Гендер ва журналистика


ҶОВИД МУҚИМ

ГЕНДЕР ВА ЖУРНАЛИСТИКА

ДАСТУРИ ТАЪЛИМӢ

Душанбе — 2006

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶОВИД МУҚИМ

ГЕНДЕР ВА ЖУРНАЛИСТИКА

ДАСТУРИ ТАЪЛИМӣ

БАРОИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТА ВА ШЎЪБАҲОИ

ЖУРНАЛИСТИКА

Душанбе — 2006

Ҷовид Муқим. Гендер ва Журналистика (дастури таълимӣ).-Душанбе:
Деваштич, 2006. –С.

Муҳаррир: САЪДУЛЛОҲИ ҲАЙДАР,

дотсенти кафедраи радио ва телевизиони
ДДМТ, номзади улуми филологӣ

Муқарризон: АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ,

профессор, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДДМТ, доктори улуми филологӣ,

МАРЯМ ДАВЛАТОВА,
директори Созмони ҷамъиятии «Маркази сиёсати гендерӣ»,
гендершинос

Бо қарори Шўрои методии ДДМТ ҳамчун дастури таълимӣ чоп мешавад.

Китоби мазкур ҳамчун воситаи таълим барои донишҷўёни шўъба ва факултаҳои журналистика пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин аз он журналистони касбӣ, мутахассисони соҳаи гендер ва умуман ашхоси иштиёқманд метавонанд истифода бикунанд.

Душанбе 2006

МУҚАДДИМА

Мафҳуми гендер барои ҷомеаи Тоҷикистон нав аст ва барои ҳамин ҳам ба ғайри доираи хурди мутахассисону коршиносон аксари мардум онро дуруст намефаҳманд ва ҳатто баъзе зиёиён гендерро танҳо ҳуқуқи занон меноманд. Пас ГЕНДЕР чист?
Гендер (Gender) калимаи англисӣ буда, маънои ҷинси грамматикиро дорад. Вай на чун ҷинси биологӣ, балки чун ҷинси иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Гендер ин ҷинси иҷтимоӣ аст, ки муносибатҳои байни марду занро инъикос мекунад.
Гендер, ин муносибатҳои иҷтимоии байни марду зан аст, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, идеология, фарҳанг зоҳир мегардад. Гендер чун инъикоскунандаи муносибатҳои марду зан ҳамаи синну соли ҷинсҳоро фаро мегирад. Аз ҷумла, ба он дар баробари марду зан, духтарону писарон, наврасону ҷавонон ва кампирону мўйсафедон низ дохил мешаванд. Мансубияти инсон ба ҷинсҳо аз рўи хусусиятҳои генетикӣ ва анатомӣ муқаррар гардида, нақшҳои гендерӣ ба рафтору афкори иҷтимоии марду зан марбутанд. Гендер ҳамчунин хусусиятҳои рафтор, лаёқат, хислатҳои муайяни эҳтимолии марду занро, ки ҷомеа аз онҳо интизор аст, фаро мегирад.
Ҷинси инсон аз нуқтаи назари биологӣ ва аз нуқтаи назари нақшҳои иҷтимоӣ (гендер) ё ҷинси иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Ба ин тариқ, ду ҷинси биологӣ (марду зан) ва ду ҷинси иҷтимоӣ — фарҳангӣ вуҷуд дорад. Тадқиқотҳои антропологӣ нишон медиҳанд, ки ҷинси гендерӣ, шаҳвоният ва нақшҳои ҷинсӣ аз шароити фарҳангӣ вобастаанд. Сарфи назар аз вусъати нобаробарии гендерӣ, вазифаҳои иҷтимоии мардону занон басе тафовутпазир мебошанд ва робитаи ягона байни нақшҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаҳо вуҷуд надорад.
Равоншиносон монандии гендериро маҳсули тарбия мешуморанд. Этнометологҳо ҷинси гендериро чун масъалаи фардияти шаҳвоният меомўзанд.
Назарияи муосири гендерӣ мавҷудияти ин ё он тафовутҳои биологиву иҷтимоӣ ва психологии байни мардону занони мушаххасро инкор намекунад. Балки он бар он ақидааст, ки худи тафовутҳо чандон муҳим набуда, балки баҳо ва тафсири иҷтимоиву фарҳангии он ва бунёди сохтори ҳокимият дар заминаи ин тафовутҳо муҳим мебошад.
Имрўз дар ҷомеа хеле зиёд дар бораи баробарии гендерӣ ҳарф мезананд ва барои амалӣ гардидани он ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ мекўшанд. БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӣ чист?
Баробарии гендерӣ (Gender equality) гуфта, ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва имкониятҳои баробари занону мардҳои ҳамаи синну солро мефаҳманд. Ба ин мафҳум ҳуқуқҳои якхелаи инсон ва корманд, тақсимоти баробари ўҳдадориву имкониятҳо, вазифаҳои меҳнатӣ, қабули қарор ва даромад шомил аст. Ҳамчунин тибқи қонун баробарии гендерӣ гуфта, баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳоро мефаҳманд, ки ба ҳар ду ҷинс озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи он имконият медиҳад.
Имконияти баробар, ин таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои ҶТ, ҳамчунин аз рўи принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аст.
Баробарии гендерӣ таввассути баробарҳуқуқии гендерӣ (Gender equity) амалӣ мешавад. Баробарҳуқуқӣ – ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун аст.
Баробарҳуқуқии гендерӣ чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки барои барҳам задани шароиту омилҳои таърихиву иҷтимоии қоидаҳои нобаробари фаъолияти мардону занон равона шудааст.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон: Поймолкунии ҳуқуқ ҳар гуна тафовут, истисно ё маҳдудгардонӣ аз рўи аломати ҷинсӣ мебошад, ки ба паст кардан ё эътироф накардани ҳуқуқу озодиҳои мардону занон дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо равона карда шудааст.
Бояд гуфт, ки барои поймол кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ кардааст. Масалан, аз рўи моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амволӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбут будан ба аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонидааст, бо ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Агар ҳамин кирдор бо зўроварӣ, ё таҳдиди истифодаи он, бо истифодаи мақоми хизматиаш содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо дода мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки муносибати иҷтимоии мардону занон дар ҷомеа ҳазорсолаҳоро фаро гирад ҳам, он мавриди пажўҳиши хоса қарор нагирифтааст. Масалан, пажўҳиши гендерӣ дар ИМА охири солҳои 60-уми садаи XX ва дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ солҳои 1980-1990 оғоз шудааст.
Соли 1990 дар Академияи улуми СССР лабораторияи пажўҳишҳои гендерии Институти проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоии нуфусшиносӣ таъсис ёфта буд. Таҳқиқоти гендерӣ дар Россияи имрўза пас аз бозсозӣ шурўъ шудааст. Дар Тоҷикистон бошад, охири солҳои 90-уми асри ХХ пажўҳиши гендерӣ оғоз ёфтааст. Аз ҷумла дар назди филиали Институти «Ҷомеаи кушода»-и Бунёди Сорос Маркази пажўҳишҳои гендерӣ фаъолият мекунад.
Феълан пажўҳишҳои гендерӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёти гендерӣ, ҳуқуқи инсон, шуғл, ВАО, маориф, танзими оила, адабиёту санъат ва ғайра равона шудаанд.
Хонандагони азиз, шумо дар ин дастур мухтасаран сайри таърихие мекунед ба пайдоиш ва ташаккули ҳаракатҳои феминистӣ. Сипас дар бахшҳои дигари дастур шумо бо ҳуқуқи занону кўдакон дар ҷомеа шинос мешавед, ки ин бесабаб нест: журналистоне, ки дар мавзўи гендер менависанд, бояд худ дар бораи паҳлўҳои ҳуқуқии проблема бештар донанд. Аз ин рў, дар ин бахшҳо бо қадри имкон асноду қонунҳое, ки ҳуқуқи занону кўдаконро дар ҷомеа муқаррар кардаанд, оварда шудаанд.
Бахши охири дастур ба инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО бахшида шудааст. Ҳамчунин шумо аз замима, ки барномаи курси «Гендер ва журналистика», санҷишномаҳо, луғати мухтасари гендерӣ дорад, метавонед баҳра бардоред. Барои ба шумо дастрас будан мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» -ро низ дар замима овардем.
Ҳадафи асосии дастури мазкур пайдо кардани тасаввуроти аввалия оид ба гендер аст. Агар аз мутолиаи он шумо ба худ бардоште бикунед, пас ин ҳадафро иҷрошуда медонем.

Қисми 1. АЗ ТАЪРИХИ ҲАРАКАТҲОИ ФЕМИНИСТӣ

Истилоҳи феминизм аз калимаи лотинии фемина (зан) буда, бори аввал соли 1895 аз ҷониби феминисти либералӣ Элис Росси истифода шудааст. Ҳоло истилоҳи мазкур маънои гуногунро дорад. Аз ҷумла вай назарияи баробарии ҷинсҳо, асоси ҳаракати занон барои озодӣ аст. Ҳамчунин феминизмро чун синоними ҳаракати занон мефаҳманд.
Пайдоиши идеяҳои феминистӣ нав нест. Аз пайдоиши инсон ҷинсҳо барои баробарҳуқуқӣ мекўшиданд. Расман дар Ғарб пайдоиши идеяҳои феминистиро ба давраи эҳё вобаста мекунанд. Ҳамон вақт навиштаҳои Кристина де Пизан ва Карнелиус Агриппа ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо дар бораи муносибатҳои ноадолатонаи ҷамъият нисбати занон сухан мерафт.
Давраи дигари рушди феминизм ба инқилоби бузурги Фаронса рост меояд, ки дар он шиорҳои «озодӣ», «баробарӣ» ва «бародарӣ» ба вуҷуд омаданд. Қабули «Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд», ки ҳамаи одамонро соҳибҳуқуқ кард, амалан эъломияи ҳуқуқи мардҳо буд. Ин албатта, боиси норизогии занон гардид.
Соли 1792 Олимпия де Гуж «Эъломияи ҳуқуқи зан ва шаҳрванд»-ро навишт. Дар эъломия талаб карда мешуд, ки ба занон ҳуқуқи шаҳрвандӣ, иштирок дар интихобот ва имконияти гирифтани мансаб дода шавад. Талаботи мазкур аз ҷониби занон дастгирӣ ёфта, созмону клубҳои занон таъсис дода шуданд. Вале ҳукумат зуд ин созмону клубҳоро баст ва ноябри соли 1793 бо тўҳмат Олимпияро тавассути гилотина қатл кард.
Соли 1792 дар Англия Мэри Уолстоункрафт китоби «Ҳифзи хуқуқи занҳо»-ро навишт. Ҳамон сол дар Олмон китоби Теодор фон Гиппел «Дар бораи беҳ кардани вазъи шаҳрвандии занон» чоп шуд.
Дар асри XIX ҳаракатҳои феминистӣ афзуданд. Консепсияҳои философии Ҷонн Локк, Жан Жак Руссо, Ҷон Стюарт Милл асосҳои назарияи ҳуқуқи инсонро инкишоф доданд. Аз ҷумла файласуфи англис Ҷ. С. Милл ва занаш Харриэт Тейлор соли 1869 китоби «Тобеияти зан»-ро навиштанд, ки дар он барои собит кардани гуфтаҳояшон назарияи либералӣ- фалсафии баробарии зану мардро истифода бурданд.
Назарияи сотсиализми утопияви(хаёли)-и Шарл Фуре, Сен-Симон ва Роберт Оуэн низ бар рушди ҳаракати феминистӣ мусоидат кард.
Дар асри XIX дар мамлакатҳои Аврупо якқатор инқилобҳои буржуазӣ ба вуқўъ пайвастанд, ки муборизаи занонро барои ҳуқуқи меҳнат ва маоши баробар бо мардҳо фаъол намуданд.
Дар охири асри XIX ҳаракати суфражистон пайдо шуд, ки ҳадафашон пайдо кардани ҳуқуқи иштирок дар интихобот буд. Натиҷаи муборизаи онҳо буд, ки дар ду даҳсолаи аввали асри XX дар қисми асосии Аврупо ва Америкаи Шимолӣ занон соҳиби ҳуқуқи ширкат дар интихобот гардиданд.
Дар солҳои 60-уми садаи XX бо пайдоиши ҳаракатҳои чапи радикалии эътироз ва ташаккули назарияи зиддифарҳангӣ давраи нави рушди феминизм ба миён омад.
Дар ин давра 3 ҷараёни асосии феминизм: либералӣ, сотсиалистӣ ва радикалӣ ба вуҷуд омаданд.

ФЕМИНИЗМИ ЛИБЕРАЛӣ
Эҳёи феминизми либералӣ соли 1963 аз чопи китоби Бетти Фридан «Муаммои нафосат» оғоз мегирад. Муаллиф барои навиштани китоби мазкур бо 300 нафар соҳибхоназани синфи миёнаи ИМА мусоҳиб шуда, ба хулоса меояд, ки онҳо бо мардҳо ҳуқуқи баробар надоранд. Китоби мазкур ба пайдоиши ҳаракати занон дар ИМА такони ҷиддие дод, созмонҳои миллии занон пайдо шуданд, ки садҳо ҳазор нафар бонувони миёнаҳолро муттаҳид мекарданд.
Идеяи асосии Б. Фридан — ин дастрасии занон ба таҳсилот ва барои онҳо созмон додани барномаҳои вижаи сайқали маҳорат буд. Вай чун феминистони дигар бар зидди оила баромад намекард. Намояндагони феминизми либералӣ иштироки васеи занонро дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси имкониятҳои иҷтимоӣ барои иҷрои нақшҳои оилавию касбӣ тақозо мекарданд. Барои ин онҳо пешниҳод мекарданд, ки муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла дар корхонаҳо таъсис дода шаванд. Ҳамчунин онҳо талабгори тартиби кори чандир барои занон ва ҷалби мардон ба корҳои хона буданд.
Ба ақидаи Сюзан Окин оила набояд вайрон карда шавад, балки кори хона барои зану мард аз рўи адолат тақсим гардад.
Феминистони либералии асри XX – Элис Росси, Ҷанет Ричардс, Сюзан Окин, Натали Блюстоун идеяҳои феминистони либералии асрҳои XYIII-XIX-ро дастгирӣ мекарданд, зеро то ба ҳанўз талаби онҳо оид ба баробарии ҷинсҳо амалӣ нашуда буд.
Ба ақидаи онҳо роҳи асосии ҳалли проблемаҳои занон ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар чаҳорчўбаи ҷомеаи мавҷуда мебошад.
Феминистони либералии ин давра баробарии марду занро дар набудани тафовути ҷиддие байни онҳо медонистанд.

ФЕМИНИЗМИ СОТСИАЛИСТӣ

Аз рўи назарияи мазкур сабаби асосии тазъйиқи зан моликияти хусусӣ ва сохтори синфии ҷамъият аст. Агар капитализм барҳам зада шавад, нобаробарии ҷинсҳо аз байн меравад. Ин нукта дар китоби Ф. Энгелс «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» (1884) баён гардидааст.
Феминизми марксистии охири асри XIX ва ибтидои асри XX бо кўшиши Александра Колонтай, Клара Сеткин, Август Бебел ва марксистони дигар инкишоф ёфтааст. Онҳо мегуфтанд, ки бо ғалабаи инқилоби сотсиалистӣ ва бунёди ҷомеаи нав нобаробарӣ ва беҳуқуқии занон аз байн меравад.
Феминизми сотсиалистӣ(марксистӣ) ду давраи пайдоиши худро дорад: якум — соли 1884 ва дуюм — соли 1968. Намояндагони давраи аввал Алексанра Колонтай, Клара Сеткин ва намояндагони давраи дуюм Зилла Айзенстайн, Мария делла Коста, Хайди Хартманн буданд.
Феълан феминизми марксистӣ дар асарҳои Эмма Голдман («Фурўши занон ва эссеҳои дигар дар бораи феминизм»), Синти Кокбёрн («Бародарон: бартарияти мардона ва тағйироти технологӣ»), Мэри Эванс («Ситоиши назария: пажўҳиши занона») ва ғайра баррасӣ мешаванд. Онҳо асосан ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вазъи занонро дар ҷомеаи сармоядорӣ таҳлил мекунанд. Ба ақидаи онҳо дар олами сармоя тақсими меҳнат аз рўи ҷинс сурат мегирад. Зан дар хона маҳсулот истеҳсол мекунад ва хизмат мерасонад, ки арзиши табодул надорад. Аз ин рў, меҳнати зан дар хона ва нигоҳубини кўдакон чун «кори асосӣ» пазируфта намешавад. Мард, ки дар соҳаи ҷамъиятӣ кор мекунад, бевосита ба истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ҷалб гардида, он барои табодул дар бозор пешбинӣ шудааст. Ҳамин аст, ки меҳнати занон дуюмдараҷа дониста мешавад.
Назарияи сотсиал-феминистон (феминизми сотсиалистии муосир) дар тафовут аз марксистон дар он аст, ки муносибатҳои синфӣ ва гендерӣ дар ҳаёти занон ба ҳам меоянд. Падарсолорӣ (системаи афзалияти мардон дар нисбати занон) ва системаи синфии ҷамъият, аз ҷумла капитализм ҳамдигарро мустаҳкаму ҷонибдорӣ намуда, ба тазъйиқи занон равона шудааст. Тазъйиқи занон дар ҷомеаи сармоядорӣ ба истисмори иқтисодии коргарони кироя ва зулм кардани онҳо чун модарону соҳибхоназанон асос ёфтааст. Чунин тазъйиқи падарсолорӣ (патриархалӣ) асоси моддӣ ва идеологӣ дорад, мегўянд феминистон.
Феминизми сотсиалистӣ дар натиҷаи дар марксизм ҷанбаи гендерии тазъйиқи занонро рад кардан пайдо шудааст. Пешвоҳои марксизм тазъйиқи занонро аз истисмори коргарон чандон муҳим намедонистанд.
Ҳамин аст, ки назарияи системаи дуалӣ пайдо шуд. Ҷонибдорони системаи дуалӣ бар онанд, ки падарсолорӣ ва капитализм намудҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ба ҳам омада занонро тазъйиқ меоваранд. Ҷулиет Митчелл, муаллифи китоби «Балоғати зан» ва Хайди Хартманн, муаллифи асари «Никоҳи бадбахтонаи марксизм ва феминизм» аз ҷонибдорони асосии назарияи системаи дуалӣ мебошанд. Ҷ. Митчелл падарсолориро намуди идеологии тазъйиқи зан медонад. Х. Харманн бошад, капитализм ва падарсолориро ду сари як аждар номида, мегўяд, ки онҳо ду махлуқи даҳшатноки алоҳидаанд, ки зидди онҳо бояд силоҳи гуногунро истифода кард.

ФЕМИНИЗМИ РАДИКАЛӣ

Файласуфи франсуз Симона де Бовуар (1908-1986) соли 1949 китоби «Ҷинси дуюм»-ро чоп карда, ба назарияи равияи феминизми радикалӣ асос гузошт.
Ҷараёни мазкур аз ҷониби Кейт Миллетт, Суламиф Фейрстоун, Андреа Дворкин, Кристина Делфи, Мэри Дэйлӣ ва дигарон ривоҷ ёфтааст.
Солҳои 60-уми садаи ХХ зери таъсири бевоситаи ғояҳои Симона де Бовуар идеологияи неофеминизм ташаккул ёфт. Шиори асосии неофеминизм ба бартараф кардани тасаввуроти анъанавӣ дар бораи он, ки вазифаи асосии зан давом додани насл аст, равона шудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсӣ ва амалии феминистони радикалӣ (занпарастони тундгаро) — барҳам задани хушунат нисбати занон аст. Ба назари онҳо то он вақте ки шаҳвоният таҷдиди назар нагардад, зан ҳамеша аз мард вобаста мебошад.
Ба назари С. Фейрстоун («Диалектикаи ҷинс», 1970) падарсолорӣ аз нобаробарии биологии ҷинсҳо сарчашма мегирад. Ў ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ба таҳсилот ва ҳуқуқҳои дигари занон эътибор надода, барҳам задани нобаробарии марду занро дар дигар кардани воситаи биологии истеҳсол мебинад. Ба назари С. Фейрстоун вақте ки истеҳсоли сунъии инсон ба роҳ монда шавад, нобаробарии занон аз байн меравад.
Воқеан, намояндаи ин равия Валери Соланас дар «Манифести ҷомеаи маҳви пурраи мардон» (Митин журнал. — 1967.-№ 59. – С. 480) мегўяд: «Аз он ки зиндагӣ дар беҳтарин ҳолат дар ин ҷомеа ҳузнангез аст ва ягон соҳаи ҷомеа ба занҳо мансуб нест, онҳо, занони бошуури ташнаи моҷароро мебояд, ки ин ҳукуматро сарнагун созанд, системаи пулиро барҳам зананд, автоматикунонии пурраро ба роҳ монанд ва ҷинси мардро маҳв намоянд».
Дар ҳамин ҳол Андреа Дворкин бар зидди ақидаи С. Фейрстоун буд. Ба қавли ў технологияҳои нави репродуктивӣ боз як дом ва воситаи нави назорати бадани зану худи вай мегардад.
К. Миллет бар он буд, ки «оила институти асосии падарсолорӣ мебошад». Азбаски оила — ин сарчашмаи асосии иҷтимоъгардонии кўдакон аст, дар он бори аввал писарону духтарон ҳукумати падарсолорӣ ва тақсимоти меҳнатро меомўзанд.
Занпарастони тундгаро оиларо ҷонибдори падарсолорӣ ва сарчашмаи зулми занон меномиданд. Баъзе аз намояндаҳои равияи мазкур (Кристина Делфи) чун феминистони либералӣ кори хона, аз ҷумла нигоҳубини кўдаконро амали хушнунаткунанда ва тазъйиқовар меҳисобиданд. Агар феминистони либералӣ ин ҳолатро тасодуфӣ ва тавассути кўмаки мард ё хизматгор ислоҳшаванда номанд, феминистони радикалӣ собит мекарданд, ки дар ин вазъ мардон бартарият доранд. Онҳо роҳат мекунанду занҳо кори хонаро анҷом медиҳанд. Ҳамин серкории занон ба онҳо имконият намедиҳад, ки бо мардон дар сиёсат ва вазифаи сермаош рақобат бикунанд.
Энн Оукли дар асарҳояш «Иҷтимоиёти кори хона» ва «Соҳибхоназан» ба ақидаҳои модарии зан, яъне кўдакон бояд модари биологӣ дошта бошанд, кўдакон ба ғамхории модар эҳтёҷ доранд ва ба онҳо бояд як нафар доим парасторӣ бикунад, зид мебарояд. Ба қавли ў ба модари биологӣ доштани кўдакон эҳтиёҷ нест, зеро кўдаконе, ки ба тарбия гирифта мешаванд, аз фарзандони дар оила тарбияёфта фарқ надоранд. Дигар ин, ки ба кўдак фарқаш нест, ки бо кӣ бошад. Ў ба як нафар эҳтиёч дорад, то ки бо вай сўҳбат бикунад. Ҳамчунин Э. Оукли ақидаи дар оила бо модар тарбия ёфтани фарзандро инкор карда, барои собит кардани назари худ кўдакони коммунаҳои исроилиҳоро мисол меорад, ки дар ҷомеа тарбия ёфта, аз кўдакони дар оила калоншуда фарқе надоранд.
Мафҳуми шаҳвоният яке аз проблемаҳои марказии равияи феминизми радикалӣ ҳисоб мешавад. Зеро афзалияти мард ва мутеияти зан дар шаҳвоният меъёр аст ва ин дар муносибатҳои дигари ҷинсҳо низ истифода мешавад. Барои аксари феминистони радикалӣ занҳо агар дар муносибати шаҳвонӣ баробарҳуқуқ нагарданд, ҳаргиз дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо мардҳо баробар намешаванд.
Дар ҳамин ҳол бояд зикр кард, ки ҷимоъ аз талаботи табиии ҷинсҳо буда, аз он фаъолияти шахс вобаста аст.
Барои феминистони радикалӣ давлат воситаи назорати мардҳо ба шаҳвонияти занон мебошад. Ба назари онҳо агарчи давлат тавассути қонунҳои нейтралиаш амал мекунад, вале дар асл занон аз тарафи давлат чун аз ҷониби мардон гирифтори хушунат мешаванд. То он вақте ки дар давлат мардҳо роҳбаранд ва системаи қонунгузории он ба ҳукумати мардона асос ёфтааст, занон наметавонанд тавассути механизмҳои давлатӣ аз мутеият халос шаванд.
Ҳоло ин се равияи феминистӣ чун дар солҳои 60-уми садаи XX фаъол нестанд ва ҷараёнҳои нав ба мисли феминизми сиёҳ (ҳабашию америкоӣ), феминизмҳои миллӣ, африкоӣ, мусулмонӣ, экологӣ ва ғайра пайдо шудаанд, ки ҳадафашон дифоъ аз ҳуқуқи занон дар маҳалу минтақаҳои алоҳида мебошад.
Бояд гуфт, ки даҳсолаҳои охир равияҳои мазкур ба ҳам омезиш ёфта, самтҳои нави феминизм аз қабили феминизми психоаналитикӣ ва постмодернистӣ ба вуҷуд омаданд.
Феминизми психоаналитикӣ ба худи ҷараёни ташаккули айният аз рўи аломати ҷинсӣ таваҷҷўҳ менамояд. Мувофиқи назарияи равоншиносии таҳлилӣ хислатҳои шахсияти занон ва мардон дар овони кўдакӣ ташаккул меёбанд.
Асоси феминизми психоаналитикиро консепсияи тарси бешуурона, ки мардҳо нисбати образи зан ва имконияти таваллуди вай доранд, ташкил мекунад. Ана ҳамин тарс сабаби пайдоиши падарсолорӣ ҳамчун ҳукумати мардон ва мутеияти зан мебошад.
Ҷулиет Митчелл, Жермина Гриер, Дороти Диннерстайн, Нэнси Чодороу ва дигарон таҳлилҳои психологиро дар феминизм истифода кардаанд.
Феминизми постмодернистӣ (баъди навсозӣ) универсалӣ будани донишу мафҳумҳои дар давраи маърифатнокӣ ташаккулёфтаро зери шубҳа гузошта, нисбияти ҳамаи назарияҳоро эътироф мекунад. Феминистони постмодернистӣ вазъи урфии воқеияту ҳақиқатро инкор мекунанд.
Феминистони постмодернистӣ бештар ба мафҳуми зан ва ҳамаи он чизе, ки бо ў алоқаманд аст, таваҷҷўҳ менамоянд. Барои онҳо зан нест ва танҳо тафсир (интерпритатсия)-и мафҳуми мазкур вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи намояндагони ин самт Элен Сиксу бар он аст, ки занҳое, ки озодиро меҷўянд, беҳтараш аз ин мафҳум худро канора бигиранд, зеро он ба муттаҳидӣ асос ёфта, тафовутро аз байн мебарад.
Ҳамин аст, ки аксари феминистон постмодернизмро қабул надоранд ва онро воситаи падарсолории маҷбуркунии хомўш мондани занон медонанд, вақте ки онҳо беш аз ҳарвақта ба гапзанӣ омодаанд.

ФЕМИНИЗМ ВА ҶОМЕАИ КОММУНИСТӣ

Александра Колонтай соли 1908 китоби «Асосҳои иҷтимоии масъалаи занон» ва соли 1916 китоби «Ҷомеа ва модарӣ»-ро чоп кард. Китоби аввал аз он даъват мекард, ки ҳаракатҳои озодихоҳии занонро на ба мубориза зидди намудҳои тазъйиқ, балки бар зидди сабабҳои пайдоиши он равона карда шавад. Ў ҷонибдори барҳам додани ҳукумат буд, ки ин тазъйиқро ба вуҷуд меорад. Ба қавли вай то он вақте ки зан аз ҷиҳати моддӣ аз мард вобаста аст, вай озод буда наметавонад.
Китоби дуюм беш аз 600 саҳифа буда, дар он вазъи коргарони кишварҳои аврупоӣ таҳлил шудааст. А. Колонтай дар китобаш ба хулоса меояд, ки характер ва шароити кори занон дигар карда шавад. Ҷомеа барои занон шароити мусоиди кор ва тарбияи фарзандонро фароҳам орад. Колонтай пешниҳод мекард, ки баъзе вазифаҳои зан аз қабили тарбияи фарзанд, кори хона ба дўши давлат гузошта шавад. Ба қавли ў боғчаи бачагон, ошхонаҳо, козурхонаҳо ва ғайра метавонанд кори занонро осон бикунанд. Ба ақидаи ў аз байн рафтани вазифаҳои оилавӣ шароити нави муносибатҳои оилавиро ба вуҷуд меорад.
А. Колонтай дар асари дигараш, «Оила ва давлати коммунистӣ» оилаеро, ки бо дўстдории ҳамдигар таъсис ёфтааст, идеалӣ меномад. Ба қавли ў муҳаббати бузурги ҳамдигарӣ метавонад, чунин оилаҳои идеалиро ба вуҷуд орад. Вале ин на ба ҳама дода мешавад. Аз ин рў, вай дўстии тарафайни марду занро, ки на ҳамеша боиси никоҳ мегардад, ҷонибдор аст.
Бояд гуфт, ки аввалин шуда дар ҷаҳон Ҳукумати Шўравӣ пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр (соли 1917) ба занон ҳуқуқу озодиҳо дод. Соли 1918 дар Россия кодекси қонунҳо оид ба вазъи шаҳрвандӣ, никоҳ, оила ва парасторӣ қабул шуд. Тибқи он қайди никоҳ ва ҷудошавӣ осон гардид. Ҳамчунин ҳуқуқи занону мардон баробар дониста шуд.
Феминистон А. Коллонтай, И. Арманд ва Н. Крупская барои сабук кардани заҳмати занон инқилоби маишиеро пеш гирифтанд. Аз рўи лоиҳаи онҳо давлат тавассути таъсиси шабакаи ошхонаву козурхонаҳо, боғчаи бачагон ва ғайра бояд занонро аз кори хона озод карда, барои фаъолияти ҷамъиятии вай шароит муҳайё намояд.
Ногуфта намонад, ки дар давраи шўравӣ баъзан манфиати давлатро ба назар гирифта ҳуқуқи занон поймол мегардид. Масалан, Соли 1936 дар СССР фикона (аборт) манъ гардида, танҳо соли 1955 он аз нав иҷозат дода шуд. Воқеан, ҳоло дар 15 кишвар (аз ҷумла дар Колумбия, Чилӣ, Гондурас, Миср, Сан-Томе, Непал, Филиппин, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Малта, Маврикия, Ҷумҳурии Доминикан, Бутан, Сан — Марино, Ҷибутӣ) фикона (исқоти ҷанин) тамоман манъ аст. Дар 52 давлати дигар фикона танҳо дар ҳолати хатар доштани ҳомила барои зан иҷоза дода мешавад.
Соли 1944, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳукумати СССР вазъи баамаломадаи демографиро ба назар гирифта, қатъ кардани никоҳро мушкил кард ва танҳо соли 1965 талоқ додан аз нав осон гардид.
Баъди ислоҳоти маориф, соли 1954 таълими якҷояи занону мардон (духтарону писарон) иҷозат дода шуд, ки ин як навъ амалигардонии баробарии занону мардон буд.
Соли 1967 Ҳукумати Шўравӣ барои дастгирии оилаҳо тарзи додани алиментро ба низом даровард, ки ин ба беҳбудии вазъи моддии занону кўдакон мусоидат намуд.
Конститутсияи соли 1977 бошад, баробарии вазифаҳои оилавиро барои зану шавҳар муайян кард, ки ин қадами калоне ба пеш буд.
Воқеан, дар давраи шўравӣ ҳаракати феминистӣ тадриҷан ба ҳаракати гендерӣ мубаддал гашт. Вале феминизми ин давра хусусияту маҳдудиятҳои худро дошта, он дар доираи салоҳдиди давлати падарсолорӣ назорату татбиқ карда мешуд.
Аз рўи масоили нақшҳои иҷтимоӣ ва вазъи занон 3 давраро дар Иттиҳоди Шўравӣ метавон номбар кард. Давраи аввал аз ғалабаи Инқилоби октябр дар соли 1917 шурўъ мешавад. Инқилоби сотсиалистӣ воқеан ба занон озодӣ ва баробариро дод. Занон дар ин давра ба касбу ихтисосҳои нав роҳ ёфтанд. Солҳои сиюми садаи гузашта дар СССР саноатикунонии иқтисодиёт шурўъ шуд ва талабот ба нерўи корӣ афзуд. Ҳамин аст, ки дар ин давра ба таври оммавӣ ба истеҳсолот ҷалб кардани занон оғоз шуд. Бояд гуфт, ки дар давраи Шўравӣ, ба вижа солҳои 80-уми асри XX занон 51 фоизи нерўи кориро ташкил мекарданд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар дунё буд. Ҳамчунин дар СССР 92-фоизи занони қобили меҳнат кор ва ё таҳсил мекарданд.
Давраи дуюм аз бозсозии горбачёвӣ- соли 1985 оғоз гардид. Дар ин давраи гуногунандешӣ мавҷуд набудани баробарии воқеии марду зан дар саҳифаҳои матбуот дарҷ гардиданд ва ин проблема рў зад.
Давраи сеюм аз соли 1991- барҳам хўрдани давлати абарқудрати СССР шурўъ шуд. Аз ҳам пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ба низоми иқтисоди бозорӣ рў овардани кишварҳои узви ИДМ боиси паст рафтани мақоми зан дар ҷомеа гашт. Дар байни бекорон шумораи занон ба 70 % расид. Хусусигардонии амволи давлатӣ низ ба ҳаёти занон таъсири манфӣ гузошт, зеро онҳо аз раванди мазкур дар канор монданд.
Ҳамин аст, ки имрўз вазъи зиндагии мардум, ба вижа кўдакону занон дар аксари собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шўравӣ нисбат ба он давра хеле паст рафтааст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин табақаи аҳолӣ озоду баробарҳуқуқанд, вале аз касодии буҷаи давлатҳо ва умуман аз қашшоқӣ ҳуқуқу имтиёзҳои онҳо амалӣ намешаванд.

Суолҳо барои азхудкунии мавзўъ

1. Гендер аз зангароӣ чӣ тафовут дорад?
2. Падарсолорӣ чист?
3. Ҳаракатҳои феминистӣ дар Аврупо кай пайдо шудаанд?
4. Тафовути феминизми либералӣ аз феминизми сотсиалистӣ дар чист?
5. Феминизми социалии муосир аз феминизми марксистӣ чӣ тафовут дорад?
6. Ҷанбаи асосии назарияи феминизми радикалӣ чист?
7. Равияҳои нави феминизми радикалӣ кадомҳоянд?
8. Таъсиси Иттиҳоди Шўравӣ ба рушди феминизм чӣ таъсир дошт?
Қисми 2. ҲУҚУҚИ ЗАНОН ВА КЎДАКОН ДАР ҶОМЕА

ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА
«Агар зан ҳама чизро дошта, имконияти
интихоби озодро надошта бошад, барои ў дороияш
ночиз ва ҳаёташ хушунатбор менамояд»
(Ҷудит Батлер, файласуфи америкоӣ).

Орзуи ҳазорсолаи одамон барои баробарҳуқуқиву озодӣ дар садаи XX то андозае амалӣ гардид. Эъломияи ҳуқуқи инсон, ки 10 декабри соли 1948 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул кард, ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян намуд. Аз ҷумла, тўли беш аз 50 сол вобаста ба ҳуқуқи занон як қатор санадҳо қабул шуданд. Конвенсияи мубориза бар зидди фурўши одамон ва истифодаи фоҳишагарӣ аз ҷониби шахсони сеюм ( 2 декабри соли 1949), Конвенсияи ҳуқуқи сиёсии занон (20 декабри соли 1952), Конвенсияи шаҳрвандии зани шавҳардор (29 январи соли 1957), Конвенсияи мубориза бар зидди маҳдудгардонии ҳуқуқ дар соҳаи таҳсилот (14 декабри соли 1964), Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (16 декабри соли 1966), Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (16 декабри соли 1966), Эъломияи барҳам додани поймолкунии ҳуқуқи занон (7 ноябри соли 1967) Эъломия дар бораи барҳам додани тазъйиқи занон (20 декабри соли 1993), Конвенсияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон ( 26 майи соли 1995) ва ғайра аз ин ҷумла мебошанд.
Ҳамчунин вобаста ба ҳуқуқи занон 18 декабри соли 1979 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои поймол кардани ҳуқуқи занонро қабул кард. Дар конвенсия баробарҳуқуқии зану мард новобаста аз вазъи оилавӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандӣ эътироф гардидааст.
Конвенсияи мазкур даъват мекунад, ки давлатҳо тадбирҳои қонунгузории миллиро дар бораи манъ кардани поймоли ҳуқуқи занон қабул намоянд. Ҳамчунин конвенсия ҳуқуқу ўҳдадориҳои якхелаи марду занро дар ҳаёти оилавӣ муайян менамояд. Ҳимояи ҳуқуқи занон дар соҳаи тиб аз ҷумла, танзими оила дар конвенсия таъкид гардидааст.
Ба иттилои Хазинаи СММ оид ба рушди занон то моҳи марти соли 2006-ум Конвенсияи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои поймол кардани ҳуқуқи занонро 181 давлат ба тасвиб расониданд ва 120 кишвар нақшаи миллии амалӣ намудани баробарии гендериро қабул карданд.
Вобаста ба санадҳои зикргардида ва ҳуҷҷатҳои дигари байналхалқӣ давлатҳо қонунҳои миллии худро таҳияву қабул мекунанд. Аз ҷумла, дар иртибот ба меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ моддаи 17-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занонро баробарҳуқуқ эълон доштааст.
Дар моддаи 33-юми Сарқонун оила ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя карда мешавад: «Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Моддаи 34-уми Сарқонун модару кўдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор медиҳад: «Волидон барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини волидон масъуланд. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Ҳамчунин аз рўи нишондоди моддаи 35-уми Сарқонун «дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст».
Ин нуктаҳои Сарқонун дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.05.1997), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (15.05.1997), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (12.12.1997), Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.05.1998), Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13. 11.1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (01.03.2005) ва асноди дигар арзёбӣ шудаанд. Дар асноди мазкур ҳуқуқи занону кўдакон дастгирӣ ёфта, барои онҳо баъзе имтиёзҳо низ пешбинӣ мешаванд.
Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши занон барои солҳои 1998-2005-ум» тасдиқ кардааст, ки тандурустӣ, таҳсил, тарбияи кадрҳо, мубориза бар зидди камбизоатӣ, пешгирии зўроварӣ нисбати занон ва ғайраро дар бар мегирад.
Ба ғайри ин Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ доир ба ноил шудан ба ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010-ум» қабул шудааст.
Моҳи декабри соли 1999 Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» фармон содир намуд.
Аз соли 1997 ин ҷониб дар мактабҳои олии Тоҷикистон духтарони деҳоти кўҳистони ҷумҳурӣ бо квотаи президентӣ ба таври имтиёзнок таҳсил мекунанд. Иқдоми мазкур бо фармони президент аз 3-юми декабри соли 1999-ум ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001-ум «Дар бораи қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи квотаи президентӣ барои солҳои 2001-2005-ум» қонунӣ гаштааст.
1 марти соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул шуд, ки он дар амалӣ кардани баробарҳуқуқии гендерӣ нақши муҳим дорад. Қонуни мазкур иҷрои асноди пеш қабулшударо оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон кафолат медиҳад.
Моддаи 3-юми қонуни номбурда поймол кардани ҳуқуқи мардону занонро манъ кардааст. Аз ҷумла дар он омадааст:
Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рўи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), поймолкунии ҳуқуқ шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи қонуни мазкур бартараф карда шавад.
Дар ҳамин ҳол қонун чораҳои зеринро поймолкунии ҳуқуқ наменомад:
— чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон;
— муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кўдак;
— чораҳои амалӣ гардондани нуктаҳои қонуни мазкур.
Моддаи 5-уми қонуни мутазаккира иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад:
Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.
Тибқи Моддаи 6-уми ин қонун давлат имкониятҳои баробари мардону занонро дар соҳаи маориф ва илм кафолат медиҳад:
Муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд:
— ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд;
— курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳукуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд;
— барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсиеро, ки тарғиби поймолкунии ҳуқуқро аз рўи ҷинс истисно менамоянд, истифода баранд;
— барои духтарони ноҳияҳои кўҳистон, деҳот ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ шароити имтиёзнок муҳайё намоянд.
Амали ин модда ҷараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии ҳарбиро низ фаро мегирад.
Бояд гуфт, ки иҷрои ин моддаи қонун стереотипҳоро оид ба фаҳмиши кори мардӣ будани хизмат ва таълим дар муассисаҳои ҳарбӣ барҳам мезанад ва баробарҳуқуқии мардону занонро бори дигар собит менамояд. Ҳамчунин минбаъд на танҳо чанд нафар духтарони кўҳистонӣ бо квотаи президентӣ имконияти таҳсилро дар макотиби олӣ пайдо мекунанд, балки акнун ҳамаи духтарони деҳот ва кўҳистони Тоҷикистон аз чунин имтиёз баҳраманд мешаванд.
Давлати Шўравӣ ҳанўз тибқи Сарқонуни соли 1936 имконияти баробари иштироки мардону занонро дар интихобот таъмин намуда буд. Дар Сарқонуни минбаъдаи Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1977) ва Сарқонуни Тоҷикистон (1994) низ ин нукта қайд шудааст.
Аз рўи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд.
Моддаи 10-уми қонун бошад, имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ ва адои хизматро таъмин мекунад:
Ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, инчунин адои он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ новобаста ба ҷинсияти довталаб таъмин намоянд.
Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.
Ба эълон кардани озмунҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад.
Тибқи моддаи 12-уми ин қонун мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳукуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ- иқтисодӣ вазифадоранд:
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.
Аз рўи моддаи 13-ум бошад, бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо корҳои зайлро ба ҷо меоварад:
— барои мардону занон ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатӣ имкониятҳои баробар муҳайё менамояд;
— ба мардону занон ҷойҳо (вазифаҳо)-и холии корро дастрас мегардонад;
— барои мардону занон ҳангоми иҷрои кори якхела ё коре, ки қиматаш баробар аст, музди меҳнат(мукофот)-и баробар медиҳад;
— барои такмили ихтисос, бозомўзӣ, болоравӣ дар хизмат имконияти баробар муҳайё менамояд;
— шароити якхелаи бехатарии меҳнатро, ки барои ҳаёт ва саломатии ҳам мардон ва ҳам занон зарур аст, таъмин менамояд.
Тибқи моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» баробарии гендерӣ дар мавриди ба таври оммавӣ аз кор озод кардани кормандон кафолат дода мешавад.
Дар сурати ба таври оммавӣ аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисаҳо аз рўи ҷинсҳо риоя карда шавад.
Кодекси меҳнат(КМТ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 майи соли 1997 қабул гардида, 17 майи соли 2004 ба он тағйироту иловаҳо ворид шудааст, низ аз ҷумлаи он аснодест, ки ба занону кўдакон нисбати мардон ҳуқуқу имтиёзҳои баробар ва ё бештар медиҳанд.
Дар гендершиносӣ истилоҳи Тафриқагузории музди меҳнат бисёр истифода мешавад, ки он фарқи пардохти музди меҳнати занону мардонро ифода мекунад. Бояд гуфт, ки баъзан тафриқагузории музди меҳнатро нодуруст мефаҳманд ва гумон мекунанд, ки гўё барои иҷрои як кор ё вазифаи якхела ба занону мардон музди гуногун пардохта мешавад. Ин ақида билкулл хатост. Зеро дар Тоҷикистон тибқи қонун новобаста аз ҷинс барои кори якхела музди баробар пардохта мешавад. Тафриқагузории музди меҳнат аксаран аз он сар мезанад, ки занон бо сабабҳои гуногуни айниву зеҳнӣ наметавонанд дар вазифаҳои сермаоши мардон ба кор ҷалб карда шаванд. Масалан, тибқи қонун дар корҳои вазнин ва ба саломатӣ хатарнок, ки асосан сермаошанд, ҷалб кардани занон манъ аст. Ҳамчунин аксаран занон бинобар ба дўш доштани кори хона наметавонанд талаби вазифаҳои баландмаоши роҳбарӣ бикунанд. Дар ин ҳол албатта, музди меҳнати занҳо нисбат ба мардон паст хоҳад шуд.
Ба иттилои Хазинаи СММ оид ба рушди занон ҳоло дар дунё қариб 330 миллион нафар занон дар як рўз камтар аз 1 доллар маош мегиранд ва ин гурўҳ 60 фоизи теъдоди умумии аҳолии қашшоқро ташкил мекунанд.
Дар масъалаи тафриқагузории музди меҳнат дар тўли тамоми асри ХХ дар ҳамаи манотиқи олам афзалияти мардон бар занон ба мушоҳида мерасад, ки калавиши он вобаста ба кишварҳои гуногун аз 75 фоиз то 30 фоизро ташкил менамояд. Тибқи пажўҳиши СММ дар кишварҳои саноаташон рушдкарда маоши занон ба 77 фоизи маоши мардон баробар аст. Дар кишварҳои рў ба рушд бошад, ин нишондиҳанда 73 фоизро ташкил медиҳад. Масалан, музди кори занон дар Олмон 70 %-и маоши мардонро ташкил мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки ба зан барои он ки баробари мард маош бигирад, лозим аст, ки дар як сол понздаҳуним моҳ меҳнат намояд. Дар ИМА занҳои миёнсол андаке бештар — баробари 74%-и маоши мардон музд мегиранд. Ин нишондиҳанда дар Шветсия ба 83 % баробар аст. Ғайр аз ин, на танҳо ҷинс, балки синну сол ҳам метавонад ба музди занон таъсир расонад. Занони 50 — сола ва синнашон аз ин зиёдтар метавонанд танҳо ба 65%-и музди мардон умед банданд. Яъне баъди як давраи ба ҳам наздикшавӣ, тафриқаи музди меҳнати мардону занон боз аз нав меафзояд. Маоши миёнаи занони африқоинажоди амрикоӣ ҳаргиз аз 65%-и маоши мардон боло намеравад, музди меҳнати занҳои Амрикои Лотинӣ 57%, занони Россия бошад, мувофиқи факту рақамҳои соли 1999 ҳамагӣ 45%-и маоши мардонро ташкил менамояду бас. Вазъият дар кишварҳои мусулмоннишин аз ин ҳам бадтар аст: дар ин мамлакатҳо занон наметавонанд ҳатто сеяки маоши мардонро дошта бошанд. Масалан, таносуби маоши зан дар Арабистони Саъудӣ ба 21 фоизи маоши мард баробар аст.
Маълумоти оморӣ аз он дарак медиҳад, ки ҳар як тифли ба дунё омада маоши занро боз ҳам камтар менамояд. Зеро зан маҷбур аст ба рухсатии нигоҳубини кўдак барояд ва ё ба кори нопурраи каммаош гузарад. Ҳамин боис гардида, ки дар баъзе кишварҳо занон барои аз даст надодани кори сермаош ҳатто аз баҳри таваллуд кардан мебароянд ва ё дар синни ба саломатӣ хатарнок соҳиби фарзанд мешаванд.
Тафовути гендерии пардохти музди меҳнат дар байни гурўҳҳои сердаромад ва баландихтисос аз ҳама зиёд ба назар мерасад. Занон наметавонанд ба сатҳи баланди роҳбарӣ роҳ ёбанд. Ҳам дар ИМА ва ҳам дар Олмон шумораи заноне, ки дар ширкатҳои калонтарин маснади президентиро ишғол кардаанд, чандин сол боз аз 3% боло намеравад. Дуруст аст, ки ба кор ҷалб гардидани занон то андозае миқдори онҳоро дар сатҳи роҳбарони миёнаи соҳаҳои савдо ва молия зиёд гардондааст. Вале дар ҳар сурат дар ин соҳаҳо ҳам миқдори занон дар Аврупо 30%, дар ИМА бошад, 40 %-ро ташкил менамояд. Занони дар ин бахшҳо пешрафта дар ҳамин сатҳи миёна бозмондаанд ва бартараф кардани монеа барояшон ғайриимкон аст.
Дар ҳамин ҳол дар амалӣ кардани баробарии гендерӣ дар баъзе кишварҳо пешравӣ ба назар мерасад. Масалан, соли 2004 таносуби мардону занон дар Ҳукумати Шветсия 50 % ба 50% буд. Дар парламенти ин кишвар занон 45,3 фоизро ташкил медоданд, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Руанда ба 45 %, дар Дания ба 38 % ва дар Тоҷикистон ба 17,5 % баробар мебошад.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 15 фоизи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти идораи давлатӣ кор мекунанд. Дар вазифаҳои роҳбарони дараҷаи миёнаи вазорату идораҳо шумораи занон беш аз 20 фоизро ташкил медиҳанд. Шумораи занони роҳбар аз ҳама бештар дар ҷамоатҳои деҳот, ки аксаран муовин ё котиби раисанд, ба мушоҳида мерасанд. Теъдоди онҳо қариб ба 50 фоизи вазифаҳои роҳбарикунанда дар ин мақом баробар аст. Мутаассифона, шумораи занон дар вазифаи роҳбари хоҷагӣ(3,4%) ва роҳбари корхонаҳо (4,6%) хеле кам аст. Шумораи роҳбарзанон дар муассисаҳои сиҳатӣ ва маориф хеле кам аст. Масалан, дар вазифаи директори мактабҳо ҳамагӣ ҳудуди 16 % ва дар вазифаи сардухтур каме бештар аз 26 % занон фаъолият доранд, ҳол он ки асосан дар ин муассисаҳо занон кор мекунанд.
Аз рўи пажўҳиши СММ феълан 4 кишвар — Шветсия, Дания, Финляндия ва Норвегия дар соҳаи таҳсилоти умумии миёна, намояндагии занон дар парламент ва ё мақомоти қонунбарор дар дараҷаи на кам аз 30 то 50 фоиз ба баробарии гендерӣ ноил шудаанд.
Ногуфта намонад, ки аз рўи нишондиҳандаи рушди гендерии Барномаи тараққиёти СММ Норвегия дар ҷои аввал, Шветсия дар ҷои дуввум, Австралия дар ҷои сеюм ва ИМА дар ҷои ҳаштум қарор доранд.
Бояд гуфт, ки моддаи 7-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар медиҳад. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рўи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пўст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст.
Аз ҷумла, тибқи моддаи 102-юми кодекси мазкур корфармо вазифадор аст, ки ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш якхел маош диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.
Дар моддаи 159-ум бошад, барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардан кафолатҳо муқаррар шудаанд. Аз ҷумла ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддории онҳо манъ аст.
Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила ё зане, ки тифли то 3-сола дорад ва модарони яккаву танҳо, фарзандони то 14-сола (фарзанди маъюби то 16-сола) доранд, корфармо вазифадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад.
Ашхоси мазкур аз саркашии корфармо метавонанд ба суд муроҷиат бикунанд.
Кофармо вазифадор аст, занонеро, ки хадамоти шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, дар асоси квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.
Аз рўи моддаи 155-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдўш намудани зане, ки кўдаки то 3-сола дорад, бо ҷарима ба андозаи аз 300 то 500 ҳадди ақали маош ё ба корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон (КМТ) барои беҳдошти вазъи саломатии занон истифодаи меҳнати онҳо дар корҳои вазнин манъ аст. Аз ҷумла тибқи моддаи 160-ум занонро дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарнок, ҳамчунин дар корҳои борбардорию боркашии дастии аз меъёри барои онҳо қабулшуда зиёд, кор фармудан манъ аст.
Дар моддаи 161-ум бошад, ба корҳои шабона ҷалб кардани занон ба истиснои он соҳаҳои хоҷагии халқ, ки хеле зарур аст, манъ мебошад.
Ҳангоми корҳои наздикихтисос ба заноне, ки кўдакони то 14-сола (кўдакони маъюби то 16-сола) доранд, бо назардошти имконияти истеҳсолот имтиёз дода шавад, ки онҳо рўзона кор кунанд.
Ҳамчунин тибқи моддаи 162-юм ба корҳои шабона, изофакориҳо ва корҳои рўзи истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хидматӣ фиристодани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то 3-сола доранд, иҷозат дода намешавад.
Занони фарзандонашон аз 3 то 14-сола (фарзандони маъюбашон то 16-сола)-ро танҳо бо ризоияти худашон ба изофакориҳо ҷалб кардан ё ба сафари хидматӣ фиристодан мумкин аст.
Дар моддаи 163-юми Кодекси меҳнат ба кори сабуктар гузаронидани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то 1,5-сола доранд муайян шудааст:
Меъёри коркард, меъёри хизматрасонии занони ҳомила мутобиқи хулосаи тиббӣ кам карда мешавад ё онҳо ба кори сабуктари ба омилҳои номусоиди истеҳсолӣ гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори пешинаашон дода мешавад.
То ҳалли масъалаи гузаронидани зани ҳомила ба кори дигари сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ ўро бояд аз кор озод карда, моҳонаи миёнааш барои тамоми рўзҳои бо ин сабаб кор накарданаш пардохта шавад.
Занони кўдаконашон то 1,5-сола дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кўдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни 1,5-сола расидани кўдаконашон ба кори дигар гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори собиқаи онҳо дода мешавад.
Аз рўи моддаи 164-уми КМТ бошад, ба занони ҳомила пеш аз таваллуд 70-рўзи тақвимӣ ва баъди таваллуд 70 рўз( дар ҳолати таваллуди мушкил — 86 рўз, таваллуди ду ва зиёда тифл — 110 рўз) рухсатӣ дода, барояшон кўмакпулӣ аз рўи бимаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.
Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд якҷоя ҳисоб карда, он сарфи назар аз миқдори рўзҳое, ки занон воқеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад.
Тибқи моддаи 165-ум бошад, баъди хатми рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд барои нигоҳубини тифл бо хоҳиши зан ба ў то ба синни якунимсола расидани кўдак рухсатӣ дода, барояш кўмакпулӣ аз рўи бимаи давлатии иҷтимоии тамоми ин давра пардохта мешавад.
Бо хоҳиши зан ҳамчунин то ба синни сесола расидани тифл барои нигоҳубини вай рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад. Аз ин ҳуқуқ падари тифл, бобою бибӣ, хешовандон ва ё васии тифл, ки воқеан ўро нигоҳубин мекунанд, метавонанд истифода баранд.
Дар давраи рухсатӣ ҷои кор нигоҳ дошта шуда, он ба собиқаи умумии корӣ дохил карда мешавад.
Ғамхории дигаре, ки қонун нисбати модар ва кўдак муқаррар кардааст, дар моддаи 167-уми кодекси мазкур инъикос ёфтааст:
Ба заноне, ки кўдаки то 1,5-сола доранд, ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва хўрокхўрӣ барои маконидани кўдаконашон танаффуси иловагӣ дода мешавад.
Ин гуна танаффус камаш баъди ҳар 3 соат ва ба муддати на камтар аз 30 дақиқа дода мешавад.
Тибқи моддаи 168-уми КМТ бо хоҳиши зани ҳомила, зане, ки фарзанди то 14-сола (фарзанди маъюби то 16-сола) дорад, аз ҷумла онҳое, ки таҳти парастории ў ҳастанд ё шахсоне, ки аз рўи хулосаи тиббӣ ба узви бемори оила нигоҳубин мекунанд, корфармо вазифадор аст барои онҳо рўзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд.
Аз рўи нишондоди моддаи 169-ум ба яке аз волидон, ки фарзанди маъюби то 16-соларо парасторӣ мекунад, моҳе як рўзи истироҳати иловагӣ дода, музди он ба андозаи музди якрўза аз ҳисоби маблағи бимаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.
Тибқи моддаи 170-ум барои занон ҳангоми муқаррар намудани навбати рухсатии ҳарсола имтиёз муайян гардидааст. Аз ҷумла ба занҳои ҳомила ва таваллудкарда рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо мутобиқан пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он ва ё баъди рухсатии нигоҳубини кўдак, сарфи назар аз собиқаи кории онҳо дар ташкилоти мазкур дода мешавад. Ба занҳое, ки ду ё зиёда фарзанди то 14-сола ё фарзанди маъюби то 16-сола доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳое, ки фарзанди то 14-сола (фарзанди маъюби то 16-сола) доранд, рухсатии ҳарсолаи корӣ бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё ба дигар вақти ба онҳо мувофиқ дода мешавад.
Ҳамчунин тибқи моддаи 171-ум барои заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то 14- сола (ё фарзанди маъюби то 16-сола) доранд, бо хоҳиши онҳо ҳар сол ба муддати на камтар аз 14 рўз рухсатии бепул дода мешавад. Ин рухсатиро ба рухсатии ҳарсолаи корӣ илова карда ё дар даврае, ки ба мувофиқаи корфармо муқаррар шудааст, алоҳида (пурра ё қисм ба қисм) истифода кардан мумкин аст.
Тибқи моддаи 172-юми КМТ барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми қатъи шартномаи меҳнатӣ кафолатҳо муқаррар шудаанд:
Шартномаи меҳнатиро бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то 3-сола (модарони танҳо ҳангоми доштани фарзанди маъюби то 16-сола) доранд, бо ташаббуси корфармо қатъ кардан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хўрдани ташкилот, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи меҳнатӣ баъди ҳатман бо кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Занони зикршударо вориси корхонаи барҳамхўрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти шуғли аҳолӣ ҳатман ёрӣ расонида, дар ин давра онҳоро бо кўмакпулиҳои муқарраркардаи қонун таъмин менамояд.
Корфармо занони мазкурро ҳамчунин дар ҳолати қатъи шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ бинобар гузаштани мўҳлати он ҳатман ба кор таъмин мекунад. Дар ин давра, аммо на зиёда аз 3 моҳи хатми мўҳлати шартномаи меҳнатӣ музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Дар моддаи 173-юми КМТ ба ашхосе, ки кўдаконро бе модар тарбия мекунанд низ кафолату имтиёз муқаррар шудааст. Тибқи моддаи мазкур кафолату имтиёзҳои зани тифлдор аз қабили маҳдуд кардани кори шабона, изофакориҳо, ба корҳои рўзи истироҳат ҷалб накардан, ба сафари хидматӣ нафиристодан, додани рухсатии иловагӣ, муқаррар намудани низоми имтиёзноки меҳнат ва дигар кафолату имтиёзҳо, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ба падарон ва васиёне, ки кўдакро тарбия мекунанд, татбиқ мешаванд.
Тибқи моддаи 218-уми КМТ ба занон кўмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад сарфи назар аз он, ки чанд рўзи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рўзи он пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.
Тибқи моддаи 219-уми кодекси мазкур кўмакпулиҳои оилавӣ (кўмакпулии яквақта ба муносибати таваллуди кўдак, кўмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кўдак то якунимсола шудани ў) ба корманд бо тартиби шартҳо ва андозаи муқарраркардаи қонун пардохта мешавад.
Аз ҷумла, кўмакпулии яквақта бинобар таваллуди кўдак ба андозаи зерин муайян карда мешавад:
а) ҳангоми таваллуди кўдаки якум ба андозаи се маоши ҳадди ақал;
б) ҳангоми таваллуди кўдаки дуюм ба андозаи ду маоши ҳадди ақал;
в) ҳангоми таваллуди кўдаки сеюм ва зиёда аз он ба андозаи як маоши ҳадди ақал.
Кўмакпулии яквақтаро бинобар таваллуди кўдак падар ё модари кўдак аз ҷои кор ё таҳсили онҳо мегиранд. Агар волидони кўдак кор накунанд, кўмакпулии яквақта аз ҷониби шўъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ҷои истиқомати яке аз онҳо пардохта мешавад.
Ин кўмакпулӣ на дертар аз 6 моҳи аз рўзи таваллуди кўдак пардохта мешавад.
Кўмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кўдак то якунимсола шудани он ба модари кўдак ҳамон вақт таъин карда мешавад, ки агар ў аз ҷои кораш барои ин давра рухсатӣ гирад. Ҳамчунин кўмакпулии мазкурро шахсе, ки бевосита ба нигоҳубини кўдак машғул аст, метавонад бигирад. Андозаи кўмакпулӣ 100 фоизи музди маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ аз ҷониби аксари мансабдорон ба меҳнати маҷбурии ройгон ҷалб кардани кормандон ба таври алоҳида ва оммавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Кор то ба дараҷае расидааст, ки ба чунин шанбегиҳо ноболиғон ва ҳатто хонандагони синфи якуми мактабҳоро ҷалб мекунанд. Ба вижа ба баҳонаи ободонии маҳал ё корхонаву ташкилот гузаронидани шанбегиву якшанбегиҳо пайваста ба мушоҳида мерасад. Ҳол он ки тибқи қисми сеюми моддаи 35-уми Сарқонуни Тоҷикистон ва моддаи 8-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон меҳнати маҷбурӣ манъ аст. Дар ҳамин ҳол қонун чунин корҳоро маҷбурӣ намедонад:
1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;
2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити хоҷагиҳои фавқулодда, ҳангоми таҳти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;
3) корҳое, ки дар натиҷаи эътибор пайдо намудани ҳукми суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати конуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.
Дар ин ҳол кормандро ба ихтиёри шахсони алоҳида, ширкатҳои хусусӣ гузоштан мумкин нест.
Аз ин нуктаи қонун шанбегиҳое, ки мансабдорон зердастонашонро кор мефармоянд, меҳнати маҷбурӣ аст ва онҳо бояд барои ин амалашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 ноябри соли 1998 қабул шудааст, низ ба занон ҳуқуқу имтиёзҳо пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла тибқи моддаи 10-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон (КОТ) никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои зану шавҳар пас аз ин ба миён меоянд. Ба гуфти вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар нишасти матбуотие, ки 18 январи соли 2006-ум баргузор гардид, соли 2005-ум дар ҷумҳурӣ 52322 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2004-ум 4871 адад зиёд мебошад.
Тибқи моддаи 12-уми КОТ барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани издивоҷкунанда ва синни никоҳ доштани онҳо зарур аст. Аз нигоҳи дини мубини ислом низ ҳуқуқҳои зану мард дар мавриди никоҳ баробаранд. Дар «Қуръон» гуфта мешавад, ки ризоият ба никоҳ аввал аз ҷониби зан ва сипас аз ҷониби мард дода мешавад (сураи 44, Нисо). Синни никоҳ дар ҷумҳурӣ аз 17-солагӣ муқаррар шудааст, вале дар ҳолатҳои истисноӣ суд онро ба мўҳлати на бештар аз 1 сол кам карда метавонад.
Тибқи моддаи 168-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (КҶТ) ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидон ё ашхосе, ки духтар таҳти васоияти онҳост, ё ашхосе, ки ў тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан, бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то 2 сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мўҳлат ё ҳабс ба мўҳлати то 6 моҳ ҷазо дода мешавад.
Аз рўи моддаи 169-уми КҶТ барои бастани ақди никоҳ ба шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то 2 сол ё ҳабс ба мўҳлати то 6 моҳ ҷазо дода мешавад.
Тибқи моддаи 170-уми КҶТ барои бисёрникоҳӣ, бисёрзанӣ, яъне бастани ақди никоҳ бо ду зан ё зиёда аз он ба ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Бояд гуфт, ки имрўз дар ҷомеаи мо амали номатлуби бисёршавҳарӣ пайдо шудааст. Дар ин нуктаи қонун дар бораи бисёршавҳарӣ сухан нест. Аз ин рў, барои амали бисёршавҳарӣ ҷазо муқаррар нагардидааст ва ин то андозаи баробарҳуқуқии мардону занонро поймол мекунад.
Ногуфта намонад, ки моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятӣ дар ҷумҳурӣ чандон амал намекунад. Аз рўзи қабули қонуни мазкур то ба имрўз ҳамагӣ чанд нафар барои бисёрзанӣ ҷазо гирифтаанду халос. Ҳол он ки ин амали номатлуб ва поймолкунандаи ҳуқуқи занон дар ҷомеаи имрўзаи мо рушд дорад. Аксаран худи кормандони мақомоти баландпояи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ин амали номатлуб даст мезананд ва бе ҷазо мемонанд.
Қобили зикр аст, ки қонунгузории Тоҷикистон занони ҳомила ва дорои тифли хурдсолро дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла тибқи моддаи 17-уми Кодекси оила шавҳар ҳуқуқ надорад, ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми 1,5 соли пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани никоҳ даъво пешниҳод намояд.
Моддаи 32-юми Кодекси оилаи Тоҷикистон баробарии зану шавҳарро дар оила чунин муайян кадааст:
1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳали будубош озод аст.
2. Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, ба таҳсил фаро гирифтан ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд.
3. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтироми кўмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некўаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.
Тибқи моддаи 33-юми КОТ ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия низ баробар аст. Аз ҷумла ҳини ақди никоҳ онҳо ихтиёран фамилияи якеро ҳамчун фамилияи умумӣ интихоб менамоянд ё ҳар яке фамилияи то издивоҷии худро нигоҳ медоранд ва ё метавонанд ба фамилияи худ фамилияи ҳамсарашонро илова намоянд.
Қобили тазаккур аст, ки аксаран дар оилаҳо хушунат нисбати занон аз баҳси амволӣ сар мезанад. Шавҳар занашро ба он муттаҳам мекунад, ки вай кори ҷамъиятӣ накарда, дар амволи мавҷудаи оила саҳме надорад. Албатта, чунин андешаи мардон нодуруст аст, зеро амволе, ки зану шавҳар дар давраи заношўӣ ҷамъ кардаанд, тибқи моддаи 34-уми Кодекси оила моликияти муштараки онҳо мебошад. Ҳуқуқ ба амволи муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношўӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекад, ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.
Дар ҳамин ҳол тибқи моддаи 35-уми ҳамин кодекс соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, бо ризоияти мутақобилаи онҳо сурат мегирад.
Аз рўи моддаи 36-ум ҳамсарон ҳамчунин метавонанд моликияти худро дошта бошанд. Ба ин амволе, ки то ақди никоҳ ба онҳо тааллуқ дошт, инчунин амволе, ки дар давраи заношўӣ ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтаанд, дохил мешавад. Ба ғайри ин ашёи истифодаи шахсӣ(либос, пойафзол ва ғайра) ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношўӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ байни зану шавҳар ё номзадҳо бастани аҳдномаи никоҳ маъмул аст. Ин амал солҳои охир дар ҷумҳурии мо низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 40-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар метавонанд, аҳдномаи никоҳ банданд, ки он ҳуқуқи амволӣ ва ўҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношўӣ муайян мекунад. Ин аҳдномаро онҳо метавонанд пеш аз ақди никоҳ ё дар давраи заношўӣ бубанданд. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, онро нотариус тасдиқ менамояд. Аҳдномаи никоҳ дар асоси ризоияти ихтиёрӣ баста шуда, танҳо баъди сабти ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
Зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ метавонанд, ки ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ ҳинни таъминоти якдигар, тариқи иштирок дар даромади ҳамдигар, тартиботи хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо муқаррар намоянд.
Дар аҳдномаи никоҳ маҳдудкунии ҳуқуқҳои зан ба мисли ҳуқуқ ба меҳнат, машғулияти эҷодӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра манъ аст.
Аҳдномаи никоҳ дар чунин ҳолатҳо беэътибор дониста мешавад:
— агар никоҳ ғайривоқеӣ дониста шавад;
— агар шартҳои аҳднома яке аз ҳамсаронро ба ҳолати номатлуб гузошта, мухолифи қонун бошад;
— агар аҳднома барои назарфиребӣ баста шуда бошад;
— агар яке аз ҳамсарон корношоям бошад ё аз ҷониби суд ба корношоямӣ маҳдуд гардида бошад;
— агар яке аз ҳамсарон вақти бастани аҳднома қобилияти дарк кардани амалашро надошта бошад ва ё бо фиреб, зўрӣ, таҳдид ё шароити вазнини зиндагӣ аҳдномаро имзо карда бошад.
Тибқи қонун мўҳлати беэътибор донистани аҳномаи никоҳ 3 сол муқаррар шудааст.
Аз рўи моддаи 88-уми КОТ фарзандони болиғ барои нигоҳубини волидон ўҳдадоранд. Аз ҷумла фарзандони болиғи қобили меҳнат ўҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кўмак эҳтиёҷманди худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи моддаи 85-уми КОТ волидон вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кўмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
Аз рўи моддаи 86-ум бошад, суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷўёни таҳсили рўзонаи макотиби миёнаи махсус ё олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни 20-солагӣ ва 24-солагӣ расиданашон аз волидон алимент ситонад.
Моддаи 90-уми кодекси мазкур вазифаи зану шавҳарро дар бобати таъминоти якдигар низ муқаррар кардааст:
1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
2. Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар онҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:
— зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;
— зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми 3 соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
— зан ё шавҳари мўҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби 18-сола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурўҳи якумро нигоҳубин мекунанд.
Дар моддаи 91-уми Кодекси оилаи Тоҷикитстон ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ чунин омадааст:
1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент талаб кунанд:
— зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми 3 соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
— зан ё шавҳари собиқи мўҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби 18-сола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурўҳи якумро нигоҳубин мекунанд;
— зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мўҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани никоҳ аз даст додааст;
— зан ё шавҳари мўҳтоҷе, ки на дертар аз 5 соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати 5 сол дар ақди никоҳ бошанд.
Бародарону хоҳарони ноболиғи мўҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони болиғи корношоями мўҳтоҷ дода мешавад, ки онҳо аз фарзандони болиғи худ, зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё волидонашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.
Тибқи моддаи 96-уми КОТ бобою бибӣ оид ба таъминоти набераҳои худ ўҳдадоранд:
Набераҳои ноболиғи мўҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони болиғи корношоями мўҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё волидонашон таъминот гирифта натавонанд.
Моддаи 97-уми Кодекси оила дар айни замон ўҳдадориҳои набераҳоро оид ба таъминоти бобою бибӣ муқаррар кардааст:
Бобою бибии мўҳтоҷи корношоями мўҳтоҷ дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсар (ҳамсари собиқ)-и худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент талаб кунанд.
Тибқи моддаи 98-уми ҳамин кодекс писарандар ва духтарандар низ ўҳдадор аст таъминоти модарандар ва падарандари худро ба дўш дошта бошад.
Ба иттилои вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар як нишасти матбуотӣ (18 январи соли 2006) соли 2005-ум дар ҷумҳурӣ 2899 талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2004-ум 272 адад зиёд аст. Дар ин ҳол аксаран фарзандони ноболиғ бо модаронашон мемонанд.
Аз рўи пажўҳиши ТҒД «Рушд» ҳинни ҷудо шудани волидон дар вилояти Хатлон 94 фоизи кўдакон дар тарбияи модаронашон мемонанд. Дар ин ҳол албатта, падар бояд барои таъмини моддии фарзандаш алимент диҳад. Ин нуктаро дини Ислом низ ҷонибдор буда, дар «Қуръон» мардонро чунин вазифадор мекунад: «Ҳангоми талоқ кардани модари кўдаки синамак ду соли тамом бурдани хароҷот барои ғизои зарурӣ ва либосворӣ мебояд…» (сураи 233, Бақара).
Қонунгузории Тоҷикистон барои таъминоти фарзандони ноболиғ барои волидон алимент муқаррар кардааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 81-уми Кодекси оилаи ҶТ ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз волидони онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерўёнад: барои як фарзанд-чоряк, барои ду фарзанд-сеяк, барои 3 фарзанд ва зиёда аз он- нисфи музди меҳнат ва даромади дигари волидон.
Аз рўи моддаи 84-уми КОТ алимент барои кўдакони бе парастори волидон монда ситонида шуда, ба васии вай пардохта мешавад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (15 майи соли 1997) ба ҳифзи сиҳатии модар таваҷҷўҳи хоса дода мешавад. Аз ҷумла тибқи моддаи 33-юми қонуни мазкур ҳифзи сиҳатии модар бо чунин роҳҳо таъмин карда мешаванд:
— ташкили шабакаи васеи муассисаҳои махсуси тиббӣ;
— манъи татбиқи меҳнати зан дар корҳои зеризаминӣ ва ҳамчунин дар корхонаҳои корашон вазнин ва барои саломатӣ зиёновар;
— кор ёфта додан ба занони ҳомила дар шароите, ки ба хосиятҳои физиологӣ ва аҳволи саломатии онҳо мувофиқ аст;
— беҳтару гуворо кардани шароити меҳнату маишат;
— андешидани тадбирҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ ва додани имтиёзоте, ки қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
— амалӣ гардондани чораҳои беҳдошти муҳити зист, барҳам додани омилҳои манфии экологӣ, ки (ба ҳуҷайраҳои ҷинсии) аҳолӣ таъсир расонда, боиси таваллуди кўдакони заифу дардманд, бемории рўзафзуни занон мегарданд;
— мададу кўмаки давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба оила ва тадбирҳои дигар.
Аз рўи моддаи мазкури қонун ба зан ҳукуқ дода мешавад, ки масъалаи модар шуданашро худаш ҳал бикунад.
Бо хоҳиши зан ҷиҳати ҳифзи саломатиаш усулу воситаҳои ҳозиразамони зидди ҳомиладорӣ истифода бурдан мумкин аст, ки онҳо ҳомиладоршавии номатлубро пешгирӣ менамоянд.
Дар ҳамин ҳол тибқи моддаи 124-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба исқоти ҳамл маҷбур кардани зан, агар дар натиҷа фикона амалӣ гардад, бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то 2 сол ё ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 33-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ» бо роҳи тиббӣ (ҷарроҳӣ) безурриёткунии зан мувофиқи ризоияти хаттии ҳамсарон сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол дар ин нуктаи қонун дар бораи бо роҳи ҷарроҳӣ безурриёт кардани мард сухан нест, ки ин як навъ ҳуқуқпоймолкунии занон аст. Зеро дар амал бо роҳи тиббӣ (ҷарроҳӣ) безурриёткунии мардон низ вуҷуд дорад.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 майи соли 1998) низ нисбати занону кўдакон баъзе имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла тибқи моддаи 52-юми КҶТ ба ашхоси ба синни 16-солагӣ нарасида, занони сину солашон аз 50 ва мардони аз 60 боло, занони ҳомила, ашхосе, ки бо сабаби нигоҳубини кўдак дар рухсатӣ мебошанд, маъюбони гурўҳи 1 ва 2 таъини корҳои ислоҳӣ-меҳнатӣ манъ аст.
Аз рўи моддаи 78-уми КҶТ занони ҳомиладори маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни 3-соларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба мўҳлати зиёда аз 5 сол маҳкум гардидаанд, суд метавонад дар доираи мўҳлате, ки тибқи қонунҳои амалкунанда занро бо сабаби ҳомила, таваллуд ва то 3-сола шудани кўдак аз кор озод кардан мумкин аст, аз адои ҷазо озод намояд.
Ҳамчунин зани маҳкумшудаи ҳомила ё дорои кўдаки 3-сола аз ҷазо озод карда мешавад, ки оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ў зиндагӣ кардан розигӣ додаанд ё барои мустақилона таъмин кардани шароити зарурии тарбияи кўдак имконият дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои наздик аз рўи қисми 2-юми моддаи 59-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қатл ба зан ё шахсе, ки то синни 18-солагӣ ҷиноят содир кардааст, таъин карда намешуд. Баъдан аз 15 июли соли 2004 дар ҷумҳурӣ барои қатл моратория эълон карда шуд. Феълан тибқи тағйироту иловаҳо ба КҶТ аз 1 марти соли 2005 ҳукми қатл ба якумра аз озодӣ маҳрум кардан ҷазо дода мешавад.
Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон буда, онро моддаи 22-юми Сарқонун ва моддаи 1-уми Кодекси манзили Тоҷикистон (12 декабри соли 1997) муқаррар кардааст. Аз рўи кодекси мазкур ба занон ва оилаҳои серфарзанд, оилаҳое, ки кўдакони ноболиғ ё маъюб доранд баъзе афзалиятҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла тибқи моддаи 34-уми Кодекси манзили Тоҷикистон ба қаҳрамонмодарон, ба оилаҳои серфарзанд, ки 5 ва аз он бештар фарзанд доранд, фарзандони маъюбро тарбия мекунанд ва ба оилаҳо ҳангоми таваллуди экизак дар навбати аввал хонаи истиқоматӣ дода мешавад. Дар ҳамин ҳол аз рўи моддаи 35-уми кодекси мазкур ба модароне, ки дар як вақт се ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд кардаанд, бенавбат хонаи истиқоматӣ дода мешавад.
Тибқи банди 12-уми моддаи 83-юми Кодекси манзили Тоҷикистон бошад, ашхоси яккаву танҳо, ки ҳамроҳашон кўдакони ноболиғ зиндагӣ мекунанд, оилаҳои серфарзанд, ки 5 ва бештар аз ин фарзанд доранд, бидуни додани хонаи дигари истиқоматӣ аз хонаи истиқоматии хизматӣ бароварда намешаванд.
Қонунгузорӣ ҳини иваз кардани хонаи истиқоматӣ аз ҷониби соҳибмулк барои аъзои оилаи ў низ ҳуқуқҳо муайян кардааст. Бинобар ин аз рўи моддаи 87-уми Кодекси манзил барои иваз намудани хонаи истиқоматӣ розигии хаттии аъзои балоғатрасидаи оила, ки ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд, тақозо мешавад.
Бояд гуфт, ки баъзе мардон аз ҷоҳилӣ гўиё аз нигоҳи шариат занро мутеъи шавҳар медонанд, ҳол он ки зани мусулмон аз рўи дини ислом низ дорои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Вай ҳуқуқи мустақилият, баробарии таҳсилоти динӣ ва ҳамчунин дифои ақидаҳои худро дорад. Мусулмонзан ҳуқуқи моликият дошта, ҳини интихоби шавҳар ва талоқ вай озод аст. Ҳини тақсими амвол пас аз талоқ вай бо собиқ шавҳараш ҳуқуқи баробар дорад. Дар дини мубини ислом зан барои оила масъулият дорад, вале масъулияти мард нисбатан бештар аст, зеро ба вазъи молиявӣ ва некўаҳволии оила мард масъул мебошад.
Ақди никоҳ дар ислом асоси таъсиси оила мебошад. Дар ислом бисёрзанӣ (то 4 зан) иҷозат дода мешавад, вале афзалият ба якказанӣ аст. Аз нигоҳи ислом танҳо он мард метавонад серзана бошад, агар занонашро якранг таъмин карда тавонад ва ба ҳамаи онҳову фарзандон муносибати якхелаи боадолатона дошта бошад. Албатта, аксари мардон ин талаботро иҷро карда наметавонанд ва бо як зан зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол ислом муҷаррад буданро мақбул намедонад. Мард ва дўшизаи мусулмон бояд оила бунёд бикунанд.
Имрўз яке аз масоили доғи ҷомеа хушунат дар оила маҳсуб мешавад. Хушунат дар оила решаҳои амиқи таърихӣ дошта, он аз тарзи зиндагӣ, муносибати ҷомеа ва шавҳар ба зан вобаста аст. Дар даврони шўравӣ, ки он вақт сатҳи зиндагии мардум нисбатан беҳтару қонунҳо амал мекарданд, хушунат дар оила то андозае коҳиш ёфта буд. Пас аз шурўи ҷанги ҳамватанӣ ва ба бўҳрони иқтисодӣ гирифтор шудани Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ дар ҷумҳурӣ афзуд. Зеро яке аз омилҳои асосии сар задани хушунат дар оила вазъи ноҷури молиявӣ мебошад. Ҳамчунин хушунат дар оила аз рашки ҳамсарон нисбати ҳамдигар сар мезанад. Дар кишвари мо аслан хушунати хонаводагӣ нисбати занон ва кўдакон равона шуда, хушунат нисбати пиронсолон низ истисно нест. Дар ин ҳол аксаран мардон нисбати занони худ ва волидон нисбати фарзандони худ даст ба хушунат мезананд. Пиронсолон бошанд, аз ҷониби фарзандон ва домоду келинҳои худ мавриди хушунат қарор мегиранд.
Бояд гуфт, ки хушунат — ин амали бошууронаи як шахс нисбати вайрон кардани ҳуқуқу озодӣ, расонидани озори ҷисмониву равонӣ, халал ворид кардан ба рушди ҷисмониву маънавии шахси дигар аст. Хушунат ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ мешавад. Дар оилаҳое, ки муҳаббати самимӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ғамхорӣ, эҳтиром ба ҳамсар, эҳтиром ба волидони ҳамсарон ва эҳтиром ба фарзандон сурат мегирад, хушунат нест. Мутаассифона, аксаран яке аз ҳамсарон эҳтирому ғамхориро фаромўш мекунад ва ин боиси ҷанҷолҳои оилавию зўроварӣ мешавад. Дар ин ҳол бештар шавҳарон даст ба муштзўрӣ бурда, занонашонро лату кўб мекунанд. Албатта, барои ин амал қонун муҷозот муайян кардааст. Масалан, тибқи моддаи 117-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои лату кўби мунтазам, ки оқибатҳои вазнин наовардааст, бо маҳрум кардани ҷинояткор ба мўҳлати 3 сол аз озодӣ ҷазо дода мешавад.
Агар ҳамин кирдор нисбати зане, ки ҳомила буданаш барои гунаҳгор айён буд, содир шуда бошад, ҷинояткор ба мўҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.
Баъзан лату кўби доимӣ боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан, ё зарари дигари барои сиҳатии инсон хавфнок мегардад.
Дар ин ҳол тибқи қисми 1-уми моддаи 110-уми КҶТ барои гунаҳгор маҳрум намудан аз озодӣ ба мўҳлати аз 5 то 10 сол муқаррар шудааст.
Агар ҳамин кирдор нисбати зане, ки ҳомиладориаш барои гунаҳгор айён аст ё он боиси қатъи ҳомиладории зан гардида бошад ва ё ин амал марбут ба таҷовуз ба номус, ё кирдори зўроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта бошад, ҷинояткор аз озодӣ ба мўҳлати аз 8 то 15 сол ҷазо дода мешавад.
Хушунати хонаводагӣ на танҳо муҳити солими оиларо вайрон мекунад, балки он ба тарбияи минбаъдаи фарзандон, вазъи рўҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа кўдаконе, ки дар муҳити хушунати хонаводагӣ ба воя мерасанд, одатан дар оянда чунин тарзи рафторро дар оиладории худ истифода мебаранд ва ин аз насл ба насл «мерос» мемонад.
Барои барҳам задани хушунати хонаводагӣ сараввал бояд муносибати ҷомеа, ба вижа муносибати кормандони милисаро ба ин проблема дигар кард. Солҳои охир дар Тоҷикистон бо кўмаки молиявии созмонҳои байналхалқӣ дар ин самт корҳо шурўъ шудаанд. Аз ҷумла, бо ибтикори ТҒД «Маркази кўмаки равонӣ» соли 2005-ум дар ҷумҳурӣ бори аввал барои 75 нафар милисаҳои қитъавӣ омўзиши кор бо занони ҷабрдидаи хушунат гузаронида шуд. Ҳадаф аз ин омўзиш тағйир додани муносибати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот нисбати ҷабрдидаҳои хушунат мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки ҳанўз соли 2004-ум Лигаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ — ҳуқуқӣ аз хушунат дар оила» таҳия карданд, то ки онро Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 8 бобу 35 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии хушунатро дар оила муайян карда, муносибати иҷтимоиву ҳуқуқии ҷабрдидаҳои зўровариро танзим менамояд.
Охири моҳи феврали соли 2006-ум Ассосиатсияи созмонҳои ғайридавлатии баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунат нисбати занон лоиҳаи санади таъсиси Шўрои ҳамоҳангсозиро оид проблемаи хушунат нисбати занон ва аъзои оилаи онҳо мураттаб карда, ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон равона карданд. Ба рўйихати шўрои мазкур намояндаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тиб, СҒД, ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва ғайра шомиланд.
Чӣ тавре ки аз қонуну асноди боло бармеояд дар Тоҷикистон барои занон ҳуқуқу имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд, ки агар воқеан бигирем, ҳуқуқи занон нисбат ба мардон бештар аст. Вале дар асл на ҳамеша нуктаҳои муқарраркардаи қонун иҷро мешаванд. Аз ин рў, то ба ҳол ҳуқуқи қонунии занон поймол мегардад.

ҲУҚУҚИ КЎДАКОН ДАР ҶОМЕА

Аксар вақт мо шоҳиди он мешавем, ки кўдакон аз ҷониби волидон ва ё калонсолон мавриди таҳқиру тазъйиқ ва ё истисмор қарор мегиранд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки аз ҷониби волидон ва хешу ақрабо чунин амали номатлуб нисбати кўдакон раво аст. Вале дар асл чунин нест. Кўдакон низ дар баробари калонсолон ҳуқуқҳои худро доранд ва қонун аз онҳо пуштибонӣ мекунад. Дар кишварҳои рушдкарда ин хеле рўшан ба назар мерасад, зеро мардум ба риояи қонунҳо одат кардаанд. Ин ҷо метавон аз як сўҳбате, ки дар шаҳри Прага бо собиқ корманди Радиои «Озодӣ» Умар Қанот доштем, ёдрас шавем. Умар Қанот зодаи Афғонистон буда, чанд муддате дар Радиои «Озодӣ» кор мекард. Пас аз Мюнхен ба Прага кўч бастани радио (соли 1995) ў мисли садҳо нафар кормандон хоҳиши ба Чехия омадан накард ва он ҷо монда, ба як фирмаи бимавӣ ба кор даромад. Ў ҳини яке аз сафарҳои кориаш соли 1996 ба Прага омад ва бо собиқ ҳамкоронаш вохўрд. Дар ин дидор банда низ ҳузур доштам. Пас аз қўр гирифтани сўҳбат Умар аз қонунҳои Ғарб изҳори нигаронӣ кард. Ў гуфт, ки духтараш 14-сола шудааст ва баъзан бо дугонаҳояш ба дискотека рафта, дер ба хона меояд. Ў гапи нағзро намефаҳмад, ки чунин тарзи зиндагӣ барои мо шарқиён нест. Ба ў аз бинӣ боло гап зада намешавад. Агар андаке сарзаниш кунам, ба пулис шикоят мекунам, гуфта метарсонад. Яке аз ҳамсояамон писарашро як шаппотӣ зад. Ўро барои ин амал қариб аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум карда буданд. Дар Олмон агар фарзандони ноболиғ аз волидонашон ба пулис шикоят баранд, падару модарро барои муносибати нохуб ба ҷавобгарӣ мекашанд, гуфт Умар.
Воқеан, дар Тоҷикистони мо низ чунин қонунҳо қабул шудаанд, вале риояи онҳо хеле суст роҳандозӣ мешаванд. Оҷонсии иттилоотии электронии «Авесто» 13 октябри соли 2005 хабар дод, ки ба гуфти мушовири ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Робин Хаар 62 дар сади волидоне, ки пурсида шудаанд, истифодаи ҷазои ҷисмониро нисбати фарзандон раво медонанд. 81 дар сади волидон бошанд, иброз доштаанд, ки фарзандонашонро дашном дода, ба сари онҳо дод мезананд.
Оҷонсии «Авесто» 13 сентябри соли 2005 дар бораи қонуншикании дигаре иттилоъ пахш кард. Моҳи августи соли 2005 дар мактаби тобистонаи САҲА оид ба таъсиси ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шаҳри Норак доир мегардид, муовини директори лагер Б. Сафаров якҷоя бо волонтёрҳо наврасонро лату кўб ва таҳқир кардаанд.
20 ноябри соли 1959 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи ҳуқуқи кўдакро қабул намудааст. Ҳадафи асосии конвенсияи мазкур муҳофизати бештари манфиатҳои кўдакон мебошад. Дар он бо назардошти воқеияти гуногуни маданӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои алоҳида меъёрҳои умумӣ муқаррар гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси конвенсияи мазкур ҳуқуқи кўдаконро қонунӣ кардаст.
Тибқи қонун дар Тоҷикистон кўдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни балоғат(18-солагӣ) нарасидааст.
Аз рўи моддаи 55-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон ҳар кўдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ бикунад ва тарбия бигирад. Кўдак ба тарбияи волидон, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳукуқ дорад.
Кўдак аз рўи моддаи 56-уми ҳамин кодекс барои муошират бо волидон ва хешу ақрабо ҳуқуқ дорад. Бекор кардани ақди никоҳи волидон ва зиндагии ҷудогонаи онҳо ба ин ҳукуқи кўдак таъсир намерасонад. Вале аксаран шоҳиди он мешавем, ки пас аз ҷудошавии волидон яке аз онҳо, ба хусус занҳо кўдаконашонро намемонанд, ки бо падарашон муошират бикунанд. Ва ё шавҳари собиқашонро бад гуфта, нафрати кўдакро нисбати падарашон ба вуҷуд меоранд. Баъзан чунин ҳодиса аз ҷониби мардон низ нисбати зани собиқашон сурат мегирад.
Аз рўи моддаи 80-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон волидон барои таъмини моддии фарзандони ноболиғашон ўҳдадоранд. Дар ҳолати ичро накардани ин ўҳдадорӣ маблағ барои таъминоти фарзандон аз ҷониби мақомоти суд рўёнида мешавад.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 10-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад. Аз ин рў, никоҳи шариатӣ, ки имрўз хеле маъмўл аст, қонунӣ ҳисоб намешавад. Ба замми ин ҳастанд заноне, ки умуман бе никоҳ фарзанд таваллуд кардаанд. Дар ин ҳол албатта, кўдак гунаҳкор нест, ки волидонаш никоҳ надоранд. Ин нуктаро қонунгузорӣ ба эътибор гирифта, тибқи моддаи 54-уми Кодекси оила ҳуқуқу ўҳдадории фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд, нисбати волидон ва хешу ақрабояшон ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои қўдакони аз шахсони никоҳбаста таваллуд ёфтаанд, баробар кардааст.
Аз рўи моддаи 57-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон ҳуқуқу манфиатҳои кўдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои дигар мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя менамояд.
Кўдак тибқи моддаи 58-уми КОТ ба доштани ном, номи падар ва фамилия ҳуқуқ дорад. Аз рўи моддаи 59-ум бошад, додани фамилияи падар ё модар, инчунин иваз намудани номи кўдаке, ки ба синни 10-солагӣ расидааст, танҳо бо назардошти фикри ў анҷом дода мешавад.
Тибқи моддаи 60-уми КОТ бошад, кўдак ба таъминот ва доштани моликият ҳуқуқ дорад.
То ба ҳол дар аксар кишварҳои олам қолаби гендерии «мард рўзирасону зан бонуи хона ва тарбиятгари фарзандон» боқӣ мондааст. Ҳамин аст, ки занон ба кори ҷамъиятӣ ҷалб шуда бошанд ҳам, «вазифаи тарбияи фарзандон» ба дўши онҳост. Мардон тарбияи фарзандонашонро ба дўши занашон гузошта, гумон мекунанд, ки барои ин кор танҳо завҷаашон масъуланд. Банда дидаву шунидаам, ки баъзе падарон ҳатто намедонанд, ки фарзандонашон дар синфи чандум таҳсил мекунанд. Ҳол он ки аз рўи моддаи 61-уми Кодекси оила волидон нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ўҳдадориҳои баробар доранд.
Аз рўи моддаи 63-юми КОТ бошад, волидон барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳо мебошанд. Аз ҷумла, волидон барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рўҳияи маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомўзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.
Волидон дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳукуқи афзалиятнок доранд.
Ҳамчунин волидон вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.
Дар ҳамин ҳол аз рўи моддаи 65-уми КОТ ҳуқуқу ўҳдадориҳои волидон набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон сурат гирад ва таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзўи асосии ғамхории онҳо бошад.
Ҳоло баъзе гендершиносон бар он ақидаанд, ки гўё дар тарбияи фарзандон волидон бештар ба писарон таваҷҷўҳ мекунанд ва ҳатто ба онҳо нисбат ба духтарон бисёртар ғизо медиҳанд. Албатта, ин ақида билкулл хато ва хандаовар ҳам аст. Ман то ба ҳол падар ё модари тоҷикро надидаам, ки байни фарзандонаш тафриқа мегузошта бошад. Ҳамаи фарзандон барои волидон баробаранд. Сарчашмаи чунин ақидаи хато гендершиносони хориҷӣ мебошанд, ки гўё дар пажўҳишашон инро ошкор карда бошанд. Аз ҷумла, Коллет Харрис, ки чанд сол ҳамчун коршиноси чанд созмони байналхалқӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошт, бар чунин ақида аст. Ў ҳатто дар як семинари тахассусӣ оид ба гендер дар шаҳри Қўрғонтеппа гуфта буд, ки дар Тоҷикистон то агар мард хўрок нахўрад, зан ҳақ надорад сари дастурхон шинад ва зан сарқут(пасмондаи хўрок)-и мардро мехўрад. Албатта, барои ҳар як тоҷик ва умуман тоҷикистонӣ маълум аст, ки ин ақида билкулл хато аст.
Волидон ҳини истифодаи ҳуқуқашон набояд ба саломатии ҷисмонию рўҳии фарзандашон ва такомули маънавии вай зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кўдак набояд бо муомилаи дағалу бераҳмона ва паст кардани шаъни инсонӣ ва истисмори ў аз ҷониби волидон сурат гирад.
Волидоне, ки ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои фарзандашон татбиқ менамоянд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамаи масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро волидон бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кўдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд.
Ҷои истиқомати кўдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани волидон бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати ихтилофот ин масъаларо суд ҳал мекунад.
Тибқи моддаи 64-уми ҳамин кодекс ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакони ноболиғ ба зиммаи волидони онҳо гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки баъзан дар зиндагӣ ҳолатҳои никоҳи бармаҳал ва аз он таваллуди фарзандон ба назар мерасад. Ин ҳолатро қодекси оила ба назар гирифтааст. Аз ҷумла, волидони ноболиғ тибқи моддаи 62-юми КОТ ҳуқуқ доранд бо кўдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ў иштирок намоянд.
Тибқи моддаи 174-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон ашхоси аз 15-сола хурд ба кор қабул карда намешаванд. Дар қонунгузории давраи шўравӣ синни қабул ба кор 16-сола муайян шуда буд. Дар ҳамин ҳол тибқи қонуни амалкунанда барои омода кардани ҷавонон ба кори истеҳсолот талабагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омўзишгоҳҳои касбию-техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро ҷиҳати иҷрои кори сабуке, ки ба саломатӣ зарар намерасонад ва ҷараёни таълимро халалдор намесозад, дар вақти холӣ, пас аз расидан ба синни 14-солагӣ бо мувофиқаи яке аз волидон ё шахси ивазкунандаи онҳо ба кор қабул кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки тамоми ашхоси аз синни 21-сола хурд ба кор танҳо баъди муоинаи пешакии тиббӣ қабул карда мешаванд.
Ногуфта намонад, ки нишондоди моддаи 174-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ пайваста риоя намешавад. Ба вижа кўдакони синни аз 14-сола хурд ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешаванд. Дар мавсими пахтачинӣ бошад, мактаббачаҳои аз синни 10-сола боло иҷборан ба ин кор ҷалб мегарданд. Ба ғайри ин дар бозорҳои ҷумҳурӣ ҳаммоливу аробакашӣ кардани кўдакони ноболиғи аз 14-сола хурд низ зиёд ба назар мерасад.
Дар ин ҳол якчанд талаботи моддаи мазкур риоя намешавад:
аввалан, кори саҳро, пахтачинӣ, ҳаммолӣ ва аробакашӣ кори сабук нест;
дувум, синни ноболиғони ба ин корҳо ҷалбшаванда аксаран аз 14 поён аст;
сеюм, иҷрои ин амалҳо берун аз таҳсил сурат намегирад;
чаҳорум, корҳои мазкур ба раванди таҳсил таъсири манфӣ мерасонанд;
панҷум, иҷрои ин корҳои вазнин ба саломатии кўдакон зарар дорад.
Бояд гуфт, ки баъзан роҳбарони вазоратҳо мекўшанд, то ин нуктаи қонун риоя шавад, вале роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ онро ба инобат намегиранд. Масалан, тибқи хабари оҷонсии иттилоотии «Авесто» 15 сентябри соли 2005 вазири маорифи Тоҷикистон А. Раҳмонов дар ноҳияи Бохтар изҳор доштааст, ки дар мавсими имсола мактаббачаҳо ва донишҷўён ба пахтачинӣ ҷалб карда намешаванд. Ба мушоҳидаи муаллифи ин сатрҳо, ки ҳамон рўз дар сафари навоҳии Шаҳритусу Қубодиён буд, пас аз дарс мактаббачаҳо дар саҳро пахта мечиданд. 16 сентябр бошад, донишҷўён аз вилояти Суғд ба пахтачинӣ фиристода шуданд.
Моҳи январи соли 2006-ум приезиденти Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар раиси аилояти Суғд Қ. Қосимовро барои ҷалби муҳассилин ба пахтачинӣ зери танқид гирифт ва дастур дод, ки минбаъд чунин амал набояд аз ҷониби ягон роҳбари хукуматҳои маҳаллӣ сурат бигирад.
Тибқи моддаи 175-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон корфармо вазифадор аст, ки бо раҳнамои хадамоти шуғли аҳолӣ, аз рўи квотаи муқарраршуда хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар ҷавонони то 18-соларо ба кор қабул бикунад.
Аз рўи моддаи 176-уми КМТ ашхоси аз 18-сола хурд дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо болиғон баробарҳуқуқанд, вале дар ҳолатҳои муайянкардаи Кодекси меҳнат ва санадҳои дигар аз кафолату имтиёзҳо бархурдор мебошанд.
Тибқи моддаи 177-уми КМТ корҳои вазнин ва шароиташон зарарноку хатарнок, корҳои зеризаминиро иҷро кардани ашхоси аз 18-сола хурд, ҳамчунин корҳое, ки ба саломатӣ ё рушди маънавии инҳо зиён расонида метавонанд, манъ аст. Бори аз ҳадди барояшон муқарраршуда вазнинро бардоштан ва дастӣ кашондани ин ашхос манъ аст.
Барои ашхоси аз 15-сола то 18-сола тибқи моддаи 178-уми КМТ давомнокии кор дар як ҳафта на зиёдтар аз 24 соат муқаррар шудааст. Дар ҳамин ҳол давомнокии вақти кори талабагони то 18-сола, ки дар давоми соли таҳсил дар вақти холӣ меҳнат мекунанд, набояд ҳафтае аз 12 соат зиёд бошад.
Тибқи моддаи 187-уми КМТ талабагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба ҳафтаи кўтоҳи кории на камтар аз як рўзи корӣ ҳақ доранд. Онҳо дар давоми соли таҳсил на камтар аз 46 рўзи тақвимӣ (ҳангоми 6 рўз будани ҳафтаи корӣ) аз кор озод карда мешаванд. Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ў аз ҷои кори асосӣ на камтар аз 50 фоизи маош, вале на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат пардохта мешавад. Хамчунин муҳассилини макотиби таҳсилоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ барои супоридани имтиҳонҳо бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат ҳақ доранд.
Аз рўи моддаи 179-уми КМТ музди кори ашхоси аз 18-сола хурде, ки муддати кори ҳаррўзаашон кўтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори вақти кориашон пурра дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол ин нуктаи қонун барои талабагоне, ки фориғ аз таҳсил кор мекунанд, амал намекунад ва онҳо вобаста ба вақти кор, ё маҳсули меҳнаташон маош мегиранд. Албатта, ин то андозае ноадолатӣ нисбати даҳҳо ҳазор нафар мактаббачаҳо аст, ки пас аз дарс дар саҳро кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки барои ашхоси аз 18-сола хурд қонун имтиёз муайян кардааст. Аз ҷумла тибқи моддаи 180-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон ба кормандони аз 18-сола хурд ҳар сол на камтар аз 30 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатӣ дар фасли тобистон ё бо хоҳиши онхо ба вақти дигари мувофиқ дода мешавад.
Ҳамчунин тибқи моддаи 181-уми КМТ кормандони аз 18-сола хурдро ба корҳои шабона ва изофакориҳо, кори рўзи истироҳат ва ид ҷалб кардан ва ба сафари хидматӣ фиристодан манъ аст.
Аз рўи моддаи 182-юми КМТ шартномаи меҳнатиро бо корманди аз 18-сола хурд бо ташаббуси корфармо ғайр аз риояи тартиби умумӣ танҳо бо мувофиқаи мақоми маҳаллии меҳнату шуғли аҳолӣ ва комиссия оид ба корҳои ноболиғон катъ кардан мумкин аст.
Аз рўи моддаи 183-юми КМТ агар идома додани кор ба саломатии ашхоси аз 18-сола хурд зарарнок ё ба зиёни дигар вобаста бошад, волидон ва васӣ ҳамчунин мақомоти ба ин кор ваколатдор ҳақ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб бикунанд.
Аз асноди боло бармеояд, ки дар Тоҷикистон барои кўдакон ҳуқуқҳои зиёде пешбинӣ шудааст вале, муттаассифона, имрўз ҷомеа онро пурра амалӣ карда наметавонад.

Суолҳо барои азхудкунии мавзўъ

1. Кадом санадҳо ҳуқуқу баробарии занонро дар Тоҷикистон дифоъ мекунанд?
2. Барои таҳсили имтиёзноки духтарон ва писарони деҳотӣ дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
3. Тафриқагузории музди меҳнат чист?
4. Корфармо нисбати занони ҳомила чӣ вазифаву ўҳдадорӣ дорад?
5. Занони ҳомила ва кўдакдор чӣ имтиёзи меҳнатӣ доранд?
6. Марду зан ба ақди никоҳ ва талоқ чӣ ҳуқуқ доранд?
7. Аҳдномаи никоҳ чист?
8. Баробарии зану шавҳар дар Кодекси оила чӣ гуна муайян шудааст?
9. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои волидон нисбати фарзандон дар чӣ зоҳир мешавад?
10. Меҳнати маҷбурии кўдакон чист ва барои ин чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?

Қисми 3. ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ГЕНДЕРӣ ДАР ВАО
ГЕНДЕР ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Бояд гуфт, ки гендер маҳсули ташаккулёбии иҷтимоӣ аст. Бинобар ин тасаввурот дар бораи мавқеи ҷинсҳо дар ҷомеаҳои гуногун ба таври мухталиф тасвир меёбанд. Бо мурури вақт дар зери фишори шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ин тасаввурот метавонад тағйир ёбад. Ба таври мисол агар вазъи занони тоҷикро то даврони шўравӣ, 100 сол қабл ва имрўз бигирем, пешравии зиёде дар ҳаёти онҳо ба назар мерасад. Насли имрўза ҳаргиз занро беҳуқуқ, хизматгори хона, мутеъи мард тасаввур карда наметавонад. Албатта, дар раванди дигар кардани тафаккури мардум нақши ВАО зиёд аст, зеро вай ба ҳаёти ҳамарўзаи ҷомеа таъсири амиқ ва гуногун мерасонад. Воқеан, воситаҳои ахбори омма, ба вижа радиову телевизион, ки имрўз нисбати матбуот ба аҳолӣ бештар дастрасанд, метавонанд тафаккури ҷомеаро дар масоили баробарии гендерӣ ба таври мусбат ва ё манфӣ тағйир бидиҳанд.
Бояд иброз намуд, ки Сарқонуни Тоҷикистон дар моддаи 30-юми худ ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат дода, сензураи давлатӣ ва таъқибро барои танқид манъ кардааст.
Ин нуктаи Сарқонун дар моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори оммма» (14 декабри соли 1990) ва моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (14 декабри соли 1996) инъикос ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол дар асноди номбаршуда ҳаёти шахсии шаҳрвандон, шаъну шарафи онҳо ва ҳаёти оилавӣ барои бе иҷозат дар ВАО интишор наёфтан аз ҷониби қонун ҳифз карда шудааст.
Тибқи моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма» истифодаи васоити ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва таарруз ба шаъну шарафи онҳо манъ аст. Моддаи 34-уми қонуни мазкур низ истифодаи ғаразноки ВАО-ро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ манъ кардааст.
Аз рўи моддаи 28-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» низ ошкор кардани мавод ё хабаре, ки шаъну шарафи шаҳрвандонро доғдор мекунад, манъ аст.
Тибқи моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» (10 майи соли 2002) ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн кардани иттилоъ дар бораи ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин ошкор кардани иттилоъ дар бораи сирри оила, махуфияти гуфтугўҳои шахсии телефонӣ, хабарҳои почтавӣ, телеграфӣ ва ғайра бе иҷозати худи шахс манъ аст.
Ҳамчунин тибқи Эъломияи принсипҳои рафтори журналистон, ки дар конгресси дуюми ҷаҳонии (Бордо, 25-28 апрели соли 1954) Федератсияи Байналхалқии журналистон қабул гардидааст ва ба он дар конгресси 18-уми ҷаҳонии Федератсияи Байналхалқии журналистон (Хелсинки, 2-6 июни соли 1986) тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, журналист ўҳдадор аст ба поймолкунии ҳуқуқ дар асоси нажод, ҷинс, нигоҳи шаҳвонӣ, забон, дин, ақоиди сиёсӣ ё ақоиди дигар, мансубият ба миллат ва баромади иҷтимоӣ роҳ надиҳад.
Ин нукта дар Кодекси меъёрҳои ахлоқӣ, ки Ҷамъияти журналистони касбӣ соли 1996 қабул кардааст, чунин баён шудааст:
«Журналист ўҳдадор аст, ки аз стереотипҳо дар нисбати одамон дар асоси нажод, ҷинс, синну сол, эътиқод ба дин, мансубият ба миллат, нигоҳи шаҳвонӣ, камбудиҳои ҷисмонӣ ва мансубияти иҷтимоӣ канораҷўӣ намояд».
Дар Кодекси ахлоқи касбии журналстони Россия, ки соли 1994 қабул шудааст низ гуфтаҳои боло зикр гардидаанд:
«Журналист шаъну шарафи одамоне, ки объекти таваҷҷўҳи касбии вай гардидаанд эҳтиром мекунад. Вай аз ҳар гуна беэътиноӣ нисбати нажод, миллат, ранги пўст, дин, баромади иҷтимоӣ, ҷинс, камбудии ҷисмонӣ ва бемории инсон худдорӣ менамояд».
Ин гуфтаҳо дар Хартияи маскавии Журналстон (1994, 4 феврал) ва Хартияи пахшкунандагони телевизиону радиои Россия низ ҷонибдорӣ гардидаанд.
Қобили тазаккур аст, ки бо ташаббуси вакили Маҷлиси намояндагон Ю. Ахмедов пеш аз рухсатии тобистонаи депутатҳо дар соли 2005 -ум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи фаъолияти касбии журналист» барои баррасӣ пешниҳод гардида буд. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур низ журналист ҳақ надорад иттилоеро, ки шахсро бо аломатҳои ҷинсӣ бадном мекунад, пахш намояд.
Бояд гуфт, ки имрўз дар ВАО-и Тоҷикистон асноди байналхалқӣ ва қонунҳои ҷумҳурӣ оид ба дахолат накардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва таарруз ба шаъну шарафи онҳо ба таври зарурӣ риоя намешаванд.
Дар Конференсияи чоруми ҷаҳонӣ оид ба вазъи занон, ки 4-15 сентябри соли 1995 дар Пекин доир гардид, дар бораи занон ва васоити ахбори омма гуфта мешавад, ки ҳоло дар ВАО шумораи занон зиёд аст, вале кам дар ками онҳо дар мақомоти роҳбарикунанда фаъолият доранд. Зоҳир накардани таваҷҷўҳ ба масоили гендерӣ боис ба он аст, ки дар аксари ВАО то ба ҳол стереотипҳои ҷинсӣ барҳам дода нашудаанд.
Ба гуфти устоди фанни фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон Ҷонибеки Асрориён барномаҳои гендерӣ бояд ба назардошти суннатҳои шарқиёна сурат бигирад. Баробарсозии ҳуқуқҳо ҳаққи бештар додан ба зан аст, ки дар он сурат тавозун ва низоми хонавода ба ҳолати имрўза аз байн меравад («Миллат», 2005, 1 сентябр).
Дар идомаи баҳс оид ба падарсолорӣ дар ҳафтаномаи «Миллат» (2005, 6 октябр) Рамзия аз Ҷонибеки Асрориён ҷонибдорӣ карда мегўяд: «Банда бар онам, ки падарсолорӣ аниқтараш шавҳарсолорӣ дар хонавода барои тарбияи кўдакон нақши муҳим мебозад. …Аз ин лиҳоз эҳтироми падар ё шавҳар рукни имондорист ва набояд он ҳамчун «ғуломӣ» талаққӣ шавад».
Воқеан, фаҳмиши мусбати баробарии ҷинсҳо дар тафаккури ҷомеа ҳамон вақт пайдо мешавад, ки дар ВАО ягонагии ду умумияти глобалии иҷтимоӣ — мард ва зан ба ҳам зид гузошта нашаванд, ва аз ин ду ҷинси баробар душман насозанд. Баръакс, бояд тарғиб кард, ки ин ду ҷинс танҳо аз нигоҳи биологӣ тафовут доранд ва дигар ба ҳам баробаранд. Мутаассифона, имрўз ин на ҳамеша дар ВАО-и Тоҷикистон ба назар мерасад. Зеро аксари худи журналистон соҳаи мазкурро ба таври зарурӣ балад нестанд. Онҳое, ки дар ин мавзўъ баъзан мавод менависанд, гендерро зангароӣ мефаҳманд. Ҳамин аст, ки маводи навиштаи онҳо на ҳамеша мақбули хонандагон аст. Аз ҷониби дигар, чунин навиштаҳо ба қалами ғайрижурналистон тааллуқ дошта, аз нигоҳи касбӣ дар сатҳи паст иншо шудаанд. Аз ин рў, чунин навиштаҳо аз таваҷҷўҳи хонандаҳо дур мемонанд.
Ногуфта намонад, ки бо навиштани чанд мавод дар мавзўи гендер наметавон тафаккури ҷомеаро дигар кард. Аз ҷониби дигар, имрўз дар Тоҷикистон аксаран гендершиносон занҳоянд ва дар ин мавзўъ ҳам асосан чанд нафар занҳо менависанд. Агар мардҳо ин мавзўъро баррасӣ кунанд ҳам, он аксаран ба танқиди зангароӣ бахшида шудааст.
Дар ҳамин ҳол проблемаи нав – поймол шудани ҳуқуқи мардон, ки солҳои охир дар ҷомеа ба вуҷуд омадааст, дар ВАО баррасӣ намешавад ва аз мадди назарҳо дур мондааст.
Бояд гуфт, ки дар давраи иқтисоди бозорӣ дар ВАО аксаран маводе чопу пахш мешаванд, ки моли бозоргир бошанд. Аз ҷумла, агар назаре ба матбуот бикунем, пеш аз ҳама мавод дар масоили фоҷиабор бештар ба назар мерасад. Ноширон аксар он маводеро ба табъ мерасонанд, ки бештар таваҷҷўҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ҳамин аст, ки мавод дар бораи проблемаҳои гендерӣ камтар чопу пахш мегардад. Агар маводе дар ин бора ба табъ расад ҳам, он аз нигоҳи фоҷиа навишта мешавад.
Имрўз нисбат ба 20 сол қабл вазъият дар журналистикаи тоҷик тағйир ёфтааст. Агар солҳои пеш рўзноманигорӣ касби мардона маҳсуб шуда, дар редаксияи нашрияҳо занони журналист ангуштшумор бошанд, ҳоло вазъ ба куллӣ дигар шудааст. Дар аксари рўзномаҳо шумораи занони рўзноманигор ба теъдоди мардон баробар шудааст. Дар нашрияву оҷонсиҳои русзабон бошад, занон аз мардон зиёдтаранд. Боиси хушнудист, ки сол то сол дар матбуоти тоҷик шумораи сармуҳаррирон аз ҳисоби занон меафзояд. Масалан, ҳоло сармуҳаррири маҷаллаҳои «Фирўза» (Зулфия Атоӣ), «Дунё» (Саодат Сафарова), ва ҳафтаномаҳои «Оила» (Фирўза Сатторӣ), «Дайҷест пресс» (Мунаввара Алиакбарова), «Миллат» (Адолат Умарова), «Обо всём» (Марҳабо Зунунова) ва ғайра занон мебошанд. Дар ҳамин ҳол на ҳамаи сармуҳаррирон муассисанд ва дар бурдани сиёсати нашрия озоданд. Ҳамин аст, ки занони сармуҳаррир аксаран наметавонанд дар нашрияи худ сиёсати баробарии гендериро амалӣ намоянд. Дар оянда раванди ба журналистика омадани занон боз ҳам бештар хоҳад шуд. Зеро ҳоло дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва шўъбаи рўзноманигории Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шумораи духтарон аз нисфи теъдоди умумии донишҷўён зиёдтар аст.

СИМОИ ЗАН ВА МАРД ДАР ВАО
ВАО ва қолабҳои шахшудаи гендерӣ

Васоити ахбори омма чун ҳар як шакли ифодаи фарҳанги омма наметавонад бе қолабҳо, тасаввуроти устувор дар бораи мафҳумҳои дурусту нодуруст, мақбул ва номақбул, хуб ва бад вуҷуд дошта бошад. Қолабҳои мазкур бар асари тасаввуроти устувор дар заминаи муқаддасоти динҳои ҷаҳонӣ, тасаввуроти фолклорӣ ва таҷрибаву анъанаҳои миллӣ бунёд мегарданд. Дар айни замон қолабҳои номбурда бо мурури вақт тағйир меёбанд. Қолабҳои гендерӣ — тасаввурот дар бораи занону мардони «хубу бад», муносибатҳои мутақобила ва нақшҳои иҷтимоияшон дар ин ё он ҷомеа низ аз ин қатор истисно нестанд.
Қолабҳои гендерии ВАО бо идеали зан, инчунин сарнавишт ва вазифаи асосии ў дар ин ё он марҳила сахт пайванданд. Масалан, дар ВАО-и Россияи тоинқилобӣ (то моҳи ноябри соли 1917) идеали мусбати зан асосан дар образи бонуи хонадон, соҳибаи салон ва зани бодиёнат пешниҳод мегардид. Дар даврони шўравӣ мутобиқи ғояҳои сотсиалистии иштироки фаъоли занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар ҷомеа типи зани «коргарзан ва модар», тракторчӣ, духтур, фаъолаи сохтмони ояндаи пурсаодат, ки барои манфиати кишвар ба ҳар қурбонӣ омода аст, ҳукмрон буд. Баъди барҳам хўрдани сохти шуравӣ ҳама гуна ғояҳои сотсиализм инкор карда шуданд ва ғояи «вазифаи табиии зан» чун зан ва модар ғояи пешбар гардид.
Яке аз омилҳои мавҷудияти нобаробарии ҷинсӣ аз қолабҳои шахшуда бармеояд. Ин қолабҳои шахшуда, ки онҳоро стереотипҳо низ меноманд, тўли солҳо дар зеҳни мардум ташаккул ёфта тавассути гуфтор ва ё адабиёти хаттиву шифоҳӣ аз насл ба насл мегузаштанд. Имрўз дар ҷомеа қолабҳои шахшудаи гендерӣ тавассути ВАО зудтару бештар паҳн мешаванд. Дар платформаи амали Конференсияи чоруми ҷаҳонӣ оид ба вазъи занон (Пекин, с. 1995) зикр гардидааст, ки таҷрибаи имрўзаи инъикоси зан дар ВАО тағйир дода шавад. ВАО дар аксари кишварҳо образи мувозии занро ба вуҷуд намеорад. Ба ғайри ин маводҳое пахш мешаванд, ки шаъни занро дар ҷомеа паст мекунанд. Чоп ва пахши парнография низ ба паст кардани обрўи зан мусоидат мекунанд. Реклама ва барномаҳои тиҷоратӣ занонро ҳамчун истеъмолгар ва ё тани онҳоро барои тарғиби маҳсулоташон истифода мекунанд.
Воқеан ҳам, ба гуфтаи пажўҳишгари гендер Марям Давлатова дар матбуоти хусусии муосири тоҷик солҳои аввали пас аз ҷанги шаҳрвандӣ эҳсосоту таассуроти манфии муаллифон ба зан равона гардида буд ва симои зан дар саҳифахои матбуот танҳо чун фоҳиша, дузд, нашъаҷаллоб, қотил ва ғайра ба назар мерасид. Дар ин қатор образи зани ҷабрдидаро қариб ягона ҷанбаи мусбати қаҳрамонони чунин мавод номидан мумкин аст. Муаллифон дар қиссаҳои бофтаву сохтаи худ занро чун мавҷудоти ноқис ва заифу нотавон тасвир менамоянд. Симои зани соҳибмаърифат, соҳибмаълумот муқтадиру бамаънӣ қариб тухми анқо шудааст, менависад Марям Давлатова дар мақолааш «Гендер дар васоити ахбори умум».
Дар ҳамин ҳол беҳтарин қаҳрамонон дар симои занон чун кадбону, модару зани мушфиқ, яъне ёрирасони мард тасвир меёбанд. Аз ин нигоҳ вазифаи зан танҳо парвариши фарзандон ва кадбонуи хона будан аст ва ин аз ВАО талқин мешавад. Ё агар дар ВАО зани соҳибмаърифат, мансабдор тасвир ёбад, ҳатман муносибати ўро дар оила ва тарбияи фарзандон инъикос мекунанд. Зеро вазифаи аввали зан — ин модар ва кадбонуи хона будан аст. Албатта, чунин тарафи ҳаёти занонро инъикос кардан бад нест, зеро дар зеҳни мардуми мо агар зани мансабдор даст ба корҳои хона набарад ва дар тарбияи фарзандон саҳм нагирад, пас вай «зани хуб» нест. Воқеан ҳам, имрўз аксари занони мансабдор ба ғайр аз вазифаи корӣ боз вазифаҳои оилавии худро сарбаландона иҷро мекунанд. Дар ин ҳол албатта, ба истироҳат кам вақт мемонад. Яъне онҳо бори вазнини зиндагиро ба дўши худ мегиранд.
Қобили тазаккур аст, ки дар ВАО мавзўҳо низ ба занонаю мардона тақсим шудаанд. Аз ҷумла, дар бораи мавзўҳои барои ҷомеа муҳим аз қабили сиёсат, иқтисодиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, артиш ва варзиш аксаран мардон менависанд. Мавзўҳои нисбатан ҷузъӣ ба монанди фарҳанг, сиҳатӣ, мушкилоти оилавӣ ба занони журналист вогузошта шудааст.
Ҳамин аст, ки дар бораи мавзўҳои муҳим мардон аз нуктаи назари худ менависанд ва афкори ҷомеаро аз ин нуктаи назар ба вуҷуд меоранд. Дар ҳамин ҳол баъзан афкори нодурусту зиёновар ба аудитория таҳмил карда мешавад.
ВАО ва одамфурўшӣ
Солҳои охир дар Тоҷикистон трафики одамон — одамфурўшӣ яке аз масъалаҳои доғ маҳсуб шуда, ВАО-и кишвар ин мавзўъро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар ҳамин ҳол ҳини инъикоси мавзўи мазкур як амали номатлуб ба назар мерасад: Муаллифон дар бораи одамфурўшӣ навишта, ному насаби ҷабрдидаҳоро, ки аксаран занонанд, ошкор мекунанд.
Масалан, 21 августи соли 2003 нигорише дар ҳафтаномаи «Нерўи сухан» бо унвони «Девонаам нахонед! Девона зи нангу номус шудаам…» ба табъ расида буд. Дар он як нафар ҷабрдидаи одамфурўшӣ, ки аз шаҳри Дубай баргаштааст, қиссаи аз сар гузаронидаашро пурра нақл кардааст. Дар ин нигориш акси шиносномаи хориҷӣ, ному адреси ҷабрдида ва ҳатто сураташ чоп шуда буд. Аз нигоштаи мазкур бармеомад, ки ин зани ҷабрдида соҳиби 3 фарзанд будааст.
Нашрия қиссаи мазкурро чоп намуда хизмати хирсона кардааст ва бо ин ба тақдири минбаъдаи ин зан, фарзандон ва хешу табори ў хати батлон кашидааст. Ин амал қонуншикании маҳз буда, мутаассифона, чунин амал дар ВАО-и ҷумҳурӣ зуд-зуд ба назар мерасад. Масалан, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 9 июни соли 2005 мақолаи ёвари калони прокурори шаҳри Хуҷанд Сурат Музаффаровро бо номи «Одамфурўш ҷазо гирифт» чоп кард, ки дар он ному насаби ҷабрдидаҳо ифшо гардидааст.
15 сентябри соли 2005 Хабаргузории электронии «Авесто» иттилоеро пахш кард, ки тибқи он ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муроҷиат кардааст. Дар ин хабар низ ному насаби ҷабрдида ифшо шудааст.
16 октябри соли 2005 Телевизиони Тоҷикистон барномаи «Нигоҳи комил»-ро дар бораи трафики занону духтарон ба Аморати муттаҳидаи Араб пахш кард. Дар ин барнома рўи ҷабрдидаҳои одамфурўшӣ намоиш надода шуда бошад ҳам, садояшон бе ягон тағйирот пахш шуд, ки аз ин ҳамсояву наздикон ва ҳаммаҳалҳо онҳоро бемалол муайян карда метавонистанд. Ба ғайри ин, занеро дар либосе, ки дар кишварҳои исломӣ мепўшанд, нишон доданд. Зани мазкурро аз чашму биниаш шинохтан мумкин буд. Дар ин барнома ҳамчунин навори дар дискоклубҳои Душанбе сабтшуда пахш гардид. Бинанда духтарони мазкурро дида гумон мекард, ки онҳо низ ҷабрдидаҳои одамфурўшӣ мебошанд.
Тибқи банди 1-уми моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон» «Дар асоси қарори мақоми анҷомдиҳандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, таҳқиқотчӣ, муфаттиш, прокурор ва суд дастрасӣ ба маълумот дар бораи шахсияти ҷабрдидаи хариду фурўши одамон дар хадамоти маълумотӣ ва фондҳои иттилоотию маълумотӣ бояд манъ карда шавад».
Дар банди дуюми ҳамин модда «Паҳн кардани иттилоот дар бораи ҷабрдидагони хариду фурўши одамон, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдидаи хариду фурўши одамон, ё хешу табори наздики вай хатар ба вуҷуд оварда метавонад, инчунин дар бораи шахсоне, ки ба хариду фурўши одамон мубориза мебаранд, манъ аст».
Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир трафики одамон(одамфурўшӣ) яке аз мавзўҳои доғи ВАО-и Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин нигоштаҳо занон аксаран чун ҷабрдидаи трафик ва ё чун одамфурўш тасвир ёфта дар ҷомеа ба пайдоиши афкори манфӣ мусоидат менамоянд. Ин мавзўъ дар расонаҳои хориҷӣ низ бисёр баррасӣ мешавад. Мутаассифона, дар онҳо низ занон чун образи манфӣ муаррифӣ мешаванд. Масалан, 21 ноябри соли 2005 бахши форсии Радиои Би-Би-Си гузориши хабарнигорашро аз шаҳри Хуҷанд дар бораи ба маҳкама кашида шудани 5 нафар одамфурўш дар Додгоҳи шаҳри Чкалов пахш намуд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки 5 нафар сокинони вилояти Суғд ба иттиҳоми одамфурўшӣ айбдор гардида аз 1 сол то 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Тибқи як парвандаи ҷиноӣ ду нафар зан ва як нафар мард муҷозот гирифтанд. Аз рўи гузориш як нафар собиқ директори мактаб ва собиқ устоди омўзишгоҳи тиббӣ аз ҷумлаи ҷинояткорони одамфурўшӣ номбар мешаванд. Аз соли 1998 то соли 2004 ин гурўҳи ҷинояткор беш аз 20 нафар занону духтаронро барои танфурўшӣ аз Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол додаанд.
ВАО ва хушунати хонаводагӣ

Дар ҷумҳурӣ чун аксари кишварҳои дунё хушунати хонаводагӣ яке аз масоили доғи ҷомеа бошад ҳам, мутаассифона, он дар ВАО хеле кам баррасӣ мешавад. Ва агар сари ин масъала маводе чопу пахш шавад ҳам, онҳо аксаран фармоишианд: аз рўи лоиҳаи ягон грант таҳия мешаванд. Масалан, 7 декабри соли 2005-ум дар Телевизиони «Сафина» токшоуи «Чашми рўз» дар мавзўи «Хушунат нисбати занон дар оила» пахш шуд. Мутаассифона, аз мавзўъро дуруст надонистани барандаҳо ва ҳайати коршиносон, масъалаи мазкур ба таври зарурӣ баррасӣ нагардид ва барои барҳам задани хушунати хонаводагӣ тавсияҳои воқеӣ иброз нашуданд.
30 сентябри соли 2005-ум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази машваратии «Боварӣ» бо ҳузури бонувони фаъол ва коршиносон сўҳбати мизи мудаввар оид ба хушунати хонаводагӣ доир гардид. ба иттилои ҳафтаномаи «Миллат» (6 октябри соли 2005) зимни баррасии мавзўи мазкур иштирокчиёни сўҳбати мизи мудаввар ба хулоса омаданд, ки хушунати хонаводагӣ аз вазъи ноҷўри иқтисодӣ ва бемаърифатии аҳли оила сар мезанад.
Ҳафтаномаи «Миллат» дар ҳамин шумора назарпурсиеро бо унвони «Хушунат аз нигоҳи шумо?» ба табъ расонидааст. Аксари мусоҳибон вазъи ноҷўри иқтисодии оиларо сабаби асосии хушунати хонаводагӣ номидаанд. Мўҳтарама Камолова ном омўзгор бошад, мегўяд: «Мавҷудияти хонавода бе хушунат (хоса дар замони мо) амрест муҳол».
Аслан дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ нисбати занон ва кўдакон сурат мегирад. Зеро маҳз ин табақаи ҷомеа заифу камҳимояанд. Вале имрўз бўҳрони иқтисодии ҷомеа, фақру бенавоӣ ба мақоми мардон дар оила таъсир расонда, онҳоро низ гирифтори хушунат кардааст. Дар аксари оилаҳое, ки занон рўзирасони оилаанд ва мардон бо сабабҳои гуногун наметавонанд кори сермаош дошта бошанд, онҳо нақши урфиашонро чун саробони хона аз даст медиҳанд ва аз ҷониби завҷаву фарзандони болиғи худ гирифтори хушунат мешаванд.
Ба иттиллои Радиои Би-Би-Си (2006, 10 январ) солҳои охир дар вилояти Суғди ҷумҳурӣ хушунати хонаводагӣ нисбати мардон афзоиш ёфтааст. Ба қавли мушовири маркази «Гулрухсор» агар соли 2003-юм шумораи мардоне, ки ба ин марказ муроҷиат кардаанд, ҳамагӣ 2 фоизи теъдоди умумӣ бошад, пас соли 2005-ум шумораи мардони хушунатдида ба 10 фоизи теъдоди умумӣ баробар шудааст. Ин мардон дар баробари мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ аз гирифтори хушунати оилавӣ буданашон низ шикоят кардаанд.
Ба иттилои рўзномаи электронии «Взгляд» (2006, 16 феврал) олимони Донишгоҳи Сюрихи Швейтсария ҳаёти оилавии 15 ҳазор нафар ихтиёриёнро аз Олмон чанд сол назорат бурда, ба хулоса омадаанд, ки хушбахтии оилавӣ пас аз ақди никоҳ ҳамагӣ як сол давом мекардааст. Аз рўи ин пажўҳиш тўли соли якуми оиладорӣ нишондиҳандаи қонеъ будан аз зиндагӣ 7, 6 холро (аз 10 холи имконпазир) ташкил дод. Аз соли дуюм нишондиҳандаи мазкур ба поин фаромадан гирифта, танҳо як маротиба дар соли ҳафтуми оиладорӣ боз боло рафт. Аз соли даҳуми оиладорӣ бошад, зану шавҳар худро танҳо андаке хушбахт меҳисобиданд.
Ба ақидаи коршиносони америкоӣ аз Centers for Disease Control and Prevention 43 фоизи ақди никоҳ пас аз 15 соли зиндагии якҷоя қатъ карда мешаванд. Ин нишондиҳанда дар Россия тақрибан ба 25 фоиз баробар аст. Ҷудошавии зану шавҳар асосан дар байни солҳои 5-ум ва 20-уми оиладорӣ сурат мегирад. Албатта, ҷудошавии оилаҳо ба менталитети халқу миллатҳо ва шароити зиндагии онҳо вобаста аст. Аз ин рў, дар Тоҷикистон вазъият дигар буда, ақди никоҳ нисбат ба талоқ зиёд аст ва ҷудо шудани оилаҳо соле беш аз 5,5 фоизи никоҳҳои басташударо ташкил медиҳанд.
Дар натиҷаи як таҳқиқоти дигар равоншиносони америкоӣ ба хулоса омаданд, ки пойдорӣ ва хушбахтии оила пеш аз ҳама ба мувофиқ омадани хислати зану шавҳар вобаста аст. Ҳамчунин собит шуд, ки тақсимоти аниқи меҳнат ва вазифаҳои зану шавҳар боиси хушбахтии оила аст.
Албатта, ба назар гирифтани натиҷаи пажўҳиши олимон барои таъсиси оилаҳои хушбахт ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ кўмак мерасонад.

Реклама ва гендер

Ба қавли гендершинос Ш. Муллоев реклама на танҳо системаи пешниҳоди мол барои муштариён аст, балки он метавонад аҳдофи идеологӣ дошта бошад. Ҳамин аст, ки рекламаро дар ВАО метавон ҳамчун тарғибгари муносибати иҷтимоӣ, ахлоқӣ, гендерӣ ва ғайра истифода кард.
Қобили тазаккур аст, ки дар ВАО-и Тоҷикистон вақти чопу пахши эълону рекламаҳо қонуншиканиҳо ба назар мерасанд. Масалан, дар эълону рекламаҳои матбуот аксаран барои қабул ба кор маҳдудиятҳо пешниҳод мешаванд, ки ғайриқонунианд. Аз ҷумла, дар ҳафтаномаи «Asia –Plus» (2005, 21 апрел) дар эълони якҷояи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки «Эсхата» барои ба кор гирифтани эксперт маҳдудияти синну сол то 35-сола пешниҳод шудааст.
Дар эълони «Рекламная газета» (2005, 5 май) низ барои қабул ба кор маҳдудият муайян шудааст: «Ба кор писарон ва духтарони то 28-сола қабул карда мешаванд».
Дар эълони дигари ҳамин нашрия омадааст: «Ба тарабхонаи «Аргилӣ» пешхизматзани то 25-сола, бо намуди зоҳирии славянӣ ба кор қабул карда мешавад».
Дар эълони дигари ҳафтанома ба тарабхонаи «Каид» пешхизматдухтарони аз 18 то 25- сола ба кор даъват карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 7-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар дода мешавад. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рўи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пўст, ҷинсият, синну сол, дин ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст.
Ҳамчунин аз рўи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо (роҳбари мақоми давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият) ба мардону занон ҷойҳо(вазифаҳо)-и холии корро баробар дастрас мегардонад.
Аз рўи ин нуктаҳои қонунҳои номбаршуда редаксия бояд чунин эълонро, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунад, чоп намекард.
Ҳамчунин дар ВАО-и Тоҷикистон рекламаҳои беодобона ва хушунатовар ба назар мерасанд.
Тибқи моддаи 8-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» «рекламаи беодобона дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурўҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад». Аз рўи талаботи моддаи мазкур ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.
Мутаассифона, ин нуктаи қонун на ҳамеша риоя карда мешавад. Масалан, моҳи марти соли 2005 дар Телевизиони «Регар» клипи Рустами Нур «Арўси муаллим намешӣ?» дар барномаи «Таманно» пахш шуд, ки раққоса пойҳои урёнашро то миён нишон медод.
Молистеҳсолкунандаҳо ва ё фурўшандаҳо барои бозоргир шудани маҳсулоташон аксаран аз тасвири занони урён истифода мебаранд.
Масалан, дар фитаи гулчини сурудҳои эронӣ- «Иранская ночь» сурати зани нимаурёне чоп шудааст, ки на ба овозхонҳо иртиботе дораду на ба муаллифи сурудҳо.
Дар Норвегия аз рўи моддаи 1-уми Қонун «Дар бораи маркетинг» рекламае, ки принсипҳои баробарҳуқуқии ҷинсҳоро поймол мекунад, манъ аст. Рекламадиҳанда ва рекламаистеҳсолкунанда бояд бовар дошта бошанд, ки рекламаи онҳо принсипи баробаҳуқуқии кадоме аз ҷинсҳоро поймол намекунад, таҳқири ягон ҷинсро нишон намедиҳад.
Дар Шветсия бошад, аз рўи меъёрҳои ахлоқӣ рекламае, ки ҳуқуқи ҷинсҳоро поймол мекунад, манъ аст.
Соли 2005-ум Телевизиони Тоҷикистон чойи «Ситора»-ро реклама мекард. Дар рекламаи мазкур марди эроние дар курсии роҳат нишастааст ва занаш ба вай чой меорад. Дар рекламаи мазкур зан чун хидматгори мард тасвир ёфтааст.
Моҳи декабри соли 2005–ум Телевизиони «Сафина» равғанҳои эронии «Хазар», «Нафис» ва ғайраро тарғиб мекард. Дар ин реклама зане бо ин равғанҳо хурок мепазад ва дар ин вақт ўро бародари бузургаш бо чанд нафар кўдакон интизоранд. Дар ин реклама низ зан чун кадбону тарғиб мешавад.
Дар рекламаҳои ВАО, ки хокаҳои ҷомашўӣ ё зарфшўӣ тарғиб мешаванд, аксаран занон чун истифодабарандагони асосии маводи мазкур тасвир ёфта, ин чун амали табиӣ талқин мегардад.
Бояд гуфт, ки дар аксари роликҳои рекламавии телевизион ва саҳифаҳои матбуот мард ҳамчун хўҷаин, мутахассиси варзида ва зан ҳамчун хидматгори вай тасвир ёфтааст. Масалан, Дар саҳифаи аввали «Рекламная газета» (2005, 5 май) мард, директори муассиса тасвир ёфтааст, ки ў сари миз нишастааст ва котибааш бо чеҳраи хандон ба по рост, вале каме қоматашро хам карда, ба ў ким-кадом коғазҳоро дода истодааст. Дар ин реклама мард хўҷаин ва зан мутеъи вай тавсир ёфтааст.
Воқеан, имрўз дар рекламаҳои ВАО аксаран мардҳо дар экран ва ё саҳифаҳои нашрияҳо чун ашхоси боақл ва занон таннозу сабукфикр зоҳир мешаванд. Занон аксари ин молҳоро истифода набаранд ҳам, қариб ҳама чизро тарғиб мекунанд. Дар ин ҳол занон дар реклама нақши объекти таваҷҷўҳи мардонро мебозанд.
Боиси дастгирист, ки солҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи Русия образи нави рекламавӣ пайдо шудааст. Занон кордону осудаҳол, мустақил ва мутахассиси соҳаи худ тасвир меёбанд. Албатта, дар ин ҳол бештар мебел ва ё таҷҳизоти офис реклама карда мешавад. Воқеан, пайдоиши филми «Банкирзанҳо» дар телвизиони Русия таконе буд дар пайдоиши образи нав — зани корчаллон. Мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон воқеият дигар аст ва ин ҳолат танҳо бо рушди иқтисодии кишвар ба таври мусбат тағйир хоҳад ёфт.

Порнография ва проблемаи гендерӣ

«Порнография» аз ду решаи калимаҳои грекӣ таркиб ёфтааст. Porne (порне – фоҳиша (он вақт табақаи пасттарини ғуломон) ва graphos (графос) – навиштан ё тасвир кардан аст. Худ этимологияи калимаи «порнография» занонро таҳқир мекунад.
Ба ақидаи муҳаққиқони феминизм А. Дворкин, Р. Ковард ва Р. Тонг порнография ин бори дигар ҳукмронии мард ва хушунати ўро нисбати занон собит месозад. Воқеан ҳам дар аксари ҳолатҳо дар суратҳои порнографӣ зан дар ҳолатҳои мутеъона ба мард тасвир меёбад.
Ба гуфти коршиноси таҳлили зўроварии гендерӣ профессори ҳуқуқ Катарин Итсин (ИМА) ягон қонунгузории мавҷуда проблемаи асосии порнография – номувозӣ будани ҳокимият дар ҷомеа, бартарияти мард, мутеияти зан ва нобаробарии ҷинсиро фаро намегирад. Дар ин қонунҳои қабулшуда худи мафҳуми порнография дуруст муайян нашудааст. Қонунҳои мавҷуда танҳо чопу пахши маводи нашрӣ, аудио ва видеоро, ки ноҷову беодобона аст, маҳдуд мекунанд. Ин албатта, ҳинни баррасии қазияҳо мушкилӣ эҷод мекунад. Вақте ки порнографияро чун амали ноҷову беодобона талаққӣ мекунанд, масъалаи таҷовуз ба озодии сухан ва озодии соҳибкорӣ ба миён меояд.
Ҳанўз соли 1983 Шўрои шаҳри Миннеаполиси ИМА профессори ҳуқуқ Кэтрин Маккиннон ва феминисткаи маъруфи америкоӣ Андреа Дворкинро ваколатдор кард, ки лоиҳаи «Эъломияи ҳуқуқвайронкунии занонро чун поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо тавассути порнография» омода бикунанд. Дар эъломияи мазкур порнография чунин таъриф шудааст. «Порнография ин тасвири шаҳвонии мутеияти занон тавассути расм, сурат, видео ва ё сухан мебошад».
Порногрфия имрўз бизнеси сердаромад аст.
Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон вуруди ғайрилегалии филмҳо ва маводи чопии эротикию порнографӣ ба кишвар суръат гирифтанд. Ин албатта, боиси дар ВАО низ роҳ ёфтани эротика ва элементҳои порнография гардид. Имрўз дар телевизионҳои давлативу хусусии кишвар баъзан пахши ҳунарнамоии раққосаҳаи нимурён ба назар мерасад. Ҳамзамон дар баъзе клипу филмҳо лаҳзаҳои эротикӣ намоиш дода мешаванд. Ба вижа дар солҳои ҷанги ҳамватанӣ, ки назорат нисбати ВАО чандон қавӣ набуд, дар матбуот суратҳои эротикӣ ва порнографии аз нашрияҳои хориҷа гирифта шуда ба табъ мерасиданд.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 34-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма» чопи маводи порнографӣ манъ аст. Моддаи 28-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» низ пахши порнографияро манъ мекунад.
Чунин амал дар таҷрибаи кишварҳои мутамаддин низ ба назар мерасад. Масалан, моддаи 211-уми Кодекси ҷиноятии Норвегия чопи маводи порнографиро манъ кардааст. Моддаҳои 239-254-уми Кодекси ҷиноятии Ҳолланд низ чопу пахши порнографияро мамнўъ медонад. Дар Австрия, Канада ва Британияи Кабир низ пахшу чопи порнография ҷиноят ҳисобида мешавад.
Матбуот ва масоили гендерӣ
Қобили зикр аст, ки матбуоти Тоҷикистон ба масоили гендерӣ кам таваҷчўҳ мекунад. Нобаробарии гендерӣ дар истифодаи маводи чопӣ, сурат, мавзўъ ва муаллифон ба назар мерасад.
Тибқи пажўҳиши гендершинос Раъно Бобоҷонова моҳи октябри соли 2003 ҳафтаномаи «Asia-Plus» ҳамагӣ дар саҳифаҳои худ 10 сурати зану 44 сурати мардро чоп кардааст. Аз ҷумла, дар саҳифаи аввал ҳамагӣ 2 сурати зану 8 сурати мард ба табъ расидааст. Ҳафтаномаи хонаводагӣ «Оила» бошад, тўли ин вақт 44 сурати зану 55 сурати мардро чоп кардааст, ки аз инҳо 7 сурати зан ва 3 сурати мард дар саҳифаи аввал ҷой дода шудаанд. Аз ин бармеояд, ки ҳафтаномаи «Asia-Plus» бештар ба мардон таваҷҷўҳ дорад. Дар саҳифаи аввал ҷой додани сурат ба хотири ҷалб кардани таваҷҷўҳи хонандагон аст. Аз ин бармеояд, ки ҳафтаномаи «Оила» бештар ба занон таваҷҷўҳ дорад. Вале дар ҳамин ҳол маълум мешавад, ки дар ин ҳафтанома ҳам сурати мардон нисбат ба занон бештар ба табъ расидааст.
Аз пажўҳиши дигаре, ки мо гузарондем, аз он вақт то ба имрўз вазъ чандон тағйир наёфтааст. Мо шумораи 6 октябри соли 2005-уми 4 ҳафтаномаи кишварро таҳқиқ намудем. Аз ҷумла, ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар ин шумора 14 сурати зан ва 28 сурати мард, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» -2 сурати зану 19 сурати мард, ҳафтаномаи «Зиндагӣ» -7 сурати зан ва 27 сурати мард ва ҳафтаномаи «Миллат» — 1 сурати зану 13 сурати мардро ба табъ расонидааст. Дар ҳамин ҳол танҳо ҳафтаномаи «Asia-Plus» ва «Зиндагӣ» дар баробари мардон дар саҳифаи аввал сурати занонро ҷойгир кардаанд. Дар муқоиса бо пажўҳиши соли 2003 гўиё чопи суратҳои занон дар ҳафтаномаи «Asia-Plus» ба нисфи сурати мардон баробар аст. Вале дар асл чунин нест. Агар шумораи як ҳафта пеши ҳафтаномаи «Asia-Plus»-ро гирем, дар он ҳамагӣ 5 сурати зан ва 28 сурати мард ба табъ расидааст.
Дар ҳамин шумораи таҳқиқшавандаи нашрияҳо аз 6 октябри соли 2005 маълум мешавад, ки аз 13 муаллифи ҳафтаномаи «Зиндагӣ» танҳо 3 нафар зан мебошанд. Дар ҳамин шумораи ҳафтаномаи «Миллат» маводи 21 муаллиф ба табъ расидааст, ки танҳо 4-тояш ба қалами занон тааллуқ дорад. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бошад, 12 маводи муаллифонро чоп кардааст, ки ягонтои онро занон нанавиштаанд.
Вазъият дар ҳафтаномаи «Asia-Plus» қариб сад дар сад дигар аст. Дар шумораи 6 октябри соли 2005 маводи 47 муаллиф ба табъ расидааст, ки аз ин 24-тояш ба қалами занон тааллуқ дорад. Аз ҷумла, дар ин шумора муаллифони мард 23 мавод навиштаанд. Сабаби асосии зиёд будани муаллифони зан аз он вобаста аст, ки шумораи занон дар редаксия ва оҷонсии «Asia-Plus» нисбат ба мардон бештар мебошад.
Акнун таҳқиқ мекунем, ки ҳафтаномаҳо дар маводи хеш то чӣ андоза дар мавзўи зан сухан мегўянд. Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» дар ин шумораи худ дар 2 мавод ба мавзўи зан дахолат кардааст. Маводи аввал хабарест бо унвони «400 зани тоҷик дар Аморат?», ки дар он оид ба хариду фурўши бонувони тоҷик дар Аморати муттаҳидаи Араб сухан меравад. Маводи дигар «Парвина Шукруллоева гузаронд…» ном дошта, мактуби хонандаи рўзнома пас аз тамошои консерти телевизионӣ аст, ки овозхони ҷавон дар он оид ба пайғамбари ислом, Муҳаммад (с) таронае сурудааст. Муаллиф менависад, ки Парвина ин таронаро бо либоси аврупоӣ ва рақсиданҳои ноҷо сурудааст. Дар ин ду мавод симои занон манфӣ инъикос ёфтаанд.
Ҳафтаномаи «Миллат» дар мавзўи зан 9 мавод ба табъ расонидааст. Хабари аввал дар бораи сафари пешистодаи котиби давлатии ИМА Кандолиза Райс ба Тоҷикистон иттилои сиёсӣ буда, танҳо бону будани вай ба мавзўи зан иртибот мегирад. Хабари дигар аз баргузории сўҳбати мизи мудаввари Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази машваратии «Боварӣ» оид ба хушунат нисбати занон иттилоъ медиҳад. Хабари сеюм бошад, аз натиҷаи ширкати варзишгардухтарони тоҷик дар Бозиҳои чаҳоруми кишварҳои исломӣ нақл мекунад. Ҳафтанома дар бораи ин мусобиқоти варзишӣ мухбирномаеро низ ба табъ расонидааст.
Бояд гуфт, ки дар ин шумора 2 саҳифаи алоҳидаи ҳафтанома бевосита ба мавзўи занон бахшида шудааст. Аз ҷумла, дар саҳифаи сеюм ду ҳисобот ба табъ расидааст. Ҳисоботи аввал аз сўҳбати мизи мудаввар оид ба трафики инсон, аз ҷумла занон навишта шудааст. Ҳисоботи дуввум аз машварате бо унвони «Занони зиндонӣ ва таъсири онон ба оила» таҳия гардидааст. Ҳамчунин дар ин саҳифа назарпурсие бо номи «Хушунат аз нигоҳи шумо» ба табъ расидааст.
Саҳифаи 12-ум низ мавзўи занонро фаро мегирад. Дар ин саҳифа мақолаи Давлат Мирак «Фоҳишаҳо чанд навъанд?» ва мухбирномаи Рамзия бо унвони «Роҳ сўи бепадарӣ» чоп шудаанд. Давлат Мирак дар ин мақола аз намудҳои маъмўли фоҳишагӣ дар Тоҷикистон ҳарф зада мегўяд, ки «Имрўз «маҳфили фоҳишаҳо» сернуфуз гаштаю ҳарчи бештар занони касбу кори гуногун ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро мегирад».
Дар мухбирномаи «Роҳ сўи бепадарӣ» бошад, падарсолорӣ ҳамчун асоси оилаи шарқӣ талқин мешавад.
Дар ин шумораи ҳафтаномаи «Миллат» танҳо дар хабар ва мухбирномаи варзишӣ симои занон мусбат инъикос ёфтааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар шумораи номбурда ҳамагӣ дар мавзўи занон 5 мавод ба табъ расонидааст. Аз ҷумла ҳисоботи корманди Оҷонсии назорати маводи мухаддираи назди президенти Тоҷикистон Ш. Бобоев бо унвони «Кампири 66-сола бо 50 дона ғилофаки героин» ба табъ расидааст. Дар ҳисоботи мазкур сухан аслан аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддира меравад ва ба ин ҷурм муттаҳам шудани чандин афрод номбар мегардад. Вале таваҷҷўҳи бештар ба кампири 66-сола дода мешавад.
Дар шумораи 6 октябри соли 2005 ҳамчунин идомаи мусоҳибаи бузургҳаҷми сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Ш. Ҳамдампур бо экстрасенс, Гулсум Амирова бо унвони «Ҷодушикан» ба табъ расидааст. Мусоҳибаи мазкур маводи мусбат буда, ба ҳаёт ва фаъолияти Г. Амирова бахшида шудааст.
Се маводи дигаре, ки ҳафтанома ба мавзўи занон дахолат кардааст, хабарҳои варзишӣ аз Бозиҳои чоруми занонаи кишварҳои исломӣ мебошад. Дар ин хабарҳо симои варзишгардухтарони тоҷик мусбат инъикос ёфтааст.
Ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар шумораи 6 октябри соли 2005 дар мавзўи зан ҳамагӣ 5 маводро ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, ду хабар дар бораи сафари котиби давлатии ИМА Кандолиза Райс ба Тоҷикистон ва як хабар аз Бозиҳои чоруми занонаи кишварҳои исломӣ чоп кардааст. Ҳамчунин дар ду маводи дигар сухан аз занон меравад. Дар мақола оид ба ислоҳоти тиб ва мухбирнома оид ба фаъолияти журналистони хориҷӣ дар Ўзбекистон чанд сухане аз занон меравад, ки умумӣ буда, проблемаи занонро фаро намегирад.
Яке аз нашрияҳои хонаводагии кишвар ҳафтаномаи «Оила» мебошад ва аз рўи тахассус он бояд бештар масоили доғи занонро фаро бигирад. Аз таҳлили ҳафтанома бармеояд, ки кормандони «Оила» пеши худ чунин вазифа нагузоштаанд ва бештари маводи онҳо ба мавзўҳои фоҷиавӣ бахшида шудаанд. Масалан, ҳафтаномаи мазкур дар шумораи 10 ноябри соли 2005 бо чунин сарлавҳаҳо: «Ранҷишу кина душмани бахт», «10 ғалати аблаҳонаи зан», «Аҷинаникоҳ», «Момокалон дугоник таваллуд кард», «Бозгашти фоҳиша», «Аввалин пурсиш аз намоз бувад», «Ишқи дуруғин», «Шал ва безурриётиро табобат мекунам», «12 моҳи ҳомиладорӣ чӣ маъно дорад?», «Файзигули Юсуф: ба муҳаббат эҳтиёҷ дорам» ва ғайра мавод чоп кардааст. Мутаассифона, дар аксари ин мавод зан мутеъу нотавон тасвир ёфтааст ва ё зиндагии фоҷиабори он ба қалам дода шудааст. Масалан, дар мухбирномаи «Ранҷишу кина душмани бахт» омадааст: «Охир танҳо як бўсаи ошиқона, як меҳрубонӣ ва ё сайругашту хўрдани хўроки шом дар тарабхона, дар муҳити романтикӣ кофист, ки мо – бонувон тамоми ранҷишу дарду алами худро фаромўш намоем».
Дар қиссаи «Бозгашти фоҳиша» аз ҳаёти зане нақл карда мешавад, ки пас аз ду маротиба шавҳар кардан фоҳиша шудаасту билохир ба деҳа, назди волидонаш баргаштааст. Дар ин мавод низ симои қаҳрамони қисса – Дилдора манфиву манфур тасвир ёфтааст.
Дар қиссаи дигаре, ки «Ишқи дуруғин» ном дорад, аз ҳаёти фоҷиабори Фотима ном зани озарӣ нақл карда мешавад. Ин духтари озарӣ вақти дар аскарӣ будани Самад ном тоҷикписар ба вай ошиқ мешавад ва бо ў ба Тоҷикистон меояд. Пас аз гузашти солҳо Самад аз ў ҷудо шуда, ба зани дигаре хонадор мешавад ва Фотима ду духтарашро монда ба Озарбойҷон бармегардад.
Қобили тазаккур аст, ки ин қиссаҳо аслан тахаюлӣ бошанд ҳам, дар ба вуҷуд овардани афкори номатлуб мусоидат мекунанд.
Дар ҳамин шумора мақолае бо номи «Аҷинаникоҳ» ба табъ расидааст. Дар он аз қиссаи ба номуси духтари ноболиғ бо баҳонаи раҳонидани аҷина таҷовуз кардани мулло нақл карда мешавад. Мулло ҳамсабақи падари духтар мебошад ва ў аз зудбоварии волидони ҷабрдида истифода карда, ба ин ҷиноят даст задааст. Бо амри додгоҳ ин муллои беимон ба 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин мақола номи духтар ва падари ў бе ягон тағйирот оварда шудааст. Ин амал албатта, ба ҳаёти минбаъдаи духтар ва аҳли байти вай бе таъсир нахоҳад монд.
Аз сарлавҳаи маводи чопшудаи ин нашрия гўиё бармеояд, ки дар он ба проблемаи занон таваҷчўҳ зоҳир мешавад. Мутаассифона, дар асл чунин нест. Масалан, дар мухбирномаи «Зўроварӣ ва таъсири равонии он ба саломатии инсон» сухан аслан дар бораи майнаи сари инсон рафта, дар ин бора назари олимони физиолог оварда шудааст.
Дар маводи дигар, ки бо номи «Дувоздаҳ моҳи ҳомиладорӣ чӣ маъно дорад?» чоп шудааст, акушер – геникологи Маркази миллии солимии репродуктивӣ ба занон маслиҳат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки маводи ин шумораи ҳафтаномаи «Оила» ба қалами 13 нафар тааллуқ доранд ва аз ин теъдод ҳамагӣ 4 нафари муаллифон марданд. Яъне шумораи муаллифони зан нисбат ба муаллифони мард беш аз ду маротиба зиёд аст.
Охири соли 2005 ду нашрияи нав, замимаҳои ҳафтаномаи «Чархи гардун» — «Женщина и мужчина», «Зан ва мард» ба табъ расиданд. Аз унвони нашрияҳои мазкур бармеояд, ки онҳо газетаи тахассусӣ барои мардону занон мебошанд. Акнун нашрияҳои мазкурро таҳлил мекунем, ки дар онҳо барорбарии гендерӣ то чӣ андоза риоя шудааст. Дар шумораи якуми нашрияи «Женщина и мужчина» (30 декабри соли 2005) ба ғайр аз толеъномаву хобнома ва барномаи телевизиону сканвордҳо 25 мавод аз ҷумлаи нома, мусоҳиба мухбирнома, мақола, ҳикоя ва маслиҳату пурсишҳо ба табъ расидаанд. Дар 7 мавод зан будани муаллифон ва дар 3 маводи дигар ба қалами мардҳо тааллуқ доштани навиштаҳо маълум мешавад. 15 маводи боқимонда дайҷест аз нашрияҳои Россия буда, бе номи муаллиф чоп шудаанд, вале аз он ки ҳайати асосии кормандони нашрия – мухбирон, мусаҳҳеҳ ва саҳифабанд занонанд, метавон хулоса кард, ки навиштаҳои мазкурро низ занон ба чоп омода кардаанд. Дар шумораи мазкур 22 сурат аз ҷумла, 6 сурати мард ва 7 сурати зан дар танҳоӣ, 8 сурати якҷояи марду зан ва 1 сурати кўдак ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки аксари сурати занон ба маводи чопшуда иртиботи амиқе надоранд ва танҳо барои ҷолибият истифода шудаанд. Дар ҳамин ҳол дар нашрия сурати 4 мард бо посухашон ба суолҳо ба табъ расидааст.
Дар шумораи якуми нашрияи «Зан ва мард» (30 декабри соли 2005)ба ғайр аз толеъномаву барномаи телевизионӣ ва сканвордҳо 29 мавод ба табъ расидааст. Аз ин шумора 20 мавод ба қалами занон ва танҳо 5 мавод ба қалами мардон тааллуқ дорад. Муаллифи 4 маводи дигар маълум нест. Аз маводи зикршуда танҳо ҳафттояш бевосита ба занҳо, сетояш ба мардҳо ва ё ёздаҳтояш ба ҳар ду ҷинс бахшида шудааст.
Дар ҳамин шумораи нашрияи мазкур 22 сурати танҳо -11 сурати зан ва 10 сурати мард, 3 сурати якҷояи марду зан ва 2 сурати кўдак чоп шудааст. Аз он ки 10 сурати марду 11 сурати занро нашрия чоп кардааст, чунон ба назар мерасад, ки мувозинати гендерӣ риоя нагардида, бештар ба занон таваҷҷўҳ зоҳир шудааст. Вале дар асл чунин нест: Аз 11 сурати зан танҳо 5 сурати аслӣ ба табъ расидааст. Нашрия дар мусоҳибаҳояш бо ҳунарпеша Дилбар Умарова, овозхон Ҳаётой Мўъминова ва нависанда Гули Зард суратҳои онҳоро низ чоп кардааст. Дар ҳамин ҳол нашрия 10 сурати мардони маъруфро аз қабили шоирон Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, овозхонон Ҷўрабек Муродов, Аҳмади Зоҳир ва ғайраро дар сканвордҳо ҷой додааст.
Дар ҳамин ҳол ин ду нашрияи тахассусӣ ба масоили гендерӣ хеле кам таваҷҷўҳ карда, баръакс ба тарғиби нобаробарии гендерӣ мусоидат намудаанд. Ин нобаробарӣ аз паспорти ин ду нашрия оғоз мегардад: Дар ҳар ду нашрия калимаҳои «Мужчина» ва «Мард» бо ҳарфҳои барҷастаи ғафси равғанин, калимаҳои «Женщина» ва «Зан» бошад, бо ҳарфҳои лоғар навишта шудаанд. Албатта, ин нерўмандӣ ва тавоноии мардро нисбати зан талқин мекунад.
Ҳамчунин дар ин шумораи нашрияи «Мужчина и женщина» чанд таҳқире нисбати занон чоп шудааст. Аз ҷумла ба суоли «Ба хиёнати зан чӣ хел муносибат мекунед?», Машраб ном мусоҳиб чунин посух додааст: «… Агар чунин ҳодиса дар оилаи ман рух диҳад, ман ўро мекушам ва ё сарашро луч тарошида ба кўча пеш мекунам».
Кодекси оилаи Тоҷикистон марду занро дар ҳаёти оилавӣ баробар медонад. Тибқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон низ волидон барои нигоҳубини қўдак ҳуқуқи якхелаи гирифтани рухсатӣ доранд. Ин нуктаи қонун дар нашрияи мазкур чунин мазамат карда мешавад: «Марде, ки барои нигоҳубини кўдак рухсатӣ мегирад, латта аст ва аз ўҳдаи ягон чизи дигар намебарояд».
Мутаассифона, дар нашрияи «Зан ва мард» низ нисбати баробарии гендерӣ таваҷҷўҳ зоҳир нашудааст. Масалан, дар як мусоҳиба бо унвони «Рўзи сиёҳи занкалон» роҳбар будани зан мазаммат карда мешавад, зеро шавҳари вай дар хона «нақши занро иҷро мекунад». Дар ин мусоҳиба писари ин оила ба суоли мухбир -«Ту ҳам калон шуда мехоҳӣ, ки мисли падар зани роҳбар дошта бошӣ?»- чунин посух медиҳад: «Не-е! Чӣ, ман девона-мӣ? Ма мардакум, як зани хонашин мегирум».
Дар саҳифаи дигари ин нашрия дузана будани мард ҳамчун як ҳодисаи оддӣ ёдовар мешавад. Аз ҷумла, соҳибкори 43-сола-Амонуллои Шодӣ мегўяд: «Ду зан дорам, лекин зани дуюмамро бештар дар хоб мебинам».
Ҳол он ки тибқи Кодекси оилаи Тоҷикистон бисёрзанӣ дар ҷумҳурӣ манъ аст ва чунин шахсон тибқи моддаи 170-уми КҶТ барои бисёрникоҳӣ ба ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд. Нашрия ин нуктаи қонунро ба назар гирифта, бояд амали мазкурро талқин намекард.
Пас аз мутолиаи ин нашрияҳои тахассусӣ метавон хулоса кард, ки дар онҳо масъалаҳои доғи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардону занон баррасӣ намешаванд.
Ногуфта намонад, ки баъзеҳо норўшан мондани симои занро дар ВАО ба мардсолорӣ дар ин соҳа вобаста медонанд. Масалан, дар ин бора маҷаллаи «Гуфтугў» ( Зан ва мард дар ВАО.// Гуфтугў.- 2004.- № 3.-С. 16.) менависад: «Азбаски дар васоити ахбори умум низ мардсолорӣ ҳукмфармост, симои зан дар он нисбати мард хеле нонамоён аст». Албатта, ин ақида чандон саҳеҳ нест. Масалан, аз пажўҳиши боло бармеояд, ки сармуҳаррири нашрияи «Оила» зан бошад ҳам, вале дар ҳамин ҳол проблемаҳои занон қариб ки дар ин ҳафтанома баррасӣ нашудаанд.
Аз соли 2001 аввал то соли 2005 бо кўмаки молиявии бахши тоҷикистонии Институти ҷомеаи кушода ва баъдан ҳамчунин бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон маҷаллаи бонувон бо номи «Гуфтугў» ба табъ мерасид. Дар маҷаллаи мазкур то андозае проблемаҳои гендерӣ баррасӣ мешуданд, вале бинобар кам будани теъдоди чоп (1000-1200 адад) он дастраси ҳамагон намешуд ва наметавонист афкори ҷомеаро дигар бикунад.
Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки дар ВАО-и кишвар кам инъикос шудани проблемаҳои гендерӣ аз зиёд будани журналистони мард дар ин соҳа вобаста аст. Албатта, ба ин ақида наметавон розӣ шуд, зеро имруз дар кишвар шумораи журналистзанон афзудааст ва аз ҷониби дигар сол аз сол теъдоди сармуҳаррирон аз ҳисоби занон рў ба афзоиш дорад. Имрўз нашрияҳое ҳастанд ба монанди ҳафтаномаҳои «Оила», «Asia-Plus», маҷаллаи «Фирўза» ва ғайра, ки аксари кормандонашон бонувонанд. Вале дар ҳамин ҳол проблемаҳои гендерӣ дар ин нашрияҳо чандон баррасӣ намешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон теъдоди журналистзанон афзуда истода бошад ҳам, сатҳи касбии онҳо нисбат ба мардҳои ҳампешаашон пасттар аст ва инро метавон яке аз сабабҳои камтар баррасӣ шудани масоили занон донист.
Ба гуфти гендершинос Марям Давлатова «ҳангоми мутолиаи нигоштаҳои онҳо (занон-ҶМ) мушоҳида мешавад, ки муаллиф тоза ба мавзўъ рў овардааст, чизе дар ин бора қаблан наомўхтааст. Таълифоташон бештар сатҳӣ буда, ба эҳсосот дода мешаванд, дар навиштаҳояшон таҳлил камтар аст. Ин чиз дар барномаҳои телевизион равшантар ба назар мерасад» («Гуфтугў», 2002, №3.).
Аз ин пажўҳиши кўчаки мо бармеояд, ки образи занон дар матбуоти ҷумҳурӣ аксаран манфӣ қаламдод мешавад. Дар ҳамин ҳол проблемаҳои занон аксаран дар саҳифаҳои матбуот инъикос намегарданд. Ба вижа, аз поймол гардидани ҳуқуқҳои занон оид ба меҳнат қариб ки дар ВАО сухан намеравад. Масалан, имрўз пас аз низоми иқтисоди бозориро пеш гирифтани Тоҷикистон ва пайдоиши шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ аксари корфармоён кўшиш мекунанд, ки занони ҳомила ва ё кўдаки хурдсол доштаро ба кор нагиранд. Ҳамчунин ҳолатҳои ба кормандон барои иҷрои кори якхела пардохтани маоши гуногун низ ба назар мерасад. Мутаассифона, занон низ аз надонистани ҳуқуқҳои худ инро амали қонунӣ дониста, ба додгоҳ муроҷиат намекунанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар маводи ВАО-и кишвар асосан ду типи занон ба назар мерасанд: зан мавриди таваҷҷўҳи шаҳвонӣ ва соҳибхоназани хушбахт — шарики мард. Ҳамчунин аҳён-аҳён дар бори занони соҳибмансаб ва зиёӣ мавод чопу пахш мешавад. Вале дар онҳо низ симои бонувон пурра рўшан намегардад. Дар ҳамин ҳол заноне, ки бо нақшҳои анъанавии худ розӣ нестанд, аз ҷумла занони феминист бештар аз ҷониби рўзноманигорон манфӣ инъикос мешаванд.
Образҳои мардон низ аз қолаб берун нестанд, одатан образҳои тоҷирони бобарор, ки аз ҳама ҷиҳат таъминанд, дар маркази диққати ВАО меистанд. Албатта, ин ҳама бесабаб нест. Аксари ноширону рўзноманигорон даст ба тиҷорат задаанд. Онҳо барои чопу пахши мавод аз шахси мавриди таваҷҷўҳ пул меситонанд ва ё ин амал бо хоҳиш ё супориши мансабдорон сурат мегирад. Дар ин ҳол албатта, зани оддӣ, рўзгори пурмушкилоту проблемаҳои вай аз мадди назарҳо дур мемонад.

Суолҳо барои азхудкунии мавзўъ

1. Ҳаёти шахсии шаҳрвандон дар кадом санадҳои Тоҷикистон ҳифз карда шудаанд?
2. Барои аз байн бурдани стереотипҳо дар ВАО чӣ бояд кард?
3. Одамфурўшӣ дар ВАО бояд чӣ гуна инъикос шавад?
4. Хушунати хонаводагӣ чист ва бояд онро чӣ гуна пешгирӣ кард?
5. Баробарии гендерӣ дар реклама чист?
6. Порнография ва эротика чист ва он ба баробарии гендерӣ чӣ иртибот дорад?
7. Симои зани «порсо» дар матбуоти Тоҷикистон чӣ хел инъикос ёфтааст?
8. Дар ВАО «марди комил» кист?
9. Баҳсҳои гендерӣ дар ВАО аз чӣ сар мезананд ва онҳо ба ҳалли проблемаи мазкур чӣ таъсир доранд?
10. ВАО дар ташаккули тафаккури баробарии гендерӣ чӣ нақш дорад?

ОХИРСУХАН

Кўшиши феминистон барои баробарҳуқуқии занон дар асри ХХ то андозае амалӣ гардид. Ҳоло дар аксари кишварҳои рушдкарда нобаробарии ҷинсӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ аз байн рафтааст. Занон дар баробари мардон бо кор, маош, таҳсилот, сиҳатӣ ва истироҳати якхела фаро гирифта шудаанд. Дар интихоби касб низ занон ихтисосҳоеро, ки урфан мардона буданд, фатҳ кардаанд. Дар ибтидои садаи ХХI аввалин маротиба дар таърихи Африка ва Америкаи Лотинӣ зан президенти кишвар интихоб шуданд. Эллен Ҷонсон дар Либерия ва Мишел Башалет дар Чилӣ аз ин ҷумлаанд.
Дар ҳамин ҳол солҳои охир дар дунё раванди наве дар муносибати ҷинсҳо пайдо шудааст. Дар бисёр кишварҳо соҳаи хизматрасонӣ аз рўи ҷинсият тақсим мегардад. Масалан, соли 2004-ум завҷаи призиденти Аморати Муттаҳидаи Араб Фотима Ал –Наҳайян барои занон ду филиали бонкро кушод. Ин бонкҳо танҳо ба занон хизмат расонида, ба онҳо машварати иқтисодӣ медиҳанд. Ин амал имкон медиҳад, ки занон бештар ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб карда бишаванд.
Соли 2005-ум Астрид Хэзтрейтер, мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ аввалин шуда дар Олмон бонке кушод, ки танҳо ба занон хизмат мерасонад. Ин бонки занона (Fraunbank) дар шаҳри Мюнхен ҷойгир буда, муассиси он минбаъд тавсеаи шабакаи бонкро барои занон дар тамоми Олмон дар назар дорад.
Хизматрасонӣ аз рўи ҷинс дар нақлиёт дар кишварҳои исломӣ нав нест. Масалан, дар Эрон барои бонувон як қисми автобус пешбинӣ шудааст. Ин амал, ки барои занон қулай ва роҳаттар аст, дар кишварҳои дигар низ истифода мешавад. Соли 2002-юм дар поезди Харков-Киев истифодаи вагонҳои махсуси занона оғоз шуд, ки нархи роҳкиро аз вагони муқаррарӣ тафовут надорад.
Моҳи июли соли 2004-ум ин иқдом дар поезди Киров-Москва мавриди истифода қарор гирифт. Купеҳои вагони поезди мазкур ба занонаву мардона ҷудо карда шуданд. Мусофирзанон худ метавонанд интихоб бикунанд, ки дар купеи занона сафар бикунанд ва ё дар купеи умумӣ омехта бо мардон.
Чунин амал дар Япония аз ибтидои садаи ХХI истифода мешавад. Хизматрасонӣ аз рўи ҷинс на танҳо дар роҳҳои оҳан, балки дар метро низ ба роҳ монда шудааст. Дар вақти серодам будани нақлиёт- субҳ ва шом вагонҳои метроҳои шаҳрҳои Токио, Осака ва Нагой ба занонаву мардона ҷудо карда мешаванд, то ки занон бо роҳат сафар бикунанд.
Ҳамзамон дар бисёр кишварҳо хизматрасонӣ барои занони мошинсавор низ аз рўи ҷинс сурат мегирад. Ба дўсторони автомобил автосервисҳои вижаи занона хизмат мерасонанд. Соли 2005-ум бори аввал дар Москва автосервиси занона кушода шуд. Ҳамон сол дар Йоркшири Британияи Кабир бошад, автосервисе барои занон кушода шуд, ки кормандонаш аз ҷумлаи челонгару барқгар ва механикҳо ҳама бонувонанд.
Бартарияти автосервисҳои вижа аз муқаррарӣ дар он аст, ки аввалан, занон худро озод ҳис мекунанд. Сониян, онҳо дар ин ҷо, вақти худро ҳини таъмири мошинашон зоеъ нагузаронида, метавонанд аз салонҳои ороиши мўй ва маникюру педикюри дохили ин муассисаҳо истифода бикунанд ва ё бо ҳамҷинсони худ сари як пиёла қаҳва чақ-чақ намоянд.
Чунин тақсимоти ҷинсии хизматрасонӣ албатта, барои занон қулай ва роҳаттар аст. Вале, он талошу кўшишҳое, ки барои бо мардон баробар будан, пиёда мешуданд, магар барабас мераванд? Ин суолест, ки ҳанўз муҳаққиқони гендер посухашро нагуфтаанд.

ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ
1. Абдуллоев А. Мавқеи зан дар давраи Зардушт ва баъд. // Гендер ва
ҷомеа.-2004.-№ 4. — С. 13-15.
2. Анализ гендерной ситуации в сфере политики в Республике
Таджикистан.-Душанбе, 2005.
3. Антология гендерной теории.-Минск, 2000.
4. Арўси 11-солаи мардикори тоҷик. // Зиндагӣ.-2005.- 9 июн.
5. Бадентар Э. Мужская сущность.-М., 1995.
6. Бақосов И. Ҳукуқ ва озодиҳои зан. – Хуҷанд, 2005.
7. Барг Э. П. Семь возрастов женщины.- М., 1994.
8. Брукер Н. Гендер ва васоити ахбори умум. // Тоҷикистон: интихоботи
парлумон 2005.-Душанбе, 2004.- С. 37-41.
9. Введение в гендерные исследования. Ч. 1., Ч. 2.- Харьков, СПб., 2001.
10. ВИЧ-СПИД и права человека. Международные руководящие
принципы. – Нью-Йорк, Женева, 2003.
11. Гендер и техника.-Душанбе, 2005.
12. Гендер как интрига познания. — М., 2000, 2002.
13. Гендерные исследования в Центральной Азии. – Алматы, 2002.
14. Гендерный калейдоскоп.-М., 2001.
15. Гендерное равенство: как и зачем об этом говорить. — М., 2004.
16. Гендерная цензура как элемент культуры. — М., 2003.
17. Гендерная экспертиза и законадательная политика.- М., 2004.
18. Грайс Дж. Что делает женщину сексуальной.-М., 1995.
19. Ғаффоров А. Зан аз нигоҳи сиёсати гендерӣ.-Душанбе, 2005.
20. Давлатова М. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти гендерӣ. — Душанбе, 2005.
21. Давлатова М. Гендер дар васоити ахбори умум. // Некоторые аспекты гендерных
исследований в Таджикистане.-Душанбе, 2002.- С. 68-77.
22. Дар бораи ислоҳоти системаи маълумоти олӣ ва вазъияти маълумоти гендерӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе, 2006.
23. Девонаам нахонед! // Нерўи сухан. –2003.-21 август.
24. Декларация об искоренении насилия в отношении женщин.// Ҳукуқи
инсон.-2005.-ноябр.
25. Дубин С. Колдунья, дитя, андрогин: жещина(ы) в сюрреализме. //
Иностранная литература.-2003.-№ 6.-С. 279-299.
26. Духтаронамонро аз куҷо ёбем? // Тоҷикистон.- 2004.-25 ноябр.
27. Достижения целей развития тысячелетия. Таджикистан-2003. — Душанбе, 2003.
28. Женщина в обществе: мифы и реалии. — М., 2001.
29. Женщина и визуальные знаки. — М., 2000.
30. Женщина и выборы. — Тбилиси, 2004.
31. Жеребкина И. «Прочти моё желание…». Постмодернизм,
психоанализ, феминизм. — М., 2000.
32. Законы и практика средств массовой информации в одинадцати демократиях мира. -М.,
1997.
33. Зан ва мард дар ВАО.// Гуфтугў.- 2004. -№ 3.-С. 16.
34. Занон дар матбуоти тоҷик чӣ мақом доранд?// Гуфтугў.-2002.-№3.-
С. 20-22.
35. Ибодов Дж. Основы правовых знаний для журналистов
Таджикистана. – Душанбе, 2004.
36. Иброҳим А. Бахтбаргаштагони фиғонистон.//Зиндагӣ.-2005.-28 июл.
37. Клецина И.С. Психология гендерных отношений. – СПб., 2004.
38. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1997.- 12 декабр.// Ахбори
Маҷлиси Олии Тоҷикистон.-1997. — № 23-24.
39. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 1999.
40. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -Душанбе, 1998.
41. Кон И. С. Введение в сексологию. – М., 1989.
42. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2004.
43. Корбут Л. В. Поленина С. В. Международные конвенции и декларации о правах
женщин и детей. – М., 2004.
44. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили
хариду фурўши одамон.-Душанбе, 2004.
45. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии
мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо».-Душанбе, 2005.
46. Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама». 2003, 28 май (№859).
47. Қосимова М. Танзими оила. — Душанбе, 1998.
48. Лазутина Г. В. Профессиональная этика журналиста. — М., 2000.
49. Логинов А. А. Мужчина и женщина. – Минск, 1989.
50. Маҷмўаи асноди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи духтарон
дар риштаи маориф. — Душанбе, 2002.
51. Мирзобекова Р. Живой товар возвращен из ОАЭ.// Asia-Plus. –2005.- 11 август.
52. Мирзобекова Р. Шармата по — таджикски.//Asia-Plus.-2005.- 11август.
53. Музаффаров С. Одамфурўш ҷазо гирифт.//Тоҷикистон.-2005.-9 июн.
54. Муллоев Ш. Рекламный образ мужчины и женщины в СМИ Таджикистана.// Гендер и
общество.-2004-2005.-№ 5-6.- С. 18-20.
55. Назарияи гендер дар илмҳои гуманитарӣ. –Душанбе, 2005.
56. Некоторые аспекты гендерных исследований в Таджикистане. В. 1, 2.-Душанбе, 2003.
57. Омран А. Р. Планирование семьи в толковании ислама.- Душанбе, 1999.
58. О муже(N)ственности: Сборник статей. Сост. С. Ушкин.-М.,2002.
59. Положение детей в мире, 2005 год. Детство под угрозой.-UNICEF, 2004.
60. Правовые и этические нормы в журналистике. — М., 2004.
61. Рамзия. Роҳ сўи «бепадарӣ».// Миллат.- 2005, 6 октябр.
62. Расидан ба ҳадафҳои рушди Ҳазорсола. Тоҷикистон-2003. -Душанбе, 2003.
63. Раҷаб Р. Тешаев У. Гендер…падарсолорӣ… ва бепадарӣ.// Миллат.- 2005.- 1 сентябр.
64. Сексизм non stop? // Диолог женщин.- 2003.- № 20.
65. Сила слова-2. Новый европейский порядок: права человека положение женщин и
гендерная цензура.-М., 2000.
66. Словарь гендерных терминов. — М., 2002.
67. Соланас В. Манифести ҷомеаи маҳви пурраи мардон. //Митин журнал. — 1967.-№
59. – С. 480.
68. Социология гендерных отношений. – М., 2004.
69. Стайс Р. Женское освободительное движение в России. Феминизм, нигилизм и
большевизм 1860-1930. — М., 2004.
70. Сукманов Д. Гендерные стереотипы в рекламе // Рекламные технологии.-2002.-№ 4.-С.
36-37.
71. Таджикистан: на пути к гендерному равенству. — Душанбе, 2003.
72. Таджикистан: проблемы трудовой миграции и возможные подходы к формированию
политики. — Душанбе, 2003.
73. Феминизм и гендерные исследования.- Тверь, 1999.
74. Фитрат А. Оила ё худ вазифаи оиладорӣ. // Гендер ва ҷомеа.-2004.- №4. – С. 15-16.
75. Фрейд З. Психология сексуальности.- Минск, 1992.
76. Фридан Бетти. Загадка женственности.- М., 1994.
77. Хрестоматия по курсу основы гендерных исследований.- М., 2000.
78. Худоёров Б. Т. Шонасридинов Н. Мукумова С. А. Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии
Тоҷикистон. — Душанбе, 2004.
79. Чазем Р. Мужская сексуальность. –Минск, 1991.
80. Шейнов В. П. Женщина плюс мужчина. Познать и покорить.- Минск, Харвест,
2004.
81. Шоисматуллоев Шоназар. Насилие в отношении женщин: прошлое и настоящее.-
Душанбе, 2005.
82. Яффе М., Фенвик Э. Секс в жизни мужчины.- М., 1990.

ЗАМИМАҲО:
Замимаи А.
БАРНОМАИ КУРСИ ГЕНДЕР ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Курси «Гендер ва журналистика» аз 36 соат – 24 соат дарси назариявӣ,
12 соат дарси семинарӣ иборат аст.

ҚИСМИ ТАШКИЛИВУ МЕТОДӣ

ҲАДАФИ КУРС

Проблемаҳои гендерӣ аз қадимулайём дар ҷомеа вуҷуд доранд. Дар давраи шўравӣ масоили мазкур нисбатан ҳалли худро ёфта буданд. Вале пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва дар ин замина пайдо шудани давлатҳои мустақил ба афзудани масоили гендерӣ мусоидат кард. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ ва бўҳрони иқтисодӣ гардид, проблемаҳои гендерӣ аз нав рў заданд. Имрўз дар Тоҷикистон созмонҳои гуногуни давлативу ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ ба ҳалли проблемаҳои гендерӣ даст задаанд. Вале онҳо на ҳамеша ба ин муваффақ мешаванд. Зеро барои аз байн бурдани проблемаҳои гендерӣ ба ғайр аз базаи мустаҳками моддиву маънавӣ боз тафаккури ҷомеаро, ки солиёни зиёд ташаккул ёфтааст, бояд дигар кард. Имрўз ин ҳадаф тавассути ВАО ба даст меояд. Ҳадафи курси «Гендер ва журналистика» аз омода кардани хатмкунандагони факултет ва шўъбаҳои журналистика ба ин вазифаи пурмасъул иборат аст. Донишҷўён дар ҷараёни омўзиши курси мазкур бо проблемаҳои гендерӣ дар ҷомеа шинос шуда, минбаъд тавассути ВАО дар ҳалли онҳо мусоидат менамоянд.

ВАЗОИФИ КУРС

Вобаста ба ҳадафи зикргардида вазифаҳои асосии курс аз ин иборат аст:
— шинос кардани донишҷўён бо таърихи ҳаракатҳои феминистӣ;
— ошно намудани донишҷўён бо масоили гендерӣ дар ҷомеа;
— нишон додани роҳҳои ҳалли масоили гендерӣ ба донишҷўён;
— шинос кардани донишҷўён бо қонунгузории Тоҷикистон ва асноди байналхалқӣ вобаста ба масоили гендерӣ;
— баррасии инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО-и Тоҷикистон.

НАҚШИ КУРС ДАР ОМОДАГИИ КАСБИИ ДОНИШҶЎЁН

Курси «Гендер ва журналистика» дар нимсолаи аввали курси 5-ум ба донишҷўён таълим дода мешавад. Дар ин вақт донишҷўён аллакай фанҳои касбиву тахассусиро омўхта, баъзе малакаи касбии журналистиро пайдо кардаанд. Курси мазкур дониши назарӣ ва амалии донишҷўёнро вобаста ба мавзўи гендер ва инъикоси он дар ВАО афзун мегардонад. Ҳамчунин курси номбурда дар васеъ шудани ҷаҳонбинии донишҷўён мусоидат мекунад.

ТАЛАБОТ БА АЗХУДКУНИИ КУРС

Донишҷўён пас аз хатми курс бояд чунин малака дошта бошанд:
— донистани равияҳои феминистӣ дар ҷаҳон;
— донистани проблемаҳои гендерӣ ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо;
— донистани қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба масоили гендерӣ;
— дарки камбудии ВАО дар инъикоси масоили гендерӣ;
— истифода карда тавонистани донишҳои андўхта дар амал. Аз ҷумла, инъикоси дурусти масоили гендерӣ дар ВАО.

МУНДАРИҶАИ КУРС

Курси мазкур аз 3 қисм ва замима иборат буда, дар он лексия ва дарсҳои амалӣ баррасӣ мешаванд. Қисми якум – «Таърихи ҳаракатҳои феминистӣ» аз пайдоиши ҳаракатҳои феминистӣ нақл мекунад.
Қисми дуюм – «Ҳуқуқи занон ва кўдакон дар ҷомеа» ном дошта, дар он қонунгузории Тоҷикистон ва асноди байналхалқӣ вобаста ба масоили гендерӣ баррасӣ мешавад.
Қисми сеюм — «Инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО» номгузорӣ шуда, дар он инъикоси проблемаи мазкур дар воситаҳои ахбори омма таҳлил мешавад.
Барои кўмак ба донишҷўён дар фаҳмиши истилоҳи гендерӣ замима пешниҳод мешавад, ки он аз вожаномаи мухтасари гендерӣ иборат аст.
Ҳамчунин дар охир барои мутолиаи мустақилона феҳристи адабиёти зарура дода мешавад.

Қисми 1.
ТАЪРИХИ ҲАРАКАТҲОИ ФЕМИНИСТӣ

Лексияи 1 (2 соат) Семинари 1 (2 соат)

1.1. Таърихи ташаккули феминизм.

Модаршоҳӣ ва падарсолорӣ. Никоҳ ва оила дар аҳди кўҳан. Пайдоиши идеяҳои феминистии Кристина де Пизан ва Корнелиус Агриппа. Инқилоби бузурги Фаронса, «Эъломияи ҳуқуқи зан ва шаҳрванд»-и Олимпия де Гуж (с. 1792). Идеяҳои феминистӣ дар Англия. Мэри Уолстоункрафт ва китоби ў «Ҳифзи ҳуқуқи зан» (с. 1792). Идеяҳои феминистӣ дар Олмон. Асари Теодор фон Гиппел «Дар бораи беҳ кардани вазъи шаҳрвандии занон». Ҳаракатҳои феминистӣ дар асри ХIХ. Консепсияҳои философии Ҷон Локк, Жан Жак Руссо, Ҷон Стюарт Милл. Китоби Ҷ. С. Милл ва Харриэт Тейлор «Тобеияти зан» (с. 1869). Назарияи сотсиализми утопиявӣ. Ҳаракати суфражистон.

Лексияи 2 (2 соат)

1.2. Феминизми либералӣ

Китоби Бетти Фридан «Мистикаи нафосат» (с. 1963). Идеяҳои феминистии Элисс Росси, Ҷанет Ричардс, Сюзан Окин, Натали Блюстоун (а. ХХ). Ислоҳот дар чаҳорчўбаи ҷомеаи мавҷуда. Идеяи баробарии ҷинсҳо. Характеристикаи мактаби феминистҳои либералӣ. Танқиди феминизми либералӣ аз ҷониби равияҳои дигар.

Лексияи 3 (2 соат)

1.3. Феминизми сотсиалистӣ

Феминизми марксистӣ. Идеяҳои А. Коллонтай, К. Сеткин, А. Бебел ва дигарон. Феминистони марксистии имрўза – Эмма Голдман, Синтия Кокбёрн, Мэри Эванс. Назарияи сотсиал – феминизм. Назарияи системаҳои дуалӣ. Идеяҳои Хайди Хартман, Ҷулиет Митчелл, Алисон Ҷагар, Маргарет Бенстон ва дигарон. Танқиди назарияи системаҳои дуалӣ – Андрис Янг. Бўҳрони сотсиал-феминизм. Феминизм ва ҷомеаи коммунистӣ.

Лексияи 4 (2 соат)

1.4. Феминизми радикалӣ

Назарияи психоанализи Зигмунд Фрайд. Назарияи сотсиологии тақсими нақшҳои ҷинсӣ. Асари Симон де Бовуар «Ҷинси дуюм» (с.1949). Тазъйиқи зан яке аз намудҳои асосии истисмор. Асари Суламиф Фейрстоун «Диалектикаи ҷинс»(с.1970). Модар, шаҳвоният, порнография ва давлат аз нигоҳи феминистони радикалӣ. Идеяҳои Адриенна Рич, Андреа Дворкин, Маргарет Эттвуд, Робин Роуланд ва Энн Оуклӣ. Зергурўҳҳои феминизми радикалӣ: феминизми фарҳангӣ, феминизми эссенсиалистӣ, лесбианизм.

Қисми 2.
ҲУҚУҚИ ЗАНОН ВА КЎДАКОН ДАР ҶОМЕА

Лексияи 5 (2 соат)

2.1. Асноди байналхалқӣ оид ба ҳукуқи занон ва кўдакон

Эъломияи ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948). Конвенсияи мубориза зидди одамфурўшӣ ва истифодаи фоҳишагӣ аз ҷониби шахсони сеюм (2 декабри соли 1949). Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон (20 декабри соли 1952). Конвенсия дар бораи шаҳрвандии зани шавҳардор (29 январи соли 1957). Эъломияи хуқуқи кўдак (20 ноябри соли 1959). Конвенсия дар бораи мубориза зидди тазъйиқ дар соҳаи маориф (14 декабри соли 1960). Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (16 декабри соли 1966). Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (16 декабри соли 1966). Конвенсияи барҳам додани тазъйқ нисбати занон (7 ноябри соли 1967). Конвенсияи ҳуқуқи кўдак (20 ноябри соли 1989). Эъломияи барҳам задани хушунат нисбати занон (20 декабри соли 1993).

Лексияи 6 (2 соат) Семинари 2 (2 соат)

2.2. Қонунгузории Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи занон

Ҳуқуқи зан дар Ислом. Сарқонуни Тоҷикистон. Кодекси меҳнати Тоҷикистон (15.05.1997). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (15.05.1997), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон 12.12.1997), Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.05.1998), Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13. 11.1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (01.03.2005).

Лексияи 7 (2 соат) Семинари 3 (2 соат)

2.3. Ҳуқуқи кўдакон дар ҷомеа

Ҳуқуқи кўдакон дар Ислом. Ҳуқуқи кўдакон дар Кодекси оилаи Тоҷикистон. Ҳуқуқи кўдакон ба манзил. Ҳуқуқи меҳнатии кўдакон. Ҳуқуқи кўдакон ба моликият. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои волидон нисбати тарбияи фарзандон. Ҳуқуқу ўҳдадории фарзандон барои парастории волидон.

Қисми 3.
ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ГЕНДЕРӣ ДАР ВАО

Лексияи 8 ( 2 соат) Семинари 4 (2 соат)

3.1. Гендер ва журналистика

Озодии сухан ва гендер. Ҳуқуқ ва вазифаҳои журналист. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма (14.12.1990). Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (14.12. 1996). Инъикоси воқеаҳои фоҷиабор. Меъёрҳои ахлоқии журналист.

Лексияи 9 –10 (4 соат) Семинари 5 (2 соат)

3.2. Образи зан ва мард дар ВАО

Образи зани мутеъ. Нобаробарӣ дар инъикоси симои зан. Одамрабоӣ ва инъикоси он дар матбуот. Зан ва реклама.
Симои марди тавоно. Нақши мард дар реклама. Гендер ва эълони никоҳ дар матбуот.

Лексияи 11 – 12 (4 соат) Семинари 6 (2 соат)

3.3. Нақши ВАО дар ташаккули афкори гендерӣ

Гендер ва афкори ҷомеа. Гендер ва ВАО. Тағйири қолабҳои шахшудаи гендерӣ дар ВАО. Эротика ва порнография дар ВАО. Зан ва интихобот дар ВАО. Сензураи гендерӣ.

НАМУНАИ МАЗЎЪҲО БАРОИ КОРИ МУСТАҚИЛОНА

1. Тартиби аз кор озод кардани зани ҳомила.
2. Маоши ҷинсҳо ҳини меҳнати якхела.
3. Оё шумо мехоҳед, ки занатон кор бикунад? (пурсиш барои писарон).
4. Оё барои таҳсили духтаронатон монеъ мешавед.
5. Гендер ва реклама.
6. Муноқишаҳои оилавӣ сабаб ва натиҷа.
7. Тақсими вазифаҳо дар оила.
8. Ҳуқуқи кӣ зиёд аст?
9. Зани идеалӣ ва марди идеалӣ кист?
10. Тафсири оилаи идеалӣ.

НАМУНАИ НОМГЎИ РЕФЕРАТҲО

1. Инъикоси симои зан дар ҳафтаномаи «Оила».
2. Инъикоси симои мард дар ҳафтаномаи «Оила».
3. Симои зани сиёсатмадор дар рўзномаи «Ҷумҳурият».
4. Инъикоси симои зан дар ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила».
5. Инъикоси симои мард дар ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила».
6. Образи зан дар ТВТ.
7. Образи мард дар ТВТ.
8. Инъикоси симои зан дар Радиои Тоҷикистон.
9. Инъикоси симои мард дар Радиои Тоҷикистон.
10. Инъикоси масоили кўдакон дар нашрияҳои давлатӣ.

НАМУНАИ НОМГЎИ КОРҲОИ КУРСИВУ ДИПЛОМӣ

1. Образи зани тоҷик дар матбуоти давлатӣ.
2. Инъикоси одамрабоӣ дар матбуоти Тоҷикистон.
3. Гендер ва журналистика.
4. Инъикоси масоили гендерӣ дар матбуоти Тоҷикистон.
5. Симои зани сиёсатмадор дар ТВТ.
6. Образи зан дар барномаҳои фароғатии ТВ «Сафина».
7. Инъикоси масоили гендерӣ дар Радиои «Asia-Plus».
8. Радиои «Ватан» ва масоили гендерӣ.
9. Образи мард дар нашрияҳои занонаи Тоҷикистон.
10. Фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ оид ба гендер дар Тоҷикистон.

НАМУНАИ СУОЛҲО БАРОИ ИМТИҲОН

1. Модаршоҳӣ ва падарсолорӣ чист?.
2. Никоҳ ва оила дар аҳди кўҳан.
3. Пайдоиши идеяҳои феминистии Кристина де Пизан ва Корнелиус Агриппа.
4. Инқилоби бузурги Фаронса, «Эъломияи ҳуқуқи зан ва шаҳрванд»-и Олимпия де Гуж (с. 1792).
5. Идеяҳои феминистӣ дар Англия. Мэри Уолстоункрафт ва китоби ў «Ҳифзи ҳуқуқи зан» (с. 1792).
6. Идеяҳои феминистӣ дар Олмон. Асари Теодор фон Гиппел «Дар бораи беҳ кардани вазъи шаҳрвандии занон».
7. Ҳаракатҳои феминистӣ дар асри ХIХ. Консепсияҳои философии Ҷон Локк, Жан Жак Руссо, Ҷон Стюарт Милл.
8. Китоби Ҷ. С. Милл ва Харриэт Тейлор «Тобеияти зан» (с. 1869).
9. Назарияи сотсиализми утопиявӣ. Ҳаракати суфражистон.
10. Феминизми либералӣ.
11. Мўҳтавои китоби Бетти Фридан «Мистикаи нафосат» (с. 1963).
12. Идеяҳои феминистии Элисс Росси, Ҷанет Ричардс, Сюзан Окин, Натали Блюстоун (а. ХХ).
13. Идеяи баробарии ҷинсҳои феминистони либералӣ.
14. Характеристикаи мактаби феминистҳои либералӣ.
15. Танқиди феминизми либералӣ аз ҷониби равияҳои дигар.
16. Феминизми марксистӣ. Идеяҳои А. Колонтай, К. Сеткин, А. Бебел
ва дигарон.
17. Идеяҳои феминистони марксистии имрўза- Эмма Голдман, Синтия Кокбёрн,
Мэри Эванс.
18. Назарияи сотсиал — феминизм.
19. Назарияи системаҳои дуалӣ. Идеяҳои Хайдӣ Хартман, Ҷулиет
Митчелл, Алисон Ҷагар, Маргарет Бенстон ва дигарон.
20. Танқиди назарияи системаҳои дуалӣ — Андрис Янг.
21. Бўҳрони сотсиал-феминизм.
22. Феминизм ва ҷомеаи коммунистӣ.
23. Назарияи психоанализи Зигмунд Фрайд.
24. Назарияи сотсиологии тақсими нақшҳои ҷинсӣ.
25. Моҳияти асари Симон де Бовуар «Ҷинси дуюм» (с.1949).
26. Тазъйиқи зан яке аз намудҳои асосии истисмор. Асари Суламиф
Фейрстоун «Диалектикаи ҷинс»(с.1970).
27. Модар, шаҳвоният, порнография ва давлат аз нигоҳи феминистони
радикалӣ. Идеяҳои Адриенна Рич, Андреа Дворкин, Маргарет
Эттвуд, Робин Роуланд ва Энн Оуклӣ.
28. Зергурўҳҳои феминизми радикалӣ: феминизми фарҳангӣ, феминизми
эссенсиалистӣ, лесбианизм.
29. Эъломияи ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948).
30. Конвенсияи мубориза зидди одамфурўшӣ ва истифодаи фоҳишагӣ аз
ҷониби шахсони сеюм (2 декабри соли 1949).
31. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон (20 декабри соли 1952).
32. Конвенсия дар бораи шаҳрвандии зани шавҳардор (29 январи соли
1957).
33. Эъломияи хуқуқи кўдак (20 ноябри соли 1959).
34. Конвенсия дар бораи мубориза зидди тазъйиқ дар соҳаи маориф (14
декабри соли 1960).
35. Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
(16 декабри соли 1966).
36. Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (16 декабри
соли 1966).
37. Конвенсияи барҳам додани тазъйиқ нисбати занон (7 ноябри соли
1967).
38. Конвенсияи ҳуқуқи кўдак (20 ноябри соли 1989).
39.Эъломияи барҳам задани хушунат нисбати занон (20 декабри соли
1993).
40. Ҳуқуқи зан дар Ислом.
41. Ҳуқуқи зан дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон (15.05.1997).
42. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
(15.05.1997).
43.Ҳуқуқи зан дар Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон 12.12.1997).
44. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.05.1998).
45. Ҳуқуқи зан дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13. 11.1998).
46. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои
давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари
амалигардонии онҳо» (01.03.2005).
47. Ҳуқуқи кўдакон дар Ислом.
48. Ҳуқуқи кўдакон дар Кодекси оилаи Тоҷикистон.
49. Ҳуқуқи кўдакон ба манзил.
50. Ҳуқуқи меҳнатии кўдакон.
51. Ҳуқуқи кўдакон ба моликият.
52. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои волидон нисбати тарбияи фарзандон.
53. Ҳуқуқу ўҳдадории фарзандон барои парастории волидон.
54. Озодии сухан ва гендер.
55. Қонунҳои Тоҷикистон оид ба ВАО.
56. Қолабҳои гендерӣ ва ВАО.
57. Меъёрҳои ахлоқии журналист.
58. Образи зани мутеъ дар матбуоти Тоҷикистон.
59. Нобаробарӣ дар инъикоси симои зан.
60. Одамрабоӣ ва инъикоси он дар матбуот.
61. Зан дар реклама.
62. Симои марди тавоно дар матбуот.
63. Нақши мард дар реклама.
64. Гендер ва эълони никоҳ дар матбуот.

ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ

1. Абдуллоев А. Мавқеи зан дар давраи Зардушт ва баъд. // Гендер ва ҷомеа.-2004.-
№ 4. — С. 13-15.
2. Антология гендерной теории.-Минск, 2000.
3. Бадентар Э. Мужская сущность.-М., 1995.
4. .Бақосов И. Ҳукуқ ва озодиҳои зан. – Хуҷанд, 2005.
5. Барг Э. П. Семь возрастов женщины.- М., 1994.
6. Брукер Н. Гендер ва васоити ахбори умум. // Тоҷикистон: интихоботи парлумон
2005.-Душанбе, 2004.- С. 37-41.
7. Введение в гендерные исследования. Ч. 1., Ч. 2.- Харьков, СПб., 2001.
8. ВИЧ-СПИД и права человека. Международные руководящие принципы. – Нью-Йорк,
Женева, 2003.
9. Гендер и техника.-Душанбе, 2005.
10. Гендер как интрига познания. — М., 2000, 2002.
11. Гендерные исследования в Центральной Азии. – Алматы, 2002.
12. Гендерный калейдоскоп.-М., 2001.
13. Гендерное равенство: как и зачем об этом говорить. — М., 2004.
14. Гендерная цензура как элемент культуры. — М., 2003.
15. Гендерная экспертиза и законадательная политика.- М., 2004.
16. Грайс Дж. Что делает женщину сексуальной.-М., 1995.
17. Ғаффоров А. Зан аз нигоҳи сиёсати гендерӣ.-Душанбе, 2005.
18. Давлатова М. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти гендерӣ. — Душанбе, 2005.
19. Давлатова М. Гендер дар васоити ахбори умум. // Некоторые аспекты гендерных
исследований в Таджикистане.-Душанбе, 2002.- С. 68-77.
20. Дар бораи ислоҳоти системаи маълумоти олӣ ва вазъияти маълумоти гендерӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Душанбе, 2006.
21. Достижения целей развития тысячелетия. Таджикистан-2003. — Душанбе, 2003.
22. Женщина в обществе: мифы и реалии. — М., 2001.
23. Женщина и визуальные знаки. — М., 2000.
24. Женщина и выборы. — Тбилиси, 2004.
25. Жеребкина И. «Прочти моё желание…». Постмодернизм, психоанализ, феминизм.
М.,2000.
26. Ибодов Дж. Основы правовых знаний для журналистов Таджикистана.– Душанбе, 2004.
27. Клецина И.С. Психология гендерных отношений. – СПб., 2004.
28. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1997.- 12 декабр.// Ахбори
Маҷлиси Олии Тоҷикистон.-1997. — № 23-24.
29. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 1999.
30. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -Душанбе, 1998.
31. Кон И. С. Введение в сексологию. – М., 1989.
32. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2004.
33. Корбут Л. В. Поленина С. В. Международные конвенции и
декларации о правах женщин и детей. – М., 2004.
34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду
фурўши одамон.-Душанбе, 2004.
35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии
мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо».-Душанбе, 2005.
36. Қосимова М. Танзими оила. — Душанбе, 1998.
37. Лазутина Г. В. Профессиональная этика журналиста. — М., 2000.
38. Логинов А. А. Мужчина и женщина. – Минск, 1989.
39. Маҷмўаи асноди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи духтарон дар риштаи
маориф. — Душанбе, 2002.
40. Муқим Ҷ. Гендер ва журналистика.-Душанбе, 2006.
41. Назарияи гендер дар илмҳои гуманитарӣ. –Душанбе, 2005.
42. Некоторые аспекты гендерных исследований в Таджикистане. В. 1, 2.-Душанбе, 2003.
43. Омран А. Р. Планирование семьи в толковании ислама.- Душанбе, 1999.
44. О муже(N)ственности: Сборник статей. Сост. С. Ушкин.-М.,2002.
45. Положение детей в мире, 2005 год. Детство под угрозой.-UNICEF, 2004.
46. Правовые и этические нормы в журналистике. — М., 2004.
47. Расидан ба ҳадафҳои рушди Ҳазорсола. Тоҷикистон-2003. Душанбе, 2003.
48. Сексизм non stop? // Диолог женщин.- 2003.- № 20.
49. Словарь гендерных терминов. — М., 2002.
50. Социология гендерных отношений. – М., 2004.
51. Стайс Р. Женское освободительное движение в России. Феминизм, нигилизм и
большевизм 1860-1930. — М., 2004.
52. Таджикистан: на пути к гендерному равенству. — Душанбе, 2003.
53. Таджикистан: проблемы трудовой миграции и возможные подходы к формированию
политики. — Душанбе, 2003.
54. Феминизм и гендерные исследования.- Тверь, 1999.
55. Фитрат А. Оила ё худ вазифаи оиладорӣ. // Гендер ва ҷомеа.-2004.- №4. – С. 15-16.
56. Фрейд З. Психология сексуальности.- Минск, 1992.
57. Фридан Бетти. Загадка женственности.- М., 1994.
58. Хрестоматия по курсу основы гендерных исследований.- М., 2000.
59. Худоёров Б. Т. Шонасридинов Н. Мукумова С. А. Тафсири кодекси меҳнати Ҷумҳурии
Тоҷикистон. — Душанбе, 2004.
60. Чазем Р. Мужская сексуальность. –Минск, 1991.
61. Шейнов В. П. Женщина плюс мужчина. Познать и покорить.- Минск, Харвест, 2004.
62. Шоисматуллоев Шоназар. Насилие в отношении женщин: прошлое и настоящее.-
Душанбе, 2005.
63. Яффе М., Фенвик Э. Секс в жизни мужчины.- М., 1990.

Замимаи Б.
ПУРСИШНОМАҲОИ САНҶИШӣ
Оё шумо масъулиятшиносед?

1.Пас аз хатми мактаб дар интихоби касб чӣ хел ба як қарор омадед?
а) мустақилан аз рўи хоҳиш ва имконияти худ;
б) ба маслиҳати волидон ва шиносон гўш додам;
в) танҳо маслиҳатҳоро гўш кардам.
2. Вақти ба таҳсил рафтан ба чӣ умед мебастед?
а) ба қувва ва дониши худ такя кардам;
б) ба тавакал ва «тағобозӣ»;
в) танҳо ба «тағо».
3. Шумо чӣ тавр ба кор шомил шудед?
а) аз рўи тақсимот;
б) аз рўи иттилои дўстону шиносон кор кофтам;
в) аз шиносони волидон истифода кардам.
4. Дар вақти бастани ақди никоҳ дар интихоби шумо чӣ муҳим буд?
а) худ ба қарор омадам;
б) ба маслиҳати дўстон гўш кардам;
в) зуд бо волидон маслиҳат кардам.
5. Шавҳар(зан)-и шумо дар сафар аст. Оё шумо мебели гаронбаҳоро танҳо харидорӣ мекунед?
а) бале;
б) беҳтараш бо ҳамсарам маслиҳат мекунам;
в) не.
6. Шумо то чӣ андоза ақидаи худро дар кор, хона ва назди дўстон метавонед ҳимоя намоед?
а) новобаста ба вазъият онро ҳимоя мекунам;
б) дар бисёр ҳолат ҳимоя мекунам;
в) гоҳ-гоҳ ҳимоя мекунам.
7. Дўстони шумо камбудӣ доранд. Шумо чӣ кор мекунед?
а) онҳоро маҷбур мекунам, ки камбудиҳояшонро ислоҳ намоянд;
б) боодобона ба онҳо роҳи ислоҳи камбудиҳоро мефаҳмонам;
в) кўшиш мекунам, ки фаҳмонам, вале онҳо гўш намекунанд.
Баҳо барои посухҳо: а-4 хол, б-2 хол, в-0 хол.
0-10 хол. Шумо аз масъулият метарсед.
12-20 хол. Шумо дар доштани масъулият мувозинатро мақбул медонед.
22-28 хол. Шумо шахси масъулиятшинос ва қавиед. Набояд фаромўш кард, ки ба дўши худ гирифтани масъулияти зиёд ин ба шахс сарборӣ аст.

Оё шумо занатонро дўст медоред?

1. Чӣ хел ба ҳамсаратон хонадор шудед?
а) дўст дошта хонадор шудам;
б) волидонам хонадор карданд;
в) тасодуфан бо маслиҳати дўстон хонадор шудам.
2. Кадом вақт ба занатон гул тўҳфа мекунед?
а) ҳар вақте ки имконият дошта бошам;
б) дар рўзи зодрўзаш;
в) ҳар вақте ки худаш хоҳиш кард.
3. Дар хонаатон кӣ хўрок мепазад?
а) ҳардуямон мепазем.
б) касе, ки барвақт аз кор ояд;
в) ҳамеша занам.
4. Либосҳоятонро кӣ дарзмол мекунад?
а) худам;
б) занам;
в) касе, ки ба ин вақт дошта бошад.
5. Кўдаконатонро кӣ ба боғча мебарад?
а) ман;
б) занам;
в) касе, ки ба ин вақт дошта бошад.
6. Кӣ бо фарзандонатон дарс тайёр мекунад?
а) ман;
б) занам;
в) ҳардуямон.
7. Оё занатон медонад, ки чанд пул маош мегиред?
а) медонад;
б) намедонад;
в) баъзан медонад.
8. Оё ба занатон пул медиҳед?
а) ҳамеша;
б) ҳеҷ вақт;
в) агар пурсад.
9. Дар оилаи шумо кӣ бозорӣ мекунад?
а) ман;
б) занам;
в) ҳардуямон;
10. Оё дар оиладорӣ зани ҳамсоя аз завҷаи шумо хубтар аст?
а) не;
б) бале;
в) баъзан.
Барои посухи а- 1 хол, б-5 хол, в-3 хол ҳисоб кунед.
Аз 0 то 20 хол. Шумо занатонро дўст медоред ва ин муҳаббати самимӣ аст.
Аз 20 то 35 хол. Шумо занатонро эҳтиром мекунед, вале сидқан дўст намедоред.
Аз 35 то 50 хол. Барои шумо зан аз хизматгоре беш нест.

Оё шумо зани хубед?

1. Агар шавҳаратон бегоҳи ҷумъа пас аз ними шаб ба хона маст ояд, шумо ҷанҷол намекунед?
2. Шумо албатта, ба ин ақида розӣ ҳастед, ки ҳар шом бояд барои шавҳаратон хўрокҳои лазиз пазед.
3. Ба ақидаи шумо рўбу чини хона кори мардона нест?
4. Оё зан бояд бидонад, ки шавҳараш чанд ҷуфт ҷўроб ва тагэзори тоза дорад ва дар куҷо онҳо нигоҳ дошта мешаванд?
5. Агар шавҳаратонро ба кор ба шаҳри дигар фиристанд, шумо бе ягон дудилагӣ бо вай меравед?
6. Ба назари шумо оё шавҳар аз кораш бо табъи хира баргашта метавонад ба суолҳои шумо посух нагўяд?
7. Агар дугонаатон шом то дергоҳ дар хонаатон монад, оё шумо бар он мекўшед, ки шавҳаратон вайро бо мошинаш то ба хонааш набарад?
8. Оё ин дуруст аст, ки мард набояд косаву табақро пас аз хўрок хўрданаш нашўяд?
9. Оё ин дуруст аст, ки зан набояд ба муносибати шавҳар бо ҷўраҳояш дахолат бикунад?
10. Оё волидони шумо аз ҷиҳати иҷтимоӣ нисбат ба волидони шавҳаратон мақоми баландтар доранд?
11. Ба назари шумо оё вақти талоқ падар низ барои фарзандон чун модар ҳуқуқи баробар дорад?
12. Оё шумо метавонед хиёнати шавҳаратонро ҳини пурра пушаймон шуданаш бубахшед?
13. Агар шавҳаратон телевизор тамошо карда, хобаш барад, шумо ўро нороҳат мекунед?
14. Оё рост аст, ки шумо ҳеҷ вақт ҳини иҷро накардани ягон хоҳишатон аз шавҳаратон ниқор гирифта ўро ба ҷогаҳи худ роҳ надодаед?
15. Вақте ки шавҳаратон мушкилии молиявӣ дорад, оё шумо ўро барои ин таъна мекунед?
16. Оё шумо тарафи шавҳаратонро мегиред, агар вай бо модаратон ҷанҷол карда бошад?
17. Дугонаатон ба шумо гуфт, ки шавҳаратанро дар қаҳвахона бо зани ношиносе дидааст. Оё пеш аз он, ки аз шавҳаратон шарҳи ин ҳолатро пурсон шавед, шумо кўшиши муайян намудани шахсияти он занро мекунед?
18. Шумо бо шавҳаратон дар ягон мавзўъ баҳс мекунед ва медонед, ки вай ҳақ нест. Оё дар ин ҳолат шумо худро водор менамоед, ки вай шуморо бовар кунонд, то ки ба баҳс хотима гузошта шавад?
19. Оё рост аст, ки агар шавҳаратон ороиши мўйҳоятонро нодида гирад, шумо ҳаргиз хафа намешавед?
20. Оё рост аст, ки аксари дўстони шавҳари шумо одамони хубу поквиҷдонанд?
Барои ҳар як ҷавоби мусбат ба худ як хол дода натиҷаро ҳисоб бикунед.
Аз 0 то 5 хол. Шумо шаҳзодаед. Шумо ба кўдаки хурдсол монандед, ки пайваста ба таваҷчўҳ мўҳтоҷ аст. Шуморо наметавон зани хуб гуфт, агарчи баъзе мардон зани ҷавони худро чунин эрка мекунанд, вале ин дер давом намекунад ва косаи сабри вай лабрез мешавад.
Аз 6 то 10 хол. Шумо шарикумред ба мисли як тоифаи занон. Дар муносибат бо шавҳаратон шумо ҳамеша ба ақидаи худ мемонед. Баъзе аз рафтори шавҳаратон шуморо ба қаҳр меорад, вале бо гузашти айём ба он одат мекунед.
Аз 11 то 15 хол. Шумо олиҳаед. Шумо натанҳо низоми хонаро дар даст доред, балки барои аъзои оилаатон ҳам ғамхорӣ мекунед. Шумо дар ҳамин ҳол ба худ низ эътибор дода, хушбинед. Бо чунин зан ҳар кадом мард метавонад хушбахт шавад.
Аз 16 то 20 хол. Шумо ғуломи ҳалқа бар гўшед. Чунин ба назар мерасад, ки шумо мехостед, ки ҳар чӣ зудтар ба шавҳар бароед ва вақти фикр кардану интихоб кардан надоштед.

Оё шумо шавҳари худро медонед?

1. Оё шавҳаратон аз нақшаҳои шахсиаш шуморо огоҳ мекунад?
2. Ў чӣ тавр аз тазъйиқи асабоният раҳо меёбад?
3. Оё шумо ба шуғли дўстдоштаи шавҳаратон таваҷчўҳ доред?
4. Оё шумо ранги дўстдоштаи шавҳаратонро медонед.
5. Оё шумо медонед, ки шавҳаратон чиро бештар дўст намедорад?
6. Оё хўроки дўстдоштаи шавҳаратонро медонед?
7. Метавонед зуд бигўед, ки шавҳаратон аз чӣ зуд меранҷад?
8. Оё медонед, ки шавҳаратон ба кадом сўҳбат бештар таваҷҷўҳ зоҳир мекунад?
9. Шумо бовар доред, ки шавҳаратон шомгоҳон бо шумо сари як пиёла чой нишаста аз таҳти дил сўҳбат мекунад?
10. Оё шумо метавонед номбар бикунед, ки шавҳаратон аз чӣ метарсад?
Барои ҳар посухи «ҳа»- 5 хол, ба «намедонам»- 2 хол ва ба ҷавоби «не»- 0 хол баҳогузорӣ бикунед.
40-50 хол. Шумо бо шавҳаратон ҷуфти муносибед. Ба шумо метавон ҳавас кард.
30-35 хол. Шумо ба таври умумӣ шавҳаратонро медонед. Камбудиҳояшро таҳти назорат мегиреду хубиҳояшро қадр мекунед.
20-25 хол. Шумо гумон мекунед, ки шавҳаратонро медонед, вале ин тавр нест. Шумо чандон ба шавҳаратон таваҷҷўҳ надоред ва барояш ғамхорӣ намекунед.
0-15 хол. Шубҳаовар аст, ки оиладории шумо хуш бошад. Шумо шавҳаратонро намедонед. Агар ўро аз даст додан нахоҳед, муносибататонро нисбати вай дигар бикунед.

Оё заношўии шумо бомуваффақият аст?

1. Оё шавҳаратон шуморо навозиш мекунад?
Ҳа- 2 хол. Баъзан-5 хол. Не-10 хол.
2. Оё шумо аз шавҳаратон дар бораи кораш пурсон мешавед?
Ҳа-2 хол. Баъзан-4 хол. Не-8 хол.
3. Оё шумо фарзандонатонро аз шавҳаратон бештар дўст медоред?
Ҳа-8 хол. Баъзан-4 хол. Не-2 хол.
4. Оё он чизе, ки шавҳаратон барои шумо кардааст, ба табъи шумо таъсир мерасонад?
Ҳа-2 хол. Баъзан-4 хол. Не-10 хол.
5. Оё шумо фикр мекунед, ки шавҳари дугонаатон аз шавҳари шумо беҳтар аст?
Ҳа-8 хол. Баъзан-4 хол. Не-0 хол.
6. Оё дар хона бо тагкурта гаштанро дўст медоред?
Ҳа-8 хол. Баъзан-5 хол. Не-2 хол.
7. Оё шуғли шавҳаратон ғаши шуморо меорад?
Ҳа-8 хол. Баъзан-5 хол. Не-2 хол.
8. Оё шумо аз комёбиҳои шавҳаратон хурсанд мешавед?
Ҳа-5 хол. Баъзан-2 хол. Не-10 хол.
9. Оё ба назари шумо оила аз кор муҳимтар аст?
Ҳа-0 хол. Баъзан-5 хол. Не-10 хол.
68 хол ва аз он бештар. Дар оиладорӣ шумо муваффақ нашудаед ва ба ин шавҳаратонро гунаҳгор медонед, ки ин дуруст нест. Хушбахтии оила аз шумо низ вобаста аст.
47- 67 хол. Шумо бо нигоҳи солим ба зиндагӣ назар мекунед ва медонед, ки оилаҳои идеалӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рў ба камбудиҳои шавҳари худ чашм мепўшед. Агар каме кўшиш бикунед, ҳаёти оилавиатон хуш мешавад.
40 хол ва аз он камтар. Ҳаёти оилавии шумо хуб мегузарад. Шумо беҳтарин занед, ки мислашро пайдо кардан мушкил аст.

Замимаи В.
ВОЖАНОМАИ МУХТАСАРИ ГЕНДЕРӣ
(Дар замима китоби Давлатова М. «Вожаномаи тафсирии истилоҳоти гендерӣ». — Душанбе, 2005 истифода шудааст.)
Адолати гендерӣ — риояи адолат дар татбиқи ҷараёни инкишофи нақшҳои гендерӣ, захираҳо, дастрасӣ ба қудрат дар сатҳи байналхалқиро дар назар дорад. Консепсияи адолати гендерӣ муҳим будани натиҷаҳои баробарро инъикос намуда, муносибати дараҷанокро нисбати гурўҳҳо бо мақсади хотима додан ба нобаробарӣ ва ҳавасмандгардонии мустақилият пешбинӣ мекунад.
Банақшагирии гендерӣ — истифодаи амалии донишу таҷрибаест, ки дар натиҷаи тадқиқот ва тренингҳои гендерӣ ба даст омадааст. Банақшагирии гендерӣ бояд ба он такя намояд, ки азбаски занону мардон дар ҷамъият нақшҳои гуногунро иҷро мекунанд, пас талаботашон низ гуногун мебошад.
Баробарии гендерӣ — вазъиятест, ки мардону занон вазифаҳои иҷтимоии худро иҷро мекунанд ва захираву неъматҳо барои онҳо новобаста ба ҷинсашон якхела дастрас мебошад. Чунин вазъият бояд дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонӣ (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ, маишӣ, фарҳангӣ ва ғайра) татбиқ гардад. Баробарии гендерӣ набояд чун вазъияти мутлақи якхелаи ҳар ду ҷинс фаҳмида шавад. Он мавқеъ, ҳуқуқ ва масъулияти якхела, ҳуқуқи баробари мардону занонро ба муносибати баробар дар назар дорад.
Баробарҳуқуқии гендерӣ — баробарии мардону занон дар назди қонун. Баробарҳуқуқии гендерӣ набояд бо баробарии гендерӣ омехта шавад. Баробарҳуқуқии гендерӣ — яке аз роҳҳои расидан ба баробарии гендерӣ мебошад. Баробарҳуқуқии гендерӣ талаб мекунад, ки барои расидан ба баробарии гендерӣ дар ҳолатҳои мушаххас механизми ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шавад ва барои вайрон кардани он ҷавобгарии ҳуқуқӣ муайян гардад.
Беадолатиҳои гендерӣ — беадолатии гендерӣ дар сурате сар мезанад, ки тасаввуроти фарҳангӣ ва сохторӣ бартарии як ҷинсро нисбати ҷинси дигар дар назар дошта бошад.
Бисёрзанӣ (полигамия) — ҳуқуқ ва имконияти мардон барои дар як вақт чанд зани никоҳӣ доштан мебошад.
Бисёршавҳарӣ (полиандрия) — ҳуқуқи занон барои доштани якчанд шавҳар дар як вақт аст (дар баъзе қабилаҳои Тибет вуҷуд дорад).
Буҷаи гендерӣ — воситаи баҳо додани таъсири буҷаи давлатӣ ба гурўҳҳои гуногуни мардону занон, тавассути муайян кардани роҳҳое, ки муносибатҳои гендерӣ ба ҷомеа ва иқтисодиёт таъсир мерасонанд. Буҷаи гендерӣ ё ҳаргиз буҷаи алоҳида барои занон нест. Он таҳлили гендерии маблағгузорӣ (масалан, барномаҳои махсус барои занон) таъсири харҷи асосиро дар ҳамаи соҳа ва хизматрасониҳо алоҳида барои занону мардон дар бар мегирад, инчунин стратегия ва маблағгузориеро, ки барои расидан ба имкониятҳои баробар дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ равона шудаанд, таҳлил менамояд.
Вазъи мутеонаи зан
1. Ба занон дар ҷамъият мавқеи мутеият дода, ин ҳолат бо назарияҳои тафовути биологӣ ҳақ бароварда мешавад.
2. Занон дар чунин ҳолат бо кўмаки институтҳои гуногуни иҷтимоӣ чун оила, масҷид, ҳуқуқ, маориф ва ҳукумат нигоҳ дошта мешаванд.
3. Барои занон ҳамеша неъматҳои ҳаёт ва захираҳои ҷомеа нисбати мардон камтар дастрас мебошад.
Гендер — (англ. ҷинсияти грамматикӣ). Ҷомеашиносии муосир мафҳуми ҷинс ва гендерро (gender) аз ҳам ҷудо мекунад. Мафҳуми ҷинс хусусиятҳои анатомию физиологиро, ки одамонро чун мардону занон аз ҳам фарқ мекунонад, дар бар мегирад. Ғайр аз тафовути биологӣ дар байни одамон дар тақсими нақшҳои иҷтимоӣ, шаклҳои фаъолият, хусусиятҳои рафтор ва эҳсосот фарқият вуҷуд дорад.
Аз рўи назарияи гендер хусусиятҳои равонӣ, тарзи рафтор, шаклҳои фаъолият ва касбу кори мардону занонро на ҷинси биологӣ, балки меъёрҳои иҷтимоию фарҳангӣ муайян менамоянд. Гендер аз тарафи ҷамъият чун қолаби иҷтимоии занону мардон, ки мавқеъ ва нақши онҳоро дар ҷамъият ва сохторҳои он (оила, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва ғайра) муайян менамояд, ба вуҷуд оварда мешавад. Системаҳои гендерӣ дар ҷомеаҳои гуногун аз ҳам фарқ мекунанд, вале дар ҳамаи ҷомеаҳо мутобиқи ин системаҳо мардон ва ҳама чизи мардона ( хислат, қолаби рафтор, касбу кор ва ғайра) муҳим ва пешбар ба шумор рафта, ҳама чизи занона аз дидгоҳи иҷтимоӣ дуюмдараҷа, ночиз ва тобеъ маҳсуб мегардад. Моҳияти муносибати гендерӣ омўзиш ва аз байн бурдани зиддиятҳои мавҷудаи ҷинсҳо мебошад.
Ба ин тариқ, мафҳуми гендер ҷараёни мураккаби ташаккулёбии фарқиятҳои нақшҳои занону мардон, рафтор, характеристикаҳои менталиву эхсосотӣ инчунин маҳсули ин ҷараён — ба ҳам зид гузоштани хусусиятҳои «мардона» ва «занона» ва тобеъ намудани ҳар як падидаи «занона»-ро ба «мардона» ифода мекунад.
Гендер ва инкишоф — муносибате, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ бар ивази муносибати «зан дар инкишоф» қабул шудааст. Ин тарзи муносибат бо он фарқ менамояд, ки он диққати хосро аз занон чун гурўҳи алоҳида, ба муносибатҳои иҷтимоии байни занону мардон равона мекунад. Муносибати «гендер ва инкишоф» ба қувваҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ равона шуда, иштирок ва назорати гуногуни мардону занонро аз болои захираҳо ва фаъолияти лоиҳаҳои инкишоф муайян менамояд. Тибқи ин муносибат лоиҳаву барномаҳо бояд дар заминаи таҳлили нақши занону мардон, барои вусъати имкониятҳои занон нисбати мардон, тарзе ки ҳам барои мардону занон ва ҳам барои ҷомеа дар якҷоягӣ манфиатбахш бошад, ба роҳ монда шаванд.
Дарки гендерӣ — дарк ва ба эътибор гирифтани омилҳои иҷтимоию фарҳангие мебошад, ки поймолкунии ҳуқуқ дар асоси ҷинс бар онҳо замина мегузорад. Банақшагирӣ дар асоси дарки гендерӣ усулу воситаҳои махсусро барои ба занону духтарон додани имкони бештари иштирок дар раванди инкишоф истифода мебарад ва таъсири амалиёти банақшагирифтаро ба занону мардон муайян менамояд.
Дурнамои гендерӣ — дарку фаҳмиш ва ба назар гирифтани муносибат ва таъсири хусусиятҳои гендерӣ ҳангоми ба нақша гирифтан, татбиқ намудан ва баҳо додан ба барномаҳои гуногун, сиёсат ва фаъолият дар ҳаёти ҷамъиятӣ.
Зангароӣ (феминизм) (аз калимаи лотинии femini — зан) – занпарастӣ маҷмўи назария ва ҳаракатҳоест, ки ба муваффақ гардидан ба ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занон дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт равона шудааст. Феминизм чун ҷунбиши иҷтимоӣ дар охири асри ҳаждаҳум дар Аврупо сар зада, дар нимаи дуюми асри ХХ хусусияти оммавӣ пайдо намуд. Феминизм вобаста ба тарзу усулҳо ва воситаҳои ба мақсад ноил гардидан ба якчанд ҷараён тақсим мешавад:
— зангароии баробархоҳӣ (феминизми либералӣ) — ба даст овардани баробарии расмии ҳуқуқӣ;
— зангароии тундгаро (феминизми радикалӣ) — мубориза бар зидди тамаддуни патриархалӣ ва тарзи ҳукуматдории мардона;
— зангароии (феминизми) сотсиалистӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, таъмини баробарии иҷтимоӣ ва аз миён бардоштани нақши сегонаи занон равона шудааст.
Занпарастии тундгаро (феминизми радикалӣ) — инкори эътирофи мард, ҳастии он дар ҳаёти занон (солҳои 60-уми асри ХХ дар ИМА). Ақидаҳои феминизми ифротӣ дар заминаи он бунёд ёфта буданд, ки аввалин намуди истисмори инсон дар таърихи башарият истисмори шаҳвонии занон буд ва бидуни аз байн бурдани он баробарии ҷинсҳо имкон надошт. Шиори ин ҷараён аз он иборат буд, ки занон бояд тамоми воситаҳои такрористеҳсолкуниро ба дасти худ бигиранд. Дар феминизми ифротӣ масъалаи шаҳвоният нақши ҳалкунанда мебозад. Муносибати ифротӣ дар ҳифзи ҳудудҳои зиндагии занона бисёр вақт боиси пурра аз дигарон канда шудан, таъсиси коллективҳои занона, бунёди забон, фарҳанг, соҳаи ҳиссиёти маҳрамонаи тарафдорони феминизми ифротӣ мегардад.
Зан дар маркази диққат — чунин маъно дорад, ки талабот, ахбор, арзишҳо, таҷриба ва масоил аз диди занон баррасӣ мешаванд. Онҳо дар ҳамин шакл ба раванди банақшагирӣ вориду татбиқ мешаванд ва сиёсату барномаҳое, ки ба зиндагии занон таъсир доранд, низ аз ҳамин нуқтаи назар арзёбӣ мегарданд.
Зан дар инкишоф — муносибатест нисбати таҳияи лоиҳа ва барномаҳо, ки аз ҷониби агентиҳои байналхалқии инкишоф солҳои 1970 қабул шудааст. Заминаи ин муносибат аз он ба вуҷуд омад, ки то ҳол фаъолият дар масоили инкишоф саҳми занонро ба назар намегирифт ва дар натиҷа самаранокии он хеле коста мегардид. Муносибати нав корро танҳо бо гурўҳҳои занонаи иштирокчиён ва истифодабарандагон (бенефитсарийҳо) ва мушаххасан ба занон равона кардани ҳаҷми калони захираҳоро дар назар дошт. Вале дар бисёр мавридҳо ин тарзи муносибат бори меҳнатии дўши занонро меафзуд, нобаробариро бештар менамуд ва тафриқаи байни занону мардонро зиёдтар мегардонд. Барои ҳамин ба ивази муносибати «зан дар инкишоф» (яъне тарзи содаи бештар намудани ҳаҷми захираҳо барои занон, ки асосан ҳамчун гирандагони ғайрифаъоли кўмак буданд) муносибати «гендар дар инкишоф» қабул гардид. Гендер дар инкишоф дар асоси таҳлили нақшу талаботи занону мардон таҳия гардидааст ва мақсад аз он вусъат додани доираи имкониятҳои занон мебошад.
Зани озод — идеали феминизм ба маънои васеи ин ибора аст. Он озодии занро аз маҷбуркунӣ, фишори ахлоқӣ ва маҳдудиятҳои қонунгузорӣ дар интихоби шакл ва услуби зиндагӣ, арзишҳои ҳаётӣ ва роҳҳои амалӣ кардани имкониятҳои маънавиву ҷисмониашон дар назар дорад.
«Зани озод» маънои зани танҳоро надорад. Вай метавонад ҳамсар, дўст ё шарик дошта ё надошта бошад. Барои «зани озод» озодии мутлақ, аз ҷумла, дар ҷанбаи ҳаёти шаҳвонӣ, ки одатан дар зиндагии муқаррарӣ фаҳмида мешавад, шарт нест. Озодӣ — ҳолати ботинии инсон, мустақилияти рўҳ, ба маҳдудиятҳои моддӣ ва ғайра побанд набудани ў мебошад.
Намояндагони машҳури занҳои озод Жорж Санд, Айседора Дункан, Марина Светаева, Вирҷиния Вулф, Симоне де Бовуар, Александра Коллонтай ва дигарон мебошанд.
Идеологияи гендерӣ – системаи ғояҳоест, ки тавассути онҳо тафовутҳои гендерӣ ва стратификатсияи иҷтимоии гендерӣ, аз ҷумла, аз нуқтаи назари «тафовутҳои табиӣ» ё ақидаҳои фавқуттабиӣ ҳақ бароварда мешаванд.
Истифодабарон (бенефитсиарийҳо) — онҳое, ки аз ин ё он неъмат ё манфиат бевосита бархурдоранд. Зумраи одамоне, ки амалиёти муайян барои қонеъ гардондани манфиатҳои онҳо равона карда шудааст. Дар мавриди ба нақша гирифтан, татбиқ намудан, санҷидан ва баҳо додан ба лоиҳаҳо бояд хусусиятҳои гендерии истифодабарандагон ба назар гирифта шаванд. Масалан, ҳангоми таҳлили таъсири ягон лоиҳа ба гурўҳи мушаххас, бояд боварӣ ҳосил шавад, ки қисми занонаи гурўҳ низ аз он фоида мегирад.
Иштироки занон — ин мафҳум ба масъалаи хеле баланд бардоштани сатҳи иштирок ва саҳми занон дар рушд, татбиқ ва баҳо додан ба сиёсат ва барномаҳое, ки ба мавқеи иҷтимоӣ, сиёсӣ, физиологӣ, эҳсосӣ ва мавҷудияти арзанда таъсири бевосита доранд, дахл дорад.
Ифодаи сарфунаҳви(грамматики)-и ҷинсият – бо роҳу василаҳои грамматикӣ ифода ёфтани мансубият ба ҷинс. Тарафдорони гендершиносии забоншиносӣ бар он ақидаанд, ки забон низ аз ҷониби мардон офарида шуда, болотар будани мақоми онҳо дар он низ инъикос ёфтааст. Масалан, аксари мафҳумҳо, махсусан, калимаҳои ифодакунандаи касбу кор, аввал дар шакли мардона офарида шуда, шаклҳои занонаи он дар асоси шаклҳои мардона сохта мешавад: муаллим – муаллима, шоир – шоира ва ғайра.
Квотаи занон — меъёри қонунии намояндагии занон дар сохторҳои гуногун, аз ҷумла, ҳангоми тартиб додани рўйхати номзадҳо ҳангоми интихобот, иштироки занон дар мақомоти қонунгузор ва иҷроия ва ғайра. Квота тадбири муваққатиест, ки барои расидан ба мувозинати гендерӣ дар ҷомеа зарур аст. Квотае, ки дар як қатор мамлакатҳои Ғарб ҷорӣ карда шуда буд, барои то 40% афзудани занон дар сатҳи қабули қарорҳо оварда расонд. Самаранокии ин тадбир аз салоҳияти қудратие вобаста аст, ки ба занон бо такя ба лаёқати касбиашон дода мешавад. Квотаи расмӣ ба иштироки 30 фоизаи занон дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ дар Иттиҳоди Шўравӣ вуҷуд дошт, вале ҳузури занон маънои иштироки воқеии онҳоро дар қабули қарорҳо надошт. Квота намудҳои гуногун дорад:
Квотаи қатъӣ — квотаест, ки мутобиқи он меъёри намояндагон ё ҳадди миқдории он мушаххас карда шудааст ва ихтисори он имкон надорад.
Квотаи нарм — квотаест, ки дар озмун иштироки намояндагони ҳарду ҷинс ҳатмист ва дар ҳолати вайрон шудани ин шарт озмун беэътибор дониста мешавад.
Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми намуди табъиз нисбати занон — соли 1979 аз ҷониби СММ қабул шуда буд. Қарор дар бораи зарурати таҳияи нақшаи амалиёт дар ин самт дар Конфронси нахустини умумиҷаҳонӣ доир ба вазъияти занон соли 1975 дар Мехико қабул шудааст. Дар ин конфронс бори аввал масъалаи ҳуқуқҳои занон чун ҷузъи таркибии ҳуқуқи инсон бардошта шуд.
Конвенсия тамоми давлатҳои иштирокчиро вазифадор мекунад, ки:
• принсипи баробарҳуқукии мардону занонро дар сарқонун ва дигар санадҳои қонунгузор дохил намоянд ва барои татбиқи воқеии он бикўшанд;
• дар мавридҳои зарурӣ чораҳои махсусро, ки поймол кардани ҳуқуқи занонро манъ менамоянд, ба кор баранд;
• барои дигаргун кардани қонунҳои амалкунанда, урфу одат, анъанаҳое, ки боиси поймолкунии ҳуқуқи занон мегарданд, тадбирҳо биандешанд;
истифодаи баробари занону мардонро аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсиашон таъмин намоянд.
Конвенсия то имрўз яке аз санадҳои мукаммали байналхалқӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ мебошад. «Конвенсияи занона» ном гирифтани он беасос нест. Дар охири садаи ХХ он дар зиёда аз сад мамлакат ба тасвиб расид. Тўли даҳсолаҳои охир ҷомеаи байналҳалқӣ муқаррароти асосии Конвенсияи мазкурро инкишоф медиҳад.
Иттиҳоди Шўравӣ аз аввалин шуда ин конвенсияро ба тасвиб расонд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расондааст.
Қолабҳо (стереотипҳо)-и шахшуда — образи маъмулии устувор ё тасаввурот дар бораи ин ё он падидаи иҷтимоӣ ё объект аст. Муносибати одатии инсонро ба ягон падидае, ки дар зери таъсири сабабҳои гуногун пайдо шудааст, ифода менамояд.
Қолабҳо (стереотипҳо)-и гендерӣ — тасаввурот, ё маҷмўи тасаввуроте, ки дар ҷомеаи мушаххас дар шакли схема, чун стандарти устувор қабул шудааст ва он чӣ гуна рафтор кардани занону мардон, вазифа, нақшҳои иҷтимоӣ ва фаъолияташонро муқаррар менамояд. Колабҳои гендерӣ аз тарафи муҳити мушаххаси дорои фарҳанги иҷтимоӣ тавлид мешаванд ва мутаносибан тағйирпазир мебошанд.
Қолабҳои гендерӣ дар васоити ахбори омма (ВАО) — қолабҳои мазкур бар асари тасаввуроти устувор дар заминаи муқаддасоти динҳои ҷаҳонӣ, тасаввуроти фолклорӣ ва таҷрибаву анъанаҳои миллӣ бунёд мегарданд. Дар айни замон қолабҳои номбурда бо мурури вақт тағйир меёбанд ва қолабҳои гендерӣ — тасаввурот дар бораи занону мардони «хубу бад», муносибатҳои мутақобила ва нақшҳои иҷтимоияшон дар ин ё он ҷомеа низ аз ин қатор истисно нестанд. Қолабҳои гендерии ВАО бо идеали зан, инчунин сарнавишт ва вазифаи асосии ў дар ин ё он марҳила сахт пайванданд.
Қолабсозӣ — дар заминаи хурофот ва ҳароси баъзе гурўҳҳои иҷтимоӣ, ки нисбат ба гурўҳи пешбар чун қисми дуюмдараҷа ва паст қабул карда мешаванд, бунёд мегардад. Ба одамони алоҳида аз рўи чунин қолаб вобаста ба мансубияти гурўҳияшон баҳо дода мешаванд
Қолабҳои сексистии афкори умум — ин қолабҳо дар умқи зеҳни мардум ҷой гирифта, тавассути ВАО, адабиёт, реклама ва ғайра такрору мустаҳкам карда мешаванд. Масалан: зан — соҳибхоназан, модар, ҳамсар, фоҳиша ва ғайра, мард — муқтадир, солим, бобарор, серпул, ҷолиби занон ва ғайра.
Мавқеи гендерӣ – умедҳои иҷтимоие мебошанд, ки аз мафҳумҳои гендерӣ ва мафҳумҳои ба он марбут сар мезанад. Рафтор, ки нутқ, либоспўшӣ, ҳаракат, имою ишораҳо ва ғайраро дар бар мегирад, низ нишондиҳандаи мавқеи гендерӣ мебошад. Аз ин дидгоҳ ғояҳои мардону занон бо ҳам мувофиқат надоранд ва якдигарро истисно мекунанд. Дар баъзе ҷомеаҳо онҳо ҳатто ба ҳам муқобил гузошта мешаванд: ғайрат – мавқеи мардона ва беғайратӣ — мавқеи занона. Таъинот оид ба рафтор вобаста ба нақшҳои гендерӣ, махсусан, дар тақсими меҳнат ба корҳои мардонаву занона равшан ба чашм мерасад.
Марказҳои бўҳронӣ — муассисаҳое, ки ба гурўҳҳои дар хатар будаи аҳолӣ, ки бештар занонанд ва дар натиҷаи ба хушунат ё хатари хушунат гирифтор шудан ба вазъияти мураккаб меафтанд, хизмат мерасонанд. Марказҳои бўҳронӣ метавонанд ба корафтодагон дар шакли машварат, паноҳгоҳи муваққатӣ, кўмак барои эҳё, телефони боварии таъҷилӣ ва амсоли он хизмат бирасонанд.
Майлони гендерӣ — амалиёте, ки манфиатҳои занон ё мардонро халалдор мекунад, яъне ҳангоме ки мансубияти ҷинсӣ боиси маҳдудияти дастрасии одамон ба ин ё он чиз, масалан, захираҳо, иштирок дар лоиҳа ва ғайра мегардад. Вазъияте, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқиву фарҳангӣ ва институтҳои иҷтимоии мавҷуда мавқеи мардонро нисбат ба занон баландтар мегардонад.
Меъёрҳои иҷтимоӣ — стандарт ва қолабҳои рафтор, ки дар ҷомеа дар асоси умумияти фарҳангӣ, таърихӣ ва этникӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз дидгоҳи иҷтимоиву психологӣ меъёрҳои иҷтимоӣ аксар вақт занонро дар вазъияти ҳақирона қарор медиҳанд ва барои татбиқи пурраи иқтидорашон имкон намедиҳад.
Мизандрия — мардбадбинӣ. Падидаест, ки бо пархошҷўӣ ва субъективизми худ чун мизогиния манфур аст. Қариб тамоми хислатҳои манфӣ ба мардон мансуб дониста мешавад.
Мизогиния — занбадбинӣ. Хислати хоси баъзе мардон, ки аз маҷмўи ғоя ва эҳсосоти саросар аз муносибати таҳқиромез ва нафрат нисбати тамоми ҷинси зан иборат аст. Ин қабил мардон занонро одатан ба сабукфикрӣ, яктарафагӣ, маккорӣ, мумсикӣ, надоштани завқи маънавӣ ва ғайра гунаҳгор мекунанд. Ин тарзи тафаккур натиҷаи мустақими падарсолории саросар ҳукмрон, сексизми мардона мебошад, ки ба дараҷаи ифрот расидааст.
Монандии гендерӣ — худро бо муқаррароти фарҳангии мардона ва занона пайванд донистан аст. Ин мафҳум дар доираи таҷрибаи шахсӣ амал мекунад ва пайдоиши хислатҳои мардонаву занона аз он сарчашма мегирад. Он маҳсули муносибати фард бо дигарон мебошад. Мавҷудияти монандии транссвестӣ ва транссексуалӣ далели он аст, ки гендер танҳо аз ҷинс вобаста набуда, натиҷаи ба миён омадани монандии гендерӣ мебошад.
Моногамия (якканикоҳӣ) — шакли пайванди никоҳӣ, ки тибқи он ҳар инсон метавонад дар як вақт танҳо як зан ё як шавҳар дошта бошад.
Мувозинати гендерӣ — таъмини миқдори баробари занону мардон дар ҳамаи сатҳҳои сохтори ташкилӣ мебошад. Барои расидан ба ин гуна мувозинат аз тадбирҳои махсус дар стратегияи киро ва пешрафти хизматии занон, аз ҷумла, квота, амалиёти мусбат ва ғайра истифода бурдан мумкин аст.
Маргиналӣ (маргиналия – лотинӣ: дар канор воқеъгашта) (дуюмдараҷагӣ)-и занон — мақоми дуюмдараҷа ва ноказои иҷтимоӣ доштани занон, аз ҳаёти ҷамъиятӣ барканор будани онҳо, ки дар иштирок накардани онҳо дар сиёсат, мақомоти олии давлат, идораи иқтисодиёт, молия ва дар тафовути даромади занону мардон, дастрасӣ ба моликият, амволи ғайриманқул ва ғайра зоҳир мешавад.
Марди бузургманиш – мардест, ки ба зан чун ба мавҷуди табиатан аз мард паст менигарад. Чунин мард нисбати занон эҳтиром надорад.
Мардонагӣ (маскулиният) – мансуб ба мард будан. Ин мафҳум аз ҷониби равоншиноси маъруфи немис Зигмунд Фрейд, ки асосгузори равоншиносии таҳлилӣ мебошад, ба илми равоншиносӣ ворид гардид. Он тасаввуроту эҳсосоти инсонро дар бораи доштани хислатҳое, ки дар мавридҳои муайян танҳо хоси мардон ба ҳисоб мераванд ва дар таҳтушшуур ҷой гирифтаанд, ифода менамояд. Дар илми гендершиносӣ ин мафҳум барои ифодаи тарзи рафтори ҳокимона ба кор бурда мешавад. Мардонагӣ (маскулиният) ду шакл дорад:
— падаронаи эдипӣ;
— падаронаи ҳокими мутлақ.
Ин шаклҳо аз ҳамдигар бо тарзи зоҳиршавии иҷтимоияшон фарқ доранд. Умумияташон дар он аст, ки мутобиқи он фард худро ҳокими мутлақ ва манбаъю асоси ҳаёт эҳсос карда, атрофиёнашро ба тобеият водор менамояд.
Масъулият ва иштироки мардон – тақсими масъулият ва ҷалби фаъолона ба масъулияти падарӣ ва модарӣ, рафтори шаҳвонӣ ва репродуктивӣ, ки танзими оила, аз ҷумла, давраи пеш аз таваллуд, таваллуд, пешгирии бемориҳои ба воситаи робитаи ҷинсӣ гузаранда, (аз ҷумла ВИЧ- СПИД), пешгирии ҳамли номатлуб ё хатарнок, назорат ва ҳиссагузории муштарак ба буҷаи оила, таълими кўдакон, саломатӣ ва таъмини ғизои мукаммали фарзандон, эътироф ва риояи принсипи баробарқиматии фарзандони ҳарду ҷинсро низ дар бар мегирад.
Модарбонӣ (матернализм) — саробонии модар (аммо муодили модарсолорӣ нест). Ин мафҳум муносибати ғамхоронаро нисбати атрофиён ва кўдакон дар назар дорад. Материализм омили муҳими ҷангбезорӣ, яроқпартоӣ, сулҳ, бартараф кардани зиддиятҳои сиёсиву этникӣ мебошад.
Меҳнати хонагӣ – фаъолият барои нигоҳ доштани хонавода (либосшўӣ, рўбучин, хўрокпазӣ ва ғайра), ки барои он музд дода намешавад, муодили миқдорӣ ва эътибори эътирофшудаи ҷамъиятӣ надорад. Он асосан аз тарафи занон иҷро мешавад. Меҳнати хонагӣ қисми таркибии нақши сегонаи занон ва тақсими нобаробари корҳои хона — яке аз шаклҳои беҳуқуқии занон мебошад.
Меҳнати ноаён — меҳнати хонагии зан барои хизмат расондан ба аҳли оила ( пухтани таом, нигоҳубини кўдакон ва калонсолон, рўбу чин, либосшўӣ ва ғайра), ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ дарҷ нагардида, ба он саломатӣ ва вақти зан сарф мешавад, вале аз тарафи ҷомеа ва оила на аз ҷиҳати маънавӣ ҷуброн мегардад ва на аз лихози моддӣ. Тибқи ҳисобҳои ғайрирасмӣ дар баъзе кишварҳо меҳнати ноаён 30-40%- и истеҳсоли маҳсулоти асосиро ташкил менамояд.
Моликият ва занон — ҳуқуқҳои шахсии занон, ки бо соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амвол, инчунин талаботи моддӣ ва молу мулкие, ки байни одамон ҳангоми тақсими моликият сар мезананд.
Муносибатҳои гендерӣ — муносибатҳои шартии иҷтимоӣ ва фарҳангии занону мардон дар ҷамъият дар соҳаҳои тақсимоти ҳуқуқу вазифаҳо, захира ва неъматҳо, ҳукмронӣ ва имтиёзҳо. Муносибатҳои гендерӣ дар асл муносибатҳои ҳукмроние мебошанд, ки дар ҳаёти оилавӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ амал менамоянд. Муносибатҳои мазкур ҷузъи муносибатҳои иҷтимоӣ буда дар тақсими ҳукмронӣ ва дастёб будан ба захираву неъматҳо байни занону мардон зоҳир мешавад.
Назорат (сензура) — и гендерӣ — назорат бо мақсади нодуруст инъикос намудани вазъияти воқеии занон, пардапўш кардани беадолатиҳои муносибатҳои ҷамъиятии падарсолорӣ.
Дар ҳар як ҷамъият дараҷаи муайяни сензура — назорат аз болои афкори омма вуҷуд дорад. Дар диктатураи ҳарбӣ ин назоратро ҳокимияти ҳарбӣ, дар мамлакати коммунистӣ давлат ва сохторҳои он, дар ҷамъияти иқтисоди бозаргонӣ қудрату талаботи бозор ва ғайра амалӣ менамоянд. Вале доираи назорати гендерӣ нисбатан хеле васеътар мебошад, он бештар ва зираконатар татбиқ гардидааст. Ин назорат дар дохили як қатор механизмҳои ҷамъиятӣ ҷойгир карда шудааст ва онҳо садои занонро баланд шудан намегузоранд, арзиши таҷрибаи онҳоро инкор менамоянд ва худашонро аз мубоҳисаи сиёсӣ хориҷ месозанд. Дар байни онҳое, ки намегузоранд занон бо овози баланд сухан гўянд, ҳам амалдорони давлатӣ ва ҳам намояндагони мутаассиби дин ҳастанд. Вале фишор метавонад намудҳои хеле гуногун дошта бошад: волидоне, ки барои ба таҳсил фаро гирифтан ва дастгирии эҷодиёти духтаронашон маблағ сарф кардан намехоҳанд, муаллимоне, ки ба шогирдон (духтарон) ҳаёт ва қувваи худро танҳо сарфи вазифаи модарӣ карданро маслиҳат медиҳанд, ношироне, ки асарҳои ҷиддӣ ва ҷасуронаи занони рўзноманигор ва нависандаро нашр кардан намехоҳанд, мунаққидоне, ки ин гуна асарҳоро ҷиддӣ қабул намекунанд. Чунин фишори доимӣ аз тарафи оила ва ҷамъият як намунаи дигари сензура — назорати ботинии занонро ба вуҷуд меоварад ва дар натиҷа онҳо барои навиштан ё бо овози баланд гуфтани дардҳое, ки онҳоро ба ташвиш меоварад, ҷуръат намекунанд.
Назорати гендерӣ дар самтҳои афзалиятдоштаи сиёсат ва иқтисодиёт низ, ки бесаводии саросарии занонро сарфи назар менамоянд, мушоҳида мешавад. Бесаводии бисёр занон дар олами муосири технологӣ на танҳо натиҷаи қашшоқӣ ва меҳнати тоқатфарсо мебошад, балки он механизми ҷамъиятиест, ки барои нигоҳ доштани табъиз нисбат ба занон равона шудааст. Мамониат ба таҳсили занон дар мамлакатҳое, ки он ҷо бунёдгароӣ ҳукмфармоӣ мекунад, ҳалқаҳои ҳамон як занҷиранд. Назорати гендерӣ дар мамлакатҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Россия ва Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст. Рекламаи таҳқиромез ба монанди «зан — дўсти марди тоҷир» ва ё мушкилоте, ки занон бо онҳо ҳангоми болоравӣ дар ҷои кор, ишғол кардани вазифаҳо, сиёсат ва ғайра рў ба рў мешаванд, метавонанд мисоли назорати гендерӣ бошанд.
Нақши сегона – ҳар як инсон дар давраҳои зиндагии худ бо се намуди фаъолият машғул мешавад:
• маҳсулнок (истеҳсол);
• бозтавлидӣ (репродуктивӣ, такрористеҳсолкунӣ, ки нигоҳубини хона, таваллуду тарбияи фарзанд ба он дохил мешавад);
• ҷамъиятӣ (некўаҳволии ҷомеа, чорабиниҳои фарҳангӣ).
Ҳарчанд ин намудҳо барои ҳама умумӣ мебошанд, вале аксар вақт занон маҷбур мешаванд, ки тамоми меҳнати бозтавлидӣ ва қисми асосии меҳнати маҳсулнокро иҷро намоянд.
Нақшҳои гендерӣ — нақшҳоеанд, ки тибқи меъёрҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи мушаххас дар вазъи мушаххаси таърихӣ барои занону мардон муқаррар шудаанд. Нақшҳои гендерӣ метавонанд вобаста ба гурўҳҳои синну солӣ, иҷтимоӣ, ҷомеа ва тамаддунҳои гуногун, ҳамчунин дар робита бо табаддулотҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ тағйир пазиранд. Нақшҳои гендерӣ дар натиҷаи фарқиятҳои иҷтимоии байни занону мардон ба вуҷуд меоянд ва муқаррар менамоянд, ки мардону занон бояд чиро эҳсос намоянд, чӣ гуна андеша ронанд ва амал намоянд. Нақшҳои гендерӣ ҷузъи нақшҳои умумии иҷтимоие мебошанд, ки бо тафовутҳои гендерии дар ҷомеаи муайян қабулшуда марбутанд. Банақшагирии гендерӣ эътироф менамояд, ки дар аксари мамолики ҷаҳон занон бо маоши ақал дар як вақт се нақшро мебозанд:
Нақши бозтавлидӣ (такрористеҳсолкунӣ, репродуктивӣ) — амалест, ки аз ҷониби занон барои таваллуд ва парвариши кўдакон, ба сомон расондани корҳои хона иҷро мешавад ва барои созмону таҳкими нерўи корӣ зарур мебошад. Ин нақш на танҳо фаъолияти биологӣ, балки ҳамчунин ғамхорӣ ва нигоҳдошти қувваи корӣ (шарики зиндагӣ ва фарзандони дастёр), нерўи ояндаи корӣ (тифлони навзод ва бачагони мактабхон)-ро низ дар бар мегирад.
Нақши маҳсулнок — амалест, ки аз тарафи занону мардон барои гирифтани музди кор дар шакли пул ё маҳсулот иҷро мешавад. Фаъолияти мазкур маҳсулоти кишоварзӣ ва кори хонагиро, ки арзиши воқеии истеъмолии ивазшаванда дорад, тавлид менамояд.
Нақши ҷамъиятӣ (фаъолияти муфиди ҷамъиятӣ) — фаъолиятест, ки дар сатҳи ҷамъиятӣ чун идомаи нақши бозтавлидӣ (репродуктивӣ) ё маҳсулноки занон иҷро карда мешавад ва таъмин ва истеъмоли захираҳои нокифояи барои гурўҳ зарур — аз қабили об, тандурустӣ ва маорифро ба роҳ мемонад. Ин корест, ки зан онро дар вақти «холӣ» ва ройгон адо менамояд.
Нақши роҳбарӣ — ин як шакли фаъолиятест, ки дар ҷамъият асосан аз ҷониби мардон амалӣ карда мешавад. Он дар сатҳҳои гуногуни расмиву сиёсӣ бештар якҷоя ва дар заминаи сиёсати миллӣ созмон дода мешавад. Одатан ин корест, ки дар ҳар ҳол аз рўи низомнома ё ҳокимияти мавҷуда бо моҳона таъмин мегардад.
Неофеминизм — мавҷи нави ҳаракати феминистӣ дар Америка ва Аврупои Ғарбӣ. Шиори асосии ин ҳаракат «баробарӣ дар тафовут» мебошад, зеро баробарии куллии занону мардон на танҳо имкониятҳои ҷисмонӣ, балки иқтидори маънавии инсониро сарфи назар карда, хусусиятҳои хоси ҷаҳонбинии занона ва эҷодиёти занонаро инкор менамояд.
Ҷонибдорони шиори неофеминизм «мо баробарем, вале гуногунем» ҳуқуқи худро дар нотакрории фардӣ, мустақилият ва ягонагии шахсӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Решаи баҳои гуногун гирифтани рафтори мардону занон, муносибати оштинопазир ба стереотипҳои мардонагию занонагӣ аз ҳамин ғояҳо об мехўрад.
Нобаробарии гендерӣ — нобаробарии гендерӣ дар ҳолате ба миён меояд, ки дар оила, ҷои кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нисбат ба мардону занон муносибати гуногун ҷой дорад ва заминаи он тафовути биологӣ ва қолабҳои иҷтимоие мебошанд, ки беҳуқуқии ҷинсҳо аз он сар мезанад. Чунин вазъият ҷинсҳоро дар мақоми бо ҳам нобаробар гузошта онҳоро зердаст ва дастнигари якдигар менамояд.
Нобаробарии мусбат — озод кардани занон аз баъзе намуди корҳо вобаста ба нақши бозтавлиди(репродуктиви)-и онҳо. Ин манъ кардани кори занон дар бастҳои шабона, меҳнати аз меъёр зиёд, корҳои вазнини ҷисмонӣ ва ҳоказо мебошад. Худи ибораи «барои занон манъ карда мешавад» дар қонунгузории меҳнатӣ принсипи баробарҳуқуқии ҷинсҳоро вайрон карда, занро дар вазъи тобеият мегузорад.
Номувозинатии гендерӣ — вазъи иштироки нобаробар (пешниҳоди нобаробарӣ) мардону занон дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа (дар мақомоти интихобии ҳокимият, дар бозори меҳнат, дар сатҳи кабули қарорҳо). Номувозинатии гендерӣ ба нобаробарии гендерӣ оварда мерасонад, яъне мардон ё занон дар ин ё он соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ё касбӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ имтиёз хоҳанд дошт.
Нобиноии гендерӣ — инкор ё нафаҳмидани он, ки гендер омили муҳиме мебошад, ки имкони интихоб доштани аъзои ҷомеаро муайян менамояд.
Номуназзами(ассиметрия)-и гендерӣ дар забон — мувофиқи идеологияи феминизм забон оламро аз дидгоҳи мардона акс менамояд ва аз ҳамин сабаб он на антромарказӣ, (дар маркази диққаташ инсон), балки андромарказӣ (дар маркази диққаташ мард) мебошад: забон манзараи оламро дар асоси нуқтаи назари мардона, аз шахси субъекти мард, аз дидгоҳи ояндаи мардона, ки тибқи он ҳама чизи занона дар нақши объект, ҳамчун мафҳуми «дигар» ва «бегона» пешниҳод мешавад, ё умуман сарфи назар мегардад, меофарад.
Омори гендерӣ — мавқеи занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар муқоиса бо мардон инъикос менамояд. Дар омори гендерӣ тамоми маълумот бояд аз рўи ҷинс, синну сол, ҷои зист (шаҳр, деҳа), мансубияти этникӣ пешниҳод карда шавад. Ғайр аз маълумот барои соли охир, пешниҳоди маълумот барои як ё якчанд соли пештара низ барои муҳайё кардани имкони муқоиса ва муайян кардани ҷараёни рушди муносибатҳои гендерӣ дар ҷомеа тавсия карда мешавад.
Ояндаи гендерӣ — нуқтаи назаре, ки фаҳмиш ё таҳлили масъала ва мушкилотеро, ки дар натиҷаи муносибатҳои нобаробари иҷтимоии занону мардон ба миён меоянд, дар бар мегирад.
Падарбонӣ (патернализм) — саробонии падар. Ҷузъи идеологияи падаршоҳӣ буда, итоати бечунучароро ба падар, нуфузи марди калон, муносибати иерархии «падар-фарзандон» дар ҷомеаро дар бар мегирад. Падарбонӣ яке аз унсурҳои асосии сиёсати дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Патриархат (падарсолорӣ) — мафҳумест, ки тавсифи гуногун дорад:.
1. Мувофиқи ақоиди ҳуқуқшиносии римӣ – ҳокимияти падар (патриарх) аз болои ҳамаи
аъзоёни корношоями оила, аз ҷумла, кўдакон, занон ва ғуломон;
1. Мувофиқи назарияи феминистӣ — шабакаи оилавӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, сиёсие, ки дар он
зан (занона, феминӣ) ҳамеша ба мард (мардона, маскулинӣ) тобеъ гардонда шудааст.
3. Мувофиқи назарияи таърихӣ — давраест дар инкишофи ҷомеаи инсонӣ, ки ба он ҳукмронии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардон хос мебошад.
Порнография — инъикоси аз ҳад зиёд табиӣ ва бешармонаи муносибатҳои ҷинсӣ. Дар адабиёти феминистӣ порнография ҳамчун яке аз воситаҳои мустаҳкам кардани вазъи мутеона ва ҳақиронаи зан бо роҳи назорат аз болои тани ў мебошад. Тасвирҳои порнографӣ аз ин нуқтаи назар чун тасдиқи ҳукмфармоии мардон пешниҳод мегарданд.
Риоя(субординатсия)-и гендерӣ – системаи иҷтимоиест, ки одамонро ба эътиқод ба ин ё он ақоид водор мекунад. Моҳияти чунин эътиқод дар он аст, ки зан аз мард пасттар меистад. Дар пайвастагӣ бо қудрат чунин ақидаҳо ба мардон дар ҷомеа нисбат ба занон салоҳияти бештар медиҳанд.
Саломатии бозтавлидӣ (репродуктивӣ) — аз доираи набудани бемориҳо дар ҷисми инсон васеътар буда, маънои осудагии комили ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоиро дорад. Аз ин хотир саломатии бозтавлидӣ имконияти зиндагии солими шаҳвонӣ, қобилияти фарзанддоршавӣ ва имкони интихоби қарор дар масъалаи миқдори фарзанд ва фосилаи байни онҳоро ифода мекунад.
Салоҳияти занона – равандест, ки ба тағйир додани табиат ва самти қувваҳое равона шудааст, ки ба вазъияти занон дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан:
— кўмак ба занон дар бартараф кардани муқобилияти мардон дар мавриди имкон ва хоҳиши таваллуд кардан доштан ё надоштан;
— дастгирии иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо;
— бунёди системаи дастгирии кормандон аз ҷумлаи занон, барои кўмак ба онҳо, то ки аз ўҳдаи иҷрои меъёру талаботи кор бароянд;
— муносибати боадолатона ҳангоми болоравӣ дар хизмат;
— беҳбудӣ барои ба занон дастрас будани захираҳо ва назорат аз болои онҳо, зеро ин мавқеи занонро дар оила, дар рафти қабули қарорҳо, дар ҷои кор ва ҷомеа баланд мебардорад.
Сексизм — (англ. sex — ҷинс) идеология ва таҷрибаи табъизи инсон дар асоси мансубияташ ба ин ё он ҷинс, ки дар заминаи муқаррарот ва эътиқодҳое, ки мувофиқи онҳо ба занон/мардон бардурўғ баъзе хислатҳо часпонда мешаванд ё мавҷудияти онҳо инкор карда мешаванд, ба вуҷуд омадаааст.
Истилоҳ солҳои 60-уми асри ХХ дар ИМА, дар рафти ҳаракати озодихоҳонаи занон арзи вуҷуд намуд ва бо қолабҳои гендерии мавҷуда ва хурофотҳои зидди занон равона шуда, пайванд аст. Мардон ҳам метавонанд ҳар кадом шахсан, ё ҳамчун гурўҳи иҷтимоии гендерӣ қурбонии сексизм гарданд (масалан, иҷборӣ ба хизмати аскарӣ даъват шудани танҳо мардон заминаи сексистӣ дорад).
Ба монанди миллатгароӣ (натсизм) ва нажодпарастӣ (расизм) сексизм афзалиятро дар зуҳури ҷисмониву зеҳнии он мебинад.
Сиёсати гендерӣ — сиёсатест, ки дар заминаи принсипи ба вуҷуд овардани шароити якхела барои инкишоф ва татбиқи имкониятҳои шахс дар ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоӣ новобаста аз мансубияти ҷинсиаш, бунёд гардидааст.
Самтҳои асосии сиёсати гендерии давлатӣ аз инҳо иборатанд:
— ширкати баробари занону мардон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ, ки ба он роҳбарии давлат низ дохил мешавад;
— ба вуҷуд овардани шароит барои ҳаддалимкон озод кардани аъзои оила аз корҳои дилгиркунандаи хона;
— ба волидон баробар мутааллиқ гардондани имтиёзҳои давлатие, ки ба нигоҳубини кўдакон дахл доранд;
— таъмини дастрас будани таҳсилот ба ҳарду ҷинс чун шарти зарурии расидан ба баробарии гендерӣ. Аз байн бурдани қолабҳои падарсолоронаи нақшҳои мардонаву занона дар ҷамъият, ба вуҷуд овардани афкори мусбати ҷамъиятӣ дар бораи баробарии гендерӣ;
— ба вуҷуд овардани шабакаи бозомўзии амалдорони давлатӣ, ки ин ба роҳбарон ва мутахассисони ҳамаи сатҳҳо барои дарки моҳияти масъала имкон медиҳад.
Сиёсати гендерӣ дар асоси муносибати ҳамаҷониба ба масъалаи баробарии ҷинсҳо чун стратегияи расидан ба баробарии гендерӣ дар асри ХХ1 бунёд ёфтааст.
Сиёсати гендерӣ ба моделе, ки занону мардонро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баробар ворид менамояд, яъне «ду рўзирасон — ду соҳибхона,» такя мекунад.
Татбиқи чунин сиёсат мавҷудияти бунёди ҳуқуқии ҳалли мушкилот, таъсиси ҳокимият, кумита ва шўроҳоро барои аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқ аз рўи нишонаи ҷинс, дар ҳамаи вазорату муассисаҳо ташкил кардани шўъбаҳоеро, ки бо масъалаҳои баробарии ҷинсҳо, бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзўъҳои гендерӣ машғул мешаванд, таҳияи иттилооти дақиқу беғаразонаи омориеро, ки вазъи воқеии ҳар ду ҷинсро дар бар мегирад ва аз хусусиятҳои ҷинспарастӣ (сексистӣ) ва ҳисоби миёна иборат нест, дар назар дорад.
Бо мақсади боз ҳам дақиқтар пешбинӣ кардани таъсири қонун ва қарорҳои ҳукумат оид ба вазъи иҷтимоии занону мардон дар рафти татбиқи сиёсати баробарии ҷинсҳо гузаронидани экспертизаи гендерӣ мувофиқи мақсад аст.
Стратегияи сиёсати гендер мақсади иваз кардани сиёсати анъанавиро надорад, балки ҳамчун илова ба он дар назар дошта мешавад ва манфиатҳои занонро чун гурўҳи махсуси иҷтимоиву демографӣ ҳимоя мекунад. Ҳар ду намуди муносибат метавонад ҳамзамон то он вақте ки дар ҷомеа афкори мусоиди ҷамъиятӣ ба вуҷуд наояд, амал бикунад.
Стратификатсияи гендерӣ – равандест, ки тавассути он тафовутҳои гендерӣ мунтазам омўхта ва баҳо дода мешаванд. Стратификатсияи мазкур одатан таҳриф гардида, ба стратификатсияи иҷтимоию синфӣ ва этникӣ тобеъ гардонда мешуд. Вале моҳияти он, хусусан, ҳамчун системаи инъикоскунандаи он, ки занон нисбат ба мардон баҳои пасттар ва музди камтар мегиранд, аз тарафи ҷомеашиносони ба феминизм майлдошта равшан карда шуд.
Табъиз (дискриминатсия) аз рўи ҷинс — ин маҳдудият ё вайрон шудани ҳуқуқ ва озодӣ, инчунин паст задани шаъну шарафи инсонӣ аз рўи ҷинс мебошад.
Тақсимоти гендерии меҳнат – чунин навъи тақсимоти меҳнат мебошад, ки дар натиҷаи қолабҳои иҷтимоии ҷомеаи мушаххас дар байни мардону занон сурат гирифтааст. Мувофиқи ин тақсимот баъзе корҳо аз рўи анъана «занона», баъзеи дигарашон «мардона» ҳисоб мешаванд.
Талаботи гендерӣ – азбаски мардону занон дар ҷамъият нақшҳои гуногун дошта, корҳои гуногунро иҷро менамоянд ва ба хизматрасониву назорат аз болои захираҳо дастрасии гуногун доранд, талаботашон ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунад. Аз ҷумла, занон талаботи хосаи худро доранд, ки на танҳо аз нақши сегонаи онҳо, балки аз вобастагиашон ба мардон сар мезанад. Муайян кардани талаботи гендерии мардону занон яке аз ҷузъҳои таҳлил ва банақшагирии гендерӣ мебошад. Ин тафовут ба ду намуд — амалӣ ва стратегӣ ҷудо мешавад:
Талаботи амалии гендерӣ (ТАГ) – талаботест, ки худи занон дар заминаи мавқеи иҷтимоии худ эҳсос мекунанд. ТАГ ҳарчанд дар натиҷаи тақсимоти гендерии меҳнат ба вуҷуд омада, аз мавқеи тобеонаи зан дар ҷамъият сар мезанад, вале монеа нест. ТАГ аксуламалест ба талаботи бошууронаи мустақим, ки аз вазъияти мушаххас берун меояд. Табиатан онҳо хусусияти амалӣ дошта, бештар аз шароити бади зиндагӣ, масалан, камобӣ, бекорӣ ва ғайра сар мезананд.
Талаботи стратегии гендерӣ (ТСГ) – талаботест, ки аз ҳолати мутеонаи зан дар ҷамъият сар мезанад. Ин талабот гуногун буда, вобаста ба шароити мушаххас аз ҳам фарқ мекунад ва аз тақсимоти гендерии меҳнат, қудрат ва назорат сар зада ҳуқуқҳои юридикӣ, хушунат дар оила, музди нобаробари меҳнат, назорати зан аз болои тани худ ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳалли ТСГ ба занон барои ба даст овардани баробарии бештар ва тағйироти нақшҳои мавҷуда ва ба ин восита барои раҳоӣ аз вазъи мутеонаашон кўмак менамояд.
Татбиқи дурнамои гендерӣ — ба эътибор ва ҳисоб гирифтани омилҳои гендерӣ ҳангоми ба нақша гирифтан, татбиқ, санҷиш ва баҳо додан ба ҳамагуна барнома ва лоиҳа аз ҷониби чи мақомоти давлатӣ ва чи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мебошад. Бошуурона дохил кардани гендер ҳамчун яке аз ҷанбаҳое, ки фаъолияти банақшагирифташуда ё татбиқшаванда ба он таъсир мерасонад.
Тафриқагузории гендерӣ – равандест, ки мувофиқи он ба тафовутҳои биологии байни мардону занон моҳияти иҷтимоӣ дода мешавад ва ҳамчун воситаи таснифи иҷтимоӣ истифода мегардад. Дар ҷомеаҳои маърифатии маълум ҷинси анатомӣ асоси гендер қарор гирифтааст. Дар баъзе ҷомеаҳои маърифатӣ тафовутҳои биологӣ аз будашон бештар баҳо гирифтаанд, дар мавридҳои дигар камтар ва ҳамин тариқ онҳо наметавонанд аломати бебаҳс ба шумор раванд ё хусусияти умумӣ дошта бошанд.
Тафриқагузории музди меҳнат – фарқи пардохти музди меҳнати занону мардон.
Таҳлили гендерӣ – таҳлили равандҳои иҷтимоие мебошад, ки ба нақшҳои гуногуни мардону занон дар чунин соҳаҳо, чун тақсимоти меҳнат, қабули қарорҳо дар сатҳҳои гуногун, фаъолияти маҳсулнок ва бозтавлидӣ (репродуктивӣ), дастёб будан ба захираву неъматҳо ва имкони назорат аз болои онҳо ва, инчунин, аз болои омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологие, ки ба муносибатҳои гендерӣ таъсир мерасонанд.
Таҷовуз ба номус – маънои зўран ба робитаи ҷинсӣ водор карданро дорад.
Таълимоти гендерӣ – омўзишу таълими масоили марбут ба муносибатҳои гендерӣ.
Таъсири тафриқагузории гендерӣ – таъсири гуногуни барнома ва лоиҳаҳо ба мардону занон. Аксаран ин ё он барномае, ки зоҳиран барои ҳама гурўҳҳои аҳолӣ якхел манфиатбахш менамояд, дар амал ба вазъияти занону мардон таъсири гуногун (баъзан тамоман таъсири мухолиф) мерасонад.
Фарҳанги сиёсии гендерӣ – фарҳанги сиёсиест, ки муносибатҳои гендериро ба шабакаи муносибатҳо, ҳамзамон ба раванди истеҳсол ва бозистеҳсолкунии унсурҳои таркибии фарҳанги сиёсӣ, дар сафи наслҳои ҳамдигарро ивазкунанда ворид менамояд.
Фарҳанги гендерӣ мафҳумҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Маданияти муносибатҳо(одоби муошират)-и байниякдигарии ҷинсҳо;
2. Имтиёзҳои фарҳангӣ, арзишҳо ва афзалиятҳои занон ва мардон;
3. Тасаввурот дар бораи мавҷудияти фарҳанги «занона» ва «мардона».
Фаъолияти бозтавлидӣ (такрористеҳсолкунӣ, репродуктивӣ) — ба вуҷуд овардани насл, ки бо таваллуд ва тарбияи фарзанд вобаста аст. Дар ҷомеаи инсонӣ фаъолияти бозтавлидӣ — раванди соф биологӣ набуда, балки хусусияти иҷтимоӣ дорад ва иштироки ҳарду шарикро талаб менамояд. Аз ҷумла, баробарии гендерӣ бо дараҷаи ширкати мардон дар фаъолияти бозтавлидӣ муайян мегардад. Барканор шудани мардон аз нигоҳубин ва тарбияи кўдакон сабаби вазнинтар гардидани бори зиндагӣ бар дўши занон ва афзоиши нобаробарии гендерӣ мегардад .
Фаъолияти ҷамъиятӣ — ин мафҳум ташкили дастиҷамъии ҳодисаҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ: маъракаву идҳо, фаъолият барои беҳбудии зиндагии ҷомеа, иштирок дар чорабиниҳои гурўҳ ва ташкилотҳо, ҳаёти сиёсии маҳаллӣ ва ғайраро мефаҳмонад. Одатан ин намуди фаъолият ҳангоми таҳлили ҳаёти иқтисодии ҷомеа ба назар гирифта намешавад. Дар айни замон он вақту меҳнати зиёди аъзои ҷамъиятро талаб мекунад ва барои инкишофи фарҳангиву маънавии он аҳамияти хосса муҳим дорад. Дар фаъолияти ҷамъиятӣ ҳам мардон ва ҳам занон иштирок мекунанд, вале тақсимоти гендерии меҳнат дар ин ҷо ҳам вуҷуд дорад.
Феминӣ (занона) — хусусияти психологии рафтору тафаккур, ки мутобиқи стереотипи занона буда, хилофи стереотипи мардона (маскулинӣ) мебошад. Мисолҳои қолабҳои мардонагӣ — соҳибиродагӣ, пархошҷўӣ, фаъолӣ, сарварӣ, муқтадирӣ; ва феминӣ — нармӣ, майл ба тобеият, камфаъолиятӣ, пайравӣ, заифӣ ба ҳисоб мераванд.
Феминизатсияи қашшоқӣ – ҷараёни афзоиши миқдори занон дар байни гурўҳҳои камбизоат ва қашшоқи аҳолӣ мебошад, ки дар натиҷаи инқирозҳои иқтисодӣ, азнавсозии сохти ҷамъиятӣ ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) сурат мегирад.. Ин истилоҳ инчунин маънии онро дорад, ки занон нисбат ба мардон бештар зери таъсири қашшоқӣ ва натиҷаҳои он мемонанд. Ба ибораи дигар, сухан на танҳо дар бораи он меравад, ки занон дар байни қишрҳои камбизоат ва қашшоқи аҳолӣ бештаранд, балки дар навбати аввал онҳо ва фарзандонашон дар чунин вазъият бештар азият мекашанд ва дар роҳи беҳбудии аҳволи худ ба монеаҳои бештару душвортар рў ба рў мешаванд.

Фоҳишагӣ — иҷрои хизматҳои муздноки шаҳвонӣ аст.
Хурофоти гендерӣ – тасаввурот дар бораи мавҷудияти бартарӣ ё нокомилие, ки бо мансубияти ҷинсӣ алоқаманд бошад, яъне «хусусияти ҷинсӣ» дошта бошад. Хурофоти гендерӣ ҷузъи қолабҳои гендерӣ мебошад.
Хушунат — ҳама гуна амали бошууронаи як шахс нисбати шахси дигар мебошад, ба шарте ки он ҳуқуқ ва озодии қонунии инсонро вайрон намояд, ба он шахс озори ҷисмониву равонӣ расонад, ё ба рушди ҷисмонӣ ва инсонии шахси ноболиғ хатар дошта бошад.
Хушунат дорои шаклҳои ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ мебошад:
Хушунат дар оила (хушунати хонаводагӣ) — маъмултарин шакли хушунат мебошад, ки аз ҷониби як аъзои оила нисбати дигараш сар мезанад ва хатари калони ҷамъиятӣ дорад. Хушунат дар оила на танҳо барои саломатӣ ва ҷони одамон хатарнок аст, балки нақшу қолабҳои гендериро, ки минбаъд дар ҷомеа татбиқ хоҳанд шуд, ташаккул медиҳад.
Хушунати хонаводагӣ — ин силсилаи такроршаванда ва тадриҷан афзояндаи таҳқири ҷисмонӣ, маънавӣ, иқтисодӣ ва паст задани шаъну эътибор бо мақсади назорат, тарсондан ва талқини ҳисси доимии тарс мебошад.
Ин вазъиятест, ки як одам рафтору ҳиссиёти шахси дигарро назорат мекунад ё кўшиш мекунад, ки онро таҳти назорат бигирад. Дар хушунати хонаводагӣ, ғайр аз категорияҳои умумӣ, намудҳои махсус, ки аз табиати муносибатҳои хушунатгар ва ҷабрдида ва шароити зиндагии онҳо сар мезананд, вуҷуд доранд. Масалан:
• муомилаи бераҳмона нисбати кўдакон;
• хушунате, ки зидди ҳамсар ё ҳамзист равона шудааст;
• зўроварӣ нисбати пиронсолон;
Хушунат нисбат ба занон — яке аз шаклҳои зўроварӣ (чун рафторе, ки ба шахси дигар зарар мерасонад ё чунин ният дорад), истифодаи зўрӣ аз рўи нишонаи ҷинсӣ — аз таҳқири забонӣ ва таҳдид то лату кўби сахти ҷисмонӣ ва маҷбур намудан ба алоқаи шаҳвонӣ. Хушунат нисбати занон ба равонӣ, ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ тақсим мешавад.
Хушунати шаҳвонӣ — таваҷҷўҳи дилнохоҳест, ки дастнорасии инсониро вайрон мекунад. Ба хушунати шаҳвонӣ хоҳиши баровардани ҳоҷати шаҳвонӣ, кинояҳои бадхоҳона ё таҳқиромез, имову ишора ва расидан ба бадан ва монанди ин дохил мешаванд.
Ҳассосияти гендерӣ – дарк ва таҳлили талаботи гуногун, монандии рафтори занону мардон мебошад,, ки аз муносибатҳои нобаробари иҷтимоии онҳо сар мезанад, Ин дарки он аст, ки сиёсат ё барнома метавонад ба занону мардон манфиати ҳархела оварда, мушкилоти зиёди гендериро тавлид намояд.
Ҳокимият — лаёқат ва имконияти расонидани таъсири ҳалкунанда ба фаъолияту рафтори одамон ба воситаи обрў, ҳуқуқ, ирода, зўроварӣ ва ғайра.
Ҳуқуқ дар соҳаи бозтавлидӣ (такрористеҳсолкунии репродуктивӣ) – ҳуқуқест, ки аз тарафи қонунгузории миллӣ ва байналхалқӣ эътироф ва таъкид шудааст. Он ҳуқуқеро дар назар дорад, ки ҳарду ҳамсар ва одамони алоҳида дар ҳалли масъалаи миқдор, фосилаи байни таваллуд ва замони таваллуди фарзандони худ озод ва масъуланд. Онҳо ба доштани маълумот ва воситаҳои татбиқи қарори худ, саломатии шаҳвонӣ ва репродуктивӣ ҳақ доранд.
Ченаки баробарии гендерӣ аз шохиси инкишофи гендерӣ фарқ дорад. Ченаки баробарии гендерӣ на ба таъсири нобаробарии гендерӣ ба инкишофи ҷомеа, балки ба дараҷаи баробарии гендерӣ дар ҳокимияти иқтисодӣ ва сиёсӣ равона шудааст. Ин ченак на барои санҷидани дараҷаи некўаҳволӣ, балки баҳри муайян кардани баробарӣ дар соҳаи фаъолият истифода мешавад.
Ҷараёни гендер — рафти омўзиш ва тарғиби меъёрҳои рафтор барои занону мардон мебошад, ки дар ин ё он ҷомеа барои онҳо табиӣ ба шумор меравад.
Ҷинспарастӣ (сексизм), (ҷинсгароӣ), — идеологияе, ки ба паст задани инсон дар асоси мансубияташ ба ин ё он ҷинс равона шудааст
Ҷомеаи шаҳрвандӣ — ҷомеае, ки дар он иттиҳодияҳои гуногуни шаҳрвандон (ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба, кооперативҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва ғайра) дар муносибатҳои байниҳамии фард ва давлат робита ба вуҷуд оварда, намегузоранд, ки аз тарафи давлат нисбати шахсият таарруз содир шавад.
Шифти шишагин – ибораи маъмулест, ки монеаҳои ноаёни роҳи рушди занонро дар ишғоли вазифа ифода мекунад.
Шохиси (индекси) инкишофи башарӣ — осудаҳолии аҳолиро дар маҷмўъ чен мекунад ва танҳо бо даромадҳое, ки як қисми таркибии онро ташкил менамоянд, маҳдуд намешавад. Шохиси инкишофи башарӣ алтернативаи мураттаб намудани мамлакатҳоро аз рўи дараҷаи истеҳсоли маҳсулоти асосӣ ба сари ҳар одам пешниҳод мекунад ва таъкид менамояд, ки баъзе кишварҳои қашшоқ метавонанд ба сатҳи аз миёна баланди инкишофи башарӣ бирасанд, бисёр мамлакатҳои дигар бошанд, имкони аз ин ҳам бештар доранд.
Шохиси инкишофи гендерӣ — нобаробарии байни мардону занонро аз рўи ҳамон нишондиҳандаҳое, ки ҳангоми ҳисобу китоби шохиси инкишофи башарӣ истифода мешаванд, муайян менамояд. Ҳар қадаре, ки тафовут аз рўи ин нишондиҳандаҳо бештар бошад, ҳамон қадар шохиси инкишофи гендерии мамлакат аз шохиси инкишофи башарии он пасттар мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки » шохиси инкишофи гендерӣ — ҳамон шохиси инкишофи башарӣ, бо иловаи нобаробарии гендерӣ мебошад».

Замимаи Г.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

Қонуни мазкур муносибатҳои оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим медарорад, ҳуқуқпоймолкуниро аз рўи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.

Боби 1.
Қоидаҳои умумӣ

Моддаи1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
— гендер, гендерӣ-муносибатҳои иҷтимоии байни мардону занон, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, идеология, фарҳанг зоҳир мегардад;
— сиёсати гендерӣ- фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатҳои мутақобилаи мардон ва занон равона шудааст;
— баробарҳуқуқӣ-ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун;
— баробарҳуқуқии гендерӣ – баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо, ки ба ҳар ду ҷинс озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи он имконият медиҳад;
— имконияти баробар – таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсия(Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рўи принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
-поймолкунии ҳуқуқ(дискриминатсия) — ҳар гуна тафовут, истисно ё маҳдудгардонӣ аз рўи аломати ҷинсӣ, ки ба паст кардан ё эътироф накардани ҳуқуқу озодиҳои мардону занон дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо равона карда шудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ба Конститутсия(Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин қонун, дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон иборат аст.
Моддаи 3. Манъи поймолкунии ҳуқуқ
Поймол кардани ҳуқуқи мардону занон манъ аст.
Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рўи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), поймолкунии ҳуқуқ номида мешавад ва бояд ба тартиби муқарраркардаи қонуни мазкур бартараф карда шавад.
Чораҳои зерин поймолкунии ҳуқуқ намебошанд:
-чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон;
-муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кўдак;
— чораҳои амалӣ гардонидани нуктаҳои қонуни мазкур.
Моддаи 4. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини имкониятҳои баробари мардону занон (баробарии гендерӣ)
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:
— омўзиши гендерии хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монанд;
— барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз ҷумла ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқии комил халалрасонанда мусоидат намоянд;
— барномаҳои махсуси рафъи поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рўи ҷинс таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ намоянд;
-ба барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани пойдории ҷомеа ва нақши минтақавии амалиёт оид ба инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, дар барномаи дигар чораҳо, инчунин чораҳои таъмини баробарии гендериро ҳамроҳ кунанд.
Моддаи 5. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ
Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар соҳаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва суди ҳокимияти давлатӣ бо тарзи воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.
Моддаи 6. Кафолатҳои давлатии таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм
Муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд:
— ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёна ва олӣ ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд;
— курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, манфиатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд;
— барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиеро, ки тарғиби поймолкунии ҳуқуқро аз рўи ҷинс истисно менамоянд, истифода баранд;
— Барои духтарони ноҳияҳои кўҳистон, деҳот ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ шароити имтиёзнок муҳайё намоянд.
Амали ин мода ҷараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии ҳарбиро низ фаро мегирад.
Моддаи 7. Баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ
Ҳангоми қабул ба кор, болоравӣ дар хизмат, таълими касбӣ, муқаррар намудани низоми меҳнат, инчунин аз кор озод кардани кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва кафолатҳои мардону занон ва вазъияти оилавӣ бояд ба назар гирифта шавад.
Корфармо вазифадор аст, ки барои мардону занон, аз он ҷумла вобаста ба танаффуси иҷозатдодаи қонунгузорӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл, адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват, иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ системаи бозомўзӣ ва такмили ихтисос дошта бошад.

БОБИ 2.

КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӣ ОИД БА ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ҲАНГОМИ АМАЛӣ ГАРДОНДАНИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 8. Таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот
Системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд.
Моддаи 9. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми ташкили комиссияҳои интихобот
Ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имкониятҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.
БОБИ 3.

КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ
МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӣ

Моддаи 10. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат
Ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, инчунин адои он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ новобаста ба ҷинсияти довталаб таъмин намоянд.
Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.
Ба эълон кардани озмунҳо танҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад.
Моддаи 11. Таъмини иштироки баробари мардону занон дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ
Озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида мешаванд.
Ба зиммаи хадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ вазифаи ба комиссияҳои озмунҳо ба ғайр аз ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва тайёрии касбии шахсони иштирокчии озмун ва пешниҳод намудани дигар маълумоте, ки қонун талаб мекунад, инчунин далелҳо дар бораи таносуби шумораи мардону занони коркунанда дар вазифаҳои дахлдори мақомоти давлатӣ гузошта мешавад.
Чунин маълумот аз ҷониби хадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, болоравӣ дар хизмат, зиёд кардани маош пешниҳод карда мешаванд.

БОБИ 4.

КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР БАРОИ
МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИҶТИМОӣ-ИҚТИСОДӣ

Моддаи12. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.
Моддаи 13. Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ
Бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо (роҳбари мақоми давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият) корҳои зайлро ба ҷо меоварад:
— барои мардону занон ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатӣ имкониятҳои баробар муҳайё менамоянд;
— ба мардону занон ҷойҳо(вазифаҳо)-и холии корро баробар дастрас мегардонад;
-барои мардону занон ҳангоми иҷрои кори якхела ё коре, ки қиматаш баробар аст, музди меҳнат(мукофот)-и баробар медиҳад;
-барои такмили ихтисос, бозомўзӣ, болоравӣ дар хизмат имконияти баробар муҳайё менамояд;
— шароити якхелаи бехатарии меҳнатро, ки барои ҳаёт ва саломатии ҳам мардон ва ҳам занон зарур аст, таъмин менамояд.
Моддаи 14. Исботи қасдан поймолкунии ҳуқуқ аз рўи ҷинсият
Дар сурати баррасии баҳси меҳнатӣ бинобар поймолкунии эҳтимолии ҳуқуқ аз рўи ҷинс дар суд ё мақоми дигар тибқи даъвои корманд ё иттифоқи касаба ва иттиҳодияи дигари ҷамъиятӣ, ки манфиати кормандро ҳимоя мекунад, гаронии исботи набудани қасди поймолкунии ҳуқуқ ба зиммаи корфармо меафтад.
Моддаи 15. Кафолати баробарии гендерӣ дар мавриди ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон
Дар сурати ба таври оммавӣ аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисаҳо аз рўи ҷинсҳо риоя карда шавад.
Моддаи 16. Ба шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ворид кардани чораҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон
Ҳангоми танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ тавассути шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба онҳо ворид кардани нуктаҳое ҳатмист, ки баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон, беҳтар намудани шароитро барои мутобиқ гардондани ўҳдадориҳои касбӣ ва оилавии онҳо таъмин намояд.
Мақомоти иттифоқи касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, дигар намояндагони кормандон, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадоранд рафти иҷрои ин шартномаю созишномаҳоро назорат намоянд.
Моддаи 17. Мушоҳидаҳои назоратӣ (мониторинг) оид ба риояи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ
Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили системаноки вазъи таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешгўии тағйири вазъ, дар мавриди зарурат, барои таҳияи чораҳои пешгирӣ ва рафъи далелҳои поймолкунии ҳуқуқ аз рўи ҷинс, инчунин барои тайёр намудани таклифҳо оид ба ташкили барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ин соҳа мушоҳида(мониторинг)-и доимӣ ташкил менамояд.
Натиҷаи мушоҳидаҳои назоратӣ дар воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешавад.

БОБИ 5.

МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ
МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар доираи салоҳияти худ:
— мақомоти ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
-барномаҳои мақсадноки(соҳавии) ҷумҳуриявиро дар бобати таъмини баробарҳуқуқии ҷинсҳо тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
— фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бобати ҳимоя ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, масъалаҳои интихоб кардан ва ба мансабҳои масъулиятнок таъин намудани занон, тарбияи насли навраси кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҷумлаи занону духтарон ба роҳ мемонад ва назорат мекунад.
Моддаи 19. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ риояи қонуни мазкурро мушоҳида менамояд ва ҳисоботи ҳарсоларо оид ба риояи қонуни мазкур дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.
Моддаи 20. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки бо мақсади амалигардонии принсипи конститутсионии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон ташкил ёфтаанд, ҳуқуқ доранд:
-дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини имкониятҳои баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ иштирок намоянд;
-дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ аз номи мардону занон намояндагӣ ва ҳуқуқҳояшонро ҳимоя кунанд.
Моддаи 21. Назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо равона гардидаанд, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе, 1 марти соли 2005, № 89.

МУНДАРИҶА

Муқаддима …………………………………………………

Қисми 1. Аз таърихи ҳаракатҳои феминистӣ ……………..
Феминизми либералӣ …………………………
Феминизми сотсиалистӣ ……………………….
Феминизми радикалӣ ………………………….
Феминизм ва ҷомеаи коммунистӣ …………….

Қисми 2. Ҳуқуқи занон ва кўдакон дар ҷомеа ……… ….
Ҳуқуқи занон дар ҷомеа …………………….
Ҳуқуқи кўдакон дар ҷомеа ……………………

Қисми 3. Инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО ………….
Гендер ва журналистика ……………………..
Симои зан ва мард дар ВАО ………………….
ВАО ва қолабҳои шахшудаи гендерӣ ……….
ВАО ва одамфурўшӣ …………………………..
ВАО ва хушунати хонаводагӣ …………………
Реклама ва гендер ………………………………
Порнография ва проблемаи гендерӣ …………..
Матбуот ва масоили гендерӣ …………………..

Охирсухан …………………………………………………………..

Феҳристи адабиёт ………………………………………………

Замимаҳо:
А. Барномаи курси «Гендер ва журналистика»……

Б. Пурсишномаҳои санҷишӣ ………………………

В. Вожаномаи мухтасари гендерӣ …………………

Г. Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии
баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои
баробари амалигардонии онҳо» ……………………..

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: