Чупони дипломдор


ЧЎПОН ЊАМ ДИМЛОМ МЕГИРАД…

Бино ба иттилои њафтаномаи «Asia-Plus» (21.01.2009 ва 04.02.2009) Вазорати маорифи Тољикистон тасмим дорад, ки соли равон тањсили ѓоибонаро ба љуз ихтисосњои омўзгорї ва техникї дар донишкадаву донишгоњњои љумњурї барњам дињад. Ба гуфти масъулини Вазорати маорифи Тољикистон тањсили ѓоибона танњо ба он ихтисосњо ќатъ карда мешавад, ки дар бозори мењнат аз љониби корфармоён дархост намешаванд. Агар аз рўи талаботи бозор макотиби олї мутахассис тайёр мекард, имрўз дар Тољикистон ва њатто дар Русияву соири кишварњои ИДМ бояд факултањои иќтисодиву њуќуќшиносї ва амсоли он баста мешуданд. Зеро тўли солњои истиќлолият ончунон дипломи ин соња ба толибон дастрас шуд, ки њоло ба як челонгар ё харроти соњибкасб дањњо нафар њуќуќшиносу иќтисодчї рост меоянд ва дипломдорон ба корњои ѓайритахассусї машѓуланд. Бинобар ин, ба андешаи мо нишондињандаи мазкур асоси чунин тасмим гирифтани Вазорати маорифи Тољикистон нест. Ба назари мо сабаби асосии ќатъ кардани тањсилоти ѓоибона, ин ба талабот бозгў набудани дониши толибилмон аст. Воќеан њам, имрўз сатњи дониши толибилмони макотиби олии кишвар чї дар шўъбањои рўзона ва чї шўъбањои ѓоибона дар сатњи хеле паст ќарор дорад. Агар дониши толибилмони феълии макотиби олии Тољикистонро бо 20 сол пеш ќиёс кунем, сехони онваќта баробари аълохони имрўза дониш дошт. Пўшида нест, ки љанги шањрвандї ва бўњрони иќтисодї ба соњаи маорифи кишвар таъсири манфї расонданд. Ба вижа, бинобар нарасидани муаллимони соњибкасб сатњи таълим дар макотиби њамагонї коњиш ёфт. Дар баробари ин, дар љумњурї шумораи донишкадаву донишгоњњо, ки њадафи аксарашон тиљорат аст, афзуда барои ба макотиби олї шомил шудани довталабони камсавод мусоидат карданд. Талаботи рўзафзуни бозори диплом дониши толибилмро ба љои дуввум гузошт ва дипломгирї њадафи асосї гардид. Маъмурияти макотиби олии кишвар ба хотири њар чї бештар ворид кардани маблаѓи шартномавї, ки њоло асоси фаъолияти муассиссањои тањсилоти олї аст, ба ќабули довталабони камсавод чашм пўшиданд. Њамин аст, ки имрўз сатњи дониши толибилмон ба талаботи макотиби олї љавобгў нест. Имрўз донишљўи чалласавод њам метавонад соњиби дипломи тањсилоти олї шавад. Ин чї тавр сурат мегирад, бањси дигар аст. Воќеият он аст, ки донишљўи камсавод имрўз чунин имкониятро дорад. Аз таљрибаи солњои охир метавонам гўям, ки феълан чўпон њам бо њамон дониши касбиаш метавонад дипломи мактаби олиро гирад. Агар ин чўпон аз фарњангдўстони Панљакент бошад, дар соњаи филология имкони гирифтани дипломи сурхро низ дорад. Зеро имрўз сатњи дониши толибилмон ба њамин дараља паст рафтааст. Албатта, чўпони хуб дар гўсфпандпарварї шояд профессори соњаи худ бошад, вале ин љо сухан дар бораи илмњои дигар меравад. Чи тавре ки дар боло зикр кардем, имрўз дониши толибилмон чи дар шўъбањои рўзона ва чи дар шўъбањои ѓоибонаи макотиби олии кишвар дар сатњи паст ќарор дорад. Албатта, камсаводии донишљўён дар шўъбањои ѓоибона бештар эњсос мешаванд. Аксари донишљўён дар талаби илмомўзї набуда њавою њавас онњоро ба макотиби олї овардааст. Масалан, њоло кї дар шўъбаи ѓоибонаи факултаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон тањсил мекунад? Ќариб аксари табаќањои љомеа: раќќоса, овозхон, тољир, бинокор, муаллим, занони хонашин ва љавонони бекор. Мутаассифона, шумораи хеле ками онњо хоњиши журналист шуданро доранд. Солњои шўравї њамаи ѓоибхонон бояд дар ягон љо кор мекарданд. Аз курси сеюм, бошад, донишљў бояд њатман аз рўи ихтисоси тањсилмекардааш фаъолият менамуд. Талаботи мазкур њоло аз байн рафтааст. Масалан, имрўз аз 88 нафар донишљўи курси чоруми ѓоибонаи факултаи журналистикаи ДМТ њамагї 5 нафар дар ВАО кор мекунанду халос. Боз шояд 30 нафар дар дигар соњањо фаъолият бикунанд. Боќимондаи донишљўён занони хонанишин ва духтарону писарони бекоранд. Мутаассифона, аксари нафарони бекор ваќти зиёди холї дошта бошанд њам, онро сарфи омўзиш намекунанд. Аз љумла, яке аз донишљўён аз харитаи сиёсии љањон Тољикистонро як соат љуста пайдо накард. Духтари дигар адади 100-ро ба 22 таќсим карда натавонист. Њастанд нафароне, ки бе хато як љумла навишта наметавонанд. Ин донишест, ки бояд шогирдон аз барномаи мактаби тањсилотї њамагонї бигиранд. Дар бораи аз бар кардани дониши талаботи макотиби олї њољати гап њам нест. Табиист, ки аксари чунин шогирдон бе дониши казоии мактаби тањсилоти њамагонї ќобилияти аз худ кардани барномаи макотиби олиро надоранд. Худи донишљўён иќрор мешаванд, ки китоби хондаашонро намефањманд. Дар чунин њолат албатта, ба онњо дониши казої додани устодон мушкил аст. Мутаассифона, ин њолат на танњо дар факултаи журналистика, балки дар дигар факултањои макотиби олии кишвар ва њатто љумњурињои ИДМ љой дорад ва инро њамагон хуб медонанд. Барои таќвияти гуфтањо чанд мисол меорем. Дар як нишасти мутахассисони ВАО, ки тирамоњи соли гузашта доир гардид, директори СМТ Зинатуллоњи Исмоил њини сўњбат аз њуќуќшиноси як ТЃД, хатмкардаи Донишгоњи славянии Русияву Тољикистон пурсид, ки Сарќонуни Тољикистон аз чанд модда иборат аст, ў лол монд. Њол он ки чанде пеш ў даѓдаѓа дошт, ки бо дипломи аъло донишгоњро хатм кардааст. Соли гузашта телевизиони РТР барномаи махсусро оид ба омода кардани мутахассисон дар макотиби олии Федератсияи Русия пахш намуд. Мухбирон бо донишљўён ва хатмкардањои шўъбањои рўзонаи донишкадаву донишгоњњои минтаќањои гуногуни Русия сўњбат карданд. Аксари мусоњибон, ки њуќуќшинос ё иќтисодчї буданд, ба суолњои оддии мухбирон посух гуфта натавонистанд. Ин њолат аз он далолат медињад, ки имрўз худи љомеа ба чунин дард гирифтор шудааст ва табобати он якбора ва дар муддати кўтоњ осон нест. Ба назари мо, бастани шўъбаи ѓоибона њалли проблемаи камсаводии донишљўёни ѓоибхон нест. Бузургон бењуда нагуфтаанд, ки барои кайк пўстин насўзанд. Њамзамон набояд фаромўш кард, ки тањсили ѓоибона ин аввалан, њуќуќи шањрвандон тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» (соли 2004) мебошад. Тибќи моддаи 6-уми ќонуни мазкур «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилот, интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рўзона, шабона, ѓоибона, оилавї, фосилавї ва экстернат) њуќуќ доранд». Њамчунин тибќи моддаи 3-юми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї» (соли 2003) сиёсати давлатї ба «дастрасии баробари њама барои тањсилоти олии касбї бо назардошти ќобилияти њар як шахс, фароњам овардани шароити баробар барои дастрасии тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї равона шудааст». Аз рўи моддаи мазкур ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон кафолат дода мешавад, ки шакли дарёфти тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї, муассисаи таълимї ва соњаи тахассусро озодона интихоб намоянд. Дуввум, шўъбаи ѓоибона њоло ягона имконияти дастраси тањсилот гирифтан барои толибилмонест, ки дар истењсолот кор мекунанд. Ба вижа њастанд нафароне, ки дар истењсолот аз рўи ягон тахассус кор мекунанд, вале дипломи тањсилоти олии соњаро надоранд. Тањсили ѓоибона ба чунин ашхос имконияти афзун кардани дониши назариявиашонро фароњам меорад. Сеюм, мувофиќи талаботи мављуда шахсони синнашон аз 35-сола боло ба шўъбањои рўзонаи макотиби олї ќабул карда намешаванд ва шўъбаи ѓоибона имконияти дастраси тањсилот барои онњо мањсуб мешавад. Чањорум, мањдуд будани ќабули донишљўён ба тањсили ройгон ва њамчунин гарон будани ќимати тањсили шартномавї имкон намедињад, ки толибилмон дар шўъбањои рўзона тањсил бикунанд. Барои чунин ашхос шўъбаи ѓоибонаи тањсил зарур аст. Бояд гуфт, ки ин проблема печидагињои зиёд дорад. Кам кардан ё бастани шўъбањои ѓоибона аз як тараф боиси кам ворид шудани маблаѓ ба хазинаи донишкадаву донишгоњњо мегардад ва ба бекор мондани як ќисми муаллимон меорад. Аз љониби дигар, ба хотири гирифтани диплом довталабон рў ба мактабњои олии кишварњои хориљї меоранд, ки дар Тољикистон фаъолияти худро ба хотири тиљорат ба роњ мондаанд. Дар ин њолат маблаѓи шањрвадони мо аз кишвар берун меравад. Албатта, довталаб маблаѓашро ба хотири гирифтани диплом масраф мекунад, вале дониши казої намегирад. Ин нуктањоро ба назар гирифта, барои бењбуд бахшидан ба тањсилоти ѓоибонаи олї, аз љумла барои шўъба ва факултањои журналистика чанд пешнињод дорем: якум, кам кардани теъдоди ќабули донишљўён ба шўъбањои ѓоибона. Масалан, бино ба маълумоти њафтаномаи «Asia-Plus» (21.01.2009) дар соли тањсили 2008-2009 ба шўъбањои ѓоибонаи макотиби олии љумњурї 5 њазору 876 нафар донишљў ќабул шудаанд, ки ин ќариб аз панљ як њиссаи донишљўёни дар њамин давра ба шўъбаи рўзона шомилшударо ташкил мекунанд. Њоло масалан, дар њар курси шўъбаи ѓоибонаи факултаи журналистикаи ДМТ аз 50 то 90 нафар тањсил мекунанд, ки аксарашон њатто хоњиши журналистшавї надоранд. Барои шўъбањои ѓоибонаи факултаи журналистика вобаста ба талаботи воќеии ВАО дар давраи имрўза набояд аз 15 нафар зиёд донишљў ќабул карда шаванд; дуюм, барои шўъба ва факултањои журналистика љорї намудани озмуни эљодї. Бояд гуфт, ки њоло ќабул ба шўъбаи чї рўзона ва чї ѓоибонаи факултаи журналистикаи ДМТ бе озмуни эљодї сурат мегиорад. Набудани озмуни эљодї имконият медињад ки ба факулта барои тањсил шахсони тасодуфї шомил шаванд. Њол он ки дар давраи шўравї озмуни эљодї яке аз шартњои асосии дохилшавї ба шўъбаи журналистика буд. Озмуни эљодї барои шомилшавї ба шўъбаву факултањои журналистика дар дигар кишварњои ИДМ, ба вижа дар Русия њоло њам шарти асосї аст. Дар донишкадаву донишгоњњои Федератсияи Русия озмуни эљодї аз ду ё се давр иборат аст. Масалан, дар факултаи журналистикаи Донишгоњи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, ки њудуди 2700 нафар тањсил мекунанд, барои довталабон озмуни эљодї дар се давр сурат мегирад: озмуни маводи чопї, иншои эљодї ва сўњбат. Озмуни эљодї дар донишгоњи мазкур моњи апрел ва июл сурат мегирад. Дар факултаи журналистикаи Донишгоњи давлатии Урал низ озмуни эљодї аз 3 давр иборат аст: якум, тањлил ва бањодињии маводи чопї ва аудиовизуалии довталабон; дуюм, кори хаттї аз рўи вазифаи додашуда; сеюм, сўњбат. Озмуни мазкур дар њафтаи охири моњи июл доир мегардад. Дар факултаи журналистикаи Донишгоњи давлатии Ростов озмуни эљодї аз ду давр иборат аст. Дар даври аввал довталаб кори хаттии эљодиро дар мавзўъњои зерин иљро мекунад: — таќриз ба барномаи радио ё телевизион, телесериал, спектакл, филми бадеї ё китоб; — интервю бо мусоњиби шартї; — посух ба мактуби хонанда ба редаксия; — репортаж дар бораи ягон воќеа ва мавзўњои дигар. Давраи дуюми озмуни эљодї, ки сўњбат аст ба ду ќисм таќсим мешавад. Дар ќисми аввал довталаб маводи журналистии ба озмун пешнињодкардаашро пеши аъзои комиссия тањлилу баррасї менамояд. Дар ќисми дуюм аъзои комиссия ба довталаб суол дода, дараљаи умумии рушди фарњангї ва интеллектуалии ўро месанљанд. Бояд гуфт, ки ба довталабон танњо пас аз гузаштани озмуни эљодї барои супурдани имтињоноти дигар иљозат дода мешавад; сеюм, барои мутахассис — 6 сол ва барои бакалавр — 5 сол муќаррар кардани мўњлати тањсили ѓоибона. Пеш тањсил дар шўъбаи ѓоибона вобаста ба ихтисос 5 — 6 сол (1 сол зиёд нисбати тањсилоти рўзона) буд. Чанд соли охир мўњлати тањсили шўъбаи ѓоибона ба шўъбаи рўзона баробар карда шуда, 5 сол сурат мегирад. Албатта, кам шудани мўњлати тањсил низ ба сатњи дониши ѓоибхонон таъсири манфї мерасонад; чањорум, талаби њатмии аз рўи ихтисос кор кардани донишљўёни ѓоибхон. Зеро агар донишљўи ѓоибхон дар давраи тањсил аз рўи ихтисос кор накунад, ў моњияти дарсњои назариявиашро намефањмад ва наметавонад, ки онро дар амал мустањкам карда мутахассис шавад. Умед дорем, ки амалї шудани пешнињоди мо барои бењбуд бахшидани тањсилот дар макотиби олии кишвар мусоидат хоњад кард.

Љовид Муќим, доктори улуми филология

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: