ДЕПУТАТҲО ҚИМАТӢ МЕОРАНД?!


ДЕПУТАТҲО ҚИМАТӢ МЕОРАНД?!
Ба навиштаи ҳафтаномаи «Asia-Plus» (1 апрели соли 2009) вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии молҳо»-ро қабул кардаанд. Қабули қонуни мазкур метавонад ба гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии кишвар оварад. Депутат Мирзошариф Исломиддинов сабаби пешниҳоди лоиҳаи қонуни мутазакираро дар иҷлосия чунин арзёбӣ кардааст: «Вақте ки воридот дар кишвари мо нисбат ба содирот бештар аст, вақте ки аксари молҳои воридотӣ ба талаботи оддии сифат ҷавобгӯ нестанд ва молҳои истеҳсоли ватанӣ ба молҳои хориҷӣ рақобат карда наметавонанд, барои коҳиш додани оқибати бӯҳрони молиявӣ моро зарур аст, ки ин қонунро қабул кунем».
Ин гуфтаҳои депутати мӯҳтарам, ки гӯё сабаби пешниҳоди қонуни номбурда бошад, чандон эътимодбахш нестанд. Зеро «…аксари молҳои воридотӣ ба талаботи оддии сифат ҷавобгӯ нестанд ва молҳои истеҳсоли ватанӣ ба молҳои хориҷӣ рақобат карда наметавонанд» гуфтан худ мантиқ надорад. Агар молҳои хориҷӣ пастсифат бошанд, пас чаро молҳои истеҳсоли кишвар ба онҳо рақобат карда наметавонанд?! Гумон мекунам, ки сабаби инро ҳамагон медонанд: Молҳои истеҳсоли ватанӣ нисбат ба чунин молҳои воридотӣ пастсифат ва гароннарханд. Набояд фаромӯш кард, ки табиатан муштарие, ки пулро бо арақи ҷабинаш кор кардааст, аз бозор ҳамон маҳсулотро мехарад, ки арзону баландсифат бошад. Албатта, ин ҷо истисно он шахсоне мебошанд, ки пулро аз ришваситонӣ ё аъмоли дигари ғайриқонунӣ ба даст овардаанд. Дуюм, «…барои коҳиш додани оқибати бӯҳрони молиявӣ моро зарур аст, ки ин қонунро қабул кунем», гуфтан низ чандон эътимодбахш нест. Зеро маҳдуд кардани воридот баракс боиси баландшавии нархи маҳсулот дар бозор гардида, ба ташаннуҷи иҷтимоии ҷомеа меорад. Шояд депутатҳои мӯҳтарам фаромӯш кардаанд, ки дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 60 сомонӣ асту маоши миёна ба 200 сомонӣ намерасад. Дар натиҷаи баланд шудани нархи бозори истеъмолӣ вазъи мардуми камбизоат боз ҳам ноҷуртар гардида онҳо аз сиёсати ҳукумат норозӣ мешаванд.
Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки барои аз вуруди маҳсулоти пастсифат пешгирӣ кардани бозори дохилӣ ду идораи бонуфузу пурқудрат Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Оҷонсии «Тоҷикстандарт» мавҷуданд. Депутати мӯҳтарам Мирзошариф Исломиддинов бояд аз роҳбарони ин идораҳо пурсон мекарданд, ки чаро молҳои пастсифат вориди ҷумҳурӣ мешаванд?
Депутат Шодӣ Шабдолов дар иҷлосия лоиҳаи қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ карда гуфтааст, ки истеҳсоли мурғ ва тухми он дар ҷумҳурӣ то андозае ба роҳ монда шудааст, вале то ҳол аз хориҷа ин маҳсулот ворид карда мешавад. «Бояд ба ин хотима дод. Вагарна давлати мо худро муфлис эълон мекунад». Ман намедонам, ки ҳоло чанд фабрикаи мурғ давлатӣ бошад, ки муфлис шавад, вале медонам, корхонаҳои саноатии давлатӣ ангуштшуморанд ва яке аз онҳо «Талко» аст. Корхонаҳои дигар, дар давраи бесарусомониҳо бо нархи хеле арзон аз ҷониби мансабдорони вақт ва силоҳбадастони қудратманд шахсӣ карда шудаанд. Аз он ки имрӯз ин корхонаҳо ба молҳои хориҷӣ рақобат карда наметавонанд, беҳунарии соҳибонашон аст. Агар чунин корхонаҳо муфлис шаванд, пас гуноҳи худи соҳибони онҳост. Тақозои иқтисоди бозор ҳамин аст, ки беҳтаринҳо сармояашонро афзун мекунанду шахсони ноӯҳдабаро муфлис мешаванд. Агар соҳибмулкон амволашонро идораву афзун карда наметавонанд, пас бояд онро ба шахси дигаре, ки аз ӯҳдаи кор мебарояд, фурӯшанд. Ин таҷрибаи ҷаҳонист ва барои ин аз нав ароба ихтироъ кардан нашояд.
Ба гумони банда, аксари депутатҳои мо ба ин наздикиҳо аз бозор худ анвои ғизоӣ нахариданд. Вагарна масъалаи манъ кардани воридоти гӯшти мурғу тухми онро аз хориҷа намегузоштанд. Ҳоло як дона тухми мурғ дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 50 то 60 дирам қимат дорад. Агар воридоти ин маҳсулотро аз хориҷа манъ кунем, пас ба 1 сомонӣ расидани нархи он эҳтимол дорад. Зеро пешниҳоди маҳсулот нисбат ба талабот кам аст. Агар не, бозорҳои кишвар аз гӯшти мурғу тухми он пур мебуд ва савдогарон маҷбур мешуданд, ки нархи маҳсулоти мазкурро кам кунанд.
Чунин ҳолат дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ мавҷуд аст. Масалан, маҳсулоти пахтагини истеҳсоли корхонаҳои нассоҷии кишварамон нисбат ба ҳамин гуна молҳои чинӣ пастсифат ва гароннарханд. Зеро масъулон барои кам кардани арзиши аслии маҳсулот ва баланд бардоштани сифати он намекӯшанд. Аксари соҳибмулкон қонунҳои иқтисодиёт, талаботи бозор ва билохира менеҷментро намефаҳманд ва барои омӯзиш кӯшиш ҳам намекунанд. Барои онҳо, ки корхонаҳоро бо маблағи ночиз хусусӣ кардаанд, аз сарашонро ба дард гирифтор карда истеҳсолотро ба роҳ мондан, дастгоҳҳои корхона ва хишту бетони биноҳоро фурӯхта даромади бештар гирифтан осонтар аст.
Дар ҳамон иҷлосияи Маҷлиси намояндагон танҳо вакили мардумӣ Сафаралӣ Раҷабов изҳор доштааст, ки қабули қонуни мазкур ба баланд шудани нархҳо меорад, зеро истеҳсолоти кишвар наметавонад талаботи бозори истеъмолиро қонеъ гардонад. Воқеан ҳам, дар шароити феълӣ гуфтаҳои С. Раҷабов асос доранд. Имрӯз ҳудуди 90 дарсади маҳсулот ба кишвар аз хориҷа ворид карда мешавад. Куҷост маҳсулоти ватанӣ?! Мо чӣ истеҳсол мекунем? Алюминий, трактор, қолин, карбос, читу сатин ва намак. Кадоме аз ин маҳсулот ба талаботи бозор созгор аст? Алюминий асосан чун хӯла ба хориҷа фурӯхта мешавад (ба ҳаминаш ҳам шукр!). Маҳсулоти талаботи рӯзгори ширкати «Талко» аз ҳамтои чинии худ гароннарханд ва талабот ба онҳо дар бозор кам аст.
Тракторҳои истеҳсоли корхонаи муштараки «Тоҷирон» аз ҳамтоҳои чинии худ то 3 маротиба гароннарх аст ва рекламаи ҳамарӯзаи телевизион таваҷҷӯҳи муштариёнро ҷалб намекунад. Кадом деҳқони солимақл ба зарари худ трактори гароннархи истеҳсоли ватаниро харидорӣ менамояд?! Ҳатто хоҷагиҳои калони кишоварзӣ техникаро аз Чин харидорӣ менамоянд. Касе ба зарари худ мол харидан намехоҳад.
Ё магар қолинҳои комбинати «Қайроққум» аз ҳамин гуна моли истеҳсоли Туркияву Эрон хушсифату арзонанд? Агар арзону хушсифатанд, чаро харидорашон кам аст?
Чӣ тавре ки дар боло зикр кардем, маҳсулоти корхонаҳои бофандагии ватанӣ пастсифату гароннарханд. Намак ягона маҳсулоте мебошад, ки захирааш дар Тоҷикистон зиёду истеҳсолаш осон аст. Магар ҳоло мардуми кишвар бо намаки хушсифати арзони ватании ба меъёрҳои ҷаҳонӣ созгор пурра таъминанд? Албатта, не!
Депутатҳои мӯҳтарам шояд надонанд, ки имрӯз оддитарин маҳсулоти кишоварзии талаботи мардум – пиёзу картошка низ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Агар ҳамин маҳсулоти воридотӣ намешуд, нархи анвои ғизоӣ дар бозор ба осмон мерасид. Агар ёдатон бошад, хонандагони азиз, аввали сол нархи картошка дар бозорҳои пойтахт ба дувуним сомонӣ, нархи пиёз ба сеюним сомонӣ расида буд. Бо ворид кардани картошкаву пиёз аз Покистону Эрон нархи ин маҳсулот аз 40 то 50 дарсад поин рафт. Агар ба картошкаи Рашту Ҷиргатол умед мебастем, имруз нархи он бо осмон дакка мехӯрд ва мардуми камбизоат аз ғизои ҳамешагии худ низ бенасиб мемонданд.
Ба ҳамин минвол меваи хориҷӣ то андозае нархи бозорро коҳиш дода истодааст, вагарна нархи себи «Хубонӣ» ба 10 сомонӣ мерасид. Агар ҳамин себу нок ва норанг (мандарин)-и хориҷӣ намебуд, нархи меваҳои тоҷикии ватанӣ аз имрӯза ду маротиба гаронтар мешуд. Норанг, ки бештар аз Афғонистону Покистон ворид карда мешавад, аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи апрели соли равон 3 сомонӣ арзиш дошт ва аз себҳои ғармӣ ду маротиба арзон буд. Ҳоло, ки нархи норанг дар бозорҳои Душанбе 5 сомонӣ қимат дорад, вай боз арзонтарин мева маҳсуб мешавад.
Депутат М. Исломиддинов дар иҷлосия гуфтааст, ки баъди қабули қонун истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ метавонанд ба ҳукумат муроҷиат кунанд, то ворид кардани ин ё он маҳсулотро ба кишвар маҳдуд бикунад.
Воқеан ҳам, баъди қабули қонуни мазкур Ҳукумати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани вуруди молҳои хориҷӣ метавонад чораҳо андешад. Аз ҷумла, бо муайян кардани андозҳои иловагӣ ё баланд кардани ҳаҷми андози муқаррарӣ аз молҳои воридшаванда қарор қабул кунад. Ин амал ба афзоиши харҷҳои иловагии маҳсулоти воридшаванда мусоидат мекунад ва ин дар навбати худ ба боло рафтани нархи молҳои мазкур дар бозор меорад. Фурӯшандаҳо аз ин истифода карда нархи маҳсулоти ватаниро низ боло мебаранд. Зеро фурӯшандаҳои мо ба ҳаннотӣ одат карда ба нархи маҳсулот боз нархи «боваашон»-ро, ки аз 50 то 100 фоиз аст, ҳамроҳ мекунанд.
Шомгоҳон бо ҳамсояҳо, ки ҳама аҳли зиёанд, барои ҳавохӯрӣ ба кӯча мебароем. Иқтисодшинос Бобораҳмон Қурбонов, собиқ сардори яке аз идораҳои Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳар гоҳ ки дар роҳ гузаштани мошинҳои пурбори Эрону Туркияро бинад, изҳори шодӣ карда, мегӯяд, ки тоҷирон боз маҳсулот оварданду бозор фаровон мешавад. Ман мегӯям, ки ин чандон боиси шодӣ нест. Вақте маҳсулоти мо бозорҳои Эрону Туркия ва соири кишварҳои дигарро тасхир мекунанд, месазад ифтихору шодмонӣ намоем. Ӯ ба суханони ман розӣ мешавад ва мефзояд: «Гапи ту дуруст аст, вале имрӯз, вақте ки бо маҳсулоти худӣ бозорро таъмин карда наметавонем, аз хориҷа ворид кардан моли ниёзи мардум воситаи асосии нигоҳ доштани нархҳо аст. Агар маҳсулоти хориҷӣ намебуд, нархи молҳои ватанӣ боло мерафт».
Бояд гуфт, ки маҳдуд кардани воридот ё содироти молҳо барои ҳимояи бозори дохилӣ дар таҷрибаи кишварҳои дигар низ дида мешавад. Вале набояд фаромӯш кард, ки маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти хориҷиро ҳамон кишвар ҷорӣ мекунад, ки истеҳсоли молҳои ватаниаш бозори истеъмолиро таъмин карда метавонад.
Бинобар ин қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии молҳо» дар шароити феълӣ ба манфиати монополистони ватанӣ аст, ки аз рақибони хориҷӣ халос шуда бо маҳсулоти пастсифату гароннархи худ дар бозор яккатозӣ мекунанд.
Аз ҷониби дигар, қонуни номбурда кӯшиши ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ворид шудани Тоҷикистонро зери суол мегузорад. Зеро яке аз шартҳои узви ин созмон будан, сиёсати дарҳои кушодаи вуруди молҳо ба бозори дохилӣ мебошад. Дар бораи чӣ паёмади номатлуб доштани узви СҶТ гардидани ҷумҳурӣ барои истеҳсолоти ватанӣ, ки имрӯз гӯё депутатҳои мӯҳтарам аз ин дифоъ мекунанд, мавзӯи баҳси дигар аст.
05. 04. 2009
Ҷовид Муқим, иқтисодшинос
P.S. Мақолаи мазкурро муассиси газетаи «Нигоҳ» ҷаноби С. Дӯстов 4 ҳафта ваъдаи чоп дода, билохира онро аз шумора боз дошт.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: