НОМА БА ДЎСТ


Дўсти азиз, Мирзошариф! Номаи саршор аз мењратро гирифта хондам ва бо вазъи зиндагиат ошно шуда ба ростї, њам хурсанд шудаму њам ѓамгин. Хурсанд аз он шудам, ки саломатии худату ањли байтат хубанд ва ба ин сахтињои рўзгор нигоњ накарда, мактабро тарк накардаї, ба фарзандони мардум чароѓи маърифат месўзї. Ѓамгин аз он шудам, ки љиянамон-Мирзоасад Донишгоњи Хуљандро бо дипломи сурх хатм кардаасту дар шањр кори муносиб наёфта ба дења омадааст. Ба њар њол тасаллоям он шуд, ки вай бекор нагашта дар пањлўят будааст ва аз забони англисї ба шогирдон дарс гуфта, бо ин нафъе ба љомеа меовардааст.
Аз мо пурсї, шукри Худо сињату саломатем ва инро аз Офаридгор бароятон хостгорем. Аз зиндагиамон пурсї, мисли аксари ањли зиё базўр аробаи рўзгорро кашида истодаем. Ман, чї хеле ки хабар дорї, њоло њам дар се љо кор карда истодаам. Янгаат низ дар мактаб дар ду баст кор мекунад. Маоши њар дуи мо моње базўр ба 150 сомонї мерасад. Зиндагии шањр ба худат маълум, боз ду фарзанди донишљў дорем, маблаѓи мазкур албатта, нокифоя аст. Шукр, ки дар бинои серќабата нею дар њавлї зиндагї мекунем. Њамон як порча замине, ки њини донишљўї якљоя побелаш мекардем, имрўз моро бо сабзавоту мева таъмин мекунад. Ба ѓайри ин, як гову дањто мурѓ дорем.
Акнун меоем сари маслињатпурсии ту: Хуб аст, ки мехоњї писарат дар пойтахт кор кунад. Барњаќ, дар дењот он муњите, ки барои пешрафти ањли савод бошад, нест. Босаводтарин шахс њам аз паси гову гўсола, бузу бузѓола ба гирдоби рўзгор ѓўтавар мешавад. Бењуда бузургон нагуфтаанд: «Дењ марав, дењ мардро аблањ кунад!». Ман сад дар сад ба пешнињоди ту розиам, ки Мирзоасад дар ягон созмони хориљї ба кор дарояду њамзамон аспиранти донишгоњ шуда, рисолаи илмї нависад. Ќисми дуюми пешнињодат амалишаванда аст. Донишгоњ ба аспирантњои босавод ниёз дорад. Устодамон Камолзода, ки мехост баъди хатми донишгоњ мо дар кафедра бимонем, бо хурсандї вайро ба шогирдї мегирад. Вале, њоло ба созмонњои хориљї ба кор даромадан барои ашхоси бетаѓо басо мушкил ва њатто ношуданист. Инро аз таљрибаи љиянат Шарифљон мегўям. Ў аз курси панљум талош мекард, ки ба ягон созмони хориљии маскуни Душанбе ба кор дарояд. Ба ѓайри риштаи иќтисоди байналхалќии донишгоњ боз чанд курси омўзиши забони англисиро хатм карда, бо ин забон озод менависаду гуфтугў мекунад. Ў аз бисёр озмунњо мегузашт, вале дар охир каси дигарро, ки баробари вай савод надорад, ба кор мегирифтанд. Ин њама озмунњое, ки тавассути матбуот эълон мекунанд, фиреби назар аст. Ба он љойњои холї, кайњо одамони худиро интихоб кардаанд. Њоло ба ном озмун эълон мекунанд. Чунин мекунанд, ки эълон рўзи љумъа ба табъ расаду мўњлати ќабули аризаи довталабон рўзи душанбе ба охир расад. Яъне, чунон мекунанд, ки довталаб ваќти омода кардани асноди заруриро надошта бошад. Агар мабодо довталаб њуљљаташро супорад њам, ками дар кам њамаи онњоро ба озмун даъват мекунанд. Ва агар даъват кунанд њам, аз озмун гузаштанаш дар гумон аст. Шарифљон наќл кард, ки дар як ташкилот аз њамаи зинањои озмун гузашта, дар охир бо љавоне танњо мондаанд. Шартњои даври охири озмунро низ иљро кардааст. Гуфтаанд, ки агар гузаред, даъват мекунем. Лекин дигар даъват накарданд. Аз байн як моњ гузашт, гуфт Шарифљон, дар кўча он љавонро вохўрдам. Ў маро дида, табрик кард, ки ба кор ќабул шудаам. Ман њайрон монда, гуфтам, ки ба гумони ман туро ба кор гирифтаанд. Баъди чанд муддат маълум шуд, ки ба ин вазифа тамоман шахси дигарро, ки њатто дар озмун ширкат надошт, ба кор гирифтаанд.
Бояд гўям, ки дањ сол ќабл ба созмонњои хориљї агар саводу малака дошта бошї, ќабул мекарданд. Њоло њамон љо њам тољикон кор мекунанд ва усули корашон тољикї шудагї. Хориљињоро њам таѓобозї омўхтаанд. Агар хеши наздикат он љо бошад, новобаста ба донишу ихтисосат туро ба кор мегиранд ва ё агар ду-се моњонаатро ришва бидињї, ба кор ќабул мешавї. Набошад, мутахассиси бењамто бошї њам, ба кор намегиранд.
Рўзе њамсинфам Рањим, ки ўро ту хуб мешиносї, ќиссаи коркобии Шарифљонро шунида, латифаеро наќл кард. Гумон мекунам, ки он бозгўи гуфтањои болост ва ин кўргирењро мекушояд: Хирс донишгоњро бо дипломи сурх хатм карда, ихтисоси хирс гирифтааст. Дар шўъбаи кадрњои Љангал ба ў мегўянд, ки штати хирс банд аст ва агар хоњад, ўро ба вазифаи харгўш ба кор мегиранд. Хирс ноилољ мондааст: аз роњи дур бо роњхати донишгоњ омадааст, агар мўњлати муќарраршуда њатмї кор накунад, дипломашро ба дасташ намедињанд. Вай ба ин пешнињод розї шуда, ба маоши ночиз вазифаи Харгўшро иљро кардан гирифтааст. Аз байн чанд ваќт гузаштааст. Рўзе ба олами вуњуш гуфтаанд, ки омода шавед, муовини раиси Љангал -Хирс барои тафтиш меояд. Он рўз расидааст. Барои тафтиш Харгўш омадааст. Маъмурин харгўшро «акои хирс», гуфта болонишин кардаанд. Аз ин Хирс њайрон шуда аз Гург пурсидааст: -О, ин харгўш-ку? Чаро вайро хирс мегўянд?
-Дар ваќташ ин вазифа холї буд. Харгўш таѓобозї карда, онро гирифт, — гуфт Гург ва афзуд: — Ту, ки хирс њастию дипломи хирс дорї, ба шоњи њайвонот шикоят навис. Вазифаи хирсро ба ту медињанд. Шояд дар боло надонанд, ки дар Љангал хирси дипломдор њаст?
Хирс ин маслињати Гургро пазируфта, ба шоњи њайвонот- Шер аризаи шикоятї навишта, ба он нусхаи дипломи донишгоњ ва таваллудномаи худашу волидонашро, ки дар бораи хирс буданашон далолат медињанд, фиристодааст.
Аз байн чанд моњ мегузарад ва нињоят барои тафтиши аризаи Хирс аз маъмурияти Шоњи њайвонот комиссия ба Љангал меояд. Харгўш онњоро хуш пазируфта обу зиёфат медињад. Онњо аризаро санљида, дар њисоботашон ба Шер, ба хулоса меоянд, ки бигзор, чї хеле ки њаст, њамон хел монад. Аз ин Хирс ба њайрат афтода намедонад, чї кор кунад? Хорпушт ин њолро дида, мегўяд: -Бародар, ту бењуда шикоят ба Шоњи њайвонот бурдї, ба фикрам ту намедонистї, ки дар вазифаи Шер хар аст. Ин љо танњо ман дар вазифаи худам кор мекунам. На њар кас мехоњад, ки хорпушт бошаду дар пушташ хор. Агар ту дар вазифаи худат кор карданї њастї, љангали дигареро ёб, ки вазифаи хирс холї бошад. Вагарна, як умр Харгўш хоњї монд.
Ана, њамин латифаи Рањимро шунида, писарамро гуфтам, ки бигзар аз бањри созмонњои хориљї. Давиданат бењуда, бе таѓо ба кор намегиранд. Њоло Шарифљон дар як идораи давлатї ба 20 сомонї маош иќтисодчї аст.
Дўстам, Мирзошариф, ин буд андешаи ман перомуни маслињатпурсии ту. То занги охирин дар мактабњо њоло фурсат њаст. Боз як бор биандешед, ки Мирзоасад дар Душанбе ба чї кор машѓул мешавад? Агар чун Шарифљон вазифаи каммаош гўед, бе ягон проблема барояш кор меёбам. Вале дар созмонњои хориљї ба кор мондан аз дастам намеояд.
Мирзошариф, тую ањли байтатро бо фарорасии Наврўзи хўљастапай табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки њамеша сињату саломат бошед ва соли нав бароятон хушрўзињо оварад. Дар охир аз номаат арзи сипос намуда, хоњиш мекунам, ки саломи маро ба дўстони дењотї расонї.

Бо эњтиром: Љовид Муќим, 18 марти соли 2003.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: