менўшанд, вале ҷанҷол намекунанд. Масалан, агар ман арақ нўшам, хушҳолу дасткушод мешавам. Ба умрам ҳамагӣ ду маротиба сахт маст шудаам. Ин ҳам бошад, дар иди Наврўз ва дар як нишасти ҳамкурсон он чунон арақ нўшидам, ки ҳисобашро дар ёд надорам. Ҳамон вақт сарам хеле рўшан кор мекард, вале пойҳоям ба ман итоат намекарданд. Дўстон то хона оварданд, ман худ роҳкирои таксиро додам. Ба хона омада, худро болои кат партофтам ва ними шаб аз ташнагӣ бедор шудам.
— Бале, баъзеҳо дар ҳолати сархушӣ хушҳол мешаванд. Дугонаам Гулнора мегўяд, ки агар шавҳараш маст ояд, хушҳол аст. Бо кўдакон ва бо ў хушгўӣ мекунад. Агар ҳушёр бошад, аз қавоқаш барфу борон мерезад.
— Ба ҳар ҳол беҳуда ҷанҷоли оилавӣ намехезад. Сабабе будагист, ки ба шумо ноайён аст. Оё боре сари ин масъала наандешидаед?
— Ҳамеша инро фикр мекардам ва сабабашро намефаҳмидам.
-Шояд айби шумо ҳам бошад? Вақти мастии ў ба вай гап мегардондед.
— Не, ман аслан зани ҷанҷолӣ нестам. Ман ҳамеша хомўш будам. Агар торсакие занад, бари дигари рўямро мемондам.
— Шояд ба ў эътибор намедодед: Хўрокаш намепухтед, либосҳояшро сари вақт шуста дарзмол намекардед?
— Не, ҳаргиз. Вай ба либос эътибор намедод. Либоси ҳамон рўз пўшидаашро то бегоҳ чиркин мекард. Ман мекўшидам, ки шавҳарам тозаю озода бошад. Агар мард анҷоми безеб пўшад, занашро механданд.
— Пас вай ба шумо рашк мекард?
— Ба кӣ ? Ман ба касе таваҷҷўҳ надоштам. Дар мактаб се чор нафар мўйсафедон ва аксар занон кор мекарданд. Ҳаёти ман дар кору хона бо даводав мегузашт. Ман ба сархорӣ ҳам вақт надоштам.
— Шояд мардҳо ба шумо таваҷҷўҳ доштанд ва инро шавҳаратон медонист.
-Инашро намедонам. Ба ҷавонзани зебо шояд таваҷҷўҳ дошта бошанд, — гуфт Рухшона ва қиссаеро нақл кард:
— Охирҳои замони шўравӣ буд. Ҳамсояамон хатнасур дошт. Ба тарабхона даъватӣ будем. Шавҳарам ҳамон бегоҳ дар беморхона навбатдор буд. Ба тўй рафтан намехостам. Аслан ба ин хел ҷойҳо рафтанро хуш надорам. Лекин ҳамсоязанҳо ба ҳолу ҷонам намонда бурданд. Бо онҳо якҷоя рақс ҳам кардем. Як марди фарбеҳи ишкамкалон ба ман 100 рубл часпонд. Он вақт ин пули калон буд, маоши якмоҳаи баъзе кормандон ҳисоб мешуд. Ман пулро ба худ нагирифтам. Онро ба навозандагон додам. Пас аз рақс ба ман мактуберо оварданд ва ишора карданд, ки онро як марди ишкамкалон додааст. Дар болои салфетка чунин навишта шуда буд: «Шумо бо як нигоҳ диламро рабудед. Мехоҳам бо шумо бошам. Бо кадом қимате бошад, розиам». Ин мактубро хонда хун ба сарам зад. Маро ким-кадом фоҳиша гумон кардааст. Ҳамон замон тўйро тарк кардам. Пас аз чанде ҳамсоязан — соҳиби тўй гуфт, ки ин мард вазир будааст ва баъди тамом шудани базм ҳам маро кофтааст. Ба вай гуфтаанд, ки ман зани шавҳардорам ва сабукпо нестам. Рўзи дигар ин ҳодисаро ба шавҳарам нақл кардам.
— Туро кӣ гуфтааст, ки танҳо ба тўй равӣ . Тўйравиат аз ин рўз пас адо. Ман намемонам, ки ту дигар ба ин хел маъракаҳо равӣ , — гуфт шавҳарам.
— Худи ҳамин ҳодиса аз он гувоҳ медиҳад, ки мардҳо ба шумо таваҷҷўҳ доштаанд. Вале гумон намекунам, ки таваҷҷўҳи яктарафа боиси ҷанҷоли оилавӣ шавад. Ба ҳар ҳол сабабе ҳаст. «То шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад», гуфтаанд.
— Ба ростӣ , намедонам.
— Шояд талаботи шаҳвониашро қонеъ намекардед?
— Чӣ хел талабот? Вай аз ҳамхобагӣ бо ман мегурехт.
— Шояд вай зани дигар дошт?
— Инро собит карда наметавонам. Вале ойимбозӣ мекард.
— Шояд шумо инро дониста бо ў ҷанҷол мекардед?
— Не, мани содда ҳозир чунин гумон мекунам. Боре шавҳарам аз зиёфати солинавии ҳамкоронаш омад. Сиёвуш «Ба ман чӣ овардед?», гуфта кисаҳояшро кофт. Аз кисаи пиҷакаш мўйбанди занона баромад. «Инро ман дар бозӣ буридам», гуфта онро ба ман дод. Мани содда онро як ҳафта дар мўям карда гаштам. Кӣ мўйбанди кўҳнаро ба бозӣ монда, тўҳфа мекунад?
— Ба ҳар ҳол сабабе будагист барои ҷанҷол.
— Шояд, ки вай зани дуюм дошта бошад, вале ман намедонистам. Вақти ки ним сол ҷогаҳӣ буд, кадом зане дар набудани ман ба аёдаташ ба беморхона меомадааст ва гиря мекардааст. Инро ба ман баъд хоҳарони шафқат гуфтанд. Шояд пинҳонӣ зане доштааст, ки ман намедонистам,- Рухшона инро гуфта лаҳзае хомўш монд ва афзуд:
— Воқеан ҳам, як даҳ сол пеш ўро якмоҳа барои баланд кардани тахассусаш барои коромўзӣ ба Киев фиристоданд. Як моҳ сипарӣ шуд, вале вай намеомад. Занг зада гуфт, ки ҳоло он ҷо меистад. Аз ҷойи кораш ўро мепурсиданд. Ман ба беморхона рафта ба ҷояш барои рухсатии бемузд ариза навиштам. Сардухтур одамгарӣ намуда, ўро аз кор пеш накард. Шавҳарам танҳо пас аз се моҳ ба хона баргашт.
Баъди чанде дар вақти мастиаш ба Сиёвуш гуфтааст, ки вай дар Воронеж зан дорад. Номаш Нина. Аз ў духтаре дорад бо номи Ирина. Ирина шавҳар карда ду фарзанд доштааст. Ў вақти аз Киев баргаштанаш онҳоро рафта хабар гирифтааст.
Додарам Муҳиддин ҳам боре гуфта буд, ки шавҳарам шояд зани дигаре дошта бошад. Даромади шавҳарам зиёд буд. Медонед, ҷарроҳон чӣ хел пул кор мекунанд? Вале вай ба ғайр аз ғизо ба хона чизе намеовард. Ҳамаи ҷиҳози хона ва либоси худаму кўдакҳоро аз маошам ва пули волидонам харидаам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не. Як мошини фарсудаи ҷомашўии «Қирғизистон» доштем, ки 5 сол пеш вайрон шуд. Мард шуда онро на соз карду на навашро харид.
-То ҳол мошини ҷомашўӣ надоред?
— Бале, надорам.
-Бо даст ҷомашўӣ мекунед? Офарини шумо.
-Ҳоло як худам, ҷомашўӣ кам. Вақти бистарӣ будани шавҳарам, тару хушкаш як ҷо буд. Ҳар рўз дастакӣ ҷомашўӣ мекардам.
— Ҳатман як мошини ҷомашўии нағзи хориҷӣ харед. Бе мошин ин дастони нозуки шумо дард мекунанд.
— Ман ба ин одат кардаам.
— Шояд ин заданҳо баҳона буд ва шавҳаратон мехост, ки аз шумо ҷудо шавад?- аз нав ба мавзўи сўҳбат баргашт Анис.
— Намедонам. Агар бо ман зистан намехост, чаро ба ман хонадор шуд?
— Шояд вай мехост, ки ташаббуси ҷудошавӣ аз шумо сар шавад?
-Намедонам. Агар ин хел мебуд, пас чаро ҳаёти маро сўхт?! Агар росташро гўям, бояд ман шаби аввал ўро тарк мекардам. Шаби аввали издивоҷ вай ба ман аз ишқбозиҳояш қисса кард: «Медонед, ман бо як зани кўдакдор бо номи Ойгул чанд сол ҳамхоба будам. Ўро дўст медоштам, вале падарам бояд духтар гирӣ , гуфта ба шумо хостгорӣ рафт».
— Аз ин гуфтаҳо хориам омад. «Ин ҷо куҷо? Ҳозир ба хонаамон бармегардам», гуфтам. Мани содда ҳатто намедонистам, ки деҳаи Унҷӣ дар куҷо. Кош, ҳамон шаб вайро тарк мекардам, ҳоло духтар будам. Холаам, ки аз пасам янга омада буд, маро аз роҳам дошт: «Барои дупула гап, худатро шарманда мекунӣ магар? Одамон мегўянд, ки нодухтар будааст, шавҳараш пеш кардааст. Аз ин нанги зиёд барои арўс намешавад». Ҳамин тавр ба тақдирам тан додам ва 25 сол азоб кашидам, — гуфт Рухшона ва хомўш монд.
— «Агар тақдир чунин аст, чӣ тадбир кунем?», — мегўянд. Вале ба ҳар ҳол инсон метавонад тақдири худро дигар кунад. Барои зиндагии хушу беҳтар кўшиш намояд.
— Агар ақаллан 10 сол пеш ман шуморо вомехўрдам, ҳатман аз вай ҷудо мешудам. Лекин чӣ илоҷ? «Дер ояду шер ояд», гуфтаанд. Аз Худо ҳамеша миннатдорам, ки дер бошад ҳам, шуморо бо ман шинос кард. Шояд подоши азобу заҳматҳои ман ишқи шумо бошад?
— Ба ҳар ҳол сабаби ҷанҷолҳои оилавии шумо норўшан монд.
— Шом мешавад, ягон хўрок пазам, — гуфт Рухшона маҷрои суханро дигар карда. Ў ба тиреза нигоҳ кард. Дар берун пардаи торикӣ мефаромад.
— Ман ба шумо кўмак мекунам.
Ҳар ду аз ҷогаҳ хеста ғуслкунӣ рафтанд.
-Чӣ мепазем?
-Ҳар чӣ дилатон хоҳад.
-Дили ман мехоҳад, ки шумо ташвиш накашед ва дар барам бошед, -хушгўӣ кард Анис.
— Ман дар баратон. Ин қадар заҳмате, ки шумо кашида истодаед, агар ғизо нахўред, пўсту устухон мешавед.
— Ин тавр бошад, боз як хўроки серғизои тезпаз тайёр мекунем.
-Чӣ будааст вай?
— Қимакабоби дегӣ . Барои мо ним кило гўшти равғандори гов, ду сар пиёз, як дона тухм ва албатта, намаку равғани рустанӣ лозим аст.
-Ҳамааш ҳаст.
— Пас шурўъ мекунем. Ман гўштро аз қимакунак мегузаронам, шумо пиёзро реза кунед. Агар ба пиёзтозакунӣ хуш надошта бошед, вазифаҳоямонро иваз мекунем.
Пас аз лаҳзае маҳсулоти кабоб тайёр шуд. Анис гўшту пиёзи қимашударо бо тухм омехта намак кард ва ба он каме зира андохт, то ки хушбўй шавад. – Ман кабобро мепазам, шумо салат тайёр кунед, — гуфт Анис ба Рухшона ва аз қимаи тайёршуда чун сихкабоб 6 дона мушт кард, то ки гўшт ба пораҳои хурд ҷудо нашавад. Сипас онро ба тобаи болои газ, ки равғанаш тасфида буд, андохт. Ҷазаси равған баромад. Анис газро паст кард ва даҳони тобаро пўшонида дам партофт. Пас аз чанд дақиқа бўи хуши кабоб баромад. Анис кабобро ба табақ кашида болои ҳар яке як қошуқча майёнез рехт. Рухшона алакай дастурхон густурда буд.
— Бай-бай, аҷаб бомаза шудааст, — таъриф кард Рухшона як пора кабобро хўрда.
— Таъриф накунед, ки аз шодӣ кабоб намехўрам.
— Ош шавад, хўред.
Анису Рухшона баъди сарфи ғизо чой хўрда телевизор тамошо карданд ва соати 10 боз ба хонаи хоб гузаштанд. Ду ташнаи муҳаббат бўсу канор гирифта ба ҳам печиданд. Онҳо аз комситонии тўлонӣ мондаву лакот шуданд. Анис барои ғусл аз ҷойгаҳ хест. Соат ними 12 буд. Аз яхдон як банка пиво гирифта нўшид. Рухшона низ ғусл карда омад ва ҳар ду боз болои кати хоб дароз кашиданд. Лаҳзае бо хомўшӣ гузашт.
— Медонед, ҳамин никоҳи ман бо шавҳарам бояд дуруст набошад, — боз дар бораи зиндагиаш қисса оғоз кард Рухшона.
— Чӣ хел?-ҳайрон пурсид Анис.
— Рўзи никоҳ мулло розигиамро се маротиба пурсид. Ман хомўш будам. Дар паси парда ману дугонаам Наима, ки вай ҳам пас аз як ҳафта тўй мешуд, нишаста будем. Ў дафъаи сеюм аз ман пешдастӣ карда «ҳа» гуфт. Пас аз ин мулло хутбаи никоҳро хонд. Шояд аз ҳамин бошад, ки зиндагии ман нохуш буд.
-Загс карда будед-ку. Дар он ҷо розигии худро додед, пас бояд никоҳатон дуруст бошад.
— Пас аз тўй ман қариб як ҳафта намондам, ки шавҳарам ба ман наздикӣ кунад. Агар наздик мешуд, чун морро дидагӣ мешудам. Шояд ин аз он бошад, ки соли вай мор буд. Мор мушро мехўрад.
Дар мо як одат ҳаст. Шаби якум ҷогаҳи арўсу домодро мепартоянд ва танҳо панҷшанбеи оянда вайро ҷамъ мекунанд. Мо панҷшанбеи дуюми моҳи август тўй шуда будем. Ҷогаҳро холаам партофт. Аз рўи одат ҳамаи кўрпаҳои арўсу домодро болои ҳам рўйи фарш мепартоянд, ки аз диван ҳам баландтар мешавад. Баъзеҳо шаби аввал, баъзеҳо рўзҳои дигар домани исматро медаронанд. Агар то рўзи ҷогаҳғундорон ин амал сурат нагирад, арўсро нодухтар бароварда аз хона пеш мекунанд.
Шаш рўз ман шавҳарамро наздик шудан намондам. Рўзи чоршанбе холаам омада насиҳат карданд: «Духтарам, чаро шавҳаратро намемонӣ ? Пагоҳ ҷогаҳро меғундоранд. Мардум туро нодухтар мегўянд. Чӣ , моро шарманда кардании ту?».
Холаам, насиҳати бисёр карду рафт. Моро танҳо монданд. Ниҳоят ман розӣ шудам. Ваҳ, чӣ азобе будааст даридани пардаи исмат. Шавҳарам, марди ботаҷриба зуд аз таги болин пораи суфи сафедро, ки барои ин кор монда буданд, гирифта хунро тоза кард. Суфи сафед ба хуни норинҷӣ олуда шуд. Хурсандии шавҳарам аз бокира будани ман ҳадду канор надошт. Ман аз дарди аввали ҳамхобагӣ кашидаам тарсида аз шавҳарам канораҷўӣ мекардам. Вай маро бовар кунонд, ки агар аз ҳамхобагӣ гурезам, пардаи исмат боз мечаспад ва он баъд боз сахттар дард мекунад. Мани содда ба ин бовар кардам ва то ба хондан рафтанаш боз чанд рўз бо вай хамхоба шудам. Ҳоло духтарони инзамона ҳама чизро медонанд. Ҳатто баъзеашон фоҳишагӣ карда дар вақти ба шавҳар баромадан пардаи бокираашонро медўзанд, то худро покдоман нишон диҳанд. Вале як духтурзани шиносам гуфт, ки духтари бокираро аз духтари гандагард фарқ карда мешудааст. Зеро пардаи бокирагии дўхташуда то ба се рўз меистодааст. Агар тўли ин се рўз домод ба арўс наздикӣ накунад, духтари фиребгар шарманда мешудааст. Мегўянд, ки барои духтарони гандагард духтурро ба хонаашон оварда ҷарроҳӣ мекардаанд, то ки дўхта шудани пардаи бокирагӣ ба касе маълум нашавад.
Пас аз нақли ин қисса хомўшие фаро гирифт. Ба ғайр аз садои нафаскашӣ дигар чизе ба гўш намерасид. Ниҳоят хомўширо Рухшона вайрон кард:
– Ҳамин муносибати мо ҳаром аст. Боз наҳсиаш нарасад. Бояд муносибатамонро расмӣ кунем, — изҳор намуд Рухшона.
— Чӣ хел? Ман оиладорам. Бисёрзанагӣ дар кишвар манъ аст.
— Чӣ метарсед? Ҳамон аксари ҳукуматдорону қонунбаророн худ дузанаву сезанаанд. Шумо бо ман никоҳ кунед, бас.
— Дар урфият мегўянд, ки «якзанаро як бари рўяш сиёҳ. Дузанаро ҳардуи бари рўяш сиёҳ».
-Пас шумо маро гирифтанӣ нестед?
— Ман метарсам, он муҳаббате, ки шумо мегўед, дурўза набошад. Пагоҳ марди аз ман беҳтарро ёфта боз пушаймон нашавед.
— Не, ман пушаймон намешавам. Ман он касеро, ки мекофтам, ёфтам. Бароям дигар касе лозим нест.
— Ба ҳар ҳол издивоҷ ин кори саросемагӣ нест. Сабр мебояд кард.
— Пас шумо маро дўст намедоред, ва барои никоҳ кардан баҳонаҷўӣ мекунед. Чӣ илоҷ, зани бахтбаргашта якумр сиёҳбахт мемондааст, — гуфт Рухшона ва ба гиря даромад.
Анис ўро ба оғуш гирифта навозиш кард ва бўса ба лабонаш зад. Рухшона гиряро бас кард ва тани худро ба тани Анис зич намуд.
Рўзи дигар пас аз ношто ба хона Наргис омад. Ў аз Рухшона телефонӣ шунида буд, ки Анис омадааст. Наргис ба ин бовар накарда, худаш омад. Пас аз салому ҳолпурсӣ аз Анис пурсид: — Абдусалом куҷост? Чаро вай наомад?
-Абдусаломро ҳамон дар семинар дидагиам. Шояд вай ҳам дар рухсатӣ бошад, — посух дод Анис.
— Аз рафтанаш боре ҳам занг назадааст. Ман телефон мекунам, гўширо намегирад.
— Донишкадаи онҳо аз мо дур. Агар тасодуф набинамаш, дигар вонамехўрем.
Рухшона Наргисро сари дастархон хонд. Вақти чойнўшӣ Наргис ба муносибати Анису Рухшона дахолат карда, хоҳиши дугонаашро гуфт:
— Аз ҳамон қадар раҳи дур хеста омадед, никоҳ карда гиред Рухшоная. Хонаву дараш ҳай. Кор мекунад, маошаш ба худаш мерасад. Обу нон нагўяд шумоя. Агар ягон марди дигар мешуд, кайҳо ин корро мекард.
— Ин кор саросемагиро намехоҳад.
— Ба ман ҳам ҳамин хел мегўянд. Аз никоҳ кардан бо ман метарсанд,- ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Рухшона.
— Ман бешўхӣ мегўям. Як муллои шиносам ҳаст, биёрам вая.
— Ман ин ҷо зангирӣ наомадаам-ку?!
Пас аз ин гуфтугў қариб як соат онҳо дар мавзўи гуногун сўҳбат карданд. Наргис тараддуди рафтан кард. Рухшона барои гусели ў то кўча баромад.
— Ту ҷиннӣ шудагӣ -мӣ , ки маро ба миёна андохта бо Анис никоҳ кардан мехоҳӣ ?! –сарзаниш кард Рухшонаро Наргис. Аз шавҳари алкашат нав халос шудиву боз худатро побанди марди дигар мекунӣ . Ҳамин зани озод буданат магар маъқул нест? Касе ба ту кор надорад. Ба куҷо хоҳӣ , меравӣ ва чӣ кор хоҳӣ , мекунӣ . Озодӣ беҳтарин лаззати дунёст. Ту худат аз ин даст кашидан мехоҳӣ .
-Не, ман ҳаром гаштан намехоҳам. Фарзандонам ҳаст. Мехоҳам зани никоҳии Анис бошам. Ба ман дигар ягон хел озодӣ даркор нест.
— Ман ба ту гуфтам. Боз пагоҳ пушаймон нашавӣ ! – Наргис ин суханонро гуфта ба роҳи калон баромад.
Рухшона ба хона баргашта Анисро машғули ғундоштани дастархон ёфт. – Монед, ман худам меғундоштам.
— Бекор нишастанро хуш надорам.
— Шумо марди ҳақиқиед. Аз дастатон ҳама кор меояд. Додарам Муҳиддин аз гуруснагӣ мурад ҳам, аз дег хўроки тайёрро кашида намехўрад. Занаш бечора бо ў чун кўдаки майда овора аст. Бечора дар Ленинград хондагӣ вай. Дар завод муҳандис буд. Баъди корхонаҳоро харидани бойбачаҳо истеҳсолот аз байн рафт. Келинамон ҳам бекор монд. Додарам дигар намонд, ки вай дар ягон ҷо кор кунад. Бечора чўрӣ барин кори хона мекунад.
— Ҳамин дугонаатон ба ман маъқул нест, -маҷрои суханро ба дигар сў бурд Анис. – Зане, ки ба шавҳараш хиёнат мекунад, вай ба ҳама кори бад қодир аст. Дўстиатонро бо ў канед.
— Чӣ кунам, ў дугонаи мактабиам аст. Боз дар донишкада якҷоя таҳсил кардем. Албатта, ман бо вай рафтуои наздик надорам. Дугонаҳои наздикам занҳои баобрўянд. Яке директори мактаб, дигаре корманди масъули шўъбаи маорифи вилоят.
— Беҳуда «Бо моҳ шинӣ , моҳ шавӣ . Бо дег шинӣ , сиёҳ шавӣ », намегўянд дар урфият.
— Воқеан, Муҳиддин ҳам гапи шуморо мегўяд: «Буча, бо Наргис дўстӣ накун, вай зани хуб нест. Чашмонаш бозӣ мекунад». Ҳоло вай мегўяд, ки бо Наргис ба осоишгоҳ рафтию ин мардакро ёфтӣ .
— Ман ба шумо маслиҳат додам. Инро қабул доред, ё не, кори шумо.
— Не, ман гўш мекунам шуморо.
— Маро, ки гўш мекарда бошед, пас рафтем ба хонаи хоб.
Онҳо болои дивани нарм дароз кашиданд. Анис хоҳиши комситонӣ кард.
— Шумо ҳеҷ серӣ доред? – пурсид Рухшона аз Анис ба хоҳиши вай моил шуда.
— «Чашми ман серӣ надорад, аз тамошои замин», — гуфта Анис мисраеро аз суруди шодравон Тағоймурод Хушвахтов, ки бо номи Қории Ёвонӣ дар охири садаи 20 машҳур буд, зам-зама кард.
-Боз шўхӣ ҳам мекунед-а?
-Комситонӣ шўхӣ нест. Вай ҳақиқат аст,- гуфт Анис Рухшонаро болои зонуяш шинонда. Садои ғиж-ғижи диван баланд шуд.
Пас аз комситонии тўлонӣ онҳо мондаву лакот болои диван дароз кашиданд. Рухшона аз ҳаракати зиёд ба обу арақ ғутида буд. Ў дасташро дароз карда аз сари курсии назди ҷевон сачоқро гирифта арақи рўяшро тоза карда гуфт:
— Чӣ мо дигар коре надорем, ки шабу рўзамон дар ҷогаҳ гузашта истодааст?
— Хонум, воқеан ҳам мо дигар коре надорем. Дар рухсатии меҳнатӣ ҳастем. Дигар, ин ки мо истироҳат карда, ташнагии 25-соларо шикаста истодаем.
— Ман як чизро чанд рўз боз аз шумо пурсиданиам,- риштаи суханро ба дигар сў бурд Анис. — Чаро оринҷи дасти ростатон каме каҷ менамояд. Шикастааст магар?
-Бале, ин дастамро шавҳарам зада шикаст, — ба нақли ин қисса шурўъ кард Рухшона.- Охири баҳор буд. Ба издивоҷамон ҳафт сол шуда буд. Ман аз кор омада сари роҳ Сиёвушу Манижаро аз боғча гирифтам. Сипас то шавҳарам омадан зуд оши палав пухтам. Вай палавро дўст медошт. Баъди омадани шавҳарам аввал ба кўдакҳо дар табақчаҳояшон ош кашидам. Ба худамон низ як табақ ош кашида омада нишастам. Сиёвуш, ки ба ош хушаш набуд, ош намехўрд. Додош ба ў «гир ош хўр», гуфт. Ў «Ман сер, намехўрам», гуфт. Шавҳарам аз ин дар қаҳр шуда «Оша нахўрӣ , балоя хўр», гуфта Сиёвушро як торсакӣ заданд. Кўдаки бечора аз болои курсӣ ба фарш афтод. Ман чӣ тавр аз ин ба ғазаб омада шавҳарамро як торсакӣ заданамро нафаҳмида мондам. Ў аз ҷояш бархост ва ҳақорати қабеҳи русӣ карда бо пояш маро зад. Пояш рост ба қафаси синаам меомад. Бо дастам зарбаро гардондам. Дастам қарсӣ кард. Шикастанашро худам эҳсос кардам. Ош заҳри танам шуд. Дастам ба сўзиш даромада, зуд варам кард. Ба шўъбаи шикастабандӣ равам гўям, дар кўча ҳамсоязанҳо нишастаанд. Аз назди онҳо чӣ хел гузаштанро намедонистам. Намехостам, ки онҳо аз ҷанҷоли оилавии мо хабардор шаванд. То торик шудану ба хонаҳояшон рафтани ҳамсояҳо мунтазир истодам. Кўдакҳои бечораро аз тарс хоб бурда буд. Онҳоро ба катҳояшон хобонида аз дар баромадам. Шавҳарам телевизор тамошо мекард, ҳатто напурсид, ки ба куҷо меравам.
Дар шўъбаи шикастабандии беморхонаи шаҳрӣ навбат зиёд буд. Пас аз рентген маълум шуд, ки дастам воқеан ҳам шикаста будааст. Ба дастам лангет баста гуфтанд, ки «Ҳоло дастатон варам. Баъди варамаш гаштан биёед, гипс мекунем».
Соат 12 –и шаб шуда буд, намедонистам, ки чӣ хел ба хона биёям. Автобусу маршрутка аллакай ҳаракат намекарданд. Таксӣ ҳам наменамуд. Ҳамин вақт, хеши дурамон Аҳрорбойро дидам. Он кас мошини ёрии таъҷилӣ меронданд ва касеро ба ин ҷо оварда буданд.
— Келинойӣ чӣ шуд ба шумо, ки дастатонро бастаед?- гуфта пурсиданд он кас.
-Афтидам, дастам шикаст,- гуфтам ман.
-Почо куҷоба, ки шумоя наоварданд?
— Навбатдор он кас, — дурўғ гуфтам.
— Ман шумоя то хонаатон бурда мемонам.
-Савоб мегирифтед. Ман намедонистам, чӣ хел ба хона равам.
Раҳораҳ фикр мекардам, ки агар шавҳарам маро кофта сари кўча баромада бошад, Аҳрорбой он касро бинанд, шарманда мешавам. Ман нагуфтам, ки он кас дастамро зада шикастанд. Баръакс ин сирро пинҳон доштам. Аҳрорбойро гуфтам, ки мошинро сари роҳ доранд.
— То дари хонаатон барам, наметарсед?
— Не, кўча чароғон-ку. Раҳмат ако.
— Намеарзад. Ба духтур корамон бисёр меафтад.
Ба хона биёям, дар кушода. Шавҳарам хуррок кашида хобидааст.
Баъди чанд рўз ба хонаи падарам рафтам. Падару модарам дасти гачпечи маро дида ҳоламро пурсон шуданд. Ин қиссаро нақл кардам. Падару модарам барои дастгириам, чизе нагуфтанд. Додаронам он вақт дар Душанбе таҳсил мекарданд. Танҳо бибии пирам, гуфтанд, ки ҳоло шавҳарат ба хона биёяд, ман адабашро медиҳам. Ҳамин тавр падару модарам маро маҷбурӣ ба шавҳар дода, ҳатто боре ҳам маро тарафгирӣ намекарданд, — аз чашмони Рухшона ашк ҳалқа зад.
— Гиря накунед, ба гузашта салавот.
— Акнун ба ман рўшан шуд, ки чаро шуморо шавҳаратон мезадааст, -сухан оғоз кард Анис баъди ба худ омадани Рухшона.- Шумо ҳам ба вай даст мебардоштаед.
— Хайр, чӣ кор кунам? Бачаамро зад. Кўдаки шашсоларо.
— Чӣ Сиёвуш бачаи вай ҳам нест?
-Ҳаст.
— Шумо медонед, ки агар зан ба шавҳараш даст бардорад, талоқ меафтад.
— Пас ҳамон вақт мо ҷудо шуда будаем,-бо соддагӣ гуфт Рухшона.
Анис ўро ба оғўш гирифт ва аз лабонаш бўсае ситонид.
— Чӣ , боз мекунем?- пурсид Рухшона.
— Чаро не. Мо дар рухсатӣ -ку?!
— Бегоҳ шуда истодааст, — ба соати деворӣ нигариста гуфт Рухшона. Ақрабаки он соати чорро нишон медод. –Чоштхўриро фаромўш кардем имрўз.
— Ҳеҷ гап не, қусурашро дар ҷогаҳ мегирем, -гуфт Анис ва лабонашро боз ба лабони Рухшона бурд. Ҳар ду ташнаи шаҳват боз ба ҳам печиданд.
— Ин бегоҳ чӣ мепазем?-пурсид Рухшона пас аз ғусл кардан.
— Боз ягон хўроки осонпаз.
-Не, ман ин бегоҳ бароятон манту мепазам.
— Ман манту намехўрам.
-Чаро?
-Пас аз хўрдани он даҳони одам бўй мекунад ва магарам дигар бўсобўсӣ накунам.
— Не, мантуи пухтаи ман бўйи пиёз надорад.
— Аҷиб.
— Шумо ин хелакашро дидагӣ не. Ин тавр мантупазиро ба ман муаллимаи русиамон холаи Анна нишон доданд. Пиёзи ин мантуро реза карда дар об мешўянд ва баъд бо гўшт омехта мепечонанд. Мантуи аз ин хел пиёз пухташуда бўй намекунад.
-Пас дар амал месанҷем ин гуфтаҳои шуморо. Кӣ чӣ кор мекунад?
— Албатта, ман як зувола хамир мегирам, ки ягон бисто манту шавад.
-Ин барои ду кас зиёд нест?
— Зиёд бошад, пасон гарм карда мехўрем.
— Майлаш, гўштқимакунӣ ба ўҳдаи ман. Як тахтача диҳед, гўштро қима кунам.
-Гўштро аз қимакунак гузаронед, намешавад?
— Қимакунаки механикию барқӣ гўштро латта мекунад. Мазаи гўшт меравад. Агар гўштро бо корд қима кунем, мазааш дигар аст.
Анис то зувола гирифтани Рухшона пиёзро аз рўи гуфтаи вай реза карда бо оби хунук шуст ва онро бо гўшт омехт. Сипас ба он намаку зира андохт.
Рухшона зуволаи хамирро тунук карда ба порчаҳо бурид. Дар печонидани манту низ Анис ба Рухшона кўмак кард. Ў ба ҳар як манту порчаи хурди равғани гов мемонд, то ки бомазатар шавад.
Рухшона барои начаспидани манту лаълиҳои мантупазакро равғани растанӣ молид ва сипас мантуи хомро ба онҳо ҷо ба ҷо карда сарпўши дегро маҳкам кард.
Пас аз ним соат манту тайёр шуд. Рухшона пеш аз онро ба табақ кашидан пурсид:
-Ба болои манту чакка резам ё равған?
— Ман аслан ба болои манту равғани растанӣ мемолам.
— Манту худаш равғанӣ -ку?
— Аз хўроки туршу равғанӣ ман зардаҷўш мешавам. Барои ҳамин ҳам мантуро бо чакка намехўрам. Оши угро ё мастобаро бо чакка хўрдан мумкин.
Рухшона барои Анис дар табақи алоҳида манту кашида ба болояшон равған молид ва онро оварда ба дастархон гузошт. Ў ба болои мантуҳои табақи худаш чакка рехт.
-Мантуи бомаза шудааст, дастатон дардро набинад, хонуми зебо, -таъриф кард Рухшонаро Анис манту хўрда истода.
— Саҳми шумо ҳам ҳаст. Агар гўштро аз қимакунак мегузаронидем, ин хел бомаза намешуд.
Анису Рухшона бо иштиҳо манту хўрданд ва чой нўшида телевизор тамошо карданд. Рухшонаро дар роҳаткурсӣ хоб бурд. Ў чанд шаб боз ба ишқварзӣ машғул шуда, дуруст хоб накарда буд. Анис инро дида ба вай халал нарасонид ва телевизор тамошо карда нишаст. Хоб ба ў низ ғалаба кард. Ў вақте бедор шуд, ки телевизор ягон барнома намоиш намедод. Ақрабаки соати деворӣ болои 1 буд. Ў аз ҷояш хеста телевизорро хомўш кард ва дар тарадуди ғундоштани дастархон буд, ки Рухшона ҳам бедор шуд. – Монед, ман худам меғундорам, — гуфт ў хоболуд.
-Ҳеҷ гап не.
Рухшона низ аз ҷой бархоста ба Анис кўмак кард. Пас аз шустани дегу табақ онҳо оббозӣ карда ба хонаи хоб гузаштанд.
— Аз хоб сер шудед, дар пеш шаби ялдо аст?- пурсид Анис.
— Бале. Шумо телевизор тамошо карда шиштед-мӣ ?
— Не, ман ҳам аз фурсат истифода карда хоба задам.
— Пас дигар хоб намекунем?
-Бале, кор мекунем имшаб, — гуфт Анис ва Рухшонаро ба оғўш кашид. Лабҳо моили бўса шуданд. Ин шаб ҳам ба мисли шабҳои гузашта бо комситониҳо рўз шуд.

* * *

— Шумо ин бегоҳ меравед ва ба гумонам дилу ҷонамро бо худ мебаред, -гуфт Рухшона вақти ношто хўрдан. – Ман бе шумо наметавонам, ки зиндагӣ бикунам,- ашк дар чашмони ў ҳалқа зад.
— Ин хел гуфта хурсанд накунед, ки ба ҳеҷ куҷо намеравам. Бо шумо мемонам, — хушгўӣ кард Анис.
— Кошкӣ . Ман яккаву танҳоям. Бинед, ки чанд рўз боз ягон нафар аз хешовандон суроғам намекунанд. Писарам тамоман фаромўшам кардааст. Нома наменависад. Дар ду-се моҳ як маротиба занг мезанад. Пас аз чанд соли дигар мумкин модар доштанашро билкулл аз ёд барорад. Ҳатто Замираи додарзодаам, ки чун духтарам эркааш мекардам, боре ҳам намепурсад. Падару модарам низ фаромўшам кардаанд. Пас ман ба касе даркор нестам. Шумо гуфта аз баҳри ҳамаашон мебароям. Оё шумо маро намепартоед?
— Барои ман аз баҳри касе баромадан лозим нест. Зиндагӣ бо маҷрои худаш равон аст. Боз фардо пушаймон нашавед?
— Не, ман ҳаргиз пушаймон намешавам. Охир як умр дар орзуи шумо будам. Чун Таҳмина дар орзуи Рустам. Агар ин хел намебуд, магар бо як дидан ошиқ шуда, шаби аввал таслиматон мешудам. Ман мебинам, ки мо ба ҳам бисёр монандем. Ҳатто мизоҷамон як хел аст. Ин ҳама моро ба ҳам мепайвандад.
-Бале, инро ман низ эҳсос кардам. Шояд ҳамин моро ба ҳам наздик мекарда бошад.
— Ҷонаки ман, маро фаромўш накунед, шуд. Ман шуморо интизор мешавам. Агар наоед, худам ба Душанбе наздатон меравам. Фақат пешам накунед, шуд,-гуфт Рухшона.
Анис хомўш монд. Намедонист чӣ бигўяд. Зеро ҳоло ҳам ишқи Рухшонаро ҳавою ҳавас медонист.
Рўз бо комситониҳо бегоҳ шуд. Анис омодаи сафар гардид. Ў соати 7-и бегоҳ ба Душанбе парвоз мекард.
— Ман барои гуселатон ба фурудгоҳ меравам, — исрор кард Рухшона вақти рафтани Анис.
— Зарурат надорад. Чӣ ин ҷо гусел кунеду чӣ пас аз як соат дар фурудгоҳ. Ба ғайри ин ман намехоҳам, ки шумо дар торикӣ дар кўча гардед. Мардҳои шилқин бисёр. Озоратон медиҳанд.
Рухшона худро ба оғўши Анис андохт ва лабонашро ба лабони ў бурд. Онҳо якдигарро сахт ба оғўш гирифтанд ва дигар раҳо кардан намехостанд. Вале, чӣ илоҷ? Бояд Анис ба Душанбе бармегашт. Ў ҳиссиёташро фурў нишонда, худашро ба даст гирифт ва аз дар берун шуд. Рухшона бо чашмони гирёну маҳзун дар хона танҳо монд.
Тайёра ба ҳаво хест. Анисро ҳисси ногуворе фаро гирифт. Гулўяшро чизе мефишурд, гўиё нисфи танашро дар Хуҷанд монда бошад. Дилаш кашоли Рухшона буд.

* * *

Анис танҳо ду рўз дар Душанбе, дар хонааш буд. Ўро ҳамсабақаш Мирзо барои гузаронидани як семинар барои муаллимони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ба шаҳри Қўрғонтеппа даъват кард. Хоҳиши ба Қўрғонтеппа рафтан надошт, вале ба дўсти донишҷўияш «не» гуфта натавонист. Ў овораи семинар кўшиш мекард, ки камтар дар бораи Рухшона фикр кунад, вале наметавонист. Симои ў ҳамеша пеши назараш буд. Анис чунин зани оқилаву доно ва дар баробари ин соддаву беолоишро бори аввал вохўрда мафтунаш гашта буд.
Рухшона рўзе 4-5 маротиба ба Анис занг зада ба оташи дилаш равған мерехт. Анис боз ҳам бештар гирифтори муҳаббати Рухшона мешуд.

Садои занги телефон Рухшонаро аз хоб бедор кард. Ў чароғи шабонаро даргиронид ва гўшии телефонро бардошта ба соати болои миз нигарист. Ақрабаки он соати 3-и шабро нишон медод.
— Алло, буча! Куҷо мегардӣ , ба чӣ кор машғулӣ ? Ман бегоҳи дароз ба ту занг зада, пайдо накардам. Телефони дастиат банд буд. Телефони хонаатро намебардоштӣ ,- бе салому ҳолпурсӣ ба хашм сухан мегуфт додари Рухшона — Собир аз Англия. Воқеан ҳам ин вақт Рухшона бо Анис сўҳбати телефонӣ дошт ва гўшии телефони хонагиашро набардошт.
— Ман хонанда, чӣ буд?
— Буча, ақлатро хўрдӣ ? Шунидам ба хонаат ким кадом марди кўлобиро овардӣ . Фикр накардӣ , ки маро беобрў мекунӣ . Дар шаҳр маро ҳама мешиносанд. Одамҳо чӣ мегўянд? Шарм намедорӣ , як зани калонсол аз паи шаҳват меравӣ !
— Ман обрўи касеро нарезондаам. Ин мардро ман дўст медорам. Вай кўлобӣ не. Аз Душанбе он кас. Ҳаёти маро ту хуб медонӣ . Умрам бо як алкаш гузашт. Ман дар зиндагӣ чӣ дидам?! Ба хотири ду фарзанд умрамро хазон кардам. Фарзандҳоямро ҳам ту бурдӣ . Ҳоло ман танҳоям. Акнун ман марди хости худамро ёфтам. Ба зиндагии ман дигар ақалак нашав!
Аз гўшӣ садои канда шудани гуфтугў омад. Собир гўширо монда буд.

* * *

Субҳ Рухшона ба аёдати волидонаш ба ҳавлӣ рафт. Падараш болои кати зери воиҷ нишаста машғули китобхонӣ буд.
— Дадо, салом. Чӣ хел шумо? Почикатон дард накардост-мӣ ? — пурсон шуд Рухшона.
— Салом,- аз китоб сар набардошта ғурунгид падар.
Рухшона аз ин муносибати падараш фаҳмид, ки табъи ў хира аст. «Шояд китоби шавқовар хонда истода бошад, ки сар набардошта салом кард», андешид Рухшона ва ба китоби дасти падараш нигарист. Ў китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро мехонд. Ин китобро падараш даҳҳо маротиба мутолиа карда буд.
Модари Рухшона дар хона сари мошини дарздўзӣ нишаста барои наберааш Замира поҷома медўхт. Ў Рухшонаро дида ба хона даъват кард: — Биё, бачем. Гузашта шин.
— Салом, бува. Чӣ хел шумо?- модарашро ба оғўш гирифта саломуалейк карданӣ шуд Рухшона. Вале модар мисли ҳар вақта ўро бўса накард. Маълум буд, ки ў ҳам ранҷидахотир аст.
— Ин қадар камнамо шудӣ ?- пурсид модар.
— Кори давлат. Саҳар рафта шом меоям. Монда мешавам. Танҳо рўзҳои истироҳат вақти холӣ дорам.
— Ҳоло дарс сар нашудааст-ку?
— Дарс набошад ҳам, мо бояд ба мактаб равем. Барои муаллимон кор сар шудагӣ .
— Ё бо хушдори кўлобиат овораӣ ?
— Чӣ хел хушдор? Боз кўлобӣ гуфтагиш чизе?
— Худатро ба нодонӣ назан. Муҳиддин ба мо ҳамаашро гуфт. Барои як кўлобӣ шуда бо додарат ҷанг кардаӣ . Ин корат хуб не. Мард ёфт мешавад, вале додар не.
— Бува, он кас кўлобӣ не.
— Фарқаш чӣ . Аз ҷануб бошад, кўлоби-дия.
-Не, бува. Дар Душанбе мардуми ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
— Аз куҷое, ки бошад, мардуми мо не. Марда қаҳатӣ зада буд, ки душанбегия хуш кардӣ ?!
— Бува, он кас марди табъи дилам. Як умр ҳаминхелакаша орзу мекардам.
— Ту як зани калонсол, агар Сиёвуш зан мегирифт, кайҳо наберадор мешудӣ . Наход ту орзуи мард кунӣ ? Боз шарм надошта ин хел мегўӣ .
— Бува, мана шумо шавҳар дода, умрамро хазон кардед. Акнун, ки ман зани озодам, хостагиамро мегирам.
— Боз шарм накарда шавҳар кардани-мӣ ту?
— Хайр чӣ шудааст? Марди дилхоҳамро нав ёфтам.
-Очат дар сисолагӣ бева монд ва дигар шавҳар накард. Ту бошӣ , панҷоҳсола мешавию боз орзуи шавҳар мекунӣ .
— Бобоям дар ҷанг ҳалок шуданд. Очам, ки он каса дўст медоштанд, дигар шавҳар накарданд.
— Боз гап меёбӣ -а?
Рухшона ба ин гуфтаҳои модараш чизе нагуфт. Лаҳзаи хомўшӣ фаро расид. Рухшона дид, ки волидонаш ба ў рўи хуш намедиҳанд, тараддуди хонаравӣ кард.
— Бува, ман меравам.
Модараш чизе нагуфт, гўё ўро нашунид. Вақте ки вай ба ҳавлӣ баромад, падараш ўро дида худро андармони китобхонӣ кард. Аз ин муносибати волидон алами Рухшона омад. Гиря гулўгираш кард, вале худро дошт.
Рухшона ғарқи фикру андеша чӣ хел ба хона омаданашро нафаҳмида монд. Ў тағйири либос карда худро болои диван партофт ва ҳунгос зада гиряро сар дод. Рухшона дар вақти зиқӣ баланд гиря карда дилашро холӣ мекард. Ҳоло ба ёдаш расид, ки садои гиряи ўро ҳамсояҳо шуниданашон мумкин аст. Бинобар ин, аз ҷо бархоста чангкашакро ба кор даровард, то ки овози вай садои гиряашро пахш кунад. Дар вақти зинда будани шавҳараш магнитафонро баланд монда гиря мекард. Инак, якуним сол мешавад, ки баъди азодор шуданаш магнитафон намондааст. Садои телевизорро ҳам баланд намекунад.
Аз ашки чашмони Рухшона болишт тар шуд. Вале ў ҳоло ҳам мегирист. Чун ба ёдаш муносибати имрўзаи волидонаш мерасид, дилаш реш-реш мешуд, аламаш аз нав тоза мегашт.
Рухшона ба худ омад ва ба Анис занг зад.
— Ман дар семинар. Вақти танаффус занг мезанам, — аз гўшӣ садои Анис омад.
Воқеан ҳам пас аз ним соат Анис ба Рухшона занг зад.
— Чӣ шуд, ҷонакам?- пурсид Анис аз ларзидани овози Рухшона чизеро пай бурда.
— Саҳар ба хонаи падарам рафта омадам.
— Тинҷӣ аст? Сиҳату саломатанд?
— Ҳа, нағз.
— Пас чаро мушаввашед?
— Ба ман рўйи хуш надоданд. Муҳиддин ба онҳо қиссаи моро гуфтааст. Ба Собир ҳам хабар кашидаанд. Шаб вай занг зада ҷанҷол кард, -Рухшона ба Анис қиссаи занги Собир ва имрўз назди волидонаш рафтаашро нақл кард.
— Ана ҳамин хел, аз ман рўй тофтаанд ҳама, — маҳзунона гуфт Рухшона.
-Ҳеҷ гап не. Сари қаҳр чунин мегўянд, вале бо гузашти чанд вақт боз шуморо дарак мекунанд. Хафа нашавед, нохунро аз ангушт ҷудо карда намешавад, -дилбардорӣ кард Анис.
— Барои шумо шуда аз хешу табор ҷудо шудам. Боз шумо маро напартоед?!
— Ин хел нагўед. Ба шумо борҳо гуфта будам. Барои ман аз хешу таборатон ҷудо нашавед. Ман чунин шарт нагузоштаам. Агар онҳо чунин шарт гузошта бошанд, ман намедонам. Ба фикри ман хуб нест пеши ман чунин гуфтан.
— Наранҷед. Ман аз аламам гуфта истодаам.
— Ман намеранҷам. Барои ман шунидани ин суханҳо нав нест. Мўйи сарамро дар осиёб сафед накардаам.
— Медонам. Таҷрибаи бойи занакбозӣ доред.
— Он чӣ буд, буд. Бо гузашта ҷанг намекунанд.
— Медонам.
— Пас чаро ба маъшуқаҳои пешинаи ман рашк мекунед?
— Чӣ кор кунам? Мехоҳам, ки шумо танҳо азони ман бошед.
— Медонед, ки ман зану фарзанд дорам ва аз онҳо ҷудо шуданӣ нестам.
— Медонам ва ба ин кўшиш ҳам намекунам. Албатта, ман худам зан- модарам ва ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки онҳо аз шумо ҷудо бошанд.
— Пас бояд ба эҳсосот дода нашуд. Ва ҳар амале мекунем, бояд аз рўи ақл сурат бигирад.
— Бале, шумо дуруст мегўед.
— Ин хел бошад, бояд ба ҳам бовар кард.
— Майлаш, ман бо шумо розӣ .
— Ана, ин гапи дигар. Ман бояд семинарро идома диҳам. Танаффус тамом мешавад. Шумо ҳам аз паси кор шавед. Баъд боз дар тамос мешавем.
Рухшона рўзро бо рўбучини хона ва либосшўӣ бегоҳ кард. Шом ба ў бародараш Собир занг зад.
— Буча, мебахшӣ , ки дишаб дағалӣ кардам. Муҳиддин воҳима кард, ки ту гандагард шудаӣ . Аз алам ин хел гуфтам. Ман туро мефаҳмам. Воқеан ҳам, ту ҳаётро надидӣ . Агар он мардро мегирифта бошӣ , ман розӣ . Фақат никоҳ кун. Бе никоҳ нагард.
Рухшона чунин ранг гирифтани қазияро умед надошт ва аз ин муддате ҳайрону лол монд. Сипас ў худро ба даст гирифта гуфт:
— Хайрият, ки мефаҳмидаӣ . Ҳама зидди ман, гўё дунёро чаппа карда бошам.
— Буча, зиқ нашав. Ман додому бувамро низ мефаҳмонам. Агар лозим шавад, ба фарзандонат ҳам мегўям. Воқеан, Сиёвушу Манижа сиҳат саломатанд ва ба корҳои худ овораанд. Аз онҳо хавотир нашав.
Пас аз ин сўҳбат Рухшона хурсанд шуд ва ба Анис занг зада, аз тасмими Собир нақл кард:
— Акнун, бемалол мо метавонем издивоҷ кунем. Гапи Собир дар оила мегузарад. Дар оила ҳама ўро гўш мекунанд. Ин дафъа омадед, никоҳ мекунем. Кай меоед? – суол кард Рухшона.
— Инро Худо медонад.
— Чӣ никоҳ мекунем, гуфтам тарсидед?
— Ман танҳо аз Худо метарсам.
— Пас кай омаданатонро гўед.
— Аввалан, ки аз вохўриамон ҳоло 10 рўз ҳам нашудааст ва маро аз кор тез-тез ҷавоб намедиҳанд. Сониян, ман барои ҳар ҳафта пеши шумо рафтан имкон надорам. Моҳонаи ман танҳо барои як сафари Хўҷанд мерасаду халос. Агар чун давраи шўравӣ билети тайёра 17 рубл қимат медошт, ман бо маоши онвақтаам имконияти ҳар ҳафта пешатон рафтан доштам.
— Шумо биёед, пули билетатонро ман медиҳам.
— Ташаккур, хонум. Ман ба пули занҳо майишат карданро одат накардаам. Илтимос, маро таҳқир накунед.
— Мебахшед, ман дар омади гап гуфтам. Воқеан ҳам, кай меоед? Ман шуморо пазмон шудам.
— Бо аввалин имконият меоям.
Чунин имконият ба зудӣ ба Анис даст дод. Мирзои ҳамсабақаш гуфт, ки аз рўйи лоиҳа чунин як семинарро бояд дар вилояти Суғд гузаронанд. Ў дар истироҳатгоҳи Қайроққум гузаронидани семинарро барои муаллимони мактаб ба нақша гирифтааст.
— Анис, ҷўра ҳамин семинарамонро ҳам гузарон, — хоҳиш кард Мирзо.
— Кай аст, семинар?
— Ҳафтаи дигар.
— Охири моҳ аст. Як ҳафта то оғози дарс мемонад, муаллимон магар меоянд?
— Дигар илоҷ надорам. Вақти тамом кардани лоиҳа омадааст. Баъд, ин ки бо саршавии дарс муаллимонро барои иштирок дар семинар аз мактаб ҷавоб намедиҳанд.
— Чӣ хел мешавад, қариб як моҳ аст, ки танҳо рўзҳои истироҳат ба хона меоям. Занак боз аз хона сурам накунад?
— Ман худам ба янга телефон карда мефаҳмонам.
-Майлаш,- Анис розӣ шуд, зеро ин боз як имкони бо Рухшона вохўрдан буд.
Анис вақте ба завҷааш гуфт, ки рўзи якшанбе боз сафар дорад, ў мағал бардошт:
— Шумо ягон бало доред. Як моҳ шуд семинар ба семинар мегардед. Ягон бевая ёфтагиед ва бо баҳонаи семинар пешаш меравед.
— Ҷанҷол накунед. Ман воқеан ҳам ба семинар рафта истодаам. Бовар накунед, мана аз Мирзои ҳамкурсам пурсед. Ин семинарро вай ташкил мекунад.
Анис ба телефони мобилии Мирзо занг зада гуфт:
— Мирзо худат ба прокурор фаҳмон, бо ман ҷанҷол дорад.
Анис гўширо ба завҷааш дод.
— Янга, ассалому алейкум. Кўдакҳо нағзанд, аҳли байт сиҳатанд. Ман Мирзо, ҳамкурси Анис. Воқеан ҳам, мо дар Қайроққум семинар дорем. Аз Анис хоҳиш кардам, ки онро гузаронад.
-Хуб, — гуфт завҷаи Анис ва сўҳбати телефониро қатъ кард. — Ба ҳар ҳол ман бовар надорам. Мирзо ҷўраатон, хости шуморо мегўяд.
— Ин кори шумо,- гуфт Анис ва ба сўҳбат хотима бахшид.
Анисро баъди хатми донишгоҳ барои муаллимӣ бо роҳхат ба мактаби деҳаи Кафшдўзони ноҳияи Гулистон фиристоданд. Ў бояд ду сол он ҷо кор мекард ва баъд дипломи хатми донишгоҳро мегирифт. Анис дар ин деҳаи кўҳи, ки аз пойтахт ҳамагӣ 50 километр дур буд, аз таҳи дил кор мекард ва дар як муддати кўтоҳ маҳбуби ҳамагон гардид. Пас аз як сол ба мактаб духтари навниҳоли зеборухи маҳаллӣ — Парвона, ки навакак донишкадаи омўзгориро хатм карда буд, ба кор омад. Муаллимаи нав аз фанни риёзиёт дарс мегуфт. Дар мактаб ба ғайри Анису Парвона дигар омўзгорон пиру калонсол буданд. Ҳамин буд, ки корҳои ташкилии мактаб ба дўши ин ду нафар гузошта мешуд ва онҳо бештари вақт бо ҳам буданд. Анис ба ў чандон таваҷҷўҳ надошт, зеро ҳоло ҳам муҳаббати аввалаш аз лавҳи хотираш намерафт. Вале Парвона ба ў дил баста буд.
Баҳори дуюм буд, ки Анис дар мактаб кор мекард. Анис бо Парвона барномаи идонаи наврўзӣ омода мекарданд ва аз ин рў, ҳамарўза бо ҳам буданд. Як рўзи шанбе, пас аз дарс бо баҳонае Парвона ба ҳуҷраи Анис, ки дар мактаб зиндагӣ мекард, омад. Ў бо Анис дар ҳар бора сўҳбат карда, риштаи суханро ба муҳаббат мебурд. Ин духтари деҳотӣ бори аввал ошиқ шуда буд. Дар ин рўзи баҳорон муҳаббат дар дили Парвона беш аз ҳарвақта ҷўш мезад ва ў дигар тоқат карда натавониста ба забони ҳол омада, худро ба оғўши маҳбубаш андохт. Анис нафаҳмида монд, ки чӣ хел ўро ба ҷогаҳ кашидааст. Вақте ки Анис ба худ омад, аллакай дер шуда буд, пардаи исмати духтар дарида буд. Пас аз чанде маълум шуд, ки аз ин ҳамхобагӣ Парвона обистан шудааст. Анис барои шарманда нашудани Парвона ба ҷуз издивоҷ кардан бо ў дигар чорае надошт.
Ҳамон сол Анис ба аспирантура дохил шуд ва онҳо ба Душанбе кўчиданд. Пайи ҳам фарзандонашон таваллуд шуданд. Инак, беш аз 20 сол аст, ки онҳо ҳамхонаанд, вале дар дили Анис то ба ҳол муҳаббати ҳақиқӣ нисбати Парвона пайдо нашудааст.

* * *

Анис пеш аз парвоз ба Хуҷанд ба Рухшона занг зад: — Хости шумо шуд. Ман барои гузаронидани семинар ба Қайроққум омада истодаам.
— Кай меоед?
— Пас аз нимсоат тайёра парвоз мекунад.
— Ман шуморо пешвоз мегирам.
— Лозим нест. Ман бо як гурўҳи тренерон ва ташкилкунандагони семинар рафта истодаам.
— Пас маро дидан намехоҳед?
— Чаро?
— Пешвоз набиё, гуфта истодаед-ку.
— Ин маънои онро надорад, ки ман шуморо дидан нахоҳам.
— Пас бегоҳ ба хонаи ман меоед?
— Бале, як ҳафта тамоми шабҳо ман дар ихтиёри шумо. Семинар пагоҳ сар мешавад. Ин бегоҳ мо рафта ҷой мегирем ва ман пасон ба хонаи шумо меоям.

Анис бо Мирзо дар як ҳуҷра ҷой гирифтанд.
— Ман ба меҳмонӣ меравам ва шаб намеоям,- гуфт Анис ба Мирзо.
— Хавотирии янга бе сабаб набудааст.
— Ман меҳмонӣ меравам, гуфта истодаам, на ба ҷойи дигар.
— Хўроки шом тайёр тановул мекунӣ ва баъд меравӣ . Ба меҳмонӣ сер рав, гуфтаанд.
— Гапат дурусту саросемаам.
— Ба ҳар ҳол истоданат лозим аст. Зеро пас аз шомхўрӣ ягон ним соат тартиби кори семинарро бояд маслиҳат кунем.
— Ин хел бошад, аз ризқ рўй наметобам.
— Вақте ки Анис аз осоишгоҳ баромад, аллакай пардаи торикӣ мефаромад. Ў таксӣ гирифта ба шаҳри Хуҷанд омад. Анис пешакӣ ба Рухшона занг зад, то ў дарро кушода монад. Ў намехост, ки занги дарро зада, таваҷҷўҳи ҳамсояҳоро ҷалб кунад. Онҳо марди бегонаро дар остонаи дари зани бешавҳар дида чӣ мегўянд, меандешид Анис.
Вақте ки Анис аз дар даромад, Рухшона худро ба оғўши ў партофта гуфт: — Шуморо ёд кардам, ҷонакам.
— Ман ҳам, — гуфт Анис лабонашро ба лабони Рухшона бурда.
Пас аз салому ҳолпурсӣ Рухшона Анисро ба сари дастархон хонд:
— Ман лўлакабоб пухтаам, гузашта сари дастархон шинед, мекашам.
— Хонуми ширин, ман навакак хўроки шом хўрдам ва серам. Лекин сари як пиёла чой албатта, сўҳбат мекунем. Воқеан, агар иҷоза бошад, ман аввал як душ кунам. Чангу арақи роҳро шўям, то ки тозаву озода худро ба оғўшатон партоям.
— Майлаш, бе ташвиш бошед. Худро чун дар хонаатон ҳис кунед. Ман ҳозир ба шумо сачоқи тоза медиҳам.
Анис ба ташноб даромада буд, ки Рухшона дарро тақ-тақ кард.
— Сачоқ овардам, дарро кушоед.
Анис дарро кушод.
— Агар иҷоза бошад, ман шуморо оббозӣ медарорам, — гуфт Рухшона ба ташноб даромада.
— Маро шарм надоред.
— Дар ҷогаҳ шарм намекунеду…
— Майлаш, гуфти шумо шавад.
Рухшона Анисро чун кўдакони хурдсол бо муҳаббат оббозӣ дароварда бо сачоқ сару танашро хушк кард.
— Шумо ба фикрам лоғар шудаед, дар ин ду ҳафта. Ба шумо чӣ шуд?
— Аз ғамҳои шумо обу адо шудам.
— Ҳеҷ аз шўхиатон намондед-да.
— Барои шумо шўхӣ , вале барои ман ҳақиқат.
— Ман ба шумо либоси хонагӣ харидаам, ба хонаи хоб гузашта пўшед.
Онҳо ба хонаи хоб гузаштанд. Рухшона барои Анис куртаву танбони хонагӣ харида буд, то ки онҳоро пўшида худашро озод ҳис кунад. Ин либосҳо ба Анис мувофиқ буданд.
— Андозаатонро медонистама? Худи чен карда гирифтагӣ барин.
— Пас аз ин қадар шабхобравиҳо андозаи маро надонед, андозаи киро медонед? – гуфт Анис ва Рухшонаро ба оғўш кашид. – Як даст гирем-чӣ ?
— Сабр кунед, шаб дар пеш. Рафтем ба сари дастархон.
Онҳо ба хонаи дигар гузаштанд. Рухшона болои миз дастурхон густурда онро бо нуқлу наво пур карда буд.
— Барои ман ташвиш накашед, ман танҳо чой менўшам. Шумо худатон ғизо хўрдан гиред.
— Ман барои шумо шуда лўлакабоб пухтам. Ақалан ду дона гиред, — таклиф кард Рухшона.
— «Зи кам хўрдан шифои тан бош. Ба дил қонуни табиби хештан бош», гуфтаанд бузургон. Ош шавад, худатон гирифтан гиред.
Анису Рухшона сари дастархон оид ба ҳодисаҳои чанд рўзи охир, ки ба онҳо дахл дошт, сўҳбат карданд ва вақте соат аз 10 гузашт, аз ҷо бархостанд. Пас аз ғундоштани дастархон ва шустани дегу табақ Рухшона Анисро ба хонаи хоб хонд.
Шаби ялдо бо бўсаву канор ва комситониҳо шурўъ шуд. Пас аз чанде Анису Рухшона мондаву лакот болои кати хоб дароз кашиданд. Рухшона даст ба рўйи Анис бурд ва риши сафеди ўро навозиш карда гуфт:
— Шуморо дўст медорам. Бе шумо як лаҳза ҳам зиста наметавонам. Лаззати зиндагиро ман бо шумо эҳсос мекунам. Биёед никоҳ кунем.
— Магар дўст доштан ҳамеша бо никоҳ анҷом меёбад? Магар танҳо барои издивоҷ одамон якдигарро дўст медоранд. Агар ин хел мебуд, қиссаи Лайливу Маҷнунро наменавиштанд шоирон.
— Гапатон дуруст, вале ман мехоҳам, ки муносибати мо ҳалол бошад.
— Магар ҳаром аст муносибати мо?
— Бе никоҳ ҳамхоба мешавем.
— Ин тавр бошад, ман дар хонаи дигар хоб меравам.
— Бе ман, танҳо?
— Чаро не?
— Шумо аз пеши занатон сер шуда омадаед. Ман бошам, ташнаи дидори шумоям.
— Пас ҳарому ҳалол гуфта, маро лаҷом заданӣ нашавед. Медонед, ки ман марди оиладорам.
— Ман шуморо дўст медорам ва мехоҳам, ки шавҳари ман бошед. Бовар мекунед ё не, ман воқеан ҳам чун духтарони шонздаҳсола гирифтори ишқ шудаам ва бе шумо зиста наметавонам.
— Чандон бовар намекунам, зеро шодравон Лоиқ Шералӣ дар як шеъраш ба ин мазмун гуфтааст: «Кӣ дар ҳаждаҳсолагӣ ошиқ нашудааст ва шеъре нагуфтааст?». Бовар намекунам, ки шумо бори аввал ошиқ шуда бошед. Масалан, ман дар овони мактабхонӣ ба духтаре дил бохта будам. Дар ишқаш месўхтам ва шабу рўз хоб надоштам. Ў ҳам маро дўст медошт. Вале ба ман хиёнат кард ў.
— Чӣ хел?
— Вақти таҳсил дар донишгоҳ ба дигаре дил баст.
— Шумо чаро дахолат накардед?
— Ишқ ба зўриву зорӣ намешавад. Шояд айби ман буд, ки тасхираш накардам ва ё аз фурсатҳои муносиб истифода намуда ҳамхобааш нашудам. Чунин лаҳзаҳо зиёд буданд. Ҳанўз вақти дар мактаб таҳсил карданам шабҳо ба мулоқоташ мерафтам ва дар боғашон зери себҳо шабро бо бўсу канор субҳ мекардем. Он вақт сари эҳсосот ў ба ҳама чиз розӣ буд. Вале ман домани исматашро барои шаби издивоҷ пок медоштам.
— Пас тақдири ў чӣ шуд?
— Як кўрбарзангиро дўст дошт, дар пахтачинӣ . Бо ҳам вомехўрданд. Ба гуфти дугонаҳояш вай фиребаш кардааст. Донишгоҳро хатм карда ба деҳаашон рафтааст ва аз он ҷо хонадор шудааст. Ин духтар бошад, бо хоҳиши волидонаш ҷавони дигареро гирифтааст ва аз ў танҳо як фарзанд дорад.
— Чаро аз қавли дугонаҳояш мегўед? Магар шумо дар як деҳа зиндагӣ намекунед?
— Вай аз деҳаи ҳамсоя буд. Ман ўро тўли 25 сол танҳо як маротиба вохўрдам. Тақрибан 15 сол қабл ўро дар автобус дидам. Рўяш ожанг зада ба мўяш сафедӣ зада буд. Маълум буд, ки зиндагии хуб надорад. Ў маро нашинохт ва ё худро ба нодидан зад. Ман ҳам ба ў эътибор надодам. Лаҳзае овони мактабхонӣ ба ёдам омад, вале сўзише дар дил эҳсос накардам.
— Шумо ўро ҳоло ҳам дўст медоред?
— Не, ман хиёнатро намебахшам. Гуфтам-ку ўро дида дар дилам ягон ҳиссиёте бедор нашуд. Агар хиёнат намекард, бо ў издивоҷ мекардам.
— Тақдир набудааст.
— Ман чандон ба ин бовар намекунам, зеро тақдири ҳар кас дар дасти худаш аст. Зиндагии ҳар шахс аз саъю кўшиш ва талоши худи ўст.
— Шояд чунин бошад. Ман агар дар вақташ ба ин шахс шавҳар намекардам, шояд ки зиндагиам дигар мешуд, — гуфт Рухшона ва хомўш монд. Ба фикру хаёл фурў рафт ў. Ҷавониашро ба ёд овард Рухшона.
— Шумо ҳам касеро дўст доштаед дар ҷавонӣ . Ман инро эҳсос мекунам. Шумо ўро ба ёд овардед, — хомўширо халалдор кард Анис.
— Бале, ман ҳам дар овони мактабхонӣ ҷавонеро дўст дошта будам, — сухан оғоз кард Рухшона. – Дар синфи нўҳум мехондем, ки ба мактаби мо як ҷавони хушқаду қомат ва зебо аз интернат омад. Номаш Азиз буд. Ўро ба синфи нўҳуми Б қабул карданд. Ман дар синфи А таҳсил мекардам. Азиз ҷавони дидадаро буд. Бо баҳои аъло таҳсил мекард. Ба варзиш машғул мешуд. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Духтарони синфҳои болоӣ ба гирдаш парвона мешуданд, вале вай маро интихоб кард. Шояд орому камгап ва хурдакак будани ман ба вай маъқул афтода буд.
— Табиат дар оғўши баҳор буд, — он солҳоро ба ёд оварда қиссаашро идома дод Рухшона. Як субҳи рўзи душанбе ман мисли ҳамешагӣ барвақт ба мактаб омадам. Маро дар синфамон Азиз интизор буд. Ў ба ман як даста лола тўҳфа карда гуфт: «Ин лолаҳоро дирўз барои шумо аз саҳро чидам». — Овозаш меларзид. Маълум буд, ки ба ин иқдом даст заданаш осон нест. Ман намедонистам, ки чӣ гўям. Чун лола сурх шудам. Ў аз синф баромад. Ман аз шарм лолу ҳайрон мондам. Хайрият, ки касе гулдаста додани Азизро надид. Агар ҳамсинфҳо мефаҳмиданд, дар мактаб масхара мешудам. Ин гулдастаро ба муаллимаи забони русиамон Екатерина Павловна тўҳфа кардам. Гуфтам, ки онро додарам аз саҳро чидааст. Ҳамин тавр ман ба Азиз дил бастам, — як оҳе кашид Рухшона ва афзуд:
— Дўстдории мо чӣ хел буд, худ шояд донед. Он вақт бо номаи ишқӣ навиштан иктифо мекардем. Ҳатто дар мактаб имкони мулоқот кардан набуд. Аз ифшо шудани сирамон метарсидем. Танҳо ба дуздӣ ба ҳам нигоҳ карда аз сўзи дил якдигарро огоҳ мекардем. Ба ин минвол як сол гузашт. Вақти хатми мактаб наздик мешуд. Як рўз Азиз маро дар китобхонаи мактаб дида пурсид: — Шумо ба Душанбе меравед барои таҳсил?
— Ҳоло намедонам. Аз падарам пурсам-чӣ ?- посух додам ман.
— Агар шумо ба Душанбе равед, ман ҳам меравам,- гуфт Азиз. Ман ҳамон рўз ба падарам гуфтам, ки мехоҳам ба Душанбе рафта таҳсил кунам. Мехостам ба факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ дохил шавам. Падарам розӣ нашуданд. «Ту танҳо он ҷо дар шаҳри бегона», гуфтанд. Субҳи рўзи дигар маро Азиз дар роҳрави мактаб интизор буд, гўё газетаи деворӣ мехонд.
— Падаратон розӣ шуданд? – пурсид ў пас аз салому ҳолпурсӣ .
— Не, «Ба Душанбе намеравӣ . Ҳамин ҷо таҳсил мекунӣ », -гуфтанд.
— Ин тавр бошад, ман ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи мошинсозии Москва месупорам, — гуфт Азиз.
— Ҳамон сол Азиз ба ин донишкадаи дилхоҳаш дохил шуда ба Маскав рафт. Ман бошам, то як ҳафтаи оғози имтиҳоноти дохилшавӣ намедонистам, ба куҷо ҳуҷҷат супорам. Як рўз муаллимаи забони русиамон маро дида пурсид, ки ба куҷо дохил шуда истодам. Ман намедонам ба куҷо ҳуҷҷат супорам, гуфтам. Ҳуқуқшинос шудан мехостам, вале дар Донишгоҳи Хуҷанд факултети ҳуқуқшиносӣ нест.
«Ба факултети филологияи рус ҳуҷҷат супор», гуфт муаллима. Гапи он касро гирифта ба ин факултет дохил шудам.
-Хуб, баъд чӣ шуд? Бо Азиз робита доштед? – пурсид Анис.
— Бале, ба ҳамдигар нома менавиштем.
— Албатта, номаҳои пурсўзу гудоз, — рашк карда гуфт Анис.
— Чӣ хел нома менавиштанд, он вақт худатон медонед.
— Бале, медонам, ки рашкам меояд. Хуб, баъд чӣ шуд?
— Азиз пас аз анҷоми сессияи зимистона ба таътили кўтоҳмуддат омад. Ў як бегоҳ писарчаи ҳамсояро фиристодааст, ки маро ҷеғ занад, то ба мулоқот бароям. Инро додарам Муҳиддин фаҳмидааст. Он бача рост омада ба додарам гуфтааст. Муҳиддин зуд ҷўраҳояшро ҷамъ кардааст ва онҳо Азизро хуб кўфтаанд. Албатта, инро ман рўзи дигар ҳини мулоқот бо Азиз фаҳмидам. Пас аз ин ҳодиса Азиз барои бо ман мулоқот кардан дугонаам Наргисро ба миён медаровард. Субҳи рўзи дигар Наргис ба хонаамон омада гуфт, ки Азиз омадааст ва дар китобхонаи шаҳрӣ маро нисфирўзӣ интизор мешудааст.
Азизро дар қироатхонаи китобхона интизор дидам. Салому ҳолпурсӣ кардем. Вақти хўроки чошт ғайр аз мо касе набуд.
— Бўсобўсӣ накардед?
— Не…е, он вақт дастакӣ салом намекардему. Ў хеле лоғар шуда буд. Аз афташ мушкили дарсҳо ва ғарибӣ асар карда буд. Мо рў ба рўи ҳам нишаста дар мавзўъҳои гуногун сўҳбат мекардем.
— Ошиқон аслан аз сўзу гудози дилашон ҳарф мезананд-ку?
— Ба ростӣ , мо ҳамдигарро дўст дорем ҳам, ягон маротиба дар бораи муҳаббат ва ҳаёти ояндаамон сухан намекардем.
— Аҷиб,-ҳайрон шуд Анис.
— Ҳеҷ аҷобат надорад. Мо чунин будем.
— Хуб, ин ишқи шумо бо чӣ анҷомид?
— Азиз ҳамин хел соле ду маротиба вақти таътил ба Хуҷанд меомад ва мо ҳамдигарро медидем. Албатта, мулоқоти мо бе бўсаву канор анҷом меёфт. Ман бо ў ҳатто ба кино нарафтаем. Шаҳри мо хурд. Одамон ҳамдигарро мешиносанд. Агар падарам фаҳманд, мекуштанд маро.
— Бовар мекунам, — гуфт Анис кинояомез дар оташи рашк сўхта.
— Бовар кунед, ё накунед, ман рост мегўям.
— Идома диҳед. Барои ман ҷолиб аст шунидани ин қисса.
— Мо дар курси сеюм таҳсил мекардем. Вақти таътили зимистона боз Азиз ба Хуҷанд омад. Мо чанд рўз бо ҳам мулоқот доштем. Як рўз Азиз ба мулоқот наомад. Ман хавотир шудам ва аз Наргис, ки ҳамсояи Азизино буд, ҳолашро пурсидам. Ў гуфт, ки Азиз нотоб шудааст ва модари вай мехоҳад пагоҳ дар назди роҳи сўи саҳро бо ман вохўрад. Ман бесаброна ин мулоқотро интизор шудам. Гумон мекардам, ки модари Азиз бо ман дар бораи ҳаёти ояндаамон сўҳбат мекунад.
Рўзи дигар дар вақти муайяншуда ба ҷои мулоқот ҳозир шудам. Пас аз чанде модари Азиз ҳам омад. Ман салом дода ҳолпурсӣ кардам. Ў саломамро алейк ҳам нагирифта маро дашному таҳкир кард:
— Падарнаълати фоҳиша, писари маро ба ҳоли худаш мемонӣ , ё не?! Туро гуфта вай ҳар замон таҳсилро партофта меояд. Ман як зани танҳо. Аз куҷо раҳпулии вайро ёфта медиҳам?! Агар ин қадар вая дўст дорӣ , пулаша те, биёяд. Стипендията ҷамъ карда фиристон. Ба умед нашав, ман ту тирмизакчая келин намекунам! Фаҳмидӣ ?! –дод зад вай. То ба ин вақт касе ба сари ман дод назада буд. Ман чизе нагуфта гирякунон тозон ба хонаамон рафтам.
Бо ҳамин ман дигар ба мулоқоти Азиз нарафтам. Аз Наргис фаҳмидам, ки Азиз пас аз ду рўз ба Маскав баргаштааст. Ў ба ман нома мефиристод, вале ман ҷавоб намедодам. Дилам аз вай монда буд. Мард шуда модарашро ба гап дароварда натавонистааст. Билохира, пас аз се моҳ мактубнависии вай қатъ шуд.
Охири моҳи апрел буд. Сабзаҳои кўҳи Муғул аллакай хушк шуда буданд. Нав аз дарс омада будам, ки Наргис шумхабар овард: «Азиз дар Маскав вафот кардааст. Пагоҳ ҷасадашро бо тайёра меовардаанд». Ин хабар чун ханҷар ба дилам халид. Аз ҳаяҷон лол мондам. Ба марги ў худро гунаҳкор медонистам.
Воқеан, рўзи дигар ҷасади Азизро аз Маскав оварданд. Ў дар хунукиҳои Маскав дар стансияи роҳи оҳан ҳаммолӣ мекардааст ва шушаш шамол кашида будааст. Азиз ба бемориаш эътибор намедодааст ва аз ин якбора бистарӣ шуда фавтидааст. Ба ҷаноза ҳамсинфон рафтанд, вале ман аз модараш ва гапи мардум андеша карда нарафтам. Баъд Наргис ба ман гуфт, ки модари Азиз рўзи ҷаноза ба марги писараш худро гунаҳкор дониста, фиғон бардоштааст.
Модари Азиз марги писарашро таҳаммул карда натавонист. Ҳамеша дар ҳавлиаш доду фиғон мекард. Аз ғам ба мисли девона шуд. Як рўзи тобистон хабар омад, ки хонаи модари Азиз оташ гирифтааст. Вақте ҳамсояҳо ба ёрӣ омаданд, забонаи оташ аз дару тиреза берун шуда, хона бо алангаи баланд месўхт. Мошинҳои сўхторхомўшкунӣ ҳам кўмак карда натавонистанд. Маълум шуд, ки модари Азиз кўрпаву сару либосро миёни хона ҷамъ карда ба он керосин рехтааст. Ба либосҳои танаш низ керосин пошида худро оташ задааст. Вақте ки модари Азизи раҳматиро аз оташ берун кардаанд, ў аллакай фавтида буд.
— Ана ҳамин буд қиссаи ишқи аввали ман, — гуфт Рухшона оҳи сард кашида.
— Қиссаи ишқи шумо аз муҳаббати аввали ман ҳам пурфоҷиатар будааст, хонум.
— Биёед, хоб кунем, дер шуд. Шаб зуд мегузарад. Шумо, ҷонакам бояд субҳ ба Қайроққум баргардед ба семинар, — гуфт Рухшона ва Анисро як бўса кард.
— Бале, шумо рост мегўед. Вале пас аз шунидани ин қиссаи шумо магар касро хоб мебарад?
— Ба ҳар ҳол хоб бояд кард, -гуфт Рухшона ва Анисро ба оғўш гирифт.

* * *

Анис субҳ барвақт аз хоб хеста барои ғусл ба ташноб даромад. Рухшона аллакай аз хоб хеста дар ошхона ҷунбуҷул дошт.
— Ҷонакам, биёед ношто тайёр,- сари миз хонд Анисро Рухшона.
Анис аз мардони пурхўр набуд. Ба ҷуссаи бузургаш нигоҳ накарда, одатан кам ғизо тановул мекард. Вале моҳҳои охир ғизохўриро боз ҳам кам карда буд. Ў як пора нонро бо як истакон кефир хўрда ба дастархон фотиҳа кард.
— Ҳеҷ чиз нахўрдед-ку?- ҳайрон гуфт Рухшона. — Боз ман ба шумо тухм зирбондам.
— Магар лоғаршавиамро надидед? Ман аз ғизо парҳез карда истодаам.
— Чӣ , бемор шудед?
— Не, ҳамту андак лоғар шавам, мегўям.
— Инту гўед, ман тарсидам, ки боз бемор нашуда бошед.
— Парво накунед, ман асп барин сиҳат. Магар ин дар ҷогаҳ маълум нест?
— Маълум, маълум.
— Ин тавр ки бошад, ба ман иҷозат диҳед, то ба кор биравам. Ҳамкоронро интизор кардан хуб не.
— Бегоҳ меоед-а?
— Албатта. Магар оғуши шуморо монда, болиштро қучоқ кунам дар Кайроққум? Ҳатман баъди анҷоми семинар меоям.
— Ин тавр бошад, рухсат. Ман ҳам ба кор меравам. Пас аз нисфирўзӣ аз мактаб меоям ва хўрок пухта шуморо интизор мешавам.
— Барои ман шуда хўрок напазед, ба мо дар семинар хўроки бепул медиҳанд.
— Медонам, чӣ хел хўрок медиҳанд! Аз ночорӣ мехўред онро.
— Ҳақ бар ҷониби шумост, ман хўроки пухтаи шуморо тановул мекунам, хонуми азиз!- гуфт Анис ва як бўса аз лабони Рухшона ситонида аз дар баромад.
Вақте Анис ба истироҳатгоҳи Қайроққум расид, иштирокчиёни семинар ба ношто мерафтанд. Ў ҳамсабақаш Мирзоро дар роҳ вохўрд. Баъд аз салому ҳолпурсӣ Мирзо Анисро ба ошхона хонд:
— Биё, ношто мекунем.
— Ташаккур, ман наҳорӣ кардам. Калидро те, ман ба ҳуҷра меравам.
Анис калидро аз Мирзо гирифта ба ҳуҷраи хоб омад, то ки ба семинар омодагӣ гирад.
Мавзўи семинар «Усулҳои нави таълим дар мактаб» буд. Асосан усули интерактивӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Иштирокчиёни семинар муаллимони фаъол будаанд. Аз ин рў, маҳфил хеле ҷолиб мегузашт ва чӣ тавр танаффус шуданашро намефаҳмид Анис.
Пас аз тановули хўроки нисфирўзӣ то оғози семинар як соат вақти холӣ буд. Анис ба соҳили баҳр рафт, то оббозӣ бикунад. Вақти тасфи рўз буд, дар соҳил касе наменамуд. Танҳо як гурўҳи чор — панҷнафараи бачаҳои 12-14-сола дар наздикии соҳил оббозӣ мекарданд. Анис шино карда аз соҳил дур шуд ва ба пушт болои об хоб кард. Вай андаке дасту пояшро ба ҳаракат дароварда болои об мувозинатро нигоҳ медошт ва аз қирраи чашмонаш ба осмони нилгун нигоҳ карда, ҳаловат мебурд. Ҳамин вақт ба гўшаш садои шино карда наздик шудани касе расид.
— Истироҳат карда истодаед, — баланд шуд садои занона.
Анис тоб хўрда ба ҳолати муқаррарии шиноварӣ омад ва дар наздаш муаллимаи конибодомӣ Фирўзаро дид.
— Муаллима, шумоед?- мутаҳайир гуфт Анис ва афзуд: — Чунин занони шиноварро нав мебинам. Дар куҷо ин хел шиновариро омўхтед?
— Хонаи мо ба Сирдарё наздик, аз кўдакӣ бо бачаҳои ҳамсоя ба оббозӣ мерафтем.
— Биёед, ба соҳил равем, ман монда шудам,- пешниҳод кард Фирўза.
Онҳо ба сўи соҳил шино карданд. Фирўза пешопеши Анис аз об баромада пой ба зинапояҳои бетонӣ монд. Зинапояҳо аз обсабзаҳо лағжонак шуда буданд ва Фирўза мувозинатро гум карда сарозер рафт. Анис чолокӣ кард ва Фирўза рост ба оғўши Анис афтод. Фирўза гўё ин лаҳзаро интизор буд, ки дастонашро ба гардани Анис ҳалқа кард ва лабонашро моили бўса намуд. Ду анори пеши бари Фирўза, ки чун дўшизаҳо таранг буд, ба қафаси синаи Анис расид. Аз тани чун оташ гарми Фирўза дар дили Анис туғёне хест, мардиаш бедор шуд. Фирўза инро эҳсос карда лабонашро ба лабони Анис пайваст. Анис инону ихтиёр аз даст дода муқобилат намекард. Аз ин Фирўза шерак шуда дасташро поин аз нофи Анис бурд. Анис шарм карда, Фирўзаро даруни об гузошт. Лабҳо аз ҳам ҷудо шуданд, зеро қади Анис аз Фирўза як гардан баланд буд. Дар ҳамин ҳол ҳам Фирўза тани худро аз Анис ҷудо кардан намехост ва миёни ўро сахт мефишурд.
— Шуморо мехоҳам, биёед ба ҳуҷраи мо равем, — ба забони ҳол омада таклиф кард Фирўза.
— Вақти дарс шуд, биёед биравем, — гуфт ба худ омада Анис ва дастони Фирўзаро аз миёнаш ҷудо карда афзуд:- Хуб намешавад, агар моро дар ин ҳол бинанд.
— Каме дер кунем, ҳеҷ гап не. Бе ин ҳам иштирокчиёни семинар пас аз хўроки чошт истироҳат карда истодаанд.
— Ман одати ба дарс дер карданро надорам.
Онҳо аз об берун шуданд. Фирўза пеш гузашта ба тарафи либосҳояш, ки дар болои хараки соҳил буд, равона шуд. Ў хиромон қадам мезад. Тани чун ширмоҳӣ сафедаш дар шуои офтоб чашмро мебурд. Қомати базеб дошт Фирўза. «Аз супермоделҳо камие надорад», ба худ андешид Анис роҳ рафтани Фирўзаро нигоҳ карда. «Сайди хуб аст, вале ман камонро шикастаам».
Онҳо либосашонро пўшида сўи бинои истироҳатгоҳ равона шуданд. Фирўза худро ба Анис наздик карда, аз дасташ дошт. Анис дар ҷояш истод: — Фирўзабону, ягон кас мебинад, гап бисёр мешавад.
— Агар барои шумо гўянд, гуфтан гиранд. Ман ба ин парво надорам. Чӣ хел будани маро ҳама хуб медонанд, ягон кас дар бораи ман сухани бад намегўяд. Зани танҳо бошам ҳам, гандагард нестам. Агар дўст доштан гуноҳ бошад, бигзор носазо гўянд мардум.
— Ба ҳар ҳол хуб нест муносибати маҳрамонаи устоду шогирд.
— Ин барои шумо хуб нест. Ман бисёр устодонро медонам, ки аз боғи шогирдон гул мечинанд.
— Ин ба ман дахл надорад. Устод ҳаққи падарӣ дорад.
— Шумо ба ман дарс надодаед ва ин парҳезгарии шумо ба ман дахл надорад. Бояд ба шумо гўям, ки ман дер боз дар орзуи дидори шумо будам. Аз ҳамкурсатон — муаллима Саноатхон дар бораи шумо бисёр шунидаам. Навиштаҳоятонро низ хондаам. Дар телевизор ҳам шуморо чандборҳо дидаам. Агар ғоибона ба шумо ошиқ шудаам гўям, бовар намекунед.
— Бовар мекунам. Ман ҳам дар овони ҷавонӣ маҷмўаи шеърҳои як шоираро, ки аз ман чанд сол калон аст, хонда ба ў ошиқ шуда будам.
— Шўхӣ накунед, ман духтари ҳаждаҳсола нестам. Соли оянда сиву панҷсола мешавам. Ман шавҳар доштам. Даҳ сол зиндагӣ кардаам бо ў. Ҳаёт ҳамин хел будааст, ки имрўз танҳо мондаам.
— Бубахшед, аламатонро тоза кардам.
— Не, ман дар ин бора фикр ҳам намекунам, — гуфт Фирўза ва афзуд:
— Понздаҳ сол пеш ману писари амакам издивоҷ кардем. Тўли даҳ соли зиндагӣ фарзанд нашуд. Ў пинҳонӣ аз ман зани дигар гирифта фарзанддор шудааст. Ман инро фаҳмида аз ў ҷудо шудам. Хиёнатро намебахшам.
— Хиёнатро намебахшам, мегўед ва маро ба хиёнат тела медиҳед? – суоломез гуфт Анис.
— Шояд барои касе хиёнат бошад. Вале магар ман гунаҳкорам, ки шуморо дўст доштаам?!
— Не, шумо гунаҳкор нестед. Вале ҳоло агар офтоб маро занад, гунаҳкор мешавед, — дар офтоби сўзон истода сўҳбат доштанашонро ёдрас кард Анис ва бо ин ба сўҳбат хотима бахшиданӣ шуд.
— Бубахшед, ки ба ин эътибор надодаам.
— Ҳеҷ боке нест. Ошиқ ҳеҷ чизеро намебинад. Ҳатто мўйи сафеди маро. Ман аз шумо даҳ сол калонам ва пас аз чанд сол мўйсафеди фартути ба касе нолозим мешавам. Инро бояд шумо бидонед, Фирўзабону.
— Ман ба ҳамааш розӣ.
— Биёед, ин гапҳоро як сў монем, агар ин хел сўҳбат кардан гирем, аниқ ба дарс дер мекунем, — гуфт Анис ва ба роҳ даромад.
— Сўҳбатро бегоҳ дар ҳуҷраи мо идома медиҳем. Ман имшаб танҳоям. Ҳамхонаам, Ниссо ба хонааш — шаҳри Чкаловск меравад.
— Меоед-а, акои Анис?
— Канӣ, бегоҳ шавад.
Анис дар назди даромадгоҳи бинои истироҳатгоҳ аз Фирўза ҷудо шуда ба ҳуҷрааш рафт, то ки тағйири либос кунад.
Дар ҳуҷра ўро Мирзо интизор буд.
— Оббозӣ бо зеборухон хуш аст-а? — киноя кард Мирзо, ки аз тиреза Анисро бо Фирўза дида буд.
— Ўро вақти оббозӣ дидам.
— Худатро сафед накун, ман туро сарзаниш накарда истодаам. Тавонӣ, ош шавад.
— Маро нодуруст нафаҳм. Байни мо чизе нест.
— Нест, лекин мешавад.
— Рашк мекунӣ ?
— Не-е. Ба ман чўб барин қоқаш маъқул не. Ман барвақт ёфтаам. Муаллимаи аштиро ба гап даровардам. Шаб меорамаш. Ин шаб ҳам меравӣ ?
— Бале.
— Ин хонумро чӣ кор мекунӣ ?
— Ҳеҷ.
— Ин корат хуб не.
— Носеҳиатро мон. Вақти дарс шуд. Ман рафтам, — гуфт Анис ва тағйири либос карда аз ҳуҷра баромад.
Дар вақти дарс Фирўза аз Анис чашм намеканд, бо чашмони шаҳлояш ўро афсун мекард. Анис дар хиҷолат монда нигоҳашро мегурезонд. Вақти танаффус аксар овораи қаҳванўшӣ буданд. Анис ба ҷойи бодғар рафта аз боде, ки аз баҳр мевазид, ҳаловат мебурд. Ҳамин вақт Фирўза ба вай наздик шуда суол кард:
— Устод, чаро шумо қаҳва наменўшед?
— Аз қаҳва шаб бедорхобӣ мекашам.
— Шаб пеши ман меоед, ҳардуямон бедорхобӣ мекашем. Меоед-а?- шилқинӣ кард Фирўза.
Анис дар ҳоли ногувор афтод, намедонист чӣ гўяд? Ҳамин вақт Хуршед, муаллими масчоҳӣ ба наздашон омада ўро аз ин ҳоли ногувор раҳонид.
— Устод, биёед якҷоя сурат гирем. Фирўзахон шумо ҳам биёед, — гуфт Хуршед.
Иштирокчиёни семинар ба саҳни бино баромаданд. Аксари иштирокчиёни семинар мехостанд, ки ба Анис наздиктар истода сурат бигиранд. Фирўза пешдастӣ карда вақти суратгирӣ аз тарафи чапи Анис ҷой гирифт.
Анис якравии Фирўзаро дарк карда, то охири дарс кўшиш кард, ки ба ў эътибор надиҳад. Вале чун дарс тамом шуд, Фирўза боз назди Анис омад.
-То хўроки шом қариб ду соат вақт ҳаст, биёед ба соҳили баҳр равем, -пешниҳод кард Фирўза.
— Ман бояд ба ҳуҷраамон рафта тағйири либос кунам, — гуфт Анис ва ба худ андешид, ки ин беҳтарин пайти аз Фирўза гурехтан аст.
— Ман ҳам ба ҳуҷраамон рафта либоси оббозӣ мепўшам. Пас шуморо дар баромадгоҳи бино интизор мешавам.
— Не, беҳтараш дар соҳили баҳр вомехўрем, — ваъда дод Анис ва ҳар ду сўҳбаткунон ба сўи бинои истироҳатгоҳ равон шуданд.
— Тез меоед-а?- вақти ба ҳуҷрааш рафтан таъкид кард Фирўза.
— Бале, — ваъда дод Анис.
Дари ҳуҷра боз буд. Мирзо дару тирезаро боз монда бодғар карда буд, то андаке бошад ҳам, тасфи рўз кам шавад.
— Ҳа, омадӣ !- Анисро дида хитоб кард Мирзо.
— Чӣ наоям?
— Ба шаҳр меравам, гуфта будӣ .
— Либосҳоямро иваз кунам, меравам, -гуфт Анис ва пас аз андаке сукут афзуд: — Лекин як проблема пайдо шуд.
— Чӣ проблема? Аз дастам ояд, ҳал мекунам.
— Фирўза аз ман канда намешавад. Ҳозир дар соҳили баҳр вомехўрем, гуфта гурехтам.
— Соддаи-да ҷўра. Ҳар рўз ид нест, ки кулча хўрӣ . Хоҳишашро иҷро бикун, ки оҳаш мегирад.
— Гапро кам кун. Ҳозир ман ба шаҳр меравам. Агар Фирўза пурсад, мегўӣ , ки ҳамкурсам занг зада ба зиёфат даъват кард.
— Майлаш, илоҷашро меёбам.
Анис либосашро пўшида аз тиреза, ки сўи баҳр буд, нигарист. Роҳи сўи баҳр холӣ буд. Пас аз чанде дар роҳ Фирўза бо зане намудор шуд. Ҳар ду сўи баҳр мерафтанд.
— Мирзо, ман рафтам. Хоҳишамро фаромўш накун, — гуфт Анис ва сўи дар роҳ гирифт.
— Аз дўст як ишора аз мо ба сар давидан,- гуфт Мирзо Анисро гусел карда.
Пас аз тақрибан 20 дақиқаи рафтани Анис дари ҳуҷра тақ-тақ шуд.
— Анис ягон чизашро фаромўш карда баргашт?- гуфт Мирзо ба Саодат, ки навакак ба хона даромада буд.
— Дар кушода, аз ҷояш садо баровард, — Мирзо.
Дар боз шуд. Фирўза сарашро аз дар дароварда Мирзо ва Саодатро сари мизи нуқлу наво нишаста дид. Ў дасту по хўрда гуфт: — Акои Анис оббозӣ меравем, гуфта буданд…
— Ҳа, мебахшед, ман фаромўш кардам, — вазъиятро ба даст гирифта, гуфт Мирзо. – Анис гуфта буд, ки ба шумо расонам. Ба ў як ҳамкурсаш занг зада ба зиёфат даъват кард. Ҳамкурсҳо дар кадом як тарабхона ҷамъ шуда ўро интизор будаанд. Барои Анис мошин фиристодаанд. Ў саросема рафт.
-Кадом ҳамкурс? Шумо чаро нарафтед? Шумо ҳам ҳамкурс-ку?- чун муфаттиш суолборон кард Фирўза.
— Бале, мо ҳамкурс. Вале дар гурўҳҳои алоҳида таҳсил кардаем. Анис дар гурўҳи «А» таҳсил мекард. Ман бошам, дар гурўҳи «В». Бачаҳои гурўҳи «А» ҷамъ шудаанд. Маро ҳам даъват карданд, вале ман «Ташаккур, рафта наметавонам», гуфтам. Чӣ хел шумоёнро партофта меравам? Ман масъули семинарам.
— Воқеан, Фирўзабону биёед сари дастархон, — таклиф кард Мирзо.
— Не ташаккур. Акои Анис кай меоянд?
— Ба ман чизе нагуфтааст.
— Майлаш ташаккур, — гуфт Фирўза ва дарро пўшида ба саҳни бино баромад. Ў баргашта ба соҳили баҳр рафт. Хоҳиши оббозӣ надошт. Ба хараки назди соҳил нишаста чашм ба баҳр бурд. Оби баҳр, ки чанд соат қабл ором буд, оҳиста-оҳиста лаппиш мехўрд. Бод аз ҷануб вазида мавҷҳоро ба сангҳои соҳил мезад. «Зиндагӣ ҳам чунин аст», ба худ андешид Фирўза. «Гоҳе ором ва гоҳе пурталотум. Агар истодагарӣ карда натавонӣ , чун ин мавҷҳо ба сангат мезананд ва аз дарёи зиндагӣ берун меафкананд. Беҳуда нагуфтаанд, ки зиндагӣ ин мубориза аст. Пас барои ба даст овардани дурри мақсуд мубориз бояд буд».
— Фирўзабону, вақти хўроки шом шуд, ҷуред равем, — гуфтани муаллимаи хуҷандӣ Сабрина, ки бо чанд нафари дигар аз сайру гашти соҳили баҳр меомаданд, ўро аз дарёи андешаҳо берун кард.
— Ҳоло барвақт, ман баъди андаке меравам,- посух дод Фирўза.
— Барвақт не. Биёед, рафтем. Дар лаби баҳр танҳо нашинед, — гуфта ба сўҳбат ҳамроҳ шуд иштирокчии дигари семинар Шаҳло.
Онҳо Фирўзаро ба ҳолу ҷонаш намонда бо худ ба ошхона бурданд. Фирўза иштиҳо надошт ва даст ба мурғбирён набурд. Каме ангур ва як дона себ хўрд.
Ин ҳолро дида Саодат, ки дар паҳлўи Фирўза нишаста буд, гуфт: — Чаро чизе намехўред? Ғизо хўред, ки шаб дароз аст, гурусна мемонед.
-Ман шаб кор намекунам, ки гурусна монам. Хоб меравам, — посух дод Фирўза.
— Мо ҳам хоб меравем,- гуфт Саодат кинояи Фирўзаро дарк карда.
Пас аз хўроки шом аксар дар бар ҷамъ омаданд. Бармен мусиқиҳои шўх мемонд ва як гурўҳ рақс мекарданд. Фирўзаву Шаҳло низ дар қатори дигарон тамошобин буданд. Дар майдон Амриддин, муаллими истаравшонӣ бо чанд нафар занон мерақсид. Маълум буд, ки ширакайф аст. Ў ба назди онҳо омада ба рақс даъват кард:- Фирўзабону як рақс кунем-чӣ ?
— Не, ман раққоса не, — рад кард Фирўза.
— Мо ҳам раққос не, лекин барои хушҳолӣ ба майдон баромадем.
— Акои Амриддин маро ба ҳолам монед,- хоҳиш кард Фирўза.
— Хуб, шумо рақс накунед, Шаҳлобону рақс мекунанд, — гуфт Амриддин ва шарики Фирўзаро ба майдон кашид.
Ба дили Фирўза чизе намеғунҷид. Ў то рақсро тамом кардани Шаҳло мунтазир нашуда ба ҳуҷрааш баргашт ва тағйири либос карда худро болои кат партофт. Чизе зери қафаси синааш месўхт. Ў дарк мекард, ки дилаш дар оташи муҳаббат месўзад ва бо ин тамоми вуҷудаш аланга мегирад. Фирўза дигар ба ин дарди ҷонкоҳ тоқат накарда, барои паст кардани ҳарорати қалбаш ба ташноб даромад ва оби хунукро сар дод. Аз ҷумак оби ширгарм мешорид. Аз тасфи рўз оби сард гарм шуда буд. Ў қариб ним соат таги об истода худро андаке ором эҳсос кард ва аз ташноб баромада худро ба ҷогаҳ гирифт, вале дар чашмонаш хоб набуд. Фирўза ба соати телефони дастиаш чашм дўхт. Соат нав 11 шуда буд. Ў аз кат бархест ва чароғро рўшан карда китоби болои мизро ба даст гирифт, то ки мутолиаи қиссаи оғозкардаашро идома диҳад. Фирўза мутолиа карданро дўст медошт. Вале ҳоло детективи марғуби Агати Кристи «Тафтишотро мисс Марпл мебарад» наметавонист ўро аз банди хаёлу андеша берун кунад. Чашмаш ба китобу пеши назараш симои Анис буд. Ба ёдаш лағжида ба оғўши Анис афтиданаш омад ва дилашро як эҳсоси гуворо пахш кард. Мехост, ки ин эҳсосот идома ёбад. Вале он ҳамагӣ як лаҳза буд, ки чун чароғаки тандур як равшан гардиду зуд хомўш шуд. Ў Анисро дидан мехост. Мехост аз нав ба оғўши ў биафтад. Фирўза дигар тоқат карда натавониста аз ҷогаҳ бархост ва либосашро пўшида аз ҳуҷра берун баромад. Ў ба назди дари ҳуҷраи Анис омада истод. Ба дарро кўфтан ҷуръат накард. Ба гўшаш садои ғиҷир-ғиҷири кати фарсуда омад. Пас аз лаҳзае ин садо хомўш шуд ва овози Мирзо баромад: — Ҷонакам, шумо якто.
— Якто набошам, пеши шумо меомадам?- посух дод садои занона.
«Ба овози Саодат монанд», аз дил гузаронид Фирўза ва якбора ба худ омада шарм кард, ки дар паси дари дигарон истода сўҳбати маҳрамонаи онҳоро гўш дорад. Фирўза ба ҳуҷрааш баргаштан намехост, зеро аздусар хобаш намеомад. Ў ба ошёнаи якум фаромад, то ки ба ҳавлӣ барояд. Дари даромадгоҳ аз дарун қуфл буд ва дарбон наменамуд. «Шояд ба утоқе даромада хоб карда бошад», ба худ андешид Фирўза. Ў дарро кушода ба берун баромад ва сўи баҳр равон шуд. Дар соҳил касе набуд. Фирўза либосҳояшро кашида болои хараки соҳил гузошт ва худро ба об андохт. Оби баҳр ширгарм буд. Ў шино карда аз соҳил дур шуд ва пуштнокӣ дар об хоб кард, то андаке истироҳат кунад. Ба ёдаш боз Анис омад. Тани худро дар бозувони қавии ў эҳсос кард. Лаҳзаи гуворое Фирўзаро фаро гирифт ва ў инону ихтиёр аз даст дода ба об ғўтид. Ў вақте ба худ омад, ки ба даҳонаш об даромада буд. Фирўза бо тамоми нерўяш дасту пойҳояшро ба ҳаракат даровард ва мувозинатро барқарор намуда сўи соҳил шино кард.
Фирўза ба ҳуҷрааш баргашта тағйири либос кард ва ба ҷогаҳ даромад. Вале куҷо ўро хоб мебурд. Боз дилаш сўхта азияташ медод. Гўиё ба он намак пошида бошанд. Марҳами ягонаи дилаш Анис буд. Фирўза мехост ормон шиканад.
* * *
Анису Рухшона ғизои шом мехўрданд, ки садои занги дар баланд шуд. Рухшона аз чашмаки дар дид, ки дар берун додараш истодааст.
— Муҳиддин омадааст, дарро ялла кунам, ё не?
— Кушоед, дарояд. Сўҳбат мекунем.
Муҳиддин аз дар даромадан замон Рухшонаро ҳақорат дод:- Фоҳиша шудӣ -а? Марди бегонаро ба хона овардӣ . Дар Хуҷанд мард набуд, ки аз Душанбе як кўлобия овардӣ ?!
Ин суханонро шунида хун ба сари Анис зад. Вай аз зал баромада ба Муҳиддин гуфт: — Даҳонатро нигоҳ карда гап зан!
— Туя корат чӣ , ким ту худат?
-Ман хушдори апаат, гап дорӣ , — гуфт Анис ва яке аз усулҳои гўштини самборо истифода кард. Муҳиддин таппӣ ба фарш афтода беҳуш шуд.
— Гўри ман шавад, додаракама куштед, ку- фиғон бардошт Рухшона.
— Ҳеҷ гап нашудааст, баъди 10 дақиқа ба худ меояд, -гуфт Анис ва Муҳиддинро озод бардошта, ба болои дивани зал бурда хобонид.
— Об биёрам?
— Лозим нест. Вай бе обпошӣ ҳам ба худ меояд ва бачаи хуби беозор мешавад.
Воқеан, пас аз фурсате Муҳиддин ба худ омада, аз онҳо узр пурсид:
— Мебахшед, ман сари ҷаҳл шуморо носазо гуфтам. Мана дилам месўзад. Намехоҳам, ки хоҳари ман ба роҳи бад равад.
— Мулло Муҳиддин, агар ҳаминро донед, — шумо гуфта бо эҳтиром сухан оғоз кард Анис, — бояд ба хоҳиши хоҳаратон монеъ нашавед. Ин зани муштипар ба рўзҳои нек, ба хушбахтӣ сазовор аст. Ў ҳоло аз зиндагӣ чизеро надидааст. Шумо аз ман хубтар медонед, ки ҳаёти вай чӣ гуна буд? Барои ҳамин ҳам озораш надиҳед. Агар ман не, шояд марди дигареро вомехўрд, он вақт ман намедонам, боз чӣ қадари дигар вай озор медид. Шумо мардед ва рафтори мардҳоро хуб медонед. Хуб медонед, ки занҳои соддаву зудбоварро ба доми худ афтонда пас аз харашон аз лой гузаштан дигар ёд намекунанд. Ин бечораҳо пасон бероҳаву гандагард мешаванд. Занро ба роҳи бад бурдан кори осон.
— Бале, ин гапатон дуруст. Ман ҳаминро андеша карда ба хоҳиши Рухшона зид будам. Акнун мебинам, ки шумо аз аҳли фаҳмед, — гуфт Муҳиддин ва ба хоҳараш муроҷиат кард: — Буча, ягон нўшокӣ дорӣ дар хона?
— Як шиша арақи «Абсолют», ки аз зодрўзам монда буд, ҳаст.
-Биёр вая ин ҷо!
Пас аз лаҳзае Рухшона арақу ду ҷом ва дар як табақча газак овард.
Муҳиддин арақро кушода ба қадаҳҳо рехта гуфт: — Қадаҳи аввалро барои шиносоӣ менўшем.- Анису Муҳиддин дар ҳар бобат сўҳбат карда як шиша арақро нўшиданд. Сўҳбат он қадар қўр гирифт, ки Рухшона фаромўш шуд. Ниҳоят Муҳиддин хайру хуш карда ба хонааш рафт.
— Додаракам бачаи бад не-а? –пурсид Рухшона аз Анис.
— Бо ў забон ёфтан мумкин аст.
— Забон ёфтед, ки маро фаромўш кардед. Шумо мардҳо улфататонро ёбед, занҳоро тамоман аз ёд мебароред, -ранҷидаомез гуфт Рухшона.
— Ҷонакам, ҷангам макунед. Ман шуморо тамоми шаб фаромўш намекунам ва аз ман безор шуда субҳ калўшамро пеши поям мегузоред,- шўхӣ кард Анис.
Баъди ҷамъ кардани дастархон онҳо худро ба болои рахти хоб гирифтанд ва бўсаву канор шурўъ шуд. Шаби ялдо буд имшаб. Онҳо ташнаи шаҳват аз комситонӣ сер намешуданд. Танҳо субҳидам онҳоро хоб бурд.
Рухшона субҳи барвақт хеста ношто тайёр кард, то Анис наҳорӣ нахўрда наравад.
Анис як истакон кефир нўшида ба дастархон фотеҳа кард.
— Чаро ин қадар кам ғизо мехўред? Бо чунин парҳез карданатон обу адо мешавед, — изҳори нигаронӣ кард Рухшона.
-Аз хўрок хўрдани ман ташвиш накашед. Нерўи маро дар ҷогаҳ санҷед, хонум, — хушгўӣ кард Анис.
— Ба 50 рафта ин хелак шумо. Дар бистсолагиатон дев барин будагистед-да.
— Инашро аз маъшуқаҳои ҳамон давра пурсидан даркор.
— Дар ҷавониатон гандагард будед-ми?
— Магар ҳоло пир шудаам? Ба ҳамин пириам ҷавоби даҳ ҷавонро медиҳам-а? Худатон иқрор шудед-ку. Сониян, агар марди хуб мешудам, магар дили шуморо меёфтам?
— Маро ба ҳамон маъшуқаҳоятон баробар мекунед-а?- ранҷида гуфт Рухшона.
— Наранҷед, ман шуморо ба ягон кас монанд накардаам. Шумо яккаву ягонаед, — гуфт Анис ва ба сўҳбат хотима бахшида сўи дари баромад равон шуд.
— Барвақттар мебед-а? Ман ягон хўроки бомаза пухта шуморо интизор мешавам, — гуфт Рухшона ва вақти гусел дастонашро ба гардани Анис ҳалқа карда бўсае аз лабони ў ситонид.

* * *

Анис аз маршрутка фаромада сўи истироҳатгоҳ равон шуд. Ҳамин вақт Фирўза аз куҷое пайдо шуд ва тозон омада худро ба оғўши Анис андохт. Ў Анисро сахт оғўш гирифта ба риққат гуфт:
— Чаро маро партофта рафтед? Як даҳан ҳам нагуфтед. Ман шуморо тамоми шаб интизор шудам.
— Ором шавед Фирўзабону. Худатонро ба даст гиред. Одамон бинанд, чӣ мегўянд?
— Бало ба пасашон. Ҳар чӣ мегўянд, гуфтан гиранд. Ман ба ғайр аз Худо дигар аз касе тарс надорам.
— Ба ҳар ҳол хуб намешавад. Ман марди оиладор, — гуфт Анис худро аз оғўши Фирўза раҳо карда.
— Ашки чашмонатонро тоза кунед, — гуфт Анис ва дасрўймоли оҳариро аз кисааш бароварда ба Фирўза дароз кард.
— Ташаккур, ман худам дастрўймол дорам.
– Беҳуда гиря накунед. Ман ба як чакраи гиряи шумо намеарзам.
— Ин хел нагўед, акои Анис.
— Майлаш, гиряро монед. Ҳоло вақти наҳорӣ аст, шумо бошед, ба фикрам ба хўрокхўрӣ ҳам нарафтед.
— Дилам чизе намекашад.
— Ба ҳар ҳол иштиҳо набошад ҳам, ғизо хўрдан даркор.
— Бо наҳорӣ нахўрдан касе аз гуруснагӣ намурдааст.
— Ба ҳар ҳол аз ҷамоа ақиб мондан хуб не. Шуморо дигарон интизор шудагистанд.
— Муаллимаҳоро огоҳ карда будам, ки тобам нест ва ба хўрокхўрӣ намеравам.
— Чӣ сари роҳ истодаем, рафтем. Вақти оғози дарс наздик шуд. Ман бояд тағйири либос кунам.
— Воқеан, чаро рақами телефони дастиатонро намегўед? Ман дирўз хостам, ки занг занам, вале касе намедонист. Ҳатто акои Мирзо гуфтанд, ки намедонанд.
— Напурсед, чаро гўям?
— Майлаш, акои Анис, агар малол наояд, марҳамат карда ба ман рақами телефони дастиатонро мегуфтед.
— Марҳамат, нависед: чорто 5 дуто 4 ва 1217.
— Ин рақам ҳамин хел ҳам дар ёдам мемонад.
Онҳо сўҳбаткунон ба назди бинои истироҳатгоҳ расиданд.
— Ман ба ҳуҷраамон меравам ва либосҳоямро иваз карда бармегардам, — гуфт Анис, то ки Фирўза бо вай наравад.
— Ҳеҷ гап не, ман ҳам бо шумо меравам.
— Ман дар пеши шумо шарм мекунам.
— Ман рўямро мегардонам.
— Ба ҳар ҳол дар пеши зани бегона тағйири либос кардан хуб не.
— Чӣ хел бегона?
— Хуб, бегона не. Номаҳрам.
— Шумо дар гапёбӣ усто.
— Касбам ҳамин.
Анис аз дарбон калиди ҳуҷраашонро гирифт ва онҳо аз зинапоя боло шуданд.
Аз дар даромадан замон Фирўза Анисро ба оғўш гирифт ва лабонашро ба лабони ў бурд. Аз ин Анис даступо гум кард ва намедонист чӣ бикунад? Ҳамин вақт садои тақ-тақи дар баланд шуд. Фирўза Анисро раҳо кард.
— Дароед, дар кушода, — ба ҳуҷра даъват кард Анис.
— Юсуфи гумгашта омадааст-ку! – нидо кард Мирзо аз дар даромада.
— Дар як шаби набуданам Юсуф шудам, чӣ ?- гуфт дар посух Анис.
— Маро як ҳафта ҳам набошам, касе намепурсад. Вале туро дина шаб бисёр кофтанд, — гуфт Мирзо ва салому ҳолпурсӣ кард:
— Пас аз шабангӣ хуморӣ -ку нашудаӣ ?
— Ман кам нўшидам.
-Дар зиёфат-а?
— Медонӣ -ку, вақтҳои охир умуман хоҳиши нўшидани машрубот надорам.
-Муаллима, шумо чӣ хел? Саҳар ба наҳорихўрӣ нарафта будед?
— Раҳмат, бад не. Иштиҳоям набуд, барои ҳамин ҳам ба ношто нарафтам, — посух дод Фирўза ва афзуд:
— Ман шуморо дар саҳни ҳавлӣ интизор мешавам.
Баъди аз дар баромадани вай Мирзо қиссаи дишаб ўро ҷустуҷў кардани Фирўзаро нақл карда афзуд:
— Анис, ту вайи гург дорӣ -чӣ , ки ҳамаи занон ба ту ширеш барин мечаспанд, — гуфт Мирзо нимшўхиву нимҷиддӣ .
— Ту ба ҳамин хел гапҳо бовар дорӣ ?
— Ба ту часпидани занҳоро дида бовариам меафзояд.
— Сафсатагўиро мону ба ман маслиҳат деҳ, ки чӣ кор кунам? Муносибати Фирўза маро ба ташвиш гузоштааст. Ў маро таъқиб карда истодааст. Ў тамоман худро дошта наметавонад. Ҳатто дар пеши одамон омода аст, ки худро ба оғўшам андозад. Метарсам, ки гапу калочаи зиёд нашавад.
— Айби худат. Агар дина тасфи дилашро паст мекардӣ , имрўз аз ман маслиҳат нампепурсидӣ .
— Гапфурўширо мону ягон маслиҳати дуруст гўй. Ман фосиқ не, ки бо ҳар нафари пешомада ишқварзӣ кунам.
— Медонам, ки ту фосиқ нестӣ . Агар аз имконияти доштаат истифода мекардӣ , кайҳо аз устодони донишгоҳамон мегузаштӣ .
— Ба ҳар ҳол чӣ кор кунам?
— Шояд сабр кунем, мумкин эҳсосашро фурў менишонад.
— Майлаш, гуфтаи ту шавад. Биё, рафтем вақти дарс ҳам шуд,- гуфт Анис ва онҳо аз ҳуҷра баромаданд.
Фирўза дар назди даромадгоҳи бино Анисро интизор буд. Ўро Анис дида ба Мирзо гуфт: — Аз наздам дур нарав, ки маро Фирўза интизор истодааст.
— То кай мегурезӣ ?
— Ба гуфти ту ҳоло сабр мекунам.
Фирўза ба Мирзо эътибор надода ба Анис наздик шуда пурсид:
— Имрўз чӣ мехонем?
— Аз рўи реҷае, ки шумо дар папкаатон доред.
— Баъзан мешавад, ки дар нақша як чиз менависанду дар амал дигар кор мекунанд.
— Ба ҳар ҳол ман мувофиқи нақшаи пешниҳодкардаи ташкилкунандагони семинар кор мекунам. Ҳамту не?! — ба Мирзо муроҷиат кард Анис.
— Бале, мо ҳам инро мехоҳем, — посух дод ў.
— Пас имрўз рўзи охирини дарсгўйиатон? – пурсид Фирўза.
— Бале, -кўтоҳ посух дод Анис.
— Пас то охири семинар чӣ кор мекунед?- боз суол кард Фирўза.
— Таблак зада суруд мехонам,- шўхӣ кард Анис.
— Шумо аз Кўлоб не-ку?
— Фарқаш чӣ ? – Аз тамошои телевизиони Тоҷикистон одами беҳунар ҳам овозхон мешавад.
— Барои ҳамин ҳам мо телевизиони Тоҷикистонро тамошо намекунем. Ҳама Ўзбекистон тамошо мекунанд. Барномаҳои телевизиони онҳо хубу рангин.
— Бегонапарастем, гўед.
— Не, чаро? Магар бо тамошои телевизиони давлати ҳамсоя бегонапараст мешавем. Садҳо ҳазор тоҷикистониён телевизиони Русия тамошо мекунанд, пас онҳо ҳам бегонапараст ҳастанд?
— Не, албатта. Агар тамошобин матлаби дилхоҳашро пайдо накунад, албатта рўй ба шабакаи дигар меорад.
— Ман намегўям, ки умуман телевизиони Тоҷикистонро тамошо намекунам. Ҳар рўз ақаллан барномаи ахборро тамошо мекунам, то ки фаҳмам, боз ба кӣ вазифа додаанд?
— Мансабхоҳед-чӣ ?
— Худо нишон надиҳад. Дар замони мо барои мансаб гирифтан бояд чандрўя, тамаллуқкор, ваъдафиреб, камсавод бошӣ . Ва боз чанд хислати дигарро ҳам бояд дошта бошӣ . Хушбахтона, ман чунин хислатҳоро надорам.
— Ба сиёсат наравед, ману шумо мансабталош нестем-ку!, — ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Мирзо ва афзуд:
— Шумо ташвиш накашед, Анисро то охири семинар бекор намемонем. Натиҷаи кори амалии шуморо кӣ месанҷад?
— Ҳамкурс маро бекор намемонад, шунидед?
Вақте ки онҳо ба назди толори дарсхонӣ омаданд, иштирокчиёни семинар аллакай дар саҳни бино ҷамъ шуда буданд. Онҳо Анису Мирзоро дидан замон ба толор даромаданд.
— Анис, ту шурўъ кардан гир, ман масъалаҳои ташкилиро мебинам, — гуфт Мирзо ва ба ошхона рафт, то бо сарошпаз номгўйи хўроки нисфирўзиро гуфтугў кунад.
— Салом, чӣ хел истироҳат қардед?- ба дарс оғоз кард Анис.
— Хуб, — посух доданд аксари ҳозирон.
— Пас ба дарси нав шурўъ мекунем. Имрўз мо мавзўи «Муносибати устод ва шогирдро дар дарси интерактивӣ » баррасӣ мекунем. Пешакӣ мегўям, ки мавзўи мазкур баҳснок аст. Дар байни олимони соҳаи педагогика, бахусус мутахасисони тоҷик андешаҳо гуногунанд. Як гурўҳ бар онанд, ки бояд дар вақти дарс муносибати муаллиму талаба чун рафтори устоду шогирд сурат гирад. Яъне муносибати классикӣ , ки ба устод дар вақти дарс бартарият ва ҳукмфармоиро раво мебинад, ҷонибдоранд,- гуфт Анис ва афзуд:
-Гурўҳи дигар ба таҷрибаи хориҷиён такя карда, мехоҳанд, ки устод ва шогирд дар дарс чун дўст ва рафиқ муносибат кунанд. Яъне байни онҳо ягон маҳдудият набошад. Ҳатто шогирд метавонад ба устодаш «ту» гуфта муроҷиат намояд.
— Ҳоло мо бо шумо бартарият ва камбудиҳои ин ду методро баррасӣ мекунем, — гуфт Анис ва мавзўъро таҳлил намуд.
— Мебахшед, шумо аз кадоми ин методҳо истифода мебаред? – суол кард Фирўза, ки дар паси мизи рў ба рўи Анис нишаста буд.
— Шумо ҳамаатон хуб медонед, ки усули таълим дар мактаб аз донишгоҳ фарқ мекунад. Дар донишгоҳ аксари дарсҳо лексионианд. Муносибати ман бо шогирдон инфиродӣ аст. Бо яке бо усули классикӣ муносибат мекунам. Бо дигаре бо усули нав. Зеро хислату хўйи ҳар шогирд фарқ мекунад. Яке фармонбардориро қабул дорад, дигаре бо озод будан бештар ба таҳсил рағбат пайдо мекунад.
— Агар дигар суоле набошад, танаффус барои қаҳванўшӣ , — гуфт Анис қисми аввали дарсро ҷамъбаст карда.
Анис ба саҳни ҳавлӣ баромад, то ки ҳавои тоза гирад. Фирўза ҳам аз паси ў омада ин байтро хонд:
— Ту мапиндор, ки ғам аз дили маҳзун наравад,
Оташи ишқ ба ҷон афтаду берун наравад.
-Байти хуб, шеъри худатон?- пурсид Анис.
— Не, вале эҳсоси дили маро гуфтааст, шоир.
— Он шахси хушбахт кӣ будааст?- худро ба нодонӣ зад Анис.
— Ҳамоне, ки муҳаббати маро нодида мегирад.
— Ба дил наметавонӣ амр бикунӣ , ки дўст бидор.
— Вале дилро ҳам наметавонӣ аз раъйаш бигардонӣ .
— Ана, барои ҳамин ҳам мегўянд, ки ишқ дар оташи худ месўзонаду мегудозад.
— Акои Анис, чаро мо гапфурўшӣ карда вақти пурқимати худро мегирем? Охир мо ҷавонони 18-сола нестем-ку. Мо якдигарро хуб мефаҳмем,- сари мақсад омад Фирўза ва афзуд:
— Ман шуморо хеле пазмон шудам, ин шаб ба ягон ҷо намеравед?
— Намедонам. Чӣ буд?
— Мехоҳам, ки ин шаб бо шумо бошам.
— Ин ғайриимкон аст.
— Чаро?
— Ман шаб хоб мекунам.
— Якҷоя хоб мекунем.
— Ман хуррок кашида шарикамро хобравӣ намемонам.
— Ман ҳам, шуморо хобравӣ намемонам.
— Пас аз ин чӣ суд?
— Мо комситонӣ мекунем.
Анис намедонист, чӣ бигўяд? Ниҳоят ў барои дигар кардани мавзўи сўҳбат афзуд:
— Шумо ношто накардаед. Хуб мебуд, ки қаҳва менўшидед.
— Касе бо ношто накардан аз гуруснагӣ намурдааст.
— Ба ҳар ҳол чизе хўрдан даркор, то ба дарди меъда гирифтор нашавед.
— Агар бемор мешудам, дар вақти донишҷўӣ мешудам. Он вақт мо на ҳамеша хўрок мехўрдем, — гуфт Фирўза.
— Дар давраи донишҷўии мо вазъият беҳтар буд. Бо ротибаи студентӣ зиндагӣ карда мешуд. Ҳоло бошад, ротиба ба роҳпулӣ ҳам намерасад. Ҳамин аст, ки ҳоло аксари донишҷўён нимсеру гурусна мегарданд, -афзуд Анис.
— Бале, ҳоло донишҷў будан хеле мушкил аст.
— Ин ба донишандўзии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
— Акои Анис, боз аз мавзўи сўҳбатамон гурехта истодаед.
— Магар аз шумо гурехта мешавад, — нимшўхиву нимҷиддӣ гуфт Анис.
— Шумо-ку гурехта истодаед.
Ҳамин вақт аз куҷое Мирзо омад ва сўҳбати Анису Фирўза қатъ гардид. Ў ба Анис гуфт:
— Бо сарошпаз рафта аз як шиносаш 15 кило моҳии сергўшт харидем. Насиб бошад, нисфирўзӣ моҳибирён мехўрем.
— Гуноҳҳоямро мешўям, гўй,- шўхӣ кард Анис.
— Агар бо моҳӣ хўрдан, гуноҳҳо мерафтанд, дар дарёву баҳрҳо моҳӣ намемонд.
— Бале, ҳанўз 950 сол қабл Умари Хайём дар ин бора гуфтааст:
«Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигў?
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист, бигў?».
— Вақти дарс шуду шумо ин ҷо истодаед, ки ин ҳам гуноҳ аст, — афзуд Мирзо.
— Бале, ба шогирдон дарс нагуфтан гуноҳи азимест. Рафтем,- гуфта Фирўзаро ба толор ҳидоят кард Анис.
— Қаҳванўшӣ тамом. Машғулиятро идома медиҳем, — гуфт Мирзо иштирокчиёни семинарро ба дарс хонда.
— Қаҳва нўшида, нерўатонро барқарор кардед. Акнун ба дарс шурўъ мекунем. Мо аз ин пеш бо шумо усулҳои нави кор бо донишҷўёнро баррасӣ карда будем. Акнун машғулияти мо мустақилона сурат мегирад. То нисфирўзӣ ҳар яки шумо аз таҷрибаи худ ва бо истифода аз дониши нав андўхтаатон методи дарсгўйи худро дар дафтар менависед. Пасон пешниҳоди ҳар яки шуморо таҳлил карда як усули универсалиро, ки дар ҳар гуна шароит мувофиқ аст, барои истифодаи умум тавсия медиҳем, — гуфт Анис.
Иштирокчиёни семинар ба кори мустақилона шурўъ карданд. Анис кори онҳоро назора мекард ва агар суоле пайдо мешуд, ба он посух медод.
Фирўза чизе менавишт ва ҳар чанд вақт сар аз дафтар бардошта чашм ба чашми Анис медўхт. Нигоҳи Фирўза синаи Анисро гўиё сўрох мекард. Аз ин Анис дасту по хўрда чашмашро ба дигар сў мебурд. Ў дигар ба тири нигоҳи Фирўза тоб оварда наметавонист. Бинобар ин, бесаброна танаффусро интизор буд. Ҳамин вақт аз дар халосгараш Мирзо даромада гуфт:
— Имрўз шумо хўроки чошт хўрданӣ нестед? Соат қариб 12 шуд. Шумо бошад, ҳоло ҳам машғули дарс.
— Ҳоло 2 дақиқаи дигар вақт ҳаст. Навиштаатонро ҷамъбаст кунед. Касе агар навишта тамом накарда бошад, дар вақти танаффус ба анҷом мерасонад,- гуфт Анис тараддуди рафтан карда.
Вақти ба ошхона рафтан Фирўза ба Анис наздик шуда гуфт:
— Баёъди хўрокхўрӣ ба оббозӣ меравем?
— Намедонам, сарам дард карда истодааст, — дурўғ гуфт Анис, барои аз Фирўза дурӣ ҷустан.
— Дар ҳавои баҳр дарди саратон мемонад. Боз ин, ки «Агар як бўса гирӣ аз қадбаландон на дарди сар шавӣ , на дарди дандон», гуфтаанд бузургон, — ба қадбаландии худ ишора кард Фирўза.
— То он вақт очаи Ҳайдар подшоҳ. Мабодо ҳоло вақти хўрокхўрӣ ягон қилтиқи моҳӣ дар гулўям руст кунад-чӣ ? Барои ҳамин ҳам ман то он вақте ки барои иҷрои коре сад дар сад боварӣ надошта бошам, ваъда намедиҳам.
— Ба ҳар ҳол бовар дорам, ки ба шумо чизе намешавад.
— Ман ба шумо ваъда диҳаму наоям, хуб не.
— Шумо ваъда диҳеду биёед, — гуфт Фирўза ва афзуд:
— Ҳа, ман як чизро аз гапи шумо нафаҳмидам, — суханашро афзуд Фирўза. – Одатан «Худо подшоҳ», мегўянд. Шумо бошед, «Очаи Ҳайдар подшоҳ», гуфтед.
— Номи модари як ҳамсинфам Подшоҳ аст. Кампир ҳоло 90-сола мебошад. Мо ҳамсинфон шўхӣ карда «Очаи Ҳайдар подшоҳ», мегўем.
— Ҳа, акнун фаҳмидам. Ба ҳар ҳол ман бо шумо ба оббозӣ рафтанӣ .
Анис ба ин сухани Фирўза посух нагуфт ва онҳо вориди ошхона шуданд.
Вақти хўрокхўри Анис аз Мирзо хоҳиш кард, ки ўро танҳо нагузорад ва барои аз Фирўза халос кардан чорае андешад.
— Акои Мирзо, моҳибирён бомазза шудааст. Ҳар рўз моҳибирён фармоиш диҳед, — гуфт Саодат пас аз хўрдани як пора моҳӣ .
— Ҳар рўз ид нест, ки кулчақанд хўред, — посух дод Мирзо.
— Муаллимро нодуруст нафаҳмед. Он кас ҳар рўз пургуноҳ нестем, ки моҳӣ хўрем, мегўянд, — шўхӣ кард Анис.
Чанд нафаре, ки бо Саодат ҳамхоба шудани Мирзоро пай бурда буданд, хандиданд.
Баъди хўрдани таъом Мирзо ба иштирокчиёни семинар муроҷиат карда гуфт: — Ду соат истироҳат. Соати 3 машғулиятро идома медиҳем. Анис, танаффус ба мо дахл надорад. Мо баъзе масъалаҳоро бояд баррасӣ намоем.
— Ана, дидед?- ба Фирўза муроҷиат кард Анис вақти аз ошхона баромадан. – Хайрият, ки ба шумо ваъда надода будаам. Набошад, ваъдахилоф мешудам.
— Ба ҳар ҳол ман шуморо дар соҳили баҳр интизор мешавам. Охир ду соат маҷлис намекардагистед?
— Инашро Мирзо медонад, — гуфт Анис ва ба назди дўсташ, ки ўро дар берун сигор дуд дода интизор буд, равон шуд.
Фирўза аз Анис ҷудо шуданӣ набуд. — Истед, ман ҳам аввал ба ҳуҷраамон рафта тағйири либос мекунам, — гуфт Фирўза аз паси Анис рафта.
Онҳо ба сўи ҳуҷраашон равон шуданд. Вақти аз ҳам ҷудо шудан Фирўза таҳдор карда ба Мирзо гуфт: — Муаллим бисёр маҷлис накунед, ман акои Анисро ба оббозӣ даъват кардаам.
— Агар барвақт тамом кунем, ман ҳам ба оббозӣ меравам, — посух дод Мирзо.
— Ҷўра, ягон илоҷашро ёб, ки шарманда мешавем,- гуфт Анис ба Мирзо баъди аз дари ҳуҷраашон даромадан. — Бо ҳамин обрўи Муҳаммадӣ ба Душанбе баргардем.
— Армонашро шикан. Об ба лаби ҷўй баробар мешавад, — маслиҳат дод Мирзо.
— Ин масъалаи ҷиддӣ аст, шўхӣ накун. Фирўза ошиқи шайдо шудааст. Аз вай халос шудан осон не.
— Ана, барои ҳамин ҳам талаботашро қонеъ бикун, ором мешавад.
— Ба сари ту, Эшмирзо фақат як чиз (қаҳрамони як ҳикояро ба ёд оварда Мирзоро чунин ном гирифт). Ту фақат шаҳватро фикр мекунӣ . Ин ҷо тақдири инсон ҳал мешаваду…
— Ҳоло ба сари ман ғайри ин маслиҳат чизи дигаре намеояд.
— Ин тавр бошад, ман мегурезам.
— Чӣ хел?- ҳайрон пурсид Мирзо.
— Ҳозир анҷомҳоямро меғундорам ва ба фурудгоҳ меравам. Ба рейси бегоҳ ягон ҷойи холӣ будагист. Чиптаамро иваз мекунам ва ба хона меравам.
— Семинар чӣ мешавад?
— Ман машғулияти худамро тамом кардам. Қисми дигарро бе ман ҳам метавонед гузаред.
— Ба ҳар ҳол истӣ , хуб мешавад.
— Ман ҳам истодан мехоҳам, то чанд рўзи дигар пеш аз оғози таҳсил истироҳат кунам. Вале илоҷ надорам.
— Воқеан, ман метавонам ба ту кўмак кунам. Дар фурудгоҳ шинос дорам. Ба ў занг мезанам, чиптаатро иваз мекунад.
-Пас чаро истодаӣ ?! Зуд занг зан!
Мирзо телефони дастиашро гирифта чанд рақамро чид. Аз он сў садои занона баланд шуд:
— Акои Мирзо қалай шумо? Аз куҷо занг мезанед?
— Салом, Зебохон. Ман дуруст. Шумо чӣ хел?
— Раҳмат, хуб.
— Зебохон, ман дар Қайроққум. Семинар дорам. Як хизмат ҳаст ба шумо.
— Ба ҷону дил.
— Бояд билети як дўстамро иваз кунем. Вай бояд ҳамин бегоҳ ба Душанбе равад.
— Ҳозир биёред, дуруст мекунем. Самолёти «Боинг» мепарад, ҷой ҳаст.
— Ташаккур, дастатон дардро набинад.
— Вақтҳои охир бемеҳр шудаед. Ба Хучанд меоеду як бор ҳам намепурсед.
— Рўзи омаданам, шуморо дар фурудгоҳ надидам. Гуфтанд, ки навбати шумо нест, — худро сафед кард Мирзо.
— Пагоҳ барои ман рўзи истироҳат. Метавонед ба хона биёед.
— Майлаш, агар вақти холӣ ёбам, ҳатман меравам, — ваъда дод Мирзо.
— Воқеан ҳам, Эшмирзоӣ ту, ҷўра.
— Гапфурўширо як сў мон. Тараддудатро бин, ки дер мешавад.
Дар тасфи рўз дар кўча касе набуд. Мирзо Анисро то истгоҳ гусел кард.
— Илоҷи Фирўзаро ёб. Нагўй, ки ман имрўз ба Душанбе рафтам. Вай ба фурудгоҳ меояд, — таъкид кард Анис вақти гусел.
— Як илоҷ мекунам. Бехавотир бирав, — гуфт Мирзо Анисро ба маршрутка савор карда.

* * *

Анис дар гардиши роҳи Хуҷанд – Конибодом аз маршрутка фаромад, то ба мошини дигар нишаста ба фурудгоҳи Чкаловск равад.
Ў то маршруткаи дигарро интизор шуданаш ба Рухшона занг зад:
— Хонуми зебо, ман ин бегоҳ намеоям.
— Чӣ ягонтои дигар ёфтед?
— Бале.
— Мекушам!
— Не, ман фавран ба Душанбе баргашта истодаам. Ҳоло дар роҳ ба фурудгоҳам. Занг задам, то ки хайрухуш кунам.
— Анисҷон, ман ҳозир аз мактаб баромадам. Рост ба фурудгоҳ меравам, то ки шуморо гусел кунам.
— Ташвиш накашед, лозим нест.
— Ман ҳозир расида меоям, — гуфт Рухшона ва сўҳбатро қатъ кард.
Анис ба фурудгоҳ омад ва Зебохонро пайдо карда, чиптаашро иваз кард.
То парвози тайёра боз ду соат вақт буд. Ў ба саҳни фурудгоҳ баромада дар сояи дарахт, болои харак нишаст. Ҳаво дам буд. Ҳатто аз оби фаввора насими гарм меомад.
Анис чашм ба фаввора ба дарёи андешаҳо рафт. Ў намедонист, чӣ кор бикунад? Дар пеш корҳои зиёд дорад. Чанд китоби дигаре бояд нависад. Мусаввадаи баъзеашон омода аст. Вале оё умр вафо мекарда бошад? Шаш моҳ қабл саломатиаш бад шуд ва ў аз ташхиси духтур гузашт. Духтури шиносаш гуфт, ки кори дилаш чандон хуб нест. Бояд камтар кор кунад ва ба дилаш фишор наорад, ки сактаи қалб шуданаш эҳтимол дорад.
Вале магар метавон ҳамеша реҷаи муайянкардаи духтурро риоя намоӣ ? Дар рўзгори имрўза ин ғайриимкон аст.
Ана, ҳаминро ба ёд оварда, Анис фикр мекард, ки оё умр ба ў вафо мекарда бошад?
Садои занги телефон ўро аз дунёи фикру андешаҳо берун кард.
— Бале.
— Шумо куҷонда?- мепурсид Рухшона.- Ман омадам.
— Дар назди фаввора нишастаам.
Анис аз ҷояш бархост ва чашм ба сўи истгоҳ бурд. Рухшона аз таксӣ мефаромад. Ў ба пешвози Рухшона равон шуд.
Рухшона худро ба оғўши Анис андохта гуфт:
— Чиба якбора баргаштанӣ шудед?
Анис намедонист чӣ посух диҳад, Бинобар ин — Асала камаш ширин, — гуфт.
— Ба ҳар ҳол барои чӣ ?
— Аз донишгоҳ даъват карданд,- ночор дурўғ гуфт Анис.
Онҳо ба назди фаввора омада нишастанд.
Рухшона сарашро ба китфи Анис монд. Лаҳзае ҳар ду хомўш монданд.
Ниҳоят хомўширо Рухшона халалдор кард:
— Боз кай меоед?
— Намедонам.
— Ман бе шумо зиста наметавонам. Ақаллан дар як моҳ як маротиба биёед.
— Ин ғайриимкон аст.
— Агар хоҳед, ман кўчида ба Душанбе меоям.
— Зарурат надорад. Пушаймон мешавед.
— Ҳаргиз! Ман як умр шуморо меҷустам.
Анис хомўш монд.
«Саворшавӣ ба хатсайри Т 64 Хучанд – Душанбе оғоз шуд. Аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки барои қайдгирӣ ба гузаргоҳи дуюм ҳозир шаванд», — баланд шуд садои гўяндаи фурудгоҳ.
— Ин тайёраи ман, — гуфт Анис.
— Ҳоло вақт ҳаст. Қайдгирӣ нав сар шуд.
— Бале, вақт ҳаст, вале ман чиптаамро иваз кардаам. Мабодо дар охир савор накунанд?!
— Ба ҳар ҳол саросема нашавед. Агар савор накарданд, ба хона меравем.
Онҳо боз чанд муддати дигар бо ҳам нишастанд. Рухшона ҳеҷ намехост, ки аз ў ҷудо шавад. Барои Анис мушкил буд дидани ин ҳолати Рухшона. Вале ў илоҷе надошт.
Вақти хайрбод дар чашмони Рухшона ашк ҳалқа зад. Ў то ба осмон парида нопадид шудани тайёра дар фурудгоҳ истод ва бо дили маҳзун ба хонааш баргашт.

* * *

Фирўза то дер Анисро дар соҳили баҳр интизор шуд. Вале аз ў дарак набуд. Фирўза телефони дастиашро гирифта ба Анис занг зад. Вале телефони ў хомўш карда шуда буд. Фирўза дигар тоқат карда натавониста ба истироҳатгоҳ омад ва дари ҳуҷраи Анисро кўфт. Дарро Мирзо кушод.
— Ҳа, Фирўзабону дароед. Саодатхон ҳам ҳамин ҷо.
— Не, ташаккур. Акои Анис ҳастанд-мӣ ?
— Не. Анисро ба Донишгоҳи Хуҷанд даъват карданд. Ў ба донишгоҳ рафт.
— Кай меоянд? Ман занг мезанам, телефонашон хомўш кардагӣ .
— Дар назди ректор бошад, телефонашро хомўш мекунад.
— Хайр майлаш, мебахшед шуморо ташвиш додам гуфт,- Фирўза ва маҳзун ба сўи ҳуҷрааш равон шуд.
-Ҳеҷ гап не, — гуфта Мирзо дарро қуфл кард ва худро ба оғуши Саодат андохт.

* * *

Анис даруни тайёра дар кунҷе танҳо менишаст. Дар охирин лаҳза як зани тақрибан сисола вориди тайёра шуд ва рост ба назди Анис омада хоҳиши нишастан кард:
— Мебахшед, дар наздатон шинам майлаш?
— Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Ман ин ҷойро нахаридаам.
— Ташаккур. Ба фикрам, шумо филологед?
— Бале, шумо-ку муфаттиш нестед?
— Қариб ёфтед. Ман ҳолати молиявии созмонҳои хориҷиро тафтиш мекунам. Ба истилоҳи имрўза аудит ман.
— Хеле хуб.
-Пас шинос мешавем. Номи ман Мижгона. Дар Фирмаи байналхалқии аудитии «Аспект» кор мекунам.
-Номи ман Анис. Дар донишгоҳ ронанда шуда кор мекунам.
— Шўхӣ мекунед.
— Чаро шўхӣ кунам? Имрўз дар ҷомеа қадри ронанда аз омўзгор болотар аст.
-Фаҳмидам, шумо устоди донишгоҳед.
— Хато накардед.
— Ман аз сафари хидматӣ баргашта истодаам. Бо шартнома фаъолияти молиявии як созмони байналхалқиро аудит кардам.
— Ман бошам, аз семинар баргашта истодаам.
— Медонам ин семинарҳоро. Ҳоло як филиали ташкилоти хориҷиро тафтиш кардам. Маълум шуд, ки бо як созмони ғайридавлатӣ семинар гузаронидем, гуфта забон як намудаанд ва 15 ҳазор долларро обу лой кардаанд.
— Пас тақдири онҳо чӣ мешавад?
— Маро ташкилоти болоиашон киро кардааст. Ман ба онҳо ҳисоботамро пешниҳод мекунам. Агар роҳбари филиал маъқул набошад, акти аудитро ба прократура медиҳанд. Набошад, ҷиноятро фаромўш мекунанд. Одатан чунин ҷиноятро ошкор намекунанд, то ки обрўи ташкилоташон нарезад.
— Барои ҳамин ҳам фасодкорӣ дар созмонҳои хориҷӣ афзуда будааст.
— Бале, онҳо ҳам аз кормандони маҳаллӣ омўхтаанд.
— Ҳоло ба созмонҳои хориҷӣ ба қавле бе тағо ба кор даромада намешавад. Агар махфӣ набошад, шумо чӣ хел ба кор даромадед?
— Ба ман омад кард. Вақти мактабхонӣ бо як барнома як сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка таҳсил кардам, забони англисиро омўхтам. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шудам. Дар курси дуюм таҳсил мекардам, ки эълони як барномаи таҳсил дар ИМА ба дастам афтод. Таваккал карда ҳуҷҷат супоридам. Аз озмун гузаштам ва 4 сол дар Коллеҷи Вашингтон илми муҳосибаро омўхтам. Пас аз он ба ватан баргашта дар як созмони байналхалқӣ ба ҳайси менеҷери молиявӣ 5 сол фаъолият кардам. Инак, ду сол аст, ки дар ин фирма аудит шуда кор мекунам. Гуфтагӣ барин, баъди аз Америка баргаштан ба шўъбаи ғоибона гузашта донишгоҳро низ хатм кардам.
— Магар ин зарурат дошт?
— Не. Вале кори сар кардаамро нотамом намонам, гуфта таҳсилро идома додам.
— Хуб аст, аҳсант ба шумо.
— Он солҳо талабгорони таҳсили хориҷа кам буданд ва на ҳама забони англисиро медонистанд. Ҳамчунин тағобозӣ кам буд.
— Бале, ҳақ бар ҷониби шумост.
«Диққат. Мусофирони мўҳтарам! Тасмаҳоро бандед, тайёраи мо ба фуруд омадан омодагӣ мегирад. Дар Душанбе ҳаво 30 дараҷа гарм», -гуфтани пешхизмати тайёра сўҳбати онҳоро бурид.
— Ана, расидем. Бо сўҳбат гузаштани вақтро ҳам нафаҳмида мондам, -гуфт Анис.
-Бале, бо шумо сўҳбат кардан хуш аст. Ман шуморо бегоҳ ба хўроки шом даъват карданиам. Ба ин чӣ мегўед?
— Дунё чаппа шудааст, чӣ , ки занҳо мардҳоро даъват мекунанд? Наход ман қудрати як хонуми зеборо ба тарабхона даъват кардан надошта бошам.
— Метавонед, албатта агар…- гуфта Мижгона лаҳзае таваққуф кард ва афзуд: — Вазъи молиявии муаллимонро ман хуб медонам. Волидони ман ҳам омўзгоранд. Барои ҳамин ҳам ман даъват карда истодаам. Ман як худам зиндагӣ мекунам. Ба ман пули бисёр даркор ҳам не. Ҳама чиз дорам. Умрам бештар дар сафар мегузарад, ки харҷашро фирма мепардозад. Барои ҳамин ҳам аз маошам бисёр сарфа мешавад,- гуфт Мижгона ва бо ин аз ҷиҳати молиявӣ мустақил буданашро гўшрас кард.
— Дар сўҳбати чунин хонуми зебо будан давлати бузургест. Вале мутаассифона, банда ин бегоҳ масруфам. Бояд ҳатман дар хона бошам, то ки баъзе корҳои таъҷилиамро ба анҷом расонам.
— Ба таври дипломатӣ рад мекунеда-а?
— Не. Ман ба дурўғ гуфтан одат накардаам. Воқеан ҳам, вақти холӣ надорам. Вагарна бо ҷону дил.
— Пас рўзи дигар.
— Инашро ҳоло ман намедонам, зеро пас аз ба хона омадану бо вазъият ошно шудан фаъолияти минбаъдаамро тарҳрезӣ мекунам.
— Ба ҳар ҳол ман шуморо пайдо мекунам. Бояд бигўям, ки ман он чӣ хостам ноил мешавам. Ман ҳеҷ гоҳ аз раъйам нагаштаам.
— Худо мададгоратон бошад!
— Воқеан, барои пешвози ман аз фирмаамон мошин мефиристанд. Ронандаамон интизор будагист. Шуморо то хонаатон бурда мемонам.
— Ташаккур, лутфи шумо зиёд аст. Маро писарам пешвоз мегирад. Шояд завҷаи меҳрубонам низ омада бошад.
-Ин тавр бошад, рашки янгаро намеорам. Медонам, ки шумо мардҳо аз завҷаатон метарсед.
— Аз шумо натарсида мешавад?! Натарсу рўзатро бин!
— Ба ҳар ҳол ҳатман ба шумо занг мезанам ва пайдо мекунаматон.
— Ташаккур барои илтифот. Банда ба лутфи шумо намеарзад.
— Ин тавр нагўед. Ман ба як дидан кӣ будани шуморо пай бурдам. Шумо марди ҳақиқиед. Дар ҷомеаи имрўза зиёданд нафароне, ки ду даст ба сина зада аз мард буданашон ҳарф мезананд, ваъдаҳои дурўғ медиҳанд. Беҳтар аст, ки чунин номардон поҷома бипўшанд.
— Шуморо касе ранҷондааст, ки мардҳоро дўст намедоред?
— Бале, лекин ман ин гуна шахсро мард намедонам. Шумо аз ин тойифа не.
— Шумо маро намедонед. Саъдии бузургвор гуфтаанд:
«То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад».
— Ман хато намекунам, аз чашмонатон маълум, ки шумо инсони хубед.
— Бисёр таъриф накунед, ки бовар мекунам.
— Хоксорӣ накунед, он чӣ айён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Тайёра ба аэропорти Душанбе фуруд омад. Пас аз чанде зинапойҳо гузошта шуд ва мусофирон аз тайёра фаромада ба сўи баромадгоҳ рафтанд.
Анис дар назди баромадгоҳ бо Мижгона хайрухуш кард:
— Хуш бошед! Бо шумо сўҳбат кардан хуш буд.
— Сўҳбати шумо низ маро хуш омад. Рўзҳои наздик ин сўҳбатамонро идома медиҳем. Ҳатман ман шуморо меёбам. Рақами телефони дастиатон чанд аст?
— Чорто 5 дуто 4 ва 1217.
— Ман дар хотир мегирам. Хайр то дидор. Ман рафтам, боз занатон моро набинад.
— Хайр, хуш бошед!
Анис лаҳзае аз паси Мижгона нигоҳ карда монд. Воқеан ҳам, ўро марде пешвоз гирифт. Онҳо сўйи истгоҳи мошинҳо рафтанд. Анис каме дар саҳни фурудгоҳ таваққуф кард ва сипас ба маршрутка савор шуд. Ў роҳкироро пардохта, дар курсии охир нишаст ва ба андеша рафт.
Анис намедонист чӣ кор бикунад? Ў наметавонист муҳаббати Фирўзаро, ки ғоибона ошиқ шудаасту ҳоло мехоҳад бо Анис пайвандад, пазирад. Ў ҳамчунин наметавонист ишқи софу беолоиши Рухшонаро пеши пой бизанад. Ҳамчунин барои Анис, ки дар рўҳияи мардонагиву инсондўстӣ тарбия ёфтааст, партофтани зану фарзандон ҷавонмардӣ ҳисоб намешуд. Аз куҷое боз Мижгона пайдо шуд, ки ў ҳам аз сўҳбат дида муносибати бештаре мехоҳад.
Бо ин фикру андешаҳо Анис ба истгоҳи назди хонааш расида аз микроавтобус берун шуд. Барои ба хона рафтан пояш намекашид. Зеро Анис хуб медонист, ки ўро шақшақабонуаш (аз серҷоғиаш чунин ном карда буд) бо рўйи хуш интизор нест ва аз рашк ба сараш чормағз мешиканад, ё борони надомат мерезад.
Пояш намекашид, ки Анис ба хонааш равад, вале ў илоҷи дигаре надошт. Фарзандонаш ўро интизор буданд. Анис барои онҳо зиндагӣ мекард.

Хоҷа Оби Гарм — 19-25 августи соли 2007.

МУНДАРИҶА

Ҳайкал ………………………………………………………………… 3 —

Қаҳри модар …………………………………………….. …………… 6 —

Ғуломи шаҳват ……………………………………………………….. 10 —

Ишқи деромада ……………………………………………………….. 25 —

Ҷовид Муқим

ИШҚИ ДЕРОМАДА

Муҳаррири техникӣ :

Тарроҳи компютерӣ :

Ба чоп 10.04.2008 супорида шуд. Ба чопи китоб 15.04.2008 имзо шуд.
Андозаи 60 х 84 1/16. Ҳаҷм ҷ.ч. Коғази офсетӣ .
Адади нашр 1000. Супориши №

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: