Чӣ дунёе?!
Андешаҳо дар танҳоӣ

Матбуотро варақ мезанаму ба даҳшат меафтам. Ба навиштаи «Имрӯз-News» падаре дар Балҷувон духтари 14-солаашро барои дер ба хона омаданаш зада куштааст. Ба навиштаи рӯзномаҳои дигар, чанде қабл марде дар Масчоҳ занашро бо корд зада ба қатл расонидааст. Чанде пештар марди дигаре амаки худро барои соҳиб шудан ба хонааш кушта буд. Ба навиштаи рӯзномаи «Вечерний Душанбе» бо фармоиши Бибимахфират Абдуллоева ном зани 37-солаи тоҷик, ки феълан шаҳрванди Русия аст, шавҳараш Умарҷон дар шаҳри Душанбе кушта шудааст.
Ман намефаҳмам, ки магар метавонад инсони солимақл ба чунин ваҳшоният қодир бошад?! Чӣ шудааст ҷомеаи моро? Чаро мардум ин қадар бераҳму сангдил шудаанд?! Наход ҷони инсонӣ чунин қимат дошта бошад?!
Навори кушта шудани президенти Либиё полковник Муаммар Қаззофӣ 20 октябри соли 2011 дар ш. Сирт низ касро ба андеша водор мекунад. Исёнгарон полковники маҷрӯҳро аввал таҳқир карданд ва баъд бе ҳукми суд парронданд. Ин навор чун «тантанаи адолат ва демократия» дар тамоми дунё пахш карда шуд. Магар бе додгоҳ ба қатл расонидани шахс адолату демократия аст?!
Демократияи дигари америкоиро метавон дар хабари дигаре эҳсос кард. Ба навиштаи ABC News пастори америкоӣ Террӣ Ҷонс, ки китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръони каримро сӯзонда буд, мехоҳад номзадии худро ба маснади президентӣ дар интихоботи соли 2012 пешниҳод кунад.
Террӣ Ҷонси рӯҳонӣ моҳи марти соли равон китоби Қуръонро дар пеши аҳли ҷомеа сӯзонда, бадбиниашро нисбати дини мубини ислом ва мусулмонон зоҳир карда буд. Пас аз ин амали ӯ дар аксари кишварҳо мусулмонон даст ба тазоҳуроти эътирозӣ зада буданд. Дар натиҷа танҳо дар Афғонистон беш аз сад нафар, аз ҷумла чанд корманди СММ кушта шуданд. Вақте ки чунин шахс, ки муқаддасоти миллӣ ва динии дигаронро эҳтиром намекунад, мехоҳад президенти як кишвари абарқудрат чун ИМА шавад, дигар ҳоҷати сухан гуфтан намемонад.
Ҷовид Муқим

Опубликовал Исфандиёр на Ноябрь 28, 2011 в 9:27 дп
Маводро дар хакикат хам дуруст ва хадафмандона руи чоп овардед. Ба рости дар Тв-хои давлатии Точикистон ба гайр аз раксу суруд ва хабархои бемаънии хоричи(махсусан Чахоннамо, ки аз ким кадом таркиши автомобил ё садама хабар медихаду аз вазъи Точикистон бехабар аст) дигар чизеро пешкаши тамошобин карда наметавонанд. Ин дар холест, ки ТВ-хои давлати хамчун органи хукумат мардумро на ба раксу суруд, балки бо хабархои тозаи ахамияти ичтимоидошта, репортажхои зинда(на ин ки колаби), инъикоси проблемахои чомеа ва роххои халли онхоро таъмин намоянд. Лекин чи гуем, ки ин навиштахои вокеъбинона дар чомеаи Точикистон ба монанди он аст, ки дар гуши кар калима меандозед!
Опубликовал jovidmuqim на Ноябрь 29, 2011 в 12:11 пп
Вокеан хам, ба гуши карон азон мегуем!