Чӣ дунёе?! Андешаҳо дар танҳоӣ Матбуотро варақ мезанаму ба даҳшат меафтам. Ба навиштаи «Имрӯз-News» падаре дар Балҷувон духтари 14-солаашро барои дер ба хона омаданаш зада куштааст. Ба навиштаи рӯзномаҳои дигар, чанде қабл марде дар Масчоҳ занашро бо корд зада ба қатл расонидааст. Чанде пештар марди дигаре амаки худро барои соҳиб шудан ба хонааш кушта буд. [...]
