СИЁСАТ ВА ЧАНГИ ИТТИЛООТИ


ЉОВИД МУЌИМ

СИЁСАТ ВА ЉАНГИ ИТТИЛООТЇ

Душанбе- 2006

Љовид Муќим. Сиёсат ва љанги иттилоотї.- Душанбе: Деваштич, 2006.- 71 с.

Муњаррир: Саъдуллоњи Њайдар

Дар китоби мазкур сухан дар бораи сиёсат ва љанги иттилоотї меравад. Муаллиф дар мисоли ИМА сиёсати абарќудратњоро дар Шарќи Наздик ва Осиёи Марказї баррасї намудааст. Њамчунин дар асари мазкур чун олоти љанги иттилоотї истифода шудани радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си собит шудааст. Китоб барои донишљўён ва устодони шўъбаву факултањои журналистика, сиёсатшиносон, мутахассисони соњаи тарѓибот ва умуман барои ашхоси иштиёќманд пешбинї шудааст.

Китоби мазкур бо маблаѓи муаллиф чоп шудааст.

Љовид Муќим, 2006

САРСУХАН

Бо соњибистиќлол шудани Тољикистон таваљљўњи кишварњои абарќудрат ба љумњурии мо афзуд. Зеро аз љињати љуѓрофї Тољикистон дар маркази манфиатњои геополитикии абарќудратњо љойгир аст. Љумњурии Тољикистон дар љануб бо Афѓонистон дар ѓарб бо Ўзбекистон, дар шимол бо Ќирѓизистон ва дар шарќ бо Чин њамсарњад аст. Њамчунин аз Тољикистон то Туркманистону Эрон, Покистону Њиндустон ва Ќазоќистон чандон масофаи дур нест. Агар дар Тољикистон пойгоњи низомии ягон кишвари абарќудрат бошад, Њавопаймоњои љангї дар камтар аз як соат метавонанд ба хоки мамолики номбаршуда ворид шаванд. Аз љониби дигар, канданињои фоиданоки кишвар, ашёи хоми саноатї, захирањои энергетикї, оби ошомиданї, нерўи арзони корї ва бозори мањсулот таваљљўњи абарќудратњоро ба худ љалб мекунад. Хуллас, кадом кишваре, ки дар Тољикистон нуфузу ќудрат дорад, метавонад ба мамолики дар боло номбаршуда таъсир расонад.

Феълан як чанд кишвар аз ќабили ИМА, Русия, Чин, Эрон, Туркия ва Ўзбекистону Њиндустон мехоњанд дар Тољикистон таъсири бештаре дошта бошанд. Тољикистон барои Эрон њамчун як кишвари форсизабону мусулмонї ва бозори мањсулоти талаботи рўзгор манфиатнок аст. Тољикистон барои Ўзбекистон чун ягона кишвари форсизабони минтаќа устухон дар гулў аст. На онро фурў бурда метавонаду на партофта. Зеро дигаргунињое, ки дар Тољикистон рух медињанд, ба Ўзбекистон бетаъсир нахоњад монд. Њиндустон, ки имрўз ба кишварњои бузург наздик шуда истодааст, мехоњад дар Осиёи Марказї мавќеи муњим дошта бошад. Туркия низ мехоњад, дар ин љода бенасиб намонад. Инкишофи босуръати Чин бозорњои навро таќозо мекунад. Вай њам мехоњад дар Тољикистон нуфузи худро дошта бошад. Барои ИМА Тољикистон воќеан њам минтаќаи манфиати геополитикї аст. Пас аз ѓасби Афѓонистон аз љониби нерўњои низомии ИМА Тољикистон барои вай воќеан њам муњим гардид. Русия низ пас аз шикасти сиёсаташ дар кишварњои Осиёи Марказї Тољикистонро зери нуфузи худ нигоњ доштанист. Њоло барои ба даст овардани нуфузи воќеї асосан Русияву ИМА ва Чин талош доранд ва раќиби якдигар мањсуб мешаванд. ИМА бо додани грантњои гуногун ва сохтан пул болои дарёи Панљ, ки Тољикистонро бо Афѓонистон мепайвандад, нуфуз пайдо карда истодааст. Воќеан, аз соли 2000-ум ба ин љониб ољонсињои гуногуни ИМА ба Њукумати Тољикистон 129 миллион доллар кўмак расонидаанд. Русия пойгоњи низомии худро дар Тољикистон нигоњ доштааст ва мехоњад дар сиёсат ва иќтисодиёти кишвар низ нуфуз дошта бошад. Мањсулоти чинї, кайњост, ки бозорњои Тољикистонро ишѓол кардааст. Дар баробари ин сохтмони роњњо ва иншооти дигар ки бо ќарзи Чин маблаѓгузорї мешавад, таъсири ин давлатро дар Тољикистон зиёд мекунад.

Дар амалї кардани њадафњои геополитикї наќши воситањои ахбори омма зиёд аст. Зеро тавассути ВАО таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самараноктар сурат мегирад. Зеро инсон тўли њаёти худ бо таъсири иттилои ба ў расида ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро ќабул карда, бо таъсири вай дар баъзе њолатњо худ куллан таѓйир меёбад. Ин дар њолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сўзанда. Иттилои созанда нерўи пешбаранда дорад. Иттилои дурўѓ ва барои тахрибкорї истифодашаванда метавонад љомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун бикунад. Иттилоъ дар бораи инсон, љомеа ва ягон рўйдод метавонад тасаввури мусбат ё манфиро ба вуљуд орад. Имрўз бо рушди техникаву технологияи муосир, алоќаи маснўї, Интернет иттилоъро њамон лањза метавон ба тамоми олам пањн кард. Њамин аст, ки як рўйдодро дар як ваќт ќариб њамаи расонањои иттилоотии бузурги олам хабар медињанд. Вале дар њамин њол тафсир ба ин рўйдод аз њар яки ин расонањо гуногун хоњад буд. Њар яке аз дидгоњи худ ва пеш аз њама вобаста ба сиёсати давлати худ ба ин ќазия бањо хоњанд дод. Тавассути иттилоъ ва сухан метавон љомеаро идора кард. Њамин аст, ки иттилоъ дар њамаи даврањои рушди љомеа мавќеи муњим дошт ва он объекти мубориза буд. Бењуда намегўянд, ки касе иттилои бештар дорад, љањонро идора мекунад.

Фасли 1. АБАРЌУДРАТЊО ВА ЉАНГИ ИТТИЛООТЇ

Ба гуфти муњаќќиќи рус В. Г Афанасев матбуот, радио ва телевизион силоњи муњими таъсиррасонї ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муќоиса кард.[1]

Воќеан, бо воситаи тарѓиботи сартосарї, ки тавассути матбуот ва воситањои электронии ахбор сурат мегирад, ба љомеа афкори муайяне бор гардида, њамзамон ахлоќи љамъиятї, сохторњои нигоњдорандаи он вайрон карда мешаванд. Ваќте ки сухан дар љанги иттилоотї махсус истифода мешавад, вай барои инсон нерўи харобкунанда дорад. Феълан дар шароити имрўзаи љанги иттилоотї, ки дар як ваќт њам хабари воќеї ва њам хабари дурўѓ аз љониби ВАО пањн мешавад, амнияти љомеа зери хатар аст. Маълумоти дурўѓро дар љанги иттилоотї дезинформация мегўянд, ки ба маќсадњои гуногун пањн карда мешавад. Њадафи иттилоъ – ин ба аудитория расонидани њаќиќат, некиву кўмак кардан дар баромадан аз вазъият аст. Њадафи иттилоъи дурўѓ бошад, фиребгарї ва тахрибкорї аст. Дезинформатсия, яъне маълумоти дурўѓ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба њаќиќат будани вай шубња намемонад. Баъзан муаллифи воќеии дезинформатсия, манбаъи онро муайян кардан хеле мушкил аст.

Дезинформатсияро барои табаќањои љомеа ба таври хоса омода мекунанд. Зеро ба њамон як хабари дурўѓ на њама бовар мекунанд. Хабари дурўѓу тахрибкор тавассути каналњои гуногун пањн карда мешавад. Масалан, агар баъзе хабарњо тавассути овоза пањн карда шаванд, иттилои дигар аз тариќи ВАО-и давлатї ва ё хусусї пахш мегардад.

Дар давраи Љанги дуюми љањон аксари кишварњо аз дезинформатсия хеле хуб истифода мекарданд ва ба натиљањои дилхоњ њам ноил шуда буданд. Масалан, Япония он ваќт ба 22 забони хориљї барномаи радиої пахш карда, бо иттилои дурўѓ Америкаро бовар кунонд, ки нерўњои вай ягон амалиётро тарњрезї намекунад. Вале дар њамин њол соли 1941 ба базаи њарбии ИМА дар Пирл-Харбор њуљум карда, нерўњои бањрии онро торумор намуд. Њамон ваќт дар худи Япония бошад, шунидани радиоњои хориљї мамнўъ буд.

Ана аз њамин хосияти дезинформатсия кишварњои абарќудрат барои расидан ба ањдофи худ тавассути ВАО истифода мебаранд.

Бо пайдо шудани алоќаи кайњонї имрўз дар кураи замин минтаќае нест, ки мављњои радиої ба он љо нарасанд. Аз ин рў, радио бо нишондоди пањн кардани мављ, арзон будани истифодаи он ва дастрасї ба мардум яке аз бењтарин воситањои суханпароканї мањсуб мешавад.

Пас аз Љанги дуюми љањон кишварњои абарќудрат барои тањмили ѓояњои худ ба ањолии СССР ба тарѓиботи густурда шурўъ карданд. Шўрои амнияти миллии ИМА 18 августи соли 1948 ќарори № 20/1-ро ќабул кард. Дар он изњороти Президент Г. Трумэн чунин омадааст: «Њукуматро мебояд, ки ба манфиати љанги сиёсие, ки њоло пањн шуда истодааст, ба зидди Россия њадафњои муайяну љангї пеш гузорад. Њадафи мо- барњам задани Њукумати Шўравї мебошад. Кори мо бояд ба он равона шавад, ки он љо, дар СССР њодисањои дохилї ба вуќўъ пайвандад. Сухан дар бораи он меравад, ки Иттињоди Шўравї дар соњаи сиёсї, низомї ва муносибатњои психологї суст карда шавад».[2] Ќарори мазкур ба тарѓиботи густурдаи ИМА нисбати СССР тавассути ВАО, аз љумла радио оѓоз бахшид ва «љанги сард» шурўъ гардид. Њоло Ољонсии амнияти миллии ИМА яке аз маќомоти кории бурдани љанги иттилоотї мањсуб мешавад. Дар он беш аз 120 њазор нафар мутахассисон љамъ омада, љанги иттилоотї мебаранд. Аз љониби онњо амалиёт оид ба дигар кардани маънавиёту фарњанги миллї, тањриф кардани мафњумњои хотираи таърихї ва табодули онњо ба «арзишњои башарї», пайравї ба динњои ѓайримањаллї ва ѓайра сурат мегирад. Љанги иттилоотї барои Америка таърихи зиёде дошта бошад њам, он њамчун истилоњ танњо соли 1993 дар њуљљати махфии Вазорати дифои ИМА пайдо шудааст.

Ба ќавли муњаќќиќи љанги иттилоотї Н. А. Бруснитсин дар давраи «љанги сард» Департаменти давлатї, Раёсати марказии кашшофї, Ољонсии амнияти миллии ИМА, Бюрои федеролии тањќиќот, садњо рўзномаву маљалла, радиову телевизион шабонарўзї зидди Иттињоди Шўравї кор мекарданд.[3]

Аз рўи њадаф воситањои иртибот дар 3 самт метавонанд истифода шаванд:

— дар мубориза бар зидди нуќтаи назари бегона;

— коњиш додани ин нуќтаи назар;

— расонидани тафсири худ.

Набояд фаромўш кард, ки дар ваќти љанги иттилоотї аввал фазои иттилоотї, ё чи хеле ки мегўянд, ќудрати иттилоотї ба даст гирифта мешавад ва баъд ќудрати воќеї (њукумат)-ро мегиранд.

Н. А. Бруснитсин менависад, ки дањњо радиостансияњои хориљї ва дар навбати аввал «Озодї», «Садои Америка», Си-Би-Эс, Би-Би-Си, «Мављи Олмон» шабонарўзе беш аз 100 соат барои СССР ба забони русї ва дигар забони халќњои он барнома пахш мекарданд. Њоло ин барои кишварњои ИДМ идома дорад. Онњо дар кори худ нуќтаи назари расмиро тањриф намуда, ба шунавандањо фањмиши худро оид ба раванди руйдодњо бор мекунанд. Дар байни кормандони ин радиоњо љосусони идорањои кашшофї дар ниќоби журналистон фаъолияти худро пеш мебаранд. Яъне хадамотњои кашшофї воситањои ахбори оммаро њамчун олоти сиёсати худ истифода мекунанд.[4]

Ба аќидаи узви кумитаи амнияти давлатии Думаи давлатии Россия, генерал лейтенанти КАД СССР, доктори улуми таърих Н. С. Леонов он дигаргунињои сиёсї аз ќабили инќилобњои махмалин, ки њоло дар кишварњои ИДМ ба вуќўъ пайваста истодаанд, ба фаъолияти Ќасри сафед ва Раёсати марказии кашшофии ИМА њамбастагии зич доранд. Аз љумла, њоло маълум шудааст, ки «инќилоби садбаргњо» дар Гурљистон, «инќилоби норанљї»-и Украина ва «инќилоби лолањо»-и Ќирѓизистон дар Ќасри сафед тарњрезї шудаанд. Конгрессмен Р. Пол 7 декабри соли 2004 изњор дошт, ки ба хазинаи интихоботии президенти феълии Украина В. Юшенко нињодњои ИМА дањњо миллион доллар гузаронидаанд. Сарпарастони «инќилоби норанљї» Хазинаи миллии дастгирии демократия, Ољонсии рушди байналмиллї, Хазинаи Ч. С. Мотт, Хазинаи Форд, Хазинаи Сорос ва созмонњои дигари америкої буданд. Ба ќавли коршинос оид ба проблемањои амният ва мудофиа Есен Калиев дар «инќилоби лолањо»-и Ќирѓизистон сањми созмони «Freedom House» (хонаи озод)-и ИМА ва бахши ќирѓизии Радиои «Озодї» зиёд аст.[5]

Ба ќавли коршиносон воќеањои моњи майи Андиљони Ўзбекистон низ идомаи наќшаи тарроњони Раёсати марказии кашшофии Америка мебошад. ИМА чунин як инќилобро мехост, ки моњи марти соли 2006, дар ваќти интихоботи президентии Љумњурии Белорус амалї намояд. Вале хадамоти амниятии Белорус ба ин роњ надоданд.

1 марти соли 2006 дар нишасти матбуотї раиси Кумитаи амнияти давлатии Љумњурии Белорус Степан Сухаренко изњор дошт, ки мухолифин бо дастгирии хољањояшон аз Ѓарб пас аз интихоботи президентї наќшаи табодулоти давлатиро дар кишвар тарњрезї карда буданд. Ба ќавли вай мухолифини њукумат пас аз интихобот бояд натиљаи онро таќаллуб номида, дар маркази Минск митинг мекарданд ва даст ба тазоњурот мезаданд. Дар ин митинг инфиљор ташкил мекарданд, ки аз он чандин нафар ба њалокат мерасид. Ин дар навбати худ барои ѓасб кардани биноњои маъмурї ва даст ба табодулоти давлатї задани мухолифин бањона мешуд. Ин њама аз љониби созмони ѓайриќонунии мухолифин — «Њамкорї» тарњрезї шуда буд. Ба гуфти С. Сухаренко созмони «Њамкорї» аз љониби шўъбаи минтаќавии Институти миллии демократияи ИМА тавассути шањрванди ин кишвар Дэвид Гамилтон маблаѓгузорї мешуд. Барои фаъолияти ин созмон дар соли 2006 ИМА 12 миллион доллар људо карда буд.[6]

Радиоњои «Садои Америка» ва «Озодї» барои бурдани тарѓибот ба Љумњурии Исломии Эрон аввали соли 2003 радиои муштараки «Фардо»-ро таъсис доданд. Радиои мазкур ба љои бахши форсии Радиои «Озодї», ки соли 1998 таъсис ёфта буд, ба пахши барномањояш шурўъ кард. Тўли 4 соли фаъолият бахши форсии Радиои «Озодї» дар Эрон мањбубият пайдо накард. Ба ќавли собиќ муњаррири бахши форсии радио Стивен Фербэнкс дар охири соли 2002 шунавандањои онњо 6 фоизи ањолии Эронро ташкил мекарданд.[7] Албатта, ин раќам чандон воќеият надорад, зеро касе шунавандагонро сартосар њисоб накардааст.

Бояд зикр кард, ки бахши форсии Радиои «Озодї» барои ќишрњои гуногуни љомеа нигаронида шуда буд ва дар он барномањои иттилоотї, тањлилии сиёсї, фарњангї ва мубоњисањо пахш мешуданд. Радиои «Фардо», ки барномањояш шабонарўзї 24 соат пахш мешавад, аз барномањои иттилоотии кўтоњ ва суруду мусиќї иборат аст. Вай тўли шабонарўз танњо як барномаи нимсоатаи тањлилї дорад. Ба ќавли узви Шўрои радиошунавонии ИМА Љоан Моуэр ин маънои онро надорад, ки Радиои «Фардо» стансияи соф фароѓатї бошад. «Аз он ки мусиќии Ѓарб дар Эрон мамнўъ аст, пахши он худ изњороти сиёсї мебошад.

Воќеан њам, роњандозони бахши форсии Радиои «Озодї» дарк карданд, ки барои барканор кардани давлати исломї дар Эрон бояд тафаккури љавононро дигар кард. Аз ин рў, радиои иттилоотиву мусиќии «Фардо» таъсис дода шуд, ки минбаъд метавонад вазифаи мазкурро иљро намояд. Барномањои ин радио бо мављњои кўтоњ ва миёна пахш карда мешаванд. Дар аксуламали ин Њукумати Эрон барномањои Радиои «Фардо»-ро, ки ба мављи миёна пахш мешаванд, «хомўш» мекунад.

Бояд гуфт, ки ќариб тамоми фазои иттилоотии олам аз љониби системаи пурќуввати расонањои ИМА тасарруф шудаанд. Беш аз 200 намояндагии он дар 130 давлат фаъолият доранд. Онњо њудуди 20 њазор рўзнома ва ќариб 5 њазор радиостансияро, ки њафтае беш аз 15 њазор соат барнома пахш мекунанд, бо иттилои маќсаднок таъмин менамоянд. Ољонсињои иттилоотии ИМА бошанд, 90 фоизи мањсулоти хабарии оламро тањти назорати худ доранд.[8]

Њанўз дар солњои аввали оѓози «љанги сард» дар маќомоти баландпояи СССР масъалаи тарѓиботи ВАО-и хориљї баррасї шуда буд. Аз љумла, дар материалњои пленуми КМ КПСС аз 16 октябри соли 1952 гуфта мешавад, ки њанўз дар оѓози «љанги сард» англисњо аз вазири умури хориљии СССР В. Молотов барои чопи рўзномаву маљаллањояшон дар Иттињоди Шўравї иљозат гирифтанї шуданд. Сталин ба ин масъала интиќод гирифта гуфт, ки ин иќдом ба љуз зиён дигар чизе намеорад.

Профессори Донишгоњи Калифорния Г. Шиллер дар бораи бо иттилоъ идора кардани тафаккур гуфтааст: «ВАО дар Америка коркард ва пахши иттилоъро, ки тасавввуроти моро муайян мекунанд, пурра тањти назорати худ доранд. Дар онњо воќеият тањриф гардида, тафаккури одамонро идора менамоянд»[9].

Президенти ИМА Б. Клинтон дар бораи натиљаи љанги иттилоотї моњи майи соли 1997 дар љаласаи сардорони ситодњои нерўњои мусаллањ чунин изњор намуда буд: «Сиёсате, ки тўли 10 соли охир нисбати СССР ва иттифоќчиёни вай пеш гирифтаем, дуруст буданашро собит намуд. Мо ба он чиз ноил шудем, ки дар ваќташ ба Трумэн бо бомбаи атомї дастрас нагардида буд… Дар чор соли охир мо ва иттифоќчиёни мо ба 15 млрд. доллар ашёи стратегї аз љумла, садњо тонна тилло, нуќра, сангњои ќиматбањо ва ѓайра гирифтанд. Бо воситаи лоињаи мављуднабуда ба маблаѓи ночиз ба мо беш аз 20 њазор тонна мис, ќариб 50 њазор тонна алюминий, 2 њазор тонна сезий, бериллий ва стронсий доданд».[10]

Усулњои љанги иттилоотї, ки дар асоси илмї аз љониби марказњои хадамоти махсуси ИМА тањия мегарданд, на танњо зидди Россия, балки зидди њамаи мамлакатњо новобаста аз сохти сиёсиву идеологиашон ба таври густурда истифода мешаванд. Журналисти америкої Сюзен Дэлей менависад, ки «… Америка дар бораи фарњанги аврупої чизе намедонад. ИМА- ин мамлакатест, ки бо он аврупоињо дар њолати љанг ќарор доранд…».[11]

Соли 1984 бо супориши президенти ИМА Р. Рейган маќомоти мављудаи љанги психологї аз нав ташкил карда шуданд. Барои бурдани љанги психологї ВАО-и махсус ва ќисмњои алоњида таъсис дода шуданд. Барои ташкилу бурдани амалиёти психологї оинномаи махсуси FM-33-1 нашр гардид. Аз рўи устави мазкур њадафи асосии амалиёти психологї ин вайрон кардани ахлоќи низомиён ва ањолии кишварњои душман мебошад[12].

Феълан дар назди Шўрои амнияти ИМА гурўњи махсуси амалиёти психологї фаъолият дорад, ки ба он намояндањои Департаменти давлатї, РМК, кумитаи сардорони ситодњои нерўњои мусаллањ ва ѓайра шомиланд. Барои кор дар давлатњои муайян дастањои муттањидаи махсуси бурдани љанги психологї таъсис дода мешаванд. Дар њар як намуди ќўшунњо сохтори хосаи худии бурдани љанги иттилоотї мављуд аст.

ИМА барои бурдани љанги психологї њамасола маблаѓњои калон масраф мекунад ва њаљми он сол аз сол меафзояд. Масалан, агар соли 1980 ба ин маќсад њамагї 8 млрд. доллар људо шуда бошад, соли 1998 беш аз 30 млрд. доллар барои љанги психологї сарф шудааст. Њамасола ИМА барои экспансияи идеологии худ аз љумла, дар бораи тарѓиби бартарияти зиндагї ва фарњанги америкої тавассути ВАО-и мањаллии кишварњо беш аз 1 млрд. доллар масраф менамояд.

Соли 1991 ИМА ва иттифоќчиёни вай дар амалиёти «Тўфон дар биёбон» нисбати Ироќ аз љанги психологї васеъ истифода карданд. Намудњои асосии таъсиррасонии психологї телевизиону радио, тарѓиботи шифоњї ва чопї буд. Барои пахши барномањои шабонарўзї ба Ироќ дар территорияи Арабистони Саъудї ретрансляторњои радиостансияњои «Садои Америка» ва Би-Би-Си гузошта шуда буданд. Ширкати Би-Би-Си барои тавсеаи тарѓибот барномањои арабиашро аз 3 соат то 10,5 соат дар як шабонарўз зиёд кард. Барои ин амал гурўњи махсуси корї таъсис дода шуда буд. Фармондењии нерўњои муттањида аз тариќи кўчманчиён ва авиатсия барои сарбозон ва ањолии Ироќ њудуди 150 њазор адад радиотранзисторњо, ки ба мављи радиоњои номбурда дуруст карда шуда буданд, пањн карданд. Пасон аз пурсиш маълум шуд, ки аз 5 нафар 4 нафари асирони њарбї радио гўш карда, худ таслим шуда будаанд.

Дар ваќти амалиёти мазкур аз љониби нерўњои иттифоќчиён беш аз 30 миллион нусха вараќаи тарѓиботї пањн карда шуд. Тарѓиботи чопї низ њини ин амалиёт хеле самаранок буд. Вай барои таслим шудан ва ё ба ќушунњоро партофта рафтани сарбозон мусоидат карда буд.

Барои аз байн бурдани ВЭАО-и давлатии Ироќ аз рўзњои аввали љанг ба бинои телевизион ва радио зарбаи ракетї зада шуд, то ки онњо ба мардум иттилои воќеиро пањн накунанд. Њамзамон барои задани мављи Радиои «Садои Баѓдод» мутахассисони љанги психологии ИМА ба њамон мављ барномањои худро пахш мекарданд. Њамчунин барои бурдани тарѓибот Радиои «Садои халиљ» таъсис дода шуда буд.

Баъдан амалиёти партофтани вараќањои тарѓиботї соли 2001 дар Афѓонистон низ аз љониби нерўњои муттањида истифода шуд. Ба ќавли вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд ва сардори кумитаи муттањидаи ситодњо Ричардс Майерс вараќањои тарѓиботї дар ќуттињои ѓизоии башардўстона љо карда шуда буданд.[13]

Бояд зикр кард, ки ваќти истифодаи нерў ба ягон кишвар омода кардани ањолии худи мамлакат ба ин љанг хеле муњим аст. Вагарна њини пайдо шудани ќурбониёни љанг ањолї норизо шуда метавонад тазоњурот бикунад. Омода кардани ањолї ба љанг ва оќибатњои он албатта, ба ВАО вобастагии зич дорад. Ба навиштаи рўзномаи «Washington Post» (2001.-19 октябр) ваќти оѓози љанг зидди Афѓонистон маъмурияти ИМА чунин як стратегия дошта будааст. Аз ин рў, пас аз инфиљори маркази савдо дар Ню-Йорк 11 сентябри соли 2001 бо гузаштани фосилае, 7 октябр амалиёти бомбаандозї зидди Афѓонистон шурўъ шуд. Дар ин фосила афкори мардумро нисбати љанг таѓйир дода, онњоро ба он омода карданд.

Ин нуктаро президенти Эрон Мањмуди Ањмадинажод низ дар номаи худ ба президент Буш изњор кардааст: «Чаро расонањо ба љои илќои оромиш ва амният ноамниро илќо мекарданд? Бархе мўътаќиданд ин таблиѓот барои заминасозї ва тављењи њамла ба Афѓонистон будааст. Дар њамин љо бояд ишорае ба расонањо бишавад… Бањонаи аслї дар њамла ба Ироќ силоњњои куштори љамъї буд. Он ќадар ин мавзўъ такрор шуд, то мардум бовар кунанд ва заминаи њамла ба Ироќ низ фароњам шавад».[14]

Ба воситаи иттилои махсуси кушода ва дезинформатсия ба маќомоти роњбарикунандаи кишварњои раќиб барои ќабули ин ё он ќарор таъсир расонидан мумкин аст. Ба гуфтаи коршиносони америкої ба президенти кишварњои дигар таъсир расонидан — ин усулњои осону камхарљи амалї намудани сиёсати амнияти миллии ИМА мебошад. Ба президентњо бо се роњ таъсир расонидан мумкин аст: Якум, дар вохўрињои сатњи олї. Дуюм, аз тариќи њайати наздикони ў тавассути ворид кардани љосус. Сеюм, бо ташкили тарѓибот тавассути ВАО.[15]

Дар ИМА њамеша ба љанги иттилоотї таваљљўњи хоса медињанд. Аз љумла, дар маърўзаи комиссияи муштараки амниятии Пентагон ва РМК чунин гуфта мешавад: «…Технологияњои иттилоотї метавонанд ба њалли бўњронњои сиёсї бе паррондани ягон тир мусоидат намоянд. Сиёсати мо ва тарзи истифодаи он бояд ба њимояи имкониятњои бурдани љанги иттилоотї ва роњ надодан ба он кишварњое, ки нисбати мо чунин љанг мебаранд, равона карда шаванд».[16]

Ќобили тазаккур аст, ки тарѓиботи психологї на танњо барои аудиторияи кишвари раќиб, балки барои ањолии мамлакати худ низ бурда мешавад, то ки мардум њукумати худро дўст доранд. Аз љумла, роњбарияти ИМА барои баланд бардоштани имиљи њукумати худ аз тарѓиботи пинњонї ба ањолии кишвараш ба таври васеъ истифода мебарад. Аввали соли 2006 Вазорати дифои ИМА ба таъсиси гурўњи нави иттилоотиву тарѓиботї шурўъ карданд. Вазифаи гурўњи мазкур аз он иборат аст, ки дар ваќти зарурї дар кўтоњтарин ваќт мутахассисони умури алоќа бо љомеаро ба ихтиёри фармондењии нерўњои мусаллањи ИМА ќарор дињад, то барои баланд бурдани имиљи низомиён ва пањн кардани иттилои маќбул тарѓибот барад. Гурўњи мазкур њамчун идораи алоњида дар њайати фармондењии муттањидаи нерўњои мусаллањи ИМА таъсис ёфтааст ва дар мавзеи Саффолки иёлоти Вирљиния мустаќќар мешавад. Ба гурўњи мазкур, ки аз 48 нафар иборат аст, полковник Стивен Кэмпбелла роњбарї мекунад. Буљаи гурўњи мазкур аз 4 то 8 млн. долларро ташкил мекунад, ки дар муќоиса барои бурдани тарѓибот аз сохторњои дигар чандон зиёд нест. Солњои охир бино ба маърўза оид ба харољоти давлатї аз љониби 7 маќомоти давлатии ИМА барои бурдани чунин тарѓибот 1,6 млрд. доллар масраф шудааст. Конгрессмени демократ Љорљ Миллер дар тафсири маърўзаи мазкур аз харољоти тарѓиботии маъмурияти Буш изњори нигаронї кардааст. Намояндаи дигари демократњо дар Конгресс Генри Воксмен бошад, маъмурияти Бушро ба он муттањам кард, ки онњо пули андозсупорандагонро барои бурдани тарѓиботи пинњонї истифода намудаанд.[17]

Бояд гуфт, ки чунин як кўшиш њанўз соли 2001, пас аз инфиљор дар Маркази савдои Ню-Йорк ба вуќўъ пайваста буд. Пас аз он, ки ба тарѓиботи ањолї машѓул шудани ин гурўњ ба љомеа маълум шуд, онро зуд барњам доданд.

Муњаќќиќи љанги иттилоотї Н. А. Бруснитсин аз он изњори нигаронї мекунад, ки солњои охир ба фазои иттилооти дохилии Россия ВАО-и хориљї роњ ёфтаанд. Аз љумла, радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си тавассути радиостансияњои «Маяк», Радиои «Россия» барномањои худро пахш мекунанд. Дар њамин њол «Маяк» њаќ надорад, ки барномањояшро дар дохили ИМА пахш намояд.[18] Воќеан њам, дар ИМА ба пахш кардани барномањои радиоњои Россия аз дохили кишвар иљоза намедињанд.

Бояд гуфт, ки дастгоњи тарѓиботии ИМА барои амалї намудани наќшањои худ аз ВАО-и кишварњои дигар низ истифода мебаранд. Масалан, ба наздикї маълум шуд, ки маъмурияти Буш муаллифони маќолањои фармоишии худро дар матбуоти Ироќ пинњонї маблаѓгузорї мекардааст. Маќолањои мазкур аз љониби муаллифони мањаллї барои баланд бардоштани имиљи Њукумати ИМА навишта мешаванд. Чунин амал дар ВАО-и кишварњои дигар низ ба назар мерасад. Бо фармоиши кормандони сафоратхонањо, созмонњои ѓайридавлатии ИМА маќолањо фармоиш дода мешаванд. Њамчунин Њукумати ИМА ВАО-и ба худ маќбулро тавассути сафоратхонањо ва созмонњои ѓайридавлатї њамаљониба бо грантњо дастгирї мекунанд.

Имрўз боз як амали дигар дар матбуоти Тољикистон ба назар мерасад. Њафтаномањои «AsiaPlus», «Миллат», «Зиндагї» ва ѓайра аз маводи радиоњои «Озодї», Би-Би-Си, «Мављи Олмон» дар сањифањои худ фаровон истифода намуда, њадафњои ин расонањоро амалї мекунанд. Ин кор ё аз надонистани оќибатњои ин амал сурат мегирад ва ё аз љониби њукумати ин кишварњо манфиат дидани муассисону ноширон вобаста аст.

Дар њамин њол сармуњаррири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо, ки худ бештар маводи радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си-ро дар сањифањои њафтаномааш љой мекунад, аз чопи замимаи маводи россиягии њафтаномаи «AsiaPlus» изњори нигаронї карда, мегўяд: «замоне ки як расонаи мо аз Русия ва дигаре аз Амрико ва саввумї аз Туркистон пуштибонї мекунад ва њарфи он мамоликро мегўяд, тафаккури воњиди миллї куљо шакл мегирад, бар мабнои чї ва чї гуна?».[19]

28 ноябри соли 2005 маљаллаи америкоии «Time» маќолаи њангомадорро оид ба тавсеаи шабакаи љосусии Раёсати марказии кашшофии ИМА ба табъ расонд. Президент Буш њанўз соли 2004 ба директори њамонваќтаи РМК Портер Госс супориш дода буд, ки њар чї зудтар теъдоди љосусонро дар хориља 50 дар сад зиёд бикунад. Њамчунин ќарор аст, ки шумораи кормандони идорањо, ки дар кишварњои хориљї зери ниќоби кормандони дипломатї фаъолият доранд, афзоиш дода шаванд. Акнун вазифањои атташеи иќтисодї ва фарњангии намояндагињои дипломатии ИМА-ро љосусони касбї иваз мекунанд. Ба ѓайри ин теъдоди љосусони якка, ки бе иммунитети дипломатї дар хориља фаъолият менамоянд, зиёд мешавад. Дар њолати ошкор шудани онњо Њукумати ИМА њамагуна алоќа доштанашро бо ин љосусон рад мекунад.

Ба ѓайри ин РМК тасмим гирифтааст, ки фаъолияти объектњои худро, ки пас аз ба охир расидани «љанги сард» ќатъ карда буд, аз нав шурўъ бикунад. Ба навиштаи маљаллаи «Time» љосусони љавон дар ќисми шарќии иёлоти Вирљиния, дар лагерхои махсус тўли 6 моњ омўзонида мешаванд.[20]

Бояд гуфт, ки 5 майи соли 2006 директори Раёсати марказии кашшофии ИМА Портер Госс ба истеъфо рафт ва президент Љорљ Буш ба љои вай директори Ољонсии амнияти миллї генерал Майкл Хейденро пешнињод намуд. М. Хейден беш аз 20 сол дар маќомоти кашшофї фаъолият кардааст.

Ёдовар мешавем, ки њанўз соли 1950 Раёсати марказии кашшофї Радиои «Аврупои озод» ва соли 1953 Радиои «Озодї»-ро барои бурдани тарѓибот таъсис дода буд. 24 ноябри соли 1951 рўзномаи «Ню-Йорк Таймс» мусоњибаи президенти Кумитаи миллии Европаи озод Чарлз Д. Љексонро ба табъ расонид. Ў ба саволњои хабарнигор вобаста ба њадаф ва фаъолияти комитет ва Радиои «Аврупои озод» посух дода, гуфт, ки мо мехоњем барои пайдоиши бетартибињои дохилї дар кишварњое, ки барномањоямон пахш мешаванд, шароит фароњам намоем… Мо ташкилоте нестем, ки наќшањои низомї мекашад. Мо намехоњем дар таъсиси диктатураи њарбї ширкат намоем ва агар минбаъд он ба вуќўъ ояд њам, ба вай кўмак бикунем. Мо метавонем дар бораи имкони кўмаки низомї њамон ваќт фикр бикунем, ки агар халќњои худи ин кишварњо њаракатњои низомї ташкил карда битавонанд.

Воќеан, миёнаи соли 1953 радиоњои «Аврупои озод» ва «Озодї» бо мувофиќати Вашингтон ба амалиёти бузурги тахрибкорї бо номи махфии «Просперо» шурўъ карданд.

Яке аз рўзњои тобистон дар фазои шањри Прага курањои њавої бо ќуттии вараќањои иѓвоангез пайдо шуданд. Дар вараќањо ба ањолии Чехословакия пешнињод мешуд, ки зидди њукумати худ, Њизби коммунист ва иттифоќи касаба бароянд.

Баъдан аз рўи адресњои аз Раёсати марказии кашшофї гирифташуда аз номи радио дастуру тавсияномањои махсуси ташкили њаракатњои зиддињукуматї ба Чехословакия фиристонида шуданд.

Тирамоњи соли 1954 Радиои «Аврупои озод» ва Радиои «Озодї» чунин як амалиётро бо номи «Фокус» дар Љумњурии Халќии Венгрия анљом доданд. Радиои «Аврупои Озод» њамарўза ошўбгаронро бовар мекунонд, ки агар онњо њаракати зиддињукуматиро шурўъ бикунанд, њамон замон аз Ѓарб њуљуми васеъ оѓоз мегардад. Њамин ваъдањо буд, ки зиддиинќилобчиён даст ба силоњ заданд.

Бо оѓози ошўб ноиби президенти ИМА Р. Никсон ба сарњади Венгрия — Австрия омад ва ба иќрори худаш, ў бо гурўњи ошўбгарони маљор вохўрд. «Ман аз онњо пурсидам, — баъдан дар ин бора навиштааст, ў — Шумо чї андеша доред, оё Радиои «Садои Америка» ва Радиои «Аврупои Озод» дар сар задани ошўб сањм доранд?

Аз ин суоли ѓайридипломатї дар чењраи онњо аввал тањайюр пайдо шуд ва баъд нафаре –«ња» -гуфта посух дод».[21]

Яке аз асосгузорони Радиои «Аврупои Озод» генерал Л. Клей низ

барои бурдани муборизаи идеологї таъсис ёфтани радиои номбурдаро эътироф кардааст. Ў изњор доштааст, ки Радиои «Аврупои озод» «љанги психологии бетарањњум ва бо чизе боздоштанашаванда мебарад, ки њадафаш сарнагун кардани режими коммунистї аст»[22].

Пол Лайнбарљер, яке аз назариячиёни пешбари Америка оид ба љанги психологї менависад: «Љанги психологї аз истифодаи мураттаби тарѓиб ва тадбирњои ахбории ба он наздик бо маќсади ба афкор, эњсос, муносибат ва рафтори гурўњи душманони хориљї таъсир расонидан иборат аст, ки ба амалї гардидани њадафњои сиёсї ва низомї мусоидат менамояд».[23]

Васоити тарѓиботии ИМА на танњо бар зидди мамолики сотсиалистї, балки бар зидди кишварњои дигаре, ки Иттињоди Шўравї аз онњо љонибдорї мекард, низ «љанги тарѓиботї» мебурданд. Ба ќавли муњаќќиќи тољик, профессор Иброњим Усмонов солњои 80-уми садаи 20 њамаи воситањои ахбори омма ва тарѓиботии ИМА зидди Љумњурии Демократии Афѓонистон тарѓиботи мураттаб мебурданд. Радиостансияњои хориљї «Садои Америка», «Озодї» ва Би-Би-Си ба забонњои пашту, дарї ва форсї зидди Афѓонистон тарѓибот мебурданд, то ки дар байни ањолї норизої аз њукумати инќилобиро ба вуљуд оранд. Њамчунин бар зидди њамкорињои њамаљонибаи Афѓонистону Иттињоди Шўравї тарѓибот бурда мешуд. «Ба ин маќсад тўли солњои 1980-1984 танњо ИМА ќариб 1 млрд. доллар харљ кардааст».[24]

Танњо бо забонњои дарї ва пашту 35 радиостансияи давлатњои империалистї зидди Афѓонистон њафтае ќариб 300 соат тарѓибот мебурданд. Дар ин кор бештар радиоњои «Садои Америка», Би-Би-Си, «Озодї», «Мављи Олмон», «Садои дўст» фаъол буданд. Барномањои зиддишўравї ва зиддикомунистии радиоњо, албатта, бетаъсир намемонд. Як ќисми ањолї ба онњо њамчун њаќиќат бовар мекарданд.

Наталя Кларксон, мудири редаксияи русии Радиои «Садои Америка» баъдан дар як мусоњибааш вобаста ба ворид шудани ќўшунњои Шўравї ба Афѓонистон чунин гуфта буд: «Барњаќ аз назари тарѓиботии њамонваќтаи шумо «Садои Америка» овози душман буд, зеро мо ба ин љанг диди дигар доштем. Феълан бошад, васоити ахбори шумо (СССР — М.М.) ба ин љанг чунин бањои танќидии шадид медињад, ки он ваќт «садоњои душман» ба хаёл њам намеоварданд».[25] Ин љо сухан аз он меравад, ки солњои охир баъзе журналистони рус ба Афѓонистон ворид шудани Артиши Шўравиро истилои давлати мазкур маънидод карда, ончунон афсарону сарбозонро сангборон мекунанд, ки гўё онњо сабабгори њамаи бадбахтињои имрўзаи мардуми ин кишвар бошанд.

Он солњо барои баъзе аз нерўњои иртиљоии ИМА чунин тарзи тарѓибот барои Афѓонистон чандон самаранок наменамуд магар, ки барои васеъ кардани «љанги психологї» аз усулњои санљидашуда истифода намуданд.

Барои омўзонидани усулњои тарѓиб ба муљоњидони афѓон Конгресси Америка аз тариќи Ољонсии итилоотии ИМА (ЮСИА) маблаѓ људо мекард. Барои таъсиси Радиои «Афѓонистони озод» дар ќаламрави Покистон аз фонди Корпоратсияи Радиои «Озодї», «Аврупои озод» 700 њазор доллар људо карда шуд. Њамчунин дар баъзе аз мамолики Аврупои ѓарбї ољонсињои иттилоотии махсус аз ќабили «Ољонсии матбуоти Афѓонистон», «Матбуоти исломии Афѓонистон» таъсис дода шуданд, ки «фаъолияти онњо барои поймол кардани сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Демократии Афѓонистон равона шуда буд».[26]

Ба гуфти Валерий Коновалов, собиќадори Радиои «Озодї» маќсади ИМА аз кўмак ба муљоњиддини Афѓонистон ин суст кардани иќтидори низомї ва иќтисодиёти шўравї, љалби СССР ба муноќишаи њарбии тўлонї буд. Натиљаи ин албатта, боиси номуътадилии сохтори сиёсиву давлатии СССР мешуд[27].

Љонибдорї аз нерўњои зиддињукуматї барои Радиои «Аврупои озод» ва Радиои «Озодї» нав нест. Ваќти ошўби соли 1968-и Чехословакия ин бараъло эњсос мешуд. Ваќте ки 21 августи соли 1968 нерўњои давлатњои узви Созишномаи Варшава вориди Чехословакия шуданд, Радиои «Озодї», Радиои «Аврупои Озод» ва «Садои Америка» фавран ба пахши шабонарўзии барномањо гузаштанд. Радиостансияњои дигари ѓарбї низ њаљми барномањояшонро зиёд карданд. Њадафи њамаи онњо бо пахши ахбори дуруѓў тањрифшуда муташанниљ кардани вазъияти мамлакат буд.

Аз гуфтањои боло вобаста ба љанги психологї метавон чунин натиљагирї кард:

— аввалан, воситаи асосии бурдани љанги психологї ин тарѓиботи империалистї мебошад. Бинобар ин, васоити ахбори омма бояд дар њар як давра ба њаљм ва характери вазифањои љанги психологї мувофиќат бикунад;

— дуввум, тарѓибот дар ваќти љанги психологї бо тадбирњои зиёди иќтисодї, њарбї ва ѓайра пурра карда мешавад. Яъне, ин алоќаи мустаќими тарѓиботи сиёсиро бо тахрибкории гуногун дар бар мегирад;

— сеюм, љанги шадиди психологии он давра пеш аз њама ба љамоњири Иттињоди Шўравї ва кишварњои сотсиалистї равона шуда буд. Феълан сиёсати мазкур нисбати баъзе аз собиќ давлатњои сотсиалистии Аврупои Шарќї дигар шуда бошад њам, барои собиќ љамоњири Иттињоди Шўравї аз байн нарафтааст;

— чањорум, љанги психологї барои њадафњои истилогарї бурда мешавад.

Мисоли рўшани ин гуфтањо он аст, ки моњи январи соли 1994 Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодї» ба пахши барномањо барои Югославия шурўъ кард. Пас аз чор сол бошад, нерўњои НАТО вориди ин мамлакат шуданд. Ё ин ки соли 1998 дар Радиои «Озодї» барои бурдани тарѓиботи густурда ба Ироќ бахши «Ироќи озод» таъсис ёфт. Соли 2003 ИМА ба Ироќ њуљум карда онро ѓасб намуд.

Собиќ директори Раёсати марказии кашшофии ИМА Аллен Даллес , ки солњои 1953-1961 ба ин идора роњбарї мекард, њанўз соли 1942 чунин навишта буд: «Миллатгарої ва бадбинии халќи русро мо моњирона тарѓиб мекунем… Мо одамонро аз хурдсоливу наврасиашон ба даст гирифта, ба љавонон такя мекунем. Мо онњоро фосиќу беор ва космополит мекунем»[28].

Муњаќќиќи љанги иттилоотї Н. А. Бруснитсин аз он изњори нигаронї мекунад, ки солњои охир ба олоти бурдани љанги иттилоотї ба монанди Радиои «Озодї» фаъолият кардан дар дохили Россия иљозат дода шудааст. «Вай бо пули Америка фаъолият дорад. Бинобар ин табиист, ки вай ба манфиати онњову бар зарари Русия кор мекунад».[29]

Дар Тољикистон низ муносибат ба расонањои хориљї чунин аст. Масалан, Радиои Би-Би-Си аз моњи сентябри соли 1996 дар Тољикистон бо истифода аз ретрансляторњои Тољиктелеком барномањояшро бо мављи миёна пахш мекунад. Аз моњи июни соли 2004 то 10 январи соли 2006 бошад, барномањои Би-Би-Си шабонарўзе 24 соат бо мављи FM пахш мешуданд. Њоло аз надоштани иљозатнома пахши барномањо ба мављи FM муваќќатан ќатъ гардидааст. Вале њукумат метавонад ба ин иљоза бидињад. Рекламањое, ки ба шунидани барномањои Радиои «Озодї» даъват мекунанд, дар кўчаву хиёбонњои Душанбе хеле зиёд насб шудаанд. Њатто чунин як лавња дар 50 метр аз Ќасри Президент насб гардидааст.

Сармуњаррири њафтаномаи «Миллат» Адолати Мирзо дар бораи бе њадаф набудани пахши барномањои Радиои Би-Би-Си чунин мегўяд: «…модоме ширкати Радиои Би-Би-Си тўли мављудияти 65-солааш (бахши форсї. М.М.) ин иддаоро дорад, ки як расонаи мустаќили хабаррасон аст ва мавзеъгирї намекунад, пас талош аз саргирии пахши барномањои Би-Би-Си рўи мављи FM дар Тољикистон аз сўи сафорати Бритониё ба чї далел аст?»[30]

Журналисти тољик Бењрўзи Забењулло низ аз пахши барномањои Радиои Би-Би-Си изњори нигаронї кардааст: «… пахши барномањои шабонарўзии Радиои Би-Би-Си рўи мављи FM, пахши барномањои мўди урупої, рўзномањои мухталиф ба забони ѓайридавлатї ва ѓайраву њоказоро метавон худ як навъ мусоидат ва њамбастагињои нерўњои дохилї дар раванди тањољуми фарњангии бегонагон арзёбї кард».[31] Таъсиррасонии ахбор ва сиёсат имрўз яке аз воситањои асосии бурдани љанги иттилоотї мањсуб мешавад. Зеро бо ин усул метавон ба шуури мардум таъсир карда, тафаккури онро дигар кард. Масалан, ваќте ки як ќишри љомеа аз ягон ќарори њукумат норозї аст, онро тавссути ВАО нишон дода, ин норозигиро устувор кардан мумкин аст. Дар ин њол ВАО бевосита ба њукумат фишор меорад. Њамин аст, ки радиоњои «Озодї» ва Би-Би-Си аксаран ба мухолифини њукумат минбар медињанд, то ки онњо озодона аќидаи худро баён намоянд. Ин амал дар давраи љанги њамватанї хеле рўшан ба назар мерасад. Солњои 1993 пас аз Тољикистон фирор кардани роњбарони мухолифин сараввал мањз Радиои Би-Би-Си мусоњибаро бо Њољї Акбари Тўраљонзода, Муњаммадшариф Њимматзода, Саид Абдуллоњи Нурї ва дигарон пахш карда буд. Њоло низ нафарони аз њукумат норозї бе ягон мушкилот метавонанд аз ин радиоњо истифода бикунанд.

Ба ќавли профессори украин Георгий Почепсов, ки технологияњои иттилоотии сиёсиро пажўњиш кардааст, маъракањои иттилоотї њамеша ду њадафи ба њам мувозиро пайгирї менамоянд:

а) нигоњ доштани таваљљўњ ба интерпретатсияи воќеањои рўйдода;

б) пешгирї кардани пахши иттилои интерпретатсияшудаи раќиб.[32]

Як фактро метавон чанд хел тафсир кард ва афкори љомеаро ба вуљуд овард. Масалан, ѓасби Ироќ аз љониби нерўњои ИМА дар ВАО-и Америка чун воќеаи зарурї барои барњам задани нерўњои ањриманї, ки ба амнияти кишвар хатар эљод мекунад ва барпо кардани демократия талаќќї мешавад. Њамин факт дар ВАО-и Русия, Белорус ва ѓайра чун таљовуз ба хоки Ироќ дониста шудааст.

Бояд гуфт, ки ВАО метавонад аудиторияи худро муддати дарозе зери таъсири ягон рўйдод нигоњ дорад. Масалан, пешакї дар бораи ба вуќўъ пайвастани ягон њодиса хабар дода, таваљљўњи аудиторияро ба он љалб мекунад. Баъдан дар бораи ба вуќўъ пайвастани худи ин њодиса хабар дода мешавад. Сипас дар охир муддати тўлонї метавон ба натиљаи ин рўйдод баргашт. Бањси барномаи њастаии Эрон аз чунин мавзўъ аст, ки дер боз мавриди таваљљўњи расонањои хабарии олам аст. Њамин мавзўъ дар ВАО-и ИМА ва кишварњои ба вай наздик ду хел тафсир мешавад: яке ба фоидаи ИМА ва дигаре ба љонибдории ИМА.

Барои бо аудитория кор кардан хадамоти тарѓиботии ИМА чунин намудњои фаъолиятро муайян кардааст:

1) истифодаи ВАО-и ба аудитория наздик;

2) истифодаи сарчашмаи иртибот, ки аудитория ба вай бештар эътимод дорад;

3) нишон надодани мавќеи иртиботгиранда ва аудитория;

4) пайдо намудани нуќтањои бањамої бо истифодаи калимањои ба аудитория наздик ва рўйдодњои ба вай ошно;

5) мавќеи иртиботгирандаро чунин бояд нишон дод, ки вай мавќеи њамагон аст;

6) истифодаи мушаххасгардонии гурўњњои иљтимої, динї, синну солї, касбї ва ѓайра.

Бо истифода аз ин усулњо наздикшавии максималии аудитория ва иртиботгирандаро ба даст овардан мумкин аст.

Ваќте ки дар ИМА ба ягон кишвар љанг карданї мешаванд, пеш аз оѓози њамла љанги иттилоотиро нисбати ин мамлакат шурўъ мекунанд. Масалан, пеш аз ѓасби Афѓонистон дар соли 2001 Радиои «Садои Америка» њаљми барномањояшро ба забони дарї ва пашту афзоиш дод. Њамзамон Радиои «Озодї» низ ба пахши барномањо барои Афѓонистон шурўъ кард. Ширкати телевизионии америкоии CNN дар љанги Халиљи Форс ва Афѓонистон бо нерўњои Пентагон њамкории зич дошт ва дар бурдани љанги психологї кўмаки зиёд кард.

Бинобар ин, љанги психологиро дар Афѓонистон фронти дуюм номиданд. Барои баланд кардани нуфузи низомиён Пентагон аз Голливуд низ истифода кард, то ки синамогарон дар бораи низомиёни ИМА филмњои «хуб» офаранд ва образи сарбози америкоиро њамчун њомии сулњу демократия нишон дињанд. 14 октябри соли 2001 рўзномаи «Ню-Йорк таймс» навишта буд, ки љанги нуфузњо дар њама љо – аз мурољиати президент Буш оид ба љамъ кардани якдолларї барои бачањои Афѓонистон шурўъ карда, бурда мешавад. Агар асоси љанги иттилоотї факт ва баъд тафсири вай бошад, дар љанги нуфузї(имиљї) љузъи асосї тафсир буда, факт барои рўйпўш намудани интерпретатсия (тафсир) хизмат мекунад. Њамин аст, ки њоло кино, телевизион ва рекламаи ИМА барои баланд бардоштани имиљи кишварашон саъй доранд, то ки Америкаро мардуми олам њамчун сарчашмаи бадї нахонанд.

ИМА ваќти љанги психологї аз чунин ќонуниятњои таъсиррасонї ба аудитория истифода мекунад:

1. Факт бояд бо тафсир якљоя истифода шавад. Масалан, ваќти љанги Афѓонистон ВАО-и ИМА онро мубоиза бо терроризми љањонї номиданд. ВАО-и Русия бошад, размандањои чеченро «муљоњид» ва ё «дастањои бандит» меноманд.

2. Пайдоиши факти манфї бояд бо тафсири мусбат ислоњ карда шавад. Масалан, факти марги шањрвандони осоишта њини љанг дар ВАО гуфта намешавад ва агар дар ин бора сухан равад, њатман гуфта мешавад, ки аз амалиёти террористї дар ИМА 5 њазор нафар шањрвандон кушта шуданд.

3. Пайдо шудани як факти манфї имкон медињад, ки факти дигари манфї пахш карда шавад. Масалан, ваќте ки маркази савдо дар шањри Ню-Йорк инфиљор шуд, факти дигари манфиро оид ба бархўрдани тайёра ба бинои Пентагон низ пахш карданд. Зеро мардуми аз хабари аввал ба шок расида, хабари дуюмро низ ќабул мекунад.

4. Дар як ваќт дар мадди назари аудитория будани факти манфї ва мусбат пайдоиши муносибати амиќи шахсро оид ба рўйдод мушкил мекунад. Масалан, аз як тараф, Афѓонистонро бомбаборон карданд ва аз тарафи дигар, бо тайёрањо ба мардум кўмаки башардўстонаи ѓизої партофтанд.

5. Собит кардани фикр на ба факт, балки сохтани он бо интерпретатсия. Дар ин њолат усули таъсиррасонї бо интиќоли факт ба намуди интерпретатсияи ба худ мувофиќ сурат мегирад. Масалан, Би-Би-Си филме, ки канали «1+1» намоиш дода буд, такроран пахш мекунад. Дар он биотеррор ба Усомаи бини Лодан ва ё Ироќ нисбат медињанд. Њоло америкоињо хуб медонанд, ки сарчашмаи сирояти бемории сўхтанї аз дохили кишвар будааст. Вале он лањза аз ин факт интерпретацияи ба худ зарурї ва мувофиќро барои аудитория талаќќї доданд.

6. Бояд каналњои иртиботии ба аудитория наздикро барои таъсиррасонї истифода кард. Масалан, ИМА аксари маводи тарѓиботии худро тавассути каналњои арабии ВАО пахш мекунад. Ё бењуда нест, ки Би-Би-Си аз соли 2007 канали телевизионї ба забони арабї роњандозї мекунад.

7. Бояд ба афкори љомеа диди характеристикаи раќиб, образи вай тањмил карда шавад. Масалан, олами виртуалї нисбат ба воќеї дар пахши ахбор мавќеи муњимро мегирад. Аудитория танњо онро медонад, ки ба вай гуфтаанд. Аз ин рў, интерпретатсия нисбат ба факти воќеї мавќеи асосиро мегирад.

8. Тањмили аќида метавонад тавассути руљўи таърихї сурат бигирад. Масалан, барои ба аудитория тањмил кардани аќида чун дар ИМА мегўянд, ки «Саддом Њусейн ин Гитлери њозиразамон аст». Албатта, мардум кї будани Гитлерро медонанд ва оќибати сиёсати ѓосибии вайро фаромўш накардаанд. Дар ин њол аудитория Саддомро бо Гитлер муќоиса карда, ба хулоса меоянд, ки бояд Саддом барканор карда шавад. Зеро вай њам чун Гитлер хоњад буд.

9. Њар ќадаре ки аудитория дар бораи объекти тафсиршаванда аљзои зиёди мусбат ё манфї гирад, объект барои вай наздик мешавад. Масалан, дар бораи ягон њодисае, ки мехоњанд афкори мардумро ба вуљуд оранд, бештар менависанд. Дар давраи љанги Афѓонистон соли 2001 ВАО-и ИМА дар бораи њаракати толибон иттилои зиёди манфї пахш карданд. Ва њатто бо бањонае, ки баромади Усомаи бини Лодан шояд хабари шифршудае ба ёронаш дошта бошад, мурољиати ў ё мусоњибаи вайро пахш накарданд.

10. Ѓолиб он касест, ки аввалин шуда худро ѓолиб эълон кардааст. Љанги истилогаронаро низ метавон љанги боадолат номид, агар тавассути тарѓибот чунин афкори љомеа ба вуљуд оварда шавад. Дар оѓози ѓасби Ироќ дар моњи марти соли 2003 ВАО-и ИМА ин ѓосибиро љанги боадолатона талаќќї мекарданд.

11. Ягон нафар одами ањмаќ ё сабукфикр, вале барои аудитория љолиб барои саргарм кардани мардум интихоб карда мешавад. Масалан, барои афкори љомеаро аз воќеаи асосї дур кардан ба ягон њодисаи сеюмдараља таваљљўњи зиёд дода мешавад. Масалан, дар ВАО-и Ѓарб шодравон шоњзода Диана ё овозхон М. Љексон барои љалби таваљљўњи аудитория истифода мешаванд. Дар ин њол мардум дар бораи воќеаи асосї камтар фикр карда, таваљљўњашонро ба дигар сў равона мекунанд.

12. Тањти назорат гирифтани ќиссањо дар шабакаи тарѓиботї. Зеро дар ќиссањо њаќиќати воќеї нињон аст ва аз он раќибон метавонанд истифода бикунанд.[33] Масалан, дар ВАО-и кишварњои Ѓарб дар бораи Усома бини Лодан аксаран ќиссаву иттилои манфї пахш мешавад. Дар сурати ба ин шабакањо даст ёфтани Усома бини Лодан ва шериконаш албатта, иттилову ќиссањо мусбат мешуданд. Аз њамин нигоњ хадамоти амниятии Россия сайти размандањои чеченро дар Интернет мебандад, то ки онњо худро тарѓиб накунанд.

Пањн кардани иттилои дурўѓ, рекламаи ѓаразнок на танњо аз љињати молиявї зарар дорад. Масалан, рекламаи бардурўѓи ягон маводи хўрокаи пастсифат метавонад ба саломатии ањолї зиён расонад. Солњои охир ба бозори истеъмолии кишвар мањсулоти пастсифат ва ё мўњлати истифодааш тамомшуда ворид карда мешавад.

Ќањрамон он касест, ки душмани арзанда дорад. Бинобар ин дар љанги иттилоотї барои ањолии худ раќибро зўру тавоно ва берањму љоњил нишон медињанд, то ки ѓолибро ќањрамон намоянд. Дар њамин њол барои душман нерўи худро зўру тавоно ва маѓлубнопазир нишон дода, баръакс раќибро хору залил, ва нотавон инъикос мекунанд, то ки ба афкори мардуми манотиќи душман таъсири психологї мерасонанд.

Ба навиштаи рўзномаи «New York Times» (2002.-2 декабр). Ѓалаба дар љанг маънои ѓалаба дар оламро надорад. Дар ин љанг танњо дар њолати ба сару ќалбњои одамон роњ ёфтан метавон ѓолиб омад.

Медиа-кризис (бўњрони ВАО) ин олотест, ки тавассути расонањои хабарї дар фазои иттилоотї вазъ ноором гардонида мешавад. Ба ќавле ВАО аз «паша фил сохта» вазъро аз будаш зиёд ноором ва ё баръакс нишон медињад. Њамин аст, ки медиа-кризис метавонад реаксияи нодурустро ба воќеа ба вуљуд орад. Медиа-кризис ба се бунёд асос ёфтааст:

1. Табодули ном. Дар ин њолат ба воќеаи маълум интерпретатсияи нав дода мешавад. Масалан, Сталин дар давраи Хрушёв аз доњии халќ ба душмани он табдил дода шуд.

2. Интиќол. Медиа-кризис имкон медињад, ки маводи рамзї ва виртуалии дар он ѓуншударо ба маводи сиёсї, иќтисодї ва њарбї интиќол дода шавад. Барои ин, албатта, маблаѓи кам харљ шуда, медиа-кризисро каммасраф менамояд.

3. Таваљљўњи нодуруст. Медиа-кризис афкори нодурустро ба вуљуд меорад. Аз ин рў, раќибон аксаран ба хулосаи нодуруст меоянд. Ин дар навбати худ ба ноором кардани авзо мусоидат менамояд.

Барои муваффаќ гардидан бояд медиа-кризис ба аудиторияи худ ба таври маќсаднок равона шуда бошад. Кор бо одамони норозї, ки дар њамаи кишварњо њастанд, аз вазифаи умдаи медиа-кризис мебошад. Ин гурўњро пайдо карда, фаъол намудан имкон медињад, ки табаќањои дигари љомеа љалб шаванд. Дар њар љомеа табаќањои њассос њастанд, ки зуд зери таъсири психологї мемонанд. Аз онњо мебояд истифода кард.[34]

Муборизаи иттилоотиро метавон њамчун омодагии иттилоотї ба ягон амали оянда баррасї кард, ки дар шароити воќеї ва ё виртуалї мегузарад. Муборизаи иттилоотиро метавон зидди ањолии осоишта ва ё низомиён анљом дод. Таввассути вай аз як њолат метавон ба њолати дигар гузашт. Масалан, аз њолати иќтисодї ба сиёсї, низомї ё баръакс гузаштан мумкин аст. Ин њолат аввал дар фазои иттилоотї ба вуљуд оварда мешавад ва баъд ба њолати воќеї мегузарад. Аз ин рў, муборизаи иттилоотї чунин њадафњо дорад:

— хуб (мусбат) нишон додани объект;

— бад (манфї) нишон додани объект;

— ноором кардани вазъият;

— ором кардани вазъият.

Ин њама тавассути пањн кардани овозањо, дурўѓу тўњмат, таърифи беасос, барои баррасии мардум пешнињод кардани ягон мавзўъ, тањрифи факт ва ѓайра ба даст меояд. Масалан, ВАО-и Ѓарб дидаву дониста барои баррасї мавзўи барномаи њаставии Эронро бардоштааст ва дар атрофии он њангомањо месозад.

Соли 1956 дар Венгрия медиа-кризис одамонро ба тазоњурот бархезонд. Комиссияи СММ соли 1957 пас аз пажўњиши ин њодиса ба хулоса омад, ки радио эњсоси дастгирии тазоњуротгаронро ба вуљуд овардааст.[35]

Радиоњои «Европаи озод», «Садои Америка» ва Би-Би-Си дар Венгрия медиа-кризисро ба вуљуд оварданд ва мардум ба тазоњурот хест, вале баъдан он аз љониби нерўњои Артиши Шўравї ва мањаллї пахш карда шуд.

Мисоли дигари љанги иттилоотї ин барканор кардани президенти Индонезия мебошад. Соли 1965 хадамоти махсуси ИМА ва Британия барои сарнагун кардани президенти Индонезия Сукарно, ки аз њизби коммунистї буд, (он ваќт ин њизб 10 миллион нафар аъзо дошта нерўи бузурге њисоб мешуд) амалиёти густурдаи тарѓиботиро шурўъ карданд. Соли 1965 гурўњи махсуси IRD (Департаменти иттилоотї ва пажўњишї) ва разведкаи британия MI 6 гурўњи махсусро барои бурдани тарѓиботи сиёњ ба Сингапур фиристоданд. Мутахассис оид ба тарѓибот 100 њазор фунт стерлинг гирифт, то барои аз президент Сукарно халос шудан аз њамаи имкониятњо истифода бикунад.

Дар ин амалиёт аз медиа-кризис хеле хуб истифода намуданд. Ба мамлакат иттилои Радиои Би-Би-Си фаъолона ворид мешуд. Дар ВАО-и дохилї низ иттилои тањрифшуда, аз ќабили бемор будани президент ва вазифаашро иљро карда натавонистани вай талаќќї мегардид. «Тарѓиботгарон фактњоро аз дохили кишвар гирифта ба Лондон мефиристоданд ва аз он љо онњо тавассути Радиои Би-Би-Си пас мегаштанд. Њамин тавр дар кишвар афкори мардум таѓйир дода шуд ва президент маљбур шуд, ки 10 марти соли 1966 вазифаашро ба генерал Сухарто бидињад».[36] Ин усули љанги иттилоотї имрўз њам ањамияти худро гум накардааст ва зиёд истифода мешавад.

Фасли 2. МАНФИАТЊОИ ГЕОПОЛИТИКЇ ВА РАДИО

16 марти соли 2006 мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллї Стивен Хэдли барномаи нави стратегии амнияти миллиро эълон дошт. Доктринаи нав тактикаи пешинаи зарбаи пешгирикунандаро, ки њанўз соли 2002 эълон шуда буд, идома медињад. Дар он Эрон сарчашмаи асосии тањдиди амнияти миллии ИМА эълон шудааст. Ба ѓайри Эрон боз 6 мамлакати дигар – Кореяи Шимолї, Сурия, Куба, Белорус, Бирма ва Зимбабве тањдидгарони амнияти миллии Иёлоти Муттањидаи Америка номида шудаанд. Дар барномаи нав аз Россия таќозо мешавад, ки аз роњи демократикунонии љомеа ва озодии баён пас нагардад.

Доктринаи нав вазъи имрўзаро бо солњои аввали «љанги сард» муќоиса карда, њифзи манфиатњои ИМА-ро тавассути силоњ љонибдорї менамояд. Яъне ИМА акнун метавонад зидди давлатњои ба худаш номаќбул аз силоњ истифода барад.[37]

Доктринаи нави ИМА кишварњои дигарро њушдор дод, ки «љанги сард» аз нав шурўъ шудааст. Ба гуфти президенти Россия В. Путин њоло буљаи низомии ИМА аз буљаи њарбии Россия 25 маротиба зиёд аст. Ин нуктаро ба назар гирифта, Россия низ барои њифзи кишвари худ бояд маблаѓгузориро ба соњаи низомї зиёд бикунад.[38]

Бояд гуфт, ки яке аз сиёсатшиносони машњури ИМА Збигнев Бжезинский њанўз охири солњои 90-уми садаи ХХ сиёсати љањонии Америкаро њамчун кишвари абарќудрат муайян кардааст. Ба ќавли ў ќитъаи Евроосиё дар љањон ањамияти стратегї дорад, ва њар давлате, ки дар ин ќитъа ќудрат дорад, љањонро идора мекунад. Дастрасї ба боигарињои зиёди канданињои фоиданок, иќдидори энергетикии ќитъаи мазкур таваљљўњро љалб мекунанд. Бжезинксий З. Иёлоти Муттањидаи Америкаро ягона кишвари абарќудрати дунё дониста, мегўяд: «Ягон давлат, ягон миллат дар чор љабњаи асосии нерў – низомї, иќтисодї, техникї ва фарњангї, ки дар таъсири сиёсї расонидан дар миќёси олам наќши њалкунанда мебозанд, наметавонад ба ИМА баробар шавад».[39]

Аз ин нигоњ Америка аллакай ба зери таъсири нуфузи худ даровардани оламро шурўъ кардааст. Аз љумла, ИМА амали террористии Маркази савдоро дар Ню-Йорк (11 сентябри соли 2001) ва пасон амалиёти зиддитеррористиро барои њадафњои глобалии худ истифода кард. ИМА ва кишварњои Ѓарб бо амалї намудани амалиёти мазкур дар солњои 2001 ва 2002 собит карданд, ки Осиёи Марказї њадафи манфиатњои геополитикии онњо мебошад. Аз љумла, Вашингтон бо ѓасби Афѓонистон имкон пайдо кард, ки мазрањои љанубии Осиёи Марказиро низ тањти назорати худ дошта бошад. Њамчунин ИМА акнун метавонад интиќоли маводи энергетикиро аз Осиёи Марказї ба ЉХХ тањти назорат бигирад ва ба њаракати миллї-озодихоњї дар музофоти Синзян-Уйѓури ин кишвар таъсир расонад. Ба ѓайри ин амали мазкур мавќеи Америкаро дар минтаќаи бўњронии Њиндустону Покистон мустањкам кард. Ин албатта, нуфузи Русияро дар ин минтаќаи муњими стратегї коњиш дод.

Моњи марти соли 2006 президенти ИМА Љ. Буш њини сафараш ба Њиндустон созишномаи ядроиро ба имзо расонид. Ба имзо расидани созишномаи мазкур аз маќоми ядроии Њиндустонро эътироф кардани ИМА далолат медињад. Дар ин сафар номаи њусни тафоњум низ ба имзо расид, ки аз ИМА харидани тайёрањоро љониби Њиндустон дар назар дорад. Агар ин амалї гардад, Россия бозори ќариб ду миллиарддоллараи њарсолаи фурўши силоњу техникаи њарбиро аз даст медињад.

Ќобили зикр аст, ки тули солњои 2002-2004 љараёни пуршиддати гурўњбандии таъсири нерўњо дар ин минтаќа сурат гирифт:

1) вуруди низомии ИМА ва афзоиши якбораи нуфузи сиёсии вай ба як ќатор кишварњои минтаќа;

2) раванди пўшидаи дур кардани таъсири сиёсї, иќтисодї ва њарбии Русия аз минтаќа;

3) ба вуљуд омадани тањдиди низомии ИМА ва НАТО аз Осиёи Марказї ба Хитой;

4) то андозае барњам задани хатари исломї дар минтаќа.

Дар њамин њол соли 2005 ва пас аз он баъзе таѓйирот дар минтаќа ба вуќуъ пайваст, ки ба манфиати ИМА набуд:

1) фаъол шудани Русия дар Хитой(соли 2006-соли Русия дар Хитой);

2) аз Ўзбекистон бароварда шудани базаи њарбии ИМА;

3) баста шудани шартномаи шарики стратегї байни Русия ва Ўзбекистон;

4) машќњои муштараки низомии Русияву Хитой;

5) табаддулоти њарбї дар Ќирѓизистон.

Њамаи инро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки амнияти Осиёи Марказї аз бисёр љињат ба сиёсати геополитикии ИМА, Русия, Хитой ва то андозае ба Эрон иртибот дорад.

Нерўњои ИМА дар Афѓонистон ба таври мустањкам мустаќар шудаанд ва ин кишварро тарк карданї нестанд. Бањори соли 2006 шумораи низомиёни ИМА дар Афѓонистон ба 18 њазор нафар расида буд. Агар ба ин теъдод боз 5 њазор нафар сарбози НАТО-ро зам бикунем, дар Афѓонистон 23 њазор нафар низомиён мустаќар буданд. Ба ѓайри ин Нерўњои мусаллањи ИМА дар њудуди Афѓонистон боз як ќисми таъиноти махсусро љойгир кардааст, ки теъдоди сарбозонашро эълон намекунад.

Яке аз њадафњои истилои Афѓонистон аз љониби ИМА – ин барњам задани истењсолу фурўши ѓайриќонунии маводи мухаддир буд. Вале, њоло маълум мешавад, ки ин амал баръакс рў ба афзоиш дорад. Ба навиштаи рўзномаи «Лос Анљелес таймс» тўли 5 соли охир истењсоли маводи мухаддир дар Афѓонистон ќариб 100 маротиба афзудааст. Даромади ѓайриќонунї аз фурўши маводи мухаддир ќариб 35 фоизи даромади умумии Афѓонистонро ташкил медињад.[40]

Пас аз барњам хўрдани Иттињоди Шўравї дар соли 1991 ИМА дар љањон яккатозї мекунад. Вале аз рўи пешгўињои коршиносон аз рўи рушди иќтисодї ва низомї Хитой аллакай дар чањоряки аввали садаи ХХI яке аз раќибони асосии стратегии ИМА мегардад. Њамин аст, ки ИМА аз њоло мекўшад ба Хитой таъсир расонад. Базањои њарбии ИМА дар Афѓонистон ва Ќирѓизистон дар ин кор кўмак хоњанд кард. Аз Афѓонистон ба Эрон низ метавон таъсир расонид. Афѓонистон дар байни пайванди Осиёи Марказї бо Шарќи Наздик ва Осиёи Љанубї љойгир буда, басо њам мавќеи стратегї мањсуб мешавад. Ин нуктањоро ба назар гирифта, метавон хулоса кард, ки ИМА њаргиз ба ин наздикињо аз њузури низомиаш дар минтаќа даст нахоњад кашид.[41]

Ўзбекистон пас аз соњибистиќлол шуданаш аз кишварњои ИДМ рў гардонда ба Туркия ва ИМА такя мекард. Њукумати Ўзбекистон умед дошт, ки ИМА барои баромадан аз бунбасти иќтисодї ба вай кўмак мекунад. Бинобар ин Ўзбекистон дар ваќти амалиёти зиддитеррористї алайњи Афѓонистон базаи њарбии Америкаро дар хоки худ љойгир кард. Вале охири соли 2002 маълум шуд, ки Тошканд зери фишор ва вобастагии ИМА мондааст. Пас аз воќеањои Андиљон дар моњи майи соли 2005 аз љониби кишварњои Ѓарб нисбати Ўзбекистон љанги васеи иттилоотї ба роњ монда шуд. Њамчунин фишори сиёсї ва иќтисодї шурўъ гардид. Ўзбекистон ба ин амал бо баровардани базаи њарбии ИМА аз марзи худ посух дод. Ин дар навбати худ то андозае, мавќеи Америкаро дар минтаќа коњиш дод. Дар њамин њол ИМА дигар илоље наёфта, акнун ба Ќазоќистон такя мекунад ва мехоњад дар ин љо мустањкам шуда, минтаќаро тањти назорати худ гирад. Америкаро на танњо Ќазоќистон, балки њавзаи бањри Каспий низ, ки манбаи нафт аст, ба худ мекашад.

Ба ќавли мудири шўъбаи Осиёи Миёна ва Ќазоќистони Пажўњишгоњи кишварњои ИДМ Андрей Грозин Ѓарб аз охири соли 2003 ба ин љониб дар марзњои собиќ Иттињоди Шўравї сенарияњои иваз кардани режимњои сиёсиро амалї кард. Бо таъсири механизмњои мазкур мубориза байни дохили элитањои љамоњири осиёї тезу тунд мешавад. Билохира ин бозињои барои Осиёи Марказї тарњрезишуда бад анљом меёбанд. Ва њамаи гуфтугузорњо оид ба «шарики стратегї» ва ваъдањои маблаѓгузории «борони доллар»-и ИМА чун наќшаи стратегї бетаѓйир мемонад.[42]

Ќисми шимолии уќёнуси Њинд (Халиљи Форс ва кишварњои атрофи он) дар умури љањонї яке аз минтаќањои муњим мањсуб мешавад. Ањамияти минтаќаи мазкур бештар аз мављудияти манбаъњои саршори нафт дар Халиљи Форс, ки 60 дар сади захирањои љањонро ташкил медињанд ва мавќеи геостратегиаш вобаста аст. Масалан, агар Эрон истењсоли нафтро ба 40 фоиз коњиш дињад, мамлакатњои Ѓарб ба бўњрони энергетикї гирифтор мешаванд. Њамин аст, ки солњои охир ИМА мехоњад, бо бањонаи роњ надодан ба сохтани яроќи њастаї Љумњурии Исломии Эронро ѓасб намояд ва бо ин дар минтаќа мавќеи гегемонї дошта бошад. Њадафњои стратегии ИМА дар минтаќа ќабл аз таъмини ниёзи худ бо маводи сўхт ва њифзи амнияти давлати Исроил, савдои яроќу силоњи зиёди худ ба бозори минтаќаи мазкур иборат мебошад.[43]

Аз ин ваљњ масъалаи барномаи њастаии Эрон аз љониби Ќасри Сафед чун проблемаи глобалї, ки ба амнияти башарї хатар эљод мекунад, талаќќї мешавад ва ИМА бо њар бањона мехоњад ба ин кишвар фишор оварад. Аз љумла, 16 марти соли 2006 Конгресси ИМА ќонунеро ба тасвиб расонд, ки муљозоти иќтисодиро нисбати Эрон пурзўр мекунад. Ширкатњое, ки маблаѓгузории солонаашон ба комплекси сўзишвориву энергетикии Эрон беш аз 40 миллион доллар аст аз љониби ИМА ба муљозот сазовор дониста мешаванд. Ба навиштаи рўзномаи «Комерсант» муљозоти мазкур бештар ба ширкатњои «Газпром» ва «Лукойл»-и Русия тањдид карда, имконияти аз љониби ширкатњои ин кишвар сохтани нерўгоњњои барќиро мањдуд менамояд.[44]

Агар њаљми маблаѓгузорї ба комплекси сўзишвориву энергетикии Эрон аз 40 миллион доллар зиёд бошад, ширкатњо аз њуќуќи истифодаи хизмати US ExportImport Bank ва фурўши мањсулоташон ба сохторњои давлатии ИМА мањрум мешаванд. Бояд гуфт, ки то ин ваќт чунин мањдудият ба маблаѓгузории беш аз 100 миллион доллар роиљ буд.

Дар дањаи якуми моњи марти соли 2006-ум маљаллаи «Ню Йоркар» ва рўзномаи «Вашингтон пост» маќолаи журналисти америкої Саймур Њершро дар бораи он ки Пентагон наќшаи ба иншоотњои њаставии Эрон зарба заданро кашидааст, ифшо намуд. Ба ќавли Радиои «Озодї» президенти ИМА Љорљ Буш њангоми суханрониаш дар Донишгоњи Љон Њопкинс навиштаи С. Њершро «овозањои бардурўѓ» номида, гуфт, ки њоло њукуматаш дипломатияро роњи асосии њалли бўњрони Эрон мешуморад.[45]

Дар њамин њол ба ќавли С. Њерш тасмими Вашингтон рўшан аст, аммо мехоњад онро то охирин лањза зери шиорњои дипломатї пинњон дорад. Воќеан њам, палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба сарвари Пентагон Доналд Рамсфелд супориш дод, ки маърўзаи махфиеро оид ба эњтимолияти истифодаи нерўро зидди Эрон тартиб дињад. Аъзои парламент мехоњанд, ки низомиён наќшаи њамаљонибаро барои 10 сол (то соли 2016) оид ба хатари Эрон ба олам ва аксуламал ба онро пешнињод бикунанд. Ин маърўзаи махфї бояд то 31 январи соли 2007 омода карда шавад.[46]

Ба навиштаи рўзномаи британии «Гардиан» агар муносибати Америкаро бо Исроил ба назар гирем, кўшишњои Вашингтон дар ин арса беѓаразона нест. Аќидаи он, ки ба исроилињо метавон силоњи атомиро бовар карду ба арабњову эронињо не, шояд барои америкоињо рост намояд, вале дар Шарќи Наздик чунин изњорот дурўѓ пиндошта мешавад. Дар ояндаи дур роњи ягона ва боадолатонаи њалли ќазия пурра ва бечуну чаро даст кашидан аз силоњи њастаї дар минтаќа мебошад.[47]

Барномаи њастаии Эрон бањонае беш нест, — мегўяд директори генералии Маркази омўзиши Эрони муосир Раљаб Сафаров. — Иёлоти Муттањидаи Америкаро бештар таъсиси биржаи нафтии Эрон ба ташвиш овардааст. Эрон њоло шабонарўзе 2,7 млн. баррел нафт содир мекунад ва агар фурўши нафти Эрон бо евро сурат гирад, ба иќтисодиёти Америка зарбаи сахт зада мешавад. Таъсиси биржаи мазкур шикасти империализми америкої хоњад буд.[48]

Воќеан, Эрон биржаи нафтии худро дар минтаќаи озоди иќтисодї дар љазираи Киши халиљи Форс таъсис медињад. Ба гуфти президент Мањмуди Ањмадинажод Эрон «тўли ду моњи наздик барои пардохти арзиши нафт ба њисобї бо евро мегузарад». Ин панљумин биржаи нафт пас аз Ню-Йорк, Лондон, Сингапур ва Токио мешавад.

Ба ѓайри ин Туркия, Эрон ва Покистон тасмим гирифтаанд, ки барои зид истодан ба сиёсати ИМА бонки тиљорат ва њамкориро бо маблаѓи аввалияи 1 млрд. доллар таъсис бидињанд. Муассисони эњтимолии бонки мазкур аъзои Созмони осиёгии њамкории иќтисодї: Афѓонистон, Озарбойљон, Эрон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон, Туркия, Туркманистон, Покистон ва Ўзбекистон буда метавонанд.[49]

Россия низ тасмим дорад, ки барои таъмини амнияти иќтисодии худ ва баланд бурдани ќурби рубл биржаи нафтї таъсис дињад. Президенти Россия В. Путин дар як љаласа гуфт, кишварњое, ки нафт надоранд, онро мефурўшанд. Чаро мо яке аз содиркунандагони нафт онро ба хориља бурда фурўшем? Мо биржаи нафтии худро таъсис медињем ва нафтро ба рубл мефурўшем, гуфт В. Путин.[50] Воќеан њам, таъсиси биржаи нафтии Эрон ва Россия, даст кашидан аз истифодаи доллар дар ин биржањо ба иќтисоди ИМА таъсири амиќи манфї мерасонанд.

Собиќ генерали разведкаи берунии Иттињоди Шўравї Евстафев Г. низ аќидаи барои нафт љангљўї кардани Америкаро љонибдорї мекунад. Ба ќавли вай њадафи ИМА сарнагун сохтани режими имрўзаи Эрон ва зери назорати худ гирифтани захирањои нафту гази кишвар мебошад. Њамчунин истифодаи њудуди вай барои интиќоли нафту газ аз кишварњои Осиёи Марказї ва њавзаи Каспий бо роњи кўтоњтарин мусоидат менамояд. Аз нигоњи њарбї низ њузури ИМА дар ин мамлакат ањамияти калони стратегї дорад.[51]

Россия њоло ягона кишварест, ки метавонад ин муноќишаи Эрону Америкаро ба сулњ ва ё љанг оварад. Зеро Россия ягона истгоњи атомии барќиро дар Бушери Эрон сохта истодааст ва њар замон метавонад сохтмонро боз дорад ва ё ќатъ бикунад. Набояд фаромўш кард, ки дар вазъи феълї аз Америка дида Эрон барои Россия заруртар аст. Аз љумла, Эрон барои Россия дар халалдор кардани модели америкоии истифодаи захирањои бузурги нафти бањри Каспий ањамияти стратегї дорад. Пас аз даст додани кишварњои «дўсти араб» ва муштариёни мањсулот Эрон барои Россия метавонад чун пуле ба Шарќи Наздик, Халиљи Форс ва уќёнуси Њинд хизмат бикунад. Њамчунин пас аз суст шудани мавќеи ИМА дар Ироќ Эрон метавонад ягона кишвари минтаќа бошад, ки дар ин љо нуфуз дошта бошад. Дар ин њол ваќти коркарди нафти кони Маљнун, ки дар ду тарафи сарњади Эрону Ироќ љойгир аст, Россия метавонад шарики стратегии Эрон гардад.

Ба ќавли коршинос Амир Тоњирї Россияву Эрон байни худ ба 80 млрд. доллар шартномаи тиљоратї барои 10 сол бастаанд. Эрон њоло барои Россия бозори бузурги фурўши силоњ ва техникаи њарбї аст. Њамчунин Россия ният дорад, ки аз 7 истгоњи барќии атомии банаќшагирифтаи Эрон ќисми зиёдашро бисозад. Њоло беш аз 30 њазор мутахассисони њарбї ва мулкии Россия дар Эрон кор мекунанд. Њамаи ин албатта, барои Россия манфиатнок будани Эронро собит мекунад.[52]

Дар њамин њол Њукумати ИМА ба њар роњ мехоњад, ки Эронро аз љомеаи љањонї људо бикунад ва намонад, ки бо кишварњои дигар њамкорї намояд. Масалан, маъмурияти президенти ИМА зидди воридшавии Эрон ба Созмони њамкории Шанхай аст. Ёвари котиби давлатии ин кишвар оид ба Осиёи Љанубї ва Миёна Ричард Баучер дар мусоњиба ба хабарнигори ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки узви ин созмон шудани Эрон ин як минбари дигарест, барои тањмили идеяњои худ.[53]

Бояд гуфт, ки Россия, Ќазокистон, Ќирѓизистон, Тољикистон, Хитой ва Ўзбекистон узви Созмони њамкории Шанхай мебошанд. Эрону Њиндустон ва Покистон бошанд, дар ин созмон маќоми мушоњидро доранд. Албатта, кишварњои мушоњид метавонанд узви доимии СЊШ шаванд.

Ќобили зикр аст, ки дар тўли бўњрони моњи майи соли 2005-уми шањри Андиљони Ўзбекистон хабарнигорони Радиои «Озодї» тањаввулотро пайваста пайгирї мекарданд ва дар гузоришњо созмонњои њуќуќи башар нерўњои њукумати Ўзбекистонро дар он муттањам мекарданд, ки садњо тан аз мардуми осоиштаро њадафи тир ќарор доданд.

Моњи сентябри соли 2005 ваќте ки 15 нафар гумонбар ба даст доштан дар нооромињои Андиљон мавриди муњокима ќарор доштанд, Додситони Ўзбекистон хабарнигорони радиоњои «Озодї», Би-Би-Си, «Мављи Олмон» ва Ољонсии «Ассошиэйтед пресс»-ро дар кўмак кардан ба террористон дар тазоњуроти зиддидавлатї муттањам намуд. Хабарнигори Би-Би-Си оид ба водии Фарѓона Матлуба Азаматова, ки пас аз воќеањои Андиљон иљборан Ўзбекистонро тарк кардаст, мегўяд, ки дар суд камаш 4 нафар ўро дар њамкорї бо террористон муттањам карданд. Моњи май мусоњибони ман, ки худро дар эфир бизнесмен номида буданд, акнун баъди боздошт шуданашон пайрави «акрамия» мегўянд.[54]

Ислом Каримов, президенти Ўзбекистон соли 2005, дар рўзи ќабули Сарќонуни кишвар гуфта буд, ки «… имрўз он касе, ки расонањои хабариро тањти назорат дорад, фазои иттилоотиро назорат мекунад. Аз ин тариќ ба дигарон нуфуз мекунад ва љањонро њукмронї мекунад. Аз ин рў, мо бисёр заиф мондаем».[55]

Пас аз воќеаи Андиљон Њукумати Ўзбекистон кўшиш кард, ки фаъолияти созмонњои хориљї дар кишвар мањдуд гардад. Њамин тавр сайти ўзбекии Пажўњишгоњи љанг ва сулњи Британия дар Интернет баста шуд. Моњи сентябри соли 2005 фаъолияти созмони ѓайридавлатии америкоии таълимї — «IREX» (Айрекс) барои 6 моњ манъ гардид.

Моњи октябр бошад, дафтари созмони америкоии «Интернюс Нетуорк» ва дафтари Радиои Би-Би-Си баста шуд. Моњи декабр Вазорати умури хориљии Ўзбекистон эътиборномаи фаъолияти дафтари Радиои «Озодї»-ро дар Тошканд тамдид накард. Њамаи ин созмонњо ба иттињоми берун аз чањорчўбаи фаъолияташон амал кардан хориљи Ўзбекистон гардиданд.

Соли 2006 низ якчанд созмони байналхалќї фаъолияташонро дар Ўзбекистон ќатъ карданд. Аз љумла, 8 марти соли 2006 созмонњои америкоии «Freedom House» (хонаи озодї) ва «Eurasia Foundation» (хазинаи Евразия) фаъолияташонро дар Ўзбекистон ќатъ карданд. Додситонии шањри Тошканд моњи январи соли 2006 созмони «Freedom House»-ро ба иттињоми ба муњофизони њуќуќ бепул муњайё намудани Интернет ба мўњлати 6 моњ фаъолияташро боздошта буд. Хазинаи «Eurasia Foundation» бошад, барои ќонуншиканї њини баќайдгирии намояндагиаш ва гузаронидани семинарњо бе иљозати маќомоти расмї муттањам шудааст. Хазинаи мазкур аз љониби буљаи давлатии ИМА маблаѓгузорї мешавад.

17 майи соли 2006 фаъолияти ТЃД-и америкоии CAFE (табодули озоди Осиёи Марказї) дар Ўзбекистон ќатъ карда шуд. Ба иттилои Вазорати адлияи кишвар созмони мазкур ба аз дини ислом баровардани шањрвандон машѓул будаанд, ки ин зидди ќонунњои амалкунанда мебошад.

Ба ќавли хабарнигорони «Мављи Олмон» Н. Бушуева ва В. Волков корманди Радиои «Озодї» ба онњо гуфтааст, ки дар љараёни баррасии ќазияи љиної оид ба воќеањои Андиљон дар Суди олии Ўзбекистон яке аз мањкумшудагон журналистони дафтари тошкандии Радиои «Озодї»-ро дар пешакї донистан ва гузашта аз ин дар омода кардани исён дар Андиљон муттањам кардааст.[56]

30-31 марти соли 2006 дар шањри Вена конфронси дифоъ аз њимоягарони њуќуќ баргузор гардид. Дар он раиси Гурўњи њимоягарони мустаќили њуќуќи Ўзбекистон Сурат Икромов маърўза карда, боз аз воќеањои Андиљон ёдовар шуд. Ў Њукумати Ўзбекистонро дар пароканда кардани тазоњурот ва бастани дафтарњои созмонњои хориљї аз ќабили «Freedom House», «Eurasia Foundation», Радиои «Озодї» ва ѓайра муттањам кард. С. Икромов дар охири маърўзааш аз САЊА хоњиш кард, ки нисбати роњбарият ва Њукумати Ўзбекистон чорањої ќатъї андешад.[57]

Ба навиштаи рўзномаи «Вашингтон Таймс» «Роњбарони як ќатор давлатњои собиќ шўравї аз љумла, президенти Россия Владимир Путин њукумати кишварњои Ѓарбро дар истифодаи созмонњои ѓайридавлатї барои расонидани кўмак ба њаракатњои мухолифин, ки њадафашон сарнагун кардани њукуматњои феълї мебошад, муттањам намуд».[58]

Ба гуфти корманди Донишгоњи Љонс Њопкинс Фредерик Старр њукуматдорони Осиёи Марказї созмонњои ѓайридавлатии хориљиро олоти њамон кишварњо медонанд: «Гуфтањое, ки ин созмони ѓайридавлатї аст, касеро бовар намекунонад, зеро њамаи ин созмонњо аз њисоби давлатњои њамон кишварњо маблаѓгузорї мешаванд».[59]

Воќеан њам, созмонњои байналхалќии хориљї дар ин ё он кишвар пеш аз њама њадафњои худро пиёда мекунанд. Собиќ вазири молияи Афѓонистон дар мусоњибаи худ ба Радиои Би-Би-Си аз фаъолияти созмонњои ѓайридавлатии хориљї изњори нигаронї карда, гуфтааст, ки бюрократия дар фаъолияти онњо самараи кори онњоро коњиш медињад. Ў мегўяд, ки агар мо барои сохтмони 1 мактаб 40 њазор доллар масраф кунем, хориљиён барои ин 250 њазор доллар људо мекунанд, ки ќисми зиёдашро маоши худашон ташкил медињад. 80 фоизи маблаѓњое, ки барои Афѓонистон људо шудаанд, ба маош, мошин ва виллањои ќиматбањои хориљиён сарф мешавад.[60]

Кишварњои абарќудрати Ѓарб бењуда барои «дастгирии демократия» созмонњои ѓайридавлатиро маблаѓгузорї намекунанд. Онњо ин созмонњоро барои амалї намудани манфиатњои миллии давлатиашон истифода менамоянд. Худи демократия чун олоти ба сари ќудрат омадани мухолифини њукумат мавриди истифода ќарор мегирад.

Ба ќавли рўзномаи «Известия» «Ѓарб њамон созмонњои ѓайридавлатї ва муњофизони њуќуќро дастгирї мекунад, ки на танњо ба тарѓиби арзишњои аврупої, балки ба барангехтани худшиносии миллї, вайрон кардани эњсосоти ватанпарастї, барњам задани эътимод ба бузургии Россия равона шудаанд».[61]

Созмони мустаќили њуќуќи инсони Ўзбекистон (СМЊИЎ) 12 декабри соли 2005 ба номи сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр, сафири Британияи Кабир дар Ўзбекистон Девид Морган, ва Вазорати умури хориљии Ўзбекистон изњороте пахш кард. Дар он аз љумла, гуфта мешавад, ки «Њукуматњои ИМА, Британияи Кабир, Швейтсария, САЊА, созмонњои америкоии дифои њуќуќ «Хюман Райтс Вотч», «Фридум Хаус», Радиои америкоии «Озодї», Радиои бритонии Би-Би-Си ва ѓайра њуќуќи инсонро барои њадафњои сиёсии худ њамчун «калтаки сиёсї» зидди давлату њукуматњои ба худ номувофиќ, барои дахолат ба корњои давлатњои мустаќил ба мисли Ўзбекистон истифода мебаранд. СМЊИЎ ќатъиян зидди сиёсигардонии дифои њуќуќ ва экспорти демократия ба тарзи ѓарбї, хусусан њар гуна инќилобњои «ранга» ба Ўзбекистон мебошад, зеро онњо ѓайритамаддунї буда ба натиљањои бад меоранд».

Сарварони СМЊИЎ М. Ардзинов, И. Адилов ва И. Турсунов, ки њама собиќадорони мухолифин ва дифои њуќуќ мањсуб мешаванд, њамчунин дар изњороти худ менависанд, ки «њукумат ва Сафорати Британияи Кабир дар ин љо тундгароён, мутаассибони динї, њуќуќдифоъгарони дурўѓин ва сиёсатбозонро њамаљониба дастгирї менамоянд»[62].

Њукумати Ўзбекистон барои коњиши дахолати хориљиён ба корњои дохилии кишвар ба ѓайр аз бастани офисњои созмонњои хориљї боз тадбирњои дигар андешид. Аз љумла, бо ќарори Њукумати Ўзбекистон моњи марти соли 2006 фаъолияти журналистони хориљї дар ќаламрави ин кишвар мањдуд карда шуд. Акнун бе сабти ном дар Вазорати умури хориљии Ўзбекистон шањрвандони кишвар ва хориљї наметавонанд ба фаъолияти журналистї машѓул шаванд. Вазорати умури хориљии Ўзбекистон пас аз ќабули ќарори мазкур метавонад, иљозатномаи фаъолияти журналистонро ба иттињоми даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионї ва ё дахолат ба корњои дохилии кишвар лаѓв намояд. Аз љумла, 14 март Вазорати умури хориљии Ўзбекистон корти сабти номи хабарнигори Радиои «Мављи Олмон» Обид Шабановро барои «пањн ќардани хабари дурўѓ оид ба дар моњи январ дар хунукї дар биёбони Устюрт ба њалокат расидани 30 нафар мусофири автобуси вайроншуда» лаѓв намуд.[63]

Пас аз воќеаи Андиљон як ќатор хизматгорони хољањои хориљї Ўзбекистонро тарк карда, дар кишварњои Ѓарб паноњ бурданд ва аз он љо тарѓибот мебаранд. Аз љумла, мудири дафтари Пажўњишгоњи љанг ва сулњи Британия дар Ўзбекистон Галима Бухорбоева пас аз баста шудани ин созмон дар Тошканд дар ИМА паноњгоњи сиёсї гирифтааст ва њоло донишљўи факултети журналистикаи Донишгоњи Колумбия мебошад. Ў дар ин љо созмони «Press Freedom Group Andijan-2005» (гурўњи матбуоти озоди Андиљон-2005)-ро таъсис додааст ва алайњи Ўзбекистон фаъолият мебарад. Аз љумла, 6 марти соли 2006 дар Донишгоњи Колумбияи Ню-Йорк бо сарпарастии Институти Харримани донишгоњи мазкур конфронсе бо унвони «Ўзбекистон ва куштори Андиљон пас аз як сол: сиёсати фољиа» баргузор гардид. Конфронсро Галима Бухорбоева ифтитоњ намуда дар бораи воќеаи 13 майи соли 2005 дар Андиљон наќл кард. Ў гуфт, ки тазоњуроткунандагон аз вазъи нољўри зиндагї, нодориву бекорї ва озодии сухан ба майдон баромада буданд. Вале њукуматдорон онњоро њадафи тир ќарор доданд.

Профессори њамин донишгоњ Питер Синнотт дар конфронс мавзўи «Ўзбекистони каримовї ва сиёсати ахлоќ»-ро баррасї намуда, аз љумла гуфт, ки «чаро ин њодиса тањќиќ нашуд ва кї барои ин љавоб мегўяд?» .

Муњаќќиќи мактаби пажўњишњои Шарќу Осиёи Донишгоњи Лондон Илњомов бошад дар маърўзаи худ љараёни «Акрамия»-ро, ки тазоњуроти Андиљонро баргузор карда буд, њаракати муътадили исломї номид.[64] Дар њамин њол воќеаи 13 майи соли 2005 дар Андиљон аз љониби оилаи собиќ шавњари Гулнора Каримова шањрванди ИМА Мансур Маќсудї маблаѓгузорї шудааст, гуфтааст соњибкори ўзбек Руслан Саидов. Ба ќавли Руслан охири моњи апрели соли 2005 вай барои тиљорат ба пойтахти Афѓонистон – шањри Кобул рафта будааст. Бо ў дар ин љо шањрванди ИМА «љаноби Равшан» мулоќот кардааст. Њини сўњбат маълум шудааст, ки оилаи Маќсудї дар якљоягї бо «одамони воломаќоми Ўзбекистон» ва дастгирии намояндањои артишу разведкаи ИМА ва Британия дар Афѓонистон тазоњуротеро дар Ўзбекистон ба наќша гирифтаанд. Маблаѓгузории ин амалиётро оилаи Маќсудї ба ўњда гирифтааст.[65]

Бояд зикр кард, ки Мансур Маќсудї ва падараш барои љиноятњои иќтисодї аз љониби маќомоти њифзи њуќуќу тартиботи Ўзбекистон муттањам дониста мешаванд.

Васоити ахбори хориљї пас аз воќеањои моњи майи соли 2005-уми Андиљон таваљљўњашонро ба Ўзбекистон бештар равона кардаанд. Бахусус Радиои «Озодї» бо дарёфти аввалин фурсат њукумати љумњурии мазкурро зери танќид мегирад ва ба њар роњ онро манфї муаррифї менамояд. Масалан, 30 марти соли 2006 аз тариќи Радиои «Озодї» табсираи Бреффнї О. Рурк пахш шуд. Дар он муаллиф бо овардани нуќтаи назари чанд нафар коршиносони Британия вазъи Ўзбекистонро ноорому муташанниљ мегўяд. Ў аз ќавли тањлилгари англис Љеймс Никсей меафзояд, ки «…нуфузи Ѓарб болои Тошканд коњиш ёфтааст. Аз ин сабаб Ѓарб бояд тавассути гурўњњое чун «њаштгона»-и саноатї Маскавро ташвиќ намояд, то Њукумати Ўзбекистонро ба гирифтани мавќеи мўътадил водор кунад». Воќеан, њамин ваќт роњбарии «њаштгона» ба Россия гузашта буд ва кишварњои мутараќќии Ѓарб метавонистанд тавассути ин созмон ба Ўзбекистон фишор оваранд.

Аз ин гуфтањо маълум мешавад, ки муаллиф њамоиши Ўзбекистонро ба созмони «Евроазия» намеписандад. Вай мехоњад, ки ин кишвар боз зери таъсири Ѓарб бошад. Муаллифи табсира дар охир аз ќавли собиќ комиссари корњои хориљии Иттињоди Аврупо Крис Патен ба пуштибонї аз расонањои мустаќили хабарї дар дохили Ўзбекистон ва пахши барномањои радио аз берун ба ин кишвар даъват менамояд.[66]

Албатта, пахши чунин табсира дар радиои америкої бесабаб нест. Охири моњи феврали соли 2006 Конгресси ИМА лоињаи ќонунро бо унвони «Акт дар бораи демократия ва њуќуќи инсон дар Осиёи Марказї» ба тасвиб расонид. Тибќи санади мазкур барои дастгирии барномањои гуногун барои дастгирии демократия дар Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон, Тољикистон ва Туркманистон њамасола 188 миллион доллар људо карда мешавад.

Маблаѓи мазкур барои кўмаки молї ба созмонњои ѓайридавлатие, ки барои роњандозии демократия ва њифзи њуќуќ амал мекунанд, њамчунин таъсиси васоити ахбори оммаи мустаќил, дастгирии созмонњои љамъиятї, њизбњои сиёсї, назорат ваќти интихобот, мубориза алайњи коррупсия ва ѓайра масраф мешавад.

Тибќи санади мазкур агар њар сол президенти ИМА пеши конгресс пешравиро дар соњаи демократия дар ин ё он кишвари Осиёи Марказї таъид накунад, маблаѓгузорї барои соли оянда ба 33 фоиз коњиш дода мешавад. Агар соли дуюм њам чунин пешравї дар демократикунонии љомеа ба назар нарасад, маблаѓгузорї ба ин кишвар ба 66 фоиз коњиш меёбад ва соли сеюм кўмаки ИМА умуман ќатъ карда мешавад.

Ба иттилои Бюрои барномањои иттилоотии байналхалќии Департаменти давлатии ИМА дар Конгресс Ќонун «Дар бораи маблаѓгузории пешрафти демократия ва њуќуќи инсон дар кишварњои Осиёи Марказї» баррасї шудааст. Тибќи ќонуни мазкур то аз љониби котиби давлатї муайян кардани он, ки њуќуќи инсон дар Ўзбекистон риоя мешавад, ба њукумати ин кишвар додани маблаѓ манъ аст.

28 феврали соли 2006 Ољонсии интернетии ЦентрАзия дар такя ба Лента.Ру хабар дод, ки аз рўи «Акт»-и мазкур дар соли 2006 ва солњои минбаъда барои пахши барномањои радиоњои «Садои Америка» ва «Озодї» ба забонњои 5 давлати Осиёи Марказї људо кардани на камтар аз 15 миллион доллар дар назар аст.

Воќеан њам, давлатњои абарќудрат таъсиррасонии худро ба вазъи сиёсиву иќтисодии кишварњои раќиб ва манфиатнок афзоиш медињанд. Масалан, ба иттилои сайти ЦентрАзия аввали моњи марти соли 2006 дар Вашингтон ва Британияи Кабир љаласаи пўшида бо иштироки лидерони созмонњои љавонони як ќатор кишварњои ИДМ, намояндањои дафтарњои созмонњои хориљї дар давлатњои Осиёи Марказї, Департаменти давлатї ва Конгресси ИМА, Институти миллии демократия, Ољонсии рушди байналхалќии ИМА, роњбари созмони «Freedom House» ва ѓайра баргузор гардид. Онњо аз инќилобњои рангаи Гурљистону Украина ва Ќирѓизистон илњом гирифта, тавсеаи ин иќдомро тарњрезї карданд. Аз љумла, дар ин вохўрї дар бораи хариди сањмияњои корхонањои бузург бо маќсади минбаъд фишор овардан ба сањњомон барои амалї намудани манфиатњои худ, ташкили судњои байналхалќии арбитражї барои шикастани эътимоди сармоягузорони хориљї сухан рафт.

Дар љаласа зикр гардид, ки ташкили фишор аз дохил ба роњбарияти мамолики ИДМ наќши асосї мебозад. Барои амалї кардани ин наќша бањонањои гуногун, ки мардумро ба коршикании коргарон, эътирози донишљўён меорад, истифода хоњад шуд. Вазифаи созмонњои байналхалќї бошад, аз расонидани таъсир ба элитаи сиёсї, ташкили блоки мухолифини њукумат иборат аст, ки онњоро њаракатњои љавонон ва васоити ахбори мустаќил дастгирї менамоянд.[67]

Воќеан, барои бурдани тарѓибот бо ибтикори Комиссияи аврупої аз 26 феврали соли 2006 барои Љумњурии Белорус радиои нав ба пахши барномањо шурўъ кард. Њадафи радиои мазкур, ба ќавли муассисон, дар арафаи интихоботи президентї ва пас аз он пахш кардани иттилои алтернативї барои шунавандагони кишвар аст. Њамчунин номзадњои мухолиф аз радиои мазкур чун минбари озод метавонанд истифода баранд. Барномањои радио дар Полша омода гардида, тавассути Литва ба мављи миёна пахш мешаванд, то ки тамоми Белоруссияро фаро гиранд. Барномањои радиои мазкур њамарўза як соат ба забони белорусї ва русї пахш мешаванд. Ба ин маќсад Иттињоди Аврупо 2 миллион евро људо кардааст. Лоињаи мазкур њоло барои 2 сол пешбинї шудааст.

Ба иттилои хабарнигории Рейтер њафтаи пешазинтихоботї дар Белорус маъмурияти Ќасри Сафед президенти ин кишвар Александр Лукашенкоро «охирин диктатор дар Аврупо» номид. Маъмурияти Буш маърўзаи махсусеро гўё оид ба силоњфурўшии Белорус ба Эрон ва Сурия ба Конгресс фиристод.

Дар баробари ин њодиса А. Лукашенко президенти Иёлоти Муттањидаи Америка Љорљ Бушро «террористи раќами якум дар сайёра» номид.[68]

Фишороварї ба Њукумати Белорус на танњо аз тарафи ИМА, балки аз љониби дунболаравонаш низ сурат мегирифт. Масалан, Президенти Гурљистон М. Саакашвилї, ки дар натиљаи як табадулоти давлатї бо кўмаки бевоситаи ИМА ба сари ќудрат омадааст ва чун президенти Афѓонистон Њамид Карзай дастнишондаи Америка мебошад, дар арафаи интихоботи президентии Белорус чунин изњор намуд: «Белорус ин ягон нози Гурљистон нест. Ин масъалаи бунёдї буда, бо озодшавии халќи Белорус ва билохира бо муттањид шудани Аврупо њал мешавад».[69]

Дар робита ба ин президенти Љумњурии Белорус А. Лукашеко изњор дошт, ки бо пули америкої аз Гурљистон омада ин љо тартибот љорї карданианд. Ин ба касе даст намедињад. Мо намемонем, ки касе вазъи кишварро ноором кунад, гуфт ў. Ба ќавли президент вай огоњ аст, ки баъзе шањрвандони Гурљистон ба Белорус омада ба гирдињамоињои ѓайриќонунї иштирок карданианд.

Воќеан, депутатњои парламенти Гурљистон, ки барои назорат ба интихоботи президентї ба Белорус омада буданд, аз аэропорт пас гардонида шуданд. Њамчунин марзбонони Белорус ворид шудани нозирони Полшаро ба хоки кишварашон намонданд.

19 марти соли 2006 дар интихобот бар маснади раиси љумњури Белорус президенти ваќт А. Лукашенко бо 83 фоиз овозњо пирўз шуд. Мухолифини њукумат шоми њамон рўз ба нияти эътироз даст ба гирдињамої заданд. Номзадњои мухолиф дар интихобот А. Милинкевич ва А. Козул љонибдоронашонро ба ин гирдињамої хонданд. Нерўњои милиса 24 март дар 15 даќиќа гирдињамомадагонро аз майдони Октябр тоза карда, ба гуфти хабарнигорони Радиои «Озодї» (РО.-2006.-25 март.) беш аз 200 нафарро боздошт намуданд.

Мухолифини президент Лукашенко 25 март боз љонибдорони худро ба майдон хонданд. Издињом бо роњбарии номзади маѓлуб бар маснади раиси љумњури Белорус Александр Казулин ба сўи боздоштгоњи милиса рањ гирифтанд. Пеши онњоро милиса гирифт ва тазоњуротгаронро пароканда кард. Роњбари мухолифин А. Казулин аз љониби милиса ба иттињоми авбошї боздошт шуд.[70]

Рўзњои интихобот ва баъди он Радиои «Озодї» тарѓиботи густурдаро нисбати Љумњурии Белорус роњандозї намуд. Барои мисол мо як мусоњибаи масъули барномаи «Ояндасоз»-и Радио «Озодї» Хиромони Баќозодаро аз 20 марти соли 2006-ум ин љо меорем:

«Дар њоле ки Александр Лукашенко пирўзии худро дар интихоботи ахири раёсатљумњури Белорус таљлил мегирад, мухолифини ин кишвар бо роњбарии Александр Милинкевич рўйдодњои 19 марти ин кишварро тасарруфи ѓайриќонунии ќудрат ном кардааст. Њанўз соатњо ќабл аз нашри натиљањои муќаддамотии интихобот аз љониби Комиссиюни интихоботи Белорус як созмони љавонони марбут ба њукумати ин кишвар пирўзии комили Лукашенкоро пешгўї намуд. Дар посух мухолифини љавони ин кишвар, ки аз номзадии Милинкевич пуштибонї мекунанд, ин натиљањоро эътироф накарданд ва онро як амали тањќиркунандаи шаъни афроди демократ арзёбї намуданд.

Шоми душанбе љунбиши муќовимати љавонон бо номи «Зубр», ин гурўњ ва ањзобу њаракати мухолифини белорус дар майдони Октябри шањри Минск тазоњуроти эътирозии худро алайњи натиљањои интихоботи раёсатљумњурї ташкил намуданд. Олес Орашенков, як узви фаъол ва котиби матбуотии ин љунбиш розї шуд ба саволњои барномаи «Ояндасоз» посух дињад. Аз ў пурсидам, талаби аслии тазоњургарон чист?

Олес Орешников: -Талаби мо ин аст, ки тамоми баргањои рой аз нав њисоб карда шаванд ва агар ин ѓайримумкин буд, пас ройдињии дубора сурат гирад. Мо талаб дорем, ки ба мо натиљањои интихоботи озодро пешкаш кунанд. Мо намедонем, ки ин нињод бояд худаш тасмим гирад, ки бо чї роњ иштибоњњои худро ислоњ хоњад кард. Садои мо бояд чунон баланд бошад, ки на комиссиюни интихобот ва на дигар маќомоти давлатї ёройи сарфи назар кардани садои моро надошта бошанд.

«Ояндасоз»: — Олес, интизори шумо чист? Чї теъдод љамъияти Белорус аз шумо пуштибонї мекунаду даъвати майдонро мепазирад?

Олес Орашенков: -Мо, албатта, умед дорем, ки мардуми зиёд ба намоиши мо њозир хоњад шуд. Дирўз новобаста ба ин ки маќомот мардумро алайњи мо таблиѓ мекарданду њатто овозањоеро мисли таркишњову амалиёти террористї пањн мекарданд, њазорњо нафар тарсу њароси худро фурў нишонда дар њамоиши мо њозир шуданд. Аз њамин рў умедворем, ки имрўзу рўзњои минбаъда њам мардуми зиёд љамъ омада, бекор шудани натиљањои интихоботро талаб хоњанд кард.

«Ояндасоз»: — Аслан мухолифин ба пуштибонии кадом нерўњо умед мебанданд?

Олес Орашенков: — Имрўз лањзањое расидааст, ки наќши мардум, шањрвандони маъмулї хеле боло рафтааст. Ваќти он расид, ки мардум эътирози худ, иродаи ќавии худро намоиш дињанд, ки то куљо аз хостњои худ њимоят мекунанд. Мо солиёни зиёд дар ин самт фаъолият кардем ва дуруст аст, ки танњо бо талоши созмонњову љунбишњои сиёсї намешавад ба њадаф расид. Иродаи ќавии мардум ва доирањои васеи љомеа лозиманд, ки як тањаввуле сурат бигирад. Мо њар кори мумкинро анљом додем ва дар оянда њам фаъолиятњои худро идома хоњем дод, аммо њарфи аслиро бояд мардум бигўяд.

«Ояндасоз»: — Олес, оё шумо ин эњтимолро мебинед, ки эътирозњо метавонанд ба хушунат гараванд?

Олес Орашенков:— Албатта, чунин хатар вуљуд дорад. Аммо агар њамоиши дирўзаро ба ёд оварем, мебинем, ки њама бо як рўњияи сулњомез љамъ омада буданд. Ман ба чењрањои кормандони нерўњои интизомї менигаристам ва баъдан њамроњ бо чанд нафарашон ба хона бармегаштам. Ман дидам, ки дар зењни онњо як таѓйироте сурат мегирад, онњо базуддї дар фикри он мешаванд, ки мавќеи худро таѓйир дињанд. Онњо медиданд, ки дар майдон на афроди авбошу террорист ва на љосусњои Ѓарб љамъ омадааст, балки онњо шањрвандони њаќиќии кишвар њастанд, ки аз сарнавишти кишварашон дар изтироб њастанд.

«Ояндасоз»:— Аксар тањлилгарон мегўянд, агар эътирозе њаст, бештар иљтимоист, то сиёсї. Оё ин дуруст аст?

Олес Орашенков: — Вазъи иќтисодии Белорус чандон бад нест. Мардуми Белорус њељ гоњ зиндагии бад надошт. Аммо ин хизмати Лукашенко нест, балки зањмату талошњои падару бобоёни мо аст. Маоши миёнаи мардум 100-200 доллар аст. Аммо бубинед, ки чї тањаввулоте њамдунаро ба инсон табдил дод. Ин хоњиши шадиди чашидани банани ширинтар буд. Мардум њам мехоњад, ки зиндагии худро бењбуд бахшанд ва на он љонзоде бошад, ки бишинаду ба шароити мављуда ќаноат кунад ва он чиро бихўрад, ки барояш медињанд. Албатта, мо мехоњем зиндагии бењтару хубтар дошта бошем».[71]

Дар мусоњибаи мазкур кодекси ахлоќи касбї, ки Радиои «Озодї» ќабул кардааст, чандљониба халалдор шудааст. Аввалан, тибќи кодекси номбурда «Дар барномањо набояд маводе, ки тањриккунандаи зўроварї ва барангезандаи душманї дорад, истифода шаванд. Њамагуна хабар, ки аз муноќиша ва аз вазъияти муташанниљ иттилоъ медињад, бояд ба факт асос ёфта, тавозун риоя шавад».[72] Яъне дар њамин њолат, ваќте ки мусоњиба бо як нафар мухолифини њукумат пахш шуд, бояд мусоњибаи дигаре аз љониби љавоне, ки њукуматро дастгирї мекунад, садо медод. Агар мусоњиб назари тарафи сеюмро, ки ба ин воќеањо андешаи дигар дорад, мегирифт, барнома пурра ва беѓаразона мешуд.

Дуввум, аз рўи кодекси касбии ахлоќии Радиои «Озодї» «радиостансия ягон мавќеи вижаи њизбї, иќтисодї ё диниро дастгирї ва тарѓиб наменамояд». Вале дар мусоњибаи мазкур дастгирї ва тарѓиби мухолифини Њукумати Белорус ба назар мерасад.

Сеюм, Радиои «Озодї» бинобар таќозои кодекси мазкур номзадњо ба вазифањои интихобї ва таъиноти расмиро дастгирї наменамуд ва мухолифи онњо маъракаи сиёсї намебурд.

Фактњо аз он далолат медињанд, ки тазоњурот аз љониби созмонњои байналхалќї тарњрезї шуда, аз тарафи ВАО-и хориљї дастгирии тарѓиботї меёфтанд. Њамчунин мухолифини њукумат гирдињамомадагонро бо пардохти пул ба майдон кашида будаанд.

Ба гуфти сардори идораи идеологии маъмурияти президенти Љумњурии Белорус барои инќилоби барпонагаштаи кишвар ба мухолифин аз мамолики Ѓарб 12 миллион доллар људо шуда буд. Барои як шабонарўз дар њавои сард, дар шањраки хаймавї истодан ба мухолифин 500 доллар ваъда карда буданд. Албатта, ин маблаѓ барои љавонони бекор ва танбал пули калон аст ва онњоро ба ин амал љалб менамояд. «Дар њамин њол бо аксари тазоњуротгарон њисобї накарданд. Худи роњбари мухолифин А. Милинкевич ягон шаб њам дар ин майдон хоб накардааст».[73]

Воќеан, аз мусоњибаи мухбири Радиои «Озодї» Х. Баќозода бо котиби матбуотии љунбиши муќовимати љавонони Белорус-«Зубр» О. Орашенков бармеояд, ки вай низ чун як нафар аз фаъолони гирдињамої номбар мешавад, вале шаб дар майдон набудааст: «…баъдан њамроњ бо чанд нафарашон дар як трамвай ба хона бармегаштем».

Пас аз ѓалаба дар интихоботи президентї 19 марти соли 2006 А. Лукашенко 8 апрел аз нав расман ба фаъолият шурўъ кард. Дар иртибот ба ин бино ба хабари Радиои Би-Би-Си (2006.-10 апрел) вазирони хориљии Аврупо дар љаласаи худ, ки дар Люксембург доир гардид, ба 30 нафар мансабдорони воломаќоми Љумњурии Белорус бо шумули президент А. Лукашенко додани раводиди сафарро ба ин кишварњо манъ карданд.

Президенти ИМА Љ. Буш низ 16 майи соли 2006 ба ќаламрави кишвараш ворид шудани роњбарияти Љумњурии Белорус ва ањли байти онњоро мамнўъ эълон кард.

Кишварњои Осиёи Марказї низ њамеша дар маркази таваљљўњи абарќудратон ќарор доранд. Масалан, 10 апрели соли 2006 Пажўњишгоњи байналмилалии бўњронњо дар гузориши нави худ аз Иттињоди Аврупо тавсия дод, ки наќши худро дар кишварњои Осиёи Марказї бештар бикунад. Дар гузориш омадааст, ки таваљљўњи кам ба ин минтаќа барои Иттињоди Аврупо низ метавонад паёмадњои нохуш оварад.

Ба гуфтаи ин созмон, меорад Радиои «Озодї», набояд боитминон буд, ки суботи феълї дар Тољикистон идома мекунад, чаро ки насли нави кишвар хотирањои каме аз љангњои дохилї дорад ва зоњиран камбизоатї дар кишвар ва худкомагии њукуматро тањаммул намекунад.[74]

25 августи соли 2005 њафтаномаи «Тољикистон» навишта буд, ки «…сиёсати маъмурияти Ќасри Сафед куллан сиёсати демократї ва сулњљўёна нест. Аз амалњои ин маъмурият равшан мегардад, ки мароми он на оромию осоиштагии мардуми олам, балки ба даст овардани манфиат ба нафъи давлати Амрико асту бас. Истифодаи истилоњи «демократия» ва мубориза алайњи харобкорї ва дањшатангезї ва ѓайра як навъ ниќоб аст, ки бањри амалї гардидани њадафњои нињої дастак карда мешавад».

Журналисти тољик Бењрўзи Забењулло аз амали абарќудратњо нисбати кишварњои дигар дуруст изњори нигаронї мекунад, ки имрўз бо њадафи пиёда кардани раванди љањонишавї абарќудратњо истилоњоти назири «демукросї», «озодии баён» ва «њуќуќи башар»-ро ба як абзори дастёбї ба ањдофи худ табдил карданд.

«Мањз бо истифода аз њамин абзор Амрико бо бањонаи вуљуди силоњњои њастаї аз он сўи уќёнус ба Ироќ њамла мекунад ва Ироќро ба хоку хун мекашад. Ин кишвар ќабл аз њамлаи низомї тавассути расонањо афкори умумро барои оѓози як љанги тамом айёр омода мекунад ва то кунун ќисмати аъзами мардуми Амрико бар ин бовар аст, ки Саддом Њусейн дар њамлаи террористї ба Ню-Йорк даст доштааст».[75]

Ба иттилои ВАО-и Венесуэла ИМА пахши барномањои радио ва телевизионро барои Венесуэла, Куба, Зимбабве ва Афѓонистон афзоиш медињад. Ба ин маќсад дар Радиои «Садои Америка» гурўњи махсус созмон дода мешавад. Президент Љорљ Буш барои тарѓиботи хориљї дар соли 2007 аз Конгресси ИМА 33 миллиарду 859 миллион доллар дархост намудааст.[76]

Би-Би-Си расман ширкати ѓайридавлатии љамъиятї мебошад, ки аз њисоби пардохтпулињо фаъолият мекунад. Вале Умури хориљии Би-Би-Си аз њисоби гранти махсуси њукуматї фаъолияташро пеш мебарад. Хадамоти махсуси Британия ба фаъолияти мо наќше надорад, мегўяд Н. Чэпмен, директори Умури љањонии Би-Би-Си. Агар хадамоти махуф дар фаъолияти мо наќше мебозиданд, ин эътирози кормандони моро ба вуљуд меовард ва љомеаи Британия бонги изтироб мезаданд.[77] Ваќте ки 60-солагии оѓози пахши барномањои русии Би-Би-Си (моњи марти соли 2006) баргузор шуд, дар ин бахш сўњбате доир гашт. Дар он ба суоли «Би-Би-Си барои кї кор мекунад?», собиќ директори бахши русии Радиои Би-Би-Си Николай Горшков чунин посух дод: «Ваќте ки Би-Би-Си ба эфир баромад, вай барои афкори љамъиятии байналхалќї хизмат мекардагї шуд. Дар њар як кишвари мушаххас Би-Би-Си ба љомеаи ин мамлакат мурољиат мекунад».

Ба гуфти нависанда, сармуњаррири маљаллаи «Наш современник» (муосири мо) Станислав Куняев барномањои Би-Би-Си барои вайрон кардани Иттињоди Шўравї тарњрезї шуда буд.

Депутати Думаи давлатї Александр Чуев ба пахши барномањои имрўзаи Би-Би-Си дахолат карда гуфт: «Хоњиши дар ким куљо (масалан, дар Белорус) дидани мухолифини азияткашида, ки бо нерўе ба кўча баромадаанд, дар Би-Би-Си эњсос мешавад».[78]

Расман умури хориљии Би-Би-Си вазифадор аст, ки иттилои даќиќ пахш карда, нуќтаи назари Англияро инъикос бикунад, њаёту фарњанг ва дастовардњои илмї ва саноатии Англияро њифз намояд. Њамчунин бояд вай ахбори даќиќу сареъ оид ба рўйдодњои љањон пахш карда, барои фањмиши онњо иттилои васеъ ва воќеї бидињад.[79]

Воќеан њам, аксар ваќт Би-Би-Си иттилои сареъ пахш мекунад. Вале ваќте ки њадафи тарѓиботї пеш меояд, аз Би-Би-Си иттилои дурўѓ ва ѓаразнок низ садо медињад. Масалан, тирамоњи соли 1973 Радиои Би-Би-Си таи ду шабонарўз аз љониби Хунтаи њарбии генерал Пиночет кушта шудани президенти Чили С. Алендеро пинњон карда, иттилоъ дод, ки вай даст ба худкушї задааст.

Њамчунин тобистони соли 1974 ваќти ошўб дар Кипр Би-Би-Си хабар дод, ки рўњонї Макариос кушта шудааст. Ин хабари дурўѓ барои љонибдорони мустаќилияту ягонагии Кипр зарбаи сахте буд. Албатта, пахши хабари мазкур бењуда набуд. Англия дар Кипр базаи њарбї дошт ва људо шудану суст гардидани њукумати марказї ба манфиати вай буд.

Ба ќавли нависандаи англис Људит Тодд «Хавфи асосї дар он аст, ки … Би-Би-Си метавонад њамон ќадар дарки фактро боздорад, ки ваќте мардуми англис ахиран ба ин фактњо рў ба рў мезананд, онњо ба вазъи мушкил меафтанд».[80]

Собиќ сарвари корпоратсияи Би-Би-Си лорд Саймон Уитеншоу дар китоби худ «Би-Би-Си аз дохил» нисбати назари роњбарони радио ба Њукумати Шўравї навишааст: «Њамаи директорони Би-Би-Си, ки ман бо онњо кор мекардам, нисбати коммунизм нафрат доштанд».[81]

Журналисти америкої Уолтер Липпман њанўз соли 1922 таъсири ВАО-ро ба тафаккури инсон омўхта, навишта буд: «Ба он чизе, ки бовар дорем, вай бароямон воќеият менамояд ва мо ба он чунон муносибат мекунем, ки ин њамон воќеияти аз ахбор љилвагаршуда аст».[82]

Ба аќидаи аксари мутахассисони ѓарбї тарѓиботи иттилоотї бештар самаранок аст. «Ахбор олоти аз њама муњими тарѓиботї аст», мегўяд профессори америкої Л. Мартин.[83]

Аз ин рў, дар барномањои радиоњои хориљї ахбор мавќеи муњим дорад.

Дар њамин њол пањнкунандагон ахбори мазкурро иттилои объективї меноманд, ки дар воќеъ чунин нест. Дар ваќташ журналисти байналхалќї В. Осипов дар маќолааш «Калидњои Би-Би-Си» навишта буд, ки радиокорпоратсияи Британия «дар интихоби «фактњои объективї»-и ѓаразнок нисбат ба њамтоњояш дар олами Ѓарб беназир аст».[84]

Бояд гуфт, ки Би-Би-Си чун дигар радиоњои хориљї ахборро пахш карда, нуќтаи назари худи редаксияро иброз намедорад. Чунин тарзи пахши ахборро хабаррасонии нейтралї меноманд. Ба ќавли сотсиологи америкої Роберт Мертон чунин усули пахши ахбор паёмадњои ногувори бештар дорад: «Тарѓибот бо фактњо намегўяд ба он сў бирав, балки бевосита роњеро нишон медињад, ки бояд интихоб бикунї…».[85]

Воќеан Би-Би-Си аз тарѓиботи фактологї хеле самаранок истифода мекунад. Вай њамон фактеро дар хабар меорад, ки ба он манфиатдор аст. Дар њамин њол албатта, фактњои дигар, ки шояд донистани онњо барои аудитория љолиб бошад, норўшан мемонад. Њамин тавр аудитория њамон чизро мешунавад, ки Би-Би-Си мехоњад онро шунаванд. Дар воќеъ ин усули пинњонии таъсиррасонї ба аудитория ва идораи шуури онњо аст. Махсусияти чунин ахбори тафсирнашуда дар он аст, ки вай пасту баланд шуда дар остонаи шуур амал мекунад. Ин яке аз ќаринањои талќинкунї буда, онро њамчун кам-кам барандаи аудитория «ба фањмиши вазъият дар љабњаи муќарраргардида меноманд».[86]

Усулан ахбори тафсирнашуда дар такя ба ягон манбаи иттилоотї пахш мегардад. Вале дар њамин њол њастанд хабарњое, ки сарчашмаи аниќ надоранд ва чунин шурўъ мешаванд: «Ба иттилои як манбаи мўътамад, ки нахост номаш ифшо шавад…»; «Аз рўи баъзе овозањо …»; «Як сиёсатмадори ба њукумат наздик хабар дод, ки…», «Аз рўи баъзе маълумотњо…» ва ѓайра. Албатта, дар ин њол тафтиши чунин хабар ѓайри имкон аст.

Њамчунин Би-Би-Си аз усули дигари тарѓибот бо фактњо истифода мекунад. Радиои мазкур рўз ба рўз фактњоеро пахш мекунад, ки ба воќеият доштани онњо аудитория бовар дорад. Њамин тавр онњо гумон мекунанд, ки њар он чизе, ки радио пахш менамояд, њаќиќат аст. Муњаќќиќи франсуз Жак Эллюл дар ин бора мегўяд: «Майли дар тарѓибот дидани дурўѓ њатман ба он меоварад, ки фард љабрдидаи тарѓибот мегардад. Ваќте ки вай фактњои воќеиро хабар медињад, ў фикр намекунад, ки ин тарѓибот аст».[87]

Иосиф Дзялошинский, сарвари Комиссияи озодии дастрасї ба иттилоот дар сўњбати мизи мудаввари бахши русии Радиои Би-Би-Си изњор дошта буд, ки њоло ќисми зиёди аудитория ба иттилои фактологї таваљљўњ доранд.[88]

Бояд гуфт, ки истифодаи фактњои воќеї њанўз ин ахбори объективї нест. Зеро ки аз фактњои воќеї метавон хабари ѓаразнок сохт. Чї тавре ки нависандаи шањири рус М. Горкий мегўяд : «Факт- ин њанўз њамаи њаќиќат нест».[89]

Дар Би-Би-Си тарѓибот эњтиёткорона сурат мегирад, то ки шунавандањо тарѓибот будани онро эњсос накунанд. Дар њамин њол вай пайваста ва суботкорона тарѓибот мебарад, то ки шунавандањо ба гуфтањои радио бовар бикунанд. Аз љумла, агар ягон хабар ба манфиати Британия бошад, онро радио пайваста давоми рўз пахш мекунад.

Би-Би-Си боз як усули дигари талќинкуниро истифода мекунад, ки онро афзудани таъсири факт меноманд. Масалан, ягон фактро аз њаёти кишваре, ки ба он тарѓибот бурда мешавад, дар њамаи барномањои ахбор тўли рўз ва њатто давоми њафта пахш мекунанд. Хабари мазкур њамчунин тафсир гардида, мавзўи баррасии барномањои дигар мешавад. Вале Би-Би-Си аз рўйдоди дигар аз ин кишвар, ки ба манфиаташ нест, умуман њарф намезанад.

Усули дигари чунин тарѓибот ин тавозуни ахбор аст. Би-Би-Си барои тањкими афкори умум, ки вай хабарњои объективию беѓараз пахш мекунад, дар барномањо маводи номаќбули худашро низ мешунавонад. Вале дар њамин њол хабари барояш негативї њудудан кам ва норўшан садо медињад. Масалан, њини баррасии бўњрони энергетикии Британия ба ин мавзўъ њамагї 2-3 даќиќа ваќт људо гардида, ќисми зиёди барнома ба мавзўи дарёфти роњњои нави истењсоли энергия бахшида мешавад.

Њамчунин Радиои Би-Би-Си њини пахши хабарњо ба хориља кўшиш мекунад, ки аз доираи манфиатњои Британия берун набарояд. Масалан, њини даргирињо дар Ирландияи Шимолї Би-Би-Си хабарњоро чунин тањриф карда, пахш менамуд:

«Аќаллиятњои католикї нерўњои Британияро шодбош гуфтанд».

Дар њамин бора рўзномаи «Сандї таймс» чунин менигорад:

«Вазъият ончунон шадид гардида, католикњо ба тарс афтодаанд, ки њар як њодиса хурсандии онњоро ба душманї зидди нерўњои Англия табдил медињад».

Хабарнигори Радиои Би-Би-Си њамчунин мегўяд:

«Нерўњои Англия масъулияти нигањдории сулњ ва тартиботро дар Олстер ба дўши худ мегиранд».

Дар њамин мавзўъ рўзномаи «Экономист» чунин менависад:

«Нерўњои Англия наметавонанд проблемаи Ольстерро њал бикунанд… Чун сарбозон ба казармањо баргарданд, муноќиша бо нерўи нав шурўъ мешавад».

Дар хабари Би-Би-Си чунин гуфта шудааст:

«Њукумати Ирландияи Шимолиро дар Англия низ барои роњ додан ба њукуќпоймолкунї зери танќид гирифтанд».

Рўзномаи «Трибюн» бошад, дар ин бора чунин менависад:

«Њукумати Англия бояд ќисми зиёди гуноњро барои куштор дар Ирландияи Шимолї ба зиммаи худ бигирад».[90] Бояд гуфт, ки Би-Би-Си он ваќт дар бораи тафсилоти даргирињо дар Ирландияи Шимолї, истифодаи силоњи кимиёвї аз љониби нерўњои Англия ва ќатлу куштори онњо ба шунавандањои хориљї хабар надодааст. Агарчи ин њама баъдан дар матбуот чоп шудааст.

Дар бораи ѓаразнок будани барномањои радиои мазкур собиќ узви парламенти Британия Тони Бенн 30 ноябри соли 2001 дар рўзномаи «Гардиан» бо киноя чунин изњор доштааст, «… агар Би-Би-Си пас аз чанд сол њаќиќати воќеиро гўяд, ки љанг дар Афѓонистон чї хел инъикос шуда буд, метавонад барои мукофоти кинофестивали Канн муддаї шавад».

Вале Шафќати Раљабиён, собиќ тањиягари барномаи «Маљаллаи Осиёи Миёна»-и Радиои Би-Би-Си мегўяд: «Эњсоси масъулият бештар барои Тољикистон мекунем, зеро барнома аслан мутаваљљењи Тољикистон ва Осиёи Миёна њаст. Битавонем аз ин тариќ се њарферо, ки ВВС таъќиб мекунад- омўзишу парвариш-яъне аз тариќи барномањоямон мехоњем омўзиш бидињем, огоњ бикунем мардумро ва саввум ба воситањои барномањоямон мехоњем ба мардум тафрењ бидињем, яъне саргарм бинамоем».[91]

Дар љањон њар рўз миллионњо њодиса ба вуќуъ мепайвандад, вале ољонсињои иттилоотї танњо дар бораи шумораи ками онњо хабар медињанд, ки дар маљмўъ аз 100 адад беш нестанд. Яъне танњо њамон хабар пахш мешавад, ки ба он касе манфиатдор аст.

Дар шароити мављудияти озодии баён бояд озодии интихоби иттилоъ, таъмини тавозун низ бошад, то ки таъсири зиддибашарї ва зиддидавлатиро нисбати шањрвандон билхоса, барои љавонон роњ надињад.

Чунон ки мебинем, љомеаи иттилоотї ѓайр аз корбурди аслии мафњум боз ба бисёр пањлўњои маълумот дахл мекунад. Доир ба мавзўи ин фасл бошад, гуфтан ба маврид аст, ки дар радиоњои Би-Би-Си ва «Озодї» иттилои беѓараз гуфта, шарњу баёни маќсадноки хешро дар назар доранд. Ба ибораи дигар, иттилоъ дар фањмиши мутахассисони ин радиоњо ин тарѓибу ташвиќи аќоиди хўљаинони шабакањост.

ОХИРСУХАН

Ба ќавли сиёсатшиноси америкої Збигнев Бжезинский «Евроосиё як навъ «тахтаи шоњмот» аст, ки дар он мубориза барои њукмрон шудан ба љањон идома дорад».[92] Албатта, муборизаи мазкур ба геостратегия, яъне ба идора кардани стратегияи манфиатњои геополитикї дахл мекунад. Вазъи имрўзаи оламро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки амнияти Осиёи Марказї аз бисёр љињат ба сиёсати геополитикии ИМА, Русия, Хитой ва то андозае ба Эрону Туркия иртибот дорад.

Президенти ИМА Љорљ Буш ба муносибати панљумин солгарди њамлањои террористии 11 сентябри соли 2001 суханронї карда, гуфт, ки мо дар њоли љанг ќарор дорем ва ин њол таъйингари хати маши сиёсатњои асри нав ва сарнавишти миллионњо нафар дар саросари љањон аст. Буш бо ин гуфтањо оламро њушдор медињад. Яъне ИМА минбаъд низ чун жандарми яккатоз боќї мемонад.

Аввали моњи сентябри соли 2006 Сенати ИМА барои барќарор кардани шўъбаи Раёсати марказии кашшофї оид ба љустуљў ва дастгир кардани Усомаи бини Лодан људо намудани 200 миллион долларро тасдиќ кард. Ин бори дигар аз он гувоњї медињад, ки Њукумати ИМА аз мубориза алайњи терроризм даст кашиданї нест. Албатта, РМК бо ин бањона дањњо амалиёти густурда алайњи «душманони» Ќасри Сафед анљом медињад. Дар ин мубориза љанги иттилоотї мавќеи муњим хоњад дошт ва дастгоњи тарѓиботии ИМА беш аз њарваќта кор хоњад кард.

Профессор И. К. Усмонов дар конфренцияи умумиљумњуриявии илмию амалии «Сањми ВАО дар тањкими истиќлолияти давлатии Тољикистон», ки моњи июни соли 2006 доир гашт, иброз дошт, ки њоло воќеоти рўз дар ВАО сарењ баён намешаванд. Њатто пайдо шудани системаи нави телевизион ва радиои давлативу ѓайридавлатї ва имкони пахши 24-соатаи барномањои онњо ин холигиро пур намекунанд, чунки аксарияти онњо хислати иљтимої надоранд.[93]

Аз ин рў, мардуми Тољикистон дар минтаќањои сарњадї- навоњии Шањритўсу, Ќубодиён, Носири Хусрав, Турсунзода ва вилояти Суѓд, ки ба Љумњурии Ўзбекистон њамсоя аст, радиоњои ўзбекии ин кишварро бо майли том гўш мекунанд. Ќисми дигари ањолї ба радиоњои «Озодї», Би-Би-Си, «Садои Америка», «Радиои Россия», «Садои Хуросон», «Мављи Олмон» ва ѓайра гўш медињанд. Радиоњои номбурда албатта, дар баробари пахши барномањояшон њадафњои сиёсии давлатњои худро пиёда мекунанд. Барои аксуламали таблиѓотии радиоњои хориљї Радиои Тољикистонро, ки радиои давлатї аст, мебояд пахши барномањояшро барои хориља тавсеа бахшад. Барои муаррифии сиёсати давлати Тољикистон, муаррифии фарњангу дастовардњои иќтисодиву иљтимоии мардуми љумњурї барои шунавандањои кишварњои хориљї, тавассути бахши бурунмарзии Радиои Тољикистон пахши барномањоро ба забонњои кишварњои абарќудрат-англисї, немисї, франсавї, хитої, испанї ва арабї ба роњ мондан зарур аст. Дар њамин њол на танњо иттилоот, балки пахши барномањои тањлиливу публитсистї ва барои љалби бештари шунавандањо барномањои мусиќиву фароѓатиро низ ба роњ мебояд монд. Як нуктаро зикр кардан љоиз аст, ки барномањои мазкурро ба забонњои хориљї бояд тољикони мафкураашон соф миллї омода бикунанд.

Б а ѓайри ин васоити ахбору таблиѓи Тољикистон бо пахши иттилоъи сареъу њаќќонї ва беѓаразона аз рўйдодњои кишвар ба радиоњои хориљї муќобил истода метавонанд.

ФЕЊРИСТИ АДАБИЁТ

1. Артемов В., Семенов В. Би-Би-Си: История, аппарат, методы радиопропаганды. — М.: Искусство, 1978. — 256 с.

2. Афанасьев В. Г. Научно-техническая революция, управление, образование.-М., 1972.- С. 226-227.

3. Беглов С. И. Внешнеполитическая пропаганда: очерк теории и практики.- М.: Высшая школа, 1984.- 375 с.

4. Бжезинский З. Великая шахматная доска (Господство Америки и его геостратегические императивы).-М.: Международные отношения, 1998.-112 с.

5. Брусницын Н. Информационная война и безопасность.- М.: Вита -Пресс, 2001.- 280 с.

6. Бурмистенко А. Н., Щербаков А. С. Сколько стоит «собственное мнение»? За кулисами американской журналистики.- М.: Знание, 1977.-112 с.

7. Бусленко Н. И. Диверсанты с микрофонами.-Ростов на Дону, 1987.-192 с.

8. Вачнадзе Г. Н. Антенны направлены на Восток.- М., 1975.- С. 17.

9. Власов А. И. Политические манипуляции.- М.: Международное отношения, 1982.- 303 с.

10. Воронцов Ю. В. Дезинформация — это тоже бизнес.-М.: Политиздат, 1965.- 111 с.

11. Журналистика и идеология. — МГУ, 1985.- 184 с.

12. Журналистика и политика. — МГУ, 1987.- 174 с.

13. Лайнбарджер П. Психологическая война. – М., 1962. – С. 316-317.

14. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда.-Душанбе: Деваштич, 2005.-182 с.

15. Муќим Љ. Радиои Би-Би-Си: дирўз ва имрўз.-Душанбе: Деваштич, 2006.- 124 с.

16. Муќимов М. «Озодї» — зодаи љанги сард./Боли сухан.- Душанбе: Сино, 2004. — С. 63-66.

17. Муќимов М. Радиои BBC дар Љанги дуюми љањон. /Меваи истиќлол. — Душанбе, 2006. -С. 26-30.

18. Муќим Љ. Њаќиќат ва дурўѓ. – Душанбе: Сино, 2000.- 47 с.

19. Панфилов А. Ф. За кулисами Радио “Свобода”. – М.: Международные отношения, 1974. — 192 с.

20. Панфилов А. Ф. Радиовойна: История и современность. Очерки о внешнеполитической радиопропаганде фашистской Германии, США, Англии и ФРГ. –М.: Искусство, 1984.- 239 с.

21. Поклад А.Б. Юдина Н.И. Массовая информация: Международное общение или подрывная пропаганда? — М.: Международные отношения, 1987.- 96 с.

22. Почепцов Г. Информационно – политические технологии.-М.: Центр, 2003.- 384 с.

23. СМИ, конфликты и терроризм.-Берлин, 2003.- 111 с.

24. Техника дезинформации и обмана. — М.: Мысль, 1978.- 246 с.

25. Усмонов И. К. Воситањои ахбори омма ва сиёсати хориљии Тољикистон.- Душанбе: Сино, 2003.- 64 с.

26. Усмонов И. К. Печать и международная пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.- 120 с.

27. Цыганков В. Медиа-терроризм. Терроризм и средства массовой информации.- Киев: Ника-Центр, 2004.- 122 с.

28. Шевчик Е.В. Радиодиверсанты. – Минск: Белорус, 1980.- 127 с.

29. Ярошенко В.Н. «Чёрный» эфир: Подрывная пропаганда в системе буржуазной внешнеполитической радиовещании. – М.: Искусство, 1986.- 207 с.

30. Critchlov J. Radio-Hole-in-the head Radio liberty. -Washington: The American University press, 1995. — P. 192.

31. Fedler F., Bender J., Davenport L., Drager M. Reporting for the media. – New York: Oxford university press, 2005.- 679 p.

32. Friedlander E., Marsh H., Masterson M. Excellence in reporting.- St. Paul, New Uork, Los Angeles, San Francisco: West hublishing company, 1987.- 377 p.

33. Holt R. Radio Free Europe . — Minneapolis 1958.- P. 53.

34. Kats D. Britain Speaks. Propaganda by Short Waves. -Princeton, 1942.- P. 120-121.

35. Lippman W. Public Opinion. -New York, 1961.- P. 95.

124.

35. Mickelson S. Americas other voice. – Praeger, 1983.- P. 241.

36. Nelson M. War of the black heavens — Brassey’s, 1997.-P. 277.

37.Sosin G. Sparks of Liberty. — The Pennsylvania State University Press, 1999.- 313 p.

МУНДАРИЉА

Сарсухан ……………………………………………………………

Фасли 1. Абарќудратњо ва љанги иттилоотї ………….

Фасли 2. Манфиатњои геополитикї ва радио …………

Охирсухан …………………………………………………………….

Фењристи адабиёт ………………………………………………….


[1] Афанасьев В. Г. Научно-техническая революция, управление, образование.-М., 1972.- С. 226-227.

[2] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 68.

[3] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.— С. 76.

[4]Њамон љо. — С. 80.

[5] Калиев Е. Возможно ли влияние на президента другой страны?//Вечерный Душанбе.-2005.-23 декабря.

[6] Заговор против Лукашенко.//Взгляд.-2006.-1 марта.

[7] Карп М. «Свобода» или «Завтра», что нужнее иранцам?//Би-Би-Си. -2003.- 31 января.

[8] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 85.

[9] Шиллер Г. Манипуляторы сознания. – М., 1980.- С. 19.

[10] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 101.

[11] Њамон љо.- С. 103.

[12] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.— С. 109.

[14] Ањмадинажод М. Нома ба Љорљ Буш.//Тољикистон.-2006.-18 май.

[15] Калиев Е. Возможно ли влияние на президента другой страны?//Вечерный Душанбе.-2005.-23 декабря.

[16] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 184.

[17] Скрытая пропаганда.//Взгляд.-2006.-16 февраля.

[18] Брусницын. Н. А. Информационная война и безопасность.- М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 212.

[19] Мирзо А. Садои пойи шикастаи истеъмор.//Миллат.-2006.- 4 май.

[20] Планы ЦРУ раскрыты…//Правда.Ру.-2005.- 28 ноября.

[21] Ларионова Н. Разговор без диктафонов.//Правда.-1989.-16 января.

[22] Davis J. Peace, war and vou.-N. U., 1952.-P. 117.

[23] Лайнбарджер П. Психологическая война.-М., 1962.- С. 316-317.

[24] Усмонов И. К. Печать и международня пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.-С. 94.

[25] Соломонов Ю. И сказал мне «вражский голос»…//Советская культура.-1990.-23 июня.

[26] Усмонов И. К. Печать и международня пропаганда.-Душанбе: Дониш, 1990.-С. 96.

[27] Коновалов В. «Свобода»-«Красный архив», а также о русских и русофобии.//Литературная Россия.- 1997.- 9 декабря.

[28] Брусницын Н.А. Информационная война и безопасность.-М.: Вита-Пресс, 2001.- С. 65.

[29]Њамон љо.- С. 76.

[30] Умарова А. BBC дар FM хомўш шуд.// Миллат.-2006.- 19 январ.

[31] Бењрўзи Забењулло. Матбуот дар шароити љањонишавї.// Миллат.-2006.- 16 март.

[32] Почепцов Г. Информационно-политические технологии. –М.: Центр, 2003.- С. 111.

[33] Почепцов Г. Информационно-политические технологии.-М.: Центр, 2003.-С. 204-208.

[34] Почепцов Г. Информационно-политические технологии.-М.: Центр, 2003.- С. 270.

[35] Rawnsley G.D. Radio diplomacy and propaganda.-Houndmills etk., 1996.- P. 68.

[36] Почепцов Г. Информационно-политические технологии.-М.: Центр, 2003.- С. 314.

[37] США настаивают на политике превентивного удара.//bbcrussian.com.-2006.- 16 марта.

[38] Путин В. Вести недели.//РТРК.- 2006.- 14 мая.

[39] Бжезинский З. Великая шахматная доска.-М.: Международные отношения, 1998.-С. 84.

[40] Лос Анљелес таймс: Афганские власти просят денег у наркобаронов.//ЦентрАзия.-2006.-16 марта.

[41] Поляков А. США в Афганистане и уроки для Центральной Азии. //ЦентрАзия.-2006.-6 апреля.

[42] Грозин А. Новая стратегия США в Центральной Азии.// РИА Новости.-2006. –3 апреля.

[43] Исфандиёров Љ. Тўфон дар биёбон.// Тољикистон. –2006.-12 январ.

[44] Конгресс США переоценил друзей Тегерана.//Комерсант.-2006.-17 марта.

[45] Буш мегўяд, истифодаи нерў зидди Эрон њатмї нест.// Радиои «Озодї».-2006.- 11 апрел.

[46] Доклад о будущей войне.//Взгляд.-2006.- 15 мая.

[47] Iran-war with using the nucleus weapon? //The Guardian.-2006.- 11 april.

[48]Курбанов И. Р. Сафаров: США боятся в Иране не ядерной бомбы, а нефтяной.//Авесто.-2006.-27 марта.

[49] Азия освобождается от доллара.//Взгляд.-2006.-7 мая.

[50] Путин В. Вести недели.//РТРК.- 2006.- 14 мая.

[51] Евстафев Г. В воздухе Ирана пахнет грозой.//РИА Новости.-2006.-13 апреля.

[52] Taheri A. The Iranian bombs. Key-in Russia.//New York Post. –2006.-14 april.

[53] Администрация Буша выступает против вступления Ирана в ШОС. //Авесто.-2006.-22 мая.

[54] Бушуева Н., Волков В. Журналисти попали в заговорщики.//Asia-Plus.- 2005.- 6 октября.

[55] Саидазимова Г. Дафтари Радиои «Озодї» дар Тошканд баста шуд. // Радиои «Озодї».-2005.-13 декабр.

[56] Н. Бушуева, В. Волков. Журналисти попали в заговорщики.//Asia-Plus.- 2005.- 6 октября.

[57] Умаров С. Доклад на конференции по защите правозащитников в г.Вене.//ЦентрАзия.-2006.-2 апреля.

[58] Мейнвилл Майкл. Чаро Ўзбекистон эњсонгарони хориљиро «маљаќ» мекунад?// The Washington Times. – 2006.- 9 март.

[59] Чем объясняется гонения на иностранные организации в Узбекистане.? //Радио «Голос Америки».-2006.-31 марта.

[60] Ашраф Гани критикует западные неправительственные организации. //Афганистан.Ру.-2006. — 28 февраля.

[61] Ципко А. Тупики демократии-содержанки. Запад финансирует только «правозащитников-Смердяковых» // Известия.-2006.-27 февраля.

[62] НОЧПУ Узбекистана требует у Т. Блэра возместить ущерб за «провокационные действия» Посольства Британии в Ташкенте.//ЦентрАзия.-2006.-1 января.

[63] Узбекистан ограничил деятельность иностранных корреспондентов.// Рейтер.-2006.-16 марта.

[64] Почему мир не отреагировал на преступления?//ЦентрАзия.-2006-14 март.

[65] События 13 мая 2005 года финансировались семьей Максуди. //Forum.msk.ru.-2006.-10 март.

[66] Бреффни О. Рурк. Ўзбекистон-омили ташаннуљ дар Осиёи Марказї.// Радиои «Озодї».-2006.-30 март.

[67] Самиев С. Таджикские штрихи к плану США по свержению режимов на пространстве СНГ. // ЦентрАзия.-2006.-16 марта.

[68] Лукашенко назвал Буша «террористом номер один». // Рейтер.-2006.- 19 марта.

[69] Грузия освободит Белоруссию.// Взгляд.-2006.- 17 марта.

[70] Мањалли боздошти роњбари мухолифини Белорус маълум шудааст.// Радиои «Озодї».-2006.-27 март.

[71] Радиои «Озодї». -2006.- 20 март.

[72] Инструкция по радиожурналистике.- Радио «Свобода»/«Свободная Европа». –2002.- С. 41.

[73] На «голубую революцию» в Белоруссии потратили $ 12 млн.// Взгляд.-2006.-31 марта.

[74] Сафар Т. Наќши нокофии Иттињодияи Аврупо дар Осиёи Марказї.//Радиои «Озодї».-2006.-11апрел.

[75] Бењрўзи Забењулло. Матбуот дар шароити љањонишавї.// Миллат.-2006.-16 март.

[77] Вам отвечает директор всемирной службы Би-Би-Си.//bbcrussian.com.-2004.-17 сентября.

[78] На кого работает Би-Би-Си.// Радиои Би-Би-Си.-2006.- 26 марта.

[79] BBC Handbook. –Lnd., 1974.- P. 269.

[80] Тодд Љ. Большой обман.-М., 1962.- С. 27.

[81] За рубежом, 1961, № 15.

[82] Lippmann W. Public Opinion. – N. Y., 1965.- P. 3-4.

[83] Martin L. J. The International Popaganda. – Minneapolis, 1958.- P. 17.

[84] Осипов В. Ключи Би-Би-Си.//Журналист.- 1968.- № 5.- С. 57.

[85] Merton R. Social Theory and Social Structure. – Glencoe, 1957.- P. 527.

[86] Проблемы информации в печати.-М., 1971.- С. 71.

[87]Ellul J. Propaganda. The Formation of Men’s Attitudes. N. Y., 1966.- P. 53.

[88] На кого работает Би-Би-Си.// Радиои Би-Би-Си.-2006.-26 марта.

[89] Горький М. Собр. соч., т. 26. – М., 1953.- С. 296.

[90] Литературная газета, 1969.- 3 сентябр.

[91] Исматова Д. Шавкати Раљабиён: Як каф хоки ватанро ба Лондон бурдаам.//Зиндагї.-2005.- 20 октябр.

[92] Бжезинский З. Великая шахматная доска.-М.: Международные отношения, 1998.-С. 4.

[93] Тољикистон ба нашрияи њаррўза ниёз дорад.//Љумњурият.-2006.-13 июл.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: