Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз


ҶОВИД МУҚИМ
РАДИОИ БИ-БИ-СИ: ДИРЎЗ ВА ИМРЎЗ
Душанбе- 2006
ҶОВИД МУҚИМ. Радиои Би-Би-Си: дирўз ва имрўз. Душанбе: Деваштич, 2006.-144 с.
Муњаррир: Саъдуллоњи Њайдар
Дар китоби мазкур таърихи пайдоиш ва сохтори идораи Радиои Би-Би-Си баррасї шуда, мавќеи он дар фазои иттилоотии олам муайян гардидааст. Њамчунин дар асари мазкур њадафу вазифањои Радиои Би-Би-Си, наќши он дар бурдани тарѓибот, инъикоси воќеият дар барномањои радио ва иртиботи он бо матбуоти муосири Тољикистон баррасї мешаванд. Китоб барои донишљўён ва устодони шўъбаву факултањои журналистика, мутахассисони соњаи тарѓибот ва умуман барои ашхоси иштиёќманд пешбинї шудааст.

Љовид Муќим, 2006

НИГОЊИ ДИГАРЕ ДАР ШИНОХТИ БИ-БИ-СИ

Асари Љовид Муќим «Радиои Би-Би-Си: дирўз ва имрўз» ба масъалаи муњими сиёсати иттилоотї дар љањони имрўза бахшида шудааст ва барои баррасии он ў системаи таблиѓотии Би-Би-Си-ро истифода намудааст.
Сиёсати иттилоотї ба назари ман дар рўзгори мо ду вазифаи умдаро ба дўш дорад: аввал, хабар додан ва дувум, таъсир расонидан. Кадоме аз ин маќсадњо дар аввал меистад, бисёр ваќт бањсњои илмиро бор меоварад ва њатто даъвогарони ВАО-и озод мављуд будани маќсади таъсиррасониро инкор мекунанд. Худи ба љои воситањои ахбори омма ва таблиѓ истифода шудани мафњуми воситањои ахбори омма инро ифода менамояд. Моњияти тањќиќоти Љовид Муќим низ далолат медињад, ки таъсир расонидан аз љињати муњими фаъолияти иттилоотї буда, жанр, корњои ташкилї, системаи ВАО аз он вобастагии амиќ доранд.
Дар њамин маврид ёдовар шудан меарзад, ки љараёни озоди ахбор њам маќсади таъсир расонида тавонистанро баёнгарї мекард ва дар њамин замина системаи байналмилалии ахбор ба вуљуд омад, ки мабнї дар ду чиз буд: идеологияи сиёсии давлат ё дастболої дар геополитика, яъне ќудратмандии давлат. Њамин чиз талошро ба дастрасии ахбори дунё ва пањн кардани ахбор ба ањли дунё бор меорад.
Љамъ овардани ахбори дунё барои он даркор аст, ки аз як тараф таваљљўњро љалб кунад, аз тарафи дигар, ахборро ба диди худ мувофиќ намояд. Дастрасї ба аудиторияи бештар бошад, аз он лињоз лозим аст, ки дунё бояд воќеаро тавре бинад ва фањмад, ки ў донистааст. Љовид Муќим мўътаќид аст, ки коргардонњои Би-Би-Си дар њамин мавќеъ ќарор доранд ва мавзўи Тољикистон низ дар гузоришњои онњо ба њамин ќолаб љой ёфтааст.
Асари мазкур на танњо њамчун тањќиќоти илмї барои омўзандагони журналистика муњим аст, балки вай барои њамаи гурўњи хонандагон василаи дарки моњияти дастгоњи идеологї мебошад. Муаллиф боз як бор исбот мекунад, ки ВАО аз сиёсат берун буда наметавонад.

И. Усмонов, профессор

МУЌАДДИМА

Иттилоъ ва дониш њамеша нерўи муайянкунандаи љомеа мебошанд. Тавассути воситањои ахбори омма таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самараноктар сурат мегирад. Зеро инсон тўли њаёти худ бо таъсири иттилои ба ў расида ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро ќабул карда, бо таъсири вай дар баъзе њолатњо худ куллан таѓйир меёбад. Ин дар њолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сўзанда. Иттилои созанда нерўи пешбаранда дорад. Иттилои дурўѓ ва барои тахрибкорї истифодашаванда метавонад, љомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун бикунад. Иттилоъ дар бораи инсон, љомеа ва ягон рўйдод метавонад тасаввури мусбат ё манфиро ба вуљуд орад. Имрўз бо рушди техникаву технологияи раќамї, алоќаи маснўї, Интернет иттилоъро њамон лањза метавон ба тамоми олам пањн кард. Њамин аст, ки як рўйдодро дар як ваќт ќариб њамаи расонањои иттилоотии бузурги олам хабар медињанд. Масалан, як инфиљорро дар шањри Баѓдод њамон лањза метавонанд телевизионњои Си-Эн-Эн, Ал-Љазира, Би-Би-Си, Евронюс, Россия, Эрон ва ѓайра пахш бикунанд. Вале дар њамин њол тафсир ба ин рўйдод аз њар яки ин расонањо гуногун хоњад буд. Њар яке аз дидгоњи худ ва пеш аз њама вобаста ба сиёсати давлати худ ба ин њодиса бањо хоњад дод.
Тавассути иттилоъ ва сухан метавон љомеаро идора кард. Њамин аст, ки иттилоъ дар њамаи даврањои рушди љомеа мавќеи муњим дошт ва он объекти мубориза буд. Бењуда намегўянд, ки касе иттилои бештар дорад, дар љанг ѓолиб меояд.
Ба гуфти муњаќќиќи рус В. Г Афанасев, матбуот, радио ва телевизион силоњи муњими таъсиррасонї ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муќоиса кард .
Воќеан, бо воситаи тарѓиботи сартосарї, ки тавассути матбуот ва воситањои электронии ахбор сурат мегирад, ба љомеа афкори муайяне бор гардида, њамзамон ахлоќи љамъиятї, сохторњои нигоњдорандаи он вайрон карда мешаванд. Ваќте ки сухан дар љанги иттилоотї махсус истифода мешавад, вай барои инсон нерўи харобкунанда дорад. Феълан дар шароити имрўзаи љанги иттилоотї, ки дар як ваќт њам хабари воќеї ва њам хабари дурўѓ аз љониби ВАО пањн мешавад, амнияти љомеа зери хатар аст.
Бо пайдо шудани алоќаи кайњонї имрўз дар кураи замин минтаќае нест, ки мављњои радиої ба он љо нарасанд. Аз ин рў, радио бо нишондоди пањн кардани мављ, арзон будани истифодаи он ва дастрасї ба мардум яке аз бењтарин воситањои суханпароканї мањсуб мешавад.

Фасли 1
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ РАДИОИ БИ-БИ-СИ

Соли 1922 дар Британияи Кабир аз љониби 6 фирмаи пешрави истењсолкунандаи радиоаппаратура нахустин ширкати радиошунавонї таъсис ёфт . Ширкати номбурдаро њамон нафаре идора менамуд, ки теъдоди зиёди сањмияњои ширкатро дошта бошад. Бинобар ин, барои ба инњисороти як нафар ё як гурўњи хурди сармоядорон табдил наёфтани ширкат Њукумати Британия тасмим гирифт, ки он барои тамоми љомеаи сармоядорони кишвар хизмат бикунад. Њамзамон њукумат олоти пурќудрати тарѓиботї будани радиоро хуб дарк карда, моњи апрели соли 1923 барои омўзиши дурнамои радиошунавонии Британия Кумитаи Сайксро таъсис дод. Кумитаи мазкур пас аз пажўњиш ба хулоса омад, ки рушди радиошунавонї паёмадњои бузурги сиёсї ва иљтимої дорад. Аз ин рў, чунин силоњи пурќудрати назорати афкори љомеа ва њаёти миллат бояд дар дасти давлат бошад.
Соли 1925 барои тањќиќи ин масъала кумитаи дуюми њукуматї, ки бо номи Кумитаи Кроуфорд маъруф аст, таъсис дода шуд. Кумитаи номбурда ба њукумат пешнињод кард, ки радиокорпоратсияи љамъиятї таъсис дода шавад.
Раиси Би-Би-Си Љон Рейт худ яке аз љонибдорони фаъоли мустаќил шудани ширкат буд, зеро маќоми ширкати љамъиятии радио барои ба даст овардани эътимоди шунавандањо ва осон шудани идораи корпоратсия мусоидат мекард. Бањори соли 1926 Љ. Рейт бо њукумат дар бораи маќоми љамъиятї гирифтани радио гуфтушунидро шурўъ кард. Ў дар мактубаш ба унвони сарвазир Стэнли Болдуин навишт, ки агар Би-Би-Си «аз љониби њукумат назорат карда шавад, … вай самаранокии кори моро коњиш медињад». Бинобар ин «ба идораи мустаќими Би-Би–Си даст задан нашояд» .
Њамин тавр 1 январи соли 1927 ширкати мазкур маќоми љамъиятї гирифта ба Корпоратсияи радиошунавонии Британия (British Brodcasting Corporation) – Би-Би-Си табдил ёфт. Ин корпоратсия њуќуќи инњисорї дошт, ки дар тамоми ќаламрави Англия ва Ирландияи Шимолї барномањояшро пахш бикунад .
Би-Би-Си њанўз соли 1925 бо истифода аз дастгоњи интиќолдињандаи дарозмављ воќеъ дар Девентрї пахши барномањои таљрибавиашро ба забони англисї барои ќитъаи Аврупо шурўъ кардааст. Соли 1929 бошад, дар Челмфорд стансияи кўтоњмављ барои пахши барномањои таљрибавї ба мустамликањои Британия сохта шуд. Солњои 1930-1931 радиоњои дохилии ИМА, Австралия ва кишварњои Скандинавия барномањои Би-Би-Си-ро интиќол медоданд.
Пахши доимии барномањои Би-Би-Си ба хориља соли 1932 шурўъ шудааст, ки ин нисбат ба Њолланд (1927) ва Фаронса (1931) дертар аст. Сабаби инро коршиносон дар суст будани таљњизоти техникии пахши барномањои радио медонанд.
Ба ќавли муњаќќиќон В. Артёмов ва В. Семёнов ба пахши доимии барномањои хориљии Би-Би-Си ду њодисаи соли 1932 такон дод. Аввалан, соли 1932 дар Англия Идораи бозорњои содиротии империя таъсис ёфт, ки вазифааш њифзи манофеи метрополияњо дар мустамликањои Британия буд. Дуюм, њамон сол конфронси масоили мустамликањо ва вассалњо доир гардид. Англия шадидан кўшиш мекард, ки њама гуна зуњуроти озодихоњии мустамликањояшро пахш бикунад, то ки империя пароканда нашавад. Таъсиси Умури хориљии Би-Би-Си яке аз иќдоми муњими Британия барои таъсиррасонї ба мустамликањояш мањсуб мешавад .
Маќари асосии Умури хориљии Би-Би-Си, ки њоло љањониаш мегўянд, аз соли 1940 дар Буш-хаус (Лондон) љойгир аст. Бинои мазкурро њанўз соли 1923 Ирвинг Буш ба 10 миллион доллар њамчун маркази савдо сохта буд. Вале бўњрони иќтисодии њамон давра имкон надод, ки ин бинои бузург аз рўи наќша истифода шавад. Буш-хаусро Би-Би-Си иљора мегирад ва њоло он ба яке аз ширкатњои японї тааллуќ дорад .
То моњи декабри соли 1932 дар Девентрї сохтмони радиостансияи дорои 2 интиќолдињандаи кўтоњмављи њар яке 16-киловатта ба анљом расид, ки метавонистанд барномањои Би-Би-Си-ро ба 8 мављ пахш бикунанд. 19 декабри соли 1932 расман пахши барномањои хориљии радиои мазкур ба Австралия оѓоз гардид. 25 декабр бошад, барномаи солинавии Би-Би-Си ва номаи радиоии Георги Y ба тамоми империяи Британия пахш карда шуд. Аз нигоњи радиошунавонї њамаи империя ба 5 минтаќа људо карда шуда буд: Австралия, Њиндустон, Африкаи Љанубї, Африкаи Ѓарбї ва Канада. Ба ин манотиќ 5 антеннаи самтї равона гардида, 6 антеннаи дигар барои дар як ваќт барои тамоми дунё пахш кардани барномањо мустаќар шуда буданд.
Сараввал шумораи кормандони умури хориљии Би-Би-Си чандон зиёд набуд. Њамагї 40 нафар шабонарўзе 10 соат барнома тањия мекарданд. Њафтаи аввал барои пахши барномањои хориљї њамагї 10 гиней масраф шуд. Баъдан, пас аз пайдо шудани иртибот бо шунавандањои хориљї ва расидани номањои онњо ба радио, њукумат барои умури хориљии Би-Би-Си њафтае 100 фунт стерлинг људо мекардагї шуд. Соли 1933 њукумат ба рушди тарѓиботи хориљї манфиатдор будани кишварро ба назар гирифта, маблаѓгузории умури хориљии Би-Би-Сиро ду маротиба зиёд кард.
Солиёни зиёд барномањои хориљии Би-Би-Си ба забони англисї садо медоданд. Танњо 3 январи соли 1938 барои раќобат кардан ба Италия бо маблаѓгузории њукумат пахши барномањо ба забони арабї шурўъ шуданд . Зеро дар нимаи дуюми солњои сиюми садаи XX дар мубориза барои таъсиррасонии сиёсї, низомї ва иќтисодї ба кишварњои њавзаи бањри Миёназамин ва Шарќи Наздик байни Британия ва Италия бархурди манфиатњо ба миён омад. Италия барои афзоиши нуфузаш дар ин минтаќа дар Барї пуриќтидортарин радиостансия сохта, пахши барномањояшро ба забони арабї шурўъ кард. Барои љалби шунавандањо тарѓиботгарони итолиёвї аз овозхонони араб истифода мекарданд. Минбаъд ин усул аз љониби Радиои Би-Би-Си низ истифода шуд. Њофизи маъруфи араб Абдулло Вањњоб ба њамкорї љалб гардид. Барномањо бо иштироки ў аз љониби шунавандањо хуш пазируфта мешуданд.
Њамчунин Би-Би-Си аз усули умумии пешинаи кор даст кашида, ба тарѓиботи самтнок, ки ба аудиторияи мушаххас равона шудааст, пардохт. Аз љумла, дар барномањои арабї ба ѓайр аз ахбору тафсирњои сиёсї, боз барномањои гуногуни динї, ќуръонхонї сурат мегирифт.
Соли 1938 њамзамон Би-Би-Си пахши барномањояшро ба забонњои испанї, португалї, итолиёвї, немисї ва франсузї барои кишварњои Америкаи Лотинї ва Аврупо оѓоз кард, ки ин таќозои замон буд. Зеро Олмони фашистї ба ин забонњо ба маротиб зиёду фаррохтар тарѓиботи радиої мебурд.
Соли 1939 Ширкати Би-Би-Си барои тавсеаи тарѓибот 4 мављпахшкунаки кўтоњмављи нави пуриќтидор сохт. Августи њамон сол Би-Би-Си бо мусоидати Вазорати иттилооти Британия умури гўшкуниву сабт(мониторинг)-ро ташкил кард, ки њадафаш гўш кардану сабт намудани радиоњои кишварњои хориљї буд. Умури мазкур аз тарѓиботи радиоии кишварњои дигар огоњ гардида, иттилоъ ва маводи пурќиматро ба Би-Би-Си ва њукумат пешнињод мекард.
Бо оѓози Љанги дуюми љањон Би-Би-Си якљоя бо хадамоти кашшофии Британия ба бурдани «љанги психологї» барои ќаламрави Олмони фашистї ва кишварњои забткардаи вай вазифадор карда шуд. Ба ѓайри ин, тарѓибот ба кишварњои дигари «дўсту душман» низ тавсеа ёфт.
Пас аз ду моњи оѓози Љанги дуюми љањон бахши хориљии Би-Би-Си (Умури радиошунавонии империя) ба Умури пасиуќёнусї табдили ном кард. Тарѓиботи Умури пасиуќёнусї ба љуз Аврупо тамоми кишварњои оламро фаро мегирифт. Њамчунин умури дуюми хориљии Би-Би-Си барои Аврупо таъсис ёфт. Соли 1958 ба Умури аврупої њамаи ќисмњои радиошунавонии хориљї њамроњ карда шуданд, ки то соли 1988 Умури хориљї ном дошт. Баъдан вай номи Умури љањониро гирифт.
Соли 1939 Умури аврупоии Би-Би-Си њафтае 84 соат барнома пахш мекард. Аввали соли 1940 аллакай барномањои ин умур ба 15 забон њафтае 165 соат садо медоданд. Њамин ваќт шумораи умумии кормандони Би-Би-Си ќариб ду маротиба афзуда ба 5 њазор нафар расид.
Соли аввали шурўи Љанги дуюми љањон Радиои Би-Би-Си хабарњои нохуш ва ба манфиати Британия набударо низ пахш мекард. Ин боиси ѓазаби сарвазир У. Черчилл гардид. Ў, ки моњи май сарвазир шуда буд, Би-Би-Си-ро ба душман баробар карда гуфт: «Душмани пеши дарвоза аз фоида дида, бештар зиён меорад» .
Роњбарияти флоти њарбї низ Би-Би-Си-ро, ки дар бораи талафоти Британия дар бањр хабарњо пахш мекард, барои «рўњафтодагии тоќатфарсо» гунањгор медонист.
Ин нукта ва амнияти давлатиро ба назар гирифта, Би-Би-Си шумораи барномањои њамарўзаи ахборро аз 10 шумора то ба 6 адад кам кард. Мундариљаи барномањои ахбор низ таѓйир ёфтанд. Дар барномањо дар бораи вазъи боду њаво сухан гуфта намешуд, то ки душман аз ин истифода карда, тайёрањояшро барои бомбаборон кардани Британия нафиристад. Барномањои ахбор тавре тањия карда мешуданд, ки душман аз онњо камтар иттилои заруриро бигирад.
Дар њамин њол аз Би-Би-Си барномањое пахш мешуданд, ки рўњияи ватандўстии шунавандагонро баланд мебардоштанд. Масалан, дар бораи љанги њавої бо шодї мегуфтанд, ки «Мо худи њозир як «Мессершмит»-ро зада афтондем! О, ин чї хел зебо буд!» .
Тўли солњои Љанги дуюми љањон чандин хабарнигори Радиои Би-Би-Си кушта шуданд. Баъзењо дар хати фронт тир хўрданд, баъзеи дигар дар худи Лондон, дар идораи радио аз инфиљори бомба ба њалокат расиданд.
Бори аввал, моњи сентябри соли 1940 аз бомбаи авиатсияи немисњо толори газетањои маркази пахши барномањои радио хароб шуд. маротибаи дуюм, 15 октябр бомбаи немисњо боз инфиљор шуда, хисораи зиёд овард. Аз он 7 нафар кушта шуданд.
Њамин ваќт гўянда Брюс Белфраљ ахбори соати нўњро мехонд. Вай ба садои таркиш ва дуди он нигоњ накарда, хондани ахборро идома дод. Дар студияи дигар, ки наздик буд, ахбор ба забони немисї ба эфир мебаромад. Аз ин инфиљор якчанд студия вайрон шуданд.
Камтар аз ду моњ пас, 8 декабр боз як инфиљоре ба вуќўъ пайваст. Минае дар назди Портленд таркид ва аз он низ ба бинои радио ва студияњо зиён расид. Ба ин нигоњ накарда, барномањо пахш мешуданд. Њамон рўз танњо ахбор ба забони норвегї ба эфир набаромад. Тўли як соати пас аз инфиљор умури аврупоии Радиои Би-Би-Си аз студияи иловагї барномањояшро пахш кард.
Моњи апрели соли 1941 як нафар корманди Радиои Би-Би-Си аз бомбаборони биноњои атроф ба шањодат расид. Пас аз ќариб як моњ бомбаи авиатсияи Олмони фашистї рост ба студияи Мэйди Вэйл афтод ва як нафар корманди бахши немисии радио кушта шуд. Моњи июли соли 1944 бошад, бомба ба бинои радио афтод ва аз он дањњо нафар сахт захмї шуданд. Њамин ваќт ба муддати кўтоње пахши барномањо ќатъ шуданд .
Дар Радиои Би-Би-Си солњои аввал номи гўяндањоро ифшо намекарданд. Тобистони соли 1940 Би-Би-Си одати номбар накардани гўяндањоро барњам зад, то ки шунавандањо онњоро бишиносанд ва ваќти ба эфир баромаданашон ба радио гўш бидињанд. Аввалин гўяндае, ки номи худро ифшо кард, Франк Филлипс буд. Ин амал 13 июли соли 1940 ба вуќўъ пайваст. Гўяндаи дигар Уилфрид Пиклз, ки моњи ноябри соли 1941 ба хондани ахбор шурўъ карда буд, ба зуддї мањбуби шунавандањо гардид.
Соли 1941 Би-Би-Си маъракаи «Ѓалаба»-ро шурўъ кард. Он моњи январ аз бахши белгиягии радио оѓоз шуд. Гўяндањо шунавандањои худро ба ѓалаба бар фашизм даъват мекарданд. Њамин буд, ки шунавандањо ба љонибдории Радиои Би-Би-Си дар дару девори биноњо бо бўр V (виктория — ѓалаба) менавиштанд. Ин амал дар кишварњои ѓасбкардаи немисњо дар Фаронса, Белгия, Нидерландия ва ѓайра сурат мегирифт. Баъдан садои V (рамзи ѓалаба) ба алифбои Морзе – се садои кўтоњ ва як дароз бо зарби наѓора пахш мешуд. Маъракаи мазкур то моњи майи соли 1942 идома ёфт.
Солњои љанг Радиои Би-Би-Си барои аксари мардуми кишварњои ѓасбгардида ягона умеди ѓалаба буд. Шунавандањо љони худро зери хатар монда радиои мазкурро гўш мекарданд. Танњо дар Олмон Радиои Би-Би-Си њудуди 10 миллион нафар шунаванда дошт.
6 июни соли 1944 Љон Снагљ, гўяндаи Радиои Би-Би-Си аз оѓози њуљуми иттифоќчиён ба марзи ѓасбкардаи фашистон дар Аврупо хабар дод. Њамон бегоњї ахбори соати 9 бо аввалин барномаи нимсоатаи «Иттилои низомї» шурўъ шуд, ки манзараи пурраи фронтро инъикос мекард. Хабарнигороне, ки дар фронт буданд, фаъолияти низомиро меомўхтанд, то ки дар бораи рўйдодњо иттилои аниќ бидињанд. Њамон ваќт сабти овоз дар дискњо шурўъ шуд, ки он ба громофон монанд буд. Ин дастгоњ хеле вазнин –13 килограмм буд ва дар як диск њамагї 2 даќиќа садоро сабт мекард. Ин ба мухбирони Би-Би-Си озодии навро ато кард ва навоварие дар пахши барномањо буд.
Барномаи «Иттилои низомї» пас аз як рўзи таслим шудани Олмони фашистї ќатъ гардид. Тўли ќариб як соли пахши ин барнома 235 бюллетени вай аз радио садо дод. Омода кардани барномањо кори осон набуд. Хабарнигорон љони худро зери хатар гузошта иттилои низомї љамъ меоварданд. Ду нафар хабарнигори барнома Кент Стивенсон ва Гуй Бям дар љанг кушта шуданд.
Ќобили тазаккур аст, ки дар њамин давраи Љанги дуюми љањон, 28 декабри соли 1940 пахши барномањои форсии Би-Би-Си шурўъ шуданд. Сараввал њафтае њамагї 1 соат барнома ба забони форсї пахш мешуд. Барномањои бахши форсї асосан ба шунавандањо дар Эрону Афѓонистон, Њиндустон ва љумњурињои тољикзабони Осиёи Миёна равона шуда буданд.
Би-Би-Си аз аввалин радиоњои хориљї мебошад, ки пахши барномањояшро ба забони русї барои Иттињоди Шўравї шурўъ кардааст. Британия иттифоќчии СССР бошад њам, охири соли 1942 Би-Би-Си ба забони русї пахши барномањояшро оѓоз кард. Мўњтавои барномањои мазкур ѓаразноку ѓайридўстона буд ва бинобар ин баъди муддате ба пахши онњо хотима дода шуд. Факти мазкур њоло пинњон дошта мешавад ва оѓози пахши барномањои русии Би-Би-Си-ро 24 марти соли 1946 ном мебаранд.
Тўли солњои Љанги дуюми љањон тарѓибот ба Олмони фашистї аз њадафњои асосии Би-Би-Си мањсуб мешуд. Аз љумла, агар соли 1939 њафтае барномањои Би-Би-Си ба забони немисї 7 соат бошад, пас он соли 1941 ба 28,5 соат, соли 1943 ба 34,5 соат расид. Барномањои иттилоотии Би-Би-Си њамарўза барои Олмон 15-20 маротиба садо медоданд. Ахбор дар барномањои Би-Би-Си аз њама муњим гардида, ќисми зиёди ваќти пахшро фаро мегирифт .
Дар њамин њол ба ќавли муњаќќиќи америкої Д. Катс на танњо бюллетенњои ахборї, балки тафсиру интерпретатсияи рўйдодњо, ки Би-Би-Си пахш мекард, мўътамад набуданд .
Дар солњои 1941-1943 Би-Би-Си пахши барномањояшро ба якчанд забону минтаќањои нав, аз љумла ба забонњои осиёї шурўъ кард. Њамин тавр, дар охири соли 1943 Би-Би-Си ба 43 забони дунё барнома пахш мекард. Он ваќт танњо њаљми барномањои аврупоии Би-Би-Си њафтае ќариб ба 290 соат расида буд.
Воќеан, бо наздик шудани ѓалаба ба Олмони фашистї тарѓиботи зидди шўравї ва зидди коммунистии Би-Би-Си афзуд. Вай барномањояшро барои Олмон ва Италия кам карда, аз ин њисоб њаљми барномањояшро барои Булѓористон, Маљористон ва Гретсия афзун намуд. Яъне, барои Британия аз фашизм дида, сохти сотсиалистї душмани ашаддї мањсуб мешуд.
Бояд гуфт, ки олоти тарѓиботии Британия — Би-Би-Си пас аз љониби Иттињоди Шўравї озод кардани кишварњои Аврупои Шарќї аз Олмони фашистї тарѓиботро ба ин мамлакатњо зиёд кард. Масалан, агар њаљми барномањои Би-Би-Си дар соли 1941 барои Лањистон њафтае 7 соат бошад, он дар соли 1945 ба 18,5 соат расид. Мутаносибан њаљми барномањо барои Чехословакия аз 9 соат ба 17 соат афзуданд. Соли 1941 Радиои Би-Би-Си умуман барои Австрия ба забони немисї барнома пахш намекард. Соли 1945 бошад, барои ин кишвар њафтае 14 соат барнома пахш карда мешуд. Ин њама албатта, барои бурдани «љанги сард» зидди СССР замина буд.
Моњиятан тарѓиботи Би-Би-Си барои кишварњои сотсиалистї ва рў ба рушд характери иртиљої дошт. Зеро мубориза зидди шўравї ва зидди коммунизм њадафи асосии тарѓиботии он мањсуб мешуд. Би-Би-Си одатан пешравињои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангии ин кишварњоро нодида мегирифт. Айни замон камбудии андак ва нобасомониеро шадидан интиќод карда, табли шодї мезад.
Њар ваќте ки Ширкати Би-Би-Си барои кам кардани харољот коњиш додани ягон барномаи хориљиро тасмим гирад, њаљми барномањо барои кишварњои сотсиалистї бе таѓйир мемонд. Њанўз соли 1954 Кумитаи Дрогхед тавсия дода буд, ки радиошунавониро барои Аврупои Ѓарбї кам карда, њаљми барномањоро барои кишварњои Аврупои Шарќї бетаѓйир монанд. Зеро радиошунавонї барои Аврупои Ѓарбї чандон муњим нест .
Воќеан њам, кишварњои абарќудрат барои мамолики ИДМ ва давлатњои «олами сеюм» бурдани тарѓиботи радиоиро афзал медонанд. Зеро њадафњои ин давлатњо пурзўр кардани мавќеи худ дар давлатњои соњибистиќлоли Осиёи Марказї, нигоњ доштани нуфузи худ дар мамолики суструшдёфтаи Африкаву Шарќи наздик ва Осиёи љанубї мебошад.
Солњои аввали пайдоиши Радиои Би-Би-Си робита бо шунавандањои шўравї хеле мушкил ва њатто имконнопазир буд.
Вазъияти иртиботї бо аудитория дар Радиои Би-Би-Си низ хуб набуд. Фрэнк Уилямс, директори шўъбаи маркетинги Ширкати РАО/РО, ки аз соли 1977 то соли 1989 ва солњои 1995- 2001 дар Радиои Би-Би-Си кор кардааст, дар мусоњиба ба хабарнигори Радиои «Озодї» дар бораи корашон дар бахши русї гуфтааст: «Мо соле аз СССР на бештар аз 2- 3 мактуб мегирифтем. Мо худ шўъбаи тањќиќотї доштем, вале иттилои он чандон зиёд набуд. Бинобар ин мо аз маводи шўъбаи пажўњишии Радиои «Озодї», ки дар Париж буд, истифода мекардем» .
Солњои минбаъда вазъият дигар шуд, мухбирони Радиои Би-Би-Си бевосита аз СССР хабару гузориш медоданд. Ин хабару гузоришњо нисбат ба барномањои Радиои «Озодї» беѓараз буданд. Аз ин рў, ба ќавли нависанда Эйтан Финкелштейн: «Аксари шунавандањои Шўравї гўш кардани барномањои Радиои Би-Би-Си-ро мепазируфтанд» .
Соли 2004-ум барои Ширкати Би-Би-Си соли хеле мушкил буд. Дар ин сол муносибати байни њукумат ва Би-Би-Си хеле муташанниљ гардид. Пас аз ворид шудани нерўњои Британия ба Ироќ Ширкати Би-Би-Си ба ин кишвар як дастаи мухбирони худро фиристод. Онњо дар гузоришњои худ то андозае воќеиятро инъикос мекарданд, ки ин боиси норозигии мушовири сарвазир оид ба коммуникатсия Алистер Кэмпбелл гардид. Вай аз роњбарияти Би-Би-Си талаб кард, ки ин дастаи мухбиронро иваз бикунад. Роњбарияти ширкат ин талаби мушовири сарвазирро рад намуд. Моњи феврали соли 2004 рўзномаи «Санди таймс» мактуби директори генералии Би-Би-Си Грег Дайкро ба њукумат, ки њамон ваќт фиристода буд, ба табъ расонд. Дар ин нома Г. Дайк ќатъиян дахолат кардан ва фишор овардани њукуматро ба фаъолияти Би-Би-Си мањкум мекард.
Њанўз 29 майи соли 2003 дар барномаи «Имрўз»-и Радио-4-и Би-Би-Си журналист Эндрю Чиллиган изњор намуд, ки Њукумати Британия маълумотномаи мушовири вазорати мудофиа Дэвид Келлиро таќаллубкорї намудааст, ки гўё Ироќ дар тўли 45 даќиќа метавонистааст силоњи ќатли омро истифода бикунад. Гўё, ана њамин маълумот сабаби ба хоки Ироќ ворид шудани нерўњои Британия шуда бошад.
Њукумат аз Би-Би-Си талаб кард, ки сарчашмаи ин иттилоъро ифшо намояд. Роњбарияти Би-Би-Си аз ифшои номи сарчашмаи иттилоъ худдорї намуд ва њукумат худаш ба тањќиќи ин ќазия даст зад. Вай маълум кард, ки иттилои мазкурро ба хабарнигори Би-Би-Си худи Д. Келли додаст. Д. Келли пас аз ифшои номаш даст ба худкушї зад. Баъдан, охири соли 2004 дар матбуоти Британия хулосаи комиссияи тиббї ба табъ расид, ки худкушї будани ин њодисаро рад мекард.
Пас аз ин њодиса байни њукумат ва Ширкати Би-Би-Си љанги шифоњї шурўъ шуд. Њукумат Шўрои сарпарастони Би-Би-Си-ро барои роњбарї карда натавонистанаш ба ширкат ва пахши ахбори ѓайриобъективї айбдор намуд. Вазирон тањдид мекарданд, ки ба хартияи нави Би-Би-Си, ки соли 2006 ќабул мешавад, таѓйирот ворид намуда, ширкатро побанди маќомоти давлатї мекунанд.
Барои тањќиќи «ќазияи Келли» комиссияи махсуси давлатї бо сарварии лорди консерватор Хаттон таъсис дода шуд. Моњи январи соли 2004 комиссия хулосаи худро чоп кард, ки тибќи он ба марги Д. Келли Би-Би-Си њамчун сарчашмаи иттилои санљиданашуда айбдор дониста шуд.
Пас аз ин ќазия раиси Ширкати Би-Би-Си Гейн Дэвис ва директори генералї Грег Дайк ба истеъфо рафтанд. 6 њазор кормандони Би-Би-Си ба нияти эътироз барои аз кор рафтани «муборизи мустаќилият ва воќеанигории журналистика» Г. Дайк мактуби њамраъйї навишта, бо шиорњои «Дайкро баргардонед!» намоиш ташкил карданд. Агар ин њодисаро бо рафтани собиќ директори генералї Љон Берт аз кор муќоиса бикунем, он ваќт вайро то дари муассиса њамагї 8 нафар гусел карда буданд.
Ба љои Г. Дайк муовини вай, Марк Байфорд директори генералї таъин гардид. Лорд Райдер, намояндаи њизби консервативї муваќќатан раиси Ширкати Би-Би-Си таъин шуд. Бо таъин шудани ин ду нафар ба вазифањои роњбарї Би-Би-Си тамоюли худро дигар карда, дастнигари њукумат шуд. Роњбарият талаб мекард, ки хабарнигорон аз мансабдорони њукуматї бахшиш пурсанд. Лорд Райдер худаш аввалин шуда, вобаста ба ќиссаи Дэвид Келли аз тариќи телевизион расман бахшиш пурсид: «Аз номи Би-Би-Си бе ягон дудилагї барои хатои мо, ки аз он ба шаъну шарафи касе зиён расида бошад, узри самимї мепурсам» .
Охири моњи феврал намояндањои 40 иттифоќи касабаи Би-Би-Си барои муњокимаи наќшаи дастгирии Би-Би-Си дар парламент љамъ омаданд. Як гурўњи журналистони маъруфи Би-Би-Си аз ќабили муњаррири шўъбаи рўйдодњои љањонї Љон Симпсон, муњаррири барномаи «Имрўз» Љон Хэмфрис, муњаррири шўъбаи ахбори корї ва барандаи барномаи «Ахбори шабона» Љереми Паксмен ба лорд Райдер мактуб фиристода, талаб карданд, ки ба раддиядињињои беасос хотима гузошта шавад.
То миёнаи моњи марти соли 2004 роњбарияти Би-Би-Си ќазияи журналистони «саркаш»-ро аз барномањои ахборї ва муњим баррасї карда, баъзеашонро аз кор ронданд ва ќисми дигарашонро маљбуран ба шунидани семинарњои махсуси дуњафтаина, ки «беѓаразона андешидан»-ро меомўзонданд, фиристоданд.
Моњи апрели соли 2004 раиси нави Ширкати Би-Би-Си Майкл Грейд таъин карда шуд. Вай то ин ваќт директори иљроияи канали 4-уми телевизиони Британия буд. Ба вазифаи директори генералї бошад, Марк Томпсон, ки солњои 2001-2002 директори телевизиони Би-Би-Си ва баъдан 2 сол вазифаи директори иљроияи телевизиони мустаќили Канали 4-уми телевизиони Британия буд, таъин гардид. Марк Томпсон 31 июли соли 1957 дар Лондон дар оилаи муњосиб таваллуд шудааст. Ў факултаи забони англисии Донишгоњи Оксфордро хатм карда, ваќти 22-сола буданаш корро дар Би-Би-Си ба њайси коромўзи шўъбаи ахбори телевизион шурўъ кардааст .
Моњи декабри соли 2004 роњбарияти Ширкати Би-Би-Си, аз љумла директори генералї Марк Томпсон наќшаи ислоњоти васеъро эълон намуд. Аз рўи наќшаи мазкур шумораи кормандони Ширкати Би-Би-Си бояд 6 њазор нафар кам карда, аз 28 њазор нафар ба 22 њазор нафар расонида шавад. Аз шумораи умумии ихтисоршавандагон бояд нисфашон корро тарк кунанд ва ќисми боќимона ба маркази нави Би-Би-Си, ки дар Манчестер аст, бикўчанд. Роњбарият як ќисми барномањои варзишї ва кўдаконаро аз ќабили Радиои мустаќими 5-ум, «Би-Би-Си-спорт», барномаи футбол- «Бозии рўз», барномаи кўдаконаи «Сибибиз», «Си-Би-Би-Си» ва ѓайраро ба Манчестер мекўчонад. Ин амал барои аз марказ људо кардани баъзе барномањо ва ба манотиќи шимолии кишвар наздик бурдани онњо сурат мегирад. Амалї намудани лоињаи мазкур тўли 10 сол 500 млн. фунт стерлингро ташкил медињад, ки 50 млн. фунт стерлингашро Би-Би-Си аз Ољонсии рушди минтаќањои шимолї гирифтанї аст.
8 декабри соли 2004 Марк Томпсон ба Телевизиони Русия гуфт, ки тўли 3 соли минбаъда 3 њазор нафар корманди хадамоти ёрирасони BBC аз кор озод карда мешаванд. Аз ин њисоб 450 млн. евро сарфа мешавад.
Њамчунин роњбарияти Би-Би-Си тасмим дошт, ки як ќисми муассисањои тиљоратиашро аз ќабили «Би-Би-Си бродкаст», ки брэндњои махсус ва титрњо барои ношунавоён тайёр карда, сайтњои Би-Би-Си-ро дар Интернет дар даст дорад, ба Ширкати франсузии «Томсон» ба 100 млн. фунт стерлинг фурўшад. Њамчунин ќисми дигари ширкат «Би-Би-Си ризорис», ки барои барномањои телевизионї сару либос ва ороишњо тайёр мекунад, тибќи ин наќша бояд ширкати мустаќил мешуд. Ќобили зикр аст, ки даромади солонаи «Би-Би-Си ризорис» соле ба 7 млн. фунт стерлинг мерасад.
Пас аз баррасињо маъмурият ба хулоса омад, ки набояд њамаи таркибњои тиљоратии Би-Би-Си фурўхта шаванд.
Њамчунин тибќи наќшаи роњбарият бояд дастгоњи идораи Ширкати Би-Би-Си ихтисор карда шавад, ки ин соле то 300 млн. фунт стерлингро сарфа мекунад.
Љомеа ба амалї шудани ин наќшаи М. Томпсон нобоварї зоњир кард. Аз љумла, рўзномаи «Обсервер» навишт, ки роњбариятро мебояд, ба љои захирањоро барњам задан ва кормандонро пеш кардан, сари мустаќилияти Би-Би-Си андешад .
Тавассути Би-Би-Си аксари англисњо бо арзишњои фарњанги миллї ва љањонї шинос мешаванд. Зеро дар барномањои вай на танњо сиёсатмадорону мансабдорон, балки файласуфону нависандагон, оњангсозону њунарпешањои машњур баромад мекунанд. Би-Би-Си спектаклњои телевизиониву радиої пахш мекунад. Њамчунин вай филмњои таърихию фарњангї намоиш дода, дар ташаккули маънавиёти бинандањои англис сањми босазо дорад.

Фасли 2
СОХТОРИ ИДОРАИ ШИРКАТИ БИ-БИ-СИ

Сарвари Корпоратсияи радиошунавонии Британия (Би-Би-Си), раиси Шўрои идора бо тавсияи сарвазир бо фармони шоњ таъин карда мешавад. Аввалин раиси Шўрои идораи Би-Би-Си Љозеф Алберт Пиз (1860-1943) буд, ки лорд Гайнфорд мегуфтанаш. Ў ин вазифаро то соли 1926 иљро кардааст. Пасон солњои 1927-1930 Эрл Кларендон(1877-1955) вазифаи мазкурро ба дўш дошт. Дар солњои 1930- 1935 — Љон Њенри Витли (1866-1935), соли 1935 –Виллиам Слайв Бриљмен (1864-1935), солњои 1935-1939 – Роналд Коллет Норман (1873-1963), солњои 1939-1946 – Љорљ Аллан Повел, соли 1947- Филип Алберт Инман (1892-1979), солњои 1947-1952 – Эрнест Эмил Дарвин Симон, солњои 1952-1957 Александр Љорљ Кадоган (1884-1968), солњои 1957-1964 — Артур Форд (1900-1985), солњои 1964-1967- Норман Кравен Брук (1902-1967), солњои 1967-1972 –Чарлс Хилл (1904-1989), солњои 1973-1980 –Майкл Сван (1920-1990), солњои 1980-1983 – Љорљ Гарвард (1920-1984), солњои 1983- 1986 – Стюарт Янг (1934-1986), солњои 1986-1996 –Мармадюк Хюсси, солњои 1996-2001 –Кристофер Бленд, солњои 2001-2004 –Гейвин Дэвис раиси Шўрои идораи Би-Би-Си буданд. Аз соли 2004 ба ин љониб вазифаи мазкурро Майкл Грейд ба дўш дорад.
Бино ба маълумоти маљаллаи «Англия» ба аъзои Шўрои идора ашхоси дар љомеаи кишвар маъруф шомил мешаванд . Ба ќавли пажўњишгар А. Сэмпсон шўъбањои расмии радио ва телевизиони Би-Би-Си ба Шўрои идора тобеъанд. Шўро дар як моњ як маротиба барои тафтиши фаъолияти директори генералї ва сармаъмури корпоратсия љамъ мешавад. Аъзои Шўрои идора ба мўњлати 5 сол аз љониби вазири почта таъин мешаванд . Баъдан вазифаи мазкур ба ўњдаи Вазорати умури дохила гузошта шуд. Њоло ба њайати Шўрои идора ба ѓайр аз раис боз 11 нафар шомиланд. Муовини раиси Шўрои идора, мудири коргузории Шотландия, мудири коргузории Уэлс, мудири коргузории Ирландияи Шимолї ва боз 7 мудири дигар аз ин љумлаанд. Аксари узви Шўрои идора дар бораи кори радио ва телевизион тасаввуроти амиќи касбї надоранд. Аз ин рў, ба корпоратсия воќеан раиси Шўрои идора ва директори генералї роњбарї мекунанд.
Ќобили тазаккур аст, ки соли 1934 барои нишон додани «љамъиятї» будани Би-Би-Си як маќоми дигари машваратии корпоратсия бо унвони Шўрои машваратии генералї таъсис дода шуд. Расман маќоми мазкур бояд ба назорати «васеи љомеа» ба фаъолияти Би-Би-Си мусоидат намояд. Пас аз Љанги дуюми љањон чунин шўроњои машваратии минтаќавї вобаста ба манотиќи пахши барномањо дар дохили кишвар ва шўроњои машваратии вижагї оид ба барномањои мусиќї, доир ба мактабњо ва ѓайра таъсис ёфтанд.
Ба кори њамарўзаи корпоратсия Шўрои директорон назорат мекунад. Директори генералии корпоратсия аз љониби раиси Шўрои идораи корпотатсия таъин карда мешавад. Аввалин директори генералии Ширкати Би-Би-Си Љон Рейт буд ва ў вазифаи мазкурро аз соли 1922 то соли 1938 ба ўњда дошт. Баъдан дар солњои 1938- 1942 – Ф. В. Огилвай, солњои 1942-1943 – Сейкл Грейвс, солњои1942-1944 –Р.В. Фут, солњои 1944-1952 — Ян Якоб, солњои 1960-1969 – Њ. К. Грин, солњои 1969- 1977 –Чарлс Кюрран, солњои 1977 –1982 — Ян Тресован, солњои 1982-1987 – Аласдайр Милн, солњои 1987-1992 – Майкл Чекланд, солњои 1992-2000 – Љон Бирт ва солњои 2000-2004 – Грег Дайк директори генералї буданд. Њоло аз соли 2004 ба ин љониб вазифаи директори генералии Ширкати Би-Би-Си-ро Марк Томпсон ба дўш дорад.
Ба узвияти Шўрои директорон мушовири махсуси директори генералї, директори умурњои асосї – радиошунавонии дохилї, телевизион ва барномањои хориљї, мудири идорањои техникї, маъмурї, молия ва директори масоили љамъиятї шомиланд.
Аз сањифањои таърихи Би-Би-Си маълум мешавад, ки аксаран ба маќоми роњбарикунанда намояндагони синфи њукмрон пешбарї шудаанд, то ки онњо бо ин воситаи пурќудрати тарѓиботї манфиати синфиаашонро дифоъ бикунанд. Масалан, соли 1956, ки он ваќт аъзои Шўрои идора аз 7 нафар иборат буд, 5 нафарашон хатмкардаи баобрўтарин коллељи Британия – Итон буданд. Раиси Шўрои идора собиќ корманди баландмаќоми Вазорати умури хориљии Британия А. Кадоган буд. Пеш аз А. Кадоган ин вазифаро соњиби калонтарин консерни мошинсозї лорд Саймон адо мекард. Он ваќт бо ў ба Шўрои идора лорд Клапдемюйер — директори ширкати пўлодгудозии Шотландия, лорд Тейдер — маршали авиатсия, собиќ сардори ситоди нерўњои њавоии Британия ва дигарон шомил буданд.
Ба Шўрои генералии машваратї низ ашхоси хеле бонуфуз дохил мешуданд. Аз љумла, раиси Шўро лорд Галифакс — собиќ вазири умури хориљї, яке аз лидерони њизби консервативї буд. Домоди сарвазир Черчилл – Сендис, лорд Бернем- директори «Дейли телеграф», Андерсон- директори фирмаи њарбиву саноатии «Виккерс» ва ѓайра узви Шўрои генералии машваратї мањсуб мешуданд.
Дар охири солњои 50-ум ва аввали солњои 60-ум раисии Шўрои идораи Би-Би-Си-ро Артур Форд ба ўњда дошт, ки вай њамчунин адвокат, директори Бонки Вестминстер ва директори ширкати бимавї буд. Вазифаи директори генералиро бошад, коршиноси машњур оид ба ташкили «љанги психологї» Хю Грин иљро мекард. Пас аз А. Форд лорд Норманбрук, ки пештар котиби кабинети вазирон буда, умури хуфияи Англияро сарпарастї мекард, раиси Шўрои идораи Би-Би-Си шуд. Аз соли 1967 то соли 1973 собиќ вазири њукумати консерваторон лорд Хилл раиси Шўрои идораи корпоратсияи Би-Би-Си буд. Баъдан ба ин вазифа профессори иртиљоии Донишгоњи Эдинбург Майкл Сван таъин гардид.
Фаъолияти њамарўзаи Би-Би-Си аз љониби 16 бахши гуногун идора карда мешавад. Роњбарии умумии њаррўзаро Шўрои директорон анљом медињад, ки њоло ба он 9 директор ва директори генералї шомиланд.
Дар давоми фаъолияти Би-Би-Си шумораи аъзои Шўрои идора таѓйир ёфтааст. Сараввал дар оѓози фаъолият њамагї 5 нафар узви Шўрои идора таъин мешуданд. Баъдан аъзои он аз соли 1940 ба 7 нафар, аз соли 1952 ба 9 нафар ва аз соли 1981 ба 12 нафар расид. Узви Шўрои идора фаъолияти Би-Би-Си-ро ба танзим медароранд. Онњо расман њадафњои корпоратсияро муайян карда, њини њисоботи њарсола дар парламент барои људо кардани маблаѓ мусоидат менамоянд. Њоло њайати мазкурро шоњ пешнињод намуда, Шўрои вазирон тасдиќ мекунад. Онњо манфиатњои љомеа ва манфиатњои тамошобинону шунавандањоро дифоъ мекунанд.
Шўрои идораи Би-Би-Си то моњи марти соли 2004 аз шахсони зерин иборат буд: Лорд Райдер, Ричард Эйр, Адриан Вайт, Дебора Булл, Рат Дич, Дермот Глисон, Мерфун Љонс, Фабиан Мондс, Полин Невилл – Љонс, Анжела Саркис, Роберт Смит, Ранљит Сундњай.
Тањлили интихоби кадрњо ба маќомоти роњбарикунандаи корпоратсияи Би-Би-Си бори дигар аз он далолат мекунад, ки вай олоти тарѓиботии Њукумати Британия ва синфи сармоядор аст.
Журналисти англис Х. Фейган мегўяд: «Он чї мегўянд, ки радиошунавонї озод аз назорати њукумат аст, албатта, дурўѓ мебошад. Ин саробест, ки устокорона љонибдорї мешавад ».
Њамчунин алоќаи Би-Би-Си бо аппарати давлатї аз радиошунавонї ба хориља рўшан мегардад. Агар радиошунавонии дохилии Би-Би-Си иртиботи сиёсиву ташкилї дошта бошад, пас маблаѓгузории радиошунавонии хориљї аз љониби њукумат сурат мегирад . Баъзењо бар он аќидаанд, ки маблаѓгузории њукуматї маънои онро надорад, ки Би-Би-Си мустаќил набошад. Бењуда намегўянд, ки «касе пул медињад, вай мусиќиро фармоиш медињад». Воќеан, на танњо самти сиёсї ва мундариљаи барномањои Би-Би-Си, балки шумораи забонњое, ки ба онњо барномањо пахш карда мешаванд, аз љониби њукумат муайян мегарданд. Масалан, моњи августи соли 1975 вазири умури хориљии Британия дар парламент гуфт, ки барои демократия дар Португалия тавсеаи барномањои Би-Би-Си барои ин кишвар муњим аст. Пас аз чанде пахши барномањои Би-Би-Си ба ин мамлакат афзуд.
Ба ќавли профессори америкої Л. Мартин дар Британия масъулияти тарѓибот ба хориља ба дўши шўъбаи иттилоотии вазорати умури хориља аст. Шўъбаи мазкур сиёсат ва мундариљаи тарѓиботи хориљиро муайян мекунад .
Шўъбаи ахбори вазорати умури хориља, ки бевосита ба муовини вазир тобеъ аст, ба омода кардани маъракањои тарѓиботии муштарак бо радио ва телевизион барои дастгирии сиёсати Британия масъул мебошад. Шўъбаи сиёсати иттилоотии вазорат њамаи тарѓиботи хориљии кишварро назорат мекунад.
Ба гуфти муњаќќиќи венгер А. Тардош банаќшагирии барномањои хориљии Би-Би-Си аз рўи наќшаи вазорати умури хориљї сурат мегирад. Масалан, тафсир ё ягон хабар як ё ду њафта пеш аз рўйдоди ба наќша гирифта шуда бо тавсияи вазорати умури хориља омода карда мешавад ва радио пешакї мавќеашро вобаста ба ин њодиса муайян мекунад (In: Tardos A. Nyugat Radiok. A Leletani Hadviseles Szelgatan. –Budapest, 1966).
Ба ќавли муњаќкиќи рус Л. Маќсудов солњои 70-уми садаи XX њар як хабари муњим дар Би-Би-Си танњо бо иљозати вазорати умури хориља садо медод .
Собит шудааст, ки Би-Би-Си бо Умури хуфияи кашшофии Британия (Сикрет интеллиљенс сервис) иртиботи ќавї дорад. Сикрет интеллиљенс сервис 1 октябри соли 1909 таъсис ёфта, бо номи МИ-6 низ маъруф аст. Њанўз 16 декабри соли 1968 рўзномаи «Известия» њуљљатњои махфии њамкории Би-Би-Си-ро бо ин маќомоти низомї ба табъ расонида буд. Њамкории мазкур тўли дањсолањо идома дорад. Ба ќавле њамкории мазкур њанўз дар давраи Љанги дуюми љањон шурўъ шудааст. Ба гуфти собиќ корманди масъули разведкаи Британия Доналд Маклахан, ки узви Шўрои генералии машваратии Би-Би-Си буд, њини љанг шўъбаи махсуси кашшофии њарбї бо номи М 1.19 таъсис ёфт. Шўъбаи мазкур бо гурезањо, ки ба Британия омада буданд, кор мебурд. Дар шўъбае, ки иттилои ќиматбањо дошт, намояндањои Би-Би-Си њам кор мекарданд ва дар бораи аудиторияву шунавоии барномањояшон иттилоъ мегирифтанд. Њамчунин Би-Би-Си аз хизмати шўъбаи иттилоотии умури кашшофї, ки маълумоти махфї дошт, истифода мекард.
Би-Би-Си бевосита бо бахши ПРОП-2-и Сикрет интеллиљенс сервис њамкорї мекунад. Бахши мазкур бевосита масъули амалиётњои тахрибкории сиёсї ва идеологї буда, метавонад барои амалї намудани њадафњояш аз барномањои Би-Би-Си истифода намояд. Интеллиљенс сервис метавонад аз Би-Би-Си хоњиш бикунад, ки ягон хабари ѓаразнокро дар барномањояш пахш намояд.
Њамчунин љосусњои хориљии Интеллиљенс сервис метавонанд бе ягон мушкилот аз дафтарњои Би-Би-Си дар хориља чун љои мулоќот бо хабаркашњояшон истифода бикунанд.
Ба ѓайри ин Би-Би-Си бо шўъбаи дигари Интеллиљенс сервис бо номи БИН/КООРД, ки дар дохили Британия фаъолияти кашшофї мебурд, њамкорї мекард. Ба навиштаи њафтаномаи «Неделя» (1968, № 52) дар яке аз санадњои ин маќомоти кашшофї — Интеллиљенс сервис омадааст, ки масъалаи ба штати разведка ворид кардани кормандони Би-Би-Си ва њамчунин интиќоли кормандони умури кашшофї ба Би-Би-Си дар шўъбаи маъмурї њал карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки дар Би-Би-Си кашшофони касбї кор мекунанд ва њамчунин кормандони Би-Би-Си чун хабарнигор супоришњои умури кашшофиро иљро мекунанд.
Шояд њамкории Би-Би-Си ва умури кашшофї аз рўзњои аввали таъсиси корпоратсия шурўъ шуда бошад, зеро усулан чунин радиоњое, ки ба хориља тарѓибот мебаранд, аслан бо иќдоми умурњои кашшофї таъсис меёбанд. Мисоли ин гуфтањо Радиои «Аврупои озод» (1950) ва Радиои «Озодї» (1953) мебошанд, ки аз љониби Раёсати марказии кашшофии ИМА таъсис ёфтаанд. Радиоњои мазкур то соли 1971 аз љониби РМК маблаѓгузорї мешуданд. Пас аз љанљол дар Сенати ИМА дар ин мавзўъ РМК аз маблаѓгузории радиоњои номбурда барканор карда шуд. Соли 1976 ин радиоњо ба њам муттањид гардида, номи Радиои «Аврупои озод»/«Озоди»-ро гирифтанд. Вале онњо то ба њол вазифаи пештараи худро идома дода истодаанд. Њамин аст, ки Би-Би-Си бо радиои мазкур њамкории ќавї дорад.
Моњи майи соли 1974 дар палатаи лордњо имконоти кам кардани харољоти радиошунавонии хориљии Би-Би-Си баррасї гардид. Дар ин љаласа њамаи собиќ сафирони Британия њини суханронї зидди кам кардани маблаѓгузорї баромад намуданд. Ба ќавли онњо Би-Би-Си яке аз олотњои асосии сиёсати миллии Британия дар хориља аст.
Ин гуфтањо барњаќ воќеият доранд ва вазорати корњои хориљї маълумотњои тавассути умури гўшкуниву сабти Би-Би-Си ба даст омадаро фаровон истифода мекунад.
Тобистони соли 1977 департаменти иттилоотиву тањќиќотї, ки ба таври махфї дар Вазорати умури хориљии Британия фаъолият мекард, барњам дода шуд. Ба љои он идораи иттилооти хориљиро таъсис доданд. Мављудияти чунин як идораи махфї танњо пас аз барњам додани он ба љомеа маълум гардид. Ибтидои соли 1978 дар матбуоти Англия маълумоте чоп шуд, ки боиси љанљоли калони сиёсї гардид. Маълум шуд, ки тўли ќариб 30 сол дар вазорати умури хориљї департаменти иттилоотиву тањќиќотии махфї фаъолият мекардааст. Идораи мазкур соли 1948 таъсис ёфта, вазифаи тасњењу фаъол кардани тарѓиботи зидди шўравї ва зидди коммунистиро дар Англия ва хориљи он ба ўњда доштааст.
Албатта, иртиботи бевоситаи Би-Би-Си бо вазорати умури хориља ва раёсати кашшофї пинњон дошта мешавад ва ин алоќамандиро «робитаи корї» меноманд.
Њамин аст, ки мавзўи љанг дар барномањои Радиои Би-Би-Си мавќеи муњим дорад. Масалан, дар давраи љанги Корея барои расонидани таъсири идеологї ва психологї ба љонибдории ИМА корпоратсияи Би-Би-Си дар Сингапур шабакаи радиостансияњоро таъсис дод. Њамин буд, ки соли 1950 њаљми пахши барномањои Радиои Би-Би-Си якбора ба дањњо соат афзуда њафтае ба 643 соат расид.
Ин нукта дар гуфтањои мудири дафтари душанбегии Радиои Би-Би-Си Сўњроби Зиё низ рўшан мегардад: «Замоне ки дар соли 1991 Љанги Халиљи Форс оѓоз шуд, ба манзури бозтоби бењтари ин ваќоеъ «Родиёи 4» ду фрексиони худро ихтисос дод. Ин барномањо рўи мављи FM аз 17 январ то 2 марти он сол њамарўза 17 соат пахш мешуд .
Бояд гуфт, ки Радиои Би-Би-Си вобаста ба авзои сиёсї шумораи забонњои пахши барномањояшро каму зиёд мекунад. Масалан, охири соли 1943, дар давраи Љанги дуюми љањон Радиои Би-Би-Си ба 43 забон барнома пахш мекард. Солњои минбаъда њаљми умумии барномањои Радиои Би-Би-Си афзуда бошад њам, теъдоди забонњои пахши барномањо коњиш ёфт. Аз љумла, дар нимаи дуюми солњои 70-уми садаи XX Радиои Би-Би-Си дар 52 студияаш ба 38 забони хориљї њафтае ќариб 700 соат барнома пахш мекард. Он ваќт дар шабакаи радиошунавонии хориљии Би-Би-Си њудуди севуним њазор нафар кор мекарданд ва њамасола барои бурдани тарѓибот ба хориља аз буљаи давлатї беш аз 20 миллион фунт стерлинг људо мегардид .
Радиои Би-Би-Си то моњи марти соли 2006 ба 43 забон барнома пахш мекард ва њафтае онро 150 миллион нафар гўш мекарданд. Вале акнун пахши барномањо ба 10 забони хориљї ќатъ гардиданд. Аз љумла, бахшњои булѓорї, маљорї, юнонї, лањистонї, словакї, словенї, хорватї ва чехї, ки барои кишварњои Аврупои Марказї барнома пахш мекарданд, баста шуданд. Њамчунин пахши барномањо ба забонњои ќазоќї ва тайї ќатъ гардиданд. Дар њамин њол пахши барномањои русии Би-Би-Си барои Ќазоќистон идома ёфта истодааст. Њамин тавр њоло Радиои Би-Би-Си ба 33 забон барнома пахш мекунад.
Њамзамон пахши барномањо барои Бразилия коњиш дода шуд. Вале сайти бахши бразилии Би-Би-Си дар интернет боќї монд. Ба гуфти директори Умури љањонии Би-Би-Си Найљел Чэпмен њини ба чунин иќдом даст задан 3 омили асосї — ањамияти геополитикии минтаќа, дастрасии ВАО-и мустаќили миллї ва минтаќавї, нишондињандањои аудиторияи барномањо дар ин мањалњо ба назар гирифта шудаанд. Маблаѓе, ки аз ин амал ба даст меояд, барои шурўи барномаи телевизионии Би-Би-Си ба забони арабї дар соли 2007 масраф мешавад .
Ќобили зикр аст, ки шунавоии барномањои Радиои Би-Би-Си-ро дар тамоми олам 76 мављпахшкунак, ки 30-тояш дар хориља мебошанд, таъмин мекунанд. Аксари онњо кўтоњмављ буда, боќимондаашон барномањоро ба мављњои дарозу миёна пахш менамоянд. Барои ба дурињо пахш кардани барномањо сањми ретрансляторњо зиёд аст. Масалан, ретрансляторњои Радиои Би-Би-Си дар Кипр, Малта, Аден, Малайзия, Либерия ва ѓайра љойгиранд. Вобаста ба имконот ва иљозаи кишварњои дигар Радиои Би-Би-Си ретрансляторњои худро дар кишварњои хориљї месозад. Аз љумла, соли 1966 дар љазираи Вознесения ретрансляторе сохта шуд, ки аз 4 мављпахшкунаки иќтидори њар кадомашон 250 киловатт иборат буд. Ретранслятори мазкур пахши барномањоро барои кишварњои Африкаи Љанубї ва Марказї, Америкаи Љанубї ва мамолики њавзаи бањри Кариб таъмин мекунад.
Соли 1969 Радиои Би-Би-Си ретранслятори дигареро сохт, ки иќтидораш ба 1500 киловатт баробар буд. Ин имкон медод, ки Радиои Би-Би-Си барномањояшро барои Њиндустон, Покистон, Афѓонистон, Эрон ва кишварњои арабзабони Шарќи Наздик пахш намояд.
Бояд гуфт, ки сохтори бахши бурунмарзии Радиои Би-Би-Си аз соли 1948 то соли 1968 бетаѓйир буд. Дар ибтидои соли 1969 бахшњои асосї якљоя шуда, сарредаксияи умури радиошунавониро ташкил доданд. Бахшњои боќимонда бошанд, ба сарредаксияи барномањо муттањид шуданд. Таѓйироти мазкур ањамияти он шўъбањое, ки ба таври марказонидашуда тафсир, рубрикаи барномањо ва бюллетени ахборро барои умури минтаќавї омода мекарданд, афзун намуд.
Пас аз ин низ дар сохтори радиошунавонии хориљии Би-Би-Си баъзе дигаргунї ба вуќўъ пайваст ва як гурўњ — умури радиошунавонї, гурўњи дигар — марказонидашуда, гурўњи сеюм — ёрирасон ва техникиро ташкил медињанд.
Дар байни умури радиошунавонї гурўњи Буш- њавс, ки «шабакаи англисї» низ меноманд, наќши муњим дорад. Ќариб њамаи шўъбањои вай ба як забон — англисї барнома омода мекунанд. Дар «шабакаи англисї» Умури љањонии Би-Би-Си (BBC World Service) аз шўъбаи асосї мањсуб мешавад. Ба ќавли журналисти украин Олга Боглевска, ки аввали соли 2005 дар офиси марказии Би-Би-Си коромўз буд, дар умури номбурда 1200 нафар хабарнигорон кор мекарданд .
Барномањои шабонарўзии умури љањонї барои англисзабонони тамоми дунё пешбинї шудааст. Умури мазкур аз солњои 70-уми садаи XX шурўъ карда, њамарўза беш аз 15 бюллетени ахбор дар мавзўњои гуногуни сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангї, тиљорат, варзиш ва нигориши матбуот, мусиќї, барномањо оид ба илму техника, санъат пахш мекунад.
Ба «шабакаи англисї» њамчунин умурњои минтаќавии пасиуќёнусии Би-Би-Си шомиланд, ки барномањояшонро ба забони англисї ба минтаќаи вижаи олам, аз ќабили Њиндустони Шарќї Австралия, Зеландияи Нав, љазирањои Фолкленд, ИМА, Канада пахш мекунанд.
Дар «шабакаи англисї» шўъбањое низ њастанд, ки маводи радиошунавонии дохилиро коркард намуда, барои пахш дар барномањои хориљї омода мекунанд. Маводи мазкур њамчунин барои истифода ба радиоњои кишварњои хориљї фиристода мешаванд.
Њамзамон дар Би-Би-Си ба радиошунавонии минтаќавї, ки теъдодашон то ба наздикї 10 адад буд, ањамияти хоса дода мешавад. 5 бахши мазкур аврупої буда, Аврупои Шарќї, Аврупои Марказї, Аврупои Љанубї, Фаронса ва Олмонро фаро мегирифт. 5 бахши дигар пасиуќёнусї ном дошта ба чунин умурњо људо мешуданд: африкої, арабї, шарќї, шарќи дурї ва Америкаи Лотинї. Њамзамон њар яки ин умурњо ба сексияњо људо шуда, ба забонњои алоњида барнома пахш мекарданд. Аз љумла, умури Аврупои Марказї ба забонњои полякї, чехї, словакї, маљорї ва финнї њафтае 70 соат барнома пахш мекард.
Умури Аврупои Љанубии Радиои Би-Би-Си ба забонњои итолиёвї, испанї, португалї, грекї ва туркї барнома пахш мекард.
Он солњо умури немисии Би-Би-Си барои Љумњурии Федеролии Олмон, Љумњурии Демократии Олмон ва Австрия барнома тайёр мекард. Барои ин се давлат барномањои умумї ва барои Љумњурии Демократии Олмон (ЉДО) барномаи вижавї тањия мешуданд. Дар њамин њол Радиои Би-Би-Си барои ЉДО њафтае беш аз 30 соат барнома пахш мекард, ки ин нисбат ба ду кишвари дигар зиёд буд.
Умури франсузии Би-Би-Си барои Фаронса ва Белгия њафтае беш аз 25 соат барнома дошт. Њамчунин умури мазкур барои фаронсазабонони Африка њафтае 20 соат барнома пахш мекард.
Умури африкоии Радиои Би-Би-Си ба 3 забон: суахилї, хаусу ва сомалї њафтае камтар аз 20 соат барнома дошт. Њамчунин барои кишварњои ќитъаи Африка ба забонњои фаронсавию англисї радиошунавонии Би-Би-Си сурат мегирад. Ба гуфтаи муњаќќиќи рус С. Михайлов дар 25 кишвар ва 46 шањре, ки љанубтар аз Сањрои Кабир љойгиранд, аз радиоњои бузурги хориљї Радиои Би-Би-Си афзалият дорад .
Ќобили тазаккур аст, ки Би-Би-Си ба тарѓибот ба забони арабї диќќати љиддї медињад. Аз ин рў, умури арабии Радиои Би-Би-Си њаљми барномањояшро сол аз сол зиёд мекунад. Њамин аст, ки солњои 70-уми садаи XX умури мазкур барои кишварњои арабзабони Шарќи Наздик, Шарќи Миёна ва Африкаи Шимолї њафтае 70 соат барнома пахш мекард.
Феълан Би-Би-Си домони тарѓиботиашро ба мамолики арабзабон густариш дода, тасмим дорад, ки аз соли 2007 пахши барномањои телевизиониашро ба забони арабї шабонарўзе 12 соат ба роњ монад.
Ќобили тазаккур аст, ки ин кўшиши аввалини Би-Би-Си дар ин љода нест. Њанўз ибтидои солњои 90-ум Би-Би-Си бо ширкати «Орбит»-и Арабистони Саъудї канали телевизионии тиљоратиро ба забони арабї таъсис дода буд. Вале он соли 1996 пас аз бањсњо оид ба назорати редаксионии мундариљаи барномањо баста шуд.
Дар њамин њол ба комёбї муваффаќ шудани канали арабии телевизиони Би-Би- Си хеле мушкил аст. Зеро дар ин минтаќа мардум бештар ба Телевизиони «Ал-Љазира» (Ќатар), таваљљўњ доранд ва вай дар радифи маъруфтарин телевизионњои љањон меистад. «Ал -Љазира» тасмим дорад, ки аз бањори соли 2006 ба пахши 24-соатаи барномањояш ба забони англисї(«Ал-љазира интернэшнл») шурўъ намояд .
Умури шарќии Радиои Би-Би-Си он солњо барои кишварњои Осиёи Љанубї, аз љумла барои Эрон, Покистон, Афѓонистон, Њиндустон, Бангладеш, Бирма ва ѓайра барнома омода мекард. Умури мазкур ба забонњои форсї, урду, банголї, њиндї, непалї, бирмагї, тамилї ва сингазелї барнома дошт.
Умури Шарќи Дури Радиои Би-Би-Си ба Чин, Япония, кишварњои Љанубу Шарќии Осиё ба забонњои хитої (барои ќисми љанубии Чин ва Њонконг ба шеваи кантонї), японї, ветнамї, малайї, индонезї ва тайї барнома пахш мекард.
Умури Америкаи Лотинии Би-Би-Си ба 18 кишвари ин ќитъа ба забонњои испаниву португалї барнома пахш мекард. Соли 1966, пас аз дар љазираи Вознесения сохтани ретранслятор Би-Би-Си њаљми радиошунавониашро барои мамолики Америкаи Лотинї њамон ваќт њафтае ба 40 соат расонд.
Бахши русї дар ќиболи арабї, фаронсавї, немисї ва испанї аз муњимтарин шўъбањо мањсуб гардида, њаљми барномањо ба ин забонњо бартарият доштанд. Аз љумла, солњои 70-уми садаи XX Радиои Би-Би-Си ба забони русї барои СССР њафтае 33 соат барнома пахш мекард.
Бояд гуфт, ки 28 октябри соли 2002 шабакаи осиёии Би-Би-Си ифтитоњ шуд, ки барномањояш аз тариќи технологияи нави диљитолї (раќамї) ба мављи FM шабонарўзи пахш мешаванд .
Њамзамон аз соли 2003 стансияи дигари радиої бо номи Шабакаи 7-ум бо пахши мазњакаю драмањои классику муосир ва барномањои кўдакона ба кор шурўъ кард.
Ќобили тазаккур аст, ки фаъолияти умурњои минтаќавии радиошунавонї аз кори дигар бахшњои Радиои Би-Би-Си аз ќабили шўъбаи ахбор, шўъбаи сўњбату барномањои рубрикавї, шўъбаи сўњбатњо оид ба рўйдодњои љорї ва шўъбаи дарси забони англисї вобаста аст. Зеро аз ин љо њар умури радиошунавонї ба таври марказонидашуда барои пахш мавод мегирад. Маводи мазкур вобаста ба вижагии аудитория омодаву тарљума карда мешавад.
Дар сохтори Радиои Би-Би-Си њамчунин як идда шўъбаву умурњое њастанд, ки вазифаи техникї, тањќиќотї ва маъмуриро иљро мекунанд. Шўъбаи истифодабарии таљњизот, шўъбаи омўзиши аудиторияи хориљї, шўъбаи маъмурї, шўъбаи сабти радиоњои хориљї ва ѓайра аз ин љумлаанд.
Би-Би-Си дорои маркази бузурги иттилоотї аст, ки дар он китобхона ва фонотека љойгир шудаанд. Хабарнигорон барои тањияи барномањо аз онњо истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки шўъбаи ахбор аз бузургтарин умури радиошунавонии хориљии Би-Би-Си ва умуман радиоњои Ѓарб мањсуб мешавад. Чї тавре ки пештар гуфта будем, радиои мазкур њадафи тарѓиботї дорад. Бинобар ин хабарњо дар шўъбаи мазкур аз нигоњи тарѓиботї барои пахш људову омода карда мешаванд.
Шўъбаи номбурда њамаи барномањои хабариро, ки аз тариќи каналњои Радиои Лондон пахш мешавад, омода мекунад. Њамчунин ин шўъба ахбори охирини умури љањонї ва минтаќавии Би-Би-Си-ро омода месозад. Шўъбаи ахбор шабонарўзї кор карда, беш аз 100 нафар кормандони он њамарўза беш аз 250 барномаи хабарї тайёр мекунанд. Барномањои хабарї вобаста ба кишвари пахш омода гардида, дар онњо иттилои ољонсињои хабарї (пеш аз њама «Рейтер»), мухбирони дохиливу хориљии худи Би-Би-Си, шўъбаи сабти радиоњои хориљї ва ѓайра истифода мешаванд.
Ёвари мудири шўъбаи ахбор П. Вилямс њанўз 28 марти соли 1968 дар бораи кори шўъба дар як барномаи русии Радиои Би-Би-Си гуфта буд, ки «њамаи ахбори расида аз нигоњи як нафар корманд, ки мо чошнигир меномем, мегузарад. … Њар хабаре, ки ў маќбул донист ба муњаррири навбатдор медињад».
Дар њамин њол ба ќавли журналисти англис Генри Фейерлї «Њукумат самтгирии људо кардани ахборро муайян мекунад ».
Шўъбаи омўзиши афкор низ аз умурњои муњими Би-Би-Си мањсуб мешавад ва солњои пеш буљаи солонаи он аз 500 њазор фунт стерлинг зиёд буд. Шўъбаи мазкур њанўз соли 1936 таъсис ёфтааст. Дар шўъба њудуди сад нафар кор мекунанд. Онњо аудиторияи барномањои дохилї ва хориљии Би-Би-Сиро меомўзанд. Бояд гуфт, ки омўзиши аудитория барои донистани самаранокии тарѓибот (кї?, дар куљо?, чї хел мешунавад?), омўзиши объекти тарѓибот (ањолии ин ё он кишвар), ба њисоб гирифтани вазъи тарѓиботї ва муайян кардани характеристикаи иљтимоиву сиёсии кишвари тањќиќшаванда хизмат мекунад. Масалан, кормандони шўъба вазъи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии кишвари пахши барнома ва афкори аудиторияро омўхта, мувофиќ ба ин нишондињандањо тањияву пахш кардани барномањоро маслињат медињанд.
Ба ќавли коршиноси америкої оид ба тарѓибот У. Девинсон пас аз муайян кардани сарчашмањои нерўњои таъсиррасони љомеа метавон ба фаъол намудани ин ё он гуна амали тарѓиботї шурўъ кард . Албатта, дар ин њолат сухан аз кашшофии сиёсї ва стратегї меравад.
Бояд гуфт, ки шўъбаи омўзиши аудиторияи Би-Би-Си бо чунин шўъбањои радиоњои «Садои Америка», «Аврупои озод»/«Озодї», радиоњои Олмону Фаронса ва Канада иртибот дошта, дар табодули иттилоъ њамкорї мекунад. Маълумоти мазкур дар ќиёс пажўњиш мегардад. Дар ин бора дар њисоботи шўъбаи омўзиши аудиторияи Би-Би-Си чунин омадааст: «Натиљањо даќиќкорона тањлилу бо маводи ба њам монанди аз дигар сарчашмањо гирифташуда муќоиса мешаванд. Ќисми зиёди чунин иттилоъро мо аз созмонњои гуногуни ИМА мегирем. Мо аз онњо соле садњо ва баъзан њазорњо мавод мегирем ».
Умури гўшкуниву сабти радиоњои хориљии Би-Би-Си низ аз шўъбањои муњими корпоратсияи мазкур мањсуб мешавад. Зеро вай на танњо барои радиошунавонии бурунмарзии Би-Би-Си, балки ба дигар созмону идорањои Британия манбаи муњими итилоъ аст. Ин ба вижа дар давраи Љанги дуюми љањон собит шудааст. Умури мазкур на танњо барномањои радиои Олмони фашистиву шарикони вайро, балки њамаи гуфтугўњои њайати фармондињии Артиши Вермахтро, ки тавассути мављи радиої пахш мешуд, шунида сабт мекарданд. Њамчунин шўъба матнњои ба таври пўшида (бо шифр) пахшшударо сабт карда, онро мекушоданд. Маълумоти мазкур ба Идораи кашшофии Британия ва аз он љо ба ситодњои низомии артиши иттифоќчиён — ИМА ва СССР мерасид. Кашшофон ба маълумотњои мазкур дар пешгирии амалиёти душман бањои баланд додаанд.
Умури мазкур дар 50-километрии љануби Лондон, дар назди шањри Рединг, дар Ковершем-парк љойгир аст. Кормандони вай шабонарўзї фаъолият карда, ќариб њамаи барномањои ахбори радиоњои љањонро сабт мекунад. Ба ќавли рўзномаи «Санди таймс», ки њафтаномаи «Неделя» (1968, № 52) иќтибос меорад, маркази сабти радиоњои хориљї «ба њайси сарчашмаи сареъи иттилои дохилии кишварњои хориљї хизмат мекунад».
Бояд гуфт, ки умури мазкурро расман умури мониторинг меноманд. Дар ин умур солњои 1995-2001-ум зодаи Тољикистон Сафар Табаров ба њайси тарљумон кор мекард. Аз ин ќабл ў тарљумони аввалин сафири ИМА дар Тољикистон Стендли Эскудеро ва аз он пештар тарљумони ширкати «Интурист»-и шањри Душанбе буд. Сафар ибтидои солњои 90-уми садаи XX бо рўзномаи «Паёми Душанбе», ки муаллифи ин сатрњо он љо кор мекард, њамкорї менамуд. Ў њаљвияву латифањои англисиро ба забони тољикї тарљума мекард ва онњо дар сањифањои рўзномаи макур ба табъ мерасиданд. Сафар ба ќавли нафаре аз кормандони дафтари душанбегии Би-Би-Си њоло дар Лондон сукунат дорад ва дар яке аз идорањои ширкати «Боинг» кор мекунад.
Ногуфта намонад, ки писари Нависандаи халќии Тољикистон Сотим Улуѓзода — Азиз пас аз фирор карданаш аз СССР то ба нафаќа расидан дар Би-Би-Си кор мекард.
Ќобили тазаккур аст, ки умури мониторинг дар гўшаву канори олам филиалњои худро дорад. Дар наздикии мањалли пахши барномањои радио воќеъ будани филиалњои умури мониторинг ба шунавоии хуби барномањо имкон медињад. Масалан, дар ваќташ барои гўш кардани радиоњои кишварњои ќитъаи Африка дар шањри Найробии Кения чунин филиал амал мекард. Аз љумла, дар шањри Тошканди Ўзбакистон низ пас аз соњибистиќлол шудани ин кишвар чанд муддат филиали умури мониторинги Би-Би-Си фаъол буд, ки масъулияти гўш кардану сабти радиоњои минтаќаи Осиёи Марказиро бар ўњда дошт.
Солњои аввали 70-уми садаи XX умури сабти радиоњои хориљии Би-Би-Си њамаруза дар Ковершем-парк њудуди 400 барномањоро аз 34 кишвари олам ба 27 забон гўш карда, сабт менамуд . Албатта, он ваќт фарогирии тамоми олам мушкилї дошт. Аз ин рў, умури мониторинги Би-Би-Си бо њамтоњои худ аз радиоњои ИМА ва Радиои «Мављи Олмон» њамкорї мекард.
Њоло албатта, њаљми кор ва фарогирии сабти радио ва барномањои телевизионї дар умури мониторинги Би-Би-Си афзудааст.
Дар солњои гуногун дар умури мониторинг теъдоди кормандон гуногун буд. Масалан, солњои Љанги дуюми љањон дар Ковершем-парк њудуди 2 њазор нафар кор мекарданд. Солњои 70-уми садаи гузашта бошад, шумораи кормандони умури мониторинг ќариб ба 600 нафар мерасид. Ходимони ин умур мутахассисони касбї буда, забони хориљиро хуб баладанд ва дар яке аз соњањои иќтисодиёт ё сиёсати кишваре, ки барномањояш сабт мешаванд, тахассус доранд.
Дар умури мониторинг Би-Би-Си кормандон ба ду гурўњ људо мешаванд. Гурўњи аввал шабонарўзї барномањои радио ва телевизиони хориљиро гўш карда, љойњои муњимашро сабт мекунанд. Кормандони гурўњи дуюм сабтњои мазкурро мегиранд ва даќиќкорона људо карда, тањрир менамоянд. Маводи мазкур баъдан барои истифода ба каналњои алоќа ва чопи бюллетенњои њарўза ва њарњафтаинаи умури мониторинг дода мешавад.
Ба ѓайр аз шўъбањои ахбори Би-Би-Си ин иттилои муњимро идорањои гуногуни њукуматї, аз ќабили вазорати умури хориљї, идорањои хуфияи Британия, њар ду палатаи парламент ва ташкилотњои ба ин манфиатдор мегиранд. Умуман иттилои мазкур «ба шумораи мањдуди обуначиён дастрас аст» .
Дар назари аввал шўъбаи барномањои таълими забони англисї дар Корпоратсияи Би-Би-Си дуюмдараља менамояд. Вале дар асл чунин нест. Дарсњои забони англисї дар њаљми умумии барномањои радиоии Би-Би-Си њудуди 10 дар садро ташкил медињад. Шўъбаи мазкур њанўз дар давраи Љанги дуюми љањон – соли 1943 таъсис ёфтааст. Он ваќт барои шунавандањои аврупої дарси забони англисї пахш карда мешуд.
Дарсњои забони англисї ба 26 забонњои дигар тавзењ дода шуда, солњои 70-уми асри XX шўъбаи мазкури Би-Би-Си њафтае беш аз 200 соат барнома омода мекард. Одатан дарси забони англисї, ки умури љањонии Би-Би-Си ва умури минтаќавии он пахш мекунанд, бо беш аз 10 барномањои дигари омўзишии забон барои шунавандањои Аврупою Осиё пурра мегардад.
Фаъолияти ин шўъба сол аз сол густариш ёфта дар баробари пахши дарси забони англисї ба истењсоли пластинкаву кассетањо ва баъдан DVD, CVD шурўъ кардааст. Шўъба маљаллаи «Забони англисї бо радио ва телевизион»-ро интишор мекунад.
Њамчунин аз соли 1963 ин љониб барномањои вижаи телевизионии Би-Би-Си барои бинандагони хориљї пахш карда мешаванд.
Корпоратсияи Би-Би-Си дар пахши барномањо ба хориља дар Британия инњисоротро нигоњ медорад, вале дар дохили кишвар мавќеи мазкурро аз даст додааст. Ёдовар мешавем, ки Би-Би-Си њанўз соли 1922 барои радиошунавонї ва соли 1936 барои пахши барномањои телевизион дар дохили Британия иљозаи инњисорї гирифта буд. Сараввал телевизиони Би-Би-Си дар дохили кишвар мавќеи инњисориашро гум кард. Зеро тибќи ќоида ва оиннома Би-Би-Си њаќ надорад, ки рекламаи тиљоратї пахш бикунад. Барои сармоядорон бошад, телевизион ва радиое зарур буд, ки моли онњоро реклама бикунад. Аз ин рў, бо ташаббуси сармоядорон соли 1954 Парламенти Британия дар бораи таъсиси телевизиони тиљоратї ќонунро ба тасвиб расонд. Иљрои ќонуни мазкур ба ўњдаи Идораи телевизионњои мустаќил (Ай-Ти-Эй), ки ба тозагї таъсис ёфта буд, гузошта шуд. Идораи номбурда шабакаи стансияњои телевизионї дошт, ки онњоро барои истифодаи тиљоратї ба ширкатњо иљора дод. Ширкатњои «Эй-Ти-Ви», «Гранада», «Эй-Би-Си» ва ѓайра аз ин љумла буданд. Аз њамон ваќт раќобати шадид барои тамошобинон дар дохили кишвар байни Би-Би-Си ва Ай-Ти-Эй шурўъ шудааст. Дар ин раќобат аксаран телевизионњои тиљоратї дастболо мешуданд. Бинобар ин барои аз даст надодани бинандањо Би-Би-Си соли 1964 канали дуюми худро бо номи Би-Би-Си-II ифтитоњ намуд. Соли 1967 бошад, пахши доимии барномањои рангаи телевизиони Би-Би-Си шурўъ шуд. Бояд зикр кард, ки ба эфир додани барномањои таљрибавии ранга њанўз соли 1955 шурўъ шуда буд.
Дар соњаи радиошунавонии дохилї Би-Би-Си инњисоротро то аввали солњои 70-уми садаи XX нигоњ дошт, агарчї маъракањои таъсиси радиоњои тиљоратї њанўз солњои 50-ум шурўъ шуда буданд. Њукумат ба таъсиси чунин радиоњо иљозат намедод. Вале дар њамин њол шумораи радиоњои пинњонї, ки аз киштињои махсус љињозонидашуда, њавопаймоњо ва иншооти бањрї барномањои мусиќї ва реклама пахш мекарданд, меафзуд. Радиоњои «Рейдио Сити», «Рейдио Каролина» ва ѓайра аз машњуртарин радиоњои пинњонї мањсуб мешуданд. Соли 1966 парламент ќонуне ќабул кард, ки тибќи он фаъолияти чунин радиоњо манъ гардида, дар онњо кор кардани шањрвандони Британия мамнўъ буд.
Раќобат бо радиоњои пинњонї низ Би-Би-Си-ро водор кард, ки радиошунавонии дохилиашро таѓйир бидињад. Соли 1967 ба иловаи се барномаи мављуда Би-Би-Си барномаи чорумашро ташкил кард, ки он номи «Рейдио-I»-ро гирифт. Барномаи радиои мазкур аз ахбору мусиќї иборат буда, ба барномањои радиоњои пинњонї шабоњат дошт. Албатта, дар он реклама садо намедод.
Ин иќдоми Би-Би-Си ва манъи радиоњои пинњонї натиљаи дилхоњ надод. Дар Англия шумораи радиоњои пинњонии тиљоратї меафзуд. Њамчунин дар кишвар маъракањо барои таъсиси радиоњои минтаќавии тиљоратї оѓоз шуданд. Иштирокдорони онњо изњор медоштанд, ки барномањои минтаќавии Би-Би-Си талаботи рўзафзуни шунавандањоро ќонеъ карда наметавонанд.
Корпоратсияи Би-Би-Си ин даъворо ба назар гирифта, ба зудї ба таъсиси радиоњои мањаллї шурўъ кард. Аллакай соли 1971 вай 20 радиои мањаллї таъсис дод. Вале ин њама ба радиоњои пинњонї раќобат карда наметавонистанд.
Бањори соли 1971 њукумат эълон кард, ки дар мамлакат радиоњои тиљоратие таъсис дода мешаванд, ки аз њисоби даромад аз реклама фаъолият мекунанд. Соли 1972 дар заминаи Идораи телевизионњои мустаќил (Ай-Ти-Эй) Идораи пахши мустаќил (Ай-Би-Эй) таъсис дода шуд. Идораи мазкур ба масоили телевизион ва радиоњои мањаллии тиљоратї машѓул мешуд. Њамин тавр ду радиостансияи аввалини тиљоратї соли 1973 дар шањри Лондон таъсис дода шуд. Яке аз онњо — «Лондон бродкастинг компанї» ахбору реклама пахш мекард. Дар «Кэпитал рэйдио» бошад, радиоспектаклу мусиќї ва реклама садо медоданд. Њамчунин дар муддати на чандон тўлонї дар шањрњои дигар радиоњои «Бирмингем бродкастинг», «Пиккадели рэйдио» (Манчестр), «Рэйдио клайд»(Глазго) ва ѓайра таъсис ёфтанд.
Фаъолияти Би-Би-Си аслан аз маблаѓгузории њукумат ва фурўши барномањои радио ва телевизион сурат мегирад. Масалан, тибќи њисобот моњи марти соли 1975 даромади Би-би-Си беш аз 150 миллион фунт стерлингро ташкил дод . Соли 1976 бошад, вай 9 њазор соат барномањои телевизиониро ба 80 мамлакати љањон фурўхт. Ба ќавли Сўњроби Зиё, мудири дафтари душанбегии Би-Би-Си њамасола «то соли 2002 Сервиси љањонии Би-Би-Си беш аз 100 миллион фунт барои сармоягузорињо суд меовард» .
Њамчунин Би-Би-Си аз чопи матбуоти даврї, китобњо ва ѓайра даромад ба даст меорад. Масалан, соли 1976 аз фурўши «Рейдио таймс» ва «Лиснер» беш аз яку ним миллион доллар даромад кардааст. Вале, дар њамин њол бинобар бўњрони иќтисодї, таворуни пул ва ѓайра харољоти Би-Би-Си нисбат ба даромадаш зиёд шуд. Аз ин рў, вай њамон солњо маљбур шуд, ки барои коњиш додани харољот њаљми радиошунавониро кам кунад.
Чї тавре дар боло зикр кардем, Корпоратсияи Би-Би-Си нашрияњои худро низ дорад, ки ба забонњои гуногун ба табъ мерасанд. Аз љумла, њафтаномаи «Рейдио таймс» аз соли 1923 чоп шуда, тиражаш ба 3,5 миллион нусха мерасад. Дар нашрияи мазкур, пеш аз њама, барномањои дохилии радио ва телевизиони Би-Би-Си инъикос меёбанд. Њафтаномаи дигари Би-Би-Си – «Лиснер» ќариб 80 сол боз ба табъ мерасад, ки дар љабњањои гуногуни фаъолияти корпоратсия баррасї мегарданд. Њамчунин Би-Би-Си барои дар хориља пањн кардан маљаллањо чоп мекунад. Маљаллањои «Лондон коллинг» ва «Лондон коллинг- юропиен эдишн» аз ин љумлаанд. Њамзамон баъзе умурњои Би-Би-Си барои муштариёни хориљии худ маљаллањо чоп мекунад. Аз љумла, шўъбаи арабї маљаллаи «Њуна Лондон» (Ин љо Лондон)-ро ба табъ мерасонад. Ба ѓайри ин Би-Би-Си адабиёти гуногуни таълимиву маърифатиро чоп мекунад.
Чї тавре ќайд кардем, дар Би-Би-Си истифодаи рекламаи тиљоратї манъ аст. Вале дар њамин њол баъзе кормандони Би-Би-Си ин ќоидаро вайрон кардаанд. Соли 1973 дар ин бобат љанљоли сахте ба вуќўъ пайваст. Маълум шуд, ки як ќатор ширкатњои фурўши грампластинкањо ва баъзе овозхонон ба баранда ва продюсерњои барномањои дохилии радио ва телевизиони Би-Би-Си пул медодаанд, то ки сурудњои онњоро истифода бикунанд. Дар натиљаи чунин реклама теъдоди фурўши пластинкањо афзуда, даромади ширкатњо зиёд мешуд. Њамчунин овозхононе, ки сурудњояшон бештар дар Би-Би-Си садо медоданд, машњур мегаштанд.
Ќобили ёдоварист, ки Би-Би-Си оркестрњои бењтарин дорад. Истифодаи консертњои онњо барномањоро љолибу сершунаванда мекунад. Њамчунин аз тариќи Би-Би-Си барномањои гуногуни маърифативу таълимї, динї ва шавќовар пахш мешаванд. Барномањои омўзиши забонњо, ќироати «Таврот» ва «Инљил» аз ин љумлаанд. Барномањои дилхушкунанда аз солњои аввалини таъсиси радио садо медињанд, зеро нахустин раиси Корпоратсияи Би-Би-Си Љон Райт гуфта буд, ки аудиторияро тавассути барномањои фароѓативу шавќовар метавон љалб намуд .
Ширкати Би-Би-Си як коргоњи бузургест. Масалан, соли 1976 дар корпоратсияи Би-Би-Си ќариб 26 њазор нафар кор мекарданд. Аз љумла, дар радиошунавонии дохилї ва телевизион беш аз 22 њазор нафар фаъолият доштанд . Солњои баъдї шумораи кормандони Би-Би-Си боз њам афзуда ба 28 њазор нафар расид. Танњо дар Умури љањонии Би-Би-Си 1200 нафар журналистон кор мекунанд. Феълан аз рўи наќшаи роњбарияти ширкат то ба 20 фоиз кам кардани шумораи кормандони Би-Би-Си дар назар аст. Ин њудуди 6 њазор нафарро ташкил медињад, вале як ќисми кормандон ба маркази нави Би-Би-Си ба шањри Манчестер мекўчанд.
Ба ќавли мухбири бахши русии Радиои «Озодї» Наталя Голицына, ки ваќти корпартої гузориш дода буд, маъмурияти Би-Би-Си 3780 нафар кормандонашро ихтисор карданист .
Ин нияти маъмурият боиси норозигии кормандон гардид ва онњо 23 майи соли 2005 даст ба коршиканї заданд. Корпартоии 24-соатаи хабарнигорон ва кормандони техникии Би-Би-Си ба љараёни пахши барномањои радио ва телевизиони ширкат халали калон расонд. Ќаблан 4 ташкилоти иттифоќи касабаи ширкати мазкур дар бораи гузаронидани корпартої ќарор ќабул карда буданд. Корпартої ба нишони эътироз ба муќобили кам кардани шумораи коргарони ширкат гузаронида шуд. Дар корпартої зиёда аз 11 њазор кас иштирок намуданд, ки ин ќариб нисфи тамоми коргарони ширкат мебошанд .
Чї тавре ќаблан зикр кардем, бахши форсии Би-Би-Си 28 декабри соли 1940 таъсис ёфтааст. Ин шўъба барои он форсї ном гирифтааст, ки барномањояш ба мардуми Эрону Афѓонистон ва Тољикистон равона шудааст. Ба гуфти собиќ хабарнигори лондонии Би-Би-Си Шафќати Раљабиён «…ВВС метавон гуфт, танњо имтиёзаш њамин буд ва њаст, ки ин бахшњоро бо номи маснуие, ки барои ин забонњо сохтанд-тољикї, дарї људо накунанд ».
Њоло шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си њафтае беш аз 90 соат барнома пахш мекунад. Ахбори љањон ва тафсири рўйдодњои дунё аз муњимтарин барномањои радиои номбурда мањсуб мегардад. Њамзамон мавзўњои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангї дар барномањои Би-Би-Си баррасї мешаванд. Барномањои форсии Би-Би-Си на танњо дар Эрону Афѓонистон, Тољикистону Ўзбакистон, Покистону Њиндустон, балки дар Русияву кишварњои дигари аврупої шунаванда доранд.
Шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си ба бахши Афѓонистон ва Эрону Тољикистон људо мешавад. Дар бахши Афѓонистон ба забонњои дарї ва пашту барномањо тањия карда мешаванд. Дар бахши Эрону Тољикистон бошад, барномањо ба забони форсї омода мегарданд.
Аз соли 2004 ба ин љониб роњбарии шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си-ро Андрес Илвенси эстонї ба ўњда дорад. Ў ќаблан дар радиоњои «Аврупои озод»/«Озодї» ва «Садои Америка» кор карда, ба забони форсї балад аст. То ба ин ваќт Боќири Муин, зодаи шањри Нишопури Эрон ба ин шўъба мудирї мекард. Вай то ба Радиои Би-Би-Си омаданаш дар рўзномањо ва нашриёт ба њайси муњаррир кор карда буд. Боќири Муин њамон ваќт аз 56 соли умраш 28 солашро ба Радиои Би-Би-Си бахшида, њоло аз кори радиои мазкур барканор шудааст .
Дар ибтидои соли 2006 дар шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си дар Буш — њавс (Лондон) њудуди 60 нафар кор мекарданд. Аз љумла, бахши Афѓонистон аз 20 нафар, бахши Эрон аз 25 нафар ва бахши Тољикистон аз 2 нафар иборат буд. Умуман шумораи кормандони шўъба бо хабарнигорони мањаллиаш авали соли 2006 ба 150 нафар мерасид. Дар ин бора собиќ корманди шўъба Шафќати Раљабиён чунин гуфта буд: «Эњсоси масъулият хеле бузург аст, дар њоле ки теъдоди мо хеле кам аст, мо фаќат ду тан њастем ба унвони тањиякунандаи «Маљаллаи Осиёи Миёна» дар Лондон. Ва чанд нафари дигар дар Душанбе ва манотиќи мухталифи Тољикистон ва љањон ».
Ба ќавли собиќ мудири шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си Боќири Муин аввалин хабарнигоре, ки бо онњо њамкорї карда, аз Тољикистон гузориш додааст, журналисти шодравон Муњиддини Олимпур мебошад. Њамкории М. Олимпур бо Би-Би-Си охири соли 1989 шурўъ шудааст. Ў он ваќт мухбир ва аксбардори њафтаномаи «Адабиёт ва санъат» буд . Пас аз соњибистиќлол шудани Тољикистон бо ибтикори М. Олимпур дар Душанбе бюрои Радиои Би-Би-Си кушода шуд. Дар бюрои мазкур, ки роњбариашро М. Олимпур ба ўњда дошт, њамчунин Мардони Муњаммад (бахши ўзбекї) кор мекард. Соли 1995 ба бюрои душанбегии Би-Би-Си Нурмуњаммад Холзода, ки хабарнигори Телевизиони Тољикистон буд, ба кор омад. 12 декабри соли 1995 М. Олимпур дар Душанбе аз љониби силоњбадастони мухолифини Њукумати Тољикистон кушта шуд. (Нерўи сухан, 2004, 23 декабр). Соли 1996 Сўњроби Зиё (хабарнигори IRNA) ва Зарринаи Хушбахт (њунарпешаи Театри таљрибавии тамошобини љавони Душанбе — «Ањорун»), сипас дар солњои гуногун Шафаќати Раљабиён, Хуршед Андамов ва дигарон ба бюрои душанбегии Радиои Би-Би-Си ба кор омаданд.
Њоло дар бюрои душанбегии Радиои Би-Би-Си Сўњроби Зиё (мудири дафтар), Мардони Муњаммад (хабарнигори шўъбаи ўзбекї) Зарринаи Хушбахт (хабарнигор), Хуршед Андамов (хабарнигор дар вилояти Хатлон) Парвонаи Фирўз (хабарнигор дар вилояти Суѓд), Рањими Рањимиён (хабарнигор, масъули бахши интернетии дафтар) Искандари Фирўз (хабарнигор), Шамсияи Ќосим (хабарнигор), Зеваршоњи Муњаммад (масъули барномаи тафрењї) ва Анора Саркорова (хабарнигори шўъбаи русї) фаъолият доранд. Њамчунин то моњи марти соли 2006 Ќурбон Аламшоев хабарнигори Би-Би-Си дар ВМКБ буд. Пас аз баста шудани дафтари Би-Би-Си моњи октябри соли 2005 дар Тошканд яке аз хабарнигорони он- Матлуба Шоалиева ба Душанбе омад ва чанд муддат аз ин љо дар бюрои душанбегї гузориш тањия мекард. Дафтари Би-Би-Си дар Тољикистон аз муњимтарин љузъњои радиои номбурда мањсуб мешавад.
Дар таърихи Радиои Би-Би-Си бори аввал дар бахши форсї, дар Лондон Нурмуњаммад Холзода 2 сол кор кардааст. Њоло ў чанд сол боз мухбири Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодї» дар шањри Прага мебошад. Дар бахши форсии Радиои Би-Би-Си, дар Лондон аз охири соли 2000-ум то 10 январи соли 2006-ум Шафќати Раљабиён фаъолият дошт. Ў моњи марти њамон сол бо даъвати мудири бахши тољикии Радиои «Озодї» Маъсумаи Турфа ба кори ин радио гузашт ва њоло дар дафтари марказї хабарнигор аст. Сабаби аз Би-Би-Си рафтани Ш. Раљабиёнро як нафар аз њамкоронаш пеши мудирият ба манфиати тољикон зиёд њаќталошї карданашро медонад.
Аз моњи августи соли 2003 Оймањмад Саймуддинов (Эњсони Зарвон) низ дар офиси марказии Би-Би-Си кор мекунад.
Бахши форсии Би-Би-Си барои шунавандањо барномањои «Маљаллаи Осиёи Миёна», «Љоми љањоннамо», «Чашмандоз», «Барномаи тафрењии тољикї» ва «Барномаи нимарўзї»-ро пахш мекунад.
Ба ќавли собиќ мудири шўъбаи Радиои Би-Би-Си Боќири Муин кормандони радио бо эљоди барномањои вижа барои Тољикистон, Афѓонистон ва Эрон мекўшанд, ки ба ниёзи мардуми ин кишварњо посух бигўянд. «Онњо саъй мекунанд, масоили Осиёи Миёна ва кишварњое, ки он љо тољикон зиндагї мекунанд, барои тољикон пахш бикунанд. Масоили љањону масоили минтаќаро барои њама пахш намоянд ».
Аз аввали моњи ноябри соли 2003 барномаи «Маљаллаи Осиёи Миёна» 15 даќиќа зиёд шуда ба 30 даќиќа расид. Дар ин 15 даќиќаи иловашуда бештар мусиќии тољикї, афѓонї, эронї ва сурудњо пахш мешаванд. Њамчунин дар ин барнома рўзњои љумъа барномаи «Бозтоб: нигоње ба тањаввулоти Тољикистон» садо медињад. Аз аввали соли 2006 бошад, ваќти «Маљаллаи Осиёи Миёна» боз 15 даќиќа афзуда он ба 45 даќиќа расид.
Дар давраи љанги њамватании Тољикистон Радиои Би-Би-Си дар ќатори Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодї» ва «Садои Хуросон» барои шунавандањои Тољикистон яке аз манбаъњои нисбатан озоди иттилоъ мањсуб мешуд. Агар лањни ду радиои охирї нисбати рўйдодњои Тољикистон тунд бошад, дар барномањои Радиои Би-Би-Си ин чандон эњсос намешуд ва хабарнигорони вай бо лањни мулоим гузоришњои нисбатан объективї пахш мекарданд. Дар ин бора Боќири Муин, ки он солњо мудири шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си буд, мегўяд: «Њангоми даргирињои Тољикистон мо њамеша саъйамон баёни авзо буд. Мо дар ин љо хабарнигор доштем. Дар Тошканд ва Афѓонистону Эрон њам. Бо њамаи тарафњо дар тамос будем, назароти љонибњоро мунъакис мекардем. Аз роњбарони давлати Тољикистон, роњбарони мухолифин назар мегирифтем, назари коршиносони дохиливу хориљиро истифода мекардем. Агар мардум дар Тољикистон њам фикр кунанд, ки мо муваффаќ шудем, бояд хушњол бишавем, њатман иштибоњоте зиёде њам дар корамон доштем. Вале саъй кардем, ки бартараф бишавад ».
Дар њамин њол дар Радиои Би-Би-Си бахши форсї мавќеи муњим дошта бошад њам, дар тањияи барномањо ба шеваи тољикї кам ањамият дода мешавад. Дар офиси марказии Би-Би-Си тољикон ангуштшуморанд ва вобаста ба Тољикистон низ нисбат ба Эрону Афѓонистон камтар мавод пахш карда мешавад. Ин албатта, аз сиёсати геополитикии Британия вобаста мебошад.
То соли 1996 барномањои Радиои Би-Би-Си-ро дар Тољикистон танњо бо мављи кўтоњ шунидан мумкин буд. Моњи сентябри соли 1996 Њукумати Тољикистон барои пахши барномањои форсии Радиои Би-Би-Си аз рўи мављи миёнаи 1251 иљоза дод, ки ин шунавоии барномањоро бењтару осон кард . Ин иќдом имкон дод, ки шунавандагон дар Тољикистону Афѓонистон ва Эрон ба осонї бо радиоприёмникњои оддї низ барномањои форсии Би-Би-Си-ро гўш бикунанд.
Тибќи як ќарордод байни Ширкати «Телерадиоком» ва Ширкати Би-Би-Си, ки моњи декабри соли 2003 дар Лондон ба имзо расида буд, радиои мазкур моњи июни соли 2004 ба пахши барномањояш ба мављи FM шурўъ кард. Аз рўи шартномаи мазкур Ширкати Би-Би-Си ба Вазорати алоќаи Тољикистон 4 мављпахшкунак ба арзиши 120 њазор доллар тўњфа кард ва њар моњ барои пахши барномањо 5 њазор доллари ИМА хизматона мепардохт. Њамин тавр пахши барномањои Би-Би Си дар Душанбе аз моњи июни соли 2004 ба мављи 106,5 FM ва аз моњи октябри њамон сол дар Хуљанд бо мављи 106,10 шурўъ шуданд.
10 январи соли 2006 дар Тољикистон пахши барномањои шабонарўзии Радиои Би-Би-Си дар мављи FM, ки ба забонњои англисї, русї, форсї ва ўзбекї сурат мегирифт, ќатъ карда шуд. 1 сентябри соли 2005 Њукумати Тољикистон Низомнома «Дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият»-ро ба тасвиб расонид. Ба гуфти муовини аввали онваќтаи вазири алоќаи љумњурї Шералї Наљмиддинов тибќи ин низомнома Би-Би-Си барои пахши барномањояш бояд аз Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон иљозатнома бигирад. «Баъд аз он ки низомномаи нав тасдиќ шуд, бо дархости Кумитаи радио ва телевизион мо пахши барномањои BBC-ро аз рўи мављи FM ќатъ кардем» .
Ба ќавли мудири дафтари Би-Би-Си дар Тољикистон Сўњроби Зиё аз рўи низомномаи нав бояд умури Би-Би-Си дар Вазорати адлияи Тољикистон сабти ном шуда, сипас барои фаъолият аз Кумитаи телевизион ва радиои кишвар иљозатнома бигирад. 10 декабри соли 2005 муовини сарвазири Тољикистон Хайриниссо Мавлонова ба Кумитаи телевизион ва радио ва Вазорати алоќаи љумњурї мактуб фиристода, талаб кард, ки дар мўњлати як моњ барои пахши барномањо иљозатнома гирифта шавад. Вагарна пахши барномањо дар мављи FM ќатъ карда хоњанд шуд. «Мўњлате, ки барои ин кор њукумат пешнињод кард, барои амалї намудани сабт хеле кўтоњ буд ва мо натавонистем иљозатнома бигирем», гуфт С. Зиё аввали моњи январи соли 2006 .
Бояд гуфт, ки њанўз 22 декабри соли 2005 директори генералии Умури љањонии Ширкати Би-Би-Си Найљел Чэпмен бо мактуби расмї ба вазорати умури хориљии љумњурї ва Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон мурољиат карда, хоњиш намуда буд, ки мўњлати барои иљозатномадињиро тамдид бикунанд.
Пас аз як њафтаи ќатъи пахши барномањо дафтари душанбегии Би-Би-Си тавассути матбуот баёния пањн намуд. Дар он гуфта мешавад, ки Би-Би-Си раванди баќайдгириро шурўъ кардааст, вале 20 рўзи људошуда барои ин амал кофї нест ва одатан барои ин кор то 6 моњ зарур аст. Аз ин рў, дар баёния аз маќомоти Тољикистон хоњиш шудааст, ки ба зуддї пахши барномањо дубора аз сар гирифта шавад .
Воќеан, роњбари департаменти Аврупо ва кишварњои собиќи шўравии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» Аннабела Акї дар робита ба ин масъала дар як сўњбаташ ба хабарнигори Радиои «Озодї» чунин гуфтааст: «…барои онњо мушкил аст, ки тамоми њуљљатњои лозимиро дар фурсати кўтоње љамъ оваранд ва аз њамин аст, ки пахши барномањои Би-Би-Си рўи мављи FM муттаваќиф шуд» .
Ба гуфти муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон Абдурањмон Абдуманнонов ба Радиои Би-Би-Си мўњлат дода шуда буд, ки дар давоми он бояд сабти ном мешуданд. Воќеан, мо дар бораи гирифтани иљозатнома бо мактуби расмї ба Радиои Би-Би-Си мурољиат накардаем, зеро худи онњо ѓайриќонунї фаъолият карданашонро медонистанд, мегўяд ў. Ба ќавли А. Абдурањмонов «масъалаи иљозатномадињї ба Радиои Би-Би-Си бояд дар сатњи байнињукуматї њал шавад» .
Баъдан ин гуфтањоро раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон Асадулло Рањмонов дар нишасти матбуотї тасдиќ карда гуфт, ки барномањои Радиои Би-Би-Си рўи мављи FM ѓайриќонунї пахш мешуд ва аз ин рў, барои муваќќатан боздоштанаш тасмим гирифта шуд. Ба ќавли А. Рањмонов «…масъулони Радиои «Би-Би-Си њанўз шаш моњ пеш огоњ буданд, ки бояд аз Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон иљозаи пахш гиранд» .
Воќеан њам, тибќи банди 3-юми боби 52-юми Низомнома «Дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» маќоми иљозатномадињанда барои фаъолияти соњаи телевизиону радио ва истењсоли мањсулоти аудиовизуалї Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин шудааст. Аз рўи талаботи банди 12-уми њамин боб пахш намудан(пахш ва пахши интиќоли)-и барномањои ташкилотњои радиотелевизиони хориљї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон дар сурати мављуд будани иљозатномаи маќоми иљозатномадињанда ва дар асоси созишномањои байнидавлатї дар бораи њамкорї дар соњаи телевизиону радио ва мутобиќи ќарордоди байни ташкилотњои радиотелевизионии ватанї ва хориљї сурат мегирад .
Пас аз ќатъ кардани пахши барномањо рўи мављи FM намояндагии душанбегии Радиои Би-Би-Си њамаи њуљљатњои заруриро барои сабт ба вазорату идорањои дахлдор супорид. Вале ба ќавли Сўњроби Зиё, мудири дафтар пас аз гузаштани 6 моњ, 26 июни соли 2006 Вазорати адлияи Тољикистон Намояндагии Би-Би-Си-ро сабти ном кард .
Њол он ки тибќи моддаи 9-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи матбуот ва воситањои ахбори омма» сабти номи ВАО тўли як моњи мурољиат ба маќомоти нотариалии мањаллї сурат мегирад .
Дар мављи FM ќатъ кардани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си боиси њангомаи калон гардид. Аз љумла, сафири Британияи Кабир дар Тољикистон Грэм Лотен аз ќатъ гардидани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си рўи мављи FM изњори нигаронї карда, ба Вазорати умури хориљии Тољикистон ёддошт фиристод .
Намояндаи ваколатдории ИМА дар штаб-квартираи Созмони амнияту њамкорї дар Аврупо Кайл Скотт низ аз ин амал изњори нигаронї карда, гуфт: «ИМА умед бар он мебандад, ки ќатъ кардани радиошунавонии Би-Би-Си дар Тољикистон характери муваќќатї дорад» .
13 феврали соли 2006 сафири Иттињоди Аврупо дар Тољикистон Адриан Хендрик Ван Дер Меер њини мулоќот бо президенти љумњурї Эмомалї Рањмонов дар ќатори дигар масъалањо ќатъ гардидани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си-ро рўи мављи FM баррасї намуд. Ба ќавли сафир «президенти Тољикистон ваъда додааст, ки дар њалли ќазия мусоидат мекунад» .
Муассис ва сармуњаррири њафтаномаи «Миллат» Адолат Умарова низ бо чопи як маќолае аз ќатъ гардидани пахши барномањои Би-Би-Си дар мављи FM таассуф мехўрад: «Ба њар сурат њайф аст, њайф ки дар шароити густариши бесобиќаи расонањои ѓайритољики садои BBC хомўш мешавад. Њадди аќал барои он ки бо забони форсї буд, тољикї буд» .
12 январи соли 2006 вобаста ба ќатъ гардидани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си рўи мављи FM дар Радиои «Озодї» гузорише садо дод. Дар он ба ќавли мудири дафтари Би-Би-Си дар Душанбе Сўњроби Зиё сафири Британия дар Тољикистон Грэм Лотен дар вохўрї бо роњбарияти Вазорати умури хориљии љумњурї аз ин иќдом изњори нигаронї карда, гуфтааст, ки барои баќайдгирии намояндагии Би-Би-Си дар Вазорати адлияи кишвар аз 3 то 6 моњ зарур аст. Ў таъкид кардааст, ки пахши барномњои Би-Би-Си бояд тўли 3 рўз аз нав шурўъ гарданд, вагарна мо инро иќдоми сиёсї медонем.
Дар њамин њол ба гуфти муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон Абдурањмон Абдуманнонов ќатъ кардани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си дар мављи FM ягон њадафи сиёсї надорад.
Њамон шом Радиои «Садои Хуросон» низ дар ин мавзўъ гузорише пахш кард. Дар гузориш аз ќавли Сўњроби Зиё дар бораи нигаронии Сафири Британия дар Тољикистон наќл гардид ва таъкид шуд, ки агар тўли 3 рўз пахши барномањои Би-Би-Си шурўъ нашаванд, ин амали сиёсї дониста мешавад .
Њамин тавр расонањои хориљї ќатъи ќонунии пахши барномањои Радиои Би-Би-Си-ро дар мављи FM њангома мекарданд.
Маќомоти Вазорати адлияи Тољикистон дар нишасти матбуотии 18 январи соли 2006 дар робита ба ин мавзўъ гуфтанд, ки намояндагии Би-Би-Си барои дубора аз сар гирифтани барномањояш рўи мављи FM бояд аввал дар вазорати номбурда сабти ном шавад ва баъдан барои гирифтани мављ мурољиат намояд.
Љумъа Давлат, мудири шўъбаи њуќуќии дастгоњи иљроияи раиси љумњур дар њамин нишасти матбуотї гуфт: «Барои пахши барномањо ду навъ иљоза даркор аст: Яке аз кумитаи телевизион ва радио барои оѓози барномањо (барои оѓози фаъолият- М.М.) ва дигаре аз Вазорати алоќаи Тољикистон барои иљораи мављ» .
Созмони «Гузоришгарони бидуни марз», ки аз матбуоти озод њимоят мекунад, низ аз ќатъ гардидани пахши барномањои Би-Би-Си рўи мављи FM дар Тољикистон 25 январ бо пахши як баёния изњори нигаронї кард. Роњбари департаменти Аврупо ва кишварњои собиќи шўравии созмони мазкур Аннабела Акї ба хабарнигори Радиои «Озодї» гуфтааст: «…маќомоти расмї бањонањои бюрократиро истифода мекунанд, ки барои расонањои хориљї ва мустаќил дар пахши барномањо ва инъикоси њодисањо дар Тољикистон мушкил эљод намоянд. Дар ин кишвар муќаррароти расмї барои матбуот бисёр печида аст ва имкон намедињад, ки расонањо то замони муќарраршуда худро сабти ном кунанд .
Роњбари департаменти Аврупо ва кишварњои собиќи шўравии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» Аннабела Акї аз он изњори нигаронї кардааст, ки маќомоти Тољикистон мехоњанд ба матбуот фишор оваранд, то ки онњоро дар остонаи интихоботи президентии моњи ноябри соли 2006 зери назорат худ дароваранд.
Корманди шўъбаи иттилоотиву тањлилии дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон Мањмуд Сараев дар як нишасти матбуотї, ки охири моњи январи соли 2006 баргузор гардид, эътирозњои Би-Би-Си ва сафорати Британияро вобаста ба ќатъи пахши барномањои радиои номбурда рўи мављи FM бепоя хонд: «Азбаски имрўз созишномаи байналмилалї миёни Тољикистону Британия ё њадди аќал миёни Би-Би-Си ва Кумитаи телевизион ва радио ба имзо нарасидааст, мо дар њамин замина рафтор кардем» .
Чаро Радиои Би-Би-Си ин ќадар ба пахши барномањояш ба мављи FM талош мекунад? Мављи FM барои шунавандагон бештар дастрас аст ва ин имкон медињад, ки фазои таъсиррасонї ба мафкураи одамон тавсеа ёбад. Ин дар навбати худ барои амалї кардани ањдофи асосии радио, ки тарѓибот барои дигар намудани мафкураи ањолии кишварњои хориљї ба манфиати Британия аст, мусоидат менамояд. Аз љумла, дар ин бора журналист Бењрўзи Забењулло мегўяд: «…пахши барномањои шабонарўзии Радиои Би-Би-Си рўи мављи FM, пахши барномањои мўди урупої, рўзномањои мухталиф ба забони ѓайридавлатї ва ѓайраву њоказоро метавон худ як навъ мусоидат ва њамбастагињои нерўњои дохилї дар раванди тањољуми фарњангии бегонагон арзёбї кард».
Дар сохтори Ширкати Би-Би-Си Шабакаи интернетии Би-Би-Си-Ай, ки ќаблан номи Би-Би-Си Онлайнро дошт, мавќеи муњим дорад. Њоло вай яке аз пурмуштаритарин вебсайтњо ё сањифаи вижаи интернетї мањсуб мешавад, ки моње беш аз 660 миллион нафар дар гўшаву канори олам аз он назар мекунанд. Њанўз соли 1991 дар интернет нишонии Би-Би-Си бо унвони bbc.co.uk пайдо шуд. Оѓози расмии BBC Online (Би-Би-Си Онлайн) моњи декабри соли 1997 шурўъ шудааст. Аммо нахустин маротиба барномањои радиоии Би-Би-Си аз соли 1996 дар Интернет пахш мешаванд.
Сайти форсии Би-Би-Си (bbcpersian.com) моњи майи соли 2001 дар Интернет пайдо шуд, ки вай аз 5 сањифаи људогона иборат аст. Дар сањифањои ин сайт метавон ахбори љањону минтаќа, ахбори Эрон, Афѓонистон, Тољикистон, маводи сиёсиву иќтисодї, фарњангию њунар, илму техника ва ѓайраро хонд. Ба ќавли мудири дафтари Би-Би-Си дар Тољикистон соли 2003 моње њудуди 4 миллион маротиба ин сайт аз љониби муштариён боз карда мешуд .
Шафќати Раљабиён, собиќ хабарнигори лондонии Радиои Би-Би-Си низ дар ин бора мегўяд: «… сайти бахши форсии Би-Би-Си дар Интернет воќеан хеле фарогир аст. …Омор нишон медињад, ки бењтарин сайти форсї дар љањон аз лињози пурхонанда будан аст. Дар тўли як рўз сесад њазор бор он сањифа боз мешавад. Бо вуљуди ин Интернети мо дар бахши форсї боз андозае вобаста ба радио аст» .
25 январи соли 2006 Радиои Би-Би-Си хабар дод, ки сайти форсиаш дар Эрон баста шудааст. Њамон рўз роњбарияти Ширкати Би-Би-Си аз Њукумати Эрон дархост намуд, ки сайти форсиашро дар њудуди кишвар боз намояд. Аз рўи маълумоти умури Интернетии Би-Би-Си Нюс тўли 3 рўз шумораи хонандагони сайти форсї — BBCPersian.com якбора кам шуд. Ба ќавли муњаррири сайти мазкур Сима Алинаљод теъдоди хонандагон якбора аз се як њисса кам шуданд. Бастани сайт аз музофотњои Эрон сар шуда, сипас ба пойтахт-Тењрон расид. Шоми 24 январ сайти форсї танњо барои якчанд интернет-провайдерњо дастрас буду бас. Дар њамин њол дастрасї ба сайти англисии Би-Би-Си халалдор нашудааст.
Роњбарияти Би-Би-Си аз ин изњори нигаронї намуда, изњор карданд, ки «Баста шудани сайти мазкур истифодабарандагони эронии интернетро аз дастрасї ба иттилои воќеиву беѓараз мањрум намуд» .
Дар њамин њол Њукумати Эрон вобаста ба талаби Би-Би-Си вокунише нишон надод. Вале муовини расонаии равобити умумии Вазорати иртиботот ва фановарии иттилооти Эрон Масъуди Фотењ ба хабаргузории «Кор»-и Эрон гуфтааст, ки ин ба хотири љилавгирї аз нашри «матолиби куфромез ва мухолифи мавозини исломї, ихонат ба дини ислом ва муќаддасоти он, ишоъа ва таблиѓи гурўњњо ва ањзоби ѓайриќонунї» сурат гирифтааст .
Сайти форсии Би-Би-Си 5 сол дар Эрон фаъол буд ва дар ин давра садњо сайти интернетї дигар дар ин кишвар баста шуданд. Андрес Илвес, мудири бахши форсии Радиои Би-Би-Си аз њодисаи мазкур изњори нигаронї карда гуфтааст, ки маро њанўз ба муносибати 65-солагии таъсиси бахши форсї (декабри соли 2005) пурсида буданд, ки «Чаро љумњурии исломї сайти Би-Би-Си-ро филтр намекунад?» Ман он ваќт чунин посух дода будам: «Чаро сайти бетараф, омўзанда, хабарї ва мубтанї бар воќеият филтр шавад?».
Аз рўи омори Би-Би-Си сайти форсї аз мањбубтарин сайтњо буда, моње аз он њудуди 30 миллион нафар истифода мекарданд.
Ба ќавли раиси Умури љањонии Би-Би-Си Найљел Чэпмен сайти форсї аз манбаи аслии ахбор барои эрониён буд ва моње њудуди 7 миллион нафар вуруди он мешуданд .
Умури љањонии Би-Би-Си кўшиш мекунад, ки дар журналистикаи байналхалќї стандарти худро чун умури њамаљонибаи ахбор барои аудиторияи глобалї љорї намояд. То авали соли 2006 аудиторияи умури мазкур 150 миллион нафар буд ва барои онњо ба 43 забон дар мављњои кўтоњ, АМ ва FM барномањо пахш мекард.
Аз соли 1995 Би-Би-Си ба радиои раќамї гузаштааст, ки ин сифати шунавоии барномањоро бењтар мекунад. Ин имкон медињад, ки радиоро дар хонаву автомобил бе ягон мушкилї муштариён гўш бикунанд. Радиоњои мазкур тавассути спутникњои раќамї низ дастрас аст. Њоло 7 радиостансия ва Умури љањонии Би-Би-Си барномањои худро ба тариќи раќамї пахш мекунанд.
Радиои 1-уми Би-Би-Си аз ин љумла аст. Чї тавре ки ќаблан гуфта будем, вай соли 1967 таъсис ёфта, аслан барномањои ахбору мусиќї дорад ва барои љавонон пешбинї шудааст. Дар радиои мазкур бењтарин ва навтарин суруду мусиќї ва раќсњо аз консерту фестивалњо садо медињанд. Њамчунин дидљейњо барои шунавандагон мусиќии алтернативиро пешкаш мекунанд. Дар радиои мазкур ахбор низ аз барномањои асосї мањсуб мешавад. Њоло солона беш аз 310 соати барномањои радиоро ахбори рўзмарра ва варзишї ташкил мекунанд. Дар ин радио њамчунин шунавандањо аз таљрибањои худ наќл мекунанд ва тавассути барномањо маслињатњои муфид мегиранд.
Дар радиои мазкур солњои 2004-2005-ум ба мусиќињои тахассусї тавваљљўњи хоса дода шуда буд. Дидљейњои бењтарин аз ќабили Крис Мойлз, Сара Кокс, Колина ва Эдит барномањои нави мусиќиро бо ахбор пайвастанд, ки барои шунавандањои љавон хеле хуш буд.
Радио дар љалби истеъдодњои љавон ба олами мусиќї сањми арзанда дорад. Дар барномањо овозхонони љавон бори аввал њунарнамої кардаанд.
Радиои 1-уми Би-Би-Си аз њамаи бузургтарин фестивалњои мусиќии Британия барномањои вижа омодаву пахш мекунад. Агарчї дар барномањо ба пахши мусиќии британї афзалият дода мешавад, вале шунавандањо аз мусиќии хориљї низ бебањра намемонанд. Масалан, тўли солњои гузашта барномањо аз Конфронси зимистонаи мусиќї дар Майамї ва Фестивали мусиќии Барселона пахш гардиданд.
Дар тањияи барномањо 60 дар сади маводро мусиќї ташкил карда, 40 фоизи он аз мусиќии бритонї ва нав иборат аст.
Радиои 2-юми Би-Би-Си низ ахбору мусиќавї аст. Аз он мусиќињои гуногун садо медињанд. Мусиќии сабуки классикї, халќї дар иљрои бењтарин оркестрњо дар барномањои радиои номбурда пахш мегарданд. Дар Радиои 2-юми Би-Би-Си аз се ду њиссаи барномањоро мусиќї ташкил мекунад, ки ин беш аз 1000 соат дар як сол аст.
Дар радиои мазкур мусиќињои мустаќим аз консерту фестивалњо садо медињанд. Масалан, аз Фестивали халќии Кембриљ ё консертњо барномањо тањия мегарданд. Шоми љумъа аз радио барномаи «Мусиќии шомгоњї» ва «Хати бузург» (оркестр) садо медињанд.
Њамчунин аз радио ахбор, филмњои хуљљатии радиої, мазњака, хонишњои бадеї, барномањои динї ва ѓайра пахш мешаванд. Дар њамин њол бањсњо оид ба санъат ва мусиќї маќоми хоса доранд ва тўли соли гузашта беш аз 100 соати барномањо ба ин мавзўъ бахшида шуда буд.
Кормандони Радио-и 2-юми Би-Би-Си кўшиш мекунанд, ки тавассути барномаву мусоњибањо аудиторияи гуногунро ба худ љалб бикунанд.
Ахбори радио аз љумла, ба аудиторияи оммавї нигаронида шуда, њаљми солонаи он беш аз 600 соат аст. Барномањои ахбор тўли њар соат пахш мешаванд.
Радио ба њаёти донишљўён таваљљўњи хоса медињад. Барои онњо барномањо омода мекунад. Махсусан, дар моњи август, пас аз имтињоноти дохилшавї, мусоњибањо бо донишљўён ва довталабони ноком, волидони онњо садо медињанд. Њамчунин радио бо омўзгорон ва мактаббачањо, ки ба мусиќї таваљљўњ доранд, иртибот мегирад.
Барномањои динї ба пањлўњои гуногуни адён, проблемањои имрўзаи он ва фарњанги динї бахшида мешаванд. Њаљми солонаи барномањои динї беш аз 150 соатро ташкил мекунанд.
Филмњои њуљљатии радиої шоми шанбе ва сешанбе садо медињанд, ки ба фарњанг ё таърихи ягон проблемаи актуалї бахшида шудаанд. Њамчунин филмњои мазкур аз фарњанги хориљї аз ќабили Африкаи Љанубї, 40-солагии Акти америкоии њуќуќњои инсон наќл мекунанд.
Радиои 3-юми Би-Би-Си низ радиои ахбору мусиќї буда, доираи фарохи мусиќї, драма ва бањсњои иттилоотиро дар бар мегирад. Ба ѓайри мусиќии классикї дар радиои мазкур «љаз» ва мусиќињои нав садо медињанд. Ба номањои шунавандањо, ки барномањои мусиќї аз рўи онњо тањия мегарданд, таваљљўњи хоса дода мешавад. Радио аз фестивалњои мусиќї ва консертњо барномањо тањия мекунад. Дар барномањо оркестрњои худи Ширкати Би-Би-Си ва оркестрњои мустаќили машњур баромад мекунанд. Тўли соли гузашта беш аз 50 дар сади барномањои мусиќї мустаќим буда, њудуди 300 консерт садо додааст. Њамчунин соли гузашта беш аз 150 консерти мусиќии камеравї пахш шудааст.
Радио барои љалби шунавандањо аз усулњои гуногун истифода мекунад. Дар барномањо муколама бо овозхонон ва шунавандањо садо медињанд. Њамчунин барномањои вижаи мусиќиву маърифатї пахш мешаванд. Дар барномањо овозхону мусиќачиёни љавон дастгирї меёбанд. Ба онњо имконият дода мешавад, ки њунари худро тавассути радио муаррифї бикунанд. Барои радио мусиќї сарњад надорад. Аз ин рў, дар барномањо бењтарин мусиќињои хориљї низ садо медињанд, то шунавандаи британиро бо санъати љањонї шинос бикунад. Њамасола дар Рўзи љањонии мусиќї Радиои 3-юми Би-Би-Си радиоњозирин доир менамояд, ки дар он бевосита садои иштирокчиёни ин љашн мустаќиман пахш мешавад.
Радиои 4-уми Би-Би-Си аз стансияњои асосии ширкат буда, дар он барномањои гуногуни љолиб дар мавзўи санъат, таърих, сиёсат, бизнес, илм ва тандурустї пахш мешаванд. Аз радиои мазкур њамчунин мазњакаву драма садо медињанд. Бюллетенњои ахбории радио ва барномаи «Имрўз» асоси барномахои Радиои 4-умро ташкил медињанд.
Барномањои «Ќонун дар амал», «Табиат», «Њодиса», «Лабиринт» ва ѓайра мавзўњои гуногунро дар радио баррасї мекунанд. Њамчунин дар барномањои «Клуби китоб», «Китоби кушода» назму наср мавзўи сўњбат ќарор мегирад. Дар радиои мазкур барномаи нимсоатаи вижа оид ба санъату фарњанг низ садо медињад. Бояд гуфт, ки радио барои љалби муаллифони љавон ба њамкорї таваљљўњи хоса медињад. Масалан, аз чор як њиссаи драмањое, ки соли 2005 аз радио пахш шуданд, ба ќалами муаллифони ба аудитория ноошно тааллуќ доштанд. Соли гузашта радио беш аз 260 соат мазњакаро, ки бори аввал садо медоданд, пахш намуд. Дар маљмўъ аз тариќи радио беш аз 760 соат драма ва хонишњои бадеї садо доданд. Барномањои динии радио бошад, соле беш аз 170 соатро ташкил мекунанд.
Радиои 4-уми Би-Би-Си њамчунин ба проблемањои љањонї таваљљўњи зиёд зоњир менамояд. Аз љумла, соли гузашта оид ба вазъи Шарќи Наздик, 10-солагии генотсид дар Руанда ва ѓайра барномањо пахш шуданд. Лауреати мукофоти Нобел, нависандаи Нигерия Уол Сайкин аз радиои мазкур дар бораи терроризм ва хавфи он лексия хонд.
Ахбори «Дейли нюс» барномаи асосии радиои номбурдаро ташкил медињад. Њаљми умумии ахбори солона ба 1850 соат мерасад. Барномањои сиёсї, тиљорат ва бизнес низ дар радио мавќеи муњим доранд.
16 январи соли 1991, ваќте ки ахбори нимашабии Радиои 4-уми Би-Би-Си ба эфир баромад, нерўњои иттифоќчиён Ироќро бомбаборон мекарданд. Барномаи мазкур паињам беш аз 4 соат садо дод. Субњи 17 январ умури доимии иттилооти Љанги Халиљи Форс аз тариќи Радиои 4 FM ба пахши ахбор шурўъ кард, ки он то 2 март идома ёфт. Ин амал њадафи сиёсї дошт, агарчи њамон ваќт инро мунаќќид Љиллиан Рейнолдс дар рўзномаи «Дейли телеграф» бењуда масраф кардани маблаѓ номида буд .
Пас аз анљоми муноќишаи Халиљи Форс дурнамои Радиои 4-уми Би-Би-Сиро ба назар гирифта, пахши барномањои он дар мављњои дароз ва FM ба роњ монда шуданд.
Ба ќавли собиќ мудири бахши форсии Радиои Би-Би-Си «Радиои Чањоруми Би-Би-Си, ки бештари барномааш сўњбатњои љиддї ва омўзишї аст, 20-30 миллион шунаванда дорад» .
Радиои 5-уми Би-Би-Си, ки мустаќиман садо медињад, 28 марти соли 1994 ба пахши барномањояш шурўъ кард. Барномањои вай дар мављи миёна пахш мешаванд. Ахбори интеллектуалї ва варзишии радио барои аудиторияи мухлисони 25- 44-сола нигаронида шудааст. Ахбор барномаи асосї буда, 70 фоизи њаљми умумии радиошунавониро ташкил мекунад. Аз љумла, соле ќариб 6000 соат ахбори минтаќавї, миллї ва байналхалќї аз тариќи Радиои мустаќими 5-уми Би-Би-Си пахш мешавад. Гузоришњо аз љои рўйдод, ахбори муњим ва мубоњисањо оид ба ахбори навин мањаки асосии барномањои мазкурро ташкил медињанд.
Барномањои сиёсї, ки хабарнигори Радиои 5-ум Љон Пианар мебарад, хеле љолиб мебошанд. Радио соли гузашта њудуди 50 соат радиофилмњои њуљљатиро пахш кард. Њамчунин пахши барномаи наве шурўъ шуд, ки шунавандањоро бо масоили молия, бизнес ва истеъмолот шинос мекунад. Радиои мустаќими 5-ум барномаи «Варзиш экстра» -ро низ пахш мекунад.
Радиои 6-мусиќї пурра барномањои мусиќї ва навиди олами мусиќиро пахш мекунад. Барномаи «Шоуи нањории Фил Љупитус», ки њар субњ аз соати 7 то 10 садо медињад, аз љолибтарин барномаи шабакаи мазкур мањсуб мешавад. Њамчунин аз радиои мазкур филмњои мусиќавї (филм-консертњо), барномањои «Бозї бо мухлисон» (викторина), «Рўйдод», «Муаррифї», «Шумо чї мегўед?» ва ѓайра пахш мешаванд.
Радиои Би-Би-Си –7 аз навтарин радиоњои раќамии Би-Би-Си мањсуб мешавад, ки шабонрўзе 24 соат барнома пахш мекунад. Ин шабака бењтарин мазњака ва драмањоро њамарўза дар барномањои худ љой медињад. Њамчунин њамарўза барномањоро барои кўдакон пахш мекунад. Аз љумла, њар рўз, пас аз зўњр аз соати 4 то 6 барномаи мустаќими муколамавї, ки аз мусоњиба, пурсишномањои санљишї, бозї, мусиќї ва ѓайра иборат аст, барои кўдакони аз 9 то 11-сола садо медињад. Барои кўдакони аз ин хурдсол њар субњ барнома пахш мешавад.
Ба ѓайр аз ин радиоњои 1-экстра, Шабакаи осиёии Би-Би-Си фаъоланд.
Ќобили зикр аст, ки ба ѓайр аз радиоњои номбурда Корпоратсияи Би-Би-Си боз дар Британия 40 радиои мањаллї дорад.
Њамчунин Ширкати Би-Би-Си 10 канали телевизиони байналхалќии тиљоратї ва 8 канали дохилии телевизионї барои Британия дорад.
Канали љањонии Би-Би-Си (BBC World) шабонарўзе 24 соат барномањои иттилоотї пахш мекунад.
Канали Би-Би-Си Америка (BBC America) барои Америка барнома пахш мекунад.
Канали байналхалќии фароѓатии Би-Би-Си (BBC Prime).
Канали Би-Би-Си Канада (BBC Canada) мазњака, драма ва њаёти одамонро намоиш медињад.
Канали кўдаконаи Би-Би-Си (BBC Kids) барои Канада буда, аз аввалин канали кўдаконаи байналхалќї мањсуб мешавад.
Канали ѓизоии Би-Би-Си (BBC Food) телевизиони байналхалќии тиљоратии Би-Би-Си оид ба хўрокворї мебошад.
Канали Сайёраи њайвонот (Animal Planet) оид ба табиат, ќиссањои саргузаштї ва аз ќиссањои воќеии инсону табиат барномањо пахш мекунад.
Канали Одам +санъатњо (People + Arts) барои тамошобинони Америкаи Лотинї пешбинї шуда, ќиссањои воќеии њаётї, таърихи њаёти шахс, барномањои минтаќавию байналхалќї ва триллерњо намоиш медињад.
Телевизиони Британияи Кабир (UKTV Austraila) ягона каналест, ки бењтарин дастовардњои британиро барои Австралия пахш мекунад.
Телевизиони Би-Би-Си Япония (BBC Japan) канали фароѓатї буда, дар он мазњака, драма ва барномањо барои кўдакон пахш мешаванд, ки барои тамошобинони Япония равона шудааст.
Би-Би-Си дар дохили Британия бо ин каналњои телевизионї барнома пахш мекунад:
Би-Би-Си 1, Би-Би-Си 2, Би-Би-Си-3, Би-Би-Си 4, Си-Би-Би-Си (CBBC), Си-Бибиес (CBeebies), Би-Би-Си ахбор 24 (BBC News 24), Би-Би-Си парламент (BBC Parliament).
Ба ќавли Боќири Муин, собиќ мудири шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си дар бисёре аз кишварњои Ѓарб, ки 10 –15 сол аз мамолики Осиёи Миёна пешраванд, наќши радио њанўз аз байн нарафтааст. «Њанўз њам яке аз нигоњњои гузоришњои хабарї ва тањлилї аз пуршунавандатарин радио аст. Радио њирфаитар ва ба истилоњ наќшаш мушаххастар мешавад. Ба ин маъно, ки барои гурўњњои мухталифи синфї, гурўњњои мухталифи иддаї барномарезї бояд бикунад» .

Фасли 3
БИ-БИ-СИ ВА ЉАНГИ ИТТИЛООТЇ

Аз рўи њадаф воситањои иртибот дар 3 самт метавонанд истифода шаванд:
— дар мубориза бар зидди нуќтаи назари бегона;
— коњиш додани ин нуќтаи назар;
— расонидани тафсири худ.
Бояд гуфт, ки дар ваќти љанги иттилоотї аввал фазои иттилоотї, ё чи хеле ки мегўянд, ќудрати иттилоотї ба даст гирифта мешавад ва баъд ќудрати воќеї (њукумат)-ро мегиранд.
Муњаќќиќи љанги иттилоотї Н. А. Брусницын менависад, ки дар давраи шўравї дањњо радиостансияњои хориљї ва дар навбати аввал «Озодї», «Садои Америка», Си-Би-Эс, Би-Би-Си, «Мављи Олмон» шабонарўзе беш аз 100 соат барои СССР ба забони русї ва дигар забони халќњои он барнома пахш мекарданд. Њоло низ ин амал барои кишварњои ИДМ идома дорад. Ин стансияњо дар кори худ нуќтаи назари расмиро тањриф намуда, ба шунавандањо фањмиши худро оид ба раванди руйдодњо бор мекунанд. Дар байни кормандони ин радиоњо љосусони идорањои кашшофї дар ниќоби журналистон фаъолияти худро пеш мебаранд. Яъне хадамотњои кашшофї воситањои ахбори оммаро њамчун олоти сиёсати худ истифода мекунанд .
Давлатњои абарќудрат барои амалї намудани њадафњои худ аз љанги психологї истифода мекунанд. Аз љумла, соли 1991 ИМА ва иттифоќчиёни вай дар амалиёти «Тўфон дар биёбон» нисбати Ироќ аз љанги психологї ба таври васеъ истифода карданд. Намудњои асосии таъсиррасонии психологї телевизиону радио, тарѓиботи шифоњї ва чопї буд. Барои пахши барномањои шабонарўзї ба Ироќ дар территорияи Арабистони Саъудї ретрансляторњои радиостансияњои «Садои Америка» ва Би-Би-Си гузошта шуда буданд. Ширкати Би-Би-Си барои тавсеаи тарѓибот барномањои арабиашро дар як шабонарўз аз 3 соат то 10,5 соат зиёд кард. Барои ин амал гурўњи махсуси корї таъсис дода шуда буд. Фармондењии нерўњои муттањида аз тариќи кўчманчиён ва авиатсия барои сарбозон ва ањолии Ироќ њудуди 150 њазор адад радиотранзисторњо, ки ба мављи радиоњои номбурда дуруст карда шуда буданд, пањн карданд. Пасон аз пурсиши асирони њарбї маълум шуд, ки аз 5 нафар 4 нафари сарбозон радио гўш карда, худ таслим шуда будаанд.
Дар ваќти амалиёти мазкур аз љониби нерўњои иттифоќчиён беш аз 30 миллион нусха вараќаи тарѓиботї пањн карда шуд. Тарѓиботи чопї низ њини ин амалиёт хеле самараи хуб дод. Вай барои таслим шудан ва ё ќушунњоро партофта рафтани сарбозон мусоидат карда буд.
Барои аз байн бурдани ВЭАО-и давлатии Ироќ аз рўзњои аввали љанг ба бинои телевизион ва радио зарбаи ракетї зада шуд, то ки онњо ба мардум иттилои воќеиро пањн накунанд. Њамзамон барои задани мављи Радиои «Садои Баѓдод» мутахассисони љанги психологии ИМА ба њамон мављ барномањои худро пахш мекарданд. Њамчунин барои бурдани тарѓибот Радиои «Садои халиљ» таъсис дода шуда буд.
Баъдан, соли 2001 дар Афѓонистон низ амалиёти партофтани вараќањои тарѓиботї аз љониби нерўњои муттањида истифода шуд. Ба ќавли вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд ва сардори кумитаи муттањидаи ситодњо Ричардс Майерс вараќањои тарѓиботї дар ќуттињои ѓизои башардўстона љо карда шуда буданд .
Муњаќќиќи љанги иттилоотї Н. А. Брусницын менависад, ки ба воситаи иттилои махсуси кушода ва дезинформатсия ба маќомоти роњбарикунандаи кишварњои раќиб барои ќабули ин ё он ќарор таъсир расонидан мумкин аст . Ба гуфтаи коршиносони америкої ба президенти кишварњои дигар таъсир расонидан мумкин аст ва ин усулњои осону камхарљи амалї намудани сиёсати амнияти миллии ИМА мебошад. Аз љумла, ба президентњо бо се роњ таъсир расонидан мумкин аст: Якум, дар вохўрињои сатњи олї. Дуюм, аз тариќи њайати наздикони ў тавассути ворид кардани љосус. Сеюм, бо ташкили тарѓибот тавассути ВАО .
Н. А. Брусницын аз он изњори нигаронї мекунад, ки солњои охир ба фазои иттилооти дохилии Россия ВАО-и хориљї роњ ёфтаанд. Аз љумла, радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си тавассути радиостансияњои «Маяк», Радиои «Россия» барномањои худро пахш мекунанд. Аз љумла, ба олоти бурдани љанги иттилоотї ба монанди Радиои «Озодї» фаъолият кардан дар дохили Россия иљозат дода шудааст. «Вай бо пули Америка фаъолият дорад. Бинобар ин табиист, ки вай ба манфиати онњову бар зарари Русия кор мекунад» Дар њамин њол «Маяк» њаќ надорад, ки барномањояшро дар дохили ИМА пахш намояд . Воќеан њам, дар ИМА ба пахш кардани барномањои радиоњои Россия аз дохили ин кишвар иљоза намедињанд.
Дар Тољикистон низ муносибат ба расонањои хориљї чунин аст. Масалан, Радиои Би-Би-Си аз моњи сентябри соли 1996 дар Тољикистон бо истифода аз ретрансляторњои Тољиктелеком барномањояшро бо мављи миёна пахш мекунад. Аз моњи июни соли 2004 то 10 январи соли 2006 бошад, барномањои Би-Би-Си шабонарўзе 24 соат бо мављи FM пахш мешуданд. Њоло аз надоштани иљозатнома пахши барномањо ба мављи FM муваќќатан ќатъ гардидааст. Вале њукумат метавонад ба ин иљоза бидињад. Рекламањое, ки ба шунидани барномањои Радиои «Озодї» даъват мекунанд, дар кўчаву хиёбонњои Душанбе хеле зиёд насб шудаанд. Њатто чунин як лавња дар масофаи 50 метр аз Ќасри Президент насб гардидааст.
Сармуњаррири њафтаномаи «Миллат» Адолати Мирзо дар бораи бе њадаф набудани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си чунин мегўяд: «…модоме ширкати Радиои Би-Би-Си тўли мављудияти 65-солааш (бахши форсї. Љ.М.) ин иддаоро дорад, ки як расонаи мустаќили хабаррасон аст ва мавзеъгирї намекунад, пас талош аз саргирии пахши барномањои Би-Би-Си рўи мављи FM дар Тољикистон аз сўи сафорати Бритониё ба чї далел аст?
Журналисти тољик Бењрўзи Забењулло низ аз пахши барномањои Радиои Би-Би-Си изњори нигаронї кардааст: «… пахши барномањои шабонарўзии Радиои Би-Би-Си рўи мављи FM, пахши барномањои мўди урупої, рўзномањои мухталиф ба забони ѓайридавлатї ва ѓайраву њоказоро метавон худ як навъ мусоидат ва њамбастагињои нерўњои дохилї дар раванди тањољуми фарњангии бегонагон арзёбї кард» .
Имрўз боз як амали дигар дар матбуоти Тољикистон ба назар мерасад. Њафтаномањои «Asia-Plus», «Миллат», ва «Зиндагї» аз маводи радиоњои «Озодї», Би-Би-Си «Мављи Олмон» ва ѓайра дар сањифањои худ фаровон истифода намуда, њадафњои ин расонањоро амалї мекунанд. Ин кор ё аз надонистани оќибатњои ин амал сурат мегирад ва ё аз љониби њукумати ин кишварњо манфиат дидани муассисону ноширон вобаста аст.
Дар њамин њол сармуњаррири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо, ки худ бештар маводи радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си-ро дар сањифањои њафтаномааш љой мекунад, аз чопи замимаи маводи россиягии њафтаномаи «Asia-Plus» изњори нигаронї карда, мегўяд: «Замоне ки як расонаи мо аз Русия ва дигаре аз Амрико ва саввумї аз Туркистон пуштибонї мекунад ва њарфи он мамоликро мегўяд, тафаккури воњиди миллї куљо шакл мегирад, бар мабнои чї ва чї гуна?» .
Таъсиррасонии ахбор ва сиёсат имрўз яке аз воситањои асосии бурдани љанги иттилоотї мањсуб мешавад. Зеро бо ин усул метавон ба шуури мардум таъсир расонида, тафаккури онро дигар кард. Масалан, ваќте ки як ќишри љомеа аз ягон ќарори њукумат норозї аст, онро тавссути ВАО нишон дода, ин норозигиро устувор кардан мумкин аст. Дар ин њол ВАО бевосита ба њукумат фишор меорад. Њамин аст, ки радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си аксаран ба мухолифини њукумат минбар медињанд, то ки онњо озодона аќидаи худро баён намоянд. Ин амал дар давраи љанги њамватанї хеле рўшан ба назар мерасид. Соли 1993, баъди аз Тољикистон фирор кардани роњбарони мухолифин сараввал мањз Радиои Би-Би-Си мусоњибаро бо роњбарияти мухолифин — Њољї Акбари Тўраљонзода, Муњаммадшариф Њимматзода, Саид Абдуллоњи Нурї ва дигарон пахш карда буд. Њоло низ нафарони аз њукумат норозї бе ягон мушкилот метавонанд аз ин радиоњо истифода бикунанд.
Ба ќавли профессори украин Георгий Почепсов, ки технологияњои иттилоотии сиёсиро пажўњиш кардааст, маъракањои иттилоотї њамеша ду њадафи ба њам мувозиро пайгирї менамоянд:
а) нигоњ доштани таваљљўњ ба интерпретатсияи воќеањои рўйдода;
б) пешгирї кардани пахши иттилои интерпретатсияшудаи раќиб .
Як фактро метавон чанд хел тафсир кард ва афкори љомеаро ба вуљуд овард. Масалан, ѓасби Ироќ аз љониби нерўњои ИМА дар ВАО-и Америка чун воќеаи зарурї барои барњам задани нерўњои ањриманї, ки ба амнияти кишвар хатар эљод мекунад ва барпо кардани демократия талаќќї мешавад. Њамин факт дар ВАО-и Русия, Белорус ва ѓайра чун таљовуз ба хоки Ироќ дониста шудааст.
Бояд гуфт, ки ВАО метавонад аудиторияи худро муддати дарозе зери таъсири ягон рўйдод нигоњ дорад. Масалан, пешакї дар бораи ба вуќўъ пайвастани ягон њодиса хабар дода, таваљљўњи аудиторияро ба он љалб мекунад. Баъдан дар бораи ба вуќўъ пайвастани худи ин њодиса хабар дода мешавад. Сипас дар охир муддати тўлонї метавон ба натиљаи ин рўйдод баргашт. Бањси барномаи њастаии Эрон аз чунин мавзўъ аст, ки дер боз мавриди таваљљўњи расонањои хабарии олам мебошад. Њамин мавзўъ дар ВАО-и ИМА ва кишварњои ба вай наздик ду хел тафсир мешавад: яке ба фоидаи ИМА ва дигаре ба љонибдории ИМА.
Барои бо аудитория кор кардан хадамоти тарѓиботии кишварњои абарќудрат чунин намудњои фаъолиятро муайян кардаанд:
1) истифодаи ВАО-и ба аудитория наздик;
2) истифодаи сарчашмаи иртибот, ки аудитория ба вай бештар эътимод дорад;
3) нишон надодани мавќеи иртиботгиранда ва аудитория;
4) пайдо намудани нуќтањои бањамої бо истифодаи калимањои ба аудитория наздик ва рўйдодњои ба вай ошно;
5) мавќеи иртиботгирандаро чунин бояд нишон дод, ки вай мавќеи њамагон аст;
6) истифодаи мушаххасгардонии гурўњњои иљтимої, динї синну солї, касбї ва ѓайра.
Бо истифода аз ин усулњо наздикшавии максималии аудитория ва иртиботгирандаро ба даст овардан мумкин аст.
Кишварњои абарќудрат ваќти љанги психологї аз чунин усулњои таъсиррасонї ба аудитория истифода мекунанд:
1. Факт бояд бо тафсир якљоя истифода шавад. Масалан, ваќти љанги Афѓонстон ВАО-и ИМА ва Британия онро мубориза бо терроризми љањонї номиданд. ВАО-и Русия бошад, размандањои чеченро «муљоњид» ва ё «дастањои бандит» меноманд.
2. Пайдоиши факти манфї бояд бо тафсири мусбат ислоњ карда шавад. Масалан, факти марги шањрвандони осоишта њини љанг дар ВАО гуфта намешавад ва агар дар ин бора сухан равад, њатман мегўянд, ки дар амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА 5 њазор нафар шањрвандон кушта шуданд.
3. Пайдо шудани як факти манфї имкон медињад, ки факти дигари манфї пахш карда шавад. Масалан, ваќте ки маркази савдо дар шањри Ню-Йорк инфиљор шуд, факти дигари манфиро оид ба бархўрдани тайёра ба бинои Пентагон низ пахш карданд. Зеро мардуми аз хабари аввал ба шок расида, хабари дуюмро низ ќабул мекунанд.
4. Дар як ваќт дар мадди назари аудитория будани факти манфї ва мусбат пайдоиши муносибати амиќи шахсро оид ба рўйдод мушкил мекунад. Масалан, аз як тараф, Афѓонистонро бомбаборон карданд ва аз тарафи дигар, бо тайёрањо ба мардум кўмаки башардўстонаи ѓизої партофтанд.
5. Собит кардани фикр на ба факт, балки сохтани он бо интерпретатсия. Дар ин њолат усули таъсиррасонї бо интиќоли факт ба намуди интерпретатсияи ба худ мувофиќ сурат мегирад. Масалан, Би-Би-Си филме, ки канали «1+1» намоиш дода буд, такроран пахш мекунад. Дар он биотеррорро ба Усома бини Лодан ва ё Ироќ нисбат медињанд. Њоло америкоињо хуб медонанд, ки сарчашмаи сирояти бемории сўхтанї аз дохили кишвар будааст. Вале он лањза аз ин факт интерпретатсияи ба худ зарурї ва мувофиќро барои аудитория талаќќї доданд.
6. Бояд каналњои иртиботии ба аудитория наздикро барои таъсиррасонї истифода кард. Масалан, ИМА аксари маводи тарѓиботии худро тавассути каналњои арабии ВАО пахш мекунад. Ё бењуда нест, ки Би-Би-Си аз соли 2007 канали телевизионї ба забони арабї роњандозї мекунад.
7. Бояд ба афкори љомеа диди характеристикаи раќиб, образи вай тањмил карда шавад. Масалан, олами виртуалї нисбат ба воќеї дар пахши ахбор мавќеи муњимро мегирад. Аудитория танњо онро медонад, ки ба вай гуфтаанд. Аз ин рў, интерпретатсия нисбат ба факти воќеї мавќеи асосиро мегирад.
8. Тањмили аќида метавонад тавассути руљўи таърихї сурат бигирад. Масалан, барои ба аудитория тањмил кардани аќида чун дар ИМА мегўянд, ки «Саддом Њусейн ин Гитлери њозиразамон аст». Албатта, мардум кї будани Гитлерро медонанд ва оќибати сиёсати ѓосибии вайро фаромўш накардаанд. Дар ин њол аудитория Саддомро бо Гитлер муќоиса карда, ба хулоса меоянд, ки бояд Саддом барканор карда шавад. Зеро вай њам чун Гитлер хоњад буд.
9. Њар ќадаре ки аудитория дар бораи объекти тафсиршаванда аљзои зиёди мусбат ё манфї гирад, объект барои вай наздик мешавад. Масалан, дар бораи ягон њодисае, ки мехоњанд афкори мардумро ба вуљуд оранд, бештар менависанд. Дар давраи љанги Афѓонистон соли 2001 ВАО-и ИМА дар бораи њаракати толибон иттилои зиёди манфї пахш карданд. Ва њатто бо бањонае, ки баромади Усома бини Лодан шояд хабари шифршудае ба ёронаш дошта бошад, мурољиати ў ё мусоњибаи вайро пахш накарданд.
10. Ѓолиб он касест, ки аввалин шуда ѓалабаи худро эълон кардааст. Љанги истилогаронаро низ метавон љанги боадолат номид, агар тавассути тарѓибот чунин афкори љомеа ба вуљуд оварда шавад. Дар оѓози ѓасби Ироќ дар моњи марти соли 2003 ВАО-и ИМА ва Британия ин ѓосибиро љанги боадолатона талаќќї мекарданд.
11. Ягон нафар одами ањмаќ ё сабукфикр, вале барои аудитория љолиб барои саргарм кардани мардум интихоб карда мешавад. Масалан, барои афкори љомеаро аз воќеаи асосї дур кардан ба ягон њодисаи сеюмдараља таваљљўњи зиёд дода мешавад. Масалан, дар ВАО-и Ѓарб шодрвон шоњзода Диана ё овозхон М. Љексон барои љалби таваљљўњи аудитория истифода мешаванд. Дар ин њол мардум дар бораи воќеаи асосї камтар фикр карда, таваљљўњашонро ба дигар сў равона мекунанд.
12. Тањти назорат гирифтани ќиссањо дар шабакаи тарѓиботї низ аз усулњои таъсиррасонї мањсуб мешавад. Зеро дар ќиссањо њаќиќати воќеї нињон аст ва аз он раќибон метавонанд истифода бикунанд . Масалан, дар ВАО-и кишварњои Ѓарб дар бораи Усома бини Лодан аксаран ќиссаву иттилои манфї пахш мешавад. Дар сурати ба ин шабакањо даст ёфтани Усома бини Лодан ва шериконаш албатта, иттилову ќиссањо мусбат мешуданд. Аз њамин нигоњ хадамоти амниятии Россия сайти размандањои чеченро дар Интернет мебандад, то ки онњо худро тарѓиб накунанд.
Ќањрамон он касест, ки душмани арзанда дорад. Бинобар ин дар љанги иттилоотї барои ањолии худ раќибро зўру тавоно ва берањму љоњил нишон медињанд, то ки ѓолибро ќањрамон намоянд. Дар њамин њол барои душман нерўи худро зўру тавоно ва маѓлубнопазир нишон дода, баръакс раќибро хору залил, ва нотавон инъикос мекунанд, то ки ба афкори мардуми манотиќи душман таъсири психологї расонанд.
Ба навиштаи рўзномаи «New York Times» (2002.-2 декабр). Ѓалаба дар љанг маънои ѓалаба дар оламро надорад. Дар ин љанг танњо дар њолати ба сару ќалбњои одамон роњ ёфтан метавон ѓолиб омад.
Абарќудратњо барои амалї кардани њадафњои худ аз медиа-кризис истифода мекунанд. Медиа-кризис (бўњрони ВАО) ин олотест, ки тавассути расонањои хабарї дар фазои иттилоотї вазъ ноором гардонида мешавад. Ба ќавле ВАО аз «пашша фил сохта» вазъро аз будаш зиёд ноором ва ё баръакс нишон медињад. Њамин аст, ки медиа-кризис метавонад реаксияи нодурустро ба воќеа ба вуљуд орад. Медиа-кризис ба се бунёд асос ёфтааст:
1. Табодули ном. Дар ин њолат ба воќеаи маълум интерпретатсияи нав дода мешавад. Масалан, Сталин дар давраи Хрущёв аз доњии халќ ба душмани он табдил дода шуд.
2. Интиќол. Медиа-кризис имкон медињад, ки маводи рамзї ва виртуалии дар он ѓуншударо ба маводи сиёсї, иќтисодї ва њарбї интиќол дода шавад. Албатта, барои ин маблаѓи кам харљ шуда, медиа-кризисро каммасраф менамояд.
3. Таваљљўњи нодуруст. Медиа-кризис афкори нодурустро ба вуљуд меорад. Аз ин рў, раќибон аксаран ба хулосаи нодуруст меоянд. Ин дар навбати худ ба ноором кардани авзо мусоидат менамояд.
Барои муваффаќ гардидан бояд медиа-кризис ба аудиторияи худ ба таври маќсаднок равона шуда бошад. Кор бо одамони норозї, ки дар њамаи кишварњо њастанд, аз вазифаи умдаи медиа-кризис мебошад. Ин гурўњро пайдо карда, фаъол намудан имкон медињад, ки табаќањои дигари љомеа љалб шаванд. Дар њар љомеа табаќањои њассос њастанд, ки зуд зери таъсири психологї мемонанд. Аз онњо мебояд истифода кард .
Муборизаи иттилоотиро метавон њамчун омодагии иттилоотї ба ягон амали оянда баррасї кард, ки дар шароити воќеї ва ё виртуалї мегузарад. Муборизаи иттилоотиро метавон зидди ањолии осоишта ва ё низомиён анљом дод. Таввассути вай аз як њолат метавон ба њолати дигар гузашт. Масалан, аз њолати иќтисодї ба сиёсї, низомї ё баръакс гузаштан мумкин аст. Ин њолат аввал дар фазои иттилоотї ба вуљуд оварда мешавад ва баъд ба њолати воќеї мегузарад. Аз ин рў, муборизаи иттилоотї чунин њадафњо дорад:
— хуб (мусбат) нишон додани объект;
— бад (манфї) нишон додани объект;
— ноором кардани вазъият;
— ором кардани вазъият.
Ин њама тавассути пањн кардани овозањо, дурўѓу тўњмат, таърифи беасос, барои баррасии мардум пешнињод кардани ягон мавзўъ, тањрифи факт ва ѓайра ба даст меояд. Масалан, ВАО-и Ѓарб дидаву дониста барои баррасї мавзўи барномаи њаставии Эронро бардоштааст ва дар атрофии он њангомањо месозад.
Соли 1956 дар Венгрия медиа-кризис одамонро ба тазоњурот бархезонд. Комиссияи СММ соли 1957 пас аз пажўњиши ин њодиса ба хулоса омад, ки радио эњсоси дастгирии тазоњуротгаронро ба вуљуд овардааст .
Радиоњои «Европаи озод», «Садои Америка» ва Би-Би-Си дар Венгрия медиа-кризисро ба вуљуд оварданд ва мардум ба тазоњурот хест, вале баъдан он аз љониби нерўњои Артиши Шўравї ва мањаллї пахш карда шуд.
Мисоли дигари љанги иттилоотї, ин барканор кардани президенти Индонезия мебошад. Соли 1965 хадамоти махсуси ИМА ва Британия барои сарнагун кардани президенти Индонезия Сукарно, ки аз њизби коммунистї буд, (он ваќт ин њизб 10 миллион нафар аъзо дошта нерўи бузурге њисоб мешуд) амалиёти густурдаи тарѓиботиро шурўъ карданд. Соли 1965 гурўњи махсуси IRD (Департаменти иттилоотї ва пажўњишї) ва разведкаи британия MI 6 гурўњи махсусро барои бурдани тарѓиботи сиёњ ба Сингапур фиристоданд. Мутахассис оид ба тарѓибот 100 њазор фунт стерлинг гирифт, то барои аз президент Сукарно халос шудан аз њамаи имкониятњо истифода бикунад.
Дар ин амалиёт аз медиа-кризис хеле хуб истифода намуданд. Ба мамлакат иттилои Радиои Би-Би-Си фаъолона ворид мешуд. Дар ВАО-и дохилї низ иттилои тањрифшуда, аз ќабили бемор будани президент ва вазифаашро иљро карда натавонистани вай талаќќї мегардид. Тарѓибгарон фактњоро аз дохили кишвар гирифта ба Лондон мефиристоданд ва аз он љо онњо тавассути Радиои Би-Би-Си пас мегаштанд. Њамин тавр дар кишвар афкори мардум таѓйир дода шуд ва президент маљбур шуд, ки 10 марти соли 1966 вазифаашро ба генерал Сухарто бидињад .
Бояд гуфт, ки ИМА амали террористии Маркази савдоро дар Ню-Йорк (11 сетябри соли 2001) ва пасон амалиёти зиддитеррористиро барои њадафњои глобалии худ истифода кард. ИМА ва кишварњои Ѓарб бо амалї намудани амалиёти мазкур дар солњои 2001 ва 2002 собит карданд, ки Осиёи Марказї њадафи манфиатњои геополитикии онњо мебошад. Аз љумла, Вашингтон бо ѓасби Афѓонистон имкон пайдо кард, ки мазрањои љанубии Осиёи Марказиро низ тањти назорати худ дошта бошад. Њамчунин ИМА акнун метавонад интиќоли маводи энергетикиро аз Осиёи Марказї ба ЉХХ тањти назорат бигирад ва ба њаракати миллї-озодихоњї дар музофоти Синзян-Уйѓури ин кишвар таъсир расонад. Ба ѓайри ин амали мазкур мавќеи Америкаро дар минтаќаи бўњронии Њиндустону Покистон мустањкам кард. Ин албатта, нуфузи Русияро дар ин минтаќаи муњими стратегї суст намуд.
Ќобили зикр аст, ки тули солњои 2002-2004 љараёни пуршиддати гурўњбандии таъсири нерўњо дар ин минтаќа сурат гирифт:
1) вуруди низомии ИМА ва афзоиши якбораи нуфузи сиёсии вай ба як ќатор кишварњои минтаќа;
2) раванди пўшидаи дур кардани таъсири сиёсї, иќтисодї ва њарбии Русия аз минтаќа;
3) ба вуљуд омадани тањдиди низомии ИМА ва НАТО аз Осиёи Марказї ба Хитой;
4) то андозае барњам задани хатари исломї дар минтаќа.
Да њамин њол соли 2005 ва пас аз он баъзе таѓйирот дар минтаќа ба вуќуъ пайваст, ки ба манфиати ИМА набуд:
1) фаъол шудани Русия дар Хитой(соли 2006-соли Русия дар Хитой);
2) аз Ўзбекистон бароварда шудани базаи њарбии ИМА;
3) баста шудани шартномаи шарики стратегї байни Русия ва Ўзбекистон;
4) машќњои муштараки низомии Русияву Хитой;
5) табаддулоти њарбї дар Ќирѓизистон.
Пас аз барњам хўрдани Иттињоди Шўравї дар соли 1991 ИМА дар љањон яккатозї мекунад. Вале аз рўи пешгўињои коршиносон аз рўи рушди иќтисодї ва низомї Хитой аллакай дар чањоряки аввали садаи ХХI яке аз раќибони асосии стратегии ИМА мегардад. Њамин аст, ки ИМА аз њоло мекўшад ба Хитой таъсир расонад. Базањои њарбии ИМА дар Афѓонистон ва Ќирѓизистон дар ин кор кўмак хоњанд кард. Аз Афѓонистон ба Эрон низ метавон таъсир расонид. Афѓонистон дар байни пайванди Осиёи Марказї бо Шарќи Наздик ва Осиёи Љанубї љойгир буда, басо њам мавќеи стратегї мањсуб мешавад. Ин нуктањоро ба назар гирифта, метавон хулоса кард, ки ИМА њаргиз ба ин наздикињо аз њузури низомиаш дар минтаќа даст нахоњад кашид .
Ўзбекистон пас аз соњибистиќлол шуданаш аз кишварњои ИДМ рў гардонда ба Туркия ва ИМА такя мекард. Њукумати Ўзбекистон умед дошт, ки ИМА барои баромадан аз бунбасти иќтисодї ба вай кўмак мекунад. Бинобар ин Ўзбекистон дар ваќти амалиёти зиддитеррористї алайњи Афѓонистон базаи њарбии Америкаро дар хоки худ љойгир кард. Вале охири соли 2002 маълум шуд, ки Тошканд зери фишор ва вобастагии ИМА мондааст. Пас аз воќеањои Андиљон дар моњи майи соли 2005 аз љониби кишварњои Ѓарб нисбати Ўзбекистон љанги васеи иттилоотї ба роњ монда шуд. Њамчунин фишори сиёсї ва иќтисодї шурўъ гардид. Ўзбекистон ба ин амал бо баровардани базаи њарбии ИМА аз марзи худ посух дод. Ин дар навбати худ то андозае, мавќеи Америкаро дар минтаќа коњиш дод. Дар њамин њол ИМА дигар илоље наёфта, акнун ба Ќазоќистон такя мекунад ва мехоњад дар ин љо мустањкам шуда, минтаќаро тањти назорати худ гирад. Америкаро на танњо Ќазоќистон, балки њавзаи бањри Каспий низ, ки манбаи нафт аст, ба худ мекашад.
Ба ќавли мудири шўъбаи Осиёи Миёна ва Ќазоќистони Пажўњишгоњи кишварњои ИДМ Андрей Грозин Ѓарб аз охири соли 2003 ба ин љониб дар марзњои собиќ Иттињоди Шўравї сенарияњои иваз кардани режимњои сиёсиро амалї кард. Бо таъсири механизмњои мазкур муборизаи дохилї байни элитањои љамоњири осиёї тезу тунд мешавад. Билохира ин бозињои барои Осиёи Марказї тарњрезишуда бад анљом меёбанд. Ва њамаи гуфтугузорњо оид ба «шарики стратегї» ва ваъдањои маблаѓгузории «борони доллар»-и ИМА чун наќшаи стратегї бетаѓйир мемонад .
Ќисми шимолии уќёнуси Њинд (Халиљи Форс ва кишварњои атрофи он) дар умури љањонї яке аз минтаќањои муњим мањсуб мешавад. Ањамияти минтаќаи мазкур бештар аз мављудияти манбаъњои саршори нафт дар Халиљи Форс, ки 60 дар сади захирањои љањонро ташкил медињанд ва мавќеи геостратегиаш вобаста аст. Масалан, агар Эрон истењсоли нафтро ба 40 фоиз коњиш дињад, мамлакатњои Ѓарб ба бўњрони энергетикї гирифтор мешаванд. Њамин аст, ки солњои охир ИМА мехоњад, бо бањонаи роњ надодан ба сохтани яроќи њастаї Љумњурии Исломии Эронро ѓасб намояд ва бо ин дар минтаќа мавќеи гегемонї дошта бошад. Њадафњои стратегии ИМА дар минтаќа ќабл аз таъмини ниёзи худ бо маводи сўхт ва њифзи амнияти давлати Исроил, савдои яроќу силоњи зиёди худ ба бозори минтаќаи мазкур иборат мебошад .
Аз ин ваљњ масъалаи барномаи њастаии Эрон аз љониби Ќасри Сафед чун проблемаи глобалї, ки ба амнияти башарї хатар эљод мекунад, талаќќї мешавад ва ИМА бо њар бањона мехоњад ба ин кишвар фишор оварад.
Њамаи ин омилњоро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки амнияти Осиёи Марказї аз бисёр љињат ба сиёсати геополитикии ИМА, Британия, Русия, Хитой ва то андозае ба Эрон иртибот дорад.
Њамин аст, ки кишварњои абарќудрат барои таъсиррасонї ба љамоњири Осиёи Марказї аз ВАО ба таври васеъ истифода мекунанд. Њатто баъзе аз расонањои хабарии байналхалќї дар сар задани нооромињо сањм мегиранд. Масалан, моњи сентябри соли 2005 ваќте ки 15 нафар гумонбар ба даст доштан дар нооромињои Андиљон мавриди муњокима ќарор доштанд, Додситони Ўзбекистон хабарнигорони радиоњои «Озодї», Би-Би-Си, «Мављи Олмон» ва Ољонсии «Ассошиэйтед пресс»-ро дар кўмак кардан ба террористон дар тазоњуроти зиддидавлатї муттањам намуд. Хабарнигори Би-Би-Си оид ба водии Фарѓона Матлуба Азаматова, ки пас аз воќеањои Андиљон иљборан Ўзбекистонро тарк кардаст, мегўяд, ки дар суд камаш 4 нафар ўро дар њамкорї бо террористон муттањам карданд. Моњи май мусоњибони ман, ки худро дар эфир бизнесмен номида буданд, акнун баъди боздошт шуданашон худро пайрави «акрамия» мегўянд .
Ислом Каримов, президенти Ўзбекистон соли 2005, дар рўзи ќабули Сарќонуни кишвар гуфта буд, ки «… имрўз он касе, ки расонањои хабариро тањти таъсири худ дорад, фазои иттилоотиро назорат мекунад. Аз ин тариќ вай ба дигарон нуфуз намуда љањонро њукмронї мекунад. Аз ин рў, мо бисёр заиф мондаем» .
Пас аз воќеаи Андиљон Њукумати Ўзбекистон кўшиш кард, ки фаъолияти созмонњои хориљї дар кишвар мањдуд гардад. Њамин тавр сайти ўзбекии Пажўњишгоњи љанг ва сулњи Британия дар Интернет баста шуд. Моњи сентябри соли 2005 фаъолияти созмони ѓайридавлатии америкоии таълимї — «IREX» (Айрекс) барои 6 моњ манъ гардид.
Моњи октябр бошад, дафтари созмони америкоии «Интернюс Нетуорк» ва дафтари Радиои Би-Би-Си баста шуд. Моњи декабр Вазорати умури хориљии Ўзбекистон эътиборномаи фаъолияти дафтари Радиои «Озодї»-ро дар Тошканд тамдид накард. Њамаи ин созмонњо ба иттињоми берун аз чањорчўбаи фаъолияташон амал кардан хориљи Ўзбекистон гардиданд.
Ба навиштаи рўзномаи «Вашингтон Таймс» «Роњбарони як ќатор давлатњои собиќ шўравї аз љумла, президенти Русия Владимир Путин њукумати кишварњои Ѓарбро дар истифодаи созмонњои ѓайридавлатї барои расонидани кўмак ба њаракатњои мухолифин, ки њадафашон сарнагун кардани њукуматњои феълї мебошад, муттањам намуд» .
Ба гуфти корманди Донишгоњи Љонс Њопкинс Фредерик Старр њукуматдорони Осиёи Марказї созмонњои ѓайридавлатии хориљиро олоти њамон кишварњо медонанд: «Гуфтањое, ки ин созмони ѓайридавлатї аст, касеро бовар намекунонад, зеро њамаи ин созмонњо аз њисоби давлатњои њамон кишварњо маблаѓгузорї мешаванд» .
Воќеан њам, созмонњои байналхалќии хориљї дар ин ё он кишвар пеш аз њама њадафњои худро пиёда мекунанд. Собиќ вазири молияи Афѓонистон дар мусоњибаи худ ба Радиои Би-Би-Си аз фаъолияти созмонњои ѓайридавлатии хориљї изњори нигаронї карда, гуфтааст, ки бюрократия дар фаъолияти онњо самараи корашонро коњиш медињад. Ў мегўяд, ки агар мо барои сохтмони 1 мактаб 40 њазор доллар масраф кунем, хориљиён барои ин 250 њазор доллар људо мекунанд, ки ќисми зиёдашро маоши худашон ташкил медињад. 80 фоизи маблаѓњое, ки барои Афѓонистон људо шудаанд, ба маош, мошин ва виллањои ќиматбањои хориљиён сарф мешавад .
Кишварњои абарќудрати Ѓарб бењуда барои «дастгирии демократия» созмонњои ѓайридавлатиро маблаѓгузорї намекунанд. Онњо ин созмонњоро барои амалї намудани манфиатњоли миллии давлаташон истифода менамоянд. Худи демократия чун олоти ба сари ќудрат омадани мухолифини њукумат мавриди истифода ќарор мегирад.
Ба ќавли рўзномаи «Известия» «Ѓарб њамон созмонњои ѓайридавлатї ва муњофизони њуќуќро дастгирї мекунад, ки на танњо ба тарѓиби арзишњои аврупої, балки ба барангехтани худшиносии миллї, вайрон кардани эњсосоти ватанпарастї, барњам задани эътимод ба бузургии Россия равона шудаанд» .
Созмони мустаќили њуќуќи инсони Ўзбекистон (СМЊИЎ) 12 декабри соли 2005 ба номи сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр, сафири Британияи Кабир дар Ўзбекистон Девид Морган, ва Вазорати умури хориљии Ўзбекистон изњороте пахш кард. Дар он аз љумла, гуфта мешавад, ки «Њукуматњои ИМА, Британияи Кабир, Швейтсария, САЊА, созмонњои америкоии дифои њуќуќ «Хюман Райтс Вотч», «Фридум Хаус», Радиои америкоии «Озодї», Радиои бритонии Би-Би-Си ва ѓайра њуќуќи инсонро барои њадафњои сиёсии худ њамчун «калтаки сиёсї» зидди давлату њукуматњои ба худ номувофиќ, барои дахолат ба корњои давлатњои мустаќил ба мисли Ўзбекистон истифода мебаранд. СМЊИЎ ќатъиян зидди сиёсигардонии дифои њуќуќ ва экспорти демократия ба тарзи ѓарбї, хусусан њар гуна инќилобњои «ранга» ба Ўзбекистон мебошад, зеро онњо ѓайритамаддунї буда ба натиљањои бад меоранд».
Сарварони СМЊИЎ М. Ардзинов, И. Адилов ва И. Турсунов, ки њама собиќадорони мухолифин ва дифои њуќуќ мањсуб мешаванд, њамчунин дар изњороти худ менависанд, ки «Њукумат ва Сафорати Британияи Кабир дар ин љо тундгароён, мутаассибони динї, њуќуќдифоъгарони дурўѓин ва сиёсатбозонро њамаљониба дастгирї менамоянд» .
Њукумати Ўзбекистон барои коњиши дахолати хориљиён ба корњои дохилии кишвар ба ѓайр аз бастани офисњои созмонњои хориљї боз тадбирњои дигар андешид. Аз љумла, бо ќарори Њукумати Ўзбекистон моњи марти соли 2006 фаъолияти журналистони хориљї дар ќаламрави ин кишвар мањдуд карда шуд. Акнун бе сабти ном дар Вазорати умури хориљии Ўзбекистон шањрвандони кишвар ва хориљї наметавонанд ба фаъолияти журналистї машѓул шаванд. Вазорати умури хориљии Ўзбекистон пас аз ќабули ќарори мазкур метавонад, иљозатномаи фаъолияти журналистонро ба иттињоми даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионї ва ё дахолат ба корњои дохилии кишвар лаѓв намояд. Аз љумла, 14 март Вазорати умури хориљии Ўзбекистон корти сабти номи хабарнигори Радиои «Мављи Олмон» Обид Шабановро барои «пањн ќардани хабари дурўѓ оид ба дар моњи январ дар хунукї дар биёбони Устюрт ба њалокат расидани 30 нафар мусофири автобуси вайроншуда» лаѓв намуд .
Бояд гуфт, ки аксари давлатњо барои пешгирї аз пањншавии таблиѓоти хориљї алайњи чунин радиошунавонї аз мављзанакњо истифода мекунанд, то ин ки ањолии кишварашон барномањои радиоњои мамолики бегонаро нашунаванд. Аз љумла, собиќ Иттињоди Шўравї то соли 1987 мављњои барномањои русии радиоњои Би-Би-Си ва «Садои Америка»-ро мезад.
Дар бораи ќатъ кардани мављзанї мухбири Би-Би-Си Наталя Рубинштейн чунин хотираашро наќл мекунад: «Тирамоњи соли 1987 соати 21: 30 даќиќа ба ваќти Лондон бояд ман охирин барномаи нимсоатаро мебурдам, ки садобардор аз њуљраи оператор ба гўшиам гуфт: -Мављзаниро ќатъ кадаанд, мо дар эфири тоза њастем. – Ман инро ба шунавандањо хабар додам» .
Ногуфта намонад, ки мављзании радиоњои хориљї барои Иттињоди Шўравї хеле гарон меафтод. То соли 1988-ум 15 њазор нафар дар 2500 радиостансияњо ба мављзанї машѓул буданд ва барои ин амал њамасола 1 миллиард рубл масраф мешуд. Ќатъ шудани мављзанї барои радиопропагандаи кишварњои хориљї имконоти навро боз намуд. Яке аз сабабњои ќатъ кардани мављзанї дар собиќ Иттињоди Шўравї, ин пеш гирифтани раванди бозсозї буд. Акнун дар мамлакат озодии сухану матбуот шурўъ гардида, њамаи он ахборе, ки радиоњои хориљї пахш мекарданд, аз радиоњои дохилї шунидан мумкин буд. Яъне дигар шунавандањо ба «садоњои хориљї» эњтиёљ надоштанд.

Фасли 4
ИНЪИКОСИ ВОЌЕИЯТ ДАР БИ-БИ-СИ

Чї тавре ки ќаблан гуфта будем, Би-Би-Си расман ширкати ѓайридавлатии љамъиятї мебошад, ки аз њисоби пардохтпулињо фаъолият мекунад. Вале Умури хориљии Би-Би-Си аз њисоби гранти махсуси њукуматї фаъолияташро пеш мебарад. Хадамоти махсуси Британия ба фаъолияти мо наќше надорад, мегўяд Н. Чэпмен, директори Умури љањонии Би-Би-Си. Агар хадамоти махуф дар фаъолияти мо наќше мебозиданд, ин эътирози кормандони моро ба вуљуд меовард ва љомеаи Британия бонги изтироб мезаданд .
Ваќте ки 60-солагии оѓози пахши барномањои русии Би-Би-Си (моњи марти соли 2006) баргузор шуд, дар ин бахш сўњбате доир гашт. Дар он ба суоли «Би-Би-Си барои кї кор мекунад?», собиќ директори бахши русии Радиои Би-Би-Си Николай Горшков чунин посух дод: «Ваќте ки Би-Би-Си ба эфир баромад, вай барои афкори љамъиятии байналхалќї хизмат мекардагї шуд. Дар њар як кишвари мушаххас Би-Би-Си ба љомеаи ин малакат мурољиат мекунад».
Ба гуфти нависанда, сармуњаррири маљаллаи «Наш современник» (муосири мо) Станислав Куняев њамон ваќт барномањои Би-Би-Си барои вайрон кардани Иттињоди Шўравї тарњрезї шуда буд.
Дар ин сўњбат депутати Думаи давлатї Александр Чуев ба пахши барномањои имрўзаи Би-Би-Си дахолат карда гуфт: «Хоњиши дар ким куљо (масалан, дар Белорус) дидани мухолифини азияткашида, ки бо нерўе ба кўча баромадаанд, дар Би-Би-Си эњсос мешавад» .
Расман умури хориљии Би-Би-Си вазифадор аст, ки иттилои даќиќ пахш карда, нуќтаи назари Англияро инъикос бикунад, њаёту фарњанг ва дастовардњои илмї ва саноатии Англияро њифз намояд. Њамчунин бояд вай ахбори даќиќу сареъ оид ба рўйдодњои љањон пахш карда, барои фањмиши онњо иттилои васеъ ва воќеї бидињад .
Воќеан њам, аксар ваќт Би-Би-Си иттилои сареъ пахш мекунад. Вале, ваќте ки њадафи тарѓиботї пеш меояд, аз Би-Би-Си иттилои дурўѓ ва ѓаразнок низ садо медињад. Масалан, тирамоњи соли 1973 Радиои Би-Би-Си таи ду шабонарўз аз љониби Хунтаи њарбии генерал Пиночет кушта шудани президенти Чилї С. Алендеро пинњон карда, иттилоъ дод, ки вай даст ба худкушї задааст.
Њамчунин тобистони соли 1974 ваќти ошўб дар Кипр Би-Би-Си хабар дод, ки рўњонї Макариос кушта шудааст. Ин хабари дурўѓ барои љонибдорони мустаќилияту ягонагии Кипр зарбаи сахте буд. Албатта, пахши хабари мазкур бењуда набуд. Англия дар Кипр базаи њарбї дошт ва људо шудану суст гардидани њукумати марказї ба манфиати вай буд.
Ба ќавли нависандаи англис Људит Тодд «Хавфи асосї дар он аст, ки … Би-Би-Си метавонад њамон ќадар дарки фактро боздорад, ки ваќте мардуми англис ахиран ба ин фактњо рў ба рў мешаванд, онњо ба њолати мушкил меафтанд» .
Собиќ сарвари Корпоратсияи Би-Би-Си лорд Саймон Уитеншоу дар китоби худ «Би-Би-Си аз дохил» нисбати назари роњбарони радио ба Њукумати Шўравї навишааст: «Њамаи директорони Би-Би-Си, ки ман бо онњо кор мекардам, њамаашон нисбати коммунизм нафрат доштанд» .
Журналисти америкої Уолтер Липпман њанўз соли 1922 таъсири ВАО-ро ба тафаккури инсон омўхта, навишта буд: «Ба он чизе, ки бовар дорем, вай бароямон воќеият менамояд ва мо ба он чунон муносибат мекунем, ки ин њамон воќеияти аз ахбор љилвагаршуда аст» .
Ба аќидаи аксари мутахассисони ѓарбї тарѓиботи иттилоотї бештар самаранок аст. «Ахбор олоти аз њама муњими тарѓиботї аст», мегўяд профессори америкої Л. Мартин . Аз ин рў, дар барномањои радиоњои хориљї ахбор мавќеи муњим дорад.
Дар њамин њол пањнкунандагон ахбори мазкурро иттилои объективї меноманд, ки дар воќеъ чунин нест. Дар ваќташ журналисти байналхалќї В. Осипов дар маќолааш «Калидњои Би-Би-Си» навишта буд, ки радиокорпоратсияи Британия «дар интихоби «фактњои объективи»-и ѓаразнок нисбат ба њамтоњояш дар олами Ѓарб беназир аст» .
Бояд гуфт, ки Би-Би-Си чун дигар радиоњои хориљї ахборро пахш карда, нуќтаи назари худи редаксияро иброз намедорад. Чунин тарзи пахши ахборро хабаррасонии нейтралї меноманд. Ба ќавли сотсиологи америкої Роберт Мертон чунин усули пахши ахбор бештар паёмадњои ногувор дорад: «Тарѓибот бо фактњо намегўяд ба он сў бирав, балки бевосита роњеро нишон медињад, ки бояд интихоб бикунї…» .
Воќеан, Би-Би-Си аз тарѓиботи фактологї хеле самаранок истифода мекунад. Вай њамон фактеро дар хабар меорад, ки ба он манфиатдор аст. Дар њамин њол албатта, фактњои дигар, ки шояд донистани онњо барои аудитория љолиб бошад, норўшан мемонад. Њамин тавр аудитория њамон чизро мешунавад, ки Би-Би-Си мехоњад онро шунаванд. Дар воќеъ ин усули пинњонии таъсиррасонї ба аудитория ва идораи шуури онњо аст. Махсусияти чунин ахбори тафсирнашуда дар он аст, ки таъсири вай каму зиёд шуда дар остонаи шуур амал мекунад. Ин яке аз ќаринањои талќинкунї буда, онро њамчун барандаи бомароми аудитория «ба фањмиши вазъият дар љабњаи муќарраргардида меноманд» .
Усулан ахбори тафсирнашуда дар такя ба ягон манбаи иттилоотї пахш мегардад. Вале дар њамин њол њастанд хабарњое, ки сарчашмаи аниќ надоранд ва чунин шурўъ мешаванд: «Ба иттилои як манбаи мўътамад, ки нахост номаш ифшо шавад…», «Аз рўи баъзе овозањо …», «Як сиёсатмадори ба њукумат наздик хабар дод, ки…», «Аз рўи баъзе маълумотњо…» ва ѓайра. Албатта, дар ин њол тафтиши чунин хабар ѓайри имкон аст.
Њамчунин Би-Би-Си аз усули дигари тарѓибот бо фактњо истифода мекунад. Радиои мазкур њамарўза фактњоеро пахш мекунад, ки ба воќеият доштани онњо аудитория бовар дорад. Њамин тавр онњо гумон мекунанд, ки њар он чизе, ки радио пахш менамояд, њаќиќат аст. Муњаќќиќи франсуз Жак Эллюл дар ин бора мегўяд: «Майли дар тарѓибот дидани дурўѓ њатман ба он меоварад, ки фард љабрдидаи тарѓибот мегардад. Ваќте ки ба вай фактњои воќеиро хабар медињанд, ў фикр намекунад, ки ин тарѓибот аст» .
Иосиф Дзялошинский, сарвари Комиссияи озодии дастрасї ба иттилоот дар сўњбати мизи мудаввари бахши русии Радиои Би-Би-Си изњор дошта буд, ки њоло ќисми зиёди аудитория ба иттилои фактологї таваљљўњ доранд .
Бояд гуфт, ки истифодаи фактњои воќеї њанўз ин ахбори объективї нест. Зеро ки аз фактњои воќеї метавон хабари ѓаразнок сохт. Чї тавре ки нависандаи шањири рус М. Горкий мегўяд : «Факт- ин њанўз њамаи њаќиќат нест» .
Дар Би-Би-Си тарѓибот эњтёткорона сурат мегирад, то ки шунавандањо тарѓибот будани онро эњсос накунанд. Дар њамин њол вай пайваста ва суботкорона тарѓибот мебарад, то ки шунавандањо ба гуфтањои радио бовар бикунанд. Аз љумла, агар ягон хабар ба манфиати Британия бошад, онро радио пайваста давоми рўз пахш мекунад.
Би-Би-Си боз як усули дигари талќинкуниро истифода мекунад, ки онро афзудани таъсири факт меноманд. Масалан, ягон фактро аз њаёти кишваре, ки ба он тарѓибот бурда мешавад, дар њамаи барномањои ахбор тўли рўз ва њатто давоми њафта пахш мекунад. Хабари мазкур њамчунин тафсир гардида, мавзўи баррасии барномањои дигар мешавад. Вале Би-Би-Си аз рўйдоди дигар аз ин кишвар, ки ба манфиаташ нест, умуман њарф намезанад.
Усули дигари чунин тарѓибот ин тавозуни ахбор аст. Би-Би-Си барои тањкими афкори умум, ки вай хабарњои объективию беѓараз пахш мекунад, дар барномањо маводи номаќбули худашро низ мешунавонад. Вале дар њамин њол хабари барояш негативї њудудан кам ва норўшан садо медињад. Масалан, њини баррасии бўњрони энергетикии Британия ба ин мавзўъ њамагї 2-3 даќиќа ваќт људо гардида, ќисми зиёди барнома ба мавзўи дарёфти роњњои нави истењсоли энергия бахшида мешавад.
Њамчунин Радиои Би-Би-Си њини пахши хабарњо ба хориља кўшиш мекунад, ки аз доираи манфиатњои Британия берун набарояд. Масалан, њини даргирињо дар Ирландияи Шимолї Би-Би-Си хабарњоро чунин тањриф карда, пахш менамуд:
«Аќаллиятњои католикї нерўњои Британияро шодбош гуфтанд».
Дар њамин бора рўзномаи «Сандї таймс» чунин менигорад:
«Вазъият ончунон шадид гардида, католикњо ба тарс афтодаанд, ки њар як њодиса хурсандии онњоро ба душманї зидди нерўњои Англия табдил медињад».
Радиои Би-Би-Си њамчунин мегўяд:
«Нерўњои Англия масъулияти нигањдории сулњ ва тартиботро дар Олстер ба дўши худ мегиранд».
Дар њамин мавзўъ рўзномаи «Экономист» чунин менависад:
«Нерўњои Англия наметавонанд проблемаи Олстерро њал бикунанд… Чун сарбозон ба казармањо баргарданд, муноќиша бо нерўи нав шурўъ мешавад».
Дар хабари Би-Би-Си чунин гуфта шудааст:
«Њукумати Ирландияи Шимолиро дар Англия низ барои роњ додан ба њукуќпоймолкунї зери танќид гирифтанд».
Рўзномаи «Трибюн» бошад, дар ин бора чунин менависад:
«Њукумати Англия бояд ќисми зиёди гуноњро барои куштор дар Ирландияи Шимолї ба зиммаи худ бигирад» . Бояд гуфт, ки Би-Би-Си он ваќт дар бораи тафсилоти даргирињо дар Ирландияи Шимолї, истифодаи силоњи кимиёвї аз љониби нерўњои Англия ва ќатлу куштори онњо ба шунавандањои хориљї хабар надодааст. Агарчи ин њама баъдан дар матбуот чоп шудааст.
Дар бораи ѓаразнок будани барномањои радиои мазкур собиќ узви парламенти Британия Тони Бенн 30 ноябри соли 2001 дар рўзномаи «Гардиан» бо киноя чунин изњор доштааст, «… агар Би-Би-Си пас аз чанд сол њаќиќати воќеиро гўяд, ки љанг дар Афѓонистон чї хел инъикос шуда буд, метавонад барои мукофоти кинофестивали Канн муддаї шавад».
Вале Шафќати Раљабиён, собиќ тањиягари барномаи «Маљаллаи Осиёи Миёна»-и Радиои Би-Би-Си мегўяд: «Эњсоси масъулият бештар барои Тољикистон мекунем, зеро барнома аслан мутаваљљењи Тољикистон ва Осиёи Миёна њаст. Битавонем аз ин тариќ се њарферо, ки ВВС таъќиб мекунад- омўзишу парвариш-яъне аз тариќи барномањоямон мехоњем омўзиш бидињем, огоњ бикунем мардумро ва саввум ба воситањои барномањоямон мехоњем ба мардум тафрењ бидињем, яъне саргарм бинамоем» .
Дар љањон њар рўз миллионњо њодиса ба вуќуъ мепайвандад, вале ољонсињои иттилоотї танњо дар бораи шумораи ками онњо хабар медињанд, ки дар маљмўъ аз 100 адад беш нестанд. Яъне танњо њамон хабар пахш мешавад, ки ба он касе манфиатдор аст.
Дар шароити мављудияти озодии баён бояд озодии интихоби иттилоъ, таъмини тавозун низ бошад, то ки таъсири зиддибашарї ва зиддидавлатиро нисбати шањрвандон билхоса, барои љавонон роњ надињад.
Њамаи кормандони Би-Би-Си њангоми фаъолият аз дастури ягонаи корї истифода мекунанд. Тибќи дастури мазкур аз кормандони Би-Би-Си беѓаразї, даќиќкорї, поквиљдонї, пешнињоди нигоњи комилу воќеї ба одамон ва урфу одатњо, ягонагии редаксионї ва мустаќилият, эњтироми њаёти шахсї, эњтироми меъёри завќи хуб ва одоби муошират, кўшиши рањої ёфтан аз таќлиди рафтори љиної ва зидди љомеа, њифзи некўњволии кўдакон, поквиљдонї нисбати мусоњибон ва мустаќилият аз манфиатњои тиљоратї таќозо карда мешавад.
Дар дастури мазкур гуфта мешавад, ки беѓаразї принсипи асосии Би-Би-Си аст. Бинобар ин њамаи барномањо ва хизматрасонии Би-Би-Си бояд ба тарзи рўшоду поквиљдонона, ки њаќиќатро инъикос мекунанд, сурат бигиранд. Бояд ягон љанбаи намоён аз мадди назари Би-Би-Си берун намонад.
Барои даќиќкорї њар як фактро чанд маротиба санљидан ва агар лозим бошад, барои маслињат мурољиат кардан таќозо мешавад. Аз рўи имконият иттилоъ бояд дар љои воќеа, аз дасти якум, аз барандаи ахбор гирифта шавад. Даќиќкорї танњо овардани факт нест. Барои инъикоси пурраи воќеа бояд иттилои мављударо дар мизони аќл баркашида, пас пахш кардан лозим аст.
Шафќати Раљабиён, собиќ тањиягари маљаллаи «Осиёи Миёна»-и Радиои Би-Би-Си мегўяд, ки њангоми тањияи хабар «бештар аз њама ба даќиќ будани аъдоду арќому омор» таваљўњ мекунем. «…гоњо њамин тур мешавад, ки як шумора се тавр омада. Масалан, 15 нафар не, балки 20 нафар кушта шудааст. Инњоро бояд даќиќ бикунем» .
Барномањои Би-Би-Си бояд ба рўшодгўї, ростгўї ва њаќљўї асос ёфта бошанд. Кормандони ширкат бояд нисбати одамон поквиљдону боэњтиром рафтор намоянд. Мусоњибон бояд бидонанд, ки мўњтавои барнома чист, онњо дар вай чї наќше доранд, барнома мустаќим ё дар сабт, бо тањрир пахш мешавад.
Аудитория бояд ба комил будани барномањои Би-Би-Си эътимод дошта бошад. Онњо бояд бовар дошта бошанд, ки ќарор дар бораи таѓйироти пахши барномањо танњо дар њолати будани сабаби муњим ќабул карда мешавад ва ин аз ягон хел фишороварї вобаста нест.
Эњтироми њаёти шахсї аз принсипњои асосии Би-Би-Си мањсуб мешавад. Аз ин рў, рафтори шахсї, муросила ва сўњбатњои шахсї, ки манфиати табаќањои васеи љомеаро фаро намегиранд, набояд барои њамагон ифшо карда шаванд.
Њамзамон њини тањияи барномањои мушаххас ва ваќти пахши онњо ба эфир интизории шунавандањоро ба назар бояд гирифт.
Њангоми ба эфир баромадани барномањои телевизион бошад, њатман онро бояд ба назар гирифт, ки то соати 21 чї пахш мешавад.
Би-Би-Си бар он талош мекунад, ки њамагуна тањдид ба њаёти инсон, рафтори зидди љомеа ва љиноят дар барномањо боиси таќлиди аудитория нагарданд. Яъне аудитория пас аз шунидани радио таќлид карда, даст ба љиноят назанад.
Кормандони Би-Би-Си бояд барои бењбудии кўдаконе, ки дар барномањо иштирок мекунанд, бикўшанд. Тањиягарон бояд њамаљониба усули кор бо кўдак ва таъсири барномаро ба њаёти ояндаи вай пас аз пахшаш дар эфир ба назар бигиранд.
Ширкати Би-Би-Си аз коргаронаш таќозо мекунад, ки нисбати мусоњибон бовиљдонона рафтор бикунанд. Мусоњиба дар Би-Би-Си бояд хушмуомилаву боэњтиромона сурат бигирад. Њамагуна шаклњои мусоњиба иљоза дода мешавад, вале он набояд боѓаразона бошад. Ба мусоњиб њамеша бояд имкон дода шавад, ки вай ба суолњо посухи пурра бигўяд.
Собиќ мудири шўъбаи форсии Радиои Би-Би-Си Боќири Муин мегўяд, дар Би-Би-Си њамеша мекўшанд, ки дар доираи ќонунњо кор бикунанд ва саъй мекунанд ба арзишњои мављудаи хабарї вафодор бимонанд. «Ба он маънї, ки аввал — диќќат њаст. Дуввум — тањлили дуруст. Саввум- бетарафї ва чањорум табодул. Хабарњоямон њамеша манбаъ дошта ва њамеша ин корро анљом додем. …Дар воќеъ мешавад гуфт, ки 64 сол боз ба забони форсї барнома пахш мекунад ва як таъодуле њамеша дар кораш буда. Шояд иштибоњ њам хеле зиёд карда бошад, вале аз рўи амд набуда ва агар иштибоње њам карда бошад, саъй карда, то онро бартараф бикунад» .
Дар њамин њол Боќири Муин мегўяд, ки кори Радиои Би-Би-Си фаќат хабар пахш кардан нест, балки инъикоси зиндагии мардум њам њаст.
Яке аз принсипњои асосии фаъолияти Би-Би-Си — мустаќилияти вай аз манфиатњои тиљоратї мебошад. Бинобар ин барномањои Би-Би-Си бояд њаргиз барои аудитория таассуроти рекламавї надошта бошанд.
Аз рўи талаботи журналистикаи Ѓарб дар маводи иттилоотї бояд назари муаллиф набошад, вагарна он беѓараз намешавад. Вале принсипи мазкур на њамеша риоя мешавад.
Ба гуфти хабарнигори рўзномаи «Комсомольская правда- Ќирѓизистон» Антон Лимар «Њама гуна рўзноманигор њангоме ки дар бораи оддитарин воќеа менависад, дар он муносибати хешро дар бораи воќеаи рухдода ифода мекунад» .
Элмира Токтогулова, муњаррири созмони минтаќавии созмони швейтсарии CIMERA низ љонибдори ин аќида аст: «Воќеъбинии мутлаќ дастнорас аст, зеро он вуљуд надорад. Аммо ба сўи мувозинат дар маводи нашр саъй кардан мумкин аст ва зарур аст, ки он проблемаи ѓаразнокро аз миён бардорад» .
Њини њодисаи гаравгонгирї дар мактаби тањсилоти њамагонии шањри Беслани Россия (соли 2004) хабарнигорони Би-Би-Си дар гузоришњои худ калимаи «террорист»-ро истифода накарданд. Пас аз чанде ба суоли шунавандагон дар ин мавзўъ директори Умури љањонии Би-Би-Си Найљел Чэпмен чунин посух дод:
«Мо дар истифодаи калимаи «террорист» эњтиёткорона рафтор мекунем. Ин яке аз талаботи мост. Сабаб дар он аст, ки ин калима масалан, дар Шарќи Наздик хеле серистеъмол мебошад. Барои исроилињо Њамас ташкилоти террористї бошад њам, ин созмон, ки зўровариро истифода мекунад, барои фаластинињо ташкилоти истиќлолхоњї аст. Дар ќоидањои барномасозии Би-Би-Си истифодаи эњтиёткоронаи калимаи «террорист» таъкид шудааст. Дар репортажњо оид ба терроризм вазифаи Би-Би-Си дар он аст, ки ба шунавандањо њаќиќатро зуд ва даќиќ ва беѓаразона гўяд» .
Агар шунавандањо эњсос бикунанд, ки радио ягон тарафи даргирро љонибдорї мекунад, пас эътимоди онњо ба Би-Би-Си коњиш меёбад.
Ба ќавли Найљел Чэпмен моњи июли соли 2004 Шўрои сарпарстони Би-Би-Си барномањоро баррасї карда, ба хулоса омадааст, ки дар умури ахбори Би-Би-Си фазои солими ќабули ќарорњо њукмфармо буда, љанги Ироќ ва муноќишаи Шарќи Наздик беѓаразона инъикос карда мешаванд.
Агар ман ва ё муњарриронам эњсос кунем, ки дар ягон гузориш њодиса яктарафа ва ё ѓаразнок инъикос мешавад, ба он зуд таѓйирот ворид мекунем. Аз ин рў, њамеша дар гузоришњои мо тавозун риоя мешавад, мегўяд Н. Чэпмен ва меафзояд:
«Агар нисбати сифати гузоришњои мо шикояте шавад, мо мўшикофона онро тањќиќ мекунем ва агар хато карда бошем, онро эътироф карда, бартараф менамоем» .
Ба гуфти Н. Чэпмен Би-Би-Си дар бораи ин ё он њодиса, ки бевосита ба фаъолияти он дахолат намекунад, мавќеи худро надорад. Кори мо љамъ кардани факт ва онро ба аудитория пешнињод кардан аст, то ки худи онњо мавзўъро бифањманд ва ба хулосае биёянд.
Ба ќавли Н. Чэпмен Њукумати Британия имконияти ба раванди редаксионї таъсиррасониро надорад. Агарчи Умури љањонии Би-Би-Си аз њисоби гранти махсуси њукумат маблаѓгузорї мешавад, ширкат пурра дар масоили журналистї мустаќил аст.
Хадамоти махсуси Британия ба фаъолияти мо наќше надорад, мегўяд Н. Чэпмен, директори Умури љањонии Би-Би-Си. Агар хадамоти махуф дар фаъолияти мо наќше мебозиданд, ин эътирози кормандони моро ба вуљуд меовард ва љомеаи Британия бонги изтироб мезаданд .
Принсипи асосии кори радиои Би-Би-Си аз рўи оиннома беѓаразї мебошад. Њамаи иттилое, ки пахш мешавад, бояд дурусту воќеї бошад. Собиќ мухбири рўзномаи «Санди Телеграф» ва «Дейли Нюс» Том Гросс мегўяд, ки пахши барномањои сањнавї, варзишї ва илмии Би-Би-Си воќеан беѓаразонаанд. Вале барномањои ахборї ба ин талабот љавобгў нестанд. Ба ќавли ў бахшњои иттилоотии Би-Би-Си нишондоди оинномаи худро вайрон карда, сиёсати зиддиамерикої ва зиддиисроилиро пеш мебаранд. Би-Би-Си дар барномањои худ мекўшад, ки арабњоро «наранљонад». «Ман ду маротиба шунидам, ки Умури љањонии Би-Би-Си дар бораи ќатли оми Судон хабар дода, дар бораи гунањкорон ва љабрдидањои ин њодиса чизе нагуфт. Баръакси ин Би-Би-Си дар барномањои худ ба такрор мегўяд, ки яњудињо замини фаластинињоро «ѓасб» карда, дар он љо хона сохтаанд» .
Шубњае нест, ки Би-Би-Си ба созмони «Њамос» таваљљўњ мекунад, мегўяд Т. Гросс. Солњои зиёдест, ки «Њамос»-ро дар фаъолияти террористї, ки зидди яњудиён равона шудааст, гунањкор мекунанд, мегўянд наттоќони Би-Би-Си истењзоомез.
Соли 2002 адвокати лондонї Тревор Андерсон ва ёвари вай Элише Мирони 7 њафта пурра барномањои радио ва телевизиони Би-Би-Си-ро аз нигоњи беѓаразї, даќиќкорї ва њаќиќатнигорї омўхтанд. Бино ба пажўњиши Тревор Андерсон ва Элише Мирони «Баъзе ќоидавайронкунињо дар фаъолияти Би-Би-Си равшан ба назар мерасанд. Гоњ-гоње бо навоварї ва ё «нодида гирифтан»-и фактњо Би-Би-Си хабарњое пахш мекунад, ки аз њаќиќат дуранд. Аксаран хабарњои Би-Би-Си мардумро гумроњ мекунанд. Баъзан кормандони Би-Би-Си барои тасдиќи идеяњои худ чизе мебофанд» .
Пажўњишгарон ќоидавайронкунии якумро дар рангин кардани террори созмонњои арабї мебинанд. Ба аќидаи онњо Би-Би-Си созмонњои террористии «Њамос» ва «Љињоди исломи»-ро террорист намегўяд. Ба љои ин истилоњи «љангиён», «размандањо» ва ё «радикалњо» истифода мешаванд. Агарчи инфиљори маѓоза, питсерия ё дискотека рух дода бошад њам.
Ба аќидаи Тревор Андерсон ва Элише Мирони ќоидавайронкунии дуюми Би-Би-Си ин «нодида гирифтан»-и зўроварии арабњо мебошад. Пажўњишгарон барои тасдиќи ин гуфтањо воќеаи моњи декабри соли 2001-ро мисол меоранд: Фаластинињо дар назди дењкадаи Эмануэл ба автобус њамла карда 10 нафар исроилиро кушта, дањњо нафари дигарро захмї карданд. Би-Би-Си хабар дод, ки роњбари фаластинињо Я. Арафот ин амалиётро мањкум карда, амр дод, ки ба зуддї офисњои «Њамос» ва «Љињоди исломї» баста шаванд. Ин амри Арафот иљро нашуд. Дар ин бора расонањои љањонї хабар доданд. Аз љумла, 13 декабр дар ин бора «Ню-Йорк таймс» иттилоъ дод. Вале Би-Би-Си дигар дар ин бора хабаре пахш накард.
16 декабри соли 2001 Я. Арафот дар бораи мусолиња ва бозгашт ба гуфтушуниди осоишта суханронї намуд. «Њамос» ва «Љињоди исломї» ба зидди Арафот изњороти расмї пахш карданд ва чанд амалиёти террористиро анљом доданд. Аз љумла, дењкадаи Гуш-Катиф аз миномёт гулўлаборон карда шуд. Њамчунин ба блокпости артиши Исроил норинљак партофта шуд. Дар натиљаи амалиёти террористї 4 нафар шањрванди Исроил захм бардоштанд. Ваќте ки нерўњои Исроил ба ин амал љавоб гардонданд, Би-Би-Си дар бораи мусолињаро вайрон кардани фаластинињо чизе нагуфта, хабар дод, ки «пас аз баромади Я. Арафот оид ба бас кардани зўроварї ва оѓоз кардани гуфтушуниди сулњ сарбозони исроилї 3 нафар фаластиниро куштанд».
Ба гуфти Тревор Андерсон ва Элише Мирони ќоидавайронкунии сеюми Би-Би-Си дар нобаробарии муносибат ба роњбарон зоњир мегардад. Масалан, дар бораи Ариэл Шарон носазо гуфта, Ясир Арафотро чун шахси љасур муаррифї мекунанд. Масалан, Би-Би-Си мегўяд, ки «Ариэл Шарон пўстѓафс аст ва аз ин ифтихор мекунад». Дар бораи Арафот бошад, чунин мегўянд: «Бењтарин роњбар».
Аз рўи созишномаи Осло вазифаи Арафот раис номида мешавад, вале дар Би-Би-Си ўро президент мегўянд.
Тревор Андерсон ва Элише Мирони ќоидавайронкунии чоруми Би-Би-Си-ро дар хабарњо истифода накардани љузъиёти асосї медонанд. Аз љумла, 17 декабри соли 2001 сарбозони исроилї навраси 12-соларо, ки дар дасташ автомати бозича дошт, парронданд. Ба гуфти намояндаи Артиши Исроил бозичаи мазкур ба автомати њаќиќї хеле монанд буд. Аксари ољонсињои иттилоотї ин љузъи хабарро номбар карданд. Вале дар хабари Би-Би-Си дар бораи автомати бозичаро дар даст доштани наврас чизе гуфта нашуд .
Ѓаразнокї дар гузоришњои бахши форсии Би-Би-Си низ ба назар мерасанд. Ин амал дар гузоришњои давраи љанги шањрвандии Тољикистон рўшан ба назар мерасад. Аз љумла, 13 феврали соли 1993 Радиои Би-Би-Си вобаста ба интихоби муфтии нави мусулмонони Тољикистон хабаре пахш кард, ки дар он аз љумла, омадааст: «Роњбари љадиди мазњабї муфтї Фатњулло Шарипов ном дорад ва аз ањолии минтаќаи Њисор аст, ки таќрибан тањти контроли давлат аст». Ин љо албатта, гуфтани «таќрибан» нољост. Зеро он ваќт Њисор воќеан тањти назорати њукумат буд.
Дар гузориши дигари Радиои Би-Би-Си, ки 28 феврали соли 1993 пахш шудааст, сухан дар бораи вазъи Тољикистони онваќта меравад. Дар гузориши мазкур низ принсипи беѓаразї ва бетарафї риоя нашудааст. Аз љумла, дар он чунин гуфта мешавад: «Нерўњои номуназзами давлатї мавсуф ба Љабњаи мардумии Тољикистон бо роњбарии Сангак Сафаров, ки муттањам ба ќатл аст, дар љараёни рўёрўї бо як нерўи 800-нафара аз мухолифини давлат ба ноњияи кўњї дар 60-километрии шарќи Душанбе аќиб рондаанд». Дар ин гузориш , ки саросар ѓаразнок аст, «муттањам ба ќатл аст» гуфтани С. Сафаров, дурўѓи мањз мебошад, зеро ягон додгоњ ўро ба ќатл мањкум накардааст.
24 марти соли 1993 Радиои Би-Би-Си дар такя бо иттилои маќомоти СММ дар бораи аз Душанбе ба макони доимии зисташон, вилояти Ќурѓонтеппа баргардондани 4 њазор нафар паноњанда хабар дода, гуфт, ки онњо «Дар наздикии як истгоњи роњи оњан, дар яхбандон бидуни сарпаноњ зиндагї мекунанд… То њол якчанд нафар аз онон ба њалокат расидааст». Хабари мазкур њангомаљўёна буда, макони воќеа гуфта намешавад, то дурустии он санљида шавад.
25 октябри соли 2005 гузориши хабарнигори душанбегии Радиои Би-Би-Си бо номи «Интиќоди шадиди сусиёл демукротњо аз давлат» садо дод. Маводи мазкур аз нишасти матбуотии раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон Рањматилло Зоиров тањия гардидааст. Дар он Р. Зоиров аз афзоиши таъќиб ва фишор нисбати аъзои њизб ва фаъолони аз љониби њукуматдорон изњори нигаронї ќардааст. Дар њамин њол он гуфтањои вай бо овардани назари љониби мухолиф таъид ё такзиб нашудаанд. Аз ин матлаб вайрон кардани принсипи бетарафии Би-Би-Си рўшан ба назар мерасад.
21 марти соли 2006 Би-Би-Си гузоришеро бо номи «Радди натоиљи интихоботи Белорус» пахш кард, ки дар он низ принсипи беѓаразї ва бетарафї риоя намешуд. Дар он суханони президенти ИМА Љ. Буш ва номзади мухолифин ба маснади раиси љумњур А. Милинкевич оварда шудааст, ки ѓалабаи А. Лукашенкоро дар интихобот намепазиранд. Њамчунин мухбир бе ягон санади воќеї мегўяд: «Њайати нозирони байналмилалї дар иттилоияе мегўяд : «интихобот ба хотири истифода аз ќудрати давлатї ва мањдудияти њуќуќи аввалияи шањрвандон» таќаллубомез будааст».
Ќобили тазаккур аст, ки њанўз 4 марти соли 2006, 15 рўз то баргузории интихоботи президентї дар Љумњурии Белорус хабарнигори Радиои «Озодї» Салими Аюбзод дар мухбирномаи худ суханони А. Милинкевичро аз рўзномаи «Интерншнл Њералд трибюн» иќтибос карда буд: «Дар интихоботе, ки ройњои он шумурда нахоњанд шуд, пирўз омадан муњол аст. Аз ин рў, мо дар марњилаи феълї на барои пирўзї дар интихоботи дурўѓин, балки барои пирўзї дар зењну дили мардум мубориза мекунем».
Гузорише, ки 26 марти соли 2006 Радиои Би-Би-Си бо унвони «Интиќоди иттињодияи Урупо аз давлати Белорус» пахш шуд, дар бораи тазоњуроти мухолифин наќл мекард. Дар гузориш аз намояндањои мухолифини Њукумати Белорус, ки тазоњуроти ѓайриќонунї кардаанд, љонибдорї мешавад. Њамчунин бе овардани далеле дар гузориш омадааст: «Муътаризин мегўянд дар интихобот таќаллуб шудааст».
Мавзўи мазкур дар хабари дигари Радиои Би-Би-Си «Мамнуъияти сафари раиси љумњури Белорус», ки 10 апрели соли 2006 садо дод, боз баррасї шудааст. Дар он аз ќарори вазирони умури хориљии кишварњои Иттињоди Аврупо оид ба манъ кардани сафари президенти Белорус А. Лукашенко ба ин давлатњо сухан меравад. Њамчунин дар ин хабар боз омадааст: «Ин иќдом дар вокуниш ба интихоботи раёсати љумњурии моњи гузашта дар Белорус аст, ки ба гуфтаи нозирони байналмилалї на озод ва на мунсифона баргузор шудааст».
12 апрели соли 2006 мухбирномаи хабарнигори Би-Би-Си Љонатан Маркос бо номи «Роњи њалли бўњрони њастаии Эрон чист?» пахш шуд, ки дар он принсипи бетарафї риоя нашудааст. Ў аз љумла, мегўяд: «Эрон дар масире ќарор гирифта, ки метавонад ба тавоноии тавлиди маводи лозим барои сохти бумб даст ёбад». Љ. Маркос вобаста ба тафовути мавќеи Русияву Чин ва Америкаву Британия њарф зада ба чунин хулоса меояд: «… бидуни дастёбї ба вањдати назар фишори байналхалќї абзори ноќис хоњад буд».
Мухолифини Би-Би-Си аз сарлавњањои хабару гузоришњо нисбати инъикоси муноќишаи Исроилу Фаластин низ изњори нигаронї мекунанд. Масалан, соли 2002, ваќте ки Я. Арафот изњор дошт, ки разведкаи Моссад гурўњи ќалбакии ташкилоти террористии «Ал-ќоида»-ро дар сектори Ѓаза таъсис додааст ва инро ашхоси расмї рад карданд, Би-Би-Си онро дар сарлавњаи худ истифода кард: «Исроил њузури «Ал-ќоида»-ро таќаллуб кард».
Дар сарлавњаи дигар омадааст: «Дар натиљаи зарбаи ракетии исроилињо як нафар кушта шуд». Ваќте ки маќола то охир гўш карда мешавад, маълум мегардад, ки ин «як нафар» террорист будааст.
Њини як амалиёт дар назди офиси СММ дар Фаластин аз љониби исроилињо як нафар террорист кушта шуд. Намояндагии СММ аз Њукумати Исроил дархост намуд, ки њини амалиёти љангї эњтиёткор бошанд ва љони шањрвандони осоиштаро зери хатар нагузоранд. Пас аз ин маводи Би-Би-Си бо чунин сарлавња пахш шуд: «Исроил ба њаёти кормандони СММ тањдид мекунад» .
Чунин сарлавњагузорї дар бахши форсии Би-Би-Си низ ба назар мерасад. Масалан, 24 марти соли 1994 гузорише бо унвони «Сафари ногањонї ва тааљљубовари Эмомалї Рањмонов ба Бадахшони Тољикистон» пахш шуд. Сарлавњаи мазкур њангомаљўёна аст. Зеро ташрифи роњбари давлат ба як минтаќаи кишвар тааљљубовар нест. Дар њамин њол гуфта мешавад, ки «Помир як минтаќаи худмухтор аст ва давлати Тољикистон дастрасї ба он надорад. Дар љараёни даргирињои дохилї дар Тољикистон шумораи зиёди мухолифони њукумат ба кўњњои Помир паноњ бурдаанд.» Дар чунин вазъият ба ин минтаќа сафар кардани раиси Шўрои Олии Тољикистон Э. Рањмонов тааљљубовар набуда, ќањрамонист.
17 апрели соли 2006 Би-Би-Си гузоришеро аз нишасти матбуотии додситони кулли Тољикистон Бобољон Бобохонов пахш намуд. Дар нишасти матбуотї Б. Бобохонов дар мавзўњои гуногун сўњбат карда, инчунин дар бораи навиштаи раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон Р. Зоиров дар Интернет, ки гўё дар кишвар 1000 нафар мањбусони сиёсї зиндонианд, гуфтааст: «вай барои бозљўї ба додситонї даъват карда мешавад, то ин гуфтаи худро собит намояд». Гузориши мазкур дар сайти Би-Би-Си чунин номгузорї шуда буд: Бобохонов: «Зоиров ба додситонї даъват хоњад шуд». Ин сарлавња хеле њангомаангез буд ва боиси њодисаи ногуворе гардид. Њамон рўзи пахши ин гузориш Р. Зоњиров ба сафари 10-рўзаи корї озими Маскав шуд. Ўро дар фурўдгоњи Маскав мухбирон ињота карда, пурсиданд, ки магар аз тарси гуфтањои додситони кулл фирор кардааст?
Дар гузориши мазкур танњо назари Б. Бобохонов оид ба ин ќазия оварда шуда, назари Р. Зоњиров вобаста ба изњороти додситони кулл гуфта нашудааст.
Созмони љамъиятии Take-A-Pen соли 2005 як тањќиќотеро оид ба гузоришњои Би-Би-Си анљом дод. Ба ќавли раиси созмони мазкур Андре Мозес аз пажўњиш бармеояд, ки Би-Би-Си террористонро љонибдорї мекунад.
Моњи январи соли 2005 пас аз як амалиёти террористї дар Тел-Авив, ки дар натиљаи он 5 нафар куштаву 49 нафар исроилињои љавон захмї шуданд, Би-Би-Си тањти сарлавњаи «Оилаи мотамзада» гузоришеро пахш намуд. Дар он сухан аз оилаи мотамзадаи шањиди љонфидои фаластинї мерафт. А. Мозес аз он изњори нигаронї мекунад, ки Би-Би-Си дар бораи инфиљоргари террорист њарф зада, љабрдидањои исроилиро фаромўш кард.
Ба ќавли А. Мозес кормандони Би-Би-Си худ мекўшанд, ки террористонро сафед кунанд. Аз љумла, директори шўъбаи ахбори Би-Би-Си Ричард Сэмбрук соли 2003 дар эфир гуфт, ки «њуљуми љонфидоёни инфиљоргар ба исроилињо аз нигоњї сиёсї асоснок аст». Ба њама маълум аст, ки дидаву дониста ќасди љони шањрвандони мулкї кардан љиноят аст ва барои ин дар тамоми олам љазо муайян шудааст. Корманди Би-Би-Си бошад, чунин амалро раво медонад .
Пахши тафсири дурўѓ на танњо дар радио балки дар телевизиони Би-Би-Си низ ба назар мерасад. Июни соли 2003 аз тариќи канали телевизиони Би-Би-Си-2 филми мустанади «Роњ ба сўи Армагеддон» намоиш дода шуд. Муаллифони филм наќл мекарданд, ки артиши Исроил њини амалиёт љойњои муќаддаси христианиро тањќир кардааст ва ба фаластинињо барои иљрои оинњои динї озодии пурра дода намешавад. Пас аз пахши филми мазкур як гурўњ яњудиёни лондонї аз болои Би-Би-Си ба додгоњ мурољиат карданд.
18 марти соли 2004, њини баррасии ќазияи мазкур дар додгоњ собит шуд, ки дар матни гўянда иттилои дурўѓ оварда шудааст. Њамчунин дар филм тасвир чунон паињам пайваст шуда тамошобинро гумроњ менамояд, ки гўё исроилињо дайру ибодатхонањоро дар Замини муќаддас вайрон карда истодаанд.
Ба иттиллои ољонсии AEN роњбарияти Ширкати телевизионии Би-Би-Си барои пахши маводи дурўѓ оид ба Исроил ва муноќишаи Исроилу Фаластин аз яњудињои Британия узр пурсидааст .
Соли 2004 мушовири вазири мудофиаи Британия Д. Келли пас аз ифшо шудани он, ки ў њуљљатњоро вобаста ба шурўи Љанги Ироќ ба мухбири Би-Би-Си додааст, худкушї кард. Барои тањќиќи «ќазияи Келли» комиссияи махсуси давлатї бо сарварии лорди консерватор Хаттон таъсис дода шуд. Моњи январи соли 2004 комиссия хулосаи худро чоп кард, ки тибќи он ба марги Д. Келли Би-Би-Си њамчун сарчашмаи иттилои санљиданашуда айбдор дониста шуд. Комиссияи Хаттон ба хулоса омад, ки гузоришњои Би-Би-Си оид ба инъикоси љанг дар Ироќ аз њад зиёд сиёсї ва ѓаразноканд .
Бояд гуфт, ки дар доирањои њукуматии Тољикистон низ нисбати Радиои «Озодї» ва Би-Би-Си афкори манфї ба вуљуд омадааст ва онњо ба хабарнигорони радиои мазкур назари некхоњона надоранд. Њатто президенти Тољикистон Эмомалї Рањмонов дар суханронии хеш дар сессияи 11 -и Маљлиси Олии љумњурї, ки 14 маи соли 1999 доир гардида буд, ин нуктаро изњор доштааст: «Махсусан ба рўзноманигорони радиоњои «Хуросон»-у Би-Би-Си ва «Озодї» мурољиат мекунам. Шумо хабар медињед, ки гўё дар Тољикистон ба ѓайр аз 2 — 3 нафар оппозитсион дигар касе набошад. Ягон кор на њукумат, на порлумон, на президент ва 6 миллион нафар ањолї. Мо медонем, шумо заказњои кињоро иљро мекунед. Лекин аз љањорчўбаи ќонунњои умумибашарї, байналмилалї, рўзноманигорї баромада, виљдони худро нафурўшед. Низоъ андохтан дар Тољикистон дигар на ба рўзноманигор, на ба ќувваи сиёсии дохилї ва душманони дохилию берунї муяссар намешавад» .
Њангомаљўї яке аз усулњои кори мухбирони радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си мебошад. Барои дарёфти мавзўи њангома мухбирони ин радиоњо баъзан ба амали ѓайриќонунї низ даст мезананд. Масалан, 21 декабри соли 2005 дар ноњияи Турсунзодаи Тољикистон хабарнигори Ширкати Би-Би-Си Мустањкам Тангриева аз љониби сарњадбонон ба љурми ѓайриќонунї ба минтаќаи марзї ворид шуданаш боздошт гардида, ба кормандони њифзи њуќуќу тартибот супорида шуд. Ба ќавли сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориљии Тољикистон Игор Сатторов хабарнигори Би-Би-Си дар вазорати онњо чун мухбир сабти ном шудааст, вале вай пеш аз он ки ба хати марзї мерафт, бояд дар ин бора огоњ мекард. Дар ин сурат, касе ўро боздошт наменамуд .

Дар Радиои Би-Би-Си ваќти тањияи хабар ба забон ва услуби он диќќати љиддї дода, чунин талабот тавсия мешавад:
— хабар бояд ба лањни тозаву беолоиш навишта шавад;
— љумлаи идеалї бояд дар худ як фикри анљомёфтаро ѓунљонад ва он набояд аз як сатр зиёд бошад;
— љумлае, ки беш аз ду сатр аст, њамеша душворфањм буда, хотирмон нест;
— иборањои кўтоњу дароз бењтараш ба навбат истифода шаванд. Ин аз якнавохтиву сарбастагї ва гум шудани фикр эмин медорад;
— њини сохтани ибора аз сифати феълї ва феъли њол истифода кардан нашояд;
— аз истифодаи калимањо ба монанди «чунин номбаршаванда ва «ба ном машњур» сарфи назар мебояд кард .
Аз пажўњиш бармеояд, ки баъзан як иттилоъро чанд расонаи хабарї дар як ваќт ва ќариб як хел пахш мекунанд. Масалан, 19 апрели соли 2006 Радиои «Озодї» дар бораи зуњури бемории сироятии лептоспироз дар ноњияи Файзободи љумњурї иттилоъ пахш кард. Њамон рўз дар њамин бора Радиои Би-Би-Си њам чунин хабар дод. Хабари мазкур њамон рўз аз љониби Ољонсии иттилоотии «Авасто» ва «Asia-Plus» низ пахш шуд. Њар 4 хабар, ки аз нишасти матбуотии Вазорати тандурустии Тољикистон тањия шудаанд, ќариб якхелаанд. Вале «Asia-Plus» дар охири хабари худ маълумотномаеро оид ба бемории лептоспироз овардааст.
11 майи соли 2006 њафтаномаи «Asia-Plus» дар бораи дар боѓи њайвоноти шањри Душанбе дасти духтаракеро газидани хирс хабаре чоп кард. Толибаи синфи чоруми мактаби раќами 21-и пойтахт Елизавета Шиякинаи 10-сола 1 май, ваќте ки бо падараш дар боѓи њайвонот буд, хостааст, ки ба хирс нонпораи хушк бидињад. Хирс ногањон аз дасти духтарак гирифта, онро кашидааст. Њамин тавр хирс дасти духтаракро аз китфаш канда гирифтааст .
Пас аз чор рўзи чопи хабари мазкур Радиои «Озодї» дар њамин мавзўъ хабари васеъ пахш намуд. Хабарњои мазкур ба њам ќариб пурра монанданд. Вале мухбири РО бо модари духтари љабрдида сўњбат карда, аз ќавли вай овардааст, ки ваќти рўй додани ин њодиса нозири боѓи њайвонот ва касе аз тамошобинон ба кўмаки Елизавета наомадаанд.
Дар хабари «Asia-Plus» бошад, гуфта мешавад, ки нозирони боѓи њайвонот тавонистанд боќимондаи дасти духтаракро аз панљаи хирс рањо кунанд. Дар хабари РО бар акс аз ќавли модари духтарак гуфта мешавад, ки падараш дасти ўро аз чанголи хирс рањо намудааст .
Дар охири њар ду хабар њам аз шањрвандон хоњиш мешавад, ки ба хотири љарроњии минбаъда ба Елизавета кўмаки молї намоянд. Њафтаномаи «Asia-Plus» барои интиќоли маблаѓи хайрия суратњисоби Лизаро чоп кардааст. Радиои «Озодї» бошад, барои тамос бо ин оила раќами телефони онњоро ба шунавандањо гуфтааст.
Радиои Би-Би-Си танњо 22 майи соли 2006, яъне пас аз 22 рўзи сар задани ин њодисаи нохуш мавзўи мазкурро дар як гузориши ихтисосї пайгирї кардааст. Гузориши мазкур нисбатан пурра буд ва дар он ба ѓайр аз наќли воќеа ва додхоњии модари ин духтараки љабрдида, њамчунин сухан аз беањамиятии падари Лиза, ки ќоидаи бехатариро риоя накардааст, меравад.
Феълан дарёфти иттилоъ барои радиоњои хориљї нисбат ба давраи шўравї осон гардидааст, зеро он тавассути мухбирони худї ва ољонсињои хабарї ва Интернет дастрас мешавад. Воќеан њам, имрўз бо рушди шабакаи Интернет њар як хабаре, ки ољонсињои иттилоотии Тољикистон ва ё хабаргузорињои љањонї дар бораи ин кишвар пахш мекунанд, ба осонї ва дар ваќти хеле кўтоњ дастраси кормандони радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си мегарданд. Ин дар навбати худ барои дарёфти мавзўъ, факту арќом ва иттилои аввалия мусоидат менамояд.
Хабару гузоришњое, ки кормандони офиси душанбегии Радиои Би-Би-Си омода мекунанд, асосан дар барномаи «Маљаллаи Осиёи Миёна» пахш мешаванд. Барномаи мазкур то аввали соли 2006-ум 30 даќиќа буд ва аз соати 20 то 20-у 30 даќиќа садо медод. Пас аз ќатъ гардидани пахши шабонарўзии барномањои Радиои Би-Би-Си дар мављи FM њаљми барномаи мазкур 45 даќиќа шуд ва он аз соати 19-у 45 даќиќа то 20-у 30 даќиќа садо медињад.
Ќобили тазаккур аст, ки феълан вобаста ба ваќти људошуда ва ањдофи радио дар барномањои бахши форсии Би-Би-Си аксаран жанрњои ахборї мавриди истифода ќарор мегиранд. Аммо дар радиоњои дохилии Би-Би-Си пахши жанрњои бадеї-публитсистї аз ќабили монтажи спектакл, њикояи радиої, песаи радиої, радиоинсенировка ва радиофилм маъмул аст.
Бояд зикр кард, ки дар радиои хориљї мафњуми жанрњо мањдуд аст ва њамаи нигоштањоро аслан ба хабар, гузориш, мусоњиба, сўњбат, маќола, хулосаи матбуот ва гуфтори вижа људо мекунанд. Дар ин љо хабар, мусоњиба, сўњбат ва хулосаи матбуот аз рўи таиноти жанриашон тањия гардида, пахш мешаванд. Вале жанрњои баёния ва табсира њамчун маќола ёд мешаванд. Репортаж ва љараёнот бошад, бо унвони гузориш истифода мегарданд. Матолиби дигари калонњаљмро, ки пахш мегарданд, вижагуфтор меноманд.
Пахши жанрњои гурўњи тањлилию публитсистї низ дар радио маъмул нестанд, вале истифодаи људогонаи онњо ба назар мерасад. Аз љумла, дар Радиои Би-Би-Си баъзан сўњбат ва нигориш истифода мешаванд. Истифодаи жанрњо дар Радиои Би-Би-Си аз талабот ба барномањои радио сарчашма мегирад. Яъне њадафи асосии радио, ки тарѓиби манфиатњои Британия ва бо ин дигар кардани мафкураи ањолии кишварњои хориљї аст, дар истифодаи жанрњо таъсири амиќ дорад.
Бояд гуфт, ки дар бахши русї ва форсии Радиои Би-Би-Си жанрњои гуногуни журналистикаи аврупої-ќитъавї асосан аз љониби кормандони шўъба, ки таљрибаи журналистикаи шўравиро доранд, истифода мешаванд.

Фасли 5
РАДИОИ БИ-БИ-СИ ВА МАТБУОТИ ТОЉИКИСТОН

Солњои охир дар матбуоти хусусии Тољикистон як тамоюли наве пайдо шудааст, ки он дар давраи шўравї дар матбуоти њизбї ба назар мерасид. Он ваќт матбуоти њизбии кишвар маводи чопкардаи нашрияњои Маскавро дар сањифањои худ ба табъ мерасонданд. Пас аз соњибистиќлол шудани Тољикистон нашрияњои русзабон барои пур кардани сањифањои худ ин амалро идома дода истодаанд. Чанд соли охир бошад, нашрияњои хусусии љумњурї аз маводи пахшкардаи радиоњои хориљї зиёд истифода мекунанд. Тањлили якчанд њафтанома аз ќабили «Зиндагї» ва «Миллат», ин гуфтањоро собит менамоянд. Ин нашрияњо аксаран маводи пахшкардаи бахши форсии Радиои Би-Би-Си ва Радиои «Озодї»-ро истифода мебаранд. Дар њамин њол нашрияњои русзабон низ аз ќабили њафтаномаи «Asia-Plus» маводи радиоњои «Свобода», Би-Би-Си, «Неметская волна» (мављи Олмон) ва нашрияњои Русияро дар сањифањои худ ба табъ мерасонанд.
Масалан, 2 феврали соли 2006 њафтаномаи «Asia-Plus» хабарњои «Продолжаются суды над узбекской оппозицией» ва «Последний из оппозиции»-ро аз Радиои Би-Би-Си бо ишора аз манбаъ ба табъ расонид. Дар њар ду хабар сухан дар бораи ба додгоњ кашида шудани лидерони гурўњи «Ўзбекистони офтобї» Санљар Умаров ва Нодира Њидоятова дар кишвари њамсоя меравад.
7 марти соли 2006 Радиои Би-Би-Си гузоришеро бо унвони «Шикояти ширкати обрасонї аз Абдуллоњи Нурї» пахш кард. Њамон рўз Ољонсии иттилоотии «Asia-Plus» хабареро бо номи «Саид Абдулло Нурї предстанет перед судом за клевету» пањн намуд, ки баъдан он 9 март бо номи «Водоканал против С. А. Нури» дар њафтаномаи «Asia-Plus» ба табъ расид.
27 октябри соли 2005 дар сайти форсии Би-Би-Си маќолаи Шањзода Назарзода (рўзноманигори тољик дар Лондон) бо унвони «Секс ва фалсафа» пахш шуд. Маќола баррасии филми режиссёри эронї Мўњсини Махмалбоф аст, ки соли 2005 дар шањри Душанбе филмеро рўи навор овардааст.
10 ноябри соли 2005 њафтаномаи «Миллат» маќолаи мазкурро бо номи «Ишќњои Душанбе» дар Ландан «Секс…» шуд», ба табъ расонид. Маќолаи номбурда њарф бо њарф бо маќолаи Би-Би-Си монанд буда, номи муаллиф дар њафтанома ба чоп расидааст, вале манбаи онро ишора накардаанд.
12 майи соли 2005 њафтаномаи «Зиндагї» маќолаи мухбири Радиои «Озодї» Сайёфи Мизробро бо номи «Њайкали Сангак Сафаров ёдгории таърихї нест?» бо ишора аз «Озодї» ба табъ расонд. Дар маќолаи мазкур сухан дар бораи кандани нимпайкарањои фармондењони фаъоли Фронти халќї Сангак Сафаров ва Рустами Абдурањим дар шањри Кўлоб меравад. Бояд зикр кард, ки њанўз 4 ноябри соли 2004 њафтаномаи «Нерўи сухан» дар мавзўи мазкур хабар дода буд ва 4 рўз пас аз нашри рўзнома – 8 ноябр мухбири хатлонии Би-Би-Си Хуршед Андамов дар њамин бора гузориш пахш кард.
Њафтаномаи «Зиндагї» 1 декабри соли 2005 хабари Радиои Би-Би-Си «ИМА пароканда кардани тазоњуротро дар Боку мавриди сарзаниш ќарор дод» низ чоп намудааст.
Њафтаномаи «Миллат» 1 декабри соли 2005 мухбирномаеро аз Радиои Би-Би-Си бо номи «Нигаронї аз тањсили динии љавонони тољик» ба табъ расонид. Дар поёни мухбирномаи мазкур њафтанома ба маводи Би-Би-Си ишора кардааст, вале номи муаллиф оварда нашудааст.
Њафтаномаи «Зиндагї» 23 феврали соли 2006-ум мухбирномаи «Нигаронии созмонњои ѓайридавлатии Тољикистон»-ро аз Радиои «Озодї» бе ишора аз манбаъ, вале бо номи муаллиф –Н. Маъмурзода ба табъ расонид. Ин мухбирнома 17 феврал дар радио пахш шуда буд. Хамин мавзўъро 17 феврал Радиои Би-Би-Си ва Ољонсии иттилоотии «Авасто» низ пайгирї карда буданд.
Дар шумораи 2 марти соли 2006 њафтаномаи «Зиндагї» хабари «Мири шањри Лондон барои тањќири журналист аз вазифа сабукдўш шуд» аз Радиои Би-Би-Си истифода шудааст. Хабари мазкур, ки 24 феврали соли 2006 дар Радиои Би-Би-Си пахш шуда буд, дар бораи аз љониби мири Лондон Ливингстон тањќир шудани хабарнигори рўзномаи «Evening Standard» (стандарти шомгоњї) Оливер Файнголд наќл мекунад. Мири Лондон хабарнигори яњудиро ба посбони конслагери фашистї баробар кардааст. Барои ин амал Комиссияи махсуси ахлоќї Ливингстонро ба мўњлати 4 њафта аз вазифааш дур кард.
13 феврали соли 2006-ум Радиои Би-Би-Си гузоришеро бо унвони «Дархости бознигарї дар парвандаи рўзноманигори тољик» пахш кард. Дар он сухан оид ба ќарори Додгоњи Олии Тољикистон ба эътирози сармуњаррири рўзномаи мустаќили «Нерўи сухан» Мухтор Боќизода нисбати њукми додгоњи шањри Душанбе меравад. Додгоњи Олии Тољикистон ќарор кардааст, ки парвандаи љиноии М. Боќизода оид ба барќдуздї аз нав баррасї шавад. Сармуњаррири «Нерўи сухан», ки њамзамон раиси чопхонаи хусусии «Кайњон» мебошад, барои беиљозат истифода бурдани барќ аз љониби Додгоњи ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе мањкум шуда буд.
16 феврали соли 2006 њафтаномаи «Миллат» хабареро бо номи «Боќизода умедвор шуд», ба табъ расонид, ки он ќариб њамранг ба гузориши Радиои Би-Би-Си буд.
14 феврали соли 2006 Радиои Би-Би-Си гузоришеро бо номи «Ѓанисозии таъсисоти Натанз оѓоз шуд» пахш кард. Њафтаномаи «Миллат» 16 феврали соли 2006 мухбирномаи «Эрон ѓанисозии уранро шурўъ кард»-ро ба табъ расонд, ки мухтасари гузориши Радиои Би-Би-Си буд. Њар ду мавод як хел шурўъ мешавад: «Давлати Эрон эълом доштааст, ки музокирот бо Русия перомуни тарњи пешнињодии ин кишвар феълан баргузор намешавад ва бархе манобеъи диплумотик гуфтаанд…». Вале дар ин љумлаи аввали гузориши Би-Би-Си «љумњурии исломї» ва дар маводи њафтаномаи «Миллат» «Эрони исломї» гуфта шудааст. Аксари гузориш ќариб њарф ба њарф гирифта шуда бошад њам, вале манбаи он ишора нашудааст.
Њафтаномаи «Миллат» дар шумораи 23 марти соли 2006 низ аз маводи радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си зиёд истифода кардааст. Масалан, хабарњои «Тољикистон –141-ум» , «Рўзноманигори эронї аз зиндон рањо шуд» (Би-Би-Си.-2006.-17 март.) ва маќолањои «Бањси њастаї Эронро куљо мебарад?» , «Роњи рањої куљост?» аз ин љумлаанд. Ќобили зикр аст, ки маќолаи «Бањси њастаї Эронро куљо мебарад?» ба ќалами сардабири умури љањонии Би-Би-Си Љон Симпсон тааллуќ дорад ва он тањлилест оид ба пажўњиши њастаии Эрон ва бањсњои атрофи он. Дар њафтанома ба манбаи мавод ишора шуда бошад њам, номи муаллиф навишта нашудааст. Дар маќолаи дигар, ки бо унвони «Роњи рањої куљост?» чоп шудааст, бар акси маќолаи боло номи муаллиф-Акбари Турсон њаст, вале манбаи маводро наовардаанд. Маќолаи мазкур дар Радиои «Озодї» бо номи «Мањалгарої???» пахш шуда буд.
Дар шумораи 16 марти соли 2006 њафтаномаи «Зиндагї» як чанд хабару мухбирномањо аз радиоњои Би-Би-Си ва «Озодї» истифода шудаанд. Сањифаи шашуми шумораи мазкур пурра аз Радиои Би-Би-Си гирифта шудааст. Дар ин сањифа мухбирномањои «Тољикистон дар шохиси озодии кишварњои љањон» ва «Вазъи тиљорати хориљї дар Тољикистон» ба табъ расидаанд. Дар ин њар ду мавод ба манбаъ ишора шудааст.
Њафтаномаи «Миллат» дар шумораи 6 июли соли 2006 низ аз маводи радиоњои хориљї ба таври фаровон истифода кардааст. Аз љумла, мухбирномањои «Бозоварии сагњои минёб ба Тољикистон» (Би-Би-Си.-2006.-3 июл), «Фиристодаи СММ СПИД-ро дар Тољикистон баррасї мекунад» ва хабарњои «Афзоиши хушунатњо ва њушдори Карзай» (2006.-2 июл), «Инфиљор дар назди кохи раёсати Љумњурии Афѓонистон» (2006.-4 июл), «Духтари Саддом Њусейн мењмони Урдун аст» (2006.- 3 июл), «Таљлили рањбари Ал-Ќоида аз Абумусъаб Зарќовї» (2006.-30 июн), «Истирдоди як муттањам аз Русия ба Тољикистон» (2006.-30 июн) ва мусоњибаи «Миллат» љони тоза дар пайкари матбуоти тољик» (2006.- 4 июн) аз Радиои Би-Би-Си гирифта истифода шудаанд. Мухбирномаи «Бозоварии сагњои минёб ба Тољикистон» аз фаъолияти Маркази минрўбии Тољикистон ва истифодаи сагњо дар минакобї наќл мекунад.
Дар мухбирномаи «Фиристодаи СММ СПИД-ро дар Тољикистон баррасї мекунад» сафари намояндаи вижаи дабири кулли СММ доктор Нафис Содиќ ба љумњурї ва боздиди ў аз Донишгоњи исломии Тољикистон мавриди арзёбї ќарор гирифтааст. Чї хеле ки аз сарлавњањо бармеояд, хабарњои Би-Би-Си мавзўњои гуногунро фаро мегиранд.
Мудири дафтари Би-Би-Си дар Душанбе Сўњроби Зиё дар арафаи солгарди таъсиси њафтаномаи «Миллат» бо сармуњаррири нашрияи мазкур Адолати Мирзо мусоњиб шуд, ки он баъдан бо номи «Миллат» љони тоза дар пайкари матбуоти тољик» ба табъ расид. Дар ин мусоњиба оид ба бурду бохти нашрия ва масоили доѓи он наќл карда мешавад.
Дар њамин шумора њафтаномаи «Миллат» маводи 5 сањифаашро (аз 16 сањифаи умумї) аз радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си гирифтааст, ки он ба беш аз 30 фоизи њаљми умумї баробар мешавад. Аз љумла, дар њамин шумора маводи Радиои Би-Би-Си ба 3 сањифа ё ба ќариб 20 % баробар аст.
Бояд гуфт, ки нашрияњо ваќти истифодаи мавод аз радиоњои хориљї на њамеша номи муаллиф ва манбаъро ишора мекунанд. Масалан, ин бештар дар њафтаномањои «Зиндагї» ва «Миллат» ба назар мерасад. Вале њафтаномаи «Asia-Plus» њамеша манбаи маводро зикр менамояд.
Њамчунин дар нашрияњо баъзе маводи радиоњои хориљї ба тарзи ихтисор ба табъ мерасанд.
Аз пажўњиш бармеояд, ки ба њисоби миёна 10-15 дар сади маводи њар шумораи нашрияњои «Зиндагї» ва «Миллат» аз радиоњои хориљї, ба хусус аз радиоњои «Озодї» Би-Би-Си гирифта шудаанд. Баъзан ин нишондињанда то ба 20 дар сад ва бештар аз он мерасад.
Бояд гуфт, ки аз маводи радиоњои хориљї истифода кардани нашрияњои хусусї солњои пешин њам ба назар мерасид, вале соли 2003 аз шурўи чопи њафтаномаи «Рўзи нав» он суръати тоза гирифт. «Рўзи нав» дар паспорти худ менавишт, ки «Дастгирии иттилоотї: Радиоњои «Озодї», Би-Би-Си, «Садои Хуросон».
Њоло бошад, њафтаномаи «Миллат» чунин менависад: «Дар тањияи ахбори рўзнома аз сайтњои интернетї истифода шудааст».
Њафтаномаи «Зиндагї» дар ин бора менигорад: «Рўзнома маводи расонањои ахбори оммаи љумњурї ва хориљиро истифода мекунад».
Дар њамин њол њафтаномаи «Asia-Plus» дар паспорти худ дар бораи истифодаи маводи расонањои хабарии хориљї чизе наменависад.
Истифодаи маводи радиоњои хориљї дар нашрияњо ду сабаб дорад. Аввалан, бо истифодаи маводи радиоњои мазкур њафтаномањо сањифањои худро пур мекунанд. Сониян, нашрияњо баъзан он маводеро чоп мекунанд, ки аз номи худ наметавонанд ба табъ расонанд. Дар ин њол онњо љавобгариро барои чопи чунин мавод аз сари худ соќит карданї мешаванд.
Мебояд тазаккур дод, ки баъзан матбуот ва радиою телевизиони Тољикистон низ иттилои ба худ ва њукумат манфиатдорро аз Радиои «Озодї» ва Би-Би-Си гирифта, истифода мекунанд.
Пас аз баррасии мавзўи мазкур суоле ба миён меояд: «Чаро радиоњои хориљї барои бе ишора ба манбаъ истифода бурдани маводашон ба нашрияњо кор намегиранд?». Албатта, ин сабаб дорад: истифода аз маводи радио дар нашрияњо теъдоди аудиторияи Радиои Би-Би-Си ва «Озодї»-ро зиёд мекунад ва ин њамзамон имкон медињад, ки таъсиррасонї ба мафкураи одамон фазои бештареро фаро бигирад. Яъне ин барои амалї шудани маќсади асосии радиоњои номбурда, ки тарѓибот барои дигар намудани мафкураи ањолии кишварњои хориљї ба манфиати худ аст, мусоидат менамояд.

ХУЛОСА

Дар олами муосир табодули ахбор байни одамон, халќњо ва давлатњо ба ќисми људонашавандаи муносибатњои байналхалќї табдил ёфтааст. Матбуот ва радиою телевизион миллионњо одамонро ба ин ё он њодиса ошно карда, ба ташаккули аќоиди љамъиятї мусоидат менамояд.
Њамин аст, ки радиопропаганда як љузъи људонашавандаи сиёсати хориљї гардида, давлатњои абарќудрат таввасути матбуот, радиою телевизион ва маводи чопї мафкураи ба худ манфиатдорро љабран ба сари мардуми кишварњои дигар бор мекунанд.
Тарѓибот љузъи асосии сиёсати радиоњои хориљї аст. Тарѓиботи мазкур барои амалї гардидани њадафњои сиёсї, иќтисодї ва низомї бурда мешавад. Тарѓибот ва зиддитарѓибот маќоми худро дар љомеаи демократї низ нигоњ медорад. Агарчи масъулин инро бешармона аз назари ањли љомеа пинњон медоранд ва танњо фаъолияти тарѓиботии раќибони худро мебинанд .
Дар давраи љанги њамватании Тољикистон ва давраи амалї гардидани шартњои Созишномаи сулњи тољикон Радиои Би-Би-Си дар ќатори Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодї» ва «Садои Хуросон» барои шунавандањои Тољикистон яке аз манбаъњои нисбатан озоди иттилоъ мањсуб мешуд. Вале дар њамин њол ба ќавли сиёсатшинос Рашид Ѓ. Абдулло ин расонањо чандон бетараф набуданд. «Онњо аслан моил ба инъикоси манофеъи сиёсии нерўњое буданд, ки то ноябри соли 1992 бо њукумати Р. Набиев ва баъдан бо њукумати Э. Рањмонов дар њолати мухолифат ќарор доштанд… Њимояи манофеъи нерўњои мухолиф бо ду роњ сурат мегирифт. Аввалан, тавассути ба тарзи фаровон ва хушбинона мутталеъ сохтани мардуми Тољикистон аз фаъолиятњо ва мавќеъгирињои сиёсии онњо. Сониян, аз тариќи мавќеъгирии басо танќидона нисбат ба Њукумати Тољикистон» .
Воќеан њам, радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си дар инъикоси воќеањои Тољикистон мавќеи хосе доранд. Ба ќавли профессори тољик И. К. Усмонов «пайдоиши афкори умум дар бораи Тољикистон дар байни онњое, ки Тољикистонро надидаанд, аз бисёр љињат ба фаъолияти онњо вобаста аст» .
Ќобили зикр аст, ки њини дар як мавзўъ пахш кардани матлаб, радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си нисбат ба ВАЭ-и Тољикистон бештар ва пурра маълумот медињанд. Дар њамин њол, лањни Радиои Би-Би-Си нармтар буда, ба гуфти депутати Думаи давлати Русия Ф. Чуев он нисбат ба радиоњои «Озодї» ва «Садои Америка» объективї аст .
Чї хеле ки ќаблан гуфтем, аввали соли 2006 –ум Би-Би-Си пахши барномањояшро ба 10 забон кам кард. Вале ба ин гурўњ барномањои бахши русї дохил нашуданд. Дар шароити имрўза, ки матбуоти озоду демократї дар Россия пайдо шудааст, суоле ба миён меояд, ки пахши барномањои русии Би-Би-Си чї зарурат дорад? Ин суолро Владимир Толц, мухбири Радиои «Озодї» дар мусоњиба бо Фрэнк Уилямс, собиќ хабарнигори Радиои Би-Би-Си мепурсад. Ф. Уилямс мегўяд, ки воќеан ин суол аст. Ман хурсандам, ки њоло он љо кор намекунам, зеро вазифањои Би-Би-Си дар чунин њолат хеле мушкил аст. Он вазифаи маърифатие, ки мо он замон мекардем, амалї гардид. Акнун гумон мекунам бояд вазифаи журналистиро адо кард. Мо дар камтарин њолат њам бояд ба ташаккули журналистикаи нав дар Россия кўмак бикунем .
Дар Тољикистон тўли 6 соли охир як ќатор радиоњои хусусї аз ќабили «Тироз» дар Хўљанд, «Азия плюс», «Ватан», «Русское радио «Ориёно» дар шањри Душанбе таъсис ёфтанд, ки ба мављи FM барнома пахш мекунанд. Мављи радиоњои мазкур ба ѓайр аз «Русское радио «Ориёно» њудуди 20 -25 километр, яъне макони мустаќари худ — шањрњои Хуљанду Душанбе ва атрофии онро фаро мегиранд. Аз ин рў, онњо ба ќисми зиёди ањолии кишвар дастнорасанд. Аз љониби дигар, формати радиоњои мазкур ахбору мусиќї буда, онњо наметавонанд зидди таљоњуми таблиѓотии радиоњои хориљї истодагарї бикунанд.
Ќобили зикр аст, ки њоло Радиои Тољикистон њар шабонарўз 54 соат барнома пахш мекунад. Радиои љумњурї аз 3 канал иборат буда, канали якум аз моњи августи соли 1998 шабонарўзе (24 соат) барнома пахш мекунад. Гуфторњои барномаи якум хислати умумї дошта, матолибаш њамаи соњањоро дар бар мегирад .
Канали дуюми радио барномаи вижавї буда, дар навбати худ ба ду бахш људо мешавад:
а) гуфторњо барои мамлакатњои хориљї, ки аз барномањои сиёсию иљтимої ва адабї -мусиќї иборат аст.
б) гуфтори «Фурўѓи Ориёно» аз соати 10.00 то соати 16.00 њамарўза 6 соат пахш мешавад. Дар ин барномаи иттилотию таълимї ва мусиќї њар ним соат 3 даќиќа ахбори мавзўї ва боќї оњангу тарона ё маводи таълимї садо медињанд.
Канали сеюм, њар рўз 8 соат барнома пахш мекунад. Вай хислати сабти стереоиро дорад ва равишаш барномањои адабї-бадеї мебошад. Аз моњи январи соли 1999 дар заминаи ин барнома гуфторњо бо забонњои тољикию русї ва ўзбекї садо медињанд.
Ќобили зикр аст, ки аз моњи январи соли 1999 дар асоси шўъбаи шањрии Радиои Тољикистон радиои пойтахт бо унвони «Садои Душанбе» таъсис ёфт. Бахши мазкур њар рўз 8 соат барномањои иттилоотї, иљтимоию сиёсї, фарњангї ва мусиќї дорад, ки аз соати 8.00 то соати 16.00 мустаќиман пахш шуда, баъдан аз соати 16.00 то соати 24.00 такроран садо медињад.
Мутаассифона, имрўз барномањои Радиои Тољикистон ба талаботи рўзафзуни шунавандагон ва замони муосир бозгў нест. Аз як тараф, мазмуну мундариљаи барномањо сустанд ва дар дараљаи пасти касбї омода шудаанд. Аз љониби дигар, барномањо хеле дарозу дилбазананд. Ваќти барномањо ва услуби тањияи онњо дар ќолаби давраи шўравї боќї мондаанд. Масалан, барномањои тањлиливу публитсистии Радиои Тољикистон 40 даќиќа садо дода, дар онњо асосан як ё ду мусоњибаи дарозу дилбазан пахш мешаванд. Шунавандаи имрўза, ки имконияти шунидани радиоњои дигарро дорад, ба чунин барномањои дилбазан мутаваљљењ нашуда, гўшаки радиоро ба дигар сў тоб медињад. Махсусан дар минтаќањои сарњадї — навоњии Шањритўсу, Ќубодиён, Носири Хусрав, Турсунзода ва вилояти Суѓд, ки ба Љумњурии Ўзбекистон њамсояанд, радиоњои ўзбекии ин кишварро бо майли том гўш мекунанд. Ќисми дигари ањолї радиоњои «Озодї», Би-Би-Си, «Садои Америка», «Радио России», «Садои Хуросон», «Мављи Олмон» ва ѓайраро гўш мекунанд. Радиоњои номбурда албатта, дар баробари пахши барномањояшон њадафњои сиёсии давлатњои худро пиёда мекунанд. Барои аксуламали таблиѓотии радиоњои хориљї Радиои Тољикистонро мебояд, ки пахши барномањояшро барои хориља тавсеа бахшад.
Барои ин дар навбати аввал, бояд аз сиёсати имрўзаи пахши барномањо ба хориља, ки мероси даврони шўравї буда ба Афѓонистон ва Эрон нигаронида шудаанд, бояд даст кашид ва усули корро дигар кард. Дуввум, барои муаррифии сиёсати давлати Тољикистон, фарњангу дастовардњои иќтисодиву иљтимоии мардуми љумњурї барои шунавандањои кишварњои хориљї тавассути бахши бурунмарзии Радиои Тољикистон пахши барномањоро ба забонњои кишварњои абарќудрат-англисї, немисї, франсавї, хитої, испанї ва арабї ба роњ мондан зарур аст.
Њамчунин пахши барномањоро барои кишварњои њамсоя ба забонњои ўзбекї, ўйѓурї (барои музофоти Синзян-Уйѓури Хитой), урду, ќирѓизї, ќазоќї, тољикї (барои Ўзбекистон, Эрон, Ќирѓизистон, Афѓонистон, Ќазоќистон), њинду ва сарикўлї (тољикони Хитой) љорї кардан мувофиќи маќсад аст.
Бояд гуфт, ки аз тариќи радиои умуљумњуриявї пахш кардани барномањо ба забонњои халќњои кишвар — ўзбекї, ќирѓизї, туркманї ва русї низ дар тарѓиби сиёсати давлат муфид аст. Зеро агар аудитория ба забони модариаш барномаро гўш бикунад, таъсири он нисбат ба забони ѓайр бештар аст. Дар њамин њол на танњо иттилоот, балки пахши барномањои тањлиливу публитсистї ва барои љалби бештари шунавандањо барномањои мусиќиву фароѓатиро низ ба роњ мебояд монд. Як нуктаро зикр кардан љоиз аст, ки барномањои мазкурро ба забонњои хориљї бояд тољикони мафкураашон соф миллї омода бикунанд.
Ќобили тазаккур аст, ки љомеа њаргиз пеши раванди табодули ахборро намегирад, зеро ин ба марг барорбар аст. Баръакс љомеа бар он мекўшад, ки раванди ѓункунї ва пахши иттилоъ њар чї зудтар сурат гирад. Раванди дигаргунињо дар љомеа бо суръат пеш меравад ва дар ин њол омили асосї инфраструктураи иттилоотї мебошад. Мутаносибан вай метавонад сарчашмаи иттилои созанда ва ё сўзанда бошад.
Дар њамин њол васоити ахбору таблиѓи Тољикистон бо пахши иттилоъи сареъу њаќќонї ва беѓаразона аз рўйдодњои кишвар ба радиоњои хориљї муќобил истода метавонанд. Ин нуктаро сиёсатшиноси тољик Рашид Ѓ. Абдулло низ љонибдор аст: «… агар он тамоюлњое, ки имрўз барои рушди ВАУ дар Тољикистон хос аст, минбаъд тањкиму таќвият ёбанд, ба гумон аст, ки садоњои беруна бо онњо раќобат карда тавонанд ».
Воќеан њам, бояд радиову телевизиони кишвар иттилои мављударо аз мавќеи њамаи гурўњњои иљтимоии љомеа пахш бикунанд, то ки шањрвандон худашон битавонанд ба ин ё он рўйдод назари худро муайян намоянд. Дар акси њол теъдоди шунавандањои садоњои хориљї коњиш нахоњад ёфт.

ФЕЊРИСТИ АДАБИЁТ

1. МАЪХАЗИ ИЛМЇ – ТАДЌИЌОТЇ

1. Артемов В., Семёнов В. Би-Би-Си: История, аппарат, методы радиопропаганды. — М.: Искусство, 1978. — 256 с.
2. Беглов С. И. Внешнеполитическая пропаганда: очерк теории и практики.- М.: Высшая школа, 1984.- 375 с.
3. Беспалов А. Г., Корнилов Е. А., Короченский А. П., Лучинский Ю. В., Станько А. И. История мировой журналистики. – М.: ИКЦ МарТ, 2003. — 432 с.
4. Брусницын Н. Информационная война и безопасность.- М.: Вита -Пресс, 2001.- 280 с.
5. Вачнадзе Г. Н. Антенны направлены на Восток.- М., 1975.- С. 17.
6. Власов А. И. Политические манипуляции.- М.: Международное отношения, 1982.- 303 с.
7. Воронцов Ю. В. Дезинформация — это тоже бизнес.-М.: Политиздат, 1965.- 111 с.
8. Ворошилов В. История журналистики зарубежных стран.- СПб., 2000.- 64 с.
9. Время работать на радио. Современная радиожурналистика в разных жанрах.- М.: Фонд независимого радиовещания, 2002.- 192 с.
10. Горький М. Собр. соч., т. 26. – М., 1953.- С. 296.
11. Горкий М. О литературе. М.: Советский писатель, 1953.- С. 355.
12. Дзялошинский И. Формы и методы работы журналиста с источником информации.-М.: Пульс, 2001. — 40 с.
13. Журналистика и идеология. — МГУ, 1985.- 184 с.
14. Журналистика и политика. — МГУ, 1987.- 174 с.
15. Журналистика в Таджикистане. Профессионалный справочник для журналистов. – Душанбе: Мир полиграфии, 2006.- 136 с.
16. Инструкция по радиожурналистике.- Радио «Свобода»/ «Свободная Европа». – 2002.- 52 с.
17. КПСС о средствах массовой информации и пропаганды.-2-е изд., доп.-М.: Политиздат, 1987.- 608 с.
18. Лазутина Г. Основы творческой деятельности журналиста.-М.: Аспект Пресс, 2004.- 240 с.
19. Лайнбарджер П. Психологическая война. – М., 1962. – С. 316-317.
20. Ленин В.И. М.А. Бонч-Бруевичу. Полн. собр. соч. Т. 51. — С. 130.
21. Ленин В. И. Удержат ли большевики государственную власть? Полн. собр. соч. Т. 34. — С. 332.
22. Летунов Ю.А. Что скажешь людям: -М.: Мысль, 1980.- С. 11.
23. Лукина М. Современные журналисткие технологии в работе с новостями. – М.: Пульс, 2001. – 40 с.
24. Лукина М. Технология интервью. – М.: Аспект Пресс, 2005.-192 с.
25. Михайлов С. А. Современная зарубежная журналистика: правила и парадоксы. – СПб.: Изд-во Михайлова В. А., 2002.- С. 329
26. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда.-Душанбе: Деваштич, 2005.-182 с.
27. Муќимов М. Радиои BBC дар Љанги дуюми љањон. /Меваи истиќлол. — Душанбе, 2006. -С. 26-30.
28. Нуралиев А. Таърихи журналистикаи кишварњои хориљї. –Душанбе: Сурушан, 2001. — 224 с.
29. Ошёни булбулон. – Душанбе: Ирфон, 1990.- 72 с.
30. Панфилов А. Ф. Радиовойна: История и современность. Очерки о внешнеполитической радиопропаганде фашистской Германии, США, Англии и ФРГ. –М.: Искусство, 1984.- 239 с.
31. Поклад А.Б. Юдина Н.И. Массовая информация: Международное общение или подрывная пропаганда? — М.: Международные отношения, 1987.- 96 с.
32. Полетаев Э. Рўзноманигории байналхалќї: рањнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказї. — Душанбе, 2005.- 280 с.
33. Почепцов Г. Информационно – политические технологии.-М.: Центр, 2003.- 384 с.
34. Радиожурналистика.-МГУ, 2000.- 478 с.
35. Рањматов С. Минбари савту калом. — Душанбе: Статус, 2001.- 172 с.
37. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрњои журналистикаи радио.–Душанбе, 1997. — 48 с.
38. Саъдуллоев А., Гулов С. Жанрњои журналистикаи радио.– Душанбе: Эљод, 2005. — 72 с.
39. Саъдулло А., Гулмурод П. Жанрњои тањлилии матбуот. – Душанбе, 1994. — 60 с.
40. Саъдуллоев А., Давронов Д., Муродов М. Асосњои фаъолияти эљодии журналист.-Душанбе: Деваштич, 2004. – 128 с.
41. СМИ, конфликты и терроризм.-Берлин, 2003.- 111 с.
42. Смирнов В. В. Жанры радиожурналистики. –М.: Аспект пресс, 2002. – 288 с.
43. Становление духа корпорации: правила честной игры в сообществе журналистов. – М.: Начала пресс, 1995.- 376 с.
44. Техника дезинформации и обмана. — М.: Мысль, 1978.- 246 с.
45. Теплюк В. М. Свобода и ответственность в деятельности журналиста.- Владивосток: Изд-во Дальневосточного университета, 1985.- 74 с.
46. Усмонов И. К. Воситањои ахбори омма ва сиёсати хориљии Тољикистон.- Душанбе: Сино, 2003.- 64 с.
47. Усмонов И. К. Назарияи публицистика. – Душанбе: Шарќи озод, 1999.- 100 с.
48. Усмонов И. К. Печать и международная пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.- 120 с.
49. Усмонов И. К. Журналистика. Ќ. 1.-Душанбе: Империал –Групп, 2005.- 480 с.
50. Фихтелиус Э. Десять заповедей журналистики.-Вэрнамо, Швеция, 2003. – 155 С.
51. Цыганков В. Медиа-терроризм. Терроризм и средства массовой информации.- Киев: Ника-Центр, 2004.- 122 с.
52. Шевчик Е.В. Радиодиверсанты. – Минск: Белорус, 1980.- 127 с.
53. Шиллер Г. Манипуляторы сознания. – М., 1980.- С. 19.
54. Шостак М. Репортёр: профессионализм и этика.-М.: РИП-холдинг, 2003.-165 с.
55. Ярошенко В.Н. “Чёрный” эфир: Подрывная пропаганда в системе буржуазной внешнеполитической радиовещании. – М.: Искусство, 1986.- 207 с.
56. BBC. Handbook. . –Lnd., 1966.- P. 99.
57. BBC Handbook. . –Lnd., 1973.- P. 119.
58. BBC Handbook. . –Lnd., 1974.- P. 269.
59. BBC Handbook. -Lnd., 1976. — P. 339.
60. Birt J. John Birt: the harder pats, the autobiography.-Time Warner, 2002.
61. Briggs A. A history of broadcasting in the United Kingdom. Volumes 1-V. Oxford university press, 1995.
62. Briggs A. The war of the Words, vol. 3. -Lnd., 1970.- P. 48.
63. Briggs A. Governing the BBC. –BBC, 1979.
64. British Broadcasting Corporation. A-Z of the BBC. –BBC, 1976.
65. Ellul J. Propaganda. The Formation of Men’s Attitudes.-N. Y., 1966.- P. 53.
66. Kats D. Britain Speaks. Propaganda by Short Waves. -Princeton, 1942.- P. 120-121.
67. Lippman W. Public Opinion. -New — York, 1961.- P. 95.
68. Martin L. J. The International Propaganda.-Minneapolis, 1958.- Р. 35-36.
69. Merton R. Social Theory and Social Structure. – Glencoe, 1957.- P. 527.

2. САРЧАШМАЊО

70. Абдулло Ѓ. Рашид. Тољикистон рўи мављњо.//Миллат.-2006.-1 июн.
71. Азия освобождается от доллара.//Взгляд.-2006.-7 май.
72. Ашраф Гани критикует западные неправительственные организации. //Афганистан.Ру.- 2006. — 28-феврал.
73. Ањмадинажод М. Нома ба Љорљ Буш.//Тољикистон.- 2006.- 18 май.
74. Баёния дар бораи ќатъи пахши барномањои Би-Би-Си.// Радиои «Озодї».-2006.-18 январ.
75. Барбан Ефим. И никаких расследований! //Московские новости.-2004.-11 июня.
76. Барот Ф. Ба Елизавета кўмак кунед.//Радиои «Озодї». –2006.- 15 май.
77. Бењрўзи Забењулло. Матбуот дар шароити љањонишавї.// Миллат.-2006.- 16 март.
78. Би-Би-Си: снаружи и внутри.// bbcrussian.com.-2006.-24 марта.
79. Би-Би-Си – соучастница террористов? //rjews.net/maof/-2005.-10 июля.
80. Би-Би-Си телевизиони арабї роњ меандозад. // Миллат- 2005, 10 ноябр.
81. Боглевска О. Визит до штаб-квартиры Би-Би-Си. //Медиареформ.-2005.-24 января.
82. Бреффнї О. Рурк. Ўзбекистон-омили ташаннуљ дар Осиёи Марказї.// Радиои «Озодї».-2006.- 30 март.
83. Буш мегўяд, истифодаи нерў зидди Эрон њатмї нест.//Радиои «Озодї».-2006.- 11 апрел.
84. Бушуева Н., Волков В. Журналисты попали в заговорщики.//Asia-Plus.- 2005.- 6 октября.
85. Буш-хаус: Дом с историей.//bbcrussian.com.-2003.-24 октябр.
86. Вам отвечает директор всемирной службы Би-Би-Си.//bbcrussian.com.-2004.-17 сентября.
87. Вести.//РТР.-2006.-23 марта.
88. Встреча президента с журналистами.//Телевидение Россия.-2001.-18 июля.
89. Глубокое изучение Би-Би-Си.//HonestReporting.com. –2002.-12 июня.
90. Грозин А. Новая стратегия США в Центральной Азии.// РИА Новости.-2006. –3 апреля.
92. Гросс Т. Би-Би-Си: искаженное восприятие реальности. //www.evrey.com.-2004.-13 декабря.
93. Грузия освободит Белоруссию.// Взгляд.-2006.- 17 марта.
94. Дмитриев Л. Документальное искусство.//Советское Радио и телевидение.-1967.- № 7.- С. 17-18.
95. Дмитриева О. Би-Би-Си Потеряла голову.//Российская газета.-2004.- 2 февраля.
96. Доклад о будущей войне.//Взгляд.-2006.- 15 май.
97. Евстафев Г. В воздухе Ирана пахнет грозой.//РИА Новости.-2006.-13 апреля.
98. Заговор против Лукашенко.//Взгляд.-2006.-1 марта.
99. Зиё С. Љойгоњи Би-Би-Си дар љањони хабар //Нерўи сухан.-2003.- 13 март.
100. Исматова Д. Шафќати Раљабиён: Як каф хоки ватанро ба Лондон бурдаам.//Зиндагї-2005- 20 октябр.
101. Исфандиёров Љ. Тўфон дар биёбон.// Тољикистон. –2006.-12 январ.
102. Калиев Е. Возможно ли влияние на президента другой страны?//Вечерный Душанбе.-2005.-23 декабря.
103. Карп М. «Свобода» или «Завтра», что нужнее иранцам?//Би-Би-Си. -2003.- 31 января.
104. Киргизова А. Америка заступилась за BBC.// Asia-Plus.-2006.-26 января.
105. Кожевникова Е. BBC дали срок. Слишком короткий.//Asia-Plus.-2006.-19 января.
106. Кожевникова Е. Медведь откусил ребенку руку.//«Asia-Plus». 2006.- 11 мая.
107. Конгресс США переоценил друзей Тегерана.//Комерсант.-2006.-17 марта.
108. Корпартоии кормандони Ширкати радио ва телевизиони
Би-Би-Си. //Тољикистон.- 2005. -26 май.
109. Корпорация BBC направила запрос властям Ирана с требованием восстановить доступ к сайту BBCPersian.com.// Lenta.ru.-2006.-25 января
110. Курбанов И. Р. Сафаров: США боятся в Иране не ядерной бомбы, а нефтяной.//Авесто.-2006.-27 марта.
111. Ќатъи барномањои Би-Би-Си дар Тољикистон рўи мављиFM.//Садои Хуросон.-2006.-12 январ.
112. Лос-Анљелес таймс: Афганские власти просят денег у наркобаронов.//ЦентрАзия.-2006.-16 марта.
113. Лукашенко назвал Буша «террористом номер один».//Рейтер.-2006.- 19 марта.
114. Маъмурзода Н. Бањси ќатъи барномањои Би-Би-Си идома дорад.// Радиои «Озодї».-2006.- 27 январ.
115. Мирзо А. Садои пойи шикастаи истеъмор.//Миллат.-2006.- 4 май.
116. На «голубую революцию» в Белоруссии потратили $ 12 млн.// Взгляд.-2006.-31 марта.
117. На кого работает Би-Би-Си.// Радиои Би-Би-Си.-2006.- 26 марта.
118. Национальная сеть радиовещания Таджикистана.//Радиф Инфо.-2006.- 3 февраля.
119. Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият. Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 сентябри соли 2005. № 337.
120. Новое руководство Би-Би-Си извинилось за допущенные корпорацией ошибки в истории с Дэвидом Келли.// РИА Новости.-2004.- 30 января.
121. НОЧПУ Узбекистана требует у Т. Блэра возместить ущерб за «провокационные действия» Посольства Британии в Ташкенте.//ЦентрАзия.-2006.-1 января.
122. Односторонние заголовки Би-Би-Си.//HonestReporting.com. –2002.-15 декабря.
123. Осипов В. Ключи Би-Би-Си.//Журналист.- 1968.- № 5.- С. 57.
124. Пирназаров Н. В Таджикистане приостановлено вещание Радио Би-Би-Си на FM частоте.// Авесто.-2006.-19 января.
125. Пирназаров Н. Корреспондент Би-Би-Си должен был поставить в известность МИД страны.// Авесто.-2005.-27 декабря.
126. Планы ЦРУ раскрыты…//Правда.Ру.-2005.- 28 ноября.
127. Поляков А. США в Афганистане и уроки для Центральной Азии. //ЦентрАзия.-2006.-6 апреля.
128. Почему мир не отреагировал на преступления?//ЦентрАзия.-2006-14 марта.
129. Путин В. Вести недели.//РТРК.- 2006.- 14 мая.
209. Радиои Би-Би-Си.- 1990-2006.
210. Руководство BBC извиняется за публикацию лживых материалов. //HonestReporting.com. –2004.-19 марта.
211. Саидазимова Г. Дафтари Радиои «Озодї» дар Тошканд баста шуд.// Радиои «Озодї».-2005.-13 декабр.
212. Сайти форсии Би-Би-Си дар эрон масдуд шуд.// Радиои Би-Би-Си.-2006.-25 январ.
213. Самиев С. Таджикские штрихи к плану США по свержению режимов на пространстве СНГ. // ЦентрАзия.-2006.-16 марта.
214. Сафар Т. Наќши нокофии Иттињодияи Аврупо дар Осиёи Марказї.//Радиои «Озодї».-2006.-11апрел.
215. Сафири Бритониё нигарон аст.// Миллат. –2006.- 26 январ.
216. Скрытая пропаганда.//Взгляд.-2006.-16 февраля.
217. События 13 мая 2005 года финансировались семьей Максуди. //Forum.msk.ru.-2006.-10 март.
218. Сотрудники британской вещательной корпорации проводят забастовку в знак протеста против планируемых увольнений.//Радио «Свобода».-2005.-23 мая.
219. Тольц В. Есть обычай на Руси…//Радио «Свобода».-2004.-20 ноябр.
220. Узбекистан ограничил деятельность иностранных корреспондентов. // Рейтер.-2006.-16 марта.
221. Умарова А. BBC дар FM хомўш шуд.// Миллат.-2006.- 19 январ.
222. Умарова А. Чаро Боќир Муин аз Би-Би-Си рафт?! //Зиндагї- 2005- 19 январ.
223. Умаров С. Доклад на конференции по защите правозащитников в г.Вене.//ЦентрАзия.-2006.-2 апрел.
224. Усмонов И. К. Дастгоњи гумроњкунї.// Адабиёт ва санъат, 1986.- 14 август.
225. Финкельштейн Э. Русские голоса в зарубежном эфире.//Знамя.- 1996. -№7.- С. 179- 192.
226. Хавличек Ф. Конец глушения. // Новое время.- 1989.- № 19.
227. Ципко А. Тупики демократии- содержанки. Запад финансирует только «правозащитников — Смердяковых» //Известия.-2006.-27 февраля.
228. Чем объясняется гонения на иностранные организации в Узбекистане.? //Радио «Голос Америки».-2006.-31 марта.
229. http:/news.bbc.co.uk/hi/russian/uk/newsid. 2005- 25 October.
230. http://www.dn.kiev.ua/politic/world/usa_07.html.
231.Iran-war with using the nucleus weapon? //The Guardian.-2006.- 11 April.
232. Michael Mainville. Why Uzbekistan is pressing daun foreign missionaries.//The Washington Times. – 2006.- 9 March.
233. Protect BBC.//Observer.-2004.- 12 December.
234. Taheri A. The Iranian bombs. Key-in Russia.//New York Post. –2006.-14 April.
235. http://www.bbc.co.uk/info.
236. http://www.old.grani.ru/war.-2001.-9 October.

МУНДАРИЉА

Пешгуфтор ………………………………………………………………….
Муќаддима ………………………………………………………………….
Таърихи пайдоиш ва ташаккули Радиои Би-Би-Си ……………..
Сохтори идораи Ширкати Би-Би-Си …………………………………
Би-Би-Си ва љанги иттилоотї …………………………………………..
Инъикоси воќеият дар Би-Би-Си ………………………………………..
Радиои Би-Би-Си ва матбуоти Тољикистон ………………………….
Хулоса ……………………………………………………………………………..
Фењристи адабиёт ……………………………………………………………..

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: