Jovidmuqim's Blog

Хомӯшии ВАО-и давлатӣ
Хомӯшии ВАО-и давлатӣ

Бегоҳии 12 январи соли 2012 дар шаҳри Маскав ба ҷони журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло сӯиқасд сурат гирифт. Шахси номаълум  Додоҷонро ба вохӯрӣ даъват карда, ба ӯ ду корд зад. Журналист аз ин ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд. Шукри худо, ки ҳоло хатар ба ҷони Додоҷон таҳдид намекунад ва ӯ сиҳат мешавад.

Ин хабари шум баъди чанд соат дар расонаҳои хабарии Русия паҳн  шуд ва онро аввали рӯзи 13 январ – соати 5-у 14 дақиқа хабарнигории «Азия плюс» дар такя ба манбаъҳои русӣ  нашр кард. Баъдан хабари сӯиқасд ба чони Додоҷони Атовулло дар сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии хусусии Тоҷикистон – «Озодагон», «Tojnews»,  «Pressa.tj» пахш шуданд. Ҳамон рӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон – «Афрўз»   бо пахши баёния сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигор Додоҷони Атовуллоро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия тақозо кардаанд, ки нисбати ин ҳодиса таҳқиқи амиқ гузаронида шавад.

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) низ дар баёнияи худ ҳамла ба Додоҷон Атовуллоро маҳкум карда, таҳқиқи қазияи мазкурро аз мақомоти Русия хостанд.

13 январ Радиои «Озодӣ» дар такя ба ИТАР-ТАСС хабар дод, ки сардори раёсати иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  Давлаталӣ Назриев ҳамла ба хабарнигори тоҷик Додоҷони Атовуллоро дар Маскав маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. Ӯ гуфтааст, ки дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд.

Ман ҳамчун як нафар журналист мехостам, ки назари расонаҳои давлатии Тоҷикистонро бифаҳмам. Мутаассифона, ин хабарҳои муҳим барои аҳли ҷомеа ҳамон рӯз ва рӯзҳои минбаъда то навиштани ин мавод  (субҳи 16 январ) дар телевизион ва радиоҳои давлатӣ пахш нашуданд.  Оҷонсии иттилоотии миллии Тоҷикистон «Ховар» низ дар ин мавзӯъ хабаре ба табъ нарасонд.  Ҳамон рӯзҳо «Ховар» чунин хабарҳоро пахш кард, ки сарлавҳаашонро аз сомонаи http://khovar.tj меорем:

16.01.2012 09:34 Ҳамкории фурудгоҳ бо 24 ширкати ҳавопаймоӣ

14.01.2012 11:01 Ташкили ярмаркаҳо идома дорад

14.01.2012 11:01 Роҳҳо таъмир мешаванд

14.01.2012 11:00 Иттиҳоди Аврупо кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро меафзояд

14.01.2012 10:58 О. Оқилов фаъолияти Хатлонро дар соли 2011 натиҷагирӣ кард

13.01.2012 16:47 Истироҳат дар фасли зимистон

13.01.2012 16:47 «Тоҷик-эйр» қарзашро дар назди «Тоҷиксуғурта» кай пардохт мекунад?.

13.01.2012 15:44 «Лутфи ҳақ»

13.01.2012 15:43 Қарзҳои бефоиз ба эҳтиёҷмандон

13.01.2012 15:43 «Чун сари кори ту бо кӯдак фитод…»

13.01.2012 15:17 Стивен Ҷерард шартномаашро дароз мекунад

13.01.2012 15:17 Ривалдо дар Ангола

13.01.2012 15:16 «Рубин» бо «Олимпиакос» дар Маскав бозӣ хоҳад кард

13.01.2012 15:16 ЕURO-2012: Гузоришҳои телевизионӣ

13.01.2012 15:05 Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзудааст

13.01.2012 14:25 Чоҳҳои нафту газ барқарор карда мешаванд

13.01.2012 14:24 Табибони Русия шаҳрвандони моро шифо мебахшанд

13.01.2012 14:24 Талабот ба маҳсулоти пластмассӣ меафзояд

13.01.2012 12:13 Ҳайати намояндагони афғонӣ дар Душанбе

13.01.2012 12:12 Телевизион ва радиои Тоҷикистон пурра ба пахши рақамӣ мегузарад

13.01.2012 11:48 Истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон

13.01.2012 11:47 Истихроҷи газ афзоиш меёбад

13.01.2012 11:15 Тағйироти нави кадрӣ

13.01.2012 10:49 Мевахушккунаки офтобӣ сазовори диплом шуд

13.01.2012 10:48 Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бе иҷро монд

13.01.2012 10:06 Азми бинокорон

13.01.2012 10:06 Сӯхтор коҳиш ёфт

13.01.2012 10:06 Таваллудхона бо таҷҳизоти нав таъмин шуд

13.01.2012 09:55 Эстония вуруди Тоҷикистонро ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад

12.01.2012 17:53 Мулоқоти Э.Раҳмон бо У.Паэт

Шояд,  гумон кунед, ки хабари «Табибони Русия шаҳрвандони моро шифо мебахшанд», аз табобати Додоҷони Атовулло иттилоъ медиҳад. Иштибоҳ мекунед. Дар хабари мазкур сухан аз табобати осебдидагони  сӯхтори тарабхонаи «Pittore» -и шаҳри Маскав меравад.

Он рӯзҳо дар телевизиону радиоҳои давлатӣ низ ба рӯйихати боло монанд хабарҳо пахш шуданд, ки ҳеҷ ба талаботи барномасозӣ ҷавобгӯ набуданд. Ҳамон рӯзҳо хабарҳои криминалӣ аз хориҷи кишвар зиёд пахш шуданд, вале ин мавзӯи доғ дар телевизиони Тоҷикистон роҳ наёфт. Воқеан, барномасозии хабарии телевизиони Тоҷикистонро Рустам Холиқов дар сомона ва рӯзномаи «Asia-Plus» (10. 01. 2012) интиқод карда буд, ки воқеият дорад.

Масъулони расонаҳои давлатӣ шояд гумон мекунанд, ки бо инъикос накардани ин мавзӯъ  мардум аз воқеа огоҳ намешаванд. Бигзор, Додоҷони Атовулло барои баъзе мансабдорон шахси номақбул бошад, вале ин маънои онро надорад, ки чунин хабар пахш нашавад. Хабари шум зуд паҳн мешавад. Ҳамон рӯзи 13 январ мардум дар кӯчаву бозор дар бораи сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло ҳарф мезаданд. Бояд гуфт, ки баракс, ин мавзӯъро нагуфтани расонаҳои давлатӣ боиси гумонҳои гуногун дар байни мардум мешавад.

Рисолати нахустини ВАО  новобаста аз шакли моликият – ин ба мардум расонидани иттилои воқеӣ ва беғаразона аст. Аз ҷониби дигар, вақте ки ин расонаҳо аз буҷаи давлатӣ, яъне аз пули андозсупорандагон маблағгузорӣ мешаванд, чаро онҳоро бо иттилои воқеӣ сари вақт огоҳ намекунанд?!

Ҷовид Муқим

УЗРЕ БАДТАР АЗ ГУНОҲ, Ё ТАРСАКИИ МАСКАВ
УЗРЕ БАДТАР АЗ ГУНОҲ, Ё ТАРСАКИИ МАСКАВ

Дар мавзӯи қазияи халабонҳои рус чизе навиштанӣ набудам, зеро он тӯли се ҳафта ҳангомаи расонаҳо шуда буд, вале анҷоми шармандавори он маро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон бетараф гузошта наметавонад.

22- юми ноябри соли равон Додгоҳи вилояти Хатлон ду командири тайёраҳои АН-72-и Ширкати оффшории «Ролкан Инвестмент Лтд» шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро озод кард. Судя бо дархости Толибҷон Азимов, муовини додситони вилояти Хатлон, ки дар мурофиаи судии ин халабонон ба ҳайси айбдоркунанда ширкат мекард, ба ҳар ду судшаванда 2 солу шаш моҳу 14 рӯзи зиндонро раво дид. Аммо бинобар татбиқи Қонуни авф, ки аз 20 августи соли 2011 қабул шуда буд, ду соли ҷазои зиндонро аз ҳукми халабонҳо кам кард. Ҳамин тавр, бо назардошти он ки, халабонҳо, аллакай, шаш моҳ дар боздоштгоҳ қарор доштанд, онҳо аз толори додгоҳ  озод гардиданд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз 8 ноябр  Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Владимир Садовничий ва Алекей Руденкоро барои ғайриқонунӣ дохил шудан ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, барои вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии парвоз ва барои интиқоли ғайриқонунии муҳаррики тайёра ба мӯҳлати 10 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд. Вале бо татбиқи Қонуни авф дусолӣ аз ҳукми онҳо кам карда шуд. Ҳамин тавр ҳар кадоми онҳо ба ҳашту ним сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Ин амал дар расонаҳои Русия мавзӯи рақами 1 шуда, боиси эътирози  мансабдорону сиёсатмадорон ин кишвар гардид. Ҳамзамон  фишороварӣ ба мақомоти Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик оғоз гардид. Билохира, Додситони вилояти Хатлон ба ҳукми Суди шаҳри Қӯрғонтеппа эътироз карда, хоҳони аз нав баррасӣ шудани  қазияи халабонҳо шуд.  Ҳол он ки чанде қабл додситони кулл Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ ин ҳукми судро воқеӣ гуфта буд. Ба гуфти додситони кулл дар дохили ҳар ду тайёраҳои АН-72 боз шаш сарнишини дигар аз Русия, Украина, Беларус ва Қазоқистон ҳузур доштанд, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода нашудааст ва онҳо бегуноҳ дониста шудаанд.

Қазияи мазкур дар Тоҷикистон низ боиси баҳсу мунозираи мардум гардид. Ҳар кӣ аз рӯи фаҳмиши худ ба он баҳо медод. Савори таксие будем, ки дар радио сари ин мавзӯъ сухан рафт. Ронанда гуфт, ки чаро бо шохи гов ҷанг мекунанд? Аввалан, лётчикҳоро ин қадар сахт суд намекарданд. Акнун, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия фишор оварда истодаанд, сар диҳандашон, то аз ин амал дигарҳо азоб накашанд.

- Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва касе, ки қонуншиканӣ кардааст, ҷавоб мегӯяд, -гуфтам ман.

Ронанда сӯям нимхандае кард ва хомӯш монд. Воқеан, он рӯзҳо мардуми Тоҷикистон сари ин қазия ба се гурӯҳ ҷудо шуда буданд: 1. Нафароне, ки чун ронандаи таксӣ ҷонибдори озод кардани лётчикҳо буданд. Ин тоифа тарафдори он буданд, Тоҷикистон пеши «бародари калонӣ» ҳамеша чорқату муттаҳам бошад, зеро илоҷи дигаре надорад. 2. Онҳое, ки ҳисси ватандориашон боло буд, аз додситони кулл Шерхон Салимзода дастгирӣ мекараданд ва ҷонибдори он буданд, ки адолати судӣ риоя шавад.  3. Гурӯҳи сеюм бетараф буданд.

Баъди чанд рӯз ҷониби Тоҷикистон ба фишори Ҳукумати Русия тоб наоварда, рӯ ба гузашт овард ва дар натиҷа ин ду халабони рус озод шуданд. Ин амал собит намуд, ки системаи судии Тоҷикистон мустақил нест ва бо фишор овардан метавон қазияро ба манфиати касе ҳал кард. Ҳамчунин қазияи мазкур собит кард, ки кишварҳои абарқудрат чун Русия метавонанд дар роҳандозии ягон амал ба Ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд. Олоти асосии фишори ҳукуматдорони рус муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буд. Мақомоти Русия барои ҳалли қазияи халабонҳо ба манфиати худ депортатсияи муҳоҷиронро шурӯъ кард. Аз ҷониби дигар, масъалаи ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва забондонии муҳоҷирон ба миён омад. Ин ҳама ҷониби Тоҷикистонро маҷбур кард, ки ба гузашт равад.

Бояд гуфт, ки бино ба иттилои АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия қариб 675 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ кор мекунанд.  Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз миллион нафар ҳам бештар аст ва ин рақам ҳамасола меафзояд.  Зеро ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола нерӯи корӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонон 180 ҳазор нафар зиёд мешавад. Албатта, аксари онҳо дар ҷумҳурӣ ҷои кор наёфта, рӯ ба Русия меоранд, зеро алтернативаи дигар нест. Воқеан ҳам, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол дар моҳи август – сентябри соли 2011  2 млн. 169 ҳазору 800 нафарро ташкил додаст, ки аз онҳо 2 миллиону 114 ҳазор нафар ва ё 94,4 фоиз дар соҳаи иқтисодиёт машғули коранд. Дар ин давра 55,7 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтанд, ки 2,6 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Аз рӯи омори мазкур бармеояд, ки қариб нисфи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.

Феълан аксар дар бораи афзалияти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳарф мезананд, зеро имрӯз воқеан ҳам, иқтисодиёти Тоҷикистон аз маблағе, ки онҳо ба оилаашон мефиристанд ва он аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола беш аз 2 миллиард долларии ИМА мебошад, побарҷост. Вале муҳоҷирати меҳнатӣ барои Тоҷикистон оқибатҳои ногувор низ дорад. Иқтисодчӣ, шодравон  Тоҳири  Абдуҷаббор ҳанӯз 5 сол қабл дар газетаи «Миллат» (28. 09. 2006)  ҷиҳатҳоии манфии муҳоҷирати меҳнатиро барои Тоҷикистон чунин баррасӣ карда буд:

1.	Ба ҷои дар дохили кишвар истифода шудани таҷриба ва малака дар хориҷи кишвар ва аз кишвар рафтани «ақлҳо»;

2.	Бинобар аз руи тахасус кор накардан аз даст додани малакаву дониши касбӣ;

3.	Махлут гаштани урфу одат, фарҳанг ва забони муҳоҷирон;

4.	Аз даст додани шаҳрвандони худ;

5.	Таъсири манфӣ ба тарбияи кӯдакон ва ҷудо шудани хонаводаҳо;

6.	Коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба ҳукумат.

Ба ғайр аз ин Тоҳири Абдуҷаббор яке аз ҷиҳатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатиро чун воситаи таъсиррасонии сиёсӣ истифода бурдан аз ҷониби кишвари корфармо медонад.  Қазияи халабонҳо ин гуфтаҳоро собит намуд. Аз ин бармеояд, ки то он вақте, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд, ин кишвари абарқудрат метавонад ба ҳукумати мо фишор орад ва қазияҳоро ба манфиати худ ҳал кунад. Бинбар ин, Ҳукумати Тоҷикистонро мебояд, ки ҳар чӣ зудтар роҳҳои аз ин бунбаст баромаданро пайдо бикунад.

Ба назари мо, дар навбати аввал ҳамаи маблағгузориҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусиро барои барқаророкунӣ ва сохтанӣ ҷойҳои нави корӣ, ки маоши арзанда доранд, равона мебояд кард. Ҳамчунин барои ин кор сармоягузории хориҷиро ҷалб кардан лозим аст. Албатта, феълан ҷумҳурӣ наметавонад, ҳамаи аҳолии қобили меҳнатро бо кор дар дохили кишвар таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи ҳукуматӣ ин масъала бояд бо кишварҳои ба мо дӯст ҳал карда шавад. Яъне тавассути қарорододи ҳукуматӣ метавон муҳоҷирони меҳнатиро ба кишварҳои Араб, Аврупо ва ҳатто ИМА фиристод. Бисёр кишварҳои абарқудрат дар Тоҷикистон манфиатҳои геополитикӣ доранд ва онҳо албатта, барои қабули теъдоди на он кадар зиёди муҳоҷирони корӣ розӣ мешаванд. Мо ҳам ба фиристодани теъдоди ками муҳоҷирони меҳнатӣ ба як мамлакат манфиатдорем, зеро агар онҳо зиёд бошанд, боз воситаи таъсиррасонӣ ба ҳукумати мо мегарданд.

Ин амал аз ҷониби дигар, моро пеши Русия сархам нахоҳад кард. Умуман, имрӯз вақти он расидааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар чӣ бештар вобастагиашро аз Русия коҳиш диҳад. Ба гуфти президенти Гурҷистон М. Саакашвили  дар ҷаласаи ҳукумат (22.11. 2011) «Ба Маскав онҳое рӯ меоранд, ки психологияи ғуломӣ доранд».

Томас Ачакосо, мушовири Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар як ҳамоише, ки оид ба муҳоҷират 17 ноябри соли равон дар Душанбе доир гардид, гуфт, ки агар Тоҷикистон қобилияти идора кардани ҷараёнҳои муҳоҷиратиро биомӯзад, имкони рушди босуботи ин кишвар фароҳам хоҳад омад.

Ҷовид Муқим

Хабар чӣ гуна бояд бошад? Ё чаро барномаи «Ахбор» баёнгари ҳаводиси рӯз нест?
Хабар чӣ гуна бояд бошад?

Ҷовид Муқим,

профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Телевизион дар паҳн кардани иттилоъ нисбат ба рӯзномаҳо бартарият дорад. Зеро вай метавонад тезтар ва муассиртар хабарро паҳн кунад. Вале ин афзалияти телевизион дар Тоҷикистон чандон истифода намешавад.

Дар сӯҳбат мутахассисони соҳаи журналистика аксаран мегӯянд, ки бинандагони телевизионҳои Тоҷикистон каманд, зеро барномаҳояшон дар сатҳи касбӣ нестанд. То кадом андоза ин иддао воқеият дорад? Барои муайян кардани теъдоди бинандагони телевизионҳои фаромиллии Тоҷикистон – ТВ «Шабакаи аввал», ТВ «Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Баҳористон» мо пажӯҳише анҷом додем. Ба пурсиши мо 200 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он посух гуфтанд. Аз ҷумла, дар пурсиш 125 нафар (62,5 фоиз) сокини шаҳри Душанбе ва 75 нафар (37,5 фоиз) истиқоматкунандагони деҳот иштирок карданд. Аз рӯи ҷинс 115 нафар (57,5 фоиз)- и респондентон мард ва 85 нафар (42,5 фоиз)-и боқимонда занҳо буданд. Респондентон аз рӯи синну сол ба 5 гурӯҳ тақсим карда шуданд: синни аз 16 то 25-сола, синни аз 26 то 35-сола, синни аз 36 то 50-сола, синни аз 51то 60-сола ва синни аз 61-сола боло. Аз пурсидашудагон 69 нафар (34,5 фоиз) аз 16 то 25-сола буданд ва аксари онҳоро донишҷӯёни макотиби олӣ ташкил мекарданд. 46 нафар (23 фоиз)-и дигари пурсидашудагон синни аз 26 то 35-сола доштанд. Ба гурӯҳи респондентони 36-50-сола 40 нафар (20 фоиз) шомил буданд. Дар пурсиш 26 нафари аз 51 то 60-сола иштирок карданд. Ҳамчунин 19 нафар (9,5 фоиз)-и аз 61-сола боло пурсида шуданд. Аз рӯйи нишондиҳандаи таҳсилнокӣ аксари респондентон- 86 нафар (43 фоиз) таҳсилоти олӣ доштанд. Ҳамчунин 66 нафар (33 фоиз)-и пурсидашудагон таҳсилоти олии нопурра ва 48 нафар (24 фоиз) таҳсилоти миёна доштанд.

Пурсишнома аз 6 суоли зерин иборат буд:

1.Шумо телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунед?

2.Кадом телевизионро тамошо мекунед?

3.Кадом барномаро бештар тамошо мекунед?

4.Барномаи «Ахбор»-ро тамошо мекунед?

5.Оё барномаи «Ахбор» ба шумо мақбул аст?

6.Барои чӣ барномаи «Ахбор» мақбул аст ё мақбул нест?

Аз 200 нафари пурсидашудагон 155 нафар (77,5 фоиз) гуфтанд, ки телевизионҳои Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Баъзеи респондентон бинандаи аксари телевизионҳои фаромиллӣ ва маҳаллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, теъдоди умумии бинандагон зиёд шуда ба 263 нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол 45 нафар (22,5 фоиз) изҳор доштанд, ки бинобар мақбул набудан телевизионҳои Тоҷикистонро умуман тамошо намекунанд. Аксари онҳо телевизионҳои Русия ва Ӯзбекистонро тамошо мекардаанд.

Ба суоли «Кадом телевизионро тамошо мекунед?» Аксари респондентон – 70 нафар, ё ин ки 26,6 фоиз гуфтаанд, ки Телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо мекунанд. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки теъдоди бинандагони телевизионҳои «Шабакаи аввал» ва «Сафина» баробар будааст. Телевизионҳои номбурдаро 65-нафарӣ тамошо мекардаанд. Яъне ин ду шабака 24,7 фоизӣ бинанда доштааст.  38 нафар (14,4 фоиз) изҳор доштаанд, ки Телевизиони «Баҳористон»-ро тамошо  мекунанд. Дар пурсиши мо суол оид ба телевизионҳои «Пойтахт» ва СМТ набуд, вале 15 нафар (5,7 фоиз) гуфтанд, ки Телевизиони «Пойтахт» ва 10 нафар (3,8 фоиз)-и дигар СМТ-ро тамошо мекунанд.

Ба суоли «Кадом барномаро бештар тамошо мекунед?» аксар гуфтаанд, ки аз ин шабакаҳо футбол ва филм тамошо мекунанд. Ҳамчунин баъзе респондентон гуфтаанд, ки аз Телевизиони «Баҳористон» барномаҳои «Чарогӯяк» ва «Омадем, то бубинем», аз Телевизиони «Ҷаҳоннамо» барномаҳои «Оё медонед», «Тақвими рӯз», аз «Шабакаи аввал» барномаҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Шӯхиҳои Аловуддин» ва «Беғараз панд»,  аз Телевизиони «Сафина» барномаҳои «Лаззат» ва ток-шоуҳоро тамошо мекардаанд.

Барномаҳои хабарии телевизионҳои Тоҷикистонро 186 нафар (70,6 фоиз) бинанда доштааст.  Дар ҳамин ҳол 48 нафар ё ин ки 25,8, фоизи теъдоди умумии бинандаҳо барномаҳои иттилоотӣ «Хабар»-и ТВ –и «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо мекардаанд. Аз ин теъдод ба 25 нафар (52 фоиз) барномаи «Хабар» мақбул будааст. 8 нафар (16,6 фоиз)-и дигар изҳор кардаанд, ки ин барнома барояшон чандон писанд нест. 15 нафар (31,2 фоиз) бошад, гуфтаанд, ки барномаи «Хабар» барояшон мақбул нест.

Теъдоди бинандагони барномаи «Ахбор»-и Телевизиони «Шабакаи аввал» 62 нафар ё ин ки 23,5 фоиз  будааст. Дар ҳамин ҳол ба 26 нафар (41,9 фоиз) барномаи «Ахбор» мақбул будааст. Ҳамчунин ба 10 нафар, ё ки 16,1 фоизи бинандагон барномаи «Ахбор» чандон писанд нест. Дар ҳамин ҳол  26 нафар (41,9 фоиз) аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки барномаи мазкур ба онҳо мақбул нест.

Барномаи «Навид»-и Телевизиони «Сафина» 60 нафар ё ин ки 22,8 фоиз тамошобин доштааст. Барномаи «Навид» писанди 17 нафар  (28,3 фоиз) бинанда будааст. Ба 18 нафар (30 фоиз)-и дигар барномаи мазкур чандон писанд набудааст. 25 нафар (41,6 фоиз) бошанд, умуман барномаи «Навид»-ро мақбул намедонистаанд.

Барномаи «Хабар»-и Телевизиони «Баҳористон»-ро ҳамагӣ 16 нафар (6 фоиз) тамошо мекардаанд.  Ба 3 нафар (18,7 фоиз)-и пурсидашудагон барномаи «Хабар» мақбул будааст. Ба  8 нафар (50 фоиз)-и пурсидашудагон ин барнома чандон писанд набудааст. Ҳамчунин ба 5 нафар (31,2 фоиз) барномаи иттилоотии Телевизиони «Баҳористон» умуман мақбул набудааст.

Аз пажӯҳиши мазкур бармеояд, ки 186 нафар ё ин ки 70,6 фоизи  пурсидашудагон аз 263 нафар, барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Тоҷикистонро ҳар рӯз, ё ҳафтае 2-3 маротиба, ё дар як моҳ ақаллан 1 маротиба тамошо мекардаанд. Дар ҳамин ҳол барномаҳои иттилоотӣ ба 71 нафар (38,1 фоиз) мақбул аст. Ҳамзамон барномаҳои мазкур ба 44 нафар (23,6 фоиз) чандон мақбул нест. 71 нафар (38,1 фоиз) изҳор доштаанд, ки барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Тоҷикистон умуман ба онҳо мақбул нест. Ҳамин тавр, аз пажӯҳиш бармеояд, ки барномаҳои иттилоотӣ ба теъдоди баробари респондентон 71 нафарӣ мақбул аст ва писанд нест. Яъне барномаҳои ахбории телевизионҳои Тоҷикистон танҳо талаботи 38,1 фоизи бинандаҳои барномаҳои иттилоотиро қонеъ мекунанд. Сабаби мақбул набудани барномаҳои иттилоотиро пурсидашудагон ба аҳамияти ҷамъиятӣ надоштани хабарҳо ва дар сатҳи пасти касбӣ омода шудани онҳо иртибот медиҳанд. Бояд бигӯем, ки аксари респондентони мо мардуми соҳибтаҳсилот буданд ва онҳо дар воқеъ чӣ гуна бояд барномаҳои иттилоотӣ бошанд, дарк мекарданд. Воқеан ҳам, вақте барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи касбӣ тамошо мекунӣ, онҳо ба талаботи хабар ҷавобгӯ нестанд.

Хабар – ин иттилои наву муҳимест, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, барои аксари аудитория ҷолиб аст ва сари вақт пахш карда мешавад.

Объекти хабар метавонад   инсон, факт, ҳодиса, проблема ё чизи қобили таваҷҷӯҳи мардум бошад. Маводи иттилоотиро метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард:

1.Тақвимӣ. Иттилои мазкур бо ҷашнвораҳо, санаҳои таърихӣ, идҳои миллӣ иртибот дорад, ки ҳатман бояд сурат гиранд.

2.«Доғ» ё мустақим. Дар чунин хабарҳо оид ба рӯйдодҳои чашмгири дохили кишвар ва хориҷи он, дар бораи мушкилоти ҳаёти байналмилалӣ, ҳангомаҳо, садамаҳо, тағйиротҳои сарнавиштсоз  иттилоъ дода мешаванд.

3.«Созмондодашуда». Ин ба таври сунъӣ фактҳо ва ҳодисаҳои дурӯғинро ҳангома кардан  ё интихоби ғаразноки иттилоъ мебошад.

Дар телевизионҳои Тоҷикистон хабарҳои ин се гурӯҳ ба назар мерасанд. Вале ба гурӯҳи «Созмондодашуда» бештар хабарҳои ғаразнок интихоб мешаванд.

Арзиши хабар бо ҷузъҳои зерин муайян карда мешавад:

1. Аз нигоҳи аудитория наздик будани мавзӯъ (дар фосилаи замон, чизи ошно ё наздик);

2.      Шӯҳрати касе ё чизе (комёбӣ ё нокомии касе ё чизе);

3.      Саривақтӣ будан;

4.     Муассирӣ – ҷалби таваҷҷӯҳи аудитория ба мавзӯъ;

5.      Бузургӣ ё фарогирии иттилоъ;

6.     Муноқиша (ифшои чизе, тафсилоти низоъ, талоқи ашхоси маъруф, ҷанҷол, боздошт);

7. Ғайримаъмулӣ  (ғайриқобили пешбинӣ ё инкишофи ғайричашмдошти ҳодисаву проблема);

8.  Шахсонидани хабар.

Дар барномаҳои ахбор бояд пеш аз ҳама дар бораи иттилои муҳими ҷомеа, ғайриоддӣ ва ё сиёсӣ хабар дода шавад . Баъдан дар бораи тиб, фарҳанг, илму маориф ва варзиш хабар медиҳанд.

Ба журналистон  маълум аст, ки хабар бояд ба суолҳои зерин посух гӯяд: Кӣ? Чӣ? Кай? Дар куҷо? Чӣ хел? Барои чӣ?  Вале мутаассифона, дар хабарҳои телевизионҳои Тоҷикистон ин қоида ҳамеша риоя намешавад. Дар барномаҳои иттилоотии телевизионҳо хабарҳое низ пахш мешаванд, ки на маълумоти нав доранд ва на моҳияти ҷамъиятӣ. Тамошои он барои бинанда шавқовар нест. Масалан, 14 ноябри соли 2011 дар барномаи «Ахбор»-и рӯзонаи «Шабакаи аввал» дар бораи ба ҷои барқ бо ангишт гарм кардани дегхонаи як корхона дар Хуҷанд иттилоъ дода шуд.  Хабари мазкур аз иттилои нав ва муҳим дида, бештар ҳадафи тарғиботӣ дошт.

Бояд гуфт, ки моҳи октябру ноябри соли равон дар «Шабакаи аввал» ва Телевизиони «Сафина» дар бораи омодагии мактабҳои ҷумҳурӣ ба зимистон хабарҳои зиёде пахш шуданд. Ин хабарҳо якнавохту дилбазан буда, дар бораи бо ангишту ҳезум таъмин шудани кадом як мактаби деҳот иттилоъ медоданд. Масалан, 14 ноябри соли 2011 дар барномаи «Ахбор»-и соати 22-и «Шабакаи аввал» дар бораи омодагии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3-юми шаҳри Хоруғ ба зимистон хабар пахш шуд.  Қобили зикр аст, ки чунин хабарҳо аз рӯи мӯҳтаво ба ҳам монанд буда, танҳо номи мактабу навоҳӣ фарқ  мекунанд.

Ҳамчунин 16 ноябри соли 2011 дар барномаи«Ахбор»-и «Шабакаи аввал» гузориш дар бораи ғайримақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ дар вилояти Суғд пахш шуд, ки барои бинанда ҷолиб набуд.

Хабари дигари ин барнома дар бораи ба зимистон омода будани Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Вахш пахш шуд, ки он ҳам аз суханҳои умумӣ иборат буда, иттилои наву ҷолиб надошт.

Чунин хабарҳои камаҳамият ва ғайри қобили таваҷҷӯҳ дар Телевизиони «Ҷаҳоннамо» низ баъзан пахш мешаванд. Масалан, 31 октябри соли 2011 дар барномаи «Хабар»-и соати 21 чунин иттилоъ пахш шуд: «Кормандони  шабакаҳои барқии  ноҳияи  Тоҷикобод  дар доираи корҳои  омодагӣ ба мавсими тирамоҳу  зимистон ба маблағи 208 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии  зеристгоҳу трансформаторҳо  ва хатҳои интиқоли  нерӯи барқро ба анҷом расонданд». Иттилои мазкур шояд барои сокинони ноҳияи Тоҷикобод пураҳамият бошад, вале он барои сокинони ҷумҳурӣ ҷолиб нест.

Хабарро аз нигоҳи таҳия кардан метавон шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кард: иттилои расмӣ ва муаллифӣ. Иттилои расмӣ аз ҷаласаҳои ҳукумат, порлумон, маъракаҳои ба ин монанд ё нишастҳои матбуотӣ таҳия мегардад. Таҳияи намуди иттилои дуюм аз фаъолияти муаллиф бештар вобаста аст . Ӯ факт меҷӯяд, иттилои нав меёбад ва дар асоси он хабар таҳия мекунад. Тарзи таҳияи хабар бояд бо сабки ҳарами воруна сурат гирад. Яъне дар аввали хабар бояд иттилои муҳим гуфта шавад. Вале аксари мухбирони телевизион ин сабкро ё намедонанд ва ё намехоҳанд аз он истифода кунанд. Ҳамин аст, ки дар аксари хабарҳои дохилии телевизионҳои Тоҷикистон иттилои муҳим ва асосӣ дар охири матн гуфта мешавад.

Дар матни хабар бояд бинанда иттилои заруриро пайдо кунад ва бояд чизи нофаҳмо набошад, ё суоле пайдо нашавад. Вале ин талабот на ҳамеша дар телевизионҳои Тоҷикистон риоя мешавад. Масалан, 11 ноябри соли 2011 дар барномаи «Ахбор»-и Телевизиони «Шабакаи аввал» хабари якум дар бораи дар Суди конститутсионии Тоҷикистон баррасӣ шудани мувофиқати моддаи 6-уми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо Сарқонун пахш шуд. Дар хабари мазкур иттилои аниқе дар  бораи ин моддаи қонун гуфта нашуд ва барои бинанда маълум набуд, ки мушахассан сухан дар бораи чӣ меравад. Ҳол он ки ин моддаи қонуни номбурда ба тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи  давлатӣ бахшида шудааст.

Чунин ҳолат дар барномаҳои иттилоотӣ бисёр ба назар мерасанд. Масалан, 15 ноябри соли 2011  итилои дуюми барномаи«Ахбор»-и «Шабакаи аввал» ба баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон оид ба лоиҳаи байниминтақавии интиқоли барқ «CASA- 1000» бахшида шуда буд. Мутаассифона, дар хабари мазкур дар бораи  лоиҳаи «CASA- 1000» чизе гуфта нашуд. Барои бинанда ҷолиб аст бидонад, ки ин лоиҳа чист ва ба Тоҷикистон чӣ медиҳад. Дар хабар ду мусоҳибаи кӯтоҳ бо яке аз иштирокдорони ҷаласа сурат гирифт, вале чизи асосӣ гуфта нашуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар барномаҳои иттилоотӣ аксаран талаботи жанрӣ риоя намешаванд. Баъзан гузориш гуфта маводеро пахш мекунанд, ки дар асл он аз репортаж фарсахҳо дур аст. Зеро талаботи асосии жанр ҳузури хабарнигор ва микрофон дар ҷои ҳодиса риоя намешавад. Масалан, 14 ноябри соли 2011 дар «Ахбор»-и «Шабакаи аввал» дар бораи кишти ғалла  дар ноҳияи Ғончӣ ва Истаравшан гузориш пахш шуд, ки 5 дақиқа идома ёфт. Баъди ин гузориши дигар аз кишти ғалла дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор 4 дақиқа пахш шуд. Дар ҳар ду гузориш ҳам сухани хабарнигор дар студия сабт шуда дар паси навор мерафт.

Ҳадафи муаллифи хабар ин зуд ба аудитория расонидани иттилоъ аст. Забони хабар бояд содаву фаҳмо бошад. Хабар пургӯиву суханпардозиро намепарастад. Вай жанри бадеӣ нест. Бинобар ин хабар бояд кӯтоҳ ва нишонрас бошад. Мутаассифона, талаботи мазкурро таҳиягарони хабар на ҳамеша риоя мекунанд. Масалан, 15 ноябри соли 2011 барномаи «Ахбор»-и «Шабакаи аввал» аз матлабе дар бораи корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун, ки 8 дақиқа идома ёфт, шурӯъ шуд. Дар матлаби мазкур сухан аз он мерафт, ки дар 66 қитъаи сохтмон корҳо идома доранд ва дар 10 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтмон 184 фоиз маблағ сарф шудааст. Дар ин мавод фактҳо ташреҳ намешаванд. Муаллиф мегуфт, ки ин лаҳзаҳо шодиву нишоти сохтмончиёнро интиҳо нест. Роғун ин ояндаи дурахшон ва бахти миллат аст. Ин мавод, ки бо лаҳни бадеӣ аз ҷониби муаллиф хонда шуд, хоси барномаи иттилоотӣ набуд.

Бояд зикр кард, ки дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳангоми барномарезӣ аҳамиятнокӣ ва ҷолибияти хабар ба назар гирифта намешавад ва аксаран хабарҳо аз иттилои расмӣ шурӯъ мешаванд. Ин албатта, таваҷҷӯҳи бинандаро коҳиш медиҳад.

Дар барномаҳои иттилоотӣ баъзан хабарҳои кӯҳна низ пахш мешаванд. Масалан, 15 ноябри соли 2011 иттилои сеюми барномаи «Ахбор»-и «Шабакаи аввал»  оид ба таъмири хатҳои барқи ноҳияи Ҷиргатол буд. Дар хабар гуфта мешуд, ки то боридани барфи аввал ҳамаи хатҳои барқи ноҳия таъмир карда мешаванд. Албатта, кӯҳна будани ин хабар маълум аст. Зеро аллакай дар Ҷиргатол то он рӯз чанд маротиба барф борида буд.

Қобили зикр аст, ки барномаҳои хабарҳои бахши хориҷии телевизионҳои Тоҷикистон нисбати хабарҳои дохилӣ хубтар таҳия мешаванд. Инро бештар дар барномаҳои «Хабар» ва «Дунё»-и Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дидан мумкин аст. Албатта, сабаб дар он аст, ин хабарҳо дар асл ба усули «пирамидаи чаппа» таҳия гардида дар телевизионҳои хориҷӣ пахш шудаанд. Хабарҳои мазкурро аз ин расонаҳо гирифта ба тоҷикӣ тарҷума мекунанд.

Дар ҳамин ҳол баъзан дар ин бахш хабарҳое пахш мешаванд, ки умуман барои бинандаи тоҷикистонӣ аҳамият надоранд. Масалан, 21 ноябри соли 2011 дар барномаи «Хабар»-и Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар бораи аз оташ ҳалок гаштани як нафар дар Русия пахш карда шуд. Ҳодисаи мазкур ба Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ягон иртиботе надошт. Бинобар ин пахш кардани чунин хабар аҳамияте надорад. Мутаассифона, чунин хабарҳои камарзиш ба мисли ба садама дучор шудани ду ё се автомобил дар ИМА ё Австралия пахш мешаванд. Дар ин садама ягон шаҳрванди Тоҷикистон зиён надидааст ва он ҳеҷ иртиботе ба кишвари мо надорад. Пас он барои бинандаи ҷумҳурии мо ҷолиб нест. Дар ҳамин ҳол чунин ҳодиса қариб ҳар рӯз дар Тоҷикистон рӯй медиҳад, вале дар ин бора иттилое дода намешавад.

Барномаи «Навид»-и Телевизиони «Сафина» аз нигоҳи мӯҳтаво ва банду баст  аз барномаи«Ахбор»-и «Шабакаи аввал» қариб фарқе надорад. Дар ин барнома низ аксаран иттилое пахш мешаванд, ки навигарӣ нестанд ва аҳамияти ҷамъиятӣ надоранд. Масалан, 16 ноябри соли 2011 дар барномаи «Навид» хабаре пахш шуд оид ба идома доштани пахтачинӣ дар хоҷагии деҳқонии «Файзобод»-и ноҳияи Ҷилликӯл. Дар хабари мазкур  гуфта мешуд, ки хоҷагӣ 80 тонна пахта ҷамъоварӣ намудааст. Ҳоло барои чидани 1 кило пахта 1 сомонӣ пардохта мешавад.

Гузориши дигари ин барнома дар бораи дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд фурӯхта шудани асбобҳои худсохти барқӣ нақл мекард, ки онҳо метавонанд боиси сӯхтор шаванд. Иттилои мазкур низ барои бинандаҳо ҷолиб нест.

Дар ҳамин барномаи «Навид» хабаре дар бораи дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ҷиргатол аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонӣ гузаронидани хати оби нӯшокӣ пахш шуд. Бо ибтикори ин шахс ба ин деҳа, ки 150 хоҷагӣ дорад, ба гуфти сокини як нафар сокини деҳа аз масофаи 1,5 – 2 километр ба се нуқта об оварда шуд. Муаллиф дар бораи чӣ қадар маблағ масраф шуданаш барои ин кор чизе намегӯяд. Оё ин хабари маҳаллӣ барои сокини ноҳияи Конибодом ё Шаҳритӯс мақбул аст? Албатта, не. Бинандаи муосир вақти худро ба дидани чунин хабарҳо сарф намекунад. Ӯ чун дид, ки барнома ҷолиб нест, гӯшаки телевизорро ба шабакаи дигар тоб медиҳад.

Ҳангоми ҷустуҷӯи иттилои муҳим бояд  хабарро аз навгонӣ фарқ кард. Зеро хабар ин иттилои навест, ки онро аксари аудитория намедонад. Навгонӣ ин иттилои нав дар бораи чизи маълум маҳсуб мешавад .  Масалан, дар деҳоти шаҳри Турсунзода аз боридани барф 8 ноябри соли 2011 хароб шудани 100 га токзори навҳосили Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» ва ночида зери барф мондани ҳосили 4 га токзор хабар аст . Агар минбаъд маълум шавад, ки ангури токзори мазкурро хунук назадааст, ин иттилои нав дар бораи хабари кӯҳна мебошад.

Дарёфти хабаре, ки барои аудитория шавқовар аст, кӯшишу ғайрати зиёдеро талаб мекунад. Вале чунин хабар то дер муҳимияти худро гум намекунад.

Яке аз талаботи хабар ин беғараз будани иттилоъ аст. Яъне дар хабар набояд назари муаллиф бошад . Вале дар асл муаллифон бо ҳар роҳу восита аз ҷонибе тарафдорӣ мекунанд ва ё ба назари ба худ мақбул таваҷҷӯҳ менамоянд.

Ба назари мо мувофиқи талаботи хабарнависӣ таҳия нагардидани хабар дар телевизионҳои Тоҷикистон аз чунин омилҳо вобаста аст:

1.	Надоштани таҳсилоти журналистӣ;

2.	Сатҳи пасти касбии журналистӣ;

3.	Омода набудани роҳбарияти телевизион ва идораҳои иттилоотӣ ба усули нави хабарнависӣ.

4.	Тиҷоратӣ шудани телевизион.

Барои он воситахои ахбори омма мегӯянд, ки онҳо бояд талаботи шахс, ҷомеа ва давлатро ба иттилоъ қонеъ гардонанд. Мутаассифона, имрӯз телевизионҳои Тоҷикистон ин рисолати худро пурра иҷро накарда истодаанд.

Чӣ дунёе?!
Чӣ дунёе?!

Андешаҳо дар танҳоӣ

Матбуотро  варақ мезанаму ба даҳшат меафтам. Ба навиштаи «Имрӯз-News» падаре дар Балҷувон духтари 14-солаашро барои дер ба хона омаданаш зада куштааст. Ба навиштаи рӯзномаҳои дигар, чанде қабл марде дар Масчоҳ занашро бо корд зада ба қатл расонидааст. Чанде пештар марди дигаре амаки худро барои соҳиб шудан ба хонааш кушта буд. Ба навиштаи рӯзномаи «Вечерний Душанбе» бо фармоиши Бибимахфират Абдуллоева ном зани 37-солаи тоҷик, ки феълан шаҳрванди Русия аст, шавҳараш Умарҷон дар шаҳри Душанбе кушта шудааст.

Ман намефаҳмам, ки магар метавонад инсони солимақл ба чунин ваҳшоният қодир бошад?! Чӣ шудааст ҷомеаи моро? Чаро мардум ин қадар бераҳму сангдил шудаанд?! Наход ҷони инсонӣ чунин  қимат дошта бошад?!

Навори кушта шудани президенти Либиё полковник Муаммар Қаззофӣ 20 октябри соли 2011 дар ш. Сирт низ касро ба андеша водор мекунад. Исёнгарон полковники маҷрӯҳро аввал таҳқир карданд ва баъд бе ҳукми суд парронданд. Ин навор чун «тантанаи адолат ва демократия» дар тамоми дунё пахш карда шуд. Магар бе додгоҳ ба қатл расонидани шахс адолату демократия аст?!

Демократияи дигари америкоиро метавон дар хабари дигаре эҳсос кард. Ба навиштаи ABC News пастори америкоӣ Террӣ Ҷонс, ки китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръони каримро сӯзонда буд, мехоҳад номзадии худро ба маснади президентӣ дар интихоботи соли 2012 пешниҳод кунад.

Террӣ Ҷонси рӯҳонӣ моҳи марти соли равон китоби Қуръонро дар пеши аҳли ҷомеа сӯзонда, бадбиниашро нисбати дини мубини ислом ва мусулмонон зоҳир карда буд.  Пас аз ин амали ӯ дар аксари кишварҳо мусулмонон даст ба тазоҳуроти эътирозӣ зада буданд. Дар натиҷа танҳо дар Афғонистон беш аз сад нафар, аз ҷумла чанд корманди СММ кушта шуданд.  Вақте ки чунин шахс, ки муқаддасоти миллӣ ва динии дигаронро эҳтиром намекунад, мехоҳад президенти як кишвари абарқудрат чун ИМА шавад, дигар ҳоҷати сухан гуфтан намемонад.

Ҷовид Муқим

ИСТИҚЛОЛ
Андешаҳо дар танҳоӣ

Имрӯз аксари мардум аз истиқлолият ҳарф мезананд ва мансабдорон ҳар таҳаввулоти хубе, ки дар ҷумҳурӣ рух медиҳад аз шарофати Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон медонанд. Кор то баҷое расидааст, ки ким-кадом соҳибкор барои гирифтани фоида сехи қаннодӣ кушодааст ва инро низ Телевизиони «Шабакаи аввал» ба истиқболу ифтихори Истиқлолият маънидод мекунад. Баъзеҳо ончунон даҳон пур карда дар бораи истиқлолият ҳарф мезананд, ки гӯё тӯли ин 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон зиндагии мардум нисбати давраи шӯравӣ беҳ шуда, шаҳрвандони кишвар дар сарзамини «биҳиштосо» рӯзгори осуда дошта бошанд.

Воқеан, биёед андеша кунем, ки то кадом андоза мо соҳибистиқлолем ва то куҷо он барои зиндагии осудаву арзандаи шаҳрвандон мусоидат кардааст?

Набояд фаромӯш кард, ки истиқлолияти сиёсиро Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои ИДМ дар натиҷаи аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба даст овардааст. Дигарон он вақт барои давлатсозӣ кӯшиданд. Мо бошем, барои мансабталошӣ ҷанги ҳамватанӣ кардем ва билохира ба сарамон зад, ки «теша ба решаи худ зада истодаем». Вақте инро дарк намуда, аз нав мансабтақсимкунӣ кардем, ки алакай Ватан вайронаву иқтисод фалаҷ гардида, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон кушта шуда буданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳанӯз ҳам «дар хами як кӯчаем» ва иқтисоди мо то ба давраи соли 1991 нарасидааст.

Гуфтем, ки истиқлоли сиёсӣ ба даст овардем, оё воқеан ҳам Тоҷикистон соҳибистиқлол аст? Агар дурустар вазъи кишварро таҳлил кунем, маълум мешавад, ки истиқлоли сиёсии мо аз бисёр ҷиҳат ба кишварҳои абарқудрат рабт мегирад. Ба вижа Русия ҳар лаҳза метавонад истиқлолияти моро халалдор кунад. Барои ин амал Русия ҳам фишанги иқтисодӣ дораду ҳам нерӯи ҳарбӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки феълан беш аз 1 миллион нафар тоҷикистониён дар Русия мардикорӣ мекунанд. Аксари ин муҳоҷирони меҳнатӣ бе квота ва ғайриқонунӣ дар Русия фаъолият доранд. Ин барои Ҳукумати Федератсияи Русия чун як фишанги таъсиррасонӣ ба Тоҷикистон хизмат мекунад. Агар мабодо Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро ҷорӣ кунад ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони моро монеъ шавад, худ маълум аст, ки ин чӣ оқибати нохуш дорад. «Гушна ба шер задааст», мегӯянд. Воқеан, дар бораи ҷорӣ кардани виза мансабдорони баландпояи Русия ҳарф зада истодаанд.

Аз ҷониби дигар, дар Тоҷикистон базаи ҳарбии Русия (двизияи 201), ҷойгир аст, ки ба наздикӣ ҷониби кишвари мо истиқрори онҳоро ба 49 соли дигар тамдид кард. Аслан, мавҷудияти чунин як базаи ҳарбии  хориҷӣ дар Тоҷикистон амниятро таъмин накарда, баръакс ҳар лаҳза ба истиқлолияти мо халал эҷод мекунад. Нерӯи ин база қодир аст, ки дар чанд соат табаддулоти давлатӣ барпо кунад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз соли 1992 афсарони полки дар Қӯрғонтеппа будаи  ҳамин двизия –лейтенантҳои калон Муродов ва Маҳмуд Худойбердиев ду танкро аз қисми ҳарбӣ рабуда, ба Фронти Халқӣ пайвастанд ва ғалабаи онҳоро дар вилояти Қӯрғонтеппа таъмин карданд.

Дар соҳаи иқтисодиёт низ пешравии мо назаррас нест. Чӣ хеле ки қайд кардам, ҳанӯз ҳам дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба давраи шӯравӣ нарасидаем. Аксари корҳонаҳое, ки хусусӣ шуданд, фаъолияти пурсамар надоранд. Камаш 2 миллион нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин нестанд. Кормандони соҳаҳои буҷавӣ аксаран маоши ночиз мегиранд, ки барои рӯзгузарониашон басанда нест. Ҳамин аст, ки ришвахӯрӣ рӯз ба рӯз афзуда, ҷомеа фасодзада шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар навбати худ коррупсия мавҷудияти давлати соҳибистиқлолро зери хатар мегузорад.

Албатта, пешравиҳоро дар соҳаи энергетика ва телекоммуникация набояд сарфи назар кард, вале он ба зиндагии мардум камтар таъсири мусбат расонидааст. Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои зиёди  хурди барқи обӣ сохтем ва ҳатто НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, вале мардуми деҳоти кишвар камаш 6 моҳи фасли сармо барқи доимӣ надоранд.

Роҳҳои нав сохтем ва ё роҳҳои мавҷударо бо қарз таъмир кардем, вале роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқро барои фоидаситонӣ ба ширкати IRS ба иҷора додем. Акнун ин ширкат ба си сол аз андоз озод буда, фоида меситонад ва Ҳукумати Тоҷикистон қарзи сохтмони роҳро ба Чин аз буҷаи давлатӣ мепардозад.

Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, дастовардҳои мо он қадар назаррасанд, ки бозорҳои шаҳрҳои моро картошкаи Покистону, себу ноки Чину Эрон «обод» кардаанд. Нархи маҳсулот рӯ ба болоравӣ дорад ва ҳукумат барои пеши ин равандро гирифтан оҷиз мондааст.

Истиқлолият барои аксари давлатҳо рушду ободӣ ва осудагии зиндагии мардумро таъмин мекунад, ҳифзи иҷтимоии мардум боло мебарад. Дар Тоҷикистон бошад, ду соҳаи асосӣ- маориф ва тиб барои мардум пулакӣ шудааст. Пулакӣ кардани таҳсилот ва хизматрасонии тиббӣ дастрасии аксари мардумро, ки воқеан камбизатанд, ба ин соҳаҳо мушкил кардааст. Ногуфта намонад, ки расман ҳудуд 49 дар сади аҳолӣ дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд.

Мансабдорони мо кори рӯзмарраи худро, ки бо тақозои вазифа бояд иҷро кунанд, ба дастовардҳои истиқлолият вобаста медонанд, ки аз як тараф дуруст аст. Зеро дар давраи шӯравӣ ҳеҷ гоҳ шофиру тракторчии беҳунар соҳибмансаб намешуд. Истиқлолият ва ҷанги бародаркуш (автомати Калашников) чунин ашхосро сари мансаб оварда, соҳиби ҷоҳу ҷалол кард. Воқеан, истиқлолият-истиқлолияти онҳост. Истиқлолият зиндагии ҳудуди даҳ дар сади аҳолии кишварро беҳ кард. Онҳо имрӯз зиндагии шоҳона доранду аксари мардум заҳмати сангин кашида, бо маоши ночиз дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд. Набояд фаромӯш кард, ки дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 80 сомонӣ аст. Ин маош барои харидани танҳо 25 кило орд мерасаду халос. Ба қавле бори зиндагӣ аксари мардумро «пачақ» кардааст. Агар шумо як бор зеҳн монда ба рӯйи мардуми заҳматкаш назар кунед, ҳатто хандаи табииро намебинед. Мардум механданд, вале ин заҳрханда аст.

Ногуфта намонад, ки Истиқлол бояд пеш аз ҳама дар тафаккури шаҳрвандон бошад. Мутаассифона, ҳоло ҳам аксари мардуми мо, ба вижа мансабдорон аз тафаккури ғуломии хеш раҳо наёфтаанд. Мо худ ҳамарӯза инро дар зиндагӣ мебинем. Роҳбар ба зердастонаш  носазо мегӯяд, таҳқир мекунад, вале касе лаб намекушояд. Гӯиё бояд зиндагии инсон озод чунин бошад. Ҳоло ҳам аз тафаккури мардум эҳтироми «бародари бузург» берун нашудааст. Ҳоло ҳам агар ягон аҷнабӣ дар ягон маҳфил бошад, ҳамагон забони давлатиро фаромӯш мекунанд ва ба забони ӯ ба сухан медароянд. Ба ёдам як маҳфили наврӯзӣ ҳаст. Дар он як аспиранти рус ширкат дошт. Садри факулта ӯро дар ҷои меҳмонони олиқадр шинонд ва ҳамагон аз ассистент сар карда, то профессор хушомадаш мезаданд. Ҳол он ки ин аспирант сад яки иштирокдорони маҳфил дар илм хидмате накарда буд.

Ба назари банда, агар то аз тафаккури ғуломӣ берун нашавем, ҳаргиз ба истиқлоли воқеӣ намерасем. Истиқлол бояд аввал дар мағзҳо бошад. Зеро шахсе, ки тафаккури озод надорад, ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлол шуда наметавонад.

Ҷовид Муқим, журналист.

ИСТИҚЛОЛ БАҲРИ ЧИСТ?
Луқма

Имрӯз маъмултарин ва серистеъмолтарин ибора дар забони радиову телевизион, матбуот ва мансабдорони сатҳи гуногун «Ба истиқболи 20-солагиии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» аст. Мансабдорон ҳар як таҳаввулоти хубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад, ҳатман ба «20-солагии Истиқлолият» рабт медиҳанд. Кор ба ҷое расидааст, ки бе ин ибора ягон суханронӣ шурӯъ намешавад. Баъзан истифодаи ин ибора ба ифрот мерасад ва аз мантиқ мебарояд. Аз Телевизиони «Пойтахт» як мансабдоре мегӯяд, ки то ҷашни Истиқлолият ҷӯйбору партовҳоро тоза мекунанд. Магар бе ҷашн онҳо вазифадор нестанд, ки партовҳоро тоза бикунанд?! Мансабдори дигаре ба журналист мегӯяд, ки ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба боғи ҳайвонот мори «питон» овардаанд. Ҳамчунин кадом як мактабро таъмир кардаанд ва инро ҳам ба 20-солагии Истиқлолият иртибот медиҳанд. Ҳамин мондааст, ки мансабдорони тамаллуқкор бигӯянд: «Ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон говҳо сершир шудаанду мурғҳо тухмдеҳ». Ин амалҳо ҳамон маъракаҳои давраи шӯравии коммунистонро мемонанд, ки бояд ҳатман дар арафаи идҳои Якдилии меҳнаткашон -1-уми май ва ғалабаи Инқилоби Сотсиалистии Октябр – 7 ноябр ягон иншоотро сохта ба истифода диҳанд.

Аз шунидану дидани ин маъракаҳо суоле ба миён меояд, ки магар бе иду ҷашнҳо наметавон барои ободии кишвар саъй кард?! Магар пас аз Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон даст болои даст монда, дигар коре намекунад?! Магар пас аз ҷашни истиқлолият говҳо аз ширдиҳию мурғҳо аз тухмдиҳӣ мемонанд? Оё барои ободии кишвар  саҳм гирифтан вазифаи шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ нест?! Ё барои ободии минбаъдаи кишвар ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро интизор шавем?

Ҷовид Муқим, журналист

ВАТАН
Дар давраи шӯравӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин факултаи вижаи омода кардани донишҷӯёни хориҷӣ барои макотиби олии Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Дар ин факулта донишҷӯён аз кишварҳои сотсиалистӣ ва демократии олам забони русӣ омӯхта, минбаъд дар дигар макотиби олии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил мекарданд.   Рӯзе як муаллими донишгоҳ ба донишҷӯи афғон насиҳат кард:

- Хуб таҳсил карда, ихтисос гиред ва рафта ватанатонро чун мо обод кунед.

- Устод, хуб содаед. Ватан он ҷост, ки дӯкон дорӣ, -гуфт донишҷӯ.

Чашмони сӯзон
Ҷавонзане зуд-зуд шавҳар мекард. Ин зани зебо ва даҳ ангушташ ҳунар беш аз ҳафтае дар хонаи шавҳар намеистод. Ҳатто мӯйсафедони занмурдаи ташна низ беш аз ҳафтае бо ӯ хонадорӣ намекарданд. Ҳамагон бо се талоқ аз ӯ ҷудо мешуданд. Овоза шуд, ки ҷавонзан боди шикамашро нигоҳ дошта наметавонад ва сабаби талоқгириаш низ ҳамин аст.

Билохира, хешу табор барои ҷавонзан мардеро пайдо карданд. Аз издивоҷи онҳо ду ҳафта гузашт, вале хомӯшӣ буд. Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ хел ин дафъа домод тоқат кардааст. Бинобар ин тағои арӯс барои хабаргирӣ омада, аз домод пурсон шуд:

- Хуб, домодтӯра зиндагӣ чӣ хел? Ҷияни мо ғам намедиҳад?

- Ҳамааш хуб. Аврати хуб аст, ҷиянатон.

- Ягон хел бӯи бад ба димоғатон намерасад?

- Ман дар ҷавонӣ дар ферма кор мекардам. Бӯи силос хуб ба биниам задааст, ки дигар бӯйро ҳис намекунам.

-Яъне, ягон чиз ҳис намекунед?- боз ҳайрон пурсид тағои арӯс.

- Баъди ҳамин келинро овардан, шабҳо чашмонам аз тезӣ сӯхта, аз онҳо об меравад. Дигар ҳамааш хуб аст, -гуфт домод.

Сарзада
Писари ҳамсоя, ки дар омӯзишгоҳи техникӣ таҳсил мекард, рӯзе аз Шодиқул пурсид:

- Амак, ҳамин сарзада гуфтанашон чӣ маънӣ дорад?

- Чӣ хел сарзада?- суолро нафаҳмида пурсид Шодиқул.

- Баъзан агар ягон корро нодуруст кунам, додом сарзада мегӯянд. Дар омӯзишгоҳ низ муаллимамон маро сарзада мегӯянд. Охир сари ман сипа-сиҳат аст!

- Ҳа, нав фаҳмидам. Вақти дар ишками очат буданат, додот ба сарат мезаданд. Ана, барои ҳамин ҳам ин хел кӯдакҳоро сарзада меноманд,- шӯхӣ кард Шодиқул.

Ҳароратсанҷ
Шодиқул, журналисти музофотӣ нақл кард, ки барои таъмини оила дар мактабу омӯзишгоҳ дарс медодам ва боз дар редаксияи газета кор карда, ба хона хаста меомадам ва хӯроки шом хӯрда мехобидам. Ҳис кардам, ки муносибати рафиқ занак нисбати ман рӯз ба рӯз бад шуда истодааст. Сабаб пурсидам:

-Чаро лабу лунҷат овезон? Ман чӣ гуноҳ кардам? Шабу рӯз кор мекунам, то ки шумо камбудие надошта бошед.

- Дуруст аз субҳ то шом кор гуфта, гум мешавед, вале шабкориатонро надидем. Хӯроки шом мехӯреду кунда барин хоб меравед, – шиква кард рафиқ занак.

20 сол аст, ки хонадору соҳиби 5 фарзандем. Фарзандҳо калон шудаанд ва дар пеши онҳо бӯсу канор карда намешавад. Акнун фаҳмидам, ки кор гуфта вазифаи мардиро фаромӯш кардаам. Гумон мекардам, ки иҷрои вазифа танҳо аз хоҳиши ман вобаста аст. Хоҳиши рафиқ занакро ба эътибор намегирифтам. Бо рафиқ занак маслиҳат кардем, ки агар хоҳиши ҳамхобагӣ пайдо шавад, ҳароратсанҷи девори хонаро чаппа мемонем. Ин нишонаи ҳамхобагӣ ҷӯстани мост.

Шом аз кор хаставу лакот омада ҳароратсанҷро чаппа дидам. Он шаб дар хизмати рафиқ занак рӯз шуд. Шоми рӯзи дигар низ ҳароратсанҷ чаппа буд. Ба ҳамин минвол тамоми ҳафта ҳароратсанҷ чаппа меистод. Билохира, бедорхобиҳо ба ҷонам расиду ба рафиқ занак гуфтам:

- Ҳой, занак! Ягон зарра инсоф дорӣ?! Ин чӣ гап, ҳароратсанҷ ҳар шом чаппа аст?!

-Ман худам аз фаъол шудани шумо безор шудам. Гумонам шумо ҳароратсанҷро чаппа мекунед,- гуфт ӯ.

Он шаб оҳи сабуке кашида, то саҳар мазза карда хобидам, – гуфт Шодиқул ва афзуд: Субҳ вақти ношто дидам, ки писарчаи хурдиам курсиро ба девор наздик монда, ҳароратсанҷро чаппа карда истодааст.

Ҷовид Муқим